Showing posts with label Judaism. Show all posts
Showing posts with label Judaism. Show all posts

Thursday, July 13, 2017

Пил дар утоқи торик ё хиёре рӯи суфра

Пил дар утоқи торик ё хиёре рӯи суфра

Таъсирпазирии динҳои сомӣ (иброҳимӣ) аз маздаясно

Хиёр (бодиринг)-е васати суфра буду як зистшиносу як шоъир ба он нигоҳ мекарданд ва ҳар як шинохти худ аз он гиёҳро бозмегуфт.

Зистшинос гуфт: Хиёр гиёҳест аз тираи кадуиён, ки дар забони ъилмии фарангиён ба он «кукумис сотивус» гӯянд, омада аз Ҳинд, ва ине, ки мебинед, навъи туршии он аст, ки хурданист ва хиёр анвоъе ҳам дорад, ки хурданӣ нест ва оне, ки хурданист, дар таркибаш фулон миқдор витомини B-ву C-ву калсиюму манганезу фусфуру рӯйу ғайра дорад.

Шоъир гуфт:

“Инҳо ҳама зиришк!..
Ин мехи заминро меситоям,
ки аз барояш
суфраи гуфтмоне андешабарангез
фароҳам шуда
ва хиёр аст, ки мезанад маҳмез
бар саманди хиёлам...
Зистшиносон аз вуҷуди ин афшураи хиради замин,
ки мунҷамид шуда,
ҳеч намедонанд...”

Ҳоло ин шуда ҳикояти Зӯбини Бихрад, поягузору сардабири маҷаллаи конодоии Reorient аз як сӯ ва бародарон Маҳмудхони Бурҳонуфу Сайидюнуси Истаравшанӣ аз сӯи дигар бар сари ҳақоиқи торихии марбут ба дини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ. Як сӯ ба ин мавзӯъ рӯйкарди торихию ъилмӣ дорад ва сӯи дигар сирфан эътиқодӣ. Як сӯ ҳамон зистшиноси достон асту сӯи дигар ҳамон шоъир, ки ҳар кадом аз зовияи диде мутафовит ба мавзӯъ нигоҳ кардаанд. Ва он чи дар ин миён аз диди торихию ъилмӣ муътабар аст, истидлоли Зӯбини Бихрад аст.

Манзур посухи Маҳмудхон Бурҳонуф ба мақолаи “Дини гумноме, ки Ғарбро шакл дод” (The obscure religion that shaped the West) ба қалами Зӯбини Бихрад аст. Сари фурсат ба якояки нукоти тарҳшуда мепардозем.

Албатта, ин васат Зӯбини Бихрад ғоиб аст, вагарна посухи дархуртаре менивишт. Аммо чун пораҳое аз матлаби ӯро ман баргардон кардаму дар сафҳаи Фейсбукам гузоштам ва ба ъунвони тарафи муқобили Маҳмудхон Бурҳонуф дар матлабе таҳти ъунвони “Оё адёни иброҳимӣ аз резахорони хони маздаясно ҳастанд?” номам омадааст, ҳатталимкон дар ин фурсати андак посух хоҳам дод.

Дар мақолаи торнамои “Кимиёи саъодат”-и Сайидюнуси Истаравшанӣ мехонем: “Дар он мақола(-и Зӯбини Бихрад) кӯшида шуда, то шабоҳатҳое байни омӯзаҳо ва мафоҳими ойини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ (яҳудият, масеҳият ва ислом) нишон дода шавад, сипас ин шабоҳатҳоро далеле бар раҳ ёфтани ин мафоҳими динӣ аз дини зартуштӣ ба адёни иброҳимӣ гирифтааст.”

Дар воқеъ, сароғози мақолаи Зӯбини Бихрад банди зер аст:

Talk of ‘us’ and ‘them’ has long dominated Iran-related politics in the West. At the same time, Christianity has frequently been used to define the identity and values of the US and Europe, as well as to contrast those values with those of a Middle Eastern ‘other’. Yet, a brief glance at an ancient religion – still being practised today – suggests that what many take for granted as wholesome Western ideals, beliefs and culture may in fact have Iranian roots.

Мегӯяд: “Муддатҳост, ки мақулаи “мо” ва “онҳо” бар сиёсатҳои марбут ба Эрон дар Ғарб фоиқ будааст. Дар ъайни ҳол, маъмулан аз масеҳият ба ъунвони шохиси ҳувияту арзишҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Урупо – ва он ҳам барои қарор додани онҳо дар баробари арзишҳои “они дигар”-и ховаримиёнаӣ – истифода мешавад. Аммо бо нигоҳе кӯтоҳ ба як дини бостонӣ – ки имрӯз ҳам пайравоне дорад – мешавад ба ин дидгоҳ расид, ки бисёре аз андешаҳо, боварҳо ва фарҳанге, ки дар кул ғарбӣ маҳсуб мешавад, метавонад дар воқеъ решаҳои эронӣ дошта бошад”.

Яъне мухотаби Зӯбини Бихрад ғарбиҳое ҳастанд, ки аз дини маздаясно шинохти андаке доранд ва масеҳиятро дар кул як падидаи ғарбӣ медонанд. Дар ин росто оқои Бихрад, дуруст бар хилофи оқои Бурҳонуф, ҳақоиқу далоили торихиро манбаъ ва пояи нивиштаи худ қарор додааст. Дар натиҷа дар мақолаи Маҳмудхон Бурҳонуф мо бо усуле сару кор дорем, ки рабте ба усули машҳуд дар мақолаи Зӯбини Бихрад надорад.

Барои намуна, Зӯбини Бихрад истидлол мекунад, ки андешаву мафҳумҳои Худои якто, биҳишту дӯзаху барзах, растохез ё рӯзи қиёмат, ваҳйи ниҳоӣ, фариштаҳову деву аҷинна ва Шайтон ҳама реша дар омӯзаҳои Зартушт доранд. Мегӯяд, вожаи “пардис” ҳам, ки имрӯза дар забонҳои фарангӣ (paradise) ва ъарабӣ (“фирдавс”) ба маънои боғи биҳишт аст, асолатан як вожаи порсии бостон асту ба маздаясно бармегардад. Ҳамаи ин иддиъоҳо мубтанӣ бар додаҳое аз ъилмҳое чун ториху забоншиносӣ аст. Ва танҳо касе, ки ба ъулум арҷ мегузорад, метавонад мухотаби он бошад. Аммо касоне, ки муътақиданд, тамомии дониши ҷаҳон дар китоби диниашон омада ва фаротар аз он набояд суроғи чизеро гирифт, чун ҳақиқат надорад, наметавонанд тарафи ин баҳс бошанд; чун ҳавзаи он баҳс комилан мутафовит аст.

Маҳмудхон Бурҳонуф барои вуруд ба баҳс нивишта: “шабоҳат байни ду ё чанд мақула эҳтимол дорад ба хотири чанд далел бошад” ва 3 мавридро бармешумурда: доштани ъиллати ягона, доштани як ъиллату як ё чанд маълул, тасодуф.

Дар тавсифи нуктаи дувум мегӯяд: “Яке иллат ва дигаре маълул бошад: яъне яке асл бошад ва мобақӣ фаръи бар он ва баргирифта аз он бошанд. Мисол: шабоҳат байни забонҳои сомӣ (арабӣ, ибрӣ ва оромӣ) далолат бар он мекунад, ки яке аз ин се забон бар ду тои дигар таъсир гузошта ва он ду фаръи бар он ва баргирифта аз он як мебошанд”.

Дар ин мавриди бахусус бояд гуфт, ки ташаккули ин забонҳо бар асари таъсирпазирӣ аз ҳамдигар сурат нагирифта, балки ҳамагӣ мутаъаллиқ ба як решаи воҳид ҳастанд ва ҳар кадом роҳи мустақилли худро рафтааст. Яъне яке баргирифта аз дигарӣ нест, балки ҳамагӣ баромада аз як решаанд. Ба гунае, ки имрӯза забони оромии навин дорему ъибрию ъарабии навин ҳам. Реша якесту шохаҳо мустақилланд. Ба монанди порсию паштую курдию ғайра, ки мутаъаллиқ ба решаи эронӣ ҳастанд ва наметавон гуфт, ки, масалан, курдӣ баромада аз порсӣ аст ё воруна. Пас боз ҳам мешавад ҳамон шиққи аввал, ки оқои Бурҳонуф овардааст: “Иллати ягона доштан”.

Барои мавриди дувум (“Яке иллат ва дигаре маълул”) шояд бишавад забони эсперонтуро намуна овард, ки маълули фаргашт (такомул)-и забонҳои мухталифи ҷаҳон аст ва чи дастури забону чи вожагонаш баргирифта аз забонҳои дигар аст.

Аз ин бахши мақолаи Маҳмудхон Бурҳонуф, ки бигзарем, ба “Посух”-и ӯ ба мақолаи Зӯбини Бихрад мерасем.

Оқои Бурҳонуф посухашро бо ин ҳукми ҳамагонӣ оғоз кардааст: “Ҳамагон медонем, ки манзур аз дини яҳудият, пайравони ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) аст ва ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) дар садаи 13 қабл аз мелод мезист”.

Ин ки Мӯсо, паёмбари яҳудият (ки дар масеҳияту ислому баҳоият ҳам мақоми паёмбарӣ дорад), дар чи даврае зиндагӣ кардааст, ҳатто дар миёни яҳудиён як посухи воҳид надорад, чи бирасад ба ҳамагон. Яҳудияти хохомӣ давраи зиндагии ӯро байни 1391 то 1271 пеш аз мелод баровард кардааст. Жеруми Қиддис 1592 пеш аз мелодро соли таваллуди Мӯсо медонист. Солҳои 1393, 1571, 1593 пеш аз мелод ҳам ба ъунвони соли мелоди Мӯсо инҷову онҷо зикр шудааст.

Ҳеч як аз ин иддиъоҳо мубтанӣ бар ҳеч додаи ъилмӣ нест ва сирфан муттакӣ бар бовар аст. Дар воқеъ, донишвароне, ки чеҳраи торихии Мӯсоро таҳқиқ мекарданд, ба ин иттифоқи назар расиданд, ки ӯ як чеҳраи афсонаӣ ё як қаҳрамони устураӣ буда, ки бино ба ривоёти мардумӣ, яҳудиҳоро аз асорат дар Миср наҷот додааст. Аммо ҷолиб инҷост, ки бо он ҳама торихнигорию торихнигораҳо дар минтақа, ҳеч нишонае аз асорати яҳудиҳо дар Миср ва 40 сол саргардонии яҳудиҳо ба раҳбарии Мӯсо дар саҳрои Сино барои расидан ба Канъон вуҷуд надорад. Мӯсо як чеҳраи афсонаии яҳудист, шабеҳи Ҳеркул (Hercules)-и юнонию Рустами Золи эронӣ, ва вуҷуди торихӣ надоштааст, то бишавад соли таваллуди ӯро мушаххас кард. Ва баҳсҳое аз ин дастро бояд бо додаҳои торихӣ анҷом дод, ки сарфи назар аз бовари ину он ъайният дорад. Додаҳои торихӣ ба доди ин истидлоли оқои Бурҳонуф намерасад. Чунин додае дар мавриди ҳузури физикии Мӯсо ном паёмбаре бар рӯи замин вуҷуд надорад.
Танҳо адабиёти муътабаре, ки оқои Бурҳонуф бад-он тавассул меҷӯяд, адабиёти динист. Ва адабиёти динӣ, онгуна ки пайдост, санади ниҳоӣ барои таъйини ҳақоиқи торихии мавриди иддиъои худаш нест. Яъне торихе, ки дар он кутуб омада, илзоман ба субуту эътибори ъилмӣ нарасидааст. Ба ъиборате, намешавад барои таъйиди иддиъои як китоб худи ҳамон китобро санад овард. Аммо дар мақолаи оқои Бурҳонуф фарозе чанд аз “Ъаҳди ъатиқ”- (“Ъаҳди қадим”)-ро мехонем ва ин натиҷагирии ӯро:

“Бо ин ҳисоб яҳудиён тақрибан ба муддати 60 сол дар асорати Бобил буданд ва аз замони беъсати ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) то замони асорат ҳудуди 700 сол ва то замони раҳоӣ ҳудуди 760 сол мегузаштааст. Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар.”

Ба қавли Ишон Торур (Ishaan Tharoor), аз нивисандаҳои “Вошингтун Пуст”, “берун аз нивиштаҳои инҷилӣ дар маъохизи бостоншинохтию торихӣ ҳеч ишорае ба мавҷудияти Мӯсо вуҷуд надорад. Ҳеч чорчӯби замонии мушаххасе ҳам барои вуқӯъи Хурӯҷи Бузург (Муҳоҷирати Банӣ Исроил аз Миср ба Канъон) дар назар гирифта нашуда ва донишварон бозаи замонии онро беш аз 500 сол фарз кардаанд. Ҳувияти Фиръавни шарир дар Китоби Муқаддас ҳам бароямон равшан нест, ҳарчанд дар филмҳо ӯро дар симои Ромесеси Дувум тарсим мекунанд. Он фиръавн ба хотири футӯҳот ва сохтмонсозиҳое, ки дошта, маъруф аст. Торихшиносон дар ҳеч ҳаффориву катибаву попирусе нишонае аз Мӯсое, ки дар давраи салтанати Ромесес зиндагӣ карда бошад, пайдо накардаанд”.

Пас оё мешавад сирфан бар пояи кутуби динӣ ҳузури он чеҳраҳо ва вуқӯъи он рӯйдодҳоро як ҳақиқати инкорнопазир донист? На. Аммо ин эроди оқои Бурҳонуф ҷои тааммул дорад:

“Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар.”

Ҳатман истилоҳи “илоҳим”-ро шунидаед, ки бавежа дар миёни порсигӯёни Осиёи Марказӣ роиҷ аст. Онро ба маънои “Худои ман” ба кор мебаранд, ғофил аз ин ки ин вожаи ъибрӣ (אֱלֹהִים) ба маънои “худоён”, яъне ҷамъи худоён аст, на Худои якто. Ин танҳо яке аз нишонаҳои чандхудоӣ будани яҳудият аз оғози кор аст. Он чи имрӯз бо номи “яҳудият” шинохта мешавад, дар садаи шашуми мелодӣ, ҳамин 1500 сол пеш ниҳодина шудааст ва ба он “Яҳудут рабанит” יהדות רבנית (Яҳудияти хохомӣ) гӯянд ва истилоҳи инглисии он Rabbanic Judaism аст. Ин ҷараёни яҳудият, ки саранҷом ба чирагӣ расид, дар садаи дувуми мелодӣ падид омад ва 400 сол баъд ба ҷараёни аслии яҳудият табдил шуд. Танҳо пас аз он буд, ки “Талмуди бобилӣ” ба тадвини ниҳоӣ расид. Бино ба бовари Яҳудияти хохомӣ, Тавроти нивишторӣ ҳамроҳ бо тавзеҳоти гуфтории он дар кӯҳи Сино ба Мӯсо ваҳй шуд ва ӯ онро ба мардуми худ мунтақил кард.

Яъне як қонуни содаи табиъатро бояд дубора ба ёд овард, ки ҳеч чизе бар бод устувор нест ва ҳар чизе бар пояи чизе дигар сохта шудааст. Дар мавриди чигунагии гузори яҳудият аз арбоби анвоъ (чандхудоӣ) ба яктопарастӣ китобҳое нивишта шуда, ба монанди “Худованд дар тарҷума” аз Морк С. Исмит (God in Translation)
https://books.google.co.uk/books?id=CmCVZ5mHsboC&printsec=frontcover&dq=Mark%20S.%20Smith%2C%20God%20in%20translation&source=bl&ots=FzHThONctW&sig=DJrqxkl7xwwXlGbVcY0V0hldC6Y&hl=en&ei=cv8CTLDPGcyeccuv3NUB&sa=X&oi=book_result&ct=result&redir_esc=y#v=onepage&q&f=false
ва “Торихи Худованд”-и Корен Ормстронг (A History of God) ҳам ба ин мавзӯъ иҷмолан пардохтааст. Ва лубби матлаб ин аст, ки такхудоӣ дар яҳудият оғози роҳ набуда, балки анҷоми он аст. Дар Таврот мешавад номи худоёни канъониро ҳам дид, ки гоҳ ба ҷои “Яҳува” ба кор рафтаанд.

Канъониён арбоби анвоъ доштанд ва яктопараст набуданд. Дуруст ба монанди эрониён, ки то пеш аз омадани Ашӯ Зартушт арбоби анвоъе доштанд ва бо омадани маздаясно ҳамаи яздони худро дар як язд ё эзид, ки Аҳуромаздо бошад, хулоса карданд ва Худоро якто донистанд. Канъониён ҳам, ки мардумшиносию торих собит карда, ҳамон яҳудиён ҳастанд, худоёне доштанд, чун Илу Баълу Илйун, ки номҳояшон дар Таврот ҳам омадааст. Ҳамаи инҳо дар забони ъибрӣ дорои маъно ҳастанд. “Ил” (El) бо “илоҳ”-и ъарабӣ аз як реша аст, ба ҳамон маънои “худо” ва аз худоёни аслии канъониён буда, ба монанди Аллоҳ, ки пеш аз ислом аз худоёни аслии аъроби Макка буда ва номи падари паёмбари ислом (Ъабдуллоҳ) баромада аз ҳамон аст. Ҳиҷои охири номи кишвари “Исроил” ҳам ҳамон “ил” аст, ба маънои Худованд. Ва “илоҳим” ҷамъи он бошад. 

Аммо “Яҳува” (номи Худои яҳудӣ) дар забони ъибрӣ реша надорад ва вомвожаест бо асолати норавшан; ҳарчанд бархе кӯшидаанд барояш дар ъибрӣ маъно битарошанд. Дар ин маврид ҳам матолиби фаровоне мешавад ёфт, аммо кунҳи мавзӯъ ин аст, ки “Яҳува” дар оғоз худои тозавориде буда, ки пайравони Мӯсои афсонаӣ ба ъунвони “Худои миллӣ” (National God)-и худ дар миёни худоёни бисёри дигар муъаррифӣ кардаанд, ки намунае аз раванди мавсум ба “такпарастӣ” ё monolatrism аст. Мунулатрисм ё такпарастӣ, яъне парастидани як худо дар ъайни эътиқод ба вуҷуди чандин худо. Мисли кеши ҳинду, ки пайравонаш ба вуҷуди худоёни бисёре эътиқод доранд, аммо гурӯҳе фақат Гонешро мепарастаду гурӯҳе дигар фақат Ҳонумонро... Ба ин ҳолат “як-аз-чандпарастӣ” ҳам гӯянд, ки тарҷумаи истилоҳи Henotheism-и юнонист. Инҳоро мегӯям, то ҳар кадомро худатон дар канори номи яҳудият биГуглед ва аз натиҷаи ҷустуҷӯятон баҳра бибаред. Мисли ин яке, ки нивисандааш дар пайи пажӯҳишаш ба “яказчандпарастӣ”-и яҳудиҳо дар садри яҳудият мутақоъидтар шудааст:
http://toby.weebly.com/hebrew-henotheism.html

Кӯтоҳсухан, яҳудият ҳам мисли ҳар чиз, кас, раванд ё падидае фаргашт ё сайри такомул доштааст ва аз оғоз ҳамоне набуда, ки акнун ҳаст. Ба гуфтаи Солу Витмойер Борун, устоди ториху адабиёти яҳудӣ дар Донишгоҳи Кулумбиё, “дар ҳудуди 4000 сол торихи худ мардум ва дини яҳудӣ вифқпазирӣ ва истимрору пайвастагии қобили мулоҳизае ба намоиш гузоштаанд. Онҳо дар бархурди худ бо тамаддунҳои бузурге аз Бобилу Мисри бостон гирифта то сарзаминҳои масеҳии Ғарб ва фарҳанги секулори навин ъунсурҳои бегонаеро пазируфта ва онҳоро дар низоми иҷтимоъию мазҳабии худ мудғам кардаанд ва бад-ингуна ба ҳифзи хатти пайвастаи суннати қавмию динии худ муваффақ шудаанд”. Яъне ҳар он чи дар яҳудият ҳаст, асолатан яҳудӣ нест.

Аммо ғайрияҳудитарин ном дар Таврот ҳамоно номи Куруши Бузург аст. Дар воқеъ, Куруш танҳо ғайрияҳудист, ки дар Таврот бо лақаби “Масеҳо” (Мошиҳо) аз ӯ ёду тақдир шудааст. Чун дастуру махориҷи бозсозии Маъбади Сулаймон ва Уршалими вайроншударо дода буд. Дар Китобҳои Ашъиё, Дониёл, Ъизро ва Наҳмиё дар канори тавсифу такрими Куруш пораҳоеро марбут ба зиндагию таҷрубиёти яҳудиҳо дар Эрон ҳам мешавад хонд, ҳамроҳ бо таъорифе аз Дориюшу Ардашери Дароздаст. 


Пас аз озодсозии яҳудиёни дарбанд дар Бобил шумори бисёре аз фарҳехтагони онҳо дар Эрон мондагор шуданд ва барои дарбори Ҳахоманишӣ кор мекарданд. Пас аз ҳамин иттифоқ буд, ки дар нивиштаҳои малакутии яҳудӣ дигаргуниҳои ъумдае рух дод ва мафҳумҳои тозае роиҷ шуд. Барои намуна, мафҳуми таъаллуқи тамоми кайҳону ҷаҳон ба Худованди воҳид дар нивиштаҳои динии яҳудӣ барои нахустин бор пас аз табъиди яҳудиҳо ба Бобил мушоҳида мешавад. Баъд аз тамоси яҳудиҳо, бавежа фархеҳтагону ҳотифони яҳудӣ бо Эрон, барои нахустин бор дар нивиштаҳои муқаддас аз фариштаҳо ёд мешавад. Яҳудиёни дар табъид нигарон буданд, ки дар сарзамини ғурбат намозашон мустаҷоб намешавад, чун ба дур аз сарзамини муқаддас ҳастанд. Аммо баъдан ин андеша вориди тафаккури динии яҳудӣ мешавад, ки фариштаҳо намозу дуъояшонро ба мақсад хоҳанд расонд. Фариштаҳо аз боварҳои росихи зартуштиёни он даврон буданд.

Пеш аз тамоси яҳудиҳо бо маздаясно мафҳумҳои биҳишту дӯзах барояшон гунг буд. Яъне дар китобҳои муқаддаси яҳудӣ пеш аз табъидашон ба Бобил ба “ъуқбо” ва биҳишту дӯзах ишорае нашуда буд. Он китобҳо ҳовии фалсафаи мухтасаре буданд: мо аз гард падид омадаему ба гард ҳам боз хоҳем гашт. Аммо пас аз ошноии яҳудиён бо дини импротурии Эрон буд, ки биҳишту дӯзах ба дини яҳудият ҳам роҳ ёфт.

Растохез ё рӯзи қиёмат, иблис, ҳисобрасӣ дар дарвозаи вуруд ба биҳишт ё дӯзах, ноҷии мавъуде, ки қарор аст умури дунёро ба сару сомоне бирасонад ва ғайра аз ҷумлаи мафоҳими дигаре ҳастанд, ки дар ҳамон давра ва дар пайи тамоси яҳудиён бо маздаясно вориди дини яҳудият шуданд. Инҳо дигар ҳарфи бовару эътиқод нест, балки ҳарфи торих аст ва қобили радёбист. Бавузӯҳ метавон радёбӣ кард, ки ин мафҳумҳо чи замоне ба низоми эътиқодии яҳудиён роҳ ёфтаанд.

Митчел Ҳервитз, як рӯҳонии яҳудӣ, дар ин мақолааш шуморе аз ин маворидро баршумурдааст:


Ҳамаи ин маворид, ки ҳазорон сол пеш ҳам ҳеч кадом барои зартуштиён тозагӣ надошт, дар динҳои масеҳият ва ислом ҳам вуҷуд дорад, чун ҳар ду ба монанди яҳудият аз адёни сомӣ (иброҳимӣ) ҳастанду аз як реша об мехуранд. Ва аммо дар замони пайдоиши масеҳияту ислом маздаясно бузургтарин дини минтақа ва аз муҳимтарин динҳои ҷаҳон буд. Табъан, наметавон дар мавриди таъсиргузории як чунин дине ба динҳои дигар таъаҷҷуб кард. Барои намуна, дини баҳоӣ, ки дар давраи ислом ва дар як кишвари мусалмон падид омада, саропо аз ислом таъсир пазируфта ва барои касе ҳам таъаҷҷуб надорад. Он замон ҳам, ки масеҳият ва ислом падид омаданд, маздаясно як чунин ҳолате дошт ва таъсиргузории он бар динҳои тоза барои як фарди огоҳ аз торих як ҳақиқати ъодӣ ба шумор меояд, на шигифтангез.

Ба ҳамин ҷиҳат ҳам, масеҳият ва ислом аз маздаясно таъсироти дигаре ҳам бардоштаанд. Бовар ба набарди миёни некию бадӣ ё фурӯзаҳои илоҳию нафси шайтонӣ, пайкори дарунии мудовим бо нафси аммора, ки бо номи “ҷиҳод” шинохта мешавад (пайкор бо Аҳриман ё шарри дарунӣ), омадани Сушёнс (Масеҳ) барои наҷоти ҷаҳон ва зода шудани ӯ аз як дӯшиза (зани бокира), панҷ вақт намоз, татҳир пеш аз намоз ва пок нигаҳ доштани маҳалли намоз, дастрасии афроди бахусусе ба мурда ва дурии аксарият аз он ва мавориди хурду рези бисёри дигар пеш аз пайдоишашон дар масеҳият ё ислом дар миёни зартуштиён роиҷ будаанд. Дар мавриди ҳар як аз онҳо мешавад соъатҳо нишасту гуфт ё нивишт, вале вақт феълан маҷоли бештар намедиҳад. Албатта, бо мутолеъае андак мешавад ба ин ҳақиқат расид, ки динҳои сомӣ (иброҳимӣ) аз резахорони хони маздаясно ҳастанд.

Thursday, February 26, 2009

Mysteries of the Jewish Mastery

Розхои султаи яхудихо

Чандест, ки ба як пурсиши мубхаму печида меандешам: чаро яхудихо дар тули торих тахти пайгарду саркуб будаанд? Ва агар ин дуруст аст, чаро имруза яхудихо дар тавлиди андешаи навин пешоханганд ва бештари умури калони чахон тавассути онхо гардонандагй мешавад?

Пештар навиштаи як донишпажухро дар ин бора мунташир карда будам, ки омузишу парваришро далели аслии табаххури яхудихо медонист. Аммо шояд касе бештар аз кишвархои гарбй имруза дар омузишу парвариш сармоягузорй накунад. Боз хам яхудихо бо чамъияти андакашон (зери 14 милюн дар чахон) пештози бисёре аз умури башарианд ва рашки дигаронро бармеангезанд.

Натичае, ки пас аз тааммули дароз хосил кардам, ин буд, ки чун яхудихо тахти пайгард ва мавриди ситаму саркуб будаанд, ба чизе табдил шудаанд, ки акнун мебинем. Яъне фишори рузгору талошхои саркубгарон як вижагии гаризии инсониро дар онхо бедор кардааст, ки такаллои зинда мондан (выживание) аст. Хамонанди ин иттифокро метавон дар миёни жопунихо (японихо) сурог дошт, ки аз бартарин зариби хуш дар миёни навъи башар бархурдоранд. Жопун як тикка хоку санг аст ва махрум аз манобеъи табиъй. Ин бебизоъатй боъис шуда, ки хамнавъони жопунии мо зехни худро ганитар ва фаъъолтар кунанд ва роххои дигареро барои чилавгирй аз инкироз ё нобудии жопунихо ба унвони як кавм ё миллат биёбанд.

Яхудихо хам ки пайваста тахти таъкиб будаанд, шуълаи азхони худро равшантар карданд, то дар пайкори будан ё набудан пируз оянд. Аммо чаро онхо мавриди пайгарди давлатхои гуногун дар саросари торих будаанд?

Бархе пайдоиши масехият ва бовари вижаи масехихо дар накши яхудихо дар маслуб шудани Исои Масехро аз ангезахои аслии пайгарди яхудихо медонанд. Аммо садхо сол пеш аз зухури масехият хам осурихо, бобилихо ва фиръавнхои Миср аз озору ситам бар яхудихо фуругузор намекарданд. Пас бурузи масехият хам решаи гирифтории торихии яхудихо нест.

Дар бахше аз бехтарин посухи баргузида ба ин пурсиш дар Yahoo! Answers мехонем:

«Бо нигохе ба Исроил ва муштаккот (шохахо)-и кеши яхудият ба монанди Сахюнисм (Zionism) ба ин фикр меуфтам, ки шояд унсури зотие аз бовархои яхудй бо дидгоххои ахлокй ва маънавии бештари чомеъахои чахон созгорй надорад.»

Нигорандаи ин назар он унсури мармузро нагушудааст.

Кавмгароии мазхабй

Холо бад нест барои худ дар кеши яхудият тафаххусе кунем, то шояд он унсур бармало шавад.

Кеши яхудй ба монанди кеши зартуштии ахди Сосониён ва бисёре дигар аз динхо кавммехвар аст. Яъне хар иттифоке, ки меуфтад перомуни миллати Исроил ё ба таъбири он даврон, «фарзандони Исроил» аст. Бад нест бидонем, ки маънои вожаи «Исроил» «сарзамини Худованд» аст («иср» - арз, замин; «ил» - Худо, илох).

Ба бовари яхудихои диндор, паймони Худованд бо навъи башар аз тарики Иброхим сурат гирифта, ки солори кабила ва огозгари миллати Яхуд аст. Ва танхо пас аз он буд, ки вахйи худовандй дар кухи Сино ба Мусои яхудй нозил шуд ва дар паи он даххо хазор паёмбари дигар омаданд, ки умдатан яхудй буданд. Хаста ё лубби омузахои яхудй, ки дар Таврот ва Талмуд (тафсири Таврот) омадааст, имон ба вучуди Худои ягона, хамаогох, хаматавон, карим ва мутаъол аст.

Аммо миёни кавми яхудй ва кеши яхудият наметавон ба осонй хатти мушаххасе кашид. Ангор дину миллат дар хам печидаанд ва ба мутародиф (синоним)-и якдигар табдил шудаанд. Мухимтарин чашнхои мазхабии онхо аз торихи пурфарозу нишеби миллаташон бармеояд. Барои намуна, Хонуко (Hannukah) чашнест, ки ба нишони бузургдошт аз шикасти лашкари Селевкиён (Сулукиён) дар чилавгирй аз баргузории чашнхои мазхабии яхудй барпо мешавад. Дар садаи дувуми пеш аз мелод Чуддо Маккабй ва бародаронаш дар баробари лашкари тавонманди юнониён муковимат карданд ва онро шикаст доданд. Он руйдодро яхудихо имруз хам бо афрухтани шамъхо барои хашт шаб гиромй медоранд.

Ё Асуро бе Тевет (рузи дахуми мохи Тевет, ки бо десомбр-декабр ё жонвие-январ мусодиф аст) як рузи рузадорист, ки ба суги ишголи шахри Байтулмукаддас (Ирушалим) тавассути Небукаднаср, подшохи Бобил дар соли 588 пеш аз мелод баргузор мешавад. Се сол пас аз он шахриёри Бобил ба шахр рахна кард, харами мукаддаси онхоро бо хок яксон кард ва даххо хазор яхудиро ба Бобил куч дод. Танхо пас аз ишголи Бобил тавассути Куруши Бузурги Хахоманишй буд, ки яхудихо озод шуданд ва ичоза ёфтанд ба зодбумашон баргарданд ва ниёишгохи худро (The Second Temple) бо пули шохони эронй – Курушу Дориюши Бузург дар Байтулмукаддас аз нав бисозанд. Аз ин ру дар китоби «Ахди атик» ё Китоби Мукаддаси яхудй дар 23 маврид аз Куруши Бузург ба унвони рахоишгар ё мунчии кавми яхуд ёд шуда ва дар чандин мавриди дигар ба ин бузургмарди торих, ки шояд бидуни у аз кавми яхуд ному нишоне намемонд, ишора шудааст.

Ва ё иди Пок (пасха, Passover)-и яхудихо ба нишони арчгузорй ба рахоии исроилихо аз бардагй дар Миср баргузор мешавад. Дар хафтаи иди Пок яхудихо хеч хурокеро намехуранд, ки хамирмоя дошта бошад. Далели он хам бовари яхудихо ба фирори бедиранги исроилихо аз Миср буд, ба гунае, ки хатто фурсате набуд, то хамири онхо бидамад ё бирасад.

Дар паи таъсиси давлати Исроил дар соли 1948 хам, ки решаи даргирихои кунунии Ховари Миёна аст, яхудихо чахор чашну таътили дигарро хам ба фехресташон афзуданд:

Yom Yerushalayim, ки ба забони тозй мешавад «явм ал-Кудс» ва ба порсй «Рузи Байтулмукаддас», ба поси эъмоли кунтрули исроилй бар ин шахр дар мохи жуан (июн)-и соли 1967 баргузор мешавад.

Yom HaShoah, ки рузи ёдбуди курбониёни яхудии Чанги Чахонии Дувум (Хулукост) аст.

Yom Hazikaron, ки рузи ёдбуди сарбозон ва курбониёни исроилии «терурисм» аст.

Ва Yom Ha’atzmaut ё Рузи Истиклол, ки ба нишони тачлил аз эъломи истиклоли Исроил дар соли 1948 барпо мешавад.

Яъне чи чашнхои миллй ва чи идхои мазхабии яхудихо голибан бахонахое кавмй ё миллй доранд ва ба торихи миллати яхуд бармегарданд.

Хамин кавмгароии деринаи яхудихо, ки дар динашон бозтоб меёбад, аз дербоз монеъ шуда, ки онхо бо дигар кавмхо то хадди зиёде биомезанд. Ва дар айни хол шояд далели чудоии яхудихо аз дигар кавмхо ва хашми дигарон бар онхо хам хамин бошад.

Хатто дар Урупои садахои миёнй яхудихо барои худ минтакахои махсуре (Ghetto) доштанд ва вуруд ба маркази шахрхои бузург барояшон мамнуъ буд. Ин чудойи дар айни замон хам тахмилй буд ва хам худхоста. Дини яхудихо онхоро «баргузидаи Худо» медонист ва такозо мекард, ки дар хифзи хуну нажодашон бикушанд. Ва икрохи бегонагон аз яхудихо боъис мешуд, ки онхо дар шахрхои мухталиф канори хам бимонанд ва суннатхову ойинхои худро зинда нигох доранд.

Шарре, ки аз он хайре барояд

Рондагии яхудихо аз мушорикат дар зиндагии сиёсии кишвархои мизбонашон бад-он анчомид, ки онхо суроги дигар арсахои зиндагии ичтимоъй рафтанд. Бештари онхо ба донишу хунар рагбат зохир карданд. Фехрести донишмандони яхудй дар кишвархои гуногуни чахон, ки дар донишномаи Wikipedia омадааст, такондиханда аст.

Албатта, ин фехрест комил нест ва, масалан, донишмандони яхудии Осиёи Миёнаро шомил намешавад. Афзун бар ин, чехрахои хунарии барчастае чун Борис Кимёгаров, Або Наматиев, Барно Исхокова, Шоиста Муллочонова, ки барои мо ошно хастанд, дар фархангхои дигар минтакахо низ ба хубй дурахшидаанд.

Пас як дини кавммехвар, дарбадарй ва ниёз ба зинда мондан, худуди 14-милюн танро, ки 0.2 дарсади чамъияти чахонро ташкил медиханд, ба яке аз кудратмандтарин кавмхои чахон табдил кардааст. Ин чамъият, ки аз шумори порсигуёни чахон ба маротиб камтар аст, хамчунон дар саросари чахон пароканда аст ва танхо андаке беш аз 5 милюн тани онхо дар «сарзамини мавъуд» ё Исроил ба сар мебаранд. Чамъияти Исроил хам ба монанди Точикистон беш аз хафт милюн тан аст. Аммо оё ин дуро метавон бо хам мукоиса кард? Ва ин чамъият дар сарзамине ба пахнои 20,770 килуметри мураббаъ ба сар мебарад, ки дар баробари пахнои Точикистон тухмимургеро монад. Вале оё масохат аст, ки сарнавишти моро ракам мезанад?

Гилаи бародарон

Натича он аст, ки дустони араби ман пайваста гила мекунанд, ки сарнахи умури чахон дар дасти яхудиён аст. Ёдамон бошад, ки арабхову яхудихо аз як шохаи насли башаранд ва вожахои "араб" ва "ибр(й)" низ хамреша аст, ба маънои "биёбонй". Бо ин тафовут, ки харфхои "р" ва "б" чобачо шудаанд. Аммо тафовутро бибин, ки аз кучо то ба кучост!

Мусалламан, режими кунунии Исроил аз дижхимтарин хукуматхои мавчуд аст, ки фаротар аз марзхои махдуди худ ба хукуки башар туф кардааст. Бо бозгашти Бенёмин Нетонёху ба макоми нахуствазирй шояд ин тасвири зишт аз Исроил пуррангтар шавад, чун хизби мухофизакори Ликуд дар ироаи тасвири махуфу зишт аз ин кишвар хамвора махорати хоссе буруз додааст. Идомаи сиёсати фошистии Исроил на танхо барои давлати он зиёнбор аст, балки метавонад аз карехаву истеъдоди миллати яхуд низ бикохад. Чун дар тули торих тавассул ба таъаддй огози поёни режимхо ва кудратхо будааст ва миллатхоро барои муддати дарозе ба хок нишондааст. Тагйири накши яхудихо аз «ситамдида» ба «ситамгар» дар дарозмуддат метавонад яхудихоро хам ба миллати вомондае чун арабхо табдил кунад.

Албатта, далели аслии зиллату хории арабхои имрузй пули муфти нафтист, ки рузгоре ба сар хохад расид. Осудагии ношй аз даромади нафтй арабхоро дар баробари чолише карор намедихад, ки магзхои хуфтаи худро такон диханд ва ба тавлиди андешаи тоза бипардозанд. Аммо гирифторихову чолишхои сангин аз миёни арабхои фаластинй чехрахои барчастаеро ба монанди Эдворд Саъид ва Махмуд Дарвеш парвардааст.

Пас аз чолишхои зиндагй набояд бим дошт. Чун хамин чолишхо хастанд, ки чурт (пинак)-и моро ба хам мезананд ва моро ба анчоми коре ва тавлиди андешае бикр во медоранд. Зихй чолиш!

Saturday, March 15, 2008

The Boomerang of Fanaticism


Яке-ду руз аст, ки зехнам гирифтори як мавзуъи бунёдин аст: таъассуб ва решахои он. Хамон чизе ки аз нокучоободи дарун синахез мехазаду нахуст дил, сипас зехн ва саранчом асабхои моро пушти пардае оханин карор медихад, ба гунае ки ба чуз «хамон чиз» дигар чизеро намебинем. Ба порсй ба он «курбоварй» мегуянд. Роичтарин таърифи илмии он чунин аст: «Эхсосе, ки саршор аз харорату шавки интикоднопазир аст ва голибан чанбаи мазхабй ва сиёсй дорад ва кунтрули равониро хунсо мекунад.» Рафтори як мутаъассиб ё курбовар маъмулан мавозин ё нормхои ичтимоъиро ба хам мезанад ва у гирифтори фикри музохимест, ки харгиз оромаш намегузорад.

Барои намуна, агар як курбовар бихохад сари мавзуъи эътикодиаш сухбат кунад, маъмулан истидлолхои тарафро намешунавад. На ин ки ношунида бигирад, балки беихтиёр намешунавад. «Хамон чиз» бо чазбаи оханини худ уро танхо ба самте хидоят мекунад, ки «хамон чиз»-ро таквият кунад. Ба хангоми чустучу дар манобеъу маъхазхо курбовар танхо дунболи «хамон чиз» мегардад ва хатто агар он танхо як дарсади кулли матнро ташкил дихад, 99 дарсади бокимондаро намебинад ва танхо хамон як дарсадро барои зехни худ туша мегирад.

Бароянди курбоварй маъмулан вайронист. Намунахои он фаровон аст. Чахони кунунии мо комилан тахти юги таъассуб идора мешавад. Бо омадани як мутаъассиби масехй бар сари кудрат дар пурзуртарин абаркудрати чахон (Чорч Буш) дар соири кишвархо низ одамакхои мутаъассиб руи кор омаданд ва бархурди таъассубхо ними чахонро дар хоку хун огуштааст. Дар вокеъ, бехтар буд агар Самуэл Хангтингтони омрикойи ба чои назарияи «бархурди тамаддунхо» теурии «бархурди таъассубхо»-ро тарх мекард. Чун он чи шохидаш хастем, ба дуввумй наздиктар аст, то аввалй.

Сакфи вайронихои ношй аз таъассуб Чанги Чахонии 2 буд. Хитлер ба монанди хар мутаъассиби дигаре барои тавчеху кабулондани дидгохи худ муттакй ба нируи мовароуттабиъа буд. Танхо тафовути у аз курбоварони дигар дастёбиаш ба кудрати азим буд, ки уро ба бартарин намунаи ифрот дар таъассуб табдил кард. У пояхои таъассуби худро илохй медонист ва дар китоби «Набарди ман» (Mein Kampf) навишта буд:
«Акнун ман муътакидам, ки кирдори ман бо иродаи Парвардигори холик созгор аст: бо дифоъ аз худам дар баробари яхудихо, ман дар рохи Худо ва аз барои Худо мечангам.»
Чои дигар дар хамин китоб у мегуяд:

«Набарди у (Исои Масех) барои даст ёфтан ба чахоне орй аз захри яхудй чи шигифтангез буд.»

Яъне як мутаъассиб дар тагйири таъбирхо бисёр тардасту мохир аст. Ва Исои Масехро хам ки бино ба асотир як яхудй буда, ба душмани яхудиён табдил мекунад. Таъассуби Хитлер ба андозае шадид буд, ки тахкику тафаххус дар гузаштаи худро мамнуъ карда буд, чун гуфта мешавад як чахоруми хуни худи у яхудй будааст. Ин бешабохат ба таъассуби зиддиточикии Ислом Каримов нест, ки реша дар укдаи хакорати дерине дорад ва у хам талош мекунад ирки як нима точикии худро пинхон нигах дорад.

Аммо кабл аз ин ки кори таъассуби зиддияхудй то ба ин чо бирасад, дар гузашта, аз соли 200 мелодй ба баъд яхудихо дар хадду андозаи худ таъассубро ниходина карда буданд. Тавре ки як яхудии порсо (ботакво) вакте аз канори салиби Исо мегузашт, хатман бояд ба руи он туф мекард. Ё туф кардан ба самти калисои масехй аз фароизи мазхабии яхудихо буд. Аммо вакте ки масехихо аз ахху туфи яхудихо безор шуданду бар онхо тохтанд, хохомхо (рухониюни яхудй) аз пайравони кешашон хостанд, ки бузок (оби дахон)-ашонро тавре самти чалипову калисо бирезанд, ки касе набинад ва ё бехтар аз он, ба руи салиб на, балки ба синаи худ туф кунанд. Хамин холо хам яхудихоеро метавон дид, ки вакте аз канори чалипову калисо рад мешаванд, ба нохудогох ба синахои худ туф мекунанд. Яъне таъассуб метавонад дар умки чони наслхои мутаъаддиде реша давонад. Дар дахаи 1950 як тамбр (морки лифофа), ки тасвири зарраии чалипо бар фарози калисоеро дошт, дар Исроил гавгое бапо кард. Саранчом курбоварон пируз шуданд ва он салибро аз руи тамбр зудуданд.

Пирузии курбоварони яхудй дар хамон як маврид набуд. Дунболаи он тарсноктар ва хунбортар буд ва хазорон хазор араби фаластиниро сарбанесту овора кард ва идомаи онро хам акнун метавон дид. Нигохи кутохе ба торихи башарй гумоне бокй намегузорад, ки яхудихо хам чун Хитлер товони таъассуби худро хоханд дод ва корашон чун олмонихо ба пушаймонй кашида хохад шуд.

Ва аммо таъассубе, ки имруза дар чахони ислом мушохида мешавад, зоидаи тарс ва хисси сархурдагист. Тарс аз нобудй ва тахлил рафтан дар фарханги нируманд ва чираи гарбй ва сархурдагиву навмедй аз шикастхои паихам. Дар холе ки маншаъи аксари он шикастхо хам «хамон чиз» будааст.

Зартуштихо то таъассуби бештар ба харч доданд, ки домони кешамонро бигустаранд, рез шуданд. Дар холе ки сиёсати тахаммулу тасомухи силсилахои пеш аз Сосонй аквоми зиёдеро ба ин кеш чазб карда буд. Аммо арманихое, ки ба зури Сосониён ба кеши зартуштй гаравиданд, бозпас масехй шуданд. Мусалмонон то хостанд бо таъаддй бар бовархои дигарон битозанд ва чахонро гарки ислом кунанд, пора-пора шуданд. Испониёихову яхудихое, ки аз бими шамшери арабхо ба ислом гаравида буданд, бозпас ба огуши кешхои худ баргаштанд. Бахши аъзаме аз эрониён барои худ мактаби тозае сохтанд, ки аз исломи арабй мутафовит аст. Ва хофизаи торихй наслхои чавони «табармусалмонон»-и кадимиро озор медихад ва онон хам худро дар барзах ёфтаанд. Дарего, ки он шикастхои ношй аз таъассуб ва зиёдахохй харгиз дарси ибрат намешавад ва зохиран хар насле худро муваззаф медонад, ки захри шавкарони онро бичашад.

Дар ин миён Туркия танхо кишваре ба назар мерасад, ки талош мекунад он хисси сархурдагй ва таъассубро канор бигзорад ва барои бакои ислом онро бо вокеъиятхои кунунй созгор кунад. Манзур хамон Шурои уламои исломи Туркия аст, ки дар холи баррасии аходис ва хазфу фасхи он даста аз хадисхоест, ки мунказй шудаанд, яъне бештар бо вокеъиятхои 14 карн пеш созгоранд, то имруз.

Дар Точикистон таъассуби давлат барои хифзи кудрати нобахакки худ таъассуби мазхабиро доман задааст, ки бархе аз равияхои он хостори бозгашт ба решахои ислом, яъне 14 карн пешанд. Ва тамоми ин таъассубхо мухимтарин чизро поймол мекунанд, ки он шарафи башарист. Тамоми онхо бо пиндори галати ин ки ба кунхи хакикат расидаанд, мехоханд магзи башариятро об кунанду дар як колиби танг бирезанд, то хама шабехи хам бошанду мисли хам биандешанд (инкубаторская община). Дар вокеъ, ин гуна руйкарди хоркунанда ба башарият хамонанди кумунисм аст, ки ба торих пайваст. Таъассуби масехй масехиятро (бо ин ки пурнуфустарин дини чахон аст) дини акаллият кард. Яъне бештари афроде, ки имруз худро масехй меноманд, фароизи онро канор гузоштаанд. Айни мочаро бо яхудият иттифок уфтод. Ва хар кеши дигаре, ки ин рохро биравад, сарнавишти мушобехе хохад дошт.