Monday, October 31, 2011

A Language On Leave

Забони таътилшуда

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Рӯзи шанбеи гузашта. Маркази Ландан. Утубуси шулуғ (пуродам). Забонҳои гуногун, ки дар ҳам омехтаанд. Аз лобалои ин забонҳо садои кӯдаке ба гӯшам мерасад, ки чида-чида мегӯяд:

“Бобо анор дод. Соро анор дорад…”

Аз китоб мехонд. Ва пайдо буд, ки хатти порсиро тоза ёд гирифтааст. Модар мегуфт: “Анор мешавад чӣ? Алиризо?.. Офарин! Pomegranate”.

Ангор ҳамшаҳриҳоямро дида бошам, ба модару кӯдак наздик мешавам ва аз модар мепурсам, ки чи муддатест Алиризо хатти порсӣ меомӯзад. Модар, ки худашро Шаҳин муъаррифӣ мекунад, бо ҳисси ифтихор мегӯяд: “Ҳамин имрӯз ба мадрасаи Китобхонаи эронӣ дар минтақаи Актун рафт ва боварам намешавад, ки тайи як ҷаласа дарс ба ин хубӣ хонданро ёд гирифта…” Мегӯяд, Алиризо ҳафт сол дорад ва бисёр дӯст дошт китобҳои падару модарашро ба он хатти номаънус бихонад. Ҳамин кунҷковӣ боъис шуд, ки Алиризоро ба мадрасаи шанбегии китобхонаи дуктур Мошоаллоҳи Оҷудонӣ бибаранд; мадрасаи порсие, ки забонзади порсигӯёни Бритониёст.

Мепурсам: “Чи ниёзе буд, ки ба гирифториҳои баччатон биафзоед ва нагзоред, ки шанбеҳо бо дӯстонаш хуш бигзаронад?” Мегӯяд: “Дар ин муҳит нигаронам. Сахт нигаронам, ки фарзандам беҳувият хоҳад шуд. Саранҷоми кор ҳам Алиризо инглисӣ ки намешавад. Агар эронияташро ҳам аз даст бидиҳад, дигар ба дарди худаш ҳам нахоҳад хурд”. Шаҳин аз озариҳои Эрон аст, ки аз бади рӯзгор солҳо пеш ба Ландан муҳоҷират карда, аммо дилаш бо фарҳанги порсӣ метапад ва мехоҳад фарзандашро бо аслу табор бор оварад.

***
Шомгоҳи ҳамон рӯз. Хона. Фейсбук. Сафҳаи “Платформа”-ро боз мекунам, ки ин рӯзҳо ба саҳнаи доғи баҳси забон бадал шуда. Хабарнигоре Гулнора Амиршоева ном ба забони русӣ навиштааст: “Лутфан ба ин пурсиш посух диҳед: оё ниёзе ба донистани забони расмии тоҷикӣ ҳаст? Агар ҳаст, чи шароите барои омӯзиши он вуҷуд дорад? Оё шароите барои хосторони омӯзиши забони тоҷикӣ чун ман фароҳам шудааст? Посухҳо дар рӯзномаи “Вечёрка” мунташир хоҳад шуд”.

Мағзам сут (ҳуштак) мекашад, аммо мебинам, ки ин пурсиш барои бисёре аҷиб ҷилва намекунад ва заҳмати посух доданро кашидаанд. Ва ҳамин хабарнигор, ки гӯё хостори дониш аст, бо иддаъо донандагони забонро ба истинтоқ мекашад, ки “зачем говорить “хоҳад шуд”, если можно сказать “мешавад”?.. Все пытаются усложнить, что хоть вешайся, щас некоторые еще и в ограниченности нас обвинят” (Барои чи бояд “хоҳад шуд” бигӯем, вақте ки мешавад феъли “мешавад”-ро ба кор бурд?.. Ҳама мекӯшанд, ки корро то бениҳоят печида кунанд ва баъзеҳо ҳатто моро ба тангназарӣ муттаҳам мекунанд”).

Посухи ин толиби дониши порсиро додам ва тафовути миёни “мешавад” ва “хоҳад шуд”-ро ҳатталимкон равшан кардам, ҳарчанд паёми дигаре аз ӯ дарёфт нашуд. Фақат умедворам, ки навиштаҳои мо ба дарди ӯ “хоҳад хурд” ва ӯ ҳам яке аз донандагони забони порсӣ “хоҳад шуд”. Бо зикр ва умед ба байти Хоҷаи Шероз, ки:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

***

Иттифоқи субҳи ҳамон рӯз ёдам омад: кӯдаке, ки дар Инглистон бузург шуда, аммо суроғи ҳувияташро мегирад ва ба он даст меёбад. Дар баробари насле, ки дар сарзамини худ бузург мешаванд, аммо ба ҳувияти худ ба дидаи истеҳзо ва тамасхур менигаранд. Кӯдаке дар Инглис асбоби парвариши ҳувияташро меёбад. Насле дар хостгоҳи забони порсӣ дунболи баҳона мегарданд, то он асбоби парвариши ҳувият пайдо нашавад. Талошашон барои омӯзиши забони модарӣ ҳам паёмади фишори давлат аст, ки мегӯяд, ҳама бояд забони расмиро бидонанд. Фишор аз сӯи касонест, ки худашон ҳам ин забонро бадурустӣ намедонанд. Ва пурсиши ин толиб такондиҳандатарин бахши рӯйдод аст: “Оё ниёзе ба донистани забони расмии тоҷикӣ ҳаст?” Яъне касе, ки таҳти фишор маҷбур аст забони модариашро биомӯзад, мепурсад, ки оё ниёзе ба мавҷудияти ин забон дар Тоҷикистон ҳаст ё на…

Шанбе буду рӯзи таътил. Ва нафаҳмидам, ки оё рӯз таътил аст ё худи мо таътил шудаем. Забонамон таътил шудааст.

***
“Шоҳнома”-и Ҳакими Тӯсиро боз мекунам, ки мегӯяд:

Зи Эрону аз турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён,
На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.

Friday, October 28, 2011

Irreparable Pyrillic

Хатти пириллик дарбехпазир нест

(мунташиршуда дар ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳарфи «ў»-ро пеш аз «ҳ» ва «ъ» аз миён бардорад. Қоъидаи нав дар мавридҳое баҷост, аммо мушкили хатти таҳмилиро ҳал намекунад.

Дирўз, ки яке аз шумораҳои ахири маҷаллаи «Фирўза»-ро мурур мекардам, мабҳут мондам, ки ҳам рўи ҷилди он ва ҳам дар унвони матлаби умдаи маҷалла вожаи «мерос» ба шакли «меърос» ҳиҷҷӣ шудааст. Ёдам омад, ки бархе дигар аз нашрияҳо ҳам вожаи «масуният» (иммунитет)-ро ба шакли ғалати «масъуният» навишта буданд. Ба ҳамин шева мушкили имлои мо бо ҳарфу садои «ъ»-ро мешавад дар вожаҳои дигаре чун «таърих»-у «торих», «раъй»-у «рой», «шиъор»-у «шиор», «шоъир»-у «шоир», «боъис»-у «боис», «ҷомеъа»-ву «ҷомеа» ва «таъруфа»-ву «таруфа» дид. Дар мавриди ахир, албатта, мушкил печидатар аст ва аз бардошти ғалати мутарҷимони давр бармеояд, ки аз фарҳангномаҳои порсӣ кумак гирифтаанд. Муъодили порсии «тариф»-и русӣ «таъруфа» аст, бо имлои лотини ta’rofe (ta’rofa). Ноошноии мутарҷимон бо хатти порсӣ боъис шуда, ки онро тақрибан бар вазни «заррофа» ба шакли «тарофа» баргардон кунанд. Имрўза дар тоблуҳои баланду болои таблиғотӣ дар сатҳи шаҳр «тарофа»-ҳо заррофавор гардан ёзидаанд, ки мояи хиҷолати соҳибони забони расмии Тоҷикистон аст.

Бегумон хатти пириллик (порсии сириллик ё ҳамон тоҷикӣ) сўрохҳои фаровоне дорад, ки бо ҳеч навъ бахя (дарбеҳ)-е ба ҳам намеояд. Аломати «ъ» яке аз он сўрохҳои бузург аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар остонаи рўзи расмии забон дар садади бахя задани он баромад. Қарор аст аз ин ба баъд пеш аз аломати «ъ» дар вомвожаҳои арабӣ дигар ҳарфи «ў» (вови маҷҳул) навишта нашавад. Барои намуна, аз ин ба баъд дар имлои расмӣ ҳам вожаҳое аз қабили «мўътабар», «мўътариф» ва «мўъмин» ба шакли «муътабар», «муътариф» ва «муъмин» навишта мешаванд; чун дар таркиби ин вожаҳо «ў» (вови маҷҳул) вуҷуд надорад. Ин қоъидаи нав ҳамчунин шомили ҳоли вомвожаҳое мешавад, ки дар онҳо садоҳои «у» ва «ҳ» канори ҳам воқеъ шудаанд; яъне «мўҳтарам» ва «мўҳр» аз ин ба баъд ба шакли дурусти «муҳтарам» ва «муҳр» ҳиҷҷӣ мешавад.

Дар ин мавриди бахусус ба Додихудо Саймуддинов, раиси фарҳехтаи Кумитаи забон ва истилоҳот, бояд шодбош гуфт. Аммо, афсўсмандона, бо ин қоъидаи куллию фарогир ҳам наметавон мушкилро ҳал кард. Яъне наметавон дастури табарворе дод, ки ҳарфи «ў»-ро аз канори ҳамаи «ъ»-ҳо ва «ҳ»-ҳо дар вомвожаҳои арабӣ биронанд. Садои «у» дар вожаҳое чун «мавзўъ», «маснўъ», «маҷмўъ», «рўҳ», «(ҳазрати) Нўҳ» кўтоҳ несту дароз аст ва бо табдили «ў» ба «у» дар ин вожаҳо талаффузи онҳо низ метавонад осеб бибинад. Пас, наметавон осуда шуд, ки бо тасвиби тағйироти нав мушкили «ў» ва «ъ» даст аз сари хатти аҷнабии мо бар хоҳад дошт.

Носозгории хатти пириллик бо аломати «ъ» жарфтар аз ин ҳарфҳост. Нахуст ин ки, дар расмулхатти таҳмилӣ як аломат (ъ) ҷойгузини ду аломати порсӣ шудааст. Яъне аломати «ҳамза» дар таркиби вожаи «муъмин» (баромада аз «имон») ва ҳарфи «ъайн» дар вожаи «муътабар» (баромада аз «эътибор») ҳар ду бо корбурди аломати сакта (ъ) навишта мешаванд, ки аз ҷумлаи мавридҳои носозгории хатти русӣ бо забони порсист. Ин мушкил замоне барҷастатар ҷилва мекунад, ки як матни пирилликро бо истифода аз нармафзорҳои роёнаӣ ба хатти порсӣ баргардон кунем. Ба ҳамин шева парҳез аз аломати «ъ» дар имлои вожаҳое чун «шиъор», «шоъир», «боъис», «ҷомеъа», «маҷмўъа» бар умқи мушкили баргардонгарҳо меафзояд.

Афзун бар ин, ноҳамхонии имлои пириллик бо имлои порсӣ монеи умдае дар ростои ошноии беҳтари порсигўёни Фарорўд бо зарофатҳои забони модаришон шудааст. Пур гуфтаем, ки расмулхатти таҳмилии русӣ дар дурии мо аз забону ҳувияти миллии худ бештарин саҳмро доштааст. Ба гунае, ки акнун бисёре намедонанд, ки «ъилм»-у «ъолим»-у «таълим»-у «таъаллум»-у «муъаллим» ҳамагӣ баромада аз як решаи воҳиданд. «Ъ» дар ҳамаи ин вожаҳо ҷойгоҳи калидӣ ва решаӣ дорад. Бо ҳазфи аломати «ъ» дар вожаҳои «илм»-у «олим»-у «тааллум»-у «муаллим» ва ҳифзи он дар вожаи «таълим» иртиботи решаии ин вожаҳо дар зеҳни як пирилликхон масх мешавад. Дар натиҷа аз вожаҳои бархоста аз як реша корбурди ғалат сурат мегирад; чун гўянда аз маънои дақиқи вожа огоҳ нест. Бавижа ин ки дар бархе аз ин вожаҳо будан ё набудани аломати «ъ» метавонад маъниро бакуллӣ иваз кунад. Барои намуна, ҳамон вожаи «таъаллум» (бархоста аз «илм») ба маънои «омўхтану донистан» аст. Дар ҳоле ки ҳазфи аломати «ъ» онро табдил ба «тааллум» (баромада аз «алам») мекунад; ба маънои «дард ёфтан». Шояд бархе баҳона пеш оранд, ки имрўза «таъаллум»-у «тааллум» ҳеч як дар «забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» корбурд надорад. Ин баҳона танҳо дар сурате пазируфта аст, ки осори бузургонамон аз Рўдакӣ то Садриддин Айниро аз феҳристи осори адабии миллат берун бирезем ва онҳоро дигар ҳамзабони худ надонем ва дар нишастҳои байнулмилалӣ санги «форсизабон будан»-ро ба сина назанем.

Аммо мусаввабаи нав ҳамон қоидаи кўҳнаро такрор кардааст, ки ҳарфи «ъ» набояд байни ду садодор – ба истиснои калимаҳои «фаъол» ва «таъйин» - навишта шавад. Албатта, дар вожаи «таъйин» ҳарфи «й»-ро бағалат садодор донистаанд. Вожаи «фаъол» ҳам – агар манзур риъояти имлои дурусти забонамон бошад – бояд бо ду ҳарфи «ъ» ва ба шакли «фаъъол» навишта шавад, чун ташдид дар ин вожа рўи ҳарфи «ъ» меуфтад. Худдорӣ аз риъояти ин қоъида боъиси талаффузи ғалати вожаи «фаъъол» дар «забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» шудааст. «Фаъъол» дорои ташдиди равшану сареҳ аст, ҳамон гуна ки вожаҳои дигар бар вазни «фаъъол» бо ташдиди садои миёнӣ навишта ва талаффуз мешаванд: маккор, ҳаммол, баззоз, фаррор, ғаммоз, хаммор. Пас, агар Кумитаи забон ва истилоҳот интизор дорад, ки мусавваботаш аз сўи мардуми огоҳ ба забон риъоят шавад, баночор бояд ин қоъидаро ҳам ислоҳ кунад.

Дар тўли 72 соли ривоҷи хатти пириллик дар Фарорўд имлои ин расмулхатти аҷнабӣ тағйироти фаровонеро бар худ дидаву борҳо бахя хурдааст. Аммо ҳеч як аз ин бахяҳо баростӣ корсоз воқеъ нашуда ва баръакс, ниёз ба бозгашт ба хатти худии порсиро барҷастатар кардааст.

Гирем, ки бо садҳо бахяи дигар ин хатро бо забонамон ҳамхонтар ва созгортар кунем (ки амрест тақрибан ношуданӣ ва тағйироти бунёдини расмулхатро мехоҳад). Аммо чанд тан ба ҳосили заҳмати нависандагон ба ин хат дастрасӣ хоҳанд дошт? Гумон намеравад, ки шумори хонандагони билқувваи он бештар аз 10 милюн тан бошад. На имрўзу дирўзи Тоҷикистонро метавон бо ин хат ба ҷаҳониён шиносонд ва на чашмандози фардое равшанро мешавад бо ин хат тарсим кард. Ислоҳоти тозаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бори дигар ин ҳақиқатро исбот кард, ки танҳо роҳи бурунрафти забони мо аз бунбасти кунунӣ бозгашти тадриҷию барномарезишуда ба хатти худамон (порсӣ) аст. Бо ин бахя заданҳо ҷомаи ориятамон ороста нахоҳад шуд. Ин фармудаи Саъдӣ шоистаи такрору таъкид аст, ки:

Куҳан ҷомаи хеш оростан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.

Monday, October 24, 2011

Gaddafi's Death and Lessons

Панди либиёӣ

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Либӣ аз балои Қаззофӣ раҳо шуд. Аз балои раҳбаре, ки 42 сол ҳам барои мардумхориаш басанда набуд. Ҳукумати интиқолӣ дам аз баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи мардумсолорона медиҳад ва гӯӣ насими Баҳори Араб ба машоми як кишвари дигар дар ҷаҳони араб расидааст. Дигар қарор нест худкомагии Муъаммар Қаззофию хонадонаш монеъ аз хушбахтии мардумаш шавад. Қаззофӣ раҳбаре буд, ки дар кохҳои тилоӣ зиндагӣ кард ва дар лӯлаи фозилоб (заҳоб)-и чиркину бадбӯй ба даст уфтоду мурд. Раҳбаре буд, ки мухолифони бешуморашро “муш” меномид ва саранҷом ба сарнавишти муш гирифтор омаду мурд. Миллат бо шӯру нишот ба пойкӯбӣ бархостанд ва нобудии ҳокими ситамгарашонро таҷлил карданд.

Вале саҳнаҳои ракику занандаи боздошт ва саранҷом қатли Қаззофӣ, ки бо дурбинҳои ларзони телефунӣ филмбардорӣ шуда буду даври ҷаҳонро гашт, ҳикояте дигар дорад ва он рӯи сиккаро нишон медиҳад. Раҳбари тарсону ҳаросонро мебинем, ки илтиҷо мекунад ӯро назананд. Аммо ӯро мезананд. Аз сару мӯяш мекашанду ба хоки зиллат меафкананд ва ниҳоятан мекушанд. Пайкари беҷони ӯ дар сатҳи шаҳри зодгоҳаш мисли лошаи саг кӯбакӯ кашонда мешавад… Қаззофӣ марги ҳавлноке дошт, ки ба қавли куҳансолон, кас барои душмани худ орзу намекунад.

Муъаммар Қаззофӣ дар тӯли 42 соли султаи қулдуронааш бар Либӣ хуни фаровоне рехт ва ғалати бисёре кард. Садҳо тан аз мухолифони режими ӯ ба ҳамин шева кушта шуданд; пули қатли садҳо хориҷиро байтулмоли Либии Қаззофӣ пардохтааст; ҷиноёти саҳмгине сабти корномаи ин чеҳраи махуфи торих шудааст. Аммо шеваи қатли ӯ дар зеҳни содаи ҳазорон нафар корномаи бади ӯро сутурд ва аз Қаззофӣ шаҳиди мазлум сохт. Наҳваи куштани Қаззофӣ хатти тафовут миёни ӯ ва мухолифонашро зудуд ва гӯӣ фарёд баровард, ки:

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!

Ва ҳеч касе набуду нест, ки он фарқро дарёбад. Чун фарқе дар кор нест. Қаззофӣ ба ҳамон шеваи дадманишона, барбарона ё ваҳшиёнае кушта шуд, ки худаш рақибону мухолифонашро мекушт. Дар натиҷа ҳеч ваҷҳи тамоюз ва тафовуте миёни ӯ ва мухолифонаш боқӣ намонд.

Қасоват ё бераҳмӣ зоидаи заъфу нотавонист. Наҳваи куштани Қаззофӣ баёнгари заъфи маънавии шадиди мухолифонаш буд. Қасоват зоидаи тарс аст ва тарс вижаи афроди нотавон аст. Қасовате, ки дар марги Қаззофӣ ба кор рафт, паёмади сиёсатҳои иҷтимоъии 42 соли ахири ӯ буд. Аммо ин умедро аз дилҳо зудуд, ки ин кишвар дар ояндаи қобили пешбинӣ ба қофилаи ҷаҳони мутамаддин хоҳад пайваст.

Аммо “ҷаҳони мутамаддин” ҳам таъбирест нисбӣ. Ва ин ҳақиқат замоне барҷаста шуд, ки хабари қатли Қаззофӣ ҷаҳонро дарнавардид. Паёмҳои шодбоши раҳбарони Ғарб ба муносибати марги касе ба андозае боварнакарданӣ буд, ки мафҳуми “инсонгарӣ”-ро зери суол мебурд. Ҳеч раҳбаре аз кишварҳои ба ном “мутамаддин” изҳори таассуф накард. Нагуфт, ки ин мардак бояд ба сазои аъмолаш мерасид. Ва ин ки сазои аъмолаш қатли хиёбонии худсарона набуд. Бозмондагони ҳазорон қурбонии сиёсатҳову ҷиноятҳои Қаззофӣ ба муродашон нарасиданд ва муҳокимаи мунсифонаи ӯро надиданд. Ва худи Қаззофӣ дар силлул (камера) нанишаст, то ба кардаҳояш биандешад ва маънии надомату пушаймониро ламс кунад. Ҳақ ба ҳақдор нарасид ва Қаззофӣ муҷозот нашуд. Боқии умрашро дар тааммул нагузаронд. Рафт, то барои муште хирасар шаҳид шавад ва асбоби дардисарҳои фаровони оянда. Ин кавданони нафаҳм, ки бо қасовати барбарона аз аждаҳое шаҳид сохтанд, ҷоизаи хушбахтиро набурданд.

Сарнавишти Қаззофӣ, аммо, ҳовии дарсҳои муҳимме буд; ҳам барои фармонравоён ва ҳам барои раъоё. Дарсе, ки фармонравоёни хирадманд аз ин поёни шум гирифтанд, ин буд, ки магасвор ба курсии раёсат начаспанд, раёсатро табдил ба салтанат накунанд, дороиҳои мардумро миёни аъзои хонадонашон тақсим накунанд ва худашонро инсони мирое беш надонанд. Раъоёи хирадманд дарсе, ки гирифтанд, ин буд, ки таслими хашми худ нашаванд ва бадкорро инсонвор ба дарки бадкориҳояш водоранд.

Муъаммар Қаззофӣ ҳамоне буд, ки ба хиёли пандгӯӣ ба раҳбари Иттиҳоди Шӯравии рӯ ба завол дар поёни даҳаи 1980 “Китоби Сабз”-ашро бо дебочае ғарро ба Михаил Горбачёв пешкаш карда буд ва танҳо роҳи наҷоти импротурии сурхро дар эҷоди “кумитаҳои мардумӣ ба сабки Либӣ” тавсиф карда буд. Аммо торих нишон дод, ки кумитаҳои ба ном “мардумӣ” давои дарде намешавад, магар ин ки баростӣ мардумӣ бошад. Агар Горбачёв қаззофивор ба курсии раёсаташ овезон мешуд, чи басо, ки ҳамин сарнавишти шум суроғаш меомад. Акнун лобуд Горбачёви 80-сола саҳнаҳои марги ҳақоратбори Қаззофиро дар сафҳаи телевизюнаш мебинаду панду андарзи “сабз”-и ӯро ба ёд меоварад ва афсӯс мехурад, ки дар посух ба он насиҳат худаш ба Қаззофӣ панде озодвор надода буд.

Ба қавли Рӯдакӣ, замона, чун нигарӣ, сарбасар ҳама панд аст. Пурсиш инҷост, ки гӯшу ҳушамон то куҷо ниюшои панди замона аст.