Шодӣ ва андӯҳи як қатл
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Бузургтарин шикори қарн ҳам гӯё ба фарҷом расид. Усома бин Лодин кушта шуд ва нидоҳои шодӣ аз як сӯ ва фарёдҳои андӯҳ аз сӯи дигар ба ҳаво хост. Дар ҳоле ки нерӯҳои ғарбӣ тайи даҳ соли гузашта нишоне аз Усомаро дар ғорҳои Туро-Бурои Афғонистону кӯҳистони бесарутаҳи Покистон ҷустуҷӯ мекарданд, вай бо хонаводаи бузургаш дар бӯстонсарои мураффаҳе дар 60-килуметрии шимоли шарқи Исломобод, дар шаҳраке бо номи Абетобод (Abbottabad) ба дасти нерӯҳои омрикоӣ гирифтор шуд ва ба пиндори душманонаш равонаи ҷаҳаннам ва ба бовари дӯстдоронаш роҳии биҳишт шуд. Аз роҳи обҳои пуръумқи дарё. Шояд дарёи Араб, ки соҳили Покистонро мешӯяд. Гуфта мешавад, ки дар ин сафари ниҳоӣ Усома бин Лодинро писараш Холид ҳамроҳӣ кардааст. Яке аз нуҳ зани ӯ аз ноҳияи по захмӣ шуда ва ҳамроҳ бо 23 кӯдаке, ки дар он хонаи бузург зиндагӣ мекардаанд, аз сӯи нерӯҳои покистонӣ боздошт шудааст.
Ин рӯйдод пурсишҳои фаровонеро матраҳ карда ва давлати Зардорӣ дар Покистонро зери зарбаҳои паиҳам гузоштааст. Дар сурате ки Усома бин Лодин бо хонаводаи азимаш дар ҳаволии пойтахти Покистон зиндагии одию мараффаҳе дошта, чи гуна аст, ки мақомоти покистонӣ аз ҳузури ӯ дар кишварашон огоҳ набуданд? Оё он ҳама ваъдаву таъаҳҳуд мабнӣ бар ҳамкорӣ бо нерӯҳои амниятии Ғарб барои пайдо кардани Усома бин Лодин воқеъият дошт ё навъе шира ба сару гӯши Ғарб молидан буд?
Осифъалӣ Зардорӣ, раисиҷумҳурии Покистон, дар ҳоле ки мекӯшид ваҷоҳате маъсумона ба худаш бигирад, мегуфт аз ҳузури Бин Лодин дар сарзаминаш хабар надоштааст. Таъкиди вай бар ин ки худи Покистон пайваста қурбонии ҳамалоти теруристӣ буда ва бештар аз нерӯҳои НОТУ (NATO) талафоти ҷонӣ додааст, фазои шакку шубҳаро ба ҳам назад ва ҳанӯз фарзияҳое ҳокӣ аз ҳамкории нерӯҳои амниятии Покистон бо шабакаи Алқоъида матраҳ аст. Ба назари бисёре аз коршиносон, дар кишваре, ки фасоди молӣ ва таъассуботи мазҳабӣ бедод мекунад, заминаи чунин ҳамкорӣ фароҳам аст.
Таъкиди давлати Покистон ба даст надоштан дар амалиёти қатли Бин Лодин ҳам парда аз воқеъиятҳои дигар бар медорад. Покистон, ки саршор аз амвоҷи гуногуни таъассуби мазҳабист ва хонаи тундравони бисёри ҳаводори Усома аст, башиддат нигарони паёмадҳо ва талофиҷӯии эҳтимолии он нерӯҳост ва тарҷеҳ медиҳад “ифтихор”-и куштани Усома бин Лодинро бо нерӯҳои омрикоӣ қисмат накунад.
Аммо нафси достони қатли Усома бин Лодин ҳам шигифтангез аст. Ба назари бисёре баъид аст, ки нерӯҳои омрикоӣ бо он ҳама даму дастгоҳи ҷосусӣ аз маҳалли сукунати душмани шумораи яки худ то кунун хабаре надоштаанд. Оё лаҳзаи чашм пӯшидан аз Усома бин Лодин ва канор гузоштанаш акнун муносибтару мусоъидтар буд? Ва чаро Усома ба ҷои ин ки боздошт шавад, ба сина ва болои чашми чапаш ду гулӯла хурд, нисфи ҷумҷума (косахонаи сар)-ашро аз даст дод ва ба ҳолате расид, ки тақрибан намешуд шиносоиаш кард? Магар намешуд ӯро боздошт кард ва мисли ҷинояткорони ҷаҳонии дигар ба Додгоҳи Лоҳа бурд? Магар ин ҳамон Усома бин Лодине набуд, ки замоне аз марҳамати соҳибони омрикоиаш бархурдор буд, то айши Шӯравиро талх кунад? Додаҳо ё иттилоъоти марбут ба як чунин шахсиятеро мақомоти амниятии Омрико маъмулан бояд аз бар балад бошанд. Шароити қатли Усома бин Лодин ба тавтеапиндориҳои фаровоне доман задааст ва баъид нест, ки фардо чандин фарзияи пиндорӣ бар мабнои ин пурсишҳо тарҳ шавад.
Дейвид Камерун, нахуствазири Бритониё, ки дар нимашаб бо занги телефуни раисиҷумҳурии Омрико бедор шуда буд, то хабари қатли Бин Лодинро бишнавад, ин рӯйдодро “комгории бузург” ва тавҷеҳпазир номид ва изҳори хушнудӣ кард. Бритониё солҳост, ки ҳукми эъдом ё қатлро лағв карда ва бино ба қонунҳои он, иҷрои қатл ё эъдом таҳти ҳеч шароите пазируфта нест. Аз нахуствазири як чунин кишваре шунидани нидоҳои тамҷиду тамҳид ба хотири қатли як тан (муҳим нест чи касе буда) бисёр аҷиб ва зананда аст. Яъне он чи бар худ намеписандад, бар дигарон писандидааст. Ва ба ҳамин шева, шодбошу ситоишҳои давлатакҳое, ки ба шумор ҳам намеоянд, хоркунанда ва қабеҳ аст.
Дар шарорату дижхимӣ ва ниҳоди дӯзахии Усома бин Лодин, ки бо такя ба андешаҳои тирааш мехост ҷаҳонро ба ҷаҳаннаме табдил кунад, шакке нест. Аммо шодӣ аз марги ӯ чизе ҷуз баёни ин воқеъият нест, ки ҷаҳон ҳанӯз аз ҷангали таваҳҳуш (ваҳшигарӣ) берун наомадааст ва дар дарёе аз тазодҳо дасту по мезанад. Усома бин Лодин бояд ба сазои аъмолаш мерасид, аммо тавассути як ҷомеъаи инсонӣ, ки қатлро кори ваҳшиҳо медонад ва роҳҳои башаритареро барои расидагӣ ба одамони бадсиголу бадсиришт ниҳодина кардааст. Бо қатли Усома решаи бадсиголӣ жарфтар меравад ва хушунат чизе ҷуз хушунат намезояд. Ва ҷаҳон ҳамчунон дар оташи девонагии бачаҳояш месӯзад.
Showing posts with label Britain. Show all posts
Showing posts with label Britain. Show all posts
Tuesday, May 03, 2011
Friday, July 30, 2010
London-Dushanbe Travelogue
Роҳгуфтаҳои Ландан - Душанбе(Ногуфтаниҳои 14.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)
Аз даруни лӯлаи бузурге мегузараму вориди солуни ҳавопаймои “airBaltic” мешавам. Мақсади парвоз шаҳри Риго аст ва мақсади ниҳоии ман - шаҳри Душанбе. Солҳост, ки вуруди ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Бритониё мамнӯъ эълом шуда ва интизор ҳам намеравад, ки дар ояндаи наздик шароити парвози ширкатҳои тоҷикӣ бо мавозини парвози байнулмилалӣ ҳамхонӣ пайдо кунад, то бишавад мустақиман аз Ландан ба Душанбе парвоз кард. Аз ин рӯ ҳоли ҳозир ночорем дастбадомони ширкатҳои хориҷӣ бошем, ки дар ин миён ширкати “airBaltic”-и Летунӣ (Латвия) гӯи рақобатро аз ширкатҳои дигар бурдааст ва муштариёни бештареро ҷазб мекунад.
Шароити парвоз бо ҳавопаймои ин ширкат аз мавозини байнулмилалӣ бархурдор аст. Бархурди мизбонони ҳавопаймо бо мусофирон ҳам тавъам бо эҳтирому адаб аст ва ибороте чун “сипосгузорам” ва “хоҳиш мекунам” ҳар он ба гӯш мерасад. Огаҳиҳо ба ду забони инглисию летуниёӣ пахш мешавад ва мизбонон ҳар ду забонро, ба изофаи забони русӣ, бахубӣ баладанд; ҳарчанд русиро бо лаҳҷаи ғализтар суҳбат мекунанд, ки ҳокӣ аз дурии нисбии мардуми Летунӣ аз фарҳанги русист.
Интизори мо дар Риго ҳудуди ду соъат ба дарозо мекашад. Дар солуни интизор гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро мебинам, ки даври духтаре эронӣ бо мӯҳои муҷаъад (ҷингила)-и боз гирд омадаанд ва бо иштиёқи тамом ба саргузашти ӯ гӯш медиҳанду ҷӯёи синну солаш ҳастанд. Духтар мегӯяд, номаш Маъсума асту 21 сол дорад ва аз Утриш (Австрия) меояд. Мутаваллиди онҷост, аммо падару модараш эронианд. Ҷавонони тоҷик таъаҷҷуб мекунанд, ки бо вуҷуди дурӣ аз Эрон ӯ бо чи салосату салобате ба форсӣ суҳбат мекунад. Маъсума ҳам ба навбати худ ибрози шигифтӣ мекунад, ки дар дарку фаҳми суҳбатҳои тоҷикон аслан мушкиле надорад: “Забонатон, ки тақрибан мисли забони мост!” Ман ҳам вориди баҳс мешавам ва тавзеҳ медиҳам, ки суҳбат аз ду гӯиши забони ягонаи порсӣ аст, на ду забони ҷудогона. Ҳам Маъсума ва ҳам ҷавонони тоҷик, ки аксаран аз Киев меоянд, бо ин иддаъои ман мувофиқат мекунанд.
Бо дӯстони тозаёфтаам ба самти ҳавопаймо меравам. Ин бор аз он лӯлаи бузург, ки солуни интизорро бо солуни ҳавопаймо васл мекунад, хабаре нест. Аз пилакон (зинапоя)-е, ки ба баданаи ҳавопаймо часпондаанд, боло меравем. Шояд ба далели ин ки ин бор мақсади парвоз Душанбе аст ва ба таҷаммулу тасҳилот ниёзе нест.
Нохудогоҳ дармеёбам, ки бархурди мизбонони ширкати “airBaltic” бо мусофирон ҳам ин бор мутафовит аст. Забони русӣ беш аз пеш ба гӯш мехурад ва фарёдҳои асабонии мизбонон бар сари мусофироне, ки зоҳири тоҷикӣ доранд, гӯшҳоро меозорад. Огаҳиҳо аз утоқи фармони ҳавопаймо ба се забони инглисию русию летуниёист, аммо аз забони форсӣ (тоҷикӣ), ки забони расмии кишвари мақсад (Тоҷикистон) аст, хабаре нест. Гӯё мо дар ҳоли сафар ба яке аз вилоёти Русия ҳастем, на як кишвари мустақил, ки забони худашро дорад.
Шояд ба далели набуди огаҳиҳо ба забони форсӣ бархе аз мусофирон ба тақозои утоқи фармон таваҷҷуҳе надоранд. Дуруст ҳангоме ки халабон аз мусофирон мехоҳад, ки сари ҷояшон бинишинанду камарбандҳои эминиро бибанданд, мусофире аз ҷо баланд мешавад, то чамадонашро аз тоқча бигирад. “А ну-ка сядьте на свое место!” Фарёди мизбон фазоро пур мекунад ва он мусофири бахтбаргашта саросема ба сандалиаш бармегардад. Пур равшан аст, ки мизбонони “airBaltic” мусофирони тоҷикашонро сазовори арҷу эҳтиром намедонанд; ҳамон мизбононе, ки ҳангоми парвоз аз Ландан ба Риго забонашон шакаррез буд, ин бор тундию талхӣ мепошиданд.
Дар фурудгоҳи Душанбе ҳам пилакон (зинапоя) ба баданаи ҳавопаймо мечаспаду пиёда мешавем. Ҳамон бисоти чандин сол пеш; тағйири чандоне намебинам. Марзбони тоҷике дами дар дарро боз мекунаду мегӯяд: “Проходите, пожалуйста!” Ба утоқи фармони “airBaltic” ҳақ медиҳам, ки забони расмии моро нодида бигиранд. Забоне, ки дар фурудгоҳи пойтахташ арҷе надорад, чи гуна метавонад дар ҳавопаймое бегона арҷ бибинад?
Мебинам, ки ин бор саффи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз саффи меҳмонони Тоҷикистон бо ду навишта аз ҳам ҷудо кардаанд. Хушҳол мешавам, ки дастикам дар як маврид ҳисси соҳиби ин марзубум будан ба мо даст медиҳад. Пас аз ҳудуди даҳ дақиқа интизор дар саффи “Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” як марзбони тоҷик эълом мекунад, ки шаҳрвандони кишвар бояд ба саффи дигар бипайванданд, ки дар баробари он навиштаи “Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ”-ро овехтаанд. Фалсафаи ин тасмимро дарнамеёбам ва аз ҷоям ҳам такон намехурам. Мехоҳам аз маъмури муҳру имзои гузарномаҳо бипурсам, ки чаро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон дар саффи бегонагон мунтазир бимонанд. Аммо маъмур ҳавсалаи суҳбат надорад. Чанд пурсише аз киву чи будани ман, муҳру имзо ва падруд.
Дар баробари ду навори богож мунтазири бор мемонам ва ба худ меандешам, ки чанд сол тӯл кашид, то як навор табдил ба дуто шавад ва чанд соли дигар тӯл хоҳад кашид, то навори севуму чаҳорум ҳам сохта шавад. Мутмаин мешавам, ки фурудгоҳи Душанбе воқеъан нодир аст. Ҳеч шаҳреро надидаам, ки як чунин фурудгоҳи муҳаққаре дошта бошад, чи бирасад ба фурудгоҳи аслии як кишвар.
Савори токсӣ мешавам. Ҷастухези мошин рӯи роҳҳои пурчоҳи пойтахт саргиҷаам медиҳад. Аз ронанда мепурсам, ки ин роҳҳо кай обод мешуда бошад. Мегӯяд, ин роҳ базудӣ осфолт хоҳад шуд, чун “ин роҳ прямо то Белий Дома мера ва ҷаноби олӣ аз ҳамин ҷа мегузара.” Мепурсам: “Вале роҳҳое, ки мардум аз рӯяшон мегузаранд, кай обод мешавад?” Ронанда бо таъаҷҷуб ба ман нигоҳ мекунаду чизе намегӯяд.
Ман ҳам ногуфтаниҳои фаровонеро дар сина маҳбус мекунаму чизе намегӯям.
Wednesday, May 12, 2010
Saving Face by Stepping Down
Канорагирӣ, яъне ҳифзи обрӯвижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ
Интихобот ин ҷо баргузор шуд; дар Бритониё. Рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳеч як аз се ҳизби умдаи ин кишвар шумори лозими курсиҳои Маҷлиси Авомро ба даст наовард. Натиҷаи ин интихобот, ба истилоҳи инглисӣ, як маҷлиси овангон ё овезон шуд.
Аз 649 курсии порлумон 306-тоашро Ҳизби Муҳофизакор ба худаш ихтисос дод, ки барои ин ташаккули мухолифи давлат пешрафти бузурге ба шумор меояд. Аммо дар айни ҳол ҳизби ҳокими Коргар 258 курсӣ ва Ҳизби Либерол-Демукрот 57 курсӣ ба даст оварданд, ки ҷамъи онҳо бештар аз шумори намояндагони Ҳизби Муҳофизакор аст, ки ба порлумон роҳ ёфтаанд. Бад-ин гуна, порлумони Бритониё дучори буҳроне шудааст, ки роҳи ҳалли он дар дасти ҳизби начандон муҳимми Либерол-Демукрот аст, ки акнун зоҳиран ба муҳимтарин ҳизби ин кишвар табдил шудааст. Тасмими ин ҳизби нисбатан кӯчак акнун сарнавиштсозтар аз ҳар замони дигар аст. Ҳар ду ҳизби қудратмандтари Муҳофизакор ва Коргар ба ин ҳамтои камтар маҳбуби худ чашми умед дӯхтаанд, ки ба яке аз онҳо бипайвандад ва ба порлумон ва давлат шаклу шамоили нисбатан якдасту ҳамнавотаре бидиҳад.
Инглисиҳо ҳамеша бо дирояти сиёсӣ ҷаҳониёнро ғофилгир кардаанд. Ин бор ҳам ин иттифоқ уфтод. Гордон Браун - раҳбари ҳизби ҳокими Коргар барои ҷилавгирӣ аз бохти қудрат эълом кард, ки ҳозир аст аз мақоми раҳбарии ҳизб ва нахуствазирӣ канорагирӣ кунад ва раванди ташкили як давлати эътилофӣ бо Ҳизби Либерол-Демукротро ба фарҷом бирасонад. Яъне касе, ки ҳамакнун қудратро дар даст дорад, ҳозир аст қудратро канор бигзорад, то ҳизби худашро дар сари қудрат ҳифз кунад. Чунин рӯйкард ба масъала танҳо дар кишварҳое иттифоқ меуфтад, ки ба дарки аҳамияти созмон ё ҳизби худ расида бошанд ва иттиҳодро рамзи пирӯзӣ бидонанд ва дарёфта бошанд, ки ҳадафи онҳо нишастан бар курсии нахуствазирӣ нест, балки нишондани андешаашон бар курсии қудрат аст.
Дар ҷомеъаҳои вопасмондае чун ҷомеъаи мо андешаи ҳизбҳо маъмулан нақши чандоне надорад; чи басо ин ки аслан равшан набошад, ки барномаи интихоботии як ҳизб дақиқан чи бандҳои муҳимме дорад ва кадом як аз онҳо барои ҷомеъаи гирифтор роҳкорҳоеро тадорук дидааст. Оё ҳаргиз мешавад тасаввур кард, ки масалан, натиҷаи интихоботро дар Тоҷикистон дақиқу бе дахлу харҷ эълом кунанд ва дар сурати эҳтимоли бурузи як “порлумони овангон”, ки аксарияте надорад, раҳбари давлат эъломи истеъфо кунад, то ҳизби ҳоким бо эҷоди як эътилоф бо ҳизбе дигар сари қудрат боқӣ бимонад? Мо қасд надорем афсонанигорӣ кунем. Фақат мехостем дақиқан бигӯем, ки дар Бритониё чи иттифоқе уфтод. Раҳбари ҳукумати Бритониё собит кард, ки мисли раҳбарони Осиёи Миёна канавор ба мақому курсиаш намечаспад ва ҳар замон манофеъи ҳизбиаш тақозо кунад, канор меравад.
Бигзарем аз ин ки ин раванд то чи андоза демукротик ва баёнгари назароту хостаҳои мардум аст. Чун бархе ин иттиҳоди тозаро “эътилофи бозандагони як мусобиқа” унвон кардаанд. Он чи барои мо муҳимму омӯзанда аст, пеш аз ҳама шаффофияту садоқати интихобот ва сониян, омодагии нахуствазир ба канорагирӣ аз мақомаш аст. Гордон Браун бо хифзи ҳайсияту эътибораш, бидуни ин ки базӯр ронда шавад, канор рафт ва пеш аз ин ки биравад, барои ҳизби худ фасли тозаеро гушуд.
Бритониё як салтанати машрутаи порлумонист. Аммо интихобот дар ин кишвар бар мабнои усули мардумсолорӣ баргузор мешавад ва имкони тақаллуб дар раъйҳои мардум вуҷуд надорад. Ин сомона (система), ки дар тӯли садаҳо шакл гирифта, суботи сиёсии кишварро таъмин кардааст. Аз ин ҷост, ки дар ин бахш аз курраи хокӣ хабаре аз ошӯбҳои сиёсӣ нест. Давлатҳо меоянду мераванд ва ҳеч кадом табдил ба кана намешаванд.
Албатта, сомонаи интихоботии ҳатто инҷо беъайбу комил нест. Ҳамин ки эҳтимол дорад нахуствазири дигаре бидуни раъйи мустақими мардум сари қудрат биёяд, суолҳоеро матраҳ кардааст. Аммо ба ҳар рӯй, нахуствазире, ки баргузида мешавад, дар натиҷаи ташкили аксарият аз роҳи эътилофи ду ҳизби мунтахаб рӯи кор меояд. Бад-ин гуна заминае барои нохушнудиҳои фурӯкуфтаи сиёсӣ фароҳам намешавад. Ҳамон нохушнудиҳои фурӯкубида аст, ки пояҳои давлатҳоро сусту мутазалзил мекунад. Дар воқеъ, худи давлатҳои “кана” ҳастанд, ки гӯри худро ба дасти худ мекананд.
Муҳйиддин Кабирй, ки ба унвони нозири интихоботӣ ба Ландан омада буд, мушоҳидоти ҷолибе дорад. Аз ҷумла мегӯяд, ки истилоҳи “нозирони ҳизбӣ” барои мутасаддиёни интихоботи Бритониё як мафҳуми гунг аст. Мегӯяд, инҳо ҳатто намефаҳмиданд, ки манзури мо аз “нозирони ҳизбӣ” чист. Вақте ки барояшон тавзеҳ доданд, ки дар кишварҳои камбахттар нозирон аз ҳизбҳои мухталиф мувозибанд, ки дар интихобот тавассути ҳизби ҳоким тақаллубе сурат нагирад, масъулони интихоботии Бритониё сар такон доданду гуфтанд, ки тақаллуби раъйи мардум номумкин аст, яъне шуданӣ нест.
Ҷолиб аст, ки фарҳангҳои сиёсӣ дар кишварҳои мухталиф истилоҳотеро падид меоваранд ва истилоҳоте дигарро нопадид мекунанд. Ҳамин Бритониё ҳам дар гузашта бо ҳокимони “канагуна” дасту панҷа нарм мекард. Ҳокимоне, ки раъйи мардумро медуздиданду то бениҳоят ба сарири қудрат такя медоданду ситам мекарданд. Аммо акнун ин мардум аз тасаввури тақаллуби раъйи мардум оҷизанд ва фикр мекунанд, ки мо дар бораи қарнҳои миёна суҳбат мекунем.
Бегумон, давраи “қарнҳои миёна” барои кишварҳои камбахттар ҳам сипарӣ хохад шуд, бо давлатҳои канагунаашон.
10.05.2010
Wednesday, December 02, 2009
Irregular Regularities on Information Fee
Тартиботи бетартиби иттилоъоти пулӣ
(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)
Бисёре аз қонуну мусаввабаҳои Тоҷикистон касро ба ёди достони марде меандозанд, ки аз бас бадхатту баднавишт буда, маҷбур будааст номаҳояшро худаш барои мухотабонаш бихонад. Тозатарин мусаввабаи давлат беҳтарин намунаи он аст, ки ҳатто унвони онро наметавон ба дурустӣ дарёфт: “Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст.” Ҷуброни хароҷоти кӣ? Оё мақомот иттилоотро пешниҳод (предлогать) мекунанд ё ироа (предоставлять)? Оё хароҷот ба мақомоту ташкилот “алоқаманд” аст ё иттилоъот? Ва аслан чаро “алоқаманд” (заинтересованный)? Шуморо ба Худо, ин ҷумларо барои ман баргардон кунед, ки нафаҳмидам.
Пас аз ошноӣ бо муҳтавои ин мусавваба (ки шояд луғати “ошноӣ” дар ин маврид муносиб набошад) шигифтии хонанда дучандон мешавад. Натиҷаи онро дар матбуъоти ҳафтаи гузашта мушоҳида кардем. Ҳар кас аз ин мусавваба қироату бардошти худро дошт. Шуморе бонги изтироб сар доданд, ки давлат мехоҳад дар баробари ҳар ҷумлае, ки ба хабарнигорони ғайридавлатӣ мегӯяд, пул биситонад. Мақомот дилдорӣ доданд, ки “танҳо барои маводди калонҳаҷми таҳлилӣ ва ҳуҷҷату санадҳое, ки барои кофтуков ва тайёр намудани онҳо маблағ сарф мешавад”, пул пардохт хоҳад шуд ва қарор нест, ки расонаҳо барои пӯшиши рӯйдодҳои рӯзмарра ба мақомот пул бидиҳанд (Сайидалӣ Сиддиқов, аз дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ). Аммо ҳанӯз касе сад дарсад мутмаин нест, ки манзур аз тасвиби ин мусавваба дақиқан чӣ будааст.
Қонун ё мусавваба маъмулан барои равшан кардани қазияҳои печида навишта мешавад, то битавон бо руҷӯъ ба моддаҳои он гиреҳи он муъаммоҳоро гушуд. Аммо мусаввабаҳои мо ба монанди рисолаҳои фалсафию мазҳабӣ тафсирталабанд ва муфассирони он ҳам ҳарфи ҳисоб надоранд. Охир чи қонуне навиштаед, ки ба ҷои ҳалли муъаммо бар печидагии масъала меафзояд?
Агар ба тафсири Сайидалӣ Сиддиқов ва Маҳмудҷон Сараев аз бахши таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Иброҳим Усмонов аз Донишгоҳи Миллӣ такя кунем, талоши давлат ин будааст, ки ҳамгом бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ироаи иттилоъоте вижа аз шаҳрвандон пул биситонад. Ин иддаъоро ба осонӣ метавон санҷид.
Ба ростӣ, дар кишварҳои пешрафтае чун Амрико ва Бритониё чунин муқаррароте зери унвони “Қонуни озодии иттилоъот” вуҷуд дорад. Дар Амрико ин қонун соли 1966 ба тасвиб расид ва ҳамчунон муътабар аст. Аммо дар ин қонун мушаххасан тасреҳ шудааст, ки барои дастрасӣ ба иттилоъоти рӯзмарра ниёзе ба пардохти ҳеч маблағе нест. Пул барои иттилоъоте пардохт мешавад, ки дар бойгонии вазоратхонаҳо мавҷуд аст ва дар дастраси умум қарор надорад. Қонуни марбутаи Амрико сареҳан барои хабарнигорон имтиёзоте қоил шудааст. Ба гунае, ки хабарнигор метавонад то 100 сафҳа аз иттилоъоти дархостиашро ройгон дарёфт кунад. Чунин имтиёзе барои хабарнигорони Тоҷикистон дар назар гирифта нашудааст. Пас ташбеҳи мусаввабаи ахир бо қонунҳои мушобеҳи кишварҳои пешрафта бемавриду беҷост.
Дар “Қонуни озодии иттилоъот”-и Бритониё аз соли 2000 ҳам мехонем, ки ҳазинаи иттилоъот танҳо дар мавриде пардохт мешавад, ки он бештар аз 10 пунд (фунт) қимат дошта бошад. Нархи чопи ҳар сафҳа иттилоъ фақат 10 пенс аст. Яъне маблағ танҳо замоне пардохт мешавад, ки шумо бештар аз 100 сафҳа иттилоъ дархост кунед, ки нудратан иттифоқ меуфтад. Ин бад-он маънист, ки дар бештари маворид дарёфти иттилоъ дар ин ду кишвари пешрафта ройгон аст.
Ва ҳатто агар бихоҳем маҳаки санҷишамонро андаке поинтар биёрему ба кишваре чун Ҳиндустон сар бизанем, мебинем, ки дар он ҷо ҳам қонун муқаррароти дақиқтару демукротиктаре дорад. Дар он кишвар як соъат мурури иттилоъот ройгон аст. Ҳеч пуле намепардозед. Ва танҳо пас аз як соъат аст, ки барои ҳар 15 дақиқаи баъдӣ маблағи ночизи 5 рупия (ҳудуди 10 сенти амрикоӣ) аз ҳисобатон каср мешавад. Пас чи гуна метавон мусаввабаи ахири Тоҷикистонро дар канори қонунҳои мушобеҳи кишварҳои дигар гузошт?
Ҳатто профессор Иброҳим Усмонов, мудири курсии рӯзноманигории ДМТ дар шумораи пешини “Нигоҳ” мегӯяд, ки “баъзан мешавад, ки аз ин [мусаввабаи давлат] сӯиистифода ҳам мекунанд, вале бояд сари вақт аз ин бохабар шуду пеши роҳи онро гирифт.” Ба гумони ман, “сари вақт” замоне буд, ки ин мусаввабаро тадвин мекарданд. Устоди рӯзноманигорон шояд бояд дар ҳамон оғози соли равон, ки порлумон дар садади тасвиби ин муқаррарот баромада буд, бохабар мешуданду тақозо мекарданд, ки ҳамаи норавшаниҳои мусавваба равшан шавад, то дар оянда аз он сӯиистифода сурат нагирад. Акнун, ки мусаввабаи “Тартиби ҷуброн...” бо ин муҳтавои ноқису ғалатандоз касби эътибор кардааст, аҷаб нест, ки сӯиистифодаҳои фаровоне аз норавшаниҳои он сурат бигирад.
Вале бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки “Тартиби ҷуброн...” бо Қонуни Асосӣ, Қонуни иттилоъот ва Қонуни матбуъоти Тоҷикистон мунофот дорад, боиста аст, ки давлатмардон ба бознигарии он бинишинанд ва ин мусаввабаро бо муқаррароти ҷомеъаҳои пешрафтаи демукротик созгор кунанд.
(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)
Бисёре аз қонуну мусаввабаҳои Тоҷикистон касро ба ёди достони марде меандозанд, ки аз бас бадхатту баднавишт буда, маҷбур будааст номаҳояшро худаш барои мухотабонаш бихонад. Тозатарин мусаввабаи давлат беҳтарин намунаи он аст, ки ҳатто унвони онро наметавон ба дурустӣ дарёфт: “Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст.” Ҷуброни хароҷоти кӣ? Оё мақомот иттилоотро пешниҳод (предлогать) мекунанд ё ироа (предоставлять)? Оё хароҷот ба мақомоту ташкилот “алоқаманд” аст ё иттилоъот? Ва аслан чаро “алоқаманд” (заинтересованный)? Шуморо ба Худо, ин ҷумларо барои ман баргардон кунед, ки нафаҳмидам.
Пас аз ошноӣ бо муҳтавои ин мусавваба (ки шояд луғати “ошноӣ” дар ин маврид муносиб набошад) шигифтии хонанда дучандон мешавад. Натиҷаи онро дар матбуъоти ҳафтаи гузашта мушоҳида кардем. Ҳар кас аз ин мусавваба қироату бардошти худро дошт. Шуморе бонги изтироб сар доданд, ки давлат мехоҳад дар баробари ҳар ҷумлае, ки ба хабарнигорони ғайридавлатӣ мегӯяд, пул биситонад. Мақомот дилдорӣ доданд, ки “танҳо барои маводди калонҳаҷми таҳлилӣ ва ҳуҷҷату санадҳое, ки барои кофтуков ва тайёр намудани онҳо маблағ сарф мешавад”, пул пардохт хоҳад шуд ва қарор нест, ки расонаҳо барои пӯшиши рӯйдодҳои рӯзмарра ба мақомот пул бидиҳанд (Сайидалӣ Сиддиқов, аз дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ). Аммо ҳанӯз касе сад дарсад мутмаин нест, ки манзур аз тасвиби ин мусавваба дақиқан чӣ будааст.
Қонун ё мусавваба маъмулан барои равшан кардани қазияҳои печида навишта мешавад, то битавон бо руҷӯъ ба моддаҳои он гиреҳи он муъаммоҳоро гушуд. Аммо мусаввабаҳои мо ба монанди рисолаҳои фалсафию мазҳабӣ тафсирталабанд ва муфассирони он ҳам ҳарфи ҳисоб надоранд. Охир чи қонуне навиштаед, ки ба ҷои ҳалли муъаммо бар печидагии масъала меафзояд?
Агар ба тафсири Сайидалӣ Сиддиқов ва Маҳмудҷон Сараев аз бахши таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Иброҳим Усмонов аз Донишгоҳи Миллӣ такя кунем, талоши давлат ин будааст, ки ҳамгом бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ироаи иттилоъоте вижа аз шаҳрвандон пул биситонад. Ин иддаъоро ба осонӣ метавон санҷид.
Ба ростӣ, дар кишварҳои пешрафтае чун Амрико ва Бритониё чунин муқаррароте зери унвони “Қонуни озодии иттилоъот” вуҷуд дорад. Дар Амрико ин қонун соли 1966 ба тасвиб расид ва ҳамчунон муътабар аст. Аммо дар ин қонун мушаххасан тасреҳ шудааст, ки барои дастрасӣ ба иттилоъоти рӯзмарра ниёзе ба пардохти ҳеч маблағе нест. Пул барои иттилоъоте пардохт мешавад, ки дар бойгонии вазоратхонаҳо мавҷуд аст ва дар дастраси умум қарор надорад. Қонуни марбутаи Амрико сареҳан барои хабарнигорон имтиёзоте қоил шудааст. Ба гунае, ки хабарнигор метавонад то 100 сафҳа аз иттилоъоти дархостиашро ройгон дарёфт кунад. Чунин имтиёзе барои хабарнигорони Тоҷикистон дар назар гирифта нашудааст. Пас ташбеҳи мусаввабаи ахир бо қонунҳои мушобеҳи кишварҳои пешрафта бемавриду беҷост.
Дар “Қонуни озодии иттилоъот”-и Бритониё аз соли 2000 ҳам мехонем, ки ҳазинаи иттилоъот танҳо дар мавриде пардохт мешавад, ки он бештар аз 10 пунд (фунт) қимат дошта бошад. Нархи чопи ҳар сафҳа иттилоъ фақат 10 пенс аст. Яъне маблағ танҳо замоне пардохт мешавад, ки шумо бештар аз 100 сафҳа иттилоъ дархост кунед, ки нудратан иттифоқ меуфтад. Ин бад-он маънист, ки дар бештари маворид дарёфти иттилоъ дар ин ду кишвари пешрафта ройгон аст.
Ва ҳатто агар бихоҳем маҳаки санҷишамонро андаке поинтар биёрему ба кишваре чун Ҳиндустон сар бизанем, мебинем, ки дар он ҷо ҳам қонун муқаррароти дақиқтару демукротиктаре дорад. Дар он кишвар як соъат мурури иттилоъот ройгон аст. Ҳеч пуле намепардозед. Ва танҳо пас аз як соъат аст, ки барои ҳар 15 дақиқаи баъдӣ маблағи ночизи 5 рупия (ҳудуди 10 сенти амрикоӣ) аз ҳисобатон каср мешавад. Пас чи гуна метавон мусаввабаи ахири Тоҷикистонро дар канори қонунҳои мушобеҳи кишварҳои дигар гузошт?
Ҳатто профессор Иброҳим Усмонов, мудири курсии рӯзноманигории ДМТ дар шумораи пешини “Нигоҳ” мегӯяд, ки “баъзан мешавад, ки аз ин [мусаввабаи давлат] сӯиистифода ҳам мекунанд, вале бояд сари вақт аз ин бохабар шуду пеши роҳи онро гирифт.” Ба гумони ман, “сари вақт” замоне буд, ки ин мусаввабаро тадвин мекарданд. Устоди рӯзноманигорон шояд бояд дар ҳамон оғози соли равон, ки порлумон дар садади тасвиби ин муқаррарот баромада буд, бохабар мешуданду тақозо мекарданд, ки ҳамаи норавшаниҳои мусавваба равшан шавад, то дар оянда аз он сӯиистифода сурат нагирад. Акнун, ки мусаввабаи “Тартиби ҷуброн...” бо ин муҳтавои ноқису ғалатандоз касби эътибор кардааст, аҷаб нест, ки сӯиистифодаҳои фаровоне аз норавшаниҳои он сурат бигирад.
Вале бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки “Тартиби ҷуброн...” бо Қонуни Асосӣ, Қонуни иттилоъот ва Қонуни матбуъоти Тоҷикистон мунофот дорад, боиста аст, ки давлатмардон ба бознигарии он бинишинанд ва ин мусаввабаро бо муқаррароти ҷомеъаҳои пешрафтаи демукротик созгор кунанд.
Labels:
Britain,
freedom of expression,
more,
press,
tajik press,
Tajikistan,
USA
Thursday, July 09, 2009
Yazdan Reads Eliot
Watch itبه زبان پارسی
Yazdan Isfahani has come a long way since his days at a refugee camp in Holland. He was two years old when he arrived there with his parents. After living in a tent for two years, the family moved to Britain. On his arrival, the four year old boy did not know a word of English, yet a few years later, he has become the winner of a nationwide schools’ poetry recital competition.
Ten year old Yazdan was among 12 children short-listed after beating 1500 pupils from state and private primary schools across Britain in 57 rounds of competition, in which children were asked to pick one poem to perform in front of a panel of judges. Eventually he emerged the winner in the final round which was televised. The competition aims to reinvigorate the lost art of poetry recital in British schools.
Yazdan had chosen a poem by T.S. Eliot, about a cat called Macavity, which he performed with great enthusiasm, flair and confidence. But his talents do not end there. He plays the piano, sings, acts in school plays and is also interested in philosophy. He has become a star overnight: his pictures and interviews have been published in many newspapers, he has taken part in various radio programmes, been invited to several university events to display his talent, and his name is easily found in Google.
In this multimedia report, we are invited to Yazdan’s home in the northern city of Middlesbrough to visit him and his family, including his grandparents who have come from Iran especially for the competition, and we hear his winning poetry recital.
Friday, May 22, 2009
Soft Revolution by Media
Инкилоби нарми расонахоبه دبيره پارسی
Бритониё мунодии демукросии мудерн ва пешоханги салтанати машрута дар чахон ба шумор меояд, аммо суннатитарин намодхои сиёсй дар Урупоро низ хамин чо метавон сурог дошт. Курсихои маврусй (меросй)-и Мачлиси Аъён бо аъзои гесбасар (парикпуш)-и сурхпушаш, ташрифоти пуртумтароки нишастхои мачлисхои аъёну авом, шукухи салтанатии вуруди раиси мачлис ба толор, сарусадои аъзои мачлис ба хангоми суханронихо дар тахсин ё такбехи суханварон шабохати зиёде ба дигар низомхои демукротики чахон надорад ва шояд дар тули чандсад соли ахир тагйири чандоне накарда бошад.
Аммо инхо хама намод в намуди дастгохи сиёсиест, ки коркарди он тафовути чандоне аз низомхои гайрисалтанатй надорад. Дигар на малика аз кудрате бархурдор аст, ки аслоф (пешиниён)-аш доштанд ва на аъён (лордхо) аъёни тавонманди гузаштаанд. Бритониёихо ба тагйироти сареъу сарех тамоюл надоранд ва тарчех медиханд дигаргунихо бо паймудани марохили табиъии худ ва бо хифзи зохир, дар даруни ниход анчом бигирад.
Таи ду хафтаи ахир шохиди як чунин тахаввуле дар Мачлиси Авом будем, ки дасту боли бози намояндагони мардум дар истифода аз пули байтулмолро то хадди зиёде баст ва заминаро барои бознигарии конунхои марбут ба такозои маблагхои кумакй аз суи намояндагон фарохам кард ва гузашта аз он, боъиси руйдоде шуд, ки дар беш аз се карни ахир собика надоштааст.
Шояд битавон эъломи истеъфои раиси Мачлиси Авоми Бритониёро навъе инкилоби нарм дар арсаи сиёсии суннатгарои ин кишвар унвон кард. Инкилобе, ки пайгирона дар зарфи ду хафта тавассути як нашрияи чопи Ландан пайрезй шуд ва дар нихоят бо танбехи шуморе аз намояндагони мачлис ва канорагирии Мойкл Мортин (Michael Martin) аз макоми раёсати Мачлиси Авом ба самар расид.
Коре, ки рузномаи Дейли Телегроф (Daily Telegraph)-и Ландан кард, шояд пурхазина, аммо сода буд: чопи фехрести номхои аъзои Мачлиси Авом бо зикри маблагхое, ки эшон ба манзури таъмини рузгорашон аз байтулмол бардоштаанд; аз харчи гизои сагу гурбахошон гирифта, то хариди телевизюну лавозими богдорй ва пардохти кисти мохиёна (заём)-и масканхояшон. Дар ин миён ошкор шуд, ки шуморе аз намояндагон пули калонеро ба бахонахои гуногун бардоштаанд, ки вочиди шароити дарёфти он набудаанд.
Daily Telegraph ин иттилоъотро ба кумаки як афсари пешини нерухои вижа ва коршиноси амниятии кунунии ширкатхои бима дар киболи маблаги хангуфте аз манбаъе номаълум харидорй карда ва мегуяд, ки фехрестро барои хидмат ба манфиъати умум чоп кардааст. Дар паи интишори фехрестхои занчирайи расид (расписка)-хои намояндагони мачлис зери заррабин рафт, чанд тан аз макомоти баландпояи вазоратхонахо аз макомхояшон канор рафтанд ва намояндагишон дар Мачлиси Авом ба таълик уфтод, беш аз 120 хазор пунд аз чайби намояндагон ба байтулмол баргашт ва бино ба назарсанчихо, мизони махбубияти хизби хокими Коргар ба таври бесобика уфт кард.Афзун бар ин, карор аст ба зудй дафтари пардохти хазинахои намояндагони мачлис таътил ва ниходе мустакил барои назорати пардохти хазинахо поярезй шавад, бисёре аз мазоёи молй (финансовые льготы)-и намояндагон лагв шавад ва аз ин ба баъд мухри «махрамона» аз руи додахои марбут ба мазоёи молии намояндагон зудуда шавад.
Яъне як нашрия тавонист тавонист бо ифшои додахое «махрамона» Мачлиси Авомро даргири талотуме кунад, ки ба хонатаконии муфассале дар он анчомид, девори «дафтари молй»-и онро ба хок нишонд ва пушти сахнаи мачлисро дар маърази диди мардум гузошт.
Албатта, гузориши пардадарихои Daily Telegraph-ро хамаруза дигар расонахои Бритониё низ пушиш медоданд. Дар натича, казия ба як корзори густардаи расонайи табдил шуд ва Мачлиси Авомро дар баробари кудрати «рукни чахоруми хукумат» ба зону даровард. Чилваи кудрати расонахо дар ин мочаро ба андозае хиракунанда буд, ки бархе ба шухй пешниходи иртикои макоми расонахоро додаанд ва матбуъотро «рукни севум» хондаанд.
Дар вокеъ, расвоии Мачлиси Авоми Бритониё дар радифи мочарохои Вотергейт (Watergate) дар замони Никсун (Nixon) ва Мунико Левинскй (Monica Lewinsky) дар давраи Бил Клинтун (Clinton) карор мегирад, ки намунаи кудратнамоии матбуъот дар баробари давлатмардону сиёсатмадорон аст. Бо ин тафовут, ки дар расвоии ахир расонахо фарогиртаранд ва дар ташаккули афкори умумй корсозтар. Ин бор торнигорхо ё веблогхо хам аз унсурхои фаъъоли ин корзор хастанд.
Хамаруза садхо веблогнависи инглисй чараёни чанчолро гузориш медиханд ва голибан бо асабоният бархе аз намояндагонро накухиш мекунанд ва навмедона мепурсанд, ки аз суиистифодаи хомиёни манофеъи мардум ба чи марчаъе метавон шикоят бурд. Хашми мардум ба гунае дар Интернет ва дигар расонахо мавч мезанад, ки шуморе аз намояндагон аз бозгаштан ба хавзахои худ бим доранд. Хамлаи тахрибкорон ба хонаву дафтари бархе аз онхо хароси намояндагонро дучандон кардааст.
Пешдастии расонахо дар амри химоят аз манофеъи мардум мизони эътибори сиёсатмадорон, ба вижа хизбхои умдаро ба шиддат кохиш дода, аммо дар иваз чойгохи расонахоро устувортар кардааст. Дар ин мочаро он чи барчаста шуд, накши матбуъот ба унвони нозири кирдори сиёсатмадорон буд. Накше, ки метавонад барои чехрахо ва ниходхое, ки сарнавишти моро таъйин мекунанд, сарнавишти тозае ракам бизанад, то заминае равшантар барои чомеъа фарохам шавад.
Ба гуфтаи Вилём Бернбох (William Bernbach), аз бузургони санъати таблиготи Омрико,
«Хамаи мо, ки бо расонахо ба таври хирфайи сарукор дорем, шаклдихандагони чомеъа хастем. Мо метавонем чомеъаро мубтазал кунем. Метавонем ба он рангу буи барбарона бидихем. Ва ё метавонем ба иртикоъи чомеъа ба сатхе баландтар мусоъидат кунем.»
Албатта, бастагй дорад, ки сухбат аз чи расонахое дар чи чавомеъе хаст. То ин чо чунин ба назар мерасад, ки расонахои Бритониё дар тагйиру пероиши тадричии сомонаи сиёсии кишвар корсоз будаанд.
Saturday, April 11, 2009
The Green Prison of the West
Зиндони сабзи Бохтарзаминمتن به دبيره پارسی در زير است
Диламонро хуш медорем, ки дар чахоне озоду обод ба сар мебарем. Аммо пас аз заррае тааммул мешавад дарёфт, ки ин кохи руъёимон хам пушолист ва озодихои он хам мукаввоист.
Манзурам бахшхои камбахти ин курраи хокй нест, ки Точикистонро хам дар бар дорад. Манзур Фарангистонест, ки корахои Урупову Омрикоро фаро мегирад ва намунаи зиндагии башарй дар ахди муъосир ба шумор меояд.
Руз ба руз бештару бештар сотури давлатро бар фарози сари кишри мутавасситу поинтар аз он эхсос мекунам. Ва он хам танхо паёмади бухрони молии фарогир нест, ки обруи низоми сармоядориро бурдааст. Бухронеро, ки ман мегуям, Чурч Урвел (George Orwell), нависандаи инглисие, ки соли 1950 даргузашт, дар осори мондагораш – достони «1984» ва «Мазраъаи хайвонот» ба хубй ба чолиши каламаш супурдааст.
Беш аз як чахоруми дурбинхои мадорбаста (кабельная телекамера)-и чахон дар Бритониё мустакаранд, ки тамоми харакот ва дар мавориде сухбатхои рохгузаронро забт мекунанд ва харими хусусиро ба куллй валангор кардаанд. Дар соли 2007 шумори ин дурбинхо беш аз 4.2 милюн дастгох буд ва акнун мусалламан бештар аст. Вазифаи умдаи ин дурбинхо мубориза бо табахкорй унвон мешавад, аммо гузориш шудааст, ки бо вучуди ин хама дурбин, 80 дарсади чиноятхои хиёбонии Ландан ногушуда мондаанд. Аз суи дигар, дар тули руз, ки дар хиёбонхои Ландан гашту гузор мекунед, тасвири шумо дастикам 300 бор руи сафхаи хадамоти вижаи Бритониё меуфтад. Ин чомеъаи пулисй ба шиддат хамонанди чомеъаест, ки Чурч Урвел дар достони «1984» тасвир кардааст.
Хар давлати тозае, ки дар Бритониё сари кудрат меояд, ваъда медихад, ки хамаи бадихои давлати гузаштаро хохад сутурд ва танхову танхо хубихои фаровонеро ба армугон хохад овард ва дар тасовию баробарии шахрвандони кишвар хохад кушид. Аммо натичае, ки мушохида мешавад, хамонест, ки дар тули торих пайваста такрор шудааст. Тоза-ба-даврон-расидахо пас аз муддати кутохе чи зохиран ва чи ботинан ба аслоф (пешиниён)-и худ шабех мешаванд. Ва боз хам ба ёди ин чумла аз достони «Мазраъаи хайвонот» (Animal Farm)-и Чурч Урвел меуфтед, ки мегуфт:
"All animals are equal, some animals are more equal than others" («Хамаи чонварон баробаранд ва бархе аз онхо бештар аз дигарон баробаранд»).
Дар соли 1997 Хизби Коргари Бритониё интихоботро бурд ва худро Хизби Коргари Навин эълом кард ва кавл дод, ки ба зудй мояи обруву иззати сарзаминашон шавад. Бо гузашти 12 сол мебинем, ки хизби хоким мисли хокимони дигар сахт андармони горату чаповули дороихои мардум аст. Борхо табли расвоии сардамдорони ин хизб навохта шуд, ки аз мавориди умдаи он фурухтани лакабхои салтанатию ташрифотй ба афроди пулдор дар изои пардохти маблаге хангуфт ба бахши таблиготии ин хизб буд. Ва ин хизби ба ном Коргар талош кардааст имтиёзхои кишри дорои Бритониёро хифз кунад, то «кумакхои молй»-и сарватмандон ба ин хизб катъ нашавад. Сомона ё системи таъмини молии хизбхои сиёсии Бритониё ба хеч як аз онхо мачоли онро намедихад, ки ба фикри кишрхои камдаромадтари чомеъа бошанд. Аз нодорон онхоро чи суд?
Имруза хеч иттилоъи хусусие нест, ки аз чашму гуши номахрамони давлатй масун бошад. Корти метрои шумо тамоми чузъиёти омаду шуди шуморо сабт мекунад. Ба гунае, ки дар сурати зарурат дар хоханд ёфт, ки масалан, рузи якшанбеи гузашта соъати сеи пас аз нимруз шумо аз кучои Ландан ба кучо мусофират доштед ва чи муддат дар он чо мондед.
Пулиси Бритониё, ки интизор меравад зиндагиро барои мардуми ин кишвар осонтару осудатар кунад, танхо ба фикри ичрои барномаи солонаи боздошту танбеххои худ аст. Яъне хадаф таъмини амнияти мардум нест, балки ичрои он барномаи пешбинишуда аст. Аз ин ру эхтимол дорад шуморо ба далели туф кардан дар хиёбон бигиранду барои яке-ду хафта дар боздоштгох нигах доранд. Дар холе ки дар хамон лахазот як табахкори вокеъй бо хавсала ду-се нафарро мекушаду дороишонро мерабояд ва ба осудагй ба маъмани худ панох мебарад.
Ва ба хотири хамон туф кардан дар хиёбон хатман мушаххасоти дакикеро аз шумо хоханд гирифт ва барои хамеша дар бойгонии худ хифз хоханд кард. Мушаххасоте аз кабили DNA ва нишони ангуштхоятонро. Ачаб он ки ин додахо дар мавориди бисёре гум мешаванд ва метавонанд ба дасти афроди нобобе биуфтанд ва боъиси дарди сари фаровоне барои шумо шаванд.
Дар айни хол, агар дузде ба хонаатон сар заду фурсати горати амволатонро надошт, танхо машварати пулис ин аст, ки куфли хонаатонро иваз кунед. На ба хонаатон сар мезананд ва на суроги он дуздро мегиранд. Инро шахсан тачруба кардаам.
Дар Бритониё озодии шумо дар тахи нахи нозуке овезон аст ва он нах хар он метавонад канда шавад ва озодихои шуморо бо худ бибарад. Бо кучактарин бадгумонии пулис, ки хануз собит нашудааст, метавонед ду-се хафтаи худро дар суллули зиндон сипарй кунед ва бидуни мухокимаи додгох махкум шавед. Конуни аблахонае, ки ба бахонаи мубориза бо дахшатафканй (терурисм) тасвиб шуда, ин хакро ба пулис медихад. Ин ки «дахшатафканй»-ро арбоби интизоми Бритониё чи гуна маънй мекунанд, мавзуъи густардаи дигарест. Дар айни хол метавон гуруххои пайкорчуе чун «Мухочирун»-ро дид, ки ошкоро дар хиёбон нафратафканй мекунанд ва пулиси Бритониё музохими осудагии онхо намешавад.
Бар асари хибт ё хатои кучаке метавонед дору надори худро аз даст дихед. Тамоми озодихои шумо метавонад дар як сония ба боди фано равад. Он гох бояд мунтазир бимонед, то арбоби интизоми ин сомон, агар хавсала карданд, озодихои шуморо тикка-тикка ба шумо бозпас диханд. Ва шояд хам надиханд.
Ба гунае, ки дигар фарзанди шумо метавонад таъаллуки бештар ба давлат дошта бошад ва давлат хак дорад бидуни огохии каблй иртиботи шумо бо фарзандатонро катъ кунад ва танхо замоне ки давлат хост, иртиботи шумо дубора баркарор шавад. Шуморо метавонанд водоранд, ки бо фарзандони худ, масалан, як бор дар ду хафта дидор дошта бошед ва он хам дар хузури маъмуре, ки сухбатхои шуморо ёддошт мекунад. Аз ин ру, сарфи назар аз таъаллуки кавмиатон, бояд бо фарзандони худ ба забони инглисй сухбат кунед. Он вакт ин «чомеъа» аст, ки тасмим мегирад, оё шумо хакки модарй ё падарй барои он кудакро доред ё на. Зимнан, барои хар мавриди дидор бо фарзандатон бояд пули хангуфте хам бипардозед. Табаъият аз конунхои сармоядорй аз лозимахои зиндагй дар кишваре чун Бритониёст.
Давлат хатто касд дорад барои шахрвандонаш корти шиносоие содир кунад, ки ховии дакиктарин додахо дар бораи шумост, аъам аз DNA ва ангуштнигорй. Ба гунае, ки бо ироаи он корт ба хар ниходе шумо, дар вокеъ, буду набуди худатонро таслими он ниход мекунед. Харими хусусй муддатхост, ки рафта паи кораш.
Ба ростй, инсофу додгарй як мафхуми нисбист. Чомеъаи Бритониёро наметавон бо чомеъаи Точикистон канори хам гузошт. Аммо агар бифармоед, ки Бритониё ё кишвархои гарбии дигар дорои бехтарин ва мунсифонатарини чавомеъ хастанд, хохам гуфт, галат фармудед. Ормоншахр ё мадинаи фозилаи андешаварзони ахди кухану навин на ин зиндони сабзест, ки дар Фарангистон шохидаш хастем.
زندان سبز باخترزمين
دلمان را خوش می داريم که در جهانی آزاد و آباد به سر می بريم. اما پس از ذره ای تامل می شود دريافت که اين کاخ رويايی مان هم پوشالی است و آزادی های آن هم مقوايی است.
منظورم بخش های کم بخت اين کره خاکی نيست که تاجيکستان را هم دربر دارد. منظور فرنگستانی است قاره های اروپا و آمريکا را فرا می گيرد و نمونه زندگی بشری در عهد معاصر به شمار می آيد.
روز به روز بيشتر و بيشتر ساطور دولت را بر فراز سر قشر متوسط و پايين تر از آن احساس می کنم. و آن هم پيامد بحران مالی فراگير نيست که آبروی نظام سرمايه داری را برده است. بحرانی را که من می گويم، جورج اورول، نويسنده انگليسی ای که سال 1950 درگذشت، در آثار ماندگارش، داستان 1984 و "مزرعه حيوانات" به خوبی به چالش قلمش سپرده است.
بيش از يک چهارم دوربين های مداربسته جهان در بريتانيا مستقر اند و تمام حرکات و در مواردی صحبت های راهگذران را ضبط می کنند و حريم خصوصی را به کلی ولنگار کرده اند. در سال 2007 شمار اين دوربين ها بيش از 4.2 ميليون دستگاه بود و اکنون مسلما بيشتر است. وظيفه عمده اين دوربين ها مبارزه با تبهکاری عنوان می شود، اما گزارش شده است که با وجود اين همه دوبين، هشتاد درصد جنايت های خيابانی لندن ناگشوده مانده اند. از سوی ديگر، در طول روز که در خيابان های لندن گشت و گذار می کنيد، تصوير شما دستکم 300 بار روی صفحه خدمات ويژه بريتانيا می افتد. اين جامعه پليسی به شدت همانند جامعه ای است که جورج اورول در داستان 1984 تصوير کرده است
هر دولت تازه ای که در بريـانيا سر قدرت می آيد، وعده می دهد که همه بدی های دولت گذشته را خواهد سترد و تنها و تنها خوبی های فراوانی را به ارمغان خواهد آورد و در تساوی شهروندان کشور خواهد کوشيد. اما نتيجه ای که مشاهده می شود، همانی است که در طول تاريخ پيوسته تکرار شده است. تازه به دوران رسيده ها پس از مدتی کوتاه چه ظاهرا و چه باطنا به اسلاف خود شبيه می شوند. و باز هم به ياد اين جمله از داستان "مزرعه حيوانات" جورج اورول می افتيد، که می گفت
"همه جانواران برابر اند و برخی از آنها بيشتر از ديگران برابر اند."
در سال 1997 حزب کارگر بريتانيا انتخابات را برد و خود را حزب کارگر نوين اعلام کرد و قول داد که به زودی مايه آبرو و عزت سرزمينشان شود. با گذشت 12 سال می بينيم که حزب حاکم مثل حاکمان ديگر سخت اندرمان (مشغول) غارت و چپاول دارايی های مردم است. بارها کوس رسوايی سردمداران اين حزب نواخته شد که از موارد عمده آن فروختن لقب های سلطنتی و تشريفاتی در ازاء پرداخت مبالغی هنگفت به بخش تبليغاتی اين حزب بود. و اين حزب به نام کارگر تلاش کرده است امتيازهای قشر دارای بريتانيا را حفظ کند، تا "کمک های مالی" ثروتمندان به اين حزب قطع نشود. سامانه (سيستم) تامين مالی حزب های سياسی بريتانيا به هيچ يک از آنها مجال آن را نمی دهد که به فکر قشرهای کم درآمدتر جامعه باشند. از ناداران آنها را چه سود؟
امروزه هيچ اطلاع خصوصی ای نيست که از چشم و گوش نامحرمان دولتی مصون باشد. کارت متروی شما تمام جزئيات آمد و شد شما را ثبت می کند. به گونه ای که در صورت ضرورت در خواهند يافت که مثلا، روز يکشنبه گذشته ساعت سه پس از نيمروز شما از کجای لندن به کجا مسافرت داشتيد و چه مدت در آن جا مانديد
پليس بريتانيا که انتظار می رود زندگی را برای مردم اين کشور آسان تر و آسوده تر کند، تنها به فکر اجرای برنامه سالانه بازداشت و تنبيه های خود است. يعنی هدف، تامين امنيت مردم نيست، بلکه اجرای آن برنامه پيشبينی شده است. از اين رو احتمال دارد شما را به دليل تف کردن در خيابان بگيرند و برای يکی دو هفته در بازداشتگاه نگه دارند. در حالی که در همان لحظات يک تبهکار واقعی با حوصله دو سه نفر را می کشد و دارايی شان را می ربايد و با آسودگی به مامن خود پناه می برد
و به خاطر همان تف کردن در خيابان حتما مشخصات دقيقی را از شما خواهند گرفت و برای هميشه در بايگانی خود حفظ خواهند کرد. مشخصاتی از قبيل دی ان ای و نشان انگشت هايتان را. عجب آن که اين داده ها در موارد بسياری گم می شوند و می توانند به دست افراد نابابی بيفتند و باعث درد سر فراوانی برای شما شوند
در عين حال، اگر دزدی به خانه تان سر زد و فرصت غارت اموالتان را نداشت، تنها مشورت پليس اين است که قفل خانه تان را عوض کنيد. نه به خانه تان سر می زنند و نه سراغ آن دزد را می گيرند. اين را شخصا تجربه کرده ام
در بريـانيا آزادی شما در ته نخ نازکی آويزان است و آن نخ هر آن می تواند کنده شود و آزادی های شما را با خود ببرد. با کوچک ترين بدگمانی پليس که هنوز ثابت نشده است، می توانيد دو سه هفته خود را در سلول زندان سپری کنيد و بدون محاکمه دادگاه محکوم شويد. قانون ابلهانه ای که به بهانه مبارزه با "دهشت افکنی" (تروريسم) تصويب شده، اين حق را به پليس می دهد. اين که "دهشت افکنی" را ارباب انتظام بريتانيا چه گونه معنی می کنند، موضوع کسترده ديگری است. در عين حال می توان گروه های پيکارجويی چون "مهاجرون" را ديد که آشکارا در خيابان نفرت افکنی می کنند و پليس بريتانيا مزاحم آسودگی آنها نمی شود
بر اثر يک خبط يا خطای کوچکی می توانيد دار و ندار خود را از دست دهيد. تمام آزادی های شما می تواند در يک ثانيه به باد فنا برود. آن گاه بايد منتظر بمانيد تا ارباب انتظام اين سامان، اگر حوصله کردند، آزادی های شما را تکه تکه به شما بازپس بدهند. و شايد هم ندهند
به گونه ای که ديگر فرزند شما می تواند تعلق بيشتر به دولت داشته باشد و دولت حق دارد بدون آگاهی قبلی ارتباط شما با فرزندتان را قطع کند و تنها زمانی که دولت خواست، ارتباط شما دوباره برقرار شود. شما را می توانند وادارند که با قرزندان خود، مثلا، يک بار در دو هفته ديدار داشته باشيد و آن هم در حضور ماموری که صحبت های شما را يادداشت می کند. از اين رو، صرف نظر از تعلق قومی، بايد با فرزندان خود به زبان انگليسی صحبت کنيد. آن وقت اين "جامعه" است که تصميم می گيرد آيا شما حق مادری يا پدری برای آن کودک را داريد يا نه. ضمنا، برای هر مورد ديدار با فرزندتان بايد پول هنگفتی هم بپردازيد. تبعيت از قانون های سرمايه داری از لازمه های زندگی در کشوری چون بريتانياست
دولت حتا قصد دارد برای شهروندانش کارت شناسايی ای صادر کند که حاوی دقيق ترين داده ها در باره شماست، اعم از دی ان ای و انگشت نگاری. به گونه ای که با ارائه آن کارت به هر نهادی شما در واقع بود و نبود خودتان را تسليم آن نهاد می کنيد. حريم خصوصی مدت هاست که رفته پی کارش
به راستی، انصاف و دادگری يک مفهوم نسبی است. جامعه بريتانیا را نمی توان با جامعه تاجيکستان کنار هم گذاشت. اما اگر بفرماييد که بريتانيا يا کشورهای غربی ديگر دارای بهترين و منصفانه ترين جوامع هستند، خواهم گفت، غلط فرموديد. آرمان شهر يا مدينه فاضله انديشه ورزان عهد کهن و نوين نه اين زندان سبزی است که در فرنگستان شاهدش هستيم
Friday, December 19, 2008
Words Cannot Explain It
Сухан аз баёнаш очиз аст
Дар гузашта намедонистам, ки манзур аз таъбири обшустаи «сухан аз баёнаш очиз аст» дакикан чй хаст. Акнун хар боре, ки мехохам дар бораи имрузу фардои сомони нобасомонамон Точикистон чизе бинависам, дар мемонам ва маънии дакики он сухани куханро бо чон дармеёбаму дар равонам мехурушам, аммо боз хам хомуш мемонам. Чун дар вокеъ, чи бигуям, ки нагуфтанаш бех. Ва чи дарде аз ин дардистон дармон мешавад?
Кишварро то ба марзи гадойи горат мекунанд, даххо милюн дулори он нисори додрасони бритониёйи мешавад, даромади корхонаи арзиз дар сарзамине бегона анбошта мешавад (дар холе ки миллат дар садаи 21 хамчунон хезум мешиканад), сари муассисахои молии бонуфузи чахон кулох меравад ва хамрохи он кулох обруе хам ки надорем, барои дахсолахо меравад; оби мо хамчунон мустакиман аз корхонаи номавчуди кахвасозии Варзоб чакка мекунад, табари нажодпарастони вахмгарои рус руи гардани чавонони мо дакка мехурад, чиноятхои аъзои хонадони хокими кишвар пушти парда мемонад... ва мо суруди ситоиш мехонем. Ситоиши Балохат. Ситоиши Хамокат. Ситоиши Гумрохй. Ситоиши Табохй. Аз танаффур лабрез мешавам ва ганди танаффур забонамро мебандад. Чи бигуям, ки нафрат чорасози мушкил нест.
Аз ситоиши ахриманй гуфтам ва ба ёди иттифоке уфтодам, ки хамин чанд руз пеш бо ман уфтод.
Як ширкати бонуфузи тарчума (яъне дор-ут-тарчума) бо ман тамос гирифт. Мехостанд матни рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистонро барояшон бихонаму забт кунам. Амири Катар, ки шояд равшантарин араби мавчуд руи курраи Замин аст ва хамонест, ки бунияи молии ширкати телевизюнии Алчазираро фарохам карда, мехохад ба кишвари Точикистон армугоне бидихад. Он армугон як рохнамои шунидорй барои осорхонаи миллии мост. Ба монанди рохнамохое, ки дар музехои кишвархои фародаст ё пешрафта вучуд дорад. Ва чи хуб аст, ки кишвари фурудаст ё вопасмондае чун Точикистон хам як чунин рохнамо дошта бошад. Муаллифи рохнамои музеи мо инглисист ва навиштаи хаму ба забони порсии точикй тарчума шудааст.
Албатта, мачбур будам дар тарчумаи ачак-вачакии он то хадди зиёде дасткорй кунам. Матн дар кул бадак набуд. Аммо як бахши он бароям бисёр гариб буд. Бахше, ки ба раисичумхурй марбут мешуд. Дар он мехонем:
Ба хама «бале», ба мо хам «бале»? Мо, ки аз хуртуми фил науфтодем ва шохиди айнии руйдодхои дахаи 1990 будем ва медонем, ки чи касе мувофик ва кй мухолифи Иттиходи Шуравй буд.
Мехоханд торихро бознависй кунанд ва хофизаи моро бизудоянд. Акнун сурхтарин хаводори Иттиходи Шуравй сархсахттарини мухолифони он шудааст.
Бо кадом забон метавон ин бешармонатарин дуругро хонд? Хатто бо хамон забони ачак-вачакй ин кор муяссар нест.
Ба ширкати тарчума баёни хол кардам ва гуфтам, ки ин сатрхо дуруги махз аст ва шояд хеч точики нажодаро натавон ёфт, ки онро барояшон бихонад. Ширкат хохиш кард, ки ба махзи озмоиш аз як точики дигар бихохам, ки он пораи нолатифро бихонад. Аз як дустам пурсидам, ки оё хозир аст ин корро дар изои пули хубе анчом дихад. Хушбахтона, гуфт «на!».
Бад-ин гуна, сеноруюи инглисихо тагйир кард ва он тиккае, ки марбут ба «сарвари кишварамон» мешуд, аз калам уфтод. Яъне дар рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистон он суханони козиб садо нахохад дод. Магар ин ки фарди ноогохе гирашон биуфтад. Вале аз он дуруг то кунун магзам сут (хушток) мезанад.
Аз ин ру факат мурур мекунам. Ба навиштахои бегонагон зул мезанам, то бибинам, ки оё ин танхо хисси мани точик аст ё дигарон хам чунин мебинанд, ки ман мебинам. Гузориши мусавваре, ки имшаб пеш аз ин матлаб мунташир кардам, аз Райхон аст. Духтаре узбак, ки чанд сол пеш бо хам муъоиширате мухтасар доштем. Дарег, ки нахваи диди у ба кишвари ман хамон аст, ки ман мебинам. Русвоии мо бармало шудааст ва ба чашми хар фарди дорои басират мерасад. Шарм душмани чонам мешавад ва аз фарти озарм боз хомуш мемонам ва дунболи сурохе мегардам, ки сари афкандаамро дар он нопадид кунам.
Дар гузашта намедонистам, ки манзур аз таъбири обшустаи «сухан аз баёнаш очиз аст» дакикан чй хаст. Акнун хар боре, ки мехохам дар бораи имрузу фардои сомони нобасомонамон Точикистон чизе бинависам, дар мемонам ва маънии дакики он сухани куханро бо чон дармеёбаму дар равонам мехурушам, аммо боз хам хомуш мемонам. Чун дар вокеъ, чи бигуям, ки нагуфтанаш бех. Ва чи дарде аз ин дардистон дармон мешавад?
Кишварро то ба марзи гадойи горат мекунанд, даххо милюн дулори он нисори додрасони бритониёйи мешавад, даромади корхонаи арзиз дар сарзамине бегона анбошта мешавад (дар холе ки миллат дар садаи 21 хамчунон хезум мешиканад), сари муассисахои молии бонуфузи чахон кулох меравад ва хамрохи он кулох обруе хам ки надорем, барои дахсолахо меравад; оби мо хамчунон мустакиман аз корхонаи номавчуди кахвасозии Варзоб чакка мекунад, табари нажодпарастони вахмгарои рус руи гардани чавонони мо дакка мехурад, чиноятхои аъзои хонадони хокими кишвар пушти парда мемонад... ва мо суруди ситоиш мехонем. Ситоиши Балохат. Ситоиши Хамокат. Ситоиши Гумрохй. Ситоиши Табохй. Аз танаффур лабрез мешавам ва ганди танаффур забонамро мебандад. Чи бигуям, ки нафрат чорасози мушкил нест.
Аз ситоиши ахриманй гуфтам ва ба ёди иттифоке уфтодам, ки хамин чанд руз пеш бо ман уфтод.
Як ширкати бонуфузи тарчума (яъне дор-ут-тарчума) бо ман тамос гирифт. Мехостанд матни рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистонро барояшон бихонаму забт кунам. Амири Катар, ки шояд равшантарин араби мавчуд руи курраи Замин аст ва хамонест, ки бунияи молии ширкати телевизюнии Алчазираро фарохам карда, мехохад ба кишвари Точикистон армугоне бидихад. Он армугон як рохнамои шунидорй барои осорхонаи миллии мост. Ба монанди рохнамохое, ки дар музехои кишвархои фародаст ё пешрафта вучуд дорад. Ва чи хуб аст, ки кишвари фурудаст ё вопасмондае чун Точикистон хам як чунин рохнамо дошта бошад. Муаллифи рохнамои музеи мо инглисист ва навиштаи хаму ба забони порсии точикй тарчума шудааст.
Албатта, мачбур будам дар тарчумаи ачак-вачакии он то хадди зиёде дасткорй кунам. Матн дар кул бадак набуд. Аммо як бахши он бароям бисёр гариб буд. Бахше, ки ба раисичумхурй марбут мешуд. Дар он мехонем:
«У иштирокчии фаъоли муборизаи Точикистон барои истиклолият аз Иттиходи Шўравй буд... Пешравии мансаби у дар хукумат хусусияти неруи пешбарро ба худ касб кард ва 16 ноябри соли 1994 Эмомалй Рахмон Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардид.»
Ба хама «бале», ба мо хам «бале»? Мо, ки аз хуртуми фил науфтодем ва шохиди айнии руйдодхои дахаи 1990 будем ва медонем, ки чи касе мувофик ва кй мухолифи Иттиходи Шуравй буд.
Мехоханд торихро бознависй кунанд ва хофизаи моро бизудоянд. Акнун сурхтарин хаводори Иттиходи Шуравй сархсахттарини мухолифони он шудааст.
Бо кадом забон метавон ин бешармонатарин дуругро хонд? Хатто бо хамон забони ачак-вачакй ин кор муяссар нест.
Ба ширкати тарчума баёни хол кардам ва гуфтам, ки ин сатрхо дуруги махз аст ва шояд хеч точики нажодаро натавон ёфт, ки онро барояшон бихонад. Ширкат хохиш кард, ки ба махзи озмоиш аз як точики дигар бихохам, ки он пораи нолатифро бихонад. Аз як дустам пурсидам, ки оё хозир аст ин корро дар изои пули хубе анчом дихад. Хушбахтона, гуфт «на!».
Бад-ин гуна, сеноруюи инглисихо тагйир кард ва он тиккае, ки марбут ба «сарвари кишварамон» мешуд, аз калам уфтод. Яъне дар рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистон он суханони козиб садо нахохад дод. Магар ин ки фарди ноогохе гирашон биуфтад. Вале аз он дуруг то кунун магзам сут (хушток) мезанад.
Аз ин ру факат мурур мекунам. Ба навиштахои бегонагон зул мезанам, то бибинам, ки оё ин танхо хисси мани точик аст ё дигарон хам чунин мебинанд, ки ман мебинам. Гузориши мусавваре, ки имшаб пеш аз ин матлаб мунташир кардам, аз Райхон аст. Духтаре узбак, ки чанд сол пеш бо хам муъоиширате мухтасар доштем. Дарег, ки нахваи диди у ба кишвари ман хамон аст, ки ман мебинам. Русвоии мо бармало шудааст ва ба чашми хар фарди дорои басират мерасад. Шарм душмани чонам мешавад ва аз фарти озарм боз хомуш мемонам ва дунболи сурохе мегардам, ки сари афкандаамро дар он нопадид кунам.
Sunday, April 20, 2008
Graeme Loten: Next Murray?

Бори нахуст ман ин мардро, ки дар васати акси боло хамида истодааст, дар Ландан дидам.
Соли 2004 Вазорати хоричаи Бритониё аз бахши Осиёи Миёнаи Би-Би-Си хоста буд, ки як коршиноси Точикистонро ба ин вазоратхона бифиристанд. Чун бахши Осиёи Миёнаи Бунгохи Суханпарокании Бритониё (ВВС) дар умури Точикистон тахассус надорад ва Точикистонро бахши порсй пушиш медихад, Хамид Исмоъил – раиси бахши Осиёи Миёна манро ба унвони коршиноси умури Точикистон муъаррифй кард. Коршинос хам ки набудаму нестам, аммо ба гуфтаи русхо «на безрыбье и мясо рыбо» (дар набуди мохй гушт хам мохист).
Чахор коршинос аз созмонхои мухталифи Бритониё ба Вазорати хорича даъват шуда буданд, ки факат якеашро хуб мешинохтам: Ширин Акинер аз Муассисаи Мутолеъоти Осиёйи ва Офрикойии Ландан (SOAS). Яке дигар бонуе эронй буд. Севвумй ба ёдам намеояд ва чахорумй хам банда будам. Дар садри мачлис хамин мард нишаста буд, ки бо хушруйи худашро муъаррифй кард: «Graeme Loten». Карор буд ба зудй ба унвони сафири Бритониё дар Душанбе чонишини Майкл Смит шавад. Мавзуъе, ки аз ман хоста буданд рочеъ ба он сухбат кунам, хизбхои сиёсии Точикистон буд. Он замон шаш хизб бештар надоштем, бо инсичоме бештар аз акнун. Дар холе ки гох-гудоре кахваро маз-маз мекардам, барои хуззор, ба вижа сафири оянда тавзех додам, ки ин шаш хизб кихо хастанду чи мехоханд. Дар сухбатхоям заррае аз бовархои идеулужики худам кор нагирифтам, балки ба унвони як хабарнигори дуоташаи Би-Би-Си, ки бетарафиро шиъори кори худ кардааст, факат он чиро гуфтам, ки ошкору машхуд буд. Дигарон хам хар кадом мавзуъеро ба муддати панч дакика тавзех доданду мунтазири пурсишхои Лотен мондем.
Аз Лотен садое барнамеомад. Пурсишхоро умдатан ёваронаш мекарданд. Дар натича бардошти ман аз сафири чадид чандон мусбат набуд. Фикр мекардам у дар бораи кишвари ман то чи хад ноогох аст ва шояд хам буд.
Дар паи он иттифоке уфтоду бо Майкл Смит – сафири пешини Бритониё дар Точикистон пушти мизи нушгох (бар)-е дар Ландан нишастем. Сухбате гайрикорй ва комилан дустона бо марде бо андухтахое кобили тахсин аз Точикистон, ки дар мавориде мани «коршинос»-ро шигифтзада мекард. У дигар бо Точикистон коре надошт, аммо аз Эмомъалии Рахмон хотири хуше дошт. Мегуфт, раисичумхурй шахсан ба хангоми гуселаш аз Точикистон уро ба хонааш даъват карда ва гуфтааст: «Дафъаи баъдй мехмони хонаводаи ман хохед буд. Точикистон хонаи шумост, хар гохе хостед ташриф биёред.»
Аммо аз дидгохи Майкл Смит дар бораи Крейг Мурей (Craig Murray) – сафири нофармони пешини Бритониё дар Узбакистон хушам наомад, ки мегуфт: «он мардак девона аст! Кадом сафир ин гуна рафтор доштааст, ки у дошта бошад?!» Ман дар посух ба хашми Смит аз Мурей сухбатам бо Крейг Мурейро ба ёд овардаму гуфтам: «Мурей муътакид аст, ки хукуки башар авлотар аз хар чизи дигар аст, аз чумла вазифаи як диплумот». Майкл Смит гуфт: «Мо дар замони Столин хам дар Русия сафир доштем ва хуб медонистем, ки Столин милюнхо нафарро катлу камъ мекунад. Оё бояд сафири мо бо макомоти Шуравй даст ба гиребон мешуд? Манофеъи Бритониё бароямон авлотар буд ва бояд бошад.»
Хамин сухан кофй буд, ки аз Майкл Смит хам дилсард шавам. Агар сафиратон медонист, ки милюнхо тан ва ба вижа хазорон равшанфикр дар саросари Иттиходи Шуравй кушта мешаванд, чаро садо дар наовард? Магар у хам аз насли башар набуд? Магар чони так-таки он афрод, ки зери сотури Столин рафтанд, арзиши чони инсоне мисли худи уро надошт? Манофеъе, ки мегуйи, хамон сарвату сармоя аст. Оё ин сарвату сармоя, ки натичаи мазикаву бадбахтии милюнхо тан аст, дар баданат гувориш меёбад (хазм мешавад)?
Он сухбатро бо ишорае кутох, ки «ба назари ман, Крейг Муррей кореро кард, ки хар инсони бовиждон бояд мекард», ба поён бурдам.
Ва аммо дар мавриди сафири чадид (Граем Лотен) назарам билотагйир монда буд, то замоне ки шунидам мохи нувомбр (ноябр)-и 2007 ба унвони раиси Иттиходияи Урупо дар Точикистон аз конунхои Точикистон интикод карда ва гуфтааст, ки конунгузорй бояд шаффофияти бештаре дошта бошад, агар карор аст шумори бештари сармоягузоронро ба Точикистон чалб кунад.
Бо балое, ки ба сари ОРИМА оварданд, фикр намекунам як сармоягузори хоричии дигар по ба харими Точикистон бигзорад. ОРИМА пули давлати Точикистон набуд, ки мусодира шавад. Он як ширкати муштараки точикй-хуландист, ки дар огоз сахмияхояшон 50 ба 50 буд ва дар нихоят 70 дарсади он ба Маъруф Орифов таъаллук гирифт ва холо карор аст ба чайби давлат биравад.
Икдоми баъдии таъаччуббарангези Лотен сухбатхои рузи шанбеи у дар нишасти 35-умин солрузи поярезии Хизби Нахзати Исломй буд. Интикоди у аз Хизби Нахзати Исломй бисёр бачо ва дуруст буд. Хизбе, ки муддаъии мухолифат бо давлати феълист, бояд рафторе дигаргуна дошта бошад. Вакте ки мардум аз зачр ба дод омадаанд ва бо вучуди хатароти хоил дар баробари кохи раёсати чумхурй тачаммуъ мекунанд, лату кубу боздошт мешаванд, як хизби мухолиф чи гуна метавонад сокит бимонад? Дар зимистони гузашта, вакте ки кудакони навзод аз сармо мурданд ва солмандон хам дунёи пурранчро зудтар тарк гуфтанд, хизби мухолиф чи гуна метавонад гами давлатро бихурад ва аз эчоди захмат барои «давлати бечора» пархез кунад? Магар гунахкори он бадбахтй давлат набуд? Зимистони сахт вижаи точикхо набуд. Тамоми минтака ва фаротар аз он бо зимистони замхарире рубару шуданд, аммо чаро бояд точикхо бештар аз дигарон азоби онро мекашиданд? Чун давлат коромад набуду нест. Чаро Хизби Нахзати Исломй, ки сарточи мухолифон буд, ин вахшатро дар сукути комил мушохида кард ва баъд аз он хам чизе нагуфт?
Барои Греам Лотени бритониёйи ин навъи «мухолифат бо давлат» аслан кобили дарк нест. Дар Бритониё кучактарин кутохии давлат боъиси нишастхои густардаи мухолифон ва пахши баёнияхову барпойии рохпаймойихо мешавад, то давлатро аз чурт ё ганабаш бедор кунад, то бидонанд, ки дунё бесохиб нест ва коре бояд кард. То мутаваччехи ахамияти мардум шаванд ва неруи тахтбарафкани мардумро ламс кунанд. То мардумро табдил ба бардагони бечора накунанд, ки хар гирду (чормагз)-еро, ки давлат хост, бар сараш шикаста шавад. То намояндаи ростини мардум бошанд.
Бо ин изхороти Греам Лотен симои у батамом барои ман иваз шуд. Умедворам у хам аз кори неки Крейг Муррей, ки мухолифони давлати узбак уро «кахрамони мардуми Узбакистон» унвон кардаанд, дарс гирифта бошад ва аз ин ба баъд хам чои холии мухолифони давлатро пур кунад.
Шарм бод бар мухолифоне, ки моро чашм ба дахони сафире бегона кардаанд. Хизби Нахзати Исломй бо пуштвонаи азиме, ки дорад ва 25000 узвияте, ки унвон мекунад, чойгохаш он чо нест. Набуди садои мухолиф дар хар чомеъае он чомеъаро зудтар аз мавъид ба мархилаи фарсоиш мерасонад. Мавчудияти садохои мувофик ва мухолиф аз заруратхои бако ва мондагории хар миллат аст. Агар таносуби мувофику мухолиф дар кишвар мавчуд набошад, мавчудияти кишвар хам зери суол меравад. Дуруст ба монанди нерухои мусбату манфй, ки ба иттифоки хам як чарогро равшан мекунанд. Аз ин ру чароги кошонаи точик хомуш аст. Чун мо таркиби мутаносиби мусбату манфиро хануз надорем. Ба умеди он руз.
Labels:
Britain,
diplomacy,
politics,
Tajikistan
Subscribe to:
Posts (Atom)
