Мухолифони бачаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ дар Тоҷикистон, ки ба забони модарии худ ба шеваи ниё “порсӣ” гӯянд ва ҳеч пешванду пасванде бар он наафзоянд, ъумдатан се дастаанд:
1. Ононе, ки бо забони порсӣ аз беху бун мухолифат доранд, аз ному нишонаш безоранд ва хоҳони нобудии комили он ҳастанд, то русӣ ё ҳар забони дигаре ҷойгузинаш шавад;
2. Ононе, ки забони порсиро бо номи “забони тоҷикӣ” мешиносанд ва номи забонро абзори сиёсӣ медонанд ва нигаронанд, ки барқарории номи асили забон (порсӣ) Тоҷикистонро аз Русия дур ва ба Эрон наздик мекунад. Далоили шахсӣ ҳам барои ин мавзеъгирӣ доранд. Масалан, агар шоъиру нивисандаву пажӯҳишгар бошанд, нигаронанд, ки бо “порсӣ” шудани забони миллии Тоҷикистон тамоми осори онҳо ба ҷойгоҳи сазовораш (фаромӯшӣ) восил хоҳад шуд. Гурӯҳи касире ҳам аз рӯи ноогоҳӣ бар истилоҳи сиёсии “забони тоҷикӣ” пофишорӣ доранд;
3. Ононе, ки забони худро порсӣ медонанд, аммо муътақиданд, ки “тоҷикӣ” ҳам бояд ба он афзуда шавад, то пешинаи шӯравӣ (истеъморӣ)-и тоҷиконро бозтоб диҳад ва талоши фарҳехтагони тоҷик дар солҳои истеъмор фаромӯш нашаваду чиву чиву чи...
Бо ду гурӯҳи аввал фаровон гапугуфт доштаем. Ин бор рӯи суҳбати ман севумӣ аст, ҳарчанд ин суханон марбут ба гурӯҳи дувум ҳам мешавад. Аммо бо гурӯҳи севум дар ин маврид суҳбат накардаем; пас мухотаби аслӣ касоне ҳастанд, ки мехоҳанд номи забони мо расман ба шакли "форсии тоҷикӣ" сабт шавад. Дар бораи далоили мавзеъгирии онҳо борҳо гуфтаем. Инҷо пурсиши ман дар бораи он аст, ки то чи андоза онҳо бар сари паёмадҳои ин мавзеъгирӣ фикр кардаанд.
Дар ъилми забоншиносӣ ҳар забоне, ки чизе ба номаш афзуда ё аз он кам шудааст, забони дигаре ба шумор меояд. Ва агар он иттифоқ барои забони имрӯзӣ биуфтад, пас он забон навпо асту дар оғози торихи худ. Масалан, забони “порсии миёна” ҳамон “порсии бостон” нест. Ва “порсии навин” ҳамон “порсии миёна” нест. Бо афзудани замонвожа (бостон, миёна, навин) тафовут ва чистии ҳар як аз ин се забон мушаххас шудааст, ки акнун фақат яке аз онҳо зинда аст. Ҳар як аз онҳо оғозу поёни худро дорад ва танҳо порсии навин ҳамчунон ъумр мекунад.
Ъазизоне, ки мехоҳанд забони мо расман “форсии тоҷикӣ” ном бигирад, нуқтаи оғози ин забонро чи соле медонанд? Авоили даҳаи 1920, ки ин истилоҳ пайдо шуд? Яъне забонашон ҳудуди садсола хоҳад буд ва нахустин нивисандааш Садриддини Ъайнӣ (ҳарчанд расмулхатташ порсӣ буд)? Чун Абӯҳафси Суғдию Рӯдакию Фирдавсию Пури Синову Берунию Ъумари Хайёму Носири Хусраву Саъдию Мавлавию Саноию Ҳофизу... ҳатто Аҳмади Дониш, ки наздик ба замони мо буд, забони худро “тоҷикӣ” наномидаанд, балки онро “порсӣ” медонистанд. Пас ҳеч як аз онҳо ба “форсии тоҷикӣ” таъаллуқ надорад ва “форсии тоҷикӣ” забоне навпост, ки аз замони истилои Артиши Сурх шакл гирифт ва пеш аз он вуҷуд надошт? Агар пеш аз он ҳам вуҷуд дошт ва ҳамаи он бузургон мутаъаллиқ ба ин забон ҳастанд, ба чи далеле номи забонро ъиваз кунем?.. Инҳо пурсишҳоест, ки дар чорчӯби иълми забоншиносӣ матраҳ мешавад. Чун як забони воҳид наметавонад ду номи мухталиф дошта бошад; магар ин ки суҳбат аз ду забони муҷаззо бошад. Ва ду забони муҷаззо наметавонад ъайни ҳамон торихро дошта бошад. Агар торихашон сартопо якест, пас бояд як забон бошад бо як ном...
Пойбандӣ ба номи ростини забони тоҷикон –порсӣ аз ҳар лиҳоз ба суди миллат асту дурӣ аз он мояи зиёни фаровон.
No comments:
Post a Comment