Showing posts with label intelligentsia. Show all posts
Showing posts with label intelligentsia. Show all posts

Thursday, May 25, 2017

Буҳрони равшанфикрӣ дар Тоҷикистон

Дар пайи баҳсҳои пурсарусадои чанд рӯзи ахир, ба назари ман, чанд нукта барҷаста шуд:

1.       Афроде, ки худро равшанфикр медонанд, аммо ъамалан кунишгар (“активист”)-и мазҳабӣ ҳастанд, ҳанӯз тавоноии дарк ва ташхиси масоили воқеъӣ ва мубрамро надоранд. Масоили калонро намебинанд ва дар банди масоили ҷузъӣ ва сатҳие ҳастанд, ки арзише барои пешбурди ҷомеъа надорад. Бар сари як ъакс, ки кажандешона онро ҳамл бар тавҳин ба бовари худ кардаанд, ҳозиранд корзорҳои густарда роҳ биандозанд, соъатҳову рӯзҳову шабҳо баҳс кунанд ва ҳеч ҳосиле аз он набинанд, аммо аз канори масоили калон хомӯшу бепарво мегузаранд. Масалан, дар бораи таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёна, ки паёмадҳои он мустақиман ба Тоҷикистон ҳам марбут хоҳад шуд, шоҳиди чунин баҳсҳое нестем. Ва талоше, ки барои тарҳи ин мавзӯъ сурат мегирад, дар ҳангомаи чандинрӯзаи номарбуте лавс мешаваду нодида мемонад. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки фақат ва фақат афроди муддаъии равшанфикрӣ аз Тоҷикистон чунин вокунише ба он ъаксу хабар нишон додаанду бас. Зеро аз тавони ташхиси масоили ъумдаву мубрам бебаҳра ҳастанд ва сирфан саргарми баҳсҳои беҳуда бар сари мавзӯъҳои сатҳии бенатиҷа ҳастанд.  

2.       Ин афрод аз ҷуръати бисёр андаке бархурдоранд. Маъмулан суроғи мавзӯъеро, ки метавонад барояшон дардисар дошта бошад, намегиранд. Марҷаъи мушаххасеро барои ҳалли мавзӯъи мубрам, ки худашонро озор медиҳад, мавриди хитоб қарор намедиҳанд. Маҳкум ба бечоранолӣ ҳастанд. Бо он ҳама ҳамҳама ва тазоҳуре, ки ба диндорию ислом доранд, вақте ки эҳтимоли баста шудани Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва гушуда шудани дари нифоқ тарҳ шуд, садои ҳеч як аз онҳоро нашунидем. Ҳеч кадом бо интишори номаи саргушода ё дастаҷамъие хоҳони даст нигаҳ доштан аз ин ғалати ошкор нашуданд. Дар мавриди маҳдудиятҳои ҳуқуқибашарӣ ва динӣ ҳам, ки эъмол шуда ва боъиси рушду густариши тундравӣ дар ҷомеъа мешавад, иқдоме анҷом намедиҳанд. Сирфан ба гилаву шикоятҳои пароканда ва мазлумнамоӣ иктифо мекунанд. Аммо дар ҳамла ба афроди ҷудогонаву танҳо ва дигарандеше, ки аз қудрати қаҳрия бархурдор нестанд, устухон надоранд. Ъофиятталаб ҳастанд ва ҳатто барои даст ёфтан ба аҳдофи худ ҷуръати анҷоми кореро надоранд.

3.       Бештари афроди муддаъии равшанфикрӣ аз Тоҷикистон тамоюли шигарфе ба истибдоди раъй  доранд ва таваққуъъашон ин аст, ки ҳама чун дар корхонаҳои ҷӯҷакашӣ (“инкубатор”) шабеҳи онҳо бошанд. Мизони раводорӣ (таҳаммулу тасомуҳ)-шон ғолибан сифр аст ва таҳаммули дидану шунидани назари на танҳо мухолиф, балки мутафовитро надоранд. Пешдоварӣ аз ъодатҳои ъумдаи эшон аст. Маъмулан чизеро ғалат мефаҳманд ва бар пояи дарки ғалати худ шӯру ғавғое бапо мекунанд, ниҳоятан ғалати худро мефаҳманд, аммо ба гардан намегиранд, ки ин ҳам аз нишонаҳои таъассуб ва дурӣ аз мавозини ҷавомеъи раводор аст. Ин вежагӣ, мусалламан, ба низоми ҳоким дар Тоҷикистон бармегардад, ки банохудогоҳ зеҳни бисёреро мустаъид ба истибдод мекунад. Аммо аз равшанфикрон интизор ин аст, ки аз чорчӯбҳои марсум фаротар бираванд ва худро бо мавозини ҷавомеъи инсонии пешрафта вифқ диҳанд. Ин лозимаи пешрафт аст. Кофист ин ҳақиқатро дарёбанд, ки ҳеч ду инсоне комилан мисли ҳам намеандешанд.


4.       Ин баҳсҳо ба таври барҷаставу бориз ошкор кард, ки дуруст ба монанди Тоҷикистони даҳаи 1990 тамоюлоти сиёсию ъақидатӣ ҳамчунон бо таъаллуқоти маҳаллӣ ҳамроҳ аст. Яъне хутути мувозӣ («параллель») миёни гароишҳои ъақидатӣ ва маҳалро бавузӯҳ мешавад дар баҳсҳо дунбол кард. Ҳанӯз ба дарки ин ҳақиқат нарасидаанд, ки миллатро равшанфикронаш месозанд ва бо чунин равшанфикрони маҳалгаро ҳамин миллати нимбисмил ҳам аз ҳам хоҳад пошиду нобуд хоҳад шуд.

Мавориди хурду рези дигаре ҳам мушоҳида шуд, ки барои ихтисори матлаб аз қалам меуфтад. Аммо ин чанд нуктаи ёдшуда аз мавориди муҳим буд.


Wednesday, May 18, 2011

To Leave a Better World Behind

Дунёи беҳтаре ба ёдгор

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Қарор буд имшаб дар идомаи баҳси забони порсӣ матлабе бинависам. Ва доштам менавиштам, ки баногоҳ паёме такондиҳанда аз дӯсти даврони бачагиам дар Душанбе дарёфт шуд ва мавзӯъ иваз шуд.

Дӯстам мегуфт, падараш даргузаштааст. Вақте ба телефуни ҳамроҳаш занг задам, садои гиряву шеван маҷоле барои гуфтугӯ намегузошт. Бо ҳоли низор ба пои роёна нишастам, ки ин чанд сатрро қаламӣ (роёнаӣ) кунам, бо диле пур аз андӯҳ, аммо аз роҳи дур. Шунидани хабари бад таҷрубаи бадест ва бадтарини он шунидани хабари бад аз роҳи дур аст; ҳангоме ки тозатарин фанновариҳои иртиботӣ ҳам ҷои холиатро пур намекунад. Аҳаммияти иҳзори андӯҳ ба андозаи ибрози шодист ва вақте он муяссар намешавад ва бурун намеояд, ғам дар сина реша медавонад ва табдил ба ғусса мешавад; ғуссае ниҳодина ва музмин.

Устод Исроил Файзиев, падари дӯстам Илҳомро аз даврони кӯдакӣ мешинохтам. Қадди баланду бовиқори ӯ барои мо, кӯдакони дабиристон, тимсоли пруфессур шуда буд. Ва ӯ пруфессур буд. Устоди физику риёзиёт дар Донишкадаи пулитекник, ки баъдан “Донишгоҳи Текникии Тоҷикистон” номгузорӣ шуд. Дуктур Исроил Файзиев, ки рӯзи 5 маи соли 1937 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омад ва тайи панҷоҳ соли ахир дар заминаи риёзиёт ва физик пажӯҳишҳое кард ва ба мақомҳое даст ёфт, ки дар торихи муъосири илми физик ва риёзиёти Тоҷикистон ӯро барои ҳамеша мондагор мекунад. Дар бораи шевашиносии физик рисолаҳое ба забони русӣ мунташир кард ва ба дараҷоте аз дониши риёзиёту физик расид, ки мояи ифтихори сарзамини мо буд.

Ба унвони касе, ки то кунун ба улуми дақиқ таваҷҷуҳи кофӣ надодаам, худро дар баробари равони шоди Исроил Файзиев бидеҳкор (қарздор) донистам, бо дарки ин ҳақиқат, ки бидуни илмҳои дақиқ ва пешрафти ин улум ҳеч кишваре ба ҷойгоҳе нарасидааст. Ва шояд ин мавриди муносиб аст, ки ба Шӯравӣ ва улумаш дуруду сано бифиристем. Мухолифате бо ин андеша надорам, бавижа ин ки фароварда (маҳсул)-аш Исроил Файзиев бошад.

Ёдам меояд марди фозиле, ки бо салобате муносиби ҳоли худ зоҳир мешуд ва мо, бачаҳоро, ёрое набуд, ки аз ӯ бипурсем чи ҳоле дорад. Пруфессур Файзиев барои мо ҷовидона пруфессур буд; марде босалобат, бо ваҷоҳате ҷиддӣ ва бамаротиб ҷиддитар аз ваҷоҳати омӯзгорони физики мо, ки моро мутаваҷҷеҳи ҳақиқати илм мекард. Аз чеҳраи бузургвори шодравон буд, ки ҳақиқати илм барои ман парданамо мешуд; чеҳрае оганда аз ҳуҷбу ҳаёву шарофат, ки кӯчактарин талоше барои худнамоиро надошт. Исроил Файзиев як чеҳраи илмӣ ба тамоми маъно буд ва ба унвони як устоди ростин худ ба худ ҳисси эҳтиром бармеангехт.

Исроил Файзиев аз худ панҷ фарзанди барӯманде баҷо гузошт, ки ҳар кадом дар заминае фаъъоланд ва дарахти маърифат мекоранд; ва ин шуғлест, ки аз падар ба ирс бурдаанд.

Аммо барои ман суоле, ки ҳамчунон побарҷост, ин аст, ки исроил-файзиевҳои азиз дар гузоранд ва умри кӯтоҳи худ ба сар мебаранд. Чи касе қарор аст, ки ин дарахти маърифатро сабз нигоҳ дораду анбӯҳ кунад? Он чи бар ман ғалаба карда, танҳо андӯҳи аз даст додани падари дӯстам нест, ки шаҳомати ҳузураш барои мо маънии “дуктуро” ва “устодии донишгоҳ”-ро тафҳим мекард. Он чи рафту меравад, мафҳуми “устодии донишгоҳ” аст, ки бо гузори замон ҳар чи камтару камтар мутародифи воқеъиашро дар зиндагии воқеъӣ мебинем. Устоде, ки муҳимтарин дағдағаи зеҳниаш андӯхтани дониш ва вогузор кардани он ба наслҳои ҷавон аст; устоде, ки дар миёни дафтарчаи имтиҳонот мудом дунболи даромаде изофӣ намегардад. Бо рафтани бузургчеҳраҳое, ки даврони шӯравӣ офарида буд, оё мафҳуми “устод” ҳам бакуллӣ иваз намешавад? Оё давлати навпои мо ба мараҳилае расидааст, ки бузургоне чун Исроил Файзиевро бозпарварад, ва агар фосилаи мо аз ин марҳила дур аст, оё фурсат муносиб нест, ки ба он биандешем ва чеҳраҳоеро бозофаринем, ки фардои мо дар ҷаҳони физик ва риёзиёт ва дигар илмҳои дақиқро равшантар аз имрӯз бикунанд?

Ин пурсишест пешорӯи посухдиҳандагони рӯзгор. Имрӯза донишпажӯҳони тоҷик дар вазъе ба сар мебаранд, ки ба ҳеч рӯй орзуи Исроил Файзиев ва бузургворони дигаре набуд, ки дар ин рӯзгори номусоъид умри худро дареғ доштанд. Боқии умри онон бояд ҳазинаи беҳбуди зиндагии данишпажӯҳон шавад. Донишпажӯҳонро зиндагии мураффаҳтар бидиҳем, то дунёи зеботару мураффаҳтареро аз худ ба ёдгор бигзоранд.

Tuesday, August 25, 2009

Ascetic Tricks

Чилвахои зохидона

Дар яке аз торнигорхои мазхабй омадааст:

«Бидонед, ки Худои мутаъол мардуми букаламунсифатро душман дорад; яъне мардуме, ки хар дакикаву хар соъат ба як ранг хастанд ва садокат дар онхо вучуд надорад.»

Аммо шуморе аз букаламунсифатон, дар вокеъ, шумори касире аз онхо, хамоно бо барафроштани парчами мазхаб имруза ба худ ранге тоза задаанд ва чилвае мутафовит, чи басо мутазодд бо чилваи пешини худ ихтиёр кардаанд.

Яке-ду руз пеш аз дусте хоста будам, ки аз як устоди сохибкитоб дар Точикистон тафсиру таърифи ойини риндию чавонмардиро чуё шавад. 15 дакика садои он сохибкитобро, ки борхо дар ин бора рисолахо навиштаву чоп кардааст, бароям фиристод. Аммо пеш аз ирсоли садо гуфт, ки матлаб магзи малмусе надорад, то танхо хамон тиккаро бароям бифиристад. Пас аз ду-се дакикаи пахши навор садокати каломи дустамро дарёфтам.

Инсоне, ки дар гузашта талош мекард ойини риндиро ба унвони навъе исён дар баробари мазхаб ба хурди сардамдорони низоми кумунистй дихад, акнун ба зур мекушад хамон ойинро ба унвони шевае аз тачаллии диндорию мазхабгаройи муъаррифй кунад. Ба ин мегуянд, аз чола ба чох уфтодан. Ё ифроту тафрит (две крайности), ки аз Миёнгини Заррин (эътидол) беибо убур кардаву ба нихояте дигар расидааст. Дуст доштам он фарди сохибкитоб рубаруям бошад, ки бо хифзи адабу эхтиром ба у бигуям: На ба он шуриии шурй, на ба ин бенамакй. Мо ки шуморо хуб мешиносем, устод. Мо ки бо андешахои шумо ба хубй ошно будем. Холо чи чизе боъис шуда, ки тагйири 180-дарачайи дар мавзеъи шумо иттифок биуфтад?

Албатта, агар тагйир маъкул бошад, ба масобехи пуёйи ва такомул аст. Аммо тагйире, ки савор бар боди замона бошад, маъмулан номаъкул аст. Масалан, ин байти Хофизро, ки мегуяд:

Зохидон, к-ин чилва дар мехробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд

мо хамеша ба унвони намунае аз такбех ё сарзаниши зохидони риёкор мешинохтем. Акнун, ки ин фарди сохибкитоб бо тагйири замона ё дар вокеъ, вижагихои макон аз як гуша ба гушае дигар частааст, мегуяд, манзури Хофиз аслан ва абадан интикод аз зохидон набудааст, чунки зохидон хамвора поксиришт будаанд. Манзури Хофиз аз «он кори дигар» на коре хилоф, балки корхои риндонаву чавонмардонае будааст, ки зохидон ба дур аз минбару мехроб анчом медодаанд.

«Косаи догтар аз ош» ба ин нагуянд, ки ба чй ё кй бигуянд?

Руз ба руз ва беш аз пеш эхсос мешавад, ки чомеъаи ба нисбат равшанфикри Точикистон ру ба сарзамини ибхомоти мовароуттабиъа мегузорад, бидуни ин ки далели муткану устуворе барои ру тофтан аз сарзамини илму дониши аклонй дошта бошад. Гусастагии якбора ва бемукаддима аз дониш ва такрори тутивори суханони авом аз суи хавос марзи миёни ому хосро аз миён бурдааст ва бо чунин неруи «равшанфикр»-е ояндаи равшане барои ин чомеъа намебинам.

Wednesday, January 09, 2008

"Intelligentsia" Accelerates National Meltdown (Cyrillic Persian)

Чи гуна рез мешавем

Андешаҳо дар ҳошияи баҳсҳои ахир дар матбуъоти Тоҷикистон, ки таъаффуни маҳалгароӣ медиҳад

Садои хастаи устод Бозор пои телефун баёнгари беҳавсалагиаш ба шунидани ҳарзапароканиҳои ҷорӣ дар матбуъоти Тоҷикистон буд: “Лутфан ин ҳарфҳоро ба ман нагӯ. Мо ки равшанфикре надорем, то аз ӯ гилоя кунем.”

Мавзӯъи суҳбати ду тоҷики ғариб – яке дар Омрикову дигарӣ дар Урупо – мабҳаси беҳудаи ҷорӣ дар расонаҳои Тоҷикистон буд, ки ба шиддат бӯи тунди маҳалгароӣ медиҳад. Ҳар ду тарафи баҳси расонаӣ пок аз ёд бурдаанд, ки муштаракоте доранд ва, масалан, аз оҳоди як миллати воҳиданд, ки доманаи ҳузури он аз марзҳои маҳдуду муҳаҷҷари Тоҷикистон ҳазорон фарсанг фаротар аст.

Маҳалгароӣ ба ҳитаи муназзаҳи адабиёт ҳам кашонда шуда ва тифлакони сарзамини мо суҳбат аз тақсими тоҷикҳо ба “шаҳришуъур”-у “саҳроишуъур” мекунанд, дар ҳоле ки бар сари ҳамин баҳсҳои абас Тоҷикистонро дигар на шаҳре дурусту ҳисобӣ мондаву на саҳрое паҳновар. Ҳар чи ҳаст, санг асту куҳ асту мобақӣ дараҳое миёни куҳсор, ки ба ночор шаҳрашон номидаем.

Ҳамин парокандагӣ, ки назирашро дар баҳси “шоъирони миллӣ ва маҳаллӣ” мебинем, боъис шудааст, ки пойтахтҳои торихӣ аз даст биравад, ҳамқавмони мо бо номҳои “эронӣ” ва “афғон” барои мо хориҷӣ шаванд, ҳатто Нодирпурро вижаи Теҳрону Ахавони Солисро мухтасси Хуросон бидонем (ки агар арвоҳи онҳо аз ин сухани мо хабар ёбанд, бадбахттар хоҳем шуд) ва ҳамқавмони он бари куҳамонро, ки дар оташи ҷанги дохилӣ насӯзондем, ба коми оташи шайёдонаи Шуғод дар расонаҳо бикашем.

Натиҷае, ки дар талабаш ҳастед, чист? Такя бар эрикаи қудрат? Ва агар сари қудрат омадед, бар кӣ ҳукумат хоҳед кард? Ба ин тартибе, ки ҷилав меравед, гумон аст, ки фардо хоке бештар аз рустои худатон фармонпазиратон бимонад.

Устод Бозор бо хандае талх аз ман хост, ки суҳбат аз маҳал наёрам, чун ба қавли ӯ, “ин гапҳо сазовори ман нест.” Ва дар воқеъ, афроде, ки бузургонро маҳсур ба чордевории як русто ё як маҳал дидаанд, пеш аз ҳама худи он азизонро хор кардаанд. Чун фард ҳар чи бештар ба арш суъуд мекунад, ҷаҳонро комилтар мебинад ва ҷаҳониёнро ҳамтои ҳам. Намунаи боризи он абёти Мавлавист, ки шоъирест на маҳалливу на миллӣ, балки ҷаҳонӣ ва улгуи нумувви ҳуввияти башарӣ:

Чи тадбир, эй мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсо, на яҳудиам, на габру на мусалмонам.
На шарқиам, на ғарбиам, на илвиам, на суфлоам,
На з-аркони табиъиам, на аз афлоки гардонам.
На аз Ҳиндам, на аз Чинам, на аз Булғору Сағсинам,
На аз мулки Ироқайнам, на аз хоки Хуросонам.

Шуданӣ нест, ки якояки мо ба ин дарки ҷаҳониву кайҳонӣ бирасем, вале нокомии мо дар дарки ҳуввияти миллӣ саранҷом кореро ба дасти так-таки мо хоҳад дод, ки то абадулобод аз пасаш бар нахоҳем омад ва хокистари мо ҳамон беҳ, ки зери пои наводагонамон лагадмол шавад.

Чун бад-ин минвол мо ба ояндагони худ чи чизе мехоҳем ба ирс бигзорем? Фазлфурӯшиҳои пуч дар бораи бартарии ин қишлоқ аз он қишлоқ? Достонҳои панҷҳазорсола дар бораи шукӯҳи қавми ориёии мо, ки ҳоло аз гумномтарин ақвоми башарист? Пирӯзии фалонӣ ва шикасти беҳмонӣ дар баҳси бесарусомоне дар бораи Суруди Миллӣ? Суҳбат аз миллатест, ки бахши азими он ҳанӯз дар зиллати беҳуввиятӣ гирифтор монда ва намедонад модари ӯ кӣ буда ва бар сараш чиҳо оварданду оварда. Афроде, ки дар баёни фикру эҳсос ба забони модарии худ ба минг-минг меуфтанду оҷиз мемонанд. Афроде, ки ҳанӯз намедонанд аз бозмондагони эрониёни нажодаанду номи забонашон порсист ва хатти ҳазорсолаашонро ҳанӯз бар маснади пешинаш нанишондаанд. Афроде, ки аз гардунаи замон ҳар рӯз ба андозаи як сол вопас мемонанд... Ман ҳам дар ин миён ҳастам ва аз ин меросе, ки қарор аст барои ояндагон бигзорем, шарманда.

Гузаштаро раҳо кун ва ба имрӯз биандеш. Ифтихороти пешин моли пешиниён аст. Муҳим он аст, ки имрӯз чи фикри бикре, чи сухани тозае мехоҳем дар миён оварем, ки созанда бошад ва барои худи мо ифтихор офаринад, то дигар “гирди номи падар” нагардем ва бо ибрози шаҳомат “падари хеш” бошем.

Достони Суруди Миллӣ бо навоҳои хоркунандаву озорандаи маҳаллӣ моҳҳост, ки нақли маҳофил аст, гӯӣ бо иваз кардан ё накардани матну оҳанги он мо ба кайҳон фазонаварде хоҳем фиристод ё Омрикое дигарро кашф хоҳем кард.

Шеъри форсии тоҷикӣ ба далели султаи забону хатти русӣ аз ҳамтоёни бурунмарзии худ фарсангҳо вопас мондааст ва дар ин шакке нест, ки Суруди Миллии мо, замоне ки мо ба дарки беҳтаре аз шеъру суруд бирасем, иваз хоҳад шуд. Марҳилаи таъвизи суруди миллӣ дар миёни мардумони мутамаддин ба дур аз таъассуботи ҷавомеъи ибтидоӣ ва танишҳои маҳалгароёна, танҳо бар мабнои арзиши адабии он сурат мегирад ва мо ҳанӯз ба он марҳила нарасидаем. Кӯчактарин баҳси ба зоҳир адабӣ ва миллӣ дар маҳофили мо дар торҳои заҳрогини маҳалгароӣ мепечад ва тикка-тикка мешаваду аз ҳам мепошад. Пас беҳтар аст нахуст солори забону миллати худ бошем ва талош кунем ба қазоё аз равзанаи кулбаи рустоии худ нигоҳ накунем.

Пурсишҳои хабарнигорони мо ҳанӯз дар ҳамон ҳад боқӣ мондааст: “Шумо оё фикр намекунед барои ворисони Борбаду Накисову Рӯдакӣ истифода аз мусиқии як оҳангсози яҳудӣ дар Суруди Миллӣ бояд нанговар бошад?” Дар ҳоле ки дар Урупову Омрико шояд ҳатто як тан аз афроди одӣ аз пешинаи маҳалливу қавмии оҳангсози суруди миллишон огоҳ нест. На ба далели ин ки фарди бесаводест, балки ба хотири беҳудагии ин иттилоъоти зоид, ба хотири ин ки мағзаш андармони гирд овардани иттилоъоти судовару бадардбихур аст, то барои фардоиён меросе беҳтар аз мероси гузаштагон ба ҷо бигзорад. Ва агар бидонад, ки оҳангсози Суруди Миллии кишвараш як яҳудитаборе будааст, ки худашу аҷдодаш зодаи он сарзаминанд, ба бузургии миллати худаш бештар аз пеш хоҳад болид. Чун мояи ифтихор аст, ки намояндаи як қавми ғайрибумӣ ба сарзамини ӯ ин ҳама арҷ дошта бошад. Афзун бар он, суҳбатҳои расонаии Тоҷикистон дар бораи намояндаи қавмест, ки барои Тоҷикистони мо ва худашон осори гаронбаҳои ҳунарӣ офаридаанд ва ришта-филмҳои Шоҳнома бар тораки он чун ситора медурахшад.

Пас кори онҳо созанда буд. Онҳо аз худ мурдарег (мерос)-и пурарзише ба ёдгор гузоштанд. Акнун навбати мост, ки ба фикри сохтану созандагӣ бошем, то тӯшаи роҳи ояндагонро таъмин кунем. Аммо натиҷаи ин баҳсҳои муттакӣ ба маҳал чизе ҷуз сӯхтану сӯзандагӣ нест.

Ақвоми дигар бо худӣ кардани бегонаҳо бузург мешаванд, дар ҳоле ки мо тарҷеҳ медиҳем бо бегона кардани худиҳо рез шавем. Узбакҳо бо узбак хондани тоҷикҳо азим шуданд, аммо мо бо узбаку яҳудӣ хондани тоҷикҳо рез шудем.

Магар метавон поратар аз ин ҳам буд? Дигар мехоҳем туъмаи чи касе бишавем? Ҳофизаи торихии мо бояд дарозтар аз инҳо бошад ва ҳаргиз ёдамон наравад, ки чи гуна дар миёни кӯҳистон гирамон андохтанду даври хокамон хат кашиданду номашро “Тоҷикистон” ниҳоданд. Пас беҳтар аст ба фикри беҳбуди ҳамин насиби андакамон бошему ҳамдигарро азиз бидорем ва дар паҳнои порсигӯи ҷаҳон кӯчактарин маҳалли худамонро Тоҷикистон бидонем.

*Ин навишта барои интишор ба хафтаномаи "Миллат", чопи Душанбе, фиристода шудааст.

Агар бархе аз хуруфро намебинед, кулли матнро руи барномаи Microsoft Word пиёда кунед, ки маъмулан чавоб медихад.

Sunday, October 28, 2007

Марги равшанфикрӣ дар Тоҷикистон

Чӣ бояд кард?

Дебоча

Вақте дар хона нур надорем, чи кор мекунем? Пурсишест, ки посух ба он дар кишварҳои мухталиф метавонад мутафовит бошад. Дар Амрико давлати Буш сарнагун хоҳад шуд, дар Бритониё саранҷом низоми салтанатӣ ба торих хоҳад пайваст, дар Русия дастикам коргарон эътисоб хоҳанд кард, аммо дар Тоҷикистон мунтазир хоҳанд монд ва дар дили торикӣ ба “сарвари кишварамон” сано хоҳанд гуфт, ки “ба ҷанги бародаркуш поён ниҳодааст”.

Дар Амрикову Бритониёву Русия нур ба хонаҳо бармегардад, аммо дар Тоҷикистон ба кумур рӯ меоранду вожаи “барқ”-ро ба фаромӯшӣ месупоранд, вале ҳамду саноро на.

Ахтагии миллӣ

Тарс аз ҷанги таҳмилӣ равони моро ахта кардааст. Мо, бидуни ин ки худамон фаҳмида бошем, ба як қавми нозову буздил табдил шудаем. Мо дигар қодир ба зодани фикри тоза нестем ва ҳатто агар саду наваду се кишвари дигари ҷаҳон ба монанди Русия мардуми моро хор кунанду дар “васф”-и мо сериёлҳои “Наша Раша” бисозанд ҳам, бори нангро таҳаммул хоҳем кард ва номардона ба “сарвари кишварамон” сано хоҳем фиристод. Чаро?

Чунки нури мо рафтааст. Мо нур надорем ва бенур таҳи чоҳеро мепалмосем ва бадтар аз ҳама, мафҳуми “нур”-ро фаромӯш кардаем. Моро ба наҳве манкурт кардаанд, ки намедонем хуршед чи рангӣ буд ва аз кадом тараф тулӯъ мекард. Мо аҳли зиёро, интеллигентсияро, равшанфикронро бохтаем ва ин бузургтарин баҳое буд, ки мардуми мо дар баробари “ҷанги дохилӣ” пардохт, вайронгартарин таконе, ки бар пайкари мардуми мо ворид шуд, андӯҳбортарин трожедие, ки торих то кунун барои мо ва дар бораи мо навиштааст.


“Интеллигентсия”, “зиёӣ” ва “равшанфикр”

“Интеллигентсия”, “зиёӣ” ва “равшанфикр” – се истилоҳ барои як мафҳум, ки ҳамагӣ ҳокӣ аз нуру равшаноист. Аммо аз ин сето дар ҷомеъаи мо танҳо ном ҳасту нишон нест. Вопасин фарёди нур шояд “Фарёди бефарёдрас” буд, ки ношунида монд.

Дигар ҳарчи буду ҳаст, зулмати намрудии “Исмоъили Сонӣ”-ст ва торикии абрӯҳои анбӯҳи ӯ ва сукути махуфи миёни ҷумлаҳои ӯ ва такбири ҳамоқату виқори бедалели ӯ ва печишу курнишу таъзими косалесони ӯ, ки бешармона унвони “равшанфикр”-ро ғасб кардаанд. Зӯзаҳои гургҳои гурусна ёдамон наравад, ки дар ҳасрати як луқма ноне, ки гоҳ аз даҳони “Исмоъили Сонӣ”-ву бачаҳояш меуфтад, гӯши замонаро ба сутӯҳ овардаанд ва мадҳияҳое сурудаанд, ки Унсуриро дар баробари чашмони мо Рӯдакӣ кардааст.

Дар таърифи истилоҳи русии “интеллигентсия” мехонем: “як қишри иҷтимоъии мардум, ки даргири халлоқияти печидаи маънавӣ ва фикрӣ ҳастанд ва манзур аз ин халлоқият пешбурд ва интишори фарҳанг аст.” Ба иборате дигар, равшанфикрон машъалдори ҷомеъа ҳастанд, ки роҳу чоҳро барои мову шумо нишон медиҳанд. Магар намебинед, ки бо ҳидояти ғосибони номи ин қишр таҳи чи чоҳе уфтодаем?.. Ман ҳам шуморо намебинам, аз бас ин ҷо ба таври боварнакарданӣ торик аст.


Шарифов ҳам як равшанфикр буд

Намедонам, худи Суҳроб Шарифов ёд дорад ё на, аммо дар поёни ҷанг, қабл аз он ки лутфи “Исмоъили Сонӣ” шомили ҳоли ӯ шавад ва ӯро ҳам фурӯ бибарад, вай ба унвони як коршинос вазъияти “равшанфикрон”-и Тоҷикистонро ба хубӣ тафсир карда буд:

“Равшанфикрон, ба унвони лояи ҳаллоқи ҷомеъа, дар буҳрони амиқе ба сар мебаранд. Пайроҳа ба сӯи озодии халлоқият (эҷодкорӣ) бисёр печида аст ва ба кумаки ҳамаи қишрҳои ҷомеъа ниёз дорад. Вақте ки як бахши бузурги ҷомеъа (дар ин маврид, равшанфикрон) дар баробари масъулиятҳои худ бархурде манфӣ дорад ё он масъулиятҳоро бо бемайлӣ анҷом медиҳад, ҷомеъа дучори камхунӣ мешавад. Бадеҳист, ки вопасмондагии иқтисодӣ, маънавӣ ва фарҳангии миллат танҳо дар сурате бартараф хоҳад шуд, ки пеш аз ҳама бегонагии равшанфикрон аз сиёсат рафъ шавад. Миллат бояд аз имкони озодии интихоб миёни алтернативҳои мухталиф барои ҳалли мушкилоти иҷтимоъии муҳимтар бархурдор бошад, то дар сиёсат дахил шавад ва саҳм бигирад. Ба баёне равшантар, равшанфикрон бояд аз арзишҳои демократик ҳимоят кунанд.”
(http://www.ca-politicaltransitions.com/Translations/Sharipov%20Suhrob-Intelligentsia%20and%20its%20role.htm)

Эй кош ҳофизаи Суҳроб Шарифов қавитар буду ӯ дар мақоми раёсати маркази мутолеъоти стротежик ҳам аз арзишхои демократик ҳимоят мекард.


Парвози бозҳо

Эй миллат! Мо гӯл хурдем. Магар фаромӯш кардаед, ки замоне Халифабобо Ҳомидов бо суханҳои шаккаринаш ба мо чи умеде медод? Ҳоло тарозуи додгарӣ дар дасти ин оқост, аммо кафаҳои ин тарозу ҳаргиз баробар намешавад. Шамсиддин Имомов ҳам зоҳиран як равшанфикр буд ва ҳар ду ба монанди ду боли шоҳини равшанфикрон Тоҳири Абдулҷаббор ҷилва мекарданд. Мо - ғофил аз он ки суханони нӯшини ин ду “равшанфикр” чизе ба ҷуз “ҷилва дар минбар” нест - ба онҳо содиқона имон оварда будем.

Акнун Тоҳири Абдулҷаббор, ки замоне қудрати каломаш сохтмони порлумонро ба ларза меафканд, аз қофила парт шуда (ҳарчанд бо номи нек ба торих пайвастааст) ва ду муъовини пешинаш дар Растохез ду бози рӯи шонаҳои “Исмоъили Сонӣ” шудаанд. (Ташбеҳи нобаҷое буд, ки ба маҳзи қиёс овардам, вагарна эшон рӯи шонаҳои “Исмоъили Сонӣ” ҳам мақоме надоранд).

Агар Тоҷикистони мо бад-ин андоза торик набуд, мо ҳамон 18 сол пеш ба “Андешаи нек, гуфтори нек, кирдори нек”-и Тоҳир гӯши ҷон месупурдем ва аз пайроҳаи миллӣ пеш мерафтем. Доктор Шаҳроми Акбарзода – равшанфикре, ки дар Австралия нишаставу мусибати моро назора мекунад, соли 1996 навишта буд:

«Ислоҳоти Горбачёв ба равшанфикрони тоҷик иҷоза дод, ки гилояҳои худро баён кунанд ва дарёбанд, ки дар тақозои адолат танҳо нестанд. Дар тамоми гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ миллигароӣ мавҷ мезад ва тоҷикҳо худро дар таркиби ин раванд диданд. Аммо раҳбарии Тоҷикистон сиришти рӯйдодҳо дар паҳнаи Шӯравиро ба хубӣ нафаҳмид. Ин нокомӣ дар дарки аҳамияти миллигароӣ ва намодҳои он нухбагон (элита)-и Тоҷикистонро аз нухбагони дигар кишварҳои Осиёи Миёна мутафовит мекард. Зоҳиран тақозоҳои миллигароёнаи мухолифон раҳбарии ҷумҳурихоҳи Тоҷикистонро дар муқобили он қарор медод ва давлат ба ҷои он ки бештар аз мухолифон дар изҳори назарҳои миллигароёна бикӯшад, ба иборатпардозиҳои шӯравӣ баргашт ва бар таъаҳҳудаш ба “интернасионализм”-и шӯравӣ таъкид кард. Ин таъкид ҳатто пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ идома дошт. Дар натиҷаи набуди биниши сиёсии давлат буҳрон печидатар шуд.”
http://findarticles.com/p/articles/mi_m3955/is_n7_v48/ai_19226485

Дар натиҷаи он кӯтоҳбинии нобихрадона равони равшанфикрӣ аз Тоҷикистон рахт барбаст ва торикандешон соҳибхона шуданд ва равшанфикрон ё кишварро ба мақсади равшаноии гумшуда тарк карданд ё ба торикандешон пайвастанд ё дар ҷомеъа таҳлил рафтанду ба издиҳом мулҳақ шуданд. Пас мо акнун равшанфикр надорем.


Чӣ бояд кард?

Бо дарки ин ҳақиқати талх ба нохудогоҳ пурсише дари зеҳни моро мекӯбад: Пас чӣ бояд кард? Ин пурсиш метавонад ба андозаи “Чӣ бояд кард?”-и Ленин инқилобофарин бошад ё дар ҳадди “Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?”-и Турсунзода ношунида бимонад ва фақат барои “масрафи дохилӣ” ё ирзоъи рӯҳи озурдаамон худнамоӣ кунад.

Чизе, ки сарнавишти ин пурсишро рақам мезанад, самимияти мо дар дарки ин мушкил аст. Оё самимона эътироф мекунед, ки дар чоҳ гирифтор мондаед? Оё аз замири қалб қабул доред, ки дар зери ин чоҳ ба ламъае нур ниёз доред ё шояд фаротар аз инро ҳам қабул доред, ки берун аз чоҳ офтоб фаровон аст ва бояд даст ба дасти ҳам доду аз ин тангно ба фарохно хазид? Оё дигар намехоҳед тоҷикҳо дар бозорҳои Русия либоси зарди борбариро ба тан кунанду зери по шаванд? Оё аз дидани ваҳшати тоҷикситезӣ дар дарун ва берун аз Тоҷикистон ва тамошои кумедии фаҷеъи “Наша Раша”, ки тоҷикҳоро андаке бартар аз хар тасвир мекунад, самимона хаста нашудаед? Оё дилатон барои ҷалолу шукӯҳи аздастрафтаи Исмоъили Сомонии ростин танг нашудааст? Оё аз назораи шиками ҳамвора-дамандаи “Исмоъили Сонӣ” эҳсоси таҳаввуъ (дилбеҳузурӣ) намекунед? Оё гарданатон дард намекунад, ки ин ҳама сол саратонро хам нигаҳ доштаед?

Ба ҳурмати ҳафт ситораи рӯи парчами серанги меҳан, агар посухи шумо ба ин ҳафт пурсиш мусбат аст (ки 49 пурсиш камтар аз суолҳое буд, ки дар “ҳамапурсӣ”-и соли 2003 аз мо фақат як посух мехост), пас биёед дастбакор шавем. Мо агар қатраем, ба таъбири Иқбол, боз ҳам тавони онро дорем, ки хуршедро тасхир кунем. Ту фақат дастатро ба ман бидеҳ, то ман дастамро ба ӯ бидиҳам ва бо ҳам занҷире бисозему аз чоҳ фаро биравем. Чи гуна?


Роҳнамои равшанфикрӣ

Равшанфикрони пӯшолӣ ва дурӯғинро бояд раҳо кард. Бидуни мо ҳам гирифториҳои рӯзгори онҳо андак нест. Онҳоеро, ки нонрезаҳои суфраи “Исмоъили Сонӣ”-ро “чида мемоланд ба чашм” ва гоҳ мерезанд ба ком, раҳо кунем ва машъали равшангариро худамон ба даст бигирем.

Гоми нахуст барои наздикӣ ба ин машъал дарки фосилаи мо аз он аст. Фосилаи мо аз машъал ба андозаи дарки мо аз мушкилотамон аст. Ҳар андоза бештар аз вусъати мушкилотамон огоҳ бошем, ба ҳамон андоза ба машъал наздиктарем. Аз баёни мушкилот набояд ибо варзид. Агар бо лаб фурӯ бастан мушкиле ҳал шуда буд, моҳиҳо бояд шаҳриёри гетӣ мешуданд, на инсонҳо. Дуруст баръакс, суҳбат аз мушкилот ба монанди замзамаи афсунгарона аст, ки маъмулан роҳи ҳалро пеши поят мегузорад. Пас қаноъатро бояд канор гузошт ва аз набуди нур гилоя кард. Куҷои ин талаб шармовар аст: “Ман нур мехоҳам!”? Баръакс, аз надоштани нур бояд хиҷолат кашид. Бенурӣ шармовар аст.

Қарор нест мо теғ ба даст бигирем, чун аҳди ин корҳо гузаштааст ва фикр намекунам, ки ту ё ман бихоҳем садсолаҳо ақиб биравем. Роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳ ба пеш аст.

Ба қудрати калом имон биёварем, ки ларза бар пайкари истибдодҳо афкандаву меафканад. Ба вижа каломе, ки ба иттифоқ ба забон оварем. Фарзан, агар ман бигӯям “нур!” ва ту бигӯӣ “Нур!”, мешавад “НУР!!!”-е, ки гӯши карро ҳам шунаво хоҳад кард. Ва ҳеч шамшере қудрати буридани он нидоро надорад. Шамшерҳо аз садои баланд метарсанд.

Рӯдвор бошем, кӯлвор на. Ҳамеша бояд дар паи роҳи бурунрафт буд. Кӯлҳо замоне мурдоб мешаванд, чун обашон исто ва рокид аст. Ё мисли Арал мехушканд. Истибдоди сангу харсангро набояд қабул кард. Дар ҷунбуҷӯш бошем ва ҳамвора аз зеру рӯи сангу харсанг ба фазои боз раҳо шавем.

Андеша замоне рушд кардаву ба суъуд расида, ки озод будааст. Пас андешаи худ ва атрофиёнро ҳам бо завлонаи тарсу надомату хурофот маҳор накунем, балки раҳо созем, то шояд аз боғе нав сар дароварад ва чизе тоза ба армуғон оварад.

Чароғи виждонамонро ҳамвора равшан нигаҳ дорем ва агар фикр мекунем ба Равшанфикрӣ расидаем, равшанфикрона рафтор кунем ва ба мафҳум ва таърифи равшанфикрӣ хиёнат накунем.

Чароғи нангу номуси равшанфикриро ҳам фурӯзон нигаҳ дорем ва бо сари баланд бо сарафкандагиҳои миллат биситезем.

Ҳамин ки мо дар айни беравшанфикрӣ умедамонро аз даст надодаем, нишонаи пойдории умеди расидан ба фардои равшан ва ба хуршед аст. Ҳамеша пур аз умеду равшаноӣ бош.