tag:blogger.com,1999:blog-8825660.post1110950470737007596..comments2023-10-21T08:40:41.936+01:00Comments on ЯК ДАРВЕШ / A DERVISH: How to Become a Thinker?Dhttp://www.blogger.com/profile/10014740771377345619noreply@blogger.comBlogger8125tag:blogger.com,1999:blog-8825660.post-5521787245100106212008-05-11T17:20:00.000+01:002008-05-11T17:20:00.000+01:00Точвари гиромй,Бо хондани нуктае, ки ишора кардед,...Точвари гиромй,

Бо хондани нуктае, ки ишора кардед, магзи ман сут (хуштак) кашид. Намедонистам, ки харзапароканй то ба марзи номи Рудакй расидааст. Бо хондани он метавон чунин тасаввур кард, ки дар Точикистон мо хар руз як Рудакй, як Фирдавсй, як Сино ва чандин Хофизу Саъдй ба дунё меоварем ва хидмати Рудакй акнун бароямон беарзиш шудааст. Хашм саропои вучуди манро хам гох фаро мегирад, аммо боз хамон Рудакист, ки мегуяд:

Замона гуфт маро: хашми хеш дор нигох,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст.

Ва хамон Рудакист, ки боз мегуяд:

Дило, то кай хамечуйи манеро?
Чи дорй дуст харза душманеро?

Вале бо вучуди ин хама ёвасаройи, наметавонам он рудакиситезонро гайриточик бидонам. Аз бахти бад, аксари точикон худситезанд. Агар карор аст бар мабнои махалгаройи ононро дигар точик надонем, точикон ангуштшумор хоханд буд.

Саропои Эрони бузург шоъирхез буд, аммо хамин дунсифатихо акнун пораеро бокй нагзошта, ки пайваста ифтихорофарин бошад. Рудакй, ки хам Худои чомасароёни порсист, худуди 1200 сол пеш ба ин дори дудар омада буд. Акнун хар чй дорем, хамин чарандиёту чафангпаронихои махаллист, ки суханро руи тарозуи махал месанчанд. Аммо бо доман, ки наметавон Хуршедро пинхон кард.

Дар рузгори кунунй Зарафшонро низ бартар аз чои дигар намедонам. Саропои хоки кучаки мо як тикка фарёд аст. Фарёди бефарёдраси модаре, ки аз дасти фарзандонаш зачр мекашад; бо перахане пораву жанда аз кашмакашхо; бо чашмоне хаста, ки дигар нуре барояш наметобад. Модаре бемор. Модаре безор. Дигар ное барояш намондааст, ки овое дардихад, суруде бихонад, ,бахонае барои шодй надорад. Бачахои нохалаф ба хар хол гуш ба овои у нахоханд дод. Саргарми бизан-бикубанд. Ангор модар мурдааст ва бачахо дар таксими меросаш аз хамдигар пешдастй мекунанд. Ин лаккаи нангро бо худ то кучо хохем бурд?Dhttps://www.blogger.com/profile/10014740771377345619noreply@blogger.comtag:blogger.com,1999:blog-8825660.post-1144026758095285562008-05-11T16:28:00.000+01:002008-05-11T16:28:00.000+01:00Дар яке аз ин бахсхо касе тахмин карда буд, ки хам...Дар яке аз ин бахсхо касе тахмин карда буд, ки хамла ба Суруди Миллй окибат бо тухмат ба Рудаки идома хохад кард.

Ин тахмин дуруст баромад. Бубинед, харзаномаи "Миллат" ин хафта чи навишт:

"Як маротиб даст болои сина монда, аз руи инсофу адолат бигуем, ки 13 хазор мисраъ шеъри Рудакй моро чи дод???"

Как говориться, комментарии излишни. Гардонандагони ин варакаи хазёнй як максади хаётй доранд, аз миён руфтани хама чизи мансуб ба водии зархезу шоъирхези Зарафшон. Хеч хадафи дигаре надоранд. Шабуруз дар ин фикранд, ки чигуна мешавад, хамаи зарафшонихоро аз байн бурд. Зеро агар дар истеъдод ба онхо баробар шуда наметавонанд, бехтар аст онхо аз байн бурда шаванд.

Чи гуна дасти точик меравад, ки ба Рудакие, ки барояш забон ва шухрат додааст, ингуна начас фишонад? Магар ин афродро метавон точик номид? Инхо муздурони душманони миллатанд ва вахдату нубуги точиконро чашми дидан надоранд.

Кори онхо хуни маро дар чуш меорад ва набояд ин хасонро бепосух гузошт.Anonymousnoreply@blogger.comtag:blogger.com,1999:blog-8825660.post-70987482534597325472008-05-11T09:20:00.000+01:002008-05-11T09:20:00.000+01:00Дар мавриди Анчумани рузноманигорони Точикистон ме...Дар мавриди Анчумани рузноманигорони Точикистон мехостам чизаке бинависам, аммо нахостам хамл бар хусумати шахсй шавад, ки Худо шохид аст, аслану абадан алайхи Адолат надоштаам. Аммо миёни мо ихтилофи шадиде сар задааст ва далели он махалгаройист. Хафтаномае, ки худро "Миллат" ва забони миллат медонад, хакки маънавии пора-пора дидани миллатро надорад. Танхо рохи пузиш барои "Миллат"-у сардамдоронаш такбехи самимонаи махалгаройи ва бурузи нишонахои миллигаройии созандаву миёнарав аст, то дигар бо бахсхои мугризона ва рахмониёнбофихо душманони хоричиро шод накунад.

Дар мавриди Анчумани рузноманигорон назари мухтасарамро ба яке аз расонахо додам. Медонам ба гуши "Миллат" хам расидааст. Манзурам аз он назари кутох зохиран бепарда буд: ташкили ин анчуман ногузир буд ва ба созандагонаш шодбош мегуям. Аммо комгориашон ба нияташон бармегардад. Агар махалгаро бокй бимонанд, ин созмон аз хамин холо ба торих пайвастааст. Созмонхои фаромарзй вусъати дид мехохад. Дар холе ки барои "Миллат" зохиран хатто бархе аз рузноманигорони точикистонй бегона махсуб мешаванд ва "Миллат" худ ба трибуни носазогуйи ба хамин рузноманигорони "бегона" табдил шудааст. Ин масхара нест магар? Аз кадом иттиходи порсизабонон сухбат мекунед бо ин тафаккури кишлокй? Лутфан хичолат бикашед, аз ин даъвохои пусидамагз худатонро канор бигиред ва бибинед, ки миллатро ба кучо доред хидоят мекунед. Магар дарди миллат андак аст, ки бар дардхояш меафзоед?Dhttps://www.blogger.com/profile/10014740771377345619noreply@blogger.comtag:blogger.com,1999:blog-8825660.post-38416155687450886922008-05-11T08:40:00.000+01:002008-05-11T08:40:00.000+01:00Мусоҳибаи "мушкил" (?) бо раҳмониёнро хондам. Ба н...Мусоҳибаи "мушкил" (?) бо раҳмониёнро хондам. Ба назарам, бечора дар хеш часорате наёфтааст, ки узр пурсад ва ҳамоно ҳадафи аслияш дар паси сафсатта пинҳон мондааст. Ҳаволааш ба Худованди бузург. Ин тоифа мардум ҳамеша будаанд.

Фикр мекунам, мусоҳиба як ноилочии сардабири "Миллат" аст, ки акнун мехоҳад, каме худро сафед кунад. Чй гуна касоне ки як миллати хурду резаро порча порча мекунанд, ҳадаф доранд, рўзноманигорони форсизабонро, ки аз онҳо садҳо сару гардан болоянд, муттаҳид кунанд? Иттиҳод аввал дар сатҳи оила сар мешаваду ба зодбуд меравад ва аз он чо ба ватан ва чипас чаҳон. Ин бечорагон дар сатҳи хеле поён гир мондаанд ва ман шубҳа дорам, ки битавонанд, аз он сатҳ болотар раванд.

Аммо айнан монанди раҳмониён даъвоҳои осмонй ва чаҳонй доранд. Аз одамот гардам худо, чудоям қизиқ ҳастанд да.Anonymousnoreply@blogger.comtag:blogger.com,1999:blog-8825660.post-87638909101121934552008-05-11T08:16:00.000+01:002008-05-11T08:16:00.000+01:00Он чи мубархан аст, ин аст, ки давлати Рахмон ва Д...Он чи мубархан аст, ин аст, ки давлати Рахмон ва Давлати Рахмониён хар ду аз як кумошанд ва як хадафи комилан равшан доранд. Нанг бар махалгароён.Dhttps://www.blogger.com/profile/10014740771377345619noreply@blogger.comtag:blogger.com,1999:blog-8825660.post-59697669798533922372008-05-10T00:20:00.000+01:002008-05-10T00:20:00.000+01:00Беноми гиромй,Хохиш мекунам то хадди мумкин аз кор...Беноми гиромй,

Хохиш мекунам то хадди мумкин аз корбурди алфози карех худдорй кунем. Рахмониён, бо ин ки махалгарои дуоташа аст, точики мост. Чун забони модариаш порсй аст. Ва тибки маъмул, аз мост, ки бар мост.Dhttps://www.blogger.com/profile/10014740771377345619noreply@blogger.comtag:blogger.com,1999:blog-8825660.post-86219514230963178882008-05-09T20:49:00.000+01:002008-05-09T20:49:00.000+01:00Ташаккур ба "Миллат", ки акси ин касифро нашр кард...Ташаккур ба "Миллат", ки акси ин касифро нашр кард ва ҳоло мебинам, ки вай як лақайи косалесе беш набудааст.Anonymousnoreply@blogger.comtag:blogger.com,1999:blog-8825660.post-13916520412004501392008-05-09T11:44:00.000+01:002008-05-09T11:44:00.000+01:00Дар бораи ин навишта аз ду дусти хубам ду назари к...Дар бораи ин навишта аз ду дусти хубам ду назари комилан мутазод дарёфт кардам, ки яке онро меситояд ва дуввумй муътакид аст, ки итлофи вакт буд. Шояд хам бошад. Аммо лубби матлабро ин чо мехохам ба дур аз шухй бигуям.

Тибки ваъда, хамчунон дар холи сухраву истехзои гирифторони махалгаройи хастам. Аз ин ру мумкин аст дар оянда низ, агар чашмам ба лантаронихои махалпарастон расид, даст ба ин гуна итлофи вакт бизанам.

Аммо чи бехтар буд агар харбаномахо ва харзаномахои Душанбе (манзур хафтаномахоест, ки бо чидду чахд ба кубидани ину он махаллу шахс машгуланд) ба чои ин корхо талош мекарданд чизе тоза ва созанда бигуянд. Агар магзи гилояхо ин аст, ки мо хеч асару суруду адабу адибе сутуданй надорем, ба чои рехтани укдахои ачзу кудурат, ки ба гунае бо хисси шадиди махалгаройи гирех хурдааст, бехтар нест дар такмили тавонойихои худ бикушем, то асару суруду адабу адибе бехтар падид оянд? Агар мегуйи, хеч кас барои миллат коре накардааст, бигу бибинам, худат чи кор кардайиву мекунй? Чи кори тобноке анчом додайи, ки муддаъй бошй? Бо ин зарбахои табарлафзии музиёнаи махаллй ба чуз зиён чи чизе хосили миллат мешавад? Барои чи фикр бикунам, ки ту бехтарй?

Пас биёед даст аз ин музахрафот бардорем ва талош кунем хар кас дар хадди тавони худ коре барои миллат анчом дихад.

Ва саранчом, гушудаву фарох бод зехни танги махалгароён!Dhttps://www.blogger.com/profile/10014740771377345619noreply@blogger.com