Tuesday, June 22, 2010

The Only Solution To Our Language

Танҳо чораи забони мо

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Оё ҷое дидаед, ки нахуст ҷасадро ба хок супоранду сипас ба фикри порчаи кафанаш биуфтанд? Дар зиндагии рӯзмарраи мо аз ин иттифоқот фаровон меуфтад ва тозатарин намунаи он ислоҳотест, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мехоҳад бар пайкари бахшҳои беҷони расмулхатти сириллик анҷом диҳад.

Ғараз аз зикри ин матлаб хурда гирифтан бар ин кумитаи тозатаъсис нест. Кумитае, ки дар раъси он забоншиноси чирадасте чун Додихудои Саймуддин қарор дорад, ба эҳтимоли зиёд, метавонад равзанаеро ба рӯи тасбиту устувории ҷойгоҳи забони порсӣ дар Тоҷикистон во кунад. Вале гушудани гиреҳҳои бешуморе, ки ба ҷони забону расмулхатти мо уфтодааст, кори танҳо як ниҳоди расмӣ нест, балки талошу пайкори саросариро мехоҳад.

Мехоҳанд майдони ҷавлони ҳарфи “ӯ”-ро маҳдудтар кунанд. То кунун дар расмулхатти сириллик таҳти таъсири алифбову талаффузи узбакӣ ҳатто вожаи “узбак”-ро бо ҳарфи “ӯ” менависанд, ки дар порсии меъёр ғалат аст. Тайи ин ҳама соли ситамравоии хатти сириллик бар забони порсӣ маҷбур будем дар дарси иншо дар имлои вожаҳое чун “мӯҳтаво”, “мӯҳтарам”, “мӯътабар”, “таваҷҷӯҳ”, “сӯҳбат”, “мӯҳра” ва ғайра ҷойгоҳи норавои “ӯ”-ро муҳтарам бидонем. Аммо берун аз мактаб чи дар навиштаҳову чи дар суҳбатҳо дар баёни он вожаҳо “ӯ”-ро нодида мегирифтем, бидуни ин ки бидонем он чи мо мегӯем, пояи мантиқитар ва илмитаре дорад. Чун худҷӯш буд ва аз синаи қарнҳо бурун меомад, на аз китобҳое, ки чанд тан забоншиноси бегона бароямон дикта карда буданд. Бузургтар, ки шудему аз “вови маҷҳул” (“ӯ”) шинохти беҳтаре пайдо кардем, бо пофишории бештар аз имлои расмӣ парҳез кардем ва “муҳтаво”-ву “муҳтарам”-у “таваҷҷуҳ”-ро риҷҳон ниҳодем. Дар воқеъ, “ӯ”-и он вожаҳо муддатҳо пеш барои мо мурда буд.

Имлои ғалати ин вожаҳо боъис мешуд, ки бархе аз шоъирони мо, масалан, вожаи “таваҷҷӯҳ”-ро бо “кӯҳ”-у “сутӯҳ” ё ҳатто “рӯҳ” қофия бибанданд, ки бино ба меъёрҳои забони порсӣ нуқси бузургест ва танҳо роҳи дарки ин норасоӣ шиносоӣ бо хатти модарӣ аст. Акнун шумори касире аз ҷавонон шояд бахши поёнии ин вожаҳоро ҳамсон талаффуз кунанд; чун хатти русӣ кори худашро карда ва забони моро ба ниҳояти абгорӣ расондааст.

“Вови маҷҳул” ё ҳамон “ӯ” ҷузъи ҷудоинопазири забони порсист ва дар гӯишҳои гуногуни ин забон, чи дар Тоҷикистону Узбакистон ва чи дар Эрону Афғонистон, талаффузи хосси худро дорад. “Маҷҳул”, яъне номаълум ё ношинохта. Барои арабҳое, ки ҳазору анд сол пеш барои мо расмулхат оварда буданд, садои “ӯ” ошно набуд, маҷҳул буд. Аммо дар миёни тӯдаҳои бумӣ ин садо монду то ба мо расид. Аз ин ҷост, ки, масалан, талаффузи бахши марбутаи “рӯз”-у “шӯр” бо “дур”-у “сурур” мутафовит аст.

Аммо забоншиносони шӯравӣ бо дарҳам омехтани “вови маҷҳул”-и порсӣ бо “ӯ”-и туркӣ-муғулӣ шерозаи забони моро аз ҳам гусехта буданд, ки вожаҳои ёдшуда (мӯҳтарам, таваҷҷӯҳ, мӯҳра...) муште намунаи ҳамон хирвор аст. Бо ин васф манзурам аз “дӯхтани кафан бар пайкаре мадфун” равшан шуд.

Вале ин поёни кор нест. Ҳатто оғози кор ҳам нест. Оғози кори ислоҳоту пероиши забони порсӣ дар Тоҷикистон танҳо замоне сар мерасад, ки зарурати бозгашти ногузир ба дабира (хатт)-и порсиро бипазирем. Бо бахя задан ё дарбеҳ кардани ин куҳна порчаи тикка-пораи ориятӣ тани бараҳнаи забонамон пӯшида намешавад.

Гирам, ки “ӯ”-и нозарурро аз расмулхаттамон дур андохтем. Аммо бо “у”-ҳои дигар чи кунем, ки ҳар кадом дар мавқеъияте хос садое хос доранд, аммо ҳеч кадом дар хатти сириллик баён намешавад ва хонанда, ба вижа навомӯзи забони моро дучори сардаргумӣ мекунад? Барои намуна, “у”-и аввалу дувум дар вожаҳои “дуруд” ва “суруд”-ро чи гуна тафкик кунем? Чун “у”-и нахусти ин вожаҳо кӯтоҳу дувумӣ дароз аст (на маҷҳул), аммо ба далели ҳамгунӣ дар расмулхатти русӣ аҷаб нест, ки аз забони насли ҷавон ҳар дуро ба як савт бишнавем, ки бар фарози забонамон сояи бегонаи номубораке афкандааст.

Гирам, ки мушкили “у”-ро ҳал кардем. Бо талаффузи “и” дар вожаҳое чун “ин”-у “имрӯз”-у “бино” (касе, ки қодир ба дидан ҳаст) ва “бино” (сохтмон) чи мекунем, ки ҳар як талаффузи хосси худро дорад?

Кумитаи забону истилоҳот аз “ҳарҷу марҷ дар имлои забони тоҷикӣ” гилоя мекунад. Аммо як кумитаи давлатии мутасаддии пероиши забон бояд худ посухгӯи ин гилояҳо бошад ва бидонад, ки бо танзими корбурди “ӯ” (вови маҷҳул) ҳам муваффақ ба рафъи ин ҳарҷу марҷ нахоҳад шуд. Мавзӯъ бисёр ҷиддитар аз ин ҳарфҳост. Мавзӯъ решаист ва ба бунёди навиштории забон бармегардад. То забони мо ба бистари модариаш, ки хатти порсист, барнагардад, на аз забони меъёр хабаре хоҳад буд, на касе аз хориҷиҳо ба омӯхтани забонамон рағбат зоҳир хоҳад кард (ин ҳам яке аз нигарониҳои расмиюн аст). Забоне, ки аз решаву расму равиши худ дур уфтодааст ва дар миёни гӯишваронаш ҳам маҳбубият ва умумияте надорад, ба дарди кадом хориҷӣ мехурад?

Солҳост дӯстдорони забони порсии Осиёи Миёна занги хатари нобудии ин забонро ба садо овардаанд. Шояд имрӯз, ки ин сатрҳоро мехонед, фикр кунед, ки суханони инҷониб бузургнамоӣ ва муболиғае беш нест. Аммо часпидан ба хатти номуносиби русӣ ва парҳез аз хатти модарии порсӣ баростӣ забони моро ба партгоҳи нобудӣ наздик бурдааст. Дар мавриди имтиёзоти сиёсии ин моҷаро ҳам мешавад “ногуфтаниҳо”-и дигареро гуфт. Давлате, ки бо бозгардондани забон ба бистари модариаш (хатти порсӣ) ҷилави ин нобудиро бигирад, бегумон дар сафаҳоти торихи фарҳангии порсигӯёни Осиёи Миёна ҷовидона хоҳад шуд.

Friday, June 18, 2010

An Ode to M.

Рӯзи мавлуди туро дар таби ҳасрат сипарам,
Бори андӯҳи ту ин бор на осуда барам.
Гуфта будӣ, ки дигарбора паёмат надиҳам,
Ин ту гуфтӣ ё ҳамоне, ки канад болу парам?
Ё ҳамоне, ки адоват дилу динаш бирабуд
Ҳар ду гунҷишки маро бурду қарору қадарам?
Эй дили поки ту дар чанги яхи бемеҳрӣ,
Эй рухи шоди ту махдуш зи тӯпу ташарам,
Ин ту гуфтӣ ё ҳамоне, ки сароямро сӯхт
Дар лаҳиби оташи рашку гурезон зи барам?
Хашму ҳирмону гирифторию худбезорӣ,
Чашми гирёну гунаҳкорӣ шуда ҳамсафарам.
Хонабардӯшу тиҳихона сари хони қадар,
Ҳамдами шамъу ғурубу ҳамнишини қамарам.
Кош, хокам ба даҳан, меҳр намепарвардам,
Меҳри дидори туам бехта хоке ба сарам.
Боз оғӯши маро лона тавонӣ кардан?
Боз гӯшам бинавозиву бигӯӣ: “падарам”?
Боз оӣ, ки Аҳуро ба барам биншинад?
Бисароӣ? ки зи нобудии овоз карам...
Занги дар кандаму занҷир ба ҷояш бастам,
Кӯст ангушти зарифат, бизанад занги дарам?
Кӯст обии нигоҳат, сурхи лабҳоят кӯ?
Зардии зулфи туро дар чӣ китобе нигарам?..
Акси ларзони ту ҷону ҷигарам месӯзад,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!


روز مولود تو را در تب حسرت سپرم
بار اندوه تو اين بار نه آسوده برم
گفته بودی که دگرباره پيامت ندهم
اين تو گفتی يا همانی که کنَد بال و پرم؟
يا همانی که عداوت دل و دينش بربود؟
هر دو گنجشک مرا برد و قرار و قدرم
ای دل پاک تو در چنگ يخ بی ‌مهری
ای رخ شاد تو مخدوش ز توپ و تشرم
اين تو گفتی يا همانی که سرايم را سوخت
در لهيب آتش رشک و گريزان ز برم؟
خشم و حرمان و گرفتاری و خودبيزاری
چشم گريان و گنهکاری شده همسفرم
خانه بردوش و تهی خانه، سر خوان قدَر
همدم شمع و غروب و همنشين قمرم
کاش، خاکم به دهن، مهر نمی پروردم
مهر ديدار توام بيخته خاکی به سرم
باز آغوش مرا لانه توانی کردن؟
باز گوشم بنوازی و بگويی: "پدرم"؟
باز آيی که اهورا به برم بنشيند؟
بسرايی؟ که ز نابودی آواز کرَم
زنگ در کندم و زنجير به جايش بستم
کوست انگشت ظريفت بزند زنگ درم؟
کوست آبی نگاهت؟ سرخ لبهايت کو؟
زردی زلف تو را در چه کتابی نگرم؟..
عکس لرزان تو جان و جگرم می سوزد
جگرم، وا جگرم، وا جگرم، وا جگرم

Tuesday, June 15, 2010

The Blood-Soaked Soil

Бӯи хоки хуногин

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Ҷанг, яъне сели паноҳҷӯёни бехонумон, ки кошонаҳои сӯхтаашонро дар гӯшае аз қалби сӯхтаашон санҷоқ (сӯзанак) мезананду аз бисоташон танҳо ҷони азизро паноҳ медиҳанду ба дуриҳо мешитобанд. Ва агар бар болҳои иқбол савор бошанд, ҷони азиз ба саломат мебаранду моҳҳо ва шояд солҳо ва шояд ҳатто то бениҳоят мунтазири бозгашт ба обу хоки модарӣ мемонанд. Гӯӣ риштаҳое инсонро бо маҳалле, ки хуни нофаш рехта, бастааст ва то ҷон дар рамақ боқист, бӯи он хок аз машом намеравад ва ҳамвора зеҳни одамӣ оғуштаи хумори ҳамон хок аст. Хоке, ки акнун барои узбактаборони минтақаи Уши Қирғизистон оғушта ба хуни азизонашон аст.

Бузургон гуфтаанд, ки танҳо накӯкорон бо корҳои некашон зиндаву ҷовид мемонанд. Аммо рӯйдодҳое аз ин даст бовареро талқин мекунад, ки ҳатто бадкорон дар зиндагии башарият ҳузури мудовим доранд. Агар тақсимоти арзии кавданона ё шояд бадсиголонаи Столин намебуд, имрӯз на аз дарду доғи Қарабоғ хабаре буду на аз ҳасрати Бухорову Самарқанд ва на аз ранҷу гурези узбактаборони Ӯш. Аммо дасте, ки чун як корди қассобӣ хоки минтақаро буриду тавзеъ кард, тухми хусуматро ҳам кошт, ки гумон намеравад ба зудиҳо зудуда шавад. Осиёи Миёна обистани ихтилофоти миёнқавмист. Он чи бар Қирғизистон мегузарад, дуруст 20 сол пеш, дар моҳи июни соли 1990 ҳам иттифоқ уфтода буд ва гиреҳи мушкил ногушуда монд.

Бархурди давлатҳои минтақа бо ин мавридҳо бояд ҳамроҳ бо дирояту оянданигарӣ бошад. Чун ҳамаи кишварҳои минтақа дорои мушкили ҳамонанде ҳастанд: омехтагиҳои қавмӣ бо тамаркузи ақаллиятҳо дар минтақаҳои бахусус. Узбакҳо ҳудуди 14 дарсади ҷамъияти Қирғизистонро ташкил медиҳанд ва умдатан дар ҷануби он кишвар мутамаркизанд. Яъне беш аз як милюн тан аз ин кишвари панҷмилюнӣ туркзабононе ҳастанд, бо фарҳангу омехтагии қавмии эронӣ, ки ҳувияти “узбакӣ” ба онҳо нисбат дода мешавад. Танҳо ваҷҳи иштироки ин ду қавм гурӯҳи забонии онҳост ва дар боқии мавридҳо узбакҳо бо тоҷикҳо иштирокоти бештар доранд, то бо таборҳои турку муғул. Аз ин рӯ узбакҳо аз дигар қавмҳои турку муғул мутамоизанд, вале ба далели тафовути забонӣ бо тоҷикҳо ҳам унси андаке доранд ва мавқеъияташон дар минтақа чизе ҳамонанди ҷойгоҳи тоҷикон аст, бо тафовутҳои камтар.

Як ҳақиқати ошкор аст, ки давлати Узбакистон дар баробари мардуми Тоҷикистон сиёсати ғалатеро ихтиёр карда ва дар садад аст, ки бо эъмоли зӯру фишор ҷилави сохтмони нерӯгоҳи Роғунро бигирад. Дар баробари он давлати табаҳкор бояд истод. Аммо дар мавриди мусибате, ки суроғи мардуми узбактабори Қирғизистон омадааст, бояд ҳисоби давлати узбакҳоро аз ҳисоби мардуми узбак ҷудо кард. Чи басо ин ки давлати Узбакистон ҳам бо шуморе аз узбактаборони Қирғизистон, ки аз дасти Тошканд фирор карда буданд, миёнаи хубе надорад ва мумкин аст азияту озори бештареро бар онон раво бидонад. Тоҷикистон ба унвони як кишвари ҷангдидаву обдида метавонад дар ҳадди имкон ба узбакҳои фирорӣ паноҳгоҳ диҳад, то обҳо аз осиёб биуфтаду вазъият сарусомон биёбад ва паноҳҷӯён ба хонаву кошонаашон баргарданд.

Аз сӯи дигар, ба қирғизтаборони муқими Узбакистон, ки дар миёни обу оташ гирифтор мондаанд ва талош мекунанд аз роҳи Тоҷикистон ба бахшҳои дигари Қирғизистон паноҳ баранд, бояд ин имконро дод. Ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳимоят аз дармондагон ҷузъи мавридҳоест, ки аз зеҳни ҳеч ҷангзадае сутурда намешавад ва фитрати инсонӣ ҳам ҳукм мекунад, ки дасти фитодаеро бигирем. Бад-ин гуна метавон дар зеҳнҳои ҳамсоягон нақши нозудудании дӯстию ҳимоятро кошт ва ҳомили ин нақши нозудуданӣ метавонад мардум бошад, на давлатҳо, ки бақояшон ҳамвора зери суол аст.

Бо дароз кардани дасти ёрӣ ба дармондагон Тоҷикистон метавонад собит кунад, ки танҳо як кишвари кумакпазир нест, балки дар мавридҳои изтирорӣ метавонад паноҳгоҳи бепаноҳон бошад. Гузашта аз ин, мушорикати мустақими Тоҷикистон барои одисозии вазъият дар Қирғизистон дар чорчӯби барномаҳои Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ногузир аст, то Тоҷикистон ба унвони як кишвари корсозу муассир дар минтақа ба расмият шинохта шавад. Фиристодани нерӯ ба Қирғизистон дар чорчӯби барномаи имдоди низомии ин паймон ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар минтақа ва арсаи байнулмилалӣ устувортар мекунад. Тоҷикистон бояд тамоми талоши худро кунад, ки ин даргириҳо аз Қирғизистон ба боқии бахшҳои водии Фарғона фаварон накунад; Фарғона минтақаест тақсимшуда миёни се кишвари Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон, ки ошуфтагии он метавонад тамоми минтақаро барошуфта кунад.

Давлати навпои Қирғизистон барои ҳалли ихтилофот дастбадомони Русия шудааст. Мусалламан, қудрате чун Русия бидуни дарназардошти манофеъи тангназаронаи худ даст ба ҳаллу фасли масоили минтақае ҳошияӣ намезанад. Подармиёнии мустақими Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ин қазия метавонад заминаро барои ҳалли мушкилоти кишварҳои Осиёи Миёна тавассути худи онҳо фароҳам кунад ва Русияро аз дахолат дар умури минтақа канор бизанад.

Муҳимтарин дарсе, ки мешавад аз хунрезиҳои Уши Қирғизистон гирифт, таваҷҷуҳ ба мавзӯъи ақаллиятҳои қавмӣ ва зарурати эҷоди як ҷомеъаи шаҳрвандии мунсаҷим аст, то ҷилави вуқӯъи чунин рӯйдодҳо дар ояндаро бигирад. Риъояти ҳуқуқи башар – чи дар аксарият бошаду чи дар ақаллият – зомини суботи вазъияти ҳар ҷомеъаест.

Wednesday, June 09, 2010

Как поступить с Узбекистаном?

События текущей недели могут стать судьбоносными для Таджикистана, если власти и гражданское общество смогут воспользоваться двумя удобными случаями. Международная конференция высокого уровня «Вода для жизни», проходящая в Душанбе, и вслед за ней саммит стран-членов ШОС в Ташкенте сведут вместе властей двух стран, вовлеченных в своего рода необъявленную холодную войну вот уже несколько лет. Разумеется, глядя из Ташкента, в Душанбе о международных конференциях на высоком уровне и речи быть не может. Следовательно, узбекскую делегацию возглавила заместитель министра экономики. Горе не беда. И через Галину Каримовной можно передать ясные, недвусмысленные, логичные и обдуманные сообщения прямо в Ташкент.

Конечно же более значительными являются визит Рахмона в Ташкент 10-11 июня и его возможная встреча тет-а-тет с Каримовым. Сможет ли глава Таджикистана развеять хилую логику аргументации Каримова против строительства гидроэлектростанций в Таджикистане или же покорно выслушает популистическую риторику оппонента без проявления подобающей реакции и потопает обратно?

Участие региональных держав в обоих заседаниях может сыграть важную роль в урегулировании кризиса. В мае министр обороны Ирана Ахмад Вахиди предложил посредничество Тегерана для преодоления разногласий между Душанбе и Ташкентом. Учитывая симпатии Ирана к гидропроектам Таджикистана, можно надеяться на эффективное посредничество Тегерана, которое могло бы хотя бы немного растопить лёд таджикско-узбекских отношений.

Помимо того, Таджикистану следует добиваться и поддержки Китая. Покамест политика Узбекистана в плане привлечения симпатий держав более успешна. К примеру, проект строительства Зарафшанской ГЭС, подписанный с китайской стороной в 2007, не воспроизводился именно из-за вмешательства Узбекистана. Помеха заставила китайцев считаться с позицией более важного соседа и принебречь таджикскими клиентами.

Аргументы, приведенные узбекской стороной, не совпадают с доводами рассудка; якобы в результате запуска станции часть посевных земель в Узбекистане останутся без воды. Небольшими усилиями экспертов можно установить недействительность этого гиперболического описания последствий реализации таджикских гидропроектов.

В дни присутствия высокопоставленных гостей в столице гражданское общество Таджикистана, в свою очередь, может продемонстрировать сущность проблем, навязанных Узбекистаном. Таджикские экспаты в западных странах стараются организовать акции протеста у зданий узбекских посольтв в тех дальних краях. Однако проведение подобных мирных митингов в самом Таджикистане кажется более логичной и даже необходимой мерой.

Узбекистан неоднократно пользовался орудием «общественных протестов» против экономических проектов и предприятий Таджикистана, хотя было очевидно, что эти выражения «народного недовольства» носили исключительно заказной характер. Если таджикские власти-«митингофобы» разрешат простому народу выйти на улицы и высказаться против экономического гнета северного соседа, несомненно их голоса прозвучат громче и четче. От прямого вмешательсва Узбекистана в экономических делах Таджикистана посчитан колосальный ущерб в жизни таджикистанцев. Страдает простой народ, о чем наглядно свидетельствуют сотни вагонов, задержанных узбеками за пограничной чертой.

Участникам обоих заседаний следует запомнить нижеследующие факты. Во-первых, свыше 40% водяных ресурсов Центральной Азии истекают из таджикских гор. То есть 4% гидропотенциала Земного шара концентрируется в нашей стране. Но явная диспропорция в том, что всего лишь 15% из 115 кубокилометров воды, которая ежегодно формируется в реках региона, относится Таджикистану.

“Вода – это жизнь” для таджикистанцев – это не лишенный смысла слоган, а сущная реальность. Гидроресурсы являются единственным значительным природным богатством нашей страны. Узбекские власти донимают международное сообщество беспокойством о судьбе своих хлопковых полей; то есть они обеспокоены, что возможно с реализацией таджикских гидропроектов государственный доход узбеков убавится. В то время, как Таджикистан обеспокоен зимними энергетическими кризисами, которые ежегодно уносят жизни людей.

Все же Ташкенту не удалось доказать, что строительство ГЭС в Таджикистане катастрофически скажется на ирригиционную систему Узбекистана. Оценка группы независимых международных экспертов разнесла бы это глупое утверждение в пух и прах.

Узбекские власти также возмущены вероятными экологическими последствиями таджикских гидропроектов, хотя возмущаться вероятностью чего-либо – неразумно. Особенно когда подобное возмущение выражается на фоне экологической трагедии Аральского моря, причиненной неразумным управлением тех же властей. Была бы их экологическая тревога действительной, наверняка картина Аральского моря выглядела бы иначе.

Помимо гидропроектов Таджикистана есть и другие факторы, вызывающие возмущение Ташкента. Почему-то Узбекистану не по нраву все доходные экономические проекты Таджикистана. Кстати, часть “народных протестов” Узбекистана были направлены против Регарского алюминевого завода (Талко). Говорят, завод наносит серьезный экологический ущерб региону. Более нелепого утверждения не могло бы и быть. Глядя на цифры ежегодных промышленных отходов Узбекистана и ндустриальных отбросов всех заводов и фабрик Таджикистана можно догадаться, что гора сравнивается с песчинкой.

Очевидно то, что Узбекистан старается всеми способами воспрепятствовать экономическому процветанию Таджикистана и её выхода из-под экономического влияния Ташкента. Реализация гидропроектов в конечном счете приведет Таджикистан к экономическому самообеспечению, чего не желают узбекские власти. Кроме того, им кажется, что эти проекты могут оснастить Душанбе сильным рычагом давления против ташкентских властей.

Многое можно добавить, но если ознакомить представителей региональных держав с вышесказанными доводами (конечно же в более изощренном и обтесанном дипломатическом изложении), авось и до держав истина дойдет и с Ташкентом наладятся более дружеские отношения.

Tuesday, June 08, 2010

What's To Be Done with Uzbekistan?

Бо Узбакистон чи бояд кард?

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Рӯйдодҳои ин ҳафта метавонад барои Тоҷикистон сарнавиштсоз бошад, агар мақомоти давлат ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ битавонанд аз ду фурсати нодире, ки ба онҳо даст додааст, ҳадди аксари истифодаро кунанд. Нишасти байнулмилалии “Об барои ҳаёт” дар Душанбе ва дар паи он нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд мақомоти ду кишвареро, ки солҳост даргири як навъ ҷанги сарди эъломнашуда ҳастанд, рӯбарӯи ҳам қарор хоҳанд дод. Албатта, зоҳиран Тошканд ба гирдиҳамоии Душанбе чандон маҳал нагзошта ва ҳайъатеро ба раҳбарии муъовини вазири иқтисодаш гусел кардааст. Аммо ҳузури Галина Саъидова ҳам ғанимат аст ва мешавад аз тариқи ӯ паёмҳои равшану мантиқӣ ва ҳисобшудаеро ба Тошканд иблоғ кард.

Мусалламан, ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд тайи рӯзҳои 10 ва 11 июн ва эҳтимоли баргузории дидори рӯбарӯи ӯ бо ҳамтои узбакаш аз аҳамияти бештаре бархурдор аст. Оё раҳбари тоҷик хоҳад тавонист мантиқи заъифи Каримов дар низоъ бар сари сохтмони нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистонро ошкор кунаду ба хок нишонад ё таслими жожхоиҳои авомфиребонаи ҳамтояш хоҳад шуд?

Ҳузури қудратҳои минтақаӣ дар ин ду нишаст ҳам аз масоили калидист. Аҳмади Ваҳидӣ, вазири дифоъи Эрон, моҳи гузашта тайи дидораш аз Тоҷикистон пешниҳоди подармиёнии Теҳрон миёни Душанбе ва Тошкандро карда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳусни нияти Эрон дар мавриди тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон мешавад умедвор буд, ки ин миёнҷигарӣ корсоз воқеъ шавад ва яхи равобити Тоҷикистону Узбакистонро дастикам андаке бишканад.

Ҷалби ҳусни назари Чин ҳам барои Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ҳаётист. То кунун Узбакистон дар ҷалби ҳимояти қудратҳо комгортар будааст. Як намунаи он хунсо кардани тарҳи эҳдоси як нерӯгоҳи обӣ дар рӯди Зарафшон буд, ки қарордоди эҳдосаш бо як ширкати чинӣ дар соли 2007 имзо шуд. Дахолати Узбакистон монеъ аз иҷрои ин тарҳ шуд ва чиниҳо ба хостаи ҳамсояи бузургтари Тоҷикистон арҷ гузоштанду тарҳро канор гузоштанд.

Далеле, ки узбакҳо матраҳ карданд, ҳамон дурӯғи ҳамешагишон буд, ки эҳдоси нерӯгоҳ монеъ аз обёрии бархе аз заминҳои Узбакистон хоҳад шуд. Бо талоши андаке бештари коршиносон мешавад даруни холии ин иддаъоро шикофту бармало кард.

Аз сӯи дигар ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон метавонад дар рӯзҳои ҳузури мақомоти баландпояи хориҷӣ дар пойтахт моҳияти мушкилотеро, ки Узбакистон барои Тоҷикистон офаридааст, ба намоиш гузорад. Дар ин рӯзҳо ҷавонони тоҷик дар кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд дар баробари сафорати Узбакистон дар он сарзаминҳои дурдаст тазоҳуроти эътирозӣ созмон диҳанд. Аммо ба назар мерасад, ки эътирозоти сулҳомези мардумӣ дар Тоҷикистон мантиқитар ва боистатар бошад.

Узбакистон борҳо абзори “эътирозоти мардумӣ”-ро алайҳи тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба кор бурда, ки сад албатта, сохтагӣ ва супоришӣ будани онҳо ошкор буд. Агар мақомоти тазоҳуротгурези Тоҷикистон ба мардум маҷол диҳанд, ки садои эътирозашонро баланд кунанд, бегумон садои расотаре аз Душанбе ба гӯши ҷаҳониён хоҳад расид. Чун дахолати мустақими Узбакистон дар умури иқтисодии Тоҷикистон ба вазъияти маъишии мардуми мо осеби ошкор расондааст ва вогунҳои мунтазири пушти хатти марзӣ як намунаи боризи ин дахолати дадманишона аст.

Меҳмонони ин ду нишаст бояд чанд мавридро бахубӣ фаро бигиранд: нахуст ин ки Тоҷикистон сарчашмаи беш аз 40 дарсади обҳои Осиёи Миёна аст ва дар воқеъ, дорои 4 дарсади зарфияти обии кураи Замин. Аз 115 килуметри мукаъаб обе, ки ҳамасола дар рӯдҳои минтақа ҷорист, танҳо 15 дарсади он ба ниёзҳои Тоҷикистон таъаллуқ мегирад, ки таносуби дурусте нест.

“Об барои ҳаёт” барои Тоҷикистон танҳо як шиъор нест, балки айни воқеъият аст, чун танҳо захираи табиъии қобили мулоҳизаи он ҳамин об аст. Узбакистон мегӯяд, ки нигарони пунбазорҳояш аст ва мумкин аст бо сохтани нерӯгоҳҳои Тоҷикистон даромади камтаре ба хазинаи давлаташ ворез шавад. Тоҷикистон мегӯяд, ки нигарони ҷони мардумаш аст, ки зимистонҳо бар асари бебарқӣ мемиранд.

То кунун Узбакистон натавонистааст собит кунад, ки эҳдоси обанборҳо дар Тоҷикистон ба раванди обёрии заминҳои он кишвар латма хоҳад зад. Як гурӯҳи мустақилли коршиносони байнулмилалӣ метавонад пучии ин иддаъоро ифшо кунад.

Нигарониҳои зистбумӣ (экологӣ)-и Узбакистон бепоя аст, ба вижа агар мадди назар дошта бошем, ки сӯимудирияти мақомоти он кишвар фоҷеъаи дарёи Оролро ба бор овардааст ва агар ба ростӣ чунин нигаронии башардӯстона дар миёни давлатмардони узбак шоеъ буд, шояд фикре ба ҳоли дарёи Орол мекарданд.

Эътирозоти Узбакистон танҳо бо тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Узбакистон бо ҳар навъ тарҳи иқтисодии даромадзои Тоҷикистон сари ситез дорад. Аз ҷумла шуморе аз “эътирозоти мардумӣ”-и Узбакистон ба Корхонаи алюминиюми Регар нишона рафта буд, ки ба гуфтаи онҳо, ба муҳити зисти минтақа осеб расондааст. Агар ба миқдори зубола (ахлот)-е, ки корхонаҳои ғӯлосои Узбакистон ҳамасола тавлид мекунанд, таваҷҷуҳ кунед, дар хоҳед ёфт, ки туфолаи корхонаи тоҷикӣ нимнахудест дар баробари як харбузаи кошифӣ. Он чи мусаллам аст, талоши пайгиронаи Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва берун рафтани он аз зери нуфузи иқтисодии Тошканд аст. Анҷоми тарҳҳои барқи обӣ метавонад роҳи Тоҷикистонро ба сӯи худкифоии иқтисодӣ ҳамвор кунад ва чи басо, ки аҳрум (фишанг)-и фишори қавӣ дар баробари Узбакистонро дар ихтиёри Душанбе қарор диҳад.

Гуфтаниҳо фаровон аст, аммо дар ҳавсалаи “Ногуфтаниҳо”-и рези мо намегунҷад. Вале агар ҳамин паёмҳо ба забони суфтатари пероста бо шеваву шигирдҳои диплумотик ба намояндагони қудратҳои минтақа мунтақил шавад ва ҳимояти онҳоро барангезад, Худоро чи дидӣ, шояд Тоҷикистон ҳам ба тавфиқе даст ёбаду гиреҳ во шавад ва равобити дӯстонатаре бо Тошканд шакл бигирад.

Tuesday, June 01, 2010

IRS: Illegal Road Solutions

Роҳбонӣ ё роҳзанӣ?

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Муддатҳост, ки моҷарои “роҳи пулакӣ” дар Тоҷикистон идома дорад, аммо ҳар чи мегузарад, бар ибҳому печидагии мавзӯъ меафзояд. Кӣ пул меситонад? Барои чӣ меситонад? Ширкати пулситон бегона аст ё худӣ? Ин пул ба хориҷ меравад ё дар Тоҷикистон мемонад? Давлат аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад ё намекунад?.. Ба ин пурсишҳо ба теъдоди афроди коршинос дар Тоҷикистон посух дорем, аммо иттифоқи назаре басахтӣ мушоҳида мешавад.

Ҷолиб ин ҷост, ки ҳувияти ширкати пулситон мавсум ба “Инноватив Роуд Солюшенз” (IRS - Innovative Road Solutions) ҳам чандон равшан нест. Ҳатто хабаргузориҳои муътабар бо истифода аз истилоҳоти гӯлзанандае чун “гуфта мешавад” ё “маълумоте мавҷуд аст” дар бораи ҳувияти ин ширкат изҳори назар мекунанд. Гӯӣ ин ширкат чун қорч (замбурӯғ)-е аз зери хок руста ё чун борон аз осмон фурӯ уфтода, ки пас аз соъатҳо канкошу ковишу ҷустучӯ ҳам андозаи як мисқол иттилоъи дурусту ҳисобӣ дар бораи он ба даст намеояд.

“Инноватив роуд солюшенз”, яъне “чорасозии навоварона барои роҳҳо”. Ин ширкат, ки боз ҳам “гуфта мешавад” соли 2009 дар ҷазираҳои Вирҷини Бритониё номнавис шуда, танҳо чора барои беҳбуди вазъи роҳҳои моро божситонӣ аз мусофирони ғолибан нодораш донистааст. Албатта, мешавад баҳона кард, ки бо пуле, ки ҷамъоварӣ мекунанд, метавон роҳҳои беҳтаре сохт, то дар оянда ҳангоми ронандагӣ дар роҳҳои Тоҷикистон эҳсоси шиноварӣ ба мо даст надиҳад. Аммо пеш аз ҳама бояд асолати ин ширкат барои мардуми ин сарзамин ошкор шавад ва мақсаду наҳваи истифода аз кӯчактарин дирамҳои мусофирони роҳҳо бояд ба таври шаффоф дар маърази диду таваҷҷуҳи якояки шаҳрвандони Тоҷикистон қарор бигирад.

Агар ин ширкат дар Бритониё сабти ном шуда, молики он кист? Чаро дар Бритониё номнавис шудаву дар Тоҷикистон бож меситонад? Поярезони он киҳо будаанд? Тоҷиканд ё хориҷӣ? Даромади ҳосил аз рафту омади мардум ба ҷайби чи касоне меравад ва молиёти он ба сандуқи чи кишваре рехта мешавад?

Бо шунидани номи ҷазираҳои Вирҷини Бритониё нохудогоҳ ба ёди додгоҳи нангини Талкову Ансолу Русал меуфтем, ки ду сол пеш дар ҳамон ҷазоир баргузор шуда буд. Ҳамон додгоҳе, ки давлати Тоҷикистонро сабти торихи Бритониё кард; чун ба унвони яке аз фақиртарин давлатҳои ҷаҳон ҳазинаи яке аз гаронтарин муҳокимаҳои торихи додрасии он кишварро пардохта буд. Чи пайванде метавонад миёни ҳузури аъзои давлати Тоҷикистон дар ҷазираҳои Вирҷин таи солҳои 2008-2009 ва таъсиси ширкати IRS дар соли 2009 дар ҳамон ҷазираҳо вуҷуд дошта бошад? Оё ба ростӣ, ҳамон гуна ки “гуфта мешавад”, бунёдгузорони ин ширкат шаҳрвандони Тоҷикистонанд? Агар чунин аст, ному мақомашон чист?.. Ба кӣ метавон бо ин пурсишҳо рӯ овард? Ба вижа акнун, ки ба назар мерасад як ниҳоди давлатӣ ҳам аз ширкати вирҷинӣ дили хуше надорад.

Аз оғози моҳи гузашта то кунун Амонуллоҳи Ашӯр, раиси Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон, борҳо гуфтаасту мегӯяд, ки фаъъолияти IRS ғайриқонунист ва бояд ҷилави божситониҳои он бар сари роҳҳои Тоҷикистонро гирифт. Аммо тасвире, ки мебинем, ширкати IRS-ро тавонмандтар аз ин ниҳоди давлатӣ нишон медиҳад. IRS бо сарпечии густохона аз дастури Ожонси зиддиинҳисорӣ бепарво ҳамчунон дар ҳоли божситонӣ аз мусофирони роҳи Душанбе-Чаноқ аст. Ин ширкат пуштгарми чи мақомест, ки ин қадр бебокона даст ба ҷайби мардуми мо мебарад ва ҳатто як ниҳоди давлатӣ қодир нест ҷилави роҳзании онро бигирад?

Ва аслан чаро бояд аз роҳе, ки бо пули молиёт (андоз)-и мардум сохта шуда, бож ситонанд? Камтарин маблағе, ки бояд дар ин “шоҳроҳ” бипардозед, 30 дирам барои ҳар килуметр аст. Дар ҳоле ки дар кишвари нисбатан мураффаҳтаре чун Русия ин рақам муъодили 2 дирам аст. Мақомоте ҷор задаанд, ки дар кишварҳои пешрафта мардум барои убур аз шоҳроҳҳо пул мепардозанд. Аҷиб аст, ки то суҳбат аз пул мешавад, мо ҳам худ ба худ худро дар радифи кишварҳои пешрафта мебинем. Аммо агар суҳбат аз арзишҳои иҷтимоъӣ ва озодиҳои марсум дар кишварҳои пешрафта бошад, ҳамон жожи мудомро мешунавем, ки “Тоҷикистон ҳанӯз омода нест ба ин урдӯгоҳ бипайвандад”. Ғофил аз ин ки озодиҳои башарӣ ғаризӣ (интуитивӣ) аст ва ҳама омодагии онро доранд ё худ ба худ касб мекунанд. Аммо пардохти божу андози сангин омодагии иқтисодӣ мехоҳад, ки мардуми Тоҷикистон аз он бенасибанд. Агар дар баробари “роҳи пулакӣ” роҳҳои ройгон ҳам вуҷуд медошт, нисфи мушкил ҳал мешуд, ки чунин нест.

Вале муҳимтар аз он наҳваи иҷрои ин барнома аст, ки амалкарди давлатро бакуллӣ зери суол мебарад. Барномаи божситонӣ аз ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рӯзи 1 апрел расмӣ шуд; мисли як дурӯғи рӯзи аблаҳон (ё рӯзи ханда), ки рост аз об даромад. Пас аз он буд, ки шикоёти мардум ба рӯи мизи Ожонси зиддиинҳисорӣ рехтан гирифту доди ин ниҳоди давлатӣ баланд шуд. Ҳузури ширкати IRS дар майдони божситонӣ чунон қавист, ки кас намедонад ба доди мардум бирасад ё ба доди ин ниҳоди давлатӣ. Ба вижа ин ки раиси ожонс ҳам ба мардум гилоя мебарад, ки аз 18 навъи молиёти давлатӣ ширкати IRS танҳо як навъашро мепардозад, ки он ҳам молиёти иҷтимоъии кормандонаш аст. Магар роҳҳои Тоҷикистон таҳти назорати давлати он нестанд? Чи касе ин барномаи булҳавасонаро пиёда карда ва посухгӯи шикоёти мардум аст?..

Доманаи васеъи пурсишҳое, ки дар ин навиштор баён шуд ва бисёре ҳам ногуфта монд, гӯёи ибҳом ва печидагии мавзӯъ аст, ки зоҳиран шохаҳои бисёре аз худи давлат ҳам дар лобалои он гирифтор мондаанд. Танҳо роҳкоре, ки мантиқӣ ба назар меояд, гушудани асрори ширкати IRS, посухгӯ кардани он дар баробари қонунҳои Тоҷикистон ва коҳиши чандинбаробари нархҳои хаёлпарваронаест, ки ин ширкати нокуҷоободӣ рӯи роҳҳои мо гузоштааст.