Showing posts with label Afghanistan. Show all posts
Showing posts with label Afghanistan. Show all posts

Tuesday, July 14, 2020

Забонҳои эронӣ

Дар баҳсҳои ахир чизе, ки шигифтзадаам кард, ин буд, ки бархе аз ҳаммеҳанонам бо мафҳуми “забонҳои эронӣ” ошно набуданд. Бархе аз порсиситезони дуоташа мепурсиданд: “Магар забони курдиро ҷузъи гурӯҳи забонҳои форсӣ намедонӣ?!”Тасаввури он ҳамватан ин буд, ки мо курдиро як забони порсӣ медонем; ғофил аз ин ки “порсӣ” (забони мо) номи фақат як забон аст ва намешавад ҳеч забони дигареро “ҷузъе аз забони порсӣ” донист; аз ҷумла курдиро, ки он ҳам ба монанди порсӣ аз забонҳои эронии ғарбист.

Барои рафъи сӯитафоҳумҳо дар ин замина ба “забонҳои эронӣ” бипардозем, ки мақулае ъилмист, на эҳсосотӣ. Ва ҳатто забони Толибони Афғонистон, ки худро душмани Эрону эронӣ медонанд, аз диди ъилмӣ ҷузъи забонҳои эронӣ (“иранские языки” / Iranian Languages) ба шумор меояд. Ва забони он эрониситези Тоҷикистон ҳам сад дарсад эронӣ аст. Кофист, ин истилоҳоти русию инглисиро дар Интернет ҷустуҷӯ кунед, то матолиби фаровоне дар бораи ин мафҳуми ъилмӣ гиратон биёяд.

Кӯтоҳсухан ин ки гурӯҳи “забонҳои эронӣ” шохае аз “забонҳои ҳиндуэронӣ” аст, ки дар хонаводаи “забонҳои ҳиндуурупоӣ” вуҷуд дорад. Роиҷтарин забонҳои эронӣ дар дунёи имрӯз порсӣ, пашту ва курдӣ аст. Албатта, дар канори ин се забони аслӣ даҳҳо забони дигар ҳам дорем. Худи курдӣ гурӯҳе аз забонҳоро дарбар мегирад, ки бархе ҳамчунон онҳоро гӯиш медонанду ъиддае ҳам ба далели ғайримафҳум будани онҳо барои гӯишварони дигари курдӣ, забон ба шумор меоваранд; ба монанди курмонҷӣ, эломӣ, лакӣ, калҳурӣ, зозо-гуронӣ, суронӣ ё курдии миёна ва ғайра. Гӯишҳои курдии роиҷ дар Эрони имрӯзӣ барои бештари порсизабонон тақрибан мафҳум аст ва барои бисёре аз курдҳои берун аз Эрон номафҳум. Порсӣ ва курдӣ бо ҳам наздикии қобили таваҷҷуҳе доранд, чун ҳар ду ҷузъи забонҳои ғарбии эронианд. Бо ин тафовут, ки бисёре аз забоншиносон ҷойгоҳи забонҳои курдиро дар миёни забонҳои шимолиғарбии эронӣ ташхис додаанду мақоми порсиро дар ҷумлаи забонҳои ҷанубиғарбии эронӣ. Албатта, забоншиносоне ҳам ҳастанд, ки мавқеъияти забонҳои курдиро байнобайни забонҳои шимолиғарбӣ ва ҷанубиғарбии эронӣ ташхис додаанд.

Мо забонҳои эронии бисёре доштаем, ки дигар дар миён нестанд ва ба ъунвони “забонҳои мурда” аз онҳо ёд мешавад. Ба монанди ниёзабони эронӣ (ки баромада аз ниёзабони ҳиндуэронӣ буд), авестоӣ, порсии бостон, порсии миёна, паҳлавӣ, бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, осӣ (усетиёӣ)-и куҳан, ванҷӣ, дарвозӣ ва ғайра.

Забонҳои эронии зинда ба ду шохаи аслӣ тақсим мешаванд:

1. Забонҳои эронии ғарбӣ (ки муҳимтаринашон порсӣ ва курдӣ аст);
2. Забонҳои эронии шарқӣ (ки муҳимтаринашон пашту ва осӣ (усетиёӣ) аст).

Шохаи забонҳои эронии ғарбӣ ду тираи мушаххаси дигар дорад:

1. Ҷанубиғарбӣ (ки порсӣ намояндаи ғолиби он аст);
2. Шимолиғарбӣ (ки ба бовари ғолиб, курдӣ дар раъси он қарор дорад).

Шохаи забонҳои эронии шарқӣ ҳам ду тираи мушаххас дорад:
1. Ҷанубишарқӣ (ки пашту роиҷтарини онҳост);
2. Шимолишарқӣ (ки осӣ (усетиёӣ) бузургтарини онҳост ва кӯчактарин шохаи забонҳои эронӣ ба шумор меояд).

Бештари забонҳои эронии гузаштаву имрӯзи Варазрӯд (Осиёи Миёна) аз ҷумлаи забонҳои эронии шарқианд; ба монанди бохтарию хоразмию суғдию сакоӣ ва имрӯза ҳамаи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ. Забони пашту ҳам, ки дар Афғонистону Покистон роиҷ аст, ъузви ҳамин гурӯҳ аст.

Бо мурури ин ҳақоиқи ъилмӣ он чи равшан шуд, ин аст, ки порсӣ танҳо яке аз даҳҳо забони эронист ва ба ҳеч рӯй намешавад фақат ҳамонро “забони эронӣ” номид. Чун забонҳои эронии дигар ҳам дорем. Ва ба ҳамин шева, дар Тоҷикистон ҳам намешавад фақат забони порсиро “тоҷикӣ” номид, чун дар Тоҷикистон ҳам забонҳои тоҷикӣ (эронӣ)-и дигар дорем.

Тағйири номи забон, яъне оғози торихи забоне дигар

Мухолифони бачаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ дар Тоҷикистон, ки ба забони модарии худ ба шеваи ниё “порсӣ” гӯянд ва ҳеч пешванду пасванде бар он наафзоянд, ъумдатан се дастаанд:

1. Ононе, ки бо забони порсӣ аз беху бун мухолифат доранд, аз ному нишонаш безоранд ва хоҳони нобудии комили он ҳастанд, то русӣ ё ҳар забони дигаре ҷойгузинаш шавад;

2. Ононе, ки забони порсиро бо номи “забони тоҷикӣ” мешиносанд ва номи забонро абзори сиёсӣ медонанд ва нигаронанд, ки барқарории номи асили забон (порсӣ) Тоҷикистонро аз Русия дур ва ба Эрон наздик мекунад. Далоили шахсӣ ҳам барои ин мавзеъгирӣ доранд. Масалан, агар шоъиру нивисандаву пажӯҳишгар бошанд, нигаронанд, ки бо “порсӣ” шудани забони миллии Тоҷикистон тамоми осори онҳо ба ҷойгоҳи сазовораш (фаромӯшӣ) восил хоҳад шуд. Гурӯҳи касире ҳам аз рӯи ноогоҳӣ бар истилоҳи сиёсии “забони тоҷикӣ” пофишорӣ доранд;

3. Ононе, ки забони худро порсӣ медонанд, аммо муътақиданд, ки “тоҷикӣ” ҳам бояд ба он афзуда шавад, то пешинаи шӯравӣ (истеъморӣ)-и тоҷиконро бозтоб диҳад ва талоши фарҳехтагони тоҷик дар солҳои истеъмор фаромӯш нашаваду чиву чиву чи...

Бо ду гурӯҳи аввал фаровон гапугуфт доштаем. Ин бор рӯи суҳбати ман севумӣ аст, ҳарчанд ин суханон марбут ба гурӯҳи дувум ҳам мешавад. Аммо бо гурӯҳи севум дар ин маврид суҳбат накардаем; пас мухотаби аслӣ касоне ҳастанд, ки мехоҳанд номи забони мо расман ба шакли "форсии тоҷикӣ" сабт шавад. Дар бораи далоили мавзеъгирии онҳо борҳо гуфтаем. Инҷо пурсиши ман дар бораи он аст, ки то чи андоза онҳо бар сари паёмадҳои ин мавзеъгирӣ фикр кардаанд.

Дар ъилми забоншиносӣ ҳар забоне, ки чизе ба номаш афзуда ё аз он кам шудааст, забони дигаре ба шумор меояд. Ва агар он иттифоқ барои забони имрӯзӣ биуфтад, пас он забон навпо асту дар оғози торихи худ. Масалан, забони “порсии миёна” ҳамон “порсии бостон” нест. Ва “порсии навин” ҳамон “порсии миёна” нест. Бо афзудани замонвожа (бостон, миёна, навин) тафовут ва чистии ҳар як аз ин се забон мушаххас шудааст, ки акнун фақат яке аз онҳо зинда аст. Ҳар як аз онҳо оғозу поёни худро дорад ва танҳо порсии навин ҳамчунон ъумр мекунад.

Ъазизоне, ки мехоҳанд забони мо расман “форсии тоҷикӣ” ном бигирад, нуқтаи оғози ин забонро чи соле медонанд? Авоили даҳаи 1920, ки ин истилоҳ пайдо шуд? Яъне забонашон ҳудуди садсола хоҳад буд ва нахустин нивисандааш Садриддини Ъайнӣ (ҳарчанд расмулхатташ порсӣ буд)? Чун Абӯҳафси Суғдию Рӯдакию Фирдавсию Пури Синову Берунию Ъумари Хайёму Носири Хусраву Саъдию Мавлавию Саноию Ҳофизу... ҳатто Аҳмади Дониш, ки наздик ба замони мо буд, забони худро “тоҷикӣ” наномидаанд, балки онро “порсӣ” медонистанд. Пас ҳеч як аз онҳо ба “форсии тоҷикӣ” таъаллуқ надорад ва “форсии тоҷикӣ” забоне навпост, ки аз замони истилои Артиши Сурх шакл гирифт ва пеш аз он вуҷуд надошт? Агар пеш аз он ҳам вуҷуд дошт ва ҳамаи он бузургон мутаъаллиқ ба ин забон ҳастанд, ба чи далеле номи забонро ъиваз кунем?.. Инҳо пурсишҳоест, ки дар чорчӯби иълми забоншиносӣ матраҳ мешавад. Чун як забони воҳид наметавонад ду номи мухталиф дошта бошад; магар ин ки суҳбат аз ду забони муҷаззо бошад. Ва ду забони муҷаззо наметавонад ъайни ҳамон торихро дошта бошад. Агар торихашон сартопо якест, пас бояд як забон бошад бо як ном...

Пойбандӣ ба номи ростини забони тоҷикон –порсӣ аз ҳар лиҳоз ба суди миллат асту дурӣ аз он мояи зиёни фаровон.

Monday, February 16, 2015

I am Tajik i.e. Iranian

Гуфтугӯи Иброҳим Усмонов бо хабаргузории TojNews ва дар пайи он маросими рӯнамоии китоби “Сарнавишти “тоҷик”-и ин донишвари тоҷик дар Душанбе баёнгари як ҳақиқати талх буд: бархе аз чеҳраҳо дар маҳофили илмии кишвар дучори таваҳҳумҳое ҳастанд, ки бо нафси илм, ки бояд орӣ аз эҳсосоту ғаразварзӣ бошад, ҳамхонӣ надорад.

Барои осонии пайгирии мавзӯъ пораҳое аз суҳбатҳои Иброҳим Усмоновро нақл мекунам ва ба дунболи он бардошти худам аз мавзӯъро меоварам.

Иброҳим Усмонов: Ман донистан мехоҳам, ки чаро халқи эрониасли тоҷикро на қавмҳои дигари Осиёи Миёна, масалан, пантуркистҳо, соҳиби ин ватан ҳисоб намекунанд ва на як гуруҳ ҷавонони имрӯзаи тоҷик, ки худро “форс” меҳисобанд.

Дориюш Раҷабиён: Вожаи “порс” (ки тозишудаи он “форс” аст), дар даврони бостон ва садаҳои миёна ба маънои қавме аз ақвоми эронӣ буд, бархоста аз сарзамини Порс. Форс имрӯза яке аз 31 устони Эрон аст. Порс дар қалби таҳаввулоти сиёсии даврони бостон қарор дошт ва ба ҳамин далел ҳам барои бегонагон саропои Эрон Persia (Порс) ба шумор меомад. Ба монанди устони Ҳуланд дар соҳили ғарбии кишваре, ки ба забони бумӣ онро Nederland номанд; феълан устони Ҳуланд кӯчактар шуда ва сирфан як минтақаи он кишвар аст. Аммо барои хориҷиҳо саропои он сарзамин ҳамчунон Ҳуланд аст ва тамоми мардуми бумии он – ҳуландӣ. Ҳамин намуна дар мавриди Инглистон ҳам сидқ мекунад, ки сирфан бахше аз Бритониёст, аммо барои бисёре аз бегонагон тамоми он сарзамин Инглистон (Англия) маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ набояд таъаҷҷуб кард, вақте ки дар навиштаҳои куҳан, чи дар Ғарбу чи дар Шарқ, ба тамоми Эронзамин “Форс” (Persia) ҳам мегуфтанд ва “форс” (Persian) ба ҳамаи мардумони бумии Эронзамин итлоқ мешуд.

Имрӯза бо тағйиру таҳаввуле, ки дар таркиби қавмию нажодии афрод сурат гирифта, суҳбат аз қавми сараву поки порс ё ҳар қавми дигаре бемаъност. Бад-ин ҷиҳат, ҳар он касро, ки аз нажоди эронисту забони модариаш порсист, мешавад “порс” номид. Садриддин Айнӣ дар соли 1919 ҳеч ибое надошт, ки тоҷиконро “форсиён” биномад ва дар мақолае навишта буд: “Бадбахтона, мо, форсиён, ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем” (“Танвири афкор”, 1919). Ва “форсиён” барои устод Айнӣ ва бузургони дигари даврон мутародифи вожаи “тоҷик” буд. Ба монанди вожагоне чун “деҳгон” ва “порсивон”.

Дар идомаи мабҳас ба ин мавзӯъ бармегардем. Аммо инҷо бояд ба бардошти иштибоҳе, ки Иброҳим Усмонов дорад, ангушт гузошт. Ҳеч тоҷикеро надидаам, ки бо порс донистани худ ҳаққи тоҷикон бар сарзамини паҳновари Осиёи Миёнаро зери суол бурда бошад. Порс будани бисёре аз тоҷикон ба ин маъно нест, ки онҳо аз устони Форси Эрони кунунӣ омадаанд, балки бад-ин маъност, ки соҳибони ин сарзамин эрониёне ҳастанд, ки имрӯза умдатан забони порсӣ забони модаришон аст. Яъне “тоҷик” мутародифи “эронӣ” аст ва забони модарии ҳамаи эрониён порсӣ нест. Метавонад яке аз забонҳои эронии шарқӣ, мисли забонҳои помирӣ ё яғнобӣ бошад. Аммо ҳамагӣ тоҷик, яъне эронӣ ҳастанд.

Иброҳим Усмонов: Пас аз милод ба номи Эрон давлат набуд. Аврупоиҳо Эрони имрӯзаро Форс мегуфтанд (Форсро ба хотири бузургдошти Эрони Бузург Паҳлавиҳо соли 1934 Эрон ном карданд).

Дориюш Раҷабиён: Барои посух ба ин иддиъои оқои Усмонов ҳамин басанда аст, ки ӯро ба рисолаи «Шаҳристониҳои Эроншаҳр» ирҷоъ диҳем, ки дар садаи ҳаштуми мелодӣ ба забони порсии миёна навишта шудааст. Унвони ин китоб батанҳоӣ бовари оқои Усмоновро ба чолиш мекашад. «Эрон» ва «Эроншаҳр» дар замони Сосониён ба унвони номи расмии сарзаминашон (ки Тоҷикистони имрӯзӣ ҳам бахше аз он буд) ба кор мерафт. Шопури Якум (писари Ардашери Якум) дар сангнабиштаҳояш ба порсии миёна худро šāhānšāh ērān ut anērān (Шаҳаншоҳи Эрону Анерон) ва ба забони паҳлавӣ šāhānšāh aryān ut anaryān (Шаҳаншоҳи Ориён ва Анориён) меномад. Ифтихори тамоми фармонравоёни сарзаминамон ин будааст, ки ба тоҷу тахти Эрон даст ёфтаанд ва адабиёти порсӣ саршор аз намунаҳое дар ин боб аст. Навиштаеро, ки бар муҳри салтанатии Сафавиён (1501-1722) мехонед, ин аст: “Шаҳриёри Эрон” (David Blow, Shah Abbas: The Ruthless King Who Became an Iranian Legend).

Яъне Эрон барои мардуми бумии ин сарзамин ҳамвора “Эрон” будааст. Аммо бино ба далелҳое, ки болотар арз шуд, бегонагон онро Persia (Персия) мехонданд. Соли 1935 мелодӣ иттифоқе, ки уфтод ин буд: Ризошоҳи Паҳлавӣ бо интишори як баёния аз тамоми кишварҳои ҷаҳон хост, ки аз он рӯз ба баъд номи бумии сарзаминаш (Эрон)-ро ба расмият бишиносанд ва онро дигар “Порс” наноманд. Чун мардуми бумӣ сарзаминашонро бо номи “Эрон” мешиносанд. Намунаҳое аз ин даст дар торих фаровон аст. Масалан, то соли 1989 танҳо номи шинохташудаи Миёнмор барои бегонагон “Бирма” буд. Аммо давлати низомии он кишвар аз ҳамагон хост, ки номи кишварашонро ба забони мардуми бумӣ “Миёнмор” бигӯянд. Ва ба ҳамин шева, давлати Ҳинд номҳои давраи истеъморро тағйир дод ва, масалан, аз ҳамагон хост, ки номи шаҳри Бамбаӣ (Bombay)-ро на ба имлои инглисӣ, балки ба талаффузи моротӣ (забони расмии минтақа) ҳиҷҷӣ кунанд ва “Мумбой” (Mumbai) бигӯянд.

Дар мавриди буъди торихии қазия ҳам бояд инро афзуд, ки подшоҳони Сомонӣ дар Бухоро таборномаи худро аз Баҳроми Чӯбинаи Сосонӣ оғоз карда буданд. Баҳроми Чӯбин, сипаҳсолори баноми Сосонӣ, асолатан аз шаҳри Райи Эрон буд. Таборномаи Сомониён Сомонхудот (падари падарҷадди Исмоъили Сомонӣ)-ро навосаи Нӯшрад, яке аз фарзандони Баҳроми Чӯбин муъаррифӣ мекунад. Сомониён на танҳо худро подшоҳони Эрон медонистанд, балки бонию ҳомии забони порсии даврони худ шуданд ва марҳилаи тозае аз рушди забони порсиро дар Бухоро оғоз ниҳоданд ва забони порсиро дубора “дарӣ” (дарборӣ; расмӣ) карданд.
Аз ин рӯ иддиъои оқои Усмонов дар бораи номавҷуд будани давлате бо номи “Эрон” пас аз мелоди Масеҳ бисёр шигифтангез ва ғариб аст.

Иброҳим Усмонов: Кадом мардумро қирғизу ӯзбаку туркман ном буд? Ин номҳо дар адабиёт нестанд, зеро ҳамаро турк мегуфтанд. Чаро ин қабилаҳои турк аз ягона баданаи худ берун меоянду мо не? Онҳо бо ифтихор мегӯянд, ки фарҳангу забони мо туркӣ, аммо мо қазоқу қирғизу ӯзбак ҳастем. Ё славянҳоро бигирем. Булғор, словен, словак, рус, украин, белорус, чех ва ғайраву ҳоказо, “ман рус, словак” ва ғайраву ҳоказо мегӯянд, на “ман – славян”. Ҳатто бинед, чӣ талоше миёни ду бародар – русу украин меравад. Ман ҷонибдори ин нестам, аммо ин талош барои мустақилият ва ҳуввият аст. Дар мо чӣ? Тамоман баръакс.

Дориюш Раҷабиён: Даъвати оқои Усмонов ба фаслу парешон кардани эрониён ва тафриқа андохтан миёни онон метавонад сирфан далоили сиёсӣ дошта бошад, аммо илмҳои забоншиносию мардумшиносӣ бо ин фарохон муғоират доранд. Нафси ин ки оқои Усмонов эрониёни порсигӯро бо қавмҳои чандзабонаи турктабор (қазоқу қирғизу узбак) ва ислов (булғорию, ислувену ислувоку русу укроинию белорусию чеку ғайра) муқоиса мекунад, гӯёи ишкол дар дарки ӯ аз мавзӯъ аст. Чаро? Зеро мардумони турктабору ислов, бо вуҷуди ягонагии решаи нажодишон, ба забонҳои мухталиф сухан мегӯянд; ба гунае, ки дидорҳои расмии сарони он кишварҳо ба мутарҷим ниёз дорад. Барои намуна, «pozor” дар забони чекӣ ба маънии “таваҷҷуҳ” асту дар забони русӣ ба маънои шармсорию русвоӣ. На танҳо вожагони ин забонҳо мутафовит аст, балки дар мавориде сарфу наҳвашон ҳам бо ҳам яксон нест. Масалан, дар забони булғорӣ ҳолати масдар вуҷуд надорад ва феъли аввалшахсро ба таври машрут ба унвони масдар пазируфтаанд. Тафовут миёни забонҳои туркибун ҳам ба ҳамин андоза зиёд аст. Кӯтоҳсухан, муқоисаи онҳо бо эрониёни порсигӯ қиёси номарбут ва беҷост. Суҳбати мо дар бораи мардумонест, ки аз як тираи нажодӣ (эронӣ) бархостаанд ва ба як забони воҳид (порсӣ) суҳбат мекунанд. Ин мардумонро тоҷик ё эронӣ номанд. Бахши аъзами тоҷикон ё эрониён ба забони порсӣ суҳбат мекунанд ва онҳо порс ё порсивон ҳастанд. Бархе аз тоҷикон ҳам ҳастанд, ки ба забонҳои эронии ғайр аз порсӣ суҳбат мекунанд, аммо ҳамчунон эронианд. Яъне забони порсӣ унсури таъйинкунанда барои тоҷикон нест, балки як забони эронӣ ҳамроҳ бо табори эронӣ аст, ки онҳоро тоҷик (эронӣ) мекунад. Вақте ки медонем табору нажоди як кас эронист ва забонаш ҳам эронист, чигуна метавонем ҳувияти миллии ӯро ғайриэронӣ бидонем?

Иброҳим Усмонов: Суол мешавад: чӣ фарқ аст миёни пантуркисте, ки мегуфт, тоҷик дар Осиёи Миёна нест ва онҳое, ки мегӯянд, “мо форсем, на тоҷик”? Ҳарду ҳам будани тоҷикро дар хонаи азалии худаш инкор мекунанд.

Дориюш Раҷабиён: На ҳеч понтуркистеро мешиносам, ки мункири ҳузури тоҷикон дар Осиёи Миёна бошад ва на тоҷикеро дидаам, ки худро порс бидонаду тоҷик на. Ин иддиъо дар зиндагии воқеъӣ мисдоқе надорад. Понтуркистҳо ин пиндорро мепарокананд, ки тоҷикҳо аз Эрони имрӯзӣ ба минтақа муҳоҷират кардаанд. Гуфтам «пиндор», чун як сухани газофу бепоя аст. Эрониён аз дербоз, ҳатто пеш аз ин ки пояшон ба Эрони имрӯзӣ бирасад, дар Фарорӯд (Мовароуннаҳр, Осиёи Миёна) ҳузур доштаанд. Паҳнаи Ориёно, ки баъдан номи он тағйири шакл доду «Эрон» шуд, ҳамвора минтақаи моро ҳам дарбар доштааст. Истробу (Страбон) дар садаи якуми пеш аз мелод дар китоби “Ҷуғрофиё”-и худ менависад: “Номи “Ориёно” ба сарзаминҳои дигар ҳам итлоқ мешавад; ба бахшҳое аз Порсу Мод ва ҳамин тавр ба сарзаминҳои бохтариёну суғдиён дар шимол; зеро онҳо тақрибан ба як забон такаллум мекунанд; гӯишҳои онҳо тафовути андаке дорад”. (Strabo, Geography, 15.8)

Яъне ин ҷуғрофидон, файласуф ва торихдони юнонии даврони бостон бохтариёну суғдиён (пешиниёни мо)-ро дар канори порсҳову модҳои он замон дар як қаламрав қарор дода ва забони ҳамаи онҳоро тақрибан яке дониста, бо тафовутҳое андак.

Пас ба ҳеч рӯй суҳбат аз “омада” будани тоҷикон (эрониён) дар Осиёи Миёна нест. Осиёи Миёна (Мовароуннаҳр, Фарорӯд), аз замоне ки торих мактуб шуда, сарзамини эрониён (тоҷикон) буд ва боқӣ мондааст. Суҳбат аз ин аст, ки вожаи “тоҷик” дар бофтор (контекст)-и торихию фарҳангию адабӣ сирфан мутародифи “эронӣ” аст.

Фирдавсии Тӯсӣ ҳам дар дар тафсири мавзӯъ бештар аз Истробу сиҳҳа гузошта ва шаҳрҳои Эронро ингуна баршумурдааст:
Ҳар он шаҳр, к-аз марзи Эрон ниҳӣ,
Бигӯ, то кунам он зи туркон тиҳӣ.
Аз Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст
Дари Ғарчагон аз бари буми Буст.
Дигар Толиқоншаҳр то Форёб,
Ҳамедун дари Балх то Андароб.
Дигар Гӯзгонони фархундаҷой
Ниҳодаст номаш ҷаҳон-кадхудой.
Дигар Мӯлиён то дари Бадхишон,
Ҳамин аст аз ин подшоҳӣ нишон.
Фурӯтар дигар дашти Омӯйу Зам,
Ки бо шаҳри Хатлон барояд барам.
Чу Шигнону Тирмизу Висагирд,
Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.
Ҳамедун бирав, то дари Суғд низ,
Наҷӯяд касе подшоҳӣ ба чиз.
В-аз он сӯ, ки шуд Рустами гардсӯз,
Супорам ба ӯ кишвари Нимрӯз…

Иброҳим Усмонов: Асоси тоҷик дар Бухорову Самарқанд аст. Бақия вилоятҳои Ӯзбакистонро худатон медонед. Дар вилоятҳои Бодканд, Ҷалолобод ва Ӯши Қирғизистон ва Чимкенту Ҷамбули Қазоқистон ҳам тоҷикони таҳҷоӣ ҳастанд, на кӯчидарафта ё мардикор.

Дориюш Раҷабиён: Ташхиси маҳалли асосии “тоҷик” аз сӯи оқои Усмонов пурсишбарангез аст. «Асоси тоҷик дар Бухорову Самарқанд аст», агар дидгоҳе маҳалгароёна ва ғайриъилмӣ нест, ки чист? Чигуна ва бар мабнои чи меъёру милокҳое мешавад маҳалли асосии «тоҷик»-ро мушаххас кард? Ва бар пояи чи далелҳои илмие мешавад тоҷикони дигарро “ғайриасосӣ” ва фаръӣ донист?

Вожаи “тоҷик” аз садаи 11-уми мелодӣ ба баъд барои эрониён ба кор меравад. Нахустин мавриди корбурди он тавассути Юсуфи Баласоғунӣ, торихнигори уйғур, дар китоби “Кутадгу билиг” ба мушоҳида расида, ки ӯ эрониёнро “тоҷик” меномад. Восилӣ Бортулд (Василий Бартольд), ховаршиноси олмонитабори Русия, дар соли 1910 рисолае ғарро навишт бо номи “Таджики” (“Тоҷикон”) ва барои нахустин бор бо истинтоҷ аз тамоми навиштаҳои муртабит дар тӯли торих ба забони содаву расои илмӣ далели итлоқи ин ном ба эрониёнро тавзеҳ дод:
“Вожаи “тойчик” дар забони паҳлавӣ, “точик” дар забони арманӣ ва “дошӣ” дар забони чинӣ ҳам ба маънои “араб” аст. Зоҳиран, дар Осиёи Миёна ҳам мардуми эронии бумӣ ишғолгарони мусалмонро чунин меномиданд; чун бино ба бардошти мардумони он даврон, ҳар эроние, ки ба ислом гаравида, араб мешуд (руҷ. Торихи Табарӣ, II, 1508, 13), ин вожа ба маънои “мусалмон, марди дастандаркори густариши фарҳанги исломӣ” вориди забони туркҳо ҳам шуд. Ва чун бештари мусалмононе, ки туркҳо мешинохтанд, эронӣ буданд, вожаи “теҷик” дар забони туркҳо ба маънои “эронӣ” ба кор мерафт. Маҳмуди Кошғарӣ (I, 324) вожаи “тежик”-ро “порс” (ал-форисӣ) маъно мекунад. Китоби “Кутадгу билиг” ҳам ки дар ҳамон давра навишта шуда, “теҷикҳо”-ро ғайриъараб ва порс медонад (Радлов, Словарь, III, 1096). Эрониён ҳам, дар ҳоли тақобул бо фармонравоёни туркашон дар он давра худро “тозик” меномиданд (Торихи Байҳақӣ, нашри Морлей, сафҳаи 746). Пайваста бар тақобул ва ихтилофоти турку тоҷик таъкид мешуд ва иддиъо мешуд, ки равобити дӯстонаву хешовандӣ миёни турку тоҷик ҳамеша поёни баде дошта ва ин ки тоҷик ҳаргиз наметавонад ба турк эътимод кунад (Заҳириддини Маръашӣ, 248, 253).”

Ин таъбири устод Бортулд, фориғ аз балоёи ақидатию сиёсие, ки ҳафт сол баъд (1917) домангири илми сарзаминаш шуд, посухгӯи ҳамаи пурсишҳои мо дар бораи вожаи “тоҷик” аст. Шигифтиангез аст, ки дар маросими рӯнамоии китоби Иброҳим Усмонов ҳам ҷаноби Усмонов ва ҳам оқои Абдуннабӣ Сатторзода дам аз эътибори фармудаҳои муртабити устод Бортулд мезаданд, аммо зоҳиран ба мағзи каломи ӯ дар рисолаи “Тоҷикон” таваҷҷуҳи кофӣ надоштаанд. Вагарна бо такя бар ин тафсири мантиқию торихӣ метавонистанд корбурди вожаи “тоҷик” дар ториху адабиёти порсиро маъно кунанд. Дар ториху адабиёти порсӣ ин вожа ҳама ҷо ба маънои “эронӣ” омадааст, бавежа дар тақобул бо “турк”:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик. (Саъдии Шерозӣ)

Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад. (Саъдии Шерозӣ)

Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст
Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар ҷонро. (Мавлавӣ)

Туркӣ ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соъате туркӣ шавам, як лаҳза тоҷикӣ шавам. (Мавлавӣ)

Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармию тоҷикӣ. (Мавлавӣ)

Резахори наволаи карамаш
Турку тоҷику бандаву озод. (Ҳотифи Исфаҳонӣ)

Туро додор турк асту ту тоҷик,
Бимонда бар сари ин роҳи борик (Аттори Нишопурӣ)

Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ
Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст. (Салмони Соваҷӣ)

Аз ин намунаҳо фаровон аст. Ва ҳама ҷо мо он тақобули миёни турку тоҷикро мебинем. “Тоҷик” ҳама ҷо ба маънои эронӣ омада, аммо танҳо дар мавориде ба кор рафтааст, ки дар баробари он “турк” қарор мегирад. Чаро? Чун “тоҷик” ба маънои эронии мусалмоне, ки барои туркон исломро ба армуғон оварда, мавриди корбурди туркон буд. Ба монанди “аҷам”, ки ба маънои “эронӣ” дар миёни арабҳо мутадовил буд ва дар забони порсӣ ҳам тақобули “арабу аҷам”-ро сохт. Дуруст ба монанди “турку тоҷик”. Ва ҳамсоягии эрониёни Осиёи Миёна бо қавмҳои турктабор ин номро саранҷом ниҳодина ва расмӣ кард.

Иброҳим Усмонов: Ангелиус, муаррихи голландӣ ҳанӯз асри 17 ба Хуросон омада, бо ҳайрат менависад, ки дар кишвари Форс мардум худро тоҷик мегӯянд. Сафири аввалини Британия дар Афғонистон навиштааст, ки мардуми Кобул пурра тоҷиканд ва аз он ба шимол ҳам ҳама тоҷиканд…

Дориюш Раҷабиён: Ин нуктае, ки оқои Усмонов зикр кардааст, хилофи бовари ӯро собит мекунад. Дар садаи 17-уми мелодӣ, замоне ки сарзаминҳои эронӣ таҳти султаи дудмонҳои турктабор буданд, мардуми “кишвари Форс” худро тоҷик мегуфтаанд. Оё ин ба маънои мутародиф ё ҳаммаъно будани “тоҷик”-у “эронӣ” нест, ки чист? Ё тасаввур бар ин аст, ки он одамон ҳамагӣ аз Тоҷикистони имрӯзӣ ба Форс муҳоҷират карда буданд? На. “Тоҷик” ҳамвора мутародифи “эронӣ” будааст. Ин ҳақиқати илмиро бояд бидуни айнакҳои сиёсӣ дид.

Иброҳим Усмонов: Тоҷикону ҳазораҳо – тоҷикзабонҳо 45 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд. Дар Чин сарикӯлиҳо ба сар мебаранд, ки беш аз 60 ҳазор гуфта мешаванд.

Дориюш Раҷабиён: Дар Афғонистон ҳеч аҳади порсигӯе худро «тоҷикзабон» намедонад. Порсигӯ, порсивон, порсизабон истилоҳоти қобили қабул барои ҳамзабонони мо дар Афғонистон ва фаротар аз он аст. Чун «забони тоҷикӣ» як истилоҳи сиёсии офаридаи Иттиҳоди Шӯравӣ аст ва корбурди он сирфан дар ҳавзаи расмист ва фаротар аз қаламрави Шӯравии пешин ба кор намеравад.

«Тоҷикзабон» номидани порсигӯён ғалати торихӣ ва забоншинохтӣ ҳам ҳаст. Чаро?
Ҳамон гуна ки дар бахшҳои пешини ин ҷустор арз шуд, «тоҷик» ба маънои «эронӣ» аст, на танҳо «форсизабон». Яъне забони модарии як тоҷик (эронӣ) метавонад порсӣ набошад, аммо ҳатман яке аз забонҳои эронист. «Тоҷикӣ» хондани забони порсӣ барои тамомияти миллат дар Тоҷикистон ҳам хатарбор аст. Мо тоҷиконе дорем, ки забонашон порсӣ нест. Тоҷикони Помиру Яғноб порс ё порсизабон нестанд, аммо тоҷик ё эронианд. Пас бар пояи кадом далели илмие мешавад забони порсиро «тоҷикӣ» номид? Оё порсӣ танҳо забони тоҷикон аст? На. ЗабонҲОи тоҷикӣ (эронӣ) дорем, аммо як забони воҳиди тоҷикӣ (эронӣ) вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, «тоҷикӣ» хондани забони порсӣ – гузашта аз ин ки як амри сиёсист – ба маънои дувумдараҷа донистани тоҷикони нопорсизабон аст. Ин таъбир барои тамомияти миллии тоҷикон ҳам хатар дорад. Худи оқои Усмонов суҳбат аз тоҷикони сарикулӣ дар Чин мекунад. Вале оё ӯ медонад, ки забони ин тоҷикон порсӣ нест, балки сарикулӣ (яке аз забонҳои помирӣ ва эронии шарқӣ) аст? Пас ба чи далеле муваҷҷаҳ бояд забони порсиро “тоҷикӣ” номид?..

Иброҳим Усмонов: Дар Покистон, намедонам касе худро тоҷик меномад ё не, аммо як зани покистонӣ дар Аврупо вазир шуда, худро тоҷик муаррифӣ кард, яъне ҳастанд. Дар Эрон ҳам бовар дорам, ки тоҷикон ҳастанд, балки инро ман шахсан дидаам.

Дориюш Раҷабиён: Он зани покистонӣ, ки оқои Усмонов мегӯяд, Ҳадя Тоҷик аст. На вазир, балки ҳамванд (узв)-и порлумони Нурвеж (Норвегия). Ҳадя Тоҷик ҳуқуқдон, рӯзноманигор ва сиёсатмадори нурвежист, ки асолати покистонӣ дорад. Ӯ худро “тоҷик” муъаррифӣ накардааст, чун миллияти ӯ нурвежӣ аст. Номи хонаводагии ӯ “Тоҷик” аст. Бояд бидонем, ки дар кишварҳои Урупо “миллият” ба маънои “шаҳрвандӣ” аст. Аммо қавмияти ин бонуи 31-солаи нурвежӣ расман “покистонӣ” аст. “Тоҷик” сирфан номи хонаводагии ӯст, ки дар кишварҳое чун Эрону Афғонистону Покистон роиҷ аст. Абдулҷамили Тоҷик ҳам як пизишку физикдони маъруфи омрикоист, ки табори покистонӣ дорад. Пӯё Тоҷик бозикуни баскетбол дар Эрон аст. Сомонто Тоҷик ҳунарпеша ва мудели эронитабори Конодост. Номи хонаводагии “Тоҷик” дар ҳавзаи фарҳангии Эрон фаровон аст. Ва танҳо далели он корбурди вожаи “тоҷик” ба маънои “эронӣ” аст.

Дар Эрон, ҳар он кас ки забони модариаш яке аз забонҳои эронист, тоҷик аст. Санад? Абёти бешумори Саъдии Шерозӣ аз қалби Порс, ки худро “тоҷик” меномад. Оё ӯ аз сарзамини Тоҷикистони кунунӣ ба Порс паноҳ бурда буд? Албатта, ки на. Ҳатто имрӯза дар Шероз турктаборон ба расми қадимӣ ба эрониёни порсигӯ “тоҷик” мегӯянд; чи бирасад ба 800 сол пеш, ки Саъдӣ аҳли он даврон буд.

Иброҳим Усмонов: Ислом Каримов моҳи июни соли 2000 дар Кохи Борбад гуфта буд: дар Ӯзбакистон оилае нест, ки тоҷикиро надонад ё нафаҳмад. Ин эътирофи он аст, ки он ҷо тоҷикон бисёранд. Ҷои дигар гуфт, ки мо як халқем, ки ба ду забон гап мезанем. Ин кадом халқ аст? Тоҷик ё ӯзбак? Ин суол аст.

Дориюш Раҷабиён: Дар ин ки шумори тоҷикон дар Узбакистон бамаротиб бештар аз оморҳои расмист, касе шак надорад. Аммо фаротар аз онро ҳам бояд дид. Появу устухони фарҳангии Узбакистон порсӣ аст. Аз Алишери Навоӣ гирифта то Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва адабиёти имрӯзии Узбакистон саропо мулҳим (илҳомгирифта) аз порсист. Яъне адабиёти Узбакистон нусхаи чағатоии фарҳанги эронии минтақа аст. Ислом Каримов, ки худ як тоҷики дурага аст, ин мавзӯъро хуб медонад. Аммо умури сиёсӣ гоҳ заруратҳоеро дикта мекунад, ки бо воқеъиятҳои илмӣ созгор нест. Албатта, коршиносони ҳавзаи фарҳангии Фарорӯд ин нуктаро бахубӣ медонанд. Илмҳои ториху мардумшиносӣ мегӯяд: узбакҳо умдатан эрониёни туркигӯшудаи Осиёи Миёна ҳастанд. Ин истидлол дар мавриди мардумони ҳамаи шаҳрҳои бузурги Узбакистон, аз ҷумла Хева ва перомуни он (Хоразм), сидқ мекунад. “Торихи табартақсим”-и Раҳим Масов ҳам ба мо кумак мекунад, ки чигунагии иҷрои ин амалиёти душвори торихиро дарк кунем. Бештари узбакҳо эрониёне ҳастанд, ки забонашон туркӣ шудааст. Таъкид мекунам: ин дидгоҳ бидуни кӯчактарин ғарази қавмию нажодӣ баён шудааст ва сирфан баёни ҳол аст.

Иброҳим Усмонов: Бубинед, дар қадим чор халқ буд: суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва форс. Ин ҳама аз як нажод ва решаи умумӣ ҳастанд. Ин нукта ҷои баҳс надорад. Аммо савол ин аст, ки чаро сеи аввал бояд набошанд ва ахирӣ монад? Ин чӣ раванд аст?

Дориюш Раҷабиён: Ман аз шахси Иброҳим Усмонов пурсише дорам: кӣ ба шумо гуфтааст, ки дар қадим сирфан чаҳор (4!) «халқ»-и эронӣ (тоҷик) будаанду дигар ҳеч?! Ин дидгоҳ беандоза ғайриъилмӣ ва пурсишбарангез аст. Агар манзури оқои Усмонов сирфан мардуми шарқи Эрон будаанд, манзураш аз “форс” чӣ будааст? Ва агар мехостааст тамоми мардумони эрониро баршумурад, чаро аз дигарон ном набурдааст? Ин гуна пурсишҳо арзиши илмии суханони тарафро зери суол мебарад. Ба ҳар рӯй, бояд посух гуфт.

Бояд ба ин устод тавсия кард, то торихи сакоиҳо, модҳо, портҳо, согортиҳо, кордухҳо, киртиҳо, коспиён, кодусиён, рухаҷиҳо, доҳонҳо, зарангҳо ва бисёре дигар аз мардумони ҳамтабори моро ҳам дар доираи мутолеъоти худ қарор диҳад, то дарёбад, ки “дар қадим фақат чаҳор халқ набуд”. Бамаротиб бештар аз он буд. Онҳо нопадид нашудаанд, балки ба забоне дигар ва ғолибан ба забони порсӣ суҳбат мекунанд.

Иброҳим Усмонов: Аммо савол ин аст, ки чаро сеи аввал бояд набошанд ва ахирӣ монад? Ин чӣ раванд аст?

Дориюш Раҷабиён: Торих чизе дорад ба номи assimilation, яъне яксон шудан. Суғдию бохтарӣ (бар мабнои ҷадвали И. Усмонов) яксон шудаанд. Яъне имрӯза суғдиҳо бо бохтариҳо яке шудаанд ва бахши аъзами онҳо дигар чанд забон надоранд, балки як забони воҳид доранд, ки номаш порсӣ аст. Оё бояд нороҳат шуд аз иттиҳоди ду гурӯҳи эронии мардум? Суғдиҳову бохтариҳо миллияти худро тағйир надодаанду эронӣ мондаанд ва сирфан забонашонро яке кардаанд: порсӣ. Оё аз диди касе чун Иброҳим Усмонов бояд гузаштагони суғдию бохтарии худро “хоин” бидонем? Ба назари ман, на. “Хоин” касест, ки маслиҳати миллатро ба хотири маслиҳати шахсии худаш нодида бигирад. Ин ки акнун мо, эрониёни Фарорӯд (тоҷикон), як забони воҳид (порсӣ) дорем, барги барандаи мост.

Иброҳим Усмонов: Маликушшуаро Баҳор мегӯяд, ки то истилои араб забони асосии мардуми Эрон суғдӣ буд, паҳлавӣ ба форсии имрӯза камтар монандӣ дошт. Пас аз истилои араб, ба қавли ӯ, то 300 соли дигар забони асосӣ – дарӣ (дарборӣ) буд. Рӯдакиву Робиаи Балхӣ, Дақиқиву Манучеҳрӣ забони худро дарӣ гуфтаанд, на форсӣ.

Дориюш Раҷабиён: Устод Баҳор дар бораи шеъру забони шеър ҳар чи бигӯяд, ба рӯи чашм. Аммо агар аз забоншиносӣ чизе гуфтааст, дар чашми забоншиносон нанамудааст. Чун устод забоншинос набуд. Шоъир буд. Ба монанди Иброҳим Усмонов, ки забоншинос нест, балки як рӯзноманигори даврони шӯравӣ аст. Иддиъоҳои оқои Усмонов сирфан ба далели матраҳ шудани ин баҳс дар маҳофили маҷозӣ ҷиддӣ гирифта шудааст.

Вагарна чи касе, ки аз торихи Эронзамин огоҳ бошад, чунин хибтеро муртакиб мешавад: «То истилои араб забони асосии мардуми Эрон суғдӣ буд”?! Барои огоҳони амр ҳувайдост, ки пеш аз истилои араб ин сарзамин таҳти сайтараи Сосониён буд. Забони аҳди Сосонӣ порсии миёна буд ва порсии навини мову шумо имрӯза дунболаи торихии ҳамон забони эронии ғарбист. Пас “забони асосии мардуми Эрон” донистани забони суғдӣ оё ҳеч далели илмӣ дорад? Ё сирфан савор бар мавҷи эҳсос аст?

Иброҳим Усмонов: Осори Бедилу Зебуннисову Амир Хусравро онҳо маданияти ӯзбакия ҳам мегуфтанд, ҳарчанд забон форсиву тоҷикӣ буд ва онҳо тоҷик буданд. Чаро? Зеро ин маданиятро ӯзбакҳо бурданд ва чун давлат – давлати ӯзбакҳо буд.

Дориюш Раҷабиён: Маданияти узбакия”-ро шояд оқои Усмонов ихтироъ карда бошад, зеро чунин иборате дар торихи башарӣ вуҷуд надорад. Подшоҳони Гӯрконии Ҳиндустон, ки забони порсиро бо худ ба шибҳиқора бурданд, бар хилофи бовари оқои Усмонов, узбак набуданд. Бунёнгузори дудмони Гӯрконӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур буд; як барлоси порсизабони Осиёи Миёна, ки асаре ба номи “Бобурнома” дорад. Бар мабнои “Бобурнома”, ин фармонравои шибҳиқораи Ҳинд узбак набуд, балки узбакҳоро рақиби худ медонист ва каллаҳои барканда аз тани узбакҳоро дар зумраи пирӯзиҳои ҷангияш бармешумурд ва порсӣ бар ҷои забони модариаш нишаста буд. Бедилу Зебуннисову Амир Хусрав ҳам аз ҳамон табор буданд, аммо порсигӯтар. Яъне тоҷик.

Иброҳим Усмонов: Моро дар сад соли дигар касе дар ҷаҳон форс намегӯяд. Ҳама моро тоҷик мешиносанд ва қабул кардаанд. Дар сад соли дигар ҳам тоҷикони Афғонистонро ҳам “форс” нахоҳанд гуфт.

Дориюш Раҷабиён: Аслан чаро касе бояд Шуморо “форс” хитоб кунад, агар Шумо форс набошед?.. Ҳар инсоне аз худ ҳувияте дорад. Пазириши ин ҳувият аз сӯи касе дигар набояд таъсире бар шинохти он инсон аз худ дошта бошад. Танҳо дар ҳолатҳое, ки инсон дучори худкеҳтарбинӣ (“комплекс неполноценности») шуда бошад, бовари дигарон дар бораи ӯ бар шинохти худи ӯ аз худаш таъсир мегузорад ва ӯро ба боварҳои ғалат мерасонад.
Дар фурсатҳои баъдӣ ба иддиъоҳои дигари Иброҳим Усмонов ва ҳамандешонаш хоҳем пардохт.

Sunday, June 29, 2014

Дар сӯги Зарибону

Сахт талху ногувор аст навиштани сӯгномаи дӯст. Аммо боиста, то дигарон низ бидонанд, ки чи ганҷи шойгоне пинҳон шуда. Ва он ҳам чи зуду шитобон. Пас аз як ъумр талоши дурахшон дар пешгоҳи Эрон. Эрони фарҳангӣ.

Заҳро Ҷазоирӣ, ки таҷассуми меҳру накӯкорӣ буд, дар синни панҷоҳу нуҳсолагӣ пас аз пайкори мумтад бо саратон дар оғӯши гарми хонаводааш дар Ландан ҷон дод. Зарибону (онгуна ки мо, дӯстонаш, ӯро хитоб мекардем), зодаи Теҳрон ва аз бастагони Саъиди Нафисӣ буд ва аз он тариқ бо Фарорӯд ва бавежа Тоҷикистон нисбат дошт. Эронро аз чашмони Фирдавсӣ медид ва марзҳои сиёсии миёни пораҳои ин сарзамин аз қалбу мағзи ъазизи ӯ нагузашта буд.

Хонаи ӯ дар шимоли Ландан хонаи фарҳанги Эрони Бузург буд. Бисёре аз фарҳехтагони Эрону Тоҷикистону Афғонистон, ки гузорашон ба Ландан уфтода, меҳмони Заҳро Ҷазоирӣ будаанд. Борҳо шахсиятҳои матраҳе чун Давлатманди Хол, Толиб Шаҳидӣ, Давлат Худоназаров, Муъмин Қаноъат, Фарзонаи Хуҷандӣ, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ва чеҳраҳои саршиноси дигар аз Фарорӯд гули сари сабади маҳфилҳои фарҳангии Заҳро Ҷазоирӣ дар кошонаи ӯ будаанд. Заҳро Ҷазоирӣ занҷири гусастаи фарҳанги эронии минтақаро дар Ландан ҷӯшкорӣ (кафшер) мекард.

Заҳро Ҷазоирӣ аз накӯкортарин инсонҳои рӯи ин хок буд. Бизоъати андаки худро ҳаққи ҳалоли мардумони сарзамини фарҳангиаш медонист ва дар кори хайр ҳамвора пештоз буд. Аз замони ҷанги дохилии Тоҷикистон по ба кишвари мо ниҳод, ба он дил баст, ба дурдасттарин рустоҳои он сар зад ва тайи солҳо ба ятимхонаҳои Бадахшон кумаки бедареғу пайваста мекард.

Ҳамвора ҷӯёи ахбор аз Тоҷикистон буд. Аз бадовариҳои Тоҷикистон дар андӯҳ буд ва аз комгориҳои андакаш шод. Кӯчактарин мушкили тоҷиконро мушкили худаш медонист. То шунид, ки Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоъири тоҷики Узбакистон, ба як роёнак (лаптоп) ниёз дорад, роёнаке таҳия карду фиристод барои устод, то осорашро ҳуруфчинӣ кунад. То шунид, ки тарҳи садди Роғун Тоҷикистонро аз бунбасти иқтисодӣ наҷот хоҳад дод, корзоре роҳ андохт барои ҷамъоварии кумак ба ин тарҳ. То шунид як гурӯҳ аз корбарони Фейсбуки Тоҷикистон маҷаллае бо номи “Забони порсӣ” роҳ андохтаанд, ба сандуқи он маҷалла пул ворез кард. Гӯӣ мароми зиндагиаш дар кумак ба пешбурди Эрони фарҳангӣ хулоса мешуд.

Созмони хайрияе, ки бунёд ниҳод ҳам “Варорӯд” ном дошт.

Бо як чунин шахсияте наметавон худоҳофизӣ кард. Чун ҷойгоҳаш дар қалби дӯсторонаш ҳамешагист ва ҳаргиз бо ҳузури касе дигар пур намешавад. Ёду номи Заҳро Ҷазоирӣ ҷовидона бод.


***

سخت تلخ و ناگوار است نوشتن سوگنامۀ دوست. اما بایسته، تا دیگران نیز بدانند که چه گنج شایگانی پنهان شده. و آن هم چه زود و شتابان. پس از یک عمر تلاش درخشان در پیشگاه ایران. ایرانِ فرهنگی.

زهرا جزایری که تجسم مهر و نکوکاری بود، در سن پنجاه و نه‌سالگی پس از پیکار ممتد با سرطان، در آغوش گرم خانواده‌اش در لندن جان داد. زری‌بانو (آنگونه که ما، دوستانش، او را خطاب می‌کردیم)، زادۀ تهران و از بستگان سعید نفیسی بود و از آن طریق با فرارود و به‌ویژه تاجیکستان نسبت داشت. ایران را از چشمان فردوسی می‌دید و مرزهای سیاسی میان پاره‌های این سرزمین از قلب و مغز عزیز او نگذشته بود. خانۀ او در شمال لندن، خانۀ فرهنگ ایران بزرگ بود. بسیاری از فرهیختگان ایران و تاجیکستان و افغانستان که گذارشان به لندن افتاده، مهمان زهرا جزایری بوده‌اند. بارها شخصیت‌های مطرحی چون دولتمند خال، طالب شهیدی، دولت خدانظرف، مؤمن قناعت، فرزانه خجندی، حیات نعمت سمرقندی و چهره‌های سرشناس دیگر از فرارود گل سر سبد محفل‌های فرهنگی زهرا جزایری در کاشانۀ او بوده‌اند. زهرا جزایری زنجیر گسستۀ فرهنگ ایرانی منطقه را در لندن جوشکاری می‌کرد.

زهرا جزایری از نکوکارترین انسان‌های روی این خاک بود. بضاعت اندک خود را حق حلال مردمان سرزمین فرهنگی‌اش می‌دانست و در کار خیر همواره پیشتاز بود. از زمان جنگ داخلی در تاجیکستان پا به کشور ما نهاد، به آن دل بست، به دوردست‌ترین روستاهای آن سر زد و طی سال‌ها به یتیم‌خانه‌های بدخشان کمک بی‌دریغ و پیوسته می‌کرد.

همواره جویای اخبار از تاجیکستان بود. از بدآوری‌های تاجیکستان در اندوه بود و از کامگاری‌های اندکش شاد. کوچک‌ترین مشکل تاجیکان را مشکل خودش می‌دانست. تا شنید که حیات نعمت سمرقندی، شاعر تاجیک ازبکستان، به یک رایانک (لپتاپ) نیاز دارد، رایانکی تهیه کرد و فرستاد برای استاد تا آثارش را حروف‌چینی کند. تا شنید که طرح سد راغون، تاجیکستان را از بن‌بست اقتصادی نجات خواهد داد، کارزاری راه انداخت برای جمعاوری کمک به این طرح. تا شنید یک گروه از کاربران فیس‌بوک تاجیکستان مجله‌ای با نام «زبان پارسی» راه انداخته‌اند، به صندوق آن مجله پول واریز کرد. گویی مرام زندگی‌اش در کمک به پیشبرد ایران فرهنگی خلاصه می‌شد.

سازمان خیریه‌ای که بنیاد نهاد هم «ورارود» نام داشت.

با یک چنین شخصیتی نمی‌توان خداحافظی کرد. چون جایگاهش در قلب دوستارانش همیشگی است و هرگز با حضور کسی دیگر پر نمی‌شود. یاد و نام زهرا جزایری جاودانه باد.

Tuesday, March 12, 2013

Номаи саргушода ба давлати Афғонистон

Номаи саргушода

Ба ҷаноби оқои Ҳомид Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон
Ба аъзои Шўрои вазирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Мо, аъзои гурўҳи “Забони порсӣ”, аз бузургтарин гурўҳҳои тоҷикистонӣ дар фазои Фейсбук, ки дар Тоҷикистон, Узбакистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Русия, Урупо ва Омрико зиндагӣ мекунем, ҳамвора пайгири рўйдодҳои фарҳангии Афғонистон ҳастем ва пешрафти онро пешрафти худ ва шикасти онро шикасти худ медонем. Зеро Афғонистон ҷузъе аз густараи фарҳангии воҳидест, ки мо ҳам аз он бархостаем. Занҷирае, ки моро ба ҳам пайванд медиҳад, забони порсист ва ситораҳои дурахшоне, ки аз обу хоки он сомон тулўъ кардаанд; ба монанди Абушакури Балхӣ, Абумуайяди Балхӣ, Робеъаи Балхӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мавлоно Ъабдурраҳмони Ҷомӣ, Ъалишери Навоӣ, Саноии Ғазнавӣ, Абусаъиди Гардезӣ, Халилуллоҳи Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, Моили Ҳиравӣ ва садҳо бузургвори дигар.

Ҷои басе таассуфу нигаронист, ки ин пайванди танготангу ногусастании фарҳангӣ имрўза ба мазоқи бархе аз давлатмардон хушоянд нест ва гўӣ раванди пинҳоне роҳ уфтодааст, ки мешавад онро “порсиситезӣ” таъбир кард. Раванде, ки барои ҳамаи атбоъи кишварҳои мо, сарфи назар аз таъаллуқоти қавмишон, зиёнбор аст. Чун забони порсӣ дар падидорӣ ва рушду нумувви ҳамаи фарҳангҳои минтақа саҳми басазое доштааст ва тазъифи он ба маънои тазъифи ҳамаи фарҳангҳои минтақа хоҳад буд.

Мусаввабаи ахири Шўрои вазирони Афғонистон дар бораи мамнўъияти истифода аз “забонҳо ва лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус”-ро мешавад аз ҳамин манзар дид. Камтар касе шак дорад, ки манзур аз “лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус” чист. Дар тасреҳи ин тасмим Нисор Аҳмади Жванд, мудири кулли бахши байнулмилалии телевизюни миллии Афғонистон, ба расонаҳо гуфтааст, ки “эҳтимолан, тасмими ахири Шўрои вазирон ъумдатан бар мавзўъи манъи истифода аз лаҳҷаҳои бегона мутамаркиз аст ва шомили манъи пахши барнома ба забонҳои хориҷӣ намешавад”. Шўрбахтона, ин мавзўъ собиқа дорад ва баррасии пешинаи он моро дар баробари воқеъияте такондиҳанда қарор медиҳад, ки номи он чизе ҷуз “порсиситезӣ” наметавонад бошад.

Намунаҳои ин корзори ношоист дастури бархе аз мақомҳои Афғонистон дар бораи парҳез аз корбурди вожагони порсии ноб аз қабили “донишгоҳ”, “донишкада”, “нигористон”, “дабистон” ва ғайра аст. Агар он мақомҳо аз пешинаи ин вожаҳо огоҳ буданд, мусалламан, чунин тасмими ъаҷулона намегирифтанд. Магар “Лашкаргоҳ”, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон, бо “донишгоҳ” тобеъи қавоъиди муштараки вожасозӣ нестанд? Ва агар пасванди “-када” барои забони муштараки мову шумо бегона аст, Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ оё метавонист аз вожаи “майкада” баҳра бигирад, онҷо ки мегўяд:

Ҳар тарафе саф зада мардуму деву дада,
Лек дар ин майкада пой надоранд, по (?)

Ё агар “нигористон” барои мову шумо бегона аст, чигуна ба ашъори Мавлавӣ роҳ ёфта, онҷо ки мегўяд:

Бар баҳораш чашмаву нахлу гиёҳ
В-он гулистону нигористон гувоҳ (?)

Ва агар моро бо “дабистон” миёнае нест, ин вожаро дар осори Мавлавӣ чи таъбир кунем, ки мегўяд:

Як дамам фозилу устод кунад,
Як даме тифли дабистон кунадам (?)

Аз ин намунаҳо дар осори бузургони дигар ҳам фаровон суроғ дорем, аммо бо Мавлавӣ иктифо мекунем, ки барои ҳамаи мову шумо ба як андоза ъазиз аст.

Ин вожагон бо торупуди фарҳангҳои минтақа пайванд хурдаанд ва ҳеч мақоме наметавонад онҳоро аз ҳофизаи торихии мо бизудояд ва ҳеч раисиҷумҳуре ҳақ надорад корбурди онҳоро манъ кунад. Тасаввури ин ки порсигўён барои гўишварони забонҳои дигар вожаҳоеро ба ъунвони “мусталаҳоти миллӣ” таъйин кунанд ва базўр бихоҳанд он “мусталаҳот”-ро бар ҳалқу зеҳну даҳони дигарон савор кунанд, як амри номумкин аст. Ворунаи он ҳам на аз мантиқ бархурдор асту на муҷоз. Вожаҳо ба гузарномаи сиёсӣ ниёз надоранд, бавежа дар забони порсӣ, ки марзи сиёсӣ намешиносад. Марзҳои фарҳангиро бо марзҳои сиёсӣ яке напиндорем. Бавежа барои кишваре чун Афғонистон, ки забони форсӣ (дарӣ) яке аз ду забони расмии он аст, чунин иқдомоте ниҳояти касри шаъну эътибор ба шумор меояд. Афғонистон бояд аз ҷилавдорон (пешгомон)-и рушду густариши забони порсӣ бошад, на аз ҷилавгирони он. Мо аз рушду густариши забони пашту ҳам башиддат ҳимоят мекунем, аммо иқдомоти ахири бархе аз давлатмардони Афғонистонро, ки тазъифи порсиро лозимаи пешбурди пашту гумон кардаанд, зишту ғалат медонем. Дар воқеъ, порсиситезӣ метавонад ба тазъифу фаромўшии забонҳои дигар ҳам бианҷомад, ки ба гунае аз забони порсӣ моя ё баҳра гирифтаанд. Аз сўи дигар, дар канори рақиби қавист, ки метавон ба шукуфоӣ даст ёфт; на бо дур рондани рақиби қавӣ аз майдон.

Афғонистон кишваре такқавмӣ нест ва ҳеч қавме аз аксарияти ғолиб (беш аз 50 дарсад) бархурдор нест. Ҳар қавме барои худ забоне дорад, аммо забони порсӣ фароқавмӣ аст ва василаи муъоширату тафоҳуми қавмҳои гуногуни кишвар аст. Афзун бар ин, беш аз 200 милюн нафар дар саросари ҷаҳон ба ин забон сухан мегўянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукот, забони порсӣ барои кишварҳои мо неъмате беҳамто ва бистари пешрафт аст, агар балад бошем аз он нигаҳдорӣ кунем.

Кори забонро бояд ба дасти кордон супурд. Давлати ҳеч кишваре пажўҳишгоҳ ё фарҳангистони забону адаб нест, ки барои соҳибзабонон таъйини таклиф кунад. Гузашта аз ин, забони порсӣ ба далели фаромарзию фароқавмӣ буданаш, тобеъи дастурҳои худсаронаи як давлати бахусус нест. Забонварони порсигў сирфан дар Афғонистон нестанд ва бо ҳеч шигирду тарфанде наметавон якпорчагии онро хунсо кард. Намунаи боризи ин талошҳои нофарҷом Иттиҳоди Шўравист, ки бо тағйири номи расмии забон ва ду бор тағйири алифбо ҳам натавонист порсиро тикка-пора кунад. Бо ин ки давлати феълии Тоҷикистон ҳамчунон пойбанди пириллик аст ва гўш ба фарохони равшанфикрони он кишвар мабнӣ бар бозгашт ба дабираи порсӣ намедиҳад, ҳамин гурўҳи маҷозии мо ва воқеъиятҳои фарҳангии Тоҷикистон ҳокӣ аз бозҷустани рўзгори васли хеш ва мондагорию якпорчагии порсист. Натиҷаи талошҳои муфтазаҳонаи Толибон барои ба ҳошия рондани забону фарҳанги порсӣ барои шумо равшантар аст.

Бо таваҷҷуҳ ба нукоти боло, мо, ҳамвандони гурўҳи фейсбукии “Забони порсӣ”, бо фарохони додхоҳонаи фарҳангиёни Афғонистон ҳамнаво мешавем ва бо рўйкард ба хиради шумо лағви фармони мамнўъияти “лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус”-ро хоҳонем, ки на дар ҳитаи салоҳиятҳои давлат аст ва на бо хиради рўзгор ҳамхонӣ дорад ва Афғонистонро ба инзиво мекашонад. Нафси ин ҳақиқат, ки мо, атбоъи чандин кишвар, паёмамонро ба забоне муштарак ба шумо иблоғ мекунем, баёнгари аҳаммияти забони порсӣ барои Афғонистон ва минтақа аст. Забоне, ки барои васл кардан омада, на фасл кардан.

Ҷаноби раисиҷумҳурӣ!

Аз Шумо, ки поёни давраи раёсати ҷумҳурии худро тай мекунед, хоҳишмандем, аз худ меросе баҷо бигзоред, ки кинхоҳона ва нифоқангез набошад, ба суди ҳамаи ақвоми кишвар, аъам аз тоҷику паштуну ҳазораву узбаку туркману нуристонию ғайра бошад ва ба таҳкими дўстию рафоқат ва ҳамбастагии миёни ақвом бианҷомад. Забони порсӣ он василаест, ки бар тадовуми дўстиҳову пайвандҳо меафзояд. Андўхтаи кишварҳои пешрафта ҳам ҳокист, ки танҳо бо таъмини озодию ъадолат, риъояти ҳуқуқи ақвом, эҳтиром ба забону фарҳанги онон, хирадварзӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои башарӣ метавон орзуи пешрафтро бароварда сохт.

Дар фарҷоми ин номаи саргушода месазад, ки бар ин ҳақиқат таъкиди дучандон дошта бошем: душманӣ бо забони порсӣ душманӣ бо Афғонистон аст.

Бо арҷ,
Гурўҳи фейсбукии “Забони порсӣ”
(бо 5347 ъузв)

22 исфанди 1391 (12.03.2013)


نامه سرگشاده به دولت افغانستان

نامۀ سرگشاده

به جناب آقای حامد کرزی، رئیس‌جمهوری افغانستان
به اعضای شورای وزیران جمهوری اسلامی افغانستان

ما اعضای گروه «زبان پارسی»، از بزرگ‌ترین گروه‌های تاجیکستانی در فضای فیس‌بوک، که در تاجیکستان، ازبکستان، افغانستان، ایران، فزاقستان، پاکستان، روسیه، اروپا و آمریکا زندگی می‌کنیم، همواره پیگیر رویدادهای فرهنگی افغانستان هستیم و پیشرفت آن را پیشرفت خود و شکست آن را شکست خود می‌دانیم. زیرا افغانستان جزئی از گسترۀ فرهنگی واحدی است که ما هم از آن برخاسته‌ایم. زنجیره‌ای که ما را به هم پیوند می‌دهد، زبان پارسی است و ستاره‌های درخشانی که از آب و خاک آن سامان طلوع کرده‌اند؛ به مانند ابوشکور بلخی، ابوالمؤید بلخی، رابعۀ بلخی، مولانا جلال‌الدین بلخی، مولانا عبدالرحمان جامی، علیشیر نوایی، سنایی غزنوی، ابوسعید گردیزی، خلیل‌الله خلیلی، واصف باختری، مایل هروی و صدها بزرگوار دیگر.

جای بسی تأسف و نگرانی است که این پیوند تنگاتنگ و ناگسستنی فرهنگی امروزه به مذاق برخی از دولتمردان خوشایند نیست و گویی روند پنهانی راه افتاده است که می‌شود آن را «پارسی‌ستیزی» تعبیر کرد. روندی که برای همۀ اتباع کشورهای ما، صرف نظر از تعلقات قومی‌شان، زیان‌بار است؛ چون زبان پارسی در پدیداری و رشد و نمو همۀ فرهنگ‌های منطقه سهم بسزایی داشته است و تضعیف آن به معنای تضعیف همۀ فرهنگ‌های منطقه خواهد بود.

مصوبۀ اخیر شورای وزیران افغانستان دربارۀ ممنوعیت استفاده از «زبان‌ها و لهجه‌های بیگانه و کلمات نامأموس» را می‌شود از همین منظر دید. کمتر کسی شک دارد که منظور از «لهجه‌های بیگانه و کلمات نامأنوس» چیست. در تصریح این تصمیم، نثاراحمد ژوند، مدیر کل بخش بینالمللی تلویزیون ملی افغانستان، به رسانه‌ها گفته است که «احتمالاً تصمیم اخیر شورای وزیران عمدتاً بر موضوع منع استفاده از لهجههای بیگانه متمرکز است و شامل منع پخش برنامه به زبان‌های خارجی نمیشود». شوربختانه، این موضوع سابقه دارد و بررسی پیشینۀ آن ما را در برابر واقعیتی تکان‌دهنده قرار می‌دهد که نام آن چیزی جز «پارسی‌ستیزی» نمی‌تواند باشد.

نمونه‌های این کارزار ناشایست دستور برخی از مقام‌های افغانستان دربارۀ پرهیز از کاربرد واژگان پارسی ناب از قبیل «دانشگاه»، «دانشکده»، «نگارستان»، «دبستان» و غیره است. اگر آن مقام‌ها از پیشینۀ این واژه‌ها آگاه بودند، مسلماً چنین تصمیم عجولانه نمی‌گرفتند. مگر «لشکرگاه»، مرکز ولایت هلمند افغانستان، با «دانشگاه» تابع قواعد مشترک واژه‌سازی نیستند؟ و اگر پسوند «- کده» برای زبان مشترک ما و شما بیگانه است، مولوی جلال‌الدین بلخی آیا می‌توانست از واژۀ «می‌کده» بهره بگیرد، آن‌جا که می‌گوید:

هر طرفی صف زده مردم و دیو و دده
لیک در این میکده پای ندارند پا

یا اگر «نگارستان» برای ما و شما بیگانه است، چه گونه به اشعار مولوی راه یافته، آن‌جا که می‌گوید:

بر بهارش چشمه و نخل و گیاه
وآن گلستان و نگارستان گواه

و اگر ما را با «دبستان» میانه‌ای نیست، این واژه را در آثار مولوی چه تعبیر کنیم که می‌گوید:

یک دمم فاضل و استاد کند
یک دمی طفل دبستان کندم

از این نمونه‌ها در آثار بزرگان دیگر هم فراوان سراغ داریم، اما با مولوی اکتفا می‌کنیم که برای همۀ ما و شما به یک اندازه عزیز است.

این واژگان با تار و پود فرهنگ‌های منطقه پیوند خورده‌اند و هیچ مقامی نمی‌تواند آنها را از حافظۀ تاریخی ما بزداید و هیچ رئیس‌جمهوری حق ندارد کاربرد آنها را منع کند. تصور این که پارسی‌گویان برای گویشوران زبان‌های دیگر واژه‌هایی را به عنوان «مصطلحات ملی» تعیین کنند و به‌زور بخواهند آن «مصطلحات» را بر حلق و ذهن و دهان دیگران سوار کنند، یک امر ناممکن است. وارونۀ آن هم نه از منطق برخوردار است و نه مجاز. واژه‌ها به گذرنامۀ سیاسی نیاز ندارند، به‌ویژه در زبان پارسی که مرز سیاسی نمی‌شناسد. مرزهای فرهنگی را با مرزهای سیاسی یکی نپنداریم. به‌ویژه برای کشوری چون افغانستان که زبان فارسی (دری) یکی از دو زبان رسمی آن است، چنین اقداماتی نهایت کسر شأن و اعتبار به شمار می‌آید. افغانستان باید از جلوداران رشد و گسترش زبان پارسی باشد، نه از جلوگیران آن. ما از رشد و گسترش زبان پشتو هم به‌شدت حمایت می‌کنیم، اما اقدامات اخیر برخی از دولتمردان افغانستان را که تضعیف پارسی را لازمۀ پیشبرد پشتو گمان کرده‌اند زشت و غلط می‌دانیم. در واقع، پارسی‌ستیزی می‌تواند به تضعیف و فراموشی زبان‌های دیگر هم بینجامد که به گونه‌ای از زبان پارسی مایه یا بهره گرفته‌اند. از سوی دیگر، در کنار رقیبی قوی است که می‌توان به شکوفایی دست یافت؛ نه با دور راندن رقیب قوی از میدان.

افغانستان، کشوری تک‌قومی نیست و هیچ قومی از اکثریت غالب (بیش از 50 درصد) برخوردار نیست. هر قومی برای خود زبانی دارد، اما زبان پارسی فراقومی است و وسیلۀ معاشرت و تفاهم قوم‌های گوناگون کشور است. افزون بر این، بیش از 200 میلیون نفر در سراسر جهان به این زبان سخن می‌گویند. با توجه به این نکات، زبان پارسی برای کشورهای ما نعمتی بی‌همتا و بستر پیشرفت است، اگر بلد باشیم از آن نگهداری کنیم.

کار زبان را باید به دست کاردان سپرد. دولت هیچ کشوری پژوهشگاه یا فرهنگستان زبان و ادب نیست که برای صاحب‌زبانان تعیین تکلیف کند. گذشته از این، زبان پارسی به دلیل فرامرزی و فراقومی بودنش، تابع دستورهای خودسرانۀ یک دولت بخصوص نیست. زبانوران پارسی‌گو صرفاً در افغانستان نیستند و با هیچ شگرد و ترفندی نمی‌توان یک‌پارچگی آن را خنثی کرد. نمونۀ بارز این تلاش‌های نافرجام، اتحاد شوروی است که با تغییر نام رسمی زبان و دو بار تغییر الفبا هم نتوانست پارسی را تکه پاره کند. با این که دولت فعلی تاجیکستان همچنان پایبند پیریلیک است و گوش به فراخوان روشنفکران آن کشور مبنی بر بازگشت به دبیرۀ پارسی نمی‌دهد، همین گروه مجازی ما و واقعیت‌های فرهنگی تاجیکستان حاکی از باز جستن روزگار وصل خویش و ماندگاری و یک‌پارچگی پارسی است. نتیجۀ تلاش‌های مفتضحانۀ طالبان برای به حاشیه راندن زبان و فرهنگ پارسی برای شما روشن‌تر است.

با توجه به نکات بالا، ما، هموندان گروه فیس‌بوکی «زبان پارسی» با فراخوان دادخواهانۀ فرهنگیان افغانستان هم‌نوا می‌شویم و با رویکرد به خرَد شما، لغو فرمان ممنوعیت «لهجه‌های بیگانه و کلمات نامأنوس» را خواهانیم که نه در حیطۀ صلاحیت‌های دولت است و نه با خرَد روزگار هم‌خوانی دارد و افغانستان را به انزوا می‌کشاند. نفس این حقیقت که ما، اتباع چندین کشور، پیام‌مان را به زبانی مشترک به شما ابلاغ می‌کنیم، بیانگر اهمیت زبان پارسی برای افغانستان و منطقه است. زبانی که برای وصل کردن آمده، نه فصل کردن.

جناب رئیس‌جمهوری! از شما که پایان دورۀ ریاست حمهوری خود را طی می‌کنید، خواهشمندیم از خود میراثی بجا بگذارید که کین‌خواهانه و نفاق‌انگیز نباشد، به سود همۀ اقوام کشور، اعم از تاجیک و پشتون و هزاره و ازبک و ترکمن و نورستانی و غیره باشد و به تحکیم دوستی و رفاقت و همبستگی میان اقوام بینجامد. زبان پارسی، آن وسیله‌ای است که بر تداوم دوستی‌ها و پیوندها می‌افزاید. اندوختۀ کشورهای پیشرفته هم حاکی است که تنها با تأمین آزادی و عدالت و رعایت حقوق اقوام و احترام به زبان و فرهنگ آنان و خردورزی و ارج‌گذاری به ارزش‌های والای بشری، می‌توان آرزوی پیشرفت را برآورده ساخت.

در فرجام این نامۀ سرگشاده می‌سزد که بر این حقیقت تأکید دوچندان داشته باشیم: دشمنی با زبان پارسی، دشمنی با افغانستان است.

با ارج
گروه فیس‌بوکی «زبان پارسی»
(با 5347 عضو)

22 اسفند / حوت 1391
12/03/2013

Saturday, February 02, 2013

Pyrillic & Patriotism

(Гуфтугўи торнамои "Кимиёи саъодат")


- Соҳиби мақолаи “Кириллӣ беҳтар ё арабӣ?”, иқтибосе оварда аз гуфтори устод Иброҳим Усмонов; касе ки ба қавли соҳиби мақола, “аз аввал то имрӯз дар ақидаи худ устувор боқӣ мондааст” ва ин ки эшон ба ин бовар будааст, ки барои миллати тоҷик, ҳам хатти арабӣ бегона аст, ҳам хатти кириллӣ; ки гуфтааст: “Мо, мутаассифона, дар таърихамон хеле дар масъалаи хат паропар кардем. Гарчи мо аввалин мардуми хатдори олам ҳастем, зеро "Авесто"-ро дар қарни 14-и пеш аз мелод навиштаем, бо омадани Искандар хати юнониро қабул кардем ва 500 сол бо ин хат навиштем ва баъд хатҳои дигар. Хати арабӣ ба овози тоҷикӣ мувофиқат намекунад. Яъне дар он ҳарфҳое ҳастанд, ки тоҷикон талаффуз карда наметавонанд. Масалан, овози Т, С, Ҳ, З, А-и тоҷикӣ бо чанд ҳарф ифода мешавад, ки тоҷик онро талаффуз карда наметавонад.” Дидгоҳи ҷаноби шумо дар робита бо ин изҳори назари ҷаноби Усмонов чист?
- Устувор мондан бар ъақидаи худ сутуданист, агар фарди боварманд битавонад бо такя бар ҳақоиқи равшану дақиқ бовари худро тавзеҳ диҳад. Дар ғайри ин сурат, он устуворӣ бар ъақидаро номи дигаре ҷуз таъассуб, кӯрбоварӣ ва хирадгурезӣ нест. Бо камоли эҳтиром ба оқои Иброҳим Ъусмонуф, эшонро аз мутаъассибони хатти пириллик медонам ва таъассуби эшонро баромада аз манофеъе мепиндорам, ки кӯчактарин рабте ба моҳияти баҳси мо надорад. Вагарна дар паи баҳсҳои тӯлоние, ки бар сари зарурати гузор ба хатти порсӣ доштем, эшон ҳам ба ногузир будани ин иқдом барои ҳифзи забон ва дар ниҳоят миллат ва сарзамини Тоҷикистон тан медоданд.
Он чи дар рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” чоп шуда, сӯгмандона, муҳтавое надорад, ки мояи дастгармии андешагии мо бар сари мавзӯъи гузор ба хатти модарӣ шавад. Посухи ҳамин иддаъоҳои оқои Ъусмонуфро, ки дар ин мақола такрор шуда, дар навиштаҳои пешин дода будам.[1] Инҷо метавонам иҷмолан ба чанд нукта ишора кунам:
Ин иддаъо, ки барои миллати тоҷик “ҳам хати арабӣ бегона аст, ҳам хати кириллӣ” ҳарфи газофест. Ҳар он кас ки аз саргузашти забони порсии навин, забони модарии мову шумо, огоҳ аст, медонад, ки саропои баданаи ъилмию адабии фарҳанги мо ороста ба хатти порсист. Аз сароғозе, ки Рӯдакӣ гушуд, то саранҷоме, ки Ъайнию Турсунзода сабти торих карданд, осори мо ҳамоно ба хатти порсӣ будааст ва “порсӣ” танҳо номи сазовори ин дабира аст (ба далоиле, ки дар ҳавсалаи ин ҷустор намегунҷад). Бегона донистани хатти порсӣ барои тоҷикон ҳамсони кандану дур рехтани тамомии арзишҳои фарҳангии мо аз сиришту сарнавишти миллат аст. Хатти порсӣ, ки гузаштагонамон дар ривоҷаш нақши басазо доштанд, аз аркони фарҳангии бунёдини миллати мост. Ва дидем, ки бидуни сутуни хатти порсӣ бинои забону фарҳангамон дар ҳоли фурӯ рехтан аст.
Суханони оқои Ъусмонуф, ки дар ин мақола нақл шуда, аз кӯчактарин диққати ъилмию торихӣ бархурдор нест. На мо “аввалин мардуми хатдори олам” будаему на “Авесто” дар садаи 14-и пеш аз мелод навишта шуда буд ва на барои 500 сол хатти ниёкони мо юнонӣ будааст. Дигар ин ки тамоми хатҳое, ки оқои Ъусмонуф баршумурдаанд, шохаҳое рӯида аз як дарахтанд, ки ҳамоно алифбои финиқист.
Мегӯяд: “Хати арабӣ ба овози тоҷикӣ мувофиқат намекунад. Яъне дар он ҳарфҳое ҳастанд, ки тоҷикон талаффуз карда наметавонанд. Масалан, овози Т, С, Ҳ, З, А-и тоҷикӣ бо чанд ҳарф ифода мешавад, ки тоҷик онро талаффуз карда наметавонад”.
Пешиниёни пешопириллики мо ҳаргиз маҷбур ба талаффузи садоҳои ъарабӣ набудаанд. Чунончи ҳамзабонони имрӯзии мо дар Эрону Афғонистон аз талаффузи садоҳои ҳалқии ъарабӣ муъофанд. Хатти порсӣ ҳеч садои бегонаеро вориди забони мо накардааст. Дуруст баръакси хатти пириллик, ки базӯр садоҳои ы, ц, щ, ь-ро бар забону гулӯи мо савор карда буд.
Ҳарфҳои хосси забони ъарабӣ дар алифбои мо талаффузи порсӣ доранд ва танҳо барои тафкики вожагон дар навиштор ба кор мераванд. Дуруст баръакс, набуди онҳо дар алифбои пириллик боъиси бесарусомонӣ дар иблоғ ва дарки маъно шудааст. Хатти пириллик ба андозае ноқис аст, ки вайронгарии онро дар забони шеъри муъосири Тоҷикистон низ мушоҳида мекунем. Яке донистани садоҳои дарозу кӯтоҳи “и” ва “ӯ” дар навиштор боъис шуда, ки бархе аз шоъирон вожаи “Сӣно”-ро бо “бино” (сохтмон) ва “дуд”-ро бо “шуд” қофия бибанданд. Хатти пириллик ба далели каж будани хишти аввалаш, садои “о”-и бозу дарози порсиро ба “о”-и гирду кӯтоҳи русӣ табдил кардааст; ба гунае, ки бархе тафовути талаффузи “ток”-и русӣ ба маънии “ҷараён” бо “ток”-и порсӣ ба маънии дарахти ангурро боз намешиносанд.
Аммо мавҷудияти чанд ҳарф барои баёни як садо падидае нест, ки хосси алифбои порсӣ бошад. Дар забони русӣ ҳам ҳарфи “о” барои баёни се садои “о”, “а” ва “ə» ба кор меравад, ки намунаашро дар вожаҳои «дом», «окно» ва «колобок» мебинем. Аз 26 ҳарфи алифбои инглисӣ барои адои 44 садо баҳра мегиранд. Як ҳарфи «а» барои садоҳои ɑ: (father), æ (cat), e (many), ə (away) ɔ: (call) ба кор меравад. Ва ҳарфҳои a, o, u, i, e дар мавридҳои гуногун танҳо як садои ɑ-ро баён мекунанд. Садои “ш” дар забони инглисӣ дар вожагони мухталиф бо ҳуруфи гуногуни sh (shore), s (sugar), x (Xianyang) баён мешавад. Ва садои “ж”-ро ҳам бо ҳамон ҳарфи “s” менигоранд (pleasure). Дар забони фаронсавӣ шумори мавридҳо бамаротиб бештар аст. Аммо оё ин “эрод”-е, ки бештар ба баҳона мемонад, то кунун алифбои ҳеч як аз ин забонҳоро ъиваз карда?
Оё, баростӣ, имлои порсӣ печидатар аз имлои фаронсавӣ аст? Чинию жопунӣ бимонад, ки печидагии онҳо шояд қобили муқоиса бо дабираҳои ёдшуда набошад. Оё бояд ба зеҳни танбал маҷол диҳем, ки ба хотири фароғати худаш забонеро ба лаҷанзори нобудӣ бикашонад?
- Яке аз мудофеъони хатти пирриллик профессор Баҳриддин Камолиддинов; касе ки тағйири хатти алифбо ва мушкилии онро дар дигар кишварҳо эҳсос кардааст, бар ин будааст, ки барои гузаштан ба хати нав вақти бисёр ва пули калон талаб мешавад. Ӯ гуфтааст: “Як-ду сол пеш бо роҳи Ӯзбекистон гузаштам, назарам афтид, ки ҳоло ҳам дар роҳҳо чанд хатҳо ҳаст. Ба ин калонсолҳои Ӯзбекистон ҳеҷ розӣ нестанд, ки онҳо ба хати лотинӣ гузаштанд. Чунки пештар калонсолони онҳо маҷаллаву газетаҳоро ба хати кирилӣ мехондаанд, акнун ба ин хат мактабҳо оҳиста-оҳиста гузашта истодаанд. Кори осон нест миллионҳо одамро аз сари нав саводнок кардан, ин боз маблағи зиёд талаб мекунад.” Вале то он ҷо ки огоҳем, Ӯзбакистон бо пеш гирифтани равиши тадриҷӣ барои гузор ба хатти лотин, бо мушкилоти чандоне рӯбарӯ нашуда. Оё ин ҳарфи ҷаноби Камолиддинов асосе дорад?
- Ҳатман оқои Камолиддинуф беҳтар аз мову шумо ба ёд доранд, ки Истолин муваффақ шуда буд дар даҳ сол ду бор алифбои моро якшаба тағйир диҳад ва ҳеч садои эътирозе чурташро нашикаст. Наметавон иддаъо кард, ки он замон давлат тавоноии молии бештаре дошт ё авзоъ басомон буд. Гузори мо аз хатти порсӣ ба лотин дар авҷи ҷангҳои истиқлолталабонаи Тоҷикистон (“босмачигарӣ”) сурат гирифт. Гузор ба хатти пириллик бо давраи сахттаре мусодиф шуд: Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва қаҳтию бенавоии саросарии сарзамини сурх. Дар ҳар ду маврид ҳам Тоҷикистон танҳо ҷумҳурие набуд, ки Истолин қасд дошт ҳувияте дигар барояш муҳандисӣ кунад. Ҷумҳуриҳои мусалмони дигар ҳам буданд, ки ҳамроҳу ҳамгом бо Тоҷикистон вориди озмоишгоҳи ҳувиятсозии Истолин шуданд ва ду бор пуст ъиваз карданд. Дар он даврони пурмусибат, ки касеро фикри хондану навиштан камтар ба сар меомад, барномаҳои Истолин пиёда шуд. Пас иддаъои номумкин будани бозгашт ба хатти худӣ дар замони феълӣ иддаъое пучу бепоя аст.
Мушкилоте, ки Узбакистон бо гузор ба хатти лотин рӯбарӯ шуда, ношӣ аз набуди иродаи сиёсии давлатдорони он кишвар дар анҷоми ин кор аст. Дар оғоз (соли 1993) қарор буд хатти лотини узбакӣ бар пояи алифбои туркии муъосир тадвин шавад ва чунин ҳам шуд. Баъд аз тағйири дидгоҳи Ислом Каримуф дар қиболи Туркия ва рушди бузургманишии давлати Узбакистон он тарҳ ислоҳ шуд (1995) ва соли 2010-и мелодӣ ба фарҷом расид. Имрӯза навиштаҳову сардарҳо дар Узбакистон ба хатти лотин аст ва бисёре аз нашриёту торнамоҳо ҳам ба лотин гузаштаанд. Шуморе ҳам барои солмандони сирилликхон гузинаҳои узиллик (узбакии сириллик) ироа медиҳанд. Барои намуна, торнамои Би-Би-Сии узбакӣ ҳар ду гузинаро дорад ва батадриҷ дар ҳоли гузори комил ба лотин аст.
Кундии оҳанги гузор ба лотин дар Узбакистон чанд ъомил дорад, ки мешавад ба аҳамми онҳо ишора кард: Ҳарчанд забони коргузории расмӣ дар Узбакистон узбакии лотин аст, бисёре аз давлатмардон, аз ҷумла шахси раисиҷумҳур, ки аз бозмондагони низоми шӯравӣ ҳастанд, китобату такаллум ба забони русиро тарҷеҳ медиҳанд. Бузургманишии қавмии онҳо ҳам натавонистааст бар вобастагӣ ба забони мустаъмарадори пешин бикоҳад.
Аммо ъомили дигар ва муҳимтар он аст, ки алифбои узбакии лотин дар ҷаҳон таку танҳост. Ҳеч қавму кишвари дигаре аз он баҳра намегирад; чи забон ва чи алифбои лотини навин дар Узбакистон бо забону алифбои туркии муъосир тафовутҳои бунёдин дорад. Ин тафовут миёни забону алифбои узбакӣ ва дигар забонҳои туркбун ҳам ошкор аст. Алифбои узбакҳои Афғонистон на лотин асту на узиллик, балки порсист. Як давлати оянданигару хирадварз дар Узбакистон метавонист бо гузор ба хатти порсӣ ҳам пайванди гусастааш бо узбакҳои бурунмарзиро аз сар бигирад ва ҳам бар доманаи нуфузаш биафзояд ва ба минтақаҳои уйғурнишини Чин (ки хатташон порсист) пул бизанад.
Хушбахтона, ин монеъ барои Тоҷикистон вуҷуд надорад. Забони порсӣ дар ду кишвари дигар ҳам забони расмист; бо ин тафовут, ки хатти забони мо дар он кишварҳо модарӣ (порсӣ) аст. Вуҷуди такягоҳи бо он шукӯҳу уббуҳат давраи гузори Тоҷикистон ба алифбои порсиро кӯтоҳтару ҳамвортар мекунад. Узбакистон барои гузори комил ба лотин бояд тамоми китобҳоро ба алифбои нав баргардонад, ки мусалламан, ҳазинаи газофе мехоҳад. Тоҷикистон барои гузор ба хатти порсӣ ба чунин кори пурҳазинае ниёз надорад. Тамоми осори боарзиши ҷаҳон дар тамоми ъарсаҳои ъилмию фарҳангию ҳунарию ғайра ба забону хатти модарии мо, ки порсист, дар дастрас аст. Аз ин рӯ, муқоисаи гузори Узбакистон ба лотин ва гузори Тоҷикистон ба порсӣ рӯйкарде ъолимона ё коршиносона ба ин қазия нест.
- Пурсиши ахир он ки соҳиби мақола миҳандӯстонеро, ки барои гузор ба хатти порсӣ талош мекунанд, “ватандӯстони дурӯғин” номида ва муддаӣ шуда, ки “онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки суръати пешрафти Тоҷикистонро боз доранд”. Назари шумо дар ин робита чист?
- Ин пурсишро бояд аз виҷдони нависандаи он мақола кард, ки оё пойбандӣ ба хатти истеъмор (русӣ) хиёнат ба фарҳанги миллат аст ё сарсупурдагӣ ба хатте, ки ин фарҳангро офарида ва ҷаҳонӣ карда? Оё дифоъ аз дабираи “Шоҳнома”-ву “Дохунда” “ватандӯстии дурӯғин” аст ё алифбои таҳмилие, ки шерозаҳои забони моро аз ҳам гусехта ва якпорчагии фарҳангии моро хадшадор карда? Ва кадом ъақли салим мепазирад, ки ташвиқи миллат ба дастёбӣ ба уқёнусе аз дониш ба забону хатти порсӣ талош барои “боз доштани суръати пешрафти Тоҷикистон” аст? Зимнан, суҳбат аз кадом пешрафтест, ки Тоҷикистон доштаву мо надидем? Оё дар тӯли муддати султаи пириллик бар порсӣ ҳеч асаре халқ шуд, ки дастикам мояи ифтихори мо дар миёни ҳамзабонони бурунмарзимон бошад? Кадом як аз он осорро мешавад ҳамвазни як байти Мавлавӣ донист, ки ҷаҳонро гирифт?
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ҳамон Мавлавие, ки имрӯза осораш аз пурфурӯштарин ашъори ҷаҳон ба забони инглисӣ ба шумор меояд. Ҳамаи он осори гаронбор ба забону хатти порсӣ халқ нашуда буд магар? Ва чи гуна аст, ки имрӯза Эрон бо ҳамон забону хатти порсӣ дар мақоми 27-уми ҷадвали осори ъилмии ҷаҳон қарор гирифтааст ва болотарин оҳанги рушди интишори осори ъилмӣ дар ҷаҳонро дорад? Ба гузориши маҷаллаи ъилмии байнулмилалии New Scientist, оҳанги рушди интишори осори ъилмӣ дар Эрон 11 баробар бештар аз ҳар кишвари дигари ҷаҳон аст. Зимнан, Тоҷикистон бо забонҳои русию порсии пирилликаш дар он ҷадвал 120 пилла поинтар аз Эрон (дар рутбаи 147-ум) аст. Дар тамоми заминаҳои мавриди тасаввур дар ҷаҳон ба забони порсӣ китоб дорем, ки барои як пирилликхон орзуву ҳасрат аст.
Аз ин рӯ, муқоисаи порсӣ бо пириллик муқоисаи кӯҳ бо коҳ нест магар? Бад нест нависандаи он мақолаи “Ҷумҳурият” ва дигар ҳаводорони хатти пириллик бар сари ин ҳақоиқ жарфтар биандешанд.
Кӯтоҳсухан, танҳо бо бозҷустани рӯзгори васл бо асламон (гузор ба хатти порсӣ) аст, ки метавонем аз ин бунбасти фарҳангӣ дарраҳем.
- Сипоси фаровон!