Showing posts with label London. Show all posts
Showing posts with label London. Show all posts

Friday, July 30, 2010

London-Dushanbe Travelogue

Роҳгуфтаҳои Ландан - Душанбе

(Ногуфтаниҳои 14.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)

Аз даруни лӯлаи бузурге мегузараму вориди солуни ҳавопаймои “airBaltic” мешавам. Мақсади парвоз шаҳри Риго аст ва мақсади ниҳоии ман - шаҳри Душанбе. Солҳост, ки вуруди ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Бритониё мамнӯъ эълом шуда ва интизор ҳам намеравад, ки дар ояндаи наздик шароити парвози ширкатҳои тоҷикӣ бо мавозини парвози байнулмилалӣ ҳамхонӣ пайдо кунад, то бишавад мустақиман аз Ландан ба Душанбе парвоз кард. Аз ин рӯ ҳоли ҳозир ночорем дастбадомони ширкатҳои хориҷӣ бошем, ки дар ин миён ширкати “airBaltic”-и Летунӣ (Латвия) гӯи рақобатро аз ширкатҳои дигар бурдааст ва муштариёни бештареро ҷазб мекунад.

Шароити парвоз бо ҳавопаймои ин ширкат аз мавозини байнулмилалӣ бархурдор аст. Бархурди мизбонони ҳавопаймо бо мусофирон ҳам тавъам бо эҳтирому адаб аст ва ибороте чун “сипосгузорам” ва “хоҳиш мекунам” ҳар он ба гӯш мерасад. Огаҳиҳо ба ду забони инглисию летуниёӣ пахш мешавад ва мизбонон ҳар ду забонро, ба изофаи забони русӣ, бахубӣ баладанд; ҳарчанд русиро бо лаҳҷаи ғализтар суҳбат мекунанд, ки ҳокӣ аз дурии нисбии мардуми Летунӣ аз фарҳанги русист.

Интизори мо дар Риго ҳудуди ду соъат ба дарозо мекашад. Дар солуни интизор гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро мебинам, ки даври духтаре эронӣ бо мӯҳои муҷаъад (ҷингила)-и боз гирд омадаанд ва бо иштиёқи тамом ба саргузашти ӯ гӯш медиҳанду ҷӯёи синну солаш ҳастанд. Духтар мегӯяд, номаш Маъсума асту 21 сол дорад ва аз Утриш (Австрия) меояд. Мутаваллиди онҷост, аммо падару модараш эронианд. Ҷавонони тоҷик таъаҷҷуб мекунанд, ки бо вуҷуди дурӣ аз Эрон ӯ бо чи салосату салобате ба форсӣ суҳбат мекунад. Маъсума ҳам ба навбати худ ибрози шигифтӣ мекунад, ки дар дарку фаҳми суҳбатҳои тоҷикон аслан мушкиле надорад: “Забонатон, ки тақрибан мисли забони мост!” Ман ҳам вориди баҳс мешавам ва тавзеҳ медиҳам, ки суҳбат аз ду гӯиши забони ягонаи порсӣ аст, на ду забони ҷудогона. Ҳам Маъсума ва ҳам ҷавонони тоҷик, ки аксаран аз Киев меоянд, бо ин иддаъои ман мувофиқат мекунанд.

Бо дӯстони тозаёфтаам ба самти ҳавопаймо меравам. Ин бор аз он лӯлаи бузург, ки солуни интизорро бо солуни ҳавопаймо васл мекунад, хабаре нест. Аз пилакон (зинапоя)-е, ки ба баданаи ҳавопаймо часпондаанд, боло меравем. Шояд ба далели ин ки ин бор мақсади парвоз Душанбе аст ва ба таҷаммулу тасҳилот ниёзе нест.

Нохудогоҳ дармеёбам, ки бархурди мизбонони ширкати “airBaltic” бо мусофирон ҳам ин бор мутафовит аст. Забони русӣ беш аз пеш ба гӯш мехурад ва фарёдҳои асабонии мизбонон бар сари мусофироне, ки зоҳири тоҷикӣ доранд, гӯшҳоро меозорад. Огаҳиҳо аз утоқи фармони ҳавопаймо ба се забони инглисию русию летуниёист, аммо аз забони форсӣ (тоҷикӣ), ки забони расмии кишвари мақсад (Тоҷикистон) аст, хабаре нест. Гӯё мо дар ҳоли сафар ба яке аз вилоёти Русия ҳастем, на як кишвари мустақил, ки забони худашро дорад.

Шояд ба далели набуди огаҳиҳо ба забони форсӣ бархе аз мусофирон ба тақозои утоқи фармон таваҷҷуҳе надоранд. Дуруст ҳангоме ки халабон аз мусофирон мехоҳад, ки сари ҷояшон бинишинанду камарбандҳои эминиро бибанданд, мусофире аз ҷо баланд мешавад, то чамадонашро аз тоқча бигирад. “А ну-ка сядьте на свое место!” Фарёди мизбон фазоро пур мекунад ва он мусофири бахтбаргашта саросема ба сандалиаш бармегардад. Пур равшан аст, ки мизбонони “airBaltic” мусофирони тоҷикашонро сазовори арҷу эҳтиром намедонанд; ҳамон мизбононе, ки ҳангоми парвоз аз Ландан ба Риго забонашон шакаррез буд, ин бор тундию талхӣ мепошиданд.

Дар фурудгоҳи Душанбе ҳам пилакон (зинапоя) ба баданаи ҳавопаймо мечаспаду пиёда мешавем. Ҳамон бисоти чандин сол пеш; тағйири чандоне намебинам. Марзбони тоҷике дами дар дарро боз мекунаду мегӯяд: “Проходите, пожалуйста!” Ба утоқи фармони “airBaltic” ҳақ медиҳам, ки забони расмии моро нодида бигиранд. Забоне, ки дар фурудгоҳи пойтахташ арҷе надорад, чи гуна метавонад дар ҳавопаймое бегона арҷ бибинад?

Мебинам, ки ин бор саффи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз саффи меҳмонони Тоҷикистон бо ду навишта аз ҳам ҷудо кардаанд. Хушҳол мешавам, ки дастикам дар як маврид ҳисси соҳиби ин марзубум будан ба мо даст медиҳад. Пас аз ҳудуди даҳ дақиқа интизор дар саффи “Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” як марзбони тоҷик эълом мекунад, ки шаҳрвандони кишвар бояд ба саффи дигар бипайванданд, ки дар баробари он навиштаи “Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ”-ро овехтаанд. Фалсафаи ин тасмимро дарнамеёбам ва аз ҷоям ҳам такон намехурам. Мехоҳам аз маъмури муҳру имзои гузарномаҳо бипурсам, ки чаро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон дар саффи бегонагон мунтазир бимонанд. Аммо маъмур ҳавсалаи суҳбат надорад. Чанд пурсише аз киву чи будани ман, муҳру имзо ва падруд.

Дар баробари ду навори богож мунтазири бор мемонам ва ба худ меандешам, ки чанд сол тӯл кашид, то як навор табдил ба дуто шавад ва чанд соли дигар тӯл хоҳад кашид, то навори севуму чаҳорум ҳам сохта шавад. Мутмаин мешавам, ки фурудгоҳи Душанбе воқеъан нодир аст. Ҳеч шаҳреро надидаам, ки як чунин фурудгоҳи муҳаққаре дошта бошад, чи бирасад ба фурудгоҳи аслии як кишвар.

Савори токсӣ мешавам. Ҷастухези мошин рӯи роҳҳои пурчоҳи пойтахт саргиҷаам медиҳад. Аз ронанда мепурсам, ки ин роҳҳо кай обод мешуда бошад. Мегӯяд, ин роҳ базудӣ осфолт хоҳад шуд, чун “ин роҳ прямо то Белий Дома мера ва ҷаноби олӣ аз ҳамин ҷа мегузара.” Мепурсам: “Вале роҳҳое, ки мардум аз рӯяшон мегузаранд, кай обод мешавад?” Ронанда бо таъаҷҷуб ба ман нигоҳ мекунаду чизе намегӯяд.

Ман ҳам ногуфтаниҳои фаровонеро дар сина маҳбус мекунаму чизе намегӯям.

Wednesday, June 10, 2009

Tajik Students’ Protest in London

Тазохуроти чавонони точик дар Ландан


Барои нахустин бор шахрвандони точики мукими Бритониё тасмим гирифтанд бо баргузории рохпаймойи ва сар додани шиъорхои хакталабона хузури худ дар ин кишварро аланй кунанд. Аммо осмони гирёни Ландан ва ба вижа эътисоби кор (корпартойи)-и коргарони метруи пойтахти Бритониё ба баргузории саривакти тазохуроти чавонони точик алайхи бегонаситезй дар Русия мусоъидат накард.

Бо вучуди ин, даххо тан аз мардуми точик, умдатан чавононе, ки дар Бритониё дарс мехонанд, дар холи гирди хам омадан дар Хойд Порки Ландан хастанд, то аз он чо ба суи сохтмони Сафорати Русия рох пеш бигиранд. Дар ин миён точикони Афгонистону Узбакистон низ хастанд.

Ин тазохурот ба монанди хар навъ икдоми дигаре, ки барои нахустин бор анчом мешавад, метавонад хеле чашмгир набошад. Ба вижа ба далели ин ки донишчухо дар шахрхои мухталифи Бритониё парокандаанд ва эътисоби кори метру хамлу накл дар Ланданро такрибан фалач кардааст. Аммо кучактарин садои эътироз бехтар аз сукут аст. Ва мусалламан ба гуши сардамдорони сафорати Русия дар Ландан хохад расид ва онхоро мутмаин хохад сохт, ки дар оянда метавонанд интизори шунидани садохои баланду бештареро дошта бошанд.

Аз суи дигар, ин тазохурот метавонад ба точикони Русия дилдорй дихад ва онхоро низ ба анчоми икдомоти тадофуъй ва эътирозй барангезад. Ба монанди тазохуроти порсигуён дар баробари сафорати Афгонистон дар Ландан дар эътироз ба икдомоти зиддифархангии вазири фарханги Афгонистон, ки огозгари мавче аз тазохуроту эътирозот дар даруни Афгонистон шуд.

Хануз тазохурот рох науфтодааст. Чузъиёти он дар рох аст.


Соъати 14:50 ба вакти Ландан

Тазохурот бо шиъору фарёдхои баланд ва зарби таблу накораи муътаризони точик дар баробари сохтмони Сафорати Русия дар Ландан идома дорад ва шояд то як соъати дигар ба поён бирасад. Шумори муътаризон худуди 50 тан баровард мешавад.


16:10

Тазохурот то хаволии соъати 15:30 бо шиъорхои зиддинажодпарастй ба забонхои инглисй ва русй чараён дошт. "Чилави нозихо (натсистхо)-ро бигиред!", "Мухочиронро накушед!", "Акаллиятхоро накушед!", "Монеъи нажодпарастй шавед!" аз чумлаи шиъорхои тазохурот буд. Дар миёни ширкаткунандагони тазохурот шуморе аз Хинду Покистон ва атбоъи Фаронса хам буданд.

Дар поёни тазохурот муътаризони сапедчома баёнияеро таслими сафорати Русия карданд. Масъулони сафорат ба тазохурот вокунише нишон надоданд.

Як корманди сафорат, бидуни ин ки ба муътаризон наздик шавад, аз дур тазохуротро мушохида мекард.





Friday, December 19, 2008

Words Cannot Explain It

Сухан аз баёнаш очиз аст

Дар гузашта намедонистам, ки манзур аз таъбири обшустаи «сухан аз баёнаш очиз аст» дакикан чй хаст. Акнун хар боре, ки мехохам дар бораи имрузу фардои сомони нобасомонамон Точикистон чизе бинависам, дар мемонам ва маънии дакики он сухани куханро бо чон дармеёбаму дар равонам мехурушам, аммо боз хам хомуш мемонам. Чун дар вокеъ, чи бигуям, ки нагуфтанаш бех. Ва чи дарде аз ин дардистон дармон мешавад?

Кишварро то ба марзи гадойи горат мекунанд, даххо милюн дулори он нисори додрасони бритониёйи мешавад, даромади корхонаи арзиз дар сарзамине бегона анбошта мешавад (дар холе ки миллат дар садаи 21 хамчунон хезум мешиканад), сари муассисахои молии бонуфузи чахон кулох меравад ва хамрохи он кулох обруе хам ки надорем, барои дахсолахо меравад; оби мо хамчунон мустакиман аз корхонаи номавчуди кахвасозии Варзоб чакка мекунад, табари нажодпарастони вахмгарои рус руи гардани чавонони мо дакка мехурад, чиноятхои аъзои хонадони хокими кишвар пушти парда мемонад... ва мо суруди ситоиш мехонем. Ситоиши Балохат. Ситоиши Хамокат. Ситоиши Гумрохй. Ситоиши Табохй. Аз танаффур лабрез мешавам ва ганди танаффур забонамро мебандад. Чи бигуям, ки нафрат чорасози мушкил нест.

Аз ситоиши ахриманй гуфтам ва ба ёди иттифоке уфтодам, ки хамин чанд руз пеш бо ман уфтод.

Як ширкати бонуфузи тарчума (яъне дор-ут-тарчума) бо ман тамос гирифт. Мехостанд матни рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистонро барояшон бихонаму забт кунам. Амири Катар, ки шояд равшантарин араби мавчуд руи курраи Замин аст ва хамонест, ки бунияи молии ширкати телевизюнии Алчазираро фарохам карда, мехохад ба кишвари Точикистон армугоне бидихад. Он армугон як рохнамои шунидорй барои осорхонаи миллии мост. Ба монанди рохнамохое, ки дар музехои кишвархои фародаст ё пешрафта вучуд дорад. Ва чи хуб аст, ки кишвари фурудаст ё вопасмондае чун Точикистон хам як чунин рохнамо дошта бошад. Муаллифи рохнамои музеи мо инглисист ва навиштаи хаму ба забони порсии точикй тарчума шудааст.

Албатта, мачбур будам дар тарчумаи ачак-вачакии он то хадди зиёде дасткорй кунам. Матн дар кул бадак набуд. Аммо як бахши он бароям бисёр гариб буд. Бахше, ки ба раисичумхурй марбут мешуд. Дар он мехонем:

«У иштирокчии фаъоли муборизаи Точикистон барои истиклолият аз Иттиходи Шўравй буд... Пешравии мансаби у дар хукумат хусусияти неруи пешбарро ба худ касб кард ва 16 ноябри соли 1994 Эмомалй Рахмон Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардид.»

Ба хама «бале», ба мо хам «бале»? Мо, ки аз хуртуми фил науфтодем ва шохиди айнии руйдодхои дахаи 1990 будем ва медонем, ки чи касе мувофик ва кй мухолифи Иттиходи Шуравй буд.

Мехоханд торихро бознависй кунанд ва хофизаи моро бизудоянд. Акнун сурхтарин хаводори Иттиходи Шуравй сархсахттарини мухолифони он шудааст.

Бо кадом забон метавон ин бешармонатарин дуругро хонд? Хатто бо хамон забони ачак-вачакй ин кор муяссар нест.

Ба ширкати тарчума баёни хол кардам ва гуфтам, ки ин сатрхо дуруги махз аст ва шояд хеч точики нажодаро натавон ёфт, ки онро барояшон бихонад. Ширкат хохиш кард, ки ба махзи озмоиш аз як точики дигар бихохам, ки он пораи нолатифро бихонад. Аз як дустам пурсидам, ки оё хозир аст ин корро дар изои пули хубе анчом дихад. Хушбахтона, гуфт «на!».

Бад-ин гуна, сеноруюи инглисихо тагйир кард ва он тиккае, ки марбут ба «сарвари кишварамон» мешуд, аз калам уфтод. Яъне дар рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистон он суханони козиб садо нахохад дод. Магар ин ки фарди ноогохе гирашон биуфтад. Вале аз он дуруг то кунун магзам сут (хушток) мезанад.

Аз ин ру факат мурур мекунам. Ба навиштахои бегонагон зул мезанам, то бибинам, ки оё ин танхо хисси мани точик аст ё дигарон хам чунин мебинанд, ки ман мебинам. Гузориши мусавваре, ки имшаб пеш аз ин матлаб мунташир кардам, аз Райхон аст. Духтаре узбак, ки чанд сол пеш бо хам муъоиширате мухтасар доштем. Дарег, ки нахваи диди у ба кишвари ман хамон аст, ки ман мебинам. Русвоии мо бармало шудааст ва ба чашми хар фарди дорои басират мерасад. Шарм душмани чонам мешавад ва аз фарти озарм боз хомуш мемонам ва дунболи сурохе мегардам, ки сари афкандаамро дар он нопадид кунам.

Monday, June 09, 2008

London Conference Afterthoughts

Пасандешахои кунфронси Ландан

Яке аз натичахое, ки аз гирдихамоии рузноманигорону филмсозони порсизабон дар Ландан хосил шуд, вопасмондагии Точикистон дар хар ду заминаи синемо ва рузноманигорй буд.

Хатто Афгонистоне, ки то кунун такопу мекунад аз чохи чангу низоъ худашро берун бикашад, дар хар ду арса мавкеъияте бехтар аз мо дорад: худуди 500 рузномаву нашрия, садхо истгохи родюиву телевизюнй. Мусалламан, бештари ин расонахо хусусист.

Дар кунфронси Ландан бисёре аз хамзабонон бо шигифтй ва ба такрор мепурсиданд: Оё ба ростй дар Точикистон рузнома надоред?

Барои исботи гирифтории забони расонахои мо, ки ниёзе ба баргузории кунфронс набуд.

Танхо мояи ифтихори мо хузури чанд рузноманигори кушо ва як филмсози халлок буд, ки хама бо талошу пайкори худчуш барои равшан нигох доштани шамъи ру ба хомушии фарханги порсй дар Точикистон бо марги он мечанганд. Далели ин болбастагии фархангии Точикистон чист?

Яке достонест пур оби чашм. Далел хам яке нест, балки даххост. Шояд мухимтарини онхо идомаи гусастагии мо аз фархангу дабираи порсист. Далели аслии гирифторихои мо фарханги котирй ё нахчирист. Ё фарханги барзахй. На русу узбаки мутлак, на порсии тамом. Норавшании хуввият. Норавшании забон. Ё шояд набуди хуввият ва набуди забон. Набуди ин ду унсури аслй мачол намедихад, ки шумори бештари афрод худии худро дарёбанд ва бахонае барои халлокият дошта бошанд. Каблан ситами шуравй сипари бахонахои мо буд. Акнун он сипарро хам надорем ва хамаи зарбахо ба сару сурати мо фуру мерезад.

Имруз як дусти бисёр арчмандам, ки аз точикони Афгонистон аст, достони хузнангезеро бароям таъриф кард. Мегуфт, дар як мехмонхонаи Душанбе кормандони чавоне, ки пушти мизи пазиройи нишаста буданд, барои соъатхо бо хам лак-лак харф мезаданду тухмаи офтобгардон (семечки) хурд мекарданду мечавиданд ва пустахои онро бо чидду чахд руи замин туф мекарданд. Дусти мо мепурсад, ки оё кори бехтаре барои вактгузаронй надоранд? Мегуянд, масалан, чи коре? Дусти мо андарз мекунад: оё намешавад чои тухма хурдан китоб бихонед ё инглисй ёд бигиред ё хондану навиштани порсй биомузед? Посухи чавонон ба ин пурсиши мантикй се-чахор туфи сахти дигар руи замине буд, ки хамчунон бори гарони моро тахаммул мекунад.

Давлат хам дар холи хурд кардани тухмаи офтобгардон ба шеваи худ аст. Хар соли мо гуё тачлил аз як садаи тамаддуни ориёйист. Аммо чи тачлиле? Даххо деги палаву мантуву кабоб, рубобу шароб, раксу карс-карс, хаёхуву такопу ва дарёе аз пул, ки дар хилоли ин гавго нопадид мешавад.

Дар холе ки тачлили ростин аз он фарханги дурахшон бояд талош барои тадовуму пойдории он бошад. Агар хамон дарёи пул ба сахрои хушки фархангу хунари мо бирезад, оё он сабз нахохад шуд ва бузургдошти дурусттари фархангу тамаддуни ориёйи нахохад буд? Оё бехтар нест бо тавлиди колои фархангии тоза пойдории онро собит кунем?

Ин тачлилу арчгузорихо шабехи маросими бузургдошти як мурдаи хазорсола аст, ки аз у чизе чуз номи баланду корномаи некаш бокй намонда. Вале равони у шодтар нахохад шуд, агар дар идомаи кори неки у бикушем, ки навоварй ва зодани андешахои нав буд?

Нудратан дар хабархо мехонем, ки Казокистон солеро, масалан, ба Обой (Абай) ё Форобии мо ихтисос дода бошад, ки они худ медонанд. Ба чои он давлати Назарбоев тарчех медихад ба филмсозонаш пули чашнворахои фарзиро бидихад, то филме чун «Кучй» (Кочевник) бисозанд, ки дар арсаи байнулмилалй ба хубй дурахшид ва нишон дод, ки чи гуна казокхо мояи нанги пешинашон (кучигарй)-ро ба мояи ифтихор табдил кардаанд. «Кучй» вокуниши хирадгароёнаи казокхо ба масхараи Казокистон тавассути Саша Барон Кохен (Борат) буд. Солхост, ки Равшан ва Чамшуди хаёлии русхо табли русвоии точикхоро дар Русия менавозад. Аммо дар паи сукути мутлаки Точикистон дар ин бора шохиди вокуниши хирадгароёнаи он дар шакли тавлиди як филми хунарии муъаррифи фарханги точикон набудем.

Чори шукуху уббухати Сомониён гуши фалакро кар кард, аммо оё чизе фаротар аз харфи тихй доштем, ки Сомониёнро ба чахониён бишиносонад? Бо бузургдошти Зартушту Авесто рашки хамзабононамонро дар кишвархои дуру наздик барангехтем. Дар холе ки тавлиди як филми хирфайи бо хазинаи хамон чашнхо метавонист барои вачхаву эътибори байнулмилалии кишвари гумноми мо хидмати садчанд бештаре кунад. Бузургдошти бузургон савоб асту фарз. Вале мо то кунун хатто як бор натавонистаем ин кори савобу фарзро ба дурустй анчом дихем, балки дуруст баръакс, бо сиёсй кардани арзишхои фархангй шаммае аз ганди сиёсатро дар мафхумхои арзишманду поку муназзахи фархангиамон рехтаем. Арзишхои фархангй бояд дар колиби фархангй арза шавад, на дар шакли суханронихои пуртумтароки сиёсатмардоне, ки пеши бисёре бадном шудаанд ва аз он арзишхо кучактарин бахраеро набурдаанд ва голибан мутаваччех нестанд, ки харфе гундатар аз дахони худ мезананд.

Бо «халво» гуфтан, ки то кунун дахонамон ширин нашудааст. Пас бехтар нест ба фикри тахияи халвое маргубтар бошем? Бо зикри мукаррари ин харфи музахраф, ки точикон бартар аз дигар мардумони минтакаанд, то кунун чуз масхара чизе нашунидем. Пас бехтар нест бидуни сарусадо бо тавлиди кору андешаи тоза дар исботи бартариамон бикушем? Агар посух мусбат аст, бояд давлатро мутакоъид кард, ки пули чашнхои бузургдошти ину онро ба филмсозону нависандагон бидихад, то бо бехтарин имконоту тачхизот бузургии ину онро руи пардаву сафха оваранд.

Wednesday, April 16, 2008

Persian Absence

Ландан тайи се руз мизбони Намоишгохи байнулмилалии китоб аст ва имруз охирин рузи он аст. Харгиз каблан намоишгохи китоби Ланданро надида будам ва пареруз, ки дар гушоиши он хузур ёфтам, пушаймон нашудам. Тозатарин офаридахои андешаи чахониён дар кафасахову радифхо карор дошт. Мешуд онхоро варак заду дид, ки, масалан, андешаи Русия то кучо пеш рафтааст ва Чин аз чи мархилаи тафаккур мегузарад.


Бо таваччух ба ин ки имсол чамъи кишвархои арабй ширкаткунандагони ифтихории намоишгоханд, чахоне аз китобхои арабй ба забонхои мухталифро хам мешуд дид. Чолибу диданй буд, аммо нуктаи барчастаи гурфахои кишвархои арабй вомондагй дар хами дину мазхаб буд. Ба ин намоишгох кишвархо зубдаи осорашонро оварда буданд ва бехтарин намунахои осори Арабистони Саъудй чопхои мухталифи Куръон ва тафсирхои он бо як мушт китоби гардишгарй буд. Дар он миён факат як мачмуъаи достонхои саъудй ба забони инглисиро дидам. Чизе, ки боздидкунандагонро ба гурфаи Арабистон чалб мекард, мокети бузурги Каъбаву перомуни он ва ороишхои назаррубои дигар буд, дар канори мехмоннавозии саъудихо, ки миёни мардум ширинй пахш мекарданд.


Аммо ба ман дар гурфаи Урдун ширинй таъоруф карданд. Далелаш хам ин буд, ки аз тоблуи бузурги шохи Урдун ва шахбонуи зебои фаластинии он кишвар акс гирифтам. Мавзуъи китобхои урдунй тайфи васеътаре дошт ва хатто сиёсати байнулмилалро низ фаро мегирифт. Тафсири тозамакшуфи Куръонро хам дар миёни осори исломии Урдун мешуд дид, ки ба калами Имом Табаронй мутаъаллик аст ва ба эхтимоли зиёд, нависандаи он аз чумлаи имомони эронй будааст. Масъули гурфаи Урдун ин назари манро бо бемайлй таъйид карду гуфт: Шояд, аммо шояд хам «Табаронй» тахрифи фулон вожаи арабй бошад. Ба у гуфтам, дар фарханги порсй ба афроде, ки дар Мозандарон (Табаристон) реша доштанд Табарй мегуфтанд ва шояд Табаронй аз хамон бармеояд.

Аз лихози мухтаво гурфаи Миср ганитар аз дигар гурфахои арабй буд. Тайфи мавзуъоташ хам васеъ буд ва шумори бештари достонхо ва осори илмиро мешуд дар канори осори исломии он дид. Бархе аз китобхо хам мавзеъи ба шиддат гарбситезона доштанд ва унвони яке аз онхо чунин буд: «Чи гуна метавон Омрикоро шикаст дод?» Ачаб истифодаи судманд аз демукросии Гарб. Агар кишвархои гарбй бихоханд китоби фарзии «Чи гуна метавон Шаркро шикаст дод?»-ро дар Миср ба намоиш гузоранд, дучори дардисар нахоханд шуд?

Аммо Ало ал-Асвонй, бехтарин нависандаи муъосири мисрй, муътакид аст, ки истибдод дар Миср ва дигар кишвархои араб монеъ аз рушди адабиёт дар ин кишвархо шудааст ва андешаи мунташираи арабй бисёр махдуд аст. Ин як иддаъои тухолй нест ва хакикати он дар гурфахои арабии намоишгохи Ландан мавч мезад. Агар ин кишвархо мехмони ифтихорй набуданд, гумон аст, ки хамаашон муваффак ба ширкат дар намоишгох мешуданд.


Ба монанди се кишвари порсизабон, ки дар ин намоишгох аз хеч кадомашон ному нишоне набуд. Оре, хатто аз Эрон. Чуёи далелаш шудам. Раиси намоишгох пурсишамро бепосух гузошт. Баъид нест, ки далели набуди Эрон дар намоишгох сиёсй бошад. Бимонад Точикистону Афгонистон, ки дар чахони интишорот ададе махсуб намешаванд.

Як дусти бузургвор, ки имруз аз тамошои намоишгох баргашт, талвехан посухи дакиктаре ба пурсиши ман дод ва гуфт: «Намоишгох чолиб буд, аммо дарки ин хакикат, ки мо дар хорич аз торих карор гирифтаем, дарднок буд.»

Тамоми иддаъохои мо мабнй бар бартарй аз ину он замоне гуши шунаво хохад ёфт, ки фикри тоза ва чизи тозае барои арза дошта бошем. Ифтихороти мо хама моли гузашта ва гузаштагон аст ва имрузиён аз ифтихор бебахраанд. Чун чизи тозае наофаридаем. Вагарна набуди порсизабонон дар Намоишгохи байнулмилалии Ландан бояд мавзуъи доги нашрияхои Ландан мешуд. Аммо ангор на ангор.


Дар ин бора матлабе хам хаст дар Jadidonline, бо тасовиру сухбатхое аз намоишгох.

Акси охир: Дар гурфаи китобхои Арабистони Саъудй ширинй арза мекарданд.