Wednesday, November 02, 2011

Happy Birthday, Ustad!

Сокини ҳазорон ҳазор қалби порсигӯ

(вижаи гурӯҳи фейсбукии "Забони порсӣ")

30 уктубри имсол Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, аз вопасин пайвандҳои арзишманди мо бо Бухорои Шариф ва неҳзати миллии бархоста аз Бухорову Самарқанд, ҳаштоду панҷсола шуд. Дар маҳфили самимонаи хонаводагӣ аз ин рӯзи фархунда таҷлил шуд. Маросими бузургдошти расмӣ баргузор нашуд; “бузургони қавм” суханронӣ накарданд; медолу ҷоизаҳо тақдим нашуд. Аммо устод дар конуни гарми хонаводааш шод буд. Сари баландаш баландтар буд, чун тайи умри пурбораш коре ҷуз хидмат ба мардуму фарҳанги худ, мусоъидат ба пешрафти сарзамини худ накардааст. Пеши касе забонкӯтоҳ набудаву нест. Чандин наслро аз чашмаи маърифату худшиносӣ сероб карда ва наслҳое меоянд, ки барояш тандисҳои ҷовидона хоҳанд гузошт.

Гурӯҳи “Забони порсӣ” ҳам дар он рӯзҳо ҳилҳилаи шодбош сар дода буд ва паёмҳои фаровоне муждаи зодрӯзи устодро медоданду фархундабодҳо фазоро оғушта буд. Зарафшон Мардонова, раиси Бунёди иҷтимоъии “Забони модарӣ”, ба намояндагӣ аз ҳамаи аъзои гурӯҳи фейсбукии “Забони Порсӣ” бо устод қарор гузошт ва барои шодбоши ҳузурии бузургвор ба хонаи ӯ рафт.

Дарро устод Шакурӣ боз кард. Бо чашмони хандони як пири хирад. Миз густарда буданд ва чашмбароҳи меҳмоне аз “Забони порсӣ” буданд. Армуғоне ба устод тақдим шуд; армуғони гурӯҳи “Забони порсӣ”. Шигифтии тавъам бо хурсандӣ ба устод даст дод, вақте шунид, ки “Забони порсӣ” бузургтарин гурӯҳи тоҷикистонӣ дар пойгоҳи маҷозии Фейсбук аст. Суҳбат аз Интернет буд ва аз густараи он ва аз ин ки чигуна метавон бо корбурди он, паёмҳои фарҳангсози устоду пайравонашро дар дастраси ҷаҳониён қарор дод.

Дар лобалои суҳбат аз хадамоти устод ёд шуд. Ва устод шунид, ки дӯстдорони бешуморе дорад. Ба ҳадде бешумор, ки аз тасаввураш хориҷ аст. Ба ӯ гуфта шуд, ки дӯсташ доранд, арҷаш мениҳанд ва аз ӯ пайравӣ мекунанд. Устод шунид, ки заҳамоташ тайи ин ҳама солҳо беҳуда набудаву нест ва ҳатман рӯзе фаро хоҳад расид, ки орзуҳову хостаҳои ӯ пиёда хоҳанд шуд. Он рӯз дур нест…

Устод ба ин суханон гӯш медод. Ҳеч намегуфт. Нигоҳаш рафта буд, то бо ситораҳо мулоқот кунад. Ва гӯӣ орзуҳояшро айни воқеъият медид. Медид, ки ангор хостаҳояш бароварда шудаанд. Ва тоҷик дигар аз забони худ намешармад, балки забонашро чун парчами шарафу номусу ватандорӣ баланд барафроштааст ва миллат баростӣ “ба зери парчами ӯ саф кашидаанд” ва бо забоне ороставу имрӯзӣ мераванд, ки қуллаҳои комгориро яке пас аз дигарӣ фатҳ кунанд.

Сипас устод ба ду пурсиши гурӯҳи “Забони порсӣ” посух дод, ки шарҳи он нукта ба нукта ва айнан дар зер меояд:

ЗП: Агар ба хатти порсӣ барнагардем, чи иттифоқе бо мо хоҳад уфтод?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Агар ба хатти форсӣ нагузарем, бозгашти мо ба асли худ душвор мешавад. Мо бояд ба асли худ баргардем. Қарни 20 моро аз асли худ хеле дур кард. Миллати мо аз фарҳанги худ, аз забони худ хеле дур шуд. Ин дурӣ ҳанӯз давом дорад. Дар даврони истиқлол лозим меояд, ки мардуми мо ба фарҳанги худ, ба забони модарӣ наздик шаванд. Масалан, забони форсии тоҷикӣ, ки бештар аз ҳазор сол торих дорад, дар тӯли асрҳо ганҷинаҳои беназир гирд овардааст. Ин ганҷинаҳоро аз худ кардан лозим аст. Забони мо дар давраҳои ташаккул ва инкишофи худ ба қолиби хатти форсӣ рехта шудааст. Хатти форсӣ, қолиби забони тоҷикист. Лекин дар садаи 20 забон аз қолиби худ баромад. Беқолиб шуд. Баъд хусусиятҳои худро аз даст дод. Ва баъзе хусусиятҳое пайдо кард, ки хосси он набуданд. Унсурҳои бегона ҳастанд, ки забонро аз дарун хароб мекунанд. Мо аз ин унсурҳои бегона бояд халос шавем. Забонро ба қолиби аслии он бирезем. Барои расидан ба ин (ҳадаф) баргаштан ба хатти форсӣ лозим аст.

ЗП: Чи роҳеро барои бозгашт ба хатти порсӣ мебинед, дар ҳоле ки давлат моил нест чунин шавад?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Ал-он давлат, дурусттар ин ки сарвари давлат, раисиҷумҳур Эмомъалӣ Раҳмон боре розигии худро барои баргаштан ба хатти форсӣ дода буданд. Барои ин ки баргардем ба хатти форсӣ, нахуст лозим аст, ки мактаб шароит омода кунад. Лозим аст, ки чуноне ки қарор буд, дар мактаб аз синфҳои ибтидоӣ то охири таҳсил хатти форсӣ таълим дода шавад. Мутаассифона, мактаб ин вазифаро иҷро накарда истодааст. Дар бисёре аз мактабҳо дарси алифбои ниёгон мавҷуд нест, зеро муъаллим нест. Ва агар дарс бошад ҳам, хеле кам аст. Ин гуна шароит, ки дар мактаби миёна аст, барои омӯхтани хатти ниёгон имкон фароҳам намеорад. Агар мактаби миёна вазифаҳои худро дар соҳаи омӯзиши хатти ниёгон дуруст иҷро кунад, мардуми мо хатти форсиро ёд гиранд, он гоҳ хоҳем дид, ки ба чи тарз ва ба чи василаҳо ба хатти форсӣ бояд гузашт.

Дар посух ба ин пурсиш, ки кай Эмомъалӣ Раҳмон ба пешниҳоди бозгашт ба хатти порсӣ мувофиқати зимнӣ додааст, устод гуфт, ки дар таҷлил аз Наврӯзи имсол раисиҷумҳурӣ чунин изҳороте доштааст.

Дар поёни гуфтугӯи гарму дӯстона ҷаласаи кӯтоҳи аксбардорӣ барпо шуд. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ кафи дасти росташро баланд карду барои ҳамаи аъзои гурӯҳи “Забони порсӣ” дуруд фиристод. Дар тӯли суҳбат ҳамсари меҳрубони устод канорашон буданд ва робитаи ин ду бо ҳам ба ҳадде ғибтаовар буд, ки метавон дар аксҳо мушоҳида кард. Ҳар ду якдигарро “шумо” хитоб мекарданд ва меҳру муҳаббату самимият миёни ин ду мавҷ мезад. Пайдо буд, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ адибе муаддабу адабпарвару одобписанд аст. Вагарна чигуна метавонист сокини ҳазорон ҳазор қалби порсигӯ шавад?




No comments: