Дар холе ки нашрияхои Точикистон ба сари хамдигар гирду мешикананду дар паи кандани гури миллат бо бели махалгаройианд, шаш тан аз шахрвандони навчавони кишварамон аз рузи 27 оврил (апрел) то кунун дар чанги нерухои марзбониву амниятии кишвари фошистии Узбакистон зачр мекашанд.
Бобир Алиматов, Дилшод Абдурахмонов, Илхом Умаров, Шоназир Олимов, Улугбек Холдоров ва Бахтиёр Турдиматов аз чумлаи 31 шогирди мадрасаи Адрасмони устони Сугданд, ки беш аз ду хафта пеш барои пикнику ревосчинй ба куххо рафтанду нохудогох вориди хоке шуданд, ки Узбакистон аз они худ медонад. Хамагй бедиранг боздошт шуданд ва мавриди бозчуйи карор гирифтанд. Сипас 25 бандии кучак озод шуданду ба Точикистон баргаштанд, аммо ба далоили номаълуме шаш навчавони 16-солаи мо дар Узбакистон мондаанд.
Дар номаи илтимосе, ки падару модарони он навчавонони боздоштй хитоб ба Ислом Каримов, рахбари Узбакистон, навиштаанд, омадааст, ки кудакони баргашта бисёр такидаву низор ба назар мерасанд ва руи бадани бархе аз онхо осори шиканча ба шакли кабудй дида мешавад. Кудакон гуфтаанд, ки тайи муддати боздошташон дар як зеризаминии хису бадбу махбус будаанд. Ба гуфтаи онхо, бозчуёни узбак ба кудакон обу нон хам надодаанд.
Дар бахше аз ин нома мехонем:
«Ду маъмур бо либоси шахсй якояки кудаконро барои чандин соъат истинток карданд ва кудаконро ба чосусй ва кочоки маводди мухаддир муттахам карданд. Аз онхо пурсиданд, ки оё касе аз хешовандонашон дар ниходхои интизомй кор мекунад ё на. Маъмурон хамчунин аз кудакон иттилоъотеро дар бораи номи фармондехони посгоххои марзй, шумори марзбонон, хуввияти маъмурони пулиси махалли зисташон ва раисони корхонаи маъодини кухии Адрасмон, теъдоди коргоххои ин корхона, коршиносони он ва гайра чуё шуданд.»
Дар гузашта марзбонони узбак гову гуспанди точикро хам ки аз канори марз рад мешуданд, ба занни ин ки шояд дастгохи шунуд («жучок»)-е бар бадани онхо насб шуда бошад, ё боздошт мекарданд ё ба гулула мебастанд. Акнун бадгумонии узбакхо шомили холи кудакони мо хам шудааст.
Мегуянд, «кофар хамаро ба кеши худ пиндорад.» Шояд дар Узбакистон аз кудакон чунин навъи истифода хам сурат бигирад. Кй медонад? Вагарна ин бадгумонй аз кучо бармеояд? Барои намуна, Узбакистон хануз аз неруи кории кудакон дар мазореъи пунба бахракашй мекунад, дар холе ки хушбахтона, гузориш шуд, ки ин амри шум дар Точикистон ба торих пайвастааст. Шояд макомоти узбак кодир ба бахракашии бештар аз кудаконашон бошанд?
Вазорати хоричаи Точикистон дар ин маврид камоли адаби точикиро риъоят карда ва хеч ёддошти эътирозе ба узбакхо нафиристодааст. Танхо чуръате, ки ба харч доданд, ирсоли номаи падару модарони бандиёни навчавон ба сафорати Узбакистон дар Душанбе буд. Макомоти сафорат дар камоли оромиш ба хабарнигорон гуфтаанд, ки умедворанд ин мушкил ба зудй хал шавад.
Ба зудй, яъне кай? Замоне ки шаш навчавони точик сиёхтарин тасвирхои зиндагиро барои хамеша ба зехн биспоранд ва тухми адоват дар жарфои калбашон кошта шавад? Замоне ки шахсияташон хурду лех шавад ва дигар харгиз чуръат надошта бошанд по аз манзил фаротар бигзоранд? Замоне ки аз бетафовутии Точикистон ба сарнавишташон сархурда шаванд ва ба миллату зодбумашон пушт кунанд? Он замони ломасаб кай фаро мерасад ва чигуна?
Оё агар марзбонони точик Худой накарда бо хамон таваххуши як инсони ибтидойи 31 навчавони узбакро боздошт мекарданд, гуши мо имруз ором дошт? Шояд на танхо сарусадои расонахои узбакию чахонй, балки гурриши тонку тупу чангандахои узбакй оромиши моро ба хам мезад.
Он 31 тан шахрвандони марзу буми мо хастанд, ки давлати Точикистон зомини химоят аз хакку хукукашон аст. Давлатдорй факат шикампарварй нест. Дардисар ва рафъи дардисархо дорад. Ва зимнан, дардисарсозй чузъи мункароти хар давлат аст, ки дар кишвари мо ба яке аз вазифахои давлат табдил шуда.
Дар марзе, ки огозу поёнаш аломатгузорй нашудааст, чи гуна метавон аз як кудаки мадрасайи интизор дошт бидонад, ки кадом гушаи як теппа моли кишвари уст ва кадом тиккаи он бегона аст?
Аз суи дигар, асорати навчавонони ноболиг чузъи чиноёти чангй махсуб мешавад. Мо ки бо Узбакистон чанге надорем. Ин рафтори узбакхоро чи гуна метавон тавчех кард? Барои чй аз сангу кулухи Точикистон дар ин бора садое дарнамеояд? Агар зури давлат дар баробари режими узбак андак аст, чаро Созмони Милали Муттахид аз давлати нотавони Точикистон дастикам номаи шикояте дарёфт намекунад? Мунтазири чй хастем?
Ва бори дигар: бори ин нангро то кучо бояд кашид?
No comments:
Post a Comment