Showing posts with label children. Show all posts
Showing posts with label children. Show all posts

Thursday, May 21, 2020

Куруно ва кӯдакон; Ончи бояд бидонем


(Манбаъ: БиБиСӣ)

Дар Инглистон рӯзи 01.06.20 баъзе бачаҳо ба мадраса бозмегарданд, дар ҳоле ки ҳанӯз нақши кӯдакон ва мадрасаҳо дар ин ҳамагирии ҷаҳонӣ комилан маълум нест. Кӯдакон ҳам ба куруно мубтало мешаванд, вале беморишон банудрат (бисёр кам) вахим (хатарнок) мешавад ва маълум нест то чи ҳад метавонанд ин вирусро ба якдигар ё бузургсолон, бахусус коркунони мадраса мунтақил кунанд.


Оё кӯдакон ҳам ба куруно мубтало мешаванд?

Акнун мушаххас шуда, ки афроди солманд бештар дар хатари куруно ҳастанд. Баррасии як муассисаи хайрия нишон додааст, то 24 оврил (камтар аз як моҳ пеш) дар Инглистон, Велз ва Ирланди Шимолӣ миёнгини синни афроде, ки дар бахши муроқибатҳои вежа (“реанимация”) бистарӣ шудаанд, 60 сол будааст. Пруфесур Одилиё Ворис (Prof. Adilia Warris), мутахассиси бемориҳои ъуфунӣ (“инфекционные заболевания”)-и кӯдакон дар Донишгоҳи Эксетер мегӯяд: “То ба ҳол байни як то панҷ дарсад аз мубталоёни собитшудаи куруно кӯдакон будаанд. Беморӣ дар онҳо хафифтар (сабуктар) ва марг бисёр нодир аст”.


Кӯдакон пахшкунанда ҳастанд ё абарпахшкунанда?

Кӯдакон абарпахшкунандаҳои бемориҳои дигар, монанди онфлуонзо (зуком) ҳастанд. Онҳо яке аз гурӯҳҳои осебпазир дар ибтило ба онфлуонзо ҳастанд, вале ба назар мерасад, вақте ба куруно мубтало мешаванд, беморишон вахим (бисёр хатарнок) намешавад. Суоли муҳим ин аст, ки кӯдакон, ҳатто агар худашон бемор нашаванд, чиқадр метавонанд ноқили вирус бошанд ва онро пахш кунанд.

Ҳанӯз маълум нест, афроди олуда ба вирус, ки ъалоим (нишонаҳо)-и беморӣ надоранд ё онҳое, ки бемории хафиф (сабук)-е доранд, то чи ҳад онро сироят медиҳанд. Вируси куруно ҳам монанди вируси онфлуонзо мунтақил мешавад; аз роҳи танаффуси қатракҳои ҳовии вирус, ки бо сурфаву ъатса пахш мешавад ё даст задан ба ашёи олуда, монанди худкор (“авторучка”) ва дастгираи дар. Аз ин рӯ риъояти ду метр фосила бо дигарон ва шустани даст пеш аз ламси сурат (даст задан ба рӯй) ё хурдани ғизо хатари интиқоли вируси куруноро коҳиш медиҳад, аммо риъояти ин корҳои пешгирона ҳатто барои бузургсолон ҳам осон нест.

Пруфесур Матйу Иснейп (Matthew Snape) дар Донишгоҳи Оксфурд таҳқиқи ҷадидеро оғоз карда дар бораи теъдод кӯдакону навҷавононе, ки ба куруно олуда шуда ва дар муқобили он масуният (иммунитет) пайдо кардаанд. Ӯ мегӯяд:

“Ин ки оё бачаҳо пахшкунандаи куруно ҳастанд ё на, яке аз ношинохтаҳои пуршумори мо дар бораи ин ҳамагирӣ аст. Посух ба ин суол барои дарки наҳваи мудирияти беморӣ ва замони бозгушоии мадрасаҳо муҳим аст”.


Чиро дар Инглистон ибтидо бачаҳо ба мадраса бармегарданд?

Тибқи дастурулъамали давлат, бозгушоии мадрасаҳо бо донишомӯзони пешдабистонӣ, клоси аввал ва клоси шашум оғоз мешавад. Ба далели ин ки

- ин кӯдакон ниёзҳои омӯзишии муҳимме доранд:

- дар сурати беморӣ баъид аст (эҳтимолаш кам аст, ки) кӯдакони камсинну сол ҳолашон вахим (бисёр бад) шавад;

- кӯдакони бузургтар тамосҳои бештаре хориҷ аз мадраса доранд, ки хатари бузурге дар интиқоли вирус маҳсуб мешавад;

- кӯдакони бузургтар маъмулан беҳтар қодир ба ёдгирӣ дар хона ҳастанд.


Оё бачаҳо дар мадраса бояд моск бизананд?

Замоне ки риъояти фосилаи иҷтимоъӣ сахт аст, пӯшондани сурат (рӯй) метавонад эҳтимоли интиқоли вирусро поин оварад. Бо ин ҳол, давлат истифода аз москро дар мадрасаҳои Бритониё тавсия намекунад. Тибқи тавсияи давлат, истифода аз моск бидуни кумак гирифтан аз дигарон барои кӯдакон мумкин аст сахт бошад. Бино бар ин, беҳтар аст бар шустани даст ва соири иқдомоти беҳдоштӣ таъкид шавад.


Оё кӯдакон масун (эмин) ҳастанд?

Яке аз суолҳои муҳим дар бораи куруно ин аст, ки чиро бачаҳо маъмулан ъаломат надоранд ё ъаломатҳои хафиф (сабук)-е доранд. Яке аз назарияҳои ин аст, ки шояд рия (шуш)-и онҳо гирандаи камтаре дорад. Ҳамон гирандае, ки вируси куруно аз тариқи он вориди силлул (ҳуҷайра) мешавад. Вале ҳанӯз шавоҳиди кофӣ барои исботи он вуҷуд надорад.

Гузоришҳо нишон медиҳад, беморӣ дар теъдоди бисёр каме аз кӯдакони олуда ба вируси куруно вахим мешавад ва системи эминишон вокуниши илтиҳобӣ (“воспалительная реакция”)-и шадиде нишон медиҳад.


Оё ин беморӣ шабеҳи сандруми Ковозокӣ (Kawasaki syndrome) аст?

Беморие шабеҳи сандруми Ковозокӣ дар бархе кӯдакон дида шудааст. Ковозокӣ ба рагҳо ҳамла мекунад ва боъиси таби боло, фишори хуни поин, бусуроти пӯстӣ (ҷӯш задану обила кардани пӯст) ва тангии нафас мешавад, ки метавонад боъиси марг шавад.

Ин сандрум шабеҳи вокуниши илтиҳобии шадиди системи эминӣ аст, ки ба он “тӯфони Ситукин” (Cytokine storm; цитокиновый шторм) мегӯянд ва дар мубталоёни куруно, ки ҳолашон бисёр бад мешавад, рух медиҳад. Дар ин маворид вокуниши системи эминӣ беш аз худи вирус вазъи беморро вахим мекунад.

Аммо ин сандрум дар кӯдакон нодир аст. Пруфесур Рузолинд Исмит (Rosalind Smyth), фавқитахассуси бемории танаффуси кӯдакон, мегӯяд: “Мо бояд бадиққат кӯдаконеро, ки куруно ва бемории илтиҳобии чандсистемӣ доранд, баррасӣ кунем ва бибинем, оё ин ношӣ аз куруно буда ё на”.


Чи замоне ба дармони фаврӣ ниёз аст?

Маъмулан куруно дар кӯдакон хатарнок нест. Агар фарзанди шумо нохуш аст, ба эҳтимоли зиёд мубтало ба куруно нест.

Колеҷи салтанатии кӯдакону навзодон ба падару модарҳо тавсия мекунад, билофосила бо уржонс (ёрии таъҷилӣ) тамос бигиранд, агар фарзандашон:

- рангпарида шуда, пӯсташ лаккадор шуда ва баданаш бисёр сард аст;

- вақфаи танаффусӣ дорад (канда-канда нафас мекашад), танаффусаш номуназзам аст ё басахтӣ нафас мекашад;

- мушкили ҷиддии танаффусӣ дорад, бисёр беқарор аст ё ба чизе ъаксулъамал нишон намедиҳад:

- лабҳояш кабуд шуда;

- дучори ташаннуҷ (“судороги”) шуда;

- беш аз ҳад музтарибу парешон аст, бевақфа (беист) гиря мекунад, гиҷу бисёр хоболуд шуда (наметавон бедораш кард) ё ба чизе ъаксулъамал нишон намедиҳад;

- лаккаҳое рӯи пӯсташ зоҳир шуда, ки бо фишор аз байн намеравад (озмоиши ливон ё истакон)

- дучори дарди байза (хоя) шудааст (бахусус дар писарони навҷавон)

- бемории заминаӣ (“первопричинное патологическое состояние”) дорад.

Бемориҳои заминаӣ муҳим аст ва ба син рабте надорад. Барои намуна, дар Бритониё ҳудуди 5.5 милюн тан дар синҳои мухталиф осм (“астма”) доранд. Ибтило ба куруно хатари вахим (бадтар) шудани ин бемориро боло мебарад. Кӯдакони мубтало ба бемориҳои заминаӣ бисёр осебпазир ҳастанд ва мумкин аст ба ибтило ба куруно ҳоли онҳоро вахим кунад. Ба ҳамин далел тавсия мешавад ин кӯдакон дар хона бимонанд, то аз сирояти вирус дар амон бошанд.

Thursday, December 03, 2009

Help Tajikistan!

An appeal by the Vararoud Charitable Trust

Tajikistan is bracing itself for yet another harsh winter as the country still suffers from energy and financial crises.

The most impoverished nation of Central Asia has had great human losses during recent social catastrophes caused by severe winter conditions. Throughout the cold months millions of people across the country had been left without heat, electricity and running water; children had had to stay at home helping their parents to cope with the cold; food shortages had turned into a real disaster with shops poorly stocked; many newborn infants had died because of the cold and power shortages at hospitals and maternity wards. A harsh winter in Tajikistan means overwhelming pestilence and hunger for its people.

Ironically, Tajikistan has one of the biggest hydropower potentials in the world. Yet it suffers power blackouts more than any other country in the region. Eventually, the government is seriously considering the perspectives of accomplishing the unfinished project of the Raghun Dam on the Vakhsh River.

This project commenced in 1976 has been on ice since the collapse of the Soviet Union. Russia’s pledge to complete the dam did not turn into action as Uzbekistan, a strong opponent of the project, dissuaded Moscow. Uzbekistan is reluctant to lose its exceptional status in the region’s power distribution patchwork.

The station’s design includes the building of 6 hydroelectric generating units with the capacity to produce 3,600 megawatts of electricity. The completed Raghun dam project will mean the end of people’s sufferings in winter conditions.

The Vararoud Charitable Trust in London appeals to all philanthropists and friends of Tajikistan to help Tajiks complete the project on their own by donating to the account below:

Vararoud Charitable Trust
Bank: Natwest
Bank Address : Maida Vale,
Elgin Avenue Branch
289 Elgin Avenue
London
W9 1JT

Current Account Number : 64770249
Sort code: 60-13-34

The Vararoud Charitable Trust will push for an independent commission to oversee spending of the fund so that it could meet the purpose of the action.

One of the registered objectives of the Vararoud Trust is to relieve the poverty and distress amongst Tajik people in the world. Please help us to make a change that would eradicate poverty in the beautiful country of Tajikistan.

***

Фарохони Бунёди хайрияи Варорӯд

Тоҷикистон дар остонаи як зимистони сахти дигар қарор дорад, дар ҳоле ки кишвар ҳамчунон даргири буҳронҳои молӣ ва энержист.

Фақиртарин кишвари Осиёи Миёна дар зарфи зимистонҳои гузашта талафоти ҷонии фаровонеро мутаҳаммил шуд. Тайи моҳҳои сарди зимистон милюнҳо тан дар саросари кишвар аз гармӣ, барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум буданд; кӯдакон маҷбур буданд дар хонаҳояшон бимонанд ва барои муқобила бо сармо ба падару модаронашон кумак кунанд; камбуди хурокӣ ба мусибате бузург табдил шуда буд ва мағозаҳо маводди ғизоии кофӣ дар бисоташон надоштанд; бисёре аз кӯдакони навзод ба далели сармо ва набуди барқ дар бемористонҳову зоишгоҳҳо ҷон доданд. Зимистони сахт дар Тоҷикистон ба маънои густариши бемориҳову гуруснагӣ миёни мардуми он кишвар аст.

Ҷолиб ин ҷост, ки Тоҷикистон дорои яке аз бузургтарин зарфиятҳои нерӯи обӣ дар ҷаҳон аст, аммо бештар аз ҳар кишвари дигар дар минтақа дучори камбуди барқ мешавад. Саранҷом давлати ин кишвар тасмим гирифтааст мавзӯъи итмоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун канори рӯди Вахшро ҷиддӣ бигирад.

Ин тарҳ, ки соли 1976 оғоз шуда буд, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷамид шуд. Ваъдаи Русия дар мавриди такмили садди Роғун ба вуқӯъ напайваст, зеро Узбакистон, мухолифи сарсахти тарҳ, Маскавро мунсариф кард. Узбакистон роғиб нест, ки мавқеъияти истисноии худро дар сомонаи тавзеъи нерӯи минтақа аз даст бидиҳад.

Тарҳи нерӯгоҳи Роғун шомили эҳдоси 6 дастгоҳи тавлиди барқи обӣ мешавад, ки дорои зарфияти тавлиди 3600 меговотт барқ ҳастанд. Такмили сохтмони садди Роғун ба масобеҳи поёни ранҷҳои зимистонии мардум хоҳад буд.

Бунёди хайрияи Варорӯд дар Ландан аз ҳамаи башардӯстон ва ёрони Тоҷикистон мехоҳад, ки бо пардохти маблағ ба ҳисоби бонкии зерин ба тоҷикон кумак кунанд, то тарҳи Роғунро худашон ба анҷом бирасонанд:

Vararoud Charitable Trust
Bank: Natwest
Bank Address : Maida Vale,
Elgin Avenue Branch
289 Elgin Avenue
London
W9 1JT

Current Account Number : 64770249
Sort code: 60-13-34

Бунёди хайрияи Варорӯд талош хоҳад кард, ки як кумисюни мустақил бар истифодаи ҳадафманду дақиқ аз манобеъи молии ҷамъоваришуда назорат кунад.

Яке аз ҳадафҳои сабтшудаи Бунёди Варорӯд кумак ба раҳоии мардуми тоҷик дар саросари ҷаҳон аз фақру дармондагист. Лутфан ба решакан кардани фақру бенавоӣ дар кишвари зебои Тоҷикистон кумак кунед.

Гузориши Би-Би-Си аз фарохони Бунёди Вароруд

Гузориши родю Озодй аз фарохони Бунёди Вароруд

Гузориши родюии Замона аз фарохони Бунёди Вароруд

***

فراخوان بنياد خيريۀ ورارود

تاجيکستان در آستانۀ يک زمستان سخت ديگر قرار دارد، در حالی که کشور همچنان درگير بحران‌های مالی و انرژی ‌است.

فقيرترين کشور آسيای ميانه در ظرف زمستان‌های گذشته تلفات جانی فراوانی را متحمل شد. طی ماه‌های سرد زمستان ميليون‌ها تن در سراسر کشور از گرمی، برق و آب آشاميدنی محروم بودند؛ کودکان مجبور بودند در خانه‌هاشان بمانند و برای مقابله با سرما به پدر و مادرانشان کمک کنند؛ کمبود خوراکی به مصيبتی بزرگ تبديل شده بود و مغازه‌ها مواد غذايی کافی در بساطشان نداشتند؛ بسياری از کودکان نوزاد به دليل سرما و نبود برق در بيمارستان‌ها و زايشگاه‌ها جان دادند. زمستان سخت در تاجيکستان به معنای گسترش بیماری‌ها و گرسنگی ميان مردم آن کشور است.

جالب اين جاست که تاجيکستان دارای يکی از بزرگ‌ترين ظرفيت‌های نيروی آبی در جهان است، اما بيشتر از هر کشور ديگر منطقه دچار کمبود برق می‌شود. سرانجام دولت اين کشور تصميم گرفته‌است موضوع اتمام ساختمان نيروگاه راغون کنار رود وخش را جدی بگيرد.

اين طرح که سال 1976 آغاز شده بود، با فروپاشی شوروی منجمد شد. وعدۀ روسيه در مورد تکميل سد راغون به وقوع نپيوست، زيرا ازبکستان، مخالف سرسخت طرح، مسکو را منصرف کرد. ازبکستان راغب نيست که موقعيت استثنايی خود را در سامانۀ توزيع نيروی منطقه از دست بدهد.

طرح نيروگاه راغون شامل احداث شش دستگاه توليد برق آبی می‌شود که دارای ظرفيت توليد 3600 مگاوات برق هستند. تکميل ساختمان سد راغون به مثابه پايان رنج‌های زمستانی مردم خواهد بود.

بنياد خيريۀ ورارود در لندن از همۀ بشردوستان و ياران تاجيکستان می‌خواهد که با پرداخت مبلغ به حساب بانکی زيرين به تاجيکان کمک کنند، تا طرح راغون را خودشان به انجام برسانند:

Vararoud Charitable Trust
Bank: Natwest
Bank Address : Maida Vale,
Elgin Avenue Branch
289 Elgin Avenue
London
W9 1JT

Current Account Number : 64770249
Sort code: 60-13-34

بنياد خيريۀ ورارود تلاش خواهد کرد که يک کميسيون مستقل بر استفادۀ هدفمند و دقيق از منابع مالی جمعاوری‌شده نظارت کند.

يکی از هدف‌های ثبت‌شدۀ بنياد ورارود کمک به رهايی مردم تاجيک در سراسر جهان از فقر و درماندگی است. لطفاً به ريشه‌کن کردن فقر و بينوايی در کشور زيبای تاجيکستان کمک کنيد.

گزارش تارنمای بی بی سی از فراخوان بنياد ورارود

گزارش خبرگزاری ايرنا از فراخوان بنياد ورارود

گزارش راديو زمانه از فرواخوان بنياد ورارود

Sunday, May 18, 2008

Tajik Children Released. Who's Next?

Бо точикон хар кореро метавон кард?

Расонахои Точикистон ва марбут ба он дар дохил ва хорич аз кишвар собит карданд, ки хар кишваре метавонад кудакону навчавонони моро барои муддати номахдуд дар асорат бигирад ва садои эътирозе чуз аз падару модарони кудакон нахохад шунид.

Давлати Точикистон бори дигар собит кард, ки хоричихо бо шахрвандонаш хар кореро метавонанд бикунанд (аз чумла латукубе, ки марзбонони узбак бо кудакони точик карданд ва дар расонахои чахонй гузориш шуд). Эътирози давлат ба бадрафтории узбакхо танхо пас аз фарчоми достон (як руз баъд аз он) дар шакли ёддошти эътирози диплумотик ба Вазорати хоричаи узбак фиристода шуд.

Оре, шаш навчавони дигар хам ки рузи 27 оврил тавассути марзбонони узбак дар имтидоди марз бо Точикистон боздошт шуданд, шомгохи 15 май дар паи музокироти тулонй озод шуданд. Сипас давлати Точикистон тасмим гирифт ёддошти эътирозашро (рузи 16 май) ба узбакхо бифиристад. Пеш аз он чуръат ба харч надод.

Аммо бетафовутии расонахои точикй ба ин мавзуъ, ки яке-ду бор садо дароварданду сипас хомуш шуданд, шигифтангез буд. Узбакхо хам мутаваччех шуданд, ки бозй бо сарнавишти кудакони точик паёмаде надоштааст. Эхтимолан акнун онхо ёддошти диплумотики Точикистон ба даст самти дастшуйи мераванд.

Як корбари узбак дар сухангохе узбакй зимни изхори нигаронй аз вазъияти равонии кудакону навчавонони точик мегуяд: «Умедворам, ки давлати Точикистон барои он кудакону навчавонон давраи бозпарварии равонй созмон дихад. Чун хатто яке-ду соъат дар дасти марзбонони узбак тачрубаи сахтест. Ин бечорахо чандин руз азоб кашиданд.»

Аз баргузории давраи бозпарварй барои кудакони дарбанд, ки тоза озод шудаанд, хабаре нест. Аслан хабари озодии онхоро низ бо камоли шармандагй аз расонахои русй гирифтам, на точикй.

PS. Пас аз иншои ин матлаб дар зери торнамои Озодй дидам, ки Фарходи Мелоди гиромй ба ин мавзуъи механй пардохтааст. Ба гуфтаи вай, хануз ду тани дигар аз навчавонони точик дар дасти марзбонони узбаканд ва музокирот хамчунон идома дорад.


Муртабит:
Tajik Children Under Uzbek Arrest

Wednesday, May 14, 2008

Tajik Children Under Uzbek Arrest

Кудакони точик тахти боздошти Узбакистон

Дар холе ки нашрияхои Точикистон ба сари хамдигар гирду мешикананду дар паи кандани гури миллат бо бели махалгаройианд, шаш тан аз шахрвандони навчавони кишварамон аз рузи 27 оврил (апрел) то кунун дар чанги нерухои марзбониву амниятии кишвари фошистии Узбакистон зачр мекашанд.

Бобир Алиматов, Дилшод Абдурахмонов, Илхом Умаров, Шоназир Олимов, Улугбек Холдоров ва Бахтиёр Турдиматов аз чумлаи 31 шогирди мадрасаи Адрасмони устони Сугданд, ки беш аз ду хафта пеш барои пикнику ревосчинй ба куххо рафтанду нохудогох вориди хоке шуданд, ки Узбакистон аз они худ медонад. Хамагй бедиранг боздошт шуданд ва мавриди бозчуйи карор гирифтанд. Сипас 25 бандии кучак озод шуданду ба Точикистон баргаштанд, аммо ба далоили номаълуме шаш навчавони 16-солаи мо дар Узбакистон мондаанд.

Дар номаи илтимосе, ки падару модарони он навчавонони боздоштй хитоб ба Ислом Каримов, рахбари Узбакистон, навиштаанд, омадааст, ки кудакони баргашта бисёр такидаву низор ба назар мерасанд ва руи бадани бархе аз онхо осори шиканча ба шакли кабудй дида мешавад. Кудакон гуфтаанд, ки тайи муддати боздошташон дар як зеризаминии хису бадбу махбус будаанд. Ба гуфтаи онхо, бозчуёни узбак ба кудакон обу нон хам надодаанд.

Дар бахше аз ин нома мехонем:

«Ду маъмур бо либоси шахсй якояки кудаконро барои чандин соъат истинток карданд ва кудаконро ба чосусй ва кочоки маводди мухаддир муттахам карданд. Аз онхо пурсиданд, ки оё касе аз хешовандонашон дар ниходхои интизомй кор мекунад ё на. Маъмурон хамчунин аз кудакон иттилоъотеро дар бораи номи фармондехони посгоххои марзй, шумори марзбонон, хуввияти маъмурони пулиси махалли зисташон ва раисони корхонаи маъодини кухии Адрасмон, теъдоди коргоххои ин корхона, коршиносони он ва гайра чуё шуданд.»

Дар гузашта марзбонони узбак гову гуспанди точикро хам ки аз канори марз рад мешуданд, ба занни ин ки шояд дастгохи шунуд («жучок»)-е бар бадани онхо насб шуда бошад, ё боздошт мекарданд ё ба гулула мебастанд. Акнун бадгумонии узбакхо шомили холи кудакони мо хам шудааст.

Мегуянд, «кофар хамаро ба кеши худ пиндорад.» Шояд дар Узбакистон аз кудакон чунин навъи истифода хам сурат бигирад. Кй медонад? Вагарна ин бадгумонй аз кучо бармеояд? Барои намуна, Узбакистон хануз аз неруи кории кудакон дар мазореъи пунба бахракашй мекунад, дар холе ки хушбахтона, гузориш шуд, ки ин амри шум дар Точикистон ба торих пайвастааст. Шояд макомоти узбак кодир ба бахракашии бештар аз кудаконашон бошанд?

Вазорати хоричаи Точикистон дар ин маврид камоли адаби точикиро риъоят карда ва хеч ёддошти эътирозе ба узбакхо нафиристодааст. Танхо чуръате, ки ба харч доданд, ирсоли номаи падару модарони бандиёни навчавон ба сафорати Узбакистон дар Душанбе буд. Макомоти сафорат дар камоли оромиш ба хабарнигорон гуфтаанд, ки умедворанд ин мушкил ба зудй хал шавад.

Ба зудй, яъне кай? Замоне ки шаш навчавони точик сиёхтарин тасвирхои зиндагиро барои хамеша ба зехн биспоранд ва тухми адоват дар жарфои калбашон кошта шавад? Замоне ки шахсияташон хурду лех шавад ва дигар харгиз чуръат надошта бошанд по аз манзил фаротар бигзоранд? Замоне ки аз бетафовутии Точикистон ба сарнавишташон сархурда шаванд ва ба миллату зодбумашон пушт кунанд? Он замони ломасаб кай фаро мерасад ва чигуна?

Оё агар марзбонони точик Худой накарда бо хамон таваххуши як инсони ибтидойи 31 навчавони узбакро боздошт мекарданд, гуши мо имруз ором дошт? Шояд на танхо сарусадои расонахои узбакию чахонй, балки гурриши тонку тупу чангандахои узбакй оромиши моро ба хам мезад.

Он 31 тан шахрвандони марзу буми мо хастанд, ки давлати Точикистон зомини химоят аз хакку хукукашон аст. Давлатдорй факат шикампарварй нест. Дардисар ва рафъи дардисархо дорад. Ва зимнан, дардисарсозй чузъи мункароти хар давлат аст, ки дар кишвари мо ба яке аз вазифахои давлат табдил шуда.

Дар марзе, ки огозу поёнаш аломатгузорй нашудааст, чи гуна метавон аз як кудаки мадрасайи интизор дошт бидонад, ки кадом гушаи як теппа моли кишвари уст ва кадом тиккаи он бегона аст?

Аз суи дигар, асорати навчавонони ноболиг чузъи чиноёти чангй махсуб мешавад. Мо ки бо Узбакистон чанге надорем. Ин рафтори узбакхоро чи гуна метавон тавчех кард? Барои чй аз сангу кулухи Точикистон дар ин бора садое дарнамеояд? Агар зури давлат дар баробари режими узбак андак аст, чаро Созмони Милали Муттахид аз давлати нотавони Точикистон дастикам номаи шикояте дарёфт намекунад? Мунтазири чй хастем?

Ва бори дигар: бори ин нангро то кучо бояд кашид?