Китоб ва ғариби шефта
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
12.04.2011
Ин бор ҳам тибқи одати солона ба Намоишгоҳи байнулмилалии китоби Ландан сар задам, ки аз муътабартарин рӯйдодҳои фарҳангии Ғарб аст ва баҳонаест барои ошноии бештари милал бо ҳамдигар. Дар фазои намоишгоҳҳое аз ин даст метавон бо фазои андешагии кишварҳои мухталиф ошно шуд ва дид, ки чи миллате дар чи заминае пешрав аст ва нуқоти заъфаш кадом аст.
Аз Тоҷикистон, албатта, ҳаргиз ному нишоне дар ин намоишгоҳ надидаам ва эй кош медидам. Инҷост, ки мешавад номе ёфт дархури ситоиш. Аммо бар хилофи солҳои гузашта, ки забони порсӣ тақрибан бакуллӣ ғоиб буд, ин бор Ҷумҳури Исломии Эрон ду ғурфа задааст, барои муъаррифии осори интишороти байнулмилалие чун “Алҳудо”, “Бунёди андеша”, “Конуни парвариши фикрии кӯдакон” ва “Амири кабир”. Бисоти ин ғурфа ғолибан мазҳабию идеулужик аст ва шуморе чанд китоби ҳунарию фарҳангӣ ҳам дорад. Ғурфаи дувум, ки мутаъаллиқ ба Музеи ҳунарҳои муъосири Теҳрон аст, китобҳои нафистареро аз рубоъиёти мусаввари Хайём ва минётурҳои эронӣ ба намоиш гузоштааст, ки ҳама дузабонаанд; ба забонҳои порсию инглисӣ. Алимуҳаммади Ҳилмӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Ландан, ба ман мегӯяд, ки агар мушкили раводид набуд, шумори бештари ноширони эронӣ моил буданд, ки дар ин намоишгоҳ ширкат кунанд. Аммо набуди ноширони хусусӣ ба ғурфаҳои Эрон маҷол намедиҳад, ки намояндаи тамомъайёри санъати чопу интишор ва андешаҳои Эрон бошанд.
Дар конуни намоишгоҳи имсол Русия ба унвони меҳмони ифтихорӣ медурахшад. Борис Акунин, пурфурӯштарин нависандаи рус, ҷузъи як ҳайъати 50-нафараи адибони рус аст, ки ҳамроҳ бо 60 ношири кишварашон ба ин намоишгоҳ омадаанд. Ҳайъатро Сергей Наришкин, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Русия, раҳбарӣ мекунад; яъне Русия ба ин намоишгоҳ аҳамияти бисёр қоил аст ва мекӯшад дар он ҳузури баёдмонданӣ дошта бошад. Зимни суҳбатҳо бо мухотабони инглисӣ дармеёбам, ки нависандагони ҷадиди Русия барои бештарашон ношинохтаанд. Ҳама номҳои Пушкин, Достоевский, Толстой ва Чеховро шунидаанд, ки ҳамагӣ мутаъаллиқ ба садаи 19 ҳастанд ва аз зикри номи имрӯзиён оҷизанд. Ин воқеъият нависандагони муъосири Русияро дар ҳолате ногувор мегузорад. Аммо Борис Акунин бо хушбинӣ мегӯяд: “Андаке мунтазир бимонед. Толстойҳо ва достоевскийҳои нав дар роҳанд”.
Аз Наталия Солженитсина, ҳамсари Александр Солженитсин мепурсам, ки чаро нависандаҳои рус ба мавзӯъҳои пешипоуфтодаи ҷиноӣ ва пулисӣ рӯй овардаанд ва чаро ин қадр ақиб уфтодаанд. Мегӯяд, шояд ба хотири ҷадид будани ин мавзӯъҳо барои нависандагони рус бошад, аммо онро нишони уфт ё вопасмондагии адибони рус намедонад. Ба бовари Солженитсина, нависандагони рус бар пояи суннатҳои адабиёти садаи 19-уми Русия ҳамчунон дар ҳоли пешрафт ҳастанд. Мегӯяд, адабиёти муъосири Русия бисёр қавист ва набояд дастикам гирифта шавад. Аммо далеле намеоварад, ки маро қонеъ кунад. Ва ин воқеъият, ки ҳеч инглисие наметавонист номи як адиби муъосири Русияро ба зеҳн биоварад, маро ба дидгоҳам пойбандтар мекунад.
Кишвари дигаре, ки дар намоишгоҳи имсол хуш медурахшад, Чин аст. Даҳҳо бунгоҳи интишоротии Чин фазои азимеро ишғол кардаанд ва китобҳои илмию адабӣ ва адабиёти кӯдак арза мекунанд. Соли оянда Чин меҳмони ифтихории намоишгоҳи китоби Ландан хоҳад буд ва аз ҳоло мешавад тасаввур кард, ки соли оянда шоҳиди чи ҷилваи хиракунандае хоҳем буд.
Танҳо ҷое, ки номи Тоҷикистон ба чашмам хурд, ғурфаи интишороти “Имак”-и Туркия буд. Рӯи девори ин ғурфа огаҳии бузурге насб шуда, ки мегӯяд, интишороти “Имак” адабиётеро дар бораи кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз, аз ҷумла Тоҷикистон, ва ба забони он кишварҳо мунташир мекунад. Пас дастикам касе ҳам дар ин намоишгоҳ ҳаст, ки ба ёди мо буда. Аммо чаро Туркия? Пурсишест андешабарангез ва фурсате дигар мехоҳад.
Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ва сулуки ирфонаш дар намоишгоҳи имсол як қафасаи бузурги китобҳои нафису мунаққашро ба худаш ихтисос додааст; ба забонҳои мухталиф. Ва он ҳам мутаъаллиқ ба интишороти Туркия аст. Пас туркҳо танҳо иддаъо надоранд, балки иддаъоҳои худро бо амалашон тасбит мекунанд.
Бо ин ки нишонаҳое аз забони порсию Тоҷикистонро дар намоишгоҳ дидам, мисли ҳамеша бо ҳисси ғурбату шефтагӣ аз намоишгоҳ берун омадам; ғурбат аз набуди мо дар намоишгоҳҳое аз ин даст ва шефтагӣ ба талоше, ки миллатҳои дигар барои муъаррифии худ ва фарҳангашон ба ҷаҳониён ба харҷ медиҳанд.
Showing posts with label books. Show all posts
Showing posts with label books. Show all posts
Thursday, April 14, 2011
Tuesday, August 24, 2010
An Alphabet for Mr. Usmanov
Алифбо барои И. Усмонов
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Агар ҳавсалаи танги гӯшаи “Ногуфтаниҳо” ё ҳатто ин сафҳаи нисбатан бузург маҷол медод, мешуд ба якояки иддаъоҳои подарҳавои профессор Иброҳим Усмонов, ки дар китобчаи “Баҳси алифбои тоҷикӣ” (2008) матраҳ кардааст, посухҳои дандоншикан дод. Ин китобча ба андозае аз шинохти хатту забону фарҳангу торих ба дур аст, ки ба ҳеч рӯй интизор намерафт аз қалами як “олими сол” битаровад. Аммо дар паи дебочаи кӯтоҳе, ки ҳафтаи гузашта мунташир шуд, мекӯшам ба яке-дуто аз иддаъоҳои пояӣ, аммо бепояи профессор бипардозам.
Усмонов панҷ омилро барои дарки зарурати тағйири хат ногузир мешуморад:
“– мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;
– мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;
– дастнорас шудани мероси таърихӣ;
– аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;
– ҳадафҳои сиёсӣ”.
Ва дар паи он беибо мефармояд, ки баҳси тағйири хатти русӣ ба порсӣ дар Тоҷикистон аз ҳеч як аз ин омилҳо бархурдор нест. Мешавад так-таки ин омилҳоро бо мӯшикофӣ мурур карду дид, ки то куҷо ин иддаъои И. Усмонов воқеъият дорад.
Дар алифбои русии тоҷикӣ садоҳои бегона (ц, ы, ь) фаровон буданд, ки танҳо пас аз истиқлол аз хатти мо ронда шуданд. Аммо ҳамин акнун ҳам қавораи алифбои сириллик бо забони порсии мо ҳамхонӣ надорад. Барои намуна, садои “о”-и русӣ бо садои “о”-и порсии мову шумо тафовути фоҳише дорад. “О”-и русӣ гирдтар ва кашидатар талаффуз мешавад, ба вежа замоне, ки аломати “зада” ба рӯи он меуфтад. Яъне “дом”-и русӣ (ба маънои “хона”) бо “дом”-и порсӣ (ба маънои “тала” ё “қапқон”) талаффузҳои мутафовите доранд. “О”-и порсӣ бозтар талаффуз мешавад, ба гунае, ки дар бадви ҳукумати шӯравӣ ва пеш аз гузаштан ба хатти лотин имлои лотини номи рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” “Tajikistani Surx” буд, на “Tojikistoni Surx”.
Дигар ин ки садои “а”-и русӣ ҳам ба садои “а”-и порсӣ шабоҳати андак дорад. Дар забони русӣ талаффузи ин садо мушорикати фаъъоли лабҳоро намехоҳад. Ба гунае, ки бо даҳони нимабоз ҳам мешавад “а” гуфт. Дар ҳоле ки “а”-и порсӣ (тоҷикӣ) бо лабҳои бозу кашида садо медиҳад. Барои намуна, “бар”-и русӣ (ба маънои “нӯшгоҳ”) аз “бар”-и порсӣ (ба маънои “самар”) талаффузи ҳамсон надоранд. Албатта, хатти сириллик боъис шудааст, ки ҳанҷори талаффузи порсии Осиёи Миёна ба вежа дар миёни насли ҷавон латма бибинад. Аммо лаҳҷаи як тоҷик ба ҳангоми такаллум ба забони русӣ бахусус дар талаффузи ҳамин ду ово сахт мушоҳида мешавад. “Как дела? Очень хорошо”-ро тамрин кунед ва бибинед, ки талаффузи он бо риъояти овоҳои порсӣ чи қадр лаҳҷаи тоҷикии шуморо барҷаста мекунад.
Далели дигар марбут ба садои “у” аст. Масалан, дар вожаи “суруд” мо аз куҷо бидонем, ки кадом “у” чи гуна талаффуз мешавад? Чун ҳар ду як шакл доранд. Аммо ононе, ки аз рӯҳи ин забон огоҳанд, медонанд, ки “у” нахуст кӯтоҳ асту “у” дувум кашидатар. Оё хатти сириллик ин амри муҳимро нишон медиҳад? На. Оё дар хатти порсӣ метавон ба ин тафовути муҳим пай бурд? Оре.
Ҳарфи “и”-и сириллик ҳам гӯишварони забони порсӣ (тоҷикӣ)-ро дучори сардагумӣ кардааст. Барои намуна, касе, ки аз хатти порсӣ ва рӯҳи ин забон огоҳ нест, дар талаффузи вожаҳое чун “бин” (феъли амрии “дидан) ва “бин” (“писар”) гиҷ мемонад; ё намедонад, ки садои “и” дар кадом як аз ду калимаи “бино” (яке ба маънои “сохтмон” ва дувумӣ ба маънои “касе, ки қодир ба дидан аст”) кӯтоҳ ё дароз аст; ё садои “и” дар вожаҳои “Сино” ва “Синд”-ро ҳамсон талаффуз мекунад, ки ғалат аст. Ин сардаргумӣ сирфан зоидаи хатти сириллик аст, ки таъсири ваҳшатноке рӯи талаффуз, забон ва ҳатто адабиёти мо гузоштааст. Бар асари ин иштибоҳ қофияҳое, ки бархе аз шоъирони мо мебанданд, ғалат аст ва он қофияҳо фаротар аз хатти сириллик корбурд надорад.
Бад-ин гуна, посухи ҳар ду омили аввалияеро, ки профессор Усмонов ба шакли “мувофиқ наомадани ҳарфу овоз ва мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон” баршумурдааст, дар намунаҳои боло мушоҳида кардем. Дар хатти сириллики порсӣ на ҳарфу овоз бо ҳам созгорӣ доранду на табиъати забон бо ин расмулхат мечарбад.
Омили севумро профессор Усмонов беҳуда зикр кардааст, чун барои ҳамагон пур равшан аст, ки хатти сириллик ба монанди табаре тез пайванди насли шӯравӣ бо мероси гаронбори торихимонро қатъ кард ва боъис шуд, ки дарахти забон дар сомони мо бихушкад ва дигар шоҳкоре дар заминаи забону адаб дар ин сарзамини адабпарвар падид наояд. Ҳолати забони порсии Осиёи Миёна ҳамонанди дарахтест, ки аз решаҳояш гусаста шуда ва батадриҷ мемирад. Танҳо давои ин дард пайванди дубора бо реша, яъне бо хатти модарист. Аз он ҳазорон ҷилд дурри дарии суфта, ки то балвои сурх дар Осиёи Миёна ва фаротар аз он офарида шуда буд, шояд танҳо як гавҳари ночизаш ба чашми сирилликхони мо расидааст. Ҳукумати шӯравӣ бо он ҳама даму дастгоҳи муфассале, ки дошт, ҳатто агар тамоми мутарҷимони импротуриро барои баргардони осори порсӣ ба сириллик мегумошт, боз ҳам барояш муяссар намешуд, ки дастикам нисфи он осори куҳану арзишмандро баргардон кунад. Гусастагӣ аз мероси ғании адабию торихӣ миллатро ба андозае аз исму расми худ дур кард, ки акнун ҳатто мункири номи асили худу забони худ аст.
Дар мавриди “аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ” ҳам фикр намекунам ниёзе ба тавзеҳи муфассал бошад. Чун аз ҳар манзари ин омил, ки бингаред, бозгашти тоҷикон ба хатти порсӣ, ки хатти дину ойину қавму миллаташон буда, ногузир ба назар мерасад.
Ва саранҷом омили “ҳадафҳои сиёсӣ”. Чи оқои Усмонов бихоҳаду чи на, хатти сириллики Тоҷикистон акнун дар ҷазирае ба сар мебарад, ки аз модараш - Русия фарсангҳо дур уфтодааст. Хатти лотини ҳамсояҳои турктабор ин занҷираи пайвастаро, ки аз Русия сар мегирифту дар Тоҷикистон ба сар мерасид, гусастааст. Он ҳамсояҳои турктабор бо ҳиммату ҷасорат хатти таҳмилиро канор гузоштанд ва барои наздикӣ ба ҳамтаборони туркашон хатти лотинро баргузиданд. Шояд бозгашт ба хатти порсии арабӣ барои онҳо амри ҳаётӣ набошад, чун мероси адабии пешинашонро, ки ҳаҷми зиёде надорад, метавонанд ба содагӣ ба ҳар расмулхатти дигаре баргардон кунанд. Аммо ақли салим ҳукм мекунад, ки сарзамине чун Тоҷикистон танҳо бо бозгашт ба хатти порсӣ метавонад зимни ҳифзи мероси торихиаш дубора ба асолати худ даст ёбад.
Усмонов бо лаҳни чаккушӣ (болғаосо) мехоҳад ин бовари худро дар зеҳнҳои мо бикӯбад, ки:
“Мо, халқҳои форсизабон, дигар дар сарзамини қадимаамон якҷоя зиндагӣ карда наметавонем. На Ҷумҳурии Исломии Эрон, на Давлати Исломии Афғонистон ва на Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин фикр розӣ шуда наметавонанд”.
Аммо на оқои Усмонов ва на касе дигар қодиранд бо қаҳру итоб хоки Тоҷикистонро аз ин минтақа бардоранду дар канори Кремлин бирезанд. Ин хоки азалиро Фирдавсӣ дар китоби сутургаш ингуна ном ниҳода:
Зи Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст,
Дари Ғарчагон аз бару бум буст.
Дигар Толиқоншаҳр то Форёб,
Ҳамедун дари Балх то Андароб.
Дигар Панҷҳер аст то Бомиён
Сари марзи Эрону ҷои каён.
Дигар Гӯзгонони фархундаҷой
Ниҳодаст номаш ҷаҳон кадхудой.
Дигар Мӯлиён то дари Бадхашон
Ҳамин аст аз ин подшоҳӣ нишон.
Фурӯтар дигар дашти Омӯву Зам,
Ки бо дашти Хатлон барояд барам.
Чи Шугнон в-ар Тирмизу Висагирд,
Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.
Ҳамедун бирав то дари Суғд низ
Наҷӯяд кас он подшоҳӣ ба низ...
Фирдавсӣ ҳамаи ин сарзаминҳоро “Эрон” медонисту худашро фарзанди Эрон. Эрон аз ҳамин ҷо оғоз мегирифт (“Зи Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст...”). Порсӣ, бо ҳамин ном, забони бумии ин сарзамин буд (“Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”). Авесто ҳамин сарзаминро “Эрон” ё “паҳнаи ориёиён” (Aryanam Vaejah) номидааст. Ҳол мо ба дурри Фирдавсиву санади Авесто гӯш фаро диҳем ё ба фармудаи сиёсатзадаи И. Усмонов?
Сарзамини торихӣ ҳамсони модар аст ва таъвизнопазир. Писандида нест, ки бино ба мулоҳизоти сиёсӣ ва аз рӯи ниёз, имрӯз ҳам ба моми меҳану бузургворонаш пушт кунему рӯ ба Кремлин оварем, ки тайи даҳаҳои ахир то тавонистааст, мағзу равону ҷисму ҷони бачаҳои ин сарзаминро заҳҳоквор хурдааст. Агар Носири Хусрав зинда буд, ба эҳтимоли зиёд, дар қитъаи зераш вожаи “турк”-ро бо “рус” иваз мекард:
Туркон пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон,
Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ.
Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро
Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.
На, профессор Усмонов, мо ҳам дар устураҳо зиндагӣ намекунем. Инҳо ҳама ривояти торих аст, воқеъият дорад. Ин ҳам воқеъият дорад, ки имрӯза сарзаминҳои порсигӯ чаҳор тикка шудаанд ва бо номҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва Афғонистон рӯи нақшаи сиёсии ҷаҳон ҳузур доранд. Аммо воқеъиятҳои торих ба мову шумо гӯшзад мекунад, ки ин чаҳор тикка мутаъаллиқ ба як матоъи воҳид аст; як паҳнаи фарҳангист. Ва талошҳои ҳамандешонатон барои кандани порае аз он ва дур андохтани он ба коми аждаҳои рус роҳ ба чоҳ бурд, чун хилофи мантиқи башарӣ ва азалӣ буд. Шояд тасаввури ин мавзӯъ барои шумову ёронатон мудҳиш бошад, аммо Тоҷикистон саранҷом рӯ ба асли худ хоҳад овард. Ва ин рӯйкард аз тариқи бозгашт ба хатти модарии порсӣ муяссар хоҳад шуд. Чун муҳимтарин роҳи бақои миллат дар ҳифзи забони он аст ва забони порсии Осиёи Миёна бидуни бозгашт ба расмулхатти порсӣ нобуд хоҳад шуд. Талоши шумо барои хафа кардани пайкори асолатхоҳонаи мардум ҷиноят аст.
Дар арсаи сиёсӣ ҳам мебинем, ки се пора аз ин сарзамини фарҳангии ягона зери унвони “кишварҳои форсизабон” гирди ҳам меоянду барномарезӣ мекунанд. Корбурди истилоҳи “форсизабон” дар ҷаласоти расмии Тоҷикистон ва ҳатто дар китобчаи оқои Усмонов баёнгари сардаргумии эшон аст, ки дар мавориде истифода аз ин истилоҳро судманд медонанд, аммо ғолибан бо он сари ситез доранд. Ононе, ки номи асили забони мо (порсӣ)-ро намеписанданд, ба асолати ин миллат хиёнат кардаанд ва об ба осиёби душман рехтаанд. Онҳо қасд доранд миллати моро аз мероси ғании гузаштагони барӯмандамон маҳрум кунанд, ки ҳеч кадом номи забони худро “тоҷикӣ” наномидааст.
Дар мавриди иддаъоҳои аҷулонаи И. Усмонов дар бораи мутародифҳои “тоҷик”, “форс” ва “эронӣ” ва истиноди ғалати ӯ ба В. Бартолд (ки гӯё вожаи “тоҷик”-ро баргирифта аз “тоҷ” донистааст) дар фурсате дигар хоҳам навишт. Ин ҷо танҳо тавсия мекунам, ки эшон мақолаи илмии “Тоҷикон”-и Бартолдро бихонад, ки ба тавсеъаи дидаш ба ин мавзӯъ ҳатман мусоъидат хоҳад кард. Ва ба чанд намуна аз ғалатҳое ишора мекунам, ки дар сафҳаҳои нахусти китоби профессор Усмонов мушоҳида мешавад: “мутамаддун” на, балки “мутамаддин”; “забони паштунӣ” на, балки “забони пашту”; “истиқлолият” на, балки “истиқлол”; “мунавварон” на, балки “мунаввар-ул-фикрон” ё ба забони мо “равшанфикрон”; “Пуҳантуни Кобул” на, балки “Донишгоҳи Кобул”; “олими маҷор” на, балки “олими маҷорӣ”; “тӯрону семитӣ” на, балки “тӯронию сомӣ”; “моли машруҳ” на, балки “моли машрӯъ”; афроди “муддаои форс будан” на, балки “муддаъии форс будан”, “ӯзбекӣ” на, балки “узбакӣ” ва даҳҳо ғалати дигар, ки бештарашон ношӣ аз ноошноии эшон бо хатти модарии мо – расмулхатти порсист. Як ҷо эшон иддаъо мекунад, ки номи кишвари Урдун бо “айн” навишта мешавад, ки боз ҳам ғалат аст. Шояд бо “Адан” ё ҷое дигар иштибоҳ гирифта бошад, аммо имлои “Урдун” бо “алиф” аст.
Ин ҷо яке дигар аз далелҳои баҳонатарошиҳои И. Усмонов барҷаста мешавад, ки ноогоҳии худи профессор аз хаттест, ки бо он сари ситез дорад. Мусалламан, ҳар чизи ноошно дар оғоз тарснок аст. Аммо то бо он ошно шавед, мебинед, ки чандон тарснок ҳам набуда, балки судманд аст. Аз сӯи дигар бархе аз профессорони мо, ки осорашон дар ҳавзаи паҳновари порсӣ арзишашонро аз даст медиҳанд, бо чангу дандон ба хатти сириллик часпидаанд; чун хуб огоҳанд, ки бо бозгашти миллат ба хатти порсӣ ва боло рафтани сатҳи забондонии мардум он китобҳо дар беҳтарин ҳолат дар раффи китобхонаҳо чанг хоҳанд хурд. Вале ин донишварони гиромӣ бояд бидонанд, ки манфиъати миллат бартар аз манфиъати эшон аст. Ва инро ҳам бидонанд, ки рафтори кунунии онҳо кӯчактарин тафовуте аз рафтори понтуркистҳо ва булшевикҳои оғози садаи 20 надорад, ки ба ҳар роҳе талош мекарданд ба ҳувияти миллии тоҷикон зарба бизананд.
Торих ҳамеша ба гунае такрор мешавад.

Wednesday, August 18, 2010
Yet Again About the Script
Баҳсе нима бо устоди нимароҳам(вижаи "Ногуфтаниҳо"- Нигоҳ)
Яке-ду ҳафта пеш равоншиносону пизишкони Ғарб эълом карданд, ки танҳоӣ бисёр зиёнбор ва ҳатто кушанда аст. Мизони зиёни танҳоиро бо кашидани 15 нах сигор дар рӯз баробар донистаанд. Танҳоӣ, аммо, ҳолатест, ки танҳо вижаи фард ё инсон нест. Гурӯҳе аз инсонҳо ва ҳатто қавмҳову миллатҳо ҳам метавонанд танҳо бимонанд ва чун қӯе танҳо бимиранд; оҳиста-оҳиста, бо заҷҷаву нола, бо марге тадриҷӣ ба торих бипайванданд. Танҳоӣ маргбор аст.
Миллатҳое ҳастанд, ки аз бузургию азамат меуфтанд, хурду ҳақир мешаванд, тавоноии вифқи худ бо ҷаҳони берунро аз даст медиҳанд ва таҳлил мераванд. Аз бади рӯзгор, ин ҳолатест, ки порсигӯёни Осиёи Миёна тайи сад соли ахир тадриҷан ба он наздик шудаанд. Бахше аз ин танҳоиро бегонагон таҳмил кардаанд, аммо бахши бузургтари он, ки акнун мушоҳида мешавад, худангехта аст.
Тоҷикон барои шикастани танҳоӣ ва инзивояшон василаҳои лозимро доранд, аммо аз корбурди он метарсанд ё аз саводи корбурдаш маҳрум мондаанд. Дар ҷаҳоне, ки миллатҳо кӯбакӯ дунболи иштирокот бо миллатҳои дигар мегарданд, то шояд бар тӯли умрашон биафзоянд, тоҷикон аз ин иштирокот мегурезанд. Албатта, шояд корбурди лафзи “тоҷикон” дуруст набошад. Масъулонанд, ки ба ҷои ҳамаи тоҷикон тасмим мегиранд ва ин эрод ҳам зоидаи хусусиёти онҳост. Забони форсӣ ба худии худ беҳтарин васила барои афзудан бар тӯли умри ин миллат аст; ба шарти ин ки дастикам номи ин забони хуҷастаро бидонему бипазирем ва хатти онро фаро бигирем, то девори танҳоимон бишканад ва бо ҳамтаборонамон, ки аз қазо беруни марзҳоямон мондаанд, ҷӯш бихурем.
Дӯсте наҷибу фарзона аз Душанбе сафҳаҳое аз китобчаеро фиристод, ки ду сол пеш мунташир шуда; бо номи олимонаи “Баҳси алифбои тоҷикӣ” ба қалами Иброҳим Усмонов. Ин устоди нимароҳи мо, ки ҳамеша ба мо иноят доштаанд, ин бор ҳам дар навиштаи худ салоҳ надонистаанд, ки номи ноқобилро аз қалам биандозанд ва чанд сатре ҳам дар сарзанишу накӯҳиши инҷониб қаламфарсоӣ кардаанд. Гузашта аз кинае, ки шояд аз утоқҳои дарси журнализми “Ҷазира” сарчашма мегирад, устоди нимароҳам бо ман ихтилофоти ақидатии жарфе доранд ва дуруст бар хилофи ман, ҳамвора талоши фаровон ба харҷ додаанд, то Тоҷикистонро ба шакли як ҷазираи сириллик дар Осиёи Миёна ҳифз кунанд. То ин ҷо эшон муваффақ будаанд, чун чархи осиёби замона бар вифқи муроди эшон мечархад ва унвони “Олими сол” ҳам ба эшон таъаллуқ мегирад.
Китоб бо манзуре сирфан сиёсӣ тадвин шуда ва сиёсат аз сӯрохҳои ҳуруфи сириллик ва фосилаҳои миёни сатрҳояш ҳам фаварон мекунад. Аввал ин ки дебочаи китобро Сайфулло Сафаров навиштаанд, ки “сиёсатшинос” муъаррифӣ мешаванд ва кӯшидаанд аз равзанаи сиёсӣ ба мавзӯъ нигоҳ кунанду хатти форсиро ба унвони хатте, ки бо сиёсатҳои кунунии мо созгор нест, лату пор кунанд; бо таъбирҳое чун “хатти куҳан” ва “хатти мушкилфаҳм” хатти порсиро хатти афроди вопасмондаву бадбахт ҷилва диҳанд. Ва бо ин фармудаи Саъдӣ биситезанд, ки:
Куҳанҷомаи хеш перостан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.
Ва ғофил аз ин мантиқ, ки танҳо афроду миллатҳои мушкилписанд ба қуллаҳое даст ёфтаанд, ки орзуи ҳамнавъонашон аст. Агар хатти ниёкони оқои Сафаров чинӣ ё жопунӣ буд, чи мегуфтанд? Ҳоло бифармоед, ки мардумони Чину Жопун куҷоянду мо куҷо? Дар ногуфтаниҳои баъдӣ ба дебочаи оқои Сафаров бармегардем, ки суҳбати ширину дилҷӯе мешавад дар борааш кард.
Аммо профессор Усмонов баҳси худро бо ин пурсиш оғоз мекунанд, ки “Мардум чӣ мехоҳанд?” Ва ба ин натиҷа мерасанд, ки мардум ҳамонеро мехоҳанд, ки эшон мехоҳанд. Ҳамапурсӣ эҳтимолан пӯшидаву пинҳон анҷом гирифтаву мо хабар надорем.
Нуктаи шигифтангез ин ҷост, ки ҳарчанд оқои Усмонов забони моро “форсӣ” намедонад, дар нахустин ҷумлаи китобаш менависад:
“Мо, халқҳои форсизабон, дигар дар сарзамини қадимаамон якҷоя зиндагӣ карда наметавонем. На Ҷумҳурии Исломии Эрон, на Давлати Исломии Афғонистон ва на Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин фикр розӣ шуда наметавонанд.”
Агар ҳозиред бо даҳони пур худро ҷузъи “халқҳои форсизабон” биномед, ҳадаф аз навиштани ин китоб ва ғалат будани итлоқи “форсӣ” ба забони мо чӣ буд?
Дар ҷое дигар мехонем:
“Шероз ҳамеша мулки тоҷикон будааст ва Саъдии Шерозӣ борҳо дар ғазалиёташ ин маъниро ифода кардааст. Роҷеъ ба Шероз воқеае ба ёдам меояд. Соли 1997 ҳайати Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси Олӣ Сафаралӣ Раҷабов ба Эрон сафар кард ва раиси Остони Шероз ҳангоми пазироӣ гуфт: “Аксарияти мардуми Шероз гузаштагони худро тоҷик меҳисобиданд”.
Ҳатман манзур аз “остон” ҳамон “устон” будааст, ки вожаи ноби порсист ба маънои “вилоят” (ки вожаест арабӣ). Ва дар Эрон устонҳо на раис, балки “устондор” доранд. Аммо бино ба тасаввури профессор Усмонов, Шерозро гӯё замоне “форс”-ҳо аз “тоҷикон” рабудаанд ва ҳатто устондори Шероз инро таъйид мекунад. Дарки ғалат аз як мавзӯъи равшану мубарҳан, ки дар гузашта ва дар замони Саъдӣ ҳам манзур аз “тоҷик” чизе ба ҷуз “эронӣ” ё “форс” набудааст ва ин лафзе буд, ки туркҳои навмусалмон дар мавриди эрониён ба кор бурдаанд. Ин ҳарфу ҳадиси ман нест, балки дар китобҳои торихи чи ғарбию чи шарқӣ садҳо санад дорад. Ва устод ёдашон рафтааст, ки дар мавриди пойтахти устони Форс суҳбат мекунанд, ки барои ғарбиён мутародифи вожаи “Эрон” буда. Дар воқеъ, ин далеле, ки эшон ба гумони худ алайҳи мухолифонашон матраҳ кардаанд, иддаъои худашонро нобуд мекунад; ин иддаъоро, ки “эронӣ” ва “тоҷик” ду мафҳуми мустақил будааст. На, об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност. Ва коре аз ин китобу китобчаҳои муғризонаи сиёсӣ сохта нест.
Ҳафтаи оянда мавзӯъро бештару беҳтар мешикофем. Суҳбат боқӣ.
Tuesday, July 06, 2010
From England With Love
Дилбохтаи инглисии Фирдавсӣвижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ
Аз поёни сароиши “Шоҳнома” дуруст ҳазор сол мегузарад. Шояд вақте ки Абулқосими Фирдавсӣ аз даргоҳи Султон Маҳмуди суханнашнос бо чанд пашизи ночиз навмедона по ба кӯчаву бозорҳои Ғазнӣ мегузошт, дар гӯшаи хаёлаш ҳам хутур намекард, ки ҳазор сол баъд ҷавоне аз сарзаминҳои дурдаст по ба пои ӯ ҳамин роҳро тай хоҳад кард, то бо чашми сар бибинад, ки бар он ҳамосасарои беҳамто чӣ гузаштааст; ҷавоне аз сарзаминҳои ноошно, ки дар даврони Фирдавсӣ ҳанӯз Шекспирро ҳам бар худ надида буд.
Ник Ҷоббер (Nicholas Jubber), дар Донишгоҳи Оксфорд забону адаби инглисиро фаро гирифта буд, аммо ошноӣ бо яке-ду достони “Шоҳнома” ӯро ба масире дигар кашонд. Ӯ ба Эрон рафт, то забони Фирдавсиро фаро бигирад. Рафта-рафта ишқ ба Фирдавсӣ ӯро шефтаи фарҳангу забони Фирдавсӣ кард ва роҳи сахту саҳмгини сафар аз Тӯси Эрон ба Ғазнии Афғонистонро барояш ҳамвор кард. Ин ҳам кофӣ набуд. Ник сарзаминҳои шоҳномахонро дарнавардид ва сар аз биёбонҳои Туркманистону шаҳрҳои Узбакистону кӯҳсори Тоҷикистон баровард. Ва китобе навишт бо номи кинояомези “Арақнӯшӣ бар риши оятуллоҳ” (Drinking Arak Off an Ayatollah’s Beard), бо ишора бар як мавриди нӯшидани арақ дар Теҳрон бар сари рӯзномае, ки акси Хоманаӣ бар он буд.
Китоби Никулос Ҷоббер, ки чанд моҳ пеш дар Ландан мунташир шуд, омезаест аз ториху саргузашт; саргузаштҳои ин ҷавони моҷароҷӯи инглисӣ, ки мехост бидонад Фирдавсӣ чаро сӣ соли умрашро рӯи як китоб сармоягузорӣ карда буд ва бо чи ранҷе худро ба Ғазнӣ расонда буд, то чи ганҷеро бибарад. Дар лобалои ин ҷустуҷӯҳо Ҷоббер дармеёбад, ки ҳаққи заҳмати Фирдавсӣ ҳамон чанд сиккаи симини Маҳмуди Ғазнавӣ набуд, балки ҷовидонагии асараш буд, ки ҳатто ҳазор сол пас аз поёни сароиши он дар мағз-мағзи фарҳанги сарзаминҳои Эрони бостон ҳамчунон метападу зинда аст. Як марди қассоби бахтиёрӣ дар саҳроҳои Эрон, як нависандаи ошуфта дар Афғонистон ва як овозхони даврагард дар Тоҷикистон ҳамчунон байтҳои “Шоҳнома”-ро бар лаб доранд. Ҳатто ҷавоне, ки ба сӯги Имом Ҳусейн дар хиёбонҳои Теҳрон занҷир ба тан мезанад, мегӯяд, ки ӯ ба сӯги Сиёвуш ҳам нишастааст. Дарҳам-танидагии Шоҳнома бо фарҳанги мазҳабие, ки бар ин сарзаминҳо чира шудааст, нависандаи китобро дучори шигифтӣ мекунад.
Бештари саргузаштҳои Ник марбут ба Эрони имрӯзист ва табъан, бештари сафаҳоти китобаш ҳам ба Эрон ихтисос дорад. Тасаввури нависанда аз Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз сафараш зоидаи гузоришҳои матбуъотӣ буд – омезае аз ришу ҳиҷобу мотам. Аммо вуруди ӯ ба Эрон ин тасаввурро нақш бар об кард ва тасвири тозаеро ба ҷои он нишонд: кишваре, ки мардумаш бо ду навъи “будан” хӯ гирифтаанд: зиндагии зеризаминию зиндагию рӯизаминӣ. Дар зиндагии зеризаминӣ, ки пушти деворҳои сохтмонҳои Эрон ҷараён дорад, Ник эҳсоси ғурбат намекард. Гӯё дар ҷамъи дӯстони эрониаш дар Ландан хушгузаронӣ мекард, бо тамоми бисоти айшу нӯш. Пушти ин деворҳо Эрони расмӣ ҷо хуш карда буд, ки гӯӣ бо эрониёни хонаву кошонаҳо коре надошт. Мардум дар хиёбонҳо таври дигар роҳ мерафтанду сухан мегуфтанду рафтор мекарданд. Ва ранги сиёҳ чира буд.
Ник ба ман гуфт, ки аз миёни се кишвари порсигӯ Эронро бештар писандидааст, чун ба назари ӯ, мардуми он ҷо то ҳадди зиёде пешрафтатару суфтатаранд. Шояд ҳам ба далели ин ки муддати бештареро дар Эрон монда буд. Аммо ин ҳақиқат, ки фарҳанги эронии Фирдавсӣ беш аз ҳама дар Эрон зинда мондааст, дилбастагии Никро ба обу хоки он диёр бештар карда буд. Дар посух ба хостаи ман, ки ҳар кадом аз ин се кишварро бо як иборат таъбир кунад, Ник Ҷоббер Эронро “кишвари танаввуъу гуногунӣ”, Афғонистонро “кишвари хатарҳо” ва Тоҷикистонро “кӯҳистон” номид. Яъне он чи аз ин се кишвар бар зеҳни нависандаи китоб нақш баста, ҳамин се унсур аст.
Ник Ҷоббер тайи дидораш аз Душанбе пои суҳбати касоне чун Валӣ Самад менишинад, ки мегӯянд, зиндагиашонро вақфи таҳқиқи Фирдавсиву Шоҳнома кардаанд ва ба дидори афроде чун Заур Дахте меравад, ки дар канори зиндаёд Борис Кимёгаров мондагортарин осори синемоӣ бар мабнои достонҳои Шоҳномаро офаридаанд. Нависанда ба зинда будани ёди Шоҳномаву Фирдавсӣ дар Тоҷикистон мутмаин мешавад, аммо мутаассиф аст, ки султаи русҳо бар ин сарзамин фарҳанги Фирдавсиро лаккадор кардааст. Вале иштиёқи нависанда ба Тоҷикистону Узбакистон ҳам андак нест ва мехоҳад дар оянда китобе ҷудогонаро ба ин сарзаминҳо ихтисос диҳад.
Гузашта аз мавзӯъҳои марбут ба Шоҳнома, Ник нигарони сарнавишти порсигӯёни Узбакистон аст ва аз касоне сухан мегӯяд, ки метарсанд худро “тоҷик” биноманд, бо ин ки тоҷиканд. Ба бовари нависандаи китоб, Бухорову Самарқанд, пойтахтҳои пешини фарҳанги эронӣ, бо вуҷуди он ҳама сиёсатҳои порсизудоии понтуркистҳову кумунистҳо ҳамчунон эронӣ ё тоҷикӣ боқӣ мондаанд. Вай ҳамчунин мутаассиф аст, ки нависандагони озодахӯи ҳар се сарзамини порсигӯ имрӯз ҳам чун фирдавсиёни дигар аз маҳмудҳои дигар амон надоранд. Гӯӣ такрори торих фарҷоме надорад.
Сарфи назар аз чанд иштибоҳи имлоию торихӣ, китоби “Арақнӯшӣ бар риши оятуллоҳ” асарест беҳамто. Чун то кунун ҳеч нависандаи инглисие по ба пои Фирдавсӣ сарзаминҳои Эрони куҳанро напаймуда буд. Ва шеваи нигориши хосси китоб, ки моҷароҳои имрӯзро бо рӯйдодҳои гузашта дарҳам танида, онро хонданитару ҷаззобтар кардааст. Аҷиб аст, ки Фирдавсии бузургвор як чунин поси хотирро на аз парвардагони фарҳангаш, ки аз як шефтаи хориҷии фарҳангаш дид.
Wednesday, July 01, 2009
Tajikistan's War & Peace
Чанг ва сулх дар Точикистонبه دبيره پارسی
Рузи шанбеи гузашта дар Точикистон аз дувоздахумин солрузи поёни расмии чанги дохилй дар он кишвар тачлил шуд; чанге, ки панч сол тул кашид ва пас аз имзои паймони нихоии сулх дар Маскав хам пасларзахои маргбори он барои солхо идома дошт; чанге, ки дар чараёни он панчох хазор тан чон доданд ва сад хазор тани дигар бехонумон шуданд; чанге, ки нафаси чунбиши озодихохии Точикистонро дар хамон авони пайдоишаш буриду хафа кард.
Коршиносону сиёсатмадорон дар арсаи байнулмилал борхо аз поёни чанги Точикистон ба унвони улгуе барои поён додан ба дигар чангхои дохилй ёд кардаанд ва дар бораи ин чангу ангезахои он пажухишхои сутурге анчом додаанд. Тозатарин китобе, ки ба ин мавзуъ ихтисос дорад, дар остонаи дувоздахумин солрузи поёни чанг мунташир шуд, зери унвони баланди «Точикистон пас аз чанг; сиёсати сулхсозй ва пайдоиши низоми машруъ» ба калами Чон Хетершо (John Heathershaw) аз Донишгохи Экзетери Инглис.
Хетершо дар макотеъи мухталифе таи солхои 2003 то 2007 ба унвони мушовир ва пажухишгар дар таркиби созмонхои байнулмилалй дар Точикистон маъмуриятхое доштааст ва «Точикистон пас аз чанг» хосили тахкикоти у дар он солхост.
Чанг ва сулх дар Точикистон дар се фасли умдаи ин китоб зери унвонхои «Демукросй ва кудрат», «Амният ва хокимият» ва «Тавсеъа ва маъишат» ба таври окодемик баррасй шудааст.
Хетершо мегуяд, бо ин ки дар Точикистон сулх хукмфармост, фазои кишвар хамчунон «пасочангй» арзёбй мешавад. Харчанд чанге, ки дар соли 1992 огоз гирифт, расман дар соли 1997 поён ёфт, хушунатхои сиёсии кобили мулохизае то соли 2001 идома дошт. Акнун хеч фармондехи мустакилле бо афроди мусаллах бокй намондааст, ки кудрати давлатро ба чолиш бикашад. Дар натича, давлати кунунй, ки хамон давлати замони огози чанг аст, бо хеч неруи мухолифи чиддии низомй ё сиёсй мувочех нест. Поёни чанг ба Точикистон мачоле дод, ки то авоили дахаи 2000 ба рушди нисбии иктисодй даст ёбад.
Хетершо ангезахои чанги дохилии Точикистонро дар се буъд баррасй мекунад, ки нахустини он дар пажухишхои дигар сохибназарон хам ба каррот омадааст: махалгаройи ва талоши нухбагон (элита) барои ба даст овардани кудрат дар паи фурупошии Шуравй. Буъди дувуми он набарди идеулужики кумунистхо ё бозмондагони онхо бо исломихо, демукротхо ва миллигароёни точик унвон шуда. Ва саранчом, набарди кудрат миёни нухбагони вактро хам метавон далели огози даргирихо унвон кард; нухбагоне, ки бо истифода аз ду омили фавкуззикр, яъне таъаллукоти махаллй ва акидатии мардум, ба пайкори хамдигар рафтанд, ки дар натичаи он як махал ва идеулужии бахусус чира шуд.
Хетершо дар ин бахш аз китоби худ ба накши Русия ва Узбакистон дар огози чанги дохилии Точикистон ишора намекунад, аммо дар идомаи китоб додахои муфассалеро дар ин бора ироа кардааст ва ба накл аз манобеъе, аз хузури намояндагони хар ду кишвар дар чаласаи изтирории порлумон дар соли 1992 барои тагйири режим ривоят мекунад ва аз ин ки чи гуна нерухои низомии Русия ва Узбакистон дар чараёни чанги дохилии Точикистон мустакиман даргир буданд.
Хетершо менависад:
«Мудохилаи хоричй нахуст хушунатхои бештарро доман зад ва шаклу шароити низоъро тагйир дод; сипас, ба вижа пас аз соли 1996, тарафхои даргирро ба инъикоди сулх ташвик кард.»
Ба бовари вай, зухури Толибон дар Афгонистон буд, ки хам Русия ва хам Эронро водошт, то тарафхои мутахосимро канори хам оваранд. Хетершо мегуяд, ки пас аз соли 1996 Русия сулхсозиро чойгузини «таъаххуди бекайду шарт» ба давлати Рахмон кард, аммо хамчунон мекушид дар паймони сулх бартарии давлат бар мухолифон хифз шавад.
Дар ин миён созмонхои байнулмилалй хам талош мекарданд сулхи навпоро таквият кунанд ва мизони кумакхои хоричй ба Точикистон дар паи имзои паймони сулх башиддат афзоиш ёфт. Ба гунае, ки дар соли 2001 хабдах дарсади даромади нохолиси миллии кишварро кумакхои хоричй ташкил медод.
Ба бовари Хетершо, созмонхои хоричй бо таваккуъоти мутафовит аз хостахои давлати Точикистон ин кумакхоро ироа мекарданд ва интизор доштанд, бо тарвичи демукросй ва эчоди чомеъаи маданй ангезахои умдаи огози чангро барои хамеша бизудоянд. Хетершо мегуяд:
«Чомеъаи байнулмилалй бо бардоште мутафовит аз мафхуми хукуматдорй ба давлат кумак мекунад, дар холе ки давлати Точикистон ба дунболи хадаф ва иде(я)-и дигарест. Маъмулан чомеъаи байнулмилалй намехохад ин хакикатро бипазирад, ки бо кумак кардан ба давлат ва хамкорй бо он коре дар заминаи интиколи мафхуми либерол ва демукротики «хукуматдорй» ба Точикистон накардааст. Коре, ки чомеъаи байнулмилалй анчом медихад, дар вокеъ, химоят аз хокимият (суверенитет)-и Точикистон аст. Ин кумакхо ба Точикистон имкон медихад дар арсаи байнулмилалй вачхаи як кишвари мустакилро дошта бошад, ки ба намояндагй аз мардуми худ амал мекунад. Бад-ин гуна, чомеъаи байнулмилалй хам дар фарохтар шудани шикофи миёни «мафхуми хукуматдорй» (state idea) ва «дастгохи хукуматй» (state system) дар Точикистон сахм мегирад. Ва ба мардум ин тасаввурро медихад, ки давлат вокеъан тавонманд аст ва метавонад аз онхо намояндагй кунад ва аз хокимият ва эхтироми байнулмилалй бархурдор аст. Дар айни хол, чомеъаи байнулмилалй наметавонад бо мушкилоте аз кабили фасоди молй ва хешовандсолорй дар давлати Точикистон мукобила кунад.»
Хетершо муътакид аст, ки миёни «мафхуми хукуматдорй» ва «дастгохи хукуматй» дар Точикистон тазодди фохише хаст. Ба гуфтаи вай, «мафхуми хукуматдорй» барои нухбагони хокими Точикистон, раиси муктадирест, ки ба шеваи сарвари як хонадон рахбарй мекунад. Худи макомоти кишвар борхо Точикистонро ба як хонадони бузург ташбех кардаанд, ки холати падарсолорй дорад. Раисичумхурй тачассуми давлат ва як хокими солех аст. Вале тачрубиёт ва бархурди, масалан, як сарбоз дар хидмати низом-вазифа, ки аз камхурокй, бадрафтории фармондехон ва шароити бади зиндагй озор мебинад, тасаввури у аз ин мафхумро махдуш мекунад. Дар холе ки чавони дигаре, ки дар давлат хешовандон ё пайвандхое дорад, аз ин озору азият масун аст.
Хетершо мегуяд:
«Агар Точикистонро як хонаводаи бузург ба хисоб оварем, бояд гуфт, ки ин хонавода нокоромад аст ва падари хонавода бо аъзои он бархурди хамсон надорад.»
Хетершо интизори вукуъи тахаввулоти умда дар Точикистонро надорад. Аммо дар айни хол муътакид аст, ки авомили аслии огози чанги дохилй дар ин кишвар хамчунон сари чои худ бокист.
«Точикистон пас аз чанг» як китоби окодемик аст, ки умдатан донишпажухон ва сохибназарони улуми сиёсиро мухотаб карор додааст.
John Heathershaw
Post-Conflict Tajikistan
Routledge 2009
224p; £80
ПС: Аз дусти хубам Манучехр сипосгузорам, ки хабари интишори ин китобро ба ман дод, ки дар паи он хам китоб ва хам нависандаи онро пайдо кардаму ин матлабро навиштам. Гуфтугуи муфассал бо нависандаи китоб, ки шуниданй буд, баъдан чоп хохад шуд.
Labels:
books,
Civil war,
peace,
politics,
Tajikistan
Tuesday, May 12, 2009
The Multifaceted Shah of Persia
Шохи хазорчехраи Эронبه دبيره پارسی
Султони мустабидду берахме, ки писарони худро кур карду кушт, аммо дар миёни мардумонаш арчу эътибори як кахрамонро дошт.
Ин чумлаест, ки Дейвид Блу (David Blow) дар муъаррифии Шох Аббос – фармонравои баноми Сафавй дар садахои 16 ва 17-и мелодй ба кор бурдааст. Вай хамчунин Шох Аббоси Сафавиро чангчуи тавоное медонад, ки бо рондани нерухои ишголгари бегона обруву ифтихори эрониёнро тачдид ва тамомияти арзии Эронро баркарор кард.
Китоби «Шох Аббос: шохи берахме, ки хамосаи эрониён шуд» ба калами Дейвид Блу – эроншиноси инглисй аз чомеътарин китобхои мавчуд дар бораи ин подшохи Эрон аст. Таърифи достони зиндагии Шох Аббос аз мурури пешинаи у ва таъсиси тарикати ирфонии Сафавия огоз мешавад.
Муршиди комили ин тарикат Шайх Сафийиддин (1252 то 1334 мелодй), падарчадди Шох Аббос буд. Ба навиштаи Дейвид Блу, Шайх Сафийиддин як курди порсигуи ахли Ардабил буд ва бештари муридони у туркманхои Озарбойчон буданд, ки баъдан бо номи «кизилбош» шинохта шуданд.
Аммо шуморе аз эроншиносон бо ин тавсифи Дейвид Блу мувофик нестанд ва кизилбошхоро туркман намедонанд ва муътакиданд, «кизилбош» (сурхсар) як мафхуми кавмй нест, балки номи гунд ё мачмуъае аз гуруххои кавмии гуногун, аъам аз турку точик (эронй) аст, ки шохаи пайкорчуи чунбиши ташайюъро ташкил медоданд. Дуруст аст, ки кавмхои туркмане чун устончлу, румлу, шомлу, афшор ва кочор аз рукнхои аслии ин ниход буданд. Аммо дар миёни кизилбошхо эрониёни гайритуркзабон хам буданд, ки туркманхо онхоро «точик» меномиданд. Точикхо шомили намояндагони кавмхои толиш, занд, курд, сиёхкух ва дигар эронизабонон мешуданд.
Дейвид Блу дар китобаш иборати кадимии «турку точик»-ро ба вуфур ба кор бурдааст, ки дар карнхои миёнй як иборати маъмулу роич буд ва манзур аз «точик» голибан эронй ё гайритурк буд. Аз ин ру таъаччуб нахохед кард, агар дар китоби Дейвид Блу бихонед, ки модари Шох Аббос як точики мозандаронй буд ё вазирони дарбор аксаран точик буданд ё ин ки миёни туркхои кизилбош ва точикхои дарбор носозгорихое будааст.
Кизилбошхо дар дарбори Сафавй чойгохи рафеъу фарохе доштанд, чун бо такя бар неруи хамин пайкорчуёни шиъй буд, ки Исмоъили Сафавй дар соли 1501-и мелодй нахуст Табрез, сипас шахрхои дигари Эронро фатх кард ва худро «подшохи Эрон» номид.
Сиёсатхои башиддат сунниситезонаи подшохони Сафавй хашму хусумати хамсоягони суннии Эрон, ба вижа узбакхои Осиёи Миёна ва импротурии Усмониро барангехт. Дар натича шимоли шарк, шимоли гарб ва гарби Эрон борхо мавриди турктозии узбакхову усмонихо вокеъ шуд ва порахое васеъ аз хоки Эрон ба дасти бегонагон уфтод. Аз суи дигар, даргирихои дарунй миёни амирони кизилбош Эронро вайрон карда буд.
Бо чулуси хунини Шох Аббоси хафдахсола ба тахт авзоъ рафта-рафта ба куллй тагйир кард: кудрати амирони кизилбош то хадди зиёде салб шуд, «уламо» ё рухониюни шиъа ва «гуломон» ё бардагони кафкозй ба ду пояи аслии давлат табдил шуданд, бо ошубгарони дохилй бо хушунате бесобика бархурд шуд ва бо бегонагони ишголгар нахуст мудоро шуд ва сипас пайкори оштинопазир, ки ба ронда шудани ишголгарони турку узбак аз хоки Эрон анчомид.
Шох Аббос тавонист на танхо тамомияти арзии Эронро хифз кунад, балки Багдоду Бахрайну чазираи Хурмузу Кандахору Арманистону Гурчистонро хам ки аз даст рафта буданд, дубора ба хоки Эрон мулхак кунад. Чоддахои Эрон, ки дар гузашта маъмани рохзанон буд, ба амнтарин чоддахои чахон табдил шуд ва ин иддаъоест, ки сайёхони фарангии даврони Сафавй дар гузоришхояшон овардаанд.
Шох Аббос нигохи Гарб ба Эронро низ тагйир дод ва ба гуфтаи Дейвид Блу, подшохи Эрон хамтову хамсанги малика Элизобети Якуми Инглис ва Филипи Дуюми Испониё махсуб мешуд. Дейвид Блу ба накл аз Жон Товерние – як бозаргони фаронсавй, ки се сол пас аз марги Шох Аббос вориди Эрон шуда буд, менависад: «Эрон дар кораи Осиё чойгохи Фаронса дар Урупоро дорад.» Товерние муътакид буд, ки дарбори Сафавй фархехтатарин дарбори мавчуд дар Ховарзамин аст.
Овозаи дудмони Сафавй ба хадде чахонгир шуда буд, ки вожаи «суфй» (Sophie), баромада аз номи падарчадди Аббос (Сафийиддин), дар забони инглисй чойгузини вожаи «шох» ба маънои фармонравои Эрон шуд ва Шекспир дар порае аз осори мондагораш ин вожаро ба кор гирифтааст.
Шухрати дарбори Сафавй мочарочуёни гарбии бисёреро ба Эрон чазб мекард. Шуморе аз онхо, ба монанди бародарон Антунй ва Роберт Шерлии инглисй дар дарборхои Урупо аз Шох Аббос намояндагй мекарданд ва Роберт Шерлй дар хамаи дидорхои расмй бо макомоти фарангй чомаи эронй ба тан ва дастори эронй ба сар дошт. Дейвид Блу дар китобаш аз сафарномаи Сер Антунй Шерлй дар бораи Эрон ба вуфур истифода кардааст. Дар миёни дигар сафарномахои арзишманди мавриди корбурди Дейвид Блу унвони китобхои Горсиё Фигуэруо (Garcia Figueroa), диплумоти аршади испониёйи ва Тумос Херберт (Thomas Herbert), торихнигори инглисиро метавон дид.
Херберт хамон нависандаест, ки нахустин хайъати сиёсии инглисиро, ки ба сафорат мерафт, хамрохй кард ва мушохидоташро дар китобе зери унвони «Гашту гузор дар Эрон. 1627-29» мунташир кард. Фигуэруо нахустин фарангиест, ки яке будани Тахти Чамшед ва Персепулисро собит кард, чун тафовути номхои порсию фарангии пойтахти Эрони Хахоманишй ин хакикатро пинхон дошта буд.
Аммо маъмурияти Фигуэруо чизе дигар буд; вай талош мекард миёни Шох Аббос ва шохони Урупо эътилофе алайхи импротурии Усмонй падид оварад ва химояти подшохи Эрон аз масехиёни мукими ин кишварро чалб кунад.
Шох Аббос хам ба эчоди эътилоф алайхи туркхои усмонй бисёр алокаманд буд ва бад-ин манзур дар хузури фиристодагони фарангй чунин вонамуд мекард, ки дар шуруфи ру овардан ба кеши масехият аст. Урупоихо ин шигирди диплумотики Шох Аббосро чиддй гирифта буданд ва мепиндоштанд, ки хар он мумкин аст фармонравои Эрон ба силки масехиён бигаравад.
Аммо бевафоии шахриёрони фарангй ба таъахудоташон мабнй бар хамдастй дар хамла ба импротурии Усмонй боъис шуд, ки Шох Аббос аз мизони тасомухи мазхабиаш бикохад ва масехиёни кишварашро барои муддате дар мазика карор дихад. Вале арманихо, ки унсури калидй дар тичорати абрешими Эрон ба шумор меомаданд, маъмулан мавриди мархамати Шох Аббос карор доштанд ва барояшон махаллахову шахракхои вижаи мураффахе сохта шуд.
Дейвид Блу дар ин китобаш афзун бар мурури руйдодхои зиндагии Шох Аббос ба баррасии шахсият ва тавоноихои у низ пардохта ва дар фаргирд (фасл)-хое чудогона Шох Аббосро дар макоми бозаргон, хунарпажуху хунарманд ва меъмору шахрсоз санчидааст. Дейвид Блу менависад, ки шахсияти Шох Аббос бисёр печида ва хазорчехра буд ва шомили вижагихои мутанокизе мешуд, ки аз у фармонравое созанда ва гох сузанда сохта буд.
Дарки нодурусти бархе аз ибороту вожахои порсию арабй аз маъдуди лагзишхои китоби Дейвид Блу аст. Барои намуна, дар ин китоб «Бихор-ул-анвор»-и Мачлисй «Бахори нурхо» маънй шуда ва ба накл аз Чон Фроер – пизишки ширкати Хинди Шаркй дар давраи Сафавй вожаи «шобош»-и порсй, ки кутохшудаи «шодбош» аст, мухаффафи «Шох Аббос» таъбир шудааст.
Аммо ин лагзишхои чузъй аз арзиши китоби Дейвид Блу ва пажухиши мушикофонаи у дар зиндагй ва корномаи Шох Аббос намекохад. Мавзуъи яке аз тахкикоти чолиби у дар ин китоб иттиходи миёни тахту мехроб дар ахди Сафавй аст, ки ба бовари нависанда, заминасози пирузии Инкилоби Исломии 1357 (1979)-и Эрон буд.
Дейвид Блу хамчунин талош кардааст чугрофиёи зиндагии Шох Аббосро фаро бигирад ва шахрхоеро, ки ба гунае бо зиндагии у гирех хурдаанд, тасвир кунад. Шумори он шахрхо хам андак нест: Шох Аббос дар Хирот ба дунё омад, дар Казвин ба тахт нишаст, дар Исфахон ба шукуфойи расид, дар Мозандарон шахрхои Фарахободу Ашрафро бино ниход, дар синни панчоху хафтсолагй дар Ашраф даргузашт ва дар хаволии Кошон ба хок супурда шуд.
Китоби «Шох Аббос: шохи берахме, ки хамосаи эрониён шуд» гузориши комилест аз панчоху хафт сол зиндагй ва чихил сол салтанати ин чехраи торихии Эрон ва паёмадхои хукумати у.
Мушаххасоти китоб:
David Blow
Shah Abbas: The Ruthless King Who Became an Iranian Legend
I.B. Tauris
London – New York 2009
Thursday, April 30, 2009
Hot Off The Press! Books On Demand
Чопи китоб дар панч дакикаبه دبيره پارسی
Шояд солхост дунболи нусхае аз як китоби нодир мегардед, аммо хеч дакка ё китобхонае халлоли мушкилатон нест. Мегуянд, хамаи нусхахои мавчуд ба фуруш рафта ё он китоби бахусус дигарбора чоп нашудааст.
Ба зудй аз ин посуххои навмедкунанда дигар хабаре нахохад буд. Дастикам дар Омрикои Шимолй, Устролиё ва бархе аз кишвархои Урупо.
Чопгари худкори Espresso, ки дар рузи душанбе, 27 оврил (апрел), аз танхо намунаи он дар Бритониё рунамойи шуд, дастгохест, ки махолро мумкин кардааст. Ин дастгохи гулосо, ки гумон меравад дар оянда кучактар шавад, дар арзи панч дакика як китоби сесадсафхаиро чоп мекунад, сафхахояшро ба хам медузад, чилди рангини пушту руяшро мечаспонад ва дар шакли мучалладе дог ба шумо тахвил медихад. Айни кахваи доги Эспрессу, ки муддати тахияаш такрибан хамин кадр тул мекашад. Китоб аз руи фойли дичитол (ракамй)-и китобе чоп мешавад, ки масалан, сад сол пеш мушташир шуда буд.
Дар холи хозир танхо як бахши китобфурушии Блаквел (Blackwell)-и Ландан дорои Эспрессуст ва дар бойгонии дичитоли он худуди ним милюн чилд китоби кадиму чадид махфуз аст, ки бо фишор додани як тугма метавонад руи мизи шумо карор бигирад. Интизор меравад, то поёни тобистони оянда шумори китобхои дархостиро ба беш аз як милюн чилд бирасонанд. Ва агар мехостед ин хама китобро ба шакли физикй дар фазое карор дихед, кафасахои панчох дуккони китобфурушй хам басанда набуд.
Ширкати Блаквел дар холи гуфтушунуд бо ноширони дохилй ва хоричй аст, то битавонад шумори китобхои дорои хакки имтиёзи нашрро дар бойгонии дичитоли Эспрессу афзоиш дихад.
Масъулони китобфурушй, ки як дастгохи Эспрессуро ба кимати 120 хазор пунд харидаанд, мегуянд, шояд дар оянда битавон ихтироъи мошини Эспрессуро ба бузургтарин тахаввул дар санъати нашри китоб пас аз Гутенберг арзёбй кард. Чаро ки на.
Кимати китобе, ки ба дархости шумо бозчоп шудааст, бо кимати хамон китоб дар бозор фарке намекунад. Тафовут ин чост, ки дар арзи панч дакика хам шумо ба хостаи деринатон расидаед, хам ноширон аз захмати бозчопи анбухи китобе кухна рохат шудаанд ва хам мухити зист осеби бамаротиб камтаре дидааст. Бад-ин чихат, хушбинии мудирони Блаквел дар мавриди дурнмаои чопгари худкорро мешавад муваччах донист. Блаквел касд дорад дар оянда хамаи шаст шуъбаашро дар Бритониё бо дастгохи Эспрессу мучаххаз кунад.
Агар дар фехрести китобхои дичитоли Блаквел унвони мавриди назаратонро наёфтед, аммо мутмаиннед, ки нусхаи дичитоли он дар пойгохе дигар вучуд дорад, боке нест. Кофист нусхаи Пи-Ди-Эф (PDF)-и он китобро руи як лавхи фишурда (CD) ба хурди Эспрессу бидихед. Пас аз чанд дакика нусхаи физикии онро ба даст хохед гирифт.
Агар аз хондани осори дигарон хаста шудаед ва мехохед достони худатонро дар шакли як китоб мунташир кунед, боз хам ин дастгох ба дардатон хохад хурд. Дар вокеъ, Эспрессу огози хамагонй шудани адабиёти чопист. Паёмади он метавонад падидае шабехи торнигорхо ё веблогнависй бошад, аммо дар фазое вокеъй, на мачозй.
Мухтареъи тозатарин навоварй дар санъати чоп Чейсун Эпстойн (Jason Epstein), як ношири омрикоист. Мачаллаи Time-и Омрико Эспрессуро ихтироъи сол унвон кард ва дар намоишгохи китоби имсол дар Ландан Эспрессу бо чопу часпу арзаи як китоби беш аз садсафхайи дар як дакика шигифтии боздидкунандагонро барангехт.
Албатта, мисли хар дастгохи наве Эспрессу хам хануз орй аз нуксу камбуд нест ва гох шитоби баркосои чоп боъис мешавад, ки баргхои чопшуда бичарханду зеру ру шаванду руи синии саххофй карор бигиранд, ки натичаи он ба хам хурдани тартиби сафахоти китоб аст. Дар чунин мавориде нозири дастгох раванди чопро мутаваккиф мекунад, сафхахоро сарусомон медихад ва чопи китобро аз сар мегирад. Гох фосилаи дур ё наздики чопгар аз синии саххофй метавонад баргхоро ба дасти бод бисупорад ва тартиби онхоро ба хам бизанад.
Дар нахустин рузи рохандозии дастгохи Эспрессу дар китобфурушии Блаквели Ландан мавориде аз ин даст мушохида шуд. Масъулони ширкат таъкид карданд, ки хануз мархилаи ошноии кормандони он бо Эспрессу ба фарчом нарасида ва вукуъи чунин иттифокот табиъист.
Як вохид аз ин дастгох дар китобхонаи Искандарияи Миср хам насб шудааст ва баъид нест, ки ба зудй Эспрессу ба дигар кишвархои минтака низ ворид шавад. Зимнан, дастгохи Эспрессуи Искандария аз нахустин чопгархои худкор аст, ки хамзамон бо насби он дар Вошингтун дар соли 2006 рохандозй шуд. Комгории Эспрессу дар бозорхои китоби Омрико, Урупо, Устролиё ва Миср зомини густариши доманаи хузури ин дастгох дар чахон хохад буд.
Дар гузориши тасвирии ЧадидОнлойн чигунагии чопи тарчумаи инглисии гузидае аз газалиёти Хофизи Шерозй ба дархости ЧО-ро мушохида хохед кард. Ин китоб соли 1921 ба калами Элизобет Бричез тавассути Донишгохи Оксфурд мунташир шуда буд ва пайдо кардани он дар китобфурушихои одй амри махол аст.
Labels:
books,
inventions,
press,
World
Sunday, March 08, 2009
Iranian Identity Under the Safavids
Сафавиён ва хувияти эронйДейвид Блоу*
баргардон аз инглисй
به دبيره پارسی
Хеч хукумате дар Эрон ба андозаи Сафавиён дар ташаккули хувияти имрузии эрониён сахм надоштааст. Шох Исмоъили Аввал, нахустин фармонравои Сафавй, ки аз соли 1501 то 1524-и мелодй хукумат кард, барои нахустин бор пас аз ишголи Эрон тавассути мусалмонони араб дар миёнахои садаи хафтуми мелодй Эронро ба унвони як ниходи сиёсй дар даруни марзхои торихиаш эхё кард.
Пеш аз салтанати Шох Исмоъил сарзамини Эрон миёни ду ё чанд кудрат бахш шуда буд ё порае аз як импротурии бузургро ташкил медод, ба монанди давраи хилофаим Аббосиён ё импротурии Темурланг.
Шох Исмоъил касест, ки Эронро ба як кишвари шиъаи дувоздахимомии кунунй табдил кард. Дар он замон чамъияти Эрон голибан суннй буданд, бо чамоъатхои парокандаи шиъамазхаб дар бахшхои мухталифи кишвар ва акаллиятхои шиъа дар бисёре аз шахрхо.
Албатта, шиъа кардани Эрон бидуни хунрезй сурат нагирифт ва чандин хазор тан аз суннихои эронй дар чараёни он кушта шуданд ё ба сарзаминхои суннинишин панох бурданд. Аммо танхо дар давраи Шох Аббоси Аввал (1587 то 1629-и мелодй) буд, ки ташайюъи дувоздахимомии камобеш тасбитшуда ба унвони дини муткани давлат ва мазхаби бештари мардуми Эрон чо уфтод.
Кудрати аслоф (пешиниён)-и сафавии Шох Аббос бар размандагони кабилаи кизилбош (сурхсар)-и туркман муттакй буд. (Дар мавриди туркман будан ё набудани кизилбошхо дидгоххои гуногун вучуд дорад – Як Дарвеш). Вачхи тасмия (номгузорй)-и онхо кулохи сурхе буд, ки бар сар доштанд. Онхо аз шох ба унвони вориси Шайх Сафиуддини Ардабилй – шайхи тарикати Сафавй пайравй мекарданд.
Шох Аббос бо созмон додани артиши доимй аз чумлаи бардагони кафкозй ба сайтараи кизилбошхо ва чолиши ношй аз дидгохи мазхабии вижаи онхо поён ниход. Мазхаби кизилбошхо омезае аз газофанигарихо (ифрот)-и гуллоти шиъа ва тасаввуф буд.
Вай хамчунин миёни низоми подшохии Сафаву ва уламои шиъаи дувоздахимомй иттиходи устувор шакл дод. Шох дар баробари таблигу тахкими рухониюн мавриди химояти кишри рухонй вокеъ шуд. Ин сиёсат то замони сарнагунии импротурии Сафавй тавассути афгонхо дар соли 1722 идома дошт.
Аммо дар тули солхои хукумати Сафавиён алокаи шохон ба майу майгусорй ва илтифоташон ба масехихо гох нооромихоеро бармеангехт. Ба вижа таъсиси минтакаи арманинишини Чулфо дар Исфахон – пойтахти Сафавиён тавассути Шох Аббоси Аввал боъиси игтишошот (нооромихо)-е шуда буд. Арманиён дар содироти абрешими эронй накши бартарро доштанд.
Шохони Сафавй машруъияти мазхабии худро бо ин иддаъо тахким карда буданд, ки насабашон аз тарики Мусо ал-Козим (имоми хафтум) ба Алй (имоми аввали шиъаён) мерасад. Ин иддаъо баъдан такзиб шуд, аммо уламои вакти ислом ва мардуми одй онро кабул доштанд. Аммо уламо иддаъои шохони Сафавиро, ки худро намояндагони «Имоми замон» (Махдй) бар руи замин медонистанд, напазируфтанд.
Силсилаи Кочорй хам талош кард ба таклид аз Сафавихо бо рухониюн иттиходе эчод кунад, аммо шохони Кочор харгиз аз он хад машруъияти мазхабй бархурдор набуданд ва ба тадрич химояти рухониюнро аз даст доданд. Вале Пахлавихо харгиз суроги ин навъ химоят нарафтанд ва мутаъокибан сарнагун шуданд.
Шиъа кардани Эрон тавассути Сафавиён мунчар ба чангхои дарозу хунине бо ду хамсояи суннимазхаби Эрон хам шуд: импротурии Усмонй дар гарб ва хонигарии узбак дар шарк, ки дар Бухоро ва Самарканд мустакар буд.
Ин чангхо таъаххуди эрониён дар баробари мазхаби ташайюъро таквият кард ва хифозату пайравй аз онро дар чойгохи ормони миллии онхо карор дод. Эрони Сафавй бо севумин кудрати суннимазхаби хаммарзаш, яъне импротурии Гурконии Хинд миёнаи баде надошт. Далели аслии он хам руйкарди тасомухомези шохони Гурконй ба мазхаб буд.
Сафавиён ва ба вижа Шох Аббоси Аввал ба яке дигар аз абъоди хувияти эронй, ки хеле кадимитар буд ва ба даврони пеш аз ислом бармегашт низ таваччух доштанд. Шох Аббос дар канори ташвики мардум ба баргузории Ошуро ва маросими мазхабии дигар дар барпоии чашнхои бостонии Эрон, ба монанди Мехргон, Чахоршанбесурй, Обпошон ва бештар аз хама Навруз хам мекушид.
Гуфта мешавад, хаму буд, ки тачлил аз чашни бостонии Обпошон ё Обрезонро дубора роич кард. Обпошон, ки дар даврони Сосонй реша дорад, чашне буд, ки дар паи бориши борон пас аз хушксолй барпо мешуд.
Дар давраи Шох Аббос ва ахлофи у Навруз мухимтарин чашни расмй дар дарбори салтанатй ва шахрхои умдаи Эрон буд. Аз замони Шох Аббос ба баъд хам бар хувияти эронии кишвар таъкиди бештар мешуд. Дар огози салтанати Сафавиён Эрон дар мукотибот ва сухбатхои расмй «мамлакати махруса» (кишваре дар панохи Худо) буд. Аммо дар замони Шох Аббос дар бештари маворид номи Эронро ба танхойи ба кор мебурданд ва шохро «фармонравои Эрон» ё «шахриёри Эрон» меномиданд.
Бо сукути импротурии Сафавй Эрон гирифтори гирдоби харчу марч ва хунрезихои мутамодй шуд ва дар паи он Эрон хакорату хории султаи Инглис ва Русия бар давлати фосиди Кочорро тахаммул кард. Ба хамин хотир, эрониён аз давраи Сафавй, ба вижа аз садаи хафдахуми мелодй, ки давраи суботу шукуфоии нисбй буд, ба унвони «асри тилойи»-и Эрон ёд мекарданд. Ва Шох Аббоси Аввал, бузургтарин фармонравои Сафавй, ба зудй дар миён чехрахои хамосии Эрон карор гирифт.
Сер Чон Малкум, фиристодаи Бритониё ба дарбори Кочор дар огози садаи нуздахуми мелодй, мизони арчу эхтироми мардуми одй ба Шох Аббосро чунин тавсиф карда буд:
«Як сайёхи мудерн агар чуёи номи бунёдгузори хар сохтмони кухане шавад, як посух мешунавад: Шох Аббоси Бузург. Ин посух ношй аз дониши дакике нест, ки вокеъан Шох Аббос поягузори он сохтмон буда. Балки хокй аз одате роич дар ин чост, ки хамаи нишонхои бехбуду пешрафтро аз ёдгорхои Шох Аббос медонанд.»
Акнун шахри Исфахон, пойтахти бошукухи Шох Аббос, ба андозаи вайронахои Тахти Чамшед ёдовари чалоли пешини Эрон аст.
Ёддошт: Намоишгохи «Шох Аббос: Бозсохти Эрон» аз рузи 19 феврие то 14 мохи жуан (июн)-и имсол дар Музеи Бритониёи Ландан барпост.
*Дейвид Блоу муаллифи китобест дар бораи Шох Аббос, ки ахиран дар Ландан мунташир шуд:
David Blow
Shah Abbas: The Ruthless King Who Became an Iranian Legend
Emperor of Persia and Restorer of Iran
IBTauris, London
Labels:
books,
exhibition,
history,
Iran,
Persian Identity
Friday, January 16, 2009
Why Visit Tajikistan?
Чаро ба Точикистон сафар кунем?
(вижаи jadidonline.com)
به دبيره پارسی
То Шуравй аз хам напошида буд, бисёре намедонистанд Точикистон кучост ва чаро точикон форсй сухбат мекунанд. Ин тасвир дар холи тагйир ва китобхое, ки дар бораи Точикистон мунташир мешавад, ру ба афзоиш аст.
Чаро ба Точикистон сафар кунем? Ин нахустин пурсишест, ки дар дебочаи китоби рохнамои мусаввари «Точикистон ва кухистони Помир» омадааст. Барои бисёре аз мардуми чахон Точикистон кишвари чандон шинохташудае нест. Аз ин ру Роберт Миддлтун ва Хйу Тумос – ду нависандаи аслии ин китоби нафиси хафтсадсафхайи, ки ба инглисй навишта шуда, нахуст талош кардаанд ба ин пурсиши бачо посух бидиханд.
Нависандагони китоб Точикистонро кишваре медонанд, ки ба дарди як сайёх мехурад, на як гардишгари маъмулй, ки интизор дорад аз осоиши як сафари лукс бархурдор бошад. Точикистон махаллест барои касоне, ки хозиранд дар чустучуи чилвахову манзарахои дилфиребу вахшй рохе сахт ва ноошноро бипаймоянд ва мехнати рохро бо мехмоннавозии хорикулъодаи мардуми бумй чуброн кунанд. Дар вокеъ,
Барои бисёре аз гарбихо ин дидгохи нависандагони китоб гайримунтазира хохад буд, ки «Точикистон аз аксари кишвархои урупойи амнтар аст.» Дар холе ки дар паи чанги дохилии ин кишвар, ки дар соли 1997-и мелодй поён ёфт, сафоратхои гарбй дар торнамохои худ ба шахрвандонашон тавсия карданд, ки бехтар аст аз сафар ба Точикистон худдорй кунанд. Аммо дар вокеъ, мизони безехкорй дар Точикистон ба маротиб поинтар аз бисёре аз кишвархои урупойист. Бо вучуди ин ки то кунун дар борикахои марзии Точикистон бо Узбакистону Афгонистон ва дар бархе аз навохии минтакаи Рашт дар шарки Точикистон минхои солим аз даврони чанги дохилй бокй мондаанд. Аммо ин манотик нишонгузорй шудаанд ва эхтимоли бархурд бо минхо андак аст.
Вале хушдоре, ки нависандагон медиханд, марбут ба оби ошомиданист. Ба далели фарсудагии сомонаи обрасонии Точикистон оби шир (кран) дар саросари кишвар олуда аст. Аз ин ру аз нушидани об бояд чиддан пархез кард. Обро бехтар аст аз фурушгоххо бихаред.
Бахши одобу русуми мардумй хонданист. Мураттибони китоб ба зарифтарин нукоти марбута таваччух кардаанд ва барои намуна, аз мусофирон хостаанд, ки хамеша кабл аз вуруд ба хонаи касе кафшхояшонро дар биоранд; ба хангоми адои дуруду салом даст руи сина дошта бошанд; руи миз ё суфра по нагзоранд; хатто агар гизо иштихоовар набошад, дастикам ду-се бор ба он майл кунанд; дар поёни тановул ба нишони сипосгузорй аз наъамоти Худо даст ба рухсор бикашанд; дар хузури мардуми махаллй димогашонро бо сарусадо пок накунанд ва гайра. Беш аз хафтод сол сиёсати суннатситези шуравй хам натавонистааст ин одобу русумро бакуллй бизудояд.
Аммо он даврон дар миёни точикон одоти тозаеро марсум кардааст, ки алокаи мардон ба машрубот, ба вижа вудко, аз чумлаи онхост. Вудкоро дар зиёфатхо хамвора бо нушбодхои муфассал ва ба фаровонй менушанд. Барои ононе, ки ба нушидани вудко ху нагирифтаанд, китоби рохнамо тавсия мекунад, ки аз хамон огози зиёфат ба чои вудко обчав ё чой бинушанд, вагарна мачбур хоханд шуд бо исрори мизбон то поёни базм майгусорй кунанд.
Роберт Миддлтун дар бахши торихчаи Точикистон даврахои мухталифи ин сомон, аз сакойихову хахоманишиёну макдунихову портхову кушониён гирифта то Русияи тезорй ва Иттиходи Шуравиро ба ихтисор мурур кардааст. Вай менависад, ки номи «точик» нахустин бор дар садаи ёздахуми мелодй дар асари Махмуди Кошгарй – торихнигори турк зикр шудааст ва манзури у аз «точик» порсигуёни эронитабори минтака будаанд. Миддлтун ин эхтимолро матрах мекунад, ки шояд вожаи «точик» баромада аз вожаи чинии Daxia ё Ta-Haia ба маънои сарзамини бостонии Бохтар бошад. Бо гузашти замон вожаи «точик» ба хамаи порсигуёни эронитабор итлок шуд, ба гунае, ки Саъдии Шерозй хам дар як байташ худро «точик» меномад:
Шояд ки ба подшах бигуянд,
Турки ту бирехт хуни точик.
Таъкиди мукаррари нависандагони китоб руи хузури Искандари Макдунй дар минтака махсус аст. Шояд ба далели ин ки барои як хонандаи гарбй Искандари Макдунй ошнотарин ном дар миёни он хама номхои номаънуси дигар аст.
Миддлтун менависад, Искандар сарзамини Сугдро тахти инкиёди худ даровард, ки акнун бахшхое аз Точикистон ва Узбакистонро ташкил медихад. Лашкаркаши макдунй барои таскини мардуми махаллй бо Рухшона – духтари яке аз солорони сугдй издивоч кард.
Дар бахше аз китоб, ки дар бораи мардуми устони Бадахшони Точикистон аст, мехонем, ки бино ба ривоёте, мардуми ин минтака ранги равшани чашму пустро аз бозмондагони лашкари Искандари Макдунй ба мерос бурдаанд. Албатта, ин ривоят бунёди илмй надорад ва нависандагони китоб хам руи он таъкид надоранд ва муътакиданд, ки асолати мардуми Бадахшон ба даврахои басо пештар аз Искандар бармегардад ва бадахшихо ворисони сакоихои ориёии даврони бостонанд.
Дар кул дар понздах сафхаи китоби рохнамо аз Искандари Макдунй ёд шуда ва Хйу Тумос порае аз китобро бакуллй ба лашкаркашихои Искандар дар Вароруд ва шахрхои бачомонда аз у ихтисос додааст. Яке аз ин достонхо дар бораи набарди шадиди мардуми шахри Курушкада (Cyropolis) – Истаравшани имрузй дар шимоли Точикистон – алайхи Искандари Макдунист. Ба навиштаи Куртиус – торихнигори Юнони Бостон, хеч шахри дигаре дар баробари Искандар ин хама муковимат накарда буд. Курушкадаро дар хаволии соли 530-и пеш аз мелод Куруши Бузург бунёд ниход ва Искандари Макдунй пас аз тасхир он шахрро бар хок нишонд. У дар канори Курушкада шахре дигар сохт ва онро Искандарияи Дурдаст (Alexandria Eschata) номид, ки акнун мо онро бо номи Хучанд мешиносем.
Китоби рохнамои «Точикистон ва кухистони Помир» дар навъи худ бехамтост ва бештарин иттилоъоти мавчуд дар бораи ин кишварро аз манобеъи гуногун гирдихам овардааст. Гузоришхои тавсифии он гуёву рангин аст ва хокй аз ошноии наздики нависандагони китоб бо мардум ва сарзамини Точикистон аст. Хонандаи бохавсалаи ин китоб метавонад чузъиёти фаровонеро аз сарнавишти торихию чугрофиёйи, чонварону гиёхон ва фархангу хунари Точикистон ба даст оварад. Аммо хамин вижагии он китобро аз дигар рохнамохои чахонгардй мутамоиз кардааст. Дар вокеъ, китоби «Точикистон ва кухистони Помир» ба монанди худи кишвар ба дарди гардишгарони маъмулй намехурад, балки чуяндагони ташнаи дониш дар бораи ин кишварро сероб хохад кард.
Tajikistan and the High Pamirs
Robert Middleton, Huw Thomas
Odyssey Books & Guides
2008
700 pages
UK £18.95; US $29.95
(вижаи jadidonline.com)
به دبيره پارسی
То Шуравй аз хам напошида буд, бисёре намедонистанд Точикистон кучост ва чаро точикон форсй сухбат мекунанд. Ин тасвир дар холи тагйир ва китобхое, ки дар бораи Точикистон мунташир мешавад, ру ба афзоиш аст.
Чаро ба Точикистон сафар кунем? Ин нахустин пурсишест, ки дар дебочаи китоби рохнамои мусаввари «Точикистон ва кухистони Помир» омадааст. Барои бисёре аз мардуми чахон Точикистон кишвари чандон шинохташудае нест. Аз ин ру Роберт Миддлтун ва Хйу Тумос – ду нависандаи аслии ин китоби нафиси хафтсадсафхайи, ки ба инглисй навишта шуда, нахуст талош кардаанд ба ин пурсиши бачо посух бидиханд.Нависандагони китоб Точикистонро кишваре медонанд, ки ба дарди як сайёх мехурад, на як гардишгари маъмулй, ки интизор дорад аз осоиши як сафари лукс бархурдор бошад. Точикистон махаллест барои касоне, ки хозиранд дар чустучуи чилвахову манзарахои дилфиребу вахшй рохе сахт ва ноошноро бипаймоянд ва мехнати рохро бо мехмоннавозии хорикулъодаи мардуми бумй чуброн кунанд. Дар вокеъ,
«Точикистон бихишти рохнавардону кухнавардон ва дучархасаворону аккосон ва афродест, ки муштоки дидани манзарахои зебо ва дастнахурдаанд. Кухистони Помир, Фон, Зарафшон ва Хисор фазои фарохи муносибе барои анчоми ин корхост.»
Барои бисёре аз гарбихо ин дидгохи нависандагони китоб гайримунтазира хохад буд, ки «Точикистон аз аксари кишвархои урупойи амнтар аст.» Дар холе ки дар паи чанги дохилии ин кишвар, ки дар соли 1997-и мелодй поён ёфт, сафоратхои гарбй дар торнамохои худ ба шахрвандонашон тавсия карданд, ки бехтар аст аз сафар ба Точикистон худдорй кунанд. Аммо дар вокеъ, мизони безехкорй дар Точикистон ба маротиб поинтар аз бисёре аз кишвархои урупойист. Бо вучуди ин ки то кунун дар борикахои марзии Точикистон бо Узбакистону Афгонистон ва дар бархе аз навохии минтакаи Рашт дар шарки Точикистон минхои солим аз даврони чанги дохилй бокй мондаанд. Аммо ин манотик нишонгузорй шудаанд ва эхтимоли бархурд бо минхо андак аст.
Вале хушдоре, ки нависандагон медиханд, марбут ба оби ошомиданист. Ба далели фарсудагии сомонаи обрасонии Точикистон оби шир (кран) дар саросари кишвар олуда аст. Аз ин ру аз нушидани об бояд чиддан пархез кард. Обро бехтар аст аз фурушгоххо бихаред.
Бахши одобу русуми мардумй хонданист. Мураттибони китоб ба зарифтарин нукоти марбута таваччух кардаанд ва барои намуна, аз мусофирон хостаанд, ки хамеша кабл аз вуруд ба хонаи касе кафшхояшонро дар биоранд; ба хангоми адои дуруду салом даст руи сина дошта бошанд; руи миз ё суфра по нагзоранд; хатто агар гизо иштихоовар набошад, дастикам ду-се бор ба он майл кунанд; дар поёни тановул ба нишони сипосгузорй аз наъамоти Худо даст ба рухсор бикашанд; дар хузури мардуми махаллй димогашонро бо сарусадо пок накунанд ва гайра. Беш аз хафтод сол сиёсати суннатситези шуравй хам натавонистааст ин одобу русумро бакуллй бизудояд.
Аммо он даврон дар миёни точикон одоти тозаеро марсум кардааст, ки алокаи мардон ба машрубот, ба вижа вудко, аз чумлаи онхост. Вудкоро дар зиёфатхо хамвора бо нушбодхои муфассал ва ба фаровонй менушанд. Барои ононе, ки ба нушидани вудко ху нагирифтаанд, китоби рохнамо тавсия мекунад, ки аз хамон огози зиёфат ба чои вудко обчав ё чой бинушанд, вагарна мачбур хоханд шуд бо исрори мизбон то поёни базм майгусорй кунанд.
Роберт Миддлтун дар бахши торихчаи Точикистон даврахои мухталифи ин сомон, аз сакойихову хахоманишиёну макдунихову портхову кушониён гирифта то Русияи тезорй ва Иттиходи Шуравиро ба ихтисор мурур кардааст. Вай менависад, ки номи «точик» нахустин бор дар садаи ёздахуми мелодй дар асари Махмуди Кошгарй – торихнигори турк зикр шудааст ва манзури у аз «точик» порсигуёни эронитабори минтака будаанд. Миддлтун ин эхтимолро матрах мекунад, ки шояд вожаи «точик» баромада аз вожаи чинии Daxia ё Ta-Haia ба маънои сарзамини бостонии Бохтар бошад. Бо гузашти замон вожаи «точик» ба хамаи порсигуёни эронитабор итлок шуд, ба гунае, ки Саъдии Шерозй хам дар як байташ худро «точик» меномад:
Шояд ки ба подшах бигуянд,
Турки ту бирехт хуни точик.
Таъкиди мукаррари нависандагони китоб руи хузури Искандари Макдунй дар минтака махсус аст. Шояд ба далели ин ки барои як хонандаи гарбй Искандари Макдунй ошнотарин ном дар миёни он хама номхои номаънуси дигар аст.
Миддлтун менависад, Искандар сарзамини Сугдро тахти инкиёди худ даровард, ки акнун бахшхое аз Точикистон ва Узбакистонро ташкил медихад. Лашкаркаши макдунй барои таскини мардуми махаллй бо Рухшона – духтари яке аз солорони сугдй издивоч кард.
Дар бахше аз китоб, ки дар бораи мардуми устони Бадахшони Точикистон аст, мехонем, ки бино ба ривоёте, мардуми ин минтака ранги равшани чашму пустро аз бозмондагони лашкари Искандари Макдунй ба мерос бурдаанд. Албатта, ин ривоят бунёди илмй надорад ва нависандагони китоб хам руи он таъкид надоранд ва муътакиданд, ки асолати мардуми Бадахшон ба даврахои басо пештар аз Искандар бармегардад ва бадахшихо ворисони сакоихои ориёии даврони бостонанд.
Дар кул дар понздах сафхаи китоби рохнамо аз Искандари Макдунй ёд шуда ва Хйу Тумос порае аз китобро бакуллй ба лашкаркашихои Искандар дар Вароруд ва шахрхои бачомонда аз у ихтисос додааст. Яке аз ин достонхо дар бораи набарди шадиди мардуми шахри Курушкада (Cyropolis) – Истаравшани имрузй дар шимоли Точикистон – алайхи Искандари Макдунист. Ба навиштаи Куртиус – торихнигори Юнони Бостон, хеч шахри дигаре дар баробари Искандар ин хама муковимат накарда буд. Курушкадаро дар хаволии соли 530-и пеш аз мелод Куруши Бузург бунёд ниход ва Искандари Макдунй пас аз тасхир он шахрро бар хок нишонд. У дар канори Курушкада шахре дигар сохт ва онро Искандарияи Дурдаст (Alexandria Eschata) номид, ки акнун мо онро бо номи Хучанд мешиносем.
Китоби рохнамои «Точикистон ва кухистони Помир» дар навъи худ бехамтост ва бештарин иттилоъоти мавчуд дар бораи ин кишварро аз манобеъи гуногун гирдихам овардааст. Гузоришхои тавсифии он гуёву рангин аст ва хокй аз ошноии наздики нависандагони китоб бо мардум ва сарзамини Точикистон аст. Хонандаи бохавсалаи ин китоб метавонад чузъиёти фаровонеро аз сарнавишти торихию чугрофиёйи, чонварону гиёхон ва фархангу хунари Точикистон ба даст оварад. Аммо хамин вижагии он китобро аз дигар рохнамохои чахонгардй мутамоиз кардааст. Дар вокеъ, китоби «Точикистон ва кухистони Помир» ба монанди худи кишвар ба дарди гардишгарони маъмулй намехурад, балки чуяндагони ташнаи дониш дар бораи ин кишварро сероб хохад кард.
Tajikistan and the High Pamirs
Robert Middleton, Huw Thomas
Odyssey Books & Guides
2008
700 pages
UK £18.95; US $29.95
Labels:
books,
Tajikistan,
travelogues
Thursday, October 16, 2008
Culture-Engineering Through Books
Фархангсозй бо китобبه دبيره پارسی
Ноширони гарбй ба манзури эхдоси пул (купрук)-е бо беш аз 200 милюн арабзабони чахон ва гушудани ин бозори густарда дар холи чустучуи ситорахои навзухур дар осмони адаби араб хастанд.
Интишороти Bloomsbury-и Бритониё дируз (15 уктубр) дар намоишгохи китоби Фронкфурт эълом кард, ки касд дорад дар хамкорй бо кишвари Катар интишороти тозае бо номи Бунёди Интишороти Блумзберй дар Катар созмон дихад. Абдуррахмон Аъзам – сухангуи хамсари амири Катар ва раиси Бунёди катар гуфт: «То кунун дар катар бештар руи мавзуъи саводомузй таъкид кардаем, аммо дуввумин чолиши пешоруи мо гузор аз савод ба адабиёт аст, то фарханге навин шакл бигирад.»
Ин икдом бо умеди ёфтани истеъдодхои тоза дар чахони ислом анчом мегирад ва улгуи он Ало ал-Асвонии мисрй ва Холид Хусейнии зодаи Афгонистон аст, ки осорашон чузъи пурфуруштарин китобхо дар чахон будааст.
Аъзам гуфт, адабиёти араб дар остонаи шукуфоии хамонанди вазъияти феълии адабиёт дар Хинд карор дорад. Зимнан, барандаи чоизаи Букери имсол Оровинд Одиго (Aravind Adiga), як нависандаи хиндист.
Сарфи назар аз ин ки осори андаке ба забони арабй мунташир мешавад, алокаи гарбихо ба адабиёти арабй ру ба афзоиш аст. Забони арабй бо 206 милюн гуишвар панчумин забони бузурги чахон аст. Бисёре аз арабхо бар ин боваранд, ки чахонравойи (глобализатсия) ва султаи инглисй бар забони модарии онхо таъсири манфй гузоштааст. Аммо пули нафту гози Халичи Форс ва талош барои эчод ва харидории моркхои баландовозаи байнулмилалй фурсатхои тозаеро падид овардааст.
Дар авоили хафтаи чорй дар Абу Забй – пойтахти Амороти Муттахидаи Араб эълом шуд, ки ин шахр мизбони як маркази чандрасонаии минтакайи хохад шуд, то истеъдодхои навини арабро дар заминахои хабарнигорй, филмсозй ва табъу нашр омузиш дихад ва таргиб кунад. Интишороти баноме чун Random House ва Harper Collins низ дар ин шахр дафтархои худро гушоиш хоханд дод.
Дар авоили имсол Бунёди Аморот як чоизаи панчох хазордулории адабиётро поярезй кард, ки нахустин барандаи он Бахо Тохир – нависандаи мисрй буд. Ин чоиза бо хадафи иртикои чойгохи адабиёти достонй ба забони арабй таъсис шудааст.
Соли гузашта як бунёди дигари мустакар дар Абу Забй, мавсум ба Бунёди Калима, эълом кард, ки мехохад то соли 2010 понсад унвон китоби хубро аз 16 забони хоричй ба арабй баргардон кунад. Ин китобхо шомили осори Стивен Хокинг ва Хоруки Мурокоми низ мешавад. Чахор сол пеш як гузориши Созмони Милали Муттахид камбуди тарчумаи осори хоричй ба забони арабиро яке аз авомиле унвон кард, ки зиндагии зехнии арабхоро махдуд мекунад. Дар ин гузориш омада буд, ки дар як сол ба забони испониёйи ба хамон андоза китоб тарчума мешавад, ки зарфи хазор соли ахир ба забони арабй баргардон шудааст.
Хамкории Гарб ва чахони араб калиди гушоиш аст. Намоишгохи китоби имсоли Ландан руи чахони араб тамаркуз дошт. Ахдоф Суайф – нависандаи мисрй замоне гуфта буд: «Нуктаи мукобили чангхои пурхушунати чорй ва зарбаи табле, ки хабар аз «бархурди тамаддунхо» медихад, тамоюли мардуми одй дар Гарб ва чахони араб ба хамкорй ва ихтилот бо хам аст.»
Интизор меравад итишороти Блумзберй умдатан осори достонй ва гайридостонй барои бузургсолону кудакон, китобхои омузишй ва осори клоссики арабй ва китобхои мурочеъаи илмй ва адабй мунташир кунад.
Нойчел Нйутун (Nigel Newton) – мудири омили интишороти Блумзберй гуфт: «Фуруши болои достони «Иморати Яъкубиён»-и Ало ал-Асвонй нишон дод, ки мизони такозои бозорхои китоби Ингилистон ва Омрико барои осори арабй чи кадр болост.»
Баргирифта аз Guardian, 16 October 2008
Labels:
Arabs,
books,
literature,
World
Wednesday, April 16, 2008
Persian Absence
Ландан тайи се руз мизбони Намоишгохи байнулмилалии китоб аст ва имруз охирин рузи он аст. Харгиз каблан намоишгохи китоби Ланданро надида будам ва пареруз, ки дар гушоиши он хузур ёфтам, пушаймон нашудам. Тозатарин офаридахои андешаи чахониён дар кафасахову радифхо карор дошт. Мешуд онхоро варак заду дид, ки, масалан, андешаи Русия то кучо пеш рафтааст ва Чин аз чи мархилаи тафаккур мегузарад.

Бо таваччух ба ин ки имсол чамъи кишвархои арабй ширкаткунандагони ифтихории намоишгоханд, чахоне аз китобхои арабй ба забонхои мухталифро хам мешуд дид. Чолибу диданй буд, аммо нуктаи барчастаи гурфахои кишвархои арабй вомондагй дар хами дину мазхаб буд. Ба ин намоишгох кишвархо зубдаи осорашонро оварда буданд ва бехтарин намунахои осори Арабистони Саъудй чопхои мухталифи Куръон ва тафсирхои он бо як мушт китоби гардишгарй буд. Дар он миён факат як мачмуъаи достонхои саъудй ба забони инглисиро дидам. Чизе, ки боздидкунандагонро ба гурфаи Арабистон чалб мекард, мокети бузурги Каъбаву перомуни он ва ороишхои назаррубои дигар буд, дар канори мехмоннавозии саъудихо, ки миёни мардум ширинй пахш мекарданд.

Аммо ба ман дар гурфаи Урдун ширинй таъоруф карданд. Далелаш хам ин буд, ки аз тоблуи бузурги шохи Урдун ва шахбонуи зебои фаластинии он кишвар акс гирифтам. Мавзуъи китобхои урдунй тайфи васеътаре дошт ва хатто сиёсати байнулмилалро низ фаро мегирифт. Тафсири тозамакшуфи Куръонро хам дар миёни осори исломии Урдун мешуд дид, ки ба калами Имом Табаронй мутаъаллик аст ва ба эхтимоли зиёд, нависандаи он аз чумлаи имомони эронй будааст. Масъули гурфаи Урдун ин назари манро бо бемайлй таъйид карду гуфт: Шояд, аммо шояд хам «Табаронй» тахрифи фулон вожаи арабй бошад. Ба у гуфтам, дар фарханги порсй ба афроде, ки дар Мозандарон (Табаристон) реша доштанд Табарй мегуфтанд ва шояд Табаронй аз хамон бармеояд.
Аз лихози мухтаво гурфаи Миср ганитар аз дигар гурфахои арабй буд. Тайфи мавзуъоташ хам васеъ буд ва шумори бештари достонхо ва осори илмиро мешуд дар канори осори исломии он дид. Бархе аз китобхо хам мавзеъи ба шиддат гарбситезона доштанд ва унвони яке аз онхо чунин буд: «Чи гуна метавон Омрикоро шикаст дод?» Ачаб истифодаи судманд аз демукросии Гарб. Агар кишвархои гарбй бихоханд китоби фарзии «Чи гуна метавон Шаркро шикаст дод?»-ро дар Миср ба намоиш гузоранд, дучори дардисар нахоханд шуд?
Аммо Ало ал-Асвонй, бехтарин нависандаи муъосири мисрй, муътакид аст, ки истибдод дар Миср ва дигар кишвархои араб монеъ аз рушди адабиёт дар ин кишвархо шудааст ва андешаи мунташираи арабй бисёр махдуд аст. Ин як иддаъои тухолй нест ва хакикати он дар гурфахои арабии намоишгохи Ландан мавч мезад. Агар ин кишвархо мехмони ифтихорй набуданд, гумон аст, ки хамаашон муваффак ба ширкат дар намоишгох мешуданд.

Ба монанди се кишвари порсизабон, ки дар ин намоишгох аз хеч кадомашон ному нишоне набуд. Оре, хатто аз Эрон. Чуёи далелаш шудам. Раиси намоишгох пурсишамро бепосух гузошт. Баъид нест, ки далели набуди Эрон дар намоишгох сиёсй бошад. Бимонад Точикистону Афгонистон, ки дар чахони интишорот ададе махсуб намешаванд.
Як дусти бузургвор, ки имруз аз тамошои намоишгох баргашт, талвехан посухи дакиктаре ба пурсиши ман дод ва гуфт: «Намоишгох чолиб буд, аммо дарки ин хакикат, ки мо дар хорич аз торих карор гирифтаем, дарднок буд.»
Тамоми иддаъохои мо мабнй бар бартарй аз ину он замоне гуши шунаво хохад ёфт, ки фикри тоза ва чизи тозае барои арза дошта бошем. Ифтихороти мо хама моли гузашта ва гузаштагон аст ва имрузиён аз ифтихор бебахраанд. Чун чизи тозае наофаридаем. Вагарна набуди порсизабонон дар Намоишгохи байнулмилалии Ландан бояд мавзуъи доги нашрияхои Ландан мешуд. Аммо ангор на ангор.

Дар ин бора матлабе хам хаст дар Jadidonline, бо тасовиру сухбатхое аз намоишгох.
Акси охир: Дар гурфаи китобхои Арабистони Саъудй ширинй арза мекарданд.

London,
Persian
Subscribe to:
Posts (Atom)