Showing posts with label poets. Show all posts
Showing posts with label poets. Show all posts

Thursday, August 13, 2020

Диёри арҷманди мо ба сӯги шоъираш нишаст...

Диёри арҷманди мо

Ба сӯги шоъираш нишаст...

 

Дирӯз пур аз умед будему имрӯз тиҳӣ шудем. Дирӯз навиди беҳбуди ҳоли устодро додему имрӯз садҳо паёми таслияти дӯстони дуру наздикро мехонем. Ҳасрати дидани рӯи гармаш ба дилҳо монд. Ва танҳо садост, ки мемонад. Садои тасаллобахшу пурнишот, ки аз бистари марг ҳам бо ханда мегуфт, хуб асту нақоҳати андаке дораду базудӣ ба зиндагии ъодӣ бармегардад. Касе, ки дар хилвати бемористони “Истиқлол” дошт пар-пар мешуд, ба фарзандону пайвандону ёронаш пайваста тавсия мекард, ки мувозиби саломатии худашон бошанд. Парастори муъолиҷаш ҳам гуфта, зарфи як ҳафтаи муроқибат аз устод ба хулқу атвори инсонию хушбинию шӯхтабъии ӯ дил бохтааст. Ҳар ки ӯро як бор дида буд, ба фаросату шарофаташ тан медод.

 

Ин ҳасрат ҳам ба дилҳо монд, ки ҳаргиз Дастонро надид. Дастону Париюши ман дигар на модарбузурге доранду на падарбузурге. Устод Гулназар падарбузурги фавқулъода меҳрубоне буд ва ба наваҳояш муҳаббати лоятаноҳӣ дошт. Барои ҳамаашон абёте суруда буд. Чаҳор сол пеш ин ду байтро дар зодрӯзи Париюшам ба ӯ тақдим кард:


То дар дили ман меҳри Париюш бувад,
Дар сина маро баҳори гулпӯш бувад.
То лаҳну садои ӯ ба гӯшам бирасад,
Овози ғаму ғусса фаромӯш бувад.

Дастон, ки омад, номашро писандиду бадоҳатан гуфт:

Рустами Дастон, дар ин майдон дигар танҳо наӣ,
Бо дуъои Пири Тусӣ достони мо расид.

 

Ба Фирдавсию “Шоҳнома”-аш вафодории фарзандона дошт.

 

Халқи ман!

Ъурёнии табъи ту чист?

Аз ҳарири ҳарфи Ҳофиз ҷома кун.

Номаи иқболи ту афсурдааст,

Рӯ ба шеъри қудсии “Шаҳнома” кун.

 

Гапфурӯшонат дукон бикшодаанд

Ҷои кони ҳикмати ту, сад дареғ.

Дар қиёси хирмани ҳазёнашон

Хас намояд давлати ту, сад дареғ...

 

Ва ламаҳоте аз хотирот мемонад...

 

Устод Гулназарро аз бачагӣ мешинохтам. Дӯсти наздики падари ъазизам буду солҳо баъд хешованди сабабӣ шудем. Дар давраи навҷавонии ъисёниам аз ду бузургворе, ки барояшон арҷи бисёр қоил будам, дархости насиҳат шуд. Аз онҳо хостанд, то маро андарз кунанду роҳу чоҳ нишон диҳанд, то дигар дар ҳафтаномаи “Адолат” мақола нанивисам. Он ду бузургвор, ки акнун лобуд дар ъарши малакут ба дидори ҳам расидаанд, Даврон Ашӯруф ва Гулназар Келдӣ буданд. Панду андарзи ҳар ду ин буд, ки талошу пайкорамро канор нагзорам. Устод Гулназар гуфт: “Агар дар дурустии роҳе, ки интихоб кардаӣ, шакке надорӣ ва ин роҳро бахубӣ сабук-сангин кардаӣ, аз роҳат барнагард. Шояд ҳамин боварҳои ту дуруст бошад. Офарин, ки ҷуръаташро дорӣ!”

 

Баъдан дарёфтам, ки устод марде батамом озодандешу миллист ва худаш ҳам тан ба ҳарфи зӯр намедиҳад ва, масалан, дар бораи рӯйдодҳои баҳманмоҳи хунини 1990 (замоне ки Маскав ба Душанбе дигарбора лашкаркашӣ карду 25 тоҷикро кушт) нивишта буд:

 

Наврӯз дер кард,

Дар кӯчаҳои шаҳр гули лола сар кашид,

Ҳар лола ҳасрате,

Ҳар лола нолае.

 

Наврӯз дер кард

Дар зери осмони яхафшони тирарӯ,

Аз лобалои ҳотаи симини барф

Бишкуфт лолазор,

Ҳар лола машъале,

Ҳар лола ахтаре.

 

Он кас, ки барги лолаи табхола чиданист,

Оташ фитад ба домани савдояш!

Он кас, ки шамъи лолаи сарзинда куштанист,

Зулмат расад ба манзили уммедаш!

 

З-ин кӯча дӯш хотирам осуда мегузашт,

З-ин раста дӯш ҷони ман аз ғусса раста буд,

Ман по куҷо ниҳам, ки ба ҳар ҷо, ки рӯ кунам,

Ҳар лола навхатест,

Ҳар лола ъошиқест?!

 

Ман хун хурам ҳамора, ки аз чист ёди ман

Аз лола арғувон?

Ман хун шавам ҳамора, ки аз ҷилди “Тоҷикон”

Як сафҳа зери пост!

 

Наврӯз дер кард,

Наврӯзи лолазори Душанбе шукуфтааст.

Доғе нуҳуфтааст...

 

 

***

 

 

Солҳо баъд, ки домодаш шудам, нигарони таъсири ҳирфаи худам бар мақому манзалати устод дар маҳофили ҳоким будам. Рӯзе ин нигарониро ҳузуран бо ӯ дар миён гузоштам. Устод бо сиъаи садри сутуданӣ ва то ҳадде бепарво гуфт: “Аз ман пурсидаанд, ки барои чи домодат ину он нивиштааст. Ман ҳам тавзеҳ додам, ки домодам кӯдак нест ва марди рӯзгордида аст. На ман ба кори ӯ коре дораму на ӯ ба кори ман”. Хандиданд. Ва ин ъайни воқеъият буд. Тӯли ин ҳама сол, ки аз осмони сиёсии Тоҷикистон бар сари ман борони туҳмату таҳдид боридааст, ҳатто як бор ҳам аз ман нахоста буд, ки забон гоз бигирам, хафа шавам, қаламамро бишканам. Дар идома ҳам гуфт: “Зимнан, ман аз ҳузур дар интихоботи баъдӣ ҳам инсироф додам. Маҷлисро ҳам дидем. Кори беҳуда аст. Ҳамин шеъру шоъирӣ бароям бас!” Ва дигар ба Маҷлис нарафт. Ва ҳамон ҳиссу мазмунро дар чакомае муфассалтар тавсиф кард:

 

Маҷлис

 

Ҳеч донӣ, ки дар ин маҷлисгоҳ

Ҳозиру ғоиби ман яксон аст

Ва ба ин минбару ин воъизу ин дамдамаҳо корам нест?

Бибарад мисраъи Ҳофиз

Ба саропардаи қудсам.

Бидиҳад нашъаи ъумри ҷовид

Сухани Хизрии Хайёмам.

Бинамояд ду биҳишту ду ҷаҳиму ду ҷаҳонам

Рӯбарӯ ойинаи соҳири Бедил

Ва мани инҷойӣ

Онҷоям,

Ки дар ин боргаҳи нокасу кас

Бо касе ҳавсалаи борам нест .

Ҳеч кас огаҳ нест,

Ки дар ин маърази лутфу карами маснӯъӣ

Ҷуз ғами шеър вафодорам нест.

Аз мукофоту ҷазое, ки ба сар меборад,

Яке аз шодии дил мадҳуш аст,

Дигар аз ғусса дилаш метаркад.

Масту савдоии савдои ҳиҷо,

Ба ҳамон тарҳи сабоҳии яке байт, ки аз хотири ман мегузарад,

Фориғ аз хешаму ҳамсояи маҷлисгоҳӣ.

Шукр, шукр!

Бо ҳавасҳои хасак ҷони гирифторам нест.

Қодирам, то ҳама рӯзу ҳама шаб лоф занам,

Ки дар ин мулк тиҳисаршорам.

Ё ҳамон гуна ки Лоиқ гуфта:

Хирсро ном барам Хоҷаи Хизр.

Лек шармам ояд,

Аз ту, эй чашмаи саршори мусаффои Ватан,

Ки маро панди сафокориву покӣ додӣ.

Аз ту шармам ояд,

Эй умеди нигаҳи чашми гадои сари роҳ!

Аз ту шармам ояд,

Эй Оянда!

Хуни дил мехураму дидаи хунборам нест!

Сояи сабзи чанорони Душанбе

Раҳи савдои маро мепояд,

Нафаси ёсумании Варзоб

Оғуши дарди маро меҷӯяд,

Нигаҳи ъошиқи дилдодаи шеър

Шуълаи сӯзи маро мехоҳад.

Эй хушо маҷлиси риндонаи Ҳофиз!

Эй хушо маҳфили паймонаи Хайём!

Эй хушо анҷумани ойинаи ҳамдили Бедил!

Ба дигар ҳолу ҳаво корам нест,

Ба Худо, корам нест...

 

 

***

 

Аммо ҳамеша хушбин буд. Бовар дошт, ки “чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд”. Тоҷикистонро ъошиқона дӯст дошт. Ба пешрафти андаки Меҳан ҳам меболид. Дар ҳар гуфтугӯе, ки бо ӯ доштам, мегуфт, ки авзоъ рӯ ба беҳбуд аст ва кишвар дорад ободтар мешавад. Аз роҳандозии нерӯгоҳи Роғун фавқулъода хурсанд шуда буд. Бисёр умедвор буд, ки сулҳу оромиши кишвар халале набинад ва Тоҷикистон тавсеъа кунад. Аз сафарҳояш ба манотиқи мухталиф мегуфт ва ин ки чи пешрафтҳое онҷо ба чашмаш хурдааст. Аммо дардҳои ниҳониашро дуррсон бар дафтараш фурӯ мерехт:

 

Ашке бирез бар сари Шаҳнома аз алам,

Аз кӯҳи нанги мо зи чӣ Рустам намерасад?

 

 

***

 

Лабони ташнаи соҳил таманнои дигар дорад,

Чи суд аз нолаҳои ту, агар Сайҳуну Ҷайҳунӣ?!

Маро бегонагии ошное мекушад рӯзе,

Дарунӣ мешавад оё Абӯрайҳони Берунӣ?!

 

***

Душанбе монаду гардаш намонад,

Давояш монаду дардаш намонад,

Қатори мардҳои ҷоннисораш

Илоҳӣ номи номардаш намонад.

 

***

 

Ҳама донову як доно пайи бедории мо нест,

Ҳама вассофи Наврӯзанду як ғунча шукуфо нест.

Намедонам ба кӣ гӯям ғами афсонаҳоямро:

Зи хар пур шуд раҳи дунёву Исое ҳувайдо нест.

 

***

 

Эй ба бедорӣ ту дида хобҳо,

Дида дар хоб оташи гирдобҳо!

Нағма зан чун ғӯки хушбахт аз фараҳ

Дар муҳити мурдаи мурдобҳо!

 

***

 

Махзани ашъор буд. Фирдавсиву Ҳофизу Хайёму Бедилу Нодирпуру Симину Лоиқро дӯст дошт ва ҳамвора аз осори онҳо нақл мекард. Ҳаргиз ҳарфи миёнтиҳӣ ба миён намеовард. Хушмашраб буд. Ва аҳли шӯхӣ. Шӯхтабъиаш ба ашъораш ҳам роҳ ёфта буд:

 

Чунонат роҳ мепоям,

Ки ҳамкорам маъошашро.

Чунонат дӯст медорам,

Ки пурхур деги ошашро.

Чунонат мехурам афсӯс,

Ки деҳқон наску мошашро.

Чунонат мекашам андӯҳ,

Ки ҳамсоя кулоҳашро.

Чунонат пос медорам,

Ки Жопун подшоҳашро.

Чунонат саҷда меорам,

Ки ҳинду гови роҳашро...

 

Афзун бар шӯхтабъӣ, дар яке аз вопасин тамосҳои телефунӣ бо устод дарёфтам, ки ъошиқи футбол аст. Ҷӯёи ҳоли тими маҳбуби инглисиаш Лестер шуд; дуруст пас аз он ки Лестер ба далели мавҷи дувуми куруно дубора баста шуд. Дар ниҳояти шигифтии ману Дилором мураббию бозикунони тимро баршумурд. Ин саргармии устод бароямон тозагӣ дошт.

 

***

 

Тоҷик ба маънои воқеъии калима буд. Гирифтори ҳеч навъ таъассубе набуд ва ба ҳамаи милалу боварҳои инсонӣ эҳтиром мегузошт, аммо ъалоқаи хоссе ба Эрони бостону аслу решааш ва забоне дошт, ки аз посдорони аслиаш буд:

 

Маро дар пӯст ҷои турку тозӣ нест,

Ки ман парвардаи Эрони тақдирам.

Агар дар ҷилди ман авлоди ман гунҷад,

Намемирам, намемирам, намемирам!

(“Руҷӯъи Монӣ”)

 

Дареғогӯи Эрон мӯя дорад

Сари хоки парешони каёнаш.

Бибояд ҳайкале он сон пай афканд,

Ки Рустам хезаду Рахшу камонаш.

 

***

 

Эй лафзи дарӣ, нишони тоҷик туӣ,

Дар ҳар ду ҷаҳон ҷаҳони тоҷик туӣ.

Аз Санҷару Чингизи замон бокам нест,

Донам, ки паноҳи ҷони тоҷик туӣ!

 

Фарзанди асили Бухоро буду дарди фурӯ рехтани сарзамини пешинаш озораш медод. Дар соли даргузашти устод аз он рӯйдоди шум дуруст 100 сол мегузарад:

 

Гиря кун, гиря кун чу абри баҳор

Дар сари гӯри бенишони падар.

Магар аз хоки хуфта бархезад

Лолаҳое чу доғи банди ҷигар.

 

Ин замин сарбасар яке дахма-ст,

Дахмаи шайху шоъиру сарҳанг.

Сари ҳар пушта метавон бигрист

Аз ғами бенишонии фарҳанг.

 

Ин замин сарбасар яке қабр аст,

Марқади хашму шӯру тӯфонҳо,

Оби чашмони ту магар шӯяд

Гарди даврону хоки нисёнҳо.

 

Оби чашмат магар кунад лабрез

Чашмаҳои дарии лаббаста,

Сангҳое магар кашад боре

Ҳасрати кӯзаҳои бишкаста!

 

Тоҷик инҷо агар асар дорад,

Ҷуз мазори харобу яксон нест.

Мадфани бепаноҳи Сомонӣ

Пуштибони ҷалоли Сомон нест.

 

Кай зи дӯши манораҳои баланд

Осмонҳо фуруд меояд?

Аз раҳи оби Зарфишон рӯзе

Шоъири Панҷрӯд меояд?

 

Панҷаи зарнисори настаълиқ

Мекашад домани забони маро,

Сабзае, к-аз сиришки ту сабз аст,

Мекушад, мекушад хазони маро!

 

Гиря кун, гиря кун чу абри баҳор

Дар сари гӯри бенишони падар.

Хушксорӣ хушат намеояд

Дар Бухорои ҷовидони падар.

 

Аз лофи газофу тамаллуқу чоплусӣ мутанаффир буд:

 

Зинда бошӣ, эй диёри номдори лоф,

Дар паноҳи осмони беғубори лоф.

Боғҳо бишкуфтаву себаргаҳо шодоб,

Бехазон бошад ба ъолам навбаҳори лоф.

Бигзар аз афсонаи авҷу барори ъумр,

Бо ману ту бас бувад авҷу барори лоф.

Пай фикан нав-нав деҳу шаҳри ҷаҳонафрӯз,

Зиндагӣ кун дар Хуҷанду дар Ҳисори лоф.

Дар ғарибӣ луқма ҷустан кори ъоқил нест,

Музд бистону тараб кун дар диёри лоф.

Сардии дунё куҷову ҷони сармоӣ?

Зинда бодо офтоби шуълабори лоф!

Табъи ъурёну тани ъурён, чи менолӣ?

Шарм медор аз дукони бешумори лоф.

Осмон банди ғурури кӯҳҳои лоф,

Хокдон маҳви шукӯҳи обшори лоф.

Суфраҳо мамлувви нони лоф мебинам,

Комҳо ширин зи қанди хушгувори лоф.

Бори беъор аст агарчи лоф, мехоҳам

Лофзан мирад ба хорӣ зери бори лоф!

 

***

 

Фарзандонашро беандоза дӯст дошт. Ороми Дилам дар мақоми таҳтағорӣ (кӯчактарин фарзанд) чун мардумаки чашм барояш ъазиз буд. Вақте ки Ороми Дилро ба Ландан бадрақа мекард, ба гӯшам андарзе падарона хонд: “Духтарам дар Ландан ҳеч касе ҷуз Шумо надорад. Ҳам падару модару ҳам хоҳару бародараш Шумо ҳастед. Орзумандам, ки ғамхори якдигар бошед”.

 

Эй ъумри ман набуда ҷуз ъумри дӯстдорӣ,

Эй рӯҳи ман набуда ҷуз рӯҳи ғамгусорӣ,

Эй хоки ман набуда ҷуз хоки ҳамдиёрӣ,

Баҳри Худо, бигӯед, ин меҳри ман куҷоист?!

 

***

 

Хушбахт буд. Дӯстону дӯсторонаш бештар аз душманонаш буданд. Гули сари сабади маҳофил буд. Ва мурдан дар Ватанро мояи хушбахтӣ ва бемаргии инсон медонист. Бахте, ки гумон аст барои ман муяссар шавад, аммо устод ба хостааш расид.

 

Касе ҳаргиз намедонад, ки роҳаш то куҷо пайдост,

Валекин дар Ватан мурдан бувад бемаргии инсон.

Даме, ки пуштаи ту мешавад аз хок болотар,

Ту боло мекунӣ хоки Ватанро як ваҷаб ал-он...

 

Намедонам, ки меҳре мебарад сӯи мазори ман

Ва ё аз ёд хоҳад шуд диёри ормони ман,

Вале боди Ватан дорад шабу рӯзи маро обод,

Вале санги Ватан монад ҳамон санги нишони ман.

 

Ному нишони устод Гулназар на танҳо бар санги Ватан, балки бар нишони ҳувияти Ватан ҳам ҳакк шудааст. Равонатон шод бод, устод. Дурӣ маҷол надод, ки пайкаратонро ба хок биспорам, аммо Шуморо бо рухи шоду хандонатон ба ёд месупорам.

Saturday, April 25, 2015

Helter Skelter


ОШУФТАБОЗОР

(Дар посух ба он бахш аз матлаби “Падарони миллат” (СССР, 18.04.15) ба қалами устод Бозор Собир, ки ба мавзўъи хатту забон марбут мешавад)

Барои як фарди огоҳ ба масъалаи забон радди навиштаҳои устод Бозор Собир баосонй муяссар мешавад.
Чун, мутаассифона, дар ин замина устод Бозор Собир пиёда аст ва набояд аз чизе, ки намедонад, ҳарфу ҳадисе ба миён оварад. 

Аз ҳамон “бисмиллоҳ”-и мақолааш оғоз мекунем, ки устод алифбои порсй ва истилоҳоти забоншинохтиро бахубй балад нест ва тафовути “садо”-ро бо “ъаломат” намедонад ва огоҳ нест, ки садои “ҳ” дар забони порсй ду гуна аст, на 3 гуна ва намедонад, ки ҳарфи алиф ҳаргиз садои “ў”-ро намедиҳад, магар ин ки як “вов” ҳам канораш қарор бигирад. Касе, ки бад-ин андоза аз алифбои порсй ноогоҳ аст, чигуна метавонад ба худ ичоза диҳад, ки дар бораи он изҳори назар кунад ва мардуми бисёри дигареро чун худаш гирифтори гумроҳй кунад? Мусалламан, бо он донише, ки эшон ба намоиш гузоштааст, хат “хичои” мешавад, дабираи порсй “ҳамчун кроссворд ги
ҷу гарангкунанда” мешавад ва тасаввураш бар ин мешавад, ки ин дабираро “ҳеҷ домуллое беғалат хондаю навишта наметавонад”. Ба қавли маъруф, “кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад”. Касе, ки ба эътирофи устод Бозор, наметавонад ин дабираро беғалат бихонад, худи устод Бозор аст, чун огоҳии кофие аз он надорад. “Худи эрониҳо аз ин хат безоранд” як сухани ғалати бузург аст. Тамоми тамаддуни Эрони имрўзй бар пояи ҳамон дабираи порсй устувор аст ва устод Бозор ҳам аз резахорони хони ҳамин Эрони имрўзист ва бисёре аз ашъори ў дар тақлид аз чакомаҳои Нодири Нодирпур, Симини Беҳбаҳонй, Сиёвуши Касройи ва суханварони бузурги дигар аз Эрон навишта шудаанд.

Устод Бозор дар бораи имлои ду вожаи “мор” ба хатти порсй дар як шеъри устодаш Нодири Нодирпур мегўяд: “2 «мор» айнан 1 хел, чунки хати форсӣ ҳарфи калон надорад, яксон навишта мешавад”. Устод Бозор таваччуҳ накардааст, ки “мор”-и дувум дар мисроъи “Вале ба забони “мор” намеояд” дар гйуме (нохунак) омадааст ва дар имлои порсй гйуме (нохунак) нишондиҳандаи исми хос аст ва ниёзе ба “ҳарфи хурду калон” нест. Ин эрод ҳам ҳокй аз ноогоҳии устод Бозор аз хатти порсй ва ъодати ў ба хатти русй аст. 

Дар идомаи ин истидлол Бозор Собир шигифтзада шудааст, ки чиро дар забони порсй вожаи “мор” ва номи хонаводагии окодемисян Мор (Marr) ба як шакл навишта мешавад.
Ва ин мавзўъро марбут ба нотавонии Нодирпур дар навиштани номи донишманди забоншинос донистааст. Мегўяд: “Агар мар менавишт, мур мешуд”. Дар ҳоле ки дар забони порсй вожаи “мар” ҳам вучуд дорад, масалан, дар таркиби “Сипос мар Худойро” ва ҳеч ъақли салиме онро “Сипос мур Худойро” намехонад. 

Мушкил инчост, ки устод Бозор аз як ҳақиқати содаи забоншинохтй огоҳ нест: садои “о” дар имлои порсй муъодили “а” дар хатти лотин аст. Ба хотири ҳамин аст, ки вожаи порсии “бозор” ба русй “базар” ва ба инглисй
bazaar навишта мешавад. Marr дар забони порсй бино ба далоили забоншинохтй ва овошинохтй ба шакли “Мор” имло мешавад, на ба далели ин ки Нодирпур натавонистааст онро бинависад. Дар ин миён Бозор Собир аст, ки сардаргум монда, на Нодирпур. Нодирпур бар мабнои қоъидаҳои забони худаш онро “Мор” ҳиччй мекунад. Аммо Бозор Собир имлояшро дудастй тақдими забони русй кардааст ва дар миёни ду хатти русй ва пириллик саргича гирифтааст. Шакли дурусти имлои номи “Николай Марр” ба забону имлои порсй “Никулой Мор” аст. Ба ҳамон шева, ки “бозор” ба имлои русй “базар” мешавад.

Ба ҳамин шева, Canada ба забони порсй “Конодо” навишта ва хонда мешавад ва «Россия» - «Русия». Ҳамон гуна ки “Суғд”-и мо ба русй «Согд» ва ба лотин Soghd имло мешавад. Ҳамон гуна ки “Эрон” ба русй “Иран” ва ба лотин Iran навишта мешавад ва “Точикистон” ба русй “Таджикистан” асту ба инглисй Tajikistan... Чиро ин тоифа аз мо, эрониён, мепурсанд, ки ба чи далеле Canada-ро “Конодо” менависем, аммо аз русҳо ва фарангиҳо намепурсанд, ки чиро “Точикистон”-ро Tajikistan ҳиччй мекунанд? Чиро ъодат кардаанд ҳамвора порсиро зери суол бибаранд ва ба худашон чуръат намедиҳанд забоне чун русиро синчин кунанд? Чун як тарси торихй мачолашон намедиҳад; чун аз худкеҳтарбинй ("комплекс неполноценности") дар азобанд; чун ъодат кардаанд ба задану нобуд кардани худиҳову парвардани бегонаҳо. Ва чун дар бораи забони худ огоҳии кофй надоранд. Шўрбахтона, устод Бозор Собир ҳам аз ҳамон тоифа аз об даромад.

Бозор Собир мегўяд: “Ва ҳамин, ки эрониҳо Канадаро-Конодо, Россияро-Русия, банкро-бонк… менависанд, аз ноилоҷист. Агар Канада нависанд, кунда мешавад, банк нависанд – бунк, бинк мешавад. Россия нависанд тамоман хонда намешавад.”

Бо чунин мантиқе мешавад истидлол кард, ки чиро дар Точикистон ба додгоҳ “суд” мегўянд. Охир вожаи “суд” дар забони мо ба маънои фоидаву баҳра вучуд дорад-ки! Пас чиро онро табдил ба “сод” ё “сид” ё чизе дигар накарданд? Мешавад пурсид, ки чиро ба порсй “Чумҳурии Ингуш” мегўянду менависанд? Охир “Ингуш” ба маънои ин гўшу он гўш ҳам ба кор меравад-ки!.. Ва даҳҳо истидлоли дигар, ки аслан ба ҳақиқатҳои забоншитохтй қаробате надорад ва гўяндаи он бо мақулаи вожаҳои ҳамово ошно нест. Агар номи кишвари Конодо “кунда” мебуд, мусалламан, ба хатти порсй ҳам “кунда” навишта мешуд ва як вожаи ҳамовои дигар падид меомад. Аммо масъала инчост, ки номи он кишвар, бино ба қавоъиди забони порсй, “Конодо” аст, на “кунда” ва на “канада”. “Бонк” ҳам тобеъи қавоъиди овошинохтии забони порсй аст ва боз ҳам ба мавзўъи “о”-и порсй будани “а”-и лотин бармегардад. Ба забони ъарабй “бонк”-ро ба шакли
بنک “банк” менависанду мехонанд ва як чунин мушкиле, ки устод мегўяд, барояшон падид наомадааст. Аммо бино ба қавоъиди овошинохтии забони порсй ин вожа ба порсй “бонк” навишта ва талаффуз мешавад. “А”-и лотин ҳамон “о”-и порсй аст. Ба ҳамон шева ки “чойхона”-и порсй ба русй “чайхана” хиччй мешавад.

Бозор Собир мегўяд: “дар гӯишу навиштори мо ҳар ҷо, ки алиф ва «ӣ» бо ҳам оянд, эронӣ ҳатман - «ӣ» мегӯяд, вале тоҷик – «э». Бар ин асос, эронӣ – Ирон, Илак, Ираҷ… ва тоҷик-Эрон, элак, Эраҷ… мегӯяд.”

Ин сухани устод ҳам ношй аз ноогоҳии забоншинохтии ўст. Дар гўишҳои Точикистон ҳам вожаи “ин”, ки бо “алиф” ва “и”
این навишта мешавад, “ин” талаффуз мешавад, на “эн”. “Имон” ҳам аз чумлаи чунин калимот аст. Он чи устод мегўяд, марбут ба гўишҳост, ки ҳатто дар Точикистони кўчак якдаст нест. Дар бархе аз маҳалҳои Точикистон ба “бинй” мегўянд “бенй” ва ба “бин” мегўянд “бен”. Пас ҳеч хатту марзе мушаххас миёни ин гўишҳо наметавон кашид.

Бозор Собир мегўяд: “Маъмулан калимаҳои арабии мо дар шакли масдар қарор доранд, мо онҳоро тасриф намекунем. Аз ин ҷиҳат, маҷлис медонем, вале ҷаласа, иҷлосия, маҷолис, ҷулус ва ғайраро намедонем. Аммо эронӣ ҳамаи инҳоро медонад. Бо вуҷуди ин, мо мӯҳтоҷи ин арабиҳои эронӣ нестем.”

Оё ин мояи ифтихор аст, ки мо фақат “мачлис”-ро медонем ва “чаласа”-ву “ичлосия”-ву “мачолис”-у “чулус”-у ғайраро намедонем? Устод Бозор банохудогоҳ эътироф кардааст, ки порсии Эрон ғанитар аст ва барои мафҳумҳои бештаре вожагоне чудогона дорад. Вагарна дучори сарнавишти забони Точикистон мешуд, ки ъибороте аз ин қабил дорад: “мачлиси Мачлиси Намояндагони Мачлиси Олй”... Аз бас барои ҳамаи он мафҳумҳои гуногун як вожа бештар надорад: “мачлис”. Ин нишони фақру гирифторй ва нокоромад будани як забон аст. Нафрату хусумат ба вомвожаҳо ъумдатан дар нафрати нажодй реша дорад ва бо ъилму дониш миёнае надорад. Устод Бозор гирифтори нафрати нажодй шудааст ва пайравй аз суханони ў дар ин замина ба фақру фоқаи вожагонй меанчомад. 

Бозор Собир мегўяд: “Дар мавриди истилоҳот ҳам аҳвол ҳамин аст. Эронӣ мешавем гуфта, паспортро-шиноснома, визаро-раводид, аэропортро-фурудгоҳ кардем. Ҳол он, ки инҳо тарҷумаҳои таҳтулафзӣ ва нисбии ҳамон истилоҳотанд. Паспорт, яъне ба порт гузар, аэропорт, яъне, порти ҳавоӣ, ҷое, ки ҳам фуруд меоӣ ва ҳам парвоз мекунӣ. Хуллас, эрониҳо ҳеҷ истилоҳи солиме насохтаанд.”

Иттифоқан, ҳеч як аз намунаҳое, ки устод Бозор овардааст, “тарчумаи таҳтуллафзй ва нисбй”-и он истилоҳот нестанд. “Шиноснома” кўчактарин иртиботи вожагонй бо “паспорт” надорад, балки муъодили порсии ноби он вожа аст. “Раводид” ҳам аз дили забони порсй бармеояд ва тарчумаи таҳтуллафзии “виза” нест. “Фурудгоҳ” ҳам ҳамин тавр. Дуруст бар хилофи тамоми тарчумаҳое, ки дар Точикистони шўравй сурат гирифта ва бидуни истисно гартабардорй (“калька”) аз забони русист ва бо рўҳи забони порсй ҳеч ҳамхоние надорад. Агар устод бо мантиқи истилоҳсозй дар забонҳо ошно нест ва фурудгоҳро танҳо маҳалли фуруд омадан тасаввур мекунад, бояд савори “лифт”, ки шуд, фақат боло бираваду поин наояд. Чун “лифт” ба забони инглисй ба маънои “бардоштан”-у “боло бурдан” аст.
 
Агар “эрониҳо ҳеч истилоҳи солиме” намесохтанд, устод ва мардуми кишвараш имрўза аз истилоҳоте чун донишгоҳ, донишкада, парваришгоҳ, артиш, истгоҳ, пажўҳиш, пажўҳишгоҳ, зоишгоҳ ва вожагону мафҳумҳои бисёри дигаре маҳрум мемонданд.

Устод Бозор дар идомаи навиштаи худ бо ручўъ ба фочеъаи Фархунда, ки дар Кобул иттифоқ уфтод, мегўяд: “Онҳо дар ивази амри маъруфи дурӯғини кадом эмоми масҷид ҳама чизи муқаддаси форсиву эрониро помолу харобу нобуд мекарданд.” 

Шўрбахтона, он чи Бозор Собир бо такя ба пиндорҳои козиби худ дар ин матлаб овардааст ҳам, ъайни ҳамон кори шарурона аст ва худи ў ҳам дар ин навишта ъалайҳи форсиву эронй турктозии тамомъайёр ба роҳ андохтааст.

Сипас устод бо мутлақгароии ғарибе ҳукм мекунад: “Сирилик беҳтарин расмулхатт аст!” Ва мегўяд: “Сарфи назар аз ин ниёгону хати ниёгон алон забони мо аз тамоми ҳамҷинсонаш дақиқтару зиндатару мудернтар аст.”

Чолиб аст, ки дар ин чумла устод аз вожаи “мудерн” баҳра гирифта ва банохудогоҳ хилофи он “асл”-е, ки дар оғози матлаб оварда буд, рафтор карда ва “о”-и лотинро баробари “у”-и порсй донистааст. 

Ва аммо,

Дабираи пириллик яке аз номуносибтарин алифбоҳои мавчуд барои хатти порсй аст.
Ҳеч дабираи дигаре бад-ин андоза баёну талаффузи порсиро хароб накардааст, ки пириллик кард. Ин мусибат то ба чое доман паҳн кардааст, ки дирўз яке аз ҳамвандони гурўҳи “Забони порсй” мегуфт, “дом”-и русй ба маънои “хона”-ро ҳамсони “дом”-и порсй ба маънои “қапқон” талаффуз мекунад. Дар ҳоле ки тафовут миёни талаффузи ин ду “дом” аз замин то бом аст. “О”-и русй ҳамон “о”- порсй нест ва “а”-и русй ҳамон “а”-и порсй нест. Дар ин бора фаровон гуфтаему сари фурсат боз ҳам хоҳем гуфт. Хатти пириллик тафовуте миёни “и”-и дароз дар аввалу васати вожа ва “и”-и кўтоҳ дар аввалу васати вожа қоил нест. Дар натича шумори бисёре аз шеърҳои Бозор Собир ҳам лукнати вазнй доранд ё қофияашон мелангад. Ва на танҳо Бозор Собир, балки тақрибан ҳамаи шоъирони ҳамнасли ў ин мушкилро доштаанд. Хатти пириллик шеъри Бозор Собирро хонагй кард ва нагзошт, ки чаҳонро дарнавардад. Нагзошт, ки Бозор ҳам Нодирпуре дигар шавад. Аслан шеъри ўро наметавон дар канори ашъори чомасароёни Эрону Афғонистон гузошт ва далели аслиаш ҳамон садди пириллик аст, ки ҳам ба баёнаш латма ворид кард ва ҳам нагзошт, ки табъи шоъиронаи фитриаш аз лаззати як забони табиъй саршору сархуш шавад ва муъчиза офаринад. Шоъирони чавоне дар Точикистон падид омадаанд, ки ба далели ошнои бо хатти порсй ва иншои ашъорашон ба хатти порсй корҳои бамаротиб дурахшонтаре анчом медиҳанд. Танҳо пас аз раҳойи аз доми хатти пириллик, ки қотили забони порсй аст.

Бозор Собир мегўяд: “Вожаҳои авастоӣ аз ҳама бештар дар забони русӣ боқӣ мондаанд, чунончӣ: чито-чистый; агня-агон; аня-аноҳита-анна; дароя-даря; Индра-Инна; сава-сава; митра-димитрий; эрика-эрика; нона-нона; андра-андоей; сапака-собака; дача-дача; ва ҳоказо.”

Шакке нест, ки миёни забонҳои русй ва порсй пайвандҳои фаровоне машҳуд аст, чун ҳар ду ҳамхонаводаанд, ба монанди порсй ва ҳамаи забонҳои ҳиндуурупоии дигар. Аммо устод ба мавзўъе пардохтааст, ки мутаассифона, дар маҳдудаи донистаҳои ў нест ва бештари намунаҳое, ки овардааст, ғалат аст. Барои намуна, мешавад ба “Дмитрий” ишора кард, ки русй нест, балки юнонист ва маънои дақиқи он “замин-модар” аст: De – замин, meter – модар. Ё “эрика”, ки ба ъунвони вожаи порсии ноб намуна овардааст, асолатан ъарабист, ба маънои тахти ҳичла ё хонаи ъарўс. Ва “Дарья» дар забони русй мустақиман баромада аз “доро”-и порсй аст ва вожаи русии ноб нест ва мавориди дигар, ки ҳеч кадом воқеъияти забоншинохтй ба шумор намеоянд, балки баромада аз зеҳни шоъиранд.

Устод Бозор мегўяд: “Илова бар ин, Тоҷикистон сирф русист, дар замини холӣ бунёд шудааст. Моро рус миллат ва дорои республика кардааст. Бар ин бино, забони русӣ барои мо ҳамоно забони модарист, дар ҳар мақоме, ки набошад дар мақоми забони давлатӣ қарордорад.”

Ҳамон гуна ки пештар таъкид шуд, сирфан ба мавориди марбут ба забон дар ин навишта таваччуҳ мекунем ва изҳороти сиёсии онро нодида мегирем. Боъиси басе таассуф аст, ки устод Бозор дар ъайни пушт кардан ба ҳамзабонони худ, ки забонашон бо забони мо на танҳо ҳамреша аст, балки якест, ниҳояти сарсупурдагии худро ба забоне эълом медорад, ки ҳатто аз гурўҳи забонҳои эронй нест. Бад-ин шева метавон ҳамаи забонҳои ҳиндуурупоиро, ки бо мо қаробати танготанг доранд, модарй донист. Аммо ин изҳори назар сирфан як баёни шоъиронаву эҳсосотист. Як точике, ки русй намедонад, ба мутарчим ниёз дорад, то онро дарёбад. Аммо як точике, ки хатти порсй ҳам балад нест, суханони мардуми Эрону Афғонистонро бемутарчим ҳам мефаҳмад. Ҳамин ҳақиқати сода басанда аст, ки бифаҳмем, Бозор Собир дар ин навишта то чи андоза бероҳа рафтааст.

Бозор Собир: “Зимнан, чанд аломати алифбои русиамонро беҳуда ихтисор кардаем, хусусан «ц»-ро, ки дар беғалат навиштани истилоҳоти русӣ ва байналхалқӣ бисёр зарур аст.”

Ин ҳам як намунаи боризи дигар аз сарсупурдагй ба забону кишваре бегона ва нафрат аз забону ҳамтаборони худ. Чизе фаротар аз ин намешавад афзуд. Вагарна забони порсй, ки бидуни ин садо то ба имрўз расидааст, акнун бештарин рушди интишори осори ъилмй дар чаҳонро дорад. Ва тарафдорони ин дидгоҳи Бозор Собир, ки зери боли Русия чо хуш кардаанд, натавонистаанд ҳатто паридан биомўзанд. Дар ҳасрати рус шудан рўзгорашонро ҳадар медиҳанд.

Бозор Собир: “Ин хати ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангомаи онҳо қарор гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст.”

Барномаи “панисломй” ва ҳамзамон “сионистй” донистани гузор ба хатти худй (порсй) андешаи носолимест, ки сирфан аз тафаккури носолим метаровад. Ин пиндор, ки душманони дерина (исломгароёну саҳюнистҳо) даст ба дасти ҳам додаанд, то Точикистонро ба хатти худаш баргардонанд, аз ҳитаи тафаккуроти шоъирона ҳам берун аст. Дар чаҳони тахайюл ҳам намегунчад. Ва сирфан як андешаи носолим аст.
 

Воқеъият аз ин қарор аст: точиконе ҳастанд, ки медонанд, агар Точикистон ба хатти худаш (порсй) барнагардад, забони Рўдакй хоҳад мурд; точик хоҳад мурд. Ҳамарўза нишонаҳои барчастаи ин марги тадричиро мебинем. Яке аз он нишонаҳо ҳамин матлаби порсиситезона ва азхудбезоронаи як шоъири миллат аст. Лаккаи нангест на танҳо бар пешонии устод Бозор, ки бар баданаи тамоми ин ошуфтабозор, ки ҳар як замзамае дигар зери лаб дорад...

Чанд нуктаи дигар дар мавриди бепоя будани ин мақолаву иддиъоҳояш:

Ӯ (Ризошоҳи Паҳлавй) буд, ки дар пешгоҳи оромгоҳи Куруши Кабир зонӯ зада гуфт: -Куруши бузург, хоби абадат хуш бод, ки мо бедорем!”

Ин суханонро ("Куруш! Осуда бихоб, ки мо бедорем!") Муҳаммадризошоҳ, фарзанди Ризошоҳ ва Паҳлавии Дувум ба забон оварда буд.
Ва на зонузада, балки рост истода, дар маросими бузургдошти 2500-умин солгарди шоҳигарии Эрон дар Тахти Чамшед.

"
Ӯ (Ризошоҳи Паҳлавй) буд, ки ба унвони вожаҳои форсӣ созмоне таъсис дод…"

На "созмони вожаҳои форсй", балки Фарҳангистони забону адаби форсй буд, ки Ризошоҳи Паҳлавй соли 1934 мелодй созмон дод. Ва ин ҳамон созмонест, ки истилоҳоти "шиноснома", "раводид" ва "фурудгоҳ"-ро сохтааст. Ҳамон истилоҳоте, ки Бозор Собир дар оғози мақолааш онҳоро "носолим" тавсиф карда буд. Ҳоло чиро аз он созмон тамчид мекунад?.. Худо донад.
 

“Агар панисломистон ҳайкали Фирдавсиро (дар Душанбе) хароб кардаанд,
ӯ (Раҳмон) барпо намуд.”

Тандиси Фирдавсиро нерўҳои зиддикумунистй дар маркази шаҳри Душанбе ба чои тандиси Ленин барпо карда буданд ва устод Бозор ҳам ончо ҳузур дошт. “Панисломистон” набуданд, ки онро хароб карданд. Ҳукумати Раҳмон дар ҳамон бадви вурудаш ба Душанбе тандиси Фирдавсиро канду ба ҳошияи шаҳр ронд. То он замон Душанбе танҳо пойтахти минтақа буд, ки мучассамаи як чомасароро дар маркази пойтахташ насб карда буд, на як сиёсатмадорро. Аммо дигар чунин нест.

“Аз классикон касе нест, ки ба номи
ӯ кӯчаву хиёбону мактаб набошад.”

Ҳамон “классикон”-е, ки Бозор Собир дар ин мақола то тавонистааст, ба онҳо баду бероҳ гуфтааст. Пас бояд мояи нохушнудии устод бошад, ки дар Точикистон ба “классикон” арч гузоштаанд.

“Бинои Китобхонаи миллии мо дар минтақа ягона аст.”

Аммо даруни он пур аз китобҳоест, ки мардум мачбур буданд аз хонаҳояшон бикашанду ба китобхона тақдим кунанд. Дар натича китобҳо ъумдатан аз чинси осори шўравист, ки на пештар ва на ҳоло хонандае надорад.

”Хулоса, мо
ҷумҳурии мавҷудаю, хати мавҷудаю забони Айниамонро натанҳо ба хати ниёгон, балки ба 70 пуштамон қурбон намекунем.”

Агар устод Ъайнй ин суханони тавҳиномезро шунида буд, дарди 75 зарбаи шаллоқ бар тахтапушташ тоза мешуд. Садриддин Ъайнй, бар хилофи Бозор Собир, ба дабираи порсй вафодор буд ва ҳамаи осорашро ба хатти порсй навишт ва ҳаргиз ба дабираҳои потину пириллик тан дарнадод. Ва ҳатто пас аз омадани Артиши Сурх ҳам бебокона менавишт: “Мо, форсиён!” Пас Бозор Собир ҳаққи маънавии паноҳ бурдан зери сояи Садриддин Ъайниро надорад.
 

“Бигзор, Эрону Афғонистон хаташонро ба хати мо бадал кунанд.”

Ин хобро мешавад танҳо ба об гуфт. Бо ин тақозоҳои музҳик мешавад ҳатто аз тамоми чаҳон хост, ки ба хатти пириллик бигзаранд. Чаро ки на?

“1 муддат шодихори онҳо шуда хеле мас
ҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст.”

Ин мавзўъ ҳеч рабте ба ҳувияти миллат надорад. Даромехтани масоили сиёсй бо ҳувият саранчомаш ҳамин мақолаи бесарутаҳест, ки устод Бозор навиштааст.
Ойинаи тамомнамои ин ошуфтабозор шуд устод Бозор.

Tuesday, September 07, 2010

The Jewish Mevlana of Shiraz

Ҷилди "Шарҳи Шоҳин"
Мавлонои яҳудии Шероз

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Бад нест барои муддате аз ногуфтаниҳо биосоему ногуфтаҳое бисароем, ки то кунун андак забоне гуфтаву камтар гӯше шунуфта, аммо дар аҳамияти ин мактубу нияти ин маҷзуб гумоне раво нест, ки ҳадаф ҳамоно афзудан бар кӯлбори огоҳӣ аз рӯзгори пешину имрӯз аст.

Насри мусаҷҷаъ ба канор, инро ҳам бигӯем, ки забони мо маҷзубони фаровоне доштааст. Ба дарки ин муҳим борҳо расида будам ва парершаб бори дигар расидам; замоне ки китобе ба дастам уфтод, ба хатти ибрӣ, аммо ба забони порсии ороставу муваққар. Аз фарти бесаводӣ то кунун намедонистам, ки лотину сириллик танҳо расмулхатҳои бегонаи муъосир набудаанд, ки забони мо бад-онҳо нигошта шудааст. Китобҳои бисёре ба хатти ибрӣ (яҳудӣ) ва забони порсӣ тадвин шуда, ки дидани се ҷилд аз онҳо бароям муяссар шуд ва ҳамин ҳоло яке аз онҳо дами дастам аст.

Рози нуҳуфта дар китоб чунон шӯре дар ман афканд, ки тасмим гирифтам тилисми хатти ибриро бишканам ва нахустин байтҳои ин китобро бихонам.

Ҷумлае, ки дар сароғози манзума омадааст, ибрист (Бшем эл рахум...). Мешуд ҳадс зад, ки манзур ҳамон “Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон” аст, ки ба муъодили арабии худ бисёр наздик аст. Дигар ҳар чи буд, порсӣ буд, аммо ба хатти ибрӣ:

Оғози сухан бино ниҳодам,
Бар номи аҳад забон гушодам.
Бар номи кариму қодири пок,
Шавандаи аршу лавҳу афлок.
Халлоқи буду набуди даврон,
Аллому алими нутқи мурғон.
Бахшандаи тоҷу тахти шоҳӣ,
Рӯзидеҳи мӯру мурғу моҳӣ.
Донандаи розҳои пинҳон,
Маъбуди макону кавну аркон.
Қанному раҳими кулли ашё,
Ҳастидеҳи кӯҳу дашту дарё.
Донои руқуми тахтаи хок,
Шамъи дили ошиқони ғамнок...
Дар сунъи ту ақлу дида мадҳуш
Гардидаву нутқ гашта хомӯш.
Дар қудрати ту басар чӣ донад,
Андеша бар он куҷо расонад...
То ба ин байт расидам, нохудогоҳ нахустбайти Шоҳнома тадоъӣ шуд:

Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Шакке дар таъсири мустақими Фирдавсӣ бар нависандаи он китоб набуд. Ва то аз шоъири он абёт маълумоте чанд ба даст овардам, ҳар чи шак буд, ба яқин мубаддал шуд.

Унвони китоб “Шарҳи Шоҳин” аст. Шоҳини Шерозӣ, ки мегӯянд дар садаи 14 мелодӣ дар шаҳри Шероз ба дунё омада, дар миёни яҳудиён бо номи “Мавлоно Шоҳин” маъруфу маҳбуб аст. Ӯ барҷастатарин шоъири порсисарои яҳудист, аммо ба забони форсӣ дар бораи ӯ иттилоъот бисёр андак аст. Он чи медонем, чанд китобест, ки аз ӯ боз монда ва ҳамагӣ ба забони порсӣ ва хатти ибрист. Маъруфтарини онҳо “Мӯсонома” аст, ки Мавлоно Шоҳин ба пайравӣ аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ офарида ва дар он сарнавишти қавми яҳудро бозгӯ кардааст. “Мӯсонома”-ро “Туро” ё “Тавроти Шоҳин” низ меноманд. Сароиши ин китоб соли 1359 мелодӣ ба сар расид. Ҷолиб ин ҷост, ки бино ба ривояти яҳудиҳо, Шоҳин Тавроти манзумашро тайи сӣ сол навишта; дуруст ба ҳамон муддате, ки “Шоҳнома” суруда шуд.

Сафҳаи нахусти "Шарҳи Шоҳин"
Аммо китобе, ки акнун ба лутфи дӯсте дар ихтиёри ман қарор гирифта, достони манзуми малика Эстер ё Ситора – шаҳбонуи яҳудии Эрони ҳахоманишист, ки бино ба ривояти Таврот, бо тадбиру ҳушёрӣ аз наслкушии қавми яҳуд тавассути як вазири дарбори эрониён ҷилавгирӣ кардааст. Ин достон Хишоёршоҳ (Аҳасуерус) – подшоҳи ҳахоманишии Эронро фармонравое додгар тарсим мекунад, ки то аз дасисаи вазираш Ҳомон алайҳи яҳудиҳо огоҳ мешавад, худи вазирро ба дор меовезад. Имрӯз ҳам дар миёни яҳудиёни Бухоро мақоле ҳаст, ки мегӯянд: “Дор ба сӯи Ҳомон баргашт”, ки муъодили “Чоҳкан зери чоҳ”-и мост.

Ин нусхаи “Шарҳи Шоҳин” дар даҳаи 1970 дар Байтулмуқаддас чоп шуда, аммо дастнависи он бас қадимитар аст ва мутаъаллиқ ба яҳудиёни Бухорост. Аз ин рӯ зеру забар ё эъроби яҳудии китоб бар мабнои гӯиши бухороӣ иншо шуда, ки хондани онро барои яҳудиёни Эрон бисёр сахт кардааст.

Ба назар мерасад, ки худи Шоҳини Шерозӣ маснавиҳояшро дар оғоз ба хатти форсӣ навишта бошад ва сипас яҳудиён ба далели ҳурмату тақаддусе, ки барои хатти худ қоиланд, онро ба расмулхатти ибрӣ баргардондаву ҳифз кардаанд. Чун дар қитъае аз ашъори Шоҳин тавсифи чаҳор ҳарфи номи Мусоро мехонем, дар ҳоле ки Мусо (Моше) дар расмулхатти ибрӣ иборат аз се ҳарф аст.

Ин танҳо барги нозуке аз бӯстони анбӯҳи забони порсӣ дар миёни ғайриэрониён аст. Аммо баргест барроқу пинҳон. Дастикам барои бисёре аз мо дар кишварҳои порсигӯ Шоҳини Шерозӣ номе тоза ё фаромӯшшуда аст, дар ҳоле ки дар миёни яҳудиҳо арҷе, ки ӯ дорад ҳамсанги эҳтироми порсигӯён ба Ҳофизи Шерозист. Яъне яке аз бузургтарин чомасароёни яҳудӣ ҳам парвардаи хоки шоъирхези Шероз аст. Осори Шоҳини Шерозӣ афзун бар ин ки ба забони мост, пораҳое аз торихи моро ҳам фаро мегирад ва ба гунае баёнгари нигоҳи яҳудиён ба ториху фарҳанги эрониён аст.

Friday, November 20, 2009

Bazar's Lost Tajikistan

Точикистони гумшудаи Бозор

(вижаи хафтаномаи Нигох)

Чорч Орвелл, нависандаи инглисии ќарни 20 дар соли 1948 китобе навишт бо номи «1984», ки дар он тасаввури худро аз як чомеаи мустабид дар оянда баён карда буд. Вай дар хамон солхо ихтироъи чизе ба монанди Интернет ва насби дурбинхои мадорбаста дар сатхи шахрхои як кишвари истибдодиро вахшурона пешгуй карда буд. Имруза на танхо дар кишвархои мустабид, балки дар пешрафтатарин ва гуё озодтарин кишвархои чахон, аз чумла дар Бритониёи Орвелл, аз Интернет ва дурбинхои мадорбаста ба унвони абзори эъмоли контрол истифода мешавад.

Дар Точикистон аз ин даст пешгуихои вахшурона андак доштем ва маъруфтарини он шеъри «Пас аз мо»-и Бозор Сорбир аст, ки дар дахаи 1970, дар авчи чахонгирии импротурии сурх, суќуту хиффату хории он ва пешвоёни он дар ояндаи наздикро пешгуй карда буд.

Аммо касе наметавонист пешгуй кунад, ки худи Бозор Собир рузе-рузгоре ба пешвоёни импротурии сурх руи иноят хохад овард, мухолифони ононро нафрин хохад кард ва бо надомату пушаймонй аз хусумати пешини худ алайхи саромадони режими коммунистй ба ёду равони онон дуруд хохад фиристод.

Имруз, ки марди часури шеъри точик 71-сола мешавад, дубора бисёре ба ин пурсиш баргаштаанд, ки чи гуна метавон бевафоии аќидатии устодро тавчех кард. Кадом сухани у ќобили эътимодтар буд? Безории у аз истибдоди шуравй ё дилтангии у ба низоми ленинй?

Бо муруре бар суханони дирузу имрузи Бозор Собир метавон итминон хосил кард, ки хам безорй ва хам дилтангии у самимонаву ростинанд. У дар гузашта ба хамон андоза аз Ленин безор буд, ки имруз дилтанги уст. Мисли як шогирди шуху бозигуши мактаб, ки аз омузгори сахтгири худ дили хуше надорад, аммо то мактабро тарк мекунаду ба чойгохе мерасад, забон ба сипосгузорй аз омузгори сахтгираш мегушояд. Бозор Собир шогириди бозигушу дилтанги мактаби шуравист.

Солхо зиндагй дар гурбат ва ламси воќеъиятхои дурушти гурбати Гарб устодро озурдаву ошуфта кардааст. Дар воќеъ, зиндагй дар Гарб то хадди бисёр зиёде далели навишта шудани «Сармоя»-и Марксро ташреху тавчех мекунад: дар он чо аз омузишу дармони ройгон хабаре нест ва ихтилофи табаќотй бедод мекунад. Ба вижа барои як мухочир аз «чахони севвум» ин ихтилоф махсустару малмустар аст ва зиндагй чаббортар. Шояд бархурди устоди мухочир бо ин сахтихо буд, ки уро ба бандаи шокиру сипосгузори Ленин табдил кард. На дубора, балки барои нахустин бор. На ба зур, балки ихтиёран. Аммо бо чандин сол таъхир.

Аммо чаро хатто он сахтихо боис намешавад, ки Бозор Собир ба кишвари худ баргардад? Оё ба ростй устод ба ин сухан имон надорад, ки «хоки Ватан аз тахти Сулаймон бехтар?»

Бозор Собир тайи ин солхо борхо ба зодбумаш омад, аммо мондагор нашуд. Шояд омада буд, ки бимонад, аммо худро дар хонаи худ наёфт. Дигар Точикистон он кишваре набуд, ки Бозор Собир онро тарк карда буд. Сурату сирати шахраш иваз шуда буд ва огуши бози он беминнат набуд. Бозор Собир Точикистонашро гум кард ва Точикистон Бозорашро. Шояд устод худро дар ватани хеш гарибтар ёфту мухочиратро бедагдагатар. Аммо ба хар руй у тарчех дод ба мухочирати хоркунанда тан дихаду ху бигирад ва Точикистонро ба сохибони наваш бибахшад.

Бозор Собир, ки аз ростгутарину содиќтарини суханварони ахди худ аст, эхсоси барахнае дорад; хисси иштиёќи у ба андозаи хисси инзичор (безорй)-и у табиию ростин аст. Дар яке аз сухбатхои телефонй бо устод то сухан аз Точикистон ба миён овардам, гуфт, сухбаташро накун, ки намефорад. Озурдагии Бозор Собир аз мардуму зодбумаш бепирояву урён чорй буд. Дили устод танги Точикистон хаст, аммо у пазмони Точикистон худ аст. Точикистоне, ки бо хамаи дуруштихояш тудахои пуёву бедоре дошт ё дастикам умеди бедорй дошт. Точикистоне, ки дар айни тангдастй обистани шукуфой буд. Точикистоне, ки Бозорро бо тамоми бетахаммулихояш тахаммул мекард. Точикистоне, ки партави офтоби фардояш аз равзанаи кучакаш метобид. Бозор он Точикистонро гум кардааст ва дилаш барои он Точикистон танги танг аст. Шахри Бозор хатто пушти «пардаи оханин» равзанае дошт. Аммо акнун гуй деворхои ин шахр баландтар шудаанд ва садо дар миёни ин деворхо фурухуфтатар аз пеш шудааст. «Пас аз мо»-и Бозор ба вуќуъ пайваст, аммо ба бадтарин шеваи мумкин ба вуќуъ пайваст ва худи уро гурезон кард.

Шояд, агар умеду умедворй ба ќалби шоири мухочири мо баргардад, «Пас аз мо»-и вахшуронаи дигаре аз ќалами у битаровад ва Точикистони пур аз шури умеду озодии уро дубора дар зехнхои хастаи имрузиён зинда кунад.