Tuesday, September 23, 2008

The Language of Progress

Забони пешрафт

به دبيره پارسی

Чи вижагихое забони инглисиро забони мудерният карда ва чи гуна метавон забони порсиро забони пешрафт сохт? Китоби нави Дориюши Ошурй талошест барои посух додан ба ин пурсишхо.

Харгиз эхсос кардаед, ки муъодили порсии як вожаи инглисй ба вижа дар мавзуъе илмй маънии мавриди назарро ба дурустй адо намекунад? Ё шояд дорои бори маъноии фузунтар аз мафхуми мавриди назар аст ва дар мавориди фаровони дигар хам ба кор меравад ва диккати мазмунй надорад? Дар натича тарчех медихед ё хамон вожаи бегонаро ба кор бибаред ё дар канори муъодили порсии он паронтез (кавсайн)-е боз кунед. Ин чост, ки ба такалло (дасту по задан)-и забони порсй дар баробари пешрафти илмию фаннии чахони мудерн пай мебарем ва бархе ба фикри сохтану пардохтани вожагоне тоза барои адои маънои вижа меуфтем; вожагоне, ки нудратан чо меуфтанд ва голибан бекорбурд мемонанд.

Дориюши Ошурй дар паи 40 сол омузишу пажухиш китоби кучак, аммо пурмухтавое навишта бо номи «Забони боз», ки магзи каломаш баёни хамин гирифторию парешонии забонхои пешомудерн (вопасмонда)-е чун забони мост ва талошест барои гушудани дархои бастаи он ба руи мудерният (modernity). Манзури Ошурй аз «забони боз» забонест, ки ба руи забонхои фародаст (пешрафта)-и дигар боз аст ва аз онхо мояхои вожагонй ва хатто дастурй мегирад. Забонхои мудерне чун инглисй, фаронсавй ва олмонй забонхоеанд, ки бистари пешрафти мудерниятро густардаанд ва махалли бозтоби дастовардхои илмию фаннии мудерн будаанд. Боз будани ин забонхо марбут ба торихи фарханги Урупост.

Барои намуна, забонхое чун фаронсавй ва инглисй дар тули торихи тахаввулашон аз забонхои таркибй ё чехргард ба забонхои тахлилй табдил шуданд. Яъне мафхумхои тоза дар ин забонхо маъмулан аз рохи сохтани таркибхои вожагонии тоза бо истифода аз захоири бумии онхо сурат намегирад ва вожахо хам дар онхо дар холоти мухталиф тагйири шакл намедихад ё поёнахое намегирад, балки маъно аз тарики назму сомони вожахо иблог мешавад. Аммо боз мондани ин забонхо ба руи забонхои таркибии клоссики юнонй ва лотинй ниёзи густардаи инглисй ва фаронсавй ба вожагони мудернро бароварда сохтааст. Мафхумхои тоза дар ин забонхо ба осонй бо канори хам гузоштани ситок (реша)-хо ва вандхо (пешванду пасвандхо) аз он ду забони бостонй сохта мешаванд ва сипас ба забонхои дигар, аз чумла забонхои «фурудаст» ё ру ба тавсеъа рох меёбанд.

Яке дигар аз далоили ру овардани забонхои фародаст ё пешрафта ба забонхои дигар барои сохтани вожахои нав пархез аз корбурди вожагони худист, ки дорои бори арзишй ва фархангии хос аст. Масалан, вожаи «чашмпизишк» дар забонхои инглисй ва фаронсавй “oculist” (oculiste) аст, баргирифта аз oculus-и лотинй ба маънои «чашм». Дар натича, ин вожа танхо дар мавриди як мафхуми бахусуси илмй ба кор меравад ва аз нихояти диккати мазмунй бархурдор аст. Аз суи дигар, бо истифода аз имкони таркибсозии забони лотинй метавон аз он терм (истилох)-хои илмии тозае чун oculography (чашмнигорй ё илми таъйини мавкеъият ва нахваи харакати чашм)-ро сохт. Барои сифати «чашмй» ё «басарй» низ дар чорчуби илми пизишкй ба хамин шеваи лотин ocular-ро сохтаанд ва дар он аз муъодилхои бумии вожаи «чашм» хабаре нест.

Вуруди вожагони вомгирифта аз забонхои дигар падидаи тозае нест ва дар хамаи забонхои чахон вучуд дорад. Забони порсй хам тайи даврае мавриди хамлаи беамони вожагони арабй вокеъ шуд ва ин юриши вожагонй хатто бар дастури забони порсй то чое асар гузошт. Аммо ба бовари Дориюши Ошурй, забонхои мудерн тавонистанд аз ин робита бо забонхои клоссик барои вожасозии меконикй ва густариши забон ба нахви хоссе ва бо рафтори хоссе бахрабардорй кунанд, дар холе ки дар забони мо вуруди бесарусомони вожагони бегона нудратан мафхумхои тоза ба вучуд оварда ва маъмулан чойгузини вожахои бумй шудааст.

Аз ин ру Дориюши Ошурй, бо ин ки хаводори сарасозии мутлаки забон нест ва онро номумкин медонад, дар айни хол хостори камтар кардани бори вожагони арабй дар забони мост. Зеро порсй беш аз андозаи зарурй аз арабй вом гирифта ва ин хакикат боъиси печидагии бехуда ва аз нафас уфтодани забони порсй шуда ва созукор (меконизм)-хои иштикокй ва таркибии худи забон фаромуш шудааст. Афзун бар ин, акнун забони арабй нест, ки мафхумхои тоза меофаринад ва дари забони мо ба руи забони арабй дастикам сад сол пеш баста шудааст. Ин эътикоди Ошурй дар вожахо ва таркиботи китобаш низ бозтоб ёфтааст: «созмоя» ба чои «унсур», «чехргаштор» ба чои «сарфи асомй», «чудоишпазирй» ба чои «тафкику тамйиз», «бархачаспонй» ба чои «талфик»...

Бад-ин гуна, танхо пешрафти текнулужик нест, ки «чахони севвум»-и моро аз «чахони нахуст» чудо кардааст, балки пешрафти забонии онон ва вопасмондагии мо дар ин замина низ дар ин чудойи сахим будааст. Дориюши Ошурй менависад:

«Шикофи текнулужикро агар намоёнтарин вачхи чудогонагии дунёи мудерн ва пешомудерн ё «тавсеъаёфта» ва «тавсеъанаёфта» бигирем ва чандучуни онро дунбол кунем, ба ин нуктаи асосй мерасем, ки ин шикоф агарчи худро ба сурати нохамтарозии азими сатхи тавононии санъатии тавлиди колохову абзорхо ва сохторхои моддй намоён мекунад, дорои зерсохтхои нопайдои зехнй ва ичтимоъию торихии печидаест; зерсохтхое, ки барои зехни бегона бо онхо бисёр деру душвор кашф ва фахм мешавад. Яке аз пояитарин ва балки пояитарини зерсохтхои он зерсохти забонист.»

Яъне бидуни сомонманд кардани зерсохти забонй дастрасй ба пешрафти илмию фаннй хам душвор ва чи басо номумкин аст. Албатта, Дориюши Ошурй бар ин бовар аст, ки забони форсй тавонистааст то худуде худро бо хостахои зиндагонии мудерн созгор кунад, аммо «набуди диди илмии равшан нисбат ба кулли масъала дахолати пурзури авомили хамситези сиёсию идеулужик ва саранчом, нопойдории сиёсию ичтимоъй дар чигунагии вазъи он асари таъйинкунанда доштааст. Ба иборати дигар, забони миллии мо, агар чашме бино барои нигаристан ба он дошта бошем, ойинаест, ки беш аз хар омили дигар ошуби зехнии чомеъаи эрониро дар бархурд бо мудерният боз метобонад.»

Ин ошуби зехнй дар бархурд бо мудерният дар забони порсии Афгонистон ва Точикистон низ ба гунахои хоссе бозтоб ёфтааст. Дар ин бора гуфтугуе доштам бо Дориюши Ошурй, ки ба зудй дар jadidonline.com мунташир хохад шуд.

Thursday, September 18, 2008

How Independent Are We?

Точикистон то кучо мустакил аст?

21 раъй

Сад дарсад – 1 (4%)

Нима мустакил – 3 (14%)

Мустакил нест – 17 (80%)

Дигар - 0

The Caucasian Ethnic Maze

Хазортуи кавмии Кафкоз*

به دبيره پارسی

Хаводиси рузгор намояндагони гуруххои забонии мухталифро ба самти Кафкоз рондааст, ба гунае ки акнун дар ин минтакаи нисбатан кучаки кухистонй гуяндагони даххо забони кафкозй, урупойи, эронй, олтойи ва словй канори хам ба сар мебаранд.

Кухсору водихое, ки худуди 1200 килуметр масофати миёни дарёхои Сиёх ва Хазарро фаро гирифтаанд, тайи садахо ба акаллиятхои гуногун панох додаанд ва вижагии забонй ва гуишии онхоро хифз кардаанд. Ин танаввуъи кавмй ва забонй, ки маншаъи аслии гано (боигарй)-и фархангии ин хиттаи бостонист, борхо дар тули торих сарчашмаи даргирихо низ будааст ва акнун хам ин ихтилофот гох буруз мекунад.

Чолиб ин чост, ки чунин фишурдагй ва дархам-танидагии кавмиятхо ва забонхои гуногун дар минтакахои мушриф ба Кафкоз, яъне дар Урупо ва Ховари Миёна мушохида намешавад. Бо ин ки Урупо ва Ховари Миёна аз нигохи масохат ва чамъият бисёр густардатар ва бештар аз Кафкозанд, аз лихози забонй ва кавмй аз талаввун ва гуногунии камтаре бархурдор хастанд. Агар бихохем фехресте аз забонхои умдаи роич дар Кафкоз бидихем, такрибан ба шакли зер хохад буд:

Арманй, озарй, гурчй, абхозй, одигейи, черкесй, кобординй, оворй, огулй, доргинй, лакй, лезгй, футулй, табосаронй, тазохурй, чеченй, ингушй, юнонй, курдй, усетй (ирунй), толишй, русй, болкорй, карочойи, кумикй, нугойи, туркманй ва колмикй.

Накшае, ки дар садри матлаб омадааст, гурухбандии ин забонхо ва мавкеъияти чугрофиёии онхоро нишон медихад. Хар кадом аз ин забонхо дар нохияхои мухталиф гуиши хосси худро доранд.

Эронитаборони Кафкоз

Дар ин накша номи забони тотиро намебинем, ки хамчунон дар Чумхурии худмухтори Догистони Русия ва Чумхурии Озарбойчон роич аст ва аз гуишхои бозмонда аз забони пахлавй (порсии миёна) ба шумор меояд ва табъан, бо порсии навин пайванди танготанг дорад.

Забони толишй хам ки яке дигар аз забонхои эронии бостонист ва дар Эрон хам гуяндагоне дорад, дар Кафкоз роич аст. Бино ба додахои торихй, решаи кавму забони толишй ба мардумони Мод бармегардад.

Забони усетй (осетинй), ки ба забони худи усетихо “ironi” ё “ironi ævzag” хонда мешавад, хамон гуна ки аз номаш пайдост, як забони эронист, мутаъаллик ба шохаи шаркии ин хонаводаи забонхо. Гуяндагони ин забони бостонй, ки бахше аз сарзаминашон тайи яке-ду мохи ахир дар сархатти хабархо буд, худуди 700 хазор танро ташкил медиханд ва расман миёни Русия ва Гурчистон бахш шудаанд.

Иристон кучост ва ирунихо кистанд?

Ба гуфтаи Турачи Атобакй, коршиноси масоили Осиёи Миёна ва Кафкоз, усетихо хазорон сол пеш аз Осиёи Миёна ба Кафкоз куч кардаанд, аммо фархангашон ба тамом бо фарханги мардуми бумии Кафкоз даромехтааст. Бо вучуди ин, забони эронии усетихо хифз шуда ва пайванди он бо дигар забонхои эронии шаркй, ба монанди забонхои ягнобй ва бадахшй (дар Точикистону Афгонистон) ва забони пашту хувайдост. Усетихо ба сарзаминашон «Иристон» мегуянд, ки баргирифта аз хамон «эр» (Ir)-и Эрон ба маънои «Ориё»-ст.

Дар донишномахои форсй номи ин кавм ба шаклхои «осй» ва «олонй» низ омадааст. «Доиратулмаъорифи форсй»-и Мусохаб дар бораи забони ин кавм менависад:

«Осй ё олонй ё усетй (oseti) аз забонхои эронии шаркй, аз решаи хиндуурупойи, ки дар кисмате аз навохии кухистонии Кафкози марказй роич аст ва дорои ду лахчаи ирун (iron) ва дигурун (digoron) аст. Сарфи асомй дар холоти мухталиф (падеж) хануз дар ин забон маъмул аст ва аз забонхои маъдуди эронии роич аст, ки забони форсй дар он камтар таъсир кардааст.»

Танхо як забоншинос метавонад пайванди решаии вожахои осй бо порсиро радёбй кунад. Нигохе дакиктар ба бархе аз вожахои ин забон рохгушои шинохти наздикии миёни забонхои мост.

Мукоисаи порсию ирунй

Барои намуна, дар гуиши дигурунй ба «писар» мегуянд «битсеу» ё «бичеу», ки беиртибот бо вожаи порсии «бачча» нест. Ва хамин тавр, дар гуиши «ирунй» ба феъли дастурии «накун» “ma ke” ё “ma ken” мегуянд, ки ба баёни бадахшй монанд аст. Чанд вожаи дигари осй ва муъодили порсии онхо:

Хуицау – Худо(й)
Сауштан – савганд
Хун – хон
Амарди – (у) мурд
Хорш – хуш
Дар – бидор
Сау – сиёх
Хо - хохар

Ва ду чумла ба забони ирунй:

Ay ta mæ xo u – Ин хам хохари ман аст.
Næ, uyi student næ u – На, у донишчу нест.

Донишномаи Бритонико (Britannica) «ирунй» ва «дигурунй»-ро ду гуиши аслии забони осй тавсиф кардааст, ки аввалй дар ховар ва дуввумй дар бохтари сарзамини Иристон роич аст. Аз миёни ин ду гуиш дигурунй (ё дигаронй?) кадимитар махсуб мешавад.

_________________
*хазорту - лабиринт

Tuesday, September 16, 2008

Sport & Identity

Варзиш ва хуввият

به دبيره پارسی

Варзиш, ки ба зохир чузъи гайри сиёситарини фаъъолиятхои башар ва баромада аз ниёзи одам ба саргармй ва тахаррук аст, дар мавориде метавонад ба сиёситарини онхо табдил шавад. Голхои Истилй ва Махдавикиё аз тими футболи Эрон дар Чоми Чахонии 1998 дар Фаронса, ки Омрикоро аз даври ракобатхо хазф кард, дар афкори умумии Эрон ва Омрико як руйдоди сирфан варзишй набуд, балки барои бархе луъоби сиёсии он пуррангтар чилва мекард. Ва хамин гуна хузури камранги варзишкорони Эрон дар бозихои Улампики имсол дар Пекин гурури миллии бисёре аз эрониёнро чарехадор кард ва ба чанчол дар матбуъот анчомид. Чи пайванде миёни саргармихои варзишй ва хисси миллй нухуфта аст? Чаро мо сирфан бо тамошои ин мусобикот дил хуш намекунем ва шикасту пирузии тимхо бароямон ин хама ахамият ёфтааст?

Далели аслии он метавонад пайванд хурдани номи кишвархоямон бо дастахои варзишй бошад ва маъмулан ба ихтисор мегуем: «фалон кишвар бехмониро шикаст дод», бидуни ин ки номи риштаи варзишро биоварем. Табъан, оходи як миллат дуст доранд дар хар заминае баранда бошанд ва варзиш чизест, ки неруозмоии кишвархоро ба таври дидорй ба намоиш мегузорад.

Баъзехо муътакиданд, ки варзиш забоне байнулмилалист ва пайванди миёни миллатхоро сахлу содатар кардааст. Хамон гуна ки варзишкорони Эрону Омрико бо сухулати бештаре нисбат ба сиёсатмадорони ин ду кишвар ба дидори якдигар мераванд ва хатто хадяхо радду бадал мекунанд. Аммо боз хамин варзиш аст, ки аз зарфияти эчоди ифтироку чудойи ва хусумат миёни миллатхо бархурдор аст. Бастагй дорад ба ин ки натичаи ракобатхои варзиширо то чи андоза чиддй бигирем ва дар пазириши вокеъият аз чи мантике кор бигирем.

Аз суи дигар, варзишро метавон намудоре аз хадди короии давлатхо арзёбй кард, чунки давлатхо аз сонсур ва кунтрули он очизанд ва бароянд (натича)-и мусобикот маъмулан тасвире вокеъй аз авзоъи мудирият ва мизони масъулиятшиносй ва тавлиди идехо ва рохкорхои тозаро ба даст медихад. Аз ин ру бисёре варзишро бо шаъну эътибори кишвар ачин медонанд. Хатто Столин, ки зохиран кодир буд руи хар хакикате сарпуш бигзорад, дар баробари шикасти тими футболи Иттиходи Шуравй тавассути Югусловй дар соли 1952 бечора монда буд ва ба «асабоникунанда» хондани натичаи бозй иктифо кард.

Гох варзиш аз кудрате бархурдор аст, ки хеч навъ мошини таблиготй аз паси таъмини он бар намеояд. Касби нахустин медоли улампик тавассути як варзишкори афгонистонй дар мусобикоти Пекин намоёнгари ин кудрат буд; миллате, ки дар паи солхо чангу чидол шоха-шоха шудааст, дар он руз бо садое баландтар дам аз якпорчагй ва боландагй мезад. Пас варзиш хамчунин метавонад гусастагихоро ба хам оварад ва дар тармими хисси миллй корсоз бошад.

Дар калоншахрхое чун Ландан, ки мизбони фархангхо ва кавмиятхои гуногунанд, пайванди миёни варзиш ва хуввияти миллии афрод бештар аз хар чои дигар махсус аст. Масалан, пирузии тими футболи Юнон дар мусобикоти Чоми Урупо дар соли 2004 бахшхои юнонинишини Ланданро табдил ба гушахое аз Отен (Афина) карда буд ва парчами обию сапеди Юнон аз панчараи хонахо ва шишаи худравхо ва дар хиёбонхо ба эхтизоз даромад. Ва хамин гуна, пирузии душвори тими футболи Туркия бар Курвосй (Хорватия) дар мусобикоти Чоми Урупои имсол сахнахое аз шахрхои Туркияро ба Ландан мунтакил кард ва хилолу ситораи туркй дар нохияхои мухталифи Ландан дурахшидан гирифт ва хою хуи туркй аз гушаву канори шахр баланд шуд.

Кавмхои мухталифи мукими Ландан ба тамошои бозихо иктифо намекунанд, балки худ низ тимхои варзишй доранд. Чанде пеш дар Ландан мусобикоти Чоми Чахонии Кучаки футбол анчом гирифт. Дар ин ракобатхо 32 тим аз 32 кишвари чахон намояндагй карданд, аммо хамаи бозикунон мукими Ландананд. Тими Ориян бехтарин тими эронии Ландан аст, ки дар ин мусобикот то чое чилав рафт ва саранчом ба Лахистон – кахрамони нихоии ракобатхо бохт.

Акси 1: Тими "Ориян"-и Эрон дар Ландан
Акси 2: Тими "Афгон"-и Афгонистон дар Ландан


Monday, September 15, 2008

Salutation

Аз дусти фарзонае, ки точикест нажода аз порсиёни Афгонистон ва мукими Ландан, чакомаи зерро дарёфт кардам. Дарегам омад лаззати хондани онро бо шумо кисмат накунам.

Чароги Aнчуман

Аз диёри навшахидон меравам
Бо дили пурхун мехмон меравам
Хонаи уммеди точики чахон
Назди фарзандони Сомон меравам
Бо саломи точикони механам
Суи халки Точикистон меравам
Аз Хуросону дили Ховарзамин
Дар Хучанду дар Зарафшон меравам
Бо паёми оташини дустй
Аз дили Панчшеру Парвон меравам
Кобули мо чун бувад афсурдадил
Дар Душанбеи шугуфон меравам
Чун наям мохии мурдоби Ватан
Суи Омуи хурушон меравам
Дуст дорам бас ки шеъри Рудакй
Аз Мазори «Шохи мардон» меравам
Аз Хироту Газнаву Балху Тахор
Бо сипохи нури Яздон меравам
Шуд агар тороч Кухи Нури мо
Дар диёри точдорон меравам
То биёбам гавхари гумгаштаам
Суи Помиру Бадахшон меравам
Дар Самарканду Бухорои шариф
Бо ду чашми ашкборон меравам
Сар ба сангу сахрахо кубидаам
Гох уфтон, гох хезон меравам
Шури озодй нихон дар синаам
Суи озодипарастон меравам
Бо шиъори дустии мардумон
Аз дили Шарки мусалмон меравам
Обхои рафта меорам ба чуй
Аз паи расми ниёкон меравам
Мекунам рахтуша аз назми дарй
Назди ёрони сухандон меравам
Армугони мо бувад шеъру суxан
Бо суруди ишки инсон меравам
Гар суруди мо ба оташ сухт, сухт
Бо дуруди Шахпалангон меравам
Гаштаам озод аз занчиру банд
Хамчу шере дар наистон меравам
Боз мечуям табору асли хеш
Бо умеди васли ёрон меравам
Дар раги точики озоди чахон
Хамчу хуни гарму чушон меравам
То биронам чугди чанг аз кораам
Бо гурухе аз укобон меравам
Бошадам дар каф Чароги Анчуман
Суи фардои дурахшон меравам

Нолаи Нилоб

از دوست فرزانه ای که تاجيکی است نژاده از پارسيان افعانستان و مقيم لندن، چکامه ای دريافت کردم. دريغم آمد که لذت خواندن آن را با شما قسمت نکنم.

چراغ انجمن

از دیار نوشهیدان میروم با دل پرخون مهمان میروم

خانهء امید تاجیک جهان نزد فرزندان " سامان " میروم

با سلام تا جکان میهنم سوی خلق تاجیکستان میروم

ازخراسان ودل خاورزمین درخجند و در زر افشان میروم

با پیام آتشین دوستی ازدل پنجشیر و پروان میروم

کابل ما چون بود افسرده دل در دوشنبه شگوفان میروم

چون نیم ماهی مرداب "وطن " سوی آموی خروشان میروم

دوست دارم بسکه شعر رودکی از مزار "شاه مردان" میروم

ازهرات وغزنه وبلخ وتخار با سپاه نور " یزدان" میروم

شد اگر تاراج "کوه نور" ما در دیار تاجداران میروم

تا بیابم گوهر گمگشته ام سوی پامیر و بدخشان میروم

درسمر قند وبخارای شریف با دوچشم ا شکباران میروم

سربه سنگ وصخره ها کوبیده ام گاه افتان، گاه خیزان میروم

شور آزادی نهان درسینه ام سوی آزادی پرستان میروم

با شعار دوستیی مردمان از دل شرق مسلمان میروم

آبهای رفته می آرم به جو ی از پی رسم نیاکان میروم

میکنم رهتوشه از نظم دری نزد یاران سخندان میروم

ارمغانی ما بود شعر و سخن باسرود عشق انسان میروم

گرسرود ما به آتش سوخت سوخت با درود " شهپلنگان " میروم

گشته ام آزاد از زنجیر و بند همچو شیری در"نیستان " میروم

باز میجویم تبار واصل خویش با امید وصل یاران میروم

دررگ تاجیک آزاد جهان همچو خون گرم وجوشان میروم

تا برانم جغد جنگ از قاره ام با گروهی از عقابان میروم

باشدم د رکف " چراغ انجمن "

سوی فردای درخشان میروم

"ناله ء نیلاب "

Digging for the Origin of the Universe

Ковиш дар рози офариниш

به دبيره پارسی

Рузи 10 септомбр (сентябр) барои чахони дониш рузи биму умеди бузург буд. Ва на танхо барои донишварону донишпажухон, балки барои якояки афроде, ки дар бораи огози офариниш хамчунон кунчкованд ва барои он хануз посухи котеъе наёфтаанд. Гаронтарин тархи илмии чахон дар як тунели 27-килуметрй зери хоки хаволии шахри Женеви Суис (Швейтсария) дар мучовират бо Фаронса дар он руз рохандозй шуд. Иддае нигарон буданд, ки шояд огози ин тарх огози поёни кураи Замин бошад.

Тархи муассисаи Серн (Созмони Урупоии Пажухишхои Хастайи) дар Суис мураккаб аз шитобгари зарроти бунёдй (particle accelerator)-и мавсум ба LHC аст, ки тавассути хазорон донишманд аз хаштод кишвари чахон хамгузорй шудааст. Донишмандон мехоханд бо истифода аз ин шитобгар шароитеро падид оваранд, ки худуди як милёрдуми сония пас аз вукуъи Мехбонг (Big Bang) вучуд дошт. Комгорй дар ин замина метавонад ба бузургтарин пурсишхои дониши мудерн дар бораи офариниши кайхон ва хастй посух дихад. Аз ин чост, ки хазинаи нух милёрд дулор барои дарёфти он посуххои бунёдин барои донишмандони физик шигифтангез ба назар намеояд, чун бароянди ин тархи гулосо метавонад дониши физикро ба куллй зеру ру кунад ва онро бар пойбасте тоза бинишонад.

Илми физик дар бораи зарроти бунёдй назарияи мушаххасе дорад, ки бо номи «Улгуи меъёр» (Standard Model) маъруф аст ва дидгохест нисбатан маъкулу мантикй дар бораи зарроти дарун-атумй. Аммо он хам посухгуи хамаи пурсишхо дар бораи ин заррот нест. Барои намуна, уфтодани як мурча ё як пари мург бар сари шумо паёмади вахиме надорад; чи басо шумо хатто мутаваччехи ин руйдод нашавед. Аммо агар, Худой накарда, ба чои он санг ё очур (хишт)-е бар фарки саратон фуруд ояд, казия ранги дигар мегирад. Чун сангу очур дорои вазни бамаротиб бештар аз муру пар аст. Аммо «улгуи меъёр» ин истидлоли содаи моро намепазирад, чун он барои зарроти бунёдй вазн коил нест. Пас чи гуна чиголиш (гализ шудан)-и ин заррот чирму чисмхоеро падид меоварад, ки дорои вазнхои мутафовит хастанд?

Донишмандоне, ки аз саросари чахон дар Суис гирди хам омадаанд, мехоханд бо анчоми бузургтарин озмоиши илмии башарият ин хакикатро дарёбанд, ки чи гуна пас аз вукуъи Мехбонг (Инфичори Бузург) дар фазое, ки чизе вучуд надошт, чиз падид омад. Назарияи «улгуи меъёр» хадс мезанад, ки дар огоз зарраи бунёдине вучуд дошта, ки бо номи « Хиггз» ё «Зарраи Худо» шинохта мешавад ва хамон боъис шуда, ки зарроти бевазне чун электрун (electron) дорои вазн шавад. Аммо Хиггз то кунун танхо дар назария вучуд дорад ва хеч озмоише барои кашфи он сурат нагирифта буд. Акнун, ба гуфтаи дуктур Сипехри Соримй аз донишгохи Висконсини Омрико, ки мустакиман дар озмоиши муассисаи Серн ширкат дорад, карор аст бо шитоб додани прутун (proton)-хо дар шитобгари LHC ва бархурди онхо энержихои болотар аз энержихои мутаъориф (маъмулй) халк шавад ва дурустию нодурустии «улгуи меъёр» санчида шавад. Донишмандон умедворанд, ки дар чараёни озмоишхо квонтум ё зарраи вобаста ба майдони Хиггзро кашф кунанд.

Бархе аз физикдонхо бар ин назаранд, ки фазо дорои беш аз се буъд (dimension; грань)-ест, ки мо мешиносем ва мумкин аст бо шитоб додани прутунхо ва бархурди онхо ба хамдигар сиёхчол (black-hole; чёрная дыра)-хое падид ояд. Иддае хам аз шунидани номи «сиёхчол» бимнок шуданд ва ин нигарониро матрах карданд, ки шояд он сиёхчолхо бо неруи чозибаи худ кураи Замин ё бахше аз онро фуру бибарад. Тасаввури фуру рафтан дар чолае ба андозаи нуки сузан ба ростй тарснок аст. Дуктур Соримй мегуяд, хатто агар он сиёхчол падид ояд, билофосила вопошй хохад шуд ва хатари фуру рафтани кураи Замин дар он сиёхчолхои рез аз тахайюлоти муболигаомез фаротар намеравад.

Нахустин озмоиши донишмандон ин нигаронихоро накш бар об кард: ду чараёни прутун дар ду чихати мухолифи хам бо шитоби наздик ба суръати нур дар шитобгар чархиданд ва ду нуктаи сапед руи сафхаи роёна (компютер)-и Серн дурахшид, ки нишонаи як давр чархиши комили прутунхо дар тули лулаи шитобгар буд. Шитобгар прутунхоро 11 000 бор дар сония даври тунели чанбарй мечархонад. Ду дурбини дичитоли хазоронтунии Серн дар тули як сония аз ин заррот милюнхо акс бармедоранд. Донишмандон гуфтаанд, ки фаъъолияти шитобгар тибки интизор сурат мегирад ва умедворй барои касби дониши бештар дар бораи зарроти бунёдй ва рози офариниш афзоиш ёфтааст.

Бароянди озмоиши Серн метавонад на танхо илми физик, балки шинохти мо аз огози хилкат (офариниш)-ро тагйир дихад ва миёни илму бовари динй, ки хамвора дар пайкор будаанд, созиш ё танише тоза биофаринад.

Акс: тасвире тахайюлй аз Хиггз ё 'Зарраи Худо' (The God Particle)

Диданихои Руз хам муртабит аст

Wednesday, September 10, 2008

Independence & Rudaki

Истиклол ва Рудакй

Ин чустор вижаи Asia-Plus навишта шудааст

Зохиран дар гузашта чашни истиклол шукухи бештаре дошт. Садои карнову духули он ба гунае ба гуши дуруфтодагоне чун мо хам мерасид. Селе аз хамзабонону хамкавмони бурунмарзй равонаи Душанбе мешуданд, дам аз ягонагию човидонагии ин ягонагй мезаданд ва бо худ губори Точикистону кулборе аз умеду орзухоро ба армугон меоварданд. Аммо имсол аз шуру шавки чашн хабаре набуд. Яъне ба гушу чашми мо нарасид. Оё чашни истиклол ба чизи пешипоуфтодае табдил шуда ё ранчи мардум тайи соли гузашта аз ахамияти он костааст?

Ё шояд дарки ин вокеъият жарфтар шудааст, ки бо гузашти 17 соли тамом мо хамчунон дар орзуи истиклоли ростин хастем? Чун вожаи баланду мукаддаси истиклол бори сангине дорад, ки хануз ба таври боиставу шоиста ба шонахои мо науфтодааст. Магар касе метавонад хилофи ин мавзуъро собит кунад, ки Точикистон хамчунон дар бисёре аз масоил дастнигар ва дахоннигари бегонагон аст? Шояд ин сарнавишти хамаи кишвархои хурду камзур бошад. Аз бахти бад, тайи 17 соли истиклоли намодин Точикистон дар миёни хамин даста аз кишвархо чойгохи собите ёфту реша давонд. Дар натича аз истиклол ба унвони як баландпарвозй ва орзуи дур тачлил мекунем; ба умеди рузе, ки он орзу ба вукуъ бипайвандад.

Истиклоли ростини мо замоне таъмин ва тазмин хохад шуд, ки Точикистон битавонад бидуни хеч нигаронй ва дагдага, ба курии чашми хасудон, неругохи Рогунро бисозад, марзхоро аз мин бизудояд ва бо таъйини дакики худуди сарзамини мо посдори тамомияти арзии кишвар бошад, дар мавриди масоили дарунию берунй беъибо мавзеъгирй кунад ва ба чизе гайр аз манофеъи миллии худ наандешад, карзхои хоричиро батамом бипардозад, то вобаста ба иродаи ниходхои молии байнулмилалй намонад, дар баробари якояки шахрвандони кишвар масъулияти тамому комили хофизи хукукро бипазирад. Дар вокеъ, мустакил касест, ки вазифаашро худаш барои худаш таъйин мекунад. Таъмину тазмини истиклол, хамон гуна ки бармеояд, вазифаи сангинест ва барномарезии дакику хисобшуда мехохад. Заминасози он пеш аз хама истиклоли иктисодист. Танхо замоне фалак бар вифки муроди мо хохад чархид, ки аз чайби худамон харч кунем ва муттакй ба кумаки ёрони дурузаи озманд набошем.

Барои кишваре чун Точикистон, ки мушкилоти иктисодиаш шухраи офок шудааст, баргузории чашну чашнворахои муфассал барозанда нест. Аз ин ру, хуб аст, ки имсол чашни истиклоли мо хиракунанда набуд. Ва аслан бехтар аст, ки барои муддате Точикистон баргузории хар навъ чашну барномаи пурхазинаро мутаваккиф (мораториум) кунад. Барои намуна, пардабардорй аз тандис (мучассама)-и нави Абуъабдуллохи Рудакй дар фосилаи андаке аз тандиси кадимитари у дар баробари Донишгохи Кишоварзй ва баргузории чашнхо ба ифтихори солрузи таваллуди шоъир бо вазъи кунунии кишвар ва мардум чандон созгор нест.

Барои тачлил аз шоъири баруманд сазовортар буд, ки бо хазинаи камтаре осори у ба чандин забон мунташир шавад, то сухани устод беш аз пеш дунё ва замонахоро дарнавардад ва аз суи дигар, дар рушди забони вомондаи мо ва касби истиклоли фархангии мо ёрй кунад. Аз дидгохи фархангй низ ин носозгорй равшан аст: акнун ки забони Рудакй дар холи низор аст ва хатти Рудакй дар сарзамини у хор аст, насби мучассамаи тозае аз устод чй дардеро даво мекунад? Бо донистани осори Рудакист, ки арчи лозим ба Одам-уш-шуъаро гузошта хохад шуд, на бо зиёрати мучассамаи у. Ва номгузории сол ба номи ину он, ки боб шудааст, маъмулан хазинахои хангуфтеро дарбар дорад, ки суди андаке ба бор меоварад. Сарфи танхо бахше аз ин маблагхо дар тарххои фархангии решайи заминасози истиклоли фархангии мо хохад буд ва дар ростои касби истиклоли иктисодй низ андаке таъсир хохад гузошт.

Акс аз торнамои bbcpersian.com

Tuesday, September 09, 2008

Happy Dream Day!

Рузи Орзу хучаста!

Имруз аз шумори зиёде аз дустони дуру наздик паёмхои шодбош дарёфт кардам. Ва дар посух ба хамагй паёмхои шодбош фиристодам. Шодбоши «истиклол»-е, ки дар хиёламон сабзиду хушкиду хазон шуд. Истиклоли намодинро ба хамагй хучастабод гуфтам ва орзу кардам, ки рузгоре ба истиклоли ростин бирасем. На, хануз нарасидаем. Ин ки дигар як амри мусаллам аст; мисли осмони Ландан, ки мебинам пур аз меги обистани тундар аст ва мисли мохе, ки дар чойгохи орзухои баландпарвозонаи мо нишастаасту моро сухра мекунад, мубархан аст.

Барои шинохти хар мафхум бехтар аст онро то ба тах бишикофем. Истиклол навъи густардатари худгардонй ё худфармоии як миллат ё кишвар аст. Мардуми он кишвар бояд дар таъйини роху равишу сарнавишти сарзаминашон батамом мухтор бошанд ва бар он хокимияти мутлак дошта бошанд. Дорем? Хануз на.

Вожаи мутазодд (антоним)-и истиклол (худфармойи) «итоъат» (фармонбардорй) аст. Яъне агар сарзамини мо тахти идораи сиёсй ва низомии давлате бегона карор дорад, пас мо мутеъем, на мухтор. Оё мо дар таъйини хатти машйи сиёсии худ харгиз Маскавро нодида гирифтаем? На. Оё харими хавоии мо тахти кунтрули давлате бегона аст? Оре. Оё давлати мо тахти каймумат ва химояти давлате бегона аст? Оре. Оё мо тавонистаем аз тамомияти арзии кишвар химоят кунем? На. Оё мо тавонистаем бонй ва хомии зиндагии мардуми кишварамон чи дар даруну чи дар берун бошем? На. Пас мо мутеъем ё мухтор? Аввалй ба вокеъият наздиктар аст.

Аз ин ру, орзуи истиклолро барои так-таки шумо шодбош мегуям ва орзумандам рузгоре ба ин орзуи баланд бирасем.