Ҳавои Душанбе ба сар месипорам
Сияҳ рӯзу равшан шаби ингилисӣ.
Чу Шекспир пири муғонам насиб аст,
Дар ин бехазони таби ингилисӣ.
Зи ахтар насибе бихоҳам, агар ҳаст,
Дусад чархиши кавкаби ингилисӣ.
Валекин чу Пири Хуросон набошад,
Ба коре наояд лаби ингилисӣ...
Showing posts with label migrants. Show all posts

Sunday, December 08, 2013
Tuesday, November 22, 2011
Russian Motifs
Ё Раб, зи тамошои ҳақорат бираҳонам,
Қомуси маро худ бинавис, ман ки надонам.
Кобуси маро пардаи поён барафкан,
Номус бидеҳ, аз дари Русия биронам.
یا رب، ز تماشای حقارت برهانم
قاموس مرا خود بنویس، من که ندانم
کابوس مرا پردۀ پایان برافکن
ناموس بده، از درِ روسیه برانم
***
Эй ёр, биё, Русияат ёр набошад,
Дилдода туву Русия дилдор набошад.
Ин қисса, ки бе Русия рӯзи сияҳ ояд,
Чизе ба ҷуз аз тавтеаи мор набошад.
ای یار بیا، روسیهات یار نباشد
دلداده تو و روسیه دلدار نباشد
این قصه که بی روسیه روز سیه آید
چیزی به جز از توطئۀ مار نباشد
***
Хоки урус равзаи ризвон нест-ки!
Тоҷик намояндаи шайтон нест-ки!
Гӯли баландии муваққаташ чи мехурӣ?
Болотар аз чакоди Бадахшон нест-ки!
خاک اروس روضۀ رضوان نیست که!
تاجیک نمایندۀ شیطان نیست که!
گول بلندی موقتش چه میخوری؟
بالاتر از چکاد بدخشان نیست که!
***
Эй Рус, сарзамини далерон нестӣ,
Будӣ, гумон нест, вале ҳамон нестӣ.
Ёди Есенину Чехуфу Пушкин ба хайр,
Шоистаи каломи азизон нестӣ.
ای روس، سرزمین دلیران نیستی
بودی، گمان نیست، ولی همان نیستی
یاد یـِـسـِـنین و چـِـخـُـف و پوشکین به خیر
شایستۀ این جمع عزیزان نیستی

Labels:
fascism,
migrants,
national interests,
poetry,
Russia,
Tajikistan
Tuesday, November 15, 2011
Russian Bully Needs a Lesson
Русия дарс мехоҳад
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Ончи дар Русия бар мо мегузарад, мояи сарафкандагию расвоии давлатҳои ҳар ду кишвари Русия ва Тоҷикистон аст. Саҳнаро дар кул мешавад ингуна тасвир кард: бузургтарин кишвари ҷаҳон алайҳи яке аз заъифтарин мамолик бадтарин шеваи бархурд – рондани атбоъи он кишвар аз сарзамини худро пеша кардааст. Ба қавли Юрий Крупнов, раиси Шӯрои нозирони Муассисаи оморнигорӣ, муҳоҷират ва тавсеъаи минтақаии Русия, “валвалаву ҳаяҷони Маскав атрофи ин достон ба обрӯву эътибори Русия осеби шадид расонда ва ба як муттаҳиди Русия зарбаи мустақим ворид оварда ва беъурзагию нотавонии мо дар ҳалли мушкилоти байнулмилалиро ба намоиш гузоштааст; бавижа дар минтақаи ҳассосе чун Осиёи Миёна”. Ба бовари ин нависанда ва сиёсатмадори рус, то кунун ҳеч як аз мақомоти марбутаи Русия натавонистаанд ба ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа алайҳи ду халабони русу эстониёӣ посухи мантиқию қонунӣ диҳанд. Ба ҷои он тарҷеҳ додаанд, ки аз забони зӯр баҳра бигиранд ва пеши як кишвари заъиф қудратнамоӣ кунанд. Ба гуфтаи вай, “ин шӯру валвала оруғи ҳамон миллигароии “русии маскавмеҳвар” аст, ки 20 сол пеш ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷомид”.
Якшаба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ба бадтарин муҷримону ҷинояткороне мубаддал шуданд, ки бояд аз ин кишвар ихроҷ шаванд. Хадамоти марбутаи Русия муҳоҷирони тоҷикро дорои болотарин мизони ибтило ба бемориҳои омезишӣ (венерикӣ) ва сил унвон карданд.
Медведев густохона ва батакрор эълом мекунад, ки масъалаи ихроҷи тоҷикҳо аз Русия ва қазияи муҳокимаи халабони русро бояд “як тасодуф” бидонем; албатта, худи ӯ ҳам ба ин иддаъои худаш хоҳад хандид. Аз сӯи дигар, ҳамин Медведеве, ки дар оғози соли 2011 гуфта буд: “аз ман нахоҳед, ки бар додгоҳҳо фишор оварам, чун дуруст нест; додгоҳ бояд аз қувваи иҷроия мустақил бошад”, акнун бар Раҳмон фишор меоварад, ки бар додгоҳи Тоҷикистон фишор оварад ва ҳукми додгоҳро ба дилхоҳи Русия иваз кунад. Яъне Медведев он чиро, ки бар худаш намеписандад, бар Тоҷикистон меписандад, то дар остонаи интихоботи оянда обрӯи рафтаашро ба ҳисоби хорию зории Тоҷикистон ва шармсории тоҷикҳову давлаташон бозхарад. Саранҷом худаш ҳам шамрсору сарафганда шуд, албатта.
Як дӯсти русизабонам ин рӯйдодро бо қазияи маҳкумияти Виктор Бути рус дар Омрико муқоиса мекунад. Ин қочоқчии аслиҳаи рус дар оғози ҳамин моҳ дар Омрико равонаи зиндон шуд. Аммо аз таҳримҳои зиддиомрикоии Русия хабаре нест. Чаро? Чун моҳияти сиёсати Русия кутак задани заъифтарҳост.
Вале сарафкандагии давлати Медведев-Путин ба ҳеч рӯй аз шармсории давлати Раҳмон намекоҳад. Дар тамоми ҷаҳон ин ҳақиқат ба шакли фоҳише пахш шуд, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи нон ба Русия рафтаанд ва ба зӯр ҳам аз он кишвар хориҷ намешаванд. Ин нуқтаи заъфи бузург, ки давлати Тоҷикистонро ба Маскав ва нозҳои Кремлин башиддат вобаста мекунад, беш аз пеш барҷаста шуд. Аз давлати Тоҷикистон бояд пурсид, ки чаро тайи давраи истиқлол накӯшидаанд барои кишвари мо муттаҳиди инсонитар, мутамаддинтар ва муносибтаре пайдо кунанд.
Саранҷоми ин достонро мешавад баосонӣ ҳадс зад. Сиёсат ҳамчунон палид аст. Сиёсатмадорон забоне дигар доранд ва пушти парда задубанду муъомилоте дар ниҳоят масъаларо ба суди қулдури зӯргӯ ва ба зиёни заъифи бечора ҳал хоҳад кард. Владимир Садовничий, ки дар мақоми густохтарин маҳкуми як додгоҳи Тоҷикистон бар сари додрасони тоҷик ҷеғу ҳавору фарёд мекашид, бо сари баланд ба кишвараш боз хоҳад гашт ва ба унвони қаҳрамони миллӣ аз сӯи миллигароёни рус истиқбол хоҳад шуд. Тоҷикҳое, ки шиносномаҳояшон муҳри “вуруд мамнӯъ”-и панҷсола хурдааст, зери бори гарони рӯзгорашон фаромӯш хоҳанд шуд. Боқимондаи муҳоҷирони кории тоҷики Русия ҳамон зиндагии мусибатборашонро идома хоҳанд дод. Интихоботи Русия ва Тоҷикистон ба суди тарафҳои муъомила анҷом хоҳад гирифт. Муъомилае, ки қарор нест ин вазъияти нобобро андозаи як сонтиметр иваз кунад. Аммо, ба қавли Ҳофиз, чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд. Агар Маскав ва Душанбе аз ин хиффату хориашон дарсе нагиранд, дар ояндаи дуртар равобиташон дастхуши таҳаввулоти ногувори густардае хоҳад шуд.
Ин рӯйдоди нангин барои Тоҷикистон занги бедорбоши баланде буд, ки кош дар гӯшҳо фурӯ уфтад, на пушти гӯшҳо. Ҳузури лашкари якмилюнии муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз як сӯ ва ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии бурунмарзии Русия дар Тоҷикистон аз сӯи дигар Душанберо тахтабанд кардааст. Ингуна вобастагӣ барои тамомияти арзии Тоҷикистон башиддат хатарнок аст. Рӯзномаи “Коммерсантъ”-и чопи Маскав бо истинод ба суханони як мақоми баландпояи Вазорати хориҷаи Русия менависад: “Мо ҳанӯз аз ҳамаи зарродхонаи абзорҳои гуфтугӯ бо Душанбе истифода накардаем, вале акнун онҳоро ба кор меандозем. Фақат лашкари 201-ро ҳоло бапо нахоҳем карду халос”.
Яъне, бар пояи суханони он мақоми рус, дар сурати зарурат аз лашкари 201 ҳам алайҳи давлати Тоҷикистон истифода хоҳад шуд; ҳамон гуна ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ин лашкар нақши калидӣ дошт ва Тоҷикистонро ба хоку хун кашид. Ҳеч шакке нест, ки лашкари 201 зомини манфиъатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангии Русия дар Тоҷикистон аст ва агар манофеъи Русия зери хатар равад, ин пойгоҳ вориди амал хоҳад шуд. Девонагони сиёсие чун Жириновский ҳатто тақозо кардаанд, ки лашкари 201 ба зиндон ҳамла ва халабони русро озод кунаду ба Русия бозпас бифиристад. Пас оё мо марази худозорӣ дорем, ки як чунин мори афъиро канори дӯшамон дошта бошем?
Русия дар ҳоли анҷоми ҷинояти башарии бузург аст. Боздошт, озору азият ва ихроҷи афрод ба далели таъаллуқи онҳо ба миллате хос ҷузъи аъмоли фошистӣ ба шумор меояд ва маҳкум аст. Русия бояд ғаромати ин ҷинояти худро бипардозад. Ғаромати он бояд муъомила ба мисл бошад, яъне ихроҷи низомиёни Русия аз Тоҷикистон. Ҳар давлати миллии бонангу оре дар баробари чунин ҷинояте лашкари 201-ро ба хонаи модараш гусел мекард. Аз ин рӯ, тамдиди ҳузури низомии Русия барои 49 соли дигар, ки қарор аст баҳори оянда имзо шавад, ба масобаи худкушии давлати Тоҷикистон ва қатли истиқлоли кишвари мо барои ним қарни дигар хоҳад буд. Кишварҳои ҳамсоя муваффақ шудаанд дасти Русияро аз сарашон кӯтоҳ кунанд ва балое бар онҳо нозил нашудааст. Дар ҷомеъаи ҷаҳонии имрӯз як кишвари мустақил – сарфи назар аз андозаи он – метавонад ва бояд аз истиқлол ва ҳуқуқаш дифоъ кунад. Пас нахустин вокуниши Тоҷикистон ба ҷинояти башарии Русия бояд рондани низомиёни рус аз кишвар бошад.
Як давлати миллии бонангу ор дар чунин шароите бо Русия низоми раводид ҷорӣ мекунад, ҳамаи шаҳрвандонашро ба кишвар фаро мехонад ва дар паи таъмини онҳо бо фурсатҳои шуғлӣ мешавад. Русия ягона бозори кори мавҷуд дар ҷаҳон нест ва иттифоқан, бадтарин бархурд бо муҳоҷирони кориро дорад. Таҳаммули хорию хиффат ба унвони “ меҳмони нохонда” дар он кишвар паёмадҳои равонии вайронгаре барои миллат дорад.
Ба хотири ҳифзи номус ва рӯҳияи миллии тоҷикон бояд бо басечи тамоми нерӯҳо давлати Тоҷикистон вазифаи худашро анҷом диҳад ва корзори густардаи корофаринӣ роҳ андозад: баландтарин парчами ҷаҳонро ба ҳамон қимате, ки сохтааст, ба кишвари худкеҳтарбини дигаре бифурӯшад ва бо пули он чандин корхонаи кӯчак бисозад; китобхонаи бузурги навсохтро, ки қафасаҳояш холӣ аст ва бурҷҳои “Душанбе-плазза”-ро, ки коркардашон маълум нест, табдил ба корхонаҳои тавлидӣ кунад; рехтупоши пули байтулмол дар тарҳҳои беҳуда ва намоиширо мутаваққиф кунад ва дар эҷоди корхонаҳо ва омӯзишгоҳҳо сармоягузорӣ кунад. Саранҷом хоҳем дид, ки он як милюн овораи бозгаштаи мо дар кишвари худашон соҳиби кор ва зиндагии шарофатмандона шудаанд. Ва он гоҳ номи чунин давлате ба унвони нахустин давлати миллии Тоҷикистон, ки кишварро ба истиқлоли ростин расонида, сабти торих хоҳад шуд.

Friday, November 11, 2011
Newswires: Russia Deported over 130 Tajiks
Суруди 130 тоҷике, ки имрӯз аз Русия ронда шуданд
Меравам аз хоки нопокат, дади беъиззато!
Эй дади беъиззати патёра, бар ту лаънато!
Хуни миллатҳо макидӣ, пир гаштӣ, сер на,
Эй ту носеро аҷуза, эй ҷаҳаннамхилқато!
Бо мане ин хонаи вайронаат обод шуд,
Обрӯятро барам ҳоло ба садҳо миннато!
Ёд дорӣ чун задӣ шаҳри Бухорои Шариф?
Чун ба Моҳи Хосса овардӣ балои бехато?
Чун маро куштӣ ба ҷурми ҳамли шеъри Мавлавӣ?
Чун забонамро буридӣ бо пириликин хат(т)о?
Ёд дорӣ хонаҳоямро рабудӣ бо ғаним?
Аз Самарқанду Бухоро то дари Панҷекато?
Чун ба дасти душманонам даст додию бирафт
Бойсуну Чусту Хӯқанду замини миллато?
Ёд дорӣ, ки ба Ормитожи маъруфат чи рафт
Аз дафина ёдгори ҳафт пушти уммато?
Ёд дорӣ, ки заминам пунбазоре сохтӣ?
Миллатам андохта чун роҳиёни зиллато!
Майгусоронат ба фикри бачча кардан нестанд,
Ин гуноҳи мо нависӣ ё гуноҳи фитрато?
Меравам аз хоки манҳусат, ки бо ман нестӣ,
Бо рақибонам нишинӣ, то расӣ бар хиффато!
Хиффати моро илоҷе ҳаст, як “Шаҳнома” ҳаст,
Хиффататро лек илоҷе нест, амон аз иллато!
میروم از خاک ناپاکت دد بیعزتا!
ای دد بیعزت پتیاره، بر تو لعنتا!
خون ملتها مکیدی، پیر گشتی، سیر نه
ای تو ناسیرا عجوزه، ای جهنمخلقتا!
تا به کی چوبی شوم تا تکیه بر من آوری؟
بشکند این چوب بر فرق سرت با همتا!
با منی این خانۀ ویرانهات آباد شد
آبرویت را برم حالا به صدها منتا!
یاد داری چون زدی شهر بخارای شریف؟
چون به ماه خاصه آوردی بلای بیخطا؟
چون مرا کشتی به جرم حمل شعر مولوی؟
چون زبانم را بریدی با پیریلیکین خطا؟
یاد داری خانههایم را ربودی با غنیم؟
از سمرقند و بخارا تا درِ پنجیکتا؟
چون به دست دشمنانم دست دادی و برفت
بایسون و چُست و خوقند و زمین ملتا؟
یاد داری که به آرمیتاژ معروفت چه رفت
از دفینه یادگار هفت پشت امتا؟
یاد داری که زمینم پنبهزاری ساختی؟
ملتم انداخته چون راهیان ذلتا!
میگسارانت به فکر بچه کردن نیستند
این گناه ما نویسی یا گناه فطرتا؟
میروم از خاک منحوست که با من نیستی
با رقیبانم نشینی تا رسی بر خفتا!
خفت ما را علاجی هست، یک شهنامه هست
خفتت را لیک علاجی نیست، امان از علتا!

Persian Identity,
poetry,
politics,
Tajikistan
Friday, August 01, 2008
Moscow Tajiks in National Geographic
Точикони Маскав дар National GeographicШумораи мохи ут (август)-и мачаллаи National Geographic ба ду чихат бароям чолиб буд. Нахуст ин ки акси руи чилди он тасвире аз Дориюши Хахоманишист ва дар бораи Эрони имруз ва руйкарди он ба гузаштаи пуршукухи кишвар матлаби чолибе дар он хаст, хамрох бо накшаи бузурге аз Эрони ахди Хахоманишиён. Порахое аз ин матлаби дарозро (шояд хам хамаи онро) баъдан дар Як Дарвеш ба забони порсй хохед хонд.
Далели дуввум ин ки дар хамин шумораи мачалла маколаи хондании дигаре хаст дар бораи шахри Маскав, ки акнун аз гаронтарин шахрхои чахон ба шумор меояд. Мартин Круз Смит ба зебойи чигунагии суъуди Маскав ба ин маком ва гузори он аз сусиёлисм ба сармоядориро тавсиф мекунад. Аммо дар ин навишта хам зикре аз мо (точикон) рафтааст.
Порахои марбут ба точиконро аз маколаи «Маскав харгиз намехобад» (Moscow Never Sleeps) хамин чо меоварам:
«(Дар хиёбонхои Маскав) хар навъ чехраеро метавон дид. Аз укроинихои чашмобй гирифта то мардони шохингунаи кафкозй, узбакони токидор, мугулхо ва ба вижа точикхо. Бумби соъатии демугрофики Русия марбут ба кохиши теъдоди нуфуси русхо ва рахнаи шумори физояндаи точикхо ба ин кишвар аст. Точикхо дар Русия ба унвони афроди хушёру кушо маъруфанд, ки хозиранд шуглхоеро бипазиранд, ки русхо намеписанданд.»
Дар идомаи матлаб намунае чанд аз майхорагию бадмастии русхо омадааст. Сипас нависанда хамрох бо дусташ (Саша) дар хиёбонхои Маскав парса мезананд.
«Мо ба соясори пушти истгохи метру расидем, ки махалли низоъи ду дорудаста буд: русхо дар баробари точикхо. Хар гурух худуди хашт узв дошт, ки аз дах то бист сол син доштанд. Корде ба чашм намерасид. Аммо як чавони точик як русро ба замин кашида буд ва сарашро мухкам ба бетун мекубид.
Саша аз ман хост, ки аз чоям такон нахурам ва худаш ба танхойи ба махалли пархош рафт. Точик лахзае даст аз задан бардошт ва дар холе ки мушти гиреххурдааш дар хаво муъаллак буд, талош мекард бифахмад, ки ин одами фузул кист. Руси уфтода сари дарбу догонашро аз замин бардошт ва у хам мекушид дарёбад, ки мудохилагар кист. Садои Саша ба гушам расид, ки ба забони русй чизе шабехи инро гуфт: «Пароканда шаведу ба хонахоятон равед». Вале ин дорудастахо дар хонаи худ буданд. Хар ду тараф хам он минтакаро хонаи худ медонистанд. Мушкил хамин чо буд. Ва танхо касе, ки онхо бештар аз тарафи мукобилашон аз у мутанаффир буданд, як фарди бегонаи мудохилагар буд.
Онхо бегунох набуданд. Онхо бо маводди мухаддир сарукор доштанд, мастхоро горат мекарданд ва бар сари хар касе, ки танхову бедифоъ гирашон меомад, балохое меоварданд. Чавони точик кулохи намадиашро аз замин бардошт ва ман фавран ба ёди кахрамони филми «Гурба дар кулох» (The Cat in the Hat) уфтодам. Чавони рус руи по истод. Ба назарам омад, ки як фарди носипос аст. Ин бор худамро дар филми «Харрии касиф» (Dirty Harry) тасаввур кардам. Оё Саша бо худ силох дошт? Оё авбошон эхсоси хушшонсй карданд? Вокеъан?
Шояд шабе дигар. Онхо дар иваз туршруёна акибнишинй карданд. Ман метавонистам ба осонй туъмаи онхо шавам, аммо зохиран бо Саша аслан намешуд сар ба сар гузошт. «Гурба дар Кулох» бо арзи эхтиром ба Саша уро «бародар» хитоб кард, гу ин ки бори дигар якдигарро хоханд дид.
Зимнан, дар камарбанди Саша вокеъан туфанге хамоил буд, ки мояи ифтихори уст. Чун онро ба унвони чоиза ба хотири хадамоти шоён ба у такдим кардаанд. Дар як суи коби силох номи у хак шудааст. У аслан моил нест аз он кор бигирад.»
Labels:
migrants,
press,
Russia,
Tajikistan
Subscribe to:
Posts (Atom)