Showing posts with label science. Show all posts
Showing posts with label science. Show all posts

Wednesday, May 18, 2011

To Leave a Better World Behind

Дунёи беҳтаре ба ёдгор

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Қарор буд имшаб дар идомаи баҳси забони порсӣ матлабе бинависам. Ва доштам менавиштам, ки баногоҳ паёме такондиҳанда аз дӯсти даврони бачагиам дар Душанбе дарёфт шуд ва мавзӯъ иваз шуд.

Дӯстам мегуфт, падараш даргузаштааст. Вақте ба телефуни ҳамроҳаш занг задам, садои гиряву шеван маҷоле барои гуфтугӯ намегузошт. Бо ҳоли низор ба пои роёна нишастам, ки ин чанд сатрро қаламӣ (роёнаӣ) кунам, бо диле пур аз андӯҳ, аммо аз роҳи дур. Шунидани хабари бад таҷрубаи бадест ва бадтарини он шунидани хабари бад аз роҳи дур аст; ҳангоме ки тозатарин фанновариҳои иртиботӣ ҳам ҷои холиатро пур намекунад. Аҳаммияти иҳзори андӯҳ ба андозаи ибрози шодист ва вақте он муяссар намешавад ва бурун намеояд, ғам дар сина реша медавонад ва табдил ба ғусса мешавад; ғуссае ниҳодина ва музмин.

Устод Исроил Файзиев, падари дӯстам Илҳомро аз даврони кӯдакӣ мешинохтам. Қадди баланду бовиқори ӯ барои мо, кӯдакони дабиристон, тимсоли пруфессур шуда буд. Ва ӯ пруфессур буд. Устоди физику риёзиёт дар Донишкадаи пулитекник, ки баъдан “Донишгоҳи Текникии Тоҷикистон” номгузорӣ шуд. Дуктур Исроил Файзиев, ки рӯзи 5 маи соли 1937 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омад ва тайи панҷоҳ соли ахир дар заминаи риёзиёт ва физик пажӯҳишҳое кард ва ба мақомҳое даст ёфт, ки дар торихи муъосири илми физик ва риёзиёти Тоҷикистон ӯро барои ҳамеша мондагор мекунад. Дар бораи шевашиносии физик рисолаҳое ба забони русӣ мунташир кард ва ба дараҷоте аз дониши риёзиёту физик расид, ки мояи ифтихори сарзамини мо буд.

Ба унвони касе, ки то кунун ба улуми дақиқ таваҷҷуҳи кофӣ надодаам, худро дар баробари равони шоди Исроил Файзиев бидеҳкор (қарздор) донистам, бо дарки ин ҳақиқат, ки бидуни илмҳои дақиқ ва пешрафти ин улум ҳеч кишваре ба ҷойгоҳе нарасидааст. Ва шояд ин мавриди муносиб аст, ки ба Шӯравӣ ва улумаш дуруду сано бифиристем. Мухолифате бо ин андеша надорам, бавижа ин ки фароварда (маҳсул)-аш Исроил Файзиев бошад.

Ёдам меояд марди фозиле, ки бо салобате муносиби ҳоли худ зоҳир мешуд ва мо, бачаҳоро, ёрое набуд, ки аз ӯ бипурсем чи ҳоле дорад. Пруфессур Файзиев барои мо ҷовидона пруфессур буд; марде босалобат, бо ваҷоҳате ҷиддӣ ва бамаротиб ҷиддитар аз ваҷоҳати омӯзгорони физики мо, ки моро мутаваҷҷеҳи ҳақиқати илм мекард. Аз чеҳраи бузургвори шодравон буд, ки ҳақиқати илм барои ман парданамо мешуд; чеҳрае оганда аз ҳуҷбу ҳаёву шарофат, ки кӯчактарин талоше барои худнамоиро надошт. Исроил Файзиев як чеҳраи илмӣ ба тамоми маъно буд ва ба унвони як устоди ростин худ ба худ ҳисси эҳтиром бармеангехт.

Исроил Файзиев аз худ панҷ фарзанди барӯманде баҷо гузошт, ки ҳар кадом дар заминае фаъъоланд ва дарахти маърифат мекоранд; ва ин шуғлест, ки аз падар ба ирс бурдаанд.

Аммо барои ман суоле, ки ҳамчунон побарҷост, ин аст, ки исроил-файзиевҳои азиз дар гузоранд ва умри кӯтоҳи худ ба сар мебаранд. Чи касе қарор аст, ки ин дарахти маърифатро сабз нигоҳ дораду анбӯҳ кунад? Он чи бар ман ғалаба карда, танҳо андӯҳи аз даст додани падари дӯстам нест, ки шаҳомати ҳузураш барои мо маънии “дуктуро” ва “устодии донишгоҳ”-ро тафҳим мекард. Он чи рафту меравад, мафҳуми “устодии донишгоҳ” аст, ки бо гузори замон ҳар чи камтару камтар мутародифи воқеъиашро дар зиндагии воқеъӣ мебинем. Устоде, ки муҳимтарин дағдағаи зеҳниаш андӯхтани дониш ва вогузор кардани он ба наслҳои ҷавон аст; устоде, ки дар миёни дафтарчаи имтиҳонот мудом дунболи даромаде изофӣ намегардад. Бо рафтани бузургчеҳраҳое, ки даврони шӯравӣ офарида буд, оё мафҳуми “устод” ҳам бакуллӣ иваз намешавад? Оё давлати навпои мо ба мараҳилае расидааст, ки бузургоне чун Исроил Файзиевро бозпарварад, ва агар фосилаи мо аз ин марҳила дур аст, оё фурсат муносиб нест, ки ба он биандешем ва чеҳраҳоеро бозофаринем, ки фардои мо дар ҷаҳони физик ва риёзиёт ва дигар илмҳои дақиқро равшантар аз имрӯз бикунанд?

Ин пурсишест пешорӯи посухдиҳандагони рӯзгор. Имрӯза донишпажӯҳони тоҷик дар вазъе ба сар мебаранд, ки ба ҳеч рӯй орзуи Исроил Файзиев ва бузургворони дигаре набуд, ки дар ин рӯзгори номусоъид умри худро дареғ доштанд. Боқии умри онон бояд ҳазинаи беҳбуди зиндагии данишпажӯҳон шавад. Донишпажӯҳонро зиндагии мураффаҳтар бидиҳем, то дунёи зеботару мураффаҳтареро аз худ ба ёдгор бигзоранд.

Friday, May 06, 2011

'Amu' Never Dies

Амӯ ҳаргиз намемирад

“Амак” садояш мекардам ва бамаротиб азизтар аз амӯҳоям буд. Аз солҳои аввали ғурбат, ки баргаштам “амак” “амӯ” шуда буд, ба гӯиши роиҷ дар Эрон. Аммо амӯи ман ҳамон марди фарзона, пурдониш, фурӯтан, бозаковат, хушмашраб ва бузургворе буд, ки буд. Дар даврони кӯдакӣ мояи шигифтиҳову ҳаваси ман; ҳамеша дӯст дошам, ки бузург шавам ва мисли ӯ рӯи мизам даҳҳо китобро бичинам ва муддате пушти он девори китоб пинҳон бимонам ва китобҳои тозаеро аз ҷаъбаи донишам берун бикашаму тақдим кунам.

Боймуҳаммад Боев барои ман намунаи як инсони комил буд ва аз нахустин устодонам. Аз ҳафтсолагӣ тарғибам мекард, ки ҳар рӯз 10 адад аз вожаҳои “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро ҳамроҳ бо байтҳои намунааш фаро бигирам. Мегуфт: “Агар ҳар рӯз 10 луғати нав ёд бигирӣ, пас аз 10 рӯз 100 калима ва дар як моҳ 300 калимаи тоза омӯхтаӣ ва забонат беш аз пеш сайқал ёфтааст.” Субҳҳо ба давидану варзиш вомедошт ва дар ҳоле, ки вазнаҳои сангинро баланд мекард, мегуфт: “Тарбияти бадан ба рушди мағзат ҳам кумак мекунад”. Китобхонааш ганҷинаи бебаҳое буд, ки аз он ҳар бор китоберо бароям вом медод, то бихонаму пас бидиҳам.

Ба ҳамшогирдиҳоям бо ифтихор мегуфтам: “Калон шавам, “психолог” мешавам.” Кӯдакони дигар тасаввуре аз ин вожа надоштанд ва аз ман мехостанд тавзеҳ диҳам, ки “психолог”, яъне чӣ. Мегуфтам: “Психолог одамест, ки ба ту нигоҳ мекунад ва мефаҳмад, ки дар мағзат чи фикрҳое дорӣ, чи мехоҳӣ, чи бояд бикунӣ ва чи кор набояд бикунӣ. Психолог одами нағз аст. Психолог амаки ман аст”.

Ин орзуи ман фақат як хобу хиёли кӯдакона набуд. Аз кӯдакӣ дар миёни навиштаҳои равоншинохтии амӯ мегаштам ва ҳар чи гирам меуфтод, мехондам; ҳеч намефаҳмидам, аммо мехондам, то шояд чизе ба мағзам роҳ ёбад ва мисли амӯ шавам. Маҷаллаҳои кӯчаки равоншиносӣ ба забони русӣ, ки аз Маскав барояшон меомад, лаҳзаҳои кӯдакии маро пур карда буд. Аз худи ӯ мехостам, ки бароям мафҳумҳоро тавзеҳ диҳад. Ӯ бо камоли майл ва бо ҳавсала ин корро мекард. Соли 1983 буд, ки китоби устодаш Шалва Амонашвилиро ба дастам дод; китобе нафис бо номи ҷаззоби “Здравствуйте, дети!”, ки ба омӯзгорон наҳваи бархурд бо шогирдонашонро таълим медод ва ин ки бо чи шигирду шеваҳои тозае донишмӯзонро ба фаро гирифтани дониш ташвиқ кунанд. Бо гӯш додан ба суҳбатҳои амӯ ва бо хондани китоб худ ба худ он омӯзаҳоро бо шеваҳои омӯзишии муъаллимони мактабамон муқоиса мекардам ва мушоҳидаҳоямро ба амӯ таъриф мекардам ва нуқоти заъфу қуввати иддаъоҳоямро аз ӯ мешунидам.

Мантиқро бароям меомӯзонд. Достони кӯдаконае навишта будам, ки дар таркибаш ҷумлае бад-ин шарҳ буд: “Кӯдаки навзод печида дар қундоқ меларзид ва дандонҳояш ба ҳам мехурд”. Амӯ зимни ташвиқи фаровон дар гӯшае аз дафтарам навишта буд: “Кӯдаки навзод ва дандон?!!”

Роҳнамоиҳои амӯ дар авони кӯдакиам ба андозае муассир ва фарогир буд, ки наметавон дар ин мухтасар якояки онҳоро зикр кард. Гузашта аз омӯзаҳое, ки аз забонаш шунидаву аз навиштаҳояш фаро гирифта будам, рафтору маниши амӯ бароям мактабе дигар буд. Бо ин ҳама дониши фарох ҳаргиз дар ӯ нишоне аз худситоӣ набуд. Дар маҳфилҳо ба поси бузургон сукут мекард, аммо то забон ба гуфтор мегушуд, ҳамнишинонаш мабҳути қудрати каломаш мешуданд.

Зиндагии хонаводагии ӯ бароям омӯзандатар буд; то кунун ҳеч зиндагии муштаракеро хуштар аз зиндагии ӯву ҳамсараш (хоҳарбузургам) надидаам. Зиндагии онҳо баёнгари беҳтарин намунаи ҳамхонии як завҷ ва арҷу эҳтироми зану шавҳар ба якдигар буд ва исрори ҳеч як сари ақидаи худаш мушоҳида намешуд. Тафоҳуми мутлақ дар хонавода сайтара дошт. Баҳсҳои хонаводагӣ ҳамааш атрофи масъалаҳои рӯзгор набуд. Дар ин баҳсҳо тозатарин китобҳову ниҳлаҳои андешагӣ ва филмҳо баррасӣ мешуд, нукоти забону адабиёт мӯшикофона таҳлил мешуд, муқоиса бо ҷомеъаҳои дигар сурат мегирифт, баёнҳову ибороти тоза зикр мешуд... Баҳсҳои ширине буд, ки дӯст доштам то бениҳоят идома дошта бошад. Гурезгоҳе буд аз ибтизолоти рӯзгор ба фазилатҳо ва дар конуни он амӯи Боймуҳаммад хуш медурахшид.

Бузургтар ҳам ки шудам, амӯро ба унвони марҷаъ мешинохтам ва муъодилаҳои зиндагии ноҳамворамро бо ӯ тарҳ мекардаму аз ӯ роҳнамоӣ мехостам. Ва ҳар бор имонам ба қудрати мантиқи ӯ қавитар мешуд ва андарзҳои ӯро ба гӯши як шогирд мешунуфтаму мепазируфтам.

Реҳлати ӯ боварам намешавад, аз бас ногаҳонӣ ва такондиҳанда буд ва аз бас амӯ ҷавон буд. Аз роҳ мерасидам, ки рӯи гармашро бибинам, аммо то расидам, турбати гармашро дидам ва шарҳа-шарҳа диламро, ки аз ғусса берун мерехт. Ба ҳасби тасодуф ё зарурат инсонҳои бузург ҳузурашонро дареғ медоранду шитобон атои дунёро ба лиқояш мебахшанд. Аммо ҳаргиз фикр намекардам амӯ ба ин зудӣ биравад. Интизор доштам аз ӯ хиради бештаре фаро бигирем, ки кони хирад буд ва дар ҳоли интишори китобҳои нав. Тоза ба рифоҳи андаке даст ёфта буд, пас аз он ҳама ранҷи рӯзгори сахт. Ва тоза мехост андаке биоромад, ки ба оромиши ҳамешагӣ расид.

Рафту будани азизашро хотира кард; хотираҳои судманди ҷовидона, ки ҳаргиз намемирад.

Tuesday, April 26, 2011

Obscurity

Гумномӣ

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Имрӯз, пеш аз ин ки барои навиштани ин сатрҳо бинишинам, бар ҳасби тасодуф шоҳиди гуфтугӯи се-чаҳор мусофири утубус дар шарқи Ландан будам. Ҷавононе, ки баравшанӣ пайдо буд аҳли Осиёи Миёнаанд, дар ҳоле ки фаварони душномҳои русӣ аз даҳонашон меборид, савори утубус шуданду нишастанд. Як марди миёнасол, ки пеш аз сухан гуфтанаш ҳам рус буданаш аз ваҷоҳаташ ҷеғ мезад, аз ҷавонони тозаворид ба забони русӣ пурсид аҳли куҷоанд. Гуфтанд: “Туркманистон”. Гуфт: “Манзуратон Қазоқистон аст?” Гуфтанд: “На, каме поинтар. Туркманистон”. Гуфт: “Оҳон! Ёдам омад. Солҳо пеш, шояд сӣ сол пеш буд, ки гузорам ба кишваратон уфтода буд. Фақат як шаҳрашро дидам, мутаассифона. Аммо ҳаргиз фаромӯшаш намекунам. Шаҳри Чкаловск! Аҷаб зебоманзар буд!”

Пас аз лаҳзае сукут яке аз ҷавонони туркман бо пӯзиш равшан кард, ки Чкаловск дар қаламрави Туркманистон воқеъ нест. Тоза баъд аз он буд, ки барои 10-15 дақиқа баҳси куҷо будани Чкаловск ҷараён дошт. Тақрибан ҳамаи кишварҳои минтақаро ном бурданд, ба ҷуз Точикистон ва саранҷом ба натиҷае расиданд, ки Чкаловск шаҳрест дар Узбакистон ва бо итминони хотир ба идомаи суҳбатҳояшон пардохтанд. Маҷбур ба мудохила шудам, то нақшаи зеҳнии ин ҷамоъати русу туркманро равшантар кунам.

Замоне сарзаминҳои он марди русу ин ҷавонҳо ва мани шунаванда яке буд ва аз тикка-пора шудани он ҳанӯз 20 соли тамом ҳам нагузаштааст. Аммо ҳамон суҳбати кӯтоҳ басанда буд, ки мизони бегонагӣ ва фосилаи уфтода миёни ҳаммеҳанони пешинро ошкор кунад. То бист сол пеш ҳама зери як парчами фарох саф мекашидему аз иттиҳоди заволнопазири миллатҳои Уруосиё ба ҷаҳониён шиъор медодем ва шуъурамонро ҳам бо ин шиъорҳо анбошта будем. Аммо ҳамааш шиъоре беш набуд, вагарна бо шӯру тӯфоне, ки баъдан ба сарвақтамон расид, шарҳа-шарҳа намешуду фурӯ намерехт.

Аз ин рӯ аҷаб нест, ки як марди руси 40-45-сола (ки бо ифтихор ба ҷавонони корҷӯи туркман пуз медод, ки ба даъвати як бонки инглисӣ барои кор ба Ландан омада ва ин ки дар ҷавонӣ хуб дарс хонда буд, ки ба инҷоҳо расидааст) миёни Туркманистону Тоҷикистон тафовут қоил мешуд. Бегумон, ин суҳбати марди рус баёнгари биниши тангаш дар мавриди минтақа буд. Аммо аз сӯи дигар, намоёнгари нотавонии кишварҳои минтақа дар шиносондани худ тайи солҳои истиқлол ҳам буд. Мо, ки аз кишварҳои дуртар дар Ғарбу Шарқ таваққуъи шиносоӣ ва шинохта шуданро дорем, оҳиста-оҳиста дар чашми бародарони бузурги пешин ҳам рангу рӯ мебозему гумном мешавем.

Бист соли дурӣ аз он ғӯли сурхи бузург баҳонаи хубест барои андешидан бар сари ин ки чи будему чи шудем. Албатта, ин манзур дар ин мухтасар намегунҷад. Муқоисаи омору арқом фурсату фазои бештаре мехоҳад. Он чи равшану мусаллам аст, ин аст, ки Шӯравӣ беасар нашуд. Асароти зиндагии мо дар Шӯравӣ барои даҳҳо ва шояд садҳо соли дигар дар бистари миллати мо боқӣ хоҳад монд. Ҳамон гуна ки осори зиндагӣ дар Аморати Бухоро ҳамчунон машҳуд аст ва бо фурӯ рехтани ғӯли сурхи бузург он осор дубора бармало мешаванд; аморате, ки дар поёни садаи 18 дар паи марги Нодиршоҳи Афшор поярезӣ шуд ва то поёни умри 135-солааш нишони андаке аз шукуфоӣ аз худ ба ҷо гузошт ва бештар ёдовари сарафкандагию хорӣ ва гирифториҳои моддию маънавист. Шӯравӣ он фазоро ба ҳам зад, мизони саводро аз тақрибан ҳеч ба 100 дарсад расонд, бемористонҳои ройгон сохт, донишомӯзиро иҷборӣ ва маҷҷонӣ кард, бекориро ба ҳадди ақал бурд... Инҳо ҳама муъҷизаосо анҷом нагирифт, албатта, балки миллати мо дар канори дигар миллатҳои Шӯравӣ аз ҳафт хони Рустам гузаштанд ва аз дами теғи ҷаллодони Кремлин ҷон ба саломат бурданд, то дар поёни умри ғӯли бузурги сурх лаҳзае биосоянд.

Ҳамон рифоҳу беҳзистист, ки ёди Шӯравиро дар зеҳни бисёре азизу гиромӣ нигоҳ доштааст. Бадбахтиҳои имрӯз накбати дирӯзро ҳеч карда ва ҷаҳаннами имрӯз бадтарин рӯзгори шӯравиро биҳиштӣ ҷилва медиҳад. Гӯӣ ёдамон рафтааст, ки Шӯравӣ дар баробари он беҳзистии кӯтоҳмуддат сиришти моро ба ҳам зад, ҳувияти моро захмӣ кард, моро дар баробари пурсишҳои кӯдаконаи “Ман кистам? Забони модарии ман чист? Номи миллати ман чист?” қарор дод, аз дунёи куҳан якбора чунон ба чархаи ҷаҳони навин афкандамон, ки акнун бо рафтани Шӯравӣ дигарбора ба ҳамон дунёи қадимӣ рӯ оварадаем, моро пир карду ба лабаи гӯр бурд, то ба унвони як миллат ба хок андар шавем, бо ду бор тағйири алифбо моро чунон аз решаву пайвандамон гусаст, ки то кунун дунболи решаамон мегардем...

Дар ду вожа метавон муҳимтарин неъматҳои зоиш ва марги Шӯравиро хулоса кард: дониш ва истиқлол. Дар воқеъ танҳо мероси мо аз Шӯравӣ донишест, ки дар пушти пардаи оҳанин фаро гирифтем. Ин ки то чи андоза аз ин мерос мувозибат кардаам, ниёзе ба тавзеҳ надорад. Вазъияти кунунии ҷомеъаи мо ойинаи донишу тавоноиҳои миллат аст. Ва муҳимтарин неъмате, ки аз марги Шӯравӣ ба дастамон омад, истиқлол аст, ки шояд рӯзе-рӯзгоре баростӣ ба самар бирасад ва аз ҳолати намодин (символӣ) ба воқеъият табдил шавад. Истиқлол дар таъйини ҳувият ва тасбити ҳокимияти худ. Чун бидуни ҳувият беҳзистии инсон бо рӯзгори хушу пуралафи як гови парворӣ тафовуте надорад. Шӯравӣ мехост ҳамеша юнҷаву коҳи моро ба ҳадди ниёзамон дар охур бирезад. Истиқлол моро водор мекунад, ки бо корбурди зеҳну шуъур юнҷаву коҳи худамонро таҳия кунем.

Мухтасар суҳбати мусофирони утубус боъиси ғалаёни ин андешаҳо шуд. Гусастагии пайванди мо бо мардумони ҳамсарнавиштамон дар Шӯравии пешин жарфтар мешавад ва ҳайсияту эътибори миллат акнун ба дасти сарварони ҳар кадом аз онҳост. Ҳанӯз умеде ҳаст, ки бар пояи мероси баҷомонда аз Шӯравӣ, яъне зерсохтҳои донишию донишпажӯҳии он, биное барафрохта шавад, то намоёнгари миллат бошад. Бозгашти академисян Акбари Турсон гоми баландест дар ин росто. Ин мард бо дониши васеъе, ки дар заминаҳои гуногун дорад, метавонад ба унвони раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, ховаршиносӣ ва осори хаттӣ омили таҳаввулоти фарогири судманде шавад, ба шарти ин ки бо парҳез аз баҳсҳои сиёсии бемоя (ба монанди мусоҳибаи ахираш бо торнамои БиБиСи дар рӯзи 22.04.2011) ба маъмурияти азимаш бипардозад. Ҷалби донишвароне чун Акбари Турсон метавонад Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ шинохтатар кунад ва он марди рус дар утубуси шарқи Ландан дигар барои ба ёд овардани номи Тоҷикистон ин ҳама ба мағзи худ фишор нахоҳад овард.

Tuesday, March 29, 2011

Who's to Share G. Ikramov's Pride?

Кӣ ҳампарвози Ғайрат Икромов аст?

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Дар паи обларза ва зилзилаи Жопун (Япония), ки садҳо кушта ва ҳазорон хонаи вайрон баҷо гузошт, дар расонаҳои русӣ номи Ғайрат Икромов бо ифтихори фаровон танин андохтааст. Ғайрат, ки зодаи соли 1967 дар шаҳри Маскав аст, аз модаре рус ва падаре тоҷик ба дунё омада ва аз соли 1991 бад-ин сӯ муқими Жопун аст ва бо бонуе жопунӣ издивоҷ кардаву хонаводае сомон додааст. Родор ё раддёбҳое, ки ӯ ва ширкати “Life Sensor”-и вай ихтироъ кардаанд, то кунун ҷони даҳҳо нафарро аз зери овори зилзилаҳо наҷот додааст.

Аммо чизе, ки акнун барҷаста шуда, набарди пинҳонест, ки дар расонаҳои гуногун ба мушоҳида мерасад: расонаҳои русӣ Ғайрат Икромовро ба унвони зодаи Маскав ва фарзанди як зани рус мутаъиллиқ ба сарзамини Русия медонанд, расонаҳои тоҷикӣ ба далели тоҷик будани падараш Ғайратро тоҷик ба шумор меоваранд ва расонаҳои Жопун бо таваҷҷуҳ ба 20 сол иқомати Ғайрат дар Жопун ва хонаводаи жопуниаш ба ҳеч рӯй ӯро бегона намедонанд. Набарде, ки барои эъломи ҳисси тасоҳуб бар як инсон даргирифта ва гӯёи ҳақоиқи бисёрест.

Аз ҷумла ин ки як фарди донишвару донишпажӯҳ, ки ёфтаҳо ва сохтаҳояш мавриди корбурди насли башарӣ воқеъ мешавад, худбахуд табдил ба фарзанди кураи Замин мешавад ва ҳар касе моил аст ба гунае ӯро ба худаш нисбат диҳад. Дар Русия, ки мардуми авому бедониш тоҷикҳоро насли “Равшан” ва “Ҷамшуд” медонанд, зикри ин ҳақиқат, ки Ғайрат зодаву парвардаи устоди тоҷики риёзиёти Донишгоҳи давлатии Маскав аст, камтар ба чашму гӯш мерасад. Ва шояд бархе зикри нисбати Ғайрат Икромов ба тоҷикҳоро барои худи ӯ мояи сарафкандагӣ бидонанд ва бо пинҳон доштани ин ҳақиқат, ба гумони худ, ба Ғайрат Икромов муҳаббат меварзанд. Аммо худи Ғайрат дар гуфтугӯ бо родю Озодӣ ба сароҳат аз қавмияту миллияти тоҷикии падараш суҳбат мекунад.

Албатта, пурсиши нахусте, ки бояд дар зеҳни мо, тоҷикҳо, хутур кунад, ин аст, ки чаро, ба гумони бархе, “тоҷикият”-и Ғайрат Икромов бояд пинҳон бимонад. Чи далеле дорад, ки иддае тоҷик буданро мояи сарафкандагӣ бидонанд? Ва агар далеле ҳаст, бояд бикӯшем онро бартараф кунем.

Нуктаи дигаре, ки дар ин мавзӯъ барҷаста шуда, талоши миллиятҳои гуногун (аз ҷумла мардумони Русияву Жопун, ки дар торихи муъосир ифтихороти андаке надоранд) барои ихтисос додани ҳамаи ифтихороти ношӣ аз Ғайрат Икромов ба худашон аст. Пас донишу маҳорати иҷроии дониши андӯхта ҳамчунон дар ҷаҳон муътабар аст ва худбахуд донишмандро табдил ба узви мавриди ниёзи ҳар ҷомеъае мекунад.

Нуктаи севум ва барои мо муҳимтар як тасаввур аст. Тасаввур кунед, ки Ғайрат Икромов аз ҳамон модари рус дар шаҳри Душанбе ба дунё омада буд ва ба ҷои Донишгоҳи давлатии Маскав дар Донишгоҳи давлатии Душанбе дарс хонда буд. Аз ӯ чи чизе сохта мешуд? Оё тамоми зарфияти мағзи ҷӯёву пӯёи ин донишманд мавриди корбурд қарор мегирифт? Чанд дарсад аз ёхтаҳои мағзаш хобида мемонд ва чанд дарсади он фаъъол мешуд? Ва чаро? Ба чи забони сомонманде фикр мекард, ки андешаҳои бикри ӯро сарусомон диҳад? Чаро афроде, ки дорои зарфиятҳои билқувваи зеҳнӣ ҳастанд, дар Тоҷикистон бояд маҳкум ба фаромӯшию ҳақорат бошанд? Доштани чунин донишмандон дар сарзамини ларзахезе чун Тоҷикистон метавонист чи пешрафтҳоеро ба ҳамроҳ дошта бошад? Сомона (систем)-и омӯзишу парвариши мо бояд чи корҳоеро анҷом диҳад, ки фарзандони мустаъидди ин миллат ба ҳарими парвози Ғайрат Икромов даст ёбанд? Ҷомеъаи Тоҷикистон бояд чи дигаргуниҳоеро пазиро бошад, ки ба парвози хаёлу тафаккури ғайрат-икромовҳо маҷол диҳад? Аслан чи чизе боъис шуд, ки падари донишманди Ғайрат Икромов кӯлбори донишашро бо бисоти зиндагиаш ба Маскав бикашонад ва онҷо раҳли иқомати доим биафканад?

Агар ба кунҳу решаи ин пурсишҳо таваҷҷуҳ кунед, ба расонаҳои русӣ ҳақ медиҳед, ки Ғайратро аз они худ бидонанд; ва ҳамчунин ба жопуниҳо ҳақ медиҳед, ки ба далели имконоте, ки дар ихтиёри ин донишманди ҷавон гузоштаанд, дар баробари ӯ эҳсоси ғурбат надошта бошанд. Танҳо мансубияти хунӣ бо як инсони фарҳехта басанда нест, ки ӯро худбахуд аз они мо кунад. Агар Ғайрат Икромов дар Тоҷикистон дарс хонда буд ва дар ҳамон ҷо болида буд, мешуд ба сомонаи омӯзишу парвариши мо дуруду сано фиристод ва Ғайратро фароварда (маҳсул)-и тамомъайёри он донист. Мо ҳама дорои эҳсосоти қавмӣ ҳастем, аммо ҳеч ҳиссе набояд монеъ аз дарки ҳақиқат шавад. Ва он ҳақиқат ин аст, ки Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон, ҷомеъаи Тоҷикистон, бавежа сомонаи омӯзишу парвариши он бояд аз ҳафт хони тағйиру таҳаввулоти бунёдин бигзаранд, то ғайрат-икромовҳо бидуни васотати ҷомеъаҳои дигар аз даруни ҳамин ҷомеъаи мо сабз шаванду бирӯянду биболанд. Ҳамакнун замони тағйиру таҳаввул аст, на замони борварӣ.

Акс: Ғайрат Икромов (самти чап) - хабаргузории RIA Novosti.

Tuesday, September 14, 2010

On Fanaticism

Андар таъассуб

Дунёи саршор аз таъассуб ба киштие мемонад, ки дар ҳоли наздик шудан ба кӯҳи ях аст. Ҳар он метавонад ба он пораи азими ях бархураду тикка-пора шавад. Дунёи пуртаъассуб Титаникест, ки ҳамаи сарнишинонашро бо худ ба қаъри нестӣ хоҳад бурд.

Таъассуб зоидаи пешониҳои тангу зеҳнҳои маҳдуд аст. Касе харидори матоъи таъассуб аст, ки матоъи андак дидааст ва дар муқоисаи матоъҳо оҷиз аст ва ба як матоъе, ки (то ҳадде) мешиносад, иктифо мекунад. Таъассуб аз чашмҳои надидаву гурусна метаровад. Гуруснагӣ боризтарин нишонаи фақр аст ва фақр, ба вижа аз навъи маънавиаш, ҳамон кӯҳи яхест, ки саранҷом Титаникро ба қаъри об хоҳад фиристод.

Таъассуб бепадару модар аст ва ба ҳар заминае аз зиндагӣ мисли кирме, ки себеро мековад, роҳ меёбаду ҷо хуш мекунад. Рагаҳои таъассуб рӯи гардани диндорону бединон баланд мешавад. Бӯи бади таъассуб дар арсаҳои сиёсӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, нажодӣ, ҷинсиятӣ ва ҳирфаӣ димоғҳои солимро меозорад. Ва ҷомеъа ҳар чи гирифтортар бошад, ин бӯи бад озорандатар мешавад ва ақлҳоро беш аз пеш тира мекунад. Таъассуб навъе моддаи мухаддири маҷозӣ барои оромиши мағзҳои нотоб аст.

Таъассуб ҳаққу ноҳақ намешиносад, чун решаҳои он бар пояи боваре медавад, ки мутлақу нармишнопазир аст ва роҳро ба рӯи ҳар далелу шавоҳиде, ки чолишангез бошад, бастааст. Таъассуб аз чолишу пурсиш мегурезад ва аз чолишгару пурсишгар мутанаффир аст. Мисли як инсони муътод, ки ба ҳар қимате ҳозир аст маводди мухаддирашро аз каф надиҳад. Аз ин рӯ таъассуб шакку гумонро хуш надорад ва бо афроди шаккок сари ситез дорад.

Таъассуб бо дониш ҳам миёнаи хубе надорад ва дар мавориди бисёре донишро душмани худ медонад. Ҳатто дар Омрико, ки ба назар меояд, ба ҳисоби таъассуб расидааст, чунин нест. Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳи мардуми он кишвар умри башариятро бештар аз 6000 сол намедонанд. Ба бовари онҳо, Худованд Одаму Ҳавворо дар соли 4000 пеш аз мелод дар биҳишт офарида, бо вуҷуди ин ки додаҳои бостоншинохтӣ умри насли навини башар (Homo Sapiens)-ро ҳудуди 150 ҳазор сол баровард кардаанд. Вуҷуди ободиҳои бостонии 7000-сола ҳам ба бовари ин бахш аз мардум латма намезанад, чун бовари онҳо бар пояи таъассуб устувор аст ва бо далелҳои илмӣ сарукоре надорад.

Барои як мутаъассиби қавмӣ ё нажодӣ ҳам ин ҳақиқат маҳалле надорад, ки насли навини башар дар як нуқтаи ҷаҳон (Офриқои Шарқӣ) падид омада ва сипас дар гӯшаву канори ин кӯраи хокӣ пахш шудааст. Бино ба бовари ӯ, қавми мавриди назараш аз тираву тухмае дигар аст, ки бештар аз қавмҳои дигар мавриди инояти Худованд буда. Ин ёфтаҳои донишмандон, ки танҳо ҳудуди сӣ тан аз он одамони аввалия наздик ба 100 ҳазор сол пеш аз Офриқо ба Ховари Миёнаву Осиёву Урупо муҳоҷират карданд ва ҳамаи мо аз тухмаи ҳамон гурӯҳи насли башар ҳастем, хилофи боварҳои мутаъассибонест, ки гӯшашон бидеҳкори ҳарфи илм нест. Мавлавӣ ҳудуди 800 сол пеш бо дарки мавзӯъи ваҳдати офариниш гуфта буд: “На аз Румам, на аз зангам, Ҳамон беранги берангам”. Аммо бовар ба мантиқи ин ҳақиқати илмӣ барномаҳои мутаъассибонро нақш бар об хоҳад кард. Мутаъассибон монеъи рушди донишанд. Танҳо посухи мутаъассиб ба ҳарфи дониш “На!”-и баланд аст, бидуни ин ки он “На!”-ро бо тавзеҳоте тавҷеҳ кунад ва онро бар курсии мантиқ бинишонад.

Илм мегӯяд, ки аҷдоди мо дар Офриқо панҷ милюн сол пеш тоза роҳ рафтан ба рӯи ду поро фаро гирифта буданд ва мағзашон коркардҳои печидатаре касб карда буд ва онҳоро аз ҳамнавъони бӯзинашаклашон мутамоиз ва ҷудо кард. Таъассуб мегӯяд, ки инсон ба ҳамин шакле, ки имрӯз ҳаст, офарида шуд ва ҳеч рабте ба боқии олами вуҷуд надорад. Чун бардошти фарди мутаъассиб аз навиштаҳои мазҳабӣ ҳарф ба ҳарф аст ва тасаввур намекунад, ки манзури он навиштаҳои муқаддас метавонад маҷозӣ бошад. Чун “гил” ё “гиёҳ”-е, ки ба унвони моддаи аввалияи бадани инсон дар китобҳои мазҳабии гуногун омадааст, бино ба илм ҳам дар раванди ташаккули башар ва ҳамаи мавҷудоти зиндаи дигар нақш дошта, аммо на ба шакли афсонаие, ки аз бардошти таҳтуллафзии мутаъассибон бармеояд. Мутаъассиб роғиб нест бовари мазҳабиашро бо илму дониш оштӣ диҳад, вагарна ин мусолеҳа шуданист.

Ба ростӣ, як мутаъассиби динӣ на ба Офаридгор, балки ба дини худаш имон дорад. Аз Офаридгор тасвиреро барои худ халқ карда ва танҳо ҳамон тасвирро сазовори ситоиш медонад ва усули ситоишро танҳо дар чорчӯби дини худ мепазирад ва бовари дигаронро ноқис ё ғалат медонад. Ҳарчанд Мавлавӣ хитоб ба Офаридгор гуфта буд: “Манзур туӣ, Каъбаву бутхона баҳонаст!” ва Абӯрайҳони Берунӣ бутпарастони ҳиндиро ҳам бар пояи ҳамин мантиқ “муъмин” дониста буд, таъассуб ҷуръати такрори ин ҳақиқатро аз бисёре рабудааст.

Таъассуб Офаридгореро, ки мағзу шуъурро барои андешидан ба мо ато карда, аз офаридааш пушаймон мекунад. Пас таъассубу мутаъассиб бо Офаридгор ҳам сари ситезу инод доранд.

Tuesday, April 27, 2010

Dushanbe Encourages Brain Drain

“Фирори мағзҳо” – шикори нағзҳо

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Давлатҳо падидаи “фирори мағзҳо”-ро мусибате медонанд, ки бо он бояд пайкор кард ва ҷилави онро гирифт. Давлатҳо мекӯшанд бо даҳҳо чораву тадбир заминаи бозгашти сармояҳои зеҳнии рафтаашонро фароҳам кунанд, то ободонии сарзаминашон мумкин шавад. Онҳо медонанд, ки резиши густардаи мағзҳо ба кишваре чун Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз ҳеч ҳама чиз сохт; рӯи реги саҳроҳои паҳновари сӯхта муҷаҳҳазтарин ҷаҳоншаҳрҳоро бунёд ниҳод. Ва то чанд тан аз пажӯҳишгарони мумтози омрикоӣ ба далели маҳдудиятҳое, ки режими Буши Дувум дар риштаи таҳқиқоти марбут ба сиқти ҷанин эъмол карда буд, кишварашонро тарк карданд, матбуъоти Омрико бар давлаташон тохт ва дам аз хатари “фирори мағзҳо” зад.

Аммо дар ин миён кишваре ҳаст, ки “фирори мағзҳо”-ро ташвиқ мекунад, то шояд бад-ин гуна бар умри давлати худ биафзояд: Тоҷикистон. Дар намунаи Тоҷикистон шояд истилоҳи “фирори мағзҳо” дақиқ набошад, балки “рониши мағзҳо” муносибтар аст. Мағзҳо ё зеҳнҳои мутафаккир ё афроде бо маҳоратҳои вижа ба ҳар баҳона ва сабаби мумкин ба берун аз кишвар парт мешаванд. Шуморе ба далели нофармонии сиёсӣ тард шудаанд, иддаеро шароити тоқатфарсои иқтисодӣ ба берун рондааст. Ва бархеро ҳам давлат ба ибтикори худ ба кишварҳои дигар меронад, то шояд аз фишори лашкари бекорон бикоҳад ва чанд соли дигар бо итминони хотир рӯи тахташ биосояд.

Тозатарин мавриди “рониши мағзҳо” аз Тоҷикистон муъомилоти миёни мақомоти тоҷику араби саъудист, ки заминаи ихроҷи садҳо мағзи мутафаккиру ҳазорон ҷуфт дасти пурмаҳоратро муҳайё кардааст. Лашкари пизишкону муҳандисону ҳунармандон пушти дари ширкатҳое чун “Замони Юнус” саф бастаанд, то шояд “иқбол”-и муҳоҷирати корӣ насиби онҳо ҳам шавад. Ин ширкат ба родю Озодӣ гуфтааст, ки то кунун ҳудуди 3500 тан довталаб номнавис кардаанд, то ба хидмати корфармоёни арабашон бишитобанд. Шумори зиёде аз ин афрод пешаварону кормандоне ҳастанд, ки кишвари навпое чун Тоҷикистон ба онҳо ниёзи мубрам дорад ва интизор мерафт ояндаи равшани кишвар бо дасти ҳамин афроди соҳиби тахассус сохта шавад.

Онҳое ҳам ки бо ҳазорон умеду орзу по ба хоки Арабистони Саъудӣ мегузоранд, то шояд дастикам барои худашон ояндае равшан бисозанд, бад нест достони сархурдагии ононеро бишнаванд, ки бо ҳамин орзуҳо вориди он кишвар шуда буданд, аммо худро дар шароите асафнок ёфтанд. Бо як ҷустуҷӯи мухтасари интернетӣ хоҳед дарёфт, ки чи теъдод афроди хориҷӣ шароити кору зиндагии худ дар Арабистони Саъудиро шабеҳи бардагӣ медонанд. Ва ҳатто арабҳои Мисру Судон, ки бо монеъи забонӣ дасту панҷа нарм намекунанд ҳам аз ҷумлаи қурбониёни сомона (систем)-и аҷибу ғариби додрасии Арабистон ҳастанд ва барои солҳо дар он кишвар дарбанд мондаанд.

Созмони “Дидбони Ҳуқуқи Башар” дар гузориши соли 2004-и худ зери унвони “Баҳракашӣ ва озори муҳоҷирони корӣ дар Арабистони Саъудӣ” навишта буд, ки шумори зиёде аз муҳоҷирон бо шиканҷа, додани эътирофоти иҷборӣ ва муҳокимаи номунсифона дар додгоҳ мувоҷеҳ ҳастанд. Соро Витсун, мудири омили ин созмон дар умури Ховари Миёна ва Офриқои Шимолӣ мегӯяд:

“Мо мардону занонеро дидем, ки дар шароите мушобеҳи шароити бардагӣ зиндагӣ мекарданд. Мақомоти саъудӣ ба азияту озори пайвастаи коргарони хориҷӣ чашм пӯшидаанд.”

Вазъияти коргарони зан дар Арабистон бисёр бад гузориш шудааст. Ҳуқуқи зан аз пуровозатарин муъзалоти ин кишвар аст ва шояд бузургтарин мояи шармсории он. Занҳо на танҳо аз ҳуқуқи комили инсонӣ бархурдор нестанд, балки ҳузурашон дар ҷомеъа таҳти назорати мустақими мардҳо сурат мегирад. Тоза дар поёни соли 2001 буд, ки мақомоти саъудӣ барои нахустин бор ҳувияти мустақилли занҳоро ба расмият шинохтанд ва барояшон шиноснома содир карданд. То пеш аз он номи занҳо танҳо дар шиносномаи падарон ва шавҳаронашон меомад. Зан дар Арабистон дар канори бисёре дигар аз ҳуқуқи бунёдини башарӣ ҳаққи раъй додан ё ҳатто ҳаққи ронандагӣ ҳам надорад. Душвор нест таҷассум кунед, ки дар он кишвар чи дурнамое метавонад дар интизори муҳоҷирони кории зан бошад. Яъне афзун бар табъизи нажодӣ, табъизи ҷинсӣ ҳам дар ин кишвари қуруни вустоӣ бедод мекунад.

Ба ҳар рӯй, расму шеваи зиндагӣ дар Арабистонро ширкатҳое чун “Замони Юнус” ба довталабони муҳочират ёд медиҳанд. Забони арабӣ, фарҳангу ойин ва қонунҳои Арабистони Саъудӣ аз ҷумлаи донистаниҳоест, ки муҳоҷирони оянда бояд пеш аз муҳоҷират фаро бигиранд. Мусалламан, донистани ин фарҳангу одоб барои зиндагӣ дар Арабистон судманд аст. Аммо чӣ суде аз ин фарҳангу донистани он оиди сарзамини мо мешавад? Агар Арабистон ҷомеъаи матлубе барои зиндагию шукуфоии башар буд, мутмаиннан то имрӯз ба чизе фаротар аз дороии нафтӣ даст меёфт. Таҷрубаи зиндагӣ дар ҷомеъае, ки дар садаҳои пеш гирифтор мондааст, метавонад ба изофаи ранҷе, ки барои муҳоҷирон меофаринад, барои кишвари мо ҳам дар дарозмуддат ранҷбор шавад. Яъне хӯ гирифтан бо шеваи зиндагии саъудӣ ва интиқоли он ба муҳитҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар оянда метавонад аз сарзамини мо ҳам кишвари бадбахте чун Арабистон бисозад; “хушбахтӣ”-и Арабистонро нафташ таъмин кардааст, ки Тоҷикистон фоқиди он аст. Аммо “мағз”-и салтанати саъудӣ ҳамвора воридотӣ буда ва акнун “мағзи тоҷикӣ” ҳам дар садади ёфтани ҷои пое дар бозори зеҳнии он кишвар аст. Як севум (сеяк)-и ҷамъияти Арабистонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд.

Тасмими давлати Тоҷикистон барои фурӯши нерӯи корӣ ба Арабистон ба манзури дур кардани хатари ошӯби иҷтимоъӣ бар асари бекорӣ сурат гирифт. Агар ин барнома бо комгорӣ пеш биравад, шояд нисфи дигари ҷамъияти шоғили Тоҷикистон ба Арабистон сарозер шавад (нисфи аввали он дар Русияву Қазоқистон аст) ва оромиши давлатро барои чанд соли дигар таъмин кунад. Аммо гумон намеравад, ки давлати кунунӣ тобу таҳаммули бори зеҳнии муҳоҷиронеро дошта бошад, ки пас аз солҳо зиндагӣ дар Арабистон ба кишвар бармегарданд. Тафаккуре, ки дар Арабистон, дар қалби мактаби ваҳобия, шакл мегирад, метавонад ошӯбе бас фарогиртар ба бор оварад. Ба вижа агар таваҷҷуҳ дошта бошем, ки бештари ҳамкориҳои Арабистон бо Тоҷикистон ба масобаи як бархурди тамомъайёри тамаддунҳо ҷиҳати мукобила ва рақобат бо Эрон сурат мегирад.

“Фирори мағзҳо”, ки замоне бархеро ба домани куфр ронда буд, акнун шуморе дигарро ба чоҳи таъассуб меронад.

Friday, January 29, 2010

Digital Battle

Пайкори диҷитол

به دبيرۀ پارسی

Рӯзе, ки дастгоҳи ОйПад (iPad) рӯнамоӣ шуд, аз дӯсте шунидам, ки мегуфт: “Хуб шуд шитоб накардам ва Киндел нахаридам. ОйПад бо имконоти бештару беҳтар вориди бозор шуда.”

Киндел (Kindle) номи китобхони диҷитол (рақамӣ)-и ширкати Омозун (Amazon) аст, ки дуруст ду сол пеш, дар моҳи январи 2008, вориди бозор шуд. ОйПад мушобеҳи мудернтари Киндел аст, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, 27 январ, ҷаласаи рӯнамоии он дар шаҳри Сан Фронсискуи Омрико шефтагони фанноварии навинро ба шаъаф овард.

Монандии Киндел ва ОйПад дар ҳамон китобхонии диҷитол хулоса мешавад. Ширкати Апел (Apple) талош кардааст имконоти бештареро ба дастгоҳи ҷадидаш биафзояд; ба монанди гаштугузор дар паҳнаи маҷозӣ (Интернет), дарёфт ва ирсоли паёмҳои электруникӣ ва аксу видеу, мусиқӣ ва бозиҳои роёнаӣ. ОйПад намое ҷаззобтар дорад, борику сабук аст ва аз зарфияте бештар аз ҳофизаи Киндел бархурдор аст. Ба гуфтаи Стив Ҷобз (Steve Jobs), раиси ширкати Апел, дастгоҳи ОйПад халаеро, ки миёни телефуни ҳушманд ва лаптоп (ноутбук) вуҷуд дошт, пур кардааст.

Аз ҳамин ҳоло бархе аз коршиносон даромади газоферо барои ширкати Апел пешгӯӣ кардаанд. Мойк Обромскӣ (Mike Abramsky), аз коршиносони умури бозаргонии Омрико, ҳадс мезанад, ки мизони фурӯши ОйПад дар як соли нахуст панҷ милюн адад хоҳад буд. Қимати дастгоҳи ОйПад дар ҳоли ҳозир марбут ба зарфияти ҳофизаи он аст ва аз 499 то 699 дулор аст.

Ширкати Апел нармафзорҳои вижаи худро савори ин дастгоҳ кардааст. Барои гӯш додан ба мусиқӣ бояд вориди кулексиюни мусиқии ОйТйун (iTune) шуд; барои хондани китобҳо китобфурӯшии диҷитоли ОйБукз (iBooks) таъсис шуда ва барои анҷоми корҳои идорию муҳосиботӣ мешавад нармафзори ОйВурк (iWork)-ро пиёда кард. Дар китобхонаи ОйПад китобҳое ёфт мешаванд, ки тавассути чаҳор интишороти умдаи Омрико мунташир шудаанд ва тарафи қарордоди ширкати Апел ҳастанд.

Ва аммо ОйПад бо ин ҳама имконот мунтақидони парупоқурсе ҳам дорад, ки ҳам номи дастгоҳро (ба далели маъниҳои мухталифе, ки дар забони инглисӣ дорад) ба сухра кашидаанд ва ҳам тавоноиҳои ин дастгоҳро. Ва гӯё азмашон росих аст, ки умеди ширкати Апелро ба яъс мубаддал кунанд. Афзун бар ин, ширкати жопунии Фуҷитсу (Fujitsu) муддаъӣ шудааст, ки дар соли 2002 дастгоҳеро бо ҳамин ном (ОйПад) тавлид карда буд ва молики ин ном онҳо ҳастанд.

Аммо аз ҷумлаи эродҳое, ки аз дастгоҳи ҷадиди Апел гирифта шуда, яке ин аст, ки дар ОйПад намешавад нармафзори Adobe Flash-ро ба кор гирифт, дар ҳоле ки бисёре аз наворҳои видеуӣ бо истифода аз ҳамин нармафзор пахш мешавад.

Ва ин воқеъият, ки дастгоҳи ОйПад дурбини аккосию филмбардорӣ надорад, аз нигоҳи мунтақидон, бар нуқоти заъфи ин дастгоҳ меафзояд. Дигар ин ки корти ҳофиза ё SIM-card-и ОйПад худвижа аст, бо ин ки андозаи дастгоҳ ба ҳадде бузург ҳаст, ки гунҷоиши корти ҳофизаи маъмулиро дошта бошад.

Вобастагии ОйПад ба ОйТйун барои пахши мусиқӣ ҳам аз ҷумлаи нуқоти заъфи дастгоҳ арзёбӣ мешавад. Масалан, агар шумо бихоҳед як оҳангро аз пойгоҳе дигар пахш кунед, муяссар нест. Мунтақидон ботрӣ (батарей)-и мунҳасир ба фарди ОйПад, бо қудрати даҳ соъат пахши паиҳам ва сафҳаи ҳассоси қодир ба ташхиси чанд ламс дар они воҳидро аз ҷумлаи нуқоти қуввати ОйПад медонанд. Аммо боз ҳам меафзоянд, ки сафҳаи ОйФун (iPhone) ҳам тавоноии ташхиси чанд ламс дар они воҳидро дорад ва ин мушаххаса дигар шигифтангез нест.

ОйПад ба унвони як китобхони диҷитол ҳам зери заррабин рафта ва ба бовари бархе аз донандагони фан, аз салафи худ - Киндел пешӣ нагирифтааст.

Бархе мегӯянд, ки ОйПад метавонад муштариёни вафодори худро пайдо кунад, аммо ба унвони як китобхони диҷитол Киндел аз вижагиҳои бартаре бархурдор аст. Тафовути умда миёни сафҳаҳои ду дастгоҳ аст. Сафҳаи намоиши ОйПад ҳамеша равшан аст ва нури он метавонад чашмони хонандаро зуд хаста кунад. Албатта, истифода аз як чунин дастгоҳе дар утоқе торик беҳтар аз Киндел аст, аммо дар соъоти рӯз истифода аз китобхони диҷитоли ОйПад метавонад тавонфарсо бошад. Дар ҳоле ки дастгоҳи Киндел худафрӯз нест ва аз ин лиҳоз ба сафҳаи рӯзнома ё китоб шабоҳати бештар дорад ва чашми хонандаро намеозорад.

Тафовути умдаи дигар дар китобфурӯшиҳои маҷозии ин дастгоҳҳост. ОйПад бойгонии қобили мулоҳизае аз китоб фароҳам овардааст, аммо шояд дар ҳоли ҳозир он бо бойгонии Омозун (Amazon) қобили муқоиса набошад. Омозун дар арзаи китоб бамаротиб озмудатар аз ширкати Апел аст. Афзун бар ин, истифода аз китобфурӯшии ОйПад дар ҳоли ҳозир ҳаққи инҳисории афроди муқими Омрикост ва ба дигар кишварҳои ҷаҳон таъмим наёфтааст. Албатта, пас аз моҳи март, ки дастгоҳи ОйПад вориди кишварҳои дигар ҳам шуд, шояд ин маҳдудият лағв шавад.

Ба ҳар рӯй, ОйПад ҳанӯз бисёр ҷавон аст ва сарнавишти он қобили пешгӯӣ нест.

Гузориши тасвирӣ:

Thursday, September 03, 2009

The Islamic Regime vs Social Sciences

Чаро Чумхурии Исломй бо улуми инсонй созгор нест?

به دبيرۀ پارسی

Он чи бар Эрон гузашту мегузарад, парда аз руи бисёре аз хакоики низоми он ва гирифторихояш бардошт. Яке аз бузургтарин пурсишхое, ки ба рахбарони режим саргичаи мумтадд додааст, билотаклифиашон дар баробари чавонон аст; яъне намедонанд бо ин неруи дигарандеши даманда чи кор кунанд.

Дар «эътирофот»-и додгохй, ки шабехи мухокимахои столинй буд, яке-ду бор бар ин мавзуъ таъкид шуд, ки дар донишгоххо устодоне тадрис мекунанд, ки магзи чавононро бо андешахои шаккокона меолоянд. Ба гуфтаи «муътарифон», ин иттифок голибан дар клосхои улуми инсонй (гуманитарй) сурат мегирад. Ба ростй, ин «эътироф»-ест, ки тавассути бозчуён ба хурди муттахамон дода шуда. Хафтаи гузашта ошкор шуд, ки шахси Хоманайи – рахбари Чумхурии Исломй (ЧИ) бо ин бозчуён хамнигар аст. Аз суи дигар, у ба таври талвехй таъйид кард, ки теъдоди зиёде аз чавонони кишвар аз низому рахбар дили хуше надоранд.

Ин око бо нигаронй, ки аз чашмонаш меборид, фарёд сар дод, ки «бисёре аз улуми инсонй мучиби беэътикодй ба таъолими илохй ва исломй мешавад» ва мураввичи «шаккокият ва тардид дар мабонии динй ва эътикодй» аст. Вай аз ин ки шумори донишчуёни улуми инсонй афзоиш ёфтааст, интикод кард ва аз давлат, Мачлис ва Шурои Олии Инкилоби Фархангй хост, ки мавзуъи хазфи ин гуна улум аз барномахои омузишии донишгоххоро пайгирй кунанд.

Аз бадви инкилоби исломй то кунун хеч ахаде дар Эрон бад-ин шиддату хиддат алайхи илму дониш сухан нагуфта буд. Аммо нигаронии масъулони давлати исломй аз руйкарди беш аз пеши чавонон ба фаро гирифтани дониш чизи тозае нест. Соли гузашта гурухе аз рухониён аз Ахмадинажод хоста буданд, ки чилави вуруди ин хама духтар ба донишгоххоро бигирад. Гуфта мешавад, ки шумори донишчуёни духтар дар донишгоххои Эрон худуди 65% аст. Агар ин раванд тагйир накунад, дар оянда занон хамакораи кишвар хоханд шуд ва дакикан хамин «оянданигарй» аст, ки муллохоро музтариб кардааст.

Аммо акнун Алии Хоманайи аз он хам по фаротар гузошта ва дар кулл, руй овардани чавонон ба улуми инсониро балои низоми исломй медонад ва дар садад аст чилави тавсеъаи чахонбинии мардумро бигирад.

Андар мушкили хукумати Эрон бо улуми инсонй ахиран матолиби фаровоне чоп шуда, ки аз он миён дидгоххои Мехдии Халачй, пажухишгар дар хавзаи исломшиносиро чомеътар ёфтам. Мехдии Халачй, ки худ аз тахсилкардагони хавзаи илмияи Кум аст, дар гуфтугу бо родю «Дойче Веле»-и Олмон батни ин мавзуъро бахубй шикофтааст. Матни зер шархи хамон гуфтугуст.

ДВ: Окои Халачй, руйдодхои ахир нишон доданд, ки ЧИ Эрон бо улуми инсонй мушкил дорад. Иллати ин мавзуъро дар чй мебинед?

МХ: Бо ин сухбатхое, ки окои Хоманайи карданд дар мавриди улуми инсонй, ман камубеш мувофик хастам. Ба далели ин ки доштани донишгох, тадриси улуми инсонй ва интишори китобхои марбут ба хавзахои мухталифи улуми инсонй вазифахоеро бар ниходи рухоният ва ниходи дин тахмил мекунад ва ин ниход бояд посухгуи мухтавиёт ва чолишхои фикрии чахони чадид бошад.

Хости окои Хоманайи барои махдуд кардани улуми инсонй дар Эрон гувохи равшанест бар шикасти фикрии рухоният, нокомии фикрии идеулужии ЧИ ва маглуб шудани хукумати динй дар баробари тафаккури чадид.

Ниходи рухоният ва акли динй дар Эрон дар 30 соли гузашта муваффак нашуд, ки худашро нав кунад ва саргарм шуд ба сурчаронии иктисодй ва чавлондихии сиёсй ва фикр кард, ки дар мунозеъоти фикрии бузург пул ё зури аслиха метавонад довари нихойи бошад. Акли динй дар Эрон фокиди навоварй ва пуёист ва хатто равшанфикрони мазхабй хам ки хостанд тархе нав дарандозанд, ба истилох, ба кахру хашми хукумат гирифтор шуданд. Яке мисли Абдулкарими Суруш дар хорич аз кишвар ба сар мебарад ва яке дигар мисли окои Саъиди Хаччориён – дар зиндон. Бино бар ин, ЧИ фикр кард, ки ин идеулужии исломй кабоест, ки ба комати хар чомеъае дармеояд. Холо баъд аз 30 сол ба фикри чора уфтодааст, ки чи гуна мешавад чомеъаи донишгохй ва нухба (элита)-и кишварро, ки зери таъсири тафаккури чадид аст, илоч кард ва фарханги таъаббуд (бардагй) ва итоъат аз худойгони диниро шабехи асри Сафавй ва Качарй дубора дар чомеъаи Эрон чо андохт.

ДВ: Рухоният дар Эрон бо физику шимй (химия) ва аз чумла бо физики атумй ва ин казоё зохиран мушкиле надорад. Пас чи гуна аст, ки бо ин бахш аз улум канор меоянд, вале бо бахши дигараш мушкил пайдо мекунанд?

МХ: Аз замоне ки эронихо бо тачаддуд (мудерните) ошно шуданд, рухоният аз ду чихат эхсоси хатар кард. Яке аз бобати ниходи чадиди додгустарй дар Эрон ва дувум аз бобати ниходи омузиш. Ба хотири ин ки суннатан казоват (доварй) ва таълиму тарбият дар дасти рухоният будааст. Вакте ки инкилоби Эрон хам рух дод, хуб, хеле рохат рухоният кувваи казоияро ба инхисори худаш даровард ва дар хакикат, онро мусодира кард. Аммо донишгох лукмаи бисёр-бисёр бузурге буд, барои ин ки дар хозима (дастгохи гувориш)-и ЧИ ва рахбарони рухониаш гуворда бишавад.

Аз замоне ки инкилоби соли 57 (1979) рух дода, ЧИ равишхои мухталиферо ба кор гирифтааст, барои ин ки донишгохро тахти кунтрули худаш дарбиёварад. Аз тарики «инкилоби фархангй», ки мунчар шуд ба ташкили «ситоди инкилоби фархангй» ва баъд Ситоди Инкилоби Фархангй табдил шуд ба «шурои инкилоби фархангй», намояндагии Имом дар донишгоххо, намояндагии Оятуллох Мунтазирй, ки он мавкеъ коиммаком (чонишин)-и рахбарй буд; ва баъд намояндагии валии факех ва окои Хоманайи дар донишгоххо, ташкили анчуманхои исломй, ки ба шаклгирии Дафтари Тахкими Вахдат мунчар шуд; басечи донишчуйи, чиходи донишгохй, нашри донишгохй, созмони мутолеъа ва тадвини кутуби улуми инсонй дар донишгоххо, дафтари хамкории хавза (-и мазхабй)-ву донишгох ва муъовинати устодони маъорифи исломй дар донишгох ва ниходхои дигар. Тамоми инхо хадафашон ин буд, ки донишгоххоро тахти кунтрули худашон биёваранд.

Он чи бад-он муваффак шуданд, ин буд, ки бисёр рохат мешавад дар хавзаи улуми табиъй ва улуми махз шумо нигохе абзорй дошта бошед ва дар хакикат, аз физику шимй (химия) ва пизишкй ва масоили дигар дар чорчуби арзишхо ва ахдофи ЧМ аз онхо истифода бикунед. Аммо он чи ЧИ натавонист бо он канор биёяд ва натавонист саранчом онро махор бикунад (лагомашро бикашад) ва онро ба абзор (инструмент)-е дар чихати ахдофу ормонхои идеулужии исломй табдил бикунад, улуми инсонй хастанд. Улуми инсонй чамуштар (нофармонтар) аз он хастанд, ки ба чунин чорчубхое, ки аз суи идеулужии исломй вазъ мешавад, тан бидиханд. Улуми инсонй кобилияти табдил шудан ба абзорро надоранд. Як навъ огохй, як навъ чахоннигарй хастанд, ки фаротар аз табдил шудан ба абзор хастанд. Дар натича идеулужии исломй ва рахбарони рухонии ЧИ натавонистанд ин илми чамушро махор бикунанд ва ба хамин далел аст, ки баъд аз 30 сол чунин аз он ибрози нигаронй мекунанд ва хостори эъмоли махдудиятхо мешаванд.

ДВ: Окои Халачй, шумо дар посухе, ки додед, ба «инкилоби фархангй» ишора кардед. Ал-он хам сухбат бар сари ин аст, ки гуё мавчи дувуме аз ин инкилоби фархангй ба хамон шакле, ки як бор дар худуди 30 сол пеш тачруба кардем, карор аст огоз бишавад. Оё шумо чунин эхтимолеро мебинед?

МХ: Ман муътакидам, ки як кудетои низомй дар ЧИ рух дода ва ба далели ин ки ин кудето ба тадрич шакл гирифта ва монанди бисёре аз руйдодхои тадричй, ки ба осонй дида намешаванд, хуб дида нашудааст. Ин кудето дар хакикат мохияти ЧИ-ро иваз кардааст. На танхо аз ин ба баъд дар ЧИ таклифи фархангро низомиёну фармондехони низомию амниятии ЧИ таъйин хоханд кард, балки аз ин пас таклифи хама чиз дар пушти дархои бастаи низомию амниятй таъйин хохад шуд.

Шумо агар никох бикунед ба харфхое, ки дар Мачлиси Шурои Исломй вазирони пешниходии окои Ахмадинажод заданд – махсусан сухбатхое, ки вазири пешниходии иттилоъот (чосусй) дар мачлис эрод кард – хохед дид, ки Вазорати Иттилоъот ин хакро барои худаш коил аст, ки таклифи фарханг, хунар, варзиш ва тамоми абъод (пахлухо)-и зиндагии ичтимоъии шахрвандонро таъйин бикунад ва масъала хатто басе фаротар аз инкилоби фархангй ва эъмоли махдудият бар улуми инсонист. Мо дорем меравем ба самти хукумате, ки ёдовари даврони вахшатсолории Шуравй тахти рахбарии Столин ё даврони Олмон тахти рахбарии Хитлер аст. Яъне хукумате, ки дар чузъиёти умури шахрвандон дахолат мекунад ва дар хакикат, рахбаронаш бовар доранд, ки худашон мукаллафу муваззафанд, ки зехни инсонхоро мухандисй кунанд ва рафтори инсонхоро мухандисй кунанд. Бино бар ин, таклифи хама чиз дасти Сипохи Посдорон ва Вазорати Иттилоъот аст.

ДВ: Окои Халачй, ба унвони охирин пурсиш. Шумо аз идеулужии исломй сухбат кардед. Хеле аз тахлилгархо бар ин бовар хастанд, ки дар вокеъ, ин тафаккури шиъии хоким хатто аз фалсафаи сиёсй хам бархурдор нест. Усулан, пояхои назарии чунин идеулужие аз назари шумо чист?

МХ: Идеулужии исломй аслан пояи назарй надорад. Яке аз мушаххасахои аслии ин идеулужии исломй ин аст, ки бо аклоният созгор нест. Шумо медонед, ки Оятуллох Хоманайи тахсилкардаи хавзаи илмияи Машхад аст ва яке аз тафовутхои боризи хавзаи илмияи Машхад дар киёс бо хавзаи илмияи Кум фазои гайриъаклонии ин хавза аст. Яъне як фазои фалсафаситезе дар карни бистум дар хавзаи Машхад ба вучуд омад, ки тахти таъсири Мирзо Махдии Исфахонй буд ва хатто хондани фалсафаи исломй куфр ба шумор меомад. Чунин тасаввуре дар он чо вучуд дошт, ки фалсафа як илми воридотй (бегона) аст. Яъне хамон тасаввуре, ки ал-он окои Хоманайи рочеъ ба улуми инсонй дорад, дар хавзаи илмияи Машхад буд, ки таъкид шуд фалсафаи исломй фалсафае нест, ки бархоста аз таъолими имомони шиъа бошад ва бештар тахти таъсири андешаи файласуфони Юнон ба вучуд омадааст.

Медонед, ки шахси окои Хоманайи фокиди тахсилоти ибтидойи дар фалсафаи исломй аст ва эшон фалсафаи исломиро ба хеч руй намешиносад. Табиъатан, ин фазои гайриъаклонй зехнро барои пазириши идеулужии исломй хеле мустаъид мекунад. Идеулужии исломй асосаш бар аклониятситезй аст ва дар хакикат, хамон тавр ки мебинем, касоне, ки назарияпардози идеулужии исломй хастанд, беш аз он ки назарияе бипардозанд, бештар шиъор медиханд. Дар хакикат, идеулужии исломии муъосир фокиди назария ба маънои дакики калима аст ва бештар аз мачмуъае аз шиъорхо таркиб шудааст ва яке аз вижагихои он ин аст, ки хатто бо аклонияти фалсафаи суннатй хам сари ситез дорад, чи бирасад ба аклонияти дунёи мудерн.

Friday, November 14, 2008

Latest Technology vs Privacy

Фанноварии навин дар киболи харими хусусй

به دبيره پارسی

Чи хиссе хохед дошт, агар бидонед, ки маъмурони бонки шумо аз фурушгоххо ва рестуронхо ва хутелхои мавриди алокаи шумо огоханд ва медонанд, ки чи соъате аз кучо чи чизеро харидорй кардед ва баъдан ба кучо рафтед? Ё агар бидонед, ки фарохамсози хадамоти интернетии шумо медонад шумо дар тули руз аз кадом торнамохо боздид мекунед, чи тасовиреро мебинед ва чи навъ мусикиро мешунавед, чи холе пайдо мекунед?

Инхо нахустин марохили фуру рехтани деворхои харими хусусй буд, ки холо хелехо ба он ху гирифтаанд ва ба удул аз ин бахш аз харими хусусии худ тан додаанд. Доштани дастгохи кучаке ба номи блутус (Bluetooth), ки имконоти фаровони иртиботиро барои шумо фарохам мекунад, мумкин аст додахои хусусие монанди ному торихи таваллуд ва хатто нишонии пайки электруникатонро ба афроди перомунатон мунтакил кунад.

Гузориши тозаи мачаллаи «Нйу соентист» (New Scientist) бисёре аз мардуми Бритониёро, ки телефунхои хамрохашон бо блутус мучаххас аст, нигарон кардааст. Бино ба ин гузориш, харакоти рузонаи даххо хазор тан дар ин кишвар бо истифода аз блутуси худи онхо бидуни огохишон пайгирй мешавад.

Дар маконхое махфй дар сатхи шахри Бос (Bath) дар гарби Инглистон дастгоххои скан (дидбон) насб шудааст, ки сигноли дастгоххои блутусро дарёфт мекунад ва омаду шуди мардумро тахти назар мегирад.

Пажухишгарони Донишгохи Боси Инглис бо истифода аз додахое, ки аз ин дастгоххо дарёфт мекунанд, нахваи рафту омади мардум дар сатхи шахрхоро баррасй мекунанд. Аммо хеч як аз афроди мавриди мутолеъа аз тачовузи донишпажухон ба харими хусусишон огох нестанд.

Ин мавзуъ эътирозхоеро мутаваччехи тархи мавсум ба Ситивер (Cityware) ё «Шахрафзор»-и Донишгохи Бос кардааст, аммо дастандаркорони ин тарх мегуянд, ки манзурашон танхо тахкики тахарруки дастачамъии анбухи мардум аст ва бо так-таки афрод коре надоранд. Ба гуфтаи мудири ин тарх, тасаввури ин мавзуъ, ки ниходе бихохад бо истифода аз блутус ба мушаххасоти хусусии афрод дастрасй дошта бошад, музхик аст.

Аз суи дигар, Восилис Кустокус, аз устодони пешини хамин донишгох, изъон мекунад, ки блутус хатаре чиддй алайхи харими хусусии корбарони он аст ва агар касе аз ин бобат нигаронй дорад, бехтар аст коркарди блутусро дар телефуни хамрохаш хомуш нигах дорад.

Дар вокеъ, блутуси шумо як чосусаки чайбист, ки харакати шумо аз як махал ба махалли дигарро пайваста ба атроф гузориш медихад. Доманаи пушиши сигноли он худуди дах метр аст ва дар дастгоххои чадидтар доманаи бештаре дорад. Блутус дар вокеъ чойгузини симхоест, ки ду роёнаро ба хам васл мекунад ва барои тасхили радду бадали додахо миёни ду дастгох бисёр судманд аст.

Аммо як коршиноси хибраи блутус метавонад, бидуни ин ки шумо хабар дошта бошед, аз рохи дур вориди дастгохи шумо шавад, тасовири махфуз дар онро бибинад, дафтари телефунатонро варак бизанад ва мушаххасоти мавчуд дар телефуни шуморо барои худаш пиёда кунад.

Ба навиштаи рузномаи Гордияни Ландан, то кунун дастгоххои скани Ситивер, ки дар шахрхои Сон Диегу, Турунту ва Берлин ва кишвархое мисли Хунг Кунг, Устролиё ва Сангопур насб шудаанд, сохибони 250 хазор дастгохи блутусро шиносойи кардаанд.

Бархе муътакиданд, ки блутус дар оянда метавонад бо дасткории андаке ба дурбини мадорбастаи мутахаррике табдил шавад, ки аслан тахти кунтрули дорандаи он нахохад буд.

Дурбинхои мадорбаста хам ки дар ошкор кардани чароим ва чиноятхои бисёре корсоз буда, борхо мавзуъи бахсхои доги ичтимоъй дар мавриди тачовуз ба харими хусусии афрод будааст.

Ду сол пеш гузориш шуда буд, ки дар саросари Бритониё худуди панч милюн дастгох дурбини мадорбаста насб шуда, яъне як дурбин барои 12 шахрванди кишвар. Ба иборате дигар, 20 дарсади кулли дурбинхои мадорбастаи чахон дар Бритониё мутамаркизанд, бо ин ки ин кишвар танхо 0.2 дарсади замини кобили искони чахонро ташкил медихад.

Тасвири як шахрванди Ландан рузона худуди сесад бор руи дурбинхои мадорбаста меуфтад. Шаш хазор дастгох дурбини истгоххои метру ва утубусхо, ба изофаи 1800 дастгох дурбини дигар дар истгоххои рохи охани Ландан ва садхо дурбини дигар дар сатхи шахр хамаруза ба обирон зул задаанд (синча мекунанд).

Намоиши бархе аз филмхои дурбинхои мадорбаста мавзуъи баррасихои казойи будааст, чун мардум рогиб нестанд тасвирашон бидуни ичозаи онхо руи сафхаи телевизюн зохир шавад. Шикоятхои фаровон аз ин нахваи кунтрули интизом ва ташбехи он ба чомеъаи «Бародари бузург»-гунае, ки дар достони «1984»-и Чурч Урвел (George Orwell) омадааст, бархе кавоъиди тозаро дар нахваи корбурди ин дурбинхо ба миён овардааст, ки бино бар он, масалан, забти садои афрод дар хиёбонхо ва истгоххо голибан мамнуъ аст.

Дурбинхои телефуни хамрох (mobile) низ аз суи мудофеъони харими хусусии афрод, аз чумла созмони Privacy International мухилл (халалрасон)-и осоиши мардум тавсиф шудаанд. Ин созмон аз созандагони телефуни хамрох хостааст, ки садои диёфрогми дурбинхо ба хангоми баста шуданро баландтар кунанд, то афрод аз корбурди он дар чойхои умумй пархез кунанд.

Бад-ин гуна, рушди физояндаи фанноварии иттилоъотй аз як су асбоби саргармй ва сухулати иртибототро фарохам мекунад ва аз суи дигар дар холи шикастани деворхои харими хусусй ва тагйир додани таърифи ин мафхуми мубхам аст.

Мардум акнун сардаргум мондаанд, ки харими хусусии онхо дар кучо огоз мешавад ва кучо ба сар мерасад, то битавонанд аз он ба дурустй мурокибат кунанд. Ин муъзал аз зоидахои чавомеъи масрафист ва шояд рохи халли он низ чанбаи бозорй ва масрафй дошта бошад. Ба кавли Дейвид Кусгрув (David Cosgrove), аз коршиносони хукукии фанноварии иттилоъотй, шояд пас аз муддате созмонхое шакл бигиранд, ки дар изои пул аз харими иттилоъоти хусусии мо нигахбонй кунанд.

Monday, September 15, 2008

Digging for the Origin of the Universe

Ковиш дар рози офариниш

به دبيره پارسی

Рузи 10 септомбр (сентябр) барои чахони дониш рузи биму умеди бузург буд. Ва на танхо барои донишварону донишпажухон, балки барои якояки афроде, ки дар бораи огози офариниш хамчунон кунчкованд ва барои он хануз посухи котеъе наёфтаанд. Гаронтарин тархи илмии чахон дар як тунели 27-килуметрй зери хоки хаволии шахри Женеви Суис (Швейтсария) дар мучовират бо Фаронса дар он руз рохандозй шуд. Иддае нигарон буданд, ки шояд огози ин тарх огози поёни кураи Замин бошад.

Тархи муассисаи Серн (Созмони Урупоии Пажухишхои Хастайи) дар Суис мураккаб аз шитобгари зарроти бунёдй (particle accelerator)-и мавсум ба LHC аст, ки тавассути хазорон донишманд аз хаштод кишвари чахон хамгузорй шудааст. Донишмандон мехоханд бо истифода аз ин шитобгар шароитеро падид оваранд, ки худуди як милёрдуми сония пас аз вукуъи Мехбонг (Big Bang) вучуд дошт. Комгорй дар ин замина метавонад ба бузургтарин пурсишхои дониши мудерн дар бораи офариниши кайхон ва хастй посух дихад. Аз ин чост, ки хазинаи нух милёрд дулор барои дарёфти он посуххои бунёдин барои донишмандони физик шигифтангез ба назар намеояд, чун бароянди ин тархи гулосо метавонад дониши физикро ба куллй зеру ру кунад ва онро бар пойбасте тоза бинишонад.

Илми физик дар бораи зарроти бунёдй назарияи мушаххасе дорад, ки бо номи «Улгуи меъёр» (Standard Model) маъруф аст ва дидгохест нисбатан маъкулу мантикй дар бораи зарроти дарун-атумй. Аммо он хам посухгуи хамаи пурсишхо дар бораи ин заррот нест. Барои намуна, уфтодани як мурча ё як пари мург бар сари шумо паёмади вахиме надорад; чи басо шумо хатто мутаваччехи ин руйдод нашавед. Аммо агар, Худой накарда, ба чои он санг ё очур (хишт)-е бар фарки саратон фуруд ояд, казия ранги дигар мегирад. Чун сангу очур дорои вазни бамаротиб бештар аз муру пар аст. Аммо «улгуи меъёр» ин истидлоли содаи моро намепазирад, чун он барои зарроти бунёдй вазн коил нест. Пас чи гуна чиголиш (гализ шудан)-и ин заррот чирму чисмхоеро падид меоварад, ки дорои вазнхои мутафовит хастанд?

Донишмандоне, ки аз саросари чахон дар Суис гирди хам омадаанд, мехоханд бо анчоми бузургтарин озмоиши илмии башарият ин хакикатро дарёбанд, ки чи гуна пас аз вукуъи Мехбонг (Инфичори Бузург) дар фазое, ки чизе вучуд надошт, чиз падид омад. Назарияи «улгуи меъёр» хадс мезанад, ки дар огоз зарраи бунёдине вучуд дошта, ки бо номи « Хиггз» ё «Зарраи Худо» шинохта мешавад ва хамон боъис шуда, ки зарроти бевазне чун электрун (electron) дорои вазн шавад. Аммо Хиггз то кунун танхо дар назария вучуд дорад ва хеч озмоише барои кашфи он сурат нагирифта буд. Акнун, ба гуфтаи дуктур Сипехри Соримй аз донишгохи Висконсини Омрико, ки мустакиман дар озмоиши муассисаи Серн ширкат дорад, карор аст бо шитоб додани прутун (proton)-хо дар шитобгари LHC ва бархурди онхо энержихои болотар аз энержихои мутаъориф (маъмулй) халк шавад ва дурустию нодурустии «улгуи меъёр» санчида шавад. Донишмандон умедворанд, ки дар чараёни озмоишхо квонтум ё зарраи вобаста ба майдони Хиггзро кашф кунанд.

Бархе аз физикдонхо бар ин назаранд, ки фазо дорои беш аз се буъд (dimension; грань)-ест, ки мо мешиносем ва мумкин аст бо шитоб додани прутунхо ва бархурди онхо ба хамдигар сиёхчол (black-hole; чёрная дыра)-хое падид ояд. Иддае хам аз шунидани номи «сиёхчол» бимнок шуданд ва ин нигарониро матрах карданд, ки шояд он сиёхчолхо бо неруи чозибаи худ кураи Замин ё бахше аз онро фуру бибарад. Тасаввури фуру рафтан дар чолае ба андозаи нуки сузан ба ростй тарснок аст. Дуктур Соримй мегуяд, хатто агар он сиёхчол падид ояд, билофосила вопошй хохад шуд ва хатари фуру рафтани кураи Замин дар он сиёхчолхои рез аз тахайюлоти муболигаомез фаротар намеравад.

Нахустин озмоиши донишмандон ин нигаронихоро накш бар об кард: ду чараёни прутун дар ду чихати мухолифи хам бо шитоби наздик ба суръати нур дар шитобгар чархиданд ва ду нуктаи сапед руи сафхаи роёна (компютер)-и Серн дурахшид, ки нишонаи як давр чархиши комили прутунхо дар тули лулаи шитобгар буд. Шитобгар прутунхоро 11 000 бор дар сония даври тунели чанбарй мечархонад. Ду дурбини дичитоли хазоронтунии Серн дар тули як сония аз ин заррот милюнхо акс бармедоранд. Донишмандон гуфтаанд, ки фаъъолияти шитобгар тибки интизор сурат мегирад ва умедворй барои касби дониши бештар дар бораи зарроти бунёдй ва рози офариниш афзоиш ёфтааст.

Бароянди озмоиши Серн метавонад на танхо илми физик, балки шинохти мо аз огози хилкат (офариниш)-ро тагйир дихад ва миёни илму бовари динй, ки хамвора дар пайкор будаанд, созиш ё танише тоза биофаринад.

Акс: тасвире тахайюлй аз Хиггз ё 'Зарраи Худо' (The God Particle)

Диданихои Руз хам муртабит аст

Wednesday, July 30, 2008

In The Search of 'Allah'

Чустучуи «Аллох» дар замину осмон

Ин навишта барои торнамои Asia-Plus тахия шудааст

Замоне мардум эътикод доштанд, ки Замин соф аст ва руи ду шохи гови бузурге орамидааст. Хар боре, ки он гови азим такон мехурад, мо дучори заминларза мешавем. Дар натича барои хушнудии он гов (дар бархе аз эътикодхо, гул ё дев ё худои хашмгин) курбонихо мекарданд. Баъдан ки илму дониш бепоягии ин боварро собит кард, ба бовари пешин хурофа гуфтанд.

Хурофа, ки чамъи он хурофот аст, бино ба фарханги Муъин, сухани бехуда, афсона ва хадиси ботил аст. Дар забони русй (суеверие) хам мафхуми ин вожа бовари бехуда ё ботил аст. Дар забони инглисй (superstition) аз муъодили лотини он кор мегиранд, ки бовари гайримаъкул ва ифротии баромада аз тарсу эътикод ба муъчизаву афсун таъбир мешавад.

Дар Эрон ба хангоми нушидани чой маъмулан канди сапедро нахуст дар чой тар мекунанд, онро руи забон мегузоранд, бархе хам салавот мефиристанд ва баъд чойро менушанд. Ривояте хаст, ки яке-ду сада пеш Бритониё барои зарба задан ба манофеъи бозаргонии Русия дар Эрон аз як марчаъи таклид ё муллои бонуфузи Эрон хоста буд, ки ба нахве чилави ривочи бозори канди Русия дар Эронро бигирад. Он мулло хитоб ба мардум гуфт: «Ё айюханнос! Шакари русро нахуред, ки он аз устухони мурдагони рус тахия шудааст.» Мардум, ки харфи охундро вахйи мунзал мепиндоштанд, аксаран аз канди русй даст кашиданд ва бозори Русия дар Эрон касод шуд. Пас аз муъомилае, ки миёни Бритониёву Русия сурат гирифт, Бритониё аз он мулло хост, ки ин бор мардумро ба хариди канди русй ташвик кунад. Охунд гуфт: «Ё айюханнос! Дуруст аст, ки шакари Русия харом аст. Аммо агар онро кабл аз масраф як бор дар чойии худ бихисонед (тар кунед) ва салавоте бифиристед ва сипас онро бихуред, он халол мешавад ва ишколе надорад.» Бад-ин гуна, канди сапеди Русия дар Эрон дубора харидор пайдо кард. Ин одат хамчунон роич аст, бидуни он ки маншаъи он барои хелехо равшан бошад.

Яъне бо истифода аз бовари мардум ба хурофот афкори умумиро шакл додаанд ва тудахоро идора кардаанд.

Хурофа, дар вокеъ, зодаи нотавонии инсон дар шинохт ва дарки падидахои табиъй ва илмист. Аз ин чост, ки хурофотро метавон умдатан дар миёни тудахои ноогох сурог дошт.

Аммо дуктур Фаромарзи Карабогй, устоди донишгох ва рузноманигори эронй, бар ин бовар аст, ки хурофот хамеша ба сатхи донишу тахсилоти мо бастагй надорад, балки дар бисёре аз маворид ба фишори рузгор ва вазъияти бади зиндагй бармегардад. У мегуяд:

«Хамон гуна ки шоеъа (овоза) вакте кувват мегирад ва роич мешавад, ки коноли интишори иттилоъот ва ахбори дуруст баста бошад, хурофот хам вакте густарда мешавад, ки чилави огохй ва иттилоъоти дурусти мардум гирифта шавад. Ин рабте ба саводу тахсилот надорад, зеро як вокуниши отифй (эхсосотй) ва равонй ба хокимияти идеулужик дар чомеъа аст ва мардум бо руй овардан ба хурофа худро тахлия (холй) мекунанд.»

Бо ин пешдаромади нисбатан дароз ба руйдодхои табиъие мепардозем, ки ахиран дар Точикистон сурат гирифта ва вахму нигаронй ё шефтагию хайронии бархеро барангехтааст.

Ахиран хабаре дар хабаргузорихо мавч зад, ки дар осмони Душанбе вожаи «Аллох» ба хуруфи арабй тарсим шудааст. Ман хам шитобон суроги акси он руйдоди хорикулъодаро гирифтам, ки акнун дар шабакаи Интернет ба фаровонй вучуд дорад. Дуди дурахшони зарду аргувоние дар осмон печида буд. Аммо нахустин тасвире, ки дар зехнам накш баст, харфи «М»-и русй буд, на «Аллох»-и арабй. Сипас кушидам радди «Аллох»-ро дар он ёбам. Дар ин вожа «алиф»-и нахуст аз дигар харфхо чудост. Аммо дуди осмонй дархам омехта буд ва бахши нахусти он хам бештар ба «лом» монандй дошт, то «алиф». Дар поёни он тимсол хам «х»-ро намедидам, ки харфи охири вожаи «Аллох» аст. Думи дуд ба тах кашида шуда буд, ба чои ин ки ба монанди харфи «хои хавваз» ба боло биравад.

Ба ёди достоне аз «Маснавии маънавй»-и Мавлавй уфтодам, ки мегуяд, пилеро аз Хиндустон ба чое бурданд, ки мардумаш харгиз пил (фил) надида буданд. Пилро дар утоке торик карор доданд ва аз мардум хостанд, ки бо даст онро ламс кунанд ва аз пил тасвире бидиханд. Саранчом хар касеро аз пил тасаввуре мутафовит хосил шуд:

Он якеро каф ба хуртум уфтод
Гуфт, у чун новдон асташ ниход
Он якеро даст бар гушаш расид
Он бар у чун бодбизан шуд падид
Он якеро каф чу бар пояш бисуд
Гуфт, шакли пил дидам чун амуд
Он яке бар пушти у бинход даст
Гуфт, худ он пил чун тахте будаст...

Натичагирии Мавлавй чунин аст:

Чашми хисс хамчун кафи даст асту бас
Нест кафро бар хама он дастрас
Чашми дарё дигар асту каф дигар
Каф бихил в-аз дида дар дарё нигар.

Дар мавриди он пораи дуди морпеч дар осмони Душанбе хам, агар бихохем аз дидаи идрок бингарем, на хиссу эхсос, донишмандон арзёбии санчидае ироа додаанд. Як намояндаи созмони хавошиносии Точикистон ба хабаргузории РИА «Новости» гуфтааст, ки он шамоили осмонй чизе чуз як падидаи чаввй набуд. Ба гуфтаи у, тасвире, ки шахрвандони Душанбе рузи 23 жуие (июл) дар осмони шахр диданд, «як озарахш (барк)-и тобистонй буд», ки ба забони русй ба он «зарница» мегуянд. Озарахши тобистонй маъмулан бар асари анбошта шудани неруи барки рокид (бехаракат) дар абрхои тираи тобистонй сурат мегирад.

Аммо ин танхо хадисе нест, ки ривочи хурофот дар чомеъаи кунунии Точикистонро собит мекунад. Достонхои мухталифе дар ин чову он чо дар бораи тухмимург, дарахт, барра ва гусолахое мунташир шудааст, ки руи хамаи онхо вожаи «Аллох» хак шуда ва хамагй мутаъаллик ба Точикистон аст. Тасвири гусолаи маъруферо дидам ва боз хам вожаи «Аллох»-ро, ба он шакле, ки интизор меравад, руи он надидам. Намунаи дигар, як пора ях буд, ки ба бовари шохидони айнии он, ховии вожаи «Аллох» аст. Боз хам, он чи руи акс дида мешавад, як харфи «ш»-и русист бо ду дандонаи кутохтари изофй, аммо ба хеч руй шабохате ба вожаи «Аллох» надорад.

Чолиб ин чост, ки мо дар ин таваххумот танхо нестем ва танхо хамрохони мо кишвархои чахони севвуманд. Боз хам бармегардем ба дуктур Фаромарзи Карабогй, ки солхои инкилоби исломии Эронро ба ёд меоварад ва рузгореро, ки мардум дар мох тасвири Имом Хумайниро медиданд:

«Инкилобиюни мухтарам дар соли 1357 (1979) ба дунболи акси окои Хумайнй дар мох мегаштанд. Парадокс (танокуз) ин аст, ки хама инкилобй буданд ва инкилоб як мафхуми мудерн буд ва акси окои Хумайнй дар мох як мафхуми комилан хурофй. Ин дуро намешуд бо хам чамъ кард, аммо хеч кас тавзех надод ва ал-он хам, баъд аз ин хама сол, хануз дар ин маврид тавзехе аз суи касоне, ки дар раъси умур хастанд, дода намешавад.»

Тасвири Хумайнй хам дигар дар мох дида намешавад. Ва он рузхо хам ки «дида мешуд», танхо барои инкилобиюни Эрон хувайдо буд ва дар чое дигар аз дунё онро надиданд. Чаро?

Чун инкилобиюни Эрон дар сурати мох чизеро диданд, ки мехостанд бибинанд. Ва дигар Хумайнй дар мох «зохир» намешавад. Мардуми Точикистон хам ки имруз дучори гирифторихои фаровоне шудаанд, дар чустучуи имдоде гайбй дар замину осмон вожаи «Аллох»-ро мечуянд. Хамон гуна ки дар Гарб хурофот замоне рушду нумувв дошт, ки Бохтарзамин гарк дар бадбахтихо буд. Бино ба ривояте, дар садаи шашуми мелодй, замоне ки бемории тоъун Урупоро фаро гирифта буд ва атсаи афрод бисёр хатарнок махсуб мешуд, Грегурии Якум, попи Рум, ба масехихо фармон дод, ки ба дунболи атса “God bless you” (Худо баракатат бидихад) бигуянд, то бад-ин гуна чилави густариши доманаи беморй гирифта шавад. Чун он замон моякубй (ваксинатсия) ихтироъ нашуда буд ва далели тавсеъаи доманаи беморй хам равшан набуд.

Пас то замоне ки рохи мо ба суи дониш хамвор нест ва дар айни хол бедодгарии замона бедод мекунад, аз ин навъ падидахои хурофй фаровон хохем дошт. Ва хар чи мардум гирифтортор аст, шумори хурофот хам бештар хохад буд.

Дарег, ки дар садаи 21 миллате бо пешинае дурахшон гирифтори ин вабои илму дониш шудааст. Дар холе ки Буъалй Сино, фарзанди ин миллат худуди хазор сол пеш гуфта буд: «Хар чизе сабабе дорад ва хеч донише комил нест, магар ин ки сабабу далелхои он санчида ва омухта шуда бошад.»

Sunday, July 20, 2008

Ideological Bewilderment

Сардаргумии акидатй

Дар гузашта «бисмиллох»-и нависандагонамон гуфтахои зубдаву багузидаи Ленину Морксу Энгелс буд. Дар ин зубда гузидан (интихоб кардан)-хо гохо ба андозае ифрот ба харч медоданд, ки нависандаву навишта бо хам хандахариши хавос мешуданд. Хатто агар карор буд шумои гиёхшинос дар бораи хосиятхои хиёр (бодиринг) матлабе бинависед, ногузир буд аз миёни даххо чилд китоби паёмоварони кумунисм фармудаеро пайдову пиёда кунед ё бисозед: «Ленин хам дар кудакй аз таъми хуши бодиринг лаззат мебурд». Яъне ба гунае бояд навиштаи худро машруъ мекардед, то аз софй (филтер)-и идеулужии хоким бигзарад ва хамзамон симои паёмоварони кумунисмро барчастатар кунад ва харфхои онхоро, валав ин ки беарзиш бошад, дар зехнхо мехкуб кунад.

Имшаб хам чашмам ба ду матлаб уфтод, ки нависандагонашон дар адои «бисмиллох»-и чадид кушиши фаровон ба харч додаанд. То кунун бароям ба ин андоза равшану мубархан набуд, аммо акнун ба назар мерасад, ки «бисмиллох»-и навин шакл гирифтааст ва он «бисмиллох» ба маънии дакики вожа аст.

Саъидалй Тохиров ва Хотами Хомид дар нашрияи «Нури зиндагй» матлабе навиштаанд зери унвони «Тозагии забон – лахни равони ширин». Чи унвон ва чи мазмуни матлаб хокй аз вахомати вазъияти забони порсй дар кишвари мост. Тасаввур бар ин аст, ки нависандагони чустор бо такя ба офаридахои забоншиносон ва ахли фан ба ин мавзуъ пардохта бошанд. Аммо сарогози навишта таъкиде чиддй аз сарчашмае дигар аст:

«Дар сураи Ахзоби Куръони Мачид омадааст :"... аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигуед.»

Зохиран дар ин рузхо, хатто агар бихоханд дар бораи кеши пешини мардумони эронй матлабе бинависанд, бояд аз хамин фурмулбандй ва аз хамин «бисмиллох» кор бигиранд. Дар «Эроншахр» матлаби пурмагзеро хондам, ки он хам, намедонам чаро, бояд чунин огозе медошт:


«Худованди бузург дар Куръони азимушшон чунин фармуда, ки: «Ва лакад баъасно фи кулли умматин расулан ан-иъбуду-л-лоха ва-чтанибу-т-тогут», яъне «Харойина мо фиристодем дар хар кавме паёмбаре, то Худовандро бипарастед ва аз Ахриман ичтиноб варзед» (Сураи «Нахл», ояи 35). Хамчунон дар чойи дигар чунин мефармояд: «Ё маъшар-ал-чинни ва-л-инси а-лам-яътикум русулун минкум якуссуна алай-кум оёти ва юнзируна-кум ликоа явмикум хазо?», яъне «Эй тоифаи девон ва мардумон, оё наомаданд паёмбарон аз шумо, ки оёти маро бар шумо мехонданд ва огохатон мекарданд аз ин рузе, ки шуморо дар пеш аст?» (Сураи «Анъом», ояи 129).»

Тасодуф ин чост, ки кабл аз хондани ин ду чустор дар холи анчом додани пажухише дар бораи хирадманди бузурги садаи 20 Олберт Ойнштойн (Albert Einstein) будам. Аз ин марди хирад матлабе гирам омад, ки соли 1930 дар мачаллаи New York Times мунташир кардааст. Чустори пурмухтавое бо номи «Дин ва дониш». Дар поёни дебочаи ин навишта Ойнштойн менависад:

«Бад-ин гуна мо ба дарки чадиде аз робитаи дониш бо дин мерасем, ки аз тасаввури маъмулии он мутафовит аст. Замоне ки як фард ба ин казия аз зовияи торихй нигох мекунад, бино ба далоили равшан, моил аст дониш ва динро ду ракиби созишнопазир бидонад. Касе, ки ба конуни гайхонии сабабият (иллату маълул – причина и следствие) имон овардааст, кодир нест хатто барои як лахза ин андешаро бипазирад, ки хастие дигар дар чараёни руйдодхо дахолат дорад – мусалламан, агар ин фард фарзияи сабабиятро ба ростй чиддй бигирад. Ин шахс дини тарсу бимро бехуда медонад ва ба хамин андоза ба дини ичтимоъй ё ахлокй эътино намекунад. Худое, ки подошу подафрох (мукофоту мучозот) медихад, барои у кобили тасаввур нест, зеро икдомоти як фардро заруратхои берунй ва дарунй таъйин мекунад ва аз ин ру у наметавонад дар чашми Худованд масъули аъмолаш бошад. Рафтори у мушобехи рафтори ашёи ночунбое будааст, ки чараёне бар он ходис шудааст. Аз ин чост, ки илму донишро ба нодида гирифтани ахлок муттахам мекунанд, аммо ин иттихом шоиста ва мунсифона нест. Рафтори ахлокии як фард бояд ба таври корсоз мубтанй бар хамдилй, омузишу парвариш, равобит ва ниёзхои ичтимоъй бошад; ба пояи мазхабй ниёзе нест. Агар карор аст фарде бо тарси мучозот ва умеди подош пас аз маргаш махор бишавад, вокеъан холати низоре хохад дошт. Аз ин ру ба содагй метавон дарёфт, ки чаро маъбадхову калисохо хамвора алайхи илму дониш чангидаанд ва чонсупорони онро таъкиб кардаанд.»

Бузурге дигар, ки аз казо хамкори ман аст, чанде пеш ба зебойи гуфт: «Дар кишвархои мо ашё сайри табиъии худро тай намекунанд.» Дарки ин чумла тааммули зиёде намехохад. Хамин омехтагихои печопеч ва дар пилаи мазхаб рехтани донишу тафаххус аст, ки монеъ аз ин сайри табиъй мешавад. Аз як су зехни сусиёлистй водор мекунад, ки идеулужиро дар дониш биомезем. Аз суи дигар гирифторихои рузгор мардумро ба тахлукаи чустучуи чойгузине андохтааст. Ва он чойгузин тибки маъмул мазхаб аст. Дар ин миён дониш дар пардаи ибхом мемонад ва пушти садде, ки гузаштан аз он кори содае нест.