Showing posts with label bloggers. Show all posts
Showing posts with label bloggers. Show all posts

Friday, January 27, 2012

Fanaticism and Fanatic



Таъассуб ва мутаъассиб

Муддатест, ки бо худ каланҷор меравам, то дарёбам, сеҳри таъассуб куҷост, ки ҷавонони моро тӯда-тӯда бераҳмона мебалъад. Чаро ҳамарӯза, ҳар рӯзи Худо, бидуни истисно, дар фазои маҷозӣ сарамон ба девори таъассуб мехурад ва сархурда мешавем? Чаро бояд бунёдитарин усули ҳамзистию пешрафтро рӯзе чандин бор барои худамон ва дигарон ёдовар шавем?

Худи таъассуб, аз диди ман, зоидаи навмедию сархурдагист. Дар ҷомеъае гирифтор, ҷомеъае, ки барои бақо даступо мезанад, таъассуб гул мекунад. Дуруст ба монанди ангал (паразит)-е, ки дар ганду касофату олудагӣ такассур меёбад (бисёр мешавад) ва ба атроф пахш мешавад. Таъассуб вижаи ҷомеъаҳои мурдобгуна аст. Мурдоб фазои муносибе барои рушди ангалҳост. Ҷомеъаи исто ва мурдобгуна фазои муносибе барои тавсеъаи таъассуб аст.

Таъассуб ҳар навъ бовару рафторест, ки хоста ва ҳадафи он интиқодпазир нест. Он метавонад динӣ, сиёсӣ ё ҳатто варзишӣ бошад ва гунаҳои дигар ҳам дорад. Таъассуби динӣ, аммо, тавассути соҳибназарон шоеътарин, сарсахттарин ва хатарноктарин навъи таъассубҳо арзёбӣ шудааст. Донишномаи “Википедиё” ба нақл аз Хурхе Сонтоёно (Jorge Santayana), файласуфи баноми испониёӣ, таъассубро “дучандон кардани талошу кӯшиш ба ҳангоми фаромӯш шудани ҳадаф” таъриф мекунад. Яъне ҳадаф метавонад чизи хубе бошад, аммо таъассуб, ки дар миён меояд, он ҳадафи хуб фаромӯш мешавад, ки бар асари он талошҳои гумроҳ барои ёфтани он ҳадаф дучандон мешавад, аммо бероҳа меравад.

Фарди мутаъассиб кӯчактарин ҳарфи хилофи боварҳояшро қабул надорад. Чун бовари ӯ бар рӯи санг набишта аст ва нармиш намепазирад. Ба ҳеч рӯй наметавонад онро бознигарӣ кунад, чун бо он бовар ба бор омадааст ё он боварро дар мағзаш муҳаҷҷар (санггуна) кардааст. Тасаввури дурии андак аз он бовар барои фарди мутаъассиб баробар бо марг аст. Ва ҳар он кас, ки дар баробари ин бовар қарор бигирад, сазовори марг аст. Санг гудохта намешавад; танҳо шикаста мешавад. Мутаъассиб ҳам нарм намешавад; танҳо мешиканад. Бовари сифту сахт ба монанди чӯби кибрит (гӯгирд) аст, ки ё оташ мезанаду месӯзонад ё шикаста мешаваду аз байн меравад. Чун мум нарм нест, ки ҳар шаклеро ба худ бипазирад ва бимонад; мондагор бошад. Чун санг сахт аст, то бишканад ва бимирад.

Винстун Черчилл, нахуствазири пешини Бритониё, ки рӯзноманигори чирадасте ҳам буд, аз таъассубу мутаъассиб таърифи бадардбихуре дорад: “Мутаъассиб касест, ки на дидгоҳашро тағйир медиҳад ва на мавзӯъро”. Гӯӣ навъе сиреш (ширеш) ё оҳанрубо ин васат дар кор аст, ки ин дуро ба ҳам сахту муҳкам васл кардааст: мутаъассиб ва мавзӯъи мавриди таъассуби ӯро. Мутаъассиб мехоҳад ҳамагонро ҳамсони худ бибинад. Ин мавзӯъ барояш матраҳ нест, ки фитрати башарӣ танаввуъхоҳ аст ва ҳамаи афрод дар чорчӯбе мушаххас намегунҷанд ё намехоҳанд бигунҷанд. Ҳама ҳам аз як навъи бардошт аз мутуни динию ъақидатӣ бархурдор нестанд ва мехоҳанд роҳи худро бипаймоянд. То кунун мо низомҳои мутаъассиби бисёре доштааем; аз исломӣ гирифта, то кумунистӣ. Аммо ҳеч як муваффақ нашудаанд ҳамаро табдил ба дом (чорпо)-и ҳамгун кунанд ва ҳамвора бо муъзали дигарандешӣ дасту панҷа нарм кардаанд. Чун дигарандешӣ дар батни ҷомеъаи башарист ва ба юмни вуҷуди хиради инсонӣ ҳамеша ин васат хоҳад буд. Хиради инсонӣ метавонад бо ҳамаи ъақидаву эътиқодоти пазируфташуда мухолиф бошад ва роҳи дигаре барои мавҷудият, ҳузур ва бақо ёбад. Оне, ки мухолифи ин хирад аст, дар банди таъассуб аст.

Яъне агар чунин пиндорем, ки ҳамагон бояд ҳамсони мо биандешанду зиндагӣ кунанд, яқинан мутаъассибем. Агар ъодат надошта бошем, ки одамон дорои дидгоҳҳо ва бинишҳои гуногунанд, пас дар чанги таъассуб тақалло мекунем (даступо мезанем). Агар барои худ бовареро биписандем ва интизор надошта бошем, ки андешаву рафтору гуфтори ҳамагон чун они мо бошад, пас аз доми таъассуб раҳидаем. Бо ин фармудаи Сайидюунуси Истаравшанӣ ҳамнавоям, ки мегӯяд: “Шигифтангез аст, ки бархе чунин ҳастанд, ки ба фарде, ки гаҳ-гоҳе пойбанди намозу рӯзааш ҳам буда, аммо нисбат ба соири дастуроти қатъии шариати ислом беэътино бошад, чун касе ки дар моҳи Рамазон ҳарчанд рӯза гирифта, намози таровеҳ ҳам баҷо оварад, аммо дар ғайри ин моҳ гаҳ-гоҳе лаб ба шароб мезанад, ва ё касе ки ҳарчанд лофи диндорӣ занаду аммо таваҷҷӯҳе ба аҳкоми исломӣ надошта бошад, ба чунин фарде, мегӯянд, ин шахс мутаассиб нест. Аммо касеро, ки огоҳона пойбанди дастуроти шариат буда, ҳозир набошад ба ҳеҷ ваҷҳ хилофи авомири сареҳи ойини муқаддаси ислом гом бардорад, мегӯянд, он фард фарди мутаасибе мебошад”. Май нӯшидан ё нанӯшидан, рӯза доштан ё надоштан, намоз гузордан ё нагузорад ҷузъи ихтиёроти фард аст. Ба далели риъояти муқаррароти ойине хос ба ҳеч рӯй наметавон касеро мутаъассиб ангошт. Аммо агар он фарди фарзӣ бикӯшад, ки дигаронро ҳам ба парҳез аз майнӯшӣ водорад ва фарзиёти мазҳабии намозу рӯзаро бар онон таҳмил кунад, ӯ касе ҷуз як мутаъассиб нест. Чун мехоҳад ба зӯру иҷбору таҳдиду таҳмил боварҳои худро бар дигарон савор кунад. Чун бар ин пиндор аст, ки танҳо роҳи мумкини зиндагӣ дар ин саро роҳест, ки ӯ меравад, ва ҳамаи роҳҳои дигар ботиланд. Дар ҳоле ки роҳҳои расидан ба Худо яке-дуто нест. Ва шуморе қобили таваҷҷуҳе ҳам ҳастанд, ки коре бо “роҳҳои расидан ба Худо” надоранд. Ҳамаи боварҳо ин мавзӯъро барҷаставу пурранг кардаанд, ки ҳар касе масъули корнома ва аъмоли хеш аст. Пас афроди мутаъассиб бояд хомӣ ба харҷ надиҳанд, ки Мавлавӣ фармуда:
Сахтгирию таъассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.

Яъне, фарди мутаъассиб ҳамсони як ҷанини хом аст; ҷанине, ки бо хуношомӣ зинда аст. Пас бархурди мутаъассибони хом бо воқеъиятҳои рӯзгори инсонӣ танҳо ба як амр меанҷомад: хуношомӣ.

Thursday, April 29, 2010

Tajik Blogosphere Expanding

Зафари Мирзоён, хуш омадед!

Дар ҷараёни дидори ахирам аз Тоҷикистон бо марде ошно шудам, ки аз дербоз мешинохтамаш. Аммо ифтихори дидор танҳо дар моҳи нувомбри соли гузашта ба ман даст дод.

Медонистам, ки дар Хатлон, зодбуми бузургмардоне чун Имомназари Холназар, фарҳехтае ҳам ҳаст, ки бебокона дам аз шукӯҳи барбодрафтаву роҳҳои бозпас овардани он мезанад.

Дӯстони хубам Муъмину Сафаръалӣ заминаи дидор бо ин бузургворро фароҳам карданд. Ва дар як баъд аз зуҳри диловези поизӣ пас аз тафарруҷе дар Восеъ пои суҳбати Зафар Мирзоён дар Кӯлоб ҳам нишастем ва кӯлбори сафарамон аз дурри хираде, ки ӯ мерехт, пуртар шуд. Аз имрӯзи торику сояравшани дирӯзу равшаноии дирӯзатар гуфтем ва аз вазъи қаламкашону нависандагони минтақа ва фаротар аз он.

Намедонистам, ки ин фарзонаи суханварро ба ин зудӣ бори дигар хоҳам дид. Аммо ин бор дар паҳнаи маҷозии Интернет бо имзои намодини “Маздо” зери навиштаҳои вазине аз бозгашт ба асли хеш, хатти модарӣ, ашки ғурбати Бозори Собир, сардаргумӣ дар имло, равони Эрони куҳану навин ва дигар мавзӯъҳои дардогин.

Вуруди Зафари Мирзоёнро ба бошандагони торнигористони тоҷик шодбош мегӯям ва бовармандам, ки дар гӯшае дигар аз паҳнаи маҷозии тоҷикӣ гулистоне дигар дар ҳоли гулрез шудан аст.

Торнигори Зафари Мирзоён

Thursday, October 01, 2009

Iranian Turmoil Not Over Yet. Why?

Почему не прекращаются протесты в Иране

Радио Свобода

29.09.2009 22:00

Ирина Лагунина: Выборы президента Ирана 12 июня этого года впервые обернулись серьезными неприятностями для клерикалов, которые за несколько месяцев до этого отпраздновали 30-летний юбилей исламской революции и установление теократического государства.

В Тегеране и других городах прошли массовые митинги и манифестации, которые жестоко подавлялись полицией и добровольными военизированными отрядами «басиджей», сторонников власти. По данным правозащитных организаций, были убиты 19 человек, более 300 арестованы. Среди них студенты, профессора университетов, активисты правозащитных организаций и те, кто пытался расследовать убийства и аресты в ходе демонстраций. Российские средства информации довольно скупо освещали все эти события. Так кто, почему и за что выходит на улицы Тегерана. Я передаю микрофон Олегу Панфилову.

Олег Панфилов: Прояснить ситуацию мне поможет Салим Аюбзод, мой коллега из таджикской службы Радио «Свобода», он по телефону из Праги, и Дариюш Раджабиян, журналист, живущий в Лондоне.

Салим, как вам удавалось получать информацию из Ирана?

Салим Аюбзод: Было очень сложно. Потому что после выборов и начала демонстраций в Тегеране многие зарубежные журналисты сначала были ограничены в передвижении и не могли непосредственно наблюдать за событиями, сидели в своих офисах. Я помню, первые передачи были очень интересные, отсюда звонили людям, живущим около тегеранского университета, в центре и просили рассказывать, что они видят через окно. Они рассказывали про то, как люди выходят на улицу, как полиция разгоняет их. И с каждым днем становилось все труднее и труднее найти информацию правдивую, объективную информацию о ситуации на улицах Тегерана и других городов. Единственная помощь была в том, что находилась масса желающих отвечать на вопросы.

Олег Панфилов: Салим, был ли под контролем интернет, могли ли люди с помощью интернета передавать информацию?

Салим Аюбзод: В начале была такая возможность, люди рассказывали, мои коллеги получали информацию по э-мейлу, получали короткие видеоролики, снятые на мобильные телефоны. Но со временем, видимо, ужесточался контроль в Тегеране и таких возможностей стало меньше и меньше. Молодежь Ирана опубликовала свои видеоролики, снятые на мобильные телефоны или голоса, записанные с улицы, они все это вешали на Youtube. Но это тоже до того момента, пока эти сайты были закрыты в Тегеране.

Олег Панфилов: Салим предугадал мой вопрос, который я хотел задать Дариюшу, это вопрос, касающийся гражданской журналистики. Потому что во время событий в Тегеране я наблюдал очень странное явление, как формирование непосредственно гражданской журналистики, когда с помощью мобильных телефонов снимались акции и иногда я в Youtube видел сразу по несколько десятков съемок с разных мобильных телефонов одного и того же события. Дариюш, насколько иранская диаспора способна была получать информацию или каким-то образом ее распространять?

Дариюш Раджабиян: Я думаю, уличные события в Иране дали новое понятие гражданской журналистике. Если эти события добились бы значительных политических перемен, безусловно, можно было бы их назвать первой интернет-революцией. Несмотря на все попытки властей, очень было интересно, что власти пытались перекрыть каналы утечки информации из страны. Но ежедневно публиковались десятки видеороликов и статей, подготовленных в самом Иране или за рубежом самими же недовольными гражданами этой страны. Этот канал до сих пор функционирует и такие инструменты, вэб-сайты сыграли такую же значительную роль, как настоящая штаб-квартира революционного движения.

Олег Панфилов: Что сейчас происходит с иранской журналистикой? В первые недели массовых выступлений населения говорилось о том, что были арестованы журналисты, даже были закрыты несколько газет. Какая сейчас ситуация? Способна ли сейчас пресса выходить, издаваться, могут ли люди покупать газеты?

Дарьюш Раджабиен: Ситуация не улучшилась, до сих пор остается такой же, и журналисты до сих пор очень многие или в тюрьмах или же журналисты не способны писать материалы. Множество сайтов заблокированы, газеты закрыты. Но в этом плане тоже, я думаю, гражданское общество выигрывает у властей и даже, можно сказать, гражданская журналистика была более способной, чем профессиональная. Потому что профессиональные журналисты не могли быть там, где были люди, где была масса. Но люди, которые были там, они записывали, писали статьи и передавали по всему миру. Ежедневно в Иране, это очень интересно, придумываются различные способы обхода правительственного фильтра, так, как я сказал, очень много сайтов заблокировано. По-персидски это называется фильтролом. С помощью этих фильтроломов вы можете попасть куда угодно по виртуальному простору. Одна из основных задач иранской внутренней разведки – это, наверное, ликвидирование обходных путей в интернете. В свою очередь иранские компьютерные знатоки, которых немало, считают создание новых фильтроломов своей основной задачей. Одно сообщение, которое было передано агентством «Рейтер», о 20-летнем британце иранского происхождения, этот человек перебрался в Нью-Йорк на встречу Ахмадинежада, и он сильно уверен, что его компьютерные навыки смогут свернуть Ахмадинежада с власти. Он говорит, что до сих пор создавал десятки оппозиционных сайтов и все они были перекрыты властями. На следующее утро все содержание предыдущего сайта украшало страницы свежего сайта. На этих сайтах формируются интернет-группировки оппозиции и эти группировки коллективно переходят с одного разбитого сайта на новый сайт. Поэтому неудивительно, что демонстрации протеста в иранских городах кажутся скоординированные до ниточки. Ребята занимаются хактивизмом, они сами так называют эту деятельность, то есть это группа хакеров или сетевых взломщиков, разбросанных по всему миру, которые вредят официальным сайтам исламской республики. То есть настоящая виртуальная борьба со своими стратегиями и тактиками.

Салим Аюбзод: Я бы добавил еще одно предложение относительно влияния гражданской журналистики на официальные средства массовой информации Ирана. Надо видеть обе стороны, потому что когда такой наплыв и такой взрыв информации произошел относительно уличных волнений в Иране, естественно, в это время официальные средства массовой информации находились в шоке, они не знали, что делать. Впервые телевидение исламской республики начало давать более или менее объективную информацию, допустим, о количестве первых убитых в ходе уличных волнений впервые заговорила именно эта телестанция и отсюда пошла информация, которая позже была подтверждена другими агентствами.

Олег Панфилов: Когда стали появляться видеосъемки в Youtube по поводу этих событий, то видно было или слышно было, как протестующие произносили не только слова «Марг бар диктатор», но и произносили слова «Марг бар Русие», то есть «смерть России». И многие русскоязычные блогеры были возмущены и не понимали, что происходит. Дариюш, что вы скажете по поводу лозунгов манифестантов?

Дариюш Раджабиян: Даже этим вопросом задавались иранские аналитики, так как устрашающий лозунг «Марг бар Русие!» появился внезапно в этих протестах. Хотя под словом «смерть» в этом контексте подразумевается не физическая смерть, правильный перевод слогана ближе к «долой Россию». У Ирана с Россией, как вы знаете, были свои счеты с давних пор, с 18-19 столетия, когда Персидская империя проиграла войну России и лишилась кавказских земель, как Грузии, части Азербайджана, Армении и тому подобное. Поэтому это сохранилось какое-то историческое воспоминание. Но то, что сейчас, скорее всего не имеет ничего общего с этим воспоминанием. Просто это подтекст, наверное, этого горького чувства. Так как мы видели после того, как Ахмадинежад объявил себя победителем выборов, с первым визитом он отправился в Россию, то есть Медведев его пригласил в Россию, он туда отправился, чтобы участвовать в международном заседании. Но после того, как все люди увидели, каким образом его встретили и как он пожимал руку Ахмадинежаду, иранцы, иранская оппозиция подумала, что таким образом Россия поддерживает Ахмадинежада, хотя в то время Медведев еще ничего не говорил. Но потом стало ясно, что действительно Москва, Кремль более придерживается позиции Ахмадинежада, нежели оппозиции иранской. Это, наверное, является самой главной причиной этого негодования.

Thursday, August 06, 2009

New Member of Tajik Blogosphere

Хамванди нави торнигористони точик

Мелоди нахустин торнигори вижаи бонувонро бо номи бомусаммои «Бонувон» ба бошандагони торнигористони точик, ба вижа ба созандаи он бону Фарахноз шодбош мегуям. Фарахноз дар муъаррифии худ менависад:

Як зан ҳастам. Як модар. Як ҳамсар. Зане захмй аз зарбаҳои рузгор. Зани сархурда аз отифаю ишқ. Зани таҳсилдида, чаҳонгашта, аз санчишҳои сахти рузгор гузашта, зани боиффат, пойбанди арзишҳои ахлоқии хонаводагй, содиқу вафодор. Зани мубориз барои хукуки занон.

Точикистон имруза ба доштани занони мубориз беш аз пеш ниёз дорад, то сари сузан хукуке, ки ба хукми сарнавишт насибашон шуда буд, ба боди фано наравад ва нимаи акбари чамъияти кишварро комилан фалач накунад.

Фарахнозро аз наздик намешиносам, аммо бо доштани хаммехане чун эшон ба худ меболам. Зане озода, ки менависад:

Ҳаёти сертуғёни имрузй, пешрафту дигаргуниҳои босуръати он, пурпечутобию фарозу нишебҳояш аз мо касони имрӯзӣ талаб мекунад бо он баробар ҳаракат кунем, пеш равем, омӯзем ва хешро бо он мутобиқ созем. Аммо, афсӯс бисёрии мо, занон аз пешрафту дигаргуниҳои тези ин замона ва илму дониши он фарсахҳо дурем.

Аз таҳсил кардан ва ё аз омӯхтан бе насиб будаем ва ё дур мондаем ва роҳу равиши зиндагии имрӯзаро ба қадри даркорй намедонем. Наметавонем ҳаққу ҳуқуқи хешро талаб кунем. Ҳатто наметавонем барои паноҳ додани ҳаёти ки ба мо дода шудааст, талош кунем.

Агарчи мо худамон гирифтори ин ҳол ҳастем, кӯшиш намекунем, ки ин сарнавишт домангири духтарони мо набошад. Ҳол он ки ҳар духтаре ё зане аз донишу таҳсил бебаҳра монад, аз баробарй ва баробарҳуқуқй дар чомеа дур хоҳад монд.Чун дониш нест, ақлу фаросату фаҳмишу кӯшиш низ нест. Мегуянд, кишваре ки занони таҳсил кардаи хуб дорад, аз некӯаҳволи ва саодат бархӯрдор аст.

Дакикан хамин гуна аст, ки Фарахноз мефармояд. Хеч кишваре, ки занонаш пушти пардаи чахолат монда бошанд, ба пешрафт даст наёфтааст ва нахохад ёфт. Нодида гирифтани занони чомеъа ва адами мушорикати онхо дар умури ичтимоъию сиёсй ба масобехи парвози паранда бо як бол аст. Фарахноз омадааст, то боли дувуми чомеъаро хам бозу тавонманд кунад, то бо хар ду бол парвозе баландтар дошта бошем.

Ба Фарахнозу Бонувони Точикистон комгорй мехохем.

Бонувони Фарахноз хам ба Чархуфалаки Як Дарвеш афзуда шуда ва аз ин пас хар бор ки баруз шавад, ба садри чадвал хохад рафт. Шояд ин сафха хузури модарону хохарони моро дар торнигористон чашмгиртар кунад.

Tuesday, June 02, 2009

What's Up in Tajik Blogosphere?

Дар торнигористони точик чи хабар?

Соли гузашта дар рузе чун имруз Точвар расман аз гардонандагии торнигори Андеша даст кашид ва лагоми умури онро ба Рустами Субхонй супурд. Дар огоз тасаввур бар ин буд, ки Андешаи азизи мо пас аз чалби он хама дустдор андак-андак ба кухулат хохад гароид ва махфили гарми мо сард хохад шуд. Як намунаи он дидгохи маъюсонаи Як Дарвеш дар хамон руз буд.

Як соли гузашта ин нигаронихоро бартараф кард. Андеша имруз хам чушандатарин майдони бахси интернетист. Афзоиши таъаххудоти корй боъис шуда, ки натавонам дар бахсхои он ширкат дошта бошам, аммо мурури тунди он бахсхо рохи муносибест барои санчидани набзи андешахои ичтимоъию сиёсй ба вижа дар миёни чавононе, ки ёро ё тавоноии андешидан доранд.

Дар ин муддат торнигористони точик доман густард ва аъзои тозае вориди арсаи он шуданд. Торнигори Салими Аюбзод бехтарин намунаи як торнигори шахсист, ки ховии мушохидоти бикр, хотироти талху ширин ва тахлилхои хондании як рузноманигори саршинос аст ва бедиранг хонандагони худро дар торона ёфт. Шояд ин икдом дигар рузноманигоронро низ ташвик кунад, ки дар сахнаи бозу озоди Интернет ба дур аз махдудиятхое, ки дар дафтархои коришон доранд, чавлон бизананд.

Дар паи он торнигори Мардикорнома зухур кард, ки дар навъи худ бехамтост ва шояд нахустин ёдворапардозии як мардикори точик дар торона бошад. Умед аст, ки доманаи корбарони он низ тавсеъа ёбад.

Ва тозатарин торнигоре, ки хабари гушоишашро аз «Торнигори Салими Аюбзод» гирифтам, веблоги хушноми Акбар Турсон аст – «Мурги самандар». Зохиран ин донишманди баноми гариби точик касд дорад пас аз солхо сукут дар арсахои хамагонии Точикистон самандарвор аз зери хокистар берун ояд ва дубора лаб ба гуфтан бигушояд. Як Дарвеш дар ин росто барои устод комгорй мехохад.

Дар зарфи як соли гузашта "Футболи Точикистон" ба бехтарин мачаллаи футболи кишвар табдил шуд. Ба гунае, ки такрибан хамаи руйдодхои майдони футболи Точикистон ва мухимтарин бозихои байнулмилалиро метавон аз тарики он дунбол кард.

Нуктаи манфие, ки таи 12 мохи ахир мушохида кардам, сукути бисёре аз торнигорхои точикист, ки дар гузашта бисёр фаъъол буданд. Хайф аст, ки ба торнигорхои хуби «Ойина»-хо, «Садои механпараст», «Шахриёристон», «Чоми Чам», «Эроншахр», «Сухансаро», «Ватандор» ва гайра сар бизанем ва бетуша таркашон кунем. Медонам, ки дустон пуркоранд. Аммо шояд бехтар аст, ки веблогнависиро хам чузъе аз хамон корхоямон бидонем, то ба ташаккули журнолисми шахрвандй ва бунёди як чомеъаи шахрвандй дар Точикистон мусоъидат кунем.

Thursday, October 09, 2008

New Members in Tajik Blogosphere

Хамвандони нави торнигористони мо

Муддатест, ки мехохам вуруди ду торнигори нозанин ба Торнигористони точикро ба мову шумо шодбош бигуям, аммо зохиран фурсати он хамин имшаб аст.

«Чароги рузгор» дар мухити кучаки мо ибтикорест тоза. Набиюллохи Суннатй бо гирди хам овардани рузноманигорони чавону кухнакор талош кардааст чои холии рузномахои точикй дар фазои интернетиро пур кунад. Матлабхои ин торнигор ба калами афроди гуногун таъаллук дорад, ки хондани онро чолибтар мекунад. Аз навиштахои чавонон аз ин чумлаи Фирдавси Аъзам хушам омад, ки мегуяд: «Агар Садриддин Айнй зинда мебуд, шояд ҳатман аз рузгори донишчуёни имрузй повести хубе бо номи «Ғуломони безанчири асри 21» менавишт.» Манзур донишчуёне, ки дар пунбазорхо комат мешикананд.

Дар «Чароги рузгор» тасвирхои диданй хам хаст. Ба монанди портреи азими Рахмон дар хиёбони Камоли Хучандии шахри Хучанд, ки чандин хонаи як сохтмонро аз нур махрум кардааст. Чун ин тоблу ба сабки шуравй дуруст руи панчарахои як сохтмон насб шудааст. Рахбаре, ки на танхо ба мардум нур намедихад, балки нури табиъиро хам аз мардумаш дарег медорад...

Барои «Чароги рузгор» равшаноию равшангарй таманно дорам.

Торнигори дигар «Сухансаро»-и Мусофир аст, ки меъодгохи зебои дусторони дурри дарист. Албатта, агар бо дабираи порсй миёнаи хубе дошта бошед. Чакомахои Мусофир хамагй буи механ медихад ва саршор аз дарди бепоёни ин миллати овора аст. Мусофир берахмона лояи хобу хиёлро аз перомуни рузгори мо меканад ва намои лухту урёни онро намудор мекунад:

Ва зиндагй хиёл буд, фасона буд
Зи хештан гурехтан ва сохтан ба нагмаи замона буд
Ва дустиву дустону дуст доштан
Хама, хама бахона буд, бахона буд
Ва вакти ракси руспии зиндагй
Садояки хазини шеъри ман тарона буд
Дар ибтидо замину осмону одамон
Ба чашми содабини ман
Намои шоъирона буд
Ва акли фозилона буд
Ва фазли окилона буд
Ва ишки содикона буд
Ва сидки ошикона буд
Кунун ки тай намудаам тамоми он тарику роххо
Китоби зиндагии ман шуда китоби иштибоххо...

Умедворам, ки рохи Мусофир ба дур аз чоххо бошад ва зури каломаш хамсанги зури сипоххо бошад ва пайваста шиканандаи хумори шоххо бошад.

Кудуми хар ду руи чашм.

Monday, June 16, 2008

Nasim Fekrat’s Courageous Steps

Гомхои далеронаи Насими Фикрат

Таи гашту гузоре кутох дар ду торнигори Насими Фикрат (www.kabuli.org ва www.afghanlord.org), аз рузноманигорони чавону баноми Афгонистон, ба зиндадилй ва пуёии чавонони кишвари хамсояву хамзабон кибта хурдам, яъне хасудиам шуд (ба маънии мусбат). Ин чавони далер, ки дар Афгонистон ба сар мебарад, бо хамдастии чанд тан равшанфикри дигар то кунун дар устон (вилоят)-хои кишвараш ду коргохи омузишии веблогнависй баргузор кардааст. У хадаф аз ошно сохтани мардуми Афгонистон бо торнигорро ин гуна тавсиф мекунад:

«Мо мехохем веблогнависиро дар Афгонистон ба хамагон ёд бидихем, [то] хар кас битавонад харфашро озодона аз кунче, аз горе, аз шахре, чи аз Дойкандй, Бомиён, Турабура, Кандахор, Балх ва ё Помир, нашр кунад. Ба дунё бифахмонад, ки Афгонистон Афгонистони дируз нест, ки ойинааш аз катли омхо ва калламанорхо кидир (тира) шуда буд. Афгонистон чехраи чадидашро мехохад ошкор кунад.»

Дар таърифи «чехраи чадиди Афгонистон» Насими Фикрат меафзояд:

«Инсоният, баробарй, бародарй, таъаккул, омузиш, фарханг ва пешрафт. Ба дунё бифахмонад, ки агар Афгонистон дар чангу чадал он кадр каллашак (гарданшах) аст, дар омузиш, одам шудан ва як гом ба чилав [гузоштан] хам каллашак аст. Албатта, замоне ки тасмим бигирад.»

Насими Фикрат дар яке дигар аз навиштахои худ пас аз бозгашташ аз шахри Лохури Покистон изхори таассуф мекунад, ки мардуми кишварашро берун аз он одам намешуморанд ва то бифахманд, ки аз Афгонистонед, «биниашонро мемоланду шуморо тарк мекунанд.» Фикрат бо лахни истехзо ва тамасхур мегуяд, ки Афгонистон хам одамони «бузург»-е дорад, чун кахрамони куштии кач Абдулкарими Хуррам – вазири фарханг ва иттилоъоти Афгонистон, ки ахиран сахт машгули «мубориза бо забони форсии дарй» будааст ва хамаи навиштахои порсиро ба пашту табдил кардааст, то рузе бирасад, ки порсй ба пастуи хонахо ронда шавад.

Далерии Насими Фикратро меситоям, аммо ба монанди Ходй, яке аз дустони Насим, ки дар торнигори у назар додааст, нигарони амнияти у хастам. Дар Афгонистоне, ки ахиран як хабарнигори чавони паштуни Би-Би-Сиро дар Хилманд куштанд, чунин руёруии ошкор бисёр хатарнок аст. Аммо пас аз дидор бо Фахими Даштй дар Ландан дарёфтам, ки шумори далерони Афгонистон дар арсаи озодии баён андак нест. Фахими Даштй бо садои баланд аз трибуни кунфронсе дар Ландан эълом кард, ки рузноманигорони кишвараш алайхи давлати саркубгар чанг эълом кардаанд ва озодиеро, ки ба даст овардаанд, дигар ба рохатй аз даст нахоханд дод.

Ин шуру иштиёк ба хифзи озодихо аз кучо бармеояд? Чаро дар Точикистон, ки аз амнияти нисбатан бехтаре бархурдор аст, аз ин даст суханхо ба гуш намерасад? Тарс аз бурузи чанг? Онхо ки бештар аз мо чанг дидаанд. Дар вокеъ, набуди озодихост, ки саранчом ба чангу чадал меанчомад. Дуруст мисли як зарфи сарбастаи об, ки агар руи оташ бичушонедаш, мунфачир хохад шуд. Магар ин ки сурохе нуки зарф бошад, то бухори обро рахо кунад. Чомеъаи Точикистон ба хамон зарфи сарбаста мемонад, ки аз зер дар холи чушидан аст ва агар бухори он махбус бимонад, лочарам ба инфичори чомеъа хохад анчомид. Манзур аз «сурохи зарф» озодии баён аст, ки бугзи чомеъаро берун мерезад ва хатари инфичори онро кохиш медихад. Зарфи мо хамчунон сурох надорад. Пас бояд аз набуди озодй харос дошт, ки метавонад ба чангу нооромихо анчомад.

Масалан, чаро чомеъахои озоди Гарб аз инкилобу нооромихо харос надоранд ё камтар бим доранд? Чун озодии нисбй дар ин чавомеъ фарохам аст ва бугзе дар синахо хабс намешавад. Агар рузе эхсос кардед, ки харфе барои гуфтан доред, метавонед ба Гушаи Сухангу (Speaker’s Corner) дар Хойд Порк (Hyde Park)-и Ландан биравед ва ба замину замон душном дихед. Касе чилави шуморо нахохад гирифт. Дар натича, бухори чамъшуда аз сурохи зарф дармеравад ва хатари инфичори зарф хам камтар мешавад. Дар акси зерин сахнае аз хуручи бухор аз зарфро мебинед: Гушаи Сухангу дар Хойд Порки Ландан.

Зарфи мо хам сурох мехохад.

Saturday, April 05, 2008

To Andesha Thinkers

ای جوانان عجم، احسنت بر کار شما
بر مسير مستقيم شور افکار شما

ديدن آشفتگی ها کار هر هشيار نيست
هوشياری بشکند آشفته بازار شما

گامتان فرخنده و بر "تاجور" صد آفرين
گل کند "انديشه" اش نيش کج خار شما

باز می گويم که راه ما جز آزادی مباد
باز می خواهم بخوانم حرف تکرار شما

چشم کور سرنوشت بينا توانيم کرد ما
جان من وقف است پيش چوبه دار شما

داد می خواهی اگر، دادی ز سينه در بده
تا به گوش دور دادآگاه دادار شما

ترک اشک و ناله کن، جهد است راه پيشرفت
جهل را درکوب و بگشا بند زنار شما

کاروان گر ره نيابد در مسير پيشرفت
هوش ده بر ساربان مست خمار شما


Эй чавонони Ачам, ахсант бар кори шумо,
Бар масири мустакими шури афкори шумо.

Дидани ошуфтагихо кори хар хушёр нест,
Хушёрй бишканад ошуфтабозори шумо.

Гоматон фархундаву бар Точвар сад офарин,
Гул кунад Андешааш неши качи хори шумо.

Боз мегуям, ки рохи мо чуз озодй мабод,
Боз мехохам бихонам харфи такрори шумо.

Чашми кури сарнавишт бино тавонем кард мо,
Чони ман вакф аст пеши чубаи дори шумо.

Дод мехохй агар, доде зи сина дар бидех,
То ба гуши дури додогохи додори шумо.

Тарки ашку нола кун, чахд аст рохи пешрафт,
Чахлро даркубу бикшо банди зуннори шумо.

Корвон гар рах наёбад дар масири пешрафт,
Хуш дех бар сорбони масти хаммори шумо.