«Хеч миллате наметавонад пеши худаш тасмим бигирад, ки кадом кишваре метавонад чангафзори хастайи дошта бошад. Аз ин ру ман руи таъаххуди Омрико ба зиндагй дар чахоне орй аз силохи хастайи таъкиди котеъона доштаам.»
Дар гузашта ин суханонро дар тазохуроти зиддиомрикойи мешунидам. Манзур аз «зиддиомрикойи», мусалламан, зидди давлати он кишвар аст. Ва на давлати Убомо, албатта. Он суханон акнун аз дахони хусрави Омрико бармеояд ва чахонро дучори туфоне отифию эхсосотй мекунад.
Борак Хусейн Убомо дар суханронии торихиаш дар Кохира бисёр мохирона сухбат аз пешинаи исломиашро ба миён овард ва мохиронатар дониши мазхабиашро ба кор бурд. Аз Куръону Китоби Мукаддаси масехиёну Таврот накли кавлхое фаровон кард ва хамаро аз бар гуфт. Бидуни ин ки чашмонаш руи сафхаи когазе сур хуранду гум шаванд ва максхои тулонию тупуку иштибоххои лафзй мардумро калофа кунад. Бо баёне гарро ва салобате хусравона чизхоеро гуфт, ки харгиз аз дахони хеч рахбари омрикойи садо надода буд.
Убомо бо хунсардию шикастанафсии ситоишангез ниёзи Омрико ба хамкорию хамёрии дигар кишвархои чахонро бармало кард. У мункири ин хакикат нашуд, ки хатто танхо абаркудрати чахон наметавонад ин рохро ба танхойи бипаймояд. Чун чахониён хама «аъзои якдигаранд» ва Омрико наметавонад дар они вохид хам калб бошаду хам меъда ва хам магзи башарият.
Нармиши сутудании Убомо дар суханронихои пешини у низ хувайдо буд, аз чумла дар изхори назархояш дар Ирок, дар шодбоши наврузии имсолаш ва дар чараёни сафараш ба Туркия. Аммо Кохира виждони поки ин солори гайриъодии Омрикоро барахна ба намоиш гузошт. Магз андар магзи гуфтахои у мамлу аз орзуи расидан ба сулху оромиши пойдор дар чахон буд. Рухи тасомуху тахаммул аз ханчараи у чорй буд.
Убомо сирфан лилй ба лолои «душманон»-и Омрико намегузошт, то созише хосил шавад. Вай аз як су аз Исроил мехост, ки аз идомаи сохтмони шахракхои яхудинишин дар сарзаминхои фаластинй даст бардорад ва аз суи дигар хитоб ба тундравони фаластинй бо истинод ба оёти Куръон мегуфт, ки куштани як фарди бегунох ба масобехи куштани хамаи башарият аст.
Вай бо ин ки равобити Омрико бо Исроилро «шикастнопазир» тавсиф кард, дар поёни хамон чумла вазъияти фаластинихоро «тахаммулнопазир» хонд ва хостори тагйири фаврии авзоъ ва эчоди давлати мустакилли фаластинй дар канори Исроил шуд. Бо ин ки медонад лоббии яхудихои Омрико ва мусалламан, рахбарони кишвари яхуд аз ин такозои у чи андоза чигархунанд.
Убомо руи нуктахои заъфи чомеъахои мусалмон хам ангушт гузошт ва аз чумла дар бораи баробарии хукуки зану мард доди сухан дод ва гуфт:
«Ман муътакидам, ки духтарони мо ба андозаи писаронамон метавонанд дар умури чомеъа мушорикат дошта бошанд. Мо замоне ба шукуфоии фарогир даст хохем ёфт, ки хамаи насли башар, чи марду чи зан, битавонанд тамоми зарфияти худро ба кор гиранд.»
Вай бар зарурати ру овардани кишвархои нафтии мусалмон ба тавсеъаи омузишу парвариш ва навоварй таъкид кард; чизе ки хатман бояд мавриди таваччух вокеъ шавад, агар карор аст ин тамаддунхо барои хамеша чирахури тамаддуни Гарб намонанд. У озодии мазхабию акидатиро аз пешшартхои пешрафту шугуфойи унвон кард.
Бидуни ташрехоти изофй порахое аз суханронии Борак Убомо дар Кохираро дар зер меоварам.
То замоне ки равобити моро ихтилофотамон таъйин мекунанд, мо касонеро сохиби ихтиёру кудрат мекунем, ки ба чои базри сулху оромиш тухми нафрат мекоранд.
Ман ба ин чо, ба Кохира омадаам, то бурузи огози дигареро бибинам. Огозе тоза дар равобити миёни Иёлоти Муттахида ва мусалмонони саросари чахон. Огозе бар пояи манофеъи мутакобил ва эхтироми мутакобил. Ва огозе бар пояи ин хакикат, ки Омрико ва ислом интисорй ва созишнопазир нестанд ва набояд даргири ракобат шаванд. Баръакс, онхо бо хам созгоранд ва усули муштараке доранд.
Ман бо ислом дар се кораи чахон бархурд доштам, пеш аз ин ки вориди минтакаи хостгохи он шавам. Ин тачруба маро муътакид кардааст, ки шарокат миёни Омрико ва ислом бояд мубтанй ба чизе бошад, ки ислом хаст, на чизе, ки ислом дарбар надорад. Ва ман ба унвони раисичумхурии Иёлоти Муттахидаи Омрико инро масъулияти худ медонам, ки бо хар навъ клишесозй (стеоритипсозй)-и манфй алайхи ислом дар хар чое набард кунам. Вале хамон усул бояд дар мавриди тасаввури мусалмонхо аз Омрико хам сидк кунад.
Биёед дар ин маврид шакке надошта бошем, ки ислом бахше аз Омрикост. Ва ман бовармандам, ки Омрико ховии ин хакикат аст, ки сарфи назар аз нажоду мазхабу вазъияти зиндагй хамаи мо орзухои муштараке дорем.
Дар ин маврид хам мутмаин бошем, ки мо касд надорем нерухоямонро дар Афгонистон нигах дорем. Мо намехохем дар он чо пойгохи низомй дошта бошем. Барои Омрико аз даст додани мардону занони чавонамон азоби алим аст. Ин даргирй пурхазина аст ва идомаи он аз лихози сиёсй хам душвор аст. Мо бо камоли хурсандй так-таки сарбозонамонро ба кишвари худ боз хохем овард, агар мутмаин шавем, ки дар Афгонистон ва акнун дар Покистон тундравони хашине бокй намондаанд, ки касд доранд то хадди имкон омрикоихоро бикушанд. Вале холо он замон фаро нарасидааст.
Куръони карим таълим медихад, куштани як фарди бегунох ба монанди куштани хамаи насли башар аст.
Имруз Омрико мусъулияте дугона дорад: кумак ба Ирок барои расидан ба ояндае равшантар ва вогузоштани Ирок ба худи ирокихо. Ман ин нуктаро барои мардуми Ирок равшан кардаам, ки мо хостори поярезии пойгохи низомии доимй дар он чо нестем ва хам намехохем иддаъохои марзию моддй дошта бошем. Хокимияти Ирок мутаъаллик ба худи он аст.
Равобити танготанги Омрико бо Исроил як мавзуъи ошкор аст. Ин пайванд шикастнопазир аст. Аммо вазъияти мардуми фаластинй тахаммулнопазир аст. Ва Омрико ба орзуву талошхои машруъи фаластинихо барои иъодаи шарафу эътибор, фурсатхо ва эчоди давлати худашон пушт нахохад кард.
Танхо рохи халли ин бухрон расидагй ба хостахои хар ду су аст. Ин хостахо замоне бароварда мешавад, ки исроилихову фаластинихо ду давлат дошта бошанд ва канори хам дар сулху оромишу амният ба сар баранд.
Вале ин мавзуъ барои хамаи тарафхои даргир равшан аст, ки вакте сухбат аз чангафзорхои хастайи меравад, мо ба нуктае катъй расидаем. Ин мавзуъ танхо ба манофеъи Омрико бар намегардад. Ин талошест барои чилавгирй аз рох уфтодани мусобикаи таслихоти хастайи дар Ховари Миёна. Ин мусобика метавонад минтака ва чахонро ба чойхои борик ва шадидан хатарнок бикашонад.
Ман эътирози онхоеро, ки мегуянд чаро бархе кишвархо силохи хастайи доранду бархе на, дарк мекунам. Хеч миллате наметавонад пеши худаш тасмим бигирад, ки кадом кишваре метавонад чангафзори хастайи дошта бошад. Аз ин ру ман руи таъаххуди Омрико ба зиндагй дар чахоне орй аз силохи хастайи таъкиди котеъона доштаам.
Ман муътакидам, ки духтарони мо ба андозаи писаронамон метавонанд дар умури чомеъа мушорикат дошта бошанд. Мо замоне ба шукуфоии фарогир даст хохем ёфт, ки хамаи насли башар, чи марду чи зан, битавонанд тамоми зарфияти худро ба кор гиранд.
Бисёре аз кишвархои Халичи Форс ба хотири доштани нафт сарватманд шудаанд. Ва бархе аз онхо руи тавсеъаи густардатар мутамаркиз шудаанд. Вале хамаи мо бояд эътироф кунем, ки омузишу парвариш ва навоварй пул ё арзи роич дар садаи 21 хохад буд.
Хамаи мо ин дунёро барои муддате кутох бо хам кисмат мекунем. Пурсиш ин чост, ки оё мо он замонро бо тамаркуз бар омилхое, ки моро аз хам чудо мекунад, хохем гузаронд ва ё мехохем барои пайдо кардани чои пое муштарак таъаххуд кунем. Руи ояндае тамаркуз кунем, ки барои фарзандонамон орзу дорем. Ва ба хамаи одамон арч гузорем.
Огоз кардани чангхо осонтар аз поён додан ба онхост. Муттахам кардани дигарон сахттар аз нигох андохтан ба даруни худ аст. Дидани тафовут дар касе осонтар аст, то ёфтани нукоту мавориди муштарак. Вале мо бояд рохи дурустро баргузинем. На танхо рохи осонро.
Мардумони чахон метавонанд канори хам дар оромиш зиндагй кунанд. Мо медонем, ки биниши Худованд хам хамин аст. Ин бояд кори мо дар руи Замин бошад. Сипос. Худованд шуморо карини рахматаш кунад.
*Бо илхом аз унвони яке аз китобхои Борак Убомо «The Audacity of Hope»
2 comments:
Вакте ба суханронии Обама гуш медодам, дар чашмам ашк халка мезад... Аммо дар чамъе ки бештар алайхи омрико ва Обама буда ва ба харфхои ин демукрот эрод гирифта ё тамасхуромез ба хамдигар ишорахо мекарданд, намехостам аз эхсоси шуданам пай бубуранд.
Аммо онхоро бо ин тавчех додам, ки маъмулан мардони мо аз эхсосоти шудан нанг доранд ва нохудогох мехоханд пушти никоби мазох ва ё хандахои гайримантики ва ё баъзан хашм он эхсосотро пинхон кунанд.
Бо ин гуна фикр онхоро тавчех додам, зеро намехостам дар бобати дарк ва истикболи суханронии раисичумхурии Омрико аз суи мусалмонон ва хам консервативхои урупои навмед шавам.
Магар замоне, ки Мартин Лютер Кинг бо суханронии машхури худ - "Ман орзуе дорам..." дар бораи хамидигарфахми ва хамзистии сиёхпустон ва сафедпустон магзхои харду дунёро такон дод, оё афроди шаккгаро кам буданд? Оё пас аз дахсолахо Барак Хусейн Обама марди сиёхпуст раисичумхури Омрико нест?
Аммо имруз Обама - меросдори акидахои хамон абармард - Мартин Лютер Кинг аз чахоне ори аз танаффур байни мусалмонон ва гайримусалмонон фаред кашид ва ман шакке надорам, ки демократхо ин орзуро низ амали мекунанд.
Албатта хамон тавр ки Обама гуфт, шояд мову шумо туши худро то он руз накашем, аммо бояд сахми кучаки худро дар вакти кутохе ки таърих бароямон ато карда, гузорем.
Омухтан, дилу гушу чашми боз доштан ба гуногунрангии дуне ва андешахо аввалин кор аст дар ин самт.
Дар ин ки рузе паёми Убомо ба дили так-таки мардуми чахон рох хохад ёфт, ман хам шакке надорам. Ба ростй, Убомо дошт чахони ояндаро тарсим мекард. Чахоне орй аз бартаричуихои нажодй, мазхабй, чинсй ва гайра. Чахоне, ки бар усули тасомуху тахаммул, арчи мутакобил, дурй аз таъассуб, донишпажухию навоварй устувор хохад буд. Он чахони имрузи мо нест. Ба вижа чахони минтакаи мо нест. Аммо ин хакикат, ки ин суханонро аз баландтарин трибунхои чахон аз кавли як марди солеху хушкалбе, ки иттифокан сарвари абаркудрати чахон хам хаст, мешунавем, мояи басе умед аст. Ин суханон гузашта аз таъсироти берунй, даруни худи Омрикоро низ мутахаввил хохад кард. Мардуме, ки то чанде пеш фаротар аз марзхои худро чузъи тамаддуни башарй ба шумор намеоварданд, имруз мачбуранд доманаи дидашонро фарохтар кунанд. Онхо хам андак-андак дар хоханд ёфт, ки чахони фарох танхо дар инсичому хамбастагии унсурхояш бо хам пойдор хохад буд ва дар гайри он сурат фуру хохад рехт.
Бехтар хохад буд агар нармишпазирии давлати Убомо тарафхои мукобилро хам ба иттихози чунин сиёсатхое водорад ва рохро ба суи орзуи Убомо ва милёрдхо инсони дигар хамвор кунад.
Post a Comment