Who goeth a borrowing
Goeth a sorrowing.
Хар ки бидехкор шуд,
Гуссадор шуд.
~Thomas Tusser
Бухрони молии чахонй, ки дар гузаштаи наздик чурт (пинак)-и макомотро хам намешикаст, ба лояхои дарунии чомеъа рахна карда ва акнун нигаронии хампешагони мо дар Точикистонро хам мешавад ба вузух дид.
«Бухрон ба амнияти иттилоъотии кишвар хатар дорад» унвони маколаест, ки дар шумораи ахири хафтаномаи «Фараж» чоп шудааст. Манзур аз «амнияти иттилоъотй» дастрасии мардум ба иттилоъот аст. Нависандаи макола муътакид аст, ки агар аз хафтаномахои точикй химоят нашавад, мумкин аст бештарашон туъмаи бухрон шаванд.
Нигаронии бепоя нест. Ин бухрон, агар ба дарозо бикашад, садхо хазор тани дигарро чигархун хохад кард ва сохибони нашрияхо мустасно нестанд. Аммо чора чист ва чи касе метавонад чорасоз бошад?
Дар як икдоми сутуданй нависандаи макола бо масъулони бисёре аз нашрияхои Точикистон ин мавзуъро дар миён гузошта ва дидгохи онхоро чуё шудааст. Такрибан хама муътакиданд, ки давлат бояд дар ин замина дастбакор шавад ва ба матбуъоти мустакил хам ёрона ё субсид ё, дар вокеъ, бахшиш нисор кунад. Бархе тачрубаи кишвархои гарбй ба монанди Суэд (Шветсия)-ро намуна овардаанд, ки микдори зиёде аз хазинаи чопу тавзеъи рузномахояшро давлат мепардозад.
Давлати Суэд танхо кишвари урупойи нест, ки матбуъоташро зери боли химояти худ гирифтааст. Дар радифи он метавон аз давлатхои Итолиё, Хуланд, Ирланд, Велз, Утриш (Австрия), Фаронса ва Нурвеж (Норвегия) хам ёдовар шуд, ки ба бархе аз матбуъоти худ кумаки молй мекунанд. Аммо дар ин кишвархо кумаки давлат ба нашрияхо милок (критерия)-хое дорад. Умдатан ёрона (субсид) ба нашрияе пардохт мешавад, ки ба забони акаллиятхои кавмй ё забонй чоп мешаванд. Манзур аз пардохти ёрона хам хифзи он забонхост.
Яке дигар аз милокхо ташаккули чандандешии сиёсию фархангию ичтимоъй дар фазои иттилоъотй аст. Ва дар Урупо кас таъаччуб намекунад, агар кумаки давлат ба сандуки рузномае ворез шавад, ки шояд аз мухолифони режим бошад, то танаввуъи акидатй падид ояд.
Вале хатто дар Урупо шумори зиёде тачрубаи кумаки молии давлат ба нашрияхоро зери суол бурдаанд. Барои намуна, Инглис аз анчоми ин кор икрох дорад ва танхо хукуматхои манотики дурдасти Бритониё барои хифзи забонхои махаллй ба нашрияхои хурд ёрона мепардозанд. Далели икрохи давлат хам ин дидгох аст, ки як нашрия бо дарёфти чира ё музд ё ёрона аз давлат амалан пеши давлат забонкутох мешавад ва, ба иборати омиёнатар, дигар руяш намешавад, ки аз кутохихои валии неъматаш чизе бинависад.
Он хам дар Фарангистоне, ки ин навъи одобу русум хеле холиаш намешавад. Агар карор бошад давлати Точикистон ба нидои «кумак!»-и рузноманигорони точик гуш фаро дихад, бехтарин фишанг (ахрум)-и фишорро дар баробари нашрияхо ба даст хохад овард. Одоби шаркии мо мухру муме хохад шуд бар лабу лунчи матбуъот, то дубора дахон ба гилоя нагушояд. Ва агар касе пурруёна ин одобро нодида гирифт, муттахам ба «намакнашносй» хохад шуд ва давлат метавонад бедиранг бо фишор додани фишанг ба он нашрия «дарси адаб»-и чононае бидихад. Барои мову шумо комилан равшан аст, ки ин ёдоварихо чи гуна сурат мегиранд.
Пас дархости кумаки молй аз давлат ба маънои такозои хамон мухру мум бар лабу дахони матбуъоти мустакиллу нимамустакилли точик аст.
Дар миёни масъулони нашрияхо, ки дар сухбат бо рузноманигори «Фараж» дар ин бора изхори назар кардаанд, танхо дидгохи як тан (аз Asia-Plus) ба чашмам хурд, ки аз даврони Шуравй дарси хубе гирифтааст. У муътакид аст, ки дар сурати дарёфти кумак аз давлат расонахо дастнигари давлат хоханд шуд. Харфи ачибе нест. Аз бадехиёт аст. Ин коъида ё хакикати ошкор (аксиома) шояд барои бархе мухим аст ва барои иддае камтар. Аммо боз хам коъида мемонад.
Дар хамон кишвари Хуланд, ки давлаташ ба бархе аз нашрияхо ёрона мепардозад, маколе роич аст: «Ваъдахо карздор мекунанд ва карзхо ваъда ба бор меоваранд». Дарёфти карз ё кумак аз хар касе таъаххуду ваъдаи тарафи дарёфткунандаро дар пай дорад. Яке дигар мегуфт, даруни карз ангеза метапад.
Такозои поин бурдани андоз (молиёт) барои расонахои хусусй маъкултар аст ва метавонад хам аз бори молии руи души расонахо бикохад ва хам аз бори миннати давлат, ки зохиран карор аст матбуъот бикашад.
Аммо мухимтарин рохкор гайримолист. Мухтавои матбуъоти точикй ва сатхи рузноманигории он дар мукоиса бо матбуъоти русии кишвар ба маротиб заъифтар аст.
Бехтар мебуд агар нашрияхои точикй дар айни хисобу китоби харочот ва чустучуи роххои кохиши хазинахо, дунболи роххои афзоиши истеъдоду тавоноихои кормандонашон хам мегаштанд ва сафахоти худро чаззобтар мекарданд, бо санъати эъчозу кутохбаёнй микдори бештари матолиби чолибтарро мунташир мекарданд ва беш аз пеш мавзуъоти догу магуи чомеъаро васат мекашиданд, то хам нашрия бозоргиртар шавад ва хам чомеъа бедортар.
Аммо аз вучуди матбуъоте, ки чирахори давлат бошаду ба гуши миллат лолоии зиллат бисарояд, набуди он авлотар аст.
Ба умеди растагории матбуъоти точик аз офоту балоё.
No comments:
Post a Comment