Showing posts with label World. Show all posts
Showing posts with label World. Show all posts

Thursday, January 30, 2020

Forgotten Lessons

Experiencing withdrawal symptoms after finishing this lengthy well-narrated and well-produced series about the greatest events of WWII in colour produced last year.

With an enormous amount of survivor testimonials and British, German, American, Japanese, Russian and Dutch perspectives the new series outshines the older ‘World War II in HD Colour’ (2009) narrated by Robert Powell. Those old grainy black and white images of 70-80 years ago are colorised using the latest techniques, so that old day politicians, Nazi soldiers and officers, the allies’ infantrymen and pilots, civilians, inmates at the concentration camps look so real and relatable, as if all that horror is unfolding right now in front of our eyes. We are reminded not just by narration but also by these very images that it all has happened and might happen again, if we slip into traps of crazy but alluring minds, populist, extremely popular, hatred-spreading politicians. We are reminded of Hitler’s motto before he came to power: “Let’s make Germany great again!”

Adolf’s overdeveloped sense of vengeance is so obvious when we see him full of silly arrogance entering the Compiègne Wagon to sign the Armistice of 22 June 1940 with his disgraced French counterpart. He had to drag the carriage out of a French museum and place it at the exact site of the signing of the Armistice of 11 November 1918 with Germany as the loser of the First World War. He wanted to erase that moment from the memories by the second signing; this time victoriously. As if there never was a loss; it had never happened. To make sure that it is fully forgotten he had the wagon destroyed afterwards. We realise from the dawn of his political life that the world is dealing with a psycho who enjoys a great deal of popularity in his own country.

Apart from dehumanising experiments of the Nazis, the concentration camps and Holocaust, we also learn about Churchill’s atrocities more vividly; about the British attack on a French warship in Algerian waters that killed 1200 French nationals, since Paris changed hands. He regretted it later. It’s terrifying to see in colour what happened to Dresden’s civilians after the “firestorm” set by the British/American air forces. It swept off 25000 mostly civilian lives. But it pales in comparison to Tokyo bombing that killed 100 000 and flattened the Japanese capital in a couple of hours of the most destructive bombing so far; until Hiroshima tragedy overshadows all other atrocities in human history. 70 000 people evaporate in less than a second with tens of thousand more victims to follow. The same happens with Nagasaki to make the Japanese capitulation possible... The prelude to these colossal disasters of humanity was the Japanese surprise strike on Pearl Harbor that killed over 2400 American servicemen about 4 years earlier...

You might know most of these stories if you’ve been a good student at history class. However, this well-structured documentary in colour brings those events to life and shakes you up and saddens you. 

You can feel more profoundly that human race tends to not retrieve lessons from the past.

Tuesday, December 20, 2011

Post-totalitarianism Through the Eyes of Vaclav Havel

Низоми худкома аз диди Ҳовел


Вотслов Ҳовел (Vaclav Havel), нависанда, шоъир, андешаманд, вопасин раисиҷумҳури Чекуслувокӣ (Чехословакия) ва нахустин раисиҷумҳури Чек рӯзи якшанбе, 18 десомбр, дар синни 75-солагӣ даргузашт ва миллаташро дар сӯг нишонд. Вай дар паи муборизаи сиёсии ба дур аз хушунат саранҷом соли 1989 бо суқути режими кумунистӣ ба раёсати ҷумҳурии кишвараш даст ёфт ва аз раҳбарони инқилобҳои махмалии Урупои Шарқӣ дар поёни даҳаи 1980 ба шумор меояд. Матни зер фишурдаи суханронии ӯ дар Донишгоҳи Колифурниёи Омрико дар соли 1978 аст. Дар ин суханронӣ ӯ ба моҳияти режими худкомаи кумунистии он даврон дар кишвараш пардохтааст, ки бешабоҳат ба моҳияти режимҳои имрӯзии Фарорӯд нест.

Тафовути амиқи миёни низоми мо – бар ҳасби моҳияти қудрат – ва он чи ки мо ба таври суннатӣ “диктотурӣ” мефаҳмемаш (ва умедворам ин тафовут ҳатто аз ин муқоисаи бисёр сатҳӣ ҳам равшан бошад), маро бар он дошт, ки сирфан барои ин мақола ба ҷустуҷӯи истилоҳе муносиб бо низоми худамон бигардам. Агар аз ин пас аз он ба унвони низоме “пасо-тутолитор” (пост-тоталитарный) ёд мекунам, комилан огоҳам, ки чи басо ин истилоҳ дақиқтарин истилоҳ набошад. Вале истилоҳи беҳтаре ба зеҳнам намерасад. Бо ба кор бурдани пешванди “пасо-“ барои ин низом қасдам ин нест, ки бигӯям ин низом дигар тутолитер нест. Дуруст баръакс, мақсудам ин аст, ки ба наҳве комилан мутафовит бо диктотуриҳои клосик, ҳамчунон тутолитер аст ва бо тутолиторизм, ба наҳве, ки мо маъмулан мефаҳмем, тафовут дорад. 

Мудири як мағозаи мева ва сабзифурӯшӣ васати пиёзҳо ва ҳавиҷ (зардак)-ҳояш ин шиъорро мегузорад: “Коргарони ҷаҳон, муттаҳид шавед!” Чаро ин корро мекунад? Бо ин кораш чи паёмеро мехоҳад ба ҷаҳон бирасонад? Оё воқеъан шавқе ростин ба андешаи иттиҳод миёни коргарони ҷаҳон дорад? Оё иштиёқи ӯ ба он андоза азим аст, ки ангезише саркӯбнопазир дар худ ҳис мекунад, ки умуми мардумро бо ормонҳояш ошно кунад? Оё ҳаргиз беш аз лаҳзае фикр кардааст, ки чунин иттиҳоде чи тавр мумкин аст рух бидиҳад ва маънои он чист?

Фикр мекунам, метавон бо итминон фарз кард, ки аксарияти ғолиби мағозадорон ҳаргиз ба шиъорҳое, ки дар витрини мағозаашон мегузоранд, фикр намекунанд ва аз онҳо барои ибрози ақидаҳои воқеъишон истифода намекунанд. Ин пустер (плакат)-ро аз мақарри тиҷорӣ ба ҳамроҳи пиёзҳову ҳавиҷҳо ба сабзифурӯшони мо таҳвил додаанд. Ӯ ин шиъорро фақат барои ин дар витринаш гузоштааст, ки солҳо ин иттифоқ меуфтодааст. Чун ҳама кас ин корро мекардааст ва чун аслан бояд ин гуна бошад. Агар қарор бошад аз ин кор имтиноъ (парҳез) кунем, ба дардисар меуфтем. Мумкин аст ӯро ба хотири надоштани ороиши муносиб дар витринаш муохиза (бозпурсӣ) кунанд. Ҳатто мумкин аст яке ӯро муттаҳам ба хиёнат кунад. Ӯ ин корро мекунад, барои ин ки агар қарор бошад зиндагиаш идома пайдо кунад, ин корҳо лозиманд. Ин яке аз ҳазорон кори ҷузъист, ки як зиндагии нисбатан оромро барои ӯ тазмин мекунад, ки чунон ки мегӯянд, “ҳамсоз бо ҷомеъа бошад”.

Пайдост, ки сабзифурӯш ин шиъорро ба хотири майли шахсиаш барои ошно кардани умуми мардум бо ормоне, ки дар он баён мешавад, дар витринаш намегузорад. Ин, албатта, ба ин маъно нест, ки амали ӯ аслан ҳеч ангезае ё аҳаммияте надорад ё ин шиъор мутазаммин (дарбаргиранда)-и ҳеч паёме барои ҳеч касе нест. Ба таври шифоҳӣ метавон онро ба ин шакл баён кард: “Ман, сабзифурӯш фалонӣ, инҷо зиндагӣ мекунам ва медонам, ки бояд чи коре анҷом бидиҳам. Ман тавре амал мекунам, ки аз ман интизор меравад. Метавон ба ман эътимод кард ва наметавон бар ман ҳеч хурдае гирифт. Ман фармонбардорам ва дар натиҷа, ҳақ дорам, ки маро дар оромиши худ раҳо кунанд”. Ин паём, албатта, мухотабе ҳам дорад: мухотаби ин паём болодастиҳо ҳастанд, мофавқҳои сабзифурӯш. Ва дар ҳамон ҳол, сипарест, ки сабзифурӯшро аз хабарчинони билқувва (потентсиалӣ) муҳофизат мекунад. Дар натиҷа, маънои воқеъии шиъор решае муҳкам дар вуҷуди сабзифурӯш дорад. Ин шиъор мунъакискунандаи манофеъи ҳаётии ӯст. Аммо ин манофеъи ҳаётӣ чиҳо ҳастанд?

Биёед ба ин нукта таваҷҷуҳ кунем: агар сабзифурӯш дастур медошт, ки шиъори “Ман метарсам ва дар натиҷа бе ҳеч чунучарое фармонбардорам”-ро дар витринаш бигузорад, ин андоза ба мазмунҳо ва маъноҳои он бетафовут намебуд; ҳарчанд ин иборат мунъакискунандаи ҳақиқат бошад. Сабзифурӯш аз ин ки чунин баёни сареҳе аз инҳитоти худро дар витрини мағозааш ба намоиш бигзорад, эҳсоси шармсорӣ мекунад ва табиъӣ ҳам ҳаст. Чун ӯ инсон аст ва ҳисси қаромату иззате барои худ дорад. Барои ғалаба бар ин печидагӣ баёни ӯ аз вафодорӣ бояд шакли аломатеро ба худ бигирад, ки дастикам дар сатҳи матнии он нишондиҳандаи сатҳи эътиқоди беъалоқаи ӯ бошад. Ин баён бояд ба сабзифурӯш иҷоза бидиҳад, ки бигӯяд: “Ин ки коргарони ҷаҳон муттаҳид шаванд, чи айбе дорад?” Ба ин тартиб, ин аломат ба сабзифурӯш иҷоза медиҳад, ки шолудаҳои пасти фармонбардориашро аз худаш пинҳон кунад ва дар ҳамон ҳол шолудаҳои ҳақиру пасти қудратро пинҳон кунад. Ин шиъор пастии ин шолудаҳоро пушти ниқобе аз чизе мутаъолӣ (воло) пинҳон мекунад. Ва ин чиз идеулужӣ аст.

Идеулужӣ роҳе фиребанда барои иртибот барқарор кардан бо ҷаҳон аст. Идеулужӣ таваҳҳум (пиндор)-и ҳувият, иззату каромат ва ахлоқиётро ба одамӣ медиҳад ва дар айни ҳол ҷудо шудан аз онҳоро барояшон осонтар мекунад. Идеулужӣ ба масобаи махзане аз чизе забар-фардӣ ва айнӣ мардумро қодир мекунад, ки виҷдонашонро фиреб бидиҳанд ва мавзеъи ростинашон ва равиши зиндагии нангинашонро пинҳон кунанд; ҳам аз чашми ҷаҳониён ва ҳам аз нигоҳи худашон. Идеулужӣ чизест бисёр амалгароёна, вале дар ҳамон ҳол роҳест зоҳиран муҳтарамона барои машрӯъият бахшидан ба чизе, ки болодасти одамӣ, зердасти ӯ ва дар ду сӯи ӯ қарор дорад. 

Идеулужӣ мардум ва Худоро ҳадаф қарор медиҳад ва ҳиҷобу ҳоилест, ки одамӣ метавонад пушти он вуҷуди табоҳаш, ибтизол (пастӣ)-аш ва татбиқ додани худаш бо вазъияти мавҷудро пинҳон кунад. Идеулужӣ баҳонаест, ки ба кори ҳар касе меояд; аз сабзифурӯш, ки тарси аз даст додани шуғлашро пушти иддаъои алоқа ба иттиҳоди коргарони ҷаҳон пинҳон мекунад гирифта, то болотарин масъуле, ки алоқааш ба мондан дар қудрат дар лифофаи ибороте дар бораи хидмат ба табақаи коргар пинҳон шудааст. Бино бар ин, коркарди аввалияи эътизорӣ (узрҷӯёна)-и идеулужӣ ин аст, ки ба мардум ба масобаи ҳам қурбонӣ ва ҳам сутуни низоми тутолитер ин таваҳҳумро бидиҳад, ки низом бо низоми инсонӣ ва назми кайҳон ҳамсозу ҳамоҳанг аст...

Низоми пасо-тутолитерӣ дар ҳар қадаме мардумро ламс мекунад, аммо ин корро аз пушти дасткаш (дастпӯш)-ҳои идеулужик анҷом медиҳад. Ба ин далел аст, ки зиндагӣ дар матни ин низом башиддат ва амиқан бо риёкорӣ ва дурӯғ танидааст: ҳукумат аз тариқи девонсолорӣ (бюрократия)-ро “ҳукумати мардумӣ” меномад; табақаи коргар ба номи табақаи коргар ба бардагӣ гирифта мешавад; инҳитоти комили фард ба сурати раҳоии ниҳоӣ тасвир мешавад; маҳрум кардани мардум аз иттилоъот дар дастрас қарор додани он номида мешавад; истифода аз қудрат барои бозӣ додани мардум кунтрули қудрат ба дасти мардум номида мешавад ва сӯиистифодаи дилхоҳ аз қудрат риъояти қонунҳову муқаррарот номида мешавад; саркӯби фарҳанг тавсеъа хонда мешавад; басту тавсеъаи нуфузи империолистӣ ба сурати ҳимоят аз мазлумон намоиш дода мешавад; набуди озодии баён болотарин шакли озодӣ талаққӣ мешавад; интихоботи расво олитарин шакли демукросӣ хонда мешавад; манъи андешаи мустақил табдил ба илмитарин навъи ҷаҳонбиниҳо мешавад; ишғоли низомӣ табдил ба ёрии бародарона мешавад. Чун режим худ асири дурӯғҳои худ аст, бояд ҳама чизро ибтол (ботил) кунад. Гузаштаро ибтол мекунад, ҳолро ибтол мекунад ва ояндаро ибтол мекунад. Оморро ҳам ибтол мекунад. Тазоҳур (вонамуд) мекунад ба ин ки дастгоҳи пурқудрату беусули пулис дар ихтиёр ва тамаллуки ӯ нест. Тазоҳур ба эҳтиром ба ҳуқуқи башар мекунад. Тазоҳур мекунад ба ин ки ҳеч касеро таъқибу уқубат намекунад. Тазоҳур мекунад, ки аз ҳеч чиз наметарсад. Тазоҳур мекунад ба ин ки ба ҳеч чиз тазоҳур намекунад.

Афрод лозим нест ҳамаи ин муъаммогунаҳоро бовар кунанд, вале бояд тавре рафтор кунанд, ки ангор (гӯё) инҳоро бовар мекунанд ё дастикам бояд дар сукут инҳоро таҳаммул кунанд ё бо касоне, ки бо онҳо кор мекунанд, хуб канор биёянд. Аммо ба ҳамин далел, бояд бо дурӯғ зиндагӣ кунанд. Лозим нест дурӯғро бипазиранд. Кофист зиндагишон бо ин дурӯғ ва дар дили ин дурӯғро пазируфта бошанд. Чун аз раҳгузари ҳамин воқеъият аст, ки афрод низомро таъйид мекунанд ва ҳаққи низомро адо мекунанд ва онро низом мекунанд ва худашон ҳамон низом мешаванд.

Воқеъан, чаро сабзифурӯши мо маҷбур буд вафодориашро дар витрини мағозааш ба намоиш бигзорад? Ӯ ба қадри кофӣ вафодориашро ба шеваҳои дарунӣ ва нимаъумумии мухталиф нишон надода буд? Билохира, дар ҷаласаҳои иттиҳодияи синфӣ ӯ ҳамеша ҳамон гуна раъй дода буд, ки бояд медод. Ӯ ҳамеша дар рақобатҳои мухталиф ширкат карда буд. Дар интихобот мисли як шаҳрванди хуб ширкат карда буд. Ӯ ҳатто “зидди маншур”-ро имзо карда буд. Чаро, илова бар тамоми инҳо, бояд вафодориашро ба сурати умумӣ ҳам эълом кунад? Билохира, мардуме, ки аз пеши витрини ӯ мегузаранд, ҳатман намеистанд, ки инро бихонанд, ки ба назари сабзифурӯш, коргарони ҷаҳон бояд муттаҳид шаванд. Воқеъияти қисса ин аст, ки онҳо аслан шиъорро намехонанд ва метавон мунсифона фарз кард, ки ҳатто онро намебинанд. Агар аз зане, ки ҷилави ин мағоза истода бошад, бипурсед, ки дар витрин чӣ дидааст, ҳатман ба шумо мегӯяд, ки он рӯз гавҷафарангӣ (помидор) доранд ё на, вале бисёр номуҳтамал (ғайриэҳтимолӣ) аст, ки аслан мутаваҷҷеҳи ин шиъор шуда бошад; чи бирасад ба ин ки бибинад шиъор чи мегӯяд.

Ба назар бемаъно мерасад, ки аз сабзифурӯш бихоҳем вафодориашро ба сурати аланӣ (ошкор) ва умумӣ эълом кунад. Аммо бо ин ҳол, корест маънодор. Мардум ин шиъорро нодида мегиранд, вале ин корро аз ин боб мекунанд, ки чунин шиъорҳоеро дар витрини мағозаҳои дигар, рӯи тирҳои чароғбарқ, рӯи тоблуҳои эълонот, рӯи панҷара (тиреза)-и опортумонҳо ва рӯи девори сохтмонҳо ҳам мебинанд. Ин шиъорҳо, дар воқеъ, ҳама ҷо ҳастанд. Инҳо бахше аз тамомнамои зиндагии рӯзмарра ҳастанд. Албатта, мардум дар айни ин ки ин ҷузъиётро нодида мегиранд, худашон бахше аз ҳамин тамомнамои куллӣ ҳастанд. Ва шиъори сабзифурӯш чист ҷуз муаллафае кӯчак аз он пасзаминаи азими зиндагии рӯзмарра? Дар натиҷа, сабзифурӯш маҷбур буд ин шиъорро дар витринаш бигузорад, на ба ин умед, ки касе мумкин аст онро бихонад ё ин шиъор касеро ба чизе мутақоъид кунад, балки ин корро мекунад, барои мушорикат кардан дар канори ҳазорон шиъори дигар дар ин тамомнамое, ки ҳама кас бисёр аз он огоҳанд. Албатта, ин тамомнамо маъное зермарзин низ дорад: ба мардум ёдоварӣ мекунад, ки куҷо зиндагӣ мекунанд ва чи чизе аз онҳо интизор меравад. Ба онҳо мегӯяд, ки бақия доранд чи кор мекунанд ва ба онҳо нишон медиҳад, ки онҳо низ чи бояд бикунанд, агар намехоҳанд ба ҳошия ронда шаванд ва нодида гирифта шаванд, ба инзиво биуфтанд ё худро аз ҷомеъа берун кунанд, қавоъиди бозиро зери по бигзоранд ва ба аз даст додани сулҳу осоиш ва амнияти худ хатар кунанд.

Акнун биёед, тасаввур кунед, ки рӯзе чизе дар даруни сабзифурӯшии мо мешиканад ва ӯ дигар барои худширинӣ ва худ азиз кардан ин шиъорро дар витринаш нагузорад. Ӯ дар интихоботе, ки медонад намоише музҳик (хандаовар) аст, дигар раъй намедиҳад. Дар ҷаласоти сиёсӣ шурӯъ мекунад ба гуфтани ҳар он чизе, ки воқеъан фикр мекунад. Ва ҳатто ин қудратро дар худ пайдо мекунад, ки бо касоне, ки виҷдонаш амр ба ҳимоят аз онҳо мекунад, эъломи ҳамбастагӣ кунад. Сабзифурӯш дар ин шӯриш аз зиндагӣ кардан дар матну дили як дурӯғ қадам берун мениҳад. Ин ойину маносикро нафй (рад) мекунад ва қоъидаҳои бозиро мешиканад. Як бори дигар ҳувият ва каромати саркӯбшудаи худро боз меёбад. Ба озодии худ аҳаммияти айнӣ ва вижа медиҳад. Шӯриши ӯ кӯшишест барои зистан дар ростӣ.

Тӯле намекашад, ки суратҳисобаш аз роҳ мерасад. Аз мудирияти мағоза канор гузошта мешавад ва ба анбор мунтақил мешавад. Дастмуздаш коҳиш пайдо мекунад. Умедаш барои рафтан ба Булғористон барои таътилот дуд мешаваду ба ҳаво меравад. Дастрасии фарзандонаш ба таҳсилоти олия дар бутаи таҳдид меуфтад. Мофавқ (раис)-ҳояш ӯро озор медиҳанд ва ҳамкоронаш дар канори ӯ муҳтот (бо эҳтиёт) рафтор мекунанд. Аммо бисёре аз ин касон ин корҳоро аз сари эътиқоде дарунию ростин на, балки таҳти фишори шароит анҷом медиҳанд; ҳамон шароите, ки ба сабзифурӯш фишор ворид мекард, ки шиъорҳои расмиро дар витринаш бигузорад. Онҳо сабзифурӯшро уқубат мекунанд, ба хотири ин ки ё аз онҳо интизор меравад ин корро бикунанд ё барои ин ки вафодориашонро нишон бидиҳанд… 

Ба ин тартиб, сохтори қудрат аз тариқи омилияти касоне, ки ин маҳрумиятҳоро эъмол мекунанд, яъне он муаллафаҳои ношиноси низом, сабзифурӯшро аз даҳони низом қай мекунанд. Низом аз тариқи ҳузури бегонасозаш дар мардум ӯро ба хотири шӯришаш муҷозот мекунад. Низом ин корро ба ин хотир мекунад, ки мантиқи дифоъ аз худ онро тақозо мекунад. Сабзифурӯш ҳатто як ҷурми содаи воҳид ҳам муртакиб нашудааст, ки хатои беҳамто ва хос бошад, вале коре кардааст, ки ба наҳви қиёснопазире ҷиддӣ аст. Ӯ бо шикастани қоъидаҳои бозӣ бозиро ба ин шакл ба вақфа даровардааст. Ӯ парда аз бозӣ будани кулли ин қисса барандохтааст. Ӯ ҷаҳони тазоҳурро дар ҳам шикастааст ва рукни бунёдини ин низомро вайрон кардааст… Ва чун султон, дар воқеъ, урён аст, иттифоқе фавқулъода хатарнок рух додааст: сабзифурӯш бо амалаш ҷаҳонро мухотаб қарор додааст. Ӯ ҳамаро қодир кардааст, ки нигоҳе ба пушти парда биандозанд. Ӯ ба ҳама нишон додааст, ки имкон дорад бо ростӣ ва ҳақиқат зиндагӣ кунанд. Зистан дар дили дурӯғ танҳо вақте метавонад низомро шакл бидиҳад, ки он низом ҷаҳонраво бошад. Асл бояд ҳама чизро шомил шавад ва дарбар бигирад. Ҳеч зобитае мутлақан вуҷуд надорад, ки низом битавонад бар мабнои он бо ҳақиқат зиндагӣ кунад ва дар натиҷа, ҳар касе, ки аз хат хориҷ шавад, асос ва асли онро инкор мекунад ва тамомияти онро таҳдид мекунад.
Муҳимтарин ва аслитарин соҳати фаъъолият, ки таклифи бақияро аз пеш муъайян мекунад, сирфан талош барои эҷод ва ҳифзи як зиндагии мустақил аз ҷомеъа ба сурати таҷаллии табйиншудае аз зиндагӣ дар ҳақиқату ростӣ аст. Ба иборати дигар, хидмат ба ҳақиқат ба сурати ҳамсоз, ҳадафманд ва табйиншуда ва созмон додан ба ин хидмат аст. Билохира, ин ҳам амре табиъист: агар зиндагӣ дар ҳақиқату ростӣ нуқтаи азимате ибтидоӣ барои ҳар кӯшишест, ки мардум барои мухолифат бо фишори бегонасози низом анҷом медиҳанд, агар ин танҳо мабнои маънодории ҳар амали мустақилле бо аҳаммияти сиёсӣ бошад, дар ин сурат душвор битавон тасаввур кард, ки ҳатто “эътироз”-и ошкор битавонад шолудаи дигаре ҷуз хидмат ба ҳақиқат, зиндагии содиқона ва талош барои ҷо боз кардан барои ҳадафҳои ростини зиндагӣ бошад.
(бар мабнои тарҷумаи торнамои "Мардумак")

Monday, October 24, 2011

Gaddafi's Death and Lessons

Панди либиёӣ

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Либӣ аз балои Қаззофӣ раҳо шуд. Аз балои раҳбаре, ки 42 сол ҳам барои мардумхориаш басанда набуд. Ҳукумати интиқолӣ дам аз баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи мардумсолорона медиҳад ва гӯӣ насими Баҳори Араб ба машоми як кишвари дигар дар ҷаҳони араб расидааст. Дигар қарор нест худкомагии Муъаммар Қаззофию хонадонаш монеъ аз хушбахтии мардумаш шавад. Қаззофӣ раҳбаре буд, ки дар кохҳои тилоӣ зиндагӣ кард ва дар лӯлаи фозилоб (заҳоб)-и чиркину бадбӯй ба даст уфтоду мурд. Раҳбаре буд, ки мухолифони бешуморашро “муш” меномид ва саранҷом ба сарнавишти муш гирифтор омаду мурд. Миллат бо шӯру нишот ба пойкӯбӣ бархостанд ва нобудии ҳокими ситамгарашонро таҷлил карданд.

Вале саҳнаҳои ракику занандаи боздошт ва саранҷом қатли Қаззофӣ, ки бо дурбинҳои ларзони телефунӣ филмбардорӣ шуда буду даври ҷаҳонро гашт, ҳикояте дигар дорад ва он рӯи сиккаро нишон медиҳад. Раҳбари тарсону ҳаросонро мебинем, ки илтиҷо мекунад ӯро назананд. Аммо ӯро мезананд. Аз сару мӯяш мекашанду ба хоки зиллат меафкананд ва ниҳоятан мекушанд. Пайкари беҷони ӯ дар сатҳи шаҳри зодгоҳаш мисли лошаи саг кӯбакӯ кашонда мешавад… Қаззофӣ марги ҳавлноке дошт, ки ба қавли куҳансолон, кас барои душмани худ орзу намекунад.

Муъаммар Қаззофӣ дар тӯли 42 соли султаи қулдуронааш бар Либӣ хуни фаровоне рехт ва ғалати бисёре кард. Садҳо тан аз мухолифони режими ӯ ба ҳамин шева кушта шуданд; пули қатли садҳо хориҷиро байтулмоли Либии Қаззофӣ пардохтааст; ҷиноёти саҳмгине сабти корномаи ин чеҳраи махуфи торих шудааст. Аммо шеваи қатли ӯ дар зеҳни содаи ҳазорон нафар корномаи бади ӯро сутурд ва аз Қаззофӣ шаҳиди мазлум сохт. Наҳваи куштани Қаззофӣ хатти тафовут миёни ӯ ва мухолифонашро зудуд ва гӯӣ фарёд баровард, ки:

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!

Ва ҳеч касе набуду нест, ки он фарқро дарёбад. Чун фарқе дар кор нест. Қаззофӣ ба ҳамон шеваи дадманишона, барбарона ё ваҳшиёнае кушта шуд, ки худаш рақибону мухолифонашро мекушт. Дар натиҷа ҳеч ваҷҳи тамоюз ва тафовуте миёни ӯ ва мухолифонаш боқӣ намонд.

Қасоват ё бераҳмӣ зоидаи заъфу нотавонист. Наҳваи куштани Қаззофӣ баёнгари заъфи маънавии шадиди мухолифонаш буд. Қасоват зоидаи тарс аст ва тарс вижаи афроди нотавон аст. Қасовате, ки дар марги Қаззофӣ ба кор рафт, паёмади сиёсатҳои иҷтимоъии 42 соли ахири ӯ буд. Аммо ин умедро аз дилҳо зудуд, ки ин кишвар дар ояндаи қобили пешбинӣ ба қофилаи ҷаҳони мутамаддин хоҳад пайваст.

Аммо “ҷаҳони мутамаддин” ҳам таъбирест нисбӣ. Ва ин ҳақиқат замоне барҷаста шуд, ки хабари қатли Қаззофӣ ҷаҳонро дарнавардид. Паёмҳои шодбоши раҳбарони Ғарб ба муносибати марги касе ба андозае боварнакарданӣ буд, ки мафҳуми “инсонгарӣ”-ро зери суол мебурд. Ҳеч раҳбаре аз кишварҳои ба ном “мутамаддин” изҳори таассуф накард. Нагуфт, ки ин мардак бояд ба сазои аъмолаш мерасид. Ва ин ки сазои аъмолаш қатли хиёбонии худсарона набуд. Бозмондагони ҳазорон қурбонии сиёсатҳову ҷиноятҳои Қаззофӣ ба муродашон нарасиданд ва муҳокимаи мунсифонаи ӯро надиданд. Ва худи Қаззофӣ дар силлул (камера) нанишаст, то ба кардаҳояш биандешад ва маънии надомату пушаймониро ламс кунад. Ҳақ ба ҳақдор нарасид ва Қаззофӣ муҷозот нашуд. Боқии умрашро дар тааммул нагузаронд. Рафт, то барои муште хирасар шаҳид шавад ва асбоби дардисарҳои фаровони оянда. Ин кавданони нафаҳм, ки бо қасовати барбарона аз аждаҳое шаҳид сохтанд, ҷоизаи хушбахтиро набурданд.

Сарнавишти Қаззофӣ, аммо, ҳовии дарсҳои муҳимме буд; ҳам барои фармонравоён ва ҳам барои раъоё. Дарсе, ки фармонравоёни хирадманд аз ин поёни шум гирифтанд, ин буд, ки магасвор ба курсии раёсат начаспанд, раёсатро табдил ба салтанат накунанд, дороиҳои мардумро миёни аъзои хонадонашон тақсим накунанд ва худашонро инсони мирое беш надонанд. Раъоёи хирадманд дарсе, ки гирифтанд, ин буд, ки таслими хашми худ нашаванд ва бадкорро инсонвор ба дарки бадкориҳояш водоранд.

Муъаммар Қаззофӣ ҳамоне буд, ки ба хиёли пандгӯӣ ба раҳбари Иттиҳоди Шӯравии рӯ ба завол дар поёни даҳаи 1980 “Китоби Сабз”-ашро бо дебочае ғарро ба Михаил Горбачёв пешкаш карда буд ва танҳо роҳи наҷоти импротурии сурхро дар эҷоди “кумитаҳои мардумӣ ба сабки Либӣ” тавсиф карда буд. Аммо торих нишон дод, ки кумитаҳои ба ном “мардумӣ” давои дарде намешавад, магар ин ки баростӣ мардумӣ бошад. Агар Горбачёв қаззофивор ба курсии раёсаташ овезон мешуд, чи басо, ки ҳамин сарнавишти шум суроғаш меомад. Акнун лобуд Горбачёви 80-сола саҳнаҳои марги ҳақоратбори Қаззофиро дар сафҳаи телевизюнаш мебинаду панду андарзи “сабз”-и ӯро ба ёд меоварад ва афсӯс мехурад, ки дар посух ба он насиҳат худаш ба Қаззофӣ панде озодвор надода буд.

Ба қавли Рӯдакӣ, замона, чун нигарӣ, сарбасар ҳама панд аст. Пурсиш инҷост, ки гӯшу ҳушамон то куҷо ниюшои панди замона аст.

Tuesday, May 03, 2011

'Obama Kills Osama'

Шодӣ ва андӯҳи як қатл

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Бузургтарин шикори қарн ҳам гӯё ба фарҷом расид. Усома бин Лодин кушта шуд ва нидоҳои шодӣ аз як сӯ ва фарёдҳои андӯҳ аз сӯи дигар ба ҳаво хост. Дар ҳоле ки нерӯҳои ғарбӣ тайи даҳ соли гузашта нишоне аз Усомаро дар ғорҳои Туро-Бурои Афғонистону кӯҳистони бесарутаҳи Покистон ҷустуҷӯ мекарданд, вай бо хонаводаи бузургаш дар бӯстонсарои мураффаҳе дар 60-килуметрии шимоли шарқи Исломобод, дар шаҳраке бо номи Абетобод (Abbottabad) ба дасти нерӯҳои омрикоӣ гирифтор шуд ва ба пиндори душманонаш равонаи ҷаҳаннам ва ба бовари дӯстдоронаш роҳии биҳишт шуд. Аз роҳи обҳои пуръумқи дарё. Шояд дарёи Араб, ки соҳили Покистонро мешӯяд. Гуфта мешавад, ки дар ин сафари ниҳоӣ Усома бин Лодинро писараш Холид ҳамроҳӣ кардааст. Яке аз нуҳ зани ӯ аз ноҳияи по захмӣ шуда ва ҳамроҳ бо 23 кӯдаке, ки дар он хонаи бузург зиндагӣ мекардаанд, аз сӯи нерӯҳои покистонӣ боздошт шудааст.

Ин рӯйдод пурсишҳои фаровонеро матраҳ карда ва давлати Зардорӣ дар Покистонро зери зарбаҳои паиҳам гузоштааст. Дар сурате ки Усома бин Лодин бо хонаводаи азимаш дар ҳаволии пойтахти Покистон зиндагии одию мараффаҳе дошта, чи гуна аст, ки мақомоти покистонӣ аз ҳузури ӯ дар кишварашон огоҳ набуданд? Оё он ҳама ваъдаву таъаҳҳуд мабнӣ бар ҳамкорӣ бо нерӯҳои амниятии Ғарб барои пайдо кардани Усома бин Лодин воқеъият дошт ё навъе шира ба сару гӯши Ғарб молидан буд?

Осифъалӣ Зардорӣ, раисиҷумҳурии Покистон, дар ҳоле ки мекӯшид ваҷоҳате маъсумона ба худаш бигирад, мегуфт аз ҳузури Бин Лодин дар сарзаминаш хабар надоштааст. Таъкиди вай бар ин ки худи Покистон пайваста қурбонии ҳамалоти теруристӣ буда ва бештар аз нерӯҳои НОТУ (NATO) талафоти ҷонӣ додааст, фазои шакку шубҳаро ба ҳам назад ва ҳанӯз фарзияҳое ҳокӣ аз ҳамкории нерӯҳои амниятии Покистон бо шабакаи Алқоъида матраҳ аст. Ба назари бисёре аз коршиносон, дар кишваре, ки фасоди молӣ ва таъассуботи мазҳабӣ бедод мекунад, заминаи чунин ҳамкорӣ фароҳам аст.

Таъкиди давлати Покистон ба даст надоштан дар амалиёти қатли Бин Лодин ҳам парда аз воқеъиятҳои дигар бар медорад. Покистон, ки саршор аз амвоҷи гуногуни таъассуби мазҳабист ва хонаи тундравони бисёри ҳаводори Усома аст, башиддат нигарони паёмадҳо ва талофиҷӯии эҳтимолии он нерӯҳост ва тарҷеҳ медиҳад “ифтихор”-и куштани Усома бин Лодинро бо нерӯҳои омрикоӣ қисмат накунад.

Аммо нафси достони қатли Усома бин Лодин ҳам шигифтангез аст. Ба назари бисёре баъид аст, ки нерӯҳои омрикоӣ бо он ҳама даму дастгоҳи ҷосусӣ аз маҳалли сукунати душмани шумораи яки худ то кунун хабаре надоштаанд. Оё лаҳзаи чашм пӯшидан аз Усома бин Лодин ва канор гузоштанаш акнун муносибтару мусоъидтар буд? Ва чаро Усома ба ҷои ин ки боздошт шавад, ба сина ва болои чашми чапаш ду гулӯла хурд, нисфи ҷумҷума (косахонаи сар)-ашро аз даст дод ва ба ҳолате расид, ки тақрибан намешуд шиносоиаш кард? Магар намешуд ӯро боздошт кард ва мисли ҷинояткорони ҷаҳонии дигар ба Додгоҳи Лоҳа бурд? Магар ин ҳамон Усома бин Лодине набуд, ки замоне аз марҳамати соҳибони омрикоиаш бархурдор буд, то айши Шӯравиро талх кунад? Додаҳо ё иттилоъоти марбут ба як чунин шахсиятеро мақомоти амниятии Омрико маъмулан бояд аз бар балад бошанд. Шароити қатли Усома бин Лодин ба тавтеапиндориҳои фаровоне доман задааст ва баъид нест, ки фардо чандин фарзияи пиндорӣ бар мабнои ин пурсишҳо тарҳ шавад.

Дейвид Камерун, нахуствазири Бритониё, ки дар нимашаб бо занги телефуни раисиҷумҳурии Омрико бедор шуда буд, то хабари қатли Бин Лодинро бишнавад, ин рӯйдодро “комгории бузург” ва тавҷеҳпазир номид ва изҳори хушнудӣ кард. Бритониё солҳост, ки ҳукми эъдом ё қатлро лағв карда ва бино ба қонунҳои он, иҷрои қатл ё эъдом таҳти ҳеч шароите пазируфта нест. Аз нахуствазири як чунин кишваре шунидани нидоҳои тамҷиду тамҳид ба хотири қатли як тан (муҳим нест чи касе буда) бисёр аҷиб ва зананда аст. Яъне он чи бар худ намеписандад, бар дигарон писандидааст. Ва ба ҳамин шева, шодбошу ситоишҳои давлатакҳое, ки ба шумор ҳам намеоянд, хоркунанда ва қабеҳ аст.

Дар шарорату дижхимӣ ва ниҳоди дӯзахии Усома бин Лодин, ки бо такя ба андешаҳои тирааш мехост ҷаҳонро ба ҷаҳаннаме табдил кунад, шакке нест. Аммо шодӣ аз марги ӯ чизе ҷуз баёни ин воқеъият нест, ки ҷаҳон ҳанӯз аз ҷангали таваҳҳуш (ваҳшигарӣ) берун наомадааст ва дар дарёе аз тазодҳо дасту по мезанад. Усома бин Лодин бояд ба сазои аъмолаш мерасид, аммо тавассути як ҷомеъаи инсонӣ, ки қатлро кори ваҳшиҳо медонад ва роҳҳои башаритареро барои расидагӣ ба одамони бадсиголу бадсиришт ниҳодина кардааст. Бо қатли Усома решаи бадсиголӣ жарфтар меравад ва хушунат чизе ҷуз хушунат намезояд. Ва ҷаҳон ҳамчунон дар оташи девонагии бачаҳояш месӯзад.

Wednesday, May 12, 2010

Saving Face by Stepping Down

Канорагирӣ, яъне ҳифзи обрӯ

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Интихобот ин ҷо баргузор шуд; дар Бритониё. Рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳеч як аз се ҳизби умдаи ин кишвар шумори лозими курсиҳои Маҷлиси Авомро ба даст наовард. Натиҷаи ин интихобот, ба истилоҳи инглисӣ, як маҷлиси овангон ё овезон шуд.

Аз 649 курсии порлумон 306-тоашро Ҳизби Муҳофизакор ба худаш ихтисос дод, ки барои ин ташаккули мухолифи давлат пешрафти бузурге ба шумор меояд. Аммо дар айни ҳол ҳизби ҳокими Коргар 258 курсӣ ва Ҳизби Либерол-Демукрот 57 курсӣ ба даст оварданд, ки ҷамъи онҳо бештар аз шумори намояндагони Ҳизби Муҳофизакор аст, ки ба порлумон роҳ ёфтаанд. Бад-ин гуна, порлумони Бритониё дучори буҳроне шудааст, ки роҳи ҳалли он дар дасти ҳизби начандон муҳимми Либерол-Демукрот аст, ки акнун зоҳиран ба муҳимтарин ҳизби ин кишвар табдил шудааст. Тасмими ин ҳизби нисбатан кӯчак акнун сарнавиштсозтар аз ҳар замони дигар аст. Ҳар ду ҳизби қудратмандтари Муҳофизакор ва Коргар ба ин ҳамтои камтар маҳбуби худ чашми умед дӯхтаанд, ки ба яке аз онҳо бипайвандад ва ба порлумон ва давлат шаклу шамоили нисбатан якдасту ҳамнавотаре бидиҳад.

Инглисиҳо ҳамеша бо дирояти сиёсӣ ҷаҳониёнро ғофилгир кардаанд. Ин бор ҳам ин иттифоқ уфтод. Гордон Браун - раҳбари ҳизби ҳокими Коргар барои ҷилавгирӣ аз бохти қудрат эълом кард, ки ҳозир аст аз мақоми раҳбарии ҳизб ва нахуствазирӣ канорагирӣ кунад ва раванди ташкили як давлати эътилофӣ бо Ҳизби Либерол-Демукротро ба фарҷом бирасонад. Яъне касе, ки ҳамакнун қудратро дар даст дорад, ҳозир аст қудратро канор бигзорад, то ҳизби худашро дар сари қудрат ҳифз кунад. Чунин рӯйкард ба масъала танҳо дар кишварҳое иттифоқ меуфтад, ки ба дарки аҳамияти созмон ё ҳизби худ расида бошанд ва иттиҳодро рамзи пирӯзӣ бидонанд ва дарёфта бошанд, ки ҳадафи онҳо нишастан бар курсии нахуствазирӣ нест, балки нишондани андешаашон бар курсии қудрат аст.

Дар ҷомеъаҳои вопасмондае чун ҷомеъаи мо андешаи ҳизбҳо маъмулан нақши чандоне надорад; чи басо ин ки аслан равшан набошад, ки барномаи интихоботии як ҳизб дақиқан чи бандҳои муҳимме дорад ва кадом як аз онҳо барои ҷомеъаи гирифтор роҳкорҳоеро тадорук дидааст. Оё ҳаргиз мешавад тасаввур кард, ки масалан, натиҷаи интихоботро дар Тоҷикистон дақиқу бе дахлу харҷ эълом кунанд ва дар сурати эҳтимоли бурузи як “порлумони овангон”, ки аксарияте надорад, раҳбари давлат эъломи истеъфо кунад, то ҳизби ҳоким бо эҷоди як эътилоф бо ҳизбе дигар сари қудрат боқӣ бимонад? Мо қасд надорем афсонанигорӣ кунем. Фақат мехостем дақиқан бигӯем, ки дар Бритониё чи иттифоқе уфтод. Раҳбари ҳукумати Бритониё собит кард, ки мисли раҳбарони Осиёи Миёна канавор ба мақому курсиаш намечаспад ва ҳар замон манофеъи ҳизбиаш тақозо кунад, канор меравад.

Бигзарем аз ин ки ин раванд то чи андоза демукротик ва баёнгари назароту хостаҳои мардум аст. Чун бархе ин иттиҳоди тозаро “эътилофи бозандагони як мусобиқа” унвон кардаанд. Он чи барои мо муҳимму омӯзанда аст, пеш аз ҳама шаффофияту садоқати интихобот ва сониян, омодагии нахуствазир ба канорагирӣ аз мақомаш аст. Гордон Браун бо хифзи ҳайсияту эътибораш, бидуни ин ки базӯр ронда шавад, канор рафт ва пеш аз ин ки биравад, барои ҳизби худ фасли тозаеро гушуд.

Бритониё як салтанати машрутаи порлумонист. Аммо интихобот дар ин кишвар бар мабнои усули мардумсолорӣ баргузор мешавад ва имкони тақаллуб дар раъйҳои мардум вуҷуд надорад. Ин сомона (система), ки дар тӯли садаҳо шакл гирифта, суботи сиёсии кишварро таъмин кардааст. Аз ин ҷост, ки дар ин бахш аз курраи хокӣ хабаре аз ошӯбҳои сиёсӣ нест. Давлатҳо меоянду мераванд ва ҳеч кадом табдил ба кана намешаванд.

Албатта, сомонаи интихоботии ҳатто инҷо беъайбу комил нест. Ҳамин ки эҳтимол дорад нахуствазири дигаре бидуни раъйи мустақими мардум сари қудрат биёяд, суолҳоеро матраҳ кардааст. Аммо ба ҳар рӯй, нахуствазире, ки баргузида мешавад, дар натиҷаи ташкили аксарият аз роҳи эътилофи ду ҳизби мунтахаб рӯи кор меояд. Бад-ин гуна заминае барои нохушнудиҳои фурӯкуфтаи сиёсӣ фароҳам намешавад. Ҳамон нохушнудиҳои фурӯкубида аст, ки пояҳои давлатҳоро сусту мутазалзил мекунад. Дар воқеъ, худи давлатҳои “кана” ҳастанд, ки гӯри худро ба дасти худ мекананд.

Муҳйиддин Кабирй, ки ба унвони нозири интихоботӣ ба Ландан омада буд, мушоҳидоти ҷолибе дорад. Аз ҷумла мегӯяд, ки истилоҳи “нозирони ҳизбӣ” барои мутасаддиёни интихоботи Бритониё як мафҳуми гунг аст. Мегӯяд, инҳо ҳатто намефаҳмиданд, ки манзури мо аз “нозирони ҳизбӣ” чист. Вақте ки барояшон тавзеҳ доданд, ки дар кишварҳои камбахттар нозирон аз ҳизбҳои мухталиф мувозибанд, ки дар интихобот тавассути ҳизби ҳоким тақаллубе сурат нагирад, масъулони интихоботии Бритониё сар такон доданду гуфтанд, ки тақаллуби раъйи мардум номумкин аст, яъне шуданӣ нест.

Ҷолиб аст, ки фарҳангҳои сиёсӣ дар кишварҳои мухталиф истилоҳотеро падид меоваранд ва истилоҳоте дигарро нопадид мекунанд. Ҳамин Бритониё ҳам дар гузашта бо ҳокимони “канагуна” дасту панҷа нарм мекард. Ҳокимоне, ки раъйи мардумро медуздиданду то бениҳоят ба сарири қудрат такя медоданду ситам мекарданд. Аммо акнун ин мардум аз тасаввури тақаллуби раъйи мардум оҷизанд ва фикр мекунанд, ки мо дар бораи қарнҳои миёна суҳбат мекунем.

Бегумон, давраи “қарнҳои миёна” барои кишварҳои камбахттар ҳам сипарӣ хохад шуд, бо давлатҳои канагунаашон.

10.05.2010

Wednesday, April 21, 2010

About a Broken Idol

Андар як бути шикаста

Агар буд, имрӯз 140-сола мешуд. Шояд касе ин қадр умр накарда бошад, аммо ӯ умре бас тӯлонӣ хоҳад дошт ва пас аз ин ҳам афроде хоҳанд омаду хоҳанд гуфт, ки “агар буд, 150, 160, 170..., 200-сола мешуд».

Чун Ленин аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки умри сиёсии бас тӯлонӣ доранд. Андешаи батнии ӯ андешаи ҳамешагии башарият аст: эгалитарианизм ё баробархоҳӣ аз замони Маздаки эронӣ то Ленин зинда буд ва пас ӯ ҳам зинда хоҳад монд.

Албатта, бисёре аз пешомадони ӯ бо такя бар диёнати масеҳӣ парчами баробархоҳиро барафроштанд. Решаи андешаҳои онҳоро ҳам гар биҷӯӣ, ба жарфои торихи Ховарзамин меравад. Чун диёнати масеҳӣ худ реша дар Ховарзамин дорад. Ҷон Виклиф (1320-1384) ва кашиш Ҷон Боли инглисӣ (1338-1381) Йон Ҳуси чек (1369 – 1415), Тумос Мунтзери олмонӣ (1488-1525), Тумос Мури инглисӣ (1478 – 1535), Шорл Фурйер (1772-1837) ва Пйер-Жузеф Прудҳуни фаронсавӣ (1809-1865), Роберт Овени велсӣ (1771-1858) ҳама ва ҳама аз пешомадони Морксу Энгелси олмонӣ буданд, ки мактаби Ленинро поягузорӣ карданд. Албатта, ҳар андешапардозе андешае навинро вориди ин мактаб кард ва бар маркаби баробархоҳӣ савор шуд ва то навбат ба Ленин расид, ин маркаб рикобдорони бешуморе дошт ва Ленин ҳам бар шигирду шеваҳои маркабсаворӣ дар ин мактаб афзуд.

Ленин, ба ростӣ, андешаи тозаеро матраҳ накард, балки хиштҳоеро бар биное куҳан афзуд. Маздаки худи мо ҳам, ки дар ҳаволии соли 524 тавассути салтанати Сосонии мо кушта шуд, хостори ҷомеъае буд, ки Ленин дар мағзи ноби худ мепарварид. Фирдавсӣ ба ёди омӯзаҳои Маздак навишта буд:

Ҳамегуфт ҳар к-ӯ тавонгар бувад
Тиҳидаст бо ӯ баробар бувад
Набояд, ки бошад касе барфузуд
Тавонгар бувад тору дарвеш пуд
Ҷаҳон рост бояд, ки бошад ба чиз
Фузунӣ тавонгар чаро ҷуст низ
Зану хонаву чиз бахшиданист
Тиҳидаст кас бо тавонгар якест
Ман инро кунам рост бо дини пок
Шавад вежа пайдо баланд аз мағок

Яъне, оре, косаи даври замон мечархад ва то ба нуқтае мерасад, дубора мечархад. Ва аммо ҳар даври тозаи ин косаи давр чархише тоза дорад; бо шеваю шигирдҳои тозаи чархидан. Пас набоист, ки кумунизмро вижаи Влодимир Илйич Ленин бидонем, ҳарчанд Ленин буд, ки “communism”-ро бо ҳамин ном ба ҷаҳониён ошно кард. Ва аммо боз ҳам ӯ набуд, ки ин вожаро сикка зад. Пеш аз ӯ ҳам Эттиен Кабэ, файласуфи хаёлпарвар (утупист)-и фаронсавӣ (1788-1856), вожаи “кумунизм” (communisme)-ро ба кор бурда буд.

Ҳеч хиште бар ҳаво устувор нашуда ва ба ҳамин минвол, ҳеч андешае дар фазо шакл нагирифтааст. Ҳар чи мо имрӯз дорем, пешомаде дорад, ки дар гузашта, шояд гузаштаи дур, фурӯ нуҳуфтааст. Бад нест бидонем, ки кумунизми Ленин ҳам барои мо, тоҷиконе, ки дам аз ориёӣ будан мезанем, бегона набудааст. Дар воқеъ, метавон иддаъо кард, ки Ленини рус як андешаи тоҷикӣ (ориёӣ)-ро пай гирифта ва ба ҷое расондааст.

Албатта, ин ҳам барои доноёни амр пинҳон нест, ки он чи Ленин мехост, бо он чи дар Иттиҳоди Шӯравӣ шакл гирифт, тафовут дошт. Ленин тайи ду соли охири зиндагиаш тавоноии сухан гуфтанро надошт, чи бирасад ба тавоноии идораи бозмондаи импротурии Русия, ки аз Бухоро то он сӯи Укроин доман афрохта буд. Дар ҳоле ки шолудаи Шӯравӣ дар ҳамон солҳо шакл гирифт. Пас Ленин набуд, ки Самарқанду Бухороро аз мо дареғ дошт.

Ленин ҳаргиз дар ҳеч ҷое изҳори тамоюл накарда буд, ки забонҳои маҳаллӣ ба фаромӯшӣ супурда шаванд, ҳарчанд саромадони андешаи “кумунизм”, ба монанди Шорл Фурйер ва Пйер-Жузеф Прудҳун мавҷудияти танҳо як забонро дар низоми кумунистӣ пазируфта медонистанд. Столин, халафи Ленин, ба ин ақида бештар муътақид буд ва талоши фаровон кард, то ҳамаи забонҳои шӯравӣ шикаст дар баробари забони русиро бипазиранд ва канор бираванд, ки чунин нашуд. Забонҳои решадоре чун забони порсӣ бо чангу дандон муқовимат карданд ва импротурии сурхро ба гӯраш гусел карданду зинда монданд.

Аммо дар солрӯзи зоиши Ленин шоиста аст, ки ҳам аз кӯтоҳиҳо ва ҳам аз баландои парвозаш ёд кунем. Кӯтоҳии диди ӯ шояд табиъӣ буд. Диди башарӣ аз фаро гирифтани кулли тайфи фарҳангию иҷтимоъию иқтисодии густарае фарох чун Иттиҳоди Шӯравии пешин оҷиз аст. Бавижа агар сатҳи пешрафти иқтисодии ҷомеъа аз вопасмондагии Аморати Бухоро то ба тараққии санъатии Урупои Шарқӣ доман бикашад. Фалсафаи Ленин, ки бо вуҷуди нияти нек бар пояи судҷӯии шарри нафсонӣ устувор буд, саранҷом ба нокуҷообод расид ва ноком монд. Аммо он чи аз ӯ монд, ба эҳтимоли қариб ба яқин, хостаи ниҳоии ӯ набуд.

Ленин пайравони нохалафе дошт, ки посдори осори маънавию бозмондаи моддии тафаккуроташ набуданд. Як мушт судхор, ки ба хаёли судҷӯӣ аз султаи андешае тоза он андешаро пазируфтанд ва чун аз дарки он андеша фарсангҳо фосила доштанд, саранҷом онро нагуну вожгун карданд. Онон имрӯз ҳам бар эрикаи қудрат такя задаанд, аммо Ҳизби Кумунисти лениниро пушти по задаанд, то ҳизбҳои ба ном демукроту халқи демукротро бино ниҳанд. Аз ормону омоли ленинӣ ному нишоне нест, ва аз пайкори ӯ ҳам. Он чи ҳаст, як мушт халафи нохалафи идеулужик аст, ки андешаи Ленинро ба пашизе фурӯхтаанд, то сарири қудрат аз кафашон дар наравад. Ленин, агар зинда буд, ҳафт пушти ин афродро ба Сибир табъид мекард.

Зуҳур ва суқути Ленин ба масобаи зуҳуру суқути як импротурӣ буд. Импротурии андешае, ки мехост бо дасти зӯр баробариро бар ҷомеъа таҳмил кунад, аммо хаёлӣ ва ғайриъамалӣ аз кор даромад. Вале шикасти ин андеша далел ба дурустии фалсафаи сармоядорӣ намешавад, ба вижа пас аз буҳрони молии 2008, ки шиканандагии иқтисодии ин низомро барҷаста кард. Ленин ҳар касу ҳар чизе, ки буд, торихсоз буд ва номе ҷовидона дар торих.

Thursday, April 08, 2010

Ban Ki-moon by Jeyhun

Гузори Бон Ки-Мун аз канори Ҷайҳун

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

06/04/2010

Бон Ки-Мун сафараш ба “минтақаи ҳазорон савдо”-ро ба зудиҳо аз ёд нахоҳад бурд. Ҳанӯз ҷомадони сафарашро набаста, аз Эътилофи Мудофеъони Ҳуқуқи Башари Узбакистон паёме дарёфт кард, ки хушбинона аз ӯ мехостанд дар ҷараёни дидораш аз Тошканд мақомоти узбакро бо иттиҳоми иртикоби ҷиноятҳо алайҳи башарият ба додгоҳи Лоҳа (Гаага) гусел кунад.

То по ба хоки Бишкек гузошт, бахшҳое аз Қирғизистонро мавҷи эътирозот дарнавардидан гирифт. Замоне ки дар Тоҷикистон мекӯшид кӯргиреҳи равобити Душанбе-Тошкандро боз кунад, муътаризони қирғиз дар минтақаи Талас чумоқ (калтак)-у гози ашковар мехурданд. Шавқи як “инқилоби рангӣ”-и дигар дар бархе гул карда буд ва ҳирсу ози қудрат - дар вуҷуди афроде, ки дирӯз савор бар як чунин мавҷе рӯи кор омада буданд. Бон Ки-Мун, ки аз сарзамини хирадпарвари Куре (Корея) меояд, дар Осиёи Миёна як намуна аз таъсироти вайронгари қудратмадориро бо ду чашми сар диду дар аҷаб монд. Дар воқеъ, дар аҷаб рафт.

Ва дар ҳассостарин кишвари минтақа – Афғонистон деви қаҳри Ҳомид Карзай бедор шуда буд. Раҳбари собиқан мулоиму муътадили афғон таҳдид мекард, ки агар бештар аз ин озораш диҳанд, ба ҷунбиши Толибон хоҳад пайваст. Ҳамон ҷунбише, ки Омрико бисоташро барчида ба ҷои он хаймаи Карзайро паҳн карда буд, имрӯз муттаҳиди билқувваи ин оқост, ки зоҳиран бо ин найранг мехоҳад ҳам пойгоҳи иҷтимоъиаш дар миёни паштунҳоро устувортар кунад, ҳам аз омрикоиҳо бож биситонад. Найрангест бас зариф, аммо дар сурати нокомӣ сар ба бод хоҳад бурд. Аз сӯи дигар, бадгумонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди дурустии интихоби дубораи ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ аз байн нахоҳад рафт ва аломати суоли бузурге бар сари машрӯъияташ овезон хоҳад монд. Аммо мавзӯъи машрӯъият камтар раисҷумҳуреро дар минтақаи мо нигарон кардааст ва ин мавридест, ки Бон Ки-Мун зоҳиран хуб медонад.

Кӯтоҳсухан, дабири кулли Созмони Милал ҳар ҷо мерафт, дам аз зарурати суботу ҳалли муноқишот аз роҳи гуфтугӯ мезад, аммо шоҳиди бурузи навъе ҳарҷу марҷ дар минтақа буд, ки дар ҳоли шиддат гирифтан аст.

Аз гузориши расмии Созмони Милал чунин бармеояд, ки ихтилофи Тоҷикистону Узбакистон бар сари нерӯгоҳи Роғун аз далоили аслии сафари оқои Бон ба минтақа буд. Дабири кул муътақид аст, ки агар ҷилави ин мушкилро имрӯз нагирем, фардо дер хоҳад шуд. Ин ҷумла гӯёи умқи нигаронии дабири кул аст, ки дар ҷараёни дидораш бо мақомоти ҳар ду кишвар баён шуд.

Аммо он чи бояд барои мо нигаронкунанда бошад, ин аст, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон натавонистанд дабири кулли Созмони Милалро ба чарандию беҳудагии иддаъоҳои Узбакистон дар бораи асароти сохтмони нерӯгоҳи Роғун мутақоъид кунанд. Натавонистанд тафҳим кунанд, ки агар Узбакистон воқеъан рост мегӯяд ва нигарони паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи Роғун аст, чаро он танҳо кишвари минтақа аст, ки масъули умдаи нобудии дарёи Орол ба шумор меояд. Чи гуна 70 дарсади оби ин дарё бухор шуду ба ҳаво рафт? Магар ҳамин сомона (систем)-и дарёдаркаши обёрии заминҳои васеъи Узбакистон набуд, ки Оролро ба гавдол (чуқурӣ) табдил дод? Ва оё пас аз он фоҷеъа метавон бовар кард, ки раҳбарии узбак кӯчактарин дарку тасаввур ё парвое аз муҳити зист дорад?

Албатта, вазири хориҷа талош мекард, чизҳое ба монанди инро ба дабири кул гӯшрас кунад. Аммо наҳваи баёни лакнатбори ӯ ва мантиқи пӯшида дар ҳиҷоби суханоне пуртумтароқу печида мафҳумро номафҳум карда буд. Аз ҷумла намедонам, ки бардошти дабири кулли Созмони Милал аз ин ҷумлаи оқои Зарифӣ чӣ буд ва нони мутарҷимаш ҳалол бод (!):

“Ин коршиносон дар таъмин намудани муваффақияти корҳои сохтмонӣ, ки дар Роғун анҷом дода мешавад, бо стандартҳои байналмилалӣ, сифат ва таҷрибае, ки дар сохтмон ба кор бурда мешавад, ҳамчунин амалӣ намудани ҳамоҳангии байни корҳои сохтмонӣ ва таҳқиқотҳои техникӣ тавассути ба назар гирифтани хулосаҳову натиҷаҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва анҷом додани ҳар яке аз ин марҳилаҳо (-и) сохтмон корҳо ба анҷом расонда хоҳад шуд.”

Шояд мутарҷим ҳам дар расондани матлаб оҷиз монда буд, ки дабири кулли Созмони Милал ба баҳонаи тангии фурсат барномаи дидор аз рӯди Вахшу тарҳи Роғунро лағв кард. Албатта, ҳар диплумоти дигар ҳам ки худро бетараф ҷилва медиҳад, по ба Роғун намегузошт. Бетарафӣ барои диплумотҳо ба масобаи бешарафӣ нест, балки айни шараф аст.

Аммо ба ҳар рӯй, аз суҳбатҳои Бон Ки-Мун чунин бардоште ҳосил мешуд, ки ин оқо бо азоби алими бебарқии Тоҷикистон дар фасли сармо ошно нашуда ва барояш ба дурустӣ нафаҳмондаанд, ки Узбакистон дар сардтарин рӯзҳои сол табдил ба қассобе мешаваду ҷараёни барқро қатъ мекунад, то кӯдакону солмандони мо аз сармо бимиранд ва зиндагӣ бозистад. Танҳо сарвате, ки Тоҷикистонро метавонад аз хоки тангдастӣ бардорад, ҳамин обаш аст. Мавқеъияти иқтисодии ду кишвар тафовутҳои фаровоне дорад ва аз рӯи инсоф нест, ки ин фишанги фишор дар дасти Узбакистон боқӣ бимонад... Танҳо паёми оқои Бон ин буд, ки то анҷоми арзёбии фаннии Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистону Узбакистон бояд аз ҳар навъ иқдоми яктарафа даст нигаҳ доранд.

Хушбахтона, дабири кул яке аз мавридҳои истифода аз фишанги фишор тавассути Узбакистонро нодида нагирифт ва аз Тошканд тақозо кард, ки садҳо вогуни ҳомили маводду масолеҳу сӯхтро раҳо кунад, то аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон вориди Тоҷикистон шаванд. Марги садҳо шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистону Узбакистон бар асари исобат бо минҳои узбакӣ дар имтидоди марз низ дабири кулли Созмони Милалро дилреш кард ва ӯ ин таҷрубаи ғайриинсониро “ғайри қобили қабул” донист.

Оқои Бон таи дидораш аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз давлатҳои худкома хост, ки ҳуқуқи башар ва додгариро риъоят кунанд, паймонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башарро, ки зерашон имзо кардаанд, арҷ бигзоранд, протоколи ихтиёрии паймони зидди шиканҷаро тасвиб кунанд, бо Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женев ҳамкорӣ кунанд ва аз ҷумла иҷоза диҳанд, ки коршиносони мустақилли он аз кишварҳои минтақа боздид кунанд. Мақомоти ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна сар такон доданд. Сарҳо ҳамчунон такон мехуранду аробаи демукросимон на.

Friday, January 29, 2010

Digital Battle

Пайкори диҷитол

به دبيرۀ پارسی

Рӯзе, ки дастгоҳи ОйПад (iPad) рӯнамоӣ шуд, аз дӯсте шунидам, ки мегуфт: “Хуб шуд шитоб накардам ва Киндел нахаридам. ОйПад бо имконоти бештару беҳтар вориди бозор шуда.”

Киндел (Kindle) номи китобхони диҷитол (рақамӣ)-и ширкати Омозун (Amazon) аст, ки дуруст ду сол пеш, дар моҳи январи 2008, вориди бозор шуд. ОйПад мушобеҳи мудернтари Киндел аст, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, 27 январ, ҷаласаи рӯнамоии он дар шаҳри Сан Фронсискуи Омрико шефтагони фанноварии навинро ба шаъаф овард.

Монандии Киндел ва ОйПад дар ҳамон китобхонии диҷитол хулоса мешавад. Ширкати Апел (Apple) талош кардааст имконоти бештареро ба дастгоҳи ҷадидаш биафзояд; ба монанди гаштугузор дар паҳнаи маҷозӣ (Интернет), дарёфт ва ирсоли паёмҳои электруникӣ ва аксу видеу, мусиқӣ ва бозиҳои роёнаӣ. ОйПад намое ҷаззобтар дорад, борику сабук аст ва аз зарфияте бештар аз ҳофизаи Киндел бархурдор аст. Ба гуфтаи Стив Ҷобз (Steve Jobs), раиси ширкати Апел, дастгоҳи ОйПад халаеро, ки миёни телефуни ҳушманд ва лаптоп (ноутбук) вуҷуд дошт, пур кардааст.

Аз ҳамин ҳоло бархе аз коршиносон даромади газоферо барои ширкати Апел пешгӯӣ кардаанд. Мойк Обромскӣ (Mike Abramsky), аз коршиносони умури бозаргонии Омрико, ҳадс мезанад, ки мизони фурӯши ОйПад дар як соли нахуст панҷ милюн адад хоҳад буд. Қимати дастгоҳи ОйПад дар ҳоли ҳозир марбут ба зарфияти ҳофизаи он аст ва аз 499 то 699 дулор аст.

Ширкати Апел нармафзорҳои вижаи худро савори ин дастгоҳ кардааст. Барои гӯш додан ба мусиқӣ бояд вориди кулексиюни мусиқии ОйТйун (iTune) шуд; барои хондани китобҳо китобфурӯшии диҷитоли ОйБукз (iBooks) таъсис шуда ва барои анҷоми корҳои идорию муҳосиботӣ мешавад нармафзори ОйВурк (iWork)-ро пиёда кард. Дар китобхонаи ОйПад китобҳое ёфт мешаванд, ки тавассути чаҳор интишороти умдаи Омрико мунташир шудаанд ва тарафи қарордоди ширкати Апел ҳастанд.

Ва аммо ОйПад бо ин ҳама имконот мунтақидони парупоқурсе ҳам дорад, ки ҳам номи дастгоҳро (ба далели маъниҳои мухталифе, ки дар забони инглисӣ дорад) ба сухра кашидаанд ва ҳам тавоноиҳои ин дастгоҳро. Ва гӯё азмашон росих аст, ки умеди ширкати Апелро ба яъс мубаддал кунанд. Афзун бар ин, ширкати жопунии Фуҷитсу (Fujitsu) муддаъӣ шудааст, ки дар соли 2002 дастгоҳеро бо ҳамин ном (ОйПад) тавлид карда буд ва молики ин ном онҳо ҳастанд.

Аммо аз ҷумлаи эродҳое, ки аз дастгоҳи ҷадиди Апел гирифта шуда, яке ин аст, ки дар ОйПад намешавад нармафзори Adobe Flash-ро ба кор гирифт, дар ҳоле ки бисёре аз наворҳои видеуӣ бо истифода аз ҳамин нармафзор пахш мешавад.

Ва ин воқеъият, ки дастгоҳи ОйПад дурбини аккосию филмбардорӣ надорад, аз нигоҳи мунтақидон, бар нуқоти заъфи ин дастгоҳ меафзояд. Дигар ин ки корти ҳофиза ё SIM-card-и ОйПад худвижа аст, бо ин ки андозаи дастгоҳ ба ҳадде бузург ҳаст, ки гунҷоиши корти ҳофизаи маъмулиро дошта бошад.

Вобастагии ОйПад ба ОйТйун барои пахши мусиқӣ ҳам аз ҷумлаи нуқоти заъфи дастгоҳ арзёбӣ мешавад. Масалан, агар шумо бихоҳед як оҳангро аз пойгоҳе дигар пахш кунед, муяссар нест. Мунтақидон ботрӣ (батарей)-и мунҳасир ба фарди ОйПад, бо қудрати даҳ соъат пахши паиҳам ва сафҳаи ҳассоси қодир ба ташхиси чанд ламс дар они воҳидро аз ҷумлаи нуқоти қуввати ОйПад медонанд. Аммо боз ҳам меафзоянд, ки сафҳаи ОйФун (iPhone) ҳам тавоноии ташхиси чанд ламс дар они воҳидро дорад ва ин мушаххаса дигар шигифтангез нест.

ОйПад ба унвони як китобхони диҷитол ҳам зери заррабин рафта ва ба бовари бархе аз донандагони фан, аз салафи худ - Киндел пешӣ нагирифтааст.

Бархе мегӯянд, ки ОйПад метавонад муштариёни вафодори худро пайдо кунад, аммо ба унвони як китобхони диҷитол Киндел аз вижагиҳои бартаре бархурдор аст. Тафовути умда миёни сафҳаҳои ду дастгоҳ аст. Сафҳаи намоиши ОйПад ҳамеша равшан аст ва нури он метавонад чашмони хонандаро зуд хаста кунад. Албатта, истифода аз як чунин дастгоҳе дар утоқе торик беҳтар аз Киндел аст, аммо дар соъоти рӯз истифода аз китобхони диҷитоли ОйПад метавонад тавонфарсо бошад. Дар ҳоле ки дастгоҳи Киндел худафрӯз нест ва аз ин лиҳоз ба сафҳаи рӯзнома ё китоб шабоҳати бештар дорад ва чашми хонандаро намеозорад.

Тафовути умдаи дигар дар китобфурӯшиҳои маҷозии ин дастгоҳҳост. ОйПад бойгонии қобили мулоҳизае аз китоб фароҳам овардааст, аммо шояд дар ҳоли ҳозир он бо бойгонии Омозун (Amazon) қобили муқоиса набошад. Омозун дар арзаи китоб бамаротиб озмудатар аз ширкати Апел аст. Афзун бар ин, истифода аз китобфурӯшии ОйПад дар ҳоли ҳозир ҳаққи инҳисории афроди муқими Омрикост ва ба дигар кишварҳои ҷаҳон таъмим наёфтааст. Албатта, пас аз моҳи март, ки дастгоҳи ОйПад вориди кишварҳои дигар ҳам шуд, шояд ин маҳдудият лағв шавад.

Ба ҳар рӯй, ОйПад ҳанӯз бисёр ҷавон аст ва сарнавишти он қобили пешгӯӣ нест.

Гузориши тасвирӣ:

Monday, September 07, 2009

The Way to Paradise

Рохи бихишт

Поулу Куэлйу (Paulo Coelho)

(аз номаи як дуст)

Марде бо аспу сагаш дар чоддае рох мерафтанд. Хангоми убур аз канори дарахти азиме соъикае фуруд омаду онхоро кушт. Аммо мард нафахмид, ки дигар ин дунёро тарк кардааст ва хамчунон бо ду чонвараш пеш рафт. Гохе муддатхо тул мекашад, то мурдахо ба шароити чадиди худашон пай бибаранд.

Пиёдарави дарозе буд. Теппаи баланде буд. Офтоби тунде буд. Арак мерехтанду ба шиддат ташна буданд. Дар як печи чодда дарвозаи тамом-мармарии азиме диданд, ки ба майдоне бо сангфарши тило боз мешуд ва дар васати он чашмае буд, ки оби зулоле аз он чорй буд. Рахгузар ру ба марди дарвозабон карду гуфт:

- Руз ба хайр. Ин чо кучост, ки ин кадр кашанг аст?

Дарвозабон:

- Руз ба хайр. Ин чо бихишт аст.

- Чи хуб, ки ба бихишт расидем. Хеле ташнаам.

Дарвозабон ба чашма ишора карду гуфт:

- Метавонед ворид шавед ва хар чи кадр дилатон мехохад, бинушед.

- Аспу сагам хам ташнаанд.

Нигахбон:

- Вокеъан мутаассифам. Вуруди хайвонот ба бихишт мамнуъ аст.

Мард хеле ноумед шуд, чун хеле ташна буд. Аммо хозир набуд танхойи об бинушад. Аз нигахбон ташаккур кард ва ба рохаш идома дод. Пас аз ин ки муддати дарозе аз теппа боло рафтанд, ба мазраъа (полиз)-е расиданд. Рохи вуруд ба ин мазраъа дарвозае кадимй буд, ки ба як чоддаи хокй бо дарахтоне дар ду тарафаш боз мешуд. Марде дар зери сояи дарахтхо дароз кашида буд ва сураташро бо кулохе пушонда буд. Эхтимолан хобида буд.

Мусофир гуфт:

- Руз ба хайр!

Мард бо сараш чавоб дод.

- Мо хеле ташнаем. Ман, аспам ва сагам.

Мард ба чое ишора карду гуфт:

- Миёни он сангхо чашмае хаст. Хар кадр ки мехохед, бинушед.

Мард, асп ва саг ба канори чашма рафтанд ва ташнагишонро фуру нишонданд.

Мусофир аз мард ташаккуо кард. Мард гуфт:

- Хар вакт ки дуст доштед, метавонед баргардед.

Мусофир пурсид:

- Факат мехохам бидонам номи ин чо чист?

- Бихишт.

- Бихишт? Аммо нигахбони дарвозаи мармарй хам гуфт, ки он чо бихишт аст!

- Он чо бихишт нест. Дузах аст.

Мусофир хайрон монд.

- Бояд чилави дигаронро бигиред, то аз номи шумо истифода накунанд! Ин иттилоъоти галат боъиси сардаргумии зиёде мешавад!

- Комилан баръакс. Дар хакикат, лутфи бузурге ба мо мекунанд. Чун тамоми онхое, ки хозиранд бехтарин дустонашонро тарк кунанд, хамон чо мемонанд...

Sunday, September 06, 2009

It’s Only Sound that Remains

Танхо садост, ки мемонад

Шабакаи чахоруми телевизюни Бритониё имшаб даххо хазор тан аз бинандагонашро ба хашт сол пеш бурд: ба даруни хаводиси дилхароше, ки дар остонаи хаштумин солрузаш хастем; хаводисе, ки дунёи моро дигаргун кард ва бахшхои бузурге аз накшаи заминро бо ранги сурхи таъассубу хун даромехт.

11 септомбр хамеша бо намоди фуру рехтани ду бурчи гулосо дар калби Нйу Йурк дар зехнхо тадоъй мешавад ва хар он чизе, ки дар паи он рузи шум берун аз ин сохтмонхо рух дод. Аммо хастанд касоне, ки он рузро пеш аз хама бо иттифокхои дардноки даруни он сохтмонхо ба ёд меоваранд. Барномаи имшаб аз чашми хамин афрод ба он руз нигох мекард; одамоне, ки азизонашон чилави чашми чахониён чон медоданд, аммо аз дасти онхо коре сохта набуд.

Яке 130 мил дуртар аз махалли ходиса богдорй мекард, ки духтари махбубаш Мелисо аз даруни оташу дуди сохтмони бурчи шимолй занг заду хабари ба бурч хурдани хавопайморо дод. Падар намедонист чи кор кунаду чи бигуяд, чуз ин ки аз духтараш бихохад, ки аз хар рохи мумкин худро аз сохтмон берун бикашад. Гофил аз ин ки овори табакахои болойи рохи хуручро барои духтараш ва садхо тани дигар бастааст.

Модаре аз сайри бомдодй баргашту паёми телефунии писари азизашро аз бурчи шимолй дарёфт кард, ки аз модар мехост нигаронаш набошад. Модар ба дастури шавхараш телевизюнро равшан накард ва зери сояи дарахте нишаст, то хабари шуми фуру рехтани сохтмонро аз духтараш бишнавад ва аз худ садое дарбиоварад, ки ба кавли худаш, харгиз нашунида буд ва мегуяд, шояд он садо бугзи шикастаи хамаи дарддидагони чахон буд.

Ба ёди гузорише уфтодам, ки чанд руз пас аз вукуъи ходиса барои Би-Би-Си тахия карда будам: садохои телефунии бозмонда аз курбониёни сукути бурчхои дукулу. Он замон панч-шаш паёми телефунй бештар надоштем. Аммо бархе аз садохои барномаи имшаб нахустин бор буд, ки барои чахониён пахш мешуд ва 11 септомбрро аз чашми шохидони айнии рафтаи он тасвир мекард.

Нуктаи иштироки хамаи ин паёмакхо як чумла буд: «Дустат дорам». Хамаи онхо бидуни истисно бо огохй ё хадс аз марге, ки сурогашон омадааст, ба азизонашон занг мезаданду батакрор ин чумларо такрор мекарданд. Дар бештари маворид он суи хат касе набуд ва паёмхо руи паёмгирхо забт мешуд: «Занг задам, ки бигуям чи кадр дустат дорам ва хамеша дустат доштам. Мувозиби бачаамон бош»; «Бобо, намедонам чи ба сари мо хохад омад. Факат хостам мутмаин бошй, ки духтарат хеле дустат дорад.»

Падаре, ки паёми охирро аз духтараш дарёфт карда буд, бо ашк дар чашмонаш мегуяд: «Мехохам хар чи зудтар Мелисоро дубора бибинам. Барояш гуфтанихои зиёде дорам.»

Бародари Мелисо мегуяд, ки пас аз марги фачеъи у падари дарунгарову сахтгираш мехрубонтар шуда ва ба таври бесобика ба наздиконаш изхори алокаву мухаббат мекунад. Хатман дарёфта, ки умр метавонад чи кадр кутох бошад ва танхо накуию некист, ки мемонад.

Бардоште хам ки аз тамошои ин мустанади баланд дар зехнхо русуб мекунад, хамин аст: умр арзиши ин хама дагдагаро надорад. Нихояти он хомушист. Ва танхо садост, ки мемонад. Пас хуб аст садои накуеро аз худ ба чо бигзорем.

Friday, August 28, 2009

Tashqurqan Tajik Aptonom Nahiyisi

Нохияи Худмухтори Точики Тошкургон

Дар замони шуравй мо маънии «нохудогохй»-ро ламс кардем. Ва чунон ин мафхуми зиштро пармосидем, ки олудагии он то кунун аз зехну вучуди мо дур намешавад. Ба андозае чашму-гуш-баста будем, ки барои мо шигифтй дошт, вакте огох шудем, ки порсигуёни Афгонистон худро «афгон» намедонанд, балки бо ифтихор номи «точик»-ро ядак мекашанд.

То ин хакикатро фаро гирифтем, бо хакикате дигар рубару шудем, ки дар Чин хам хамкавмоне дорем, ки дар миёни он хама аквоми яъчучу маъчуч хувияти эронии худро хифз кардаанд ва (чи ачаб!) то кунун худро «точик» медонанд.

Хануз ба гувориш (хазм)-и ин хакикат даст наёфта будем, ки дарёфтем дар хамон кишвари Чин минтакае хаст, ки расман бо номи кавми мо шинохта мешавад: «Нохияи Худмухтори Точики Тошкургон» (تاشقۇرقان تاجىك ئاپتونوم ناھىيىسى‎, Tashqurqan Tajik Aptonom Nahiyisi). Ин нохия дар бохтар (гарб)-и Туркистони Шаркй (Синчиёнг) вокеъ аст ва худуди 28 хазор чамъият дорад, ки бештарашон точиканд ва ба гуиши сарикулй такаллум мекунанд. Яке аз ду забони расмии Туркистони Шаркй (ки ба забони чинй мешавад Синчиёнг ё «марзхои нав») уйгурист. Ин нохияи точик соли 1954 ба унвони бахше аз минтакаи Кошгари Туркистони Шаркй таъсис шуд.

Туркистони Шаркй аз лихози таркиби кавмй дар Чин ягона аст. Дар ин сомон беш аз 40 кавми гуногун бо русуму ойинхои вижаи худ ба сар мебаранд, ки яке аз онхо точикон ё эрониёнанд.

Ин нукта хам барои мо тозагй дошт, ки истилохи расмии «забони точикй» дар Чин аз истилохе, ки Шуравй барои мо сохт, мутафовит аст. «Забони точикй»-и мо хамон забони порсист, бо дасткорихои вайронгари шуравй. Аммо барои як чинй «забони точикй» гуиши сарикулист, ки аз чумлаи гуишхои помирй аз шохаи забонхои эронии шаркист. Барои дарки наздикии ин гуиш бо забонхои бадахшии Точикистон ба чанд намуна таваччух кунед:

Вожаи «писар» дар гуиши шугнй “puts” ва дар сарикулй «pɯts» талаффуз мешавад. «Об» ба шугнй “xats” ва ба сарикулй хам «xats» аст. Талаффузи вожаи «даст» дар гуиши шугнй «ðust» ва дар сарикулй «ðɯst» аст. «Тsem»-и шугнй ба маънои «чашм» дар гуиши сарикулй хам «tsem» аст. «Гушт»-и порсй дар гуиши шугнй ба шакли «ɡuːxt» ва дар гуиши сарикулй «ɡɯxt» хичча мешавад. «Дур»-и порсй хам дар шугнй ва хам дар сарикулй ба шакли «ðar» омадааст.

Кутохсухан, шугнй ва сарикулиро ба андозае ба якдигар наздику хамонанд дарёфтам, ки мутмаиннам як точики чинй бо як точики Бадахшони Точикистон метавонанд бе душворй якдигарро бифахманд.

Аммо хакикате, ки ба ростй маро шефта кард, ин буд, ки хатто дар Чин эрониёне, ки дар баробари хушунати замонахо тоб овардаанд, хамчунон худро «точик» меноманд, ки барои аквоми туркзабони хамсоя, ба монанди уйгурхо мутародиф (синоним)-и вожаи «эронй» буд. Бо вучуди ин ки забони эронии онхо порсй нест, номи кавмашон акнун чи барои худи онхо ва чи барои бегонагон «точик» аст. Ин хакикат замоне магзи одамро бо чаккуш (болга) мекубад, ки килу колу сарусадои махалгароёни Точикистон гуши фалакро кар мекунад. Он азизони дуруфтода бо чи сарсахтй дар баробари аквоми турку чинй аз хувияти эронии худ мурокибат кардаанд, дар холе ки мо талош мекунем худамонро дар рустохоямон махсур кунем.

Чанд акс аз точикони Тошкургон:





Wednesday, July 08, 2009

The King of Pop Lives On

Султони поп зинда аст

به دبيره پارسی

Дируз тобути заррини сй хазор дулории Мойкл Чаксун (Michael Jackson) зери хок рафт. На зиндагии ин абармарди сахнаи хунар мутаъориф буд, на маргу хоксупории у.

Аммо карор нест Мойкл ба ин зудихо барои хаводоронаш бимирад. Дар ин рузхо метавон ба вузух дид, ки Султони поп султони калбхои бешуморе хам хаст. Дуруст мисли Элвис Преслй, ки сй сол пас аз даргузашташ афсонайи шуда ва хануз миёни хаводоронаш зинда аст.

Шабахи Чаксунро доранд дар гушаву канор мебинанд ва бовар намекунанд Султони поп рузи 25 жуан (июн)-и 2009 даргузашт ва дируз пайкари у дар Лус Ончелес дафн шуд. Намунахое аз ин пиндоштхоро метавон дар торнамои Youtube дид.

Ин хунари беназири уст, ки уро зинда нигох хохад дошт. Ба шеваи худаш мераксид, мехонд, менавохт ва мусикй месохт. Пуёйи дошт ва рухи хаводоронашро бо хунараш кабза мекард. У рузи 29 ут (август)-и соли 1958 дар хонаводае пурфарзанд ба дунё омад. Фарзанди хафтуми хонаводае тихидаст, аммо хунардусту мусикинавоз буд. Дар 11-солагй ба гурухи Jackson-5 пайваст ва дар 24-солагй ба унвони як такхон (солист) бо олбуми «Триллер»-аш ба авчи шухрат расид ва рекурди пурфуруштарин олбуми чахонро шикаст.

Мойкл Чаксун анбухе аз намодхо буд. Дар хамон авоили дахаи 1980-и мелодй буд, ки у ба унвони бартарин намоди мусикии поп ва нахустин хунарнамои сиёхи омрикойи шинохта шуд, ки кудрате азим дар шикастани клише (колиб)-хо дошт. То зухури Мойкл Чаксун дар арсаи хунар шабакахои телевизюнии мусикии маъруфе чун MTV аз пахши осори хонандагони сиёхпусти мусикии поп сар боз мезаданд. Аммо махбубияти фарогири Мойкл Чаксун ва фишори ширкати забти савти «Эпик» ин шабакаро водошт, ки сиёсати табъизи нажодиашро канор бигзорад. Пас аз муддате кутох махбубияти Мойкл бар шухрати ин шабакаи телевизюнй хам афзуд. Сипас MTV ба дигар овозхонони сиёхпусти мусикии поп хам руи хуш нишон дод ва акнун аз он табъизи носутуда хабаре нест.

Бад-ин гуна, Мойкл Чаксун барои афроди осебпазиру махрум ба намоди даст ёфтан ба номумкин табдил шуд.

Дар блуки Шарк Мойкл Чаксун намоди тамаддуни Гарб буд. Чавонони Шуравии он рузгор хозир буданд ба хар кимате наворхои кочокии уро бихаранд ва дуст доштанд ба шеваи Мойкл либос бипушанд. Дар вокеъ, ба гуфтаи Насруллохи Туйчизода, аз корбарони ЧадидОнлойн дар Точикистон, шалвори чин(с) ва нимтанахои кутоху танг бо вуруди садову симои Мойкл Чаксун ба Шуравй боб шуд. Вай мегуяд: Дар солхои шуравй, ки гуш додан ба охангхои гарбй мамнуъ буд, такрибан хамаи чавонони шахрй ба таври пинхонй охангхои Мойклро мешуниданд. Дар шабнишинихову базмхои мадраса бо охангхои у мераксиданд ва шояд дар миёни онхо хеч чавоне набуд, ки дастикам як бор “moonwalk” ё «мохгашт»-и Мойклро тачруба накарда бошад.

Дар миёни доноёни фанни мусикй Мойкл Чаксун намоди риску инътитоф ва комгорй буд. Барои намуна, дар як олбуми «Триллер», ки муваффактарин олбуми у буд, дастикам нух жонри мусикии гарбй, аз чумла диску, R&B, хорд рок, соул, фонк, чоз ва блузро метавон мушохида кард. Ва ин хамон олбумест, ки барои 37 хафта дар садри чадвали махбубтарин олбумхои Омрико карор дошт ва 45 милюн нусха фуруш дошт. Вай дар хамон соли 1983 дар гуфтугу бо мачаллаи «Крим» (Creem)-и Омрико дар бораи навъи мусикиаш гуфта буд:

«Ман дуст надорам танхо бо як гунаи бахусуси мусикй сарукор дошта бошам ва аслан намехохам руи худам барчаспе бизанам. Дуст дорам барои хар касе коре анчом дихам... Аз барчасп задан руи мусикй хушам намеояд... Табакабандию барчасп задан ба нажодпарастй мемонад.»

Мойкл Чаксун мафхуми «намоханг» ё клипи видеуиро иваз кард ва нишон дод, ки дар зарфи чанд дакика метавон ба шеваи як филми хунарии кутох достонеро барои бинанда таъриф кард.

Барои матбуъоти, ба истилох, «зард» Мойкл Чаксун намоди ачибу мармуз будан буд. Таи даврае тулонй шоеъоту гайбатхои матбуъотй бештар руи хулку ху ва зиндагии хусусии Мойкл мутамаркиз буд ва хунари уро ба хошия ронда буд. Шоеъоте аз кабили ин ки Мойкл амали чаррохии хурмун анчом дода, то садои кудаконаашро хифз кунад ё ин ки Мойкл укдаи хакорат дорад ва талош мекунад бо чаррохии плостикй ба як марди сапедпуст табдил шавад ва гайра, ки хар ду аз суи Мойкл такзиб шуда буданд. Вай мегуфт, як навъ оризаи пустист, ки ба тагйири ранги пусташ мунчар шуда.

Алокаи Мойкл ба кудакон хам ба шоъеоте чиддитар доман зад ва борхо уро ба додгох кашонд. Аммо дар нихоят Мойкл аз ин иттихомот табреа (сафед) шуд. Равоншиносон чунин истинточ карданд, ки Мойкл дар чустучуи кудакии гумшудааш аст; кудакие, ки тавассути падаре хашин ва сахнаву шухрат рабуда шуда буд. Дуруст ба монанди Питер Пан – кахрамони достони Чеймз Борй, нависандаи искотландй, ки мехост кудакии мудом дошта бошад. Мойкл Чаксун тандис (хайкал)-и Питер Панро дар мухаввата (хавлй)-и хонааш карор дода буд ва дар мусохибааш бо мачаллаи «Крим» дар синни 24-солагй гуфта буд, ки дуруст мисли Питер Пан як кудаки хамешагист.

Ва саранчом, Мойкл Чаксун бо шеваи мунхасир ба фардаш дар мусикй ва сабки овозаш барои насли чавони ситорахои поп хамвора улгуе бадеъ ва намунае барои навоварихо будааст. Раксу овози ситорахое чун Чостин Тимберлейк (Justin Timberlake) ва Крис Броун (Chris Brown) бедиранг садову харакоти Мойклро дар зехнхо тадоъй мекунад ва бисёре аз унсурхои гунахои мусикии хип-хоп, R&B ва роки мелудик дар осори Мойкл Чаксун реша дорад.

Тозатарин намунаи илхомпазирии чавонон аз Мойкл Чаксун Шохини Чаъфаркулй – овозхони 12-солаи эронитабори мукими Бритониёст, ки дар маросими ёдбуди дишаб дар Лус Ончелес хунарнамойи кард. Шохин, ки дар як мусобикаи овозхонии Бритониё яке аз макомхои нахустро ба даст оварда буд, Мойкл Чаксунро улгуи худ медонад. Мойкл Чаксун ичрои Шохинро руи Youtube дида ва писандида буд.

Чаксун некукор буд ва тавонист бо корхои хайрия ба дигарон бисёр кумак кунад. Номи у ба унвони саховатмандтарин сохиби ширкати забти савт, ки бештарин маболигро ба созмонхои хайрия эхдо карда, вориди китоби рекурдхои Гиннес шуда буд. Вай бо барномаи кунсертии «Мо чахон хастем» тавониста буд барои бенавоёни Офрико 60 милюн дулор чамъ оварад.

Аз Мойкл Чаксун осори хунарии бисёр ва се фарзанд аз ду хамсар ба чо мондааст. Панч олбуми у аз пурфуруштарин олбумхои чахонанд.

У дар рузхои поёнии умраш тамрин мекард, то дар Ландан панчох кунсерти баёдмонданй бидихад, зери унвони «Хамин буд» (That is it). Пизишкаш уро бехуш руи тахташ ёфт. Уро ба бемористон бурданд, аммо талоши пизишкон суде накард ва Мойкл даргузашт.

Чаксун дар шумори машхуртарин номхои чахони имруз ва дар канори бузургтарин хунармандони фардо хохад монд.

Мойкл Чаксун 26 сол пеш дар посух ба ин пурсиш, ки оё дуст дорад дар бораи зиндагиаш филме бисозад, гуфта буд:

«На, мутанаффирам аз ин ки зиндагии худамро бозофаринй кунам. Хануз зиндагиам ба сар нарасидааст! Бигзор касе дигар ин корро бикунад.»

Акнун ки Мойкл Чаксун зери хок рафта, бегумон касе дигар ин корро хохад кард. Пас Султони поп барои солиёни дарозе зинда хохад монд.