Showing posts with label parliament. Show all posts
Showing posts with label parliament. Show all posts

Saturday, February 28, 2015

Parliamentary Elections


Оромтарину бесарусадотарин корзори интихоботии ҷаҳон поён ёфт ва то соъоте дигар дурӯғтарин намоиши демукросӣ дар ҷаҳон баргузор мешавад. 

Рӯзи якшанбе, даҳуми исфанд (якуми морс) оҳоди миллат пои сандуқҳои раъй хоҳанд рафт, то таркиби ҳамешагии порлумонро бори дигар таъйид кунанд. 

Як порлумони муҳрбадасту ахтаи такҳизбӣ бо чанд кумунисти ҳамраъй бо ҳизби ҳоким (бо номҳои “кумунист”, “ислоҳоти иқтисодӣ”, “кишоварзӣ”) ва ду наҳзатии нотавону ъоҷиз. 

Порлумони Ҳизби Халқи Демукрот, ки тайи 23 сол ҳукуматаш халқро ба бадтарин наҳви мумкин ба диёри хорию хиффату дарбадарӣ фиристода ва бештари аъзояш “демукросӣ” ва арзишҳои онро як дуккону масолеҳи фурӯшӣ фарз кардаанд. 

Фардо рӯзи раъйгирист. 

Чи раъй бидиҳеду чи на, наздик ба 90 дарсади мову шумо дар он ҳузур хоҳем ёфт ва беш аз 80 дарсади мову шумо ба тарафдорӣ аз ҳизби ҳоким раъй хоҳем дод ва дастикам 55-то аз 63 курсии маҷлисро бо мотаҳти ҲХДТ пур хоҳем кард.

Tuesday, March 30, 2010

A Year Gone to Waste

Соле, ки гузашт

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Бештари рӯйдодҳои муҳимми соли гузаштаи тоҷикӣ (ки аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсолро дарбар мегирад) рӯ ба поёни сол иттифоқ уфтод. Муҳимтарини онҳо, мусалламан, интихоботи саросарӣ буд, ки орзуи панҷсолаи қишре аз мардумро ба яъс нишонд: орзуи дидани порлумоне гӯё ва мардумӣ ба ҷои маҷлиси хомӯшу муҳрбадаст ва рӯбараҳбар, ки ангушти намояндагонаш аз рӯи тугмаи “оре” дур намешавад.

Маҷлисе якдаст, ки 54 адад аз 63 курсии онро ҳаводорони сардамдорони вақт ишғол кардаанд ва садои 3-4 тан аз дигарандешонашро метавон ба осонӣ ношунида гирифт. Дар ин интихобот машҳуд буд, ки унсури номатлуби хешовандсолорӣ рушди бештаре доштааст. Пас дар ин имтиҳони мардумсолорӣ Тоҷикистон боз ҳам ноком шуд ва як фурсати дигар барои даст ёфтан ба озодию шукуфоиро аз даст дод. Тазминоти раҳбар барои баргузории интихоботи шаффофу озод аз қолиби сухан берун наомад ва амалӣ нашуд. Нозирони дурдаст айни ҳақиқатро гуфтанд. Нозирони “хориҷаи наздик” ин нокомиро ташвиқ карданду шодбош гуфтанд.

Дар оғози соли нав аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳам интихоб, ё шояд ба баёне дурусттар, таъйин шуданд. Бо он сарусомоне, ки интихоботи “мустақим”-и саросарӣ дошт, метавон наҳваи баргузории интихоботи номустақимро ҳадс зад. Ва ҳатто шахси раиси Маҷлиси Миллӣ, ки раиси Маҷлиси Олӣ ҳам ҳамӯ хоҳад буд, аз ҳамин акнун қобили ташхис аст. Ин рӯйдод баҳонае барои таҷлил надорад. Ба вижа ба хотири он ки касе суроғи раъйи баяғморафтаашро нагирифт.

Рӯйдоди муҳимми дигар корзори саросарии давлат барои сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун буд. Дар оғоз ҳатто дӯстдорони хориҷии Тоҷикистон эъломи омодагӣ карданд, ки дар раҳоии мардум аз буҳрони энержӣ саҳм хоҳанд гирифт ва ҳисобҳое бад-ин манзур ҳамчунон боз аст. Аммо фишори фавқулъодаи мақомот бар мардуми одӣ ва ғолибан нодор барои пардохти пули саҳоми неругоҳ ин амри хайрро махдушу зишт кард. Донишҷӯёне, ки бидуни пардохти пули саҳом иҷозаи вуруд ба утоқи имтиҳонро надоштанд, ба сутӯҳ омаданд. Кормандоне, ки водор ба харидории саҳоми нерӯгоҳ мешуданд, мақомотро нафрин карданд. Аммо эътирозоти дарунӣ ба ҳадди ғалаён нарасид ва ҳамчунон зери лиҳофу пӯшида аст. Дар натиҷаи ин фишорҳо ҷавви бадгумонӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷ боло гирифт ва накӯкорони хориҷӣ мунтазири дарёфти замонати сад дарсадии мақомотанд, ки пули ворезшуда танҳо ва танҳо барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамсоягони ҳасуде чун Узбакистон Роғунро баҳонаи хубе барои эъмоли фишори бештар бар Тоҷикистон ёфтанд ва Душанберо мавриди муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд. Ба гунае, ки ҳудуди 400 вогуни ҳомили таҷҳизоти сохтмонии Роғун дар нимароҳ тавассути Узбакистон масдуд шуд ва бори дигар ин ҳақиқатро барҷаста кард, ки то чи андоза иқтисоди Тоҷикистон шикананда аст ва ба чи роҳатӣ як дастури раҳбари узбак метавонад чилави барномаҳои иқтисодии моро бигирад. Ҳақиқати дигаре, ки ошкортар шуд, ниёзи Тоҷикистон ба доштани роҳҳои иртиботии дигар бо ҷаҳони хориҷ буд. Чун агар қарор аст Роғун сохта шавад, бояд Узбакистонро ба унвони кишвари тронзит ба фаромӯшхона супурд. Чи бихоҳему чи нахоҳем, Узбакистон ҳамаи роҳҳои эъмоли фишорро ба кор хоҳад бурд, то монеъ аз анҷоми ин тарҳ шавад. Донистани ин ҳақиқат ба илми рамлу устурлобу ахтаршиносӣ ниёзе надошт. Айни воқеъияте буд, ки афроди муътақид ба давлатдорӣ бояд пеш аз эъломи тарҳ пешбинӣ мекарданду накарданд.

Ва чизе, ки қарор буд иттифоқ биуфтаду науфтод, гушоиши шабакаи телевизюнии кишварҳои порсигӯ ба номи “Наврӯз” буд. Соли гузашта дар остонаи Наврӯз шуморе аз мақомот ҷор зада буданд, ки қарор аст он дар рӯзи Наврӯзи соли гузашта ифтитоҳ шавад. Ба ҷои он шабакаи телевизюнии “Овоз”-и Туркия барои кишварҳои туркизабон гушоиш ёфт. Як сол гузашт, аммо аз шабакаи мавъуди мо ҳамчунон хабаре нест, ки нест. Пас дар масофи фарҳангӣ ҳам аз ҳамсоягон ақиб уфтодаем.

Нокомиҳои соли гузашта боъиси рушди беш аз пеши ифротгароию тундравӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеъа шуд. Эҳсоси дармондагӣ ва навмедӣ шуморе аз мағзҳои равшанро ҳам ба зулмати радикализм савқ дод ва имрӯз ёваи хушунатгароӣ баландтар аз дирӯз ба гӯш мерасад. Эҳтимоли такрори ғалатҳои гузашта беш аз пеш матраҳ шуд. Аммо мақомот дарсе нагирифтанд ва бо ин тасаввури козиб, ки номгузории соли 2009 ба номи Имоми Аъзам қишре аз норозиёнро розӣ хоҳад кард, иктифо карданд. Барои муқобила бо ин падидаи манфӣ, ки дар миёни қишрҳои гуногун ба шаклҳои гуногун буруз меёбад, касе ба фикри фарҳангпароканӣ ва густариши донишу огоҳӣ науфтод. Ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон таи соли гузашта пешрафте надошт, то битавонад дар сурати нотавонии давлат ба таври худҷӯш бо ин падида муқобила кунад.

Дар натиҷа Тоҷикистон ҳамчунон дар мағоки торих аст. Умед аст, ки соли нави тоҷикӣ нури огоҳии бештареро аз тӯдаҳои мо дареғ надорад.

Wednesday, March 17, 2010

Prize for Serving HM

Подоши хидмат ба раҳбар

Сухани рӯз мутаъаллиқ ба Шукурҷон Зуҳуров, раиси нави Маҷлиси Намояндагон аст:

«Муддати 18 соли ахир дар паҳлӯи президенти мӯҳтарам ва дар вазифаҳои мухталиф дар ҳукумат кор кардам. Ва мо солҳои бисёр вазнинро пушти сар кардем. Ҳолатҳои бисёр мушкил ва вазнин ҳам шахсан ба сари ман омаданд. Аммо ҳамавақт пуштибонӣ , дастгирӣ ва ғамхории ин шахсиятро эҳсос мекардам ва аз маслиҳату машварати вай бархӯрдор будам, ки то имрӯз расидем».


Софу пӯстканда баён шудааст, ки маҷлис тобеъи ҳукумати иҷроия аст ва оқои Зуҳуров аз роҳи «18 сол» хидмат ба «президенти муҳтарам» «то ба имрӯз» расидааст.

Агар оқои Зуҳуров аз ин ба баъд ҳам ба «президенти муҳтарам» ба таври бояду шояд хидмат кунад, пас аз панҷ соли дигар аҷаб нест, ки ба монанди салафаш Сайдулло Хайруллоев дар курсии роҳати Маҷлиси Миллӣ ором бигирад.

Намоиши "истиқлол"-и шохаҳои иҷроия ва қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти дирӯзи маҷлис маҳшар буд. Ба вижа пас аз он ки раҳбар интихоботи «90 дарсадӣ»-ро “шаффофу демукротик” унвон кард.

Wednesday, January 27, 2010

Lack of Critical Thinking

Андар интиқод

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Дар ҷомеъаҳои суннатӣ, ҳамонанди ҷомеъаи Тоҷикистон, интиқод писандида нест ва чи басо, ки густохӣ ва беадабӣ арзёбӣ мешавад. Интиқод аз ҳар касе: аз устод, аз шогирд, аз зердасту забардаст, аз фарзанду аз волид ва ҳатто аз худ. Навъи охири интиқод, албатта, на нишони беадабӣ, балки намоёнгари заъфи инсон пиндошта мешавад. Дар натиҷа биниши мӯшикофонаи наққод (интиқодӣ) аз ҷомеъа рахт бармебандад ва ҷомеъа роҳро бо чоҳ иштибоҳ мегирад.

Тамошои саҳнаҳое аз баҳсу ҷадали намояндагони порлумони Бритониё бо нахуствазирашон барои намояндагони ҷомеъаҳои суннатӣ буҳтовар аст. Бисёре боварашон намешавад, ки чи гуна метавон раҳбари як қудрати ҷаҳониро ин гуна дар баробари дурбинҳо истинтоқ карду ба ҳар нуктаву ҷумлааш эрод гирифт. Ва он ҳам бо ҳаёҳӯю сарусадои дастаҷамъӣ. Нахуствазир маҷбур аст ба ҳамаи эродҳо бо диққати тамом гӯш диҳад ва агар қодир аст, аз дидгоҳҳо ва сиёсатҳояш дифоъ кунад. Ба ростӣ, чарха ё муҳаррики асосии сиёсати ин кишвар ҳамин интиқодҳои ошкори порлумонист. Ҳамин интиқодҳост, ки иштибоҳҳои давлатро ошкор мекунад ва ба он самту сӯ медиҳад.

Агар диди наққод вуҷуд намедошт, ҳеч навъ пешрафте дар ҷаҳон муяссар намешуд. Аз роҳи ҳамин интиқодҳост, ки ҷомеъа дар паи роҳи беҳтаре барои беҳзистӣ мегардад ва саранҷом онро меёбад.

Дар воқеъ, интиқоди созанда танҳо бадгӯӣ аз корномаи касе нест, балки зикри мунсифона ва воқеъбинонаи нукоти заъфу қуввати он фард аст ва ба манзури беҳбуди кор анҷом мегирад, на бо кинатӯзӣ. Аз ин рӯ интиқоди созанда на танҳо нишони бадҷинсӣ ё бадахлоқии интиқодгар нест, балки баёнгари диди борику ахлоқи шоиста ва афкори созандаи ӯст. Интиқоди созанда, яъне талош барои беҳбуди авзоъ.

Дар ҷомеъае, ки ба ин навъи интиқод маҷол намедиҳанд, афрод дар баробари ҳар навъ интиқоде осебпазир мешаванд. Яъне дигар намешавад аз ҳеч кору сухани ӯ эрод гирифт, чун интиқод сахт озораш медиҳаду боъиси ранҷиши ӯ мешавад. Ба пиндошти ӯ, интиқодгар мехоҳад ӯро хору забун кунад. Ин осебпазирӣ ба навбаи худ як навъ ошуфтагии шахсиятиро ба бор меоварад, ки дар илми равоншиносӣ ба он худшефтагӣ (нарциссизм – рус.) мегӯянд.

Афроди худшефта вақте ба ному мақоме мерасанд, беш аз пеш ба ҳар навъ интиқод ҳассос мешаванд ва танҳо интизори онҳо шунидани таърифу тамҷиди шахсашон аст. Ба онҳо ин эҳсоси пучу козиб даст медиҳад, ки аз ҳар навъ хато мубарро ҳастанд ва шахсияташон ба ниҳояти камол расидааст. Дар натиҷа худшефтагон ба худ иҷоза медиҳанд, ки дигаронро сахт бо тозиёнаи интиқод бикӯбанд, аммо на аз навъи созандааш. Интиқоде, ки аз даҳони худшефтагон садо медиҳад, ба ростӣ, бо қасди тавҳину таҳқир, бо баёне тунду зананда эрод мешавад. Чун аз диди онҳо, ҳама ноқисанду танҳо эшон комил ва бо афроди ноқис ҳар навъ рафтор равост.

Дар чунин ҷомеъае диди интиқодӣ мемирад. Ва марги диди интиқодӣ ба маънои рукуди зеҳни наққод аст. Яъне мардум бо шароити худ – сарфи назар аз ин ки чи навъ шароит аст – месозанду хӯ мегиранд ва фикри беҳбуди авзоъ ба зеҳнашон намеояд, чун барои беҳбуди авзоъ бояд нақд кард.

Аз ин рӯ ҳеч ҷомеъаи пешрафтае дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки зеҳни наққод дар он пирӯз набошад. Ҳар он ки роҳи пешрафтро паймуда, ҳатман аз вазъияте, ки қаблан дошта, нохушнуд будааст ва ба перомуни худ бо диди интиқодӣ нигаристааст ва ба фикри чора уфтодааст.

Парвариши диди интиқодӣ аз хонавода оғоз мегирад.
Дар ҷомеъаҳои суннатӣ ин навъи дид ҳамвора саркӯб шудааст ва хислатҳои як бачаи хуб дар хонавода маъмулан “бачаи бечора”, “мазлум”, “фақир”, “сархам” ё “сарбазер” аст. Ҷолиб ин ҷост, ки дақиқан ҳамин хислатҳои як кӯдак дар кишварҳои пешрафта падару модар ва омӯзгоронро нигарон мекунад. Яъне гӯшагирию камҳарфии як кӯдак нишонаҳои навъе гирифтории равонӣ тасаввур мешавад ва ҳатман он кӯдакро ба як равонпизишк муъаррифӣ мекунанд ва ба муъолиҷааш мепардозанд. Кӯдаки солим дар ҷомеъае пешрафта кӯдаке пурҷунбуҷӯш, пурҳарф, пурпурсиш, пуриддаъо ва наққод аст.

Ояндаи кадом як аз ин ду кӯдак равшантар аст? Сархам ё сарфароз? Чун ба ҳар рӯй ҳамин кӯдаконанд, ки ҷомеъаи фардоро сархам ё сарфароз мекунанд.

Зиҳӣ диди интиқодӣ!

Tuesday, January 19, 2010

Silence of The Lambs

Сукути интихоботӣ оғози суқут аст

(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)

Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти хабарии ахираш рӯи чанд “рози ошкор”-и мақулаи интихобот дар Тоҷикистон зарифона ангушт гузошт. Нукоти матраҳшуда дар суҳбатҳои вазири хориҷаро баихтисор меоварам; ҳамроҳ бо бардошти эҳтимолии як раъйдиҳанда дар қавсайн.

Оқои Зарифӣ таъкид кард, ки интихоботи маҷлис шаффофу одилона хоҳад буд ва аз давраҳои қаблии интихобот хеле фарқ хоҳад кард. (Пас давраҳои пешини интихобот шаффофу мунсифона набудааст ва ин бор мақомот дар паи тазмини шаффофияти он ҳастанд).

Вай гуфт, заминае, ки акнун вуҷуд дорад, ин имконро ба таври комил фароҳам кардааст (Яъне давлат дар гузашта нигарони нерӯҳои мухолифаш буд ва заминаро фароҳам намедид, аммо акнун дар баробари худ нерӯи ҷиддиеро намебинад, ки ба хотири он монеъ аз шаффофияти интихобот шавад).

Вазири хориҷа умедвор аст, ки мақомоти маҳаллӣ бо итоъат аз дастури раисиҷумҳур аз дахолат дар умури интихоботӣ парҳез хоҳанд кард (Пас ҳанӯз итминони сад-дарсад вуҷуд надорад, ки чунин мудохилае сурат нахоҳад гирифт).

Оқои Зарифӣ ин нукоти муҳимро бо раиси ҳайъати нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар миён гузошта ва шаффофияти интихоботро барои ӯ тазмин кардааст (Пас мухотаби аслӣ бегонагон ҳастанд, на мардуми кишвар).

Бардошти як раъйдиҳандаи фарзӣ аз суханони содиқонаи вазири хориҷа метавонад мутафовит бошад, аммо паёми зимние, ки аз изҳороти оқои Зарифӣ бармеояд, ба ростӣ аз мавҷудияти буҳроне дерина дар амри интихобот гувоҳӣ медиҳад. Давлате пас аз 18 сол султа ҳамчунон худро муваззаф мебинад, ки хориҷиёнро ба баргузории интихоботе шаффоф мутақоъид кунад. Ин бад-он маъност, ки худи давлат ҳам номунсифона будани давраҳои пешини интихоботро мепазирад. Вагарна ба ин суханони замонатбор ва дастури адами мудохилаи мақомот ниёзе набуд.

Аммо оё кадом як аз ин суханон ба гӯши мо тоза мерасад? Магар дар давраҳои қаблии интихобот ҳам аз ин замонатҳо батакрор нашунида будем? Бадқавлӣ паёмадҳои сангину саҳмгине дорад. Натиҷаи он ҳамин аст, ки мебинем: дигар на бегонагон ҳарфи моро ҷиддӣ мегиранду на худиҳо.

Панҷ ҳафта монда ба баргузории интихоботи саросарӣ фазои як кишвари солим, ки мегӯяд ҳашт ҳизби фаъъоли сиёсӣ дорад, бояд пурҷунбуҷӯшу пургуфтугӯ бошад. Бояд номзадҳо як лаҳза ором надошта бошанд ва барои ҷалби ороъ барномаҳои интихоботии ҷаззоб бинависанду ёргирӣ кунанд. Бояд дафтарҳои аҳзоб табдил ба канду (занбӯрхона)-ҳои сиёсӣ шавад, ки барои сохтани ояндае равшантар аз ҳамдигар сабқат бигиранд. Бояд чойхонаҳо маҳалли табодули назарҳои интихоботӣ миёни мардуми одӣ бошад. Бояд деворҳои шаҳрҳову рустоҳо пур аз баргаҳову шиъорҳои интихоботӣ бошад...

Ин фазо барои мо ҳам бегона набуд. Шӯру шавқи интихобот дар Тоҷикистон замоне мавҷ мезад, ки мардум ба қудрати иродаи худ имон доштанд. Бовар доштанд, ки сарнавишти сиёсишонро худашон рақам хоҳанд зад. Ин шӯру ҳаяҷон танҳо барои муддате кӯтоҳ давом овард ва зери наъраи тонку тӯп фурӯ нишаст ва ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз аст, мо дар сӯги он рӯзҳои ҳушёрии сиёсӣ марсия менависем. Порлумони “муҳрбизан”-и имрӯзӣ, ки микруфуни шашумаш хомӯш шудааст, чашмандози рағбатангезе барои мушорикати мардум дар интихобот нест.

Бадтар он ки фазои интихоботии имсол мурдатар аз интихоботи гузашта аст. Яъне рафта-рафта мардум ва ҳатто аҳзоби сиёсии ғайриҳоким ба натиҷаи козибе расидаанд, ки хостаи онҳо ормонест, ки зери хок беҳ. Имон ба иродаи сиёсии мардум аз синаҳои мардум салб шудааст. Медонанд, ки фарқе намекунад рӯи баргаи раъй номи чи касеро хат бизананд; дар ниҳоят ҳамон номе, ки мақсуди ҳукком аст, хат хоҳад хурд. Аммо намедонанд, ки вокуниш ба қатли иродаи сиёсии мардум хомӯшӣ нест, балки баҳсу талоши фузунтар ва пурҳаяҷонтар аст.

Бемайлии мардум барои мушорикат дар барномаҳои сиёсие чун интихобот нишонаи бемории вахими як ҷомеъа аст. Дар кишваре, ки интихоботаш барои ирзоъи хотири хориҷиҳо баргузор мешавад, то сояи марҳамату лутфи онҳо кӯтоҳ нашавад, ҳаргиз авзоъ басомон нахоҳад шуд. Ҷомеъае, ки давлаташ ба хориҷиҳо итминон медиҳад, ки интихоботаш шаффоф хоҳад буд ва пас аз интихобот ҳам посухгӯи эътирозоти хориҷиҳост, мавҷуд аст, аммо зинда нест. Вагарна бояд давлатро дар баробари худ посухгӯ мекард; давлатро вомедошт, ки ба ӯ замонати шаффофият бидиҳад ва ба ваъдаҳои худ вафо кунад.

Ва саранҷом, давлате якдаст (мураккаб аз ҳаводорони як ҳизб) бо порлумоне якдаст ба инсоне якдаст мемонад. Ҳатто як дона ломп бо ду нерӯи мусбат равшан намешавад ва ҳатман ба нерӯи мусовии манфӣ ниёз дорад; чи бирасад ба давлате, ки мехоҳад ба ҷои ҳафт милюн нафар тасмим бигирад. Давлатҳое, ки ин қонуни физикиро дарёфтаанд, пойдоранд. Давлатҳое, ки ҳанӯз ба ин булуғи фикрӣ нарасидаанд, шамъҳои рӯ ба боданд.

Пас манфиъати ҳар давлате дар он аст, ки мардуми кишварашро ба мушорикат дар умури сиёсӣ ташвиқ кунад ва ба ҳеч рӯй монеъ аз бурузи мухолифатҳои сулҳомези сиёсӣ нашавад. Дидгоҳҳои фард-фарди мардуми кишварро бояд ба ҳисоб овард, чун ба қавли Иқбол, “миллат аз афрод меёбад низом”.