Saturday, October 29, 2016

Шаҳри моро дубора бояд сохт

Шаҳри моро дубора бояд сохт,
Нардро инчунин набояд бохт.

Шаҳри мо маъмани ҷаҳоне буд,
Баҳри ъилму ҳунар чи коне буд!

Ъилми Суқроту калбиюну дигар,
Тиббу алҷабру аз кибору сиғар,

Ҳар чи буда, даруни мо мебуд,
Зарраҳояш ба хуни мо мебуд.

Ин ҳаюлои шуда роёна,
Ҳосили ъилми мост, ҷонона.

Ин тамошои телевизйунӣ,
Шабаҳи эътиёди афйунӣ,

Созае аз табори Хоразмист,
Ҳосили корубори Хоразмист.

Мавҷҳои тамоси ин телефун,
Бозгардад ба раги ин сару бун.

Хонаи мо дили ҷаҳонӣ буд,
Дасти мо ядди рабби сонӣ буд...

Шуму беофият замона расид,
Деви бемағфират ба хона расид.

Ъилму андеша гурезон шуда бас,
Чашмҳо лонаи афғон шуда бас...

Шаҳ-равони ҷаҳони гарданда,
Шому рӯзи хури дурахшанда,

Шоҳиди қиссаҳои мову шумост,
Монеъи ғуссаҳои мову шумост.

Дил қавӣ дор, ки боз оем мо,
Аз нишебе ба фароз оем мо.


***



28.11.2013

Шаҳре, ки шоҳаш гадо бошад,
Қаҳр аст... Нишонаи қаҳрест осмонӣ.
Баҳрест обистани сад тӯфон,
Маърака аст
Миёни майдоне, ки фардо дастҳо бар он хоҳанд руст.
Дастҳои барафрошта ба дуъо
Мушту панҷа хоҳанд шуд
Ва хоҳанд дарид

Шаҳреро, ки шоҳаш гадо бошад...

Sunday, September 11, 2016

Шодбоши орзуи истиқлол

Шукӯҳу ъазамати гиромидошти 25-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон хиракунанда буд. Беш аз 52 ҳазор донишомӯзу донишҷӯву корманди ниҳодҳои давлатӣ дар он ширкат карданд ва болиғ бар 16 ҳазор сарбозу афсар дар ин маросим режа рафтанд. Бархе аз ширкаткунандагон пероҳанҳое ба тан доштанд, ки тасвири раисиҷумҳурро бар синаашон нишонда буд. Тамошои ин маросим касро ба ёди режаҳои Шӯравӣ меандохт, ки бихоҳӣ-нахоҳӣ, бояд дар он ҳузур меёфтӣ ва шиъор медодӣ. Самимият дар ин маросим тухми ъанқо буд.

Ман аз ҷумлаи касоне ҳастам, ки аз самими қалб Тоҷикистонро мустақил мехостам; дар давроне, ки истиқлолхоҳии як тоҷик хиёнат ба “Ватанам СССР” маҳсуб мешуд. Ва ҳамчунон шодам аз ин ки саранҷом ба ҳар далеле он “иттиҳод” (бихон “импротурӣ”)-и манҳуси истибдодӣ фурӯ пошид ва Тоҷикистон дастикам баном мустақил шуд. Бими ман аз рӯзест, ки дар миёни ҳамин издиҳоми даҳҳо ҳазорнафарӣ ҳамапурсии доштан ё надоштани истиқлол анҷом бигирад. Тарси ман он аст, ки бештари ин афрод ба набуди истиқлол ва ба тан супурдан ба Кремлин раъй бидиҳанд. 25 соли истиқлол Тоҷикистонро ба дарюзагаре табдил кард, ки мавҷудияти худро бидуни Русия ва бозори кори онҷо, бидуни забони русӣ ва расонаҳои онҷо тасаввур намекунад.

Дар 25-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон суханварони бузургу сутурге доди сухан доданд, ки бо шумори андаке аз онҳо ҳамсӯ ҳастам. Истиқлоли кишварамро ҳамчунон муфт ва иттифоқӣ медонам (Агар чунин набуд, мухолифони истиқлол рӯи кор намеомаданд ва имрӯз ҳам орзуи эҳёи Шӯравиро дар сар намепарварданд.) Касе ҷуз Тоҳири Абдулҷабборро меъмори истиқлоли сарзаминам намедонам. Ва истиқлоли меҳанамро, ҳатто бо гузашти 25 сол аз эъломи он, сӯрӣ ва намодин медонам, на ростин.

Истиқлоли Тоҷикистон замоне фаро мерасад, ки битавонад ба истиқлоли иқтисодӣ аз Русия даст ёбад, барои садҳо ҳазор тан муҳоҷири бехонумон дар сарзаминашон фурсатҳои шуғлӣ биофаринад, ъатои пойгоҳи низомии хориҷиро ба лиқояш бибахшад, номи ростини забони миллии Тоҷикистон (порсӣ)-ро расмӣ кунад ва ба дабираи худии забони миллии Тоҷикистон (порсӣ) баргардад. Танҳо он замон метавон раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳампову ҳамтои Путин донист ва Тоҷикистонро шарики ҳамсанги Русия.

Ба расми ин ҳама солҳое, ки гузашт, орзуи истиқлолро ба ҳаммеҳанонамон шодбош мегӯям.

Saturday, August 06, 2016

"Чиро вориди баҳсҳои мазҳабӣ шудаӣ?"

Бархе аз дӯстон мепурсанд: Чиро вориди баҳсҳои мазҳабӣ шудаӣ?
Ман дар посух мегӯям: Кадом баҳсҳои мазҳабӣ? Ҳар он чи то кунун буда, марбут ба ҳуқуқи башар ва ҳақиқати ҳол аст.

Сароғози достон ин буд, ки бархе аз ҳаммеҳанони мо бо шӯру шарар аз ҳиҷоби иҷборӣ дифоъ карданд. Ман на мухолифи ҳиҷобам ва на ҳаводори он. Ва ҳар он чи гуфтам, дар ҳамин росто будааст. Пӯшиши касе дигар наметавонад кӯчактарин рабте ба ман (ва ҳамчунин ба хонандаи ин сатрҳо) дошта бошад. Пӯшиш як масъалаи комилан фардист, на ҷамъӣ.  Ва боъиси таассуф аст, ки дар бораи пӯшиши бонувон дар Тоҷикистон бештар мардон изҳори назар мекунанд (ва ғолибан, изҳори назари таҳмилӣ) ва гӯшашон бидеҳкори ҳарфи касоне нест, ки қарор аст дар бораи либоси худашон тасмим бигиранд. Аз ин ҳақиқат ҳам наметавон гурехт, ки аксарияти аъзами занон дахолати мардон дар наҳваи пӯшиши онҳоро намеписанданд ва онро навъе ситам медонанд. Пас ин ситам бояд муҳор шавад.

Ба ҳаводорони иҷбору таҳмил кӯчактарин эҳтироме надорам. Ҳаминҳое, ки имрӯз аз талоши мақомҳо барои таҳмили дидгоҳҳои худ ҷеғу фарёд сар додаанд, аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки аз таҳмили ҳиҷоб бар занон дифоъ мекунанд. Таҳмил, дар ҳар шаклу сурате ҳаром аст. Ҳатто ҳиҷоби таҳмилӣ ҳаром аст, агар он бону хостори доштани ҳиҷоб набошад. Таҳмилу иҷбор дар ҳар коре ҳаром аст, магар ин ки тараф ба дарки дурустии анҷоми он кор мустақиллан расида бошад.

Кашфи ҳиҷоб ҳам ба ҳамин андоза зишту ҳаром аст. Агар бонуе хоҳони доштани ҳиҷоб бошад, кашфи иҷбории он мутмаиннан ҷурм ва гуноҳ аст...

Хулоса, ин баҳс ба ҳитаи баҳсҳои мазҳабӣ кашида шуд, аммо касоне, ки барои дигарон таъйини таклиф мекарданд, тарафи муқобили мо буданд. Ва он чи мо мегуфтем, сирфан марбут ба риъояти ҳуқуқи башар буд.

Баҳсҳо чунон доман густард, ки шомили ҳоли вазъияти феълӣ дар кишварҳои исломӣ, бавежа Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд. Бархе аз мубоҳисонам беибо дурӯғ гуфтанд, ки иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Эрон бамаротиб муваффақтар аз иқтисоди Эрони Паҳлавӣ будааст. Ин дурӯғҳо боъиси гусастагии риштаи дӯстӣ миёни мову онҳо шуд. Дурӯғ ъумре надорад ва ин яке билофосила ба поёни ъумраш расида буд.

Омори Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон собит кардаанд, ки аз 37 сол пеш бад-ин сӯ, яъне аз замони барқарории Ҷумҳурии Исломӣ то кунун, Эрон рӯи шукуфоии иқтисодиро надидааст, чи бирасад ба расидан ба оҳанги рушди иқтисодии Эрони Паҳлавӣ.  Эрони исломӣ дучори таҳримҳои миёншикани байнулмилалӣ ҳам будааст, ки боз ҳам ҳокӣ аз сӯимудирият (мудирияти бад)-и масъулони режими исломии Эрон аст.

Ин баҳс ҷилавтар рафт ва вориди ҳитаи эъдомҳо шуд. Ҳамонҳое, ки дар сӯги кушта шудани шиъаҳо дар Ъарабистон нишаста буданд, аз эъдоми сунниҳо дар Эрон хушҳол буданд. Ва ҳамонҳое, ки марги шиъаҳо дар Ъарабистонро ҷашн гирифтанд, аз эъдоми сунниҳо дар Эрон сӯгвор буданд. Ҳамонҳое, ки аз эҳтимоли бозгашти ҳукми эъдом ба қонунҳои Туркия ҳимоят мекарданд, аз эҳтимоли иҷрои ҳукми эъдом дар Тоҷикистон гилоя доштанд...

Як навъ риёву дурӯӣ дар ин хостаҳову нахостаҳо нуҳуфтааст. Вагарна кӯдак ҳам мефаҳмад, ки он чи бар худ намеписандӣ, бар дигарон ҳам написанд... Ва дубора афроди мутаъассиби мазҳабие вориди баҳс шуданду гуфтмонро ба самти дину мазҳаб кашиданд.

Агар ба Худо имон доред, бовар дошта бошед, ки танҳо Худост, ки он ъумри додаашро мегирад. Агар тарафдори ҳиҷобед, худатон онро бар сару тан кунед ва коре ба дигарон надошта бошед. Агар зан нестед, гӯшбазанги назари занон бошед ва ҳеч навъ пӯшишро бар занон таҳмил накунед, ки гуноҳ аст. Агар Ҷумҳурии Исломии Эронро намунаи шукуфоии иқтисодӣ медонед, далел оваред...

Фақат умедворам, ки ҳамаи ин баҳсу бигӯ-магӯ ба саранҷоме матлуб бирасад ва ҳамагон (пештар ҳам гуфта будам) даст ба кору дил ба ёри худашон бошанд.

Monday, July 18, 2016

Чи касе пушти "кудетои нофарҷом"-и Туркия истодааст?

Дар посух ба дӯсте, ки назари шахсии маро дар бораи "кудетои нофарҷом"-и Туркия ва ин ки Ғарб то куҷо дар он даст доштааст, ҷӯё шуд.
Ончи инҷо мегӯям, на ба ъунвони хабарнигор ё корманди ҷое, балки ба ъунвони як тоҷики маъмулии нозири рӯйдодҳост.
Ман сидқан хушнудам, ки кудетои Туркия ноком шуд; агар баростӣ кудетое дар кор будааст. Кудето ҳаргиз роҳи ҳал набуда ва нест.
Аз диди ман, ҳар кишваре бояд аз роҳе, ки мардуми худаш интихоб кардаанд, бигзарад, то ба ҷое бирасад, ки ҳамагон толибаш ҳастанд. Базӯр ҳеч ҷомеъаеро намешавад ба як бистар ё масири мушаххас андохт.
Туркия дар ҳоли гузор аст. Ва ҳар ъомиле, ки ҷилави ин раванди гузорро бигирад, Туркияро барои чандин даҳа ба ъақиб меронад. Ва ҳамин рӯйдодҳо дубора такрор хоҳанд шуд.
Масалан, кудетои низомӣ дар Миср рӯйдодҳои сиёсии он кишварро барои даҳаҳо ба таъвиқ андохт. Миср дубора Ҳуснӣ Мубораке хоҳад ёфт ва пас аз солҳо Мурсие хоҳад омад ва ин достон дубора такрор хоҳад шуд, то мардум роҳеро, ки дуруст медонанд, бипаймоянд, аз ҳукумати ъақидатӣ безор шаванд ва роҳи мардумсолорӣ (демукросӣ)-ро пеш бигиранд.
Ман кӯчактарин боваре надорам, ки кудетои нофарҷоми Туркия кори дасти Омрико ё Ғарб бошад. Туркия ҳампаймони Ғарб дар НОТУ-ст ва кишварҳои НОТУ ба ҳеч рӯй хоҳони бесарусомонӣ дар онҷо нестанд.
Ин ба он маъно нест, ки кишварҳои ғарбӣ даст ба чунин саҳнасозиҳое ҳаргиз назадаанд. Балки ба он маъност, ки Ғарб дар ин кор манфиъате надошт. Ва агар баростӣ кишварҳои ғарбӣ пушти он буданд, кудето чунин ношиёна ва бе омодагӣ ва сатҳӣ сурат намегирифт.
Дар миёни касоне, ки даст ба кудето задаанд, фармондеҳони аршади Артиши Туркия набуданд, Ардуғон комилан озод буду изҳори назар мекарду мардумро ба қиём фаро мехонд, ҳеч як аз аҳзоби мухолиф аз кудето ҳимоят накард... Хулоса, кудето дар ҳамон оғоз ноком ҷилва мекард.
Баръакс, ин кудетои нофарҷом ба Ардуғон дасту боли бозтаре дод. Ӯ мехоҳад базудӣ Қонуни Асосии ҷадидеро ба раъйи мардум бигзорад ва дар он Қонуни Асосӣ раисиҷумҳур (ки феълан Ардуғон аст) ихтиёроти иҷроии бамаротиб бештаре хоҳад дошт. Ҳамин ҳоло раёсати ҷумҳурӣ дар Қонуни Асосии Туркия ҳолати ташрифотӣ (“протокольный”) дорад ва нахуствазир раиси қувваи иҷроия ба шумор меояд. Акнун Ардуғон бо такя бар ин кудетои нофарҷом метавонад нақшаи худашро пиёда кунад ва Туркияро аз низоми порлумонӣ ба низоми раёсати ҷумҳурӣ савқ диҳад.
Аз сӯи дигар, вокуниши Ардуғон ба ин кудетои нофарҷом ба таври боварнакарданӣ сареъ буд. Ҳанӯз 24 соъат нагузашта, мебинем, ки давлати Туркия ҳудуди 2800 қозиро аз кор барканор карда, беш аз 2800 нафар аз нерӯҳои артишро боздошт ва 5 женеролро таълиқ кардаанд. Феҳрести номҳои ин ҳама қозию сарбозро читавр ба ин зудӣ таҳия карданду ба ҳисобашон расиданд?
Фатҳуллоҳ Гӯлан, рақиби аслии Ардуғон, гуфта, ки шояд раисиҷумҳурии Туркия ъамдан барои анҷоми тарҳи “раёсатӣ” кардани низоми кишвар ва боздоштҳову муҳoкимоти тоза даст ба таҳияи як чунин намоишномае зада бошад.
Дар ин ваҳла наметавон ҳеч як аз ин иддиъоҳоро таъйид ё такзиб кард. Аммо пайдост, ки Ардуғон башиддат хушҳол аст ва онро "мавҳибати илоҳӣ" медонад, то ба поксозиаш идома диҳад ва ҳатто шояд ҳукми эъдомро ба қонун баргардонад ва ба ҷомеъаи тутолитери мавриди назараш чанд гоми дигар наздиктар шавад.
Куллан, ман мухолифи тавтеапиндорӣ (“теория заговора”) ҳастам ва бар ин боварам, ки ҳар ранҷу ганҷе, ки миллат мебинад, сирфан аз дасти худаш аст. Ҳатто агар касоне хостаанд аз миллат истифода ё сӯиистифода кунанд, боз ҳам ба сатҳи шуъури оҳоди миллат бармегардад.

Saturday, July 16, 2016

ТАҲАММУЛИ ДИДГОҲҲОИ ҲАМДИГАРРО БИОМӮЗЕМ

Ё айюҳаннос, ё аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон!
Бидонед, ки инсонҳо дар масоили гуногун дорои дидгоҳҳои гуногун ҳастанд ва қарор нест, ки ҳамагон муҳтавои мағзи шуморо дошта бошанд ва ҳамонанди шумо биандешанд.
Бидонед, ки баҳсу мунозира як амри табиъӣ аст ва мубоҳиси Шумо илзоман қасди ҷони шуморо надорад; чи басо дӯсти шумо бошад ё аз шумо кӯчактарин шинохте ҳам надошта бошад ё нахоҳад, ки дошта бошад.
Аз мубоҳисони худ сирфан интизори таъйиди назари худро надошта бошед ва аз онҳо наранҷед, агар суханашонро бар пояи усули мантиқӣ ва омору арқом ё мадраку санад тарҳ кардаанд.
Аз худатон гилоя дошта бошед, агар бидуни омодагӣ вориди баҳс шудаед.
Агар дар мавриди анҷоми баҳсе эътимод ба нафс ва омодагии лозимро надоред, танҳо бо такя бар бовар ё эътиқоди худ вориди баҳс нашавед. Баҳсҳое аз ин даст ба истидлоли мантиқӣ, асноду мадорик ва омору арқом ниёз дорад.
Агар баҳсеро оғоз кардаед, дидгоҳҳои мухолифи худатонро аз он ҳазф накунед, ки аз зишттарини аъмол аст, балки ба дур аз ғараз дар мантиқи он дидгоҳ биандешед. Шояд ончи мегӯяд, маъқултар аст ва Шуморо аз гумроҳӣ наҷот диҳад.
Агар фикр мекунед, он чи мегӯяд ғалат аст, хуб биандешед, ки эроди он назар чист. Оё танҳо эроди он назар ноҳамхонӣ бо дидгоҳи Шумо аст? Пас он дидгоҳ эроде надорад.
Ба ҷои ҷустани далел барои бовари худ бикӯшед боваратон мубтанӣ бар далоил бошед. Яъне нахуст бояд далелҳое дар ихтиёр дошта бошед, то бар мабнои он бовари худро шакл диҳед.
Ё айюҳаннос, аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон!
Он чи барои худ меписандӣ, барои дигарон ҳам биписанд ва он чи барои худ намеписандӣ, барои дигарон написанд! Агар аз лаҳни тунди касе озурда мешавӣ, бидон, ки ӯ ҳам метавонад тундтар аз ту бар ту битозад. Агар ҳазфи дидгоҳатро нақзи ҳуқуқи фейсбукиат медонӣ, бидон, ки ҳазфи дидгоҳи касе дигар ҳам ӯро барошуфта мекунад. Магар ин ки дидгоҳат душномолуда бошаду чиркин ва мустаҳаққи ҳазф шудан.
Ё айюҳаннос, аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон, таҳаммули дидгоҳҳои ҳамдигарро ёд бигиред ва ба дигарон ҳам ёд диҳед!
Ё ҳу!
(Сурӯши Фейсбукӣ)

Тавбафармоён

Тавбафармоён чиро худ тавба камтар мекунанд? Пурсишест, ки шояд то қиёмат ҳам посухе барояш пайдо нашавад.

Ва аммо маҷбур шудам посухам ба иддиъои яке аз рӯзноманигорони муддаъии ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро инҷо мунташир кунам, чун ҳар чанд боре, ки дидгоҳамро зери навиштаи ӯ гузоштам, ҳазф шуд.

Навишта буд: “Як нуктаро мехохам таъкид намоям, ки сабаби аз шахсияти Хумайни тавсиф карданам, ин буд, ки у даснишондаи ачнабиён набуд, балки интихоби аксари мардуми худи Эрон буд! Инчониб ба ин андеша будаму хастам, ки барои як кишвар ва як миллат мухимтар аз хама он аст, ки сарнавишташро худаш муайян кунад. Ва имруз Эрон аз ин неъмат бархурдор аст. Ва накши Хумайниро надидан дар ин рох танхо тахрифи таърих аст!”

Навиштам: “Паёмҳои маҳрамонаи Хумайнӣ ба Омрико (аз Кеннедӣ то Кортер) ин дидгоҳро ба чолиш мекашад, ки "ӯ дастнишондаи аҷнабиён набуд". Хумайнӣ бо додани ваъдаҳои дурӯғин ба аҷнабиён ва ба мардуми Эрон рӯи кор омад, ҷойгузини шоҳ шуд ва ҳукумате сохт, ки садчандон истибдодитар аз салтанат аст.”

Салими Аюбзод ҳам навишт: “Ин нукта, ки Хумайнӣ дастнишондаи аҷнабиён набуд, ба камияш баҳсбарангез аст. Ҳоло хадамоти махсуси Бритониё ва Фаронса ҳуҷҷатҳои он давраро дастраси ом накардаанд, чун зери муҳри "комилан махфӣ" ҳастанд. Аммо дар Амрико баъзе санадҳо фош шуд ва нишон медиҳанд, ки Хумайниро киҳо ба қудраст расонданд ва чаро. Афсӯс, ин сарнавишти ҷаҳони савум аст, ки сарваронашро дигарон мегузоранд.”

Се дидгоҳи дигар ҳам дар ҳамин мояҳо буд, ки ҳамагӣ ҳазф шуд.

Баъд аз ин намоиши маҳорати тамом дар сонсур дигар аз маҳдудиятҳо ё набуди озодии баён дар Тоҷикистон нанолед. Ҳанӯз дастатон ба мақоме нарасида, чунин яди тӯлое дар сонсур доред. Агар он болоҳо яккорае бишавед, чи балое бар сари озодии баён хоҳед овард? Баростӣ, тавбафармоён чиро худ тавба камтар мекунанд?

Чaндон шигифтангез ҳам нест, албатта. Як ҳомии низоми Хумайнӣ наметавонад ҳомии ҳуқуқи башару озодии баён ҳам бошад. Ба он монад, ки аз як ҳаводори Истолин интизори мухолифат бо кулхуз ё иқтисоди иштирокиро дошта бошед.

Wednesday, June 08, 2016

Ду нухбаи ҳамзоду ҳаммир

Ду тан аз нухбагони сиёсии Тоҷикистони Шӯравӣ, ки ҳамзамон по ба ъарсаи вуҷуд гузошта буданд, ҳамзамон ҳам рафтанд. Қаҳҳор Маҳкамов ва Султон Мирзошоев, ки ҳар ҳар ду дар тӯли 84 сол ъумри худ дар сарнавишти сарзаминашон нақши нозудуданӣ гузоштанд. Ифтихори ҳамсуҳбатӣ бо ҳар дуро доштаам. Бо Қаҳҳор Маҳкамов дар 15-солагӣ дар утоқи Дабири аввали Ҳизби Кумунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Султон Мирзошоев ҳамин се сол пеш дар хонааш дар Душанбе.

Султон Мирзошоев бар сари раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дошт. Агар пешниҳоди ӯ намешуд, шояд ҳаргиз Раҳмон бар курсии устондории Кӯлоб, сипас раёсати Маҷлис ва саранҷом раёсати ҷумҳурии модомулъумр наменишаст. Агар оқои Раҳмон рӯзе ду нон бихарад, ъаҷаб нест, ки якеашро ба ёди оқои Мирзошоев назр кунад.

Оқои Мирзошоев, бо вуҷуди ин ки фарди фарҳехтаву огоҳе буд, ҳатталимкон аз интихоби худаш дифоъ мекард. Китобҳоеро, ки дар ин маврид навишта буданду навишта буд, варақ мезаду ба худ меболид, ки ҳамоно пешниҳоди ӯ роҳгушои оқои Раҳмон ба болотарин сутӯҳи силсиламаротиби қудрат шуд. Аммо шахсияти муаддабу дӯстдоштание дошт. Фарёд намезад, ҳарчанд пурсишҳои ман бисёр чолишангез буд. Дастпоча намешуд. Бо кунтрули аъсобаш мекӯшид ҳатталимкон посухи мантиқӣ ироа диҳад ва аз корномаи худаш дифоъ кунад.

Қаҳҳор Маҳкамов, аммо, аз он даста сиёсатмадорони тоҷике буд, ки наслашон дар дами инқироз аст. Сиёсатмадоре, ки дидгоҳи вежаи худро дошт, аммо дидгоҳи дигаронро нодида намегирифт. Ва агар медонист, ки аксарият бо ӯ нест, бар хостаи худ пофишорӣ намекард; бо вуҷуди ин ки имкону тавонашро дошт ва Маскав ҳам танҳояш намегузошт. Мардум истеъфояшро мехостанд. Истеъфо кард. Аммо Борис Пугу аз Маскав омаду дубора ӯро бар маснади раҳбарӣ нишонд. Ин дақиқан сухани худи Маҳкамов буд, ки дар посух ба мани навҷавон гуфта буд.

Ҳамин ки номаи интиқодомези як дабиристонии 15-соларо ҷиддӣ гирифтаву ӯро ба мулоқот хонда буд, дам аз шахсияти мутафовити ӯ мезанад. Албатта, гавҳари афрод дар муқоиса ошкор мешавад. Ҳарчанд дар он даврон бобати ҳимояташ аз ГКЧП, азияти устод Тоҳир ва дигарандешони дигар, забони ношевои порсиаш ва ба чандин далели дигар аз ӯ дили хуше надоштем, дар муқоиса бо имрӯз аст, ки ӯро мутафовит мебинем. Дубора истеъфояшро хостанд. Ин бор раисиҷумҳур буд ва бурида аз утоқи фармони марказ. Гуфт: “Ман меравам, вале шумо пушаймон мешавед”. Рафту дигар пушти сараш ҳам ъарсаи сиёсатро надид ва сиёсату сиёсатмадорӣ дар Тоҷикистон рӯ ба фано гузошт.

Як кори шодравон Қаҳҳор Маҳкамов кофист, ки ба ъунвони раҳбари хирадманд ҷовидона сабти торих шавад. Ва он кор аз хок бардоштан ва бар курсӣ нишондани забони модариаш буд. Ҳамӯ буд, ки иҷоза дод пас аз 60 сол забони миллии кишвар дубора расман “форсӣ” хонда шавад. Ин хидмати шодравон яке аз баргҳои заррини торихи муъосири тоҷикон аст. Ва агар ӯ 27 сол пеш чунин накарда буд, ба эҳтимоли қариб ба яқин имрӯз ҳам забони расмии мо бегона мемонд. Ҳарчанд тозабадавронрасидагон ёрои дидани “форсӣ” дар матни қонунро ҳам надоштанд ва онро дубора сутурданд, дар даврони ҳукумати Маҳкамов он тилисм як бор шикаста шуд. Маҳкамов нишон дод, ки он тилисм шикастанист. Пас мешавад дар оянда дубора онро шикаст ва парчами худиро барафрошт.

Равони ҳар ду рафта, ки як давронро бо худ бурданд, шод бод!

Friday, June 03, 2016

Дар идомаи баҳси сатру ҳиҷоб

Посух ба мулоҳизоти Сайидюнуси Истаравшанӣ Аз Сайидюнуси Истаравшании гиромӣ сипосгузорам бобати ташреҳи дидгоҳҳояш дар бораи ҳиҷоби иҷборӣ. 

Бале, ҳамоно суҳбат аз иҷбор ва бавежа ҳиҷоби иҷборӣ аст ва коре бо ин таъбир намешавад кард. Он иҷбор чи аз тариқи вазъи қонун сурат гирифта бошад ва чи ҷузъи муқаррароти нонавиштаи ҷомеъа бошад (ва дигаронро маҷбур ба риъояти он кунад), чизе ҷуз иҷбор нест. Чун пӯшиш қазияе фардист, на ҷамъӣ ва, масалан, наметавон онро бо риъояти қоъидаҳои роҳ ё трофик ва чароғи роҳнамо муқоиса кард. Ва лав ин ки “дар мисол ҳаргиз муноқиша намешавад”, барои қиёсу татбиқи падидаҳои гуногун бояд намунаҳое овард, ки таҷонус дошта бошад, вагарна қиёси маъ-ал-фориқ ба шумор хоҳад омад.

Эҳтиром ба говҳои хуспида дар ҷоддаҳои Ҳинд ҳам ба ҳамин навъ қиёс бармегардад ва рабте ба мавзӯъ надорад.

Суҳбат аз таъарруз ба ихтиёроти шахсию фардист, ки бо бовару эътиқодот ва ҳувияти инсон сарукор дорад. Ва таҳмили он бовару эътиқодот ба фард-фарди ҷомеъа номе ҷуз “иҷбор” надорад. Ҳар он чизе ҳам, ки бо иҷбор пиёда мешавад, ҳаргиз мувофиқати сад дарсади мардумро ҷалб намекунад. Риъояти ҳиҷоб дар кишварҳое, ки қонуни ҳиҷоби иҷборӣ надоранд (ҳамон гуна ки оқои Истаравшанӣ намунаҳои Молезию Мисрро овардаанд) бештар мушоҳида мешавад. Ва дар ҷавомеъе, ки ҳиҷоб иҷборист (ба монанди Эрон) тамоюл ба риъояти ҳиҷоб башиддат рӯ ба коҳиш аст. Ва ин як раванди комилан табиъию мантиқист.

Қонуни ҳиҷоб дар Эрон ҳам чизе ҷуз иҷбор нест ва мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар ин маврид ибое надоранд. Ҳамон гуна ки дар навиштаи қаблиам аз қавли Ҳасани Рӯҳонӣ овардам, ӯ дар садри Инқилоби исломӣ масъули иҷрои “тарҳи иҷборӣ кардани ҳиҷоб дар идороти артиш” будааст. Яъне номаш рӯи худаш аст. Ва пас аз тасвиби қонуни ҳиҷоб ҳам ин тарҳ бо номи “иҷборӣ кардани ҳиҷоб” матраҳ буда ва ҳаст. Оятуллоҳ Толиқонӣ ҳам мухолифи "ҳиҷоби иҷборӣ" буда ва гуфтааст: "Ҳиҷоби иҷборӣ надорем!" Пас ҳеч кулоҳи шаръие бар иҷборӣ будани ҳиҷоб наметавон гузошт.

Ва ҳамон гуна ки ҷаноби Истаравшанӣ изъон кардааст, ин мавзӯъ ҳамчунон дар миёни ъуламои ислом матраҳ аст ва наметавон ҳеч ҳукмеро ниҳоӣ ва малакутӣ ва ғайри қобили бозбинӣ талаққӣ кард.

Tuesday, May 31, 2016

Дар ҳошияи баҳси сатру ҳиҷоб

...ва моҷарои таҳмили ҳиҷоб дар Эрон

Сайидюнуси Истаравшанӣ ба далели тасаллуте, ки бар ислом дорад ва бавежа ба хотири сиъаи садр ва шахсияти мантиқию писандидааш бароям муҳтарам аст. Ӯ аз маъдуди афродест, ки метавонанд дар мавзӯъҳои марбут ба ислом баҳси мантиқӣ роҳ биандозанд. Навиштаи зерро пас аз хондани мақолаи ахири ӯ андар мабҳаси ҳиҷоб навиштам, чун мустақиман аз оғоз то инҷои баҳс онро ҳамроҳӣ кардаам.

1. Муҳимтарин нукта дар ҷустори оқои Истаравшанӣ, аз диди ман, изъон ба ин
асл буд, ки ҳеч “аҳаде ҳаққи иҷбори касеро бар он чи муътақид аст, надорад.” Ин ъайни бовари ман ҳам ҳаст, ки тайи ин чанд рӯз борҳо такрор шуда. Чун аслану абадан шуданӣ нест, ки бо иҷбор ва на аз роҳи истидлоли мантиқӣ касеро муътақид ба боварҳои худ кунем.

Нуктаи муҳимми дигар дар ин матлаб, аз диди ман, ин аст, ки “Ҳар инсоне, аз ҷумла мусалмон, дар баёни он чи ба он мӯътақид аст, озод аст.” Асли озодии баён ҳам чунин мегӯяд. Ва ба бовари ман, ки чанд рӯз пеш баён шуд, озодии баён сазовори касонест, ки ба озодии баён арҷ мегузоранд.

Дар иттифоқе, ки ахиран уфтод, қазия аз ин қарор буд: пурсиши мантиқии танзомези Маҳини Даврон дар мавриди ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон рӯи сафҳаи Фейсбукаш мунташир шуд, шуморе аз мухолифони дидгоҳаш ӯро ба бадтарин
наҳви мумкин озурданду аз ӯ хостанд, ки даҳон барбандад ва дигар чунин изҳори назаре накунад ва фаротар аз он, ба таври дастаҷамъӣ ӯро таҳрим карданд ва ҳамарӯза дар ҳасби ҳол (статус)-и худ бо ишораву киноя ӯро мавриди шиканҷаи равонӣ қарор доданд. Як сангсори маҷозии тамомъайёр буд ва барои дарки он ҳолат бояд худро дар ҷои Маҳин қарор дод. Як корзори зишту кареҳ ъалайҳи касе буд, ки аз ҳаққи озодии баёни худ баҳра бурда буд.

Пас афроде, ки озодии баёнро бад-ин гуна зиёновар медонанду ъалайҳи он метозанд, наметавонанд густохона аз дигарон тақозои риъояти ҳаққи онҳо ба озодии баёнро дошта бошанд. Аз озодии баён замоне мешавад баҳра бурд, ки он ҳақро барои дигарон ҳам қоил бошем. Дар ин қазияи бахусус Маҳини Даврон яктана дар баробари анбӯҳе аз мардуми мутаъассибе қарор дошт, ки ӯро аз изҳори назар манъ мекарданд. Озодии баён як мақулаи мутақобил ва дусӯя аст. Намешавад сирфан онро тақозо карду барои касе он ҳақро қоил нашуд. Навъе доду ситади иҷтимоъӣ дар ҷаҳони мутамаддин аст.

2. Аммо дар мавриди муқоисаи тавсияи занон “дар бораи ҳукми риш” барои мардон ва ҳукми мардон “дар бораи сатру пӯшиши бонувони мусалмон” бо дидгоҳи оқои Истаравшанӣ наметавонам мувофиқ бошам. Муқоисаи дурусте нест.

То кунун ҳатто як мавриди тавсияи бонувон дар бораи “ҳукми риши мардон”-ро ба ёд надорам. Гӯ ин ки бонувон худро дар ҳадди ироаи як чунин тавсияе ба мардон намедонанд. Аммо ҳар бор, ки баҳси ҳиҷоб (ё дар воқеъ, пӯшиши исломӣ)-и занон матраҳ шуда, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама мардон дар сангари мудофеъони таҳмили ҳиҷоб ё ҳиҷоби иҷборӣ қарор гирифтаанд.

Таъкиди ман рӯи ъиборати “ҳиҷоби иҷборӣ” аст, чун ин дақиқан ҳамон чизест, ки дар гапугуфти ман бо он сӯи сангари баҳс матраҳ буд.Тасаввури ман ин нест, ки оқои Истаравшанӣ ҳам бо ҳиҷоби иҷборӣ мувофиқ бошад, бо таваҷҷуҳ ба нукоте, ки пештар аз ӯ нақл шуд. Вале ҳамаи мубоҳисонам дар он баҳс бидуни истисно аз он дифоъ кардаанд. Аз таҳмили ҳиҷоб бар мақомҳои зани ғарбӣ дар Эрон ҳам ҳимоят кардаанд. Ва таҳмили ҳиҷоб дар ҷомеъаи Тоҷикистонро ҳам боиста донистаанд.

Аз диди ман, ин гароиши ифротӣ метавонад кор дасти ҷомеъаи Тоҷикистон бидиҳад. Ва ҳамин тавр
, ба бовари ман, тамоюл ба таҳмили пӯшиши исломӣ бо омӯзаҳои ҳар дине, аз ҷумла ислом мунофот дорад ва наметавон онро ба содагӣ “ҳукме аз аҳкоми исломӣ” номид, бавежа ба далели ихтилофи дидгоҳҳое, ки ҳамчунон дар мавриди таҳмили пӯшиши исломӣ дар ҷавомеъи исломӣ вуҷуд дорад.

Бо гузашти 37 сол аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон мавзӯъи ҳиҷоби иҷборӣ дар он кишвар ҳамчунон пурсишбарангез аст. Бахши ъазиме аз мардум ва бавежа равшанфикрон онро масъалае фардӣ медонанд, дар ҳоле ки низоми исломӣ ба ҷамъӣ будани ин мақула таъкид дорад. Дар ин бора бештар хоҳам гуфт.

Афзун бар ин, наметавон бар сари коре, ки қарор нест ману шумо анҷом диҳем, сирфан исрор дошт. Агар ба зарурати риъояти ҳиҷоб аз сӯи зани мусалмон бовар дорем, мешавад тавсия ва муҳимтар аз он тавҷеҳи ъақлонӣ кард; на ба монанди тарафҳои ман дар ин баҳс ду по дар як кафш ҷор зад, ки ҳатман ҳамаи занон бояд ҳиҷоб танашон бошад, зеро бардошти ман аз дини худам чунин аст... На ҷомеъаи мо такдинӣ ё такъақидатист ва на қарор аст ҳамаи мусалмонон истинботи воҳиде аз мақулаи ҳиҷоби исломӣ дошта бошанд.

3. Таъбири шоъиронае, ки Сайидюнуси арҷманд аз зарурати риъояти ҳиҷоби исломӣ ироа додаанд ва муҳтарам аст, бо истинботи мутаъориф (роиҷ) ва тавҷеҳоти тарафи баҳси ман комилан мутафовит аст. Далеле, ки ҳам тарафи баҳси ман ва ҳам бештари навиштаҳои исломӣ барои риъояти ҳиҷоб овардаанд, ҷинсиятӣ (ҷендерӣ) ва ҷинсӣ (сексӣ) аст; ҳиҷобро гунае сипари бало дар баробари нигоҳи шаҳватолуди мардон таъбир мекунанд. Ба дурустию нодурустии ин нигоҳ ҳам намехоҳам инҷо бипардозам. Сирфан ба ин иктифо мекунам, ки ин нигоҳ ҳам муҳтарам хоҳад буд, агар фарди дорандаи ҳиҷоб шахсан ба он эътиқод дорад ва раъсан ҳиҷобро ихтиёр кардааст.

Ъиддае ҳам (ба монанди Ferz Ferz) дар баҳс бо ман бепарво занонро инсонҳои дараҷаи ду ва модуни мард донистаанд, ки муваззаф ба тан додан ба тасмимҳову дастурҳои мард аст; чун аз диди ӯ мард бартар аз зан аст. Ин дидгоҳи барбаронаро сазовори баррасӣ дар ин ҷустор намедонам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ беҳтар аз ман баладанд, ки дар садри ислом ва дар ъаҳди паёмбари ислом ҳиҷоб иҷборӣ набуд. Яъне мафҳуми ҳиҷоби иҷборӣ ва таҷрубаи ҳиҷоби иҷборӣ дар он даврон вуҷуд надошт. На танҳо иҷборӣ набуд, балки вожаи “ҳиҷоб” бо маънои мутадовили он дар ҷаҳони исломии имрӯз роиҷ набуд. Дар Қуръон ҳам, вақте аз пӯшиши занон сухан мегӯяд, ҳарфе аз “ҳиҷоб” (парда) нест, илло дар як маврид, ки марбут ба занони паёмбар мешавад. Муртазо Мутаҳҳарӣ, ки Сайидюнус ҳам ба навиштаҳои ӯ ишора кардаанд, дар “Масъалаи ҳиҷоб”-аш навишта:

“Ба ҳар ҳол, ояе, ки дар он калимаи “ҳиҷоб” ба кор рафта, ояи 53 аз сураи “Аҳзоб” аст, ки мефармояд:

و اذا سألتموهن متاعا فاسألوهن من وراء حجاب

Яъне “агар аз онҳо матоъу колои мавриди ниёзе мутолиба мекунед, аз пушти парда аз онҳо бихоҳед”. Дар истилоҳи ториху ҳадиси исломӣ ҳар ҷо номи “ҳиҷоб” омадааст, масалан, гуфта шуда, қабл аз нузул
и ояи ҳиҷоб чунон буд ва баъд аз нузули ояи ҳиҷоб чунин шуд, мақсуд ин оя аст, ки марбут ба занони пайғамбар аст... Аммо ин ки читавр дар ъасри ахир ба ҷои истилоҳи роиҷи фуқаҳо, яъне “сатру пӯшиш” калимаи “ҳиҷобу пардаву пардагӣ” шоеъ шудааст, барои ман маҷҳул аст. Ва шояд аз ноҳияи иштибоҳ кардани ҳиҷоби исломӣ ба ҳиҷобҳое, ки дар соири милал марсум будааст, бошад.”

4. Дар садри Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам (ки интишори ъаксе аз ҳиҷоби иҷбории як зани ғарбӣ дар ҳамон ҷо ба баҳси кунунӣ доман зад) ҳиҷоб ё пӯшиши исломӣ иҷборӣ набуд. Дар мустанадҳову филмҳои давраи инқилоб занони беҳиҷоби бисёреро мебинем, ки дӯшодӯши мардон ъалайҳи подшоҳу низоми салтанатӣ шиъор медиҳанд ё аз Имом Хумайнӣ пешвоз мегиранд ё дар ҳамапурсие, ки Эронро ба “Ҷумҳурии Исломӣ” табдил кард, ширкат мекунанд.

Пас чи шуд, ки ҳиҷобе, ки чи дар бадви ислом ва чи дар садри Ҷумҳурии Исломӣ иҷборӣ набуд, бар ҳамаи занон дар Эрон таҳмил шуд? Моҷаро дарозу печида аст, ки шояд нашавад дар чанд ҷумла тавзеҳ дод, аммо талош мекунам.

Бо расидани Имом Хумайнӣ ба қудрат баҳси ҳиҷоби иҷборӣ ҳам матраҳ шуд. Мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ мегуфтанд, ки дар садри ислом ҳам пӯшиши исломӣ иҷборӣ набуда, балки вобаста ба тасмим ва хостаи фард-фарди занон будааст. Ъуламои ҳавза (рӯҳониюн) вориди баҳс шуданд. Шуморе мувофиқ ва бархе ҳам мухолифи ҳиҷоби иҷборӣ буданд. Оятуллоҳ Маҳмуди Толиқонӣ аз маъруфтарин мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ дар миёни рӯҳониёни Эрон буд. Иттифоқан, мухолифати ӯ пас аз он эълом шуд, ки Имом Хумайнӣ дастур дод дар ҳамаи идораҳои давлатӣ занон пӯшиши сар дошта бошанд. Оятуллоҳ Толиқонӣ дар вокуниш ба ин фармони Хумайнӣ хитоб ба занони муътариз ба ин фармон гуфта буд:

“Ҳатто барои занҳои мусалмон ҳам дар ҳиҷоб иҷборе нест, чи бирасад ба ақаллиятҳои мазҳабӣ... Мо намегӯем, занҳо ба идорот нараванд ва ҳеч кас ҳам намегӯяд... Занон ъузви фаъъоли иҷтимоъи мо ҳастанд... Ислом ва Қуръон ва мароҷеъи дин мехоҳанд шахсияти зан ҳифз шавад. Ҳеч иҷборе ҳам дар кор нест. Магар дар деҳоти мо аз садри ислом то кунун занони мо чигуна зиндагӣ мекарданд? Магар чодар мепӯшиданд?.. Кӣ дар ин роҳпаймоиҳо занони моро маҷбур карда, ки боҳиҷоб ё беҳиҷоб биёянд? Инҳо худашон эҳсоси масъулият карданд. Аммо ҳоло ин ки рӯсарӣ сар кунанд ё накунанд, боз ҳам ҳеч кас дар он иҷборе накардааст.”
(Рӯзномаи “Иттилоъот”, Теҳрон, 20 исфанди 1357)

Вале дере нагузашт, ки як кас ва он ҳам болотарин мақоми Ҷумҳурии Исломӣ (Хумайнӣ) дар он (ҳиҷоб) иҷбор кард. Дастури Хумайнӣ дар идороти давлатӣ иҷро шуд ва заноне, ки тан ба ҳиҷоби иҷборӣ надоданд, машоғилашонро аз даст доданд. Чанд сол баъд (1363 / 1984) Қонуни муҷозоти исломӣ тасвиб шуд, ки бино бар он, занон иҷоза надоштанд беҳиҷоб дар хиёбонҳо зоҳир шаванд; занони беҳиҷоб ба 72 зарбаи шаллоқ маҳкум шуданд; барои ҷурми беҳиҷобӣ аз 10 рӯз то 2 моҳ зиндон ё ҷаримаи нақдӣ ҳам таъйин шуд.

5. Ҷолиб аст бидонем, ки ҳамин Ҳасани Рӯҳонӣ (Ҳасани Фаридуни пешин), ки акнун раисиҷумҳурии муътадилу миёнарав ва маъқули Эрон ба шумор меояд, дар он давра, дар оғози инқилоб, яке аз масъулони маҷбур кардани занон ба риъояти ҳиҷоб будааст. Оқои Рӯҳонӣ “масъули иҷрои тарҳи иҷборӣ кардани ҳиҷоб дар идороти марбут ба артиш” буд. Худи ӯ дар китоби “Хотирот”-аш дар ин бора навиштааст:

“Ба ҳар ҳол, аввал бор ъуламои Қум ба беҳиҷобии занон эътироз карданду гуфтанд: дар ҳукумати исломӣ ҳамаи занон бояд боҳиҷоб бошанд. Имом (Хумайнӣ) низ дар яке аз баёноти худ ба лузуми ҳиҷоб барои занон ишора карданд ва ҳамин боъис шуд ъиддае аз занони беҳиҷоб дар хиёбонҳо тазоҳурот кунанд ва дар муқобили кохи додгустарӣ ва нахуствазирӣ таҳассун намоянд. Дар ин ҳангом низ оқои Толиқонӣ пой пеш гузошт ва суханоне дар бораи ҳиҷоб иброз карду гуфт: “Ҳиҷоби иҷборӣ надорем ва хонумҳо бояд худашон ҳиҷобро интихоб кунанд.”

Дар идома менависад:

“Гурӯҳакҳо ва муҷоҳидини халқ ҳам иттилоъия медоданд, ки ҳиҷоб набояд иҷборӣ бошад. Дар давлати муваққат ҳам баҳс буд, ки оё ҳиҷоб бояд иҷборӣ шавад ё на. Хулоса, ҳамон тавр ки ишора кардам, оқои Толиқонӣ дар суханронии худ гуфт: “Мо наметавонем занони аҳли китобро маҷбур ба пазируфтани ҳиҷоб кунем, вале мусалмононро метавонем ташвиқ кунем, ки ҳиҷоб дошта бошанд ва дар ҳар сурат набояд касеро базӯр боҳиҷоб кунем. Бо вуҷуди ин, дар Ситоди Артиш бо дӯстон тасмим гирифтем ҳиҷобро илзомӣ кунем, ки оғозе барои вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ бошад.

“Тарҳи иҷборӣ шудани ҳиҷоб дар идороти марбут ба артиш ба ъуҳдаи ман гузошта шуд ва бад-ин ҷиҳат дар гоми аввал ҳамаи занони корманди мустақар дар ситоди муштараки артишро, ки наздик ба 30 нафар буданд, ҷамъ кардам ва пас аз гуфтугӯ бо онон қарор гузоштем аз фардои он рӯз бо рӯсарӣ дар маҳалли кори худ ҳозир шаванд. Занони корманд, ки ҳамагӣ ба ҷуз ду ё се нафар беҳиҷоб буданд, шурӯъ карданд ба ғур задану шулӯғ карданд, вале ман муҳкам истодаму гуфтам: “Аз фардо субҳ дижбони муқобили дарби вурудӣ муваззаф аст аз вуруди хонумҳои беҳиҷоб ба муҳавватаи ситоди муштараки артиш ҷилавгирӣ кунад.” Пас аз ситоди артиш навбат ба нерӯҳои сегона расид. Дар оғоз ба подгони Дӯшонтаппа рафтам ва ҳамаи кормандони занро, ки теъдоди онҳо зиёд буд, дар солуне ҷамъ ва дар бораи ҳиҷоб суҳбат кардам. Дар онҷо занҳо хеле сарусадо роҳ андохтанд, аммо ман қотеъона гуфтам: “Ин дастур аст ва сарпечӣ аз он ҷоиз нест.” Баъд тавзеҳ додам, ки мо намегӯем чодар сар кунед, баҳси чодар нест, сухан бар сари истифода аз рӯсарӣ ва пӯшондани сару гардан аст. Дар ниҳоят дар онҷо ҳам гуфтам ба дижбон дастур додаем аз фардо ҳеч зани беҳиҷоберо ба пойгоҳ роҳ надиҳанд.”
(“Хотирот”-и дуктур Ҳасани Рӯҳонӣ, ҷилди якум, сс. 571-573)

Ин аст шарҳи мухтасари вуруди ҳиҷоби иҷборӣ ба ҷомеъаи Эрон. Албатта, ин ки мегуфтанд "баҳси чодар нест ва кофист рӯсарӣ саратон кунед, то сару гарданатонро бипӯшонад" ҳарфе беш набуд. Пас аз муддате чодар ҳам барои кормандони зани идороти давлатӣ иҷборӣ шуд.

Ва акнун мебинем, ки бо гузашти беш аз 35 сол ҳамон гуфтмони ҳиҷоб дар ҷомеъаи Тоҷикистон дақиқан ба ҳамон шаклу раволе, ки дар Эрон буда, роҳ уфтодааст.

Ба бовари ман, ҳоло ки намунаи Эронро дар баробари чашмонамон дорем, набояд хатоҳои онро такрор кунем. Чиро хато? Ҳар касе, ки дастикам яке-ду ҳафта дар Эрон ва бавежа миёни мардуми шарифи он сарзамин буда (на дар маконҳои ба дур аз иҷтимоъ), бахубӣ дарёфтааст, ки ҷомеъаи имрӯзии Эрон бо ҷомеъаи 37 сол пеш, ки инқилоб карда буд, башиддат мутафовит аст. Нишонаҳои фаровоне ҳокӣ аз дур шудани мардум аз идеулужии ҳоким ва бавежа сиёсатҳои таҳмилии он, аз ҷумла ҳиҷоби иҷборӣ аст. Ва як бори дигар собит мешавад, ки таҳмили ҳеч чизе бар вифқи муроди таҳмилгарон тамом намешавад, ки ҳеч, натиҷае дуруст хилофи хостаи онҳоро ба бор меоварад.

Ба қавли Ризо Мормулак дар филми маъруфи “Мормулак”-и Камоли Табрезӣ:

“Оқои Фазлӣ, инқадр гир надеҳ ба ин ҷавуно! Охе биҳишт ки зӯракӣ намеша, ъазизи бародар! Унқадр фишор меёрӣ, ки аз ун вари ҷаҳаннам мезана берун!”

Monday, May 30, 2016

Пӯшиш ва иҷбор

Рӯбарӯи ойина истода буду ашк мерехт. Барои нахустин бор пероҳани баланди фарангӣ танаш карда буд, ки то зонуяшро мепӯшонд, аммо соқаи пойҳояш бараҳна буд. Бояд ҳаминшаклӣ ба мадраса мерафту ба шогирдонаш дарс мегуфт.

Ашкҳояшро пок карду гуфт: “Наметавонам. Охир ин чи либосест?! Чиро бояд поҳоямро нишон диҳам? Эҳсос мекунам, ки лухтам. Ман ки наметавонам иншаклӣ роҳ биравам. Ҳама ба ман нигоҳ хоҳанд кард.” Ва гиря мекард.

Ман ба мудири мадрасае, ки хоҳарбузургамро водор ба пӯшидани либоси фарангӣ карда буд, дар дили худ нафрин гуфтам. Дар мухайялаи кӯдаконаи ман намегунҷид, ки чигуна метавон касеро ба пӯшидани либосе, ки дӯст надорад, водошт.

Хоҳарбузургам тоза дар мадраса истихдом шуда буд ва рӯзҳои аввал худаш буд. Бо пероҳану эзори зебои атласӣ, ки он замон боби рӯз буд. Кулоҳи чаҳоргӯши гулдор ба ҳуснаш меафзуд. Вале мудири мадраса, ки ӯ ҳам як бону буд, пӯшиши ӯро муносиб намедонист. Гуфта буд: “Шумо як муъаллимаи саветӣ ҳастед ва бояд дархури мақоматон либос бипӯшед.” Ва ӯро ташвиқ ба пӯшидани “либоси русӣ” кард.

Охираш ҳам натавонист. Он мадрасаро тарк кард. Рафт ҷое дигар, ки аз қазо бо пӯшиши тоҷикиаш канор омаданд. Ва то имрӯз пойбанди ҳамон пӯшише, ки барои худаш муносиб медонад, мондааст. Акнун солҳост, ки ба ҷои кулоҳи чоргӯш рӯсариро тоҷикона аз пушти гардан мебандад. Ва ӯро дар ҳеч либоси дигаре наметавонам тасаввур кунам. Ва ба худ меболам, ки хоҳарбузургам барои ҳифзи пӯшиши дилхоҳи худаш дар даврони шӯравӣ, ки ҳеч навъ мухолифатеро барнаметобид, аз худ поймардию шаҳомат нишон дод ва баранда шуд.

Солҳо баъд мебинам, ки торих варақ хурдааст. Солҳо баъд аз он ки бисоти ҳукумати шӯравӣ барчида шуд ва Тоҷикистон ба сарошебии бозгашт ба давраи иморати Бухоро уфтод, мебинам, ки хурда-мустабидҳо ё хурда-диктотурҳое пайдо шудаанд, бо ҳамон равишу маниши он мудири мадраса. Бо ин тафовут, ки инҳо як шеваи пӯшиши дигареро вежаи занон медонанд, ки онро “ҳиҷоби исломӣ” номидаанд. Ва бо ин тафовут, ки инҳо бештарашон мардҳое ҳастанд, ки аз зарурати пӯшиши исломӣ муъофанд ё худро муъоф медонанд. Ва сирфан ба занҳо дикта мекунанд, ки чи бипӯшанду чигуна нафас бикашанд. Ва боз ҳам дар мухайялаи ман намегунҷад, ки чигуна метавон касеро ба пӯшидани либосе, ки дӯст надорад, водошт. Гӯӣ ифроту тафрит бо хуни қавми мо ъаҷин аст. Ва таъассуб, ки мантиқро барнаметобад.

Рӯзе фаро хоҳад расид, ки дасту забони хурда-мустабидҳо аз таҳмили ҳар навъ пӯшише кӯтоҳ хоҳад шуд. Аммо он рӯз ҳанӯз дур аст.

Monday, May 23, 2016

Марги умед одамро даранда мекунад

Чанд рӯз пеш аз баргузории ҳамапурсӣ навишта будам: “Ин ҳамапурсӣ чи таҳрим шаваду чи на, расман 90 дарсади мардум дар он "ширкат хоҳанд кард" ва ҳудуди 90 дарсад ҳам аз пешниҳодҳои муҷримона ва табаҳкорона дар Қонуни Асосӣ "ҳимоят хоҳанд кард".

Муҳосибаи ман андаке хушбинона буд. Баъд аз ҳамапурсӣ шунидем, ки 92 дарсади мардум дар он “ширкат кардаанд”-у 94 дарсад ба тарафдорӣ аз ислоҳи Қонуни Асосӣ “раъй додаанд”. Кишварҳои демукротик дар сӯгу андӯҳ нишастаанд, ки барои чи наметавонанд ба монанди Тоҷикистон ин ҳама мардумро ба сандуқҳои раъй ҷазб кунанд ва ин ҳама ҳамдилӣ дар миёни мардум эҷод кунанд, ки 92 дарсад ба даъвати давлат лаббайк бигӯянду 94 дарсади онҳо зери хостаи давлат имзо бигзоранд.

Таъаҷҷуб набояд кард, агар расонаҳои ҷаҳон ба рӯйдоди муҳимме чун ҳамапурсӣ дар Тоҷикистон ҳадди ақалли таваҷҷуҳро доранд. Ва бархе ҳатто ба ин мавзӯъ напардохтанд ва ё ҳатто натоиҷи онро эълом накарданд. Чун дар ъарсаи сиёсии Тоҷикистон ҳама чиз қобили пешбинист. Натиҷаҳои ҳамапурсии дирӯзро мешуд чанд сол пеш ҳам бадурустӣ ҳадс зад. Пас чи ниёзе ба пӯшиши рӯйдоде мемонад, ки на таҳарруке дораду на ҳаяҷоне ва на, муҳимтар аз ҳама, тағйири маҳсусе дар зиндагии мардум эҷод мекунад?

Тоҷикистон гирифтори рӯзмаррагии сиёсӣ шудааст, ки ҳамаи барномаҳои сиёсиаш қобили пешбинӣ аст. Шӯрбахтона, ҳамаи кишварҳое, ки чунин сукуту рӯзмаррагии малоловарро таҷруба кардаанд, саранҷом бо тӯфоне саҳмгин рӯбарӯ шудаанд. Бавежа, вақте ки андак умеди тағйиру таҳаввул ҳам аз мардум рабуда мешавад ва ҳамаи роҳҳои тағйиру таҳаввули қонунӣ ва анҷоми интихоби ростин ба рӯи мардум баста мешавад, хатари балову мусибат дар камини миллат менишинад. Фурӯ нишастани охирин шуълаи умед ба монанди хомӯш шудани оташи нахест, ки ба ҳастаи диномит расидааст. Саранҷоми он инфиҷор аст. 

Марги умед одамро даранда мекунад.

Tuesday, May 10, 2016

Meeting Moscow’s Muslims




Dariush Rajabian (BBC Persian, Moscow)

“Islam is an indigenous religion in Russia.” says Rushan Abbasov, Russia’s youthful first deputy Grand Mufti.

“Russian Tatars have been following Islam since the 8 th century. And that is the difference between Islam in Russia and in the West.”

Sitting in his office in Moscow’s newly built Cathedral Mosque, on Olympic Prospect, 34-year old Mr Abbasov, an ethnic Tatar, is very much the voice of official Islam in Russia.

He’s wearing a neat suit and tie, with a white turban and an Islamic clerical robe draped over his shoulders.

He tells us he’s been in the job for two years and relishes the challenge.

“The Muslim community is growing faster than ever,” he says. “In Moscow alone we now have over two million Muslims .”

Rushan Abbasov
The imposing gold-domed mosque, which can accommodate 10,000 worshippers, is one of Moscow’s newest landmarks. It was opened in September 2015 with a grand ceremony attended by President Putin, and his Turkish counterpart Recep Tayyip Erdogan.

Just one week earlier Russia had begun its surprise intervention in Syria – a move which would eventually lead to a breakdown in relations between Moscow and Ankara.

In a speech at the opening President Putin said the mosque would be a centre for tolerance and multi-faith understanding. But some critics accuse the Russian government of failing to address the real needs and concerns of its estimated 20 million Muslim citizens.

“It’s all for show,” says well-known journalist and commentator Maxim Shevchenko.

“They’ve built this 200-million- dollar mosque for 10,000 people, in the centre of town. Meanwhile the whole of Moscow with its growing population of Muslims has only four mosques with much smaller capacities. Muslims in Russia are second-class citizens.”

The lack of mosques was a problem which came up in almost every conversation I had with Muslims in Moscow. Many were migrants, either from Russia’s restive North Caucasus region, or from the Central Asian republics of Tajikistan, Uzbekistan and Kyrgyzstan. They’ve arrived in Moscow in their hundreds of thousands, in recent years, searching for work.

At a restaurant in the historic Taganka neighbourhood, Izzat, the owner who is from Tajikistan, told me hundreds of people now use the small praying area he’s set up for customers.

“On Fridays this place is always overbooked”, he said. “Muslims have no other place nearby to go.”

Maksim Shevchenko
“There are many predominantly Muslim areas in the capital with no mosques at all,” says Maxim Shevchenko. “The authorities oppose any plans to build new mosques. As a result, most of Moscow Muslims have to travel a long way to prayers.”

Lawyer Rustam Qasimov, originally from Uzbekistan, says the problem is that although Islam is the country’s second largest religion, few officials really buy in to the idea that Russia is a multi-cultural country.

“The Russian Federation is supposed to be a secular entity, but it’s constantly tilting towards Orthodox Christianity”, he told the BBC. “Anyone outside the fold is presumed to be opposed to the government. “

Mr Qasimov said attitudes like this were leading to a growing sense of alienation among many young Muslims, and as a result some were turning to extremism.

Last July Russian Deputy Foreign Minister Oleg Syromolotov told journalists more than 2200 Russian citizens were now fighting with IS, in Iraq and Syria. When President Putin announced that he was intervening in Syria, this was one of the reasons he gave.

Officially the Islamic establishment in Russia supports the Syrian campaign.

“When Western countries tried to depict Vladimir Putin as a villain in the Syrian war we had to defend him”, says Deputy Mufti Abbasov. “This war is against a global phenomenon of terrorism that threatens all of humanity.”

But when I speak to worshippers leaving the mosque after prayers some rather different views emerge.

“I am against Russia’s military involvement in Syria”, says Aslanbek from Dagestan in the North Caucasus. “Those bombs are being dropped on thousands of innocent Muslims who have nothing to do with politics. Hospitals and schools are being destroyed. How can one support such an act?”

“Killing people is a condemnable act in any religion,” says Magamed from Chechnya. “I don’t support Russia’s military campaign in Syria. Why should I? Any problem could be solved peacefully. All the warring sides should sit down at the negotiating table.”

One striking thing about the new mosque is that most if not all the clerics who run it are ethnic Tatars, whereas most of the people who come to pray are from the Russian North Caucasus or Central Asia. It’s a pattern which Maxim Shevchenko says is replicated across the country.

“The entire Muslim hierarchy in Russia belongs to the Tatars, “he says. “All official Muslim clerics are Tatar and all Friday sermons are given in Russian and Tatar languages.”

 What this means is that for many worshippers prayers are conducted according to traditions which are alien to them, and sermons are delivered in a language which they don’t fully understand.

This is another factor, observers say, which could be leading young men away from official mosques and into radical groups.

Askat, a taxi-driver from Kyrgyzstan is a typical case.

“I have lived here for so long, he says, but I don’t have a good command of Russian.”

Askat, tells us he wishes he could go to a mosque his own neighbourhood, and jokes that it would save him gallons of petrol monthly.

But under his cheerful exterior a worrying sense of exclusion emerges. He shows us the job adverts in the local newspapers. Each one openly says they are looking for a “Slav”.

“How can I get a better job here?” asks Askat. “People here don’t tolerate us.”

It’s clear there’s a still a long way to go before Moscow’s Muslims really feel part of the mainstream.

Tuesday, March 22, 2016

Инҷо Русия аст; тазодду таноқуз муҷоз

Боздошт дар бозори Маскав

Бо хушхиёлии ғарбӣ даму дастгоҳи филмбардориро бардоштему роҳ уфтодем. Мехостем бо аҳолии бозоре дар ҳавмаи ҷанубии Маскав дар бораи ҳолу ҳавои иқтисодии Русия суҳбат кунем. Аз токсӣ пиёда шудему якрост суроғи бахши посбонии бозорро гирифтем, то иҷозаи филмбардорӣ дар маҳдудаи бозорро бигирем. Посбони ҷавоне, ки моро бо он ҳама таҷҳизоти телевизюнӣ дид, дастпоча шуд. Ба посбони аршад занг зад. Ӯ ҳам ки омад, ба яке дигар занг зад. Гуфт: “Би-Би-Сӣ бо таҷҳизоти ҳирфаии филмбардорӣ омада бозор. Чи кор кунем?” Аз он сӯи хат шунидам, ки мегуфт: “Нигаҳашон доред”. Номи Би-Би-Сӣ дар фазои бозор печид ва тамошогаронеро ҷамъ кард. Дар ниҳоят теъдоди афроде, ки омада буданд, ба пурсиши мо посух диҳанд, панҷ нафар шуд. Саранҷом қарор шуд посухи моро “дафтари матбӯъотӣ”-и бозор бидиҳад.

Аз роҳи пурпечу тобу дароз аз миёни растаҳои бозор моро ба дафтари матбӯъотии бозор бурданд. Дари сангини дафтари матбӯъотиро, ки пур аз афроди низомипӯш буд, пушти сари мо бастанд. Пушти унифурми низомипӯшҳо бо ҳуруфи заррин вожаи “Витязь” (шеволйе) навишта шуда буд. Марди хушбархурди шахсипӯше ворид шуд, то моро аз сардаргумӣ раҳо кунад. Баъд аз ъаксбардорӣ аз мо ва сабти мушаххасоти асноди расмӣ гуфт:

“Бибинед, шумо агар бихоҳед дар сатҳи бозор филмбардорӣ кунед, мо бояд шароитро барои шумо муҳайё кунем ва муҳофиз ҳам дар ихтиёратон бигзорем. Охир намешавад, ки ҳаминтурӣ сарзада биёеду филмбардорӣ кунед. Бояд аввал ба нишонии мудирияти бозор нома бифиристед ва агар дархости шумо пазируфта шуд, бо хиёли роҳат биёеду коратонро анҷом диҳед.”

Гуфт, посух ба дархости мо дастикам 24 соъат ба дарозо мекашад. Гуфтам, пас иҷоза диҳед, биравему он номаро бароятон бифиристем. Гуфт, ҳоло ки то инҷо омадаед, ташриф дошта бошед...

Ман, ки дар оғоз ба филмбардорам шӯхиомез мегуфтам, ки зоҳиран боздошт шудаем, андак-андак фаҳмидам, ки пур бероҳ нагуфтаам. Мо, ки омада будем аз масъулони бозор иҷозаи филмбардорӣ бигирем, боздошт шуда будем. Ва маҳалли нигаҳдории мо дафтари матбӯъотӣ набуд; бахши нерӯи амниятии бозор буд. Гуфтам, пушаймон шудем, дигар намехоҳем филмбардорӣ кунем; бояд биравем, ки ба корамон бирасем. Гуфт, бояд бимонед, то пулис аз роҳ бирасад. Пурсидам, чи рабте пулис ба ин моҷаро дорад? Мо, ки муҷрим нестем ва мехоҳем биравем. Табассуми маънодоре карду гуфт: “Инҷо Русия аст!”

Яке дигар, ки ъасабонитар буд, то дилаш мехост, аз Бритониёву Омрико бад гуфт ва аз ман пурсид, ки чиро аз Русия бад мегӯем. Гуфтам, ваҷҳаи Русияро рафтору гуфтори Шумо таъйин мекунад, ки шоҳидаш ҳастем ва рабте ба кори ман надорад...

Боздошти мо беш аз як соъат тӯл кашид; то замоне ки ду маъмури пулис омаданду моро бозпурсӣ карданд ва бори дигар тавзеҳ доданд, ки дар Русия иҷоза надорем дар амокин (маконҳо)-и хусусӣ филмбардорӣ кунем ва ин бозор як макони хусусӣ аст. Гуфтам, мо сирфан мехостем иҷозаи филмбардорӣ дар ин бозори даҳҳо ҳазорнафариро бигирем ва ҳеч кодре аз ин бозор барнадоштаем. Савори худрави пулис шудем, ки моро ба берун аз дарвозаҳои бозор расонд ва ҳамон ҷо монд, то сояи мо аз бозор дур шавад.

Ин иттифоқ, ки танҳо яке аз чанд мавриди мушобеҳ аст, ки бар мо ҳодис шуд, баёнгари як воқеъият буд: миёнаи Русия бо расонаҳои ғарбӣ шакароб аст. Ва на танҳо маъмурони амниятию интизомӣ, ки бисёре аз ронандаҳои токсӣ ҳам рӯй турш мекунанд, то мешунаванд, ки муштаришон аз Би-Би-Сӣ аст. Ёдам намеояд, ки замони шӯравӣ шоҳиди бархурди хасмонаи мардуми ъодӣ бо расонаҳои ғарбӣ шуда бошам. Зоҳиран ин падида аз паёмадҳои ҷанги сарди тоза аст.

Мусбаттарин арзёбии як рус аз Би-Би-Сӣ, ки тайи ин сафар шунидам, аз касе буд, ки мехост мунсиф бошаду гуфт: “Ман ъошиқи барномаҳои ъилмии Би-Би-Сӣ ҳастам, аммо аз барномаҳои сиёсиаш мутанаффирам.”

Русия, ин омезаи мутаноқизи Шарқу Ғарб, аз замони Петри Бузург то кунун гароиши шадид ба Ғарб дошта, ки ҳамвора бо фирору инзиҷори ғариб аз Ғарб ҳамроҳ будааст.

Тазодду таноқузҳо дар Русия

Русия кишвари таноқузҳост, ки чанд мавриди он ин рӯзҳо башиддат худнамоӣ мекунад.

Маҳди сусиёлисми сармоядоркуши дирӯз акнун пойи собити феҳрести милиёрдерҳои ҷаҳон аст ва имрӯза яке аз копитолисттарин пойтахтҳои дунёро дорад, ки дар имтидоду сару хами ҳар кӯчааш як бонки тоза сабз шуда; ҳар кадом бо номе дигар, ки гӯӣ ҳар кадом як шуъба бештар надорад. Як ронанда мегуфт, бештари ин бонкҳо ъумри дарозе надоранд; меоянд, мечопанд (ғорат мекунанд), мераванд.

Русия кишвари тазодҳост. Пирмарди номарасони гузар канорам истоду сигор равшан кард ва аз зиндагиаш гуфт; ин ки як ъумр мураббии варзиш буда ва бознишаста шуда ва ҳоло ҳар моҳ аз давлат 18 ҳазор рубл (254 дулор) дарёфт мекунад, ки ҳарчанд кафофи зиндагиашро намедиҳад ва ӯро дар ъайни пирӣ ба кор водошта, аммо кочӣ беҳ аз ҳиччӣ; ҳамсинну солҳояш ҳаминро ҳам надоранд. Сигорашро дур андохту дунболи кораш рафт. Барои ҳутели миёнаҳоле, ки ҳар утоқаш шабе 13 ҳазор рубл (188 дулор) қимат дорад, нома оварда буд.

Русия сарзаминест, ки дар он мешавад дарёфт, чиро Ленин Ленин шуд ва ин ки нафрати маргбори ӯ ъалайҳи сармояву сармоядорӣ аз куҷо моя мегирифт. Мешавад ангошт, ки пояҳои он нафратро ҳамин тазодду таноқузи зананда шакл дода буд, ки гӯӣ аз мазоҳири зишттарин навъи сармоядорист, ки таносубе намешиносад.

Русия аз саромадони ҷунбиши интерносиюнолу ҳамбастагии милал ва пучии нажодпарастист. Хостгоҳи бисёре аз мудофеъони сарсахти ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмию нажодӣ ҳамин ҷо буда. Ин ҳарфи ҳисобро касе мегуфт, ки аз шиъори “Русия барои русҳо” дифоъ мекард. Мегуфт, бегонаҳо омаданду авзоъ баҳам хурд. Дар кишваре, ки беш аз як ҳаштуми курраи Заминро дарбар дорад ва ҳудуди 150 қавми хурду бузург дар он зиндагӣ мекунанд.

Имоми масҷид, ки куту шалвору кровот (“галстук”) ба тан дошт, пеш аз мусоҳиба баланд шуду ъабое рӯи дӯш андохт ва гуфт, дар Русия бар хилофи кишварҳои ғарбӣ ҳуқуқи мусалмонон риъоят мешавад, чун исломи Русия мазҳаби бумию суннатист. Аз дербоз тоторҳои Русия мусалмон будаанд. Гуфт, шумори мусалмонон дар Маскав беш аз ду милюн нафар шуда. Ва баъд афзуд, мутаассифона, барои ин ҳама мусалмон фақат шаш дона масҷид дорем.

Дар Русия дурбинҳаросӣ шоеъ аст. Басахтӣ мешавад касеро розӣ кард, ки ҷилави дурбин зоҳир шавад. Ва аммо, агар бо дурбин дар хиёбонҳо мегардед, ҳар он имкон дорад шуморо нигаҳ доранду бипурсанд, ки аз куҷо ва чиро омадаед. На танҳо маъмурони пулис, ки ъобирони пиёдаи шахсипӯш ҳам. Барояшон муҳим аст бидонанд, ки дар бораи кишвари онҳо ба куҷо чи хабареро мунташир мекунед. Русҳо бисёр дӯст доранд бидонанд, ки ҷаҳониён аз онҳо чи тасаввуре доранд. Ва ғолибан интизор доранд, он тасаввур сирфан мусбат бошад.

Ва Русия сарзаминест, ки Тулстуйу Чехуфу Достоефскийро парварда, ки ному осорашон ҷаҳонро дарнавардида. Бо ин ки ҳеч кадом зиндагӣ ва марги роҳате надоштаанд.

Русия ҳамчунон мармуз аст. Ҷаззобу фиребо ва дар ъайни ҳол ғариб. Ки гӯӣ даруни худаш ҳам бо навъе ғурбат дасту панҷа нарм мекунад.

Маскав, 17.03.16

اینجا روسیه است؛ تضاد و تناقض، مجاز

بازداشت در بازار مسکو

با خوش‌خیالی غربی دم و دستگاه فیلم‌برداری را برداشتیم و راه افتادیم. می‌خواستیم با اهالی بازاری در حومۀ جنوبی مسکو دربارۀ حال و هوای اقتصادی روسیه صحبت کنیم. از تاکسی پیاده شدیم و یکراست سراغ بخش پاسبانی بازار را گرفتیم تا اجازۀ فیلم‌برداری در محدودۀ بازار را بگیریم. پاسبان جوانی که ما را با آن همه تجهیزات تلویزیونی دید دست‌پاچه شد. به پاسبان ارشد زنگ زد. او هم که آمد، به یکی دیگر زنگ زد. گفت «بی‌بی‌سی با تجهیزات حرفه‌ای فیلم‌برداری آمده بازار. چه کار کنیم؟» از آن سوی خط شنیدم که می‌گفت: "نگه‌شان دارید." نام بی‌بی‌سی در فضای بازار پیچید و تماشاگرانی را جمع کرد. در نهایت تعداد افرادی که آمده بودند به پرسش ما پاسخ دهند، پنج نفر شد. سرانجام قرار شد پاسخ ما را «دفتر مطبوعاتی» بازار بدهد.

از راه پرپیچ و تاب و دراز از میان رسته‌های بازار ما را به دفتر مطبوعاتی بازار بردند. در سنگین دفتر مطبوعاتی را که پر از افراد نظامی‌پوش بود ، پشت سر ما بستند. پشت اونیفرم نظامی‌پوش‌ها با حروف زرین واژه "ویتیاز" (شوالیه) نوشته شده بود. مرد خوش‌برخورد شخصی‌پوشی وارد شد تا ما را از سردرگمی رها کند. بعد از عکس‌برداری از ما و ثبت مشخصات اسناد رسمی گفت:

«ببینید، شما اگر بخواهید در سطح بازار فیلم‌برداری کنید، ما باید شرایط را برای شما مهیا کنیم و محافظ هم در اختیارتان بگذاریم. آخر نمی‌شود که همین طوری سرزده بیایید و فیلم‌برداری کنید. باید اول به نشانی مدیریت بازار نامه بفرستید و اگر درخواست شما پذیرفته شد، با خیال راحت بیایید و کارتان را انجام دهید.»

گفت پاسخ به درخواست ما دستکم ۲۴ ساعت به درازا می‌کشد. گفتیم پس اجازه دهید برویم و آن نامه را برایتان بفرستیم. گفت حالا که تا اینجا آمده‌اید تشریف داشته باشید...

من که در آغاز به فیلم‌بردارم شوخی‌آمیز می‌گفتم که ظاهراً بازداشت شده‌ایم، اندک اندک فهمیدم که پر بی‌راه نگفته ام. ما که آمده بودیم از مسئولان بازار اجازۀ فیلم‌برداری بگیریم بازداشت شده بودیم. و محل نگهداری ما «دفتر مطبوعاتی» نبود. بخش نیروی امنیتی بازار بود. گفتم پشیمان شدیم، دیگر نمی‌خواهیم در بازار فیلم‌برداری کنیم؛ باید برویم که به کارمان برسیم. گفت باید بمانید تا پلیس از راه برسد. پرسیدم چه ربطی پلیس به این ماجرا دارد؟ ما که مجرم نیستیم و می‌خواهیم برویم. تبسم معناداری کرد و گفت: اینجا روسیه است!

یکی دیگر که عصبانی‌تر بود تا دلش می خواست از بریتانیا و آمریکا بد گفت و از من پرسید که چرا از روسیه بد می‌گوییم. گفتم وجهۀ روسیه را رفتار و گفتار شما تعیین می‌کند که شاهدش هستیم و ربطی به کار من ندارد...

بازداشت ما بیش از یک ساعت طول کشید؛ تا زمانی که دو مأمور پلیس آمدند و ما را بازپرسی کردند و بار دیگر توضیح دادند که در روسیه اجازه نداریم در اماکن خصوصی فیلم‌برداری کنیم و این بازاز، یک مکان خصوصی است. گفتم ما صرفاً می خواستیم اجازه فیلم‌برداری در این بازار ده‌ها هزار نفری را بگیریم و هیچ کادری از این بازار برنداشته ایم. سوار خودرو پلیس شدیم که ما را به بیرون از دروازه‌های بازار رساند و همان جا ماند تا سایۀ ما از بازار دور شود.

این اتفاق که تنها یکی از چند مورد مشابه است که بر ما حادث شد بیانگر یک واقعیت بود: میانۀ روسیه با رسانه‌های غربی شکراب است. و نه تنها مأموران امنیتی و انتظامی که بسیاری از راننده‌های تاکسی هم روی ترش می‌کنند تا می‌شنوند که مشتری‌شان از بی‌بی‌سی است. یادم نمی‌آید که زمان شوروی شاهد برخورد خصمانۀ مردم عادی با رسانه‌های غربی شده باشم. ظاهراً این پدیده از پیامدهای جنگ سرد تازه است.

مثبت‌ترین ارزیابی یک  روس از بی‌بی‌سی که طی این سفر شنیدم، از کسی بود که می‌خواست منصف باشد و گفت: من عاشق برنامه‌های علمی بی‌بی‌سی هستم، اما از برنامه‌های سیاسی‌اش متنفرم.

روسیه، این آمیزه متناقض شرق و غرب، از زمان پتر بزرگ تا کنون گرایش شدید به غرب داشته که همواره با فرار و انزجار غریب از غرب همراه بوده است.

تضاد و تناقض‌ها در روسیه

روسیه کشور تناقض‌هاست که چند مورد آن این روزها به شدت خودنمایی می‌کند.

مهد سوسیالیسم سرمایه‌دارکُش دیروز، اکنون پای ثابت فهرست میلیاردرهای جهان است و امروزه یکی از کاپیتالیست‌ترین پایتخت‌های دنیا را دارد که در امتداد و سر و خم هر کوچه‌اش یک بانک تازه سبز شده؛ هر کدام با نامی دیگر که گویی هر کدام یک شعبه بیشتر ندارد. یک راننده می‌گفت بیشتر این بانک‌ها عمر درازی ندارند؛ می‌آیند، می‌چاپند، می‌روند.

روسیه، کشور تضادهاست. پیرمرد نامه‌رسان گذر کنارم ایستاد و سیگار روشن کرد و از زندگی‌اش گفت؛ این که یک عمر مربی ورزش بوده و بازنشسته شده و حالا هر ماه از دولت ۱۸ هزار روبل (۲۵۴ دلار) دریافت می‌کند که هرچند کفاف زندگی‌اش را نمی‌دهد و او را در عین پیری به کار واداشته، اما کاچی به از هیچی؛ همسن و سال‌هایش همین را هم ندارند. سیگارش را دور انداخت و دنبال کارش رفت؛ برای هتل میانه‌حالی که هر اتاقش شبی ۱۳ هزار روبل (۱۸۸ دلار) قیمت دارد، نامه آورده بود.

روسیه، سرزمینی است که در آن می‌شود دریافت چرا لنین، لنین شد و این که نفرت مرگبار او علیه سرمایه و سرمایه‌داری از کجا مایه می‌گرفت. می‌شود انگاشت که پایه‌های آن نفرت را همین تضاد و تناقض زننده شکل داده بود که گویی از مظاهر زشت‌ترین نوع سرمایه‌داری است که تناسبی نمی‌شناسد.

روسیه از سرآمدان جنبش انترناسیونال و همبستگی ملل و پوچی نژادپرستی است. خاستگاه بسیاری از مدافعان سرسخت حقوق اقلیت‌های قومی و نژادی همین‌جا بوده. این حرف حساب را کسی می‌گفت که از شعار «روسیه برای روس‌ها» دفاع می‌کرد؛ می‌گفت بیگانه‌ها آمدند و اوضاع بهم خورد. در کشوری که بیش از یک هشتم خشکی کرۀ زمین را دربر دارد و حدود ۱۵۰ قوم خرد و بزرگ در آن زندگی می‌کنند.

امام مسجد که کت و شلوار و کراوات به تن داشت پیش از مصاحبه بلند شد و عبایی روی دوش انداخت و گفت در روسیه بر خلاف کشورهای غربی حقوق مسلمانان رعایت می‌شود، چون اسلامِ روسیه، مذهب بومی و سنتی است. از دیرباز تاتارهای روسیه مسلمان بوده‌اند. گفت شمار مسلمانان در مسکو بیش از دو میلیون نفر شده. و بعد افزود متأسفانه برای این همه مسلمان فقط شش دانه مسجد داریم.

در روسیه دوربین‌هراسی شایع است. به سختی می‌شود کسی را راضی کرد که جلو دوربین ظاهر شود. و اما اگر با دوربین در خیابان‌ها می‌گردید، هر آن امکان دارد شما را نگه دارند و بپرسند که از کجا و چرا آمده‌اید. نه تنها مأموران پلیس که عابران پیاده شخصی‌پوش هم. برایشان مهم است بدانند که دربارۀ کشور آنها به کجا چه خبری را منتشر می‌کنید. روس‌ها بسیار دوست دارند بدانند که جهانیان از آنها چه تصوری دارند. و غالباً انتظار دارند که آن تصور صرفاً مثبت باشد.

و روسیه سرزمینی است که تولستوی و چخوف و داستایفسکی را پرورده که نام و آثارشان جهان را درنوردیده. با این که هیچ کدام زندگی و مرگ راحتی نداشته‌اند.

روسیه همچنان مرموز است. جذاب و فریبا و در عین حال غریب. که گویی درون خودش هم با نوعی غربت دست و پنجه نرم می‌کند.