Monday, June 29, 2009

I Dream of Peace

Дар орзуи рузи сулх

Дар Точикистон аз поёни ду чанг дар ду руз тачлил мекунанд: 9 май ва 27 жуан (июн).

Дар чашни нахуст мегуянд: «Хеч кас ва хеч чиз фаромуш нашудааст». Аммо дар чашни дуюм вонамуд мекунанд, ки хама кас ва хама чизи марбут ба чанг фаромуш шудааст, то мабодо кинахои дерин тоза шавад ва гилояхои пешин ба забон ояд.

Дар чанги нахуст Точикистон катрае аз дарёи чахонй буд ва дар чанги дуюм – конуни оташсузй. Дар чанги нахуст чузъе аз баданаи бозигаре умда буд; дар чанги дуюм – дастухши бозигарони умдаи минтакайи. Дар чанги нахуст дар хайъати пирузмандон зохир шуд; дар чанги дуюм, бо вучуди поёни нисбатан сареъи он, кишвари мо дар кул як бозанда буд ва бо бисоти парешонаш дар баробари ояндае мубхам карор дошт. Чанги нахуст «чахонй» буд; чанги дуюм – «махаллй» ва «дохилй». Аз ин ру тарчех медиханд хар кас ва хар чизи марбут ба чанги нахустро ба ёд дошта бошанд ва хар кас ва хар чизи марбут ба чанги дуюмро фаромуш кунанд.

Албатта, мухимтарин далели ин ричхон чизе дигар аст: сардамдорони кунунии давлат савор бар мавчи хунини хамон чанг руи кор омадаанд ва ин хакикат бар вачхаю эътибори давлат намеафзояд. Давлат моил аст бо тазъифи хофизаи чомеъа аз чанги «дохилй» тасвири дигаре ба даст дихад, онро ба дилхохи худаш тарсиму рангомезй кунад, бозигарону бозичахоро ба дилхохи худаш дар майдони набард бичинад ва бадсиголону некандешони он корзорро худаш таъйин кунад.

Чаласахои гиромидошти сулхи соли 1997 беш аз пеш ба чашнхои такриму ситоиши танхо яке аз тарафхои чанг табдил мешавад, ки дар вокеъ, чун тарафи мукобили худ бозичаи бозигарони умда буд, ки руи сандалихои гарму нармашон дар Кремлину Тошканд руйдодхоро чараён медоданд. Дар поёни ин чанги, ба истилох, дохилй хамин тараф худро пируз пиндошт, ки хиёле беш нест. Дар поёни ин чанг саркардаи «пирузмандон» унвони Кахрамони Миллии Точикистонро ба худ ихтисос дод ва ба саркардагони гурухи «ёгй» амлоки гайриманкуле дод, то ором бигиранд ва даст аз сиёсат бардоранд. Хадиси «30 дарсад сахмияи мухолифон дар давлат» барои хамеша дар сатхи як хадис бокй монд ва харгиз амалй нашуд ва охиста-охиста, мисли дигар хакикатхои он чангу сулх аз ёдхо рафт, то баъдан аз зери губори нанг берун ояд, ки фурсати он то кунун фаро нарасидааст.

Ба хамон андоза, ки чанги дохилии Точикистон тахмилй буд, сулхаш хам тахмилй буд. Дар ин ки поёни чанг ба манфиъати кулли чомеъа буд, шакке нест ва касе он рузхои сахтро хатто ба душманаш орзу намекунад. Аммо вокеъият ин аст, ки мо бо дасисаи бегонагон ба чони хамдигар даруфтодем ва нахустин сафхахои китоби истиклолро бо ранги нанг олудем ва хамин тавр зери фишори бегонагон, ки зехнашонро дигар Толибон ба худ машгул карда буданд, ба ин чанг поён додем. Ихтиёри огозу поёни чанг бо мо – кавми нотавону ранчур ва пора-пораи точик набуд. Ононе, ки дар миёни мо тафрика андохта буданд, хукумат мекарданду мекунанд.

Сулхе, ки хама хостораш буданд, омад. Аммо интизори нерухои равшани чомеъа ин буд, ки ин сулх заминахои чангро пок бизудояд. Сулхе бошад, ки бахонаи чангро аз дасти хамаи нерухо, аъам аз дохилию хоричй, бирабояд. Чомеъаро огох кунад, то дубора дастхуши бегонагон карор нагиранд ва аз хукуку тавоноихои худ ба унвони як шахрванд ва як кишвари мустакил вокиф бошанд; дасти истибдодро кутох кунад ва як чомеъаи маданй шакл дихад, то аз ин ба баъд мушкилоту суитафохумхо дар додгох халлу фасл шавад, на дар майдони чанг; озодихои маданиро арзонй бидорад, то бахонае барои бурузи хушунат бокй намонад; чилави рушди махалагроиро бигирад, ки бо тамассук бад-он бегонагон аз мо истифодаи абзорй карданду мекунанд.

Танхо бо ичрои ин икдомхо буд, ки мешуд пойбасти устуворе барои сулхе пойдор дар кишвар сохт ва заминаи пешрафту шукуфоии чомеъаро фарохам кард. На аз рохи хафа кардани садохои мухолиф, саркуби ракибони сиёсй, махдуд кардани озодихое, ки бе он хам махдуд буд, шакл додани кеши шахсияте, ки буи ганди истибдод медихад, такаллуби оро дар интихобот, тахмили тагйироти бемантик дар Конуни Асосй, даст бурдан дар байтулмол ва горати дороихои мардум, адами таваччух ба омузишу парвариш ва саводзудоии фарогир, ки мушохида мешавад.

Ин заминаро хамин холо хам мешавад сохт. Он гох метавон рузи сулхи ростинро хар руз чашн гирифт.

Friday, June 26, 2009

You’ll Come Out Stronger, Iason!

Дар чанги истибдод

Ёсун Отеносиёдис (Iason Athanasiadis) дар зумраи боздоштиёни руйдодхои ахир дар Эрон аст. Ёсун, ки як рузноманигори юнонитабор бо тобеъияти дугонаи юнонй ва бритониёист, чараёни интихоботи Эронро барои Вошингтун Тоймз (The Washington Times) пушиш медод ва пеш аз тарки Техрон дар фурудгохи Имом Хумайнй боздошт ва ба анчоми «фаъъолиятхои зеризаминй» муттахам шуд.

Ёсун аз ошноёни Як Дарвеш аст. Чавоне бо дониши фавкулъода гании забонй ва фархангй, ки ба забонхои юнонй, инглисй, порсй ва туркй ба салосати тамом сухбат мекунад ва бо чанд забони дигар ошнойи дорад ва се сол (2004-2007) дар Эрон зиндагй кардааст ва Эрону мардумашро самимона дуст дорад. Ёсун фориг-ут-тахсили Донишгохи Оксфурди Инглис аст ва дар муассисаи равобити байнулмилали Техрон хам дарс хондааст. Номи хонаводагии сахташро ба шухй "Отенизода" (зодаи шахри Отен - Афина) мегуфт, то аз захмати чандин бор такрори он рохат шавад.

Маъмуриятхои ахири у ба унвони як рузноманигори озод дар Туркияву Лубнон буд. Карор буд Ёсунро пас аз бозгашташ аз Техрон бибинам. Ёсун аккоси хуб хам хаст ва мехостам тозатарин аксхои у аз Эрону Туркияву Лубнонро канори хам бигзорем ва матолибе фархангй тахия кунем.

Чанде пеш як гузориши чандрасонаии Ёсунро бо хам тахия карда будем, бо номи «Техрон: нигохе аз берун». Барои муъаррифии кори Ёсун навишта будам:

«Хоричихое, ки гузорашон ба Эрон меуфтад, маъмулан бо кулбори зехнии гароне ба кишвархояшон бармегарданд. Чун голибан тасвире, ки аз Эрон пеш аз сафар дар зехнхои худ доштаанд, бо тасвире, ки пас аз ошнойи бо ин кишвар ва икомат дар он шакл мегирад, хамхонии чандоне надорад. Ба вижа агар муддати икоматашон дар Эрон яке-ду мох на, балки се сол бошад.»

Умедворам ин бор икомати ичбории Ёсун дар Эрон он кадр ба дарозо накашад ва тасвири кашанге, ки аз Эрону мардуми он дар поёни сафари каблиаш ба он кишвар ба зехн супурда буд, хеле махдуш нашавад.

Ёсун барои он гузориши мусаввараш матни гаррои шоъиронае ба забони инглисй навишта буд, ки барояш ба порсй баргардонам. Сипас Ёсун ду бор он матни порсиро бароям забт карду фиристод; як бор аз Истонбул ва бори дуюм аз Бейрут. Рузноманигоре кушост, ки талош мекунад корашро дар хадди аъло анчом дихад, бидуни хеч каму касре. Хосили он хамкории мо гузорише шуд, ки хазорон хонанда руи он ангушт заданду хонданду тамошояш карданд.

Акнун Ёсун дар боздоштгохест, ки намедонем дакикан кучост ва падару модараш бо пахши баёнияе аз макомоти Эрон хохиш кардаанд, ки писарашонро озод кунанд. Чун танхо хадафи Ёсун ба унвони як рузноманигор пушиши руйдодхо буда, на фаъъолияте махфй. Хосили фаъъолияти ошкори у дар Эрон хам дар рузномахо мунташир шуда, на дар парвандахои комилан махрамонаи сервисхои чосусй.

Аммо Гуломхусейн Мухсинии Эжейи – вазири иттилоъоти Эрон дар изхороташ дар бораи боздошти Ёсун гуфт: «Мо хар касеро, ки дар холи гирдоварии иттилоъот дар бораи Эрон аст, боздошт мекунем.» Вале гирдоварии иттилоъот вазифаи як рузноманигор аст. Оё ин сухани ачибу гариб ба маънии лагви ниходи рузноманигорй дар Чумхурии Исломист? Рузноманигор, агар иттилоъот гирдоварй накунад, бояд чи кор кунад? Ба эхтимоли зиёд, бояд мунтазир бимонад, то бултанхои омодае аз Вазорати Иттилоъотро дар ихтиёраш бигзоранд, то хамонро ба хурди расонахои худ бидихад.

Албатта, Ёсун ин корро намекард ва хеч рузноманигори ростине хам намекунад. Вай мушохидоташро аз раванди интихобот баён мекард ва барои намуна, дар маколае, ки рузи 16 жуан (июн) дар торнамои Гордиян чоп шуд ва мутаъаллик ба калами ин дусти мост, менависад, ки шахри Техрон миёни хомиёни Махмуди Ахмадинажод ва ракиби шикастхурдаи вай Мирхусейни Мусавй ду тикка шудааст. Рузи 17 жуан (июн) вай як чехранигорй аз Мусавиро дар Вошингтун Тоймз чоп кард. Кадом як аз инхоро бояд кори «зеризаминй» талаккй кард?

Таваччух ба вокеъаи боздошти Ёсун дар арсаи байнулмилалй, бо назардошти тобеъиятхои у, ру ба афзоиш аст ва сафорати Юнон дар Техрон ва хатто вазири хоричаи Бритониё дам аз талош барои озодии у задаанд. Аммо ба гузориши Хабарнигорони Бидуни Марз, дар паи руйдодхои пурошуби Эрон то кунун 33 тан рузноманигор боздошт шудаанд, ки аксаран эронианд ва сарнавишти онхо метавонад тиратар бошад.

Режиме, ки талош мекунад ба зури чангу дандон худашро руи тахт хифз кунад, маъмулан пеш аз хама бо он чангу дандонаш ба чони рузноманигорон ва асли озодии баён меуфтад. Аммо он даста аз режимхое, ки ин талошро карданд, боз хам саранчом ба партгохи торих хавола шуданд.

Сухан модда нест ва онро наметавон хабс кард, кушт, оташ зад, тикка-пора кард... Сухан фаррору сайёлу симобвор аст ва аз кучактарин сурохи мумкин дарз мекунад ва дар фазое бозтар рахо мешавад ва дар нихоят табли расвоии режимхои дуруггуву фосиду табахкорро дар саросари чахон мекубад.

Нафси боздошти рузноманигорон ва талош барои хафа кардани садохои мухолиф дар Эрон нишонаи шикасти режими то дандон мусаллах дар баробари мардуми бедифоъу номусаллах аст. Нишонаест аз вокеъияти иддаъои такаллубй будани интихоботи ахир, ки дар торихи Эрон собика надошт. Агар натичахо сохтагй набошанд, чаро Хоманайи бояд чонбакаф шавад ва Ахмадинажод ин хама нигарон бошад? Агар мардум ба Ахмадинажод 63 дарсад раъй додаанд, дар сурати баргузории интихоботи дубора хам ин корро хоханд кард. Аммо на. Мутмаиннан макомоти Чумхурии Исломй наметавонанд дуруге ба ин гундагиро дубора такрор кунанд.

Хоманайи мегуфт: Магар мешавад 11 милюн раъй такаллубй бошад? Шурои Нигахбон бо баррасии орои факат 50 шахристон мавчудияти такаллубу тахаллуф дар 3 милюн раъйро эътироф кард. Хуб, агар 3 милюн раъй дар бахши кучаке аз кишвар дастхуши тахаллуфот шуда, чаро 11 милюн раъй набошад?

Дар урф мегуянд, ки дуруг хар чи бузургтару шохдортар бошад, мардуми авом ба он бештар бовар мекунанд. Макомот, ки аз боз омадани ислохталабон ба кудрат шадидан харос доштанд, бо дасткории бесобика дар орои мардум ва дуздидани амонати мардум хостанд чилави онро бигиранд. Мусалламан, режими мустабид ба хар кимате талош мекунад сари кудрат бимонад. Дар ин миён рузноманигорони ростин хастанд, ки никоб аз сурати онхо бармедоранд ва мавриди хашми макомот вокеъ мешаванд.

Танхо метавон умедвор буд, ки Ёсун ва ёрони дигар, ки дар чанги макомоти ЧИ гирифтор мондаанд, ба зудй рахо шаванд ва дубора маъмурияти шарифи худро, ки бозгу кардани вокеъиятхост, аз сар бигиранд. Барояшон бурдборй мехохам.

Торнамои Iason Athanasiadis
Ёсун дар Wikipedia

The King of Pop Dies

Султони Поп даргузашт

Мойкл Чаксун (Michael Jackson), ки замоне лакаби "султони мусикии поп"-ро дошт, соъате пеш, (рузи панчшанбе ба вакти Омрико) дар синни 50-солагй даргузашт. Вай бар асари исти калбй зухри рузи панчшанбе дар хонааш дар гарби Лус Ончелес (Los Angeles) бехуш шуд ва дертар дар бемористон чон дод.

Бемористон тахти мукаррароти амниятии шадид аст ва хатто бархе аз кормандони он ичозаи вуруд надоранд. Сохтмони онро мардуми зиёде ихота кардаанд. Бархе аз онхо ашк мерезанд.

Ин хамосаи мусикй, ки кудакиашро шухрат, сахна ва падаре хашин рабуда буданд, ба пайкари попи гарбй нафаси тозае дамида буд ва овозу ракси у сарчашмаи илхоми бисёре аз овозхонони имрузй ба шумор меояд. Олбуми “Thriller”-и Чаксун пурфуруштарин олбуми торихи мусикии чахон аст.

Чаксун кудакии рабудашудаашро дар бузургсолй тачруба мекард. Рафтору сиришти кудаконаи у дар солхои ахир мавриди суиистифодаи фаровони судчуён вокеъ шуд. Вай замоне ба Дубаю Бахрайн панох бурд ва дубора ба Омрико баргашт. Иттихомоти мабнй бар кудакозории чинсй, ки алайхи у матрах шуда буд, ба субут нарасид ва гуфта мешавад, ки танхо ба далели бахрабардории молй аз Чаксун анчом гирифта буд.

Карор буд дар огози мохи мелодии оянда Мойкл Чаксун ришта-кунсертхои 50-бахшии худро дар Ландан баргузор кунад ва гуфта мешуд, ки ин кунсертхо падрудй хоханд буд ва Султони Поп дигар моил нест хунарнамойи кунад. Гофил аз он ки охирин кунсерти Чаксун анчом шуда будааст.

Хамаи билетхои он ришта-кунсертхо дар арзи чанд соъат дар мохи морс (март) пешфуруш шуда буд.

Равони бузургмарди сахнаи попи чахон шод бод.

Thursday, June 25, 2009

Iran. Day 13

Эрон. Рузи 13

23:20 BST
Ба гузориши Би-Би-Сии порсй, Мирхусейни Мусавй расонахои хукуматии Эронро ба воруна чилва додани вокеъиятхо дар мавриди эътирозоти ахир ба натичаи интихобот муттахам карда ва аз хаводоронаш хостааст, ба эътирози худ "дар чорчуби конун" ва "бо пархез аз эчоди таниш" идома диханд. Вай хамчунин омилони "такаллуб" дар интихоботро масъули "рехтани хуни мардум" донистааст.

Мусавй рузи панчшанбе бо интищори баёнияе хитоб ба "мардуми хушёр ва шарифи Эрон" навишт:

Дар рузхои ахир Садову Симо, хабаргузорихои давлатй, бархе рузномахои давлатй, сойтхои интернетии вобаста ба давлат ва рузномаи "Кайхон" бахши умдае аз фазои худро ба воруна чилва додани он чи кабл, хин ва пас аз баргузории дахумин интихоботи раёсати чумхурии Эрон рух дод, ихтисос додаанд.

Ин расонахо дар рузхои ахир матлабхои бисёре мунташир кардаанд, ки дар онхо Мусавй масъули хушунатхои ахир муъаррифй шудааст.

Аммо ба гуфтаи Мусавй,

Дар ин интихобот такаллубе бузург иттифок уфтода ва пас аз он муътаризон ба ин вазъият ба гунае гайриинсонй мавриди хучум карор гирифта ва кушта, захмй ё боздошт шудаанд.


15:23 BST
Рузномаи Гордиян ба накл аз хамсоягони Нидо Окосултон, ки рузи 20 жуан (июн) ба зарби гулулаи басечихо кушта шуд, менависад: Макомоти Эрон ба хонаводаи Нидо дастур додаанд, ки хонаашонро тарк кунанд. Ба гуфтаи хамсояхо, хонаводаи Нидо дигар дар сохтмони чахортабакаи хиёбони Мишкинй дар шарки Техрон зиндагй намекунанд ва пас аз кушта шудани Нидо тавассути макомот водор ба тарки манзилашон шудаанд. Пулис пайкари бечони Нидоро ба хонаводааш пас надод ва маросими хоксупории Нидо лагв шуд ва Нидо бидуни огохии хонаводааш дафн шуд. Хамсояхо мегуянд, давлат маросими суги Нидо дар масчидхоро мамнуъ кардааст.

15:16 BST
Стив Белл дар шумораи имрузи рузномаи Гордияни Ландан корикотури Алии Хоманайи - рахбари Чумхурии Исломии Эронро кашидааст, ки чашму рухсорашро хуни Нидо пур кардааст. Тархи хун хамон тархест, ки аз бинию дахони Нидо Окосултон чорй шуда буд.


Ин корикотур аз касри шаъни рахбари мазхабии Эрон дар арсаи байнулмилалй гувохй медихад. То кунун рузномае бо ахамияту нуфузи Гордиян чунин тасовиреро аз у мунташир накарда буд.

15:10 BST
Имруз карор буд ба гиромидошти хотираи курбониёни руйдодхои ахири Эрон дар Техрон тачаммуъе барпо шавад. Мехдии Каррубй, аз номзадхои шикастхурда дар интихобот, аз мухолифон хоста буда, ки имруз гирди хам оянд. Аммо дишаб вай дар торнамои худ тачаммуъро ба панчшанбе (фардо) мавкул кард.

Тачаммуъи эътирозии дируз дар майдони Бахористон, дар рубаруи сохтмони Мачлис, бо хушунати камсобика саркуб шуд. Яке аз муътаризон дар Техрон мегуфт, ки дар Чумхурии Исломй, ки пушидани либоси сабз ё сиёх хусн махсуб мешуд, акнун мардум аз ин рангхо метарсанд, чун хушунати маъмурони интизомиро бармеангезад. Дар Чумхурии Исломй, ки огозу поёни каломаш «Аллоху акбар!» буд ва бо хамин шиъор сари кор омад, макомот аз мардум мехоханд, ки нидохои «Аллоху акбар!» сар надиханд. Пас «Аллоху акбар!» хам ба монанди рангхои сабзу сиёх тавассути давлати исломии Эрон мусодира шудааст.

14:26 BST
Чон Лойн, хабарнигори Би-Би-Си, ки ахиран аз Техрон ихроч шуд, дар тозатарин тахлили худ аз вазъияти Эрон менависад:

Нишонахое хокист, ки давлат дар холи бозпас гирифтани кунтрули авзоъ аст. Рузи чахоршанбе камтарин мавориди эътироз аз рузи эъломи натичахои интихобот то кунунро доштааст.

Лойн меафзояд: Вале ин фикр, ки мухолифон охиста-охиста сахнаро тарк хоханд кард, як хиёли хом аст. Даъвои дохилй дар Эрон бар сари ояндаи кишвар аст. Ду суи даргир дар бораи чигунагии идораи Эрон ва чойгохи он дар чахон дидгоххои мутафовит доранд. Ва хеч як аз тарафхо хозир нест акибнишинй кунад.

Аз миёни хамаи 290 намояндаи мачлис, ки ба зиёфати пирузии Ахмадинажод даъват шуда буданд, танхо 105 тан даъватро пазируфта дар чашн хозир шудаанд.

Яке аз ононе, ки дар зиёфат хозир нашуданд, Алии Лоричонй, раиси Мачлис буд, ки аз чехрахои барчастаи Эрон аст ва бо дидгоххои усулгароёнаи Ахмадинажод то хадде мувофик аст, аммо ахиран аз бархурди давлат бо муътаризон интикод кардааст.

14:02 BST
Мирхусейни Мусавй – рахбари эътирозот дар Эрон гилоя кардааст, ки макомот роххои дастрасии у ба мардумро комилан кардаанд ва расонахои вобаста ба уро саркуб кардаанд.

Мусавй хушдор дод, ки ин икдом метавонад Эронро ба суи хушунатхои бештар савк дихад.

Ба гуфтаи Мусавй, вай тахти фишор карор гирифтааст, то такозои худ дар бораи баргузории дубораи интихоботро пас бигирад.

Ба гузориши Би-Би-Сии чахонй, дар тахаввуле дигар такрибан ду севуми намояндагони Мачлиси Шурои Исломй аз хузур дар чашни пирузии Махмуди Ахмадинажод худдорй кардаанд.

13:14 BST
Акси яке аз игтишошгарон дар Техрон



Интизор меравад, ки мавзуъи интихоботи Эрон дар мехвари гуфтугухои сарони хашт кишвари санъатии чахон карор бигирад.

Карор буд ояндаи Афгонистон мавзуъи умдаи ин нишаст дар Тристе бошад, аммо хушунатхои пасоинтихоботии Эрон дастури кори ин нишастро низ иваз кардааст.

Аммо вазири хоричаи Эрон гуфтааст, ки касд надорад ба Итолиё сафар кунад.

Вале дар Техрон дишаб хам мавчи сабз ва мухолифони Ахмадинажод даст ба тазохурот заданд ва садхо тан дар майдони Бахористон, рубаруи сохтмони Мачлиси Шурои Исломй тачаммуъ карданд ва алайхи режими Хоманайи шиъор доданд. Бедиранг садхо басечй ва посдори сипох аз даруни масчиди мушриф ба майдон бо чумоку аслиха берун омаданд ва мардумро бо хушунати тамом пароканда карданд. Ба гуфтаи шуморе аз тазохуркунандагон, ки бо расонахои хоричй тамос гирифтанд, бархе дар ин бархурд захмй ва хатто кушта шудаанд.

Чумхурии Исломй ба вижа Бритониёро ба дахолат дар умури дохилиаш муттахам карда, ду диплумоти бритониёиро ихроч кард. Бритониё муъомила ба мисл анчом дод ва ду диплумоти эрониро аз хоки худ ихроч кард.

Хоманайи талош мекунад бо зинда кардани хусумат ва шубхахои зиддибритониёйи интикодоти дохилиро самти «душмани хоричй» равона кунад. Аммо гумон намеравад, ки чамъияти Эрон хамон чамъияти гулу гумрохи 30 сол пеш бошад ва ба устурахои Хоманайи ва ёваронаш бовар кунад. Чумхурии Исломй башиддат такон хурда ва аз ин ба баъд мачбур аст ба як диктотурии саропо баста табдил шавад, вагарна фуру хохад рехт.

Polls: Iran Events Do Affect Tajikistan

Оё руйдодхои Эрон бар Точикистон таъсире хохад гузошт?

Оре 20 (64%)

На 1 (3%)

Шояд 8 (25%)

Намедонам 2 (6%)


Votes so far: 31
Poll closed

Tuesday, June 23, 2009

The Martyress of Our City

Навиштаи зер мутаъаллик ба калами азизе дар Эрон аст, ки бо мулохизоти маълум аз зикри номаш худдорй мекунем.

Такдим ба Нидо, духтари шахиди шахрамон

- Нидочон! Бобо, натарс. Натарс. Натарс, духтарам. Чизе нест.

Чашмони Нидо холо дигар рафтаанд ва лахзае баъд хун аз дахону бинии Нидо чорй мешавад.

Ва падар холо дигар фарёд мезанад:

- На! Духтарам, на! Нидочон, на!

Ва садои дилхароши касе шунида мешавад, ки мегуяд:

- Дорад мемирад. Дорад мемирад...

Ва Нидо мурдааст. Дуруст дар васати хиёбони Озодй, дар шанбеи сиёхи хурдоди 1388, бо шиллики гулулае аз ёварони валии факех, окои Хоманайи. Ин тасвирро мудом хамаи телевизюнхои дунё доранд намоиш медиханд. Ин охирин дастоварди хукумати динии Эронро.

Дурбин хануз дорад руи сурати хунини Нидо чарх мезанад ва садои нолаву фарёду гирйистан дар хам меомезад, ки тасвир тамом мешавад.

Аммо он лахазоти эхтизори Нидо дар зехни милёрдхо одам тамом намешавад. Он охирин нигох ва чумалоти дилхароши падар. На, онхо акнун доранд огоз мешаванд. Мухим нест, ки бештари онхо забони форсиро намефахманд. Марг, зиндагй, лабханд, адолат, ишк, нафрат ва ситам ниёзе ба забон надоранд.

Ва ёди шиъорхои ду руз пеш аз он меуфтам, ки рохпаймоёни сукут бар руи тиккаи когазе навишта буданд:

«Мечангам, мемирам, раъйамро пас мегирам.»

Ва Нидо мурдааст. Дуруст дар васати хиёбони Озодй ва онхо раъйи уро бурдаанд. Дакиктарашро дар шиъори чанд руз пеши рохпаймоён ба хотир меоварам, ки «Раъйи моро дуздида, Бо раъйи мо пуз меда».

Холо тасвири Хоманаист, ки худро ба зехнам тахмил мекунад. Истода дар чойгохи такво, намак бар захми Нидо мепошад. У раъйи Нидоро дуздидааст ва аз минбари намози чумъа мегуяд, ки раъйи Нидо ба низоми исломй будааст ва чашми душманонро кур кардааст. Ва падари Нидо дастони хунолудаш хануз бар гардани зарифу духтаронаи Нидо мондааст. Дуруст дар хамон чое, ки яке аз ёварони Хоманайи онро шиллики гулулае хадаф гирифт, то тахдиди рахбари муслимини чахон тахаккук биёбад, то Нидо натавонад раъйи худро пас бигирад. Нидо пеши чашмони падар, дуруст дар васати хиёбони Озодй мурдааст ва тани зарифу духтаронааш хамон чо мондааст ва лахзае аз зехни милёрдхо инсоне, ки онро дидаанд, дур намешавад ва садои гиряолуди падарашро мешунаванд, ки мегуяд:

- Нидочон. Бобо, натарс. Натарс, духтарам, чизе нест.

Аммо Нидо мурдааст. Ва садои гиря меояд. Хоманайи дорад гиря мекунад. Ва пайравонаш хамрох бо у мегирянд. У дорад тани заъифашро такдими Имоми Замон мекунад. Хамоне ки карор аст биёяд ва чахонро пур аз адлу дод кунад. Ва валии факех дорад заминаи зухури Окоро фарохам мекунад ва ба василаи пайравонаш хамаи мавонеъро аз пеши по бар медорад. Яке аз онхо гардани кашида ва духтаронаи Нидоро хадаф гирифтааст. Ва Нидо наздики падараш истодааст. Дуруст дар васати хиёбони Озодй. Чи кадр хушхол аст, ки тавониста аз халкаи пуршумори ёварони Око бигзарад. Пайравони Хоманайи уро ба ин ном мехонанд. Око ба онхо гуфтааст, хеч кас набояд худро ба Озодй бирасонад.

Вале холо Нидо ва падараш он чо хастанд. Дуруст дар васати Озодй. Онхо омадаанд, ки раъйашонро пас бигиранд. Раъеро, ки онхо ба наккоши шучоъу матини шахрашон дода буданд, то руи дару девори тамоми шахрро акси гулдонхои пур аз гул бикашад. Бахусус аз он гулдонхои шамъдонй, ки як радиф аз онхоро дар хонаашон хар руз падар об медод. Ва у вакте ки кудак буд, лахзае васвасаи чидани гулхояш даст аз сари у бар намедошт ва гох итоби падарро низ ба чон мехарид ва чандтое аз онхоро мечид.

Вале Око гуфтааст, ки у Наккошро дуст надорад ва Нидо ва хамаи мардуми шахр ба низоми исломй раъй додаанд ва ба марде, ки хамеша дасти Окоро мебусад ва кораш пок кардани хамаи наккошихо аз дару девори шахр аст. Ва Око уро аз хама бештар дуст дорад. Холо Нидо мурдааст. Дуруст дар васати хиёбони Озодй ва хамаи мардуми чахон дидаанд. Око хушхол аст, ки раъйи уро пас надодааст ва хушхол аст, ки хама фахмидаанд, ки хар кас худро ба Озодй бирасонад, ёрони Око уро хоханд кушт. Нидо мурдааст ва он марде, ки кораш пок кардани наккошихои шахр аст ва хамеша дасти Окоро мебусад, дорад хуни Нидоро аз хиёбони Озодй пок мекунад.

Аммо тани зарифу сурати хунини Нидо хануз хамон чост ва барои хамеша хамон чо хохад монд. Дуруст дар васати хиёбони Озодй. Ва хамаи мардуми дунё онро дидаанд ва хуни сурхранги Нидо, ки ба ранги гулхои шамъдонй мемонад, хеч гох аз васати хиёбони Озодй пок нахохад шуд.

Муртабит: NEDA

Monday, June 22, 2009

Where is My Vote? Means 'You Can't Exclude Me!'

Раъйи ман ку? Яъне «наметавонй маро хазф кунй»

Дар торнигори «Себистон»-и Мехдии Чомй навиштае вазин ва тахлиле мутабаххирона хондам, ки дарегам омад ба чашму гуши азизони Як Дарвеш нарасад. Дар ин навишта Мехдии гиромй тафовутхои ду насл ва сиришти душворихои кунунй дар Эронро бо махорат шикофтааст.

Сй сол пеш, вакте насли мо гармогарми инкилоб буд, иде(я)хои дигаре дошт. Дунболи хукумати исломй буд. Дунболи нобудии империолизм буд. Мехост прулеториё бар чахон хукм биронад, ки таъбири исломиаш мешуд «мустазъафин» (табакаи бенаво). Ба хиёли худамон муъодили куръонии идеи инкилобии Морксро пайдо карда будем.

Насли мо мусалмон буд, аммо зери сояи морксизм рушд карда буд. Мухолифат бо чахони сармоя барояш ахамият дошт. Дар копитол (сармоя) чизе пасту фурумоя ва дунёталабона медид. Насли мо ба ирфони мотериолистй гароиш дошт. Аз дили он андешахо, ки бояд рузе башарх аз он гуфт, чизе хосил шуд, ки имруз дар низоми вилояти мутлака мебинем.

Ин низом мазхари ирфони вилоятй ва мотериолизми кудрат аст. Пулро дарвешона тахкир мекунад ва хамзамон харисона мепарастад ва ба худойи мерасонад. Шигифтовар хохад буд, агар бибинед Ахмадинажод чи гуна шиъорхоеро медихад, ки замоне пештозони чапи Эрон медоданд. Дар айни хол у хамаро бо нон мехарад ва ба хеч чиз чуз кудрати барахна имон надорад. Албатта, ин тавсифи окои Хоманайи хам хаст. Таксири касе нест, агар хаст. Худи у гуфтааст ва таъкид кардааст, ки Ахмадинажод ба у аз хамаи ричол (мардони сиёсй)-и кадиму чадид наздиктар аст.

Насли имруз насли дигарест. Ин хамон чизест, ки окои Хоманайи ва Ахмадинажод дарк мекунанд ва аз он метарсанд. Ин насл дар чахони дигар рушд кардааст. Чахоне, ки дуруст дар масири мухолифат бо андешахои мурдаву заволёфта ва фурупошидаест, ки дар мадориси ин насл тадрис мешавад ва дар садову симояш таблиг. Чахоне, ки «чаннатихо», «мисбоххо» ва «хусейниёнхо» ва имоми чумъахои давлатиро ба Дун Кишут (Дон Кихот) табдил карда ва ба музе(й) супурдааст. Чахоне, ки «бин лодинхо» ва «мулло умархо»-ро махлуъ ва овораву бекишвар кардааст. Чахоне, ки пешгомони прулеториёиаш хам дигар тарки он иддаъохо гуфтаанд. Чахоне, ки то кунчи хамаи хонахои вазирону вакилону сафирону мудирони хамин низоми вилояти мутлака нуфуз кардааст.

Аз ин низом дигар чизе намондааст, магар хамин авбошони чумокбадаст (калтакдор) ва идехои дункишутй (донкихотй)-и «ахмадинажодхо»-яш ва гурухе аз бечоратарин мардум, ки ба нону себзаминй (картошка) раъй медиханд ё содадилона фиреби мухтасибмаобии ононро хурдаанд.

Низоме, ки мадрасааш касеро тарбият намекунад ва садову симояшро касе бовар намекунад. Низоме, ки нухбагон (элита)-ро хурмат наменихад ва донишгохро ба подгон (гарнизон) ва кабристон табдил мекунад. Низоме, ки дуртарин фосиларо аз оянда дорад, ки чавононаш бошанд. Ва бехтарин рохе, ки барои наздик мондан ба тудаи чашму гушбаста дорад, абзорангорй ва риёкории динй аст.

Ин низом низоми чахони оянда нест. Низоми чахоне гузашта ва даргузашта аст. Эрон охирин халка аз кишвархои инкилобй буд ва фурсат наёфт даврони инкилобгариро бо химояти бародари бузург бадурустй тай кунад. Ночор казои нокарда ба чо меоварад ва дар чахоне, ки касе зери сояи бародари бузург намондааст, аз остону бостони ин бародар рахо намешавад. Мекушад хар тавр шуда, идехои фурурехтаро чамъ кунад ва аз тиккахои он ойинаи шикаста чизе бисозад. Аммо дар ин ойинаи садбандхурда чизе дида намешавад, магар киёфахои кажу коматхои куж. Эрон ба зарбу зур посдори идехоест, ки бо намояндагони кухансолаш дафн хохад шуд.

Низоми Чумхурии Исломй низоми оянда нест, чун аз огоз бо акшори ояндадори эронй аз дари ситез ворид шудааст...

Ин низом сари созгорй бо табакоти шахрй надорад. Аз огоз дил дар гарави прулеториёи хошиянишин баст ва рустоиёни чашму гушбаста ва хануз хам бар хамон масир меравад ва аз хамон тагзия мекунад ва аз хамон акшор нерухои басечу пулиси зиддишуриши худро бармегузинад. Иллаташ хам имруз аз хамеша равшантар аст: онхо мардумонеанд, ки иддаъои раъйу назар надоранд. Чумхурии Исломй, ки акнун ба хукумати исломй-прулеториёйи табдил шудааст, шефтаи хар касест, ки раъй надорад ё раъйашро мешавад харид. Шефтаи хар касест, ки табакоти дорои раъйро душман медорад.

Сиёсати Чумхурии Исломй бар чазби прулеториё ва хазфи либеролхо будааст...

Чумхурии Исломй ба хиёли худ акнун метавонад бедагдага аз бозгашти андешахои чолишгари касоне, ки сохиби раъйу истидлоли фикрианд, мутлака будани вилояти худро бечуну чаро идома дихад. Вилояти мутлака хавсалаи суолу канкошу истизоху талаби посухгуйи ва шаффофият надорад.

Окои Хоманайи дар бист соли рахбариаш як бор хам дар мукобили пурсишу посухи хабарнигорон хозир нашудааст. Як бор хам касе натавониста дар Мачлиси Хубрагон аз хакки назорат бар у истифода кунад. У масъулест, ки аз у суол наметавон кард. Чунин касе ва низоми тахти рахбарии у табъан бо андешаи мустакилли сохиби раъй масъала дорад ва ба саркуби он мегарояд...

Чумхурии Исломй дар дах соли аввал хам зидди равшанфикру донишгохй ва зидди ахли фикру калам ва нависанда буд. Бузургтарин шумори эъдомихояш аз эшон аст ва бузургтарин гурухи мухочираш хам аз инон аст. Аммо дар бист соли баъдй ба шакле стротежик тамоми унсурхои бозгашт ба ояндаро кадам ба кадам зудудааст ва сиёсати хазфи наслиро пеша кардааст ва дар интихоботи дахум бо худъаву найранг ба авч расондааст.

Хулоса кунам. Раъйи ман ку? Дакиктарин шиъори мумкин дар мукобили ин сиёсати музаввирона (каж) ва зиддиинсонй аст. Сиёсате, ки Эронро ба ГУЛОГи асхоби раъй табдил кардааст.

Раъйи ман ку? Яъне ичоза намедихам маро хазф кунй. Ман як фарди сохибраъй хастам. Раъйи маро наметавон ба ниёбат ё чаълу фиреб навишт ва сандук-сандук пур кард. Раъйи ман мухтарам аст. Так-таки раъйхои мо хурмат дорад. Мисли асари ангушти мо так асту бехамто. Ин раъйхо намояндаи интихоби мо хастанд. Наметавонй дар онхо даст бибарй... Ман хастам, ки бо раъйам чомеъаро чихат медихам ва мудирият мекунам.

Ин хатарноктарин шиъор барои вилояти мутлака ва посбонони он ва резахорони хони неъмати уст.

Ин аст, ки у бо тамоми кувво ба мукобила бо раъй бармехезад. Шарму хаёро канор мегузорад ва урён мешавад, то саропои дурушту беандом ва кужу кажи уро бибинй. У ба ту хамла мекунад, чун аз ту мутанаффир аст. Аз раъйи ту, аз расонаи ту, аз иде(я)хои ту, аз писанду нописанди ту. Ту ба сурати мавчуде музохим (захматсоз) барои у чилва мекунй. Як хармагас, ки рохаташ намегузорад. Як кобус, ки бедор нигахаш медорад, парешонаш мекунад. Рохе барои сарварй бар ту надорад. Рахбари табиъии ту нест. Ин уро ба харос меафканад. Ин хушунат, ки мебинй, тарси уст, ки худро дар хамлаи курона ва саъбона (вахшиёна) нишон медихад. Барои у зану марду кучаку бузургу богуноху бегунох надорад. Мардумро душман мебинад. Хар касро, ки бо у мухолифат кунад. Хар касро, ки аз у суол кунад. Хар кас, ки раъйе дошта бошад, ки уро нодида мегирад.

У хирадгурезонро хуш медорад. Чун дар баробари хиради у касе дигар ба хирад ниёз надорад. Хисобгартарину хирадмандтарину маккортарину худъагар (хиллагар)-тарини мардум хамуст. У рахбари фарзона аст ва суханонаш хакимона. Дар баробари у хар фарзонагй ва хирадгаройи ва худраъйи бечову бемаъност. Ин аст, ки бехирадтарин афрод намояндагони уянд ва «дун кишут» (Дон Кихот)-хо дар дастгохаш хамакораанд. Холо ту омадайи ва бо як раъй мехохй дуккони уро барчинй? Коматро талх мекунад, зеро басодагй коми уро талх кардайи. У мехохад як бор барои хамеша дарсе ба ту бидихад, ки фаромуш кунй раъй чист. У касди хазф кардани туро дорад. Итоъат кунй, битарсй, чо бизанй, даврае сиёхтар аз пеш хоким хохад шуд. Кофист чо назанй (нахаросй), фарёд бизанй: Раъйи ман ку?!

Iran. Day 10

Эрон. Рузи 10

Сухани руз, баргирифта аз баёнияи Чабхаи Мушорикати Эрони Исломй, ки рузи душанбе мунташир шуд:

Агар ба он (эътирозхо) расидагй нашавад ва хакки мардум ба онхо боз нагардад, сабаби кахри доимии онхо бо сандукхои раъй хохад шуд. Чаро ки мардум сандуки раъйро тобути истибдод ва даричае ба суи мардумсолорй мепиндоштанд.

19:30 BST
Ба гузориши Хабарнигорони Бидуни Марз, то кунун дастикам 23 тан рузноманигор дар Эрон тавассути макомот боздошт шудаанд.

19:26 BST
Дар холе ки макомоти Эрон ичозаи баргузории тачаммуъу рохпаймоихои мусолиматомезро ба мардум намедиханд, мухолифони режим шевахои нави ибрози эътирозро кашф кардаанд.

Торнамои Каламнюз, вобаста ба Мусавй, хабар медихад, ки мардуми муътариз тасмим гирифтаанд аз соъати 5 то 6 пас аз нимрузи имруз «ба нишонаи эътироз ва низ хамдардй бо шухадои шанбе, 30-хурдодмох, чарогхои утумубили худро равшан кунанд.»

Хамин манбаъ меафзояд: «Зохиран ин шеваи эътироз дар паи мумонеъати бесобика ва бархурди шадиди нерухои низомй ва шибхинизомй бо мардум шакл гирифтааст.»

Яке дигар аз шевахои эътироз сар додани фарёди «Аллоху акбар!» аз фарози боми хонахо дар соъоти шаб аст. Ин шеваи эътироз 30 сол пеш хам боб буд. Бо хамин фарёд макомоти кунунии давлати исломй сари кудрат омаданд ва акнун бонги «Аллоху акбар!» алайхи онхо садо медихад. Сарфи назар аз такаддуси ин калом барои мусалмонон, макомоти Чумхурии Исломй аз муътаризон хостаанд, ки ба ин бонгхои шабонаи худ поён диханд.

Дар хилоли бонги «Аллоху акбар!» фарёдхои «Марг бар диктотур!» ва «Марг бар Хоманайи!» хам шунида мешавад.

19:04 BST
Гузоришхои расида аз Эрон хокй аз даргирихои пароканда миёни Сипохи Посдорони Инкилоби Исломй ва муътаризон аст, ки имруз дар майдони Хафтуми Тири Техрон гирди хам омаданд.

Сипохи Посдорон дар торнамои худ хушдореро хитоб ба муътаризон мунташир ва тахдид кардааст, ки бо хар навъ тачаммуъи эътирозомезе дар шахрхои Эрон бархурди шадид сурат хохад гирифт.

Бо вучуди ин ихторхо ва дастури рахбари Чумхурии Исломй, ки эътирозоти хиёбониро манъ кардааст, имруз хам худуди хазор тан дар майдони 7 Тир тачаммуъ карданд ва мавриди хамлаи сипохиён карор гирифтанд.

Ба далели махдудиятхои бесобикае, ки бар расонахои гурухй дар Эрон эъмол шуда, дарёфти хабархои дакик аз Эрон такрибан номумкин шудааст. 180 тан аз рузноманигорони Эрон эълом кардаанд, ки бо махдудиятхои чорй кодир ба фаъъолият нестанд. Факри иттилоъотии тахмилшуда раванди радду бадали хабархоро мухтал кардааст.

Телефунхои хамрох хам ба вижа дар соъоти шомгох масдуд аст, то аз тараддуди паёмакхо миёни мардуми муътариз чилавгирй шавад. Ба иборате, режими пулисй дар Эрон холати тамому камол ёфтааст.

Аммо як муътаризи техронй ба телевизюни порсии Би-Би-Си гуфтааст, ки сипохиён бо гози ашковар ба самти мардум ва бо гулулахо ба хаво шиллик кардаанд.

Маъмурони пулис хам ки бо кулоххуд ва ботун (калтак)-хои пулодй мучаххаз буданд, мардумро пароканда кардаанд.

Дар тахаввулоти дигар Итолиё аз сафорати худ дар Техрон хостааст, ки ба муътаризони захмй кумакхои башардустона ироа диханд.

Вазорати хоричаи Бритониё, ки мавриди хамалоти шадиди макомоти Чумхурии Исломй вокеъ шудааст, аз кормандони сафорати худ дар Техрон хостааст, ки аъзои хонаводаи худро бозпас ба Бритониё бифиристанд.

Вазорати хоричаи Эрон гуфтааст, ки дар холи баррасии имкони рондани сафирони бархе аз кишвархои урупойист. Макомоти Эрон бархе аз кишвархои гарбиро ба дахолат ва химоят аз муътаризон муттахам кардааст.

Дар хамин хол Шурои Нигахбони Эрон гуфтааст, ки ба ростй дар интихоботи ахир мавориди тахаллуф ва такаллуб будааст. Масалан, дар панчох шахристони Эрон шумори оро аз теъдоди афроди вочиди шароити раъйдихй бештар будааст. Аммо Шурои Нигахбон муътакид аст, ки ин тахаллуфот хам натичахои раъйгириро ботил намекунад.

Sunday, June 21, 2009

NEDA (You Will Not Defeat The People!)

Сахнаи марги фачеъи як духтари эронй дар Техрон дар саросари чахон бозтоби густарда доштааст. Нидо ба намоди муборизаи озодихохй дар Эрон табдил шудааст.

Чони Модлин (Johnny Maudlin) аз корбарони Youtube дар Конодо ба посдошти хотираи Нидо шеъре суруда ва онро бо гитор хондааст:



NEDA (You Will Not Defeat The People!)

Neda was a young girl
She would not wear the hijab
She walked out on the streets of Tehran
To join the madding crowd

She felt a burning fire in her chest
And her blood began to flow
You will not defeat the people
When their lust for freedom grows

Down down go the concrete statues
Watch the faceless soldiers run
You will not defeat the people
When they learn that freedom's fun

Neda was a young girl
Her eyes were black as coal
She walked out on to the streets of Tehran
To take back some control

Watch her father with her face in his hands
Screaming out into the sky
You will not defeat the people
When they learn that they can fly

(First verse again...)

You will not defeat the people
When it's freedom that they know
You will not defeat the people
Crying Neda in the streets
You will not defeat the people
Crying Neda in their sleep.

Дар акс Нидо Окосултон, ки рузи 20 жуан (июн) бар асари исобати гулулаи як басечй кушта шуд ва сахнаи дилхароши марги у саросари чахонро дарнавардид. Сарчашмаи акс: торнамои Би-Би-Си

The End of Trust

Нишонае аз марги эътибори давлат

Дар бухбухаи руйдодхои Эрон дар Точикистон хам иттифоке уфтод, ки Як Дарвеш кавл дода буд пас аз расидагии комил дар бораи он изхори назар кунад.

Бино ба гузоришхои расмй, Мухаммадназар Солехов – вазири пешини кишвар (дохила) худкушй кардааст. Дар холе ки бархе аз аъзои хонаводаи мархум мегуянд, ки маъмурони боздошти Солехов уро куштаанд.

Торнамои «Озодй» ба накл аз Бобочон Бобохонов – додситони кул менависад, ки Солехов дар холати мастй худро куштааст:

Ҳамин ҳолати мастӣ худкуширо тезонд. Ин ҷо ягон ҷои баҳсноке нест. Вақте ки бо шаш-ҳафт моддаи қонун дар назди қонун ҷавоб гуфтан даркор, дар шахси масъули давлатӣ, вазири корҳои дохилӣ, албатта, тарсу ҳаросу ҷавобгарӣ ҳис мешавад. Лекин дар ҳолати мастӣ будан ин ҳолатро тезондааст.

Яке аз маъмурони боздошти Солехов аз мавчудияти машруботи алкулй руи суфраи у хабар додааст, ки аз суи хешованди мархум таъйид нашуд.

Аммо дар давлати Рахмон Мухаммадназар Солехов макомхои баланду бонуфузеро дошт. Вай дар даврахои мухталиф додситони кулли Точикистон, раиси Додгохи Конуни Асосй, муъовини вазири кишвар ва сипас вазири кишвар (дохила) буд. Муддате хам барои ду давра раиси дафтари раёсати чумхурй буд ва тоза имсол аз макомаш барканор шуд. Дар паи барканории Солехов бародари у Тагойназар Солехов, ки раиси поёна (терминол)-и гумруки шахри Душанбе буд, ба чурми хамдастй дар катлу хамли гайриконунии силох боздошт шуд.

Дар паи чустучухо ва тафаххуси Як Дарвеш ва гуфтугу бо манобеъи мувассак чунин тасвире ба даст омад, ки дар вокеъ Мухаммадназар Солехов худкушй кардааст. Ин хабарро яке аз хешовандони мархум хам ки дар сахна хозир буда, таъйид мекунад. Солехов, ки дар макомхои баланди давлатй то кунун муътабар ва мухтарам буда, нахостааст, ки зиндагиашро ба унвони як мучриму зиндонй ба сар бибарад ва маргро бар зиндону бадномй тарчех додааст. У бо таппонча ба сари худ шиллик кардааст. Фарзанди 12-солаи Солехов, ки ба хабаргузорихо гуфтааст, ки маъмурон падарашро куштаанд, шохиди айнии вокеъа набуда, балки аз утоке дигар садои шиллики гулуларо шунида ва табъан, пиндоштааст, ки падарашро куштанд.

Аз суи дигар, макомоти давлат, ки маъмури боздошти Солехов буданд, аз марги фачеъи вазири пешин суде хосилашон намешуд. Террур ин гуна сурат намегирад. Маъмури катли як шахсияти маъруф маъмулан ношинохта мемонад ва дар вокеъ, як муздур аст.

Вале нигохе ба назархои хонандагони торнамои «Озодй» собит мекунад, ки давлати Точикистон дар миёни кишри васеъе аз мардум эътиборашро аз даст додааст. Бо ин ки Додситони кул ба забони шикаста-бастааш таъкид мекунад, ки Солехов худашро куштааст, боз хам касе бовараш намешавад. Чун ин давлат то кунун корхое кардааст ва дуругхое гуфтааст, ки рост гуфтанаш баъид ба назар меояд.

Достони он дуруггуе ёдам омад, ки хар руз ба дуруг хавор мекашид, ки хонааш оташ гирифтааст ва то мардум ба кумакаш меомаданд, медиданд аз оташсузй хабаре нест. Ва рузе, ки хонаи дуруггу ба ростй оташ гирифт ва у чегу хавор сар дод, касе бовараш нашуд ва хонаи дуруггу сухту нобуд шуд.

Пурсиши дигаре, ки дари зехнро башиддат мекубад, пешинаи Солехов ва корномааш дар давлат аст. Дар холе ки ба гуфтаи Додгохи шахри Душанбе, парвандаи чиноии дучилдаи бародари мархум (Тагойназар Солехов) дах сол пеш боз шуда буд, у тоза имсол боздошт шуд. Тагойназар Солехов то лахзаи боздошташ раёсати поёнаи гумруки Душанберо ба ухда дошт. Яъне Додгохи Олй ва макомоти додситонй ва чи басо макомоти болотар хамагй тули дастикам 10 соли ахир огох буданд, ки яке аз макомоти масъули гумруки Душанбе чинояткору котил аст. Ва медонистанд, ки бародари кудратманди у Мухаммадназар Солехов хам аз вокеъиятхо огох аст ва чи басо худаш низ дар он аъмол хамдастй доштааст. Аммо хар ду бародар то авоили имсол давом оварданд ва дар макомхои масъул то метавонистанд, аз чайби мардум заданд. Ва танхо замоне ки Мухаммадназар Солехов аз чашми раиси кулли кишвар уфтод, бисоти бародарон барчида шуд.

Бехтарин пурсиш аз Додситони кулли кишвар дар нишасти хабариаш метавонист ин бошад, ки дар бораи чанд макоми баландпояи кунунй парвандахои ончунонй хаст, ки дар оянда метавонад мавриди истифодаи макомоти болотар вокеъ шавад. Чанд макоми дигари феълии давлат дар катлу ихтилосу фасоди молй даст доштаанд? Кай карор аст парвандахои онхо ба фарчом бирасад? Чаро холо намешавад? Чи замонате вучуд дорад, ки дигар макомоти баландпоя хам дар ин чароиму чиноёт даст надоштаанд? Замоне Солехов дар курсии шумо менишаст ва чунин саранчоме сурогаш омад, окои Бобохонов. Фардои худро чи гуна тасаввур мекунед?

Ин давлати беэътибор, агар мехохад мизони андаке аз эътимоди мардумиро сазовор шавад, бояд даруни худашро то бенихоят биполояду поксозй кунад. Ва он вакт чи касе дар раъси ин давлат бокй хохад монд?

Iran. Day 9

Эрон. Рузи 9

23:03 BST
Гузориш шудааст, ки имшаб хам мардуми Техрон пушти бомхои хонахояшон рафтаанд ва нидои "Аллоху акбар!" сар додаанд, ки аз намодхои эътирози хаводорони Мусавист. Ба гуфтаи шохидони айнй, бонги "Аллоху акбар!" нисбат ба шабхои гузашта бештар ва баландтар шудааст.

22:31 BST
Оятуллох-ул-ъузмо Хусейнъалии Мунтазирй, аз чехрахои калидии инкилоби соли 1979 ва аз мунтакидони сарсахти давлати кунунй, ки акнун дар хабси хонагй ба сар мебарад, саркуби мухолифонро шадидан махкум карда ва се руз суги миллй барои посдошти ёди кушташудагони нооромихо эълом кардааст.

Ба гуфтаи Мунтазирй, муковимат алайхи хостахои мардум хилофи усули дин аст.

19:53 BST
Имруз хам Техрон шохиди тазохуроти мардум бо наворхои сабз ва бархурди нерухои интизомй бо онхо буд. Мавчи эътирозоти мардум, ки дируз дар шахрхои Исфахон, Шероз ва Рашт хам чараён дошт, имруз хам дар Техрон мутаваккиф нашуд. Бар асари махдудиятхои бесобикае, ки бар матбуъот эъмол шуда, хабархои андаке аз даруни Эрон ба даст мерасад. Ангор макомот дару панчарахои кишварро бастаанд ва дар холи таъдибу куштани мухолифонанд ва аз ин ки вахшигарй ва рафтори барбаронаашон ба чашми мардуми чахон биуфтад, хичолат мекашанд. Аммо тасвирхо аз тарики телефунхои хамрохи мардуми одй хамчунон саросари чахонро дарменаварданд.

19:26 BST
Фоизаи Хошимй, духтари Хошимии Рафсанчонй, ки дишаб дар майдони Озодии Техрон боздошт шуда буд, озод шуд.

16:39 BST
Мухаммади Хотамй - раисичумхурии пешини Эрон хостори озодии хар чи зудтари боздоштшудагон ба хотири "талтифи авзоъ" ё танишзудойи шудааст. Дар паи огози нооромихо дар Эрон шумори зиёде аз фаъъолони сиёсй ва равшанфикрони Эрон боздошт шудаанд.

Хотамй гуфт:

Бастани роххои эътирози маданй ба маънои боз кардани роххои хатарнокест, ки маълум нест ба чи саранчоме бирасад.


Хотамй муътакид аст, ки фазои амниятии кишвар ба эътибори низом осеб расондааст.

16:37 BST
Фоизаи Хошимй - духтари Хошимии Рафсанчонй хамрох бо духтар ва се тани дигар аз бастагонаш соъати 5-и пас аз зухри дируз дар хаволии майдони Озодии Техрон боздошт шуд. Писари Фоизаи Хошимй дар гуфтугу бо Би-Би-Си гуфт, ки боздошткунандагон маъмурони неруи интизомй набуданд.

16:33 BST
Дар тазохуроти дируз барои нахустин бор шиъори "Марг бар Хоманайи!" баланд шуд. Чехраи "малакутй"-и Хоманайи хам комилан заминй ва хатто гилолуд шуда.

14:10 BST
Макомоти Чумхурии Исломй аз Чон Лойн (John Leyne) - хабарнигори Би-Би-Си дар Техрон хостаанд, ки кишварро тарк кунад. Давлати Эрон талош мекунад хар чи бештар чилави ирсоли гузоришхо ва тасвирхо аз кишварро бигирад.

13:54 BST
Нидо яке аз кушташудагони дируз аст, ки давлати Эрон "террурист" меномад. "Террурист"-е, ки силохе чуз забон дар ихтиёр надошт. Равонаш шод бод.

Навори зер башиддат норохаткунанда аст.



13:43 BST
Телевизюни давлатии Эрон шумори кушташудагони бархурдхои дируз дар Техронро дах тан унвон кардааст. Ба гузориши хамин манбаъ, дар чараёни задухурди нерухои пулис бо “терруристхо” сад тани дигар захмй шудаанд.

Пештар Press TV, телевизюни инглисизабони Эрон, шумори кушташудагонро 13 тан эълом карда буд.

Ба гуфтаи телевизюни давлатии Чумхурии Исломй, “ошубгарон” ду махзани гоз ё пумпи бензин, як пойгохи низомй ва як масчидро оташ задаанд.

Дар тахаввуле дигар панч узви хонаводаи Акбар Хошимии Рафсанчонй – раиси Мачлиси Хубрагони рахбариро боздошт кардаанд. Хошимии Рафсанчонй аз чехрахои барчастаи инкилоби исломй ва аз бонуфузтарин ашхоси низом ба шумор меояд, ки ахиран мухолифаташ бо Ахмадинажод аланй шуд.

Saturday, June 20, 2009

Iran. Day 8

Эрон. Рузи 8

20:06 BST
Борак Убомо хостори поёни саркуби мардуми Эрон шудааст. Раисичумхурии Омрико гуфт:

Агар давлати Эрон хохони эхтиром аз суи чомеъаи байнулмилалист, бояд ба миллаташ эхтиром бигзорад.

19:17 BST
Мусавй дар баёнияи имрузаш ба гунае ба суханони дирузи Хоманайи посух додааст. Вай хитоб ба мардум мегуяд: Муковимат кунед, аз хафакон натарсед; агар макомот чилави тазохуроти мусолиматомезро бигиранд, онхо масъуланд; зеро асли 27-и Конуни Асосй ба мардум ичозаи баргузории рохпаймойии мусолиматомезро додааст.

Хоманайи дируз аз мардум хоста буд, рохпаймойи накунанд, вагарна масъули паёмадхои хунини он худашон хоханд буд.

Зимнан, бино ба Конуни Асосии Эрон, давлат масъули амният чону моли хамаи шахрвандони худ дар хар шароитест. Агар давлат ин асли Конуни Асосии худро хам нодида бигирад ё напазирад, болотарин хадди заъфу нотавонии худ дар баробари фишори мардумро нишон медихад.

19:12 BST
Мусавй дар номае хитоб ба Шурои Нигахбон бо зикри мавориди тахаллуф дар интихобот хостори ботил эълом кардани натичахои раъйгирй шуд.

19:02 BST
Мусавй дар огози суханронии имшабаш дар хиёбони Чайхуни Техрон гуфт:

Ман гусли шаходат кардаам.

Вай баъд аз зикри "инно лиллох ва инно илайхи рочеъун" шиъор дод:

Давлати кудето! Нанг ба найранги ту!

Зохиран ин нахустин бор аст, ки Мусавй натичахои расмии раъйгириро "кудето" меномад. Дар гузашта у давлатро танхо ба такаллуби раъйхо муттахам мекард.

Ин шиъор хам ёдовари шиъорхои 30 сол пеш аст, ки мегуфтанд: "Омрико! Омрико! Нанг ба найранги ту!"

18:49 BST
Шурои Нигахбон гуфтааст, ки 10% ороъро ба таври тасодуфй бозшуморй хохад кард. Ин ниходи нозири конунгузорй бо ишора ба гайбати Мусавй ва Каррубй дар нишасти расидагй ба шикоятхояшон гуфт: Гоибон бахти худро барои баёни харфхояшон аз даст додаанд.

18:44 BST
Сахнахое, ки мардум бо телефунхои худ дар Техрон забт кардаанд, хокй аз харчу марчи комил дар Техрон ва перомуни он аст. Дар шуморе аз онхо хуну захмхои баданй ба чашм мехурад ва дар яке аз тасвирхо духтареро мебинем, ки бо рухсору бинии хунолуд руи замин хобида ва чашмонаш бастааст, дар холе ки духтарони перомуни у хавор мекашанду гиря мекунанд. Бино ба хабархои таъйиднашуда, дар саркуби тазохуроти имрузи Техрон шуморе кушта ва захмй шудаанд.

18:40 BST
Мусавй дар баёнияи сиёсие, ки лахазоте пеш мунташир шуд, ишора кардааст, ки дар уфук сояи хумайнизудоиро мебинад ва вазъияти феълиро "тахмили як давлати нохоста бар миллат" медонад. Вай чумхуриятро дар марзи хатар мебинад ва адами хифозат аз онро навъе ба бод додани дастовардхои инкилоби исломй меномад. Мусавй аз миллати Эрон хостааст, то ичоза надиханд, ки "дуруггуён ва мутакаллибон парчами дифоъ аз инкилоби исломиро аз дасти мо бигиранд".

Вай аз чумла гуфтааст:

Ичоза нахохам дод бар асари амали ман чони касе дар маърази хатар карор бигирад.

18:33 BST
Мирхусейни Мусавй - ракиби аслии Ахмадинажод бо сарпечй аз такозои рахбари мазхабй, ки хостори поён додан ба рохпаймойихо буд, гуфтааст:

"Дархости ибтол (ботил кардан)-и интихобот хакки мусаллам аст."

Вай аз суханронии дирузи Хоманайи интикод карда. Гуфта мешавад, ки Мусавй дар чамъи муътаризон хозир шуда ва суханронй кардааст.

16:45 BST
Шохидони айнй вазъият дар Техронро "вахшатнок" тавсиф мекунанд ва мегуянд, майдони Тавхиди Техрон ба майдони чанг табдил шуда буд. Хузури занон дар тазохурот густарда буд. Ба гуфтаи як шохиди айнй, "як зан дасти як маъмури интизомиро, ки як мардро мезад, гирифту гуфт: "Магар ту эронй нестй?!" Маъмур дигар тавони заданро надошт."

Мегуянд, касеро маъмулан дастгир намекунанд. Мардумро шиллик мекунанд ё бо ботун (калтак) мезананд. Мошинхо дар хиёбонхо буки баланд мезананд. Порчахои сабз дар дасти ронандагон буд. Шиъори "Марг бар диктотур!" хамчунон аз гушаву канори шахр садо медихад. Дишаб хам шиъорхои "Аллоху акбар!" ва "Марг бар диктотур!" фазои шахрро пур карда буд.

16:38 BST
Тасовири расида аз Техрон хокй аз хамлаи шадиди нерухои интизомй ба муътаризон дар сатхи шахр аст. Ба вижа дар хиёбони Коргар, ки Куи Донишгохи Техрон дар имтидоди он вокеъ аст, даргирихое сурат гирифтааст. Шумори захмихо равшан нест. Чумхурии Исломй бар расонахо махдудиятхои шадиде эъмол карда ва ин тасвирхо тавассути мардуми муътариз ба хорич аз кишвар ирсол шудааст.

16:36 BST
Бино ба гузориши расмй, инфичори бумб дар оромгохи Хумайнй интихорй будааст. Як нафар дар кафшхонаи оромгох бумберо мунфачир карда, ки бар асари он худаш кушта ва як тани дигар захмй шудаанд.

14:32 BST
Нерухои интизомй барои пароканда кардани муътаризон дар майдони Инкилоби Техрон аз гози ашковар ва мошинхои обпош истифода карданд.

14:31 BST
Расонахои хабарии Эрон аз вукуъи инфичори як бумб дар кафшдории оромгохи Хумайнй хабар доданд.

14:00 BST
Шумори зиёде аз хунармандону фархангиёни Эрон дар дохил ва хорич аз кишвар бо имзои як номаи саргушода хостори лагви натичахои интихоботи Эрон шудаанд. Дар миёни даххо тане, ки номаро имзо кардаанд, метавон номхои Аббоси Маъруфй, Ризо Косимй, Бехрузи Вусукй, Шахрнуши Порсипур, Фаромарзи Аслонй, Мухсини Номчу, Ораши Субхонй, аъзои гуруххои хунарии Киуск, Обчиз, 127 ва гайраро дид.

13:53 BST
Имруз интизор мерафт Мусавй хамрох бо ду номзади дигар (Каррубй ва Ризойи) дар Шурои Нигахбон хозир шаванд ва беш аз 600 мавриди эътирози интихоботишонро баррасй кунанд. Аммо на Мусавй ва на Каррубй дар Шурои Нигахбон хозир нашуданд. Зохиран суханронии дирузи Хоманайи, ки мегуфт "зери бори бидъатхои гайриконунй нахохад рафт" ва интихоботро ботил нахохад кард, хар ду номзади ислохталабро аз мачрохову ниходхои конунии кишвар дилсард кардааст.

13:46 BST
Пулиси Эрон тахдид кардааст, ки барои чилавгирй аз рохпаймоии эътирозии имруз дар Техрон неруи кахрияро ба кор хохад гирифт.

Гузориш шудааст, ки садхо тан аз маъмурони пулис дар маркази шахр тамаркуз кардаанд ва фазои шахр танишолуд аст.

Мачмаъи рухониюни муборизи Эрон рохпаймоии имрузашро лагв кардааст. Аммо Захро Рахнавард – хамсари Мирхусейни Мусавй дар Интернет эълом кардааст, ки имруз хам муътаризон аз майдони Инкилоб то майдони Озодй рохпаймойи хоханд кард. Яке аз дастёрони Мехдии Каррубй хам гуфтааст, ки тазохурот баргузор хохад шуд.

Суханронии тахдидомези дирузи Хоманайи – рахбари Чумхурии Исломй бисёреро хашмгинтар кардааст ва дишаб аз фарози хонахо шиъорхову нидохои эътирозй ва фарёди «Аллоху акбар!» баланд буд. Мусавй аз хаводоронаш хоста буд, ки ба сабки инкилобиюни 30 сол пеш шабхо аз фарози хонахояшон нидои «Аллоху акбар!» сар диханд.

Пас аз суханронии дирузи Хоманайи ва химояти мустакими у аз Ахмадинажод ва натичахои интихобот пулиси Техрон тадбирхои амниятиро шадидтар кардааст.

Friday, June 19, 2009

Iran. Day 7

Эрон. Рузи 7

17:45 BST
Вазорати кишвар (дохила)-и Эрон дархости Мачмаъи рухониюни мубориз мабнй бар баргузории тазохурот дар Техронро рад кардааст.

17:43 BST
Исои Сахархез, рузноманигор дар Техрон:

Сухангуи Вазорати кишвар (дохила) мегуяд, ки агар ин хама раъйро бозшуморй кунем, дах руз тул мекашад. Пас чи гуна шумо тавонистед ин хама раъйро дар чанд соъат бишмуред ва натичаи раъйгириро ин кадр зуд эълом кунед?

16:39 BST
Мехдии Каррубй, аз ракибони Ахмадинажод дар интихобот, ба Шурои Нигахбон номае навишта, ки матни он дар торнамои хизби Эътимоди Миллй чоп шудааст.

Каррубй дар ин нома гуфтааст, ки агар Шурои Нигахбон коре камтар аз ибтол (ботил кардан)-и натичахои интихоботро анчом дихад, иштибохи бузурге кардааст.

Каррубй мегуяд, аксарияти котеъи мардум ба натичахои интихобот муътариз хастанд ва интихобот бояд дубора баргузор шавад.

16:00 BST
Созмони Афви Байнулмилал мегуяд, бино ба тозатарин гузоришхо, шумори кушташудагон дар нооромихои Эрон 15 тан аст.

15:38 BST
Вазорати хоричаи Бритониё Расули Муваххидиён - сафири Эрон дар Ланданро эхзор кард. Далели ин икдом эълом нашуда.

Хоманайи дар суханронии имрузаш Бритониёро "хабис" номид.

15:36 BST
Созмони Афви Байнулмилал суханронии имрузи Алии Хоманаиро нишонае аз омодагии макомот барои ташдиди хушунат дар сурати идомаи эътирозот тавсиф кард. Ба гуфтаи ин созмон, изхороти рахбари мазхабии Эрон чароги сабзест барои нерухои амниятй, ки дар сурати идомаи эътирозот муътаризонро саркуб кунанд.

Хоманайи аз чумла гуфт: Зурозмойии хиёбонй равиши дурусте нест ва агар идома ёбад, худи созмондагони он масъули харчу марчи ношй аз он хоханд буд.

12:54 BST
Ин чумлаи Хоманайи хам шоёни таваччух буд:

Тасаввур кардаанд, ки Эрон хам Гурчистон аст.

Ин чумла гуёи нигаронии рахбари мазхабй аз эхтимоли тадорукот барои як "инкилоби рангин" аст.

12:37 BST
Саранчом Алии Хоманайи, рахбари мазхабии Эрон дар бораи руйдодхои пурошуби ахир дар ин кишвар изхори назари комил кард. Дар хутбахои намози чумъаи имруз, (ки бар хилофи бархе аз гузоришхо дар махалли маъмулиаш – Донишгохи Техрон баргузор шуд), рахбар талош кард хам ба наъл кубаду хам ба мех.

Вай зимни химоят аз натичахои интихобот ва раисичумхурй аз Акбар Хошимии Рафсанчонй – раиси Мачлиси Хубрагони низом хам химоят кард. Вай дар интикоде талвехй аз Ахмадинажод гуфт, ки набояд иттихомоте номувассакро алайхи Рафсанчонй ва дигар чехрахои низом матрах мекард. Ва дар айни хол таъкид кард, ки дар заминахои сиёсати хоричй, адолати ичтимоъй ва масоили фархангй назари у ба дидгохи Ахмадинажод наздиктар аст ва аз дидгохи Рафсанчонй дуртар.

Рахбар дар айни ин ки аз Ахмадинажод бобати эъломи иттихомоти таъйиднашуда алайхи бархе аз чехрахои низом интикод кард, ононеро хам ки Ахмадинажодро ба «дуруггуйи, хурофагуйи ва раммолй муттахам карданд», сарзаниш кард. Хошимии Рафсанчонй дар номаи худ ба рахбар Ахмадинажодро ахли дуругбофию хурофагуйи унвон карда буд.

Хоманайи хузури бесобикаи мардум дар интихоботро «як зилзилаи сиёсй барои душманон ва як чашни торихй барои дустони Чумхурии исломй ва нишонаи эътимоди мардум ба низоми сиёсй» донист.

Дар холе ки мавче аз чавонони муътариз мепурсанд, ки «Раъйи мо чи шуд?» ва ба дар созукори низоми Чумхурии исломй шак ворид медоранд, Хоманайи мушорикати мардум дар интихоботро нишони «дилбастагии онон ба низоми Чумхурии исломй» тавсиф кард.

Дар хутбахои намози чумъа Хоманайи мустакиман ба Би-Би-Си ва Садои Омрико хамлавар шуд ва расонахои гарбиро ба шубхаафканй дар мавриди натичаи раъйгирй ва талош барои тазъифи эътимоди мардум ба низом муттахам кард.

Хоманайи дар айни ин ки аз анчоми мунозирахои номзадхо ба раёсати чумхурй дар корзори интихоботй истикбол кард, афзуд, ки ин гуфтугухо набояд дигар идома ёбад ва ба омиле барои кинатузй ва душманй табдил шавад.

Рахбари мазхабии Эрон бо ишора ба дархости ботил кардани натичаи интихобот ва баргузории интихоботе дигар таъкид кард, ки «зери бори бидъатхои гайриконунй» нахохад рафт ва афзуд, ки агар шубхае дар бораи натичахо вучуд дошта бошад, бояд аз тарики Шурои Нигахбон ва конунхои марбута пайгирй шавад.

Ва дар айни хол вай назари худро баён дошт, ки «имкони такаллуб дар хадди чобачоии 11 милюн раъй вучуд надорад». Яъне аз диди рахбар, натичахои интихобот набояд ботил шавад.

Рахбар акидан тавсия кард, ки дигар рохпаймоихои эътирозй баргузор нашавад, то «теруристхо» аз он суиистифода накунанд.

Вай бо ишора ба хамлаи басечихо ба хобгоххои донишчуён гуфт, касоне «донишчуёни муъмину хизбуллохй»-ро хадаф карор додаанд, дар холе ки шиъори химоят аз рахбарй медоданд.

Хулосаи сухбатхои рахбари Чумхурии исломй ин аст, ки у таслими фишори мардумй нахохад шуд, интихоботро ботил эълом нахохад кард, аз Ахмадинажод химоят мекунад ва хохад кард ва бо дидгоххои у мувофик аст.

Акнун, ки рахбари мазхабй таклифи худашро равшан кардааст, таклифи муътаризон ва идомаи набардхои онхо низ равшантар хохад шуд. Акнун Мусавй ва Каррубй медонанд, ки дар баробари чй касе карор доранд ва бо назардошти ин мавзуъ метавонанд тархи барномахои ояндаашонро бирезанд. Албатта, агар тавтеае аз суи рахбар ва дастгохаш барои бадном кардани чунбиши мардумй тархрезй нашавад, ки дар паи он саркуби густарда ва хаммоми хуне чорй шавад.

01:34 BST
Дар сафхаи корзори интихоботии Мусавй дар торнамои Twitter ин паём чоп шудааст:

Mousavi & Karoubi ask supporters NOT to attend Friday prayers (which is being delivered by supreme leader Ayatollah Khamenei) #IranElection

Мусавй ва Каррубй аз хаводоронашон мехоханд, ки дар намози чумъа (ба имомати рахбари муъаззам Оятуллох Хоманайи) хузур НАёбанд.

Ин дар холест, ки Хоманайи аз Мусавй хоста буд, ки дар намози чумъа канори у биистад ва мардумро ба вахдати миллй бихонад.

Ин тоза огози кор аст.

Матлабхои пешин: Эрон. Рузи 4; Эрон. Рузи 5; Эрон. Рузи 6; Одинаи сарнавиштсоз

Watch It! Your Crown’s Slipping

Одинаи сарнавиштсоз

Алии Хоманайи, рахбари Чумхурии Исломии Эрон, ки аз бештарин ихтиёрот дар силсила-маротиби кудрати кишвар бархурдор аст, сахттарин рузхои худро мегузаронад.

Мурури руйдодхои чанд рузи ахир дар шахрхои умдаи Эрон такондиханда аст. Бахши азиме аз мардум бо давлате сари созиш надоранд, ки сй сол пеш бо шуру хаячон онро бар тахт нишонда буданд. Дар торихи Чумхурии Исломй собика надошт, ки дастур ё раъйи рахбари мазхабй сарфи назар шавад. Аммо дар ин рузхо мардум ду бор ба дархости рахбар эътино накарданд.

Алии Хоманайи дар ду маврид (13 ва 17 жуан-июн) аз мардум такозо кард, ки оромишу сукунро ихтиёр кунанд. Дар паёми нахусти у ин мавзуъ бо таъкиду котеъияти бештар садо дод. У аз мардум хост, ки аз раисичумхурии мунтахаб (Ахмадинажод) химоят кунанд ва тахдид кард, ки бо мухолифони натичахои интихобот бархурд хохад шуд. Мухолифони Ахмадинажод ин паёмро ба куллй ношунида гирифтанд.

Дар паёми дувум рахбар лахни тахдидро ба кор набурд, балки бо хилму мулоимат хохиш кард, ки номзадхои ноком шикоятхояшонро аз тарики мачории конунй пайгирй кунанд, на дар хиёбонхо. Аммо мавчи эътирозот фуру нанишаст, ки хеч, балки бештар хам шуд ва ба шахрхои дигар нуфуз кард.

Бад-ин гуна, он чи мушохида мешавад, фуру рехтани такаддуси калому мароми рахбар аст. Ва бахши бузурге аз мардум барои худ рахбари дигаре баргузидаанд: Мирхусейни Мусавй, нахуствазири замони чанги Эрону Ирок, ки муддатхост ба як чехраи торихй табдил шуда буд ва гумон намерафт дубора ба арсаи сиёсат баргардад. Хамон Мусавие, ки бо Хоманайи аз дербоз хисобхои тасфияношуда дорад.

Дар замони нахуствазирии Мусавй Алии Хоманайи раисичумхурии Эрон буд. Аммо нахуствазир ба гунае умури давлатро кабза карда буд, ки раисичумхурй мачол намеёфт дар анчоми коре муассир вокеъ шавад. Хатто Ахмадинажод дар бахси телевизюниаш бо Мусавй уро ба кабза кардани ихтиёроти раисичумхурй дар давраи нахуствазириаш муттахам кард.

Дар вокеъ, Хоманайи аз Мусавй дили хуше надошт ва бо касби кудрати бештар макоми нахуствазириро барои хамеша лагв кард. Мусалламан, Хоманайи, ки акнун рахбари мазхабист, чандон моил нест дубора бо шахси саркашу якдандае чун Мусавй сарукор дошта бошад ва Ахмадинажодро бар у тарчех медихад. У хуб медонад, ки Мусавй шикастанафсию тавозуъи Хотамиро надорад ва кунтрули раисичумхурие чун Мусавй барои Хоманайи кори содае нахохад буд. Аммо ин бор Мусавй нерумандтар аз хамеша зохир шуд ва савор бар мавчи химояти мардумест, ки ба у машруъияти дурахшоне додаанд.

Аз суи дигар, Мусавй хам дар мочарои ачибе гирифтор мондааст. Шояд хамин чанд руз пеш худи у хам тасаввур намекард, ки дар садри Мавчи Сабзе ба ин азамат карор бигирад. Аммо Мавчи Сабзи даманда Мусавиро дар худ балъиду бо худ кашид. Акнун Мусавй аст, ки рахбарии мардумро пазируфтааст, на воруна. Чаро ва чи гуна?

Сомона ё системи интихоботи Эрон софй ё филтре дорад, ки аз он хар касе наметавонад бигзарад. Мусавй хам агар танхо як меъмор буд (хамон гуна ки дар 20 соли ахир буд) ва пешинаи нахуствазирй дар давраи Хумайниро надошт, гумон буд, ки ба унвони номзади раёсати чумхурй вориди майдон шавад. Хамаи номзадхо дар интихоботи Эрон ё замоне дар ин низом кор кардаанд ё аз чехрахои мазхабии барчаста ба шумор меоянд. Аз ин ру мардуми безору муътариз, ки дунболи рахбаре мегаштанд, то эътирозоти худро аланй кунанд, он рахбарро дар симои Мусавй тачассум карданд, ки аз софй (филтр)-и низом гузашта буд.

Умеди ин муътаризон, ки голибан чавонону занон хастанд (яъне аз зумраи аксарияти чамъият), хамвор кардани рохи тагйироту ислохот дар Эрон аст, ки шояд ба лагви низоми «вилояти факех» ва ниходи рахбарй бианчомад. Рахбари Чумхурии исломиро мардум барнагузидаанд. У баргузидаи муллохо ва факехон аст ва макоми у аз макоми шох тафовути андаке дорад. Танхо тафовут ин аст, ки макоми рахбарй маврусй (меросй) нест. Аз ин ру раисичумхурие, ки мунтахаби мустакими мардум аст, дар низом адади мухимме махсуб намешавад. Рахбар метавонад хар он раисичумхуриро барканор кунад ё чилави барномахову ислохоти уро бигирад. Бо чунин низоме даст ёфтан ба тахаввулоти бунёдин дар заминаи хукуки башар ва пешрафт як хиёли вохист.

Аз ин ру бештари муътаризон умедворанд, ки бо лагви натичахои интихобот ва баргузории интихоботи нав ва овардани Мусавй бар сари кудрат битавонанд заминаи илго (лагв шудан)-и ниходи рахбариро фарохам кунанд. Пас бароянди ин набардхо барои Алии Хоманайи ва низоми «вилояти факех»-и у ахамияти хаётй дорад.

Рузи одина (19 жуан) метавонад рузи сарнавиштсозе бошад. Интизор меравад Алии Хоманайи дар хутбаи намози чумъа ба мавзуъи бухрони чории сиёсй батафсил бипардозад. Дурнамои ин руйдодхо то хадди бисёр зиёде ба изхороти Хоманайи бастагй дорад. Агар у боз хам аз Ахмадинажод дифоъ кунад ва мардумро ба химоят аз у фаро бихонад ва дар посух шиъори «Марг бар диктотур!»-ро аз миёни тудахо бишнавад, хохад донист, ки ба поёни давраи салтанаташ расидааст ва мардум миёни у ва Ахмадинажод тафовуте коил нестанд. Хоманайи инро хам хуб медонад, ки яке аз бонуфузтарин шахсиятхои режим (Хошимии Рафсанчонй)-ро низ ранчондааст ва наметавонад аз у умеди кумаке дошта бошад.

Ва агар бо дирояту хушёрй ба шуморе аз хостахои машруъи муътаризон тан дар дихад, мумкин аст барои чанд соли дигар курсии худ ва ниходи «вилояти факех»-ро хифз кунад. Агар вокеъан муътакид аст, ки Ахмадинажод барандаи интихобот буда, ишколе надорад раъйгириро дубора анчом дихад. Хатман харчи он камтар аз хазинаи мухориботи расонаиаш хохад буд. Дируз як корманди Би-Би-Си ба ман мегуфт, ки харчи як сонияи эчоди ихтилол дар мавчхои телевизюни Би-Би-Си тавассути давлати Эрон 17 хазор дулори Омрикост. Мутмаин нестам раками дакике хаст ё на, аммо бегумон дустам зиёдй газофа хам нагуфтааст.

Ба ростй, агар Ахмадинажод барандаи ростини интихобот аст, чаро бояд ин хама асабонияту изтироб аз худ нишон дихад? Барои чи бояд мардуми муътаризро «хасу хошок», «арозилу авбош» ва хатто «хамчинсбоз» номад? Маъмулан чунин суханони тавхиномез аз дахони касе садо медихад, ки башиддат нигарон аст ва эхсоси заъф мекунад.

Коркарди Ахмадинажод, аз чумла сафари ахираш ба Русия дар ин холу авзоъ, комилан нобихрадона буд ва метавонад барои у ва низом паёмадхои бисёр сангине дошта бошад.

Thursday, June 18, 2009

Iran. Day 6

Эрон. Рузи 6

23:52 BST
Дар тазохуроти имрузи мухолифони давлат хам порчаи бисёр дарози сабз бар фарози сари мардум хамл мешуд. Дар яке аз шиъорхои мардум мехонем: "Мо Мардум хастем, на "авбош", ки посухест ба изхори назари Ахмадинажод дар бораи мухолифонаш.

Дар тахаввуле дигар Ахмадинажод пас аз бозгашт аз Русия дар як сухбати телевизюнй гуфтааст, ки манзураш аз "хасу хошок" ва "арозилу авбош" одамоне будааст, ки ба сохтмонхо хамла мекунанд ва мошинхоро оташ мезананд. Хамин душномхо, ки Ахмадинажод дар суханронии каблиаш ба забон оварда буд, бар шумори муътаризон дар шахрхои Эрон афзудааст.

23:44 BST
Бахши чахонии Би-Би-Си (инглисй) шумори муътаризон дар тазохуроти имрузи хаводорони Мусавиро беш аз 100 хазор гузориш кард.

22:13 BST
Фардо барои Эрон рузи сарнавиштсоз аст. Рузи одина намози чумъа аст, ки ин бор дар Мусаллои Техрон баргузор мешавад, на Донишгохи Техрон. Имоми чамоъат Алии Хоманайи хохад буд. Хутбаи намози чумъаи фардо ва паёмадхои он метавонад нуктаи атфи руйдодхо бошад.

18:49 BST
Мусавй дар майдони Тупхонаи Техрон:

Хуни шухадои ин чанд руз набояд поймол шавад!

18:41 BST
Шабакаи саргармихои PMC (Persian Music Channel) ба нишони хамдилй бо муътаризон дар Эрон ва сугвории кушта шудани хашт тан аз онхо пахши барномахои худро катъ кардааст.

17:07 BST
Дар тазохуроте дигар дар Техрон, ки хаводорони Ахмадинажод имруз созмон додаанд, такозо шудааст, ки Мехдй ва Фоизаи Хошимй, фарзандони Хошимии Рафсанчонй - раиси Шурои хубрагон ва раисичумхурии пешини Эрон ба чурми "созмондихии тазохуроти мухолифон" мухокима шаванд.

16:53 BST
Ходии Хурсандй, аз танзнависони эронии мукими Ландан, дар бораи руйдодхои ахири Эрон шеъри баланде навиштааст, ки бо ин байтхо огоз ва поён меёбад:

Шунидам яке муши сохибмаком
Ба тачдиди мансаб намуд эхтимом...

Басе хукка дидам дар ин соли сй,
Такаллуб надидам бад-ин холисй...

Кулли шеър инчост.

16:08 BST
Хабарнигори махаллии Руйтер дар Техрон гуфтааст, ки теъдоди муътаризони хаводори Мусавй дар майдони Тупхона беш аз як милюн тан ба назар мерасад.

16:07 BST
Ба навиштаи Гордиян, дар шахрхои Исфахон, Рашт, Урумия, Занчон ва Зохидон хам ба тарафдорй аз Мусавй тазохурот баргузор шудааст.

16:05 BST
Шумори андаке аз хаводорони Ахмадинажод дар Ландан дар мукобили сохтмони телевизюни порсии Би-Би-Си тачаммуъ кардаанд ва ин шабакаро ба пушиши мугризона ва яктарафаи руйдодхои Эрон муттахам кардаанд.

16:04 BST
Ба навиштаи як корбари FriendFeed, Мирхусейни Мусавй имруз соъати 17:48 ба вакти Техрон вориди майдони Тупхона шуда ва бо як баландгу мардумро мухотаб карор додааст.

15:20 BST
Хабаргузории Руйтер дар тавсифи шумори муътаризони имруз дар майдони Тупхонаи Техрон гуфтааст: "даххо хазор тан то кунун гирди хам омадаанд."

15:08 BST
Ба навиштаи торнамохои наздик ба Мусавй, хазорон тан аз хаводорони у дар майдони Имом Хумайнй (Тупхона)-и Техрон гирди хам омадаанд ва интизор доранд худи Мусавй хам дар он чо хозир шавад. Муътаризон ба нишони суг ва посдошти ёди хашт кушташудаи рузи душанбе пушиши сиёх ба тан ва шамъхои равшан дар даст доранд.

14:57 BST
Шурои Нигахбони Эрон, ки болотарин марчаъи конунгузори кишвар аст, гуфтааст, ки дар холи расидагй ба 646 мавриди шикоят аз се номзади шикастхурдаи интихобот аст. Ин ниход хостори дидор бо Мирхусейни Мусавй, Мехдии Каррубй ва Мухсини Ризойи дар рузи шанбе шудааст.

12:23 BST
Метруи Техрон хам гох-гудоре шулуг мешавад, ки намунаи онро метавон дар филми зер дид. Шиъорхое зидди Ахмадинажод ва давлати Чумхурии исломй дар зеризамини Техрон хам танинандоз аст.



Доманаи мухолифони Ахмадинажод дар холи густариш аст: хунармандоне чун Шачариёну Махмалбоф, бозикунони футбол, пизишкон, чавонону донишчуён ва гайра то кунун ба анхои мухталиф алайхи давлати Ахмадинажод садо баланд кардаанд.

12:15 BST
Ба хотири чилавгирй аз игвое, ки мумкин аст тавассути давлат баргангехта шавад, Мусавй аз хаводоронаш хостааст, ки танхо дар майдони Имом Хумайнй (Тупхона)-и Техрон тазохурот созмон диханд.

11:32 BST
Имруз хам интизор меравад Техрон сахнаи тачаммуъот ва рохпаймоихои густардае бошад. Дируз Мирхусейни Мусавй, номзади раёсати чумхурй, ки муътакид аст дар шумориши орои интихоботи рузи одинаи гузашта тахаллуфоте сурат гирифта, аз хаводоронаш хост, ки рузи панчшанбе (имруз) бо намодхову нишонхои сугворй дар масчидхо ва хиёбонхо тачаммуъ кунанд ва хотираи курбониёни бархурди давлат бо муътаризон дар рузи душанбеи гузаштаро пос бидоранд. Гуфта мешавад, ки бар асари бархурди нерухои давлатй бо мардум дар рузи 15 жуан (июн) дар Техрон дастикам хашт тан кушта шуданд. Мусавй аз ин хашт тан бо номи «шахидон» ёд кард.

Матлабхои пешин: Эрон. Рузи 4; Эрон. Рузи 5

Wednesday, June 17, 2009

Iran. Day 5

Эрон. Рузи 5

18:42 BST
Борак Убомо - раисичумхурии Омрико мегуяд, ки миёни сиёсатхои Ахмадинажод ва Мусавй тафовутеро намебинад. Ин ду далел метавонад дошта бошад:

Як. Мондани Ахмадинажод дар макоми раёсати чумхурй барои ракибони Эрон (Омрико, Исроил ва Урупо) ба маротиб бехтар аст. Чун бо истифода аз матарсак (пуголо)-е чун Ахмадинажод ракибон хоханд тавонист беш аз пеш чилави барномахои Эронро бигиранд.

Ду. Изхори назари вокеъии Убомо метавонад барои Мусавй гарон тамом шавад. Агар Убомо аз Мусавй акнун дифоъ кунад, уро зери зарба хохад гузошт ва бедиранг макомоти Чумхурии Исломй Мусавиро ба "хиёнат" ва "хамкорй бо душманон" муттахам хоханд кард.

17:56 BST
Давлати Эрон сафири Суис (Швейтсария) дар Техронро, ки хомии манофеъи Омрико дар Эрон аст, фаро хонда ва аз "руйкарди мудохилачуёна"-и Вошингтун дар мавриди интихобот гилоя кардааст.

17:16 BST
Манбаъхои гуногун шумори муътаризони давлат дар майдони Хафти Тири Техрон ва хиёбонхои перомуни онро аз 70 хазор то 500 хазор тан гузориш додаанд. Ин тазохурот сипас ба суи Валии Аср рох уфтод.

17:13 BST
120 тан аз устодони Донишгохи Техрон ва даххо тан аз устодони донишгоххои саросари кишвар ба нишони эътироз ба хамлаи басечихо ба донишчуён аз макомхояшон канор рафтаанд.

16:33 BST
Тими мунтахаби футболи Эрон имруз ба масофи Куреи Чанубй рафт. Шаш тан аз бозикунони тими Эрон, аз чумла сардастаи он, ба нишони химоят аз Мусавй ва мухолифат бо Ахмадинажод мучбандхо (дастбандхои порчайи)-и сабз доштанд.

Бозй бо хисоби баробари 1:1 ба поён расид.
Видеуи марбута

15:04 BST
Мухаммадризо Шачариён, устоди овози Эрон, дар гуфтугу бо Би-Би-Си гуфт, "хар бор, ки садои худамро аз ин расона (садову симои давлатии Эрон) мешунавам, баданам меларзад. Инхо хеч хакке бар ман ва сурудхои ман надоранд."

Шачариён гуфт: "Ин садои хамон хасу хошок аст. Садои хасу хошокро пахш накунанд."

Ишораи Шачариён ба изхороти Ахмадинажод буд, ки муътаризони худро як мушт "хасу хошок" номид.

14:59 BST
Вазорати хоричаи ЧИ Эрон изхори назари кишвархои гарбй дар бораи руйдодхои Эронро "руйкарде фурумоя" тавсиф кард.

14:49 BST
Рохпаймоии ороми мухолифони давлат дар майдони Хафти Тири Техрон огоз шуд.

14:00 BST
Телевизюни порсии Би-Би-Си хамчунон дучори зарбахои электруникии ношй аз Эрон аст ва тасвиру садои он руи мохвораи Hotbird катъу васл мешавад. Барномахоро метавон аз тарики Telstar бо кайфияти бехтаре дид:

Telstar 12, 15 degrees West,
Transponder 10, 12.608 GHz (Horizontal polarisation)
Symbol rate: 19.28 Mbaud
Forward Error Correction (FEC): 2/3

Пахши зиндаи барномахои порсии Би-Би-Си дар торонаи Интернет дучори ихтилол нашудааст. Аммо дар Эрон суръати Интернетро башиддат поин бурдаанд, то дастрасй ба матолиби он махдудтар шавад.

Афзун бар ин, Би-Би-Сии порсй дар ин набарди расонайи барномахои телевизюнии худро ба таври 24-соъата аз тарики мавчхои родюйи хам пахш мекунад.

13:37 BST
Мирхусейни Мусавй бо хонаводахои кушташудагони рохпаймоии рузи душанбе хамдардй кард ва хостори пос доштани хотираи онхо дар рузи панчшанбе шуд. Вай аз мухолифони давлат хост, ки фардо бо нишонхои сугворй тачаммуъ ё рохпаймойи кунанд. Мусавй аз боздошти фаъъолони сиёсй ва эъмоли махдудиятхои расонайи башиддат интикод кард.

Ин сугворихо ба азохои хафтагию чиллаии 30 сол пеш дар Эрон сахт монанд аст. Посдошти ёду хотираи курбониёни ситами давлатй аз шигирдхои рахбарони Инкилоби исломии 1979 буд. Хар бор, ки муътаризон кушта мешуданд, ба нишони посдошти ёди онхо пас аз як хафта ё чихил руз мардум дубора тачаммуъ ва эътироз мекарданд. Ва хамин гуна мавчи эътирозот харгиз хомуш намешуд ва ба инкилобе анчомид, ки давлати шохро сарнагун кард.

Саъиди Лайлоз, аз тахлилгарони сиёсй хам боздошт шудааст.

Мухаммадризо Чалоипур, Бехзоди Набавй, Мухаммади Атриёнфар, Мухаммади Тавассулй, Мухаммадъалии Абтахй, Саъиди Хаччориён, Абдулфаттохи Султонй, Ахмади Зайдободй ва чандин тани дигар аз чумлаи курбониёни мавчи тозаи боздоштхо дар Эронанд. Бисёре аз ин афрод бо расонахои хоричй сухбат мекарданд ва тахлилхоеро тахвил медоданд, ки хилофи дидгохи давлат буд.

11:44 BST
Мухаммадризо Шачариён, устоди овози Эрон, дар номае родю ва телевизюни Эронро аз пахши осораш манъ кардааст. Окои Шачариён дар ин нома хостааст, ки аз пахши осори механии у дар ин рузхо худдорй кунанд. Вай навишта, сурудхои механй, ба вижа суруди «Эй Эрон, эй сарои умед» мутаъаллик ба солхои 1978-79 буда ва «хеч иртиботе бо шароити кунунй надорад». Нозирон ин икдоми Шачариёнро навъе эътирози у ба бархурди давлат бо мардуми муътариз арзёбй кардаанд.

11:30 BST
Дар шабакаи чахонии Интернет ин хабар мунташир шудааст, ки соъати 17:00-и имруз ба вакти Техрон дар майдони Хафти Тир рохпаймоии ороми мухолифони давлат баргузор мешавад. Зимнан, рохпаймоии дишаб дар шимоли Техрон хам бесарусадо ва ором буд.

11:26 BST


11:03 BST
Бо вучуди ин ки давлати Эрон ба манзури кудратнамойи ва шояд хатто эчоди даргирй тазохуроти тарафдорони худро дуруст дар чое баргузор кард, ки карор буд мухолифони давлат он чо тачаммуъ кунанд, дишаб дар Техрон бархурди хунине сурат нагирифт. Зеро Мирхусейни Мусавй, ки худ замоне нахуствазири Эрон буд ва аз тарфандхои низом огох аст, тазохуроти хаводоронаш дар Валии Асрро ба шимоли Техрон мунтакил кард, бидуни ин ки худаш дар он хозир шавад. Бад-ин гуна, Мусавй аз бархурди ду неруи мутахосим бо хам чилавгирй кард ва сахнасозии давлатро хунсо кард.

Ва аммо имруз хам карор аст хаводорони Мусавй дар Техрон рохпаймойи кунанд. Зохиран хамлаи нерухои басечии давлат ба хобгоххои донишчуён, ки дишаб сурат гирифт, таъсири чандоне дар мунсариф кардани чавонон надоштааст. Ва хамин тавр, суханронии Оятуллох Хоманайи.

Дар вокеъ, дахолати мустакими рахбари мазхабии Эрон ва химояташ аз як номзади бахусус (Ахмадинажод) аз вачхаи сиёсии у ба шиддат костааст.


Матлаби пешин: Эрон. Рузи 4

Poll: No to State Subsidy for the Press

Оё давлат бояд ба матбуъоти мустакил кумаки молй кунад?

Оре 4 (26%)

На 11 (73%)

Намедонам 0 (0%)

Шояд 0 (0%)

Votes so far: 15
Poll closed

Матлаби марбута: Ёрона ва расона

Tuesday, June 16, 2009

Iran Developments Live-Blogging

Пушиши лахза ба лахзаи руйдодхои чорй дар Эрон

21:27 BST
Оятуллох Хусейнъалии Мунтазирй, ки аз ёрони Хумайнй буд ва замоне интизор мерафт дар макоми рахбарй чойнишини у шавад, аз амалкарди масъулони Эрон интикод карда ва хушдор додааст, ки мумкин аст мардум эътимоди худ ба хокимияти исломиро аз даст диханд.

Окои Мунтазирй имруз (сешанбе) дар ин бора иттилоъияе мунташир кард ва гуфт, ки натичахои эъломшудаи интихоботи раёсати чумхуриро «хеч акли салиме намепазирад ва бар асоси шавохиди мувассак, тагйироти умдае дар орои мардум дода шудааст.»

21:07 BST
Сарфи назар аз талоши макомот дар Техрон барои эчоди ихтилол дар шабакаи телефуни хамрох тарафдорони Мусавй ва Каррубй имруз дар атрофи сохтмони Садову Симои Чумхурии Исломй (Чоми Чам) тачаммуъ карданд. Гуфта мешавад, ки ин тазохурот аз тачаммуъи рузи душанбе хам густардатар будааст. Гузоришхои таъйиднашудае аз корбурди ботун (калтак) ва гози ашковар тавассути нерухои пулис хокист. Дар тазохуроти имруз Мирхусейни Мусавй хузур надошт.

18:50 BST
Алии Хоманайи, рахбари мазхабии Эрон, дар нахустин изхори назари худ дар бораи нооромихои ахир ин руйдодхоро натичаи кори дастхои пинхони душманони Эрон ва бегонагон донист. Вай бори дигар интихоботро нишони иззату азамати миллати Эрон донист ва номзадхои интихоботро ба вахдат даъват кард. Вай гуфт, тарафдорони хамаи номзадхо набояд ичоза диханд, ки пирузии интихобот дар комхо талх шавад. Хоманайи дар хузури намояндагони хомиёни хар чахор номзади интихобот сухбат мекард. Пахши ин суханронй аз тарики телевизюни давлатии Эрон хамчунон идома дорад.

Ин дар холест, ки мухолифони Ахмадинажод хостори ибтол (ботил шудан)-и интихобот ва баргузории интихоботи нав хастанд. Гумон намеравад, ки суханронии рахбар вазъиятро хеле тагйир дихад.

17:12 BST
Родюи давлатии Эрон шумори кушташудагон дар тазохуроти дирузро "хашт нафар" эълом кард.

16:23 BST
Порозитафканй руи шабакаи телевизюнии Би-Би-Сии форсй хамчунон идома дорад. Бо вучуди шикояти раиси бахши чахонии Би-Би-Си аз макомоти Эрон, ки як монеъи электруникиро дар баробари мохвораи Hotbird карор додаанд, макомот аз ин кори шарри худ дастбардор нестанд. Дар вокеъ, ин кор хилофи паймони байнулмилалии пахши мохвораист, ки Эрон хам узви он аст.

15:49 BST
Ба далели кушта шудани чандин нафар дар тазохуроти дируз Мирхусейни Мусавй аз хаводоронаш хостааст, ки дар тазохуроти имруз дар Валии Аср ширкат накунанд. Телевизюни давлатии Press TV тачаммуъи тарафдорони Ахмадинажод дар Валии Асрро нишон медод. Ва карор буд тарафдорони Мусавй хам дар хамон махал хозир шаванд.

Як сухангуи Мусавй ба хабаргузории AFP гуфтааст: "Ин ситод аз мардум мехохад, ки ба тала (дом)-и даргирихои барномарезишуда науфтанд."

15:38 BST
Имруз тасовири камтаре аз Эрон дар расонахои чахон пахш мешавад. Далели он махдудиятхои тозаест, ки макомоти Чумхурии Исломй бар хабарнигорони хоричй эъмол кардаанд.

Ин тасмим дуруст пас аз он гирифта шуд, ки Шурои Нигахбон дар мавриди бозшумории оро эъломи омодагй кард. Ин икдом нигаронии чомеъаи байнулмилалиро барангехтааст, ки шояд давлат касд дорад аз дарзу пахши иттилоъоти дасти аввал аз Эрон мумонеъат мекунад.

Хабарнигорон аз пушиши тазохуроти «гайриконунй» манъ шудаанд ва барои рафтан ба сахнаи руйдодхо бояд аз макомот ичозаи навишторй бигиранд. Кортхои матбуъотй беэътибор эълом шудааст. Хабарнигори Би-Би-Си дар Техрон мегуяд, ки дар хеч чои чахон бо мукаррароте бад-ин андоза махдудкунанда барои гузориш додан мувочех нашудааст.

15:00 BST
Имруз соъати 18:00 ба вакти Ландан тарафдорони Мирхусейни Мусавй дар баробари Сафорати Эрон дар Ландан тачаммуъ мекунанд.

14:58 BST
Сухангуи Шурои Нигахбони Эрон гуфт, ки эхтимоли баргузории интихоботи дубораро мардуд (радшуда) намедонад.

14:57 BST
Мирхусейни Мусавй - ракиби Махмуди Ахмадинажод гуфтааст, ки хозир аст барои баёни мавзеъхои хуж дар бораи интихобот ва руйдодхои пас аз он дар барномахои мусткими телевизюнй хузур ёбад. Манбаъ: ghalamnews.ir, торнамои вобаста ба Мирхусейни Мусавй.

11:27 BST
Ахмадинажод дар изхороташ муътаризонашро "хасу хошок" тавсиф карда буд. Донишчуёни мухолифи Ахмадинажод пораи зеринро дар посух ба тавхини раисичумхурй пахш кардаанд:

Он хасу хошок туйи
Душмани аз хок туйи
Шур манам, нур манам
Ошики ранчур манам
Зур туйи, кур туйи
Холаи бенур туйи
Далери бебок манам
Молики ин хок манам

11:04 BST
Хаводорони Мусавй ва Ахмадинажод имруз хам мардумро ба тачаммуъ фаро хондаанд. Карор аст хар ду тазохурот дар хиёбони Валии Асри Техрон анчом бигирад. Тачаммуъи ду неруи мутахосим дар як махал метавонад паёмадхои нохушоянде дошта бошад.

11:00 BST
Шурои Нигахбони Эрон дар мавриди бозшумории орои интихоботи рузи одинаи гузашта ибрози омодагй кардааст.

Мирхусейни Мусавй, номзади ислохталаб дар интихоботи раёсати чумхурй, муътакид аст, ки Махмуди Ахмадинажод бар асари такаллуботи густарда дубора ба макоми раёсати чумхурй баргузида шудааст.

Шурои Нигахбон тахти фишори шадиди садхо хазор муътариз, ки таи се рузи гузашта хиёбонхои шахрхои умдаи Эронро пур карданд, мачбур ба тагйири 180-дарачаии мавзеъи давлат шуд.

Мумкин аст дар паи бозшумории оро ва кашфи тахаллуфот ё иштибохот дар шумориши аввалияи оро мухолифони Ахмадинажод хостори баргузории дубораи раъйдихй шаванд.

Ба гузориши родю Эрон, дар рохпаймоихои рузи душанбе хафт тан кушта шудаанд. Гузоришхои таъйиднашудае ин ракамро болотар унвон кардаанд.

Гузоришхо хокист, ки шуморе аз рахбарони ислохталабон, аз чумла Мухаммадъалии Абтахй ва Саъиди Хаччориён дишаб боздошт шудаанд.

Дар ин миён эхсос мешавад, ки дар миёни давлатмардони Эрон шикофе эчод шудааст. Алии Лоричонй, раиси Мачлиси Шурои Исломии Эрон, вокуниши нерухои давлатй ба тазохуротро махкум кард ва гуфт: «Дар ин маврид вазири кишвар (дохила) масъул аст.»

Дар тахаввуле дигар Махмуди Ахмадинажод вориди Маскав шудааст. Вай дар нишасти сарони СХШ аз «поёни асри импротурихо» хабар дод, аммо дар бораи руйдодхои чорй дар кишвараш изхори назар накард.

Борак Убомо, раисичумхурии Омрико, дар нахустин вокуниши мустакими худ ба руйдодхои Эрон изхори «нигаронии амик» кард.

Monday, June 15, 2009

How Long Can You Grimly Cling to Power?

То чанд метавон бо зури чубу чумоку силох сари кудрат монд? Хеч як аз давлатхои зургу дер напоидаанд ва ин яке хам давом нахохад овард.
















Рузхои хар навъ истибдоде башумор аст ва поёни он дарднок. Хамаи истибдодхо поёни хамгуне доранд. Он метавонад тулонию деррас бошад ё кутоху зудрас, аммо хамгун.

Сарчашмаи аксхо: Boston.com