Showing posts with label freedom of expression. Show all posts
Showing posts with label freedom of expression. Show all posts

Saturday, July 16, 2016

ТАҲАММУЛИ ДИДГОҲҲОИ ҲАМДИГАРРО БИОМӮЗЕМ

Ё айюҳаннос, ё аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон!
Бидонед, ки инсонҳо дар масоили гуногун дорои дидгоҳҳои гуногун ҳастанд ва қарор нест, ки ҳамагон муҳтавои мағзи шуморо дошта бошанд ва ҳамонанди шумо биандешанд.
Бидонед, ки баҳсу мунозира як амри табиъӣ аст ва мубоҳиси Шумо илзоман қасди ҷони шуморо надорад; чи басо дӯсти шумо бошад ё аз шумо кӯчактарин шинохте ҳам надошта бошад ё нахоҳад, ки дошта бошад.
Аз мубоҳисони худ сирфан интизори таъйиди назари худро надошта бошед ва аз онҳо наранҷед, агар суханашонро бар пояи усули мантиқӣ ва омору арқом ё мадраку санад тарҳ кардаанд.
Аз худатон гилоя дошта бошед, агар бидуни омодагӣ вориди баҳс шудаед.
Агар дар мавриди анҷоми баҳсе эътимод ба нафс ва омодагии лозимро надоред, танҳо бо такя бар бовар ё эътиқоди худ вориди баҳс нашавед. Баҳсҳое аз ин даст ба истидлоли мантиқӣ, асноду мадорик ва омору арқом ниёз дорад.
Агар баҳсеро оғоз кардаед, дидгоҳҳои мухолифи худатонро аз он ҳазф накунед, ки аз зишттарини аъмол аст, балки ба дур аз ғараз дар мантиқи он дидгоҳ биандешед. Шояд ончи мегӯяд, маъқултар аст ва Шуморо аз гумроҳӣ наҷот диҳад.
Агар фикр мекунед, он чи мегӯяд ғалат аст, хуб биандешед, ки эроди он назар чист. Оё танҳо эроди он назар ноҳамхонӣ бо дидгоҳи Шумо аст? Пас он дидгоҳ эроде надорад.
Ба ҷои ҷустани далел барои бовари худ бикӯшед боваратон мубтанӣ бар далоил бошед. Яъне нахуст бояд далелҳое дар ихтиёр дошта бошед, то бар мабнои он бовари худро шакл диҳед.
Ё айюҳаннос, аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон!
Он чи барои худ меписандӣ, барои дигарон ҳам биписанд ва он чи барои худ намеписандӣ, барои дигарон написанд! Агар аз лаҳни тунди касе озурда мешавӣ, бидон, ки ӯ ҳам метавонад тундтар аз ту бар ту битозад. Агар ҳазфи дидгоҳатро нақзи ҳуқуқи фейсбукиат медонӣ, бидон, ки ҳазфи дидгоҳи касе дигар ҳам ӯро барошуфта мекунад. Магар ин ки дидгоҳат душномолуда бошаду чиркин ва мустаҳаққи ҳазф шудан.
Ё айюҳаннос, аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон, таҳаммули дидгоҳҳои ҳамдигарро ёд бигиред ва ба дигарон ҳам ёд диҳед!
Ё ҳу!
(Сурӯши Фейсбукӣ)

Тавбафармоён

Тавбафармоён чиро худ тавба камтар мекунанд? Пурсишест, ки шояд то қиёмат ҳам посухе барояш пайдо нашавад.

Ва аммо маҷбур шудам посухам ба иддиъои яке аз рӯзноманигорони муддаъии ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро инҷо мунташир кунам, чун ҳар чанд боре, ки дидгоҳамро зери навиштаи ӯ гузоштам, ҳазф шуд.

Навишта буд: “Як нуктаро мехохам таъкид намоям, ки сабаби аз шахсияти Хумайни тавсиф карданам, ин буд, ки у даснишондаи ачнабиён набуд, балки интихоби аксари мардуми худи Эрон буд! Инчониб ба ин андеша будаму хастам, ки барои як кишвар ва як миллат мухимтар аз хама он аст, ки сарнавишташро худаш муайян кунад. Ва имруз Эрон аз ин неъмат бархурдор аст. Ва накши Хумайниро надидан дар ин рох танхо тахрифи таърих аст!”

Навиштам: “Паёмҳои маҳрамонаи Хумайнӣ ба Омрико (аз Кеннедӣ то Кортер) ин дидгоҳро ба чолиш мекашад, ки "ӯ дастнишондаи аҷнабиён набуд". Хумайнӣ бо додани ваъдаҳои дурӯғин ба аҷнабиён ва ба мардуми Эрон рӯи кор омад, ҷойгузини шоҳ шуд ва ҳукумате сохт, ки садчандон истибдодитар аз салтанат аст.”

Салими Аюбзод ҳам навишт: “Ин нукта, ки Хумайнӣ дастнишондаи аҷнабиён набуд, ба камияш баҳсбарангез аст. Ҳоло хадамоти махсуси Бритониё ва Фаронса ҳуҷҷатҳои он давраро дастраси ом накардаанд, чун зери муҳри "комилан махфӣ" ҳастанд. Аммо дар Амрико баъзе санадҳо фош шуд ва нишон медиҳанд, ки Хумайниро киҳо ба қудраст расонданд ва чаро. Афсӯс, ин сарнавишти ҷаҳони савум аст, ки сарваронашро дигарон мегузоранд.”

Се дидгоҳи дигар ҳам дар ҳамин мояҳо буд, ки ҳамагӣ ҳазф шуд.

Баъд аз ин намоиши маҳорати тамом дар сонсур дигар аз маҳдудиятҳо ё набуди озодии баён дар Тоҷикистон нанолед. Ҳанӯз дастатон ба мақоме нарасида, чунин яди тӯлое дар сонсур доред. Агар он болоҳо яккорае бишавед, чи балое бар сари озодии баён хоҳед овард? Баростӣ, тавбафармоён чиро худ тавба камтар мекунанд?

Чaндон шигифтангез ҳам нест, албатта. Як ҳомии низоми Хумайнӣ наметавонад ҳомии ҳуқуқи башару озодии баён ҳам бошад. Ба он монад, ки аз як ҳаводори Истолин интизори мухолифат бо кулхуз ё иқтисоди иштирокиро дошта бошед.

Friday, July 26, 2013

Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу!


Рӯзгор ғарибу ноҷавонмард аст. Мехоҳам чизе бинависам, ки ба дебоча ниёз дорад.

Дар дебоча маҷбурам батаъкид бигӯям, ки ҳар он чи ман менависам, сирфан ва ихтисосан дидгоҳҳои шахси ман аст ва бо хонаводаи ман кӯчактарин нисбате надорад. Бигзоред инро ҳам бигӯям, ки хонаводаи ъазизи ман шарики андешаҳои сиёсии ман нестанд. Ҳаргиз ҳам набудаанд. Барои ман ҳисоби хонаводаву сарзамин ҷудост. Ҳамеша чунин буда. Аз навҷавониам, ки сар ба ин барзан задам ва ононе, ки маро аз дербоз мешиносанд, метавонанд гувоҳ бошанд.

Ин дебоча ногузир буд, чун номардумони давр дар тафкик (ҷудо кардан)-и фард аз фард сахт меланганд; ва ба ин гумони ғалатанд, ки ҳар он чи яке мегӯяд, бозтоби дидгоҳҳоест, ки аъзои хонавода дар он шариканд. На. Дар зиндагии ман ҳаргиз чунин набуда ва ман ҳаргиз эҳсоси иштироки ъақидатӣ бо аъзои хонаводаам надоштаам. Хубу бадаш бимонад барои баъд, аммо феълан ҳаминро бидонем, ки дар ҷаҳони имрӯзӣ мафҳуми “истиқлоли ъақидатӣ” вуҷуд дорад. Яъне як нафар, ба ъунвони як воҳиди ҷудогона дар як хонавода, метавонад дидгоҳ ё дидгоҳҳое дошта бошад, ки бо тафаккуроти дигар ҳамвандони хонавода созгорӣ надорад. Ин нукта дар мавриди мани навъӣ сидқ мекунад. Ва бисёре дигар ҳам. Ин ҳақиқатро бояд дарк ва ҳазм кард. Вагарна мешавад ёрони худро дучори дардисар кард.

***

Пур равшан аст, ки “васиятномаи модар” (он чи ин дурӯза нақли маҳофили фейсбукист) супоришист ва барсохтаи давлати Тоҷикистон аст. Тадвини базоҳир ҳирфаӣ (профессиональный)-и он матлаб бо ҳузури ҳунарпешаи ҳирфаӣ далели ин иддаъост. Аммо он чи бояд равшантар шавад, шигирд (метод)-ест, ки созандагони он ба кор гирифтаанд. Дар ҳуқуқи байнулмилал чунин шигирде маҳкум ва қобили пайгард аст. Яъне агар дар як кишвари “ҳуқуқбунёд” зиндагӣ мекардем, созандаи он бояд ба додгоҳ мерафт. Тавассул ба зӯру фишор ба аъзои хонаводаи як мухолифи давлат ҷурми бузург аст. Номи байнулмилалии он ҷурм harassment ё “озору азият” аст, ки пайгарди қонунӣ дорад. Афзун бар ин, азияти равонии як модари 83-сола, ки ба далели зулми давлати вақт имкони дидор бо фарзанди худро надорад, дар қонуни инсоният “ғайриинсонӣ” тавсиф мешавад. Пас он коре, ки дастгоҳи таблиғотии ҳукумати Раҳмон кард, комилан ғайриинсонӣ ва берун аз шаъну ҳайсияти як инсон буд. Иқдоме ба тамоми маъно дадманишона.

Дар ин суханронии ҳунарпешае, ки нақши модари Додоҷони Атоуллоҳро бозӣ мекунад, вожаи “номардӣ” мавҷ мезанад. Ҳунарпеша бо садое, ки буғзи маснӯъиаш ҷову беҷо мешиканад ва гоҳ оруқвора аст, суҳбат аз “номардӣ” мекунад. Мегӯяд: “Роҳи номардонаеро пеш гирифтаӣ; миллат аз ту ҳазар хоҳад кард”.

Ин ҷусторро ба “номардӣ” ихтисос медиҳем, то дарёбем, ки номард дар ин миён чи касест.

Ин вожа аз дербоз дар адабиёти порсӣ корбурд дошта ва ба маънои хор шумурдани ҷинси зан набудааст. Низомии Ганҷавӣ гӯяд:

На ҳар к-ӯ зан бувад, номард бошад,
Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.

Яъне мардию номардӣ дар ин бофтор (контекст) сирфан сифат аст; сифати ҷасорату шаҳомату садоқат, ки метавонад ҳам ба зан ва ҳам ба мард таъаллуқ бигирад.

“Номардӣ” дар адабиёти порсӣ ба маънии гурехтан аз пайкор ва тан додан ба бардагию хорист. Ончунон ки Саъдии Шерозӣ онро тавсиф кардааст:

Эй зарра, ту дар муқобили Хуршед,
Бечора чи мекунӣ ба ин хурдӣ?
Дар ҳалқаи корзор ҷон додан,
Беҳтар, ки гурехтан ба номардӣ.

Дар адабиёти порсӣ “номардӣ” худхоҳист; амнияту амонати худро авло донистан ва пушт кардан ба оҳоди миллат; ба фикри миллат набудан ва сирфан ба фикри сарватандӯзӣ ва хушгузаронии худ будан. Ончунон ки боз ҳам Саъдии Шерозӣ фармояд:

Чу сад дона маҷмӯъ дар хӯшае
Фитодем ҳар донае гӯшае,
Ба номардӣ аз ҳам бидодем даст,
Чу моҳӣ, ки бо ҷавшан уфтад ба шаст.

Яъне номардӣ даст аз ҳам гусехтан аст, ҳамдигарро танҳо гузоштан аст, яке дигариро туъмаи бало кардан аст... Оё ин сифот дар бораи Додоҷон сидқ мекунад ё мухолифонаш, ки чашми ниёз ба косаи давлат дӯхтаанд?

Оё касе, ки ҳамаи хатарҳоро ба ҷон харида, то шояд фараҷе дар умури кишвараш ҳосил шавад, номард аст ё оне, ки аз қаҳри кадом навкисае домани тар дорад? Оё тарс аз ҳокими бедодгар нишони номардист ё ситеза бо бедодӣ? Инҳо ки ба мисолу тавзеҳ ниёз надорад ва барои ҳамагон бояд пур возеҳ бошад. Ҳарчанд метавон аз Ъаттори Нишопурӣ намуна овард, ки мегӯяд:

Марди раҳи ъишқи ту аз домани тар тарсад,
Он кас, ки бувад номард, аз додани сар тарсад.
Гар бо ту дусад дарё оташ бувадам дар раҳ,
На дил зи худ андешад, на ҷон зи хатар тарсад.

Саноии Ғазнавӣ ҳам хитоб ба бедодгарони даҳр, ки пайваста аз роҳҳои дунманишона дар ҳоли пайкори ноҷавонмардона бо занону мардони даҳр буданд, гӯяд:

Кай кунад нохубро бедод хуб?
Чун кунад номардро кофур мард?
Ту ҳама бодию моро бо ту сулҳ,
Мо туро хоку туро бо мо набард.

Ва боз ҳам Саноии Ғазнавист, ки ба тафкики “мард”-у “номард” ва мафҳуми ин ду сифат мепардозаду мегӯяд:

Ҷуз ъишқу ихтиёр ба майдони ному нанг
Номардро зи мард ки кардаст ошкор?

Яъне ъишқу ихтиёр (озодии интихоб, истиқлоли андеша) аст, ки мардро аз номард тамйиз медиҳад. Ҳоло, бо дарке, ки аз мафҳумҳои “мард”-у “номард” дар адабиёти порсӣ ҳосиламон шуд, кадом якеро мешавад номард тавсиф кард? Додоҷонро, ки ъишқу ихтиёр дорад ё ононеро, ки ъишқу ихтиёру истиқлол надоранд ва бардагони ҳалқабаргӯши ҳокиманд?

Авҳадӣ ҳам байте дорад, ки мегӯяд:

Номардро муроди биҳишт аст аз он ҷаҳон,
Моро муроди рӯи ту аз ҳар ҷаҳон, ки ҳаст.

Номардони даҳрӣ, мусалламан, муроди биҳиштро аз ҳамин ҷаҳон доранд. Ҳамин ҷост, ки соҳибу арбоб доранд. Ҳамин ҷост, ки ба побӯси соҳибонашон мераванд ва дар изои он побӯс ба силие чашми ниёз дӯхтаанд. Филми “Васиятномаи модар” побӯсе беш набуд, дар қиболи пашизе чанд.

Дар оғоз аз қавли Низомии Ганҷавӣ гуфтем, ки бедардӣ камоли номардист. Абӯсаъиди Абулхайр дар таҳкими он дидгоҳ гӯяд:

Кӣ ҳоли фитода ҳарзагарде донад?
Бедард куҷо лаззати дарде донад?
Номард ба чизе нахарад мардонро,
Марде бояд, ки қадри марде донад.

Пас чи касе дарди захмҳои бози Тоҷикистонро эҳсос мекунад ва хостори илтиёми он аст? Давлате, ки мегӯяд “дигар захме намондааст!” ё Додоҷоне, ки мегӯяд “захмҳои бисёреро бояд даво кард”? Кадом яке ба фикри давои захмҳост? Давлате, ки дар як ҷурми бузург ба модаре солманд фишор меоварад ва аз қавли ӯ дурӯғ мебофад ё Додоҷоне, ки мегӯяд, Тоҷикистон бемор аст ва ба мудовои фаврӣ ниёз дорад?

Оё касе, ки шиъораш ин рубоъии Бобо Тоҳири Ъурён аст, номард аст ё мухолифони ин шиъор?:

Ман он риндам, ки гирам аз шаҳон боҷ,
Бипӯшам ҷавшану бар сар ниҳам тоҷ.
Фурӯ н-ояд сари мардон ба номард,
Агар дорам кашанд монанди Ҳаллоҷ.

Вале чи касе беҳтар аз Шаҳриёр ҳисоби номардонро кафи дасташон гузошта, ки виҷдони худ баҳри луқмае нон ба номардон фурӯхтаанд?:

Баҳри нон бар дари арбоби наъими дунё,
Марав, эй мард, ки ин тоифа номардонанд.

Бо гузоре бар он чи гуфта шуд, пур ҳувайдост, ки иқдоми ахири ҳукумат (ба васат кашидани модари солманди Додоҷони Ъатоуллоҳ ба корзори додоҷонситезӣ) камоли номардӣ аст. Пеш аз интишори он видеуи нангин, дар Фейсбук ҳам сафҳае тавҳиномез бо тасвири модари Додоҷон боз шуда буд, ки дар натиҷаи селе аз гилояҳо баста шуд. Баъд аз чанд рӯз ҳамон тасвирро дар видеуи “Васиятнома” дидем. Шакке нест, ки манбаъи номардумонаи ҳар ду як гурӯҳи номардуму номард будаанд. Ва сарчашмаи ҳар ду ҳукумати Тоҷикистон аст. Торих қазоват хоҳад кард...

Агар кӯчактарин ъақлу шуъуре дар ин афрод боқист, бояд дастикам аз абёти ҷовидонаи Рӯдакӣ панд бигиранд:

Нашнидаӣ, ки зери чиноре каду буне
Барҷасту бардавиду бар ӯ бар ба рӯзи бист,
Пурсид аз чинор, ки “Ту чандрӯзаӣ?”
Гуфто чинор: “Ъумри ман афзунтар аз дувист”,
Гуфто: “Ба бист рӯз ман аз ту фузун шудам,
Ин коҳилӣ* бигӯй, ки охир зи баҳри чист?”
Гуфто чинор: “Нест маро бо ту ҳеч ҷанг,
К-акнун на рӯзи ҷангу на ҳангоми доварист.
Фардо, ки бар ману ту зад боди Меҳргон,
Он гаҳ шавад падид, ки номарду мард кист”.
_____________________________

*Коҳилӣ - танбалӣ




Monday, January 30, 2012

What Have the Soviets Done?


Шӯравӣ чи кор карда?

(Дар посух ба пурсиши дӯсте, ки аз Шӯравӣ ҳимоят мекард)

Шӯравӣ корҳои хуби зиёде кардааст, ки ҳеч як товони ҳувияти аздастрафтаи моро намедиҳад. Шӯравӣ коре кардааст, ки акнун мо, тоҷикон, аз ҳамдигар мепурсем: Миллати мо чист? Тоҷик чист? Порс чист? Эронӣ чист? Забони модарии мо чи ном дорад? Чаро порсӣ бошад? Чаро тоҷикӣ бошад?.. Инҳо пурсишҳои як қавми гумроҳ аст. Шӯравӣ коре кард, ки акнун мо русро наздиктар аз ҳамтаборони бурунмарзимон медонем. Бо ин ки ҳар рӯз чандин тобут ба Тоҷикистон гусел мекунад. Шӯравӣ ҷумҳуриҳоро бар пояи таъаллуқи қавмӣ сохт ва ҳамон аслро ҳам зери по гузошт, ба гунае, ки акнун мо аз шоҳшаҳрҳои худ маҳрум мондаем. Шӯравӣ мехост аз мо инсоне дигар муҳандисӣ кунад, ки дигар худаш набошад, балки ба фармони Кремлин нафас бикашад ва бимирад. Таърифи "манкурт" чизе ҷуз ин нест. Натиҷа ин аст, ки имрӯз ҳам раҳбарони мо гӯшбафармони Кремлинанд. Шӯравӣ рӯҳияи озодихоҳиро дар мо саркӯб кард, адабиёти моро ба муште ёвасароии ъақидатӣ ва идеулужик табдил кард, ки тафовути чандоне аз истибдоди аъроб надорад. Тарҷеҳ медодам ба монанди Эрон роҳи худро мепаймудем, мутаъассиб мешудем, инқилоб мекардем, дар шуълаҳои инқилоб месӯхтем, аз таъассуб пушаймон мешудем ва дар садади барандозии ҳукумати таъассуб бармеомадем. Аммо ҳамаи ин корҳоро худамон мекардем; бо иродаи худ, на ба зӯру иҷбори бегонагон. Шӯравӣ тавҳини бузурге ба шуъури тоҷикон - бостонитарин мардуми паҳнаи Шӯравӣ буд.

Tuesday, January 17, 2012

Dadajan Comes Back

Додоҷон бармегардад

Додоҷонро чи касе намешиносад? Додоҷон аз канори чашму гӯши чи касе пӯшидаву пинҳон гузаштааст? Чи мақоме аз канори номи Додоҷон беэътино рад шудааст? Додоҷонро чи касе офарин ё нафрин нагуфтааст? Магар ҳамин Раҳмон набуд, ки орзу дошту дорад, ки Додоҷон дастикам як бор сухане нек аз ӯ гӯяд?

Дасти ноинсоне, ки ба рағми куштани Додоҷон ӯро ба рестурони канори хонааш хонда буд, ларзид. Ва ҳарчанд ба қалбаш нишона рафта буд, хато зад. Кордро боло кашид, то ба қалби ин мард дарравад. Нарафт. Фирор кард ва имрӯз дар оташи баланди виҷдонаш месӯзад. Аммо Додоҷонро барои ҳамеша сапедном кард. Ҳар он чи баду бероҳе, ки дар борааш мегуфтанд, бо ҳамон қотили нофарҷом фирор кард.

Акнун Додоҷонро ҳамагон меситоянд. Қалбу зеҳни одамӣ чунин аст, ки дар баробари ситамгар қад ъалам мекунад ва ситамдидаро ҳимоят мекунад. Чун фитрати башарӣ зидди ситам аст. Додоҷон ҳам ҳамвора зидди ситам буда ва ҳаст. Бо Додоҷон ҳар чи ихтилофи дидгоҳ доштем, дар ин ҳодисаи нангин таҳлил рафту гум шуд. Додоҷон Сиёвуше шуд, ки аз ҳимаи сӯзони оташ гузашту татҳир шуд, пок шуд. Ҳар он ки қасди куштанашро дошт, барои ҳамешаи рӯзгор сияҳном шуду мегандад; гандид.

Намехоҳам ба хотироти сипардаам бо Додоҷон бипардозам (чун қарор аст хотироти дигаре ҳам дошта бошем, ба умеди Худо). Ба баҳсҳое, ки доштем ва гоҳ эҳсос мекардам, ки бузургвор аз ман ранҷида. Шояд зовияи дидамон фарқ мекард, вале ҳар ду хостори раҳоии мардуми ситамдидаи Тоҷикистон аз ситаму ситамгар ва шукуфоии он будему ҳастем. На ҳамеша роҳҳои расидан ба ҳадаф якест, аммо ҳадаф метавонад яке бошад.

Ба ҳар рӯй, хабари ҳамла ба Додоҷон аз бадтарин хабарҳое буд, ки дар ъумрам шунидаам. Рӯи сафҳаи Фейсбукаш дар шомгоҳи ҳамла навиштам: “Номардумони номард бечоратаринанд. Ҳамла ва сӯиқасд кори афроди заъиф, бехирад, палид ва разл аст”. Аммо басанда набуд. Намешуд буғзеро, ки дошт хафаам мекард, дар таркиби чанд ҷумлаи кӯтоҳ рехт.

Зери навиштаи худам рӯи сафҳаи Додоҷон ин навиштаи танзомези ӯро мехондам, ки дуруст як рӯз пеш аз ҳамла навишта буд: “Фарқи гов дар Тоҷикистон ва Ҳиндустон чист? Дар Ҳиндустон говҳо муҳим ҳастанд. Дар Тоҷикистон муҳимҳо гованд…” Ин зарби забонро ҳар инсони говсирате таҳаммул намекунад. Ва дарнамеёбад, ки ин навишта танзе беш нест. Додоҷон забоне сурх дораду саре сабз... Аммо он ҳикмат (ки дар зеҳнатон падид омад) рӯзе-рӯзгоре бояд иваз шавад. Дар ҷаҳони мутамаддин қарор нест забони сурх сари сабз бардиҳад барбод.

Мобақиро мегузорам барои замоне ки Додоҷон дубора миёни мо бошад ва бо нешу нӯши забонаш зиндагии ситамзадаи моро рангу сурате бибахшад.

Monday, June 20, 2011

Lessons For Tajik State

Дарсҳое барои давлати Тоҷикистон

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Лангари ҳилми ту, эй киштии тавфиқ, куҷост,
Ки дар ин баҳри карам ғарқи гуноҳ омадаем.

Гӯӣ ҳар ҷо санг аст, ба пои ланг аст. Ин рӯзҳо нигоҳ ба расонаҳои Ғарб чашми моро меозорад. Тоҷикистоне, ки андак касе номашро шунида буд, ба унвони як давлати худкома, ки хабарнигори Би-Би-Сиро боздошт кардааст, нақли маҳофили хабарист. Дар миёни ҳампешагони осиёимиёнаимон, ки мепурсанд: “Пас чи фарқе байни давлати шумову давлати мо?”, лол мемонем. Қаблан бо саре ним ваҷаб болотар, аз озодии нисбии матбуъот дар Тоҷикистон доди сухан медодем. Аммо боздошти хабарнигори расонае чун Би-Би-Сӣ бо далелҳое машкуку мардуд ниме аз забони моро кӯтоҳ кардааст.

Охир чи касе ба зеҳнаш хутур мекунад, ки Урунбой Усмонови шоъир, нависанда, равшанфикр, забондон, бофарҳангу фарҳехта сар аз ташаккули қурунивустоию вопасмондае чун Ҳизб-ут-таҳрир дароварад? Мегӯянд, бо таҳририён мулоқот дошта. Ох, чи аҷаб! Ва ҳамчунин мегӯянд, ба адабиёти таҳрирӣ дастрасӣ дошта. Ҷиддан?!..

Магар ин ҷамоъат аз сиришти рӯзноманигору кори рӯзноманигорӣ воқиф нестанд, ки бояд аз тамоми мавзӯъоти гузоришҳояш шинохти тамому камол дошта бошад, то ҳарфи муфт назанад? Ҳатто агар бихоҳад алайҳи Ҳизб-ут-таҳрир матлабе бинависад, оё бояд бо марому ормонҳои он ошно шавад ё на? Дар қафасаи китобҳои ман шояд “Mein Kampf”-и Ҳитлерро ҳам пайдо кунанд. Оё ин бад-он маъност, ки фардо манро ба ҳампаймонӣ бо Ҳитлер муттаҳам хоҳанд кард? Ё интизоре, ки аз Урунбой Усмонов мерафт, ин буд, ки бар мабнои фармудаҳои расмии мақомот бидуни шинохте ҳатто сатҳӣ аз Ҳизб-ут-таҳрир ёвасароӣ кунад?

Кай мақомоти мо ин ҳақиқатро хоҳанд пазируфт, ки Шӯравӣ мурдааст ва 20 сол пеш маросими хоксупориаш баргузор шуд ва ҳамроҳ бо шигирду шеваҳои ҳукумати он мори сурх ба зери хок рафт? Имсол, ки қарор аст бистумин солгарди истиқлоламонро таҷлил кунем, оё воқеъан ин мақомоти шӯравинасақ бо камоли шодию майманат ба пои мизи ҷашни истиқлол хоҳанд нишаст ё бо мӯяҳои дарунӣ барои он мори хокшуда, ки мағзи миллатро барои беш аз ҳафтод сол заҳҳоквор хурд, ки дар натиҷа то кунун камбуди мағз дорем? Агар баростӣ аз истиқлоли Тоҷикистон истиқбол мекунанд, бояд шеваи мудирияти хоҷаи пешинро ба боди фаромӯшӣ биспоранд ва тоҷикона (ба мафҳуми бостонии ин вожа), бо дирояту огоҳӣ, одилона, бо шарофату фазилат ҳукумат кунанд.

Ҳоли ҳозир кофист, ки рисолати як рӯзноманигорро фаро бигиранд, ки ӯ воқеъанигоре беш нест ва тобеъи хостаи ин ё он гурӯҳ нест, барои фалон малику беҳмон малик чормағз хурд намекунад, балки дар ҳоли таҳқиқу тафаҳҳус ва гузориш додан аз воқеъиятҳои ҷомеъа аст. Агар афроде дар канори шумо ёваҳои шуморо такрор мекунанду ҳамчунон номи “рӯзноманигор”-ро доранд, нонашон ҳалол нест. Чун рӯзноманигор ҳаргиз ҳарфи мақомотро такрор намекунад, магар ин ки нақли қавл бошад. Шумо ғаразе доред; ӯ ғаразе надорад, ҷуз ҳақиқат. Ҳақиқат бароятон талх аст. Ҳақиқати талх, агар коматонро озор медиҳад, воқеъиятҳоро дигаргуна кунед, то гузоришҳое, ки барои ҷаҳониён пахш мешавад, шаҳдбору шакарин бошад.

Дархости шуморе аз тоҷикони бурунмарзӣ аз давлати Тоҷикистон: Давлатҷон, моро сарфароз, ки намекунӣ, шармсор ҳам накун, лутфан.

Мабош дар паи озору ҳар чи хоҳӣ, кун,
Ки дар шариъати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.

***

Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад,
Гар ту бедод кунӣ, шарти мурувват набувад.

Дар конун, ҳаста ё маркази ин ҷанҷол нигаронии давлати Тоҷикистон аз гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ нуҳуфтааст. Ва ин дақиқан чизест, ки ҷаҳони пешрафтаро ҳам нигарон кардааст; ҳамонҳоеро, ки алайҳи боздошти Урунбой Усмонов эътироз мекунанд. Ин ҳақиқатест, ки ҳар нерӯи рӯ ба фардоро нигарон мекунад, чун андак нестанд нерӯҳое, ки мехоҳанд тугмаи “вопас”-ро фишор диҳанду моро шоҳиди сайри қаҳқароӣ (регресс) кунанд. Бо ин нерӯи вайронгар бояд бархурд кард; аммо бархурд аз навъи ақлониаш, на бозувониаш. Бархурди бозувонӣ моро худ ба худ дучори сайри қаҳқароӣ (регресс) хоҳад кард, дар ҳоле ки лозимаи ҳузури як миллат дар садаи 21 бархурди ақлонӣ бо падидаҳои номатлуб аст.

Чанде пеш хабари хуши гушоиши қарибулвуқӯъи китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар расонаҳо хондам. Аммо шӯрбахтона, гӯё мо маҷбурем, ки ҳамеша хабари хушро бо чошние аз хабари бад бишнавем: қарор аст шуморе аз кормандони идороти давлатӣ ҳар кадом панҷ адад китоб ба ин китобхона тақдим кунанд.

Маъмулан давлатҳое, ки китобхона месозанд, барои миллатҳо китобҳои тоза ба армуғон меоваранд, ки ҳовии андешаҳои тоза аст; на ин ки китобҳои миллатро барои ганҷинаи худ биситонанд. Гирам, ки шумо китобҳои мардумро аз ганҷаҳои даврони шӯравиашон ҷамъоварӣ кардед ва дар қафасаҳои локхурдаи ҷадидатон гузоштед. Чи чизе тағйир хоҳад кард? Оё бори андешае, ки он қафасаҳоро хам хоҳад кард, ҷадид аст ё куҳан? Ин андешаҳо қаблан ҳам буданду тоза нестанд. Агар он китобҳо куҳнаанд, ба чи дарди ҷомеъаи ташнаи дониши навин мехуранд?

Ҷаҳон дар таҷрубаи башарии худ дидааст, ки давлатҳо бо гушоиши китобхонаҳои нав андешаҳои навро ба умум ироа медиҳанд. Аммо ин нахустин таҷрубаи башарият аст, ки давлате китобхонае бисозад ва муҳтавои онро аз миллат биситонад. Маъмулан давлат заминаеро фароҳам мекунад, ки донишварони кишвар он қафасаҳоро бо пажӯҳишҳои тоза пур кунанд. Куҳна куҳна аст. Ва хуб нест, ки аз ҳамин ҳоло ин китобхонаи навро бо куҳнаҳо таланбор кунему куҳна кунем.

Ва инҷост, ки мавзӯъи аввали ин ногуфта бо мавзӯъи дувум пайванд мехурад. Давлате талош мекунад бо ифротгароии мазҳабӣ ё ақидатӣ ё аз ҳар навъи дигари тундравӣ мубориза кунад, аммо қурс (таблетка)-и онро надорад. Китобхонае сохтааст, ки метавонад дорухонаи зеҳнии хубе бошад, аммо қафасаҳои он холианд ва мардум маҷбуранд доруҳои куҳнаашонро ба ин дорухона таҳвил диҳанд. Аммо доруи куҳна асаре нахоҳад дошт. Ва набуди дору (набуди андеша, набуди китоб) ба таъассуб, кӯрбоварӣ ва тундравиҳои гуногун меанҷомад.

Агар китоб намедиҳед, интизор доред миллат чӣ бихонад? Китобҳои мунаққашу пурзарқу барқи ҳовии таблиғоти давлатӣ “ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад”, ба қавли Саъдӣ. Аз чеҳраҳои шумо барои торихи фардо як акс бештар ниёз надоранд. Ва он ҳам агар чизе шоистаи таҳсин аз худ ба ёдгор бигзоред. Пас лутфан ба фикри чопи китобҳои донишварон бошед. Ва он чизест, ки чеҳраҳои шуморо мондагор хоҳад кард.

Ҳамон ки қаблан гуфтем, абзори мубориза бо тафаккуроти каж андешаҳои рост аст; муборизаи ақлонист, на бозувонӣ. Қарор нест бо куштани фалон шайх ва зиндонӣ кардани беҳмонӣ пайрави ӯ роҳ ба ҷое бибарем. Андешаҳои зиддимиллию абусу вайронкунанда то замоне рушд хоҳанд кард, ки дар баробарашон дарахти тануманди азиме аз андешаи миллии навин шакл бигирад. Дар ин маврид давлат наметавонад бигӯяд: “ҳар кас аробаи худашро худаш кашидан гирад”. Давлат муваззаф аст, ки ин халаъ (вакуум)-и фикрӣ, ақидатӣ, ормониро пур кунад. Давлат муваззаф аст, ки он қафасаҳои холии китобхонаеро, ки барои 10 милюн китоб сохта, бо 10 милюн андеша пур кунад; бо андешаҳои навин, на вопасмондаву куҳна, то фардо бо 10 милюн беандеша рӯдаррӯ қарор нагирем. Давлат бояд рӯи андешаи нав сармоягузорӣ кунад. Танҳо он гоҳ аст, ки давлат давлат мешавад.

Ва бо сипос аз ҳамроҳии Хоҷаи Шероз тайи ин ногуфтаҳо, ки гуфта:

Бедор шав, эй дида, ки эмин натавон буд,
З-ин сели дамодам, ки дар ин манзили хоб аст.

Wednesday, March 02, 2011

The Chainbreaker

Марде, ки бандҳоро гушуд

(вижаи JadidOnline.com)

Вожаҳои “перестройка” (бозсозӣ) ва “гласност” (ошкоргӯӣ) ёдгори даврони Горбачёв дар ҳамаи забонҳои дунёст; ду истилоҳе, ки сарнавишти Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 ҷумҳурии онро рақам зад ва танини ин вожаҳо ҳанҷори ҷаҳонии навинро рӯи кор овард. Ду такя-каломи Горбачёв дар даврони раёсаташ ҳам дар паҳнаи Шӯравии пешин маъруф аст: “Муҳим шурӯъи кор аст” (Главное нАчать) ва “ҷараён роҳ уфтод” (Процесс пошёл). Ислоҳоте ҳам ки ӯ оғоз ниҳод, роҳ уфтод ва ҳанӯз дар ҷараён аст.

Дар бораи паёмадҳои сиёсию иҷтимоъии ислоҳоти Михаил Горбачёв тайи солҳои 1985 то 1991 фаровон навиштаанд; аммо талошҳои ин ислоҳгар барои полудани фазои хафақонии Иттиҳоди Шӯравӣ дар арсаи фарҳангӣ ҳам дигаргуниҳои баргаштнопазире ба бор овард: маҳдудиятҳое, ки раҳбарони бехудо бар худоҷӯёни кешҳои гуногун эъмол карда буданд, лағв шуд; ойинҳои мардумӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ дубора по гирифт; расонаҳои якдасти шӯравӣ шоха-шоха шуданд ва гуногунии бесобиқаи андешаҳову дидгоҳҳоро ба намоиш гузоштанд; адабиёту мусиқию ҳунари мамнӯъа аз зери замин ба рӯи замин роҳ ёфт; торихи такбуъдии Шӯравӣ ва якояки ҷумҳуриҳои он бознависӣ шуд ва ифтихор аз гузаштаи пешошуравӣ ҳам муҷоз шуд…

Аз сӯи дигар, дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва осеб дидани пайвандҳои фарҳангии миёни бахшҳои он дар бисёре аз ҷумҳуриҳо, бавежа дар Осиёи Миёна, фарҳанги чандмиллиятӣ аз рангу бӯ уфтод; рӯзномаҳое, ки, масалан, дар Тоҷикистоне кӯчак ба теъдоди сад ҳазор нусха чоп мешуданд, шуморгонашон ба ду ҳазору як ҳазор уфт кард ё комилан аз паҳнаи расонаҳо нопадид шуд; фарҳанги навин ва ҳунарҳое фарангӣ ба монанди уперову боле, наққошӣ, синемо ва теотри ғарбӣ, ки русҳо ба армуғон оварда буданд, дучори буҳроне фарогир шуд, ки ҳамчунон ҷараён дорад; халаи идеулужике, ки пас аз суқути кумунизм падид омад, ҳамчунон боқист…

Дуруст ба монанди шахсияти Михаил Горбачёв, ки дар канори ҳаводороне сарсахт мухолифоне дуоташа (ашаддӣ) ҳам дорад, паёмадҳои ислоҳоти Горбачёв якдаст набуд: ҳунарманде, ки акнун аз озодии баёни андешааш хушнуд буд, дар айни ҳол аз адами ҳимояти молии давлат гилоя мекард; овозхоне, ки дар зерзаминиаш аз ҷаври рӯзгори шӯравӣ нолаи ҷонсӯз сар медод, ин бор рӯи саҳна ва ошкоро аз зиёнҳои “перестройка” ва “гласност” менолид. Горбачёв бо огоҳии комил аз муҳаббатҳо ва нафратҳои мардум солҳо баъд гуфт: Дар торих “ҳеч ислоҳгари хушбахте вуҷуд надорад”.

Ҳукумати Горбачёв ба даврони риёву дурӯӣ поён дод. Дигар ниёзе набуд, ки дар пажӯҳишҳои илмӣ бе ҳеч далели муваҷҷаҳе ба навиштаҳои раҳбарони садри кумунизм руҷӯъ шавад ва аз касе интизор намерафт, ки ба зӯру иҷбори мақомот дар майдонҳои шаҳр шиъори “Зинда бод Ҳизби Кумунист!”-ро сар диҳад. Шоъирон ҳам маҷбур набуданд бо чанд чакомаи кумунистию ленинӣ муҷаввизи интишори китобашонро бигиранд. Аъзои Ҳизби Кумунист дар Осиёи Миёна ҳам дигар хатнасӯрони писаронашонро дар хафо (пинҳонӣ) анҷом намедоданд. Ҷашнҳое миллӣ чун Наврӯз ҳам аз чордевории хонаҳо раҳо шуд ва ба хиёбонҳо рехт. Ва ҳатто ҷашнҳои фаромӯшшудае чун Сада ва Меҳргон дар хиёбонҳои Душанбеву Хуҷанд роҳ уфтод. Ихтиёроте, ки Горбачёв ба ҷумҳуриҳо дода буд, боъис шуд, ки забонҳои бумӣ ба расмият бирасанд ва дар ин фароянд Тоҷикистон пешгом буд, ки соли 1989 дар паи тазоҳуроти мардум забони форсии тоҷикиро ба унвони забони расмии ҷумҳурӣ ҷойгузини забони русӣ кард.

Аз ин ҷост, ки Горбачёв дар миёни русҳо мухолифони бештаре дорад. Маҳдудияти доманаи корбурди забони русӣ фурсатҳои шуғлии рустаборон дар ҷумҳуриҳои Болтик, Осиёи Миёна ва Қафқозро ҳам маҳдуд кард. Дигар мақому манзалати русҳо мисли собиқ набуд. Барои намуна, Суруди Миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон, ки Абулқосим Лоҳутии Кирмоншоҳӣ соли 1946 навишта буд, бо ин мисраъҳо оғоз мешавад:

Чу дасти рус
Мадад намуд,
Бародарии халқи совет устувор шуд,
Ситораи ҳаёти мо шарорабор шуд…

Ба ҳоли таб
Даруни шаб
Садои раъди давлати Ленин расид
Зи барқи байрақаш сиёҳии ситам парид…

Бо фурӯпошии Шӯравӣ, ки ҳосили нохостаи талошҳои Горбачёв буд, табъан Суруди Миллии Тоҷикистон бознависӣ шуд. Гулназар, шоъири мардумии Тоҷикистон, дар суруди нав бедории худшиносии миллии тоҷикҳоро бозтоб медод:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод.
Саъодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан!
Тоҷикистони озоди ман!

Дар ин маврид ҳам шакке нест, ки ҷумҳуриҳои шӯравии пешин истиқлоли тақрибан муфту беранҷи худро мадйуни Михаил Горбачёв ҳастанд. Горбачёв акнун фурӯпошии Шӯравиро “мусибате бузург” медонад ва мегӯяд, ки ислоҳоти ӯ, дар воқеъ, барои бақои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом гирифта буд. Аммо ба қавли худи ӯ, Ҳизби Кумунист “дар имтиҳони демукросӣ ва озодӣ ноком шуд”; яъне бори озодӣ ва демукросиро тоб наоварад.

Горбачёв дар мусоҳибаҳои мухталиф ва дар китоби хотироташ “Танҳо бо худ” (“Наедине с собой”) таъкид карда, ки ба ҳеч рӯй аз ислоҳоте, ки анҷом дод ва ҷаҳонро дигаргун кард, пушаймон нест, аммо таассуф аз он мехурад, ки чорае барои бақо ва давоми Иттиҳоди Шӯравӣ дигар намонда буд.

Михаил Горбачёв, ки акнун раиси Бунёди байнулмилалии мутолеъоти иҷтимоъӣ-иқтисодӣ ва сиёсии “Горбачёв” аст, нахустин раҳбари Иттиҳоди Шӯравист, ки ҳаштодсолагиашро ҷашн мегирад. Раҳбарони дигари Шӯравӣ на умре бад-ин дарозӣ доштанд ва на таҳаввулоте эҷод карданд, ки ҷаҳонро дигаргун карда бошад. Мизону миқёси таҳаввулоти давраи Горбачёвро шояд битавон танҳо бо инқилоби Уктубри Ленин муқоиса кард.

Михаил Горбачёв, ки соли 1991 ҷоизаи сулҳи Нубелро бурд, дар миёни сиёсатмадорони ғарбӣ беандоза маҳбуб аст ва бо раҳбарони феълии бисёре аз ин кишварҳо равобити дӯстона дорад. Қарор аст рӯзи 30 морс (март) дар толори салтанатии Олберт Ҳолли Ландан кунсерти бошукӯҳе бо номи “Горбӣ-80” ба ифтихори ҳаштодсолагии ислоҳгари бузург бо ҳузури сиёсатмадорони баландпоя ва ситораҳои ҳунари мусиқӣ баргузор шавад. Ва аммо рӯзи дувуми морс (март), ки зодрӯзи Горбачёв аст, дӯстони ӯ дар шаҳри Маскав ҷашне бузург тадорук дидаанд.

Дар гузориши мусаввари ин матлаб муруре дорем бар зиндагии Михаил Горбачёв:

Friday, October 29, 2010

What's Going On?

Бино ба далоиле, ки намедонему ҳадс мезанем, "Нигоҳ" инак ду ҳафта аст, ки чоп намешавад.

Tuesday, October 19, 2010

Violating Nation's Pride

Обрӯи миллатро набозед!

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Танҳо мояи ифтихори мо – тоҷикони бурунмарзӣ аз авзоъи кунунии кишварамон вазъияти озодии нисбии расонаҳо буд. То суҳбат аз озодии сухану матбуъот мешуд, сари мо, тоҷикон, дар маҳфилҳои байнулмилалӣ бо ҳузури ҳампешагонамон аз дигар кишварҳои Осиёи Миёна худ ба худ болотар мерафт. Чун бар пояи тақрибан ҳамаи баррасиҳое, ки чанде пеш дар заминаи озодии матбуъот дар минтақаи Осиёи Марказӣ анҷом шуд, Тоҷикистон дар садри ҷадвал қарор дошт ва ба бовари коршиносон, матбуъоти ҳеч кишвари дигаре дар минтақа аз он ҳадди озодӣ бархурдор набуд.

Акнун зоҳиран қарор аст ин танҳо мавриди ифтихорро ҳам давлат мусодира кунад ва матбуъотеро, ки сари кишварамонро дар арсаи байнулмилалӣ то ҳадде баланд карда буд, ба замин бизанад.

Ҳеч далеле наметавонад ин амали нобихрадонаро тавҷеҳ кунад. Ба замин задани матбуъоти озоди кишвар ҳамсони шикастани ойинаи тамомнамои Тоҷикистон аст. Пас аз он ки ойина шикаста шуд, қарор аст чеҳраатонро дар куҷо бибинеду мураттаб кунед, давлатмардон? Ва оё шармовар нахоҳад буд, агар бо чеҳраи номураттабу ойинанадида дар баробари ҷаҳониён зоҳир шавед? Он ойина мояи обрӯи сарзамини мост ва ҳеч ҳукумате ҳақ надорад онро бишканад. Озодии расонаҳоро рӯзноманигорони тоҷик дар тӯли даҳсолаҳо бо рехтани хуни дилу ҷигару гурда ва шикастани чандин дасту сару гарданашон ба даст овардаанд ва ҳаққи ҳалолашон аст. Ҳаққи ҳалоли сарзамини тоҷикон аст ва танҳо мояи ифтихори ростини мо.

Шармовар аст, ки акнун тақрибан ҳамаи созмонҳои байнулмилалии мустақар дар Душанбе табли нигаронӣ мекӯбанд, ки дастрасӣ ба торнамоҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст ва бисёре аз нашрияҳо ба баҳонаҳое имкони нашр надоранд ва сарнавишти шуморе аз нашрияҳо ҳам бар сардари додгоҳҳо овезон мондааст. Нанговар аст, ки маҳди озодиҳои демукротики Осиёи Миёна дар поёни даҳаи 1980 мелодӣ имрӯза дубора бо ин масъалаҳои як ҷомеъаи ибтидоӣ дасту панҷа нарм кунад. Мо солҳо пеш ин рӯзҳоро пушти сар гузоштаем ва акнун бояд дарс гирифта бошем, ки бастани матбуъоти озод танҳо як натиҷа дорад: ҷамъ шудани буғз дар даруни ҷомеъа пеш аз таркидани он. Ин як қонуни одии физикӣ аст, ки ҳатман давлатмардони мо ҳам аз он огоҳӣ доранд. Як зарфи бузурги пур аз обро тасаввур кунед, ки сахт меҷӯшад, аммо ҳеч сӯрохе надорад, ки бухорашро раҳо кунад. Натиҷаи ин рухдоди физикӣ чи чизе ба ҷуз инфиҷор метавонад бошад? Бастани матбуъоти озод дуруст ҳамсони бастани сӯрохи ҳамон зарфи бузург аст, ки бухор, яъне буғзи ҷомеъаро аз роҳе маъқул раҳо мекунад. Танҳо бадхоҳони миллату сарзамини мо метавонанд хостори такрори мусибате бошанд, ки дар натиҷаи баста мондани сӯрохи он зарфи бузург барои солиёни сол дар авоили даҳаи 1990 рух дод.

Гузашта аз ин, бастани матбуъоти озод ҳеч дардеро даво намекунад. Чи матбуъоти Тоҷикистон бигӯяд, чи нагӯяд, авзоъ ҳамин аст, ки мебинем. Давлат маҷбур аст ба андешидан тан дардиҳад. Ҳукуматҳои мустабид аз истеъдоди андешидан маҳруманд ва фикр мекунанд бо қатлу қамъу задухурду задубурд мешавад мушкилотро ҳал кард ва дер поид. Лутфан як мавриди онро намуна оваред, то бибинем, ки чунин ҳукумати мустабидде пойдор монда бошад. Танҳо ҳукуматҳое мондагоранд, ки аз эътимод ба нафс бархурдор бошанд ва чун инсоне рашиду фарҳехта аз интиқод натарсанд ва аз ҷанбаи созандаи интиқодҳо баҳра бигиранд.

Муҳимтарин вазифаи давлат дифоъ аз мардуми сарзаминаш аст. Бо бастани матбуъоти озод давлат ба хиёли дифоъ аз худаш аст, ки албатта, дар ҷаҳони садаи 21 он ҳам муяссар нест. Акнун иттилоъот ба суръати барқу бод ба дуртарину бастатарин ҷомеъаҳои ҷаҳон ҳам роҳ меёбад ва садҳо абзори тоза барои анҷоми ин кор ихтироъ шудааст. Афзун бар ин, ҳамон гуна ки таъкид шуд, набуди матбуъоти озод муҳкамтарин зарбаро нахуст бар баданаи худи ҳукумат мезанад ва буғзу эътирозоти фурӯхуфтаи мардум оҳиста-оҳиста онро ба нобудӣ мекашонад. Пас оё маҳдуд кардани матбуъоти озод навъе худкушӣ тавассути ҳукумат нест? Мусалламан, ки ҳаст.

Дар ҳоле ки ин сатрҳоро менавиштам, дар матбуъоти Молезӣ (Малайзия) чашмам ба гузорише бархурд, мабнӣ бар як донишҷӯи тоҷик бо номи Азиз, ки гирифтору овора мондааст ва шадидан ба кумак ниёз дорад. Азиз рӯзи душанбеи гузашта (18.10.2010) ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки гузарнома ё шиносномаи хориҷиашро коллеҷи Рима дар шаҳри Куоло Ломпур аз ӯ гирифта ва пас надодааст. Дар натиҷа Азизро аз хобгоҳаш берун кардаанд ва ин тоҷик дар хиёбонҳои Молезӣ овора аст. Азиз гуфтааст, ки Тоҷикистон дар Молезӣ сафорат надорад ва ӯ намедонад чи гуна аз мақомоти кишвараш мадад бихоҳад. Агар ҳукумати Тоҷикистон ба фикри дифоъ аз шаҳрвандонаш мебуд, Азизи мо имрӯз дар Молезӣ медонист, ки додашро ба кӣ бигӯяд ва дар хиёбонҳои Куоло Ломпур саргардон намешуд.

Обрӯи Тоҷикистон аз роҳи дифоъ аз матбуъоти озод ва азизҳои овораи тоҷик дар саросари ҷаҳон ба даст меояд, на аз роҳи талош барои ҳифзи курсиҳое, ки зери бори куҳулат ба марзи шикастан расидаанд.

Tuesday, January 05, 2010

Mr Ahmadinejad, You're Not Welcome in Tajikistan!

Окои Ахмадинажод, ба Точикистон хуш наомадй!

Дидори Махмуди Ахмадинажод аз Точикистон дар холе сурат гирифт, ки ошубхои Эрон хамчунон шуълаваранд. Сахттарин бухрони кудрат дар Эрон, ки пас аз интихоботи тобистони гузашта дар гирифт, тайи шаш мохи ахир ин кишварро пайваста дар сархатти хабархои чахон хифз кардааст. Ва дар ин рузхо Ахмадинажод ба хар чои чахон биравад, пурсишборон хохад шуд ва пурсишхо умдатан дар бораи руйдодхои дохилии Эрон хоханд буд; ба чуз Точикистон ва чанд кишвари хамсони дигари минтака, ки пурсиш кардан ичоза мехохад.

Аммо барои чомеъаи хабарии бурунмарзй ин мавзуъ маъно надорад. Пурсидан ба монанди нафас кашидан хакки мусаллами як хабарнигор дар чомеъаи озод аст. Ба вижа агар чехраи сиёсие чун Ахмадинажод дами даст бошад. Раисчумхуре, ки дар тахлукаи начоти кудраташ аз катлу шиканчаи мухолифонаш пархез намекунад. Раисчумхуре, ки мардуми муътаризи кишварашро «хасу хошок» хонд ва аз куштани онхо дар мукаддастарин рузи шиъахо (Ошуро) хам даст боз надошт. Марде, ки боъис шуд эътибори мазхабии як чумхурии исломй пок зудуда шавад ва рухониёни муътабар аз он фосила бигиранд ва хукумат дар кабзаи сипохиён гирифтор монад. Марде, ки ба табдили Эрон ба Фаластине дигар муттахам мешавад. Раисчумхуре, ки интихоби дуборааш тавассути бисёре кудето (табаддулот) арзёбй мешавад.

Ин фурсати тилоии хабарй барои хабарнигорони точик дигар кай фарохам мешавад? Хабарнигорони точик метавонистанд бо тархи пурсишхои созгортар бо мантики замон сархатти бартарин хабаргузорихои чахонро ишгол кунанд.

Аммо шояд натавон бар хабарнигорон зиёдй хурда гирифт. Дар яке дигар аз бахсхоямон гуфта будем, ки дар кишвархои баста миёни мафхумхои «давлат» ва «миллат» тафовут намегузоранд. Пиндошти галати маъмурони давлатии Точикистон хам ин буд, ки тархи пурсишхои чолишангезу сахт аз мехмони давлат метавонад равобити байни ду кишварро хадшадор кунад. Дар холе ки Чорч Буши дувум занандатарин пурсишхоро дар кишвари муттахидаш Бритониё мешунид ва харгиз аз нахуствазири он кишвар дар ин маврид гилояе надошт. Чун ба хар руй медонист, ки расонахо гушбафармони давлат нестанд. Аммо дар кишвархои мо, аз бахти бад, матбуъот дар мавориди бисёре гушбафармони давлат мондааст.

Бехтарин намунаи чудоии мафхумхои «давлат» ва «миллат» аз якдигар Чумхурии Исломии Эрон аст. Руйдодхои ахир бавузух ошкор кард, ки миёни ин давлату миллат чи шикофи фарохе вучуд дорад. Аз ин ру нашояд, ки корхои ношоисти давлати Эронро ба хисоби миллати он бигзорем. Чанде пеш дар як матлаби чолиби хафтаномаи «Нигох» дар бораи тунели нофарчоми Анзоб накби «Истиклол» «гори эрониён» унвон шуда буд. Бо дарки хакикати чудоии «давлат» аз «миллат»-и Эрон «гори Чумхурии Исломй» метавонист унвони бехтаре барои тунели Анзоб бошад. Тунели Анзоб нишонаи боризи нотавонй ва бесарусомонии мудириятй дар Чумхурии Исломист. Маълум нест, ки боз чанд бори дигар ин тунел ифтитох хохад шуд, то саранчом мавриди бахрабардорй карор бигирад.

Бастани дахони хабарнигорон дар хузури Ахмадинажод вазъияти махуфу ногувори уро бехтар намекунад. Чи хабарнигорони Точикистон аз у пурсишхои муносиб кунанду чи накунанд, афкору кирдори Ахмадинажод сабти торих шудааст ва фарчоми у торик аст. У раисчумхури як низоми исломист, ки дар рузи суги Ошуро сугворонро ба гулула баст. Хатто режими шох Пахлавй дар рузи Ошурои соли 1978, ки замину замонро шиъорхои зиддисалтанатй меларзонд, фармони саркуби муътаризонашро надода буд. Аммо режими исломии Эрон рузи Ошурои ахирро бо хуни даххо тан муътариз олуд ва машруъияти худро беш аз пеш лаккадор кард.

Набуди пурсишхои газандаи хабарнигорони точик ин вокеъиятро хам тагйир намедихад, ки Чумхурии Исломй акнун ба Чумхурии Дуруг табдил шудааст; ба гунае, ки такрибан тамоми умури он бо такя ба истидлолхои чаранду дуруг анчом мегирад. Ба гуфтаи режими Ахмадинажод, Нидо Окосултонро хабарнигори Би Би Си дар Техрон куштааст ва катли хохарзодаи Мирхусейни Мусавиро худи Мусавй тархрезй кардааст ва теруристони муздур мардумро дар рузи Ошуро ба хоку хун кашидаанд ва аз ин даст дуругхои шохдори дигар.

Бо дидани тасвирхои видеуйи, ки мушаххасан нерухои давлатиро дар холи тирандозй ба самти мардуми бесилох нишон медихад, бо итминон мешавад гуфт, ки хатто худи Ахмадинажоду хамсангаронаш хам ба ин иттихомот бовар надоранд ва аз руи ночорй ба дуруг мутавассил шудаанд, то шояд бад-ин гуна монеъ аз падидории шахидони нав шаванд. Чумхурии Исломй, ки дар гузашта «шахидпарвар» буд, акнун аз номи «шахид» ларза ба андомаш меуфтад. Чун медонад, ки ёду номи шахидони навин теша бар решааш хохад зад. Аз ин ру дуругро танхо чораи кор медонад; гофил аз ин ки решаи дуруг кутох асту дер намепояд.

Касе ба Ахмадинажод дар Точикистон ин суханонро нагуфт, то бидонад, ки мо хам аз бадкорихояш дили хуше надорем. Кай дидй, ки дарюзагари ниёзманде ба фарди пулдор аз бадкорихояш гуфта бошад? Аммо бо фазое, ки Ахмадинажод барои кишвараш эчод кардааст, гумон намеравад, ки ниёзхои Точикистон тавассути давлати у бароварда шавад. Дардисархои у дахчанд бештар аст.

Бисёре муътакиданд, ки бо рехтани хуни ин хама бегунох Ахмадинажод дигар намояндаи машруъи Эрон нест ва танхо сухане, ки сазовораш аст, унвони ин навишта аст: Окои Ахмадинажод! Ба Точикистон хуш наомадй!

!آقای احمدی‌نژاد، به تاجيکستان خوش نيامدی

ديدار محمود احمدی‌نژاد از تاجيکستان در حالی صورت گرفت که شعلۀ آشوب‌های ايران همچنان مشتعل است. سخت‌ترين بحران قدرت در ايران که پس از انتخابات تابستان گذشته درگرفت، طی شش ماه اخير اين کشور را پيوسته در سرخط خبرهای جهان حفظ کرده‌است. و در اين روزها احمدی‌نژاد به هر جای جهان برود، پرسش‌باران خواهد شد و پرسش‌ها عمدتاً در بارۀ رويدادهای داخلی ايران خواهد بود؛ به جز تاجيکستان و چند کشور همسان ديگر منطقه که پرسش کردن اجازه می‌خواهد.

اما برای جامعۀ خبری برون‌مرزی اين موضوع معنا ندارد. پرسيدن به مانند نفس کشيدن حق مسلم يک خبرنگار در جامعۀ آزاد است. به ويژه اگر چهرۀ سياسی‌ای چون احمدی‌نژاد دم دست باشد. رئيس‌جمهوری که در تهلکۀ نجات قدرتش از قتل و شکنجۀ مخالفانش پرهيز نمی‌کند. رئيس‌جمهوری که مردم معترض کشورش را "خس و خاشاک" خواند و از کشتن آنها در مقدس‌ترين روز شيعه‌ها (عاشورا) هم دست باز نداشت. مردی که باعث شد اعتبار مذهبی يک جمهوری اسلامی پاک زدوده شود و روحانيان معتبر از آن فاصله بگيرند و حکومت در قبضۀ سپاهيان گرفتار ماند. مردی که به تبديل ايران به فلسطينی ديگر متهم می‌شود. رئيس‌جمهوری که انتخاب دوباره‌اش توسط بسياری کودتا ارزيابی می‌شود.

اين فرصت طلايی خبری برای خبرنگاران تاجيک ديگر کی فراهم می‌شود؟ خبرنگاران تاجيک می‌توانستند با طرح پرسش‌های سازگارتر با منطق زمان سرخط برترين خبرگزاری‌های جهان را اشغال کنند.

اما شايد نتوان بر خبرنگاران زيادی خرده گرفت. در يکی ديگر از بحث‌هايمان گفته بوديم که در کشورهای بستۀ مستبد ميان مفهوم‌های "دولت" و "ملت" تفاوت نمی‌گذارند. پنداشت غلط مأموران دولتی تاجيکستان هم اين بود که طرح پرسش‌های چالش‌انگيز و سخت از ميهمان دولت می‌تواند روابط بين دو کشور را خدشه‌دار کند. در حالی که جرج بوش دوم زننده‌ترين پرسش‌ها را در کشور متحدش بريتانيا می‌شنيد و هرگز از نخست‌وزير آن کشور در اين مورد گلايه‌ای نداشت. چون به هر روی، می‌دانست که رسانه‌ها گوش‌به‌فرمان دولت نيستند. اما در کشورهای ما، از بخت بد، مطبوعات در موارد بسياری گوش‌به‌فرمان دولت مانده‌است.

بهترين نمونۀ جدايی مفهوم‌های "دولت" و "ملت" از يکديگر، جمهوری اسلامی ايران است. رويدادهای اخير آشکار کرد که ميان اين دولت و ملت شکاف فراخی وجود دارد. از اين رو نشايد که کارهای ناشايست دولت ايران را به حساب ملت آن بگذاريم. چندی پيش در يک مطلب جالب هفته‌نامۀ "نگاه" در بارۀ تونل نافرجام انزاب (که سال‌هاست شرکت ايرانی "سابير" در حال احداث آن است) ، اين تونل "غار ايرانيان" عنوان شده بود. با درک حقيقت جدايی "دولت" از "ملت" ايران "غار جمهوری اسلامی" می‌توانست عنوان بهتری برای تونل انزاب باشد. تونل انزاب نشانۀ بارز ناتوانی و بی‌سروسامانی مديريتی در جمهوری اسلامی است. معلوم نيست که باز چند بار ديگر قرار است اين تونل افتتاح شود، تا سرانجام مورد بهره‌برداری قرار بگيرد.

بستن دهان خبرنگاران در حضور احمدی‌نژاد وضعيت مخوف و ناگوار او را بهتر نمی‌کند. چه خبرنگاران تاجيکستان از او پرسش‌های مناسب کنند و چه نکنند، افکار و کردار احمدی‌نژاد ثبت تاريخ شده‌است و فرجام او تاريک است. او رئيس‌جمهور يک نظام اسلامی است که در روز سوگ عاشورا سوگواران را به گلوله بست. حتا رژيم شاه پهلوی در روز عاشورای 1978 ميلادی که زمين و زمان را شعارهای ضدسلطنتی می‌لرزاند، فرمان سرکوب معترضانش را نداده بود. اما رژيم اسلامی ايران روز عاشورای اخير را با خون ده‌ها تن معترض آلود و مشروعيت خود را بيش از پيش لکه‌دار کرد.

نبود پرسش‌های گزندۀ خبرنگاران تاجيک اين واقعيت را هم تغيير نمی‌دهد که جمهوری اسلامی اکنون به "جمهوری دروغ" تبديل شده‌است؛ به گونه‌ای که تقريباً تمام امور آن با تکيه به استدلال‌های چرند و دروغ انجام می‌گيرد. به گفتۀ رژيم احمدی‌نژاد، ندا آقاسلطان را خبرنگار بی بی سی در تهران کشته‌است و قتل خواهرزادۀ ميرحسين موسوی را خود موسوی طرح‌ريزی کرده‌است و تروريستان مزدور، مردم را در روز عاشورا به خاک و خون کشيده‌اند و از اين دست دروغ‌های شاخدار ديگر.

با ديدن تصويرهای ويديويی که مشخصاً نيروهای دولتی را در حال نشانه رفتن و تيراندازی به سمت مردم بی‌سلاح نشان می‌دهد، با اطمينان می‌شود گفت که حتا خود احمدی‌نژاد و هم‌سنگرانش هم به اين اتهامات باور ندارند و از روی ناچاری به دروغ متوسل شده‌اند، تا شايد بدين گونه مانع از پديداری شهيدان نو شوند. جمهوری اسلامی که در گذشته "شهيدپرور" بود، اکنون از نام "شهيد" لرزه به اندامش می‌افتد. چون می‌داند که ياد و نام شهيدان نوين تيشه بر ريشه‌اش خواهد زد. از اين رو دروغ را تنها چارۀ کار می‌داند؛ غافل از اين که ريشۀ دروغ کوتاه است و دير نمی‌پايد.

کسی به احمدی‌نژاد در تاجيکستان اين سخنان را نگفت تا بداند که ما هم از بدکاری‌هايش دل خوشی نداريم. کی ديدی که دريوزه‌گری نيازمند به فردی پولدار از بدکاری‌هايش گفته باشد؟ اما با فضايی که احمدی‌نژاد برای کشورش ايجاد کرده، گمان نمی‌رود که نيازهای تاجيکستان توسط دولت او برآورده شود. دردسرهای او ده‌چند بيشتر است.

بسياری معتقدند که با ريختن خون اين همه بی‌گناه، احمدی‌نژاد ديگر نمايندۀ مشروع ايران نيست و تنها سخنی که سزاوارش است، عنوان اين نوشته است: آقای احمدی‌نژاد! به تاجيکستان خوش نيامدی!

Wednesday, December 16, 2009

Media Discrimination in Tajikistan

Табъизи расонаҳо дар Тоҷикистон

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)

Дар оғози пайдоиши рӯзноманигорӣ дар Эрони садаи 19 ба ин ҳирфаи навин “воқеъанигорӣ” мегуфтанд. Чун вазифаи як рӯзноманигор танҳо баёни воқеъаҳову воқеъиятҳо буд.

Баъдан, ки забони порсӣ гирифтори балои тарҷумазадагӣ шуд, ин вожаро аз фаронсавӣ баргардон карданд. Вожаи фаронсавии “journaliste” баргирифта аз “jour” ба маънои “рӯз” аст ва маънои дақиқи “journal” “рӯзнома” аст. Бад-ин гуна, “рӯзноманигор” ҳам тарҷумаи дақиқи “journaliste”-и фаронсавӣ аст.

Бо тағйири номи “рӯзноманигорӣ” вазифаи он ҳам то ҳадди зиёде тағйир кард. Давлат, ки аз тавони фавқулъодаи воқеъанигорон ва таъсири навиштаҳои онҳо бар афкори умумӣ огоҳ шуда буд, талош кард ин ҳирфаро барои пешбурди ҳадафҳо ва таблиғи дидгоҳҳои худаш дар инҳисораш дарорад. Бад-ин минвол дар кишварҳои истибдодзада, ки дар он замон сифати ҳамаи кишварҳои ҷаҳон буд, рӯзноманигорӣ ба хидмати мошинҳои давлатӣ даромад ва аз мардум фосила гирифт.

Бо зуҳури рӯзноманигории мустақилли “зеризаминӣ”, ки ба вазифаи ибтидоии ин ҳирфа содиқ буд ва чизе ҷуз баёни воқеъиятҳо намегуфт, пояҳои истибдод дар бисёре аз кишварҳо мутазалзил шуд. Кишварҳои озоду мардумсолоре шакл гирифтанд, ки дар онҳо мафҳуми “рӯзноманигории расмӣ” ё “давлатӣ” бемаъно шуд. Рӯзноманигорӣ аз давлат фосила гирифту якпорча шуд ва миёни тӯдаҳо баргашт ва қудрати белаҷоми давлатҳоро маҳор кард, то на дар хидмати худ, балки дар хидмати миллате бошанд, ки пули байтулмолро мепардозад.

Аммо дар Тоҷикистон, мусалламан, ин иттифоқ ҳанӯз науфтодааст. Дар кишвари “ҳуқуқбунёду демукротик”-и мо ҳамчунон “матбуъоти расмӣ” дорем ва “матбуъоти мустақил” ва миёни ин ду урдугоҳ пайкори ошкору ниҳоне пайваста дар ҷараён будааст. Давлат ҳамвора ба матбуъоти расмӣ иноят карда ва бо матбуъоти мустақил ситезида ё кӯшидааст бо тарфандҳое мустақилҳоро ҳам давлатӣ кунад. Аммо ба ҳар рӯй ҳар ду, бо вуҷуди тафовутҳо, “худӣ” ба шумор меоянд.

Гузашта аз ин ду урдугоҳи рӯзноманигорӣ, гурӯҳи дигаре аз хабарнигорони тоҷик ҳастанд, ки бакуллӣ аз марҳамати давлат бебаҳраанд ва ҳатто гоҳ аз сӯи давлат лаккаи хиёнат бар онҳо зада мешавад: рӯзноманигороне, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд. Ин хабарнигорон, ҳарчанд аксаран тоҷиканд, аз чашми давлат хабарчинони бегонае беш нестанд, ки ҳаргиз ба суди миллат каломе бар забон нарондаанд. Ишколи кор дар он аст, ки давлатиҳо маъмулан миёни мафҳумҳои “давлат” ва “миллат” тафовуте намебинанд. Аммо басо давлатҳое, ки бар сари миллатҳо балоёи фаровоне овардаанд ва рӯи душманро сафед кардаанд.

Аз ин рӯ, метавон натиҷагирӣ кард, ки дар Тоҷикистон мо ду навъ рӯзноманигор дорем: “худӣ”, ки шомили расонаҳои расмию нимамустақиллу мустақил мешавад ва “бегона”, ки барои расонаҳои хориҷию байнулмилалӣ кор мекунад. Давлат миёни ин ду гурӯҳи умдаи хабарнигорон марзи мушаххасе кашидааст ва гурӯҳи дувумро ба унвони “хабарнигорони номаҳрам” ба бархе аз нишастҳои худ фаро намехонад.

Нишасти маҳрамонаи раисиҷумҳур Раҳмон бо хабарнигорони “худӣ”, ки рӯзи 8 декабр анҷом гирифт, аз намунаҳои боризи табъиз миёни дастандаркорони расонаҳо дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷа изҳороте аз он нишаст ба берун аз маҳалли дидор ва ҳатто ба Маскаву Тошканд дарз кард, ки мизони воқеъияташон норавшан аст ва боъиси бигӯ-магӯҳои фаровони байнулмилалӣ шуда ва хоҳад шуд. Боризтарини онҳо суханони раисиҷумҳур дар бораи бозпас гирифтани Самарқанду Бухоро аз Узбакистон буд, ки ғавғои матбуъотӣ роҳ андохтааст. Суханоне, ки ба ростӣ, баёнгари орзуи бисёре аз тоҷикон ва дар кул, порсигӯён аст, аммо ҳаргиз тасаввур намерафт, ки бад-ин шева (аз сӯи раҳбари давлат) ва бо ин манзур (водоштани мардум ба харидории саҳоми нерӯгоҳи Роғун) баён шавад.

Ин изҳорот касро ба ёди мақоли мардумии “Пеш аз пода гард баланд накун!” меандозад. Давлати Тоҷикистон, ки акнун барои анҷоми як тарҳи энержӣ рӯи ниёз ба мардум овардааст ва ҳаҷми даромади нохолиси саронааш дар поинтарин пояи ҷадвали кишварҳои Шӯравии пешин қарор дорад, дар ҳадде нест, ки иддаъоҳои арзиашро ба ин шева баён кунад. Дар “Ногуфтаниҳо”-е дигар муфассалан ба ин мавзӯъ хоҳем пардохт ва хоҳем санҷид, ки чи гуна метавон ба он орзуи дерин, бо гомҳои сиёсию иҷтимоъии бихрадона, расид.

Дар ҳоли ҳозир дар бораи изҳороти раисиҷумҳур дар он нишасти маҳрамона барои “матбуъоти худӣ” метавон танҳо бо ҳадсу гумон ва бо такя ба шунидаҳои таъйиднашуда сухан гуфт. Аммо агар ба изҳори назари Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати хориҷа таваҷҷуҳ кунем, ки мегӯяд, мақолоти мунташира дар Маскав дар бораи суханони Раҳмон бофтаи тахайюли нависандааш будааст, пурсиш ин аст, ки чаро ин “шоеъа” офарида шуда? То набошад чизаке, мардум нагӯянд чизҳо.

Шоеъа ё овоза замоне падид меояд, ки иттилоъ андак бошад. Ва иттилоъ замоне андак мешавад, ки манбаъ аз пахши он худдорӣ кунад. Агар дар нишасти 8 декабр рӯзноманигорон ба “худӣ”-ю “бегона” тақсим намешуданд, мақоми аввали давлат ҳам бо эҳсоси масъулияти бештар сухан мегуфт. Ва дар воқеъ, як сиёсатмадор ҳамеша бояд он масъулиятро мадди назар дошта бошад. Ба вижа агар бо рӯзноманигорон тараф аст.

Рӯзноманигор “худӣ”-ю “бегона” надорад. Рисолати рӯзноманигори ростин пахши воқеъиятҳост. “Ман рӯзноманигорам. Пас рост мегӯям” шиъори рӯзноманигорони ростин аст. Ва мутмаиннан, дар миёни афроде, ки давлат ба унвони намояндагони “матбуъоти худӣ” мешиносад, бисёранд касоне, ки рисолати ростини рӯзноманигорӣ мароми зиндагишон аст.

Wednesday, December 02, 2009

Irregular Regularities on Information Fee

Тартиботи бетартиби иттилоъоти пулӣ

(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)

Бисёре аз қонуну мусаввабаҳои Тоҷикистон касро ба ёди достони марде меандозанд, ки аз бас бадхатту баднавишт буда, маҷбур будааст номаҳояшро худаш барои мухотабонаш бихонад. Тозатарин мусаввабаи давлат беҳтарин намунаи он аст, ки ҳатто унвони онро наметавон ба дурустӣ дарёфт: “Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст.” Ҷуброни хароҷоти кӣ? Оё мақомот иттилоотро пешниҳод (предлогать) мекунанд ё ироа (предоставлять)? Оё хароҷот ба мақомоту ташкилот “алоқаманд” аст ё иттилоъот? Ва аслан чаро “алоқаманд” (заинтересованный)? Шуморо ба Худо, ин ҷумларо барои ман баргардон кунед, ки нафаҳмидам.

Пас аз ошноӣ бо муҳтавои ин мусавваба (ки шояд луғати “ошноӣ” дар ин маврид муносиб набошад) шигифтии хонанда дучандон мешавад. Натиҷаи онро дар матбуъоти ҳафтаи гузашта мушоҳида кардем. Ҳар кас аз ин мусавваба қироату бардошти худро дошт. Шуморе бонги изтироб сар доданд, ки давлат мехоҳад дар баробари ҳар ҷумлае, ки ба хабарнигорони ғайридавлатӣ мегӯяд, пул биситонад. Мақомот дилдорӣ доданд, ки “танҳо барои маводди калонҳаҷми таҳлилӣ ва ҳуҷҷату санадҳое, ки барои кофтуков ва тайёр намудани онҳо маблағ сарф мешавад”, пул пардохт хоҳад шуд ва қарор нест, ки расонаҳо барои пӯшиши рӯйдодҳои рӯзмарра ба мақомот пул бидиҳанд (Сайидалӣ Сиддиқов, аз дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ). Аммо ҳанӯз касе сад дарсад мутмаин нест, ки манзур аз тасвиби ин мусавваба дақиқан чӣ будааст.

Қонун ё мусавваба маъмулан барои равшан кардани қазияҳои печида навишта мешавад, то битавон бо руҷӯъ ба моддаҳои он гиреҳи он муъаммоҳоро гушуд. Аммо мусаввабаҳои мо ба монанди рисолаҳои фалсафию мазҳабӣ тафсирталабанд ва муфассирони он ҳам ҳарфи ҳисоб надоранд. Охир чи қонуне навиштаед, ки ба ҷои ҳалли муъаммо бар печидагии масъала меафзояд?

Агар ба тафсири Сайидалӣ Сиддиқов ва Маҳмудҷон Сараев аз бахши таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Иброҳим Усмонов аз Донишгоҳи Миллӣ такя кунем, талоши давлат ин будааст, ки ҳамгом бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ироаи иттилоъоте вижа аз шаҳрвандон пул биситонад. Ин иддаъоро ба осонӣ метавон санҷид.

Ба ростӣ, дар кишварҳои пешрафтае чун Амрико ва Бритониё чунин муқаррароте зери унвони “Қонуни озодии иттилоъот” вуҷуд дорад. Дар Амрико ин қонун соли 1966 ба тасвиб расид ва ҳамчунон муътабар аст. Аммо дар ин қонун мушаххасан тасреҳ шудааст, ки барои дастрасӣ ба иттилоъоти рӯзмарра ниёзе ба пардохти ҳеч маблағе нест. Пул барои иттилоъоте пардохт мешавад, ки дар бойгонии вазоратхонаҳо мавҷуд аст ва дар дастраси умум қарор надорад. Қонуни марбутаи Амрико сареҳан барои хабарнигорон имтиёзоте қоил шудааст. Ба гунае, ки хабарнигор метавонад то 100 сафҳа аз иттилоъоти дархостиашро ройгон дарёфт кунад. Чунин имтиёзе барои хабарнигорони Тоҷикистон дар назар гирифта нашудааст. Пас ташбеҳи мусаввабаи ахир бо қонунҳои мушобеҳи кишварҳои пешрафта бемавриду беҷост.

Дар “Қонуни озодии иттилоъот”-и Бритониё аз соли 2000 ҳам мехонем, ки ҳазинаи иттилоъот танҳо дар мавриде пардохт мешавад, ки он бештар аз 10 пунд (фунт) қимат дошта бошад. Нархи чопи ҳар сафҳа иттилоъ фақат 10 пенс аст. Яъне маблағ танҳо замоне пардохт мешавад, ки шумо бештар аз 100 сафҳа иттилоъ дархост кунед, ки нудратан иттифоқ меуфтад. Ин бад-он маънист, ки дар бештари маворид дарёфти иттилоъ дар ин ду кишвари пешрафта ройгон аст.

Ва ҳатто агар бихоҳем маҳаки санҷишамонро андаке поинтар биёрему ба кишваре чун Ҳиндустон сар бизанем, мебинем, ки дар он ҷо ҳам қонун муқаррароти дақиқтару демукротиктаре дорад. Дар он кишвар як соъат мурури иттилоъот ройгон аст. Ҳеч пуле намепардозед. Ва танҳо пас аз як соъат аст, ки барои ҳар 15 дақиқаи баъдӣ маблағи ночизи 5 рупия (ҳудуди 10 сенти амрикоӣ) аз ҳисобатон каср мешавад. Пас чи гуна метавон мусаввабаи ахири Тоҷикистонро дар канори қонунҳои мушобеҳи кишварҳои дигар гузошт?

Ҳатто профессор Иброҳим Усмонов, мудири курсии рӯзноманигории ДМТ дар шумораи пешини “Нигоҳ” мегӯяд, ки “баъзан мешавад, ки аз ин [мусаввабаи давлат] сӯиистифода ҳам мекунанд, вале бояд сари вақт аз ин бохабар шуду пеши роҳи онро гирифт.” Ба гумони ман, “сари вақт” замоне буд, ки ин мусаввабаро тадвин мекарданд. Устоди рӯзноманигорон шояд бояд дар ҳамон оғози соли равон, ки порлумон дар садади тасвиби ин муқаррарот баромада буд, бохабар мешуданду тақозо мекарданд, ки ҳамаи норавшаниҳои мусавваба равшан шавад, то дар оянда аз он сӯиистифода сурат нагирад. Акнун, ки мусаввабаи “Тартиби ҷуброн...” бо ин муҳтавои ноқису ғалатандоз касби эътибор кардааст, аҷаб нест, ки сӯиистифодаҳои фаровоне аз норавшаниҳои он сурат бигирад.

Вале бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки “Тартиби ҷуброн...” бо Қонуни Асосӣ, Қонуни иттилоъот ва Қонуни матбуъоти Тоҷикистон мунофот дорад, боиста аст, ки давлатмардон ба бознигарии он бинишинанд ва ин мусаввабаро бо муқаррароти ҷомеъаҳои пешрафтаи демукротик созгор кунанд.

Saturday, September 19, 2009

People's Green Day - Khamenei’s Bleak Day

Рӯзи сабзи мардум - рӯзи сиёҳи давлат

Вопасин одина (ҷумъа)-и рамазони Хоманаию Аҳмадинажод табоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар рӯзи Қудс (18.09.09), ки ҳамасола ба манзури ҳимоят аз мардуми ситамкашидаи фаластинӣ дар вопасин одинаи моҳи рамазон баргузор мешавад, даҳҳо ҳазор тан аз ҳаводорони сабзпӯши ислоҳот ба хиёбонҳо рехтанд ва бо шиъорҳои баланди худ пояҳои ҳукумати Хоманаиро бори дигар ларзонданд.

Ҳузури чашмгири муътаризон бисёреро ғофилгир кард. Дар паи гирифтугирҳои густарда ва тадбирҳои дадманишона алайҳи мухолифон ва ҳушдори сардори Сипоҳи Посдорон, ки мегуфт, бо “сабзҳо”-и муътариз дар рӯзи Қудс шадидан бархурд хоҳад шуд, мардум боз ҳам сина сипар карданду омаданд ва рӯзи Қудсро ба худашон ихтисос доданд.

“На Ғазза, на Лубнон! Ҷонам фидои Эрон!” деворҳои Донишгоҳи Теҳрон – маҳалли баргузории намози ҷумъаро рахна мекарду дар гӯшҳои Аҳмадинажод ва ёри тундравтараш Аҳмади Хотамӣ менишаст ва монеъ аз тамаркузи ҳавоси онҳо ба ҳангоми суханронӣ мешуд. Манзур аз ин шиъор равшан аст: вақте ки рафтори мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бо мардуми худаш аз бадрафториҳои Исроил бо арабҳо фарқе намекунад, чаро барои миллатҳои ғайр додхоҳӣ бикунем? Он вақт чи касе ба доди худи мо хоҳад расид ва моро аз чанги дижхимони ҳоким наҷот хоҳад дод?

Муътаризон Эронро бо Фаластин муқоиса мекарданду фарёд мекашиданд: “Эрон шуда Фаластин! Мардум, чаро нишастен?!” Аз минбари намози ҷумъа шиъори расмии “Марг бар Омрико!” баланд мешуд ва то ба беруни дарвозаҳои Донишгоҳ мерасид, ба “Марг бар Русия!” табдил мешуд. “Марг бар зидди вилояти фақеҳ!”-и охунди давлатӣ дар миёни тӯдаҳо ба шакли “Марг бар диктотур!” дар меомад. Мардум хитоб ба Хоманаӣ таҳдидомез фарёд мезаданд:

"Диктотур! Диктотур!
Ин охирин паём аст!
Миллати сабзи Эрон
Омодаи қиём аст!"

Ҷавононе, ки зарби ботум (калтак)-ҳои басеҷиҳову пулисҳоро хурда буданд, дубора дар хиёбонҳо бо сари баланд роҳ мерафтанду шиъор медоданд: “Бародари руфтгар! Махмуда бардор бибар!” Басеҷиҳо дигар ҷуръати онро надоштанд, ки мисли гузашта ба сару сурати мардум корд бикашанд ва бо танини шиъори “Марг бар басеҷӣ!” ҷо холӣ мекарданд.

Ин қиёми густарда танҳо дар Теҳрон набуд, балки Шерозу Исфаҳону Табрезу Раштро ҳам фаро гирифт. Бо вуҷуди ҳушдорҳо ва ҳатто тағйири як суннати 25-сола барои ҷилавгирӣ аз ҳузури сабзҳо, шаҳрҳои бузурги Эрон саропо сабз шуданд. Он суннати дерина, ки аз оғози барпоии рӯзи Қудс то дирӯз риъоят мешуд, суханронии Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар хутбаҳои намоз буд. Хоманаӣ бо ин хиёл, ки шояд ҷойгузинии Рафсанҷонӣ бо Аҳмадинажоду Аҳмади Хотамӣ (бо Муҳаммади Хотамӣ нисбате надорад) Ҷунбиши Сабзро навмеду дилсард хоҳад кард, тасмим гирифт, ки барои нахустин бор Рафсанҷониро аз гардонандагии намози рӯзи Қудс канор бигзорад. Дар остонаи ин рӯз фарзандону бастагони шуморе аз чеҳраҳои саршиноси ислоҳталабро боздошт кард, то аз ин роҳ бар “сабз”-ҳо фишор овараду мавқеъияти онҳоро тангтар кунад. Аммо ҳеч як аз ин талошҳо корсоз нашуд. Се моҳ пайкору талоши дастгоҳҳои амниятию таблиғотӣ, боздоштҳову қатлҳову пахши “эътирофот”-и телевизюнӣ, шабехуни басеҷиҳо ба амволу амлоку худи мардум, ҳама ва ҳама ҳадар рафтанд.

Давлате, ки ҳамасола дар рӯзи Қудс дарбадар дунболи мардум мегашт, ки дар намозу роҳпаймоӣ ҳузур ёбанд, ин бор бо таҳдиду таъкид расман аз ҷавонони сабз хост, ки берун наоянд. Ба ростӣ, ба гуфтаи дуктур Сурӯш, ҷашнҳои Хоманаӣ барояш табдил ба мотам шуда ва донишгоҳие, ки қаблан ба побӯсаш меомад, акнун кобуси ӯ шуда. Оё ин ҳама накбату гирифторӣ арзиши ҳимоят аз раисиҷумҳурии қуллобие чун Аҳмадинажодро дошт? Мутмаиннан, ҳамин пурсиш аст, ки акнун дар сари парешони раҳбар мепечад.

Телевизюни давлатии Эрон, ки ҳамасола аз роҳпаймоиҳои рӯзи Қудс барномаҳои зинда пахш мекард, ин бор то шиъори “На Ғазза, на Лубнон!” имтидоди хиёбонро дарнавардид, якбора гузоришҳои хиёбониашро қатъ кард. Гӯяндаи даступохурдаи телевизюн пок ёдаш рафта буд, ки рамазон аст, дошт ба мусоҳибаш об таъоруф мекард.

Яъне Ҷунбиши Сабзи Эрон ҳамчунон побарҷову устувор аст, ба гунае, ки тавонист як барномаи давлатиро ба барномаи худҷӯши мардумӣ табдил кунад. Бо ин ки дорудастаҳои режим дастори Муҳаммади Хотамиро заданду ба замин афканданд ва ба худрави Мусавӣ ҳамла бурданд, аммо рӯзи Қудси имсол барои Хоманаӣ шумхабаре буду барои озодагон – муждае бошугун. Бори дигар фармони Хоманаӣ ношунида гирифта шуд.

Эрон бартарин намунаи гирифтории як давлати вопасмонда дар миёни издиҳоми пешрафтаву тараққихоҳ аст. Рӯзи ҳамаи режимҳои дадманиш сиёҳ хоҳад шуд, агар мардум аз худу перомуни худ огоҳ шаванд.

Тасвирҳое аз роҳпаймоии Теҳрон

Акс аз торнамои bbcpersian.com

Thursday, September 10, 2009

Celebrating the Fall of Religious Tyranny

Чашни заволи истибдоди динй

به دبيرۀ پارسی

Номи дуктур Абдулкарими Сурушро бисёре чун яке аз фархехтагони давр ва ситезандагони чавр шунидаанд. Файласуфест пурмагз бо гуфтору навишторе нагз, ки намунаашро инак хохед дид.

Тозатарин матлаби у, ки дар торнамои у мунташир шуда, бонги баланди бузургмардест хирадёр хитоб бар вопасгароёни рузгор. Мурод аз насри нокобили мои гофил дар дебочаи суханони гаррои устод истинод аст ба мусаччаъи маргуби у.Номаи дуктур Суруш ба Алии Хоманайи – рахбари Чумхурии Исломии Эронро метавон паёме ба мустабиддони чахон номид. Фишурдаи ин номаи баландро меоварам, ки саршор аз панд асту хушдор аз газанди истибдод, ки саранчом баночор барбод меравад.

***

Арусии хунин поён ёфт ва домоди дуругин ба хичла даромад.

Сандукхо бар худ ларзиданд ва девон дар торикй раксиданд.

Курбониён дар кафанхои сапед ба назора истоданд ва зиндониён бо дастхои бурида каф заданд.

Ва чахониён як чашм хашм ва як чашм нафрат домодро бадрака (гусел) карданд.

Чашми рузгор фош гирйист ва хун аз сари айвони чумхурй гузашт.

Шайтон хандид ва он гох ситорахо хомуш шуданд ва фазилат ба хоб рафт.

Окои Хоманайи,

Кй ин кунад, ки ту кардй ба заъфи химмату рой?
Зи ганчхона шуда, хайма бар хароб зада.
Висоли давлати бедор тарсамат надиханд,
Ки хуфтайи ту дар огуши бахти хобзада.

Дар ин кахтсоли фазилату адолат хама аз Шумо шокианд (шикоят доранд) ва ман аз Шумо муташаккирам. «З-он ёри дилнавозам шукрест бо шикоят.» На ин ки шикояте надошта бошам. Дорам ва бисёр дорам, аммо онхоро бо Худо дар миён ниходаам. Гушхои Шумо чандон аз ситоишу навозиши маддохон пуру сангин шудааст, ки чое барои садои шокиён надорад. Вале ман аз Шумо бисёр муташаккирам. Шумо гуфтед, ки «хурмати низом хатк (шикаста) шуд» ва обруи он ба ягмо рафт. Бовар кунед, ки дар тамоми умри худ хабаре бад-ин хушй аз касе нашунида будам. Офарин бар Шумо, ки накбат (бадбахтй)-у зиллат (хорй)-и истибдоди диниро изъон ва эълом кардед.

Шодам, ки охируламр охи сахархезон ба гардун расид ва оташи интикоми илохиро барафрухт. Шумо хозир будед обруи Худо биравад, аммо обруи Шумо наравад. Мардум ба диёнату нубувват пушт кунанд, аммо ба вилояти Шумо пушт накунанд. Шариъату тарикату хакикат мучола (пачак) шаванд, аммо ридо (чома)-и раёсати Шумо чину чурук нахурад. Аммо Худо нахост. Дилхои сухтаву лабхои духтаву хунхои рехтаву дастхои буридаву домонхои дарида нахостанд ва нагузоштанд. Покону порсоёну паёмбарон нахостанд. Махрумону муслехону ситамкашидагону ситамситезон нагузоштанд.

Окои Хоманайи,

Медонам, ки рузхои талху сахтеро мегузаронед. Хато кардаед. Хатое сахт. Тадбири ин хаторо ман 12 сол пеш ба Шумо нишон додам. Гуфтам, озодиро чун равиш баргиред. Аз хакк будану фазилат буданаш бигзаред. Онро барои расидан ба хукумате комёб ба кор гиред. Инро ки мехохед? Чаро шайпурро аз сари гушод (чапана) мезанед? Чаро миёни мардум асасону хуфянависону чосусон мегуморед, то замири ононро бихонанд ё ба хилаву тарфанд суханеро аз зери забонашон бикашанд ва росту дуругу норасу нокис ба Шумо гузориш диханд? Матбуъотро, ахзобро, анчуманхоро, нокидонро, муфассиронро, муъаллимонро, нависандагонро... озод бигузоред, мардум ба сад забон хикояти худро ошкоро хоханд гуфт ва панчарахои хабару назарро бар руи Шумо хоханд гушуд ва Шуморо дар тадбири мулку танзими низом ёрй хоханд кард. Матбуъотро хафа накунед. Онхо рия (шуш)-хои чомеъаанд.

Аммо Шумо аз бероха ва кажроха рафтед. Ва инак дар тилисми тахлукае уфтодаед ва курбонии низоми бастае шудаед, ки дергохест худ онро офаридаед, ки на накд дар он меруяд, на назар, на илм, на хабар. Гумон мекунед бо хондани бултенхои махрамона ва гуш кардан ба мушовирони гушбафармон хабархои комилу чомеъро ба чанг меоваред. Аммо хам интихоби Хотамй, хам интихоби сабзи Мусавй бояд ба Шумо намуда бошад, ки афюни истигно ва афсуни истибдод зиракй ва доноиро аз Шумо ситондааст. Ва инак барои чуброни он гунохи ношй (баромада) аз чахл, ношй аз истибдод, даст ба иртикоби гунохони бузургтар мезанед. Ва хунро ба хун мешуед, магар тахорате хосил кунед.

Хиёнат ва такаллуб кам буд, даст ба катлу чиноят бурдед. Хиёнату чиноят бас набуд, тачовуз ба зиндониёнро бар он афзудед. Катлу тачовузу такаллуб хануз кам буд, тухматхои чосусию номусиро хам бар он изофа кардед. Дарвешону рухониёну нависандагону донишчуёнро хам амон надодед ва аз дами тег гузарондед. Окибат хам ба чониён (чинояткорон)-у бониён (химоятгарон) чоиза додед ва ба реши хама хандидед ва риши сарбози бенавоеро гирифтед, ки чаро мошини риштароширо ба сиркат бурдааст (дуздидааст)!

Аз сабри Худо дар шигифт будам. Медонистам, ки:

Лутфи Хак бо ту мадорохо кунад,
Чунки аз хад бигзарад, расво кунад.

Нидои Окосултон, ки ба хоки шаходат уфтоду ханчара (гулу)-яш ба гулулаи ситам сурох шуд, ба даргохи Султони Олам нолидам, ки боз хам нидои халоикро намешунавй! Чун Исо бар салиб гила кардам, ки «Худоё, чаро моро рахо кардайи?» Магар сиёхкоронро намебинй, ки сабзхоро сурх кардаанд? Магар абусону туршруёнро наменигарй, ки ширинихоро талх кардаанд? Сухтани хирмани амнияту каромати инсонро менигарй ва зиллати эътирофи зиндониён ва шавкати шариронаи ситамгаронро мебинй ва боз хам истигно меварзй?

То рузе, ки икрори мачбурона ва макрухона, яъне он калимоти сегонаро шунидам: «хатки хурмати низом», ки чун хадиси сарву гулу лола ва чун салосаи гассола чонбахш буд. Гуйи калимоти он хатиб набуд. Калимоти ту буд, Худоё, ки дар хитоба чорй шуд. Донистам, ки даст ба кори ичобат шудайи ва бодро фармон додайи, то оташро ба киштзори фурумоягон бибарад. Сачда кардаму сипос гузорам, ки:

Офаринхо бар ту бодо, эй Худо,
Бандаи худро зи гам кардй чудо.
Оташе зад у ба кишти дигарон,
Бод оташро ба кишти у барон.

Окои Хоманайи,

Мехохам ба Шумо бигуям, дафтари айём варак хурдааст ва бахт аз низом баргаштааст. Обруяш ба ягмо рафтааст ва ташти расвоиаш аз боми торих уфтодааст. Кашфи аврат шудааст (Шармгохаш падидор шудааст). Худо хам аз Шумо ругардон шуда ва сатторияти худро боз гирифтааст. Он далерихо, ки дар кунчи хилват ва дар пардаи тазвир мекардед, фош шудааст. Охи чигарсухтагону чонбохтагону дахондухтагон коргар уфтодааст ва домону гиребони Шуморо сухтааст.

Солхо аъвону ансор (ёрон)-и Шумо зери чатри химояту вилояти Шумо чун шаголони гурусна дар пустини халк уфтоданд ва амнияту адолатро аз мардум рабуданд, дахонашонро бастанд, иззаташонро ситонданд, рохаташонро гирифтанд, гулуяшонро фишурданд, хун дар дилу ашк дар чашмонашон нишонданд, захри касоватро ба онон чашонданд ва чун кавме ишголшуда ба асораташон гирифтанд, хукукашонро поймол карданд, озодишонро ба тороч бурданд, хурматашонро шикастанд, афкорашонро ба сухра (масхара) гирифтанд, динашонро воруна карданд, корхонаи мукаддастарошй тарошиданд ва ба номи дин хурофа фурухтанд, комашонро талху рузашонро шаб карданд, дасти хиёнат дар сандуки ороашон гушуданд ва пои ихонат бар кароматашон ниходанд, донишгоххоро ба даст чухол (чохилон) супурданд ва байт-ул-азхон (фигонистон)-е ба номи «Садову Симо»-ро аз дуругу тухмат анбоштанд ва дарси гуломию гамнокй ба мардум доданд. Назар харом намуданд ва хуни халк халол, ичтимоъоти дуругину газоф барпо карданд ва лофзанон ба мардуми дунё фурухтанд, ки хамагон ошики синачоки низоми вилоятанд.

Дар зиндонхо ва катлгоххо аз катлу тачовузу таъаддию зарбу шатму чарх (захм задан)-у шиканча он карданд, ки мугулон накарданд, шаръу конунро зери по гузоштанд ва алам (парчам)-и чахлу таъассуб барафроштанд, нодононро бар кашиданд ва доноёнро фуру куфтанд, лаззатро аз чавонон ва хурматро аз пирон дарег доштанд, оятуллоххои рангин сохтанд ва фатвои сангин аз онон гирифтанд, то нависандагону нокидонро ба таноби таваххуш хафа кунанд ва ба сотур (табар)-и сабъият (вахшигарй) банд аз банд бигушоянд. Дар паи молихулиёи душманситезй хар руз мухликае ва маъракае тарошиданд ва чамъеро ба банд кашиданд ва акорир (икрорхо)-и музхик (хандадор) бар забонашон ниходанд ва кайфар (чурм)-хои мухлик бар чонашон.

Ин макрхои сарду риндихои вожгуна ва зиракихои аблахона ва ситамхои ошкору нихон ва зуру тазвирхои гарон ва хаккушихову одамкушихо ва такаллубхову тахаллуфхои пуръуфунату дарозмуддат оташе дар виждони раъият афрухт, ки кошонаи вилоятро бисухт.

Окои Хоманайи,

Чунбиши Сабз барои офаридани Эроне сабз акнун махкамниход шудааст. Чун шачараи тайибае, ки пое дар замину саре дар осмон дорад ва ба изни Худо дар самарбахшист. Ин чунбиш шахиди сабзи худ, шеъру шоъири сабзи худ, адабу хунару гуяндаву гуфтмони сабзи худро пайдо кардааст. Махсули 20 сол чиходи фархангию дардмандонаи равшанфикрону пайкоргарони арсаи сиёсату фарханг аст. Бехуда мекушед бо низомигарй ва анварипарварй басаби Султон Санчар ва Султон Махмуд онро дархам бишканед. Худро магар бишканед.

Фуру рехтани руъб (тарс)-и раъият ва заволи машруъияти вилоят бузургтарин дастоварди шуриши гайрат бар горат буд ва шери хуфтаи шучоъату муковиматро бедор кард. На татовули низомиён, на тачовузи харомиён, на хок афшондан дар чашми мурувват, на бод афкандан дар остини жандаи кудрат, на такя бар сабъияти хайвонй, на хамла ба улуми инсонй, на маддохии маддохони муздур, на шоъирии шеърфурушони камшуъур, хеч кадом комати муковиматро хам нахохад кард. Истибдоди динй расвои куфру дин шудааст. Ва дар мазраъи сабзи чунбиш хангоми дарави он расидааст. Мо инро ба дуъо аз Худо хостаем ва Худо бо мост.

Баргаштани бахту рузгор шохиде ширинтар аз ин надорад, ки идхои Шумо хама азо шудааст. Ва хар чи рузе Шуморо механдонд, инак мегирёнаду меларзонад. Донишгохй, ки мехостед ба побуси Шумо биёяд, акнун ба кобуси Шумо табдил шудааст. Тазохуроти хиёбонй, ичтимоъоти ойинй, рамазону мухаррам, хаччу равзаву мотам, хама барои Шумо намоди нухусат (нахсй) шудаанд ва ба зиёни Шумо равон мешаванд.

Мо насли комкорй хастем. Мо заволи истибдоди диниро чашн хохем гирифт. Чомеъае ахлокй ва хукумате фародинй толеъи тобноки мардуми сабзи мост.

Мо озодиро арч хохем ниход ва кадр хохем донист. Хамон озодиро, ки Шумо ба он зулм кардед ва кадрашро надонистед ва акнун мазламаашро мебаред (товонашро пас медихед). Фошизммашрабон ба Шумо фурухтанд, ки озодй, яъне булхавасию ибохигарию лоуболиравишй. Ва надонистед, ки шифои амрози мухлики низоми Шумо дар ин хучаста Озодй аст. Бечихат дунболи муфсидони иктисодй мегардед ( ки дар он хам азме ва чиддияте нест). Агар матбуъотро озод мегузоштед, фасодхоро ру мекарданд ва муфсидон чуръати фасод намекарданд. Мегузоштед накди Шуморо бигуянд, то Шумо хам ба вартаи истибдоди раъйу нухувват (гурур)-и шавкату фасоди кудрат дар намеуфтодед. Мегузоштед сухани ростини мардумро бо Шумо дар миён бигзоранд, то мастии бехабарй аз саратон бипарад. Онхо мадориси Механанд, на «пойгохи душман». Ва чи бок, ки дархои мадорис боз бошад ва Шумо хам дар он шогирдй кунед?

Хукумат бар мардуме шоду озоду огоху чолок ифтихор дорад, на раъияте дарбанду гамнок.

Wednesday, August 05, 2009

Ahmadinejad Awaiting Imam Mehdi

Чашми умеди Ахмадинажод ба Имоми Замон

Имруз Эрон, ба вижа пойтахти он ки пурошубтарин рузхои худро сипарй мекунад, обистани руйдодхои тозаи дигар аст.

Карор аст ба хангоми баргузории маросими тахлиф (инаугуратсия)-и Махмуди Ахмадинажод, ки дируз тавассути рахбари Чумхурии Исломй ба макоми раёсати чумхурй танфиз шуд, дар майдони Бахористони Техрон тачаммуъи густардаи мухолифони вай сурат бигирад. Макомоти давлат то кунун нишон додаанд, ки тоби шунидани хеч навъ садои эътирозро надоранд ва барои фуру кубидани он садохо хеч роху василаеро фуругузор намекунанд ва хатто ба суи мардум гулулахои вокеъй шиллик мекунанд, ки ба кушта шудани даххо тан то кунун анчомидааст.

Аммо давлати исломй талош мекунад барои муътаризон шахидхои тоза наофаринад, то ба бахонаи посдорй аз хотираи кушташудагон мардум дигарбора ба хиёбонхо нарезанд. Ин дакикан хамон шигирде буд, ки Хумайнй беш аз сй сол пеш ба кор бурд ва саранчом бар давлати подшох чира шуд. Хар бор, ки маъмурони шох муътаризонро мекуштанд, Хумайнй мардумро ба баргузории маросими чихилумин рузи он катлхо фаро мехонд. Ба гунае, ки ин тачаммуъот то сарнагунии давлати шаханшохй идома дошт.

Мусавй хам ки аз ёрони Хумайнй дар бадви инкилоби исломй буд, ин шигирд барояш бегона нест ва хамвора аз хаводоронаш хостааст, ки ба хар бахонае хостахои худро дар хиёбонхо чор бизананд ва дар ин росто аз аъёд ё чашнхои мазхабй низ бештарин истифодаро кунанд.

Дируз шахрхои бузурги Эрон дубора ба ошуб кашида шуд ва шиъорхои бепардатаре баландтар садо дод. Яке аз шиъорхои тоза мустакиман пояхои чумхурии исломиро хадаф карор додааст: “Хоманайи котил аст! Вилояташ ботил аст!” Рузхо, ки бо зури ботун (калтак)-у аслиха мардумро дар хиёбонхо пароканда мекунанд, шабхо бонги эътирози онхо аз пушти боми хонахояшон баланд мешавад.

Давлати исломй сахттарин айёми худро мегузаронад ва чашмандози он бакуллй мубхам аст. Бо ин ки Иттиходияи Урупо ва Иёлоти Муттахидаи Омрико мачбур шуданд назари расмии Эронро бипазиранд ва Ахмадинажодро “раисичумхури баргузида” биноманд, бухрон дар даруни махофили хоким дар Техрон ва Кум дорад ба авчи худ мерасад ва хокимону рухониён бавузух ду пора шудаанд. Хатто ба хангоми баргумории аъзои чадиди кобине тавассути Ахмадинажод чанд мавриди ихтилофи ошкори миёни раисичумхур ва рахбар мушохида шуд; рахбаре, ки ба кимати обруву эътибораш аз Ахмадинажод дифоъ кард, мачбур шуд барои кабулондани хостахояш ба Ахмадинажод дастбадомони Шурои Хибрагон ва рухониюни бонуфузи дигар шавад. Он чи мусаллам аст, ин аст, ки мизони эътибори Алии Хоманайи ба поинтарин хадди худ расидааст. Ва сухбатхо дар бораи зарурати чойгузинии Хоманайи бо навъе “шурои рахбарй” дубора матрах шудааст. Ба вижа Хошимии Рафсанчонй хостори он аст, ки ба чои Хоманайи чанд фарди хибраву огоху мучарраб рахбарии кишварро ба ухда бигиранд.

Иддае хам бар ин боваранд, ки Ахмадинажод ва ёронаш амдан кишварро даргири харчу марчи бемонанде кардаанд, то заминаи бозгашти Имоми Замон (Имом Мехдй)-ро фарохам кунанд. Бино ба бовари ахли ташаъйюъ, карор аст имоми дувоздахум, ки ба “Имоми гоиб” хам маъруф аст, замоне боз падид ояд, ки бесарусомонй замину замонро фаро гирифта бошад. Хамин афрод мегуянд, ки Ахмадинажоду ёронаш ба таври таъассубомезе ба ин мавзуъ имон доранд ва мехоханд бо бугранчтар кардани авзоъ хар чи зудтар ба дидори “Имоми Замон” мушарраф шаванд. Гуфта мешавад, ки Ахмадинажод дар нишастхои хайъати давлат як сандалии холиро дар гушае аз толор мегузорад, ки ба заъми у, чои Имоми Замон аст. Аз ин чост, ки Мусавй ва Хошимии Рафсанчонй Ахмадинажодро ба хурофагаройи муттахам кардаанд.

Аммо бо авзоъе, ки дар Эрон хоким шуда ва бо афзоиши бесобикаи огохии мардум аз бадкорихои режим гумон намеравад, ки Имоми Замон хам кодир ба хифзи чоху чалоли ин гурухаки ру ба завол бошад.



Ин намоханг (клип) аз тазохуроти эрониёни Ландан дар баробари сафорати Чумхурии Исломй дар рузи 30.07.2009 тахия шуда. Дар он руз порсигуёни мукими Ландан ба манзури гиромидошти ёду хотираи Нидо ва дигар кушташудагони ошубхои ахири Эрон дар чихилумин рузи катли Нидо гирди хам омаданд ва ба химоят аз шуриши мардумй ва ба накухиши давлати исломй шиъор доданд.