Tuesday, November 15, 2011

Russian Bully Needs a Lesson

Русия дарс мехоҳад

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Ончи дар Русия бар мо мегузарад, мояи сарафкандагию расвоии давлатҳои ҳар ду кишвари Русия ва Тоҷикистон аст. Саҳнаро дар кул мешавад ингуна тасвир кард: бузургтарин кишвари ҷаҳон алайҳи яке аз заъифтарин мамолик бадтарин шеваи бархурд – рондани атбоъи он кишвар аз сарзамини худро пеша кардааст. Ба қавли Юрий Крупнов, раиси Шӯрои нозирони Муассисаи оморнигорӣ, муҳоҷират ва тавсеъаи минтақаии Русия, “валвалаву ҳаяҷони Маскав атрофи ин достон ба обрӯву эътибори Русия осеби шадид расонда ва ба як муттаҳиди Русия зарбаи мустақим ворид оварда ва беъурзагию нотавонии мо дар ҳалли мушкилоти байнулмилалиро ба намоиш гузоштааст; бавижа дар минтақаи ҳассосе чун Осиёи Миёна”. Ба бовари ин нависанда ва сиёсатмадори рус, то кунун ҳеч як аз мақомоти марбутаи Русия натавонистаанд ба ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа алайҳи ду халабони русу эстониёӣ посухи мантиқию қонунӣ диҳанд. Ба ҷои он тарҷеҳ додаанд, ки аз забони зӯр баҳра бигиранд ва пеши як кишвари заъиф қудратнамоӣ кунанд. Ба гуфтаи вай, “ин шӯру валвала оруғи ҳамон миллигароии “русии маскавмеҳвар” аст, ки 20 сол пеш ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷомид”.

Якшаба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ба бадтарин муҷримону ҷинояткороне мубаддал шуданд, ки бояд аз ин кишвар ихроҷ шаванд. Хадамоти марбутаи Русия муҳоҷирони тоҷикро дорои болотарин мизони ибтило ба бемориҳои омезишӣ (венерикӣ) ва сил унвон карданд.

Медведев густохона ва батакрор эълом мекунад, ки масъалаи ихроҷи тоҷикҳо аз Русия ва қазияи муҳокимаи халабони русро бояд “як тасодуф” бидонем; албатта, худи ӯ ҳам ба ин иддаъои худаш хоҳад хандид. Аз сӯи дигар, ҳамин Медведеве, ки дар оғози соли 2011 гуфта буд: “аз ман нахоҳед, ки бар додгоҳҳо фишор оварам, чун дуруст нест; додгоҳ бояд аз қувваи иҷроия мустақил бошад”, акнун бар Раҳмон фишор меоварад, ки бар додгоҳи Тоҷикистон фишор оварад ва ҳукми додгоҳро ба дилхоҳи Русия иваз кунад. Яъне Медведев он чиро, ки бар худаш намеписандад, бар Тоҷикистон меписандад, то дар остонаи интихоботи оянда обрӯи рафтаашро ба ҳисоби хорию зории Тоҷикистон ва шармсории тоҷикҳову давлаташон бозхарад. Саранҷом худаш ҳам шамрсору сарафганда шуд, албатта.

Як дӯсти русизабонам ин рӯйдодро бо қазияи маҳкумияти Виктор Бути рус дар Омрико муқоиса мекунад. Ин қочоқчии аслиҳаи рус дар оғози ҳамин моҳ дар Омрико равонаи зиндон шуд. Аммо аз таҳримҳои зиддиомрикоии Русия хабаре нест. Чаро? Чун моҳияти сиёсати Русия кутак задани заъифтарҳост.

Вале сарафкандагии давлати Медведев-Путин ба ҳеч рӯй аз шармсории давлати Раҳмон намекоҳад. Дар тамоми ҷаҳон ин ҳақиқат ба шакли фоҳише пахш шуд, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи нон ба Русия рафтаанд ва ба зӯр ҳам аз он кишвар хориҷ намешаванд. Ин нуқтаи заъфи бузург, ки давлати Тоҷикистонро ба Маскав ва нозҳои Кремлин башиддат вобаста мекунад, беш аз пеш барҷаста шуд. Аз давлати Тоҷикистон бояд пурсид, ки чаро тайи давраи истиқлол накӯшидаанд барои кишвари мо муттаҳиди инсонитар, мутамаддинтар ва муносибтаре пайдо кунанд.

Саранҷоми ин достонро мешавад баосонӣ ҳадс зад. Сиёсат ҳамчунон палид аст. Сиёсатмадорон забоне дигар доранд ва пушти парда задубанду муъомилоте дар ниҳоят масъаларо ба суди қулдури зӯргӯ ва ба зиёни заъифи бечора ҳал хоҳад кард. Владимир Садовничий, ки дар мақоми густохтарин маҳкуми як додгоҳи Тоҷикистон бар сари додрасони тоҷик ҷеғу ҳавору фарёд мекашид, бо сари баланд ба кишвараш боз хоҳад гашт ва ба унвони қаҳрамони миллӣ аз сӯи миллигароёни рус истиқбол хоҳад шуд. Тоҷикҳое, ки шиносномаҳояшон муҳри “вуруд мамнӯъ”-и панҷсола хурдааст, зери бори гарони рӯзгорашон фаромӯш хоҳанд шуд. Боқимондаи муҳоҷирони кории тоҷики Русия ҳамон зиндагии мусибатборашонро идома хоҳанд дод. Интихоботи Русия ва Тоҷикистон ба суди тарафҳои муъомила анҷом хоҳад гирифт. Муъомилае, ки қарор нест ин вазъияти нобобро андозаи як сонтиметр иваз кунад. Аммо, ба қавли Ҳофиз, чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд. Агар Маскав ва Душанбе аз ин хиффату хориашон дарсе нагиранд, дар ояндаи дуртар равобиташон дастхуши таҳаввулоти ногувори густардае хоҳад шуд.

Ин рӯйдоди нангин барои Тоҷикистон занги бедорбоши баланде буд, ки кош дар гӯшҳо фурӯ уфтад, на пушти гӯшҳо. Ҳузури лашкари якмилюнии муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз як сӯ ва ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии бурунмарзии Русия дар Тоҷикистон аз сӯи дигар Душанберо тахтабанд кардааст. Ингуна вобастагӣ барои тамомияти арзии Тоҷикистон башиддат хатарнок аст. Рӯзномаи “Коммерсантъ”-и чопи Маскав бо истинод ба суханони як мақоми баландпояи Вазорати хориҷаи Русия менависад: “Мо ҳанӯз аз ҳамаи зарродхонаи абзорҳои гуфтугӯ бо Душанбе истифода накардаем, вале акнун онҳоро ба кор меандозем. Фақат лашкари 201-ро ҳоло бапо нахоҳем карду халос”.

Яъне, бар пояи суханони он мақоми рус, дар сурати зарурат аз лашкари 201 ҳам алайҳи давлати Тоҷикистон истифода хоҳад шуд; ҳамон гуна ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ин лашкар нақши калидӣ дошт ва Тоҷикистонро ба хоку хун кашид. Ҳеч шакке нест, ки лашкари 201 зомини манфиъатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангии Русия дар Тоҷикистон аст ва агар манофеъи Русия зери хатар равад, ин пойгоҳ вориди амал хоҳад шуд. Девонагони сиёсие чун Жириновский ҳатто тақозо кардаанд, ки лашкари 201 ба зиндон ҳамла ва халабони русро озод кунаду ба Русия бозпас бифиристад. Пас оё мо марази худозорӣ дорем, ки як чунин мори афъиро канори дӯшамон дошта бошем?

Русия дар ҳоли анҷоми ҷинояти башарии бузург аст. Боздошт, озору азият ва ихроҷи афрод ба далели таъаллуқи онҳо ба миллате хос ҷузъи аъмоли фошистӣ ба шумор меояд ва маҳкум аст. Русия бояд ғаромати ин ҷинояти худро бипардозад. Ғаромати он бояд муъомила ба мисл бошад, яъне ихроҷи низомиёни Русия аз Тоҷикистон. Ҳар давлати миллии бонангу оре дар баробари чунин ҷинояте лашкари 201-ро ба хонаи модараш гусел мекард. Аз ин рӯ, тамдиди ҳузури низомии Русия барои 49 соли дигар, ки қарор аст баҳори оянда имзо шавад, ба масобаи худкушии давлати Тоҷикистон ва қатли истиқлоли кишвари мо барои ним қарни дигар хоҳад буд. Кишварҳои ҳамсоя муваффақ шудаанд дасти Русияро аз сарашон кӯтоҳ кунанд ва балое бар онҳо нозил нашудааст. Дар ҷомеъаи ҷаҳонии имрӯз як кишвари мустақил – сарфи назар аз андозаи он – метавонад ва бояд аз истиқлол ва ҳуқуқаш дифоъ кунад. Пас нахустин вокуниши Тоҷикистон ба ҷинояти башарии Русия бояд рондани низомиёни рус аз кишвар бошад.

Як давлати миллии бонангу ор дар чунин шароите бо Русия низоми раводид ҷорӣ мекунад, ҳамаи шаҳрвандонашро ба кишвар фаро мехонад ва дар паи таъмини онҳо бо фурсатҳои шуғлӣ мешавад. Русия ягона бозори кори мавҷуд дар ҷаҳон нест ва иттифоқан, бадтарин бархурд бо муҳоҷирони кориро дорад. Таҳаммули хорию хиффат ба унвони “ меҳмони нохонда” дар он кишвар паёмадҳои равонии вайронгаре барои миллат дорад.

Ба хотири ҳифзи номус ва рӯҳияи миллии тоҷикон бояд бо басечи тамоми нерӯҳо давлати Тоҷикистон вазифаи худашро анҷом диҳад ва корзори густардаи корофаринӣ роҳ андозад: баландтарин парчами ҷаҳонро ба ҳамон қимате, ки сохтааст, ба кишвари худкеҳтарбини дигаре бифурӯшад ва бо пули он чандин корхонаи кӯчак бисозад; китобхонаи бузурги навсохтро, ки қафасаҳояш холӣ аст ва бурҷҳои “Душанбе-плазза”-ро, ки коркардашон маълум нест, табдил ба корхонаҳои тавлидӣ кунад; рехтупоши пули байтулмол дар тарҳҳои беҳуда ва намоиширо мутаваққиф кунад ва дар эҷоди корхонаҳо ва омӯзишгоҳҳо сармоягузорӣ кунад. Саранҷом хоҳем дид, ки он як милюн овораи бозгаштаи мо дар кишвари худашон соҳиби кор ва зиндагии шарофатмандона шудаанд. Ва он гоҳ номи чунин давлате ба унвони нахустин давлати миллии Тоҷикистон, ки кишварро ба истиқлоли ростин расонида, сабти торих хоҳад шуд.

No comments: