Monday, October 31, 2011

A Language On Leave

Забони таътилшуда

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Рӯзи шанбеи гузашта. Маркази Ландан. Утубуси шулуғ (пуродам). Забонҳои гуногун, ки дар ҳам омехтаанд. Аз лобалои ин забонҳо садои кӯдаке ба гӯшам мерасад, ки чида-чида мегӯяд:

“Бобо анор дод. Соро анор дорад…”

Аз китоб мехонд. Ва пайдо буд, ки хатти порсиро тоза ёд гирифтааст. Модар мегуфт: “Анор мешавад чӣ? Алиризо?.. Офарин! Pomegranate”.

Ангор ҳамшаҳриҳоямро дида бошам, ба модару кӯдак наздик мешавам ва аз модар мепурсам, ки чи муддатест Алиризо хатти порсӣ меомӯзад. Модар, ки худашро Шаҳин муъаррифӣ мекунад, бо ҳисси ифтихор мегӯяд: “Ҳамин имрӯз ба мадрасаи Китобхонаи эронӣ дар минтақаи Актун рафт ва боварам намешавад, ки тайи як ҷаласа дарс ба ин хубӣ хонданро ёд гирифта…” Мегӯяд, Алиризо ҳафт сол дорад ва бисёр дӯст дошт китобҳои падару модарашро ба он хатти номаънус бихонад. Ҳамин кунҷковӣ боъис шуд, ки Алиризоро ба мадрасаи шанбегии китобхонаи дуктур Мошоаллоҳи Оҷудонӣ бибаранд; мадрасаи порсие, ки забонзади порсигӯёни Бритониёст.

Мепурсам: “Чи ниёзе буд, ки ба гирифториҳои баччатон биафзоед ва нагзоред, ки шанбеҳо бо дӯстонаш хуш бигзаронад?” Мегӯяд: “Дар ин муҳит нигаронам. Сахт нигаронам, ки фарзандам беҳувият хоҳад шуд. Саранҷоми кор ҳам Алиризо инглисӣ ки намешавад. Агар эронияташро ҳам аз даст бидиҳад, дигар ба дарди худаш ҳам нахоҳад хурд”. Шаҳин аз озариҳои Эрон аст, ки аз бади рӯзгор солҳо пеш ба Ландан муҳоҷират карда, аммо дилаш бо фарҳанги порсӣ метапад ва мехоҳад фарзандашро бо аслу табор бор оварад.

***
Шомгоҳи ҳамон рӯз. Хона. Фейсбук. Сафҳаи “Платформа”-ро боз мекунам, ки ин рӯзҳо ба саҳнаи доғи баҳси забон бадал шуда. Хабарнигоре Гулнора Амиршоева ном ба забони русӣ навиштааст: “Лутфан ба ин пурсиш посух диҳед: оё ниёзе ба донистани забони расмии тоҷикӣ ҳаст? Агар ҳаст, чи шароите барои омӯзиши он вуҷуд дорад? Оё шароите барои хосторони омӯзиши забони тоҷикӣ чун ман фароҳам шудааст? Посухҳо дар рӯзномаи “Вечёрка” мунташир хоҳад шуд”.

Мағзам сут (ҳуштак) мекашад, аммо мебинам, ки ин пурсиш барои бисёре аҷиб ҷилва намекунад ва заҳмати посух доданро кашидаанд. Ва ҳамин хабарнигор, ки гӯё хостори дониш аст, бо иддаъо донандагони забонро ба истинтоқ мекашад, ки “зачем говорить “хоҳад шуд”, если можно сказать “мешавад”?.. Все пытаются усложнить, что хоть вешайся, щас некоторые еще и в ограниченности нас обвинят” (Барои чи бояд “хоҳад шуд” бигӯем, вақте ки мешавад феъли “мешавад”-ро ба кор бурд?.. Ҳама мекӯшанд, ки корро то бениҳоят печида кунанд ва баъзеҳо ҳатто моро ба тангназарӣ муттаҳам мекунанд”).

Посухи ин толиби дониши порсиро додам ва тафовути миёни “мешавад” ва “хоҳад шуд”-ро ҳатталимкон равшан кардам, ҳарчанд паёми дигаре аз ӯ дарёфт нашуд. Фақат умедворам, ки навиштаҳои мо ба дарди ӯ “хоҳад хурд” ва ӯ ҳам яке аз донандагони забони порсӣ “хоҳад шуд”. Бо зикр ва умед ба байти Хоҷаи Шероз, ки:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

***

Иттифоқи субҳи ҳамон рӯз ёдам омад: кӯдаке, ки дар Инглистон бузург шуда, аммо суроғи ҳувияташро мегирад ва ба он даст меёбад. Дар баробари насле, ки дар сарзамини худ бузург мешаванд, аммо ба ҳувияти худ ба дидаи истеҳзо ва тамасхур менигаранд. Кӯдаке дар Инглис асбоби парвариши ҳувияташро меёбад. Насле дар хостгоҳи забони порсӣ дунболи баҳона мегарданд, то он асбоби парвариши ҳувият пайдо нашавад. Талошашон барои омӯзиши забони модарӣ ҳам паёмади фишори давлат аст, ки мегӯяд, ҳама бояд забони расмиро бидонанд. Фишор аз сӯи касонест, ки худашон ҳам ин забонро бадурустӣ намедонанд. Ва пурсиши ин толиб такондиҳандатарин бахши рӯйдод аст: “Оё ниёзе ба донистани забони расмии тоҷикӣ ҳаст?” Яъне касе, ки таҳти фишор маҷбур аст забони модариашро биомӯзад, мепурсад, ки оё ниёзе ба мавҷудияти ин забон дар Тоҷикистон ҳаст ё на…

Шанбе буду рӯзи таътил. Ва нафаҳмидам, ки оё рӯз таътил аст ё худи мо таътил шудаем. Забонамон таътил шудааст.

***
“Шоҳнома”-и Ҳакими Тӯсиро боз мекунам, ки мегӯяд:

Зи Эрону аз турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён,
На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.

No comments: