Навиштори зер аз дустест дар Техрон

به دبيرۀ پارسی
Соъат 10-и субхи имруз, 13 обони 1388 (04.11.2009) аст ва аз нахустин соъатхои бомдод нерухои Хоманайи дар хама чои нукоти марказии шахри Техрон дида мешаванд ва дар холи пароканда кардани мардум хастанд. Мешавад гуфт, Хоманайи хар чи неру дошта, овардааст, то шояд эътибори аздастрафтаашро боз ёбад...
Талоши онхо дар чилавгирй аз шаклгирии рохпаймоии мухолифони мусолиматчу табиъй буд, ки ба натича бирасад. Аммо талоши онхо барои аз майдон хорич кардани хаводорони Чунбиши Сабз, ки хар руз мунсачимтару хадафмандтар амал мекунанд, бетардид наметавонист дастоварди мавриди назари онхоро дошта бошад. Ба хамин далел сабзхо хар кучо фурсат меёфтанд, шиъорхояшонро сар медоданд, ки ду шиъори умдаи имрузи онхо «Марг бар Русия!» ва «Сафорати Русия – Лонаи чосусия!» мутановибан шунида мешуд, ки ба гунае хайратовар хассосияти вижаи чумокдорон (калтакдорон)-и Хоманаиро ба дунбол дошт.
Дар яке аз маворид дар наздикии пули Каримхон охунд (мулло)-е бар руи Нисон (Nissan)-е истода буд ва баландгу ба даст бист то сй нафареро, ки давру бари у буданд, рахбарй мекард ва мардумро мунофик мехонд. Сипас хамин ки шиъори «Марг бар Омрико!» сар дод, мардуми ду суи хиёбон чун хамеша дар посух шиъори «Марг бар Русия!» сар доданд, ки ногахон охунд аз болои Нисон поин парид ва хамрохонаш ба рахбарии у ба мардум хамла карданд ва ошкоро мешунидам, ки мегуфтанд: «Кй буд шиъор дод?!»
Он чи дар он лахза иттифок уфтод, метавон ба чуръат гуфт, дастикам дар торихи Эрони муъосир собика надорад. Химояте чунин ошкор аз кишваре бегона дар маркази кишваре, ки давлаташ доъия (иддаъо)-и истиклол ва куфрситезй дорад, хаккан бесобика аст. Давлате, ки бегонаситезиро аз мехваритарин сиёсатхои худ медонад, аммо ба зохир на хар бегонаеро. Таъассубе, ки нерухои Хоманайи имруз нисбат ба Русия аз худашон нишон доданд, хатто дар даврони «истибдоди сагир» ва аз суи Мухаммад Алишохи Кочор хам, ки бо химояти мустакими русхо [сад сол пеш] машрута (низоми Конуни Асосй)-ро муваккатан бархам дод, рух надода ва гузориш нашудааст...
Аз ин ру чо дорад иттифоки имрузро ба сиёха (руйхат)-и баланди муносибатхои гуногуни 13 обон (4 нувомбр) изофа кард. Рузе, ки нерухои рахбари рухонй ва исломии Эрон бе хеч пардапушй дар химоят аз давлати хамеша-чиноятпешаи Рус мардумро мавриди хамла карор доданд ва даххо нафар аз чавонон, озодихохон ва миллиюнро башиддат мазруб карданд (заданд) ва бисёре дигарро дастбаста равонаи боздоштгоххо карданд. Фаромуш накунем, имрузро «рузи миллии мубориза бо истикбор (империализм)» ном ниходаанд.