вижаи Asia-Plus
Сй сол пеш Эрон сахнаи руйдоде буд, ки дар торихи чахон собика надошт. Низоме подшохй дар авчи кудрату тавоноии худ тавассути чунбиши анбухи мардумй сарнагун шуд, шохи он фирорро бар карор тарчех дод ва рахбари рухонии инкилоби мардумй бидуни мумонеъате пас аз 16 сол табъид по ба хоки сарзаминаш гузошт ва бо истикболи гулгулаосои мардуми кишвараш рубару шуд.
Инкилобе, ки баъдан бо номи Инкилоби Исломии Эрон мусаммо шуд, бархоста аз кишрхо ва бовархои мухталифи мардуми ин сарзамин буд ва дар торихи башарият пас аз инкилобхои Фаронса ва Русия севумин инкилоби бузурги чахон ба шумор меояд.
Бо гузашти се даха аз Инкилоби исломй шояд битавон “Инкилоби Сафед”-и Мухаммадризо Пахлавй –подшохи пешини Эронро аз мухимтарин заминахои инкилоби исломии он кишвар донист, ки дар соли 1962 огоз шуд. Шох инкилоби худро “сапед” номид, бо ин хиёл, ки дар чараёни он катрае хун рехта нахохад шуд. Аммо фарчоми он барнома инкилоби дигаре шуд, огушта ба ранги сурхи хун. Мухаммадризо Пахлавй мехост аз рохи ислохоти ичтимоъию иктисодии шитобзада дар дарозмуддат Эронро ба як кудрати иктисодй ва санъатии чахон табдил кунад. Аммо лозимаи ин тахаввулот ислохоти арзй (заминй) хам буд, ки бисёре аз нухбагон (элита)-и он давронро аз кудрату нуфузи пешинашон махрум кард. Дар натичаи ин тарх бисёре аз мардуме, ки дар гузашта порае аз заминро ичора мекарданд, сохиби он замин шуданд.
Бахши дигари “Инкилоби Сафед” марбут ба занон мешуд ва онхоро ба тахсилу омузиш ташвик мекард ва ба занон хакки раъй додан дар интихобот ва интихоб шудан ба макомхои давлатиро медод. Микдори зиёде аз сармояи хосил аз фуруши нафт дар чорчуби ин барнома дар заминаи омузишу парвариш ворез шуд ва “сипоххои саводомузй” шакл гирифтанд, ки ба рустохо мерафтанд ва шумори афроди босаводро бештар мекарданд.
Яке дигар аз тахаввулоти хосил аз “Инкилоби Сафед” истихдом (ба кор гирифтан)-и намояндагони акаллияти динии бахой дар идороти давлатй буд.
Хамаи барномахои чадиди шох Оятуллох Рухуллохи Хумайнй, яке аз саршиностарин рухониюни кишварро, ки дар шахри мазхабии Кум зиндагй ва тадрис мекард, барошуфт. Ӯ бо истифода аз карехаи тахсинбарангези суханвариаш мардуми одй, мухолифони рухонй ва хатто гайримазхабии шохро гирди хам овард ва дар поёни бахори соли 1963 зимни як суханронй давлатро махкум кард. Оятуллохро боздошт карданд, аммо мавчи хурушони химояти мардумй боъис шуд, ки пас аз муддате кутох у ба озодй баргардад ва бедиранг дубора ба такбеху накухиши шоху давлат бипардозад. Пас аз ду мавриди дигари боздошт, дар мохи нувомбр (ноябр)-и соли 1964 Хумайнй нахуст ба Туркия ва сипас ба шахри Начафи Ирок табъид шуд.
Вай таи муддати икоматаш дар Начаф назарияи сиёсии худро шакл дод ва китоби “Хукумати исломй”-ро мунташир кард ва барои нахустин бор дидгохи “вилояти факех”-ро ба миён овард. Бино ба ин дидгох, дар садри давлат бояд як факех ё хукукдони исломй карор бигирад ва миллату давлатро рохнамой кунад.
Давлати подшохии Эрон дар мукобила бо пайкори лафзии Хумайнй дар рузномахо матолиберо алайхи у мунташир кард ва алоики чинсию хисси механдустии Оятуллохро зери суол бурд. Ин маколахо дар огози соли 1978 туфоне аз эътирозоти мардумиро барангехт.
Дар хамин давра буд, ки Саддом Хусейн аз подшохи Эрон хост, то ба у ичоза дихад, ки душмани сарсахташро бикушад. Посухи шох манфй буд. Ба бовари у, кушта шудани Хумайнй метавонист уро ба макоми шахид бирасонад ва ба ошуби бештаре дар кишвар бианчомад.
Дар мохи уктубр (октябр)-и соли 1978 Хумайнй ба дехкадае дар Фаронса табъид шуд ва махалли зисти худро ба конуни гирдихамоихои фаъолони сиёсии Эрон ва намояндагони матбуъоти Гарб табдил кард. Суханронихои Хумайнй дар хамон чо забт мешуд ва аз роххои мухталиф ба Эрон рох меёфт ва заминаи тугёни мардумй дар мохи жонвие (январ)-и 1979-ро фарохам мекард. Дар миёнаи хамон мох буд, ки Мухаммадризошох ва шахбону Фарах ба бахонаи сафаре кутох кишварро тарк карданд. Сафаре, ки харгиз ба сар нарасид.
Рузи якуми феврие (феврал)-и 1979 Хумайнй ба Эрон баргашт ва пас аз ду мох дар паи анчоми як хамапурсй таъсиси Чумхурии Исломии Эронро эълом кард ва худаш дар макоми “вилояти факех” нишаст. Идомаи инкилоби исломй бо мочарохои ишголи Сафорати Омрико дар Техрон ва хамлаи Саддом Хусейн ба Эрон гирех хурд, ки кишварро барои солхои мадид гирифтори бухрони фарогире кард ва ба инзивои Эрон дар арсаи байнулмилалй мунчар шуд. Аммо яке аз бадтарин пасларзахои инкилоб чорй шудани дарёе аз хуни мухолифони он ва баъдан хатто хаводорони сарсахти пешини он буд. Хамсангарони пешин бо хам душман шуданд ва гуруххои гайримазхабии салтанатситез аз давлату давлатдорй ронда шуданд. Созмони Мучохидини Халк, ки аз муттахидони пурчуши Хумайнй дар огози инкилоб буд, аз Эрон фирор кард ва ба бузургтарин чабхаи мухолифи режими исломй табдил шуд.
Афзун бар ин, инкилоби исломй ва чанги Эрону Ирок боъиси “фирори магзхо” шуд. Дар натича, хазорон тан аз бехтарин коршиносону донишварони Эрон имруза дар миёни анбухи эрониёни бурунмарзианд.
Аммо бахши азиме аз мероси “Инкилоби Сафед”-и шох побарчо монд. Аз чумла хакки мушорикати занон дар интихобот, ки мояи хашми Хумайнй дар дахаи 1960 буд, бетагйир монд.
Тахаввулоте, ки дар зиндагии занони Эрон дар паи инкилоби исломй вокеъ шуд, аз шигифтангезтарин паёмадхои он инкилоб аст. Аз як су, занон бисёре аз хукуки ичтимоъии худро аз даст доданд ва дар огоз ба хошия ронда шуданд ва дубора зери чодар рафтанд. Аммо аз суи дигар, алокаи занон ба омузишу парвариш ва мушорикат дар умури ичтимоъй ва мизони огохии онхо аз хукукашон ба таври худчуш афзоиш ёфт ва онхоро ба фаъъолтарин кишри чомеъа табдил кард. Ба гунае, ки соли гузашта рухониюни Эрон изхори нигаронй карданд, ки дарсади донишчуёни зани донишгоххо ба маротиб бештар аз дарсади донишчуёни мард аст. Хамакнун 65 дарсади донишчуёни Эрон зан хастанд. Ин бад-он маъност, ки дар оянда афроди шогил дар идорахои давлатй хам бештар зан хоханд буд ва бархе аз мухофизакорони Эрон ин падидаро хатаре ба пояхои хукумати исломй медонанд.
Падидахои мусбати дигаре, ки таи 30 соли ахир дар Эрон мушохида мешавад, ба тартиби зер аст: шумори афроди босавод аз зери 50% ба 77% расид; бисёре аз манотики рустой ба барк ва омузишу парвариш дастрасй ёфтанд; мизони маргумири навзодон аз 104 маврид дар хазор тан ба худуди 37 маврид дар хазор тан кохиш ёфт; мизони зоду валад хам поин омад ва миёнгини тули умр аз 55 ба 70 сол афзоиш ёфт.
Аммо аз суи дигар дар зарфи хамин сй сол даромади кишри миёнаи чомеъа ва шароити зиндагии онхо уфт кард; мавзуъи хичоби исломии ичбории занон хамчунон мояи нохушнудии ба вижа духтарони чавони эронист; занон шуморе аз фурсатхои шуглй, аз чумла хакки козй ё додрас буданро аз даст доданд; мардум мачбуранд чанд шугл дошта бошанд, то таъмини маъош кунанд; саноеъ ба сармоягузорй ниёзи мубрам дорад; инзивои Эрон дар арсаи байнулмилалй боъиси бурузи бухронхои иктисодй шудааст; харчанд дастрасй ба мадрасахо осонтар шуда, аммо кайфияти тадрис дар мадрасахо бадтар аз гузашта арзёбй мешавад ва китобхои дарсй шадидан бори идеулужик ва мазхабй дорад.
Аммо чизе, ки бисёре аз хаводорони Чумхурии Исломй бехтарин дастоварди инкилоб медонанд, тахкими истиклоли Эрон аст. Ба бовари онхо, пеш аз инкилоб шох маъмури ичрои дастурхои Омрико дар кишвар буд. Пас аз инкилоб Эрон дар хайбати мухолифи сарсахт ва мухтори танхо абаркудрати чахон зохир шуд ва накшахои Омрико дар минтакаро накш бар об кард.
Он чи мусаллам аст, ин аст, ки чомеъаи Эрон як чомеъаи пуё ва чуянда аст. Эрони исломии имруз аз Эрони исломии бадви инкилоб сахт мутафовит аст. Бо ин ки конунхо хамон аст, ки буд, рафтору ханчори чомеъа пайваста дар холи тагйиру тахаввули дарунист ва роххоеро барои тоза кардани худ пайдо мекунад. Ба назар мерасад, дар бархе аз кишвархо, аз чумла Точикистон, конунхо пешрафтатар аз чомеъа аст. Аммо дар Эрон чомеъа пешгомтар аз конунхои кухани кишвар аст.








