Showing posts with label christianity. Show all posts
Showing posts with label christianity. Show all posts

Thursday, July 13, 2017

Пил дар утоқи торик ё хиёре рӯи суфра

Пил дар утоқи торик ё хиёре рӯи суфра

Таъсирпазирии динҳои сомӣ (иброҳимӣ) аз маздаясно

Хиёр (бодиринг)-е васати суфра буду як зистшиносу як шоъир ба он нигоҳ мекарданд ва ҳар як шинохти худ аз он гиёҳро бозмегуфт.

Зистшинос гуфт: “Хиёр гиёҳест аз тираи кадуиён, ки дар забони ъилмии фарангиён ба он «кукумис сотивус» гӯянд, омада аз Ҳинд, ва ине, ки мебинед, навъи туршии он аст, ки хурданист ва хиёр анвоъе ҳам дорад, ки хурданӣ нест ва оне, ки хурданист, дар таркибаш фулон миқдор витомини B-ву C-ву калсиюму манганезу фусфуру рӯйу ғайра дорад”.

Шоъир гуфт:

“Инҳо ҳама зиришк!..
Ин мехи заминро меситоям,
ки аз барояш
суфраи гуфтмоне андешабарангез
фароҳам шуда
ва хиёр аст, ки мезанад маҳмез
бар саманди хиёлам...
Зистшиносон аз вуҷуди ин афшураи хиради замин,
ки мунҷамид шуда,
ҳеч намедонанд...”

Ҳоло ин шуда ҳикояти Зӯбини Бихрад, поягузору сардабири маҷаллаи конодоии Reorient аз як сӯ ва бародарон Маҳмудхони Бурҳонуфу Сайидюнуси Истаравшанӣ аз сӯи дигар бар сари ҳақоиқи торихии марбут ба дини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ. Як сӯ ба ин мавзӯъ рӯйкарди торихию ъилмӣ дорад ва сӯи дигар сирфан эътиқодӣ. Як сӯ ҳамон зистшиноси достон асту сӯи дигар ҳамон шоъир, ки ҳар кадом аз зовияи диде мутафовит ба мавзӯъ нигоҳ кардаанд. Ва он чи дар ин миён аз диди торихию ъилмӣ муътабар аст, истидлоли Зӯбини Бихрад аст.

Манзур посухи Маҳмудхон Бурҳонуф ба мақолаи “Дини гумноме, ки Ғарбро шакл дод” (The obscure religion that shaped the West) ба қалами Зӯбини Бихрад аст. Сари фурсат ба якояки нукоти тарҳшуда мепардозем.

Албатта, ин васат Зӯбини Бихрад ғоиб аст, вагарна посухи дархуртаре менивишт. Аммо чун пораҳое аз матлаби ӯро ман баргардон кардаму дар сафҳаи Фейсбукам гузоштам ва ба ъунвони тарафи муқобили Маҳмудхон Бурҳонуф дар матлабе таҳти ъунвони “Оё адёни иброҳимӣ аз резахорони хони маздаясно ҳастанд?” номам омадааст, ҳатталимкон дар ин фурсати андак посух хоҳам дод.

Дар мақолаи торнамои “Кимиёи саъодат”-и Сайидюнуси Истаравшанӣ мехонем: “Дар он мақола(-и Зӯбини Бихрад) кӯшида шуда, то шабоҳатҳое байни омӯзаҳо ва мафоҳими ойини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ (яҳудият, масеҳият ва ислом) нишон дода шавад, сипас ин шабоҳатҳоро далеле бар раҳ ёфтани ин мафоҳими динӣ аз дини зартуштӣ ба адёни иброҳимӣ гирифтааст.”

Дар воқеъ, сароғози мақолаи Зӯбини Бихрад банди зер аст:

Talk of ‘us’ and ‘them’ has long dominated Iran-related politics in the West. At the same time, Christianity has frequently been used to define the identity and values of the US and Europe, as well as to contrast those values with those of a Middle Eastern ‘other’. Yet, a brief glance at an ancient religion – still being practised today – suggests that what many take for granted as wholesome Western ideals, beliefs and culture may in fact have Iranian roots.

Мегӯяд: “Муддатҳост, ки мақулаи “мо” ва “онҳо” бар сиёсатҳои марбут ба Эрон дар Ғарб фоиқ будааст. Дар ъайни ҳол, маъмулан аз масеҳият ба ъунвони шохиси ҳувияту арзишҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Урупо – ва он ҳам барои қарор додани онҳо дар баробари арзишҳои “они дигар”-и ховаримиёнаӣ – истифода мешавад. Аммо бо нигоҳе кӯтоҳ ба як дини бостонӣ – ки имрӯз ҳам пайравоне дорад – мешавад ба ин дидгоҳ расид, ки бисёре аз андешаҳо, боварҳо ва фарҳанге, ки дар кул ғарбӣ маҳсуб мешавад, метавонад дар воқеъ решаҳои эронӣ дошта бошад”.

Яъне мухотаби Зӯбини Бихрад ғарбиҳое ҳастанд, ки аз дини маздаясно шинохти андаке доранд ва масеҳиятро дар кул як падидаи ғарбӣ медонанд. Дар ин росто оқои Бихрад, дуруст бар хилофи оқои Бурҳонуф, ҳақоиқу далоили торихиро манбаъ ва пояи нивиштаи худ қарор додааст. Дар натиҷа дар мақолаи Маҳмудхон Бурҳонуф мо бо усуле сару кор дорем, ки рабте ба усули машҳуд дар мақолаи Зӯбини Бихрад надорад.

Барои намуна, Зӯбини Бихрад истидлол мекунад, ки андешаву мафҳумҳои Худои якто, биҳишту дӯзаху барзах, растохез ё рӯзи қиёмат, ваҳйи ниҳоӣ, фариштаҳову деву аҷинна ва Шайтон ҳама реша дар омӯзаҳои Зартушт доранд. Мегӯяд, вожаи “пардис” ҳам, ки имрӯза дар забонҳои фарангӣ (paradise) ва ъарабӣ (“фирдавс”) ба маънои боғи биҳишт аст, асолатан як вожаи порсии бостон асту ба маздаясно бармегардад. Ҳамаи ин иддиъоҳо мубтанӣ бар додаҳое аз ъилмҳое чун ториху забоншиносӣ аст. Ва танҳо касе, ки ба ъулум арҷ мегузорад, метавонад мухотаби он бошад. Аммо касоне, ки муътақиданд, тамомии дониши ҷаҳон дар китоби диниашон омада ва фаротар аз он набояд суроғи чизеро гирифт, чун ҳақиқат надорад, наметавонанд тарафи ин баҳс бошанд; чун ҳавзаи он баҳс комилан мутафовит аст.

Маҳмудхон Бурҳонуф барои вуруд ба баҳс нивишта: “шабоҳат байни ду ё чанд мақула эҳтимол дорад ба хотири чанд далел бошад” ва 3 мавридро бармешумурда: доштани ъиллати ягона, доштани як ъиллату як ё чанд маълул, тасодуф.

Дар тавсифи нуктаи дувум мегӯяд: “Яке иллат ва дигаре маълул бошад: яъне яке асл бошад ва мобақӣ фаръи бар он ва баргирифта аз он бошанд. Мисол: шабоҳат байни забонҳои сомӣ (арабӣ, ибрӣ ва оромӣ) далолат бар он мекунад, ки яке аз ин се забон бар ду тои дигар таъсир гузошта ва он ду фаръи бар он ва баргирифта аз он як мебошанд”.

Дар ин мавриди бахусус бояд гуфт, ки ташаккули ин забонҳо бар асари таъсирпазирӣ аз ҳамдигар сурат нагирифта, балки ҳамагӣ мутаъаллиқ ба як решаи воҳид ҳастанд ва ҳар кадом роҳи мустақилли худро рафтааст. Яъне яке баргирифта аз дигарӣ нест, балки ҳамагӣ баромада аз як решаанд. Ба гунае, ки имрӯза забони оромии навин дорему ъибрию ъарабии навин ҳам. Реша якесту шохаҳо мустақилланд. Ба монанди порсию паштую курдию ғайра, ки мутаъаллиқ ба решаи эронӣ ҳастанд ва наметавон гуфт, ки, масалан, курдӣ баромада аз порсӣ аст ё воруна. Пас боз ҳам мешавад ҳамон шиққи аввал, ки оқои Бурҳонуф овардааст: “Иллати ягона доштан”.

Барои мавриди дувум (“Яке иллат ва дигаре маълул”) шояд бишавад забони эсперонтуро намуна овард, ки маълули фаргашт (такомул)-и забонҳои мухталифи ҷаҳон аст ва чи дастури забону чи вожагонаш баргирифта аз забонҳои дигар аст.

Аз ин бахши мақолаи Маҳмудхон Бурҳонуф, ки бигзарем, ба “Посух”-и ӯ ба мақолаи Зӯбини Бихрад мерасем.

Оқои Бурҳонуф посухашро бо ин ҳукми ҳамагонӣ оғоз кардааст: “Ҳамагон медонем, ки манзур аз дини яҳудият, пайравони ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) аст ва ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) дар садаи 13 қабл аз мелод мезист”.

Ин ки Мӯсо, паёмбари яҳудият (ки дар масеҳияту ислому баҳоият ҳам мақоми паёмбарӣ дорад), дар чи даврае зиндагӣ кардааст, ҳатто дар миёни яҳудиён як посухи воҳид надорад, чи бирасад ба ҳамагон. Яҳудияти хохомӣ давраи зиндагии ӯро байни 1391 то 1271 пеш аз мелод баровард кардааст. Жеруми Қиддис 1592 пеш аз мелодро соли таваллуди Мӯсо медонист. Солҳои 1393, 1571, 1593 пеш аз мелод ҳам ба ъунвони соли мелоди Мӯсо инҷову онҷо зикр шудааст.

Ҳеч як аз ин иддиъоҳо мубтанӣ бар ҳеч додаи ъилмӣ нест ва сирфан муттакӣ бар бовар аст. Дар воқеъ, донишвароне, ки чеҳраи торихии Мӯсоро таҳқиқ мекарданд, ба ин иттифоқи назар расиданд, ки ӯ як чеҳраи афсонаӣ ё як қаҳрамони устураӣ буда, ки бино ба ривоёти мардумӣ, яҳудиҳоро аз асорат дар Миср наҷот додааст. Аммо ҷолиб инҷост, ки бо он ҳама торихнигорию торихнигораҳо дар минтақа, ҳеч нишонае аз асорати яҳудиҳо дар Миср ва 40 сол саргардонии яҳудиҳо ба раҳбарии Мӯсо дар саҳрои Сино барои расидан ба Канъон вуҷуд надорад. Мӯсо як чеҳраи афсонаии яҳудист, шабеҳи Ҳеркул (Hercules)-и юнонию Рустами Золи эронӣ, ва вуҷуди торихӣ надоштааст, то бишавад соли таваллуди ӯро мушаххас кард. Ва баҳсҳое аз ин дастро бояд бо додаҳои торихӣ анҷом дод, ки сарфи назар аз бовари ину он ъайният дорад. Додаҳои торихӣ ба доди ин истидлоли оқои Бурҳонуф намерасад. Чунин додае дар мавриди ҳузури физикии Мӯсо ном паёмбаре бар рӯи замин вуҷуд надорад.
Танҳо адабиёти муътабаре, ки оқои Бурҳонуф бад-он тавассул меҷӯяд, адабиёти динист. Ва адабиёти динӣ, онгуна ки пайдост, санади ниҳоӣ барои таъйини ҳақоиқи торихии мавриди иддиъои худаш нест. Яъне торихе, ки дар он кутуб омада, илзоман ба субуту эътибори ъилмӣ нарасидааст. Ба ъиборате, намешавад барои таъйиди иддиъои як китоб худи ҳамон китобро санад овард. Аммо дар мақолаи оқои Бурҳонуф фарозе чанд аз “Ъаҳди ъатиқ”- (“Ъаҳди қадим”)-ро мехонем ва ин натиҷагирии ӯро:

“Бо ин ҳисоб яҳудиён тақрибан ба муддати 60 сол дар асорати Бобил буданд ва аз замони беъсати ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) то замони асорат ҳудуди 700 сол ва то замони раҳоӣ ҳудуди 760 сол мегузаштааст. Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар.”

Ба қавли Ишон Торур (Ishaan Tharoor), аз нивисандаҳои “Вошингтун Пуст”, “берун аз нивиштаҳои инҷилӣ дар маъохизи бостоншинохтию торихӣ ҳеч ишорае ба мавҷудияти Мӯсо вуҷуд надорад. Ҳеч чорчӯби замонии мушаххасе ҳам барои вуқӯъи Хурӯҷи Бузург (Муҳоҷирати Банӣ Исроил аз Миср ба Канъон) дар назар гирифта нашуда ва донишварон бозаи замонии онро беш аз 500 сол фарз кардаанд. Ҳувияти Фиръавни шарир дар Китоби Муқаддас ҳам бароямон равшан нест, ҳарчанд дар филмҳо ӯро дар симои Ромесеси Дувум тарсим мекунанд. Он фиръавн ба хотири футӯҳот ва сохтмонсозиҳое, ки дошта, маъруф аст. Торихшиносон дар ҳеч ҳаффориву катибаву попирусе нишонае аз Мӯсое, ки дар давраи салтанати Ромесес зиндагӣ карда бошад, пайдо накардаанд”.

Пас оё мешавад сирфан бар пояи кутуби динӣ ҳузури он чеҳраҳо ва вуқӯъи он рӯйдодҳоро як ҳақиқати инкорнопазир донист? На. Аммо ин эроди оқои Бурҳонуф ҷои тааммул дорад:

“Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар.”

Ҳатман истилоҳи “илоҳим”-ро шунидаед, ки бавежа дар миёни порсигӯёни Осиёи Марказӣ роиҷ аст. Онро ба маънои “Худои ман” ба кор мебаранд, ғофил аз ин ки ин вожаи ъибрӣ (אֱלֹהִים‎) ба маънои “худоён”, яъне ҷамъи худоён аст, на Худои якто. Ин танҳо яке аз нишонаҳои чандхудоӣ будани яҳудият аз оғози кор аст. Он чи имрӯз бо номи “яҳудият” шинохта мешавад, дар садаи шашуми мелодӣ, ҳамин 1500 сол пеш ниҳодина шудааст ва ба он “Яҳудут рабанит” יהדות רבנית (Яҳудияти хохомӣ) гӯянд ва истилоҳи инглисии он Rabbanic Judaism аст. Ин ҷараёни яҳудият, ки саранҷом ба чирагӣ расид, дар садаи дувуми мелодӣ падид омад ва 400 сол баъд ба ҷараёни аслии яҳудият табдил шуд. Танҳо пас аз он буд, ки “Талмуди бобилӣ” ба тадвини ниҳоӣ расид. Бино ба бовари Яҳудияти хохомӣ, Тавроти нивишторӣ ҳамроҳ бо тавзеҳоти гуфтории он дар кӯҳи Сино ба Мӯсо ваҳй шуд ва ӯ онро ба мардуми худ мунтақил кард.

Яъне як қонуни содаи табиъатро бояд дубора ба ёд овард, ки ҳеч чизе бар бод устувор нест ва ҳар чизе бар пояи чизе дигар сохта шудааст. Дар мавриди чигунагии гузори яҳудият аз арбоби анвоъ (чандхудоӣ) ба яктопарастӣ китобҳое нивишта шуда, ба монанди “Худованд дар тарҷума” аз Морк С. Исмит (God in Translation)
https://books.google.co.uk/books?id=CmCVZ5mHsboC&printsec=frontcover&dq=Mark%20S.%20Smith%2C%20God%20in%20translation&source=bl&ots=FzHThONctW&sig=DJrqxkl7xwwXlGbVcY0V0hldC6Y&hl=en&ei=cv8CTLDPGcyeccuv3NUB&sa=X&oi=book_result&ct=result&redir_esc=y#v=onepage&q&f=false
ва “Торихи Худованд”-и Корен Ормстронг (A History of God) ҳам ба ин мавзӯъ иҷмолан пардохтааст. Ва лубби матлаб ин аст, ки такхудоӣ дар яҳудият оғози роҳ набуда, балки анҷоми он аст. Дар Таврот мешавад номи худоёни канъониро ҳам дид, ки гоҳ ба ҷои “Яҳува” ба кор рафтаанд.

Канъониён арбоби анвоъ доштанд ва яктопараст набуданд. Дуруст ба монанди эрониён, ки то пеш аз омадани Ашӯ Зартушт арбоби анвоъе доштанд ва бо омадани маздаясно ҳамаи яздони худро дар як язд ё эзид, ки Аҳуромаздо бошад, хулоса карданд ва Худоро якто донистанд. Канъониён ҳам, ки мардумшиносию торих собит карда, ҳамон яҳудиён ҳастанд, худоёне доштанд, чун Илу Баълу Илйун, ки номҳояшон дар Таврот ҳам омадааст. Ҳамаи инҳо дар забони ъибрӣ дорои маъно ҳастанд. “Ил” (El) бо “илоҳ”-и ъарабӣ аз як реша аст, ба ҳамон маънои “худо” ва аз худоёни аслии канъониён буда, ба монанди Аллоҳ, ки пеш аз ислом аз худоёни аслии аъроби Макка буда ва номи падари паёмбари ислом (Ъабдуллоҳ) баромада аз ҳамон аст. Ҳиҷои охири номи кишвари “Исроил” ҳам ҳамон “ил” аст, ба маънои Худованд. Ва “илоҳим” ҷамъи он бошад. 

Аммо “Яҳува” (номи Худои яҳудӣ) дар забони ъибрӣ реша надорад ва вомвожаест бо асолати норавшан; ҳарчанд бархе кӯшидаанд барояш дар ъибрӣ маъно битарошанд. Дар ин маврид ҳам матолиби фаровоне мешавад ёфт, аммо кунҳи мавзӯъ ин аст, ки “Яҳува” дар оғоз худои тозавориде буда, ки пайравони Мӯсои афсонаӣ ба ъунвони “Худои миллӣ” (National God)-и худ дар миёни худоёни бисёри дигар муъаррифӣ кардаанд, ки намунае аз раванди мавсум ба “такпарастӣ” ё monolatrism аст. Мунулатрисм ё такпарастӣ, яъне парастидани як худо дар ъайни эътиқод ба вуҷуди чандин худо. Мисли кеши ҳинду, ки пайравонаш ба вуҷуди худоёни бисёре эътиқод доранд, аммо гурӯҳе фақат Гонешро мепарастаду гурӯҳе дигар фақат Ҳонумонро... Ба ин ҳолат “як-аз-чандпарастӣ” ҳам гӯянд, ки тарҷумаи истилоҳи Henotheism-и юнонист. Инҳоро мегӯям, то ҳар кадомро худатон дар канори номи яҳудият биГуглед ва аз натиҷаи ҷустуҷӯятон баҳра бибаред. Мисли ин яке, ки нивисандааш дар пайи пажӯҳишаш ба “яказчандпарастӣ”-и яҳудиҳо дар садри яҳудият мутақоъидтар шудааст:
http://toby.weebly.com/hebrew-henotheism.html

Кӯтоҳсухан, яҳудият ҳам мисли ҳар чиз, кас, раванд ё падидае фаргашт ё сайри такомул доштааст ва аз оғоз ҳамоне набуда, ки акнун ҳаст. Ба гуфтаи Солу Витмойер Борун, устоди ториху адабиёти яҳудӣ дар Донишгоҳи Кулумбиё, “дар ҳудуди 4000 сол торихи худ мардум ва дини яҳудӣ вифқпазирӣ ва истимрору пайвастагии қобили мулоҳизае ба намоиш гузоштаанд. Онҳо дар бархурди худ бо тамаддунҳои бузурге аз Бобилу Мисри бостон гирифта то сарзаминҳои масеҳии Ғарб ва фарҳанги секулори навин ъунсурҳои бегонаеро пазируфта ва онҳоро дар низоми иҷтимоъию мазҳабии худ мудғам кардаанд ва бад-ингуна ба ҳифзи хатти пайвастаи суннати қавмию динии худ муваффақ шудаанд”. Яъне ҳар он чи дар яҳудият ҳаст, асолатан яҳудӣ нест.

Аммо ғайрияҳудитарин ном дар Таврот ҳамоно номи Куруши Бузург аст. Дар воқеъ, Куруш танҳо ғайрияҳудист, ки дар Таврот бо лақаби “Масеҳо” (Мошиҳо) аз ӯ ёду тақдир шудааст. Чун дастуру махориҷи бозсозии Маъбади Сулаймон ва Уршалими вайроншударо дода буд. Дар Китобҳои Ашъиё, Дониёл, Ъизро ва Наҳмиё дар канори тавсифу такрими Куруш пораҳоеро марбут ба зиндагию таҷрубиёти яҳудиҳо дар Эрон ҳам мешавад хонд, ҳамроҳ бо таъорифе аз Дориюшу Ардашери Дароздаст. 


Пас аз озодсозии яҳудиёни дарбанд дар Бобил шумори бисёре аз фарҳехтагони онҳо дар Эрон мондагор шуданд ва барои дарбори Ҳахоманишӣ кор мекарданд. Пас аз ҳамин иттифоқ буд, ки дар нивиштаҳои малакутии яҳудӣ дигаргуниҳои ъумдае рух дод ва мафҳумҳои тозае роиҷ шуд. Барои намуна, мафҳуми таъаллуқи тамоми кайҳону ҷаҳон ба Худованди воҳид дар нивиштаҳои динии яҳудӣ барои нахустин бор пас аз табъиди яҳудиҳо ба Бобил мушоҳида мешавад. Баъд аз тамоси яҳудиҳо, бавежа фархеҳтагону ҳотифони яҳудӣ бо Эрон, барои нахустин бор дар нивиштаҳои муқаддас аз фариштаҳо ёд мешавад. Яҳудиёни дар табъид нигарон буданд, ки дар сарзамини ғурбат намозашон мустаҷоб намешавад, чун ба дур аз сарзамини муқаддас ҳастанд. Аммо баъдан ин андеша вориди тафаккури динии яҳудӣ мешавад, ки фариштаҳо намозу дуъояшонро ба мақсад хоҳанд расонд. Фариштаҳо аз боварҳои росихи зартуштиёни он даврон буданд.

Пеш аз тамоси яҳудиҳо бо маздаясно мафҳумҳои биҳишту дӯзах барояшон гунг буд. Яъне дар китобҳои муқаддаси яҳудӣ пеш аз табъидашон ба Бобил ба “ъуқбо” ва биҳишту дӯзах ишорае нашуда буд. Он китобҳо ҳовии фалсафаи мухтасаре буданд: мо аз гард падид омадаему ба гард ҳам боз хоҳем гашт. Аммо пас аз ошноии яҳудиён бо дини импротурии Эрон буд, ки биҳишту дӯзах ба дини яҳудият ҳам роҳ ёфт.

Растохез ё рӯзи қиёмат, иблис, ҳисобрасӣ дар дарвозаи вуруд ба биҳишт ё дӯзах, ноҷии мавъуде, ки қарор аст умури дунёро ба сару сомоне бирасонад ва ғайра аз ҷумлаи мафоҳими дигаре ҳастанд, ки дар ҳамон давра ва дар пайи тамоси яҳудиён бо маздаясно вориди дини яҳудият шуданд. Инҳо дигар ҳарфи бовару эътиқод нест, балки ҳарфи торих аст ва қобили радёбист. Бавузӯҳ метавон радёбӣ кард, ки ин мафҳумҳо чи замоне ба низоми эътиқодии яҳудиён роҳ ёфтаанд.

Митчел Ҳервитз, як рӯҳонии яҳудӣ, дар ин мақолааш шуморе аз ин маворидро баршумурдааст:


Ҳамаи ин маворид, ки ҳазорон сол пеш ҳам ҳеч кадом барои зартуштиён тозагӣ надошт, дар динҳои масеҳият ва ислом ҳам вуҷуд дорад, чун ҳар ду ба монанди яҳудият аз адёни сомӣ (иброҳимӣ) ҳастанду аз як реша об мехуранд. Ва аммо дар замони пайдоиши масеҳияту ислом маздаясно бузургтарин дини минтақа ва аз муҳимтарин динҳои ҷаҳон буд. Табъан, наметавон дар мавриди таъсиргузории як чунин дине ба динҳои дигар таъаҷҷуб кард. Барои намуна, дини баҳоӣ, ки дар давраи ислом ва дар як кишвари мусалмон падид омада, саропо аз ислом таъсир пазируфта ва барои касе ҳам таъаҷҷуб надорад. Он замон ҳам, ки масеҳият ва ислом падид омаданд, маздаясно як чунин ҳолате дошт ва таъсиргузории он бар динҳои тоза барои як фарди огоҳ аз торих як ҳақиқати ъодӣ ба шумор меояд, на шигифтангез.

Ба ҳамин ҷиҳат ҳам, масеҳият ва ислом аз маздаясно таъсироти дигаре ҳам бардоштаанд. Бовар ба набарди миёни некию бадӣ ё фурӯзаҳои илоҳию нафси шайтонӣ, пайкори дарунии мудовим бо нафси аммора, ки бо номи “ҷиҳод” шинохта мешавад (пайкор бо Аҳриман ё шарри дарунӣ), омадани Сушёнс (Масеҳ) барои наҷоти ҷаҳон ва зода шудани ӯ аз як дӯшиза (зани бокира), панҷ вақт намоз, татҳир пеш аз намоз ва пок нигаҳ доштани маҳалли намоз, дастрасии афроди бахусусе ба мурда ва дурии аксарият аз он ва мавориди хурду рези бисёри дигар пеш аз пайдоишашон дар масеҳият ё ислом дар миёни зартуштиён роиҷ будаанд. Дар мавриди ҳар як аз онҳо мешавад соъатҳо нишасту гуфт ё нивишт, вале вақт феълан маҷоли бештар намедиҳад. Албатта, бо мутолеъае андак мешавад ба ин ҳақиқат расид, ки динҳои сомӣ (иброҳимӣ) аз резахорони хони маздаясно ҳастанд.

Tuesday, April 19, 2011

Seeing The Two Worlds As One

Яке бинам, яке донам

Дар Фарангзамин, ки ғурбаткадаи мост, ин рӯзҳо масеҳиён Иди Покро ҷашн мегиранд, ки дар сарзамини аҷнабизадаи мо бо истилоҳи русӣ-ибриаш (“Пасха”) шинохташудатар аст. Истилоҳи порсии он “Иди Пок” аст.

Дар мазҳаби яҳудӣ Иди Пок ба масобаи Иди Қурбони мусалмонон аст, ки гӯспанде дар пешгоҳи Парвардигор қурбонӣ мешавад. Ва номи идашон ҳам шабеҳи иди мусалмонон аст: “Қурбон Писаҳ”. Яҳудиҳо имон доранд, ки дар ин рӯз (оғози баҳори яҳудӣ) яҳудиҳо аз бардагӣ дар Миср раҳо шуданд ва ба сарзамини обову аҷдодашон (Канъон) баргаштанд.

Масеҳиҳо ҳам ин рӯзро гиромӣ медоранд ва онро ба унвони вопасин шоми Исои Масеҳ гиромӣ медоранд, ки гӯё дар паи он ба василаи хиёнати Яҳудо ба салиб овехта шуд. Аммо саранҷоми он дубора ба баҳору Наврӯзу эҳёи табиъат бармегардад.

Зикри ин достонҳо беҳудаву бесуд нест. Хуб аст, ки бидонем чи пайвандҳое миёни насли башар мавҷуд аст ва ин ки ҳеч чизе аз ҳеч барнахостааст. Ҳар чизе, ки имрӯза мавҷуд аст, бар пояи чизе қадимитар шакл гирифтаву устувор шудааст. Ин ҷашни яҳудӣ-масеҳӣ ҳам чизе беш аз таҷлили Наврӯз ё оғози баҳор нест. Бибинем, ки ин иддаъо чи гуна тавҷеҳ мешавад.

Дар ривоёти масеҳӣ омадааст, ки рӯзи Одинаи Нек Исои Масеҳро ба чалипо (салиб) кашиданд ва то ҷон дод, дар ғоре ба хокаш супурданд. Рӯи гӯри ӯ санге сутург ниҳоданд ва перомуни он посбононе гуморданд, то касеро ёрои рабудани пайкараш набошад. Ду рӯзу ду шаб баъд, якшанберӯз, зане чанд ба зиёрати гӯри Исо рафтанд ва санги гӯри ӯро каноррафта диданд ва гӯрро тиҳӣ. Касоне Исои Масеҳро он рӯз дида буданд ва пас аз он чандин тани дигар бо ӯ рӯбарӯ омаданд. Пайравони Исо дарёфтанд, ки Худованд ӯро барангехта ва ба малакут боз бурдааст.

Ин фишурдаи як ривояти мазҳабист, ки муносибати таҷлил аз Иди Пок дар миёни шумори зиёде аз масеҳиёнро тавзеҳ медиҳад. Аз инҷост, ки ҳамасола Иди Пок ба ёди вопасин рӯзҳои зиндагии заминии Исои Масеҳ рӯзи одина (ҷумъа) оғоз мешавад ва рӯзи якшанбе ба сар мерасад.

Аммо Иди Пок аз ҷумлаи ҷашнҳои “мутаҳаррик”-и масеҳиён аст, яъне рӯзи собите надорад ва ҳар сол миёни поёни моҳи морс (март) ва оғози моҳи оврил (апрел) ҷобаҷо мешавад. Далели ин ҷобаҷоӣ ҳам зарурати ойинии ҳамзамонии Иди Пок бо нахустин якшанбе пас аз дидани моҳи шаби чаҳордаҳ дар паи Наврӯз аст. Яъне Наврӯз, ки дар фарҳангҳои фарангӣ ҳам оғози баҳор ба шумор меояд, дар таъйини замони баргузории Иди Пок нақши меҳварӣ дорад.

Гузашта аз ин, муъодили инглисии номи Иди Пок (Easter) бо муъодили фаронсавии он, ки дар забони порсӣ ҳам мутадовил аст (Pâques), пайванде надорад. “Пок”-и фаронсавӣ, ба монанди “фисаҳ”-и арабӣ, “посхо”-и юнонӣ ва русӣ (пасха), баромада аз “пасох” (pasach)-и ибрӣ аст. Бар сари маънои дақиқи ин вожа иттифоқи назаре вуҷуд надорад. Шуморе бо ишора ба растохез ва уруҷи Масеҳ ба осмон онро “ӯ аз фарози Замин гузашт” таъбир мекунанд. Иддае ҳам “пасох”-ро “ӯ раҳим буд” баргардон кардаанд. Аммо ҳамаи ин таъбиру тарҷумаҳо ба ривояти мазҳабии Исои Масеҳ бармегардад.

Дар ҳоле ки яҳудиҳо “пасох”-ро пеш аз зуҳури масеҳият ҳам ҷашн мегирифтаанд ва муносибати онро раҳоии яҳудиҳои асри бостон аз бардадорони мисрӣ ва бозгашти онҳо ба сарзамини Исроил ба раҳбарии Мусо медонанд. Ин ҳам як бовари мазҳабист ва чароии зарурати ҳамзамонии тақрибии ин ҷашн бо эътидоли баҳорӣ ё нахустин якшанбе пас аз дидани бадри наврӯзиро тавзеҳ намедиҳад.

Вале номи инглисии Иди Пок бо мазмуни табиъии ин ҷашн пайванди мустақим дорад. “Истер” баромада аз бунвожаи aues- дар сарзабони ҳиндуурупоӣ ва austro дар сарзабони жерманик аст, ба маънои “дурахшидан". Мусалламан, ин вожа бо “ахтар” ва “ситора”-и порсӣ ҳамреша аст, ки ҳар ду дурахшандаанд. Номи худовандгорони сапеда ва фурӯғ дар фарҳангҳои мухталиф, ба монанди Ushas-и ҳинду, Eos-и юнонӣ ва Aurora-и румӣ дар ҳамон бунвожаи воҳид сарчашма доранд. Зимнан, вожаи Eastern-и инглисӣ ва Oestern-и олмонӣ ба маънои “ховарӣ” ё “шарқӣ” ҳам бархоста аз ҳамон вожаи бунёдинанд.

Аммо дарки ин нукоти забоншинохтӣ ҳам иртиботи Иди Пок бо “Истер” ё фурӯғу равшаноӣ ё ситораро равшан намекунад. Ҷустуҷӯе дар навиштаҳои қадимии инглисӣ метавонад калиди ин муъаммо бошад.

Бид (Bede), ки падари торихнигории инглис ба шумор меояд ва дар садаҳои ҳафтум ва ҳаштуми мелодӣ зиндагӣ кардааст, танҳо касест, ки дар осори мактуби боқимонда аз аҳди бостони Инглис истилоҳи “Eoster-monath”-ро ба кор бурдааст, ки ба маънои “моҳи Истер” аст. Вай дар китоби “Торихи мазҳабии мардуми инглис” ба забони лотин менависад:

“Иустер Мунот”-ро акнун метавон “моҳи Пок” ё “Пасох” тарҷума кард. Дар замонҳои гузашта он ба ифтихори Эустре (Eostre), як илоҳаи онҳо (инглисиҳо), номгузорӣ шуда буд ва тайи ин моҳ ҷашнҳое барои бузургдошти ин илоҳа баргузор мешуд. Акнун онҳо мавсими Иди Покро бо номи он илоҳа мешиносанд ва ҷашни кеши навин (масеҳият)-ро бо номе бозмонда аз ойини куҳан барпо медоранд”.

Бад-ин гуна, “Истер”-и инглисӣ ва Ostara-и олмонии куҳан номи илоҳаи фурӯғу зояндагӣ ва баҳор дар фарҳангҳои мардумони жерманик буда ва пеш аз масеҳият ҳам пас аз фаро расидани баҳор (21 март) ба таҷлил аз он мепардохтаанд. Аммо пас аз рӯ овардани мардумони жерманик ба кеши масеҳият ин ҷашни бостонӣ бо пероя ва ривоёти масеҳӣ пероста шудааст.

Ба монанди Наврӯзи эронӣ, ки решаҳояш то жарфои торихи Бобили бостон меравад, аммо ба далели созгориаш бо қонуни табиъат тавониста дар ҳар фарҳанги тозаи минтақа рахна кунад, бимонаду биболад ва доман густарад. Дар Эрони зартуштӣ Наврӯз як ойини зартуштӣ буд ва дар бисёре аз сарзаминҳои исломии имрӯз намо ва маънои исломӣ ёфтааст.

Ба ҳамин шева Истер ё ҷашни баҳори фарангиҳо (урупоиҳо), ки ба ойинҳои пешомасеҳии жерманҳо бармегардад, бо намое масеҳӣ, аммо решаҳое бамаротиб куҳантар аз масеҳият мондагор шудааст. Яъне Наврӯз ва Истер ҷашнҳои ҳамсарнавиштеанд, ки рози мондагоришон ҳамхонии онҳо бо мантиқи табиъат аст.

Инҳо танҳо ваҷҳи ташобуҳ (монандӣ)-и Наврӯз ва Истер нест. Суфраи Истер ҳам монанди суфраи ҳафтсин ороста бо тухмимурғҳои рангин аст. Дар ҳар ду ойин, чи Истер ва чи Наврӯз, тухмимурғ намод (символ)-и боззод ё зоиши дубора аст. Дар деворнигораҳои Тахти Ҷамшед тасвири одамонеро мешавад дид, ки дар дастонашон тухмимурғ доранд ва дар интизори дидани шоҳанд.

Пайванде, ки ин тухмимурғҳо ба он ишора мекунанд, пайванди нажодҳо ва наслҳои гуногун аст, ки ба решаи воҳид бармегардад; яъне мо ҳама аз як обишхурем ва ба қавли Мавлоно:

На аз дунё, на аз уқбо, на аз ҷаннат, на аз дӯзах,
На аз Одам, на аз Ҳавво, на аз фирдавсу ризвонам.
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад,
На тан бошад, на ҷон бошад, ки ман аз ҷони ҷононам.
Дуиро чун бурун кардам, ду оламро яке дидам,
Яке бинам, яке ҷӯям, яке донам, яке хонам.

Friday, December 26, 2008

Jesus, a Reincarnation of Mithra?

Исои Масех хамон Митрост?

Шаби 20 десомбр шуморе аз порсигуён дар яке аз толорхои шахри Ландан гирди хам омаданд, то Шаби Ялдоро канори хам гиромй доранд. Матни зер фишурдаи суханронии ман дар он нишаст аст.


Дар Бохтарзамин боз хам мавсими чашнхои зимистонй фаро расида ва дар гушаву канор мешавад чарогонии шахр ва кочхои оростаро дид. Мо хам имшаб ин чо гирди хам омадем, ки чашни бостонии худамонро гиромй дорем. Оё ин як тасодуф аст? Ба хеч руй чунин нест. Шаби Ялдо ё Шаби Чиллаи мо бо чашни Крисмаси тарсоён (масехиён) пайванди танготанге дорад. Ва дар вокеъ, дуввумй баромада аз чашни нахуст аст, ки тавзехи комили он фурчаи бештар мехохад, аммо дар ин чо ба кутохй мешавад решахои он пайвандро намоён кард.

Агар аз як тарсои боварманд бихохед, ки Исои Масехро бароятон тавсиф кунад, чунин номхо ва фуруза (сифат)-хоро хохед шунид: Рох, Ростй, Равшанойи, Рахоибахш, Мавъуд, Мунчй, Чахон, Писари Худо ва Чупони Хуб. Аммо садхо сол пеш аз зоиши фарзии Исои Масех гузаштагони хамин фарангиён ин фурузахову номхоро ба эзиде дигар нисбат медоданд, ки Митро ё Мехри эронй буд. Чам (маъно)-и ин вожаи бостонй хамон «мехр»-и кунунй ва «хуршед» ва хамчунин «паймон» буд.

Оё тасодуф аст, ки имруза масехиён ба якшанбе «рузи Хуршед» мегуянд? (Sunday-и инглисй, Sontag-и олмонй ва Zondag-и хуландй намунахое аз он аст). На хайр. Чаро ки рузи якшанбе пеши пайравони кеши митроисм (мехрпарастй) хам испанду арчманд буд ва мехрпарастони фарангй ба он «рузи Худованд» мегуфтанд.

Пойтахти бузургтарин фиркаи масехиён, яъне котуликхо, Вотикон аст. Ба марде, ки ин фиркаро рахбарй мекунад, «поп» мегуянд». Чолиб ин чост, ки рахбари кеши мехрпарастй дар Бохтарзамини бостон хам дар Вотикон менишаст ва мард буд ва лакаби «попо»-ро дошт, ки бо вожаи «бобо»-и порсй хамреша аст. Оё мешавад инро хам як тасодуф донист?

Helio Biblia ё Holy Bible

Хуб, агар аз ин нукта хам чашм бипушем, боз хам риштаи ин хамонандихо пора намешавад. Масехиён ба китоби мукаддаси худ Bible ё Biblia мегуянд, ки баргирифта аз вожаи лотинии “biblia” ба чам (маъно)-и китоб аст. Пеш аз падидории кеши масехият дар Бохтарзамин хам ба навиштахои испанд ва мукаддас Helio Biblia мегуфтанд, ки ба чам (маъно)-и «китоби Офтоб» ё «китоби мукаддас» буд, ба монанди Holy Bible дар инглисй.

Афзун бар ин, 25 десомбр дар Урупо пеш аз ру овардани мардум ба масехият хам мухимтарин чашни сол будааст. Аммо дар он даврон рузи мелоди Митроро чашн мегирифтанд, на Масех. Митро хам аз як душиза (бокира) дар хузури чупонхо зода шуда, Исои Масех хам. Митро хам як омузгор ва устод буд ва 12 ёр дошт ва муъчиза мекард, Исои Масех хам. Митро хам ба монанди Исои Масех зери хок дафн шуда буд, аммо пас аз се руз зинда шуд ва ба малакут суъуд кард.

Пас ба хеч руй хамонандии ин хама чузъиёти зиндагй миёни худои Эрони бостон ва Исои Масех наметавонад тасодуфй бошад, балки дар вокеъ, кеши масехият сурати тозае аз кеши мехрпарастист, ки замоне ба Бохтарзамин рох ёфта буд ва албатта, дар он дахлу харчхои бисёре анчом гирифтааст.

Бо ин ки масехият ба шиддат тахти таъсири мехрпарастии эронй буда, Митро хам танхо худои ахди бостон набуд, ки дорои ин хама вучухи ташобух ё хамонандй бо Исои Масех аст. Кришно, эзиди хинду хам 1200 пеш аз зоиши Масех аз душизае бо номи Devaki ба дунё омада буд ва «Писари Худо» ном дошт. Ба хангоми зоиши Кришно хам мардони хирадманд ва чупонхо хозир буданд. Кришно хам муъчизаву афсун мекард, нобиноёнро бино мекард, девхоро аз ниходи инсонхо меронд ва мурдаро зинда мекард.

Кришноро ба чалипо кашида буданд. У хам мурду дафн шуд ва пас аз се руз бозпас зинда шуд ва суъуд кард ва хиндувон уро ба унвони «Рахоибахши инсонхо» мепарастанд. У худро «Растохез» ва «Рохе ба суи Падар» номид.

Бостонитарин Масех

Хазорон сол пеш аз пайдоиши Кришнову Митрову Исо хам дар Мисри бостон худои Хуршед буд, Horus ном.

Horus хам рузи 25 десомбр, мунтахо 3000 сол пеш аз зоиши Масех ба дунё омад; модари у хам душизае буд бо номи Iris-Meri. Муждаи зоиши уро хам монанди зоиши Исо ситорае дар Ховар расонд ва хангоми зоиши у хам се марди хирадманд канори болини модараш хозир буданд. Вай дар сисолагй гусли таъмид шуд. Аз он ба баъд Horus гирди чахон мегашт ва муъчиза мекард ва El-Azar-us ном мурдаеро зинда кард. Horus хам ба монанди Исои Масех руи об рох мерафт, саранчом ба чалипо кашида шуд, хоксупорй шуд ва дар нихоят ба растохез расиду суъуд кард. Фурузахо ва номхое, ки ба Horus нисбат медоданд, Рох, Мохигир, Ростй, Равшанойи, Фарзанди масхшудаи Худо (яъне масехи Худо), Чупони хуб, Барраи Худованд ва Сухан буд. У хам 12 ёр ё хаворй (апостол) дошт.

Эзидони дигари чахони бостон хам хастанд, ки рузи 25 десомбр зода шудаанд, ба монанди Attis, Dionysus, Adonis ва Prometheus – аз эзидони юнонй. Бештари онхо ба монанди Исои Масех ба чалипо кашида шуданд, дафн шуданд, зинда шуданд ва суъуд карданд.

Чаро 25 десомбр?

Аммо чи розе дар ин рузи вижа нухуфта аст? Чаро ин хама худоёну эзидону вахшурон бояд дар як рузи бахусус зода шуда бошанд? Ва пайванди онхо бо Хуршед чист?

Мардумони бостон, ба вижа дар фалоти Эрон ва Ховари Миёна, чобачоии ситорахо ва тагйири рузу шабу мохро бо диккату мушикофй пайгирй мекарданд. Аз ин чост, ки илми ахтаршиносй дар он бахш аз чахон пешрафтатар буд. Онхо дарёфта буданд, ки хамасола то рузи 21 ё 22 десомбр, баробар бо поёни мохи озар ва огози даймох, хуршед ба самти чануб нузул мекунад ва то ба ин руз мерасад, аз харакат ба суи чануб бозмемонад ва мо шохиди дарозтарин шаби сол мешавем. Ин ист ё таваккуфи хуршед то се руз ба дарозо мекашад. Пас аз се руз хуршед дубора ба суи шимол харакат мекунад. Огози дубораи харакати хуршед ё бозгашти хуршед маъмулан бо 25 десомбр мусодиф мешавад. Гузаштагони мо ин бозгаштро «зоиши дубораи Хуршед» ё «мелоди Мехр» медонистанд. Вожаи суриёнии «ялдо» хам бо вожагонии тозии «валад» ва «таваллуд» хамреша аст.

Пас ин на Митрову Исову Кришнову Диюнисусу Отисанд, ки барои се руз мемиранду дубора зинда мешаванд, балки хуршед аст, ки барои се руз бозмеистад ва дубора рох меуфтад.

Ва агар харакати хуршед дар ин рузхоро руи когаз тарсим кунем, хохем дид, ки хатти сайри хуршед ва хатти уфук дар таркиби хам чалипо (салиб)-ро шакл медиханд. Дар бархе аз фиркахои масехият дар миёнаи чалипо як доираро мебинем, ки намоди худи хуршед ба хангоми таваккуф дар конуни ин ду хатти буранда (мутакотеъ) аст. Аз ин ру бештари эзидони ёдшуда ба ногузир ба чалипо кашида шудаанд.

Шумораи 12 хам ки дар хамаи ин достонхо омадааст ва шумори ёрони хуршед аст, дар вокеъ 12 бурч ё мохест, ки хама медонем. Бад-ин гуна, метавон гуфт, ки вучуди 12 амшоспанд дар кеши зартуштй ва чи басо 12 имом дар мазхаби ташайюъи ислом метавонад як амри тасодуфй набошад.

Ба ростй, ки «банй одамй зи як гавхаранд.»

Пас Шаби Ялдо ва Крисмас хар ду чашнхое бисёр муртабитанд ва хар ду, дар вокеъ, бузургдошти зоиши дубораи Хуршеданд.

Фармонравоёни импротурии Руми бостон барои садхо сол пайрави кеши эронии мехрпарастй буданд. Кеше, ки шояд 4000 сол пеш дар Эрон падид омада буд ва дар хамон чо хам бархе аз дуктринхои бобилиро пазируфта буд. Мехрпарастй Хиндустон ва Чинро дарнавардид ва саросари хоки импротурии Румро тасхир кард; аз Скотланд то Сахрои Бузург доман кашид ва аз Испониё то Дарёи Сиёх. Бозмондаи ниёишгоххои митройи дар Бритониё, Итолиё, Румонй, Олмон, Мачористон, Булгористон, Туркия, албатта, Эрон, Арманистон, Сурия, Исроил ва Офрикои Шимолй кашф шудаанд. Ва ин густариши динии Эрон бидуни чангу хунрезй, бо такя бар неруи сухан анчом гирифт.

Яке аз кухантарин ниёишгоххои митройи дар шахри Руми Итолиё зери калисои кунунии St. Clemente дар наздикии Colosseum вокеъ аст. Яъне ба хамон шитобе, ки мардуми Урупо ба кеши тозаи масехият ру меоварданд, ё дар вокеъ, кеши бостонии митроисмро дасткорй мекарданд, ниёишгоххои митройи хам чои худро ба калисохо медоданд. Хамон тавре ки ишора шуд, Вотикони кунунй дар давраи мехрпарастй хам хамин чойгохро миёни мехрпарастон дошт, ки акнун миёни масехиён дорад. Чашни Ялдои мо хам дар Руми бостон бо номи Sol Invicta (Хуршеди Шикастнопазир) бургузор мешуд.

Дар Мисри бостон хам зоиши дубораи хуршедро гиромй медоштанд ва онро 12 руз чашн мегирифтанд, ба нишони 12 бурчи сол, ки бо гохшумории фарангии кунунй рузхои 25 десомбр то 6 жонвие (январ)-ро дарбар мегирифт. Чолиб ин чост, ки калисохои юнонй ва арманй то кунун рузи 6 жонвие (январ)-ро рузи мелоди Масех медонанд.

Аммо Шаби Ялдои мо бо бовархои маздаяснй сахт гирех хурдааст. Пеши ниёкони маздаяснии мо вопасин рузи мохи озар чам (маъно)-и вижае дошт. Дар ин дарозтарин шаб Ахриман дар авчи кудрат ва тавонойи карор дорад. Ва ба рузи баъдии он, яъне якуми даймох «Хуррам-руз» ё «Хур руз» мегуем, яъне «рузи Хуршед». «Хур руз» ба таври комил аз они Ахуромаздост ва Ахриман дар ин руз шикаст хурдааст.

Sunday, February 12, 2006

Uncivil Civilizations Endanger the Global Civilization

On the margin of a comment left under my previous posting

Dear Esphandiar,

That's really funny. How could he be recognized indeed, that unseen mysterious prophet of Islam? But I think the cartoons have got some hints in Danish. I recognized there the word "profet". We can guess what it might mean in English.

As for cartoons, it would have been related to the notion or value of freedom of expression only if that value would be observed regarding anyone and everyone. Or if the infamous cartoons were drawn by a Muslim artist, it could've had an absolutely different effect to show the struggle for freedom of expression within Islam. Nowadays we witness another clash of "civilizations" and undoubtedly we are tired of that already.

On the other hand, if the same sort of cartoons were drawn and successfully published in Europe depicting Jesus Christ as a Bush-style or Blair-alike crusader or showing Moses breathing under a respiratory machine while holding the trigger of a gun tight in his bloody hands, I would have said: Well done, the West and western values! I adore you, I admire you, I love you!

But how can I like either appalling hypocrisy of the West or desperate savage pathetic retaliatory reaction of Islam? To me, both of them are coward and reactionary not worthy to follow. Both of them are bogged down in their shameless double standards. But it is hard to see the world in trepidation because of the clash of two uncivil civilizations. Do you agree?