Showing posts with label cinema. Show all posts
Showing posts with label cinema. Show all posts

Saturday, November 20, 2021

دو رویکرد متضاد به انتقام

دیروز بر حسب تصادف دو فیلمی را با محوریت موضوع انتقام دیدم: «شنای پروانه» به کارگردانی محمد کارت (ایران، ۱۳۹۸) و «خیلی دوستم داشته باش» (Beni Çok Sev) ساخته محمد آدا اوزتکین (ترکیه، ۱۴۰۰).

 

شنای پروانه، ماجرای فجیع پروانه (طناز طباطبایی) نام زنی در تهران است که در حال شنا در استخری از او فیلم‌برداری شده و ویدئویش در شبکه‌‌های اجتماعی دست‌به‌دست می‌چرخد و به پنداشت خانواده‌ و مردم سنتی محله‌اش، باعث آبروریزی و رسوایی شده است. شوهرش هاشم (امیر آقایی) که می‌گفت به زنش چیزی جز گل نگفته و پروانه تخم چشم و ریشه‌اش بوده، در اوج غیظ و جنون پروانه را در حضور برادرش حجت (جواد عزتی) می‌کشد. هاشم به زندان می‌رود و برادرش حجت برای آزادی او به تکاپو می‌افتد. در نهایت، ظرف ۱۲۰ دقیقه این داستان، کاشف به عمل می‌آید که مصیب (مهدی حسینی‌نیا)، یار غار هاشم باعث و بانی ماجرای ویدئوی شنای پروانه بوده، چون می‌خواسته از هاشم انتقام بگیرد. مصیب که به دست حجت افتاده به کرده خود اعتراف می‌کند و می‌گوید که چند سال پیش هاشم چند تنی را گماشته بود تا او را بربایند و به او تجاوز کنند. حجت به داستان مصیب باور نمی‌کند. مصیب این را هم می‌گوید که حجت بارها ناآگاهانه برای آنها به صلاحدید برادرش هاشم بار شیشه قاچاق کرده است. حجت در ملاقات بعدی‌اش با هاشم در زندان با اندکی پرس‌وجو درمی‌یابد که ادعای مصیب صحت دارد. در نتیجه، او که به نظر می‌آمد به قصد کشت مصیب را در گاراژ خود زندانی کرده بود، در ازاء مقداری پول مصیب را آزاد می‌کند. با پول مصیب سه و نیم کیلو شیشه می‌خرد و در خانه مصیب جاسازی می‌کند. پلیس به سروقت مصیب می‌رسد و او را می‌برد. یعنی انتقام حجت از مصیب که مسبب مرگ پروانه و اعدام احتمالی برادرش شده بود، به پلیس و دستگاه قضا واگذار می‌شود. در پایان فیلم حجت به خانواده‌اش می‌گوید که تهیه‌کننده ویدئوی شنای پروانه را نیافته است.

 

در کانون داستان فیلم ترکی «خیلی دوستم داشته باش» هم یک مرگ فجیع هست که منجر به انتقام می‌شود. موسی (سارپ آق‌کایا) که ۱۴ سال در زندان بوده برای یک روز مرخص می‌شود تا تحت نظر «سدات»، یک زندان‌بان کهنه‌کار (ارجان کِسال) به زادگاهش برگردد و دختر نوجوانش را ببیند. مادر پیرش هم زنده است، اما دیگر موسی را نمی‌شناسد. زن دومش نوریه (سونگل اودن) از مادر بیمار و دخترش یُنجه (آلینا اوزگچن) نگهداری می‌کند. در اواسط این داستان طولانی موسی متوجه می‌شود که آن دختر نوجوان فرزند او نیست، بلکه کسی است که خودش را ینجه جا انداخته است. او نوریه را وامی‌دارد که اصل ماجرا را برایش تعریف کند و درمی‌یابد که  سرکرده گنده‌لات‌های محله ینجه را به مواد مخدر مبتلا کرده و از بهره‌کشی جنسی می‌کرده. در نهایت جسد ینجه را در خیابان پیدا می‌کنند که ظاهراً از بیش‌مصرفی مرده بود.  موسی از سدات می‌خواهد یا او را همان‌جا بکشد یا بگذارد به محله برگردد تا انتقام دخترش را بگیرد. سدات تپانچه‌اش را به موسی می‌دهد، موسی با قنداق تپانچه بر سر سدات می‌کوبد و او را به زمین می‌افکند و به محله‌اش برمی‌گردد. در حیاط میکده محله که پاتوق سرکرده لات‌ها بود، یک مرد سالمند موسی را می‌شناسد و صدایش می‌کند و به ضرب گلوله موسی درجا کشته می‌شود. موسی پیش از ورودش به میکده بیش از ده تن دیگر را به همین منوال می‌کشد و معلوم نیست که همه آنها را بشناسد. در حالی که از تفنگ شش‌لولش بسیار بیشتر از هفت تیر شلیک می‌کند، به مقتولانش ناسزا می‌گوید که به دختر او کمک نکرده‌اند. وارد میکده می‌شود و دو تن دیگر را به همراه سرکرده دارودسته محله از پا می‌اندازد. پلیس از راه می‌رسد و موسی را هم می‌کشد. صحنه پایانی فیلم سدات و همسرش و نوریه و لیلی (بدل ینجه) را نشان می‌دهد که به پاس یاد موسی سولاک قدح برداشته‌اند.

 

دو رویکرد بتمام متفاوت و متضاد به مقوله انتقام که یکی به پرهیز از ادامه خشونت متمایل است و دومی به‌شدت خشونت را تبلیغ می‌کند و انتقام را شبیه جنگلی ترسیم می‌کند که آتش که گرفت، خشک‌وتر یکجا می‌سوزد.

 

Friday, July 01, 2011

A Separation... Nader & Simin

Ҷудоии Нодир аз Симин

(вижаи JadidOnline)

Филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” сохтаи Асғари Фарҳодӣ 10 тирмоҳ (01.07.2011) бо номи A Separation рӯи пардаи синемоҳои Бритониё рафт. Дар бораи ин филм, ки ҷоизаи “Хирси тилоӣ”-и ҷашнвораи филми Берлин ва ҷоизаи аслии ҷашнвораи филми Сиднейро ба худ ихтисос дода, дар матбуъоти ҷаҳон матолиби бисёре мунташир шудааст. Он чи дар зер мебинед, фишурдаи баррасиҳои рӯзномаҳои чопи Ландан аз ин филм аст.

Рӯзномаи The Times:

Дар ҳар моҷарои талоқе ҳар ҷои дунё ҳар кадом аз ду тараф худро солеҳ ва ҳақбаҷониб медонад. Дар филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” шоҳиди ҷудоии як завҷ аз табақаи мутавассит ҳастем ва бо ҳар саҳнае аз ин низоъи хонаводагӣ ҳусни назари мо ба яке аз ду тарафи даъво мунтақил мешавад. Зану шавҳар ҳар ду ҷаззобу хубрӯ ва тудилбирав (дилёб) ба назар мерасанд ва пайдост, ки духтари ёздаҳсолаашонро дӯст доранд. Аммо дар баробари дурбине қарор гирифтаанд, ки ба қазовати кирдори онҳо нишастааст.

Рӯйдодҳои ин филми нофизу равшангар дар Теҳрон сурат мегирад ва ҳовии рӯзҳои охири заношӯии Нодир, як корманди бонк, бо Симин, омӯзгори мадраса, аст. Симин, ки нақши ӯро Лайло Ҳотамӣ, ҳунарпешаи моҳиру боварбахш бозӣ мекунад, як зани мудерну баландпарвоз аст, ки мехоҳад духтараш дар фазое озод бор биёяд ва заминаи хурӯҷи хонаводааш аз Эронро фароҳам кардааст. Нодир, ки нақши ӯро Паймони Муъодӣ бо шӯру ҳарорат офаридааст, дар тала (дом)-и фарҳанги ҷомеъа гирифтор монда ва дар дарки ин ҳақиқат, ки наметавонад падари беморашро тарк кунад; падари Нодир мубтало ба бемории Олзоймер (Alzheimer) аст.

Вақте Симин ба хонаи падару модараш меравад, ки онҷо бимонад, Нодир батанҳоӣ аз падару духтараш нигаҳдорӣ мекунад ва Розия, як зани фақир ва башиддат мазҳабиро барои мувозибат аз онҳо истихдом мекунад. Дар ҷараёни як даъво Розия осеби физикӣ мебинад, Нодирро муқассир (гунаҳкор) медонад ва пас аз муддате ду хонавода – яке аз табақаи мутавассит бо дидгоҳҳои секулор ва дигарӣ аз табақаи коргар бо дидгоҳҳои мазҳабӣ - бо ҳам даргир мешаванд ва бом бар сари хонадон фурӯ мерезад.

Гуфтугӯҳои ин филм, ки Асғари Фарҳодӣ, коргардони филм, навиштааст, содиқона ва табиъист. Нақши Тирма, духтарбачаи мадрасаиро Сорино, духтари Асғари Фарҳодӣ, бозӣ кардааст. Саранҷом, тамоми моҷароҳои филм ба ҳамин духтарбача, дарку фаҳм ва истинботи ӯ аз достон мутамаркиз мешавад…

Дурбин аз хилоли дару панҷараҳо ба дарун нигоҳ мекунад ё нописандона пушти мизи идораҳои расмӣ менишинад, ки кори Маҳмуди Калорӣ, филмбардори шинохташуда аст. Ӯ саҳнаро чунон фишурдаву танг дар қоб мегирад, ки фишору тақаллоро эҳсос мекунӣ… Тамошои филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” бинандаро рӯи лабаи теғи эҳсосот қарор медиҳад.

Рӯзномаи The Telegraph:

Филми “Ҷудоии Нодир аз Симин”-и Асғари Фарҳодӣ, барандаи чандин ҷоизаи ҷашнвораи филми Берлин дар соли 2011, намоиши моҳирона ва тасвири гирои Эрони имрӯз аст… Дар ҳар саҳнаи филм печутоб бар сари ҷузъиёти сарнавиштсози достон ва муъаммоҳои ахлоқии онро таҷруба мекунем ва ҳатто барои лаҳзае маҷоли онро надорем, ки худамонро дар канори танҳо яке аз чеҳраҳои филм қарор диҳем ва сирфан аз ӯ ҳимоят кунем. Дар ҳар саҳнаи муҳайиҷи филм гусал (гусастагӣ)-ҳои табақотию ҷинсиятӣ ва мазҳабӣ забардастона барҷаста шудааст.

Рӯзномаи Guardian:

“Ҷудоии Нодир аз Симин” тасвири равобити таракхурда ва озмуни якздонсолорӣ, низоми хонаводагӣ ва сиёсатҳои ҷинсиятию табақотист ва андӯҳи ҳавлноку фарогиреро ошкор мекунад, ки ба назар мерасад аз зери осфолт ва аз хилоли деворҳои оҷурӣ (хиштӣ) ҳам нуфуз мекунад. Дар намоиш додани парокандагии саросарӣ дар Эрон ин филм дар радифи корҳои Ҷаъфари Паноҳӣ ва Муҳаммад Расулуф қарор мегирад. Вале радди пои синемои Ғарб ҳам дар он машҳуд аст. Ин филм як хонавода аз табақаи мутавасситро нишон медиҳад, ки мавриди ғазаби як ғариба (бегона) воқеъ шудааст, муъаммоҳое ниманогушуда мондаанд, бархурдҳои хашмгинона, бори дӯши хонавода: падари солхурда ва ду кӯдак аз ду тарафи даргир, ки зоҳиран мехоҳанд бо ҳам дӯст бошанд. Ҳамаи ин унсурҳо ҳокӣ аз таъсирпазирӣ аз филми “Пинҳон”-и Мойкл Ҳонеке (Michael Haneke; 2005) аст. Асғари Фарҳодӣ мисли Ҳонеке бо чоқуи колбудшикофӣ (скальпель – рус.) ба ҷони табақаи мутавассити сарзамини худаш уфтодааст…

Табақа ба андозаи ҷинсият ҳоизи аҳамият аст. Дар як саҳна гурӯҳе аз одамонро дар хона мебинем, ки дар ҳоли истироҳанд, футболи рӯмизӣ бозӣ мекунанд ва хуш мегузаронанд. Дӯстон метавонанд ба аъзои хонавода мулҳақ шаванд ва хуш бигзаронанд. Аммо Розия наметавонад. Розия монанди зане тирабахт машғули коре дар ошпазхона аст. Вақте муъаллими Тирма аз роҳ мерасад, аз ӯ ба унвони як меҳмони муҳтарам пазироӣ мекунанд. Охир ӯ ба духтарашон тадрис мекунад! Вале Розия чӣ? Ӯ ҳам масъулияти муҳимме дар баробари ин хонавода ба дӯш дорад ва аз падари Нодир мувозибат мекунад. Аммо ба ӯ арҷ намегузоранд. Ва ҳиссу шуъури мазҳабӣ ӯро дар мазиқаи бештаре қарор додааст.

Вақте Розия мутаваҷҷеҳ мешавад, ки қарор аст бо бадани бараҳнаи пирмард дар дастшӯӣ сарукор дошта бошад, ӯ ба имоми масҷидаш занг мезанад, то мутмаин шавад, ки ин кор муҷоз асту гуноҳ нест. Ӯ медонад, ки дар ин ҷаҳон сухани мард қонун аст ва бояд тан дод. Аммо кадом мард? Корфармои пулдори ӯ ё шавҳари бепулаш? Ҳама ҷои ин хонадон оғуштаи танишу рӯёрӯист.

Асғари Фарҳодӣ нишон медиҳад, ки ин вазъият ҳамонанди як истахр (ҳавз)-и пур аз бензин аст ва ҳар иттифоқе чун донае кибрит (гӯгирд)-и равшан дар он фурӯ меуфтад. Ҳама аз ҳуқуқашон огоҳанд ва аз бедодгариҳо ва хорӣ хашмгинанд ва занон абӯсона мутаваҷҷеҳи масъулияти дугонаи худ ҳастанд, ки ҳам бояд роҳи ҳалли корсозе пайдо кунанд ва ҳам бояд шавҳаронашонро ба пазируфтани он мутақоъид кунанд. Вале бар сари мавзӯъи фарзандон намешавад созиш кард.

Дар поёни достон Тирма чеҳраи аслист. Ӯ ҳама чизро медонад, ӯ падарашро ба эътирофи муҳимме вомедорад… Дарду хашми ӯ ғолибан пинҳон аст. Вале ҳамӯ касест, ки қарор аст бори гарони даргириҳои қазоию ахлоқиро бар рӯи дӯшҳои нозукаш бипазирад. Ҳақорату худхоҳии бузургтарҳо ин борро бар дӯши ӯ таҳмил кардааст: ин як навъ озори хоинона аст. Фарҳодӣ бо қудрату борикбинӣ ин даъвои зиштро табдил ба як трожедии муъосир кардааст.

Рӯзномаи Financial Times:

Дар шасту якумин ҷашнвораи филми Берлини имсол филми “Ҷудоии Нодир аз Симин”-Асғари Фарҳодӣ рекурдҳоро дарҳам шикаст ва ба унвони нахустин филми эронӣ ҷоизаи “Хирси тилоӣ”-ро бурд. Афзун бар ин, ҳамаи ҳунарпешагони ин филм маҷмӯъае аз ҷавоизро ба худ ихтисос доданд; ҳунарпешаҳои мард ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши мард ва ҳунарпешаҳои зан ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши занро бурданд. Ҳеч филми дигаре дар торихи ҷашнвораи Берлин сазовори се ҷоизаи аслӣ дониста нашуда буд.

Фарҳодӣ пештар ҳам аз коргардонони маҳбуб дар Берлин буд ва соли 2009 ҷоизаи “Хирси нуқраӣ”-ро барои филми “Дар бораи Элӣ”-аш дода буданд, ки як трожикумедии иҷтимоъии пурранг аст. “Ҷудоии Нодир аз Симин” ҳам ҳамон печидагии чандлояро дорад.

“Ҷудоии Нодир аз Симин” мамлув аз дурӯғгӯист; дурӯғгӯӣ барои наҷоти хонавода, барои наҷоти заношӯӣ ва ҳатто барои нарафтан ба зиндон. Гӯӣ ғаризаи бақои ҷомеъа ба кизб мутавассил мешавад; кизб чун нахустин хатти дифоъ.

[Асғари Фарҳодӣ мегӯяд:] “Маъмулан вақте касе дурӯғ мегӯяд, аз ӯ мутанаффир мешавем, чун дурӯғгӯиро зишт ва хилофи ахлоқ медонем. Вале дар инҷо дучори якдилӣ бо одаме мешавем, ки дурӯғ мегӯяд. Мо мефаҳмем, ки чаро ин мард ё ин зан дорад дурӯғ мегӯяд. Дар ҷомеъаи мудерни печидаи мо намешавад меъёрҳои суннатии ростию дурӯғро ба кор бурд. Зиндагӣ чиқадр мутафовит аст. Мо бояд бофту заминаи достонро бидонем”.

“Бофту замина” якест: тарс аз қудрати чи сиёсӣ ва чи мазҳабӣ бисёре аз андешаҳо ва амалҳоро – ҳатто дар сатҳи хонаводагӣ – таҳти таъсир қарор медиҳад…

Ҳисси тарс дар филм мавҷ мезанад ва мояи инсиҷоми достони он аст. Ва дар Эрон мавқеъияти муаллифи як асар аз қаҳрамононаш амнтар нест. Аз Фарҳодӣ мепурсам: “Барои худи ҳунармандон изҳори назар чиқадр сахт аст? Чизе, ки дар дигар бахшҳои ҷаҳон ба унвони як амри мусалламу одӣ мешиносанд… Оё филмсозон дар Эрон сарнавишти Ҷаъфари Паноҳиро ба унвони як ҳушдор диданду шинохтанд?”

Фарҳодӣ мегӯяд: “Шояд шумо ин тавр фикр кунед, вале воқеъият дуруст воруна (баръакс) аст. Филмсозон акнун доранд дар ин маврид ҳарф мезананд ва далерию шуҷоъати тозаеро мешавад эҳсос кард”…

Муъҷизае, ки шоҳидаш ҳастем, ҳамин синемои Эрон аст; як ҷунбиши мудерни ҳунарӣ бо ториху истимрори фавқулъода, ки ҳамчунон ҷилав меравад. Нудратан осори начандон хуб тавлид мекунад, баъзан ба ҳадди шоҳкор мерасад ва дар ин росто ҳамаи монеъҳои тарошишуда тавассути худкомагонро канор мезанад. Вақте ки баёни мустақим дар филмҳо хатарнок мешавад, ҳамеша роҳи ғайримустақимро ба ҳамон мақсад мепаймояд.

Monday, June 09, 2008

London Conference Afterthoughts

Пасандешахои кунфронси Ландан

Яке аз натичахое, ки аз гирдихамоии рузноманигорону филмсозони порсизабон дар Ландан хосил шуд, вопасмондагии Точикистон дар хар ду заминаи синемо ва рузноманигорй буд.

Хатто Афгонистоне, ки то кунун такопу мекунад аз чохи чангу низоъ худашро берун бикашад, дар хар ду арса мавкеъияте бехтар аз мо дорад: худуди 500 рузномаву нашрия, садхо истгохи родюиву телевизюнй. Мусалламан, бештари ин расонахо хусусист.

Дар кунфронси Ландан бисёре аз хамзабонон бо шигифтй ва ба такрор мепурсиданд: Оё ба ростй дар Точикистон рузнома надоред?

Барои исботи гирифтории забони расонахои мо, ки ниёзе ба баргузории кунфронс набуд.

Танхо мояи ифтихори мо хузури чанд рузноманигори кушо ва як филмсози халлок буд, ки хама бо талошу пайкори худчуш барои равшан нигох доштани шамъи ру ба хомушии фарханги порсй дар Точикистон бо марги он мечанганд. Далели ин болбастагии фархангии Точикистон чист?

Яке достонест пур оби чашм. Далел хам яке нест, балки даххост. Шояд мухимтарини онхо идомаи гусастагии мо аз фархангу дабираи порсист. Далели аслии гирифторихои мо фарханги котирй ё нахчирист. Ё фарханги барзахй. На русу узбаки мутлак, на порсии тамом. Норавшании хуввият. Норавшании забон. Ё шояд набуди хуввият ва набуди забон. Набуди ин ду унсури аслй мачол намедихад, ки шумори бештари афрод худии худро дарёбанд ва бахонае барои халлокият дошта бошанд. Каблан ситами шуравй сипари бахонахои мо буд. Акнун он сипарро хам надорем ва хамаи зарбахо ба сару сурати мо фуру мерезад.

Имруз як дусти бисёр арчмандам, ки аз точикони Афгонистон аст, достони хузнангезеро бароям таъриф кард. Мегуфт, дар як мехмонхонаи Душанбе кормандони чавоне, ки пушти мизи пазиройи нишаста буданд, барои соъатхо бо хам лак-лак харф мезаданду тухмаи офтобгардон (семечки) хурд мекарданду мечавиданд ва пустахои онро бо чидду чахд руи замин туф мекарданд. Дусти мо мепурсад, ки оё кори бехтаре барои вактгузаронй надоранд? Мегуянд, масалан, чи коре? Дусти мо андарз мекунад: оё намешавад чои тухма хурдан китоб бихонед ё инглисй ёд бигиред ё хондану навиштани порсй биомузед? Посухи чавонон ба ин пурсиши мантикй се-чахор туфи сахти дигар руи замине буд, ки хамчунон бори гарони моро тахаммул мекунад.

Давлат хам дар холи хурд кардани тухмаи офтобгардон ба шеваи худ аст. Хар соли мо гуё тачлил аз як садаи тамаддуни ориёйист. Аммо чи тачлиле? Даххо деги палаву мантуву кабоб, рубобу шароб, раксу карс-карс, хаёхуву такопу ва дарёе аз пул, ки дар хилоли ин гавго нопадид мешавад.

Дар холе ки тачлили ростин аз он фарханги дурахшон бояд талош барои тадовуму пойдории он бошад. Агар хамон дарёи пул ба сахрои хушки фархангу хунари мо бирезад, оё он сабз нахохад шуд ва бузургдошти дурусттари фархангу тамаддуни ориёйи нахохад буд? Оё бехтар нест бо тавлиди колои фархангии тоза пойдории онро собит кунем?

Ин тачлилу арчгузорихо шабехи маросими бузургдошти як мурдаи хазорсола аст, ки аз у чизе чуз номи баланду корномаи некаш бокй намонда. Вале равони у шодтар нахохад шуд, агар дар идомаи кори неки у бикушем, ки навоварй ва зодани андешахои нав буд?

Нудратан дар хабархо мехонем, ки Казокистон солеро, масалан, ба Обой (Абай) ё Форобии мо ихтисос дода бошад, ки они худ медонанд. Ба чои он давлати Назарбоев тарчех медихад ба филмсозонаш пули чашнворахои фарзиро бидихад, то филме чун «Кучй» (Кочевник) бисозанд, ки дар арсаи байнулмилалй ба хубй дурахшид ва нишон дод, ки чи гуна казокхо мояи нанги пешинашон (кучигарй)-ро ба мояи ифтихор табдил кардаанд. «Кучй» вокуниши хирадгароёнаи казокхо ба масхараи Казокистон тавассути Саша Барон Кохен (Борат) буд. Солхост, ки Равшан ва Чамшуди хаёлии русхо табли русвоии точикхоро дар Русия менавозад. Аммо дар паи сукути мутлаки Точикистон дар ин бора шохиди вокуниши хирадгароёнаи он дар шакли тавлиди як филми хунарии муъаррифи фарханги точикон набудем.

Чори шукуху уббухати Сомониён гуши фалакро кар кард, аммо оё чизе фаротар аз харфи тихй доштем, ки Сомониёнро ба чахониён бишиносонад? Бо бузургдошти Зартушту Авесто рашки хамзабононамонро дар кишвархои дуру наздик барангехтем. Дар холе ки тавлиди як филми хирфайи бо хазинаи хамон чашнхо метавонист барои вачхаву эътибори байнулмилалии кишвари гумноми мо хидмати садчанд бештаре кунад. Бузургдошти бузургон савоб асту фарз. Вале мо то кунун хатто як бор натавонистаем ин кори савобу фарзро ба дурустй анчом дихем, балки дуруст баръакс, бо сиёсй кардани арзишхои фархангй шаммае аз ганди сиёсатро дар мафхумхои арзишманду поку муназзахи фархангиамон рехтаем. Арзишхои фархангй бояд дар колиби фархангй арза шавад, на дар шакли суханронихои пуртумтароки сиёсатмардоне, ки пеши бисёре бадном шудаанд ва аз он арзишхо кучактарин бахраеро набурдаанд ва голибан мутаваччех нестанд, ки харфе гундатар аз дахони худ мезананд.

Бо «халво» гуфтан, ки то кунун дахонамон ширин нашудааст. Пас бехтар нест ба фикри тахияи халвое маргубтар бошем? Бо зикри мукаррари ин харфи музахраф, ки точикон бартар аз дигар мардумони минтакаанд, то кунун чуз масхара чизе нашунидем. Пас бехтар нест бидуни сарусадо бо тавлиди кору андешаи тоза дар исботи бартариамон бикушем? Агар посух мусбат аст, бояд давлатро мутакоъид кард, ки пули чашнхои бузургдошти ину онро ба филмсозону нависандагон бидихад, то бо бехтарин имконоту тачхизот бузургии ину онро руи пардаву сафха оваранд.

Friday, March 21, 2008

Celebrating Nowruz with Akbar the Great


Дар рузи Навруз, ки фурсати нодири бекорй гирам омад, хаваси тамошои филми эронй кардам. Вале чун синемохои Ландан аз намоиши филмхои эронй маъзуранд, ба тамошои яке аз навтарин филмхои хиндй рафтам, ки беиртибот бо фарханги эронй набуд: Чудхо Акбар (Jodhaa Akbar) – филми торихй, ки ба гуфтаи коргардони он (Ashutosh Gowariker), хафтод дарсади мочарохои он тахайюлист ва танхо 30 дарсади он мубтанй бар руйдодхои торихии Импротурии Бобурии Хиндустон аст. Аммо бо пажухише мухтасар пас аз тамошои филм дарёфтам, ки нукоти аслии филм вокеъияти торихй дорад.

Дар конуни филм Чалолиддин Мухаммад карор дорад – шохи силсилаи бобурй, ки мохи уктубри 1542 дар гурбату саргардонй ба дунё омад ва мохи уктубри 1605 дар авчи кудрат даргузашт. Тайи ин муддат у бар вусъати импротурй афзуд ва ислохоте анчом дод, ки мардум ба у лакаби «Акбар» (Бузургтар)-ро доданд ва акнун аз диди торихнигорон у барчастатарин шохи бобурии Хинд ба шумор меояд.

Нигохе ба торих
Хумоюн – шохи Хиндустон ва панохандаи Эрон


Падари Акбар шох Хумоюн, ки оромгохаш акнун аз махалхои шулуги гардишгарй дар шахри Дехлист, дар соли 1540 аз тахт сарнагун шуд. Афгоне бо номи Шершохи Сурй точу тахти уро гасб кард ва шохи вожгун по ба фирор ниход. Хумоюн бо хамсараш Хамида Бону-бегим ва чихил сипохй нахуст ба Хисори Рочпут дар Умаркути Синд панох бурд. Чалолиддин Мухаммад (Акбар) дар хамон чо ба дунё омад. Шершохи афгон бар фишори худ афзуд ва шохи маъзулро ба самти Лохур ронд ва аз он чо ба дарбори Сафавии Эрон. Аммо Чалолиддин Мухаммад дар хонаи дойи (таго)-яш Аскарй дар Афгонистони кунунй тахти шароите сахт парварда шуд, на дар шукуху чалоли дарбори Эрон. Вай тайи давраи сахти навчавонй хунари шикору даву набардро омухт ва аммо харгиз навиштану хонданро фаро нагирифт, ки дар силсилаи шохони Бобурй як мавриди мунхасир ба фард аст.

Насириддини Хумоюн бо кумаки Эрон дубора ба Хиндустон баргашт ва хокимияташро бар шимоли он кишвар густард. Торихнигорон мегуянд, Хумоюн дар дарбори Сафавй, ки мубтакири пешрафтатарин давлатдории он замон дар чахон буд, шевахои корсозтари салтанатро омухт ва аз чумла, дигар ба пешгуйихои ситорашиносон такя намекард, балки бо мухосиботи сиёсй кореро анчом медод. Шеваи эронии хукумат бар салтанати Хумоюн умре дубора дод. Сомона (систем)-и чамъоварии молиёт низ хамсони сомонаи эронй шуд. Дар дарбори Хумоюн забони туркии чугатойи комилан аз байн рафт ва порсй чойгузини он шуд. Писари у Чалолиддин Мухаммад танхо як забон медонист ва он хам порсй буд. Худи Хумоюн хам ки дар гузашта туркй сухбат мекард, дар паи табъидаш порсиро тарчех медод. Аз таъсироти дигари табъиди Хумоюн ба Эрон густариши фавкулъодаи хунархои эронй ва ба вижа миниётурхои эронй дар Хинд буд, ки имруз хам роич аст ва манбаъи даромади фаровони хунармандони хиндист.

Дар соли 1555 боз хам ёрии Шох Тахмоспи эронй буд, ки ишголи дубораи Дехлиро барои Хумоюн муяссар кард. Шершоху писари у Исломшох хар ду мурда буданд ва силсилаи навпои афгонии Хинд бар сари вориси тахту точ ба даъвову кашмакаш нишаста буд. Аз ин ру тасхири пойтахти бесарусомон барои Хумоюну муттахидони эрониаш кори сахте набуд.

Насириддини Хумоюн ошики китобу китобхонй буд. Рузи 22 февриеи 1556 у чандин чилд китоб дар даст аз пилакон (зинахо)-и китобхонааш поин меомад, ки садои муаззин баланд шуд. Хумоюн одате дошт, ки дар хар холату хар чое садои азонро бишнавад, зону мезад. Ин бор зону заданаш барои охирин бор буд. Домони чомааш зери кафшаш гир кард, шох аз пилакон галт хурду уфтод ва шакикааш ба гушаи санги нохамворе бархурд. Се руз пас аз он Хумоюн даргузашт.

Китоби «Хумоюннома» ё зиндагиномаи Хумоюнро, ки шохи факидро такдис мекунад, хохари у Гулбадан-бегим ба дастури Акбар навиштааст. Оромгохи уро, ки шояд баъдан сармашки эхдоси Точмахал барои наводаи Хумоюн – Шох Чахон шуд, хамсари махбуби у Хамида Бону-бегим сохтааст.

Байрам Хони бадахшй – мунчии точу тахти Хинд

Байрам Хон – аз сарлашкарони бохуши Хумоюн, ки мусалмони шиъамазхаби зодаи Бадахшон буд, бо дироят хабари даргузашти шохро пинхон дошт ва ду руз пас аз он Чалолиддин Мухаммади навчавонро ба тахт нишонд ва уро «Шаханшохи Хиндустон» (дакикан дар хамин шаклу талаффузи порсй) эълом кард. Чалолиддин дар он давра 13 сол беш надошт.

Барои чандин сол Байрам Хон буд, ки аз номи шохи навчавон умури давлатро идора мекард. Ин сарлашкари бадахшй дар бозомадани силсилаи бобурй накши барчастае дошт ва пас аз он низ дар тавсеъаи доманаи султаи он чонфишонихо кард. Аммо хам филм ва хам торихнигорон мегуянд, ки Байрам Хон дар мучозоти ракибони салтанати бобурй бисёр дилсахт буд ва онхоро аз номи шох сар мезад. Чалолиддин Мухаммад пас аз булуги син ва тамоюлаш ба истиклол дар тасмимгирихо Байрам Хонро ба зиёрати Макка фиристод, ки дар он давра навъе «нафйи балад» ё табъиди аносири номатлуби дарбори бобурй махсуб мешуд. Бо ин ки Байрам Хон аз суи иддае ташвик мешуд алайхи шохи чавон киём кунад, ба дастури у тан доду рохии Макка шуд ва дар рохи расидан ба зиёрат тавассути як афгон ба катл расид.

Ислохоти Акбарй

Чалолиддин Мухaммад дасти одамони фузули дигарро хам дар умури салтанаташ кутох кард ва ислохотеро анчом дод, ки баъдан уро бо номи Акбари Бузург шухраи олам кард. Кабл аз анчоми ислохот у бозмондагони силсилаи сурии афгонро дархам кубид ва Хиндустонро якпорча кард. Сипас барои тахкими ин якпорчагй шохи мусалмон бо шохдухтари хиндуи рочпутй издивоч кард, ки дар он давра камназир буд ва хашми иддае аз мусалмонону хиндухои мутаъассибро барангехт, вале аз суи дигар боъиси хамбастагии пайравони ду кеш шуд. Номи ин шохдухтар дар филм Чудхо аст, харчанд бархе аз торихнигорон сари ин ном шак доранд.

Шох эълом кард, ки харчанд худ мусалмон аст, ба хамаи динхои сарзаминаш арч мегузорад ва хамаро дар риъояти ойину русуми кешхояшон озод медонад. Бино ба филми Боливуд, у ду шарти шохдухтари хинду барои издивочро мепазирад ва анчом медихад, ки яке худдорй аз тахмили дини ислом бар у ва дуввумй бунёди як ниёишгохи хинду дар кохи салтанатй буд.

Чалолиддин Мухаммад то огох мешавад, ки номусалмонон барои зиёрати маконхои мукаддасашон бояд боч бипардозанд, онро лагв мекунад. Бино бар филм, лагви молиёти зиёрат Чалолиддинро пеши аксарияти хиндуи кишвари тахти фармонаш арчманд мекунад ва ба у лакаби «Акбар»-ро медиханд. Дар гоме дигар Акбар чизяи номусалмонхоро низ фасх мекунад, ки то он замон дар саросари Хиндустони бобурй роич буд ва бар махбубияти худ дар миёни мардум меафзояд. У бар хилофи гузаштагони худ нофармонии бештари бародарону наздиконашро мебахшад. Аммо аз гунохи бародари хамшираш Адхам, ки вазири дарборро кушта буд, намегузарад ва дастур медихад, ки уро ду бор аз фарози сохтмоне ба замин парт кунанд, то бимирад.

Бузургдошти Акбар

Акбар, бо ин ки бесавод буд, ба илму хунар алокаи фаровоне зохир мекард ва ба навиштаи донишномаи Wikipedia, вай бахр-ул-ълум ё донандаи илмхои зиёде буд, ки аз у меъмор, афзорманд (донои саноеъ), хунарманд, аслихасоз, охангар, дуредгар, сохтмончй, фармонфармо, мухандис, сарлашкар, мухтареъ, ромкунандаи чонварон, фаншинос ва хакими илохиёт сохта буданд.

Аммо чизе, ки як инсони имрузиро шефтаи шахсияти Акбар мекунад, дурии у аз таъассуби хоким буд. Чизе, ки имруз хам нодир аст. У дар дарбори худ мубохисоти пайравони хамаи кешхои роич дар Хиндустон ва бединонро баргузор мекард ва бар мабнои гуфтахои онхо «Дини илохй»-и худро поягузорй кард, ки ба заъми у, шолудаи кулли бовархо буд.

Безории у аз таъассуб, эхтимолан, чудо аз сиришти ботиниаш, ба тасаллути у ба илми сиёсат хам бармегардад. Чун бо хамон вижагй Акбар муваффак шуд пояхои импротурии дар холи заволи Бобуриро устувор кунад, ба гунае, ки он то миёнахои садаи 19 давом овард ва танхо бо вуруди инглисихо аз байн рафт.

Насими хотирот

Махалли филмбардории «Чудхо Акбар» голибан чойхое буд, ки аз наздик дидаам: бозори Огро (Agra), хисори рочпутии Анбар (ки савор бар фил ба диданаш рафта будам), мучтамаъи коххои Чайпур, Девони Хавос... Пас аз тамошои филм ин маконхо бароям арзишмандтар шуданд.

Аммо чизе, ки дар филм намебинем, бунёди шахри Фатхпур Сикрй дар мучовирати Огрост. Бакоёи ин шахраки салтанатй имруз хам хиракунанда аст. Акбар аз хамон чо бар сарзамини пахновараш хукумат мекард. Албатта, мавзуъи филм бештар перомуни ишки шохи мусалмону шохдухтари хинду мечархад, ки бо бозии Хритик Рушан ва Айшвария Рай-Баччан диданист. Шояд коргардону нависандаи филм бештари тахайюлашонро барои офаридани сахнахои хамин ишки номаъмули он даврон сарф кардааанд.

Забони филмро шояд 90 дарсади хуззори хиндии толори синемо намефахмиданд ва барои ман мафхумтар буд, аз бас дар он аз вожахо, иборот ва хатто чумлахои порсию тозй бахра гирифтаанд. Шоху дарбориён хангоми пазиройи аз мехмонон ба порсй «Хуш омадед!» мегуянд. Хитоб ба шох «шаханшох», «азиму-уш-шаън» мегуянд ва шахбонуро «Маликаи олам» хитоб мекунанд. Як оханги он такрибан батамом барои порсигуён мафхум аст:

Азимушшаън Шаханшох!
Фармонраво!
Хамеша, хамеша,
Саломат рахе!


Як оханги дигари он наврузист! Бо номи порсии "Чашни бахорон", ки дар намохангхо (клипхои видеуйи)-и имрузи "Як Дарвеш" метавонед бишнаведу бибинед. Таронасарои охангхо Човид Ахтари порсй ва охангсоз А.Р. Рахмони бехамтост.

Бароянд

Таърифам тулонй шуд. Аммо магзи каломам ин буд, ки шурбахтона, аз торих дарси андаке мегирем, вагарна так-таки ин достонхо намунахое аз натичаи савобхову гуноххои имрузиро ба даст медихад.