Tuesday, April 29, 2008

Turajanzada Speaks Out

Лахазоте пеш ба Гуфтугуи Ошкори Би-Би-Си бо Хочй Акбари Турачонзода гуш додам. Ба маънии томи вожа лаззат бурдам. Муддатхо буд чунин сухбати бепардаро аз Точикистон нашунида будам. Хисси ранчидагй дар садои Турачонзода мавч мезад ва у беибо ва ошкоро он хисро баён мекард. Нуктаи тамасхуромези кашангеро ба миён оварду гуфт: «Шояд тачрубаи моро метавон ба китоби Рекурдхои Гиннес ворид кард, ки як муъовини нахуствазир дар тули чахор соли кор муваффак нашуда лоакал як бор бо раисичумхурй дидори рубару дошта бошад.» Сухбати хусусиаш бо Рахмон дар паи эъломи истеъфоашро накл кард ва ин ки чаро аз пазируфтани симмати сафорати Покистон сар боз зад ва чи гуна ба унвони яке аз хашт намояндаи раисичумхурй бо як занги телефуни Рахмон вориди Мачлиси Миллй шуд. Ин барнома метавонад бахше аз зиндагии яке аз печидатарин шахсиятхои Точикистонро ба хубй равшан кунад.

Мантики каломи Турачонзода шигифтангез аст. Бо ин ки ман бо хамаи суханони у мувофик нестам, аммо мункири мантики каломаш низ нестам. Озурдагии бисёре аз мардум аз Турачонзода канора гирифтани у аз фаъъолияти ошкори сиёсй ва хомушии уст. Аммо вай дар ин гуфтугу ба таври талвехй тавзех медихад, ки чаро сукут кардааст. Хар каломи у дашнаи сахмгине алайхи давлати худкома аст.

Мо дар торнигористони точикй сари хичоби зан бахсхои доманадору кашолаи зиёде доштем. Аммо дидгохи Турачонзода бароям писандидатар аз хар дидгохи дигаре дар ин бора буд. Дар айни ин ки у сари мухаччаб будани занон исроре намекард, мавзеъи аблахонаи макомоти давлат дар заминаи хичобситезиро низ ба тамасхур кашид. Ва рост хам мегуфт. Дарки давлатдорон аз вожаи «дунявй»-ро ба чолиш мекашид, ки «оё дунявй бояд ба маънои зиддидинй бошад ё гайридинй»? Таклиди куркурона аз Туркияи ототуркиро мазох мекард. Туркияи азхудбезору худкехтарбин. Ва ин дакикан лубби каломи Як Дарвеш дар тули бахсхои хичоб буд, ки озодии интихоби либос бояд бо пушандаи он бошад ва агар зане мехохад хичоб дошта бошад, чилавгирй аз он хилофи шуъури башарист. Ва хамин тавр воруна, агар зане бихохад хичоб надошта бошад, боз хам чилавгирй аз он нафси шуъури башариро инкор мекунад.

Арзёбии Турачонзода аз Хизб-ут-тахриру салафияву вахобияву –ияхои дигари Саъудй такондиханда буд. У истифодаи абзории Гарб аз ин фиркахоро ба сарохат тавзех дод. Ба вижа таъкиди у руи равияи чадиди ин гуруххо (мухолифат ва мубориза бо Эрони шиъа) мавзуъро равшантар мекард. Нуфузи ин гуруххо дар Точикистон дар паи 11 септомбри 2001 мавзеъи Турачонзодаро устувортар чилва медихад. Макарри Хизб-ут-тахрир дар Ландан ва химояти Гарб аз гурухе, ки зохиран бо манофеъи Гарб мунофот дорад, маънй пайдо мекунад. Тавзеъи наворхову китобхои ройгони назарияпардозони салафия дар Точикистон, мухориба бо ойинхои мардумй, аз чумла Навруз, нафрини Эрон тавассути мусалмонхои нав ва кофар хондани эрониён... хама як занчираи пайвастаеро шакл медиханд. Турачонзода таъаччуб мекунад, ки ин хама маблаг барои таблиг аз кучо меояд. Дар холе ки Точикистон кодир нест китобе дархури таваччух мунташир кунад, ин хама китоби ройгон ба чй хисобе чоп мешавад? Ва посух хам медихад. Ба сардамдорони пулдори ин гуруххо дар Арабистону Гарб ишора мекунад. Мегуяд, зохиран ин гуруххо ахиран аз хочагонашон дастур гирифтаанд, ки алайхи Эрон биситезанд. Ва ин дастур бо замони суъуд ё боло рафтани макоми Эрон дар чахон мусодиф мешавад, ки Арабистони Саъудиро ба шиддат нигарон кардааст. Дар натича, чавонони бесаводе, ки худ ирки эронй доранд, имруза бо хамкавмони шиъаи худ (аз чумла исмоъилиёни Точикистон) сари ситез доранд. Хадафи Гарб аз химоят аз ин чараёнхо эчоди ихтилоф ва рахна андохтан миёни мусалмонон аст, дар холе ки хадафи Арабистон густариши доманаи нуфузи мазхаби иртичоъии худаш ва танг кардани чойгохи Эрон аст. Дар ин миён чавонакхои точик чизе беш аз абзори мавриди истифодаи хар ду нестанд.

Давлати худкома хам аз сари нафахмию бесаводии сиёсию мазхабй ба гуруххои тундрави саъудй ичозаи чавлон заданро додааст ва хатареро дар салафияи Арабистон намебинад. Чун ба заъми давлат, фаъъолияти салафия нуфузи Хизби Нахзати Исломиро кохиш хохад дод. Дар холе ки ХНИТ миёнаравтарин ва маданитарин гурухи исломии мавчуд дар Точикистон аст ва канор рондани он чавононро ба огуши иртичоъ ва тундравй парт хохад кард.

Monday, April 28, 2008

Heed The Begging Bowl Please

Мавсими Гадойии Бузурги тоза фаро мерасад. Агар дар Душанбе зиндагй мекунед, мумкин аст кашкули дарвешии шахрдори Душанбе ба зудй дар остонаи коргохатон зохир шавад.

Шахрдори Душанбе, ки раиси Мачлиси Миллй хам хамуст, аз масъулони хамаи муассисот ва ширкатхои мустакар дар пойтахт хостааст, ки то 15 жуие (июл)-и оянда ин кашкули гадойиро бо 10 милюн дулор пур кунанд. Билохира, неругохи Рогун бояд сохта шавад ё на?!

Рохи таъмини ин хазинаи калон хам ба рохатй таъйин шудааст: задан аз лукмаи хурду бузург ва задани он лукма дар дахони давлате, ки каблан хам (дар дахаи 1990) барои сохтмони неругохи Сангтуда-1 пули хангуфтеро аз чайби мардум зада буд ва хануз равшан нест, ки бар сари он пул чй омад. 75 дарсади хазинаи Сангтуда-1-ро РАО ЕЭС-и Русия таъмин мекунад. Сахми мардуми бечораи Точикистон дар 25 дарсади бокимонда чанд аст? (Выражайтесь помедленее, пожалуйста. Просто не понимаю о чем Вы говорите!)

Холо ниёзи мубрами кишвар ба даст ёфтан ба истиклоли энержй рахбарони хирадманду дилсузи мардумро водоштааст, ки ба фикри гармии хонахои мардум дар зимистони оянда бошанд. Ва чун мардум ба хадде пул доранд, ки махалли сарфи сармояашонро ба сахтй пайдо мекунанд, бояд як мох дастмуздашонро (тайи ду мохи оянда) ба сандуки эхдоси неругохи Рогун бирезанд. Хачми он маблаг 10 милюн дулор хохад шуд. Аъзои мискини хар ду мачлиси порлумони Точикистон бо азхудгузаштагии шоёни тахсин аз хамин холо тасмим гирифтаанд, ки пешоханги ин чунбиши худчуши мардумй барои рахойии кишвар аз мазикаи энержй шаванд ва як мох хукуки худро ба ин сандук ворез кунанд. Бар сари ин пул чй хохад омад? (Извините, Вам не кажется, что Вы слишком любопытны?!)

Шакке нест, ки фардо шахрдорони дигар бо пайравй аз икдоми хирадмандонаи шахрдори Душанбе дар остонаи Рузи Захматкашон кашкули гадойиро ба остонаи якояки захматкашони кишвар хоханд кашонд. Ва он гох мумкин аст як сифри дигар ба 10 милюни мавъид изофа шавад. Ва мумкинтар аст, ки мо хушбахттар шавем! Ураааа!

Кй мегуяд, ки 60 дарсади мардуми Точикистон зери хатти факр ба сар мебаранд? Номаъкул кардетон-дия! Мардуми Точикистон бо ториху фархангу забону адабиёти бисёр ганй ва ориёйи чи гуна метавонад худаш ганй набошад? Магар хамин мардум нестанд, ки бо нахустин ишора аз рахбарони калладор бо калла ба истикболи хар навъ гадоие давидаанд ва кашкулро хамвора пур кардаанд? Мардуми Точикистон ба унвони мехмоннавозтарин мардуми чахон харгиз каломи «На!»-ро ба забон намеоранд ва дар вокеъ, Точикистон бихишти гадоён аст. Хеч гадоеро аз дар нарондаанд. Чаро ин якеро биронанд?

Кй мегуяд, ки худи шахрдор ё раисичумхурй дар сурати тамоюл метавонанд он 10 милюн дулорро аз хисобхои шахсиашон ба сандуки Рогун бирезанд? Онхо агар 10 милюн доштанд, магар дар Точикистон зиндагй мекарданд? То холо яке дар Сан-Фронсиску буду дигарй дар Бохомо, по руи по дароз кашида буданду аз бутони симинтан мосожу муштумол мегирифтанд. Ва хатто агар дошта бошанд, гами мардуми бечора ичоза намедихад, ки ин корро бикунанд! Ва хатто агар дар бонкхои Суису Муису гайраву золик 10 милюн (ки чй арз кунам, шояд дахчанд) дошта бошанд, чаро онхо ба Сандуки Рогун пул бирезанд? Магар хамин мардум набуданд, ки тайи зимистон азоби бебаркй кашиданд? Хуб, пас чаро набояд дар равшан шудани хонахояшон сахм бигиранд? Хонаи рахбарон харгиз аз барк бебахра набуда ва азоби бебаркй хам шомили холашон намешавад. (Позвольте спросить, что такое «бебарки»?! Неустанно твердите одно и то же «бебарки» да «бебарки»! Надоели уже!)

Кй буд, ки мепурсид «дар ин ду мох (май-жуан) мардум чй гуна шиками фарзандонашонро сер кунанд?» Зинда бод «чай-чаппати»!

Tell Me Why



Declan Galbraith

Дар руъёхоям
Кудакон мехонанд
Таронае аз ишк барои хар писару хар духтар
Осмон обист
Мазореъ сабзанд
Ва кахкаха забони мардуми дунёст
Аммо баъд аз хоб мехезам ва тамомии он чи ки мебинам
Дунёест пур аз мардуми махрум
Ба ман бигу чаро?
Оё бояд, ки ин гуна бошад?
Ба ман бигу чаро?
Оё чизе хаст, ки ман онро аз назар дур доштаам?
Ба ман бигу чаро?
Чун ман дарк намекунам
Вакте ин хама инсон ба касе ниёз доранд
ва мо дасти кумаке ба онхо намедихем
Ба ман бигу чаро?
Хар руз
Аз худ мепурсам
Ман чй бояд бикунам, ки чун як мард бошам?
Бояд биистам ва бичангам?
Барои он ки ба хама собит кунам, ки ман кй хастам?
Оё ин аст хадаф аз зиндагии ман?
Ки дар дунёе пур аз чанг зиндагии худро хадар дихам?
Ба ман бину чаро?
Оё бояд ин гуна бошад?
Ба ман бигу чаро?
Чизе хаст, ки ман онро аз назар дур доштаам?
Ба ман бигу чаро?
Чун ман дарк намекунам
Вакте ин хама инсон ба касе ниёз доранд
ва мо дасти кумаке ба онхо намедихем
Ба ман бигу чаро?

در رویاهایم
کودکان می خوانند
ترانه ای از عشق برای هر پسر و هر دختر
آسمان آبی است
مزارع سبزند
و قهقهه زبان مردم دنیاست
اما بعد از خواب برمی خیزم و تمامی آنچه که می بینم
دنیائی است پر از مردم محروم
بمن بگو چرا؟
آیا باید که اینگونه باشد؟
بمن بگو چرا؟
آیا چیزی هست که من آنرا از نظر دور داشته ام؟
بمن بگو چرا؟
چون من درک نمی کنم
وقتی اینهمه انسان به کسی نیاز دارند و ما دست کمکی به آنها نمی دهیم
بمن بگو چرا؟
هر روز
از خود می پرسم
من چه باید بکنم که چون یک مرد باشم؟
باید بایستم و بجنگم؟
برای آنکه به همه ثابت کنم که من که هستم؟
آیا این است هدف از زندگی من؟
که در دنیائی پر از جنگ زندگی خود را هدر دهم؟
بمن بگو چرا؟
آیا باید اینگونه باشد؟
بمن بگو چرا؟
چیزی هست که من آنرا از نظر دور داشته ام؟
بمن بگو چرا؟
چون من درک نمی کنم
وقتی اینهمه انسان به کسی نیاز دارند و ما دست کمکی به آنها نمی دهیم
بمن بگو چرا؟


بربگرفته از تارنگار اردوان روزبه

Sunday, April 27, 2008

Kharogh Demo Poll Results

Чаро тазохуроти Хоруг баргузор нашуд?

15 раъй

Вазъи номусоъид: 1 тан (6 дарсад)
Тарс аз давлат: 12 тан (80 дарсад)
Ояндабинии ХСДТ: 1 тан (6 дарсад)
Дигар: 1 тан (6 дарсад

Leave “Massovka”, Read Masov!

Рахим Масов аз бузургмардонест, ки номаш дар торихи Точикистон барои хамеша сабт шуда ва шояд фардо – замоне ки дигар бисёр дер шудааст – арзиши кори сутурги ин фарзонаро бештару бехтар бишносем.

Китоби «Торихи табартаксим»-и у, ки бо номи «История топорного разделения» ба дасти ман расида буд, дар навчавонй ба нихоли хисси худшиносии ман гизои фаровон дод. У забони кутохи моро дар хостани хаккамон дароз карда буд. Дигар иддаъои мо дар мавриди Самарканду Бухоро пучу тухолй набуд, балки далоил ва хакоики мувассак ва такондихандае дошт.

Ин донишманди бузург, ки ба бойгонихои пушидаи Маскаву Тошканду Душанбе даст ёфта буд, ганчеро бурун овард, ки чойгоху пойгохи миллигароёнро устувортар кард. Арзиши хидмати фарзона Рахим Масовро камтар аз хадамоти вазини Бобочон Гафуров намедонам. Ба вижа ки ин рузхо, ки дар холи ковишу пажухиши мавзуъи точикони Узбакистон хастам, беш аз пеш аз киёи Масов сипосгузорам ва эхсоси ифтихор дорам. Чун мебинам, хаму буда, ки чашми пажухишгарони бохтариро ба вокеъиятхои талхи точикони Узбакистон гушуда.

Бисёре аз пажухишгарони бохтарй, ки дар бораи точикони Узбакистон сухане дар миён овардаанд, маъмулан бо такя бар омори расмй шумори хамкавмони мо дар он кишварро дастиболо 5 дарсади чамъият медонанд. Аммо бо интишори «Табартаксим»-и Масов шумори хар чи бештари чуяндагони хакикат ба китоби у мурочеъа мекунанд ва татбик ё мукоисаи омори солхои мухталифро аз китоби Масов накл мекунанд. Як намунаи он омори точикони Самарканд дар солхои мухталиф аст, ки хама ба накл аз устод Масов овардаанд. Дар чадвали Масов, ки барои мо камарзиштар аз чадвали Менделеев нест, кохиши чашмгири шумори точикхо дар Самаркандро ба вузух мебинем:

"Соли 1915 точикхо - 59,901 тан; узбакхо - 819 тан.
Соли 1920 точикхо - 44,758 тан; узбакхо - 3,301 тан.
Соли 1926 точикхо - 10,716 тан; узбакхо - 43,304 тан."

Охир чи тавр дар шахре, ки дучори мухочирати дастачамъй ё маргумири фарогире нашудааст, шумори точикхо дар тули 11 сол метавонад ба микдори беш аз 49 хазор тан кохиш дошта бошад? Ва дар айни хол, чи тавр мумкин аст, ки шумори узбакхо дар тули 11 сол аз 819 тан якбора ба 43 хазору анде бирасад? Хамин омори хиффатбору хоркунанда боъис шуда буд, ки Абдуррахим Хочибоев, аз миллигароёни кумунисти точик, бо хашму хайрат бипурсад, ки «магар хамаи точикхо мурдаанд?» Харчанд пурсиши у бепосух монд, аммо то ба мо расид ва имруз дар андешаи мо мечархад.

Зохиран дар вокеъ шумори зиёде аз точикхо ба таври маънавй мурда буданд ва бохтани хуввияти миллиро мусибате азимтар аз бохтани махалли кор ё сукунат намедонистанд. Шуморе хам ба куллй нодида гирифта шуданд. Достонаш тулонист.

Матлаби пажухишии ояндаи TajikistanWeb.com, ки умедворам ба андозаи тахкикоти каблии он мавриди истикболи азизон вокеъ шавад, хамин аст: бар сари точикони Узбакистон чй омад? Ва чй бояд кард...

Аз ин ру, агар ин рузхо дар Интернет хузури чашмгире надорам, пузиш. Албатта, тайи ин муддат Интернет аз дасти ман амон надошта. Дар торнамохову сухангоххои узбакистонй мечархидам, то чавви он чоро бисанчам. Пас аз анчоми ин пажухиш ва интишори он дубора пурхарфй хохам кард. Феълан мувозиби худатон бошед ва бедруд.

PS: Аз хамаи дустони торнигористони точикй хохиш мекунам, ки хатталимкон ба мавзуъи точикони Узбакистон бипардозанд ва ахамияти онро барчаста кунанд. Нохунро аз гушт чудо накунем ва ба ёди азизони дуруфтодаамон бошем. Сипос.

Wednesday, April 23, 2008

Where To Go?


قومی متفکرند در مذهب و دين
قومی به گمان فتاده در راه يقين
می ترسم از آنکه بانگ آيد روزی
کای بیخبران راه نه آن است و نه اين

خيام

Кавме мутафаккиранд дар мазхабу дин
Кавме ба гумон фитода дар рохи якин
Метарсам аз он ки бонг ояд рузе
К-эй бехабарон, рох на он асту на ин.

Хайём

Monday, April 21, 2008

The Fall of A Quasi-Deity

به دبيره پارسی

Марги 'Инсон-Худо'

Аз нахустин рузе, ки по ба мадрасаи Точикистони Шуравй ниходам, нишони кучаке бо акси Ленини кучулуро, ки руи ситорае насб шуда буд, сари синаам заданд ва хисси вафодорй ба идехои Ленинро дар зехнам санчок карданд.

Омузгорон хамаруза батакрор мегуфтанд, ки неъмати омузишу парвариш аз мурдарег (мерос)-и Ленин аст ва агар Ленин набуд, хонахои мо торик мемонд. Ба чарог «Нури Илйичй» мегуфтем. Номхои тозаи Мэлс (Маркс, Энгелс Ленин, Столин) Владлен (Владимир Ленин), Вили (Влалимир Ильич) ва Марлен (Маркс ва Ленин) дар миёни мардумони точику русу узбак маъмул шуда буд. Тоблухои азим, шиъорхову навиштахо ва тандис (мучассама)-хои мутаъаддиди «дохй» ба хеч руй ичоза намедод, ки як рузи даврони кудакиам бидуни ёде аз Ленин бигзарад.

Хашт сол бештар надоштам ва узви созмони «Уктубрзодагон» (Октябрята)-и мадраса будам, ки дар хамаи мадориси Иттиходи Шуравй вучуд дошт ва мархилаи баъдй узвият дар Созмони Комсомол (Кумунистхои чавон) буд ва баъд аз он, агар шонс меовардем, карор буд кумунист шавем ва дар ичрои идехои Ленин бикушем.

Рузе, ки як хамклосй (хамсинфй)-ам ру ба тасвири Ленин душноми кабехе ба забон овард, фикр кардам хамин ал-он забонаш хохад уфтод ё балое осмонй ба сарвакташ хохад расид. Аммо чунин нашуд ва ман дар шигифт мондам.

Дар синни нухсолагиам се мох дар Маскав дарс хондам. Пас аз бозгашт ба Душанбе манро аз як клос ба клосе дигар мебурданд ва мехостанд аз чалоли оромгохи Ленин ва пайкари мумиёйии у бигуям. Ба достонхои олуда ба тахайюли ман, ки бо обу ранги лениндустонй баён мешуд, хама бо валаъ гуш медоданд.

Бародарам, ки издивоч мекард, мисли хар тозадомоди дигаре бо арусаш пои тандис(мучассама)-и Ленин дар шахри Душанбе рафтанд ва дастагул гузоштанд. Пешоруи Ленин даф задему пойкубй кардем.

Чирагии МакДоналдз бар Ленин

Аммо дар соли 1990-и мелодй, бо ин ки хамчунон дар хамон мадраса будам, тасаввурам аз Ленин заминитар шуда буд. Дар рузномахо матолибе чоп мешуд, ки аз хатохои низоми шуравй ва пешвоёни он мегуфт. Бо вучуди ин, хисоби Ленин аз Брежневу Столин ва гайра чудо буд. Холаи такаддус – харчанд камнур – хамчунон даври сараш бокй буд. Аммо дар матбуъоти Русия навиштахое мунташир мешуд, ки андак-андак он холаи такаддусро хам мешикаст ва хислатхое чун касовати калб ё берахмй ва тангназариро ба Ленин нисбат медод, ки дар гузашта зикри онхо куфр махсуб мешуд.

Тибки одати хар инсони шуравй, ин бор хам ки гузорам ба Маскав уфтод, ба зиёрати оромгохи Ленин рафтам. Саффи боздидкунандагон кутохтар аз гузашта ва хатто кутохтар аз саффи даккаи чадиди McDonalds-и канори Майдони Сурх буд. Кормандони музеи маъруфи Ленин дар хошияи Майдони Сурх ба тарафдорй аз бакои музе имзо чамъ мекарданд. Ман хам зери тумор (петитсия) имзо кардам, бо ин ки дигар пайрави Ленин набудам ва хатто баръакс, гароишхои мухолифи ленинисм доштам ва медонистам, музе саранчом баста хохад шуд. Аммо намехостам торих фаромуш шавад. Он тумор бар умри Музеи Ленин факат чахор сол афзуд.

Рехлати дубораи Ленин

Як сол пас аз он (1991) такаддуси Ленин дар Точикистон хамрох бо мучассамаи аслии рахбари булшевикхо дар маркази Душанбе шикаста шуд. Узбакистон як сол баъд даст ба ин икдом зад ва тандисхои Ленин дар саросари Иттиходи Шуравй галтидан гирифт. Бо хамон шитоб уббухати Ленин ранг мебохт ва рахбари булшевикхо аз маснади волои Инсон-Худои хатонопазири парастиданй ба пояи як инсони мирои пурхато сукут кард. Дар марги ному корномаи Ленин ашки фаровоне рехта шуд ва марсияхои бисёре ба хамаи забонхои шуравй суруда шуд. (Ман на ашк рехтаму на марсия гуфтам.) Аммо зохиран китоби торих бепарво аз андухи дусторони Ленин дошт варак мехурд ва як кеши шахсият (шахсиятпарастй)-и дигар, ки гумон мерафт човидона бошад, ба торих мепайваст.

Дар паи он шахрхое, ки номи Ленинро доштанд, шитобон ба номхои пешини худ баргаштанд. Шахри Ленингрод, ки соли 1924 пас аз даргузашти Ленин тагйири ном кард, бар сари бозгашт ба номи каблии он ба ду пораи такрибан хамсанги мувофикону мухолифон таксим шуда буд. Мухимтарин солхои зиндагии Ленин бо хамин шахр пайванд хурдааст. Соли 1991 55 дарсади чамъияти ин шахр ба тарафдорй аз номи Санкт-Петербург (Сан-Петерзбург) раъй доданд ва номи шахр тагйир кард.

Шахри Ленинободи Точикистон бо сарусадои камтар ба номи каблии худ – Хучанд баргашт ва устони Ленинобод дар соли 2002 «Сугд» ном гирифт.

Тозатарин зарба ба кеши шахсияти Ленин дар Точикистон сарнагунии охирин тандиси у дар шахри Душанбе буд, ки дар поёни мохи феврие (феврал)-и имсол анчом гирифт. Карор аст ба зудй Абуъабдуллохи Рудакй чойгузини у шавад.

Ин тандиси Ленин нахустин мучассамаи рахбари булшевикхо дар Точикистон буд, ки соли 1926, ду сол пас аз марги Ленин, насб шуд. Онро бо катор аз Сан Петерзбург ба шахри Термези Узбакистон ва сипас аз он чо бо шутур ба шахраки Душанбе хамл карда буданд.

Ленини сармоядорй ва нустолжй

Аммо огози поёни асри Ленинисм аз гласност (ошкоргуйи) ва перестройка (бозсозй)-и Михаил Горбачев моя гирифтааст. Горбачев ба унвони як хаводори пуршуру харорати Ленин муътакид буд, ки Хизби Кумунист аз омузахои Ленин фосила гирифта ва фосид шудааст. У тахти шиъори бозгашт ба ленинисми ростин даст ба ислохоте зад, ки пояхои кеши шахсияти Ленинро мутазалзил кард, гофил аз он ки ин кеши шахсият худ пояи кулли низом буд ва бидуни он хифзи Иттиходи Шуравй номумкин мешуд.

Дар паи гусастагии шерозахои ленинисм ва Иттиходи Шуравй чумхурихо ба истиклоли хоставу нохоста расиданд ва бозпас рохеро пеш гирифтанд, ки бо зухури Ленин рахо карда буданд.

Ному тасвири Ленин имруз хам дар амокини мухталифи Маскав ба чашм мехурад; дар хилоли хашми хаводорони солманди Ленин ному тасвири Ленинро метавон дар фаровардахои ширкатхои сармоядорие чун “McLenin’s” (МакЛенинз) дид, ки тасвири рахбари булшевикхоро зери харфи заррини «М»-и Макдунолдз карор додаанд. Акнун ба чои китобхои мутаъаддиди Ленин бештар вудко ва ти-шерт (футболка)-и Ленинро метавон дид.

Вале оё бар сари он хама мудофеъи сахткушу сахтчони Ленин ва ленинисм чй омад? Оё шуру шавки онхо такаллубй ва замонасозона буд?

Бо нигохе ба гузашта метавонам бигуям, ки эхсосоти мардуми одй умдатан самимй ва содикона буд. Онхо ба Ленин имон доштанд. Хатто чунбишхои мухолифи кумунисм, дар холе ки ба сиёсатхои рахбарони вакти Шуравй метохтанд, нудратан Ленин ва акоъиди уро ба чолиш мекашиданд. Аммо бо гушуда шудани розхои магуи Хизби Кумунист ва огохии мардум аз он чи намедонистанд, кеши шахсияти Ленин ба фано расид ва як хакикати содаи торих такрор шуд, ки хар кеши шахсияте фонист.

Вокеъиятхои талхи имруз дар Точикистон ва дигар кишвархои шуравии пешин бисёреро гирифтори нустолжии даврони осудатари шуравй карда, аммо андак касе эътикоди пешинаш ба Ленинро хифз кардааст. Аз такдиси Ленин дигар хабаре нест.

Persian Language and Its Accents

Бахси забон, ки поёнаш хануз нопайдост, дар торнигори Андеша низ идома дорад. Шояд суъитафохуме боъиси ба дарозо кашидани бахс шуд. Аммо, чун хамеша, бахс чизе накуст ва бархурди акоъид метавонад тафохумеро ба вучуд оварад.

Порае аз посуххоям дар он бахсро ин чо меоварам:


Ман хам аз тарафдорони парупокурси озодии баёнам ва то кунун дахони касеро мухру мум накардаам, ки назар надихад. Аммо нафахмидам, ки сухбати шумо аз кадом далоил аст? Зебоии ин ё он талаффуз? Аслан ин бахси мо рочеъ ба расмулхат буд ё зебоии талаффуз? Шояд хелехо аз нахваи талаффузи ман мутанаффир бошанд ва ба гунахое ин танаффурро ба хурди ман медиханд, ки ман онро хам ба хисоби адами рушди миллигаройи мегузорам. Аммо талаффузи ман ки дар навиштахоям бозтоб намеёбад. Ва аслан иртиботи он бо ин мавзуъро дарнаёфтам. Дар холе ки хамон хатти порсй руи тамоми талаффузхо сарпуш мегузорад, тавре ки шумо ба дилхохи худатон хар вожаро метавонед талаффуз кунед.

Устод Шакурй дар тозатарин гуфтугуи худ бо Чадид чизе дигар гуфт. Ба назари устод, агар карор аст мо аз худ хуввияте дошта бошем, бояд дар нихоят ба хатти порсй баргардем. Порае аз назархои эшонро метавонед дар ин пайванд бишнавед.

Ба назари ман, хатти лотин кучактарин тафовуте аз хатти сириллик надорад ва хамон костихоеро дорост, ки расмулхатти кунунии мо дорад. Он чо хам хар ду “бино” як тарзи навишт доранд. Он чо хам “мехр” бо “меравам” як чур “е” доранд, дар холе ки нахуст бояд кутох ва дуввуми дароз бошад.

Ба назари ман, мо шохиди дами сакароти “забони адабии хозираи точик” хастем. Ба хотири сустии пайванд миёни забон ва андеша, ки камтар ба он пардохтаем, фикри тозае тавлид намешавад ва хама такрору нушхори фикрхои гузашта аст. Касе, ки дар баёни мафхумхо мачбур аст ба “вай” ва “чиз” муттакй шавад (ба монанди “Вайро оварда вай кун, ки чиз шавад” - ба хотири дурй аз бадгумонихои махаллй ба хеч лахчае нагуфтам), дучори як мушкили бунёдин аст. Ин мавридест, ки дар чомеъаи мо бештар ба чашм мехурад.

Ба бовари ман, бояд вокеъиятро пазируфт, ки забони модарии мо дар Точикистон бисёр заъифу такида аст. Пурзуру кашангу бартар чилва додани он дар баробари дигар гуишхои порсй андаке хандаовар ба назар мерасад. Боз хам таъкид мекунам, манзур талаффуз нест. Аз диди торихи забоншинохтй, гуишхои Точикистон наздиктарин шеваи гуиш ба забони клоссики порсист ва техронй бисёр дуртар аз он аст. Аммо шерозаи забон дар Точикистон аз хам гусехтааст. Дарки ин кутохй ва пазириши он шахомат мехохад ва ислохи он шахомати бештар. Забон бояд ислох шавад.

Чанд намуна аз унвонхои маколоти нашрияхои хафтаи гузаштаи чопи Душанбе:
“Ё мулло бош, ё “бука”, на академики пиёда”, “Гимнро холо иваз накунед” ва як чумла: “Аз фурсат истифода намуда ба шахрвандон ва рахбарони хочагихо гуфтаниам, ки ба гасб намудани китъахои замини киштй, сохтмонхо рох надиханд, чунки окибати ин амал хуб анчом намеёбад.”

Холо ба хотири ин ки точикем, бояд бах-бах гуфт, ки чи забони зебое дорем, ки намедонад “окибат” анчомёфтанй нест, балки худ анчоми як кор аст? Ва он хама иборахои обшуставу бегонае, ки чун кайк бар баданаи забони мо часпида, то кучо хушоянд аст?

Умедворам, бо дарке мудерн аз бахс шаккокихои манро ба хисоби камлутфй ва белутфй нагзоред. Аммо он чи мебинам, забоне дар холи сакарот аст.

***

Устод Шакурй хам таъкид кардааст, ки гузор ба хатти порсй бояд тадричан ва охиста сурат бигирад, аммо анчоми он хатмист. Ин коре нест, ки якшаба анчом шавад, аммо агар мехохем забонамон дар канори забонхои пешрафта матрах бошад, бояд ба хатти худамон баргардем. Хамаи осори бузургони мо, аз Рудакй гирифта то Айнй ба хамин хатти порсй навишта шудаанд.

Нафси хондану навиштан нишони босаводй нест. Агар мо наметавонем аз файзи адабиёти беш аз хазорсолаи порсй бахра бибарем, пас бесаводем. Дар натича, метавон иддаъо кард, ки аксаран бесаводанд, аз ин ру чомеъа гирифтор мондааст. Бештари мушкилоти мо бо забони заъифамон пайванд дорад. Хатто мушкилоти иктисодй. Агар зехни нохудогохи мо мафхумхоро ба забони модариамон ламс ва дарк намекунад, кодир ба офариниши мафхуме тоза ва рохкоре нав нестем. Танхо рохи ислохи забон бозгашт ба хатти порсист.

Ва боз дар мавриди “ширинии талаффуз”, ки ба назари ман мавзуъи дарачаи як ба шумор намеояд. Гуиши Фирдавсй, Мавлавй, Хофиз ва гайра ба порсии точикй наздиктар будааст ва инро бисёре собит кардаанд. Худи ман хам дар як кунфронси Ландан дар ин бора суханронй доштам ва бо такя бар чанд байти Фирдавсй, Мавлавй ва Саъдй собит кардам, ки гуиши онон ба порсии точикй наздиктар будааст.

Барои намуна:

Гул хамин панч рузу шаш бошад
В-ин гулистон хамеша х(в)аш бошад.

Хаш ё х(в)аш, ки хамон “хуш” аст, бо “шаш” хамкофия шуда, на “шеш”, ки дар Техрон роич аст. Лахчаи техронй танхо пас аз омадани Кочор бар сари кудрат ва интиколи пойтахт ба Техрон муставлй шуд. Аммо хатти порсй тагйир накард. Зеро дар он хат чи “шаш” ва чи “шеш” як тарзи навишт доранд. Аз ин ру ман гуфтам, ки хатти порсй зомини бакои хамаи гуишхост. Бо хатти порсй метавон хамаи гуишхои порсиро як гуна навишт ва ба гуишхои мухталиф талаффуз кард.

Бародарони гиромии ман,

Лутфан мутаваччехи ин нукта шавед, ки то кунун чанд бор такрор шуд: Бахс сари расмулхат аст, на талаффузи ин ё он гуиш. Агар касеро гуиши ман озор медихад, саъй мекунам харгиз бо у мусохиб нашавам, то асбоби кудурати хотираш фарохам нашавад. Мавзуъ забони азхамгусехтаи мост ва хатте, ки ниёзхои моро бароварда намекунад ва боъиси чудойии мо аз хамкавмонамон ва аз осори гузаштагонамон ва аз худии худ ё хуввиятамон шудааст.

Поянда бошед

Sunday, April 20, 2008

Graeme Loten: Next Murray?


Бори нахуст ман ин мардро, ки дар васати акси боло хамида истодааст, дар Ландан дидам.

Соли 2004 Вазорати хоричаи Бритониё аз бахши Осиёи Миёнаи Би-Би-Си хоста буд, ки як коршиноси Точикистонро ба ин вазоратхона бифиристанд. Чун бахши Осиёи Миёнаи Бунгохи Суханпарокании Бритониё (ВВС) дар умури Точикистон тахассус надорад ва Точикистонро бахши порсй пушиш медихад, Хамид Исмоъил – раиси бахши Осиёи Миёна манро ба унвони коршиноси умури Точикистон муъаррифй кард. Коршинос хам ки набудаму нестам, аммо ба гуфтаи русхо «на безрыбье и мясо рыбо» (дар набуди мохй гушт хам мохист).

Чахор коршинос аз созмонхои мухталифи Бритониё ба Вазорати хорича даъват шуда буданд, ки факат якеашро хуб мешинохтам: Ширин Акинер аз Муассисаи Мутолеъоти Осиёйи ва Офрикойии Ландан (SOAS). Яке дигар бонуе эронй буд. Севвумй ба ёдам намеояд ва чахорумй хам банда будам. Дар садри мачлис хамин мард нишаста буд, ки бо хушруйи худашро муъаррифй кард: «Graeme Loten». Карор буд ба зудй ба унвони сафири Бритониё дар Душанбе чонишини Майкл Смит шавад. Мавзуъе, ки аз ман хоста буданд рочеъ ба он сухбат кунам, хизбхои сиёсии Точикистон буд. Он замон шаш хизб бештар надоштем, бо инсичоме бештар аз акнун. Дар холе ки гох-гудоре кахваро маз-маз мекардам, барои хуззор, ба вижа сафири оянда тавзех додам, ки ин шаш хизб кихо хастанду чи мехоханд. Дар сухбатхоям заррае аз бовархои идеулужики худам кор нагирифтам, балки ба унвони як хабарнигори дуоташаи Би-Би-Си, ки бетарафиро шиъори кори худ кардааст, факат он чиро гуфтам, ки ошкору машхуд буд. Дигарон хам хар кадом мавзуъеро ба муддати панч дакика тавзех доданду мунтазири пурсишхои Лотен мондем.

Аз Лотен садое барнамеомад. Пурсишхоро умдатан ёваронаш мекарданд. Дар натича бардошти ман аз сафири чадид чандон мусбат набуд. Фикр мекардам у дар бораи кишвари ман то чи хад ноогох аст ва шояд хам буд.

Дар паи он иттифоке уфтоду бо Майкл Смит – сафири пешини Бритониё дар Точикистон пушти мизи нушгох (бар)-е дар Ландан нишастем. Сухбате гайрикорй ва комилан дустона бо марде бо андухтахое кобили тахсин аз Точикистон, ки дар мавориде мани «коршинос»-ро шигифтзада мекард. У дигар бо Точикистон коре надошт, аммо аз Эмомъалии Рахмон хотири хуше дошт. Мегуфт, раисичумхурй шахсан ба хангоми гуселаш аз Точикистон уро ба хонааш даъват карда ва гуфтааст: «Дафъаи баъдй мехмони хонаводаи ман хохед буд. Точикистон хонаи шумост, хар гохе хостед ташриф биёред.»

Аммо аз дидгохи Майкл Смит дар бораи Крейг Мурей (Craig Murray) – сафири нофармони пешини Бритониё дар Узбакистон хушам наомад, ки мегуфт: «он мардак девона аст! Кадом сафир ин гуна рафтор доштааст, ки у дошта бошад?!» Ман дар посух ба хашми Смит аз Мурей сухбатам бо Крейг Мурейро ба ёд овардаму гуфтам: «Мурей муътакид аст, ки хукуки башар авлотар аз хар чизи дигар аст, аз чумла вазифаи як диплумот». Майкл Смит гуфт: «Мо дар замони Столин хам дар Русия сафир доштем ва хуб медонистем, ки Столин милюнхо нафарро катлу камъ мекунад. Оё бояд сафири мо бо макомоти Шуравй даст ба гиребон мешуд? Манофеъи Бритониё бароямон авлотар буд ва бояд бошад.»

Хамин сухан кофй буд, ки аз Майкл Смит хам дилсард шавам. Агар сафиратон медонист, ки милюнхо тан ва ба вижа хазорон равшанфикр дар саросари Иттиходи Шуравй кушта мешаванд, чаро садо дар наовард? Магар у хам аз насли башар набуд? Магар чони так-таки он афрод, ки зери сотури Столин рафтанд, арзиши чони инсоне мисли худи уро надошт? Манофеъе, ки мегуйи, хамон сарвату сармоя аст. Оё ин сарвату сармоя, ки натичаи мазикаву бадбахтии милюнхо тан аст, дар баданат гувориш меёбад (хазм мешавад)?

Он сухбатро бо ишорае кутох, ки «ба назари ман, Крейг Муррей кореро кард, ки хар инсони бовиждон бояд мекард», ба поён бурдам.

Ва аммо дар мавриди сафири чадид (Граем Лотен) назарам билотагйир монда буд, то замоне ки шунидам мохи нувомбр (ноябр)-и 2007 ба унвони раиси Иттиходияи Урупо дар Точикистон аз конунхои Точикистон интикод карда ва гуфтааст, ки конунгузорй бояд шаффофияти бештаре дошта бошад, агар карор аст шумори бештари сармоягузоронро ба Точикистон чалб кунад.

Бо балое, ки ба сари ОРИМА оварданд, фикр намекунам як сармоягузори хоричии дигар по ба харими Точикистон бигзорад. ОРИМА пули давлати Точикистон набуд, ки мусодира шавад. Он як ширкати муштараки точикй-хуландист, ки дар огоз сахмияхояшон 50 ба 50 буд ва дар нихоят 70 дарсади он ба Маъруф Орифов таъаллук гирифт ва холо карор аст ба чайби давлат биравад.

Икдоми баъдии таъаччуббарангези Лотен сухбатхои рузи шанбеи у дар нишасти 35-умин солрузи поярезии Хизби Нахзати Исломй буд. Интикоди у аз Хизби Нахзати Исломй бисёр бачо ва дуруст буд. Хизбе, ки муддаъии мухолифат бо давлати феълист, бояд рафторе дигаргуна дошта бошад. Вакте ки мардум аз зачр ба дод омадаанд ва бо вучуди хатароти хоил дар баробари кохи раёсати чумхурй тачаммуъ мекунанд, лату кубу боздошт мешаванд, як хизби мухолиф чи гуна метавонад сокит бимонад? Дар зимистони гузашта, вакте ки кудакони навзод аз сармо мурданд ва солмандон хам дунёи пурранчро зудтар тарк гуфтанд, хизби мухолиф чи гуна метавонад гами давлатро бихурад ва аз эчоди захмат барои «давлати бечора» пархез кунад? Магар гунахкори он бадбахтй давлат набуд? Зимистони сахт вижаи точикхо набуд. Тамоми минтака ва фаротар аз он бо зимистони замхарире рубару шуданд, аммо чаро бояд точикхо бештар аз дигарон азоби онро мекашиданд? Чун давлат коромад набуду нест. Чаро Хизби Нахзати Исломй, ки сарточи мухолифон буд, ин вахшатро дар сукути комил мушохида кард ва баъд аз он хам чизе нагуфт?

Барои Греам Лотени бритониёйи ин навъи «мухолифат бо давлат» аслан кобили дарк нест. Дар Бритониё кучактарин кутохии давлат боъиси нишастхои густардаи мухолифон ва пахши баёнияхову барпойии рохпаймойихо мешавад, то давлатро аз чурт ё ганабаш бедор кунад, то бидонанд, ки дунё бесохиб нест ва коре бояд кард. То мутаваччехи ахамияти мардум шаванд ва неруи тахтбарафкани мардумро ламс кунанд. То мардумро табдил ба бардагони бечора накунанд, ки хар гирду (чормагз)-еро, ки давлат хост, бар сараш шикаста шавад. То намояндаи ростини мардум бошанд.

Бо ин изхороти Греам Лотен симои у батамом барои ман иваз шуд. Умедворам у хам аз кори неки Крейг Муррей, ки мухолифони давлати узбак уро «кахрамони мардуми Узбакистон» унвон кардаанд, дарс гирифта бошад ва аз ин ба баъд хам чои холии мухолифони давлатро пур кунад.

Шарм бод бар мухолифоне, ки моро чашм ба дахони сафире бегона кардаанд. Хизби Нахзати Исломй бо пуштвонаи азиме, ки дорад ва 25000 узвияте, ки унвон мекунад, чойгохаш он чо нест. Набуди садои мухолиф дар хар чомеъае он чомеъаро зудтар аз мавъид ба мархилаи фарсоиш мерасонад. Мавчудияти садохои мувофик ва мухолиф аз заруратхои бако ва мондагории хар миллат аст. Агар таносуби мувофику мухолиф дар кишвар мавчуд набошад, мавчудияти кишвар хам зери суол меравад. Дуруст ба монанди нерухои мусбату манфй, ки ба иттифоки хам як чарогро равшан мекунанд. Аз ин ру чароги кошонаи точик хомуш аст. Чун мо таркиби мутаносиби мусбату манфиро хануз надорем. Ба умеди он руз.

Saturday, April 19, 2008

Script Poll Results

Натичахои раъйгирии гузашта

Шумо тарафдори чй хатте барои забони модарии мо хастед?

Шумори ширкаткунандагон: 13 тан

Сириллик: 2 тан; 15%
Порсй: 10 тан; 76%
Лотин: 1 тан; 7%
Порсй бо тагйирот: 0
Дигар: 0

Friday, April 18, 2008

A Royal Plea to Locusts


Газали зерро дар паи хондани матлаби Механпараст навиштам. Бо хондани он матлаб, хуввияти кахрамони газал низ равшан мешавад. Ин газалро бо вазни як оханги маъруфи Шашмаком низ мешавад хонд. Метавонед имтихон кунед.

Эй малах, дод аз чафоят, шармсорам кардайи,
Эътиборамро чун он банди изорам кардайи.

Шох будам, мехиромидам ба дашту гулситон,
Гулситонамро ба монанди мазорам кардайи.

Барфборихо хамин дируз банд омад, амон,
Бо хучумат дар азоби маргборам кардайи.

Изни ман кай доштй? Юриш биёрй бо шитоб,
Дар итоби ин раъоё хору зорам кардайи.

Ишрати манро ба талхй менишонй боз ту,
Боз туморам бишуйи, торуморам кардайи.

Зури ту аз зури бозуи раъоё беш буд,
Нотавон гуфтам туро, дидам чи корам кардайи.

Эй малах, зар мешиносй, ки ба болат барнихам?
Бол зан бо ришваат даррав, ки хорам кардайи.

Хонаву мазореъатон бемалах ва фалакатон бар вифки муроди шумо гардон бод.

Thursday, April 17, 2008

Regionalism Saves a Nation?

Чизе, ки бештар аз хама дар навиштахои матбуъоти Точикистон ба чашм мерасад, мавзуъи махалгаройист, ки гох пушидаву гох ошкор, гох бо кинояву гох бепарда руи сафахоти хафтаномахо зохир мешавад ва зехнхоеро, ки талош мекунанд ба дарки худшиносии миллй бирасанд, ошуфта мекунад.

Ин бор дар хафтаномаи «Озодагон» маколае чоп шудааст бо имзои Сафват Бурхонов ва бо унвони «Махалгаройи – начоти миллат». Нависандаи макола муътакид аст, ононе, ки дам аз зиён ва хатароти махалгаройи мезананд, «ба Худо, ки аз як кампири бесаводи дехотй бештар махалгароянд.» Вай меафзояд:

«Махалгаройи, ба сари худ, падидаи бад нест. Хар кадоме, ки лофи миллатдустй мезанад, аз як музофотишуур бештар нест. Агар одамро чун вохиди биологй кабул кунем, у ба намуди ширхурони вахшй медарояд, ки тарзи хаёти рамагй дорад. Чамъияти инсонй аз авлод, махал, миллат, нажод ташкил меёбад.»

Зохиран Сафват Бурхонов хабар надорад, ки дар чахон махалхо, миллатхо ва нажодхое хастанд, ки аз он мархилаи ибтидойии «ширхурони вахшй» берун хазидаанд ва дигар «тарзи хаёти рамагй» надоранд. Барои хелехо мухим нест, ки чаро раисичумхури кишварашон аз кишлоки у нест. Ва рахбарони хеле аз кишвархо хам исрор надоранд, ки хамрустойии бесаводашон муъовину вазиру кабираш бошад. Бо таваччух ба суханони Бурхонов, Точикистон хануз дар хамон мархила гирифтор мондааст.

Агар махалгаройи, ба сари худ, падидаи бад намебуд, мо имруз дар ин кишвари махалгаро шохиди Точикистоне шукуфо мешудем, на кишваре пажмурда; вазирону кабирони мо бар пояи тахассусашон ба он макомхо баргумошта мешуданд; хонаводахои мушаххас сиёсат ва иктисоди кишварро кабза намекарданд; корхонахои мо фаъъол буданд; хонаву кошонахои мо равшан буд; кудакони мо оядаи равшантаре медоштанд… Пас ин иддаъо хам дар вокеъиятхои рузгори Точикистон бозтоб наёфтааст, ки нишоне аз галат будани ин бовар аст.

Бурхонов дар идомаи дифоъ аз дидгохи махалгароён мегуяд:

«Махалгаройи чузъи иммунитет (масуният)-и миллии точикон аст, ки барои зинда мондани миллат хизмат (хидмат)-хои бехамто кардааст ва имруз давом дорад.»

Ин сухан то хадди зиёде мафхум нест, чун дар вокеъ, хамин махалгаройи буд, ки точиконро пора-пора ва пароканда нигах дошт ва дар натича, шахрхои Самарканду Бухоро ва манотики дигар дар Сурхондарёву Фаргона берун аз хоки Точикистон монданд. Хамин махалгаройи буд, ки ба точикон мачол намедод худро ба унвони як миллати ягона ва вохид бишносанд. Пас ин гуфта хам пазируфтанй нест ва галат аст.

Бурхонов меафзояд:

«Тасаввур кунед, ки ин махалгаройии дагал намебуду хар кавму миллати омада бо мо омезиш меёфт, имруз пусти сафеду чашми шахло хеле камчин мебуд. Мо ориёйи намебудем.»

Ин пораи макола дорои нишонахое аз накохат (синдром)-и «стриптизи нажодй» аст. Он бештар ба таблиги нажодпарастй мемонад, ки дар бисёре аз кишвархо таъкиби конунй дорад. Ва аслан махалгаройи ба мавзуъи хифзи «хуни сараи ориёйи» чй рабте дорад? Оё нависанда «махалгаройи»-ро бо «миллигаройи» иштибох гирифтааст? Ва аслан кй мегуяд, ки хуни мо бо хуни кавмхои дигар наомехтааст? Оё окои Бурхонов барои худ ва якояки точикони Точикистон тести ДНА анчом додааст, то мутмаин шавад, ки хама ориёйианд? Ин нахваи дид ба дидгохи Хитлер бисёр шабохат дорад, ки поёни неке надошт. У хам мехост, ки дар кишвараш ва сипас саросари чахон танхо нажоди ориёйи бимонад, дар холе ки дар рагхои худи у хам хуни яхудй чорй буд.

Бурхонов мегуяд:

«Ба шарофати махалгаройи имруз мо анклавхои тозаи ориёйи мисли бадахшихову ягнобихо дорем.»

Агар танхо ин ду махал «ориёйи» бокй мондаанд, бо такя ба чи мантике Бурхонов дар чумлаи каблй иддаъо мекунад, ки «мо ориёйием»? Оё манзури у аз “мо” точикони факат хамин ду махал аст? Ва кй итминон додааст, ки хуни онхо хам бо хуне дигар дарнаомехтааст? Ва агар омехта бошад, оё бояд мафхуми «Точикистон»-ро зери суол бурд? Яъне «Точикистон» як мафхуми хунист ва хонаи факат ононест, ки «хуни ориёйи» доранд? Таклифи мардуми махалхои дигар чй мешавад? Онхо кучо хона ёбанд? Онхо аслан аз кучо омадаанд, ки ба он чо бираванд?

Идомаи ин тарзи дид метавонад анчоми вайронгар ва маргборе дошта бошад. Маколаи Сафват Бурхонов ба хубй собит кардааст, ки махалгаройи як бемории мудхиш аст ва танхо чораи кор решакан кардани махалгаройист.

Бурхонов миёни мафхумхои «махал» ва «миллат» тафовут намегузорад. Харгиз махалгаройи мучиби хифзи миллате нашудааст. Точикон ё порсихо замоне миллати азиме буданд, аммо бо табари махалгаройи пора-пора шуданд ва андозаи кучаки кишвари Точикистон, ки акнун руи накша ба зур меёбем, хосили махалгаройихост. Идомаи бовар ба махалгаройи метавонад онро кучактар хам бикунад. Пас махалгаройи на начот, балки мамоти миллат аст.

Wednesday, April 16, 2008

Persian Absence

Ландан тайи се руз мизбони Намоишгохи байнулмилалии китоб аст ва имруз охирин рузи он аст. Харгиз каблан намоишгохи китоби Ланданро надида будам ва пареруз, ки дар гушоиши он хузур ёфтам, пушаймон нашудам. Тозатарин офаридахои андешаи чахониён дар кафасахову радифхо карор дошт. Мешуд онхоро варак заду дид, ки, масалан, андешаи Русия то кучо пеш рафтааст ва Чин аз чи мархилаи тафаккур мегузарад.


Бо таваччух ба ин ки имсол чамъи кишвархои арабй ширкаткунандагони ифтихории намоишгоханд, чахоне аз китобхои арабй ба забонхои мухталифро хам мешуд дид. Чолибу диданй буд, аммо нуктаи барчастаи гурфахои кишвархои арабй вомондагй дар хами дину мазхаб буд. Ба ин намоишгох кишвархо зубдаи осорашонро оварда буданд ва бехтарин намунахои осори Арабистони Саъудй чопхои мухталифи Куръон ва тафсирхои он бо як мушт китоби гардишгарй буд. Дар он миён факат як мачмуъаи достонхои саъудй ба забони инглисиро дидам. Чизе, ки боздидкунандагонро ба гурфаи Арабистон чалб мекард, мокети бузурги Каъбаву перомуни он ва ороишхои назаррубои дигар буд, дар канори мехмоннавозии саъудихо, ки миёни мардум ширинй пахш мекарданд.


Аммо ба ман дар гурфаи Урдун ширинй таъоруф карданд. Далелаш хам ин буд, ки аз тоблуи бузурги шохи Урдун ва шахбонуи зебои фаластинии он кишвар акс гирифтам. Мавзуъи китобхои урдунй тайфи васеътаре дошт ва хатто сиёсати байнулмилалро низ фаро мегирифт. Тафсири тозамакшуфи Куръонро хам дар миёни осори исломии Урдун мешуд дид, ки ба калами Имом Табаронй мутаъаллик аст ва ба эхтимоли зиёд, нависандаи он аз чумлаи имомони эронй будааст. Масъули гурфаи Урдун ин назари манро бо бемайлй таъйид карду гуфт: Шояд, аммо шояд хам «Табаронй» тахрифи фулон вожаи арабй бошад. Ба у гуфтам, дар фарханги порсй ба афроде, ки дар Мозандарон (Табаристон) реша доштанд Табарй мегуфтанд ва шояд Табаронй аз хамон бармеояд.

Аз лихози мухтаво гурфаи Миср ганитар аз дигар гурфахои арабй буд. Тайфи мавзуъоташ хам васеъ буд ва шумори бештари достонхо ва осори илмиро мешуд дар канори осори исломии он дид. Бархе аз китобхо хам мавзеъи ба шиддат гарбситезона доштанд ва унвони яке аз онхо чунин буд: «Чи гуна метавон Омрикоро шикаст дод?» Ачаб истифодаи судманд аз демукросии Гарб. Агар кишвархои гарбй бихоханд китоби фарзии «Чи гуна метавон Шаркро шикаст дод?»-ро дар Миср ба намоиш гузоранд, дучори дардисар нахоханд шуд?

Аммо Ало ал-Асвонй, бехтарин нависандаи муъосири мисрй, муътакид аст, ки истибдод дар Миср ва дигар кишвархои араб монеъ аз рушди адабиёт дар ин кишвархо шудааст ва андешаи мунташираи арабй бисёр махдуд аст. Ин як иддаъои тухолй нест ва хакикати он дар гурфахои арабии намоишгохи Ландан мавч мезад. Агар ин кишвархо мехмони ифтихорй набуданд, гумон аст, ки хамаашон муваффак ба ширкат дар намоишгох мешуданд.


Ба монанди се кишвари порсизабон, ки дар ин намоишгох аз хеч кадомашон ному нишоне набуд. Оре, хатто аз Эрон. Чуёи далелаш шудам. Раиси намоишгох пурсишамро бепосух гузошт. Баъид нест, ки далели набуди Эрон дар намоишгох сиёсй бошад. Бимонад Точикистону Афгонистон, ки дар чахони интишорот ададе махсуб намешаванд.

Як дусти бузургвор, ки имруз аз тамошои намоишгох баргашт, талвехан посухи дакиктаре ба пурсиши ман дод ва гуфт: «Намоишгох чолиб буд, аммо дарки ин хакикат, ки мо дар хорич аз торих карор гирифтаем, дарднок буд.»

Тамоми иддаъохои мо мабнй бар бартарй аз ину он замоне гуши шунаво хохад ёфт, ки фикри тоза ва чизи тозае барои арза дошта бошем. Ифтихороти мо хама моли гузашта ва гузаштагон аст ва имрузиён аз ифтихор бебахраанд. Чун чизи тозае наофаридаем. Вагарна набуди порсизабонон дар Намоишгохи байнулмилалии Ландан бояд мавзуъи доги нашрияхои Ландан мешуд. Аммо ангор на ангор.


Дар ин бора матлабе хам хаст дар Jadidonline, бо тасовиру сухбатхое аз намоишгох.

Акси охир: Дар гурфаи китобхои Арабистони Саъудй ширинй арза мекарданд.

Monday, April 14, 2008

A Star Was Born 130 Years Ago

Имшаб мехохам ба муносибати 130-солагии марди баруманди торихи порсиёни Осиёи Миёна дар садаи 20-и мелодй Садриддини Айнй чизаке бинависам. Пири адабиёти шуравии точик, ки дар тули 76 сол умри бобаракаташ ба хар тарики мумкин аз хуввияти мутафовити порсиён ё точикони минтака дифоъ кард.

Дар ин миён у мачбур буд осоре хам бинависад, ки бо мазоки сардамдорон бихонад, то миллатро аз вучуди у махрум накунанд. Чун дар огози дахаи 1930 дар паи «форсиён» номидани точикхо ва навиштани «Намунаи адабиёти точик» ин хатар ба таври вокеъй бар сари у ва миллат хоил буд. Бисёре аз рафикону норафикони у тайи он солхо «хунсо шуданд».

Аммо Айнй монд ва боз хам офарид ва барои мондагорй ба чизхое тан дод, ки шояд ба дилхохи худи у набуд. Уро мо акнун бунёдгузори алифбое меномем, ки худи у бо истифода аз он каломе нанавиштааст. Забони Айнй порсй буду порсй монд. Аммо сиёсати замон дикта мекард, ки забон ба авом наздик шавад. Айнй мачбур буд забони фасехи худро канор бигзорад ва бархе аз осорашро ба забони содаву куча-бозорй бинависад, то ба бахонаи набуди нависанда куллан тархи «адабиёти шуравии точик»-ро таътил накунанд.

Оё бехтар набуд Садриддин Айнй ба фишори замонадорон тан дар надихад ва аз хуввияти ростини забони модариаш ва миллияташ дифоъ кунад? Бегумон бехтар буд. Вале агар у ин корро карда буд, точикхо хамсадояш мешуданд ё танхо мемонду сарбанест мешуд? Тасаввури он даврон ва посух ба ин пурсиш сахт аст.

Аз равзани вокеъиятхои имруз, ки нигох мекунам, дарег мегуям, ки бузургвори мо ба забони узбакй хам менавишт ва бархе аз навиштахояш нахуст ба туркии чагатойи иншо мешуданд. Лобуд барои он хам далел дошт. Аммо натичаи он навиштахоест, ки акнун дар матбуъоту китобхои туркй мехонем. Туркхову турктаборон, ки дар тасохуби чехрахои эронй (точикй) устухон надоранд ва хатто ба худ ичоза медиханд, ки дар бораи хуввияти миллии мо изхори назари козиб кунанд, ба рохатй ва содагй бо такя ба хамин хакикат муддаъии Айнй хам шудаанд. Айние, ки аз даргузашташ тоза 54 сол мегузарад ва бозмондагонаш зиндаанду точик.

Як торнамои мутаъаллик ба давлати Туркия мавсум ба «Културтуризм» (гардишгарии фархангй) дар бораи Садриддини Айнй матлабе дорад. Нахуст кас аз берабтии хузури Айнй дар ин торнамо гич мешавад. Аммо бо нигохе сарсарй ба матлаб метавон далели хузури у аз диди туркхоро пай бурд. Ду тикка аз ин макола:

Sadriddin Aynî
(Buhara, 1878 -1954)

Özbek ve Tacik dillerinde eserler veren, Özbek Sovyet edebiyatının ilk temsilcilerinden ve Tacik Sovyet edebiyatının kurucusu kabul edilen Sadriddin Aynî, 1878 yılında Buhara Emirliğinde Gıc-duvan şehrine bağlı Saktare köyünde doğdu. Buhara'daki Mir Arab, Badalbek ve Kökeldaş medreselerinde eğitim gördü (1890-1900).

Sadriddin Aynî, sosyal ve edebî faaliyetlerinde bir Ceditçi olarak tanındı. Onun bu yönünü, Turancılık, Türkistancılık ve Türklük ruhuyla yazdığı şiirlerinde ve bazı nesir yazılarında görmek mümkündür. Fakat Özbek ve Tacik Sovyet edebiyatçıları, onun bu yönünü açıkça ele almadılar, "aldanmışlık" olarak değerlendirdiler.


Нависандаи беноми ин матлаб (маъмури давлати Туркия) Айниро нахуст нависандаи узбак ва сипас адиби точик меномад ва менависад: «У ба забонхои узбакй ва точикй асархое навиштааст, аз нахустин намояндагони адабиёти шуравии узбак аст ва ба унвони бунёдгузори адабиёти шуравии точик пазируфта шудааст. Садриддин Айнй соли 1878 дар рустои Соктареи вобаста ба шахри Гиждувони Аморати Бухоро зода шуд. У дар мадрасахои Мири Араб, Бадалбек ва Кукалтоши Бухоро тахсил кард (1890-1900).»

Имлои мадрасаи «Кукалтош» хам дар ин навишта туркист, на узбакй.

Пораи дуввум хазёни баландтар аст: «Садриддин Айнй дар фаъъолиятхои ичтимоъй ва адабиаш ба унвони як чадидй (узви чунбиши чадидхо) шинохта шуд. Бад-ин чихат, дар шеърхо ва бархе аз осори мансур (насрй)-и Айнй метавон рухияи туронигарй, туркистонигарй ва туркгароёнаро радёбй кард. Аммо адабшиносони узбак ва точик он нукотро ошкоро баррасй накарданд ва онро «фиребхурдагй» номиданд.»

Маълум нест худфиребию худкехтарбинй ё укдаи хакорати туркхо кай ба сар мерасад, ки аз дасти ин иддаъохои аблахонаашон рохат шавем. Аз марги Мустафо Камол Отатурк мохи нувомбр (ноябр)-и имсол дуруст 70 сол мегузарад, аммо миллаташ хануз ба дарачаи рушде, ки зохиран у мехост, нарасидаанд ва хуи тачовузгарй ва турктозй хануз аз хунашон шуста нашудааст.

Равони устод Айнй шод бод.

Sunday, April 13, 2008

"Millat" Under Question

Ва боз андар "Миллат"

Намехостам ба ин зудй ба мавзуъи хафтаномаи «Миллат» баргардам. Аммо ин хафтанома мачбур аст ё бори ин номро бикашад ё аз хайри ин ном бигзарад. Вагарна пайваста зери заррабини рузноманигорони рохдур хохад буд.

Дар матлабе тахти унвони «Бадахшон: Митинг нашуд, аммо мушкил боқист» хафтаномаи мазбур мушовирон ва расонахои расмиро ба бечуръатй ва нотавонй дар тавзехи мавзеъи давлат дар киболи бахшиши 1000 килуметри мураббаъ аз замини Точикистон ба Чин дар соли 2002 муттахам мекунад. «Миллат» мегуяд, ки давлат сухангу надорад. Ба навиштаи «Озодй» бо истинод ба «Миллат», «вагарна (он сухангу) мебоист иллати аслии додани пораи замин, ки баҳси бозмонда аз замони Шӯравӣ бо Чинро ба мардум дуруст ташреҳ мекард. Масъала, менависад «Миллат», фоҷиа набуд ва бояд бо баррасии умум ва иттифоқи орои миллат ва бидуни ҳангома ҳал мешуд. «Миллат» ин корро иштибоҳи мушовирони давлат хонда (аст).»

Афзун бар ин, «Миллат» «афзудааст, ки президент аз нашрияҳои расмӣ дуруст интиқод кардааст, ки дар амри расонидани иттилоъи воқеӣ заъиф ва беҷуръат ҳастанд.»

Чи мешуд агар худи «Миллат» хам аз худ чуръате ба намоиш мегузошт ва намунаи ом мешуд. Магар мохй аз сар намегандад? Магар об аз боло гил нест? Чаро сардамдорони ин нашрия дар ин матлаб чуръате ба харч надодаанд, ки бигуянд, дар ин кишвар, то замоне ки абруи сарвар начунбад, коре анчом намегирад? Ва холо ки чуръат надоред инро бигуед, бехтар набуд сипари сарвар хам нашавед? Барои чи нашрияе, ки худро забони «Миллат» медонад, аз раисичумхур дифоъ мекунад, ки хамакораи кишвар аст? Магар «Миллат» хабар надорад, ки мушовирони сарвари ин миллат хам бидуни дастури чалолатмаъоб хабареро ба миллат намерасонанд? Магар замини Точикистонро мушовирон ба Чин фурухтанд? Ё боз хам «Миллат» дар ин замина аз манзари махал нигох кардааст?

Бахшиши як пора замини Точикистон ба Чин фочеъа набуд? Хамсони бахшиши Самарканду Бухоро ба узбакхо? Бобои азиз, кучои ин дифоъ аз мукаддасоти миллат аст? Палосатро чамъ кун ё он чи бош, ки мегуйи хастй.

Чанде пеш азизе дар Ландан номаеро ба ман дод ба дабира (хатт)-и лотин ва адои порсии Осиёи Миёна ва аз ман хост посухашро бигуям. Аз казо фиристандагони он дустонамон дар «Миллат»-и Душанбе буданд. Номаи шакиле буд бо хадафе баланд: таъсиси Анчумани рузноманигорони порсигу, ки орзуи мост. Моро аз Худост, ки ин хочат хар чи зудтар бароварда шавад. Аммо бо ин навъ гаразварзй дар махдудаи махдуди Точикистон чи гуна метавон хадафи чавлон задан дар майдони рузноманигории порсиро парварид? Бо вобастагихои махаллй ва тангназарона чи тавр метавон хадиси ягонагиро сароид? Номаро бидуни килу кол ба сомон расондам, аммо ин пурсишхо хамчунон дар сарам мечархид.

Оё умеди мани зудбовар ба «Миллат» умеди абасе набуд?

Saturday, April 12, 2008

Rostam Re-Born


Дах сигор барои имшаб бас аст.
Бас!
Акнун фурсати нафас аст.

Ва ох на...
Нагу, ки интизори ман абас аст.

Хохад расид куфлшикане
Тахамтане
Харафкане...
(Чун кахтии «шер» аст, «хар» лоики шеър аст).

(Ханда).
Сарафканда
Ба мо меандешам
Ва ба худ
Ва ба бехудии худ, ки дар худй гарк аст
Бехуда аст.
Бехуда?
Нагу, ки боз механдам.
Нагу наозмуда.

Фарсоиш ситам мекунад,
Мафсалхои маро мешикофад
Ва тори нахифе мебофад,
ки руи он
нофамро биорамам
ва наандешам, ки нофи Заминам.

Дар хиркаи дарвеш гунудаам
Дар хиёл
Мачол нест
Фаротар аз ин биандешам.
Ёли шерона ба даври суратам мекашам
Ва гурзи рустамона ба дастони зариф
Хануз колам*
Норасида
Нопухта
Вале пур аз шуру исёни вахшй.

Фуру мекашам галаёнро
(Ки гуйи дуди калёнро)
Он девона исёнро
Ки мекушадам
Агар фуру накашам.
Ва дар интизори такрор менишинам.

Такрори лахзаи сарфарозй
Ки такрор нашуд
Вале орзуи он мукаррар аст.

Саропо табарам
Як табари харафкан
Маро ба суи хар рохе хаст?
Саропо сипарам.

Бигу ба он саропо хар
Ки Рустаме ин чост
Бигу, ки Золи Зар Рудобаро дубора дид
Ва Рустаме зоид
Бигу Рустаме дар рох аст
Ва аз хони нахуст дар гузар
Ва шаш хони дигар
Дар назар
Бигу, ки Рустам харгиз намурда буд.

Рустаме, ки дарвешона
Бо хиркаи як пес
Дунболи Бежан аст
Рустаме, ки ёр мечуяд
То рохи хирад бипуяд
Аз рох мерасад.

Ва ох...
Дах сигори ман бас нест
Фурсати нафас нест...
________________
*кол - хом

ده سيگار برای امشب بس است
بس!
اکنون فرصت نفس است.

و آه نه...
نگو که انتظار عبث است.

خواهد رسيد قفل شکنی
تهمتنی
خر افکنی...
(چون قحطی "شير" است، "خر لايق شعر است)

(خنده)
سرافکنده
به ما می انديشم
و به خود
و به بيخودی خود که در خودی غرق است
بيهوده است
بيهوده؟
نگو که باز می خندم
نگو نيازموده

فرسايش ستم می کند
مفصل های مرا می شکافد
و تار نحيفی می بافد
که روی آن
نافم را بيارمم
و نينديشم که ناف زمينم

در خرقه درويش غنوده ام
در خيال
مجال نيست
فراتر از اين بينديشم
يال شيرانه به دور صورتم می کشم
و گرز رستمانه به دستان ظريف
هنوز کالم
نارسيده
ناپخته
ولی پر از شور و عصيان وحشی

فرو می کشم غليان را
(که گويی دود قليان را)
آن ديوانه عصيان را
که می کشدم
اگر فرو نکشم و در انتظار تکرار می نشينم

تکرار سرفرازی
که تکرار نشد
ولی آرزوی آن مکرر است

سراپا تبرم
يک تبر خرافکن
مرا به سوی خر راهی هست؟
سراپا سپرم

بگو به آن سراپا خر
که رستمی اين جاست
بگو که زتا زر رودابه را دوباره ديد
و رستمی زائيد
بگو رستمی در راه است
و از خوان نخست در گذر
و شش خوان ديگر
در نظر
بگو که رستم هرگز نمرده بود

رستمی که درويشانه
به خرقه يک پيس
دنبال بيژن اشت
رستمی که يار می جويد
تا راه خرد بپويد
از راه می رسد

و آه...
ده سيگار من بس نيست
فرصت نفس نيست...

Welcome a New Member of the Tajik Blogosphere!

Хучаста бод мелоди босаъодати торнигоре дигар бо номи бомусаммои «Садои механпараст.» Аз нахустин навиштахои ин торнигор, ки пайдост нависандааш як механпараст аст, муждагонии бедории фарогири точикхо меояд. Бошад, ки аз ин торнигорхо хар чи бештар дошта бошем. Агар шумори мо бо хамин шитоб фузун шавад, шояд ба зудй ба хостаи хамаи веблогнависони точик бирасем ва иттиходи веблогнависони точикро низ поярезй кунем. Ин расонаи тозаро ояндае равшан дар интизор аст. Ба зудй ин нокилони нур фазои торики Точикистонро низ равшантар хоханд кард. Ба так-таки нависандагони торнигорхои точикистонй забони ростгу, каламе равон ва каломе фасеху салис мехохам.

Навзоди веблогистони точик ин чост:
Садои Механпараст

"Persian Script Called 'Arabic' by Tajiks"

Изхороти ахири вазири омузишу парвариши Точикистон дар бораи дабира (расмулхатт)-и порсй кишвари моро дар мавзеъи ракиби хамзабонони бурунмарзй карор додааст. Натичаи он навиштаи зер аст аз рузномаи «Чоми Чам»-и Эрон, ки хамин имруз мунташир шуд.

Точикхо хатти форсиро арабй номиданд
Гузориши тахлилии рузномаи «Чоми Чам»-и Эрон дар бораи иддаъои ахири вазири омузишу парвариши Точикистон

Гурухи фархангу хунар – Ораши Шафоъи: Хабаргузорихо дируз ба накл аз Абдулчаббор Рахмонов, вазири омузишу парвариши Точикистон навиштанд, «забони точикй ба алифбои кириллй бокй хохад монд ва зарурате барои руй овардан ба хатти арабй намебинем.»

Бар асоси хабаре, ки хабаргузории Новости онро мухобира карда буд, вай афзудааст: «Эрон барои ёдгирии хатти арабй китобхоеро барои мадориси Точикистон ирсол мекунад, ки донишомузон бар асоси онхо «забони арабй»-ро ёд бигиранд!»

Ин изхорот такрори мавзеъгирии чанде пеши Эмомъалии Рахмон, раисичумхури ин кишвари форсизабон аст, ки эълом карда буд, кишвараш то 10 соли оянда ба хатти арабй руй нахохад овард. Далели исрори макомоти точик бар иштибохи торихии макомоти Точикистон дар даврони хокимияти Иттиходи Чамохири Шуравй равшан нест; чаро ки тагйири хатти форсй ба лотин ва сипас сириллик боъиси инкитоъ (гусастагй)-и фархангии хатарноке барои мардуми ин сарзамини форсизабон шуд ва ба гунае, ки онон то даххо сол бо мероси мактуби ниёкони худ бегона буданд. Дар солхои пас аз истиклоли Точикистон аташ (ташнагй)-и мардуми ин кишвар барои касби дубораи хуввияти торихии худ дар руй овардан ба омухтани хатти форсй чилвагар шуд, аммо давлати Точикистон тайи ин солхо хамчунон дар баробари ин хостаи торихй муковимат мекунад.

Наврузи имсол макомоти сиёсии се кишвари форсизабони Эрон, Афгонистон ва Точикистон барои наздик кардани дидгоххои худ дар Душанбе гирд омаданд ва ин нишастхо умедворй барои расидан ба вифоки фархангии бештар ба унвони мухимтарин муълафа (унсур) барои расидан ба иттиходи кишвархои форсизабони чахонро зинда кард. Изхороти ахири макомоти Точикистон нишон медихад, ки нишастхо ва муровидоти сиёсй, то замоне ки бо пуштвонаи огохихои торихию фархангй ва дидгоххои фархангиён ва донишмандони се кишвар хамрох набошад, ба саранчоме нахохад расид.

Макомоти Эрону Афгонистон бояд ба сурате равшану мустадал (далелдор) ба тарафи точик тафхим кунанд, ки он чи дар кишвархои Эрону Афгонистон ривоч дорад, забон ва хатти форсист ва логайр (на дигар) ва ин хат чузъи лоянфакк (чудоинопазир)-и хуввияти миллии форсизабонон аст.

Ачиб нест, ки вазири омузишу парвариши як кишвари форсизабон ривоч ва интишори китобхое бо хатти форсиро дар чихати тарвичи забони арабй бидонад! Оё набояд ин изхоротро дар идомаи шайтанатхое донист, ки тайи чанд соли ахир барои зарба задан ба хуввияти миллии эрониён огоз шудааст?

Ривоч додани номхои мачъул (сохтагй) барои Халичи Форс ва дунбол кардани ин харакат аз суи бархе муассисоти байнулмилалй, ки зохири илмй ва окодемик доранд, агарчи бо посуххои мустадалли масъулони эронй ва вокунишхои бамавкеъи эрониёни саросари чахон хамрох шуд, танхо бахше аз ин шайтанатхои хисобшуда аст.

Дар тули солхои ахир бисёре аз чехрахои фархангй ва илмии эронй, ки хеч кас дар хуввияти онхо шакке надорад, аз чумла Рудакй, Ибни Сино, Мавлоно, Форобй ва Абулхасани Хирконй араб, турк ва гайриэронй муъаррифй шудаанд ва сад албатта, бархе камкорихои масъулони фархангй дар ташдиди ин мушкилот муассир будааст.

Имруз таъарруз ба хатти форсй бахши чадиде аз пружеи тахдиди хуввияти эронй ва хамаи форсизабононест, ки ба ин хат менависанд. Агар масъулони фархангии кишварамон ва хамаи корбарони роёна, ки хатти форсиро зери шохаи арабии Windows дида буданд, ба ин харакат эътироз мекарданд ва хатти форсиро дорои хуввияти мустакил эълом карда буданд, имруз шунидани изхороти макоми барчастаи як кишвари форсизабон дар таъарруз ба забони форсй баъид буд.

Хатти форсй, агарчи дар даврони пас аз ислом дар сарзамини тамаддуни порсй ривоч ёфт, аммо дар тули карнхои паёпай ба хуввият, ихтисосот, расмулхат ва дастури нигориши махсус ба худ даст ёфта ва наметавон онро бо хатти арабй, ки хуввияте комилан мучаззо ва кавоъиду дастури вижаи худро дорад, яке донист.

Хеч кас дар дунё як хатро ба сирфи шабохат ба хатти дигаре кетмон (рад) намекунад. Магар забонхои инглисй, фаронсавй, испониёйи ва пуртуголй аз хуруфи мушобехе истифода намекунанд? Пас чи гуна аст, ки ривочи хатти форсиро заминачинй барои густариши забони арабй медонанд?

Бисёре аз шохкорхои илм, фалсафа ва хунари эронй дар тули карнхо ба забону хатти форсй навишта шуда ва шеъри форсй, ки сит (овоза)-и шухрату шукухи он офокро дар навардидааст, бо хамин хат навишта шуда ва хеч кас наметавонад мункири хуввияти мустакилли хатти форсй шавад.

Хамон гуна ки раиси Мачмаъи Ташхиси Маслихати Низом дируз дифоъе мустадал ва чомеъ аз хуввияти торихии Халичи Форс ироа кард, ба назар мерасад макомоти сиёсй ва фархангии кишвар низ бояд дифоъ аз хатти форсиро ба унвони бахши мухимми дигаре аз хуввияти эронй дар дастури кор карор диханд ва бо мавзеъгирии бахангом дар баробари макомоти точик ё хар макоми масъули дигаре, ки хатти форсиро хатти арабй номиданд (ё баъдхо меноманд), чилави харакати шайтанатомези дигареро дар кетмони бахши мухимме аз хуввияти торихй ва миллии Эрон бигиранд.

Баргирифта аз «Чоми Чам», чопи Эрон, 24 фарвардини 1387 (12.04.2008).

PS. Чолиб ин чост, ки бар хасби тасодуф ду матлаби ахирам бо номи "Чоми Чам" пайванд хурдаанд, андаке пас аз Наврузи чамшедй, ки аз поёнаш 12 руз мегузарад. Чоматон пур аз бодаи нишот бод, ба хушнудии равони Чами порсй.

Friday, April 11, 2008

Welcome to The Club, Ramin!

Вуруди дусти арчмандам Ромин ба веблогистони точикро шодбош мегуям. Дишаб Ромин нахустин сафхаи торнигорашро мунташир кард, ки муъодилаи забону дабира (расм-ул-хатт)-и моро матрах кардааст. Барои торнигораш хам номи бомусаммое баргузидааст: Чоми Чам. Орзумандам Чоми Чамаш хамеша пур аз шахди дониш бод.

Аз Чоми Чам боздид кунед.

Зимнан, "Дар ду суи хатти ниёкон" унвони матлаби Исфандиёри Одина аст, ки дар хамин замина (забону дабира) дишаб дар JadidOnline мунташир шуд. Матлаби чандрасонайии Исфандиёр инчост.

Бо вучуди ин ки вазири фарханги Точикистон бо шиддату хиддат таъкид кард, ки мавзуъи тагйири дабира аслан матрах нест ва ниёзе ба бахсхо дар ин бора вучуд надорад, фархехтагони точик дар дарун ва беруни кишвар он ниёзро руи пусти худ эхсос мекунанд. Дигар замоне нест, ки бо "бас!"-и вазиру кабир нафаси хамагон банд ояд ва мавзуъе дигар матрах нашавад. Зохиран ин мавзуъ чун хаюлое бар фарози Точикистон бокй хохад монд, то замоне ки забон ба ному дабираи ростини худ баргардад.

Матлаби зер хам дар бораи забону миллат аст, ки ду сол пеш дар Прог, барои родю Озодй тахия карда будам. Дар барномаи "Фархангу Андеша". Таъаччуби тавъам бо хушнудии маро нихоят набуд, вакте онро пас аз ин хама муддат дар шабакаи Интернет дидам. Дустам аз Омрико пайвандашро фиристод. Точикони гаюри афгонистонй онро дар Интернет гузоштаанд. Хамон ду сол пеш. Сипос аз гайраташон.

Thursday, April 10, 2008

Losing Friends to... Regionalism

Дар раъйгирии ин хафта 14 тан муътакиданд, ки махалгаройиро бояд дархам кубид, як тан мувофики хифзи он аст ва як тани дигар бо махалгаройи миёнаи хубу баде надорад ва мегуяд, ки онро бояд ба холи худ гузошт. Руи ин хисоб, агар ин раъйгириро дар микёси густардатар анчом дихем, метавон гуфт, ки аксарият мухолифи сарсахти махалгаройи хастанд (ё мехоханд бошанд). Дар раъйгирии Як Дарвеш 87% лашкари мухолифони махалгаройиро ташкил медиханд. Хаккан, бо ин ниру метавон хар адуеро дархам кубид.

Аммо то кучо мо пойбанди ин мавзеъ хастем? Ё метавонад холате хам вучуд дошта бошад, ки мо зимни муъомила бо виждони худ раъй дода бошем? Ва агар махалгаройи дар гушае аз дилхои мо чун печаки зард гунудааст ва аз вучуди захрогини он огохем, барои решакании он чи кардаем ё мехохем бикунем? Аслан бо махалгаройи чи гуна метавон мубориза кард?

Манзури ман мубориза дар сатхи давлат нест, чун давлати мо ба тамом курбонии ин мараз шуда ва гандидааст ва чои он аз хамин холо зуболадони торих аст. Як сафхаи нангин аст, ки бояд хар чи зудтар аз шарри он гузашт.

Манзур мубориза дар хадди худии худ аст. Оё мо кодирем мантик ва аклро бо дил оштй дихем ва аз зиёни махалгаройи, ки бино ба тасаввури козиби дил, ба суди мост, бигзарем? Ва аслан чй мантике дар махалгаройи нихон аст, ки сари ман намеравад? Дар чавомеъи кабилайи, ки аз вопасмондатарин чомеъахои чахон аст, ин хис голиб аст ва шояд яке аз далоили вопасмондагишон хам хамин вобастагихои хунию кавмист. Магар сахнаи чахон намоёнгари хибту хатойии ин бовар нест? Кадом кишвар бо махалгаройи ба саъодат расидааст? Искандари макдунй то замоне ки ба иттиходи порахои Юнон накушид, Искандар нашуд. Хатто фалсафаи Юнон натавонист ба худии худ миллати кавй биофаринад. Юнон замоне Эронро шикаст дод, ки миллат шуд. Точикхо замоне Самарканду Бухороро аз даст доданд, ки махалгарову пора-пора буданд. Аз бахти бад, хамин холат акнун бо фарти порагй хануз мушохида мешавад. Ва бадтар аз он, «равшанфикрон»-и мо бо чидду чахди дучандон дар холи таъмику решадортар кардани ин хисси чомеъахои вопасмонда хастанд.

Хондани ин сатрхо барои иддае аз дустон сахт дарднок аст. Хамин навиштахои ман боъис шуда, ки бархе аз дустони хуби кадимиамро аз даст бидихам. Бисёр мутаассифам. Намедонистам хисси махалгаройи дар эшон чунон кавист, ки тоби шунидани харфе алайхи он хисро надоранд. Чизе, ки равшан аст, шираи захиму гализи махалгаройист, ки чашми бархе аз азизонро бастааст. То кунун ба худам мекабулондам, ки нахайр, мо хамчунон дустем ва ин савдо аз сари эшон дур хохад шуд. Бо ин ки ман худамро мутаъаллик ба хеч чое кучактар аз Точикистон намедонам, ин дустон манро ба бовари худ мутаъаллик ба як нуктаи резтари руи накша медонанд ва танхо аз хамон манзар навиштахои манро мехонанд ва суханони манро мешунаванд. Пас дилам бояд ба холи худам бисузад ё ба холи эшон? Барояшон сабри чамил ва офияти зудрас аз ин накохати хоркунандаро хохонам.

Tuesday, April 08, 2008

To Whom It May Concern

Мухотаби ин паём шумо нестед. Мухотаби он мухотаби ин паём аст.

Эй кирми хасодат ба танат, холи ту чун аст?
Чун аст, ки вомонда ба селобаи хун аст?

Ин жожи парешони саросема забон аст?
Ё чирки таровида зи андоми забун аст?

Эй гарки махал, марги амал, марди дагалбоз,
Шуру магалат кофиласолори чунун аст.

Эй хонашикаста, шикану чини чабинат,
Ожанги замон аст ва ё накши кунун аст?

Эй кошта тухми алафи кина ба сина,
Бухли дили гамбори ту хамсоли курун аст.

Эй мехри лабан* мухри лабат шуста ба уммед,
Он мехр чаро гумшуда дар хилти** дарун аст?

Таркиби гарибат нагирифтам. Чи муъаммост!
Пудат ба хаво рафтаву торат ба бурун аст.

Руъёи сариру*** хаваси точ анисат,
Савдои махал аз хама савдот фузун аст.

Дар умки хакорат битапй, болу парат ку?
Рухат чу гуломест, ки дар чанги фусун аст.

Хохам, ки намирию бимонию бидонй,
К-ин ишваи ту гамзаи такбири чунун аст.
________________
*Лабан - шир
**Хилт - омезаи ганд, касиф
***Сарир - тахт

مخاطب اين پيام شما نيستيد. مخاطب آن مخاطب اين پيام است

ای کرم حسادت به تنت، حال تو چون است
چون است که وامانده به سيلابه خون است

اين ژاژ پريشان سراسيمه زبان است
يا چرک تراويده ز اندام زبون است

ای غرق محل، مرگ عمل، مرد دغلباز
شور و مغلت قافله سالار جنون است

ای خانه شکسته، شکن و چين جبينت
آژنگ زمان است و يا نقش کنون است

ای کاشته تخم علف کينه به سينه
بخل دل غمبار تو همسال قرون است

ای مهر لبن مهر لبت شسته به اميد
آن مهر چرا گمشده در خلط درون است

ترکيب غريبت نگرفتم. چه معماست!
پودت به هوا رفته و تارت به برون است

رويای سرير و هوس تاج انيست
سودای محل از همه سودات فزون است

در عمق حقارت بتپی ، بال و پرت کو
روحت چو غلامی است که در چنگ فسون است

خواهم که نميری و بمانی و بدانی
کين عشوه تو غمزه تکبير جنون است

Sunday, April 06, 2008

Rumours from Tajikistan

Шунидам, ки яке аз огозгарони умдаи бахси махалгаройи, ки дар илтихоби ин бемории чонфарсо месузад, дар шумораи ахири хафтаномаи «Миллат» матлабе навишта ва дар банде аз он дар мазаммати ман кушидааст. Далели сарзаниш хануз бароям батамом равшан нест ва шояд пас аз дидани он матлаб бо чашми сар ба вазохат бирасад. Аммо далели нохушояндии матлаби каблии ман ба ин бандаи Худо равшантар аз руз аст. Навиштаи ман алайхи махалгаройи дар Точикистон бегумон барои тудаи азиме хушоянд набуд, чун ман аз чинси махалгаро безорам ва ин безориро дар он матлаб ба сарохат баён кардам. Он око (ки номаш ба шакли «Давлати Рахмониён» ба ман расидааст) аз ман ранчида, ки чаро бидуни ичозаи эшон бо Бозор Собир дар Омрико тамос гирифтаам ва ёвахои махалгароён дар Душанберо бо у дар миён гузоштаам. Бехтарин коре, ки ин око (аз ин ба баъд «Давлати Рахмониён») метавонад бикунад, ин аст, ки аз сандалиаш баланд шавад, ду-се култ оби сард бинушад, ду-се нафаси жарф бигирад, сарашро ду-се бор сахт такон бидихад ва мутаваччех шавад, ки шахрванди кураи Замин дар садаи 21-и мелодист ва мумкин аст эшон барои мусохибат бо устод Бозор даллоли хар касе набошанд. Ва дарёбад, ки дар дунёи пешрафта аз асри махалгаройи дастикам сад сол мегузарад. Ва ба кунхи ин матлаб пай бибарад, ки дар чахли мураккаб гир кардааст. Давлати Рахмониён барои ман як точик аст, аммо андаке гирифтор. Ва дар айни хол азиз, чун хаммехан аст. Аз ин ру, аз самими калб барои ин бародари гирифтор орзуи растагорй дорам. Бошад, ки рузе Давлати Рахмониён хам хамаи порсигуёнро ба як чашм бибинад, на бо як чашм, ки чашми махалгаройист.

Махалли ман кучост? Кучактарини он Точикистон аст, сипас пахнаи порсй, сипас курраи Замин. Ин навъи биниш ба ман оромиши хотире додааст, ки васфнопазир аст ва бо мантики замину замон созгор аст. Пас ниёзе дар тагйираш намебинам. Давлати Рахмониёни азиз посухи мустакими ман ба эшонро нахохад дид. Ин хам ки менависам, андешахои дарунии ман аст, на посухи аланй. Аммо ба гунае бояд сипосамро ба эшон бирасонам. Чун навиштахои махалгароёнаи хаму буда, ки манро ба андеша дар бораи ин бемории вогирдор водошт ва касд дорам ба зудй матлаби муфассале дар бораи ин мараз ва паёмадхои гирифторй ба он бинависам. Аз пеш аз Давлати Рахмониён ва хамтоёни эшон пузиш мехохам, агар Худой накарда, он макола бо мазоки эшон насозад (ки бино бар тасаввури ман, нахохад сохт).

Як шунидаи дигар. Ин яке масарратбахш ва ин хам марбут ба хафтаномаи Миллат. Адолати Мирзо, сардабири ин хафтанома ва дусти кадимии банда, чи бихохад ва чи нахохад хамеша дар радифи дустони кадимии банда хохад омад. Уро ба унвони як бонуи фархехта ва точики ростину богурур хамеша ба унвони як бародараш дуст доштааму дорам. Гилояхое доштаам, ки хамсони гилояхои як бародар ба хохараш аст. Достоне, ки шунидам, дар бораи дидори ахири Адолат бо Рамазон Абдуллатифов – сафири Русия дар Душанбе аст.

Адолат барои як мусохибаи рударру бо Рамазон карор мегузорад. Аммо вакте ба махалли сафорат мерасад, мутаваччех мешавад, ки карор нест касе пурсишхои у ба сафир ва посуххои сафир ба уро ба порсй баргардон кунад. Адолат аз сафир такозо мекунад, ки мутарчими сафоратро фаро бихонад. Рамазон лоуболона мегуяд, ки сафорат мутарчим надорад, чун бино ба дарки у, дар Точикистон хама забони русиро балад хастанд ва ниёзе ба мутарчим нест. Адолат эътироз мекунад, ки магар пазируфта аст, ки дар як сафорати хоричй мутарчиме набошад. Дар вокеъ, Адолат ба Рамазон ин матлабро мерасонад, ки Русия як кишвари хоричист ва хузури мутарчим дар сафорати он аз асбоби корашон бояд бошад. Сипас сухбат андаке даври тундтар мегирад ва Рамазон ба Адолат мегуяд: «Мо медонем, ки бо душманон бо чи забоне бояд сухбат кард!» Тахдиди ошкор ва кабули ин иддаъо, ки Русия душмани дастикам кишре аз равшанфикрони точик аст. Адолат бо шахомати занона (дар мавориде занон бо шахомати бештар рафтор мекунанд ва таъбири «мардона»-ро тагйир медиханд) аз чо баланд мешавад ва мусохиба бо сафир (!)-ро лагв мекунад. Далели он хам беэхтиромии сафорати як кишвари хоричй ба забони расмии Точикистон буд.

Ин достонро, ки шунидам, чизе ба чуз офарин надоштам, ки нисори Адолат кунам.

Адолати арчманди Точикистон! Умрат мудом бод ва каламат хамвора равон. Ин хабар дусад руз бар умри ман афзуд. Сипос.

Saturday, April 05, 2008

To Andesha Thinkers

ای جوانان عجم، احسنت بر کار شما
بر مسير مستقيم شور افکار شما

ديدن آشفتگی ها کار هر هشيار نيست
هوشياری بشکند آشفته بازار شما

گامتان فرخنده و بر "تاجور" صد آفرين
گل کند "انديشه" اش نيش کج خار شما

باز می گويم که راه ما جز آزادی مباد
باز می خواهم بخوانم حرف تکرار شما

چشم کور سرنوشت بينا توانيم کرد ما
جان من وقف است پيش چوبه دار شما

داد می خواهی اگر، دادی ز سينه در بده
تا به گوش دور دادآگاه دادار شما

ترک اشک و ناله کن، جهد است راه پيشرفت
جهل را درکوب و بگشا بند زنار شما

کاروان گر ره نيابد در مسير پيشرفت
هوش ده بر ساربان مست خمار شما


Эй чавонони Ачам, ахсант бар кори шумо,
Бар масири мустакими шури афкори шумо.

Дидани ошуфтагихо кори хар хушёр нест,
Хушёрй бишканад ошуфтабозори шумо.

Гоматон фархундаву бар Точвар сад офарин,
Гул кунад Андешааш неши качи хори шумо.

Боз мегуям, ки рохи мо чуз озодй мабод,
Боз мехохам бихонам харфи такрори шумо.

Чашми кури сарнавишт бино тавонем кард мо,
Чони ман вакф аст пеши чубаи дори шумо.

Дод мехохй агар, доде зи сина дар бидех,
То ба гуши дури додогохи додори шумо.

Тарки ашку нола кун, чахд аст рохи пешрафт,
Чахлро даркубу бикшо банди зуннори шумо.

Корвон гар рах наёбад дар масири пешрафт,
Хуш дех бар сорбони масти хаммори шумо.

Thursday, April 03, 2008

Looming Anti-Tajikism

Гирифторихои Точикистон зохиран кафторхоеро даври кишварамон чамъ овардааст. Аз яке-ду мох пеш то кунун киргизхо пушти сари хам аз "тачовузи точикон ба хоки Киргизистон" шикоят мекунанд ва нигаронанд, ки ба зудй эхтимолан бахшхое аз устони Боткенро аз даст хоханд дод. Як "шахрванди одй"-и Киргизстон мохи гузашта дар centrasia.ru гилоя карда буд, ки точикхо ба расми яхудихои Ховари Миёна дар холи харидани замин дар хоки Киргизистон хастанд ва ба зудй бахши азиме аз устони Боткен точикнишин хохад шуд. Ахиран порлумони Киргизистон дар ин бора чаласае оросту ба Точикистон хушдор дод, ки агар аз "таъарруз ба хоки киргизхо" даст барнадорад, Киргизистон ба зур мутавассил хохад шуд.

Аммо дишаб матлаби дигаре ба чашмам уфтод, ки як дасисаи ноб буд: "Кулобисозии мутлак: масири мустаким ба суи парешонии Точикистон"


Нависанда (Мукум Темуров) бо иддаъои талвехй мабнй бар огохии тамому комил дар мавриди Точикистон як мушт музахрафотро тахвили хонандагон додааст, ки хич кадом вокеъият надорад.

Дар ин матлаб мехонем, ки Рахмон бо Гаффор Мирзоев ихтилофи махаллй доштааст ва уро барои 23 сол равонаи зиндон кардааст. (Шояд Мукум Темуров Мирзоевро бо Мухаммадрузй Искандаров) ивазй гирифтааст). Номи ширкати Барки Точик дар ин матлаб «Barkitochik» («Tarumenergo») аст, ки хокй аз ноогохии бештари нависанда аз Точикистон аст. Тоза, дар тасаввури у Искандаров раиси «Barkitochik» («Tarumenergo») будааст.

У менависад, Мирзо Зиёев хам ба муддати 21 сол зиндонй шуда, бо ин ки замоне барои мукобила бо Худойбервиев мавриди инояти Рахмон буд.

Мукум Темуров, ки муддаъист коршиноси Бонки Чахонй аст, бо камоли бесалохиятй бидуни ишора ба далел ё сарчашмае мувассак иддаъо мекунад, ки "Сайид Абдуллохи Нуриро тавре масмум (захролуд) карданд, ки се мох пеш аз интихобот даргузашт." Ва боз хам бидуни хич санаде мегуяд, ки худуди 120 макоми пешин ба гунахое сарбанест (кушта) шудаанд. Ва як чунин матлаби бемагз ба забони инглисй дар торнамои Huliq чоп шудааст. Ин матлаб дар миёни сархатти хабархои дирузи Google дар бораи Точикистон омада буд.

Ин дасисахо гуёи як хакикат аст: хамсоягони фурсатталаб оби Точикистонро лой дидаанд ва мехоханд мохй бигиранд. Махалгаройии точикхо дигар розе нест, ки факат байни мову шумо бошад. Тамоми чахон аз он бо чузъиёт огох шудааст ва шуморе бар пояи ин хисси шуму кушандаи точикхо барои худ коххои хиёлй месозанд ва умедворанд, ки рузе махалгаройи Точикистонро куллан аз хам бипошад. Фарзандони ростини обу хоки мо бояд дурй аз махалгаройи ва набард бо ин хиффату хориро мароми зиндагии худ кунанд, тавре ки номи ин вожа аз фархангхои мо нопадид шавад ва дигар касе нахохад аз он ба унвони санге алайхи мо кор бигирад.

Tuesday, April 01, 2008

April Fool's Day


Холо ки карор шуд, бихандем, пас бигзоред аз самими шикам (манзур дил буд) бихандем.

Азизтарин дустам дар ин руз бароям чанд латифаи ноб фиристод ба калами Бернорд Клорк, ки нахуст ба забони асл ва сипас ба порсй меорам:

1. Losing all your friends.
Man comes home, finds his wife with his friend in bed. He shoots his friend and kills him. Wife says 'If you behave like this, you will lose ALL your friends.'

1. Аз даст додани хамаи дустон.
Марде ба хона меояду хамсарашро бо дусташ дар бистар мебинад. Дусташро шиллик мекунаду мекушад. Хамсараш ба у мегуяд: "Агар ту ин гуна рафтор дошта бошй, ба зудй ХАМАИ дустонатро аз даст хохй дод."

2. Brother wanted.
A small boy wrote to Santa Claus,' send me a brother'....Santa wrote back, 'SEND ME YOUR MOTHER'......

2. "Бародар мехохам"
Як писари кучулу ба Попо Нуэл (Бобои Барфй) нома менависаду аз у мехохад, ки барояш як бародар бифиристад. Попо Нуэл дар посух менависад: "МОДАРАТРО БИФИРИСТ"...

3. Meaning of WIFE
Husband asks, 'Do you know the meaning of WIFE? It means 'Without Information Fighting Everytime'!'
Wife replies, 'No, it means 'With Idiot For Ever'!!!'

3. (Дар баргардони ин яке як хурда дасткорй мекунем)
Маънии ЗАВЧА
Шавхар мепурсад: Медонй, ки маънии ЗАВЧА чист? "Зиккидан Аз Вуфури Чахолати Абадй!"
Хамсараш ба у посух медихад: "На, маънии он "Зани Асири Вахшиии Чохили Абадй" аст!!!

4. Importance of a period
Teacher: 'Do you know the importance of a period?' Kid: 'Yeah, once my sister said she has missed one, my mom fainted, dad got a heart attack & our driver ran away.'

4. Ахамияти "период"
Омузгор: "Ту ахамияти "период"-ро медонй?"
Кудак: "Оре, як руз хохарам гуфт, ки ин мох "период" надоштааст, модарам аз хуш рафт, падарам сактаи калбй гирифт ва ронандаамон гурехт."

5. Confident vs. confidential: A young boy asks his Dad, 'What is the difference etween confident and confidential? Dad says,'You are my son, I'm confident about that. Your friend over there, is also my son, that's confidential!'

5. (Ин яке хам бозй бо вожахост ва ба ночор дасткорй мехохад)
Махрам ва махрамона
Духтараке аз падараш мепурсад: "Тафовути миёни "махрам" ва "махрамона" чист?
Падар посух медихад: "Ту духтари ман хастй, яъне махрами манй. Дусти ту хам, ки он чо нишастааст, духтари ман аст. Аммо ин яке махрамона аст!"

6. Anger management?
Husband: 'When I get mad at you, you never fight back. How do you control your anger?'
Wife: 'I clean the toilet.'
Husband: 'How does that help?'
Wife: 'I use your toothbrush.

6. Кунтрули хашм?
Шавхар: "Ман вакте аз дасти ту асабонй мешаваму ба сарат дод мезанам, ту хомуш мемонй. Чи гуна метавонй хашматро кунтрул кунй?"
Зан: "Ман дастшуйи (хочатхона)-ро мешуям.
Шавхар: "Хуб, шустани дастшуйи чи гуна бароят кумак мекунад?"
Зан: "Ман онро бо мисвоки ту мешуям."

Бо сипос аз дустам ва ба умеди ин ки ханда хамеша аниси лабони шумо бошад.

Рузи ханда, ки таъбире тоза аз хамон Сездахбадари бостонии худамон аст, ба якояки шумо фархунда бод.