Thursday, April 29, 2010

Tajik Blogosphere Expanding

Зафари Мирзоён, хуш омадед!

Дар ҷараёни дидори ахирам аз Тоҷикистон бо марде ошно шудам, ки аз дербоз мешинохтамаш. Аммо ифтихори дидор танҳо дар моҳи нувомбри соли гузашта ба ман даст дод.

Медонистам, ки дар Хатлон, зодбуми бузургмардоне чун Имомназари Холназар, фарҳехтае ҳам ҳаст, ки бебокона дам аз шукӯҳи барбодрафтаву роҳҳои бозпас овардани он мезанад.

Дӯстони хубам Муъмину Сафаръалӣ заминаи дидор бо ин бузургворро фароҳам карданд. Ва дар як баъд аз зуҳри диловези поизӣ пас аз тафарруҷе дар Восеъ пои суҳбати Зафар Мирзоён дар Кӯлоб ҳам нишастем ва кӯлбори сафарамон аз дурри хираде, ки ӯ мерехт, пуртар шуд. Аз имрӯзи торику сояравшани дирӯзу равшаноии дирӯзатар гуфтем ва аз вазъи қаламкашону нависандагони минтақа ва фаротар аз он.

Намедонистам, ки ин фарзонаи суханварро ба ин зудӣ бори дигар хоҳам дид. Аммо ин бор дар паҳнаи маҷозии Интернет бо имзои намодини “Маздо” зери навиштаҳои вазине аз бозгашт ба асли хеш, хатти модарӣ, ашки ғурбати Бозори Собир, сардаргумӣ дар имло, равони Эрони куҳану навин ва дигар мавзӯъҳои дардогин.

Вуруди Зафари Мирзоёнро ба бошандагони торнигористони тоҷик шодбош мегӯям ва бовармандам, ки дар гӯшае дигар аз паҳнаи маҷозии тоҷикӣ гулистоне дигар дар ҳоли гулрез шудан аст.

Торнигори Зафари Мирзоён

Tuesday, April 27, 2010

Dushanbe Encourages Brain Drain

“Фирори мағзҳо” – шикори нағзҳо

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Давлатҳо падидаи “фирори мағзҳо”-ро мусибате медонанд, ки бо он бояд пайкор кард ва ҷилави онро гирифт. Давлатҳо мекӯшанд бо даҳҳо чораву тадбир заминаи бозгашти сармояҳои зеҳнии рафтаашонро фароҳам кунанд, то ободонии сарзаминашон мумкин шавад. Онҳо медонанд, ки резиши густардаи мағзҳо ба кишваре чун Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз ҳеч ҳама чиз сохт; рӯи реги саҳроҳои паҳновари сӯхта муҷаҳҳазтарин ҷаҳоншаҳрҳоро бунёд ниҳод. Ва то чанд тан аз пажӯҳишгарони мумтози омрикоӣ ба далели маҳдудиятҳое, ки режими Буши Дувум дар риштаи таҳқиқоти марбут ба сиқти ҷанин эъмол карда буд, кишварашонро тарк карданд, матбуъоти Омрико бар давлаташон тохт ва дам аз хатари “фирори мағзҳо” зад.

Аммо дар ин миён кишваре ҳаст, ки “фирори мағзҳо”-ро ташвиқ мекунад, то шояд бад-ин гуна бар умри давлати худ биафзояд: Тоҷикистон. Дар намунаи Тоҷикистон шояд истилоҳи “фирори мағзҳо” дақиқ набошад, балки “рониши мағзҳо” муносибтар аст. Мағзҳо ё зеҳнҳои мутафаккир ё афроде бо маҳоратҳои вижа ба ҳар баҳона ва сабаби мумкин ба берун аз кишвар парт мешаванд. Шуморе ба далели нофармонии сиёсӣ тард шудаанд, иддаеро шароити тоқатфарсои иқтисодӣ ба берун рондааст. Ва бархеро ҳам давлат ба ибтикори худ ба кишварҳои дигар меронад, то шояд аз фишори лашкари бекорон бикоҳад ва чанд соли дигар бо итминони хотир рӯи тахташ биосояд.

Тозатарин мавриди “рониши мағзҳо” аз Тоҷикистон муъомилоти миёни мақомоти тоҷику араби саъудист, ки заминаи ихроҷи садҳо мағзи мутафаккиру ҳазорон ҷуфт дасти пурмаҳоратро муҳайё кардааст. Лашкари пизишкону муҳандисону ҳунармандон пушти дари ширкатҳое чун “Замони Юнус” саф бастаанд, то шояд “иқбол”-и муҳоҷирати корӣ насиби онҳо ҳам шавад. Ин ширкат ба родю Озодӣ гуфтааст, ки то кунун ҳудуди 3500 тан довталаб номнавис кардаанд, то ба хидмати корфармоёни арабашон бишитобанд. Шумори зиёде аз ин афрод пешаварону кормандоне ҳастанд, ки кишвари навпое чун Тоҷикистон ба онҳо ниёзи мубрам дорад ва интизор мерафт ояндаи равшани кишвар бо дасти ҳамин афроди соҳиби тахассус сохта шавад.

Онҳое ҳам ки бо ҳазорон умеду орзу по ба хоки Арабистони Саъудӣ мегузоранд, то шояд дастикам барои худашон ояндае равшан бисозанд, бад нест достони сархурдагии ононеро бишнаванд, ки бо ҳамин орзуҳо вориди он кишвар шуда буданд, аммо худро дар шароите асафнок ёфтанд. Бо як ҷустуҷӯи мухтасари интернетӣ хоҳед дарёфт, ки чи теъдод афроди хориҷӣ шароити кору зиндагии худ дар Арабистони Саъудиро шабеҳи бардагӣ медонанд. Ва ҳатто арабҳои Мисру Судон, ки бо монеъи забонӣ дасту панҷа нарм намекунанд ҳам аз ҷумлаи қурбониёни сомона (систем)-и аҷибу ғариби додрасии Арабистон ҳастанд ва барои солҳо дар он кишвар дарбанд мондаанд.

Созмони “Дидбони Ҳуқуқи Башар” дар гузориши соли 2004-и худ зери унвони “Баҳракашӣ ва озори муҳоҷирони корӣ дар Арабистони Саъудӣ” навишта буд, ки шумори зиёде аз муҳоҷирон бо шиканҷа, додани эътирофоти иҷборӣ ва муҳокимаи номунсифона дар додгоҳ мувоҷеҳ ҳастанд. Соро Витсун, мудири омили ин созмон дар умури Ховари Миёна ва Офриқои Шимолӣ мегӯяд:

“Мо мардону занонеро дидем, ки дар шароите мушобеҳи шароити бардагӣ зиндагӣ мекарданд. Мақомоти саъудӣ ба азияту озори пайвастаи коргарони хориҷӣ чашм пӯшидаанд.”

Вазъияти коргарони зан дар Арабистон бисёр бад гузориш шудааст. Ҳуқуқи зан аз пуровозатарин муъзалоти ин кишвар аст ва шояд бузургтарин мояи шармсории он. Занҳо на танҳо аз ҳуқуқи комили инсонӣ бархурдор нестанд, балки ҳузурашон дар ҷомеъа таҳти назорати мустақими мардҳо сурат мегирад. Тоза дар поёни соли 2001 буд, ки мақомоти саъудӣ барои нахустин бор ҳувияти мустақилли занҳоро ба расмият шинохтанд ва барояшон шиноснома содир карданд. То пеш аз он номи занҳо танҳо дар шиносномаи падарон ва шавҳаронашон меомад. Зан дар Арабистон дар канори бисёре дигар аз ҳуқуқи бунёдини башарӣ ҳаққи раъй додан ё ҳатто ҳаққи ронандагӣ ҳам надорад. Душвор нест таҷассум кунед, ки дар он кишвар чи дурнамое метавонад дар интизори муҳоҷирони кории зан бошад. Яъне афзун бар табъизи нажодӣ, табъизи ҷинсӣ ҳам дар ин кишвари қуруни вустоӣ бедод мекунад.

Ба ҳар рӯй, расму шеваи зиндагӣ дар Арабистонро ширкатҳое чун “Замони Юнус” ба довталабони муҳочират ёд медиҳанд. Забони арабӣ, фарҳангу ойин ва қонунҳои Арабистони Саъудӣ аз ҷумлаи донистаниҳоест, ки муҳоҷирони оянда бояд пеш аз муҳоҷират фаро бигиранд. Мусалламан, донистани ин фарҳангу одоб барои зиндагӣ дар Арабистон судманд аст. Аммо чӣ суде аз ин фарҳангу донистани он оиди сарзамини мо мешавад? Агар Арабистон ҷомеъаи матлубе барои зиндагию шукуфоии башар буд, мутмаиннан то имрӯз ба чизе фаротар аз дороии нафтӣ даст меёфт. Таҷрубаи зиндагӣ дар ҷомеъае, ки дар садаҳои пеш гирифтор мондааст, метавонад ба изофаи ранҷе, ки барои муҳоҷирон меофаринад, барои кишвари мо ҳам дар дарозмуддат ранҷбор шавад. Яъне хӯ гирифтан бо шеваи зиндагии саъудӣ ва интиқоли он ба муҳитҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар оянда метавонад аз сарзамини мо ҳам кишвари бадбахте чун Арабистон бисозад; “хушбахтӣ”-и Арабистонро нафташ таъмин кардааст, ки Тоҷикистон фоқиди он аст. Аммо “мағз”-и салтанати саъудӣ ҳамвора воридотӣ буда ва акнун “мағзи тоҷикӣ” ҳам дар садади ёфтани ҷои пое дар бозори зеҳнии он кишвар аст. Як севум (сеяк)-и ҷамъияти Арабистонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд.

Тасмими давлати Тоҷикистон барои фурӯши нерӯи корӣ ба Арабистон ба манзури дур кардани хатари ошӯби иҷтимоъӣ бар асари бекорӣ сурат гирифт. Агар ин барнома бо комгорӣ пеш биравад, шояд нисфи дигари ҷамъияти шоғили Тоҷикистон ба Арабистон сарозер шавад (нисфи аввали он дар Русияву Қазоқистон аст) ва оромиши давлатро барои чанд соли дигар таъмин кунад. Аммо гумон намеравад, ки давлати кунунӣ тобу таҳаммули бори зеҳнии муҳоҷиронеро дошта бошад, ки пас аз солҳо зиндагӣ дар Арабистон ба кишвар бармегарданд. Тафаккуре, ки дар Арабистон, дар қалби мактаби ваҳобия, шакл мегирад, метавонад ошӯбе бас фарогиртар ба бор оварад. Ба вижа агар таваҷҷуҳ дошта бошем, ки бештари ҳамкориҳои Арабистон бо Тоҷикистон ба масобаи як бархурди тамомъайёри тамаддунҳо ҷиҳати мукобила ва рақобат бо Эрон сурат мегирад.

“Фирори мағзҳо”, ки замоне бархеро ба домани куфр ронда буд, акнун шуморе дигарро ба чоҳи таъассуб меронад.

Wednesday, April 21, 2010

About a Broken Idol

Андар як бути шикаста

Агар буд, имрӯз 140-сола мешуд. Шояд касе ин қадр умр накарда бошад, аммо ӯ умре бас тӯлонӣ хоҳад дошт ва пас аз ин ҳам афроде хоҳанд омаду хоҳанд гуфт, ки “агар буд, 150, 160, 170..., 200-сола мешуд».

Чун Ленин аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки умри сиёсии бас тӯлонӣ доранд. Андешаи батнии ӯ андешаи ҳамешагии башарият аст: эгалитарианизм ё баробархоҳӣ аз замони Маздаки эронӣ то Ленин зинда буд ва пас ӯ ҳам зинда хоҳад монд.

Албатта, бисёре аз пешомадони ӯ бо такя бар диёнати масеҳӣ парчами баробархоҳиро барафроштанд. Решаи андешаҳои онҳоро ҳам гар биҷӯӣ, ба жарфои торихи Ховарзамин меравад. Чун диёнати масеҳӣ худ реша дар Ховарзамин дорад. Ҷон Виклиф (1320-1384) ва кашиш Ҷон Боли инглисӣ (1338-1381) Йон Ҳуси чек (1369 – 1415), Тумос Мунтзери олмонӣ (1488-1525), Тумос Мури инглисӣ (1478 – 1535), Шорл Фурйер (1772-1837) ва Пйер-Жузеф Прудҳуни фаронсавӣ (1809-1865), Роберт Овени велсӣ (1771-1858) ҳама ва ҳама аз пешомадони Морксу Энгелси олмонӣ буданд, ки мактаби Ленинро поягузорӣ карданд. Албатта, ҳар андешапардозе андешае навинро вориди ин мактаб кард ва бар маркаби баробархоҳӣ савор шуд ва то навбат ба Ленин расид, ин маркаб рикобдорони бешуморе дошт ва Ленин ҳам бар шигирду шеваҳои маркабсаворӣ дар ин мактаб афзуд.

Ленин, ба ростӣ, андешаи тозаеро матраҳ накард, балки хиштҳоеро бар биное куҳан афзуд. Маздаки худи мо ҳам, ки дар ҳаволии соли 524 тавассути салтанати Сосонии мо кушта шуд, хостори ҷомеъае буд, ки Ленин дар мағзи ноби худ мепарварид. Фирдавсӣ ба ёди омӯзаҳои Маздак навишта буд:

Ҳамегуфт ҳар к-ӯ тавонгар бувад
Тиҳидаст бо ӯ баробар бувад
Набояд, ки бошад касе барфузуд
Тавонгар бувад тору дарвеш пуд
Ҷаҳон рост бояд, ки бошад ба чиз
Фузунӣ тавонгар чаро ҷуст низ
Зану хонаву чиз бахшиданист
Тиҳидаст кас бо тавонгар якест
Ман инро кунам рост бо дини пок
Шавад вежа пайдо баланд аз мағок

Яъне, оре, косаи даври замон мечархад ва то ба нуқтае мерасад, дубора мечархад. Ва аммо ҳар даври тозаи ин косаи давр чархише тоза дорад; бо шеваю шигирдҳои тозаи чархидан. Пас набоист, ки кумунизмро вижаи Влодимир Илйич Ленин бидонем, ҳарчанд Ленин буд, ки “communism”-ро бо ҳамин ном ба ҷаҳониён ошно кард. Ва аммо боз ҳам ӯ набуд, ки ин вожаро сикка зад. Пеш аз ӯ ҳам Эттиен Кабэ, файласуфи хаёлпарвар (утупист)-и фаронсавӣ (1788-1856), вожаи “кумунизм” (communisme)-ро ба кор бурда буд.

Ҳеч хиште бар ҳаво устувор нашуда ва ба ҳамин минвол, ҳеч андешае дар фазо шакл нагирифтааст. Ҳар чи мо имрӯз дорем, пешомаде дорад, ки дар гузашта, шояд гузаштаи дур, фурӯ нуҳуфтааст. Бад нест бидонем, ки кумунизми Ленин ҳам барои мо, тоҷиконе, ки дам аз ориёӣ будан мезанем, бегона набудааст. Дар воқеъ, метавон иддаъо кард, ки Ленини рус як андешаи тоҷикӣ (ориёӣ)-ро пай гирифта ва ба ҷое расондааст.

Албатта, ин ҳам барои доноёни амр пинҳон нест, ки он чи Ленин мехост, бо он чи дар Иттиҳоди Шӯравӣ шакл гирифт, тафовут дошт. Ленин тайи ду соли охири зиндагиаш тавоноии сухан гуфтанро надошт, чи бирасад ба тавоноии идораи бозмондаи импротурии Русия, ки аз Бухоро то он сӯи Укроин доман афрохта буд. Дар ҳоле ки шолудаи Шӯравӣ дар ҳамон солҳо шакл гирифт. Пас Ленин набуд, ки Самарқанду Бухороро аз мо дареғ дошт.

Ленин ҳаргиз дар ҳеч ҷое изҳори тамоюл накарда буд, ки забонҳои маҳаллӣ ба фаромӯшӣ супурда шаванд, ҳарчанд саромадони андешаи “кумунизм”, ба монанди Шорл Фурйер ва Пйер-Жузеф Прудҳун мавҷудияти танҳо як забонро дар низоми кумунистӣ пазируфта медонистанд. Столин, халафи Ленин, ба ин ақида бештар муътақид буд ва талоши фаровон кард, то ҳамаи забонҳои шӯравӣ шикаст дар баробари забони русиро бипазиранд ва канор бираванд, ки чунин нашуд. Забонҳои решадоре чун забони порсӣ бо чангу дандон муқовимат карданд ва импротурии сурхро ба гӯраш гусел карданду зинда монданд.

Аммо дар солрӯзи зоиши Ленин шоиста аст, ки ҳам аз кӯтоҳиҳо ва ҳам аз баландои парвозаш ёд кунем. Кӯтоҳии диди ӯ шояд табиъӣ буд. Диди башарӣ аз фаро гирифтани кулли тайфи фарҳангию иҷтимоъию иқтисодии густарае фарох чун Иттиҳоди Шӯравии пешин оҷиз аст. Бавижа агар сатҳи пешрафти иқтисодии ҷомеъа аз вопасмондагии Аморати Бухоро то ба тараққии санъатии Урупои Шарқӣ доман бикашад. Фалсафаи Ленин, ки бо вуҷуди нияти нек бар пояи судҷӯии шарри нафсонӣ устувор буд, саранҷом ба нокуҷообод расид ва ноком монд. Аммо он чи аз ӯ монд, ба эҳтимоли қариб ба яқин, хостаи ниҳоии ӯ набуд.

Ленин пайравони нохалафе дошт, ки посдори осори маънавию бозмондаи моддии тафаккуроташ набуданд. Як мушт судхор, ки ба хаёли судҷӯӣ аз султаи андешае тоза он андешаро пазируфтанд ва чун аз дарки он андеша фарсангҳо фосила доштанд, саранҷом онро нагуну вожгун карданд. Онон имрӯз ҳам бар эрикаи қудрат такя задаанд, аммо Ҳизби Кумунисти лениниро пушти по задаанд, то ҳизбҳои ба ном демукроту халқи демукротро бино ниҳанд. Аз ормону омоли ленинӣ ному нишоне нест, ва аз пайкори ӯ ҳам. Он чи ҳаст, як мушт халафи нохалафи идеулужик аст, ки андешаи Ленинро ба пашизе фурӯхтаанд, то сарири қудрат аз кафашон дар наравад. Ленин, агар зинда буд, ҳафт пушти ин афродро ба Сибир табъид мекард.

Зуҳур ва суқути Ленин ба масобаи зуҳуру суқути як импротурӣ буд. Импротурии андешае, ки мехост бо дасти зӯр баробариро бар ҷомеъа таҳмил кунад, аммо хаёлӣ ва ғайриъамалӣ аз кор даромад. Вале шикасти ин андеша далел ба дурустии фалсафаи сармоядорӣ намешавад, ба вижа пас аз буҳрони молии 2008, ки шиканандагии иқтисодии ин низомро барҷаста кард. Ленин ҳар касу ҳар чизе, ки буд, торихсоз буд ва номе ҷовидона дар торих.

Wednesday, April 14, 2010

Kyrghyz Teachers

Омӯзгорони қирғиз

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Он чи бар сари Қурбонбек Боқиеви қирғиз омад, моҷарои тозае нест. К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро... Ва ҳамин тавр баръакс. Ҳамеша чунин будаву хоҳад буд. Ҳеч қудрате мондагору ҷовидона нест. Ҳар шабе ба бомдод расидаву ҳар субҳе ба шом. Пӯёӣ қонуни ҳастист...

Аммо зоҳиран Боқиев ҳанӯз бар дарки ин ҳақиқати ҳастӣ нарасидааст ва ҳамчунон талош мекунад бо гирди ҳам овардани хешовандону ҳамрустоиҳояш дубора ба кандуи асал даст ёбад.

Рӯзи душанбе ҳудуди 500 тан аз наздикони Боқиев дар рустои Тейити Ҷалолобод таҷаммуъ карданду шиъор доданд, ки ҷонашонро рӯи каф гузоштаанду мехоҳанд ин ҳамқишлоқишонро ба сарири қудрат баргардонанд. Бо ин таҷаммуъ ва шиъорҳо воқеъияти зиште бармалотар шуд: маҳалгароӣ, ки метавонад саранҷом ба ҷудоии ҷанубу шимоли Қирғизистон бианҷомад. Аммо ҳатто агар Боқиев ба тахти ҷануби Қирғизистон ҳам такя бизанад, боз ҳам шикаст хурдааст. Чун меросе, ки аз 5 сол ҳукумати ӯ дар Бишкек баҷо монда, чизе ба ҷуз ҳарфу ҳадиси фасоди молию хешовандсолорӣ дар бисот надорад.

Қудрат одамони заъифро олуда мекунад ва аз чорчӯби одамият меронад. Соли 2002 ҳамин Боқиев нахуствазири давлати Аскар Оқоев буд. Тирандозии нерӯҳои давлатӣ ва қатли 5 муътаризи ҷалолободӣ дар он сол боъис шуд, ки Боқиев ихтиёран аз мақомаш канор биравад ва аз худ тасвири сиёсатмадоре мардуммадорро ба зеҳнҳо биспорад. Саранҷом аҷри он манишу рафтори мардуммадоронаашро дид ва мардум рӯи даст оварданду бар маснади раёсат нишондандаш.

Панҷ соли ҳукумати Боқиев панҷ соли навмедии мардуме буд, ки бо умеди эҷоди дигаргуние бунёдин даст ба тағйири қудрату қудратдорон зада буданд. Пеш аз он мардум аз фасоди давлати Оқоев гилоя мекарданд. Фасоди давлати Боқиев мардумро беш аз пеш ба сутӯҳ овард. Пеш аз он мардум аз пешравиҳои сиёсии аъзои хонаводаи Аскар Оқоев дили хуш надоштанд. Боқиев бо эҷоди як ниҳоди иқтисодӣ ва вогузории идораи ҳамаи воҳидҳои иқтисодӣ ба писараш Моксим таҷассуми мафҳуми хонаводасолорӣ шуд. Ва ҳатто интизор мерафт дар интихоботи соли 2014 хишти аввали салтанати сулолаи Боқиев гузошта шавад ва писараш мақоми падарро ба мерос бибарад. Таҷрубаи Озарбойҷон марази “салтанат”-ро дар рагу паи ҳоқимони минтақа ҷорӣ кардааст.

Ин барномаи бадсиголона метавонист дар кишвари хуспидае ба самар бирасад, аммо на дар Қирғизистон, ки панҷ сол пеш ҳам адаби ҳокими мустакбирашро дода буд. Ин бор ҳам ҳисси додгарӣ худнамоӣ кард ва Боқиеве, ки 8 сол пеш гӯё тоби дидани қатли 5 танро надошт, дастури қатли даҳҳо танро дод ва худ чун гунаҳкоре, ки аз шиддати қаҳри қурбониёнаш огоҳ аст, по ба фирор гузошт ва ба рустои зодгоҳаш паноҳ бурд.

Давлати муваққати Қирғизистон, ки ҳанӯз зуд аст дар борааш доварӣ кунем, аз ҳамин акнун бо мақомоти қудратҳое чун Омрико ва Русия дар тамос будаанд, ки ба таври талвеҳӣ гӯёи шиносоии ин давлат аз сӯи онҳост. Бисёре аз таҳлилгарон дар ҷустуҷӯи заминаҳои “русӣ” ё “омрикоӣ”-и шӯриши ахиранд, ки ба сарнагунӣ ва гурези Боқиев анҷомид. Ҳатто худи Боқиев ба монанди салафи ҳамсарнавишташ Аскар Оқоев дар яке аз нахустин мусоҳибаҳояш иддаъо кард, ки “нерӯҳои хориҷӣ” пушти саҳнаи ин рӯйдодҳо будаанд.

Аммо бо нигоҳе гузаро ба пешинаи панҷсолаи ҳукумати Боқиев вуқӯъи як чунин ошӯби худҷӯш алайҳи ҳукумати ӯ, ки дар паи хафа кардани садоҳои мухолиф ва бастани роҳҳои муқобилаи маданӣ бо он буд, бисёр табиъӣ ба назар мерасад. Мухолифони давлати Боқиев дарёфта буданд, ки агар акнун дастбакор нашаванд, фардо дер хоҳад шуд ва сулолаи Боқиев реша хоҳад давонд ва баҳои раҳоӣ аз он гаронтар хоҳад буд.

Бо ин тағйиру таҳаввул Қирғизистон номи худро бори дигар бо ҳуруфи зарини барҷаста сабти торихи Осиёи Миёна кард. Мардуми кишвари ҳамсоя бори дигар таъкид карданд, ки ҳозир ба пазируфтани ҳеч навъ ситаме нестанд ва дар воқеъ, метавонанд ҳар он давлати дастнишондаи худашонро ба далели бевафоӣ ба ваъдаҳояш канор бизананд ва давлати дигареро биозмоянд. Дигар баъид аст дар ин кишвар касе ҷуръати такрори ғалатҳои Оқоеву Боқиевро дошта бошад. Мардум ба ҳисобаш хоҳанд расид. Аз ин рӯ давлати муваққат то ба қудрат даст ёфт, эълом кард, ки мехоҳад низоми кишварро порлумонӣ кунад ва аз ихтиёроти раисҷумҳур бикоҳад, то як нафар ба худаш иҷозаи идораи яктанаи зиндагии 5 милюн танро надиҳад.

Таҷрубаи Қирғизистон омӯзанда аст; ҳам барои давлатҳо ва ҳам барои мардумони дигар кишварҳои Осиёи Миёна. Дарс барои давлатҳо: фишор бар ҷомеъаи маданӣ, фасоди молӣ ва хешовандсолорӣ кушанда аст. Дарс барои мардумон: ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.

Ҳукуматҳои худкома ҳамчунон умедворанд, ки ин ҷасорати мардуми Қирғизистон ба яъс бианҷомад. Аммо дар ҳар сурат, сарфи назар аз натиҷаи ниҳоии ин таҳаввул, рӯйдодҳои Қирғизистон шиканандагии давлатҳои худкомаро бори дигар барҷаста кард.

12/04/2010

Thursday, April 08, 2010

Season of Withered ‘Tulips’

Мавсими “лолаҳо”-и пажмурда

Ҳукумати “лолаӣ”-и Қурбонбек Боқиев панҷ сол давом оварду мисли як гули лола пар-пар шуд. Юриши шимолу ҷануби Қирғизистон аз сар гирифта шуд ва ҳукумати ҷанубӣ бо номаи истеъфои нахуствазир Дониёр Усенов ба мағоки торих рафт. Торих чи зуд такрор шуд.

Дарди маҳалгароӣ қирғизҳоро ҳам тикка-пора кардааст, аммо решаи рӯйдодҳои тунду тези дирӯз ба ҷойҳои дигар ҳам кашида мешавад. Фасоди молӣ ва хешовандсолории густохонаи Боқиев димор аз рӯзгори мардум бароварда буд. Ожонси Марказии Тавсеъа, Сармоягузорӣ ва Навоварӣ, ки оқои Боқиев барои хушнудии қалбу оромиши нафси писараш Максим дар моҳи октябри гузашта таъсис карда буд, намод (символ)-и хешовандсолории густохона дар ин кишвари ҳамсоя буд.

Албатта, пештар аз он ҳам писараш дасту забони дарозе дар тасмимгириҳои давлат дошт ва ҳатто дар чигунагии таркиббандии ҳайъати давлат изҳори назар мекард ва назароташ чун дурри суфта пазируфта буданд. Аммо бо таъсиси ин ниҳоди навин тақрибан тамоми ниҳодҳои иқтисодии кишвар таҳти назари мустақими Максим Боқиев ва дар натиҷа хонаводаи Боқиев қарор гирифтанд ва кумаку эътибороти молии ҳангуфти Омрикову Русия аз рӯи мизи Максим ба мақсад фиристода мешуданд. Ҳатто кумакҳои байнулмилалӣ ба созмонҳои мардумниҳод (ғайридавлатӣ) аз тариқи ҳамин ожонс сурат мегирифт. Яъне кунтрули Максим танҳо иқтисодӣ набуд, балки мехост ҷомеъаи маданиро ҳам зери заррабини худ қарор диҳад ва ба майли худ онро шаклу сомон диҳад. Аз сӯи дигар, дастандаркорони тиҷорат маҷбур буданд бо хатти машйи давлати Боқиев ҳамнавоии сад дарсад дошта бошанд, то ба молу маноле даст ёбанд. Вагарна дари дуконашон тахта мешуд.

Ин фарзия ҳам матраҳ буд, ки Максим дар интихоботи 2014 (пас аз ду давраи раёсати ҷумҳурии падараш) ба суккони кишвар даст хоҳад ёфт.

Дар ҳамон моҳи октябр Боқиеви падар бо судури дастуре шумори вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои порлумониро коҳиш дод ва бар масъулиятҳои ожонси писараш афзуд. Умурбек Текебоев, раҳбари ҳизби мухолифи Ота-Макони Қирғизистон, ин таҳаввулотро “хусусисозӣ”-и давлат унвон карда буд.

Афзун бар ин, дар соли гузашта Қурбонбек Боқиев ба худ иҷоза дод, ки бо тағйири сохтори Хадамоти Амнияти Миллӣ бародараш Жониш ва писари дигараш Муродро ҳам соҳиби кор кунад. Ин ду хешованди тании раисиҷумҳур дар раъси амниятиҳо қарор гирифтанд, то бо вафодории бештар амнияти хонадони ҳокимро таъмин кунанд, ки аҳамияти он зоҳиран фаротар аз амнияти миллӣ рафта буд.

Ин ғалатҳои Боқиев даҳчандони ғалатҳои мушобеҳи Аскар Оқоев буд, ки дар баҳори соли 2005 бо як мавҷи “лолаӣ” шуста ва ба Маскав андохта шуд. Акнун шоеъоте ҳокӣ аз фирори раисиҷумҳури ахир аст. Иддае мегӯянд, ӯ ба Уш паноҳ бурдаасту миёни ҳаводоронаш аслиҳа пахш мекунад. Шуморе ҳам муътақиданд, ки Боқиеву дору дастааш дар маҳалли амне дар Омрико мунтазири фурӯ рехтани обҳо аз осиёбанд. Аммо он чи мусаллам аст, бадномии тамому камоли ин оқост, ки савор бар мавҷи эътирозоти мардум сари қудрат омад ва бар мардуми худ ҳамонро писандид, ки дар давраи Оқоев бар худ написандида буд. Сарнавишти талхи хешовандсолорони қирғиз метавонад барои ҳамтоёнашон дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна дарси хубе бошад.

Ban Ki-moon by Jeyhun

Гузори Бон Ки-Мун аз канори Ҷайҳун

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

06/04/2010

Бон Ки-Мун сафараш ба “минтақаи ҳазорон савдо”-ро ба зудиҳо аз ёд нахоҳад бурд. Ҳанӯз ҷомадони сафарашро набаста, аз Эътилофи Мудофеъони Ҳуқуқи Башари Узбакистон паёме дарёфт кард, ки хушбинона аз ӯ мехостанд дар ҷараёни дидораш аз Тошканд мақомоти узбакро бо иттиҳоми иртикоби ҷиноятҳо алайҳи башарият ба додгоҳи Лоҳа (Гаага) гусел кунад.

То по ба хоки Бишкек гузошт, бахшҳое аз Қирғизистонро мавҷи эътирозот дарнавардидан гирифт. Замоне ки дар Тоҷикистон мекӯшид кӯргиреҳи равобити Душанбе-Тошкандро боз кунад, муътаризони қирғиз дар минтақаи Талас чумоқ (калтак)-у гози ашковар мехурданд. Шавқи як “инқилоби рангӣ”-и дигар дар бархе гул карда буд ва ҳирсу ози қудрат - дар вуҷуди афроде, ки дирӯз савор бар як чунин мавҷе рӯи кор омада буданд. Бон Ки-Мун, ки аз сарзамини хирадпарвари Куре (Корея) меояд, дар Осиёи Миёна як намуна аз таъсироти вайронгари қудратмадориро бо ду чашми сар диду дар аҷаб монд. Дар воқеъ, дар аҷаб рафт.

Ва дар ҳассостарин кишвари минтақа – Афғонистон деви қаҳри Ҳомид Карзай бедор шуда буд. Раҳбари собиқан мулоиму муътадили афғон таҳдид мекард, ки агар бештар аз ин озораш диҳанд, ба ҷунбиши Толибон хоҳад пайваст. Ҳамон ҷунбише, ки Омрико бисоташро барчида ба ҷои он хаймаи Карзайро паҳн карда буд, имрӯз муттаҳиди билқувваи ин оқост, ки зоҳиран бо ин найранг мехоҳад ҳам пойгоҳи иҷтимоъиаш дар миёни паштунҳоро устувортар кунад, ҳам аз омрикоиҳо бож биситонад. Найрангест бас зариф, аммо дар сурати нокомӣ сар ба бод хоҳад бурд. Аз сӯи дигар, бадгумонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди дурустии интихоби дубораи ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ аз байн нахоҳад рафт ва аломати суоли бузурге бар сари машрӯъияташ овезон хоҳад монд. Аммо мавзӯъи машрӯъият камтар раисҷумҳуреро дар минтақаи мо нигарон кардааст ва ин мавридест, ки Бон Ки-Мун зоҳиран хуб медонад.

Кӯтоҳсухан, дабири кулли Созмони Милал ҳар ҷо мерафт, дам аз зарурати суботу ҳалли муноқишот аз роҳи гуфтугӯ мезад, аммо шоҳиди бурузи навъе ҳарҷу марҷ дар минтақа буд, ки дар ҳоли шиддат гирифтан аст.

Аз гузориши расмии Созмони Милал чунин бармеояд, ки ихтилофи Тоҷикистону Узбакистон бар сари нерӯгоҳи Роғун аз далоили аслии сафари оқои Бон ба минтақа буд. Дабири кул муътақид аст, ки агар ҷилави ин мушкилро имрӯз нагирем, фардо дер хоҳад шуд. Ин ҷумла гӯёи умқи нигаронии дабири кул аст, ки дар ҷараёни дидораш бо мақомоти ҳар ду кишвар баён шуд.

Аммо он чи бояд барои мо нигаронкунанда бошад, ин аст, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон натавонистанд дабири кулли Созмони Милалро ба чарандию беҳудагии иддаъоҳои Узбакистон дар бораи асароти сохтмони нерӯгоҳи Роғун мутақоъид кунанд. Натавонистанд тафҳим кунанд, ки агар Узбакистон воқеъан рост мегӯяд ва нигарони паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи Роғун аст, чаро он танҳо кишвари минтақа аст, ки масъули умдаи нобудии дарёи Орол ба шумор меояд. Чи гуна 70 дарсади оби ин дарё бухор шуду ба ҳаво рафт? Магар ҳамин сомона (систем)-и дарёдаркаши обёрии заминҳои васеъи Узбакистон набуд, ки Оролро ба гавдол (чуқурӣ) табдил дод? Ва оё пас аз он фоҷеъа метавон бовар кард, ки раҳбарии узбак кӯчактарин дарку тасаввур ё парвое аз муҳити зист дорад?

Албатта, вазири хориҷа талош мекард, чизҳое ба монанди инро ба дабири кул гӯшрас кунад. Аммо наҳваи баёни лакнатбори ӯ ва мантиқи пӯшида дар ҳиҷоби суханоне пуртумтароқу печида мафҳумро номафҳум карда буд. Аз ҷумла намедонам, ки бардошти дабири кулли Созмони Милал аз ин ҷумлаи оқои Зарифӣ чӣ буд ва нони мутарҷимаш ҳалол бод (!):

“Ин коршиносон дар таъмин намудани муваффақияти корҳои сохтмонӣ, ки дар Роғун анҷом дода мешавад, бо стандартҳои байналмилалӣ, сифат ва таҷрибае, ки дар сохтмон ба кор бурда мешавад, ҳамчунин амалӣ намудани ҳамоҳангии байни корҳои сохтмонӣ ва таҳқиқотҳои техникӣ тавассути ба назар гирифтани хулосаҳову натиҷаҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва анҷом додани ҳар яке аз ин марҳилаҳо (-и) сохтмон корҳо ба анҷом расонда хоҳад шуд.”

Шояд мутарҷим ҳам дар расондани матлаб оҷиз монда буд, ки дабири кулли Созмони Милал ба баҳонаи тангии фурсат барномаи дидор аз рӯди Вахшу тарҳи Роғунро лағв кард. Албатта, ҳар диплумоти дигар ҳам ки худро бетараф ҷилва медиҳад, по ба Роғун намегузошт. Бетарафӣ барои диплумотҳо ба масобаи бешарафӣ нест, балки айни шараф аст.

Аммо ба ҳар рӯй, аз суҳбатҳои Бон Ки-Мун чунин бардоште ҳосил мешуд, ки ин оқо бо азоби алими бебарқии Тоҷикистон дар фасли сармо ошно нашуда ва барояш ба дурустӣ нафаҳмондаанд, ки Узбакистон дар сардтарин рӯзҳои сол табдил ба қассобе мешаваду ҷараёни барқро қатъ мекунад, то кӯдакону солмандони мо аз сармо бимиранд ва зиндагӣ бозистад. Танҳо сарвате, ки Тоҷикистонро метавонад аз хоки тангдастӣ бардорад, ҳамин обаш аст. Мавқеъияти иқтисодии ду кишвар тафовутҳои фаровоне дорад ва аз рӯи инсоф нест, ки ин фишанги фишор дар дасти Узбакистон боқӣ бимонад... Танҳо паёми оқои Бон ин буд, ки то анҷоми арзёбии фаннии Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистону Узбакистон бояд аз ҳар навъ иқдоми яктарафа даст нигаҳ доранд.

Хушбахтона, дабири кул яке аз мавридҳои истифода аз фишанги фишор тавассути Узбакистонро нодида нагирифт ва аз Тошканд тақозо кард, ки садҳо вогуни ҳомили маводду масолеҳу сӯхтро раҳо кунад, то аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон вориди Тоҷикистон шаванд. Марги садҳо шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистону Узбакистон бар асари исобат бо минҳои узбакӣ дар имтидоди марз низ дабири кулли Созмони Милалро дилреш кард ва ӯ ин таҷрубаи ғайриинсониро “ғайри қобили қабул” донист.

Оқои Бон таи дидораш аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз давлатҳои худкома хост, ки ҳуқуқи башар ва додгариро риъоят кунанд, паймонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башарро, ки зерашон имзо кардаанд, арҷ бигзоранд, протоколи ихтиёрии паймони зидди шиканҷаро тасвиб кунанд, бо Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женев ҳамкорӣ кунанд ва аз ҷумла иҷоза диҳанд, ки коршиносони мустақилли он аз кишварҳои минтақа боздид кунанд. Мақомоти ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна сар такон доданд. Сарҳо ҳамчунон такон мехуранду аробаи демукросимон на.