Showing posts with label peace. Show all posts
Showing posts with label peace. Show all posts

Wednesday, July 01, 2009

Tajikistan's War & Peace

Чанг ва сулх дар Точикистон

به دبيره پارسی

Рузи шанбеи гузашта дар Точикистон аз дувоздахумин солрузи поёни расмии чанги дохилй дар он кишвар тачлил шуд; чанге, ки панч сол тул кашид ва пас аз имзои паймони нихоии сулх дар Маскав хам пасларзахои маргбори он барои солхо идома дошт; чанге, ки дар чараёни он панчох хазор тан чон доданд ва сад хазор тани дигар бехонумон шуданд; чанге, ки нафаси чунбиши озодихохии Точикистонро дар хамон авони пайдоишаш буриду хафа кард.

Коршиносону сиёсатмадорон дар арсаи байнулмилал борхо аз поёни чанги Точикистон ба унвони улгуе барои поён додан ба дигар чангхои дохилй ёд кардаанд ва дар бораи ин чангу ангезахои он пажухишхои сутурге анчом додаанд. Тозатарин китобе, ки ба ин мавзуъ ихтисос дорад, дар остонаи дувоздахумин солрузи поёни чанг мунташир шуд, зери унвони баланди «Точикистон пас аз чанг; сиёсати сулхсозй ва пайдоиши низоми машруъ» ба калами Чон Хетершо (John Heathershaw) аз Донишгохи Экзетери Инглис.

Хетершо дар макотеъи мухталифе таи солхои 2003 то 2007 ба унвони мушовир ва пажухишгар дар таркиби созмонхои байнулмилалй дар Точикистон маъмуриятхое доштааст ва «Точикистон пас аз чанг» хосили тахкикоти у дар он солхост.

Чанг ва сулх дар Точикистон дар се фасли умдаи ин китоб зери унвонхои «Демукросй ва кудрат», «Амният ва хокимият» ва «Тавсеъа ва маъишат» ба таври окодемик баррасй шудааст.

Хетершо мегуяд, бо ин ки дар Точикистон сулх хукмфармост, фазои кишвар хамчунон «пасочангй» арзёбй мешавад. Харчанд чанге, ки дар соли 1992 огоз гирифт, расман дар соли 1997 поён ёфт, хушунатхои сиёсии кобили мулохизае то соли 2001 идома дошт. Акнун хеч фармондехи мустакилле бо афроди мусаллах бокй намондааст, ки кудрати давлатро ба чолиш бикашад. Дар натича, давлати кунунй, ки хамон давлати замони огози чанг аст, бо хеч неруи мухолифи чиддии низомй ё сиёсй мувочех нест. Поёни чанг ба Точикистон мачоле дод, ки то авоили дахаи 2000 ба рушди нисбии иктисодй даст ёбад.

Хетершо ангезахои чанги дохилии Точикистонро дар се буъд баррасй мекунад, ки нахустини он дар пажухишхои дигар сохибназарон хам ба каррот омадааст: махалгаройи ва талоши нухбагон (элита) барои ба даст овардани кудрат дар паи фурупошии Шуравй. Буъди дувуми он набарди идеулужики кумунистхо ё бозмондагони онхо бо исломихо, демукротхо ва миллигароёни точик унвон шуда. Ва саранчом, набарди кудрат миёни нухбагони вактро хам метавон далели огози даргирихо унвон кард; нухбагоне, ки бо истифода аз ду омили фавкуззикр, яъне таъаллукоти махаллй ва акидатии мардум, ба пайкори хамдигар рафтанд, ки дар натичаи он як махал ва идеулужии бахусус чира шуд.

Хетершо дар ин бахш аз китоби худ ба накши Русия ва Узбакистон дар огози чанги дохилии Точикистон ишора намекунад, аммо дар идомаи китоб додахои муфассалеро дар ин бора ироа кардааст ва ба накл аз манобеъе, аз хузури намояндагони хар ду кишвар дар чаласаи изтирории порлумон дар соли 1992 барои тагйири режим ривоят мекунад ва аз ин ки чи гуна нерухои низомии Русия ва Узбакистон дар чараёни чанги дохилии Точикистон мустакиман даргир буданд.

Хетершо менависад:

«Мудохилаи хоричй нахуст хушунатхои бештарро доман зад ва шаклу шароити низоъро тагйир дод; сипас, ба вижа пас аз соли 1996, тарафхои даргирро ба инъикоди сулх ташвик кард.»

Ба бовари вай, зухури Толибон дар Афгонистон буд, ки хам Русия ва хам Эронро водошт, то тарафхои мутахосимро канори хам оваранд. Хетершо мегуяд, ки пас аз соли 1996 Русия сулхсозиро чойгузини «таъаххуди бекайду шарт» ба давлати Рахмон кард, аммо хамчунон мекушид дар паймони сулх бартарии давлат бар мухолифон хифз шавад.

Дар ин миён созмонхои байнулмилалй хам талош мекарданд сулхи навпоро таквият кунанд ва мизони кумакхои хоричй ба Точикистон дар паи имзои паймони сулх башиддат афзоиш ёфт. Ба гунае, ки дар соли 2001 хабдах дарсади даромади нохолиси миллии кишварро кумакхои хоричй ташкил медод.

Ба бовари Хетершо, созмонхои хоричй бо таваккуъоти мутафовит аз хостахои давлати Точикистон ин кумакхоро ироа мекарданд ва интизор доштанд, бо тарвичи демукросй ва эчоди чомеъаи маданй ангезахои умдаи огози чангро барои хамеша бизудоянд. Хетершо мегуяд:

«Чомеъаи байнулмилалй бо бардоште мутафовит аз мафхуми хукуматдорй ба давлат кумак мекунад, дар холе ки давлати Точикистон ба дунболи хадаф ва иде(я)-и дигарест. Маъмулан чомеъаи байнулмилалй намехохад ин хакикатро бипазирад, ки бо кумак кардан ба давлат ва хамкорй бо он коре дар заминаи интиколи мафхуми либерол ва демукротики «хукуматдорй» ба Точикистон накардааст. Коре, ки чомеъаи байнулмилалй анчом медихад, дар вокеъ, химоят аз хокимият (суверенитет)-и Точикистон аст. Ин кумакхо ба Точикистон имкон медихад дар арсаи байнулмилалй вачхаи як кишвари мустакилро дошта бошад, ки ба намояндагй аз мардуми худ амал мекунад. Бад-ин гуна, чомеъаи байнулмилалй хам дар фарохтар шудани шикофи миёни «мафхуми хукуматдорй» (state idea) ва «дастгохи хукуматй» (state system) дар Точикистон сахм мегирад. Ва ба мардум ин тасаввурро медихад, ки давлат вокеъан тавонманд аст ва метавонад аз онхо намояндагй кунад ва аз хокимият ва эхтироми байнулмилалй бархурдор аст. Дар айни хол, чомеъаи байнулмилалй наметавонад бо мушкилоте аз кабили фасоди молй ва хешовандсолорй дар давлати Точикистон мукобила кунад.»

Хетершо муътакид аст, ки миёни «мафхуми хукуматдорй» ва «дастгохи хукуматй» дар Точикистон тазодди фохише хаст. Ба гуфтаи вай, «мафхуми хукуматдорй» барои нухбагони хокими Точикистон, раиси муктадирест, ки ба шеваи сарвари як хонадон рахбарй мекунад. Худи макомоти кишвар борхо Точикистонро ба як хонадони бузург ташбех кардаанд, ки холати падарсолорй дорад. Раисичумхурй тачассуми давлат ва як хокими солех аст. Вале тачрубиёт ва бархурди, масалан, як сарбоз дар хидмати низом-вазифа, ки аз камхурокй, бадрафтории фармондехон ва шароити бади зиндагй озор мебинад, тасаввури у аз ин мафхумро махдуш мекунад. Дар холе ки чавони дигаре, ки дар давлат хешовандон ё пайвандхое дорад, аз ин озору азият масун аст.

Хетершо мегуяд:

«Агар Точикистонро як хонаводаи бузург ба хисоб оварем, бояд гуфт, ки ин хонавода нокоромад аст ва падари хонавода бо аъзои он бархурди хамсон надорад.»

Хетершо интизори вукуъи тахаввулоти умда дар Точикистонро надорад. Аммо дар айни хол муътакид аст, ки авомили аслии огози чанги дохилй дар ин кишвар хамчунон сари чои худ бокист.

«Точикистон пас аз чанг» як китоби окодемик аст, ки умдатан донишпажухон ва сохибназарони улуми сиёсиро мухотаб карор додааст.


John Heathershaw
Post-Conflict Tajikistan
Routledge 2009
224p; £80


ПС: Аз дусти хубам Манучехр сипосгузорам, ки хабари интишори ин китобро ба ман дод, ки дар паи он хам китоб ва хам нависандаи онро пайдо кардаму ин матлабро навиштам. Гуфтугуи муфассал бо нависандаи китоб, ки шуниданй буд, баъдан чоп хохад шуд.

Monday, June 29, 2009

I Dream of Peace

Дар орзуи рузи сулх

Дар Точикистон аз поёни ду чанг дар ду руз тачлил мекунанд: 9 май ва 27 жуан (июн).

Дар чашни нахуст мегуянд: «Хеч кас ва хеч чиз фаромуш нашудааст». Аммо дар чашни дуюм вонамуд мекунанд, ки хама кас ва хама чизи марбут ба чанг фаромуш шудааст, то мабодо кинахои дерин тоза шавад ва гилояхои пешин ба забон ояд.

Дар чанги нахуст Точикистон катрае аз дарёи чахонй буд ва дар чанги дуюм – конуни оташсузй. Дар чанги нахуст чузъе аз баданаи бозигаре умда буд; дар чанги дуюм – дастухши бозигарони умдаи минтакайи. Дар чанги нахуст дар хайъати пирузмандон зохир шуд; дар чанги дуюм, бо вучуди поёни нисбатан сареъи он, кишвари мо дар кул як бозанда буд ва бо бисоти парешонаш дар баробари ояндае мубхам карор дошт. Чанги нахуст «чахонй» буд; чанги дуюм – «махаллй» ва «дохилй». Аз ин ру тарчех медиханд хар кас ва хар чизи марбут ба чанги нахустро ба ёд дошта бошанд ва хар кас ва хар чизи марбут ба чанги дуюмро фаромуш кунанд.

Албатта, мухимтарин далели ин ричхон чизе дигар аст: сардамдорони кунунии давлат савор бар мавчи хунини хамон чанг руи кор омадаанд ва ин хакикат бар вачхаю эътибори давлат намеафзояд. Давлат моил аст бо тазъифи хофизаи чомеъа аз чанги «дохилй» тасвири дигаре ба даст дихад, онро ба дилхохи худаш тарсиму рангомезй кунад, бозигарону бозичахоро ба дилхохи худаш дар майдони набард бичинад ва бадсиголону некандешони он корзорро худаш таъйин кунад.

Чаласахои гиромидошти сулхи соли 1997 беш аз пеш ба чашнхои такриму ситоиши танхо яке аз тарафхои чанг табдил мешавад, ки дар вокеъ, чун тарафи мукобили худ бозичаи бозигарони умда буд, ки руи сандалихои гарму нармашон дар Кремлину Тошканд руйдодхоро чараён медоданд. Дар поёни ин чанги, ба истилох, дохилй хамин тараф худро пируз пиндошт, ки хиёле беш нест. Дар поёни ин чанг саркардаи «пирузмандон» унвони Кахрамони Миллии Точикистонро ба худ ихтисос дод ва ба саркардагони гурухи «ёгй» амлоки гайриманкуле дод, то ором бигиранд ва даст аз сиёсат бардоранд. Хадиси «30 дарсад сахмияи мухолифон дар давлат» барои хамеша дар сатхи як хадис бокй монд ва харгиз амалй нашуд ва охиста-охиста, мисли дигар хакикатхои он чангу сулх аз ёдхо рафт, то баъдан аз зери губори нанг берун ояд, ки фурсати он то кунун фаро нарасидааст.

Ба хамон андоза, ки чанги дохилии Точикистон тахмилй буд, сулхаш хам тахмилй буд. Дар ин ки поёни чанг ба манфиъати кулли чомеъа буд, шакке нест ва касе он рузхои сахтро хатто ба душманаш орзу намекунад. Аммо вокеъият ин аст, ки мо бо дасисаи бегонагон ба чони хамдигар даруфтодем ва нахустин сафхахои китоби истиклолро бо ранги нанг олудем ва хамин тавр зери фишори бегонагон, ки зехнашонро дигар Толибон ба худ машгул карда буданд, ба ин чанг поён додем. Ихтиёри огозу поёни чанг бо мо – кавми нотавону ранчур ва пора-пораи точик набуд. Ононе, ки дар миёни мо тафрика андохта буданд, хукумат мекарданду мекунанд.

Сулхе, ки хама хостораш буданд, омад. Аммо интизори нерухои равшани чомеъа ин буд, ки ин сулх заминахои чангро пок бизудояд. Сулхе бошад, ки бахонаи чангро аз дасти хамаи нерухо, аъам аз дохилию хоричй, бирабояд. Чомеъаро огох кунад, то дубора дастхуши бегонагон карор нагиранд ва аз хукуку тавоноихои худ ба унвони як шахрванд ва як кишвари мустакил вокиф бошанд; дасти истибдодро кутох кунад ва як чомеъаи маданй шакл дихад, то аз ин ба баъд мушкилоту суитафохумхо дар додгох халлу фасл шавад, на дар майдони чанг; озодихои маданиро арзонй бидорад, то бахонае барои бурузи хушунат бокй намонад; чилави рушди махалагроиро бигирад, ки бо тамассук бад-он бегонагон аз мо истифодаи абзорй карданду мекунанд.

Танхо бо ичрои ин икдомхо буд, ки мешуд пойбасти устуворе барои сулхе пойдор дар кишвар сохт ва заминаи пешрафту шукуфоии чомеъаро фарохам кард. На аз рохи хафа кардани садохои мухолиф, саркуби ракибони сиёсй, махдуд кардани озодихое, ки бе он хам махдуд буд, шакл додани кеши шахсияте, ки буи ганди истибдод медихад, такаллуби оро дар интихобот, тахмили тагйироти бемантик дар Конуни Асосй, даст бурдан дар байтулмол ва горати дороихои мардум, адами таваччух ба омузишу парвариш ва саводзудоии фарогир, ки мушохида мешавад.

Ин заминаро хамин холо хам мешавад сохт. Он гох метавон рузи сулхи ростинро хар руз чашн гирифт.

Tuesday, December 23, 2008

Reza's War with Cave-dwellers

Чанги Ризо бо горнишинон

به دبيره پارسی
Ризо Диккатй дар садри торнамои Вебистонаш ин бовари шахсиашро навиштааст:

«Чахон майдони диди мост. Мо ровиёни достонхои навъи башаре хастем, ки фарханге муштарак дорад. Ривояти мо васфи холи лахазоте аз зиндагист: аз чанг то сулх, аз касоват то шеъру шуъур.»

Муассисаи National Geographic намунахое аз сй сол кори Ризо ва дурбини уро дар таи ду сол аз миёни ним милюн китъа акс аз саду дувоздах кишвари чахон гулчин карда ва дар китоби хачим ва катуре тахти унвони «Ризо, чанг ва сулх» мунташир кардааст.

Ризо Диккатй муътакид аст, ки «дар чахони карни бисту якум як забони навини байнулмилалй по мегирад, ки хамин забони тасвир аст ва мо – тасвиргарон аз зумраи касоне хастем, ки алифбои корро ёд гирифтаем.» Ризо талош мекунад бо истифода аз ин алифбо инсонхо ва фархангхоеро ба мо нишон дихад, ки даргири чангхои хунинанд, то умки фочеъаи нобудии инсонхо ва фархангхои зеборо дарк кунем.


Ризо мегуяд:

«То инсон як чизро дуст надошта бошад, наметавонад аз он дифоъ кунад. Агар ман чангро нишон медихам, барои ин аст, ки дар дилу зехни мардум аз чанг нафрате ба вучуд биоварам. Чун ба бовари ман, чанг хануз яке аз аъмоли бисёр бадавии инсони горнишин аст.»

Вале мо, ки дигар аз горхо ба осмонхарошхо расидаем, чаро хануз шохиди чангу вайронихои башарй хастем?

Ризо ба ин пурсиш хам посухе дорад:

«Мо саду панчох хазор сол дар гор зиндагй кардем ва хамдигарро куштем ва гушти хамдигарро хурдем. Холо чи тавр метавон интизор дошт, ки он одати дерина ба якборагй аз зехну шуъури хамаи насли башар зудуда шавад?»

Ризо бо диде равшан ба ояндаи дур мегуяд:

Пас аз чанд насл башар ба чое хохад расид, ки ин чумларо дар китобхои торих хохад навишт: «Замоне буд, ки ачдоди мо ончунон вахшй буданд, ки тонку тупу гулула месохтанд, то хамдигарро бикушанд; аммо он замон дигар сипарй шудааст.

Ин орзуро дар чашми бисёре аз кахрамонхои осори у метавон хонд. Он духтараки чашмобию мубури рустойи дар Афгонистон бо рухсори олуда, он завчи логару такидаи офрикойи, ки як финчон чойро бо хам кисмат мекунанд, ва он кудаки саргардон дар урдугохи Кунгу – хама тачассуми ин орзу хастанд.

Чехраи кабехи чанг хам дар китоби Ризо худнамойи мекунад: часадхои парешон дар як чоддаи Афгонистон ва обире, ки аз канори онхо мегузарад; модаре, ки вопасин лолоиро ба гуши писари бечонаш шеван мезанад; тонки девонае, ки бепарво навнихолеро зери чарххояш мегирад... Ва хамаи ин тасвирхоро тафсирхое аз худи Ризо хамрохй мекунад.


Достони так-таки ин аксхо хонданист. Дар канори акси Ахмадшохи Масъуд, ки як даст ба пешонй дорад ва самимона механдад, мехонем:

«Масъуд пас аз судури дастурхои кудбандишуда барои анчоми як хамла алайхи Толибон нишаста буд, ки китоб бихонад. То аз рох расидам, уро гарки мутолеъаи мачмуъаи ашъори «Фуруги умед» дидам, ки дар дарраи Панчшер мунташир шуда буд. Дар сукуни он шаби мохи рамазон шеърхонию сухбатхои мо ба мо кумак кард, то касовати чангро фаромуш кунем.»

Дар хошияи бархе аз аксхои огози китоб суханони бузургоне чун Мавлавй, Саъдй ва Гондй омадааст. Сарбозони хавловари турк, шенелхои чармй ба тан ва кулоххуд (каска)-хои обии баррок бар сар, бо туфангхои худ ба осмон нишона рафтаанд. Милахои туфангхо бо гулдаста (манора)-хои масчид мувозист ва дархам омехтааст Хар ду хам ранги тира доранд. Дар хошияи ин акс мехонем: «Харгиз хилофи амри виждони худ кореро анчом надех, хатто агар давлат бихохад. Олберт Ойнштойн – Albert Einstein.”

Бори маъноии суханони худи Ризо Диккатй низ ки дар дебочаи китоб омадааст, андак нест:

«Ба бовари ман, тамоми торикии чахон кодир нест равшаноии як шамъи кучакро бизудояд.»

Ризо хамчунин муътакид аст, ки вазифаи у ва дигарон бояд фурузон нигох доштани хамон манбаъи равшанойи бошад.

Матни зер порае аз тавсифи Себостиян Юнгер (Sebastian Junger) аз шахсият ва кору кушиш Ризо Диккатист, ки дар огози китоби «Ризо, чанг ва сулх» мунташир шудааст:

«Ризо аккоси бузургест, зеро у дар так-таки афрод кулли башариятро мебинад, чун у аз тарики линзи дурбинаш онхоро ба хубй омухтааст. Руи дигари ин андеша, ки ба хукми сарнавишт мо метавонистем ба содагй дар чои панохандагони афгон карор бигирем, ин аст, ки онхо хам метавонистанд дар чои мо бошанд.

Манзури ман ин аст, ки фасод ва хушунати чахони фурудаст (ру ба тавсеъа) фитрй ё зотй нест. Кори дасти торих аст. Тангдастй ва беъадолатй, ки монанди гиёхе марговар дар он чо нумувв мекунад, ба хамон осонй метавонад дар Гарб хам реша бидавонад. Чаро ки на? Шояд пас аз чанд насл чахони фурудаст битавонад неру ва дороии Бохтарзаминро ба даст оварад. Хеч конуни табиъие вучуд надорад, ки вукуъи ин эхтимолро нафй кунад.

Аз ин ру, вакте ки Ризо ба як чавон дар Афгонистон ё Руондо ё Миср ё сарзаминхои фаластинй нигох мекунад, уро ба чашми махсули як чахони валангор намебинад. Балки дар симои он чавон намояндаи билкувваи як чахони бехтарро мебинад.

Пас аз сукути Кобул ба дасти Эътилофи Шимоли Афгонистон Ризо марказеро барои парвариши рузноманигорони чавон дар он чо рохандозй кард. У ин икдоми худро ин гуна тавзех дод: дастёбй ба озодии иктисодй бидуни озодии сиёсй номумкин аст ва касби озодии сиёсй бидуни озодии матбуъот хам номумкин аст. Аммо барои даст ёфтан ба озодии матбуъот бояд мафхуми дакики рузноманигории мудерн ба як нас аз мардуми Афгонистон муъаррифй ва тадрис шавад.

Бад-ин хотир, замоне ки нерухои омрикойи ва диагр нерухои эътилоф дар саросари Афгонистон кумак тавзеъ мекарданд ва мувозиби амнияти кишвар буданд, Ризо сохтмонеро дар шахри Кобул ичора кард ва ба парвариши насли навини рузноманигорони дар Афгонистон пардохт.»

Созмони «Оина», ки Ризо Диккатй поягузори он аст, хамчунон дар Афгонистон фаъъол аст ва ба таври муназзам мачаллаи рангин ва нафисеро бо номи «Парвоз» мунташир ва дар миёни кудакон ва навчавонони он кишвар ба сурати ройгон тавзеъ мекунад.


Ризо Диккатй соли 1952-и мелодй дар шахри Табрези Эрон ба дунё омад. Вай фориг-ут-тахсили риштаи меъмории Донишгохи Техрон аст. Таи сй соли ахир Ризо Диккатй дар хорич аз Эрон ба сар мебарад ва тобеъияти Фаронсаро дорад.