Showing posts with label Rahman. Show all posts
Showing posts with label Rahman. Show all posts

Monday, November 18, 2019

Истибдод сароғози нооромист

Ончи ин рӯзҳо дар беш аз 100 шаҳри Эрон мегузарад, мубориза бо истибдод аст. Бархе бо ишора ба ъиллати оғози он ба ин эътирозот “шӯриши бензинӣ” ном ниҳодаанд. Чун дар нимашаби панҷшанбе, 23 обон (14.11.19) буд, ки баногоҳ мардуми Эрон аз се баробар шудани қимати бензин огоҳ шуданд. Чанд соъате дар ҳолати шук ба сар бурданд ва сипас даст ба эътирозоте заданд, ки акнун саросари кишварро фаро гирифта ва дар ҷоҳое ба хоку хун кашида шудааст.

Аммо аз шиъорҳое, ки мардум дар ҳамон соъоти аввалия сар доданд, пайдо буд, ки афзоиши қимати бензин баҳонае беш нест. Чун бештари шиъорҳо рангу оби сиёсӣ доштанд, то иқтисодӣ. Аз “Марг бар Хоманаӣ!” гирифта, то “Ризошоҳ! Рӯҳат шод!” дар ақсо-нуқоти Эрон ба садо даромад ва ҳамин имрӯз ҳам садо медиҳад.

Ин нахустин бор нест, ки чунин шиъорҳоеро дар Эрон мешунавем. Ду сол пеш дар  даймоҳи 1396 (поёни соли 2017 ва оғози 2018) ҳам беш аз сад шаҳри Эрон шоҳиди тазоҳуроте инчунинӣ буд, ки дар эътироз ба сиёсатҳои иқтисодии давлати Ҳасани Рӯҳонӣ оғоз шуд ва рафта-рафта низоми сиёсии Эрон, бавежа вилояти фақеҳ ва шахси Ъалии Хоманаиро ҳадаф қарор дод. Ҳукумат бо қалъу қамъу бизану бибанд базӯр тавонист ин шӯриши фарогирро фурӯ бинишонад, ҳарчанд ҳаргиз батамом фурӯ нанишаст. Дар ҷараёни ин ду сол ҳам шӯришҳои парокандае чун эътирозоти ширкати найшакари Ҳафттаппа ва ширкати миллии фӯлоди Эрон инҷову онҷо идома доштааст.

Ин бор ҳукумат бо омодагии бештар ба муқобила бо мардум омадааст. Аввалан, афзоиши нархи бензинро раисони ҳар се қувва бо як садо эълом карданд; дар як мусаввабаи ниҳоде бо номи “Шӯрои ъолии ҳамоҳангии иқтисодӣ” (ки порсол таъсис шуд), ки раисони қувваҳои муҷрия, қонунгузор ва додрасиро ба ҳам меоварад. Ъамалан, ин ниҳоди ғайримунтахаб Маҷлиси Шӯрои Исломӣ (порлумон)-ро давр зада ва хостаи худро табдил ба қонун кардааст. То намояндагони маҷлис эътироз карданд, Ъалии Хоманаӣ аз мусаввабаи Шӯро ҳимоят кард ва мухолифатҳо дар порлумон фурӯ хобид. Дар воқеъ, “Шӯрои ъолии ҳамоҳангии иқтисодӣ” хостаи Ъалии Хоманаиро иҷро кардааст, ки чанд рӯз пеш аз бешмасрафии бензин гилоя мекард. Ва ҳарчанд худаш мегӯяд, ки дар ин замина коршинос нест, раъй ба афзоиши ногаҳонии 300-дарсадии бензин додааст.

Пас ин бор бар хилофи ду сол пеш раисони се қувва даври раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳид шудаанд.

Омодагии дигари мақомҳо ба тазоҳуроти ҷорӣ ин аст, ки иртиботи Эрон бо Интернети ҷаҳониро қатъ ва Интернети дохилиро фаъъол карданд. Имрӯз дастрасӣ ба бархе аз торнамоҳои Эрон аз хориҷ муяссар шуда, аммо аз оғози эътирозот ин дастрасӣ салб шуда буд. Ба гунае, ки на аз дохили Эрон мешуд ба торнамоҳои бурунмарзӣ дастрасӣ дошт ва на аз хориҷ ба пойгоҳҳои маҷозии дохили Эрон. Ин маҳдудият ҳамчунон дар маҳалҳое бахусус ва дар мавриди торнамоҳои хоссе побарҷост.

Бо салби дастрасии мардум ба шабакаҳои иҷтимоъӣ мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ мекӯшанд имкони паёмрасонӣ ва ташрики масоъӣ миёни муътаризон ва ҳамчунин дастрасӣ ба хабарҳо аз расонаҳои порсии хориҷӣ ва ирсоли матолиб ба ин расонаҳоро ба ҳадди ақал бирасонанд. Дар эътирозоти қаблӣ мардум бо истифода аз Telegram-у WhatsApp-у паёмрасонҳои мушобеҳи дигар дар маҳалле гирди ҳам меомаданд ё иқдомҳои дигарро ҳамоҳанг мекарданд. Албатта, мумонеъати мақомҳои ҶИ Эрон аз дастрасии мардум ба Интернети ҷаҳонӣ метавонад барои худи онҳо паёмадҳое дошта бошад. Ҳамаи мақомҳои буландпояи Эрон дар ъайни эъмоли маҳдудияти баҳраварӣ аз Интернет барои мардум худашон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳисобҳои фаъъол доранд, ки метавонад дар иқдоме талофиҷӯёна масдуд шавад.

Аммо нуктае, ки барои мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд нигаронкунанда бошад, басомад (“частота”)-и вуқӯъи ин эътирозҳост. Нахустин тазоҳуроти бузург ъалайҳи истибдод дар Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 1378 (1999), дуруст 20 сол пеш иттифоқ уфтод, ки ба ҳамлаи нерӯҳои амниятию интизомӣ ба Кӯи Донишгоҳи Теҳрон анҷомид ва лаккае хунин дар торихи Ҷумҳурии Исломӣ ба шумор меояд. Тазоҳуроти бузурги дувум даҳ сол пас аз он, дар пайи интихоботи 1388 (2009) сурат гирифт, ки ба пирӯзии дубораи Аҳмадинажод анҷомид, ҳарчанд натиҷаи омори аввалия чизи дигаре буд. Паёмадҳои он рӯйдодҳои хунин, ки ба “Ҷунбиши сабз” маъруф шуда, имрӯз ҳам маҳсус аст ва раҳбарони “Ҷунбиши сабз” имрӯз ҳам дар ҳасри хонагӣ ба сар мебаранд. Эътирозоти фарогири зиддиҳукуматии баъдӣ, ки шиъорҳои бисёр ошкортару бепардатар дар тақбеҳи вилояти фақеҳ ва дар ҳимоят аз хонадони подшоҳии Паҳлавӣ дошт, ҳашт сол пас аз он ба вуқӯъ пайваст; дар соли 1396 (2017-2018), ки ишорае ба он доштам. Ва ду сол баъд аз он дигарбора Эрон саҳнаи эътирозоти саросарист. Яъне фосилаи миёни эътирозот дар ҳоли кӯтоҳтару кӯтоҳтар шудан аст (20, 10, 8, 2 сол) ва шиъорҳо беш аз пеш низоми сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ ва шахси раҳбари онро ҳадаф қарор медиҳад.

Кӯтоҳсухан, истибдод ҳамеша нооромию ошӯб дар пай дорад. Он чи истибдоди исломӣ бошаду чи истибдоди халқи демукрот. Танҳо роҳи тазмини зиндагии орому беошӯб дурӣ аз худкомагӣ ва рӯй овардан ба раъйи мардум аст.

Оромиши имрӯз таҳти ҳукумати як раҳбари худкомаву зӯргӯ сароғози ошӯбҳои фардост.

Садоқат ба Меҳан вафодорӣ ба мардум аст!


Ба ин хиёли ботил будам, ки фақат як рӯз кофист аз Фейсбук чашм бипӯшам, то сели чоплусиҳо ба он муносибати булъаҷаб бигзарад. Касоне, ки аз қатори почахорӣ дер мондаанд, ҳамчунон дар ҳоли пайвастан ба ин сабқати ноҳумоюнанд.

Мегӯям “булъаҷаб”, чун аслан хабар надоштам, ки Тоҷикистон ҳам “Рӯзи Раисиҷумҳур” доштааст.

Албатта, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳам чунин рӯзе дорад, ки бо рӯзҳои таҷлил аз зодрӯзи Ҷурҷ Вошингтун (George Washington), бунёнгузори он кишвар ва нахустин раисиҷумҳури Омрико, мусодиф аст.

Ӯ аз соли 1789 то 1797 раисиҷумҳури Омрико буд. Бештар аз 8 соле, ки муҷоз буд, сари қудрат намонд ва ҳар ду бор ҳам интихоби шаффофи мардум буд, ки ӯро бар сари қудрат қарор дод. Пас аз он ҳам, ки муҳлати раҳбариаш поён ёфт, ду соли дигар зиндагии обрӯмандонае дошту даргузашт. Аз ин рӯ имрӯз ҳам муҳтарам аст.

Аз ӯ ба ъунвони касе ёд намешавад, ки барои чанд даҳа қудратро худхоҳона ва қулдурона қабза карда бошад ва барои ҳифзи қудрат мухолифони худашро овора, зиндонӣ ё терур карда бошад. Ӯро ба ъунвони касе намешиносанд, ки шаҳрвандони кишварашро ба тамаллуқу чоплусӣ водошта бошад, то ба ҷойгоҳе бирасанд ё ноне барои хурдан гирашон биёяд. Ӯ ҳаргиз накӯшид бо тағйири муқаррароти қонунӣ беш аз мавъид бар маснадаш бимонад ё яке аз фарзандхондагонашро ба ҷои худаш бар курсии раёсати ҷумҳурӣ бирасонад. Марде буд меҳанпараст ва кӯшишгари ростин дар ростои бахтёрии мардуми сарзаминаш.

Замоне ки Ҷурҷ Вошингтун зинда буд, мусалламан, аз зодрӯзи ӯ дар саросари кишвар таҷлил намешуд. Ҳудуди 200 сол баъд аз маргаш Кунгреи Миллии Омрико тасмим гирифт ба поси хадамоти бунёнгузори давлатдории ин кишвар душанбеи севуми моҳи февриеро “Рӯзи Раисҷумҳур” эълом кунад. Дар ин рӯзу ҳафта аз корномаи на танҳо Ҷурҷ Вошингтун, балки ҳамаи раисони ҷумҳури Омрико таҷлил мешавад.

Пас он “Рӯзи Раисҷумҳур” ба ин “Рӯзи Раисҷумҳур” кӯчактарин шабоҳате надоштааст. Шояд бигӯед “Омрико куҷову Тоҷикистон куҷо?!” Аммо суҳбат аз Омрикои садаи 18-уми мелодист ва муқоисаи он бо Тоҷикистони садаи 21. Пас ин 250-300 сол ҳам барои рушди зеҳнию ахлоқии мо кофӣ набудааст? Бале, курнишу таъзиму чоплусӣ ба мизони рушди зеҳнию ахлоқӣ бармегардад ва танҳо касе, ки дар ин замина камзӯр аст, тан ба чоплусию тамаллуқ медиҳад.

Яке аз шиъорнивисон бешармона нивишта: “Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан!” Яъне мафҳуми муқаддаси “Ватан”-ро дар вуҷуди як инсони миро хулоса кардаанд. Ва агар он инсон рафт, мафҳуми “Ватан” ҳам барои ин афроди чоплус аз як вуҷуд ба вуҷуде дигар мунтақил мешавад. Дар воқеъ, садоқат ба як инсон ҷои садоқат ба Ватанро мегирад.

Садоқат ба Меҳан, яъне вафодорӣ ба обухоку миллати он сарзамин. Раисҷумҳур ҳам бояд дар саффи афроди дигар ба он обухоку миллат ва манфиъатҳои он вафодор бимонад ва, масалан, хокашро ба кишвари ҳамсоя надиҳад (ки ъамале хилофи Қонуни Асосӣ аст), мардумонашро ба далели боварҳои мухталиф саркӯб накунад, ба фикри таъмини маъишати мардум бошад, то овораи кӯю диёри бегона нашаванд ва пайваста ба фикри манфиъати миллат ва сарбуландии он бошад. Раисҷумҳур яке аз фарзандони он обухок дар хидмати он обухок аст. Раисҷумҳур барои даврае кӯтоҳ, ки дар Қонуни Асосӣ муқаррар шуда, хидматкори мардум аст ва ҳаргиз мардум хидматкори ӯ нестанд. Раисҷумҳур касест, ки лагоми нафси худро дар ихтиёр дошта бошад ва нагзорад, ки тамаллуқу чоплусии атрофиёнаш ӯро фосид кунанд; касест, ки тан ба тағйири Қонуни Асосӣ барои бақои он қудрати фосид намедиҳад.

Масалан, дар Бритониё, агар садоқат ба Меҳан ба маънои садоқат ба нахуствазир мебуд, имрӯз ин кишвар ошуфтабозор мешуд. Чун ҳар яке-ду солу гоҳ чанд моҳ баъд нахуствазире дигар сари кор меояд. Пас ҳоло афроди содиқ ба Дейвид Комерун бояд ба ҷони ҳаводорони Терезо Мей биуфтанд ва онҳо ба навбаи худ бар афроди вафодор ба Бурис Ҷонсун битозанд?.. Агар садоқат ба нахуствазир ба маънои вафодорӣ ба Ватан буд, ҳатман чунин мешуд ва заминаҳои ҷанги дохилӣ ҳамеша фароҳам буд. Вафодорӣ ба як нафар ба ҷои вафодорӣ ба Меҳан боъиси хунрезиҳои бисёре шудааст. Бавежа агар он як нафар ҷоҳталабе бошад, ки нахоҳад қудратро ба мардум пас бидиҳад ва овезони курсӣ шуда бошад. Чиро нооромиҳо дар кишварҳое сурат мегирад, ки дучори истибдоди ҳокимони худкомаи часпида ба курсӣ ҳастанд? Чун худкомагӣ имкони интихобро аз мардум салб мекунад ва мекӯшад мардумро табдил ба рамаи ҳарфшунав кунад. Аммо фақат бахшҳое аз мардум табдил ба рама мешаванд. Бахшҳое инсон мемонанд ва ҳаққи худро аз даҳони шер ҳам мегиранд. Дар натиҷа, ҳокимоне, ки бар курсиҳои худ сахт часпидаанду мункири иродаи мардум ҳастанд, ҳамеша сабабгори бадбахтиҳои ъазиме барои миллати худ будаанд. Дар кишваре, ки қудрат дар дасти як нафар мутамаркиз нест ва раёсати ҷумҳурӣ мечархад ва рӯи як кас собит намондааст ва қонун кор мекунад, хатари ҷанги дохилӣ ва нооромиҳо бисёр камтар аст, агар нагӯем, ки аслан вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ, садоқат ба Ватанро ҳаргиз набояд бо вафодорӣ ба як нафар иштибоҳ гирифт. Садоқат ба Ватан вафодорӣ ба миллат ва манфиъатҳои миллӣ аст. 

Saturday, September 14, 2019

Талангури Барзу бар виҷдон


Барзу Абдурраззоқ, ҳунарманди баному хушном ва андешаварзи тоҷик, дар посух ба касе, ки бо интишори матолиби козиб саъй дар махдуш кардани равобити миёни Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон дошт, посухе нивиштааст, ки ҳайфам омад тарҷумааш накунам.

Барзу чунон расову балеғу хоида ин луқмаи зеҳниро фароҳам кардааст, ки ҳар касе онро бихонад, бо як зарра шуъуре, ки дорад, вахомати авзоъ ва зарурати гузор ба хатти порсӣ ва тармими ин вазъиятро дарк мекунад. Виҷдоне, ки бо ин талангури такондиҳандаи Барзу бедор нашавад, виҷдон нест.

Он ҳаммеҳани мо муддаъӣ шуда буд, ки дар Эрон бо тоҷикон бадрафторӣ мекунанд. Аммо Барзу ба фарзи ин ки он ҳаммеҳанамон дуруст мегӯяд, чунин посух нивишт:

“Ман метавонистам бо Шумо мувофиқ бошам, агар тоҷик дар хонаи худ зиндагии шоистае медошт, дар меҳани худ аз ҳаққу ҳуқуқе бархурдор буду ҳифозат мешуд. Вақте ки арзиши як тоҷик дар сарзамини худаш баробар бо ҳеч (сифр) аст, вақте ки ҳуқуқи як гови мазраъа бештар аз ҳуқуқи ӯст, вақте ки ҳар сарҷӯха (“ефрейтор”)-и пулис метавонад ӯро лагад бизанад, вақте ки ҳар маъмури давлате метавонад ба сурати ӯ туф кунад, вақте ки ин тоҷики бадбахт маҷбур аст аз ин зиндон ба зиндони нисбатан амнтар (Эрон, Русия...) бигурезад, моро гилоя кардан нашояд, ки дар ҷое дигар он тоҷикро таҳқир мекунанд ё мекушанд.

Беқонунӣ ва таҳқири ӯ дар Хона оғозгари тамоми моҷарост. Ҳар миллате, ки дар сарзамини худаш таҳқир шавад, дар берун аз марзҳои он ҳам таҳқир хоҳад шуд. Ин аз бадеҳиёт (“аксиома”) аст.

Ва баъдаш ҳам, рафтори афроди мо бо бародарони тоҷики афғонистонимонро ба ёд оваред, ки 20 сол пеш маҷбур буданд аз ҷанги дохилӣ ба кишвари мо паноҳ оваранд. Ба онҳо лақаби “афғони бӯйгин” доданд. Ҳатто ҳақиртарин мавҷуд дар Душанбе метавонист муҳоҷири афғонистониро ғорат кунаду кутак бизанад. Мадди назар дошта бошед, ки онҳо (ғолибан) тоҷикони Афғонистон буданд. 

Худи ман борҳо шоҳид будаам, ки як афғонистонии гирён, баъд аз ин ки ғорат шуд, хитоб ба тӯдаи пурсарусадои атрофаш мегуфт, ки ӯ тоҷик аст; дар ъайни ин ки шиносномаашро болои сараш боз нигаҳ дошта буду ба хатти “қавмият” ишора мекард. Аз ҳамон замон равшан шуда буд, ки мо ба инсоният пушти по задаем ва фоҷеъаҳое, ки таҷруба мекунем, танҳо оғози як поёни дарднок аст; ва ин ки ҳанӯз роҳи дарози пур аз иҳонату таҳқиру бохту шикасту рехту ваҳшигарию торикфикрию говпарастию уфти ахлоқию динӣ пеши рӯ дорем.

Мо бояд ба худамон бирасем; бояд аз гузаштаи бадхими кумунистимон дармон ёбем, тавба кунем. Ва бале, бале, бале! Агар барои ин кор бозгашт ба хатти порсӣ ногузир аст, ҳатман бояд ба он баргардем. Ҳатман ва фавран!

Мо бояд аз ҳар тариқи мумкин касофати манкуртиятро аз вуҷудамон бишӯем; дуруст ба монанди инсони мафлуки гирифтори бемории кушанда, ки даст ба ҳар доруву дармоне мезанад, то шояд наҷот ёбад.

Мо дорем замонро аз даст медиҳем. Метарсам, дар ин шох ба шох шуданҳо бо ҳамдигар ба монанди ду бузак бар сари пулаке торик замонро дигар аз даст додаем. Вале ҳатто агар 0,000,1 дарсад фурсат ҳамчунон боқист, бояд аз он баҳра бибарем ва мардумро, ки рақсону хандон бо ҷидду ҷаҳд ба сӯи партгоҳи маргу нобудӣ мераванд, ба роҳе дигар ҳидоят кунем. 

Медонам, ки пур гуфтам, аммо бовар кунед, ин суханҳо ва нигарониҳо аз зеҳни инсоне бармеояд, ки поёни ин роҳро медонад; медонад, ки агар мардум қоъидаҳои душманро ҳамчун суннатҳои худ бипазирад, торихи таҳмилии душманро торихи худаш пиндорад, ахлоқиёти ӯро ахлоқиёти худаш бидонад, костиҳои ӯро чун ойини гузаштагони худ арҷ бигзорад, чи поёне дар интизораш аст. Албатта, худи шумо ҳам медонед. Кофист китоби клоси 8-ро боз кунем, то аз сарнивишти чандин миллати фурӯрафтаву гумшуда дар замона огоҳ шавем. Куҷоянд онҳо? Ва чигуна мешавад мутмаин буд, ки чунин сарнивиште дар интизори мо ҳам набошад? 

Телевизюни миллиро равшан кунед, дар кӯчаву хиёбонҳо парса бизанед, то бо ваҳшати тамом ояндаи мардуми худатонро бибинед. Имкон надорад, ки набинед, чун медонед, ки бебандубории маънавию ахлоқӣ муҷозот дорад.”



Ин ҳам асли матлаб:

"Я мог бы с вами согласиться, если таджику было бы хорошо дома, он был бы защищён у себя на родине, имел бы человеческие права. Когда его цена у себя на родине равна нулю, когда он безправнее коровы на ферме, когда его может пнуть 
любой милицейский ефрейтор, когда может плюнуть в него любой уполномоченный любой властью, когда этот несчастный таджик вынужден бежать из одной тюрьмы в менее безопасную тюрьму(Иран, Россия...), тогда нам не следует сетовать на то, что где-то его унижают или убивают. Всё начинается из беззакония и унижения Дома. Любой народ униженный на родине, будет унижен за его пределами, это аксиома.

Да и вспомните отношение наших по отношению к нашим собратьям афганским таджикам 20 лет назад вынужденным бежать от внутренней войны к нам. Имя им было " афгони буйгин". Даже самый отпетый урод мог в Душанбе ограбить и побить афганца. Учтите, мой друг, таджика по паспорту. 

Сколько раз я сам слышал, как плачущий афганец, которого только что ограбили говорил улюлюкающей толпе, что он таджик и при этом подняв паспорт над головой указывал на ту строку, где было записана его национальность. Тогда было ясно, что мы не люди и трагедии которые мы переживаем, есть только начало конца и что нам предстоит длинный путь унижений, потерь, дикости, мракобесия, поклонение Тельцам, нравственной и религиозной деградации.

Нам нужно заняться с собой, вылечиться от гнусного коммунистического прошлого, покаяться,и да, да, да!!! если для этого нам необходимо вернуться к письменности, то мы должны к ней вернуться. Причём неотлагательно!

Нам нужно отмыться от манкуртизма любым доступным путём, как ищет любой путь излечения человек заболевший смертельной болезнью. 

Мы теряем время, боюсь уже потеряли бодаясь друг с другом, как те два козлика на темном мостике. Но если остался у нас 0,000,1%, то мы должны его использовать и вывести наш народ из гибельного пути, куда он стремительно идёт танцуя и припеваючи.

Знаю, много слов, но поверьте, это слава и переживания человека, который знает, чем заканчивается путь народа который принял правила врага, как свои традиции, его навязанную историю, как свою, его мораль, как свою мораль, его пороки, как привитые "дедами" правила. Да и вам это известно. Стоит открыть историю за 8-й класс и мы увидим там скольких народов поглотила время. Где они? И почему мы можем быть уверены, что нас не ждёт то же самое. Включите национальное телевидение и пройдитесь по нашим улицам, как вы с ужасом увидите будущее собственного народа, не можете не увидеть, ибо вам известно, что моральный беспредел наказуем."