Showing posts with label women. Show all posts
Showing posts with label women. Show all posts

Tuesday, May 31, 2016

Дар ҳошияи баҳси сатру ҳиҷоб

...ва моҷарои таҳмили ҳиҷоб дар Эрон

Сайидюнуси Истаравшанӣ ба далели тасаллуте, ки бар ислом дорад ва бавежа ба хотири сиъаи садр ва шахсияти мантиқию писандидааш бароям муҳтарам аст. Ӯ аз маъдуди афродест, ки метавонанд дар мавзӯъҳои марбут ба ислом баҳси мантиқӣ роҳ биандозанд. Навиштаи зерро пас аз хондани мақолаи ахири ӯ андар мабҳаси ҳиҷоб навиштам, чун мустақиман аз оғоз то инҷои баҳс онро ҳамроҳӣ кардаам.

1. Муҳимтарин нукта дар ҷустори оқои Истаравшанӣ, аз диди ман, изъон ба ин
асл буд, ки ҳеч “аҳаде ҳаққи иҷбори касеро бар он чи муътақид аст, надорад.” Ин ъайни бовари ман ҳам ҳаст, ки тайи ин чанд рӯз борҳо такрор шуда. Чун аслану абадан шуданӣ нест, ки бо иҷбор ва на аз роҳи истидлоли мантиқӣ касеро муътақид ба боварҳои худ кунем.

Нуктаи муҳимми дигар дар ин матлаб, аз диди ман, ин аст, ки “Ҳар инсоне, аз ҷумла мусалмон, дар баёни он чи ба он мӯътақид аст, озод аст.” Асли озодии баён ҳам чунин мегӯяд. Ва ба бовари ман, ки чанд рӯз пеш баён шуд, озодии баён сазовори касонест, ки ба озодии баён арҷ мегузоранд.

Дар иттифоқе, ки ахиран уфтод, қазия аз ин қарор буд: пурсиши мантиқии танзомези Маҳини Даврон дар мавриди ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон рӯи сафҳаи Фейсбукаш мунташир шуд, шуморе аз мухолифони дидгоҳаш ӯро ба бадтарин
наҳви мумкин озурданду аз ӯ хостанд, ки даҳон барбандад ва дигар чунин изҳори назаре накунад ва фаротар аз он, ба таври дастаҷамъӣ ӯро таҳрим карданд ва ҳамарӯза дар ҳасби ҳол (статус)-и худ бо ишораву киноя ӯро мавриди шиканҷаи равонӣ қарор доданд. Як сангсори маҷозии тамомъайёр буд ва барои дарки он ҳолат бояд худро дар ҷои Маҳин қарор дод. Як корзори зишту кареҳ ъалайҳи касе буд, ки аз ҳаққи озодии баёни худ баҳра бурда буд.

Пас афроде, ки озодии баёнро бад-ин гуна зиёновар медонанду ъалайҳи он метозанд, наметавонанд густохона аз дигарон тақозои риъояти ҳаққи онҳо ба озодии баёнро дошта бошанд. Аз озодии баён замоне мешавад баҳра бурд, ки он ҳақро барои дигарон ҳам қоил бошем. Дар ин қазияи бахусус Маҳини Даврон яктана дар баробари анбӯҳе аз мардуми мутаъассибе қарор дошт, ки ӯро аз изҳори назар манъ мекарданд. Озодии баён як мақулаи мутақобил ва дусӯя аст. Намешавад сирфан онро тақозо карду барои касе он ҳақро қоил нашуд. Навъе доду ситади иҷтимоъӣ дар ҷаҳони мутамаддин аст.

2. Аммо дар мавриди муқоисаи тавсияи занон “дар бораи ҳукми риш” барои мардон ва ҳукми мардон “дар бораи сатру пӯшиши бонувони мусалмон” бо дидгоҳи оқои Истаравшанӣ наметавонам мувофиқ бошам. Муқоисаи дурусте нест.

То кунун ҳатто як мавриди тавсияи бонувон дар бораи “ҳукми риши мардон”-ро ба ёд надорам. Гӯ ин ки бонувон худро дар ҳадди ироаи як чунин тавсияе ба мардон намедонанд. Аммо ҳар бор, ки баҳси ҳиҷоб (ё дар воқеъ, пӯшиши исломӣ)-и занон матраҳ шуда, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама мардон дар сангари мудофеъони таҳмили ҳиҷоб ё ҳиҷоби иҷборӣ қарор гирифтаанд.

Таъкиди ман рӯи ъиборати “ҳиҷоби иҷборӣ” аст, чун ин дақиқан ҳамон чизест, ки дар гапугуфти ман бо он сӯи сангари баҳс матраҳ буд.Тасаввури ман ин нест, ки оқои Истаравшанӣ ҳам бо ҳиҷоби иҷборӣ мувофиқ бошад, бо таваҷҷуҳ ба нукоте, ки пештар аз ӯ нақл шуд. Вале ҳамаи мубоҳисонам дар он баҳс бидуни истисно аз он дифоъ кардаанд. Аз таҳмили ҳиҷоб бар мақомҳои зани ғарбӣ дар Эрон ҳам ҳимоят кардаанд. Ва таҳмили ҳиҷоб дар ҷомеъаи Тоҷикистонро ҳам боиста донистаанд.

Аз диди ман, ин гароиши ифротӣ метавонад кор дасти ҷомеъаи Тоҷикистон бидиҳад. Ва ҳамин тавр
, ба бовари ман, тамоюл ба таҳмили пӯшиши исломӣ бо омӯзаҳои ҳар дине, аз ҷумла ислом мунофот дорад ва наметавон онро ба содагӣ “ҳукме аз аҳкоми исломӣ” номид, бавежа ба далели ихтилофи дидгоҳҳое, ки ҳамчунон дар мавриди таҳмили пӯшиши исломӣ дар ҷавомеъи исломӣ вуҷуд дорад.

Бо гузашти 37 сол аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон мавзӯъи ҳиҷоби иҷборӣ дар он кишвар ҳамчунон пурсишбарангез аст. Бахши ъазиме аз мардум ва бавежа равшанфикрон онро масъалае фардӣ медонанд, дар ҳоле ки низоми исломӣ ба ҷамъӣ будани ин мақула таъкид дорад. Дар ин бора бештар хоҳам гуфт.

Афзун бар ин, наметавон бар сари коре, ки қарор нест ману шумо анҷом диҳем, сирфан исрор дошт. Агар ба зарурати риъояти ҳиҷоб аз сӯи зани мусалмон бовар дорем, мешавад тавсия ва муҳимтар аз он тавҷеҳи ъақлонӣ кард; на ба монанди тарафҳои ман дар ин баҳс ду по дар як кафш ҷор зад, ки ҳатман ҳамаи занон бояд ҳиҷоб танашон бошад, зеро бардошти ман аз дини худам чунин аст... На ҷомеъаи мо такдинӣ ё такъақидатист ва на қарор аст ҳамаи мусалмонон истинботи воҳиде аз мақулаи ҳиҷоби исломӣ дошта бошанд.

3. Таъбири шоъиронае, ки Сайидюнуси арҷманд аз зарурати риъояти ҳиҷоби исломӣ ироа додаанд ва муҳтарам аст, бо истинботи мутаъориф (роиҷ) ва тавҷеҳоти тарафи баҳси ман комилан мутафовит аст. Далеле, ки ҳам тарафи баҳси ман ва ҳам бештари навиштаҳои исломӣ барои риъояти ҳиҷоб овардаанд, ҷинсиятӣ (ҷендерӣ) ва ҷинсӣ (сексӣ) аст; ҳиҷобро гунае сипари бало дар баробари нигоҳи шаҳватолуди мардон таъбир мекунанд. Ба дурустию нодурустии ин нигоҳ ҳам намехоҳам инҷо бипардозам. Сирфан ба ин иктифо мекунам, ки ин нигоҳ ҳам муҳтарам хоҳад буд, агар фарди дорандаи ҳиҷоб шахсан ба он эътиқод дорад ва раъсан ҳиҷобро ихтиёр кардааст.

Ъиддае ҳам (ба монанди Ferz Ferz) дар баҳс бо ман бепарво занонро инсонҳои дараҷаи ду ва модуни мард донистаанд, ки муваззаф ба тан додан ба тасмимҳову дастурҳои мард аст; чун аз диди ӯ мард бартар аз зан аст. Ин дидгоҳи барбаронаро сазовори баррасӣ дар ин ҷустор намедонам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ беҳтар аз ман баладанд, ки дар садри ислом ва дар ъаҳди паёмбари ислом ҳиҷоб иҷборӣ набуд. Яъне мафҳуми ҳиҷоби иҷборӣ ва таҷрубаи ҳиҷоби иҷборӣ дар он даврон вуҷуд надошт. На танҳо иҷборӣ набуд, балки вожаи “ҳиҷоб” бо маънои мутадовили он дар ҷаҳони исломии имрӯз роиҷ набуд. Дар Қуръон ҳам, вақте аз пӯшиши занон сухан мегӯяд, ҳарфе аз “ҳиҷоб” (парда) нест, илло дар як маврид, ки марбут ба занони паёмбар мешавад. Муртазо Мутаҳҳарӣ, ки Сайидюнус ҳам ба навиштаҳои ӯ ишора кардаанд, дар “Масъалаи ҳиҷоб”-аш навишта:

“Ба ҳар ҳол, ояе, ки дар он калимаи “ҳиҷоб” ба кор рафта, ояи 53 аз сураи “Аҳзоб” аст, ки мефармояд:

و اذا سألتموهن متاعا فاسألوهن من وراء حجاب

Яъне “агар аз онҳо матоъу колои мавриди ниёзе мутолиба мекунед, аз пушти парда аз онҳо бихоҳед”. Дар истилоҳи ториху ҳадиси исломӣ ҳар ҷо номи “ҳиҷоб” омадааст, масалан, гуфта шуда, қабл аз нузул
и ояи ҳиҷоб чунон буд ва баъд аз нузули ояи ҳиҷоб чунин шуд, мақсуд ин оя аст, ки марбут ба занони пайғамбар аст... Аммо ин ки читавр дар ъасри ахир ба ҷои истилоҳи роиҷи фуқаҳо, яъне “сатру пӯшиш” калимаи “ҳиҷобу пардаву пардагӣ” шоеъ шудааст, барои ман маҷҳул аст. Ва шояд аз ноҳияи иштибоҳ кардани ҳиҷоби исломӣ ба ҳиҷобҳое, ки дар соири милал марсум будааст, бошад.”

4. Дар садри Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам (ки интишори ъаксе аз ҳиҷоби иҷбории як зани ғарбӣ дар ҳамон ҷо ба баҳси кунунӣ доман зад) ҳиҷоб ё пӯшиши исломӣ иҷборӣ набуд. Дар мустанадҳову филмҳои давраи инқилоб занони беҳиҷоби бисёреро мебинем, ки дӯшодӯши мардон ъалайҳи подшоҳу низоми салтанатӣ шиъор медиҳанд ё аз Имом Хумайнӣ пешвоз мегиранд ё дар ҳамапурсие, ки Эронро ба “Ҷумҳурии Исломӣ” табдил кард, ширкат мекунанд.

Пас чи шуд, ки ҳиҷобе, ки чи дар бадви ислом ва чи дар садри Ҷумҳурии Исломӣ иҷборӣ набуд, бар ҳамаи занон дар Эрон таҳмил шуд? Моҷаро дарозу печида аст, ки шояд нашавад дар чанд ҷумла тавзеҳ дод, аммо талош мекунам.

Бо расидани Имом Хумайнӣ ба қудрат баҳси ҳиҷоби иҷборӣ ҳам матраҳ шуд. Мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ мегуфтанд, ки дар садри ислом ҳам пӯшиши исломӣ иҷборӣ набуда, балки вобаста ба тасмим ва хостаи фард-фарди занон будааст. Ъуламои ҳавза (рӯҳониюн) вориди баҳс шуданд. Шуморе мувофиқ ва бархе ҳам мухолифи ҳиҷоби иҷборӣ буданд. Оятуллоҳ Маҳмуди Толиқонӣ аз маъруфтарин мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ дар миёни рӯҳониёни Эрон буд. Иттифоқан, мухолифати ӯ пас аз он эълом шуд, ки Имом Хумайнӣ дастур дод дар ҳамаи идораҳои давлатӣ занон пӯшиши сар дошта бошанд. Оятуллоҳ Толиқонӣ дар вокуниш ба ин фармони Хумайнӣ хитоб ба занони муътариз ба ин фармон гуфта буд:

“Ҳатто барои занҳои мусалмон ҳам дар ҳиҷоб иҷборе нест, чи бирасад ба ақаллиятҳои мазҳабӣ... Мо намегӯем, занҳо ба идорот нараванд ва ҳеч кас ҳам намегӯяд... Занон ъузви фаъъоли иҷтимоъи мо ҳастанд... Ислом ва Қуръон ва мароҷеъи дин мехоҳанд шахсияти зан ҳифз шавад. Ҳеч иҷборе ҳам дар кор нест. Магар дар деҳоти мо аз садри ислом то кунун занони мо чигуна зиндагӣ мекарданд? Магар чодар мепӯшиданд?.. Кӣ дар ин роҳпаймоиҳо занони моро маҷбур карда, ки боҳиҷоб ё беҳиҷоб биёянд? Инҳо худашон эҳсоси масъулият карданд. Аммо ҳоло ин ки рӯсарӣ сар кунанд ё накунанд, боз ҳам ҳеч кас дар он иҷборе накардааст.”
(Рӯзномаи “Иттилоъот”, Теҳрон, 20 исфанди 1357)

Вале дере нагузашт, ки як кас ва он ҳам болотарин мақоми Ҷумҳурии Исломӣ (Хумайнӣ) дар он (ҳиҷоб) иҷбор кард. Дастури Хумайнӣ дар идороти давлатӣ иҷро шуд ва заноне, ки тан ба ҳиҷоби иҷборӣ надоданд, машоғилашонро аз даст доданд. Чанд сол баъд (1363 / 1984) Қонуни муҷозоти исломӣ тасвиб шуд, ки бино бар он, занон иҷоза надоштанд беҳиҷоб дар хиёбонҳо зоҳир шаванд; занони беҳиҷоб ба 72 зарбаи шаллоқ маҳкум шуданд; барои ҷурми беҳиҷобӣ аз 10 рӯз то 2 моҳ зиндон ё ҷаримаи нақдӣ ҳам таъйин шуд.

5. Ҷолиб аст бидонем, ки ҳамин Ҳасани Рӯҳонӣ (Ҳасани Фаридуни пешин), ки акнун раисиҷумҳурии муътадилу миёнарав ва маъқули Эрон ба шумор меояд, дар он давра, дар оғози инқилоб, яке аз масъулони маҷбур кардани занон ба риъояти ҳиҷоб будааст. Оқои Рӯҳонӣ “масъули иҷрои тарҳи иҷборӣ кардани ҳиҷоб дар идороти марбут ба артиш” буд. Худи ӯ дар китоби “Хотирот”-аш дар ин бора навиштааст:

“Ба ҳар ҳол, аввал бор ъуламои Қум ба беҳиҷобии занон эътироз карданду гуфтанд: дар ҳукумати исломӣ ҳамаи занон бояд боҳиҷоб бошанд. Имом (Хумайнӣ) низ дар яке аз баёноти худ ба лузуми ҳиҷоб барои занон ишора карданд ва ҳамин боъис шуд ъиддае аз занони беҳиҷоб дар хиёбонҳо тазоҳурот кунанд ва дар муқобили кохи додгустарӣ ва нахуствазирӣ таҳассун намоянд. Дар ин ҳангом низ оқои Толиқонӣ пой пеш гузошт ва суханоне дар бораи ҳиҷоб иброз карду гуфт: “Ҳиҷоби иҷборӣ надорем ва хонумҳо бояд худашон ҳиҷобро интихоб кунанд.”

Дар идома менависад:

“Гурӯҳакҳо ва муҷоҳидини халқ ҳам иттилоъия медоданд, ки ҳиҷоб набояд иҷборӣ бошад. Дар давлати муваққат ҳам баҳс буд, ки оё ҳиҷоб бояд иҷборӣ шавад ё на. Хулоса, ҳамон тавр ки ишора кардам, оқои Толиқонӣ дар суханронии худ гуфт: “Мо наметавонем занони аҳли китобро маҷбур ба пазируфтани ҳиҷоб кунем, вале мусалмононро метавонем ташвиқ кунем, ки ҳиҷоб дошта бошанд ва дар ҳар сурат набояд касеро базӯр боҳиҷоб кунем. Бо вуҷуди ин, дар Ситоди Артиш бо дӯстон тасмим гирифтем ҳиҷобро илзомӣ кунем, ки оғозе барои вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ бошад.

“Тарҳи иҷборӣ шудани ҳиҷоб дар идороти марбут ба артиш ба ъуҳдаи ман гузошта шуд ва бад-ин ҷиҳат дар гоми аввал ҳамаи занони корманди мустақар дар ситоди муштараки артишро, ки наздик ба 30 нафар буданд, ҷамъ кардам ва пас аз гуфтугӯ бо онон қарор гузоштем аз фардои он рӯз бо рӯсарӣ дар маҳалли кори худ ҳозир шаванд. Занони корманд, ки ҳамагӣ ба ҷуз ду ё се нафар беҳиҷоб буданд, шурӯъ карданд ба ғур задану шулӯғ карданд, вале ман муҳкам истодаму гуфтам: “Аз фардо субҳ дижбони муқобили дарби вурудӣ муваззаф аст аз вуруди хонумҳои беҳиҷоб ба муҳавватаи ситоди муштараки артиш ҷилавгирӣ кунад.” Пас аз ситоди артиш навбат ба нерӯҳои сегона расид. Дар оғоз ба подгони Дӯшонтаппа рафтам ва ҳамаи кормандони занро, ки теъдоди онҳо зиёд буд, дар солуне ҷамъ ва дар бораи ҳиҷоб суҳбат кардам. Дар онҷо занҳо хеле сарусадо роҳ андохтанд, аммо ман қотеъона гуфтам: “Ин дастур аст ва сарпечӣ аз он ҷоиз нест.” Баъд тавзеҳ додам, ки мо намегӯем чодар сар кунед, баҳси чодар нест, сухан бар сари истифода аз рӯсарӣ ва пӯшондани сару гардан аст. Дар ниҳоят дар онҷо ҳам гуфтам ба дижбон дастур додаем аз фардо ҳеч зани беҳиҷоберо ба пойгоҳ роҳ надиҳанд.”
(“Хотирот”-и дуктур Ҳасани Рӯҳонӣ, ҷилди якум, сс. 571-573)

Ин аст шарҳи мухтасари вуруди ҳиҷоби иҷборӣ ба ҷомеъаи Эрон. Албатта, ин ки мегуфтанд "баҳси чодар нест ва кофист рӯсарӣ саратон кунед, то сару гарданатонро бипӯшонад" ҳарфе беш набуд. Пас аз муддате чодар ҳам барои кормандони зани идороти давлатӣ иҷборӣ шуд.

Ва акнун мебинем, ки бо гузашти беш аз 35 сол ҳамон гуфтмони ҳиҷоб дар ҷомеъаи Тоҷикистон дақиқан ба ҳамон шаклу раволе, ки дар Эрон буда, роҳ уфтодааст.

Ба бовари ман, ҳоло ки намунаи Эронро дар баробари чашмонамон дорем, набояд хатоҳои онро такрор кунем. Чиро хато? Ҳар касе, ки дастикам яке-ду ҳафта дар Эрон ва бавежа миёни мардуми шарифи он сарзамин буда (на дар маконҳои ба дур аз иҷтимоъ), бахубӣ дарёфтааст, ки ҷомеъаи имрӯзии Эрон бо ҷомеъаи 37 сол пеш, ки инқилоб карда буд, башиддат мутафовит аст. Нишонаҳои фаровоне ҳокӣ аз дур шудани мардум аз идеулужии ҳоким ва бавежа сиёсатҳои таҳмилии он, аз ҷумла ҳиҷоби иҷборӣ аст. Ва як бори дигар собит мешавад, ки таҳмили ҳеч чизе бар вифқи муроди таҳмилгарон тамом намешавад, ки ҳеч, натиҷае дуруст хилофи хостаи онҳоро ба бор меоварад.

Ба қавли Ризо Мормулак дар филми маъруфи “Мормулак”-и Камоли Табрезӣ:

“Оқои Фазлӣ, инқадр гир надеҳ ба ин ҷавуно! Охе биҳишт ки зӯракӣ намеша, ъазизи бародар! Унқадр фишор меёрӣ, ки аз ун вари ҷаҳаннам мезана берун!”

Thursday, August 06, 2009

New Member of Tajik Blogosphere

Хамванди нави торнигористони точик

Мелоди нахустин торнигори вижаи бонувонро бо номи бомусаммои «Бонувон» ба бошандагони торнигористони точик, ба вижа ба созандаи он бону Фарахноз шодбош мегуям. Фарахноз дар муъаррифии худ менависад:

Як зан ҳастам. Як модар. Як ҳамсар. Зане захмй аз зарбаҳои рузгор. Зани сархурда аз отифаю ишқ. Зани таҳсилдида, чаҳонгашта, аз санчишҳои сахти рузгор гузашта, зани боиффат, пойбанди арзишҳои ахлоқии хонаводагй, содиқу вафодор. Зани мубориз барои хукуки занон.

Точикистон имруза ба доштани занони мубориз беш аз пеш ниёз дорад, то сари сузан хукуке, ки ба хукми сарнавишт насибашон шуда буд, ба боди фано наравад ва нимаи акбари чамъияти кишварро комилан фалач накунад.

Фарахнозро аз наздик намешиносам, аммо бо доштани хаммехане чун эшон ба худ меболам. Зане озода, ки менависад:

Ҳаёти сертуғёни имрузй, пешрафту дигаргуниҳои босуръати он, пурпечутобию фарозу нишебҳояш аз мо касони имрӯзӣ талаб мекунад бо он баробар ҳаракат кунем, пеш равем, омӯзем ва хешро бо он мутобиқ созем. Аммо, афсӯс бисёрии мо, занон аз пешрафту дигаргуниҳои тези ин замона ва илму дониши он фарсахҳо дурем.

Аз таҳсил кардан ва ё аз омӯхтан бе насиб будаем ва ё дур мондаем ва роҳу равиши зиндагии имрӯзаро ба қадри даркорй намедонем. Наметавонем ҳаққу ҳуқуқи хешро талаб кунем. Ҳатто наметавонем барои паноҳ додани ҳаёти ки ба мо дода шудааст, талош кунем.

Агарчи мо худамон гирифтори ин ҳол ҳастем, кӯшиш намекунем, ки ин сарнавишт домангири духтарони мо набошад. Ҳол он ки ҳар духтаре ё зане аз донишу таҳсил бебаҳра монад, аз баробарй ва баробарҳуқуқй дар чомеа дур хоҳад монд.Чун дониш нест, ақлу фаросату фаҳмишу кӯшиш низ нест. Мегуянд, кишваре ки занони таҳсил кардаи хуб дорад, аз некӯаҳволи ва саодат бархӯрдор аст.

Дакикан хамин гуна аст, ки Фарахноз мефармояд. Хеч кишваре, ки занонаш пушти пардаи чахолат монда бошанд, ба пешрафт даст наёфтааст ва нахохад ёфт. Нодида гирифтани занони чомеъа ва адами мушорикати онхо дар умури ичтимоъию сиёсй ба масобехи парвози паранда бо як бол аст. Фарахноз омадааст, то боли дувуми чомеъаро хам бозу тавонманд кунад, то бо хар ду бол парвозе баландтар дошта бошем.

Ба Фарахнозу Бонувони Точикистон комгорй мехохем.

Бонувони Фарахноз хам ба Чархуфалаки Як Дарвеш афзуда шуда ва аз ин пас хар бор ки баруз шавад, ба садри чадвал хохад рафт. Шояд ин сафха хузури модарону хохарони моро дар торнигористон чашмгиртар кунад.

Sunday, July 27, 2008

Turkey Travelogue. Part 2

Сафарномаи Туркия. Бахши 2

Бале, вуруди бераводид ба кишваре, ки мо ин хама бегонааш медонем, то хадди зиёде мункалибам кард. Ба ёди рузхое уфтодам, ки барои дарёфти раводиди Эрон чи гуна дастбадомони бузургмарде чун Мучтахиди Шабистарй шуда будам ва чи гуна аз марзхои порае аз механам Эрон маро ба берун – ба Туркманистон парт карда буданд. Бо мухри кулуфте руи гузарномаам, ки дигар ичозаи бозгашт ба Эронро надорам.

Аммо Туркия бо огуши боз, бидуни пурсучу ва бозрасихои ошуфтакунанда пазирои мани точик буд. Ворунагии рузгор гохо мабхуткунанда аст.

Пайдо кардани токси дар фурудгохи байнулмилалии Истонбул кори сахте нест. Токсихои зарду сапедранги бешуморе дар баробари дарби хуручй саф баста буданд ва саф хам бо тундй дар харакат буд: мусофирони фаровоне то аз рох мерасиданд, дари яке аз худравхо бозу баста мешуду рох меуфтод ва токсии баъдй чои каблиро мегирифт.

Як нах сигор рохи синаро паймуду савори яке аз токсихо шудам. Бедиранг аз ронанда пурсидам, ки оё кашидани сигор дар худрав ин чо хам мисли Ландан мамнуъ аст. Гуфт: «Оре». Пас аз дакоике чанд ронанда нахи сигореро берун оварду равшан кард ва ба осудагй дудашро аз панчара ба берун фут мекард. Гуфтам: «Магар нагуфтй, ки кашидани сигор дар худрав раво нест?» Гуфт: «Окочон, то дилат мехохад бикаш. Чи касе коре ба кори мо дорад?»

Дарёфтам, ки Туркия хам чун кишвархои мо як пора аз чахони севвум аст, бо конуну коъидахои пуртумтароки бисёре, ки маъмулан хеч кадом ба дурустй риъояту ичро намешавад. Як мушт когаз, ки барои ороиши зохири кишвар ва бозтоби бехтари он барои хорич тахияву тадвин шудаанд, аммо дар дарун арзиши ростине надоранд.

Ичозаи ронанда хам боъис нашуд, ки ба таклид аз у коъидаеро накз кунам ва дар худрав сигор бикашам. Бархе аз чизхо худ ба худ дар зехни нохудогох (подсознание) кудбандй (кодирование) мешавад ва тагйиру дасткории он чандон сода нест.

Сухбати ман ба забони туркй ронандаро ба вачд овард ва бороне аз таърифу тавсифхои газофе бар сару суратам боридан гирифт. Гуфтам: «Нахайр, ба он хубй хам ки фикр мекунй, нест. Чун харгиз дар Туркия набудаам ва имкони гуфтугу ба ин забон маъмулан ба ман даст намедихад.» Ронанда нахуст изхори шубха кард, ки ин нахустин дидори ман аз кишвари уст. Сипас гуфт: «Ба хар хол, туркии ту бехтар аз инглисии ман аст ва бехтар аст туркй сухбат бикунем.»

Бори дигар гурури миллии туркхо чилави чашмхоям мутачассим шуд: ду калом ба забони туркй басанда аст, ки хусни таваччухашонро барангезй.

Аз асолатам чуё шуд. Гуфтам, порсам аз Точикистон. Гуфт: «Магар точикхо туркзабон нестанд?» Дандон руи чигар гузоштаму бо эхтиром посух додам: «Точикхо харгиз туркзабон набудаанд ва дар вокеъ «точик» хамвора ба маънии мухолифи «турк» ба кор рафта ва маъние чуз «порсу эронй» надорад.» Ин сухан барояш тозагй дошт.

Чун аз Точикистон хеч огохии бадардбихур надошт, аз Эрон гуфт. Аз ин ки Эрон чи кишвари бошукух ва мухиммест. Гуфт: «Эрон танхо кишварест, ки бо истиклоли раъй ва бо ифтихору сари баланд дар чахон пои харфу мавзеъи худ устувор истодааст. Дар холе ки Туркияи мо дунболарави Гарб аст. Сиёсатхои моро туркхо на, балки омрикойихо таъйин мекунанд, ки боъиси шармсории мост.»

Дарег мегуфт, ки кишвараш мисли Эрон нафту гоз надорад, то ба неруи худаш муттакй бошад. Ва хатто шак дошт, ки Туркия дар вокеъ фокиди ин сарватхои табиъист. Мегуфт: «Охир чи тавр аст, ки дар ин минтака хамаи кишвархо, хавзаи Халичи Форс, Эрон, Озарбойчон, Казокистон... нафту гоз доранд, аммо Туркия надорад? Хатман мо хам дорем, аммо давлати коромаде нест, ки онхоро пайдо ва истихроч кунад. Аз ин чост, ки мачбурем харфшунав бошем.»

Гуфтам: «Магар ин сиёсати Ототурк набуд, ки мехост Туркияро ба думи Гарб бибандад ва по ба пои Гарб чилав биравад?»

Зохиран ин пурсиш барои як турки Туркия бисёр хассос буд, ки ронанда дар додани посух диранг кард. Посухаш хам чизе чуз «Намедонам, воллох» набуд. Пурсидам, ки назараш дар бораи Ототурк ва зарурати арч гузоштан ба у чист. «Оё дуруст аст, ки шумо мачбур бошед ба касе эхтиром бигзоред? Ва агар, масалан, эълом кардед, ки ин эхтиром ба Ототуркро дар вучуди худ сурог надоред, равонаи додгоху зиндон шавед?»

Гуфт: «Ман муътакидам, ки Ототурк барои миллати мо корхои шоистаи фаровоне кардааст. Агар Камол Пошшо набуд, имруз мо Туркияро хам ба ин шакл надоштем. Аммо ичбор дар эхтиром гузоштан ба уро ман хам дарк намекунам. Ототурк сафхаи заррине аз торихи моро навишт, аммо у дигар моли гузашта аст. Мо бояд ба фикри оянда бошем.»

Пушти чароги сурх таваккуф кард ва ба ногох ба бонуе ишора кард, ки шалворхои почакутох ва ти-шерт (футболка)-и часпида ба тан дошт. Гуфт: «Ин хонумро мебинй? Нималухт аст. Айни омрикойихо! Касе хам ба у коре надорад. Ва холо ба он гуша нигох кун. Он хонуми чодуриро мебинй? Оё хуб нест, ки хар кас бо имону эътикоди худ хуш бошад? Ман, ба ростй, ба озодии интихоби инсон эътикод дорам. Набояд ичборе дар кор бошад.»

Бисёр суханхои баланду зебо. Хушам омад. Аммо дар идомаи сафар мутаваччех шудам, ки ин хамзистй ба зебоие нест, ки ронанда бароям тавсиф кард. Духтарони фарангипуше буданд, ки аз хамлаи исломихо ба хотири пушиш гилоя мекарданд. Мегуфтанд, шумори духтарони хичобй бештар аз гузашта аст, чун духтарон метарсанд, ки хадафи хамлаи мутаъассибони мазхабй вокеъ нашаванд.

Вале шуморе дигар инояти бештари духтарон ба хичобро ба хисоби давлати кунунии Туркия мегузоштанд, ки дорои идеулужии исломист.

Ин мавзуъро намешуд дар рузи нахусти сафар ба Туркия мушикофй кард.

Сафарномаи Туркия. Бахши 1

Monday, March 10, 2008

Sheikh Al-Munajid on Women's Rights in Islam



Relevant Youtube Footages:
http://www.youtube.com/watch?v=Mg3LO4VYTxw
http://www.youtube.com/watch?v=L_o7QnKAmUs
http://www.youtube.com/watch?v=JUBLfcGcN5Y&feature=related

Friday, March 07, 2008

Will We Sweep Away the Sorrow? (Photo Essay)

(Аксхо аз П.Б. Мухаммад ва Г. Точикфар - Jadidonline.com)
Бо чи чорубе метавон андухи ин чашмонро руфт?




Women in Islam (Cyr Persian)

Хушдор: Агар тоби шунидани суханони як шаккокро надоред, лутфан ин матлабро нахонед, чун бароятон ба гирифтории зехнии алиме табдил хохад шуд.

Шояд ин навиштахо эхсосоти бархе азизонро чарехадор кунад, аммо чун рох дар чахон якест ва он рохи ростист, умедворам накли далоилеро бар камин бо бузургворитон бибахшед.

Дар огоз аз тафсиру талкин худдорй мекунам ва оётеро аз сураи "Нисо" (Зан)-и Куръон шохид меоварам, то чойгохи зан дар китоби мукаддаси ислом бароямон равшантар шавад:

«Агар метарсед, ки дар бораи ятимон ба адолат рафтор накунед, бо заноне, ки барои шумо поку дилхохатон хастанд, издивоч кунед. Бо дуто ва сето ва чахорто. Агар метарсед, ки беъадолатй кунед, ба як зан ё ба канизакон иктифо кунед. Ин кор барои ин ки зулм накунед, бехтар аст. (3)»

«Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки писар ду баробари сахми духтарро дорад.»

«Агар хама духтар ва беш аз дуто буданд, ду севуми ирс мутаъаллик ба онхост ва агар факат як духтар буд, нисфи ирс ба у мерасад."

Афроде аз занони шумо, ки муртакиби кори зиште шаванд, чахор шохид бар хатои онхо бигиред. Агар шаходат доданд, онхоро то вакти марг дар хона нигах доред ё ин ки Худо рохе барои онхо карор дихад. (15)»

«Ду марде аз шуморо, ки муртакиби кори зишт мешаванд (хамчинсбозй), бо азияту озор мучозот кунед. Агар тавба карданду корашонро ислох карданд, аз онхо сарфи назар кунед. Чун Худо тавбапазири мехрубон аст. (16)»

«Модаронатон ва духтаронатон ва хохаронатон ва аммахоятон ва холахоятон ва духтари бародарон ва духтари хохаронатон ва модархои разоъии шумо, ки ба шумо шир додаанд ва хохархои ширии шумо ва модарзанхоятон, ки дар хонаи шумо хастанд, дар сурате ки бо модари онхо хамбистар шудаед, бар шумо харом хастанд. Магар ин ки факат акд карда бошед ва хамхобагй анчом нагирифта бошад, чун дар ин сурат ишколе бар шумо нест.»

«Ба хотири ин ки баъзеро бар баъзе бартарй додаем ва ба хотири харче, ки мекунанд, мардон бар занон бартаранд (аз занон мурокибат мекунанд). Бино бар ин, занони солехи фармонбардор дар гиёби шавхаронашон хофизи он чи Худо барои онон хифз карда хастанд. Занонеро, ки аз нашуз (нофармонй)-и онхо метарсед, аввал онхоро насихат кунед, дар рахтхоб аз онхо канорачуйи кунед ва онхоро бизанед. Агар аз шумо итоъат карданд, дунболи рохе бар алайхи онхо нагардед. Чун Худо баландмартаба ва бузург аст. (34)»

Сураи «Ахзоб»

«Эй Пайгамбар, мо занонатро, ки махрияи онхоро додайи ва канизонатро низ ки Худо насибат карда ва духтаръаму ва духтаръамма ва духтардойи ва духтархолае, ки бо ту мухочират кардаанд, барои ту халол кардем. Ва зани муъминеро, ки худашро бидуни махрия ба Пайгамбар бибахшад, дар сурате ки Пайгамбар бихохад бо у издивоч кунад. Ин хукми охир факат ба ту ихтисос дорад, на ба муъминин. Мо медонем, барои муъминин дар мавриди хамсарон ва канизонашон чи дастуре додаем, то бар ту ишколе набошад. Мусалламан, Худо омурзанда ва мехрубон аст. (50)»

Дар «Аходис»-и Имом Бухорй (vol. Iv, p.91) накли кавле аз Мухаммад хаст, ки гуфтааст, дар шаби баъсат ба малакут “мутаваччех шудааст, ки сокинони дузах бештар аз зумраи занон хастанд”.


Мавзуъи сатр ё хичобро дар ду сураи Куръон мебинем: сураи “Ахзоб” ва бо тафсили бештар дар сураи “Нур”:

و َقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيوبِهِنَّ وَلَا يبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاء بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاء بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِى إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِى أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيرِ أُوْلِى الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاء وَلَا يضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيعْلَمَ مَا يخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

«Ва ба занони боимон бигу дидагони худро фуру банданд ва покдоманй варзанд ва зевархои худро ошкор нагардонанд, магар он чи табъан аз он пайдост. Ва бояд русарии худро бар гардани хеш андозанд ва зевархояшонро чуз барои шавхаронашон ё падаронашон ё занони худ ё канизонашон ё хидматикорони мард, ки (аз зан) бениёзанд ё кудаконе, ки бар авратхои занон вукуф хосил накардаанд, ошкор накунанд ва похои худро накубанд, то он чи аз зинатхошон нухуфта доранд, маълум гардад. Эй муъминон! Хамагй ба даргохи Худо тавба кунед. Умед, ки растагор шавед.»

وَ الْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاء اللَّاتِى لَا يرْجُونَ نِكَاحًا فَلَيسَ عَلَيهِنَّ جُنَاحٌ أَن يضَعْنَ ثِيابَهُنَّ غَيرَ مُتَبَرِّجَات بِزِينَة وَ أَن يسْتَعْفِفْنَ خَيرٌ لَّهُنَّ وَ اللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

«Ва бар занони азкоруфтодае, ки (дигар) умеди заношуйи надоранд, гунохе нест, ки пушиши худро канор ниханд, (ба шарте, ки) зинатеро ошкор накунанд ва иффат варзидан барои онхо бехтар аст ва Худо шунавои доност.”

Холо бибинем, ки шаъни нузули ояи 30-и сураи “Нур” чи будааст. Ба истинод ба Имом Бокир дар ин бора омадааст:

“Чавоне аз чамоъати Ансор дар шахри Мадина бо зане рубару шуд. Дар он замон занон пушиши сари худро пушти гушхои худ меандохтанд (дар натича, баногуш ва гардани эшон ҳувайдо буд). Вакте зан аз канори вай гузашт, чавон сарро ба акиб баргардонд ва хамчунон ки рох мерафт, вайро назора мекард ва вориди кучае шуд ва дар холе ки ба пушти сари худ нигох мекард, ба рохи худ идома дод, ки сураташ ба устухон ё тиккаи шишае, ки аз девор берун зада буд, бархурд кард ва шикаст. Вакте он зан аз назараш махв шуд, нигох кард ва дид, ки бадан ва либосаш хунин шуд. Ва гуфт: Ба Худо савганд, хидмати Расули Худо мерасам ва уро аз ин масъала хабардор мекунам. Пас хидмати Расули Худо шарафёб шуд. Паёмбар аз холи вай чуё шуд ва у чараёнро ба иттилоъи он чаноб расонд. Пас Чабраил нозил шуд ва ин ояро овард».

Ин хам калофи дарозест, ки метавон соъатхо дар борааш гуфту навишт. Вале шаъни нузули он чолиб аст. Нахваи бастани русарй миёни занони чохилия дар ин тафсир ба нахваи ороиши сари бештари бонувони точик шабохат дорад, ки русариро аз пушти сар мебанданд. Ман то кунун касеро надидаам, ки бо дидани зане инчунин сари худро хуншор карда бошад. Чун мо ба ин навъи пушиш ху гирифтаем. Ва агар касе бо гузори хар зане ба ин шакл шахваташ барангехта шавад, бояд хатман дар мавриди саломати равонаш тардид кунад.

Холо дар Фарангистон. Мардхои фарангиро наметавон ба номардй муттахам кард, албатта, ки бо дидани зане зебо ба у дубора назар накунанд. Вале андак мавридеро метавон дид, ки пушиши зане касеро ба маталак гуфтан ба он зан водорад. Озодии зан дар мавриди пушиш як амри пазируфташуда ва табиъист. Мутмаиннан, сохтори магзашон аз мо мутафовит нест, аммо дидгоххои фархангишон табакабандии хоссе дорад ва медонанд, ки масалан, катор бошгохи шабона нест, ки бо духтарон лос бизанй. Тахарруки чинсй дар кучаву хиёбонхои Фаранг замоне рух медихад, ки тараф аз кишвари бастае омада бошад ё ба истилохи мардумй, нодида бошад. Ин як пахлуи мавзуъ аст.

Аммо эътирози ман ба эъмоли дидгоххои мардон бар занон аст ва кафасй кардани иродаи занон. Занхо, ки бузургтарин вазифаи башариро анчом медиханд, ба андозаи мардхо хиради онро доранд, ки чи гуна рафтор кунанду чи гуна либос бипушанд. Чаро мо бояд ба ин пиндори галат бошем, ки мардхо бояд ин чомеъаро кунтрул кунанд? Чаро фикри баробарй бо зан моро битарсонад? Чаро хамзистии шоиста ва боэхтиром бо занон муяссар набошад? Агар зан бо иродаи худ тарчех медихад хичоб бипушад, чаро монеъи у шавем? Ва агар боз хам у хост хичобашро канор бигзорад, чаро уро ба беъиффатй муттахам кунем? Ба ёди достони Эрач Мирзо уфтодам дар бораи зани мухаччабае, ки бо ин ки дар паскучае бо як мард амали чинсй анчом дод, боз хам хушхол буд, ки хичобашро хифз кардааст. Чи басо занони бехичобе, ки аз иффати бештар бархурдоранд ва чи басо мухаччабахое, ки аъмоли мармузи чинсй барояшон фикри музохим (навязчивая идея) ва укда шуда ва зиндагиашонро махдуш кардааст.

Кутохи калом, мард метавонад ба хамсари худ дар бораи пушишаш назар бидихад, хамон тавре ки зан мекунад. Аммо хакки маънавии тахмили як пушиши вижа бар занро наметавонад дошта бошад.

Happy 8 March! Happy? (Persian)


Шараре дар нигохи ту ба ман наметобад,
Ки бо шарораи калбам чахон бисузонем.
Дили нопоки ситамкор пора-пора кунем,
Шамъи хомуши туро боз барфурузонем.

شرری در نگاه تو به من نمی تابد
که با شراره قلبم جهان بسوزانيم
دل ناپاک ستمکار پاره پاره کنيم
شمع خاموش تو را باز برفروزانيم

Thursday, March 06, 2008

The Women's Question (Cyr Persian)


Чанд руз пеш (020308)дар Бритониё рузи Модар буд, ки аз айёми мазхабист ва хар сол пешу акиб мешавад. Имсол он такрибан бо 8-морс мусодиф шуд.

Давру барам азизоне нестанд, ки барояшон яке аз фароизи мардони шуравиро адо кунам. Ростй, аз Шуравй агар хич чиз хам ба ёдгор намемонд, хамин рузаш хам мояи дилдорй буд.

Дар сарзамине, ки «занро бизан; агар намурад, сахттар бизан!» (ин хам як фурмули мазхабист) ба вуфур ба гуш мерасад, дар хамин як руз муштхои гирехшуда, пеш аз ин ки бар фарки зан фуруд ояд, тааммул мекунад. Дар хиттае, ки дар васфи зан гуши замонаро пур карда ва шояд хич сарзамини дигаре ин кадр хадиси зебоиву чамоли чинси латифро нагуфтаву нашунида бошад, зан аст, ки лутфи андак мебинад. Дар кишваре, ки бори рузгораш ба души занхо уфтода, аммо ачре барояшон намерасад, ин руз бехамтост.

Як дусти хубам яке-ду руз пеш навишта буд: Бо ин ки худуди шаст дарсади чамъияти Точикистонро занон ташкил медиханд, дар Мачлиси Намояндагон танхо 18 дарсад зан хастанд ва дар Мачлиси Миллй 12 дарсад. Ин омор дар Точикистон камтар маънй медихад. Хатто агар дар хар ду мачлис хам 60 дарсадй занон хузур доштанд, боз хам авзоъ бехтар аз ин намешуд. Чун вазъияти зан маълули фарханги мардсолори мост, ки дар вучуди так-таки мо, чи марду чи зан фазои фарохеро ишгол кардааст.

Худи занон дар мавориде бештар аз мардон мураввичи ин фарханги галатанд ва худро кехтар аз чинси музаккар мебинанд ва ситами мардро як чизи табиъй ва хатто зарурй медонанд. Бо ин ки бори рузгор хам ба душашон уфтодааст, хануз муътакиданд, ки факат шонахои мард аст, ки метавонад бурдбор бошад. Дар холе ки солиёни ахир иктидори занро ба намоиш гузошт ва дидем, ки зан хам дар хадди мард ва хатто бархе бехтар аз мард тавони анчоми корхоеро доранд, ки мо мекунем. Мантикан дигар бояд решаи он фарханг бихушкад. Вале зохиран хануз хам фурсаташ фаро нарасида ва ломасаб чонсахт аст.

Бархе аз навиштахои расонахо ва пажухандахои Гарб дар бораи занро мурур мекардам, аз солиёни пеш, то бибинам ру ба рохем ё ру ба чох. Дар соли 2000 як пажухишгар навишта: «Шумори физояндаи занон, ба вижа берун аз шахрхои умдаи Точикистон, хичоби исломиро риъоят мекунанд, харчанд дидани зане, ки комилан мастур бошад, як амри нодир аст. Хамчунин ба таври рузафзун мушохида мешавад, ки мардон дидгоххои худ дар мавриди мавозини исломро бар занон тахмил мекунанд. Шуморе аз занони чавон дар Душанбе хам акнун русарй доранд, чун аз хушунати мардони чавон бим доранд. Занон акнун осебпазиртаранд, ба ду иллат. Нахуст ин ки химояти давлат аз онхо заъифтар шуда ва дуввум ин ки дар бисёре аз маворид худи занхо аз хукукашон дар шариъати исломй огох нестанд ва наметавонанд бар мабнои усули ислом аз хукуки худ дифоъ кунанд.» (Women and Gender Relations in Tajikistan, Jane Falkingham, April 2000).

Дар ин хашт сол чизе тагйир карда? Оре. Бадтар шуда. Дар холе ки дар Чумхурии Исломии Эрон бо вучуди султаи даступогири мазхабй шумори занони донишчу дар донишгоххо 65 дарсад шудааст. Пеш аз инкилоб ин ракам давру бари 35 дарсад буд. Яъне огохии физояндаи занон ин оморро дуруст воруна кардааст, ба суди занхо. Тавре ки макомоти давлатй нигарон шудаанд ва аз Ахмадинажод хостаанд, ки чорае биандешад ва чилави вуруди фаваронии занхо ба донишгоххоро бигирад. Таъаччуб нахохам кард, агар фардо (фардои фарзй) хатто рахбари Эрон хам зан шавад. Чун аксарияти бузурге аз занони Эрон бандхои зехнии худро шикастаанд ва талош мекунанд аз зулму ситам ба куллй рахо шаванд.

Холо бибинем расонахо дар бораи вазъияти зан дар солхои наздиктар ба мо чи навиштаанд:

«Хушунати хонаводагй дар Точикистон бедод мекунад. Мизони худкушй афзоиш меёбад. Шахноза, яке аз донишчуёни точик мегуяд: «Далели он инзивои беш аз хадди занхост. Агар занеро дар хона кутак бизананд (лату куб кунанд), у касеро надорад, ки бо у дарди дил кунад. Ачаб нест, ки занхо навмеду афсурда мешаванд ва дар бархе маворид касди худкушй мекунанд.» Мутарчими мо Таня бо ин суханон мувофикат карду гуфт: «Зан дар Точикистон эхтироме надорад. Ману хохарам бо фарзандонамон дар охири хафта рафта будем пикник ва як гурух мардон ба мо хамла карданд. Одамони атроф факат истода буданду тамошо мекарданд. Хохари ман баъд аз он ходиса ду мох дар бемористон буд.»
(Tough Life for Tajik Women, Rachel Ellison, BBC, Tajikistan, 23 July 2005).

Мумкин аст ин гузориш ба 33 забони Би-Би-Си баргардон ва барои даххо кишвари чахон пахш шуда бошад ва барои садхо хазор тан аз фарханги мо чунин тасвиреро ба даст дода бошад. На, 33-то холост. Он хамон Би-Би-Си 43 бахши забонй дошт.

Агар барои хич касу хич чизе хакки такаддус коил набошем, шояд боз хам Модар мустасно бошад. Яъне мукаддастарин мавчуди руи Замин дар Точикистони мо инчунин хол дорад. Зане, ки номи у бо «зиндагй» хамреша аст (дар холе ки «мард» аз «мурдан» меояд ва ба маънои «миро»-ст. Албатта, дар гузашта «мард» ба маънои «инсон» буда ва хар инсоне мирост. Дар забонхои бостонии эронй барои маънои мард аз вожаи «нара» кор мегирифтанд. Аммо пайванди миёни «женщина» ва «жизнь»-и русй ва «мард»-и мову «смерть»-и русй ва «marido»-ву «morir»-и испониёйи ба маънои «шавхар» ва «мурдан» хам кобили мулохиза аст).

Пас дар остонаи Рузи Зан ва Модар таманное дорам, ки завлонахои зехнии так-таки зояндагони миллат бишканад ва хама гом бар пайрохаи талошу мучохидат бигзоранд. Сарнавишти миллат то андозаи зиёде банди хамин монеъ аст. Тамоми кишвархои Фаранг танхо замоне ба холати кунунии худ расиданд, ки занон дар инкилоби санъатй далерона вориди майдони омузишу кор шуданд ва дар баробари мардон карор гирифтанд. Нируи тавлидоти зехниву чисмии Фарангистон якбора ду баробар шуд ва ин кишвархоро ба осмони тараккй савк дод. Занхо то хадди зиёде мухтори сарнавишти худ шуданд. Дар авоили садаи бист хич як аз ин кишвархо хам ба занон хакки раъй намедоданд. Холо занонашон ба болотарин макомхои рахбарй мерасанд (мисли Тотчеру Меркел; Омрико хануз вопасмонда аст). Наметавон иддаъо кард, ки занони фарангй дигар мушкиле надоранд. Аммо тафовути чойгохи занони ин чо ва занони Точикистон аз замин то ба Парвин аст. Ва агар фикр мекунед «одобу русуми динию миллиро бояд хифз кард», метавон аз занони Эрон дарси ибрат гирифт, ки бо хамон одобу русум калби охундхоро ба ларза афкандаанд. Сари ин мавзуъ борхо метавон баргашт. Пас ба умеди дидор.

Пайнавишт: Талош кардам наворхои видеуйии ин хафта хам хатталимкон вижаи занон бошад.