Showing posts with label Putin. Show all posts
Showing posts with label Putin. Show all posts

Saturday, March 15, 2008

'Putin Assassination Attempt by Tajik Sniper Foiled'


Имруз аксари нашрияхои чопи Ландан ва хабаргузорихои хоричй ба иттифоки хам гузориш додаанд, ки тархи суикасди як точик ба чони Владимир Путин – раисичумхурии Русия ноком мондааст. Хабаргузорихо ва рузномахо бо истинод ба гузориши рузномаи «Твой День»-и Русия ин гузоришро додаанд.

Хулосаи ин гузоришхо ин аст, ки шомгохи дуввуми морс (март), рузи интихоботи раёсати чумхурй Путин бо Медведев (раисичумхурии мунтахаб) аз дарвозахои Кремлин берун омаданд, то дар кунсерте дар канори Майдони Сурх хузур ёбанд. Рузномаи Твой День иддоъа мекунад, ки дар хамон он Шохвалад Усмонов, як шахрванди 24-солаи Точикистон касд доштааст аз опортумони мушриф бар майдон хар ду раисичумхурии феълй ва мунтахабро бикушад. Усмонов бо як кабза тирандоз (снайпер)-и хоричй ва як туфанги худкори Калашников ва мухиммоти чангй мусаллах будааст. "Твой День" акси "Усмонов"-ро низ мунташир кардааст. Ба иддаъои ин рузнома, як суханчин чанд руз пеш аз интихобот ба ФСБ (Хадамоти Федероли Амниятии Русия) хабар дода буд, ки накшаи суикасд ба чони Путин дар дасти ичрост.

Хафтаи гузашта Николай Патрушев, раиси ФСБ гуфта буд, ки дар чараёни корзори интихоботй «хамалоти теруристй»-ро хунсо кардаанд, аммо чузъиёти онро надода буд.

Рузномаи Telegraph-и чопи Ландан дар шумораи имрузи худ афзуда, ки опортумони Шохвалад Усмонов дар наздикии хутели панчситораи Кемпинский карор дорад, ки аз икоматгохи расмии сафири Бритониё дар Маскав ва сохтмони пешини сафорати ин кишвар фосилаи чандоне надорад.

Аммо имлои номи «шахрванди Точикистон» точикй ба назар намерасад: Шахвелад Османов, ба чои Шохвалад Усмонов. Ба хусус мавкеъе, ки мебинем русхо имлои точикии дигар номхои точикиро саъй мекунанд риъоят кунанд ва ба Рахмон «Рахман» намегуянд. Пас ин мавзуъ то андозае шаккбарангез аст ва точик будани он фардро зери суол мебарад.


Агар бихохем теурии тавтеаро тавсеъа дихем, метавон чунин фикр кард, ки хадамоти чосусии Русия дар рузи интихоботи он кишвар яке аз вазоифи умдаи раисичумхурии чадидро таъйин кардаанд: саркуб ва ихрочи точикон ва дигар мухочирони корй, ки Русия аз шиддати нафрат ба онхо дорад девона мешавад. Бо дониши андакашон аз точику Точикистон мумкин аст онхо як номи мусалмониро бо талаффузи озарй руи шиносномае навишта бошанд, бо ин хиёл, ки имлои точикй хам хамон аст. Вале хадаф метавонад додани ин паём ба раисичумхурии мунтахаб Медведев бошад, ки ба махзи расидан ба кудрат кавоъиди мухочиратро сахтгиронатар кунад ва мухочирони корй, ба вижа точиконро ба хонахояшон бозпас бифиристад.

Як нуктаи кобили таваччухи дигар ин аст, ки дар мохи уктубри 2007 низ кабл аз сафари Путин ба Техрон шоеъае пахш карда буданд, ки карор аст Путинро дар Техрон "теруристхо" бикушанд. Путин пофишорй кард, ки сарфи назар аз гузоришхое, ки дар ин бора дарёфт карда, сафараш ба Техронро анчом хохад дод ва дод. Хелехо онро як навъ найранг барои чалби таваччух хонда буданд.

Ин яке чй метавонад буда бошад? Кадом инсони карни 21 бовар хохад кард, ки Рахмон мехоста Путинро бикушад? Дар гайри ин сурат, он точик мутаъаллик ба чи гурухе метавонад бошад? Оё он гурух точикист? Ё дар вокеъ, ин хам як бозии амниятихои Русия буд? Бозие, ки метавонад барои точикон паёмадхои бисёр шум дошта бошад.