Ҳоли мо хуб нест
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Салом. Ҳоли ҳамаи мо хуб аст.
Малоле нест ҷуз гум шудани гоҳ ба гоҳи хиёле дур,
Ки мардум ба он “шодмонии бесабаб” мегӯянд.
Бо ин ҳама, умре агар боқӣ буд, тавре аз канори зиндагӣ мегузарам,
Ки на зонуи оҳуи беҷуфт биларзад, на ин дили номондагори бедармон!..
Аз нав бароят менависам:
Ҳоли ҳамаи мо хуб аст,
Аммо ту бовар макун!
Солҳо пеш Алии Солеҳӣ ном шоъире дар Эрон бад-ин шева дуруде фиристода буд, ба дурмондагонаш, бо тазоҳур ба ин ки ҳоли ӯ хуб аст, аммо набояд бовар кард. Ин дурудномаро Тоҷикистон ҳам метавонад ба дуруфтодагонаш бифиристад, бо таъкид бар ин ки ҳолаш хуб аст, аммо набояд ба хубии ҳолаш бовар кард. Тоҷикистоне, ки дар гузоришҳои шабакаҳои телевизюни давлатӣ механдад, мерақсад, бозӣ мекунад, овоз мехонад, зоҳиран ҳолаш хуб аст, аммо ту бовар макун!
***
Тоҷикистон, ҳамон гуна ки қаблан пешбинӣ шуда буд, дар рӯзи равшан зери зӯри Русия қад хам карду таслим шуд. Халабонҳое, ки базоҳир аз ҷурме ҳавлнок аз Афғонистон гурехта буданд, ба дархости тарафи “айбдоркунанда” дар толори додгоҳ нахуст ҷурмашон тахфиф (сабуктар) ва сипас худашон афв шуданд. Русия, ки аҳрум (фишанг)-и фишори қавии муҳоҷиронро дар ихтиёр дорад, ба унвони тарафи даъво 500 тан аз муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикро озод накард. Русия таъкид дорад, ки ин муҳоҷиронро ҳам хоҳад ронд. Ҳарчанд Тоҷикистон мегӯяд: “Салом, ҳоли ҳамаи мо хуб аст”, ту бовар макун!
***
Тамоми шабакаҳои хабарии Русия тайи чанд ҳафтаи ахир ба ҷаҳониён ҷор заданд, ки 30 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ҳаволаҳои молии муҳоҷирони корӣ дар Русия ташкил медиҳад. Яъне 30 дарсади мояҳтоҷи зиндагӣ дар Тоҷикистон ба сутуни Русия такя додааст ва Тоҷикистон бидуни Русия суқут хоҳад кард. Давлати Тоҷикистон ин рақамҳоро чун қурсҳое оромбахш фурӯ мебараду мегӯяд: “Салом, ҳоли ҳамаи мо хуб аст”. Аммо ту бовар макун!
***
Ба гузориши расонаҳое, ки ҳоли Тоҷикистонро нохуб ҷилва медиҳанд, “Бахтиёр Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург токсӣ меронд, аз сӯи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст. Ба қавли ин манбаъ, қотилон Бахтиёр Расуловро чанд корд зада, сипас сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва сарашро ба қафои мошин андохта, мошинашро оташ мезананд. Ҳоло ҷасади Бахтиёрро, ки аз як лунда гӯшт иборат будааст, мақомоти зидахли Русия муъоина мекунанд”. Абдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигори тоҷик, нидои ҷон сар медиҳад, ки “чанд сари дигарро бояд бибуранд, ки Шумо дар фикри ин мардум шавед? Чанд модари дигар дар доғи фарзанд бисӯзад, ки Шумо дар фикри ин мардум шавед? Чанд падари дигар дар сӯзи фарзанд нури чашм аз даст диҳад, ки Шумо дар фикри ин мардум шавед?” Расонаҳои гӯшбафармони Тоҷикистон, дуруст ба монанди давлат, аз канори ин хабар мегузаранду мегӯянд: “Салом, ҳоли ҳамаи мо хуб аст”, аммо ту бовар макун!
***
Ту бовар макун ҳазёнҳои оғушта ба худфиребиро, ки аз сару гӯши ин сомон мерезад. Бовар макун, ки ҳоли мо хуб аст. Ҳоли мо табоҳ аст, чун дӯстро аз душман намешиносем. Давлате, ки ҳамасола ҳудуди 700 тобути тоҷикҳои ҷавонмаргро ба Тоҷикистон мефиристад, “ҳамкори стротежик”-и Тоҷикистон унвон шудааст. Давлате, ки кӯчактарин нофармонии Тоҷикистонро густохии як барда медонад ва ба гӯшмолаш мешитобад, қарор аст ба унвони давлати дӯст бар тораки сари мо бинишинаду корҳои бад-бад кунад. Давлате, ки бо ҳузури лашкари 201-аш дар хоки мо давлати моро таҳдид мекунад, то имтиёзе биситонад, қарор аст баҳори оянда муддати ҳузури он лашкари манҳусро то 49 соли дигар тамдид кунад. Мо чаҳорсад омӯзгори забони он давлатро ба сарзаминамон пазиро мешавем, то он забони аҷнабиро ҳарчи муҳкамтар бар мағзи тоҷикҳо бикӯбад (ҳамроҳ бо он ҳисси бардагиро), дар ҳоле ки мехи забони худамон шул (суст) шудааст.
Бо ҳамин мехи шули забонам бароят бигӯям, ҷони ман: Дуруд, ҳоли мо хуб нест. Ин якеро бовар кун. Ва аз мо бихоҳ, ки мо ҳам боварамон шавад, то шояд дастбакор шавем ва дигар маҷбур набошем бигӯем: Салом, ҳоли ҳамаи мо хуб аст, аммо ту бовар макун!
No comments:
Post a Comment