Monday, March 23, 2015

Still Alice & ZP

Чанд рӯз пеш филми “Ҳанӯз Олис” (Still Alice)-ро дидам, ки қаҳрамони аслиаш барандаи ҷоизаи Беҳтарин ҳунарпешаи зани Ускор шуд. Филме ба коргардонии Ричорд Глатзер, ки иттифоқан ҳамон рӯзе, ки ман филмашро тамошо мекардам, даргузашт. Аз ин тасодуфи номаймун нороҳат шудам, аммо аз тамошои филмаш лаззат бурдам. Равонаш шод бод...

Ҳоло ин мавзӯъ чи рабте ба гурӯҳи мо ("Забони порсӣ") дорад? Рабти аввалаш шуғли қаҳрамони аслии достон аст. Ин бону (ки нақшашро Ҷулиён Мур базебоӣ офарида) устоди забоншиносӣ дар донишгоҳ буд; бисёр саршиносу маҳбуб ва ба қавле, гули сари сабади маҳфилҳои ъилмӣ, бо забону баёне равон.

Дар ҷараёни як суханрониаш, ҳарчанд талош мекунад, як вожаи мавриди ниёз ба ёдаш намеояд. Маҷбур мешавад ба ҷои он як ъиборати дарозро ба кор бибарад. Баъд аз поёни нишаст ёдаш меояд, ки он вожа lexicon буд. Ин иттифоқ чанд бори дигар такрор мешавад. Ба ёд наовардани чанд вожа ин бонуи фарҳехтаро ба андӯҳи сангине менишонад. Пизишк бемориашро Олзоймер (Alzheimer's disease) ташхис медиҳад; навъе бемории фаромӯшӣ ё ихтилоли ъамалкарди мағзӣ. Зор-зор гиря мекунад. Касе, ки тамоми ъумрашро ҳамин вожагону дониши забониаш сохта буданд, эҳсос мекунад, ки неъмати зиндагӣ, яъне вожагонро андак-андак аз даст медиҳад...

Банохудогоҳ фикр кардам, мо ки ҳамарӯза чандин вожаро бо “вай-вай” ё “чиз” ё “ким-чи” ё “ким-кадом”  ё "и хелу у хел" ё "итарию утарӣ" ҷойгузин мекунем, чаро нороҳат намешавем? Мо ки тамоми дору надорамон ҳамин забон буду бо такя бар он дар ҷаҳон дурахшидем, ҳоло ки онро аз даст медиҳем, чаро зор-зор гиря намекунем? Чаро дар андӯҳи ин ҳақиқат ғӯтавар нашудаем, ки бузургони миллатамон ҳам мегӯянд “вая гирифта вай кун, ки вай нашавад”?..

Ё дигар замони нороҳат шудан гузаштаасту ба таври дастаҷамъӣ гирифтори Олзоймери миллӣ шудаем? Ё ҳанӯз мешавад аз ибтило ба Олзоймери миллӣ ҷилавгирӣ кард?