Saturday, September 19, 2009

People's Green Day - Khamenei’s Bleak Day

Рӯзи сабзи мардум - рӯзи сиёҳи давлат

Вопасин одина (ҷумъа)-и рамазони Хоманаию Аҳмадинажод табоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар рӯзи Қудс (18.09.09), ки ҳамасола ба манзури ҳимоят аз мардуми ситамкашидаи фаластинӣ дар вопасин одинаи моҳи рамазон баргузор мешавад, даҳҳо ҳазор тан аз ҳаводорони сабзпӯши ислоҳот ба хиёбонҳо рехтанд ва бо шиъорҳои баланди худ пояҳои ҳукумати Хоманаиро бори дигар ларзонданд.

Ҳузури чашмгири муътаризон бисёреро ғофилгир кард. Дар паи гирифтугирҳои густарда ва тадбирҳои дадманишона алайҳи мухолифон ва ҳушдори сардори Сипоҳи Посдорон, ки мегуфт, бо “сабзҳо”-и муътариз дар рӯзи Қудс шадидан бархурд хоҳад шуд, мардум боз ҳам сина сипар карданду омаданд ва рӯзи Қудсро ба худашон ихтисос доданд.

“На Ғазза, на Лубнон! Ҷонам фидои Эрон!” деворҳои Донишгоҳи Теҳрон – маҳалли баргузории намози ҷумъаро рахна мекарду дар гӯшҳои Аҳмадинажод ва ёри тундравтараш Аҳмади Хотамӣ менишаст ва монеъ аз тамаркузи ҳавоси онҳо ба ҳангоми суханронӣ мешуд. Манзур аз ин шиъор равшан аст: вақте ки рафтори мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бо мардуми худаш аз бадрафториҳои Исроил бо арабҳо фарқе намекунад, чаро барои миллатҳои ғайр додхоҳӣ бикунем? Он вақт чи касе ба доди худи мо хоҳад расид ва моро аз чанги дижхимони ҳоким наҷот хоҳад дод?

Муътаризон Эронро бо Фаластин муқоиса мекарданду фарёд мекашиданд: “Эрон шуда Фаластин! Мардум, чаро нишастен?!” Аз минбари намози ҷумъа шиъори расмии “Марг бар Омрико!” баланд мешуд ва то ба беруни дарвозаҳои Донишгоҳ мерасид, ба “Марг бар Русия!” табдил мешуд. “Марг бар зидди вилояти фақеҳ!”-и охунди давлатӣ дар миёни тӯдаҳо ба шакли “Марг бар диктотур!” дар меомад. Мардум хитоб ба Хоманаӣ таҳдидомез фарёд мезаданд:

"Диктотур! Диктотур!
Ин охирин паём аст!
Миллати сабзи Эрон
Омодаи қиём аст!"

Ҷавононе, ки зарби ботум (калтак)-ҳои басеҷиҳову пулисҳоро хурда буданд, дубора дар хиёбонҳо бо сари баланд роҳ мерафтанду шиъор медоданд: “Бародари руфтгар! Махмуда бардор бибар!” Басеҷиҳо дигар ҷуръати онро надоштанд, ки мисли гузашта ба сару сурати мардум корд бикашанд ва бо танини шиъори “Марг бар басеҷӣ!” ҷо холӣ мекарданд.

Ин қиёми густарда танҳо дар Теҳрон набуд, балки Шерозу Исфаҳону Табрезу Раштро ҳам фаро гирифт. Бо вуҷуди ҳушдорҳо ва ҳатто тағйири як суннати 25-сола барои ҷилавгирӣ аз ҳузури сабзҳо, шаҳрҳои бузурги Эрон саропо сабз шуданд. Он суннати дерина, ки аз оғози барпоии рӯзи Қудс то дирӯз риъоят мешуд, суханронии Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар хутбаҳои намоз буд. Хоманаӣ бо ин хиёл, ки шояд ҷойгузинии Рафсанҷонӣ бо Аҳмадинажоду Аҳмади Хотамӣ (бо Муҳаммади Хотамӣ нисбате надорад) Ҷунбиши Сабзро навмеду дилсард хоҳад кард, тасмим гирифт, ки барои нахустин бор Рафсанҷониро аз гардонандагии намози рӯзи Қудс канор бигзорад. Дар остонаи ин рӯз фарзандону бастагони шуморе аз чеҳраҳои саршиноси ислоҳталабро боздошт кард, то аз ин роҳ бар “сабз”-ҳо фишор овараду мавқеъияти онҳоро тангтар кунад. Аммо ҳеч як аз ин талошҳо корсоз нашуд. Се моҳ пайкору талоши дастгоҳҳои амниятию таблиғотӣ, боздоштҳову қатлҳову пахши “эътирофот”-и телевизюнӣ, шабехуни басеҷиҳо ба амволу амлоку худи мардум, ҳама ва ҳама ҳадар рафтанд.

Давлате, ки ҳамасола дар рӯзи Қудс дарбадар дунболи мардум мегашт, ки дар намозу роҳпаймоӣ ҳузур ёбанд, ин бор бо таҳдиду таъкид расман аз ҷавонони сабз хост, ки берун наоянд. Ба ростӣ, ба гуфтаи дуктур Сурӯш, ҷашнҳои Хоманаӣ барояш табдил ба мотам шуда ва донишгоҳие, ки қаблан ба побӯсаш меомад, акнун кобуси ӯ шуда. Оё ин ҳама накбату гирифторӣ арзиши ҳимоят аз раисиҷумҳурии қуллобие чун Аҳмадинажодро дошт? Мутмаиннан, ҳамин пурсиш аст, ки акнун дар сари парешони раҳбар мепечад.

Телевизюни давлатии Эрон, ки ҳамасола аз роҳпаймоиҳои рӯзи Қудс барномаҳои зинда пахш мекард, ин бор то шиъори “На Ғазза, на Лубнон!” имтидоди хиёбонро дарнавардид, якбора гузоришҳои хиёбониашро қатъ кард. Гӯяндаи даступохурдаи телевизюн пок ёдаш рафта буд, ки рамазон аст, дошт ба мусоҳибаш об таъоруф мекард.

Яъне Ҷунбиши Сабзи Эрон ҳамчунон побарҷову устувор аст, ба гунае, ки тавонист як барномаи давлатиро ба барномаи худҷӯши мардумӣ табдил кунад. Бо ин ки дорудастаҳои режим дастори Муҳаммади Хотамиро заданду ба замин афканданд ва ба худрави Мусавӣ ҳамла бурданд, аммо рӯзи Қудси имсол барои Хоманаӣ шумхабаре буду барои озодагон – муждае бошугун. Бори дигар фармони Хоманаӣ ношунида гирифта шуд.

Эрон бартарин намунаи гирифтории як давлати вопасмонда дар миёни издиҳоми пешрафтаву тараққихоҳ аст. Рӯзи ҳамаи режимҳои дадманиш сиёҳ хоҳад шуд, агар мардум аз худу перомуни худ огоҳ шаванд.

Тасвирҳое аз роҳпаймоии Теҳрон

Акс аз торнамои bbcpersian.com

Wednesday, September 16, 2009

Iran's Internal Rifts & Shifts

Эрон ва пайкорҳои даруниаш

вижаи хафтаномаи "Нигох", Душанбе

Бо коҳиши мизони пахши хабарҳо аз рӯйдодҳои хиёбонии Эрон шояд барои бархе ин пиндор эҷод шуда бошад, ки шӯриши хурдодмоҳ (июн) фурӯкаш карда ва пас аз муҷозоти сабабкорони он бакуллӣ фаромӯш хоҳад шуд.

Аммо нигоҳе жарфтар ба рӯйдодҳои ин кишвари ҳамзабон тасвири батамом мутафовитеро шакл медиҳад. Бонгҳои эътирозии шабонаи «Аллоҳу акбар!» ҳамчунон аз пушти бомҳои теҳрониҳо хоби мақомотро ошуфта мекунад ва муътаризони интихоботи ахир тарҳи роҳпаймоиҳои эътирозии тозаеро мерезанд. Ва муҳимтар аз ҳама, ихтилофот дар миёни чеҳраҳои барҷастаи Инқилоби Исломӣ на танҳо бартараф нашуда, балки рӯзбарӯз ошкортар ва саҳмгинтар мешавад.

Паёми Оятуллоҳ Мунтазирӣ

Тозатарин мавриди ин рӯёрӯӣ дар лаҳзаи тадвини ин гузориш боздошти се набераи Оятуллох-ул-ъузмо Мунтазирӣ дар паи интишори номаи муҳимми ӯ хитоб ба мароҷеъи тақлид ё фақеҳони аршади шиъа аст. Оятуллоҳ Мунтазирӣ дар ин номаи торихии худ, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, аз рӯҳониёни умдаи кишвар хост, ки сукути худро бишкананд ва забон ба ҳимоят аз мардум бигушоянд ва давлатро ба хотири саркӯби бераҳмонаи мардум сарзаниш кунанд. Оятуллоҳ Мунтазирӣ дар гузашта ҷонишини Хумайнӣ маҳсуб мешуд, аммо баъдан мавриди ғазаби мақомоти низом қарор гирифт ва акнун дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва бо вуҷуди ин, ҳаргиз аз зикри кӯтоҳиҳои низом лаб фурӯ набастааст. Вай дар миёни тӯдаҳои мазҳабии Эрон пайравони бисёре дорад ва азияту озори хонаводаи ӯ бегумон мояи хашми бештари ҳаводоронаш хоҳад шуд.

Каррубӣ: «Хомӯш намешавам!»

Аз сӯи дигар, таҳдидҳои мукаррари мақомоти низом натавонистааст Меҳдии Каррубиро ҳам ба хомӯшӣ водорад. Ин номзади муътаризи интихоботи ахир ва раиси пешини Маҷлис таи чанд ҳафтаи гузашта батакрор иддаъо кардааст, ки мақомоти амниятию интизомии Эрон шумори зиёде аз боздоштшудагонро мавриди шиканҷаву таҷовуз қарор додаанд. Ҳарчанд бархе аз усулгароён хостори боздошти худи Каррубӣ шуданд, ба дафтари ӯ ҳамла бурданду онро муҳру мум карданд ва асноду мадракҳои «таҷовуз ба номуси боздоштшудагон» -ро бо худ бурданд, Каррубӣ дубора садо баланд карду гуфт, ки бо ин усулу равиш ӯро хафа (хомӯш) нахоҳанд кард. Ин иддаъои Каррубӣ, ки мегӯяд, ҳамлаи маъмурони давлат ба дафтарашро пешбинӣ карда буд ва нусхае аз ҳамаи мадракҳоро дар ҷое дигар нигаҳдорӣ мекунад, оташи хашми давлатро фурӯзонтар кардааст.

Меҳдии Каррубӣ дар тозатарин паёми худ, ки он ҳам рӯзи душанбе мунташир шуд, рӯйдодҳои ахирро «мояи нанги Ҷумҳурии Исломӣ» тавсиф карда, гуфтааст:

«Кош зинда набудаму намедидам, ки рӯзе дар Ҷумҳурии Исломӣ шаҳрванде назди ман биёяду шиква кунад, ки дар сохтмоне беному нишон тавассути афроде беному нишонтар ҳар амали қабеҳ ва ғайримаъмулӣ бар ӯ сурат гирифтааст: аз лухту урён кардани афрод ва нишондани онҳо дар муқобили якдигар то фаҳҳошиҳои вақеҳона ва идрор (пешоб) кардан дар сурати онҳо ва раҳо кардани чашму гӯшбастаи духтарону писарон дар биёбон.»

Иддаъоҳои Каррубиро даҳҳо наворҳои видеуиву навиштаҳои интернетӣ таъйид мекунанд. Шуморе аз ононе, ки мегӯянд, дар зиндонҳои Эрон ба онҳо таҷовуз шуда, бо истифода аз фурсате, ки изҳороти Каррубӣ барои онҳо падид овардааст, достонҳои дардноку тарснокеро аз таҷрубиёти талхи худ таъриф мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Алии Лориҷонӣ - раиси Маҷлиси Эрон ин иттиҳомотро ба унвони “дасисаи душманони низом” такзиб мекунад.

Бархурди ғӯлҳои низом

Яке дигар аз мавориди ихтилоф дар садри ҳирами низом ҷараён дорад. Ҳошимии Рафсанҷонӣ - раиси Шӯрои Хубрагон ва раиси Маҷлиси Ташхиси Маслиҳати Низом, ки дар овардани Алии Хоманаӣ ба мақоми раҳбарӣ нақши мунҳасир ба фарде дошт, дар давраи корзори интихоботӣ аз ҳаводорони сарсахти Мирҳусейни Мусавӣ буд ва пас аз интихобот низ дар паёмҳои худ ошкор кардааст, ки аз дидгоҳҳои Хоманаӣ табаъият намекунад. Вай дар паёми рӯзи душанбеи худ бо даъвати мардум барои ширкат дар роҳпаймоии рӯзи Қудс (18.09.2009) талвеҳан нохушнудии худ аз рафтори давлатро бозгуфт ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳузури мардум дар он роҳпаймоӣ “бедорбоше ҷовидона ба ғафлатзадагон” бошад. Ин роҳпаймоӣ ҳамасола ба нишони ҳимоят аз фаластиниён анҷом мегирад. Рафсанҷонӣ дар ин паёми худ “Фаластини ишғолӣ”-ро намоде аз “мазлумият ва асорат дар дасти як давлати саросар номашрӯъ, ҷаълӣ (сохтагӣ) ва ғосиб” номид, ки метавонад ишорае бошад ба бардошти худи ӯ аз давлати навини Маҳмуди Аҳмадинажод.

Эрон шуда Фаластин!

Қатлу қамъ ва латупори мардуме, ки дар тазоҳуроти мусолиматомез сарнавишти раъйҳои худро ҷӯё шуда буданд, обрӯи низомро таҳт-уш-шуъоъ қарор додааст ва ҳолаи тақаддусеро, ки атрофи ному симои раҳбар шакл гирифта буд, аз ҳам пошондааст. Дар оғози эътирозот мурод аз шиъори “Марг бар диктотур!” сарнагунии Маҳмуди Аҳмадинажод буд. Аммо акнун манзури муътаризон аз “диктотур” шахси аввали низом аст ва шиъори “Марг бар Хоманаӣ!” ё “Марг бар Ҷумҳурии Исломӣ!” беш аз пеш ба гӯш мерасад ё шабҳангом рӯи деворҳои шаҳрҳои умдаи Эрон падид меояд.

Муътаризон ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки чи гуна метавон алайҳи бадрафториҳои Исроил дар баробари фаластиниён эътироз кард, дар ҳоле ки давлати бумии Эрон ҳамон рафторро бар мардуми худаш раво мебинад. Яке аз шиъорҳои маъруф ҳамин маъниро тадоъӣ мекунад: “Эрон шуда Фаластин! Мардум чаро нишастен?!”

Пушаймонон

Машрӯъияти низоми Ҷумҳурии Исломӣ на танҳо пеши мардуме, ки аз дербоз аз он дили хуше надоштанд, зери суол рафтааст, балки акнун барои бисёре аз саромадони ин ҷумҳурӣ ҳам пазируфтанӣ нест. Барои нахустин бор дар тӯли сӣ соли ҳукумати ҷумҳурии исломӣ шуморе аз соҳибназарони низом мавзӯъи барканории раҳбар ва ҷойгузинии ӯ бо як шӯрои раҳбариро ба миён кашидаанд. Аммо он чи мушоҳида мешавад, ин аст, ки Алии Хоманаӣ бо қотеъият ва густохии беш аз пеш мекӯшад аз ҳар роҳи мумкин садоҳои эътирозро фурӯ бинишонад, то шояд бад-ин гуна бар умри ҳукуматаш биафзояд.

Худи Хоманаӣ ҳам хуб огоҳ аст, ки ҳурмати низомаш осеб дидааст. Вай дар яке аз хутбаҳои худ изъон кард, ки “ҳурмати низом ҳатк (шикаста) шудааст”. Адбулкарими Сурӯш, аз файласуфони исломии барҷастаи Эрон, ин эътирофи Хоманаиро ба фоли нек гирифта, навиштааст:

«Шодам, ки охируламр оҳи саҳархезон ба гардун расид ва оташи интиқоми илоҳиро барафрӯхт. Шумо ҳозир будед обрӯи Худо биравад, аммо обрӯи Шумо наравад. Мардум ба диёнату нубувват пушт кунанд, аммо ба вилояти Шумо пушт накунанд. Шариъату тариқату ҳақиқат мучола (пажмурда) шаванд, аммо ридо (ҷома)-и раёсати Шумо чину чурук нахурад. Аммо Худо нахост. Дилҳои сӯхтаву лабҳои дӯхтаву хунҳои рехтаву дастҳои буридаву домонҳои дарида нахостанд ва нагузоштанд. Покону порсоёну паёмбарон нахостанд. Маҳрумону муслеҳону ситамкашидагону ситамситезон нагузоштанд.»

Абдулкарими Сурӯш аз ҷумлаи касоне буд, ки аз низоми “ҷумҳурии исломӣ” ҳимоят мекард ва акнун мегӯяд, ки пушаймон шудааст. Шумори пушаймононе чун ӯ, ки бо эътиқоди росих ба дину диёнат бар ҳукумати исломии Эрон пушт кардаанд, андак нест. Ин даста аз афрод, ки ба ҷамъи касири мухолифони ошкори Чумҳурии Исломӣ пайвастаанд, наҳваи бархурди давлат бо эътирозоти хурдодмоҳро ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ медонанд ва на танҳо барои давлати Аҳмадинажод, балки дигар барои раҳбарии Хоманаӣ ҳам машруъияте қоил нестанд. Ба бовари онҳо, давлате, ки барои раҳоӣ аз озору азияти шоҳи Паҳлавӣ рӯи кор омада буд, акнун ба рафтору ҷиноёте даст мезанад, ки бамаротиб бадтар аз мардумозориҳои давлати Паҳлавист. Онҳо мегӯянд, давлате, ки ба умеду орзуҳои миллат дар сӣ соли гузашта хиёнат кардааст, бояд барканор шавад. Бад-ин гуна, метавон бо ҷуръат иддаъо кард, ки саффи мухолифони Ҷумҳурии Исломӣ имрӯза пуррангтар ва рангинтар аз соли гузашта аст ва танҳо далели ин падида сиёсати номуносибест, ки давлат барои рафъи мушкилоти дохилиаш ихтиёр кардааст.

Хуршеди ғуруб

Сарфи назар аз талошҳои фаровони давлат барои ҷалби ҳимояти мардум аз роҳи баргузории додгоҳҳои столинӣ ва “эътирофот”-и телевизюнии боздоштиён, радду такзиби беравияи ҳамаи иттиҳомот, аз ҷумла муттаҳам кардани худи мухолифон ба куштани ҳаводоронашон дар хиёбонҳо, ҷосусу хоин хондани сарони Ҷунбиши Сабз ва ғайра, хуршеди толеъи Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон рӯ ба уфуқ аст. Андак касе ба ахбори расмии кишвар эътимод мекунад ва алорағми монеътарошиҳои фаровони давлат рӯйкарди мардум ба расонаҳои хориҷӣ физоянда аст.

Дар ин миён ба назар меояд, ки ҳақиқатҳои нашткарда аз боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мабнӣ бар шиканҷаву таҷовуз ба номуси боздоштиён бештарин латмаро ба баданаи низом ворид кардааст. Низоме, ки иддаъо мекард бонии арзишҳои маънавии мардум аст ва барои хидмат ба мардум рӯи кор омада, акнун барои раъоёи худаш ба яке аз махуфтарин дастгоҳҳои ҳукуматӣ табдил шуда. Бисёре дар ҳоли расидан ба ин натиҷаанд, ки муроди давлатдорони кунунӣ аз сарнагунии давлати подшоҳӣ танҳо даст ёфтан ба қудрат буда, на ислоҳи авзоъе, ки сӣ сол пеш мардумро ба хиёбонҳо кашонда буд.

Режими низомӣ

Он чи мусаллам ба назар мерасад, ин аст, ки ҳукумати Эрон дар ҳоли табдил шудан ба як режими сирфан низомист. Оятуллоҳ Мунтазирӣ ҳам дар паёми ахири худ рӯи ҳамин нукта таъкид кардааст:

“Ба ман мегӯянд, ҳокимияти динӣ, ки шумо ваъдаи онро ба мардум додед ва вилояти фақеҳро муҷрии он медонистед ва мехостед онро бапо доред, ҳамин аст, ки имрӯз мо онро мушоҳида мекунем? Дар ҳоле ки он чи ки мушоҳида мешавад, дар воқеъ, ҳукумати вилояти низомист, на вилояти фақеҳ.”

Дар паи рӯйдодҳои фаҷеъи Эрон мудохилаи низомиён дар умури сиёсии кишвар беш аз пеш ҳувайдост. Ба гунае, ки моҳи гузашта яке аз фармондеҳони аршади Сипоҳи Посдорон аланан хостори боздошт ва муҳокимаи Мусавӣ - рақиби Аҳмадинажод дар интихобот шуд, ки эътирози бархе аз рӯҳониёнро барангехт ва аз ӯ хостанд, ки аз дахолат дар умури сиёсӣ парҳез кунад. Аммо бовари ғолиб бар ин аст, ки аз дербоз ҳукумати Эрон зери нуфузи низомиён қарор гирифта ва боризтарин намунаи он нуфуз паёмадҳои эътирозоти хиёбонист.

Калобаи тазоддҳо

Бад-ин гуна, эътирозоти Эрон ҳанӯз поён наёфтааст ва ҳамчунон дасту дили низомро меларзонад. Низоме, ки бо бонги “Аллоҳу акбар!” рӯи кор омада буд, акнун мардумро ба хотири зикри ин калом боздошт мекунад. Низоме, ки таҷаммуъоти густардаро яке аз корсозтарин расонаҳои таблиғотӣ медонист, акнун бо ҳар баҳонае аз баргузории таҷаммуъот ҷилавгирӣ мекунад. Низоме, ки дар Қонуни Асосиаш ранги сабзи парчами серанги кишварро ранги ислом зикр карда, акнун аз ин ранг безор аст. Ин ҳисси безорӣ аз ранги сабз дар ин гуфтаи имоми ҷумъаи Исфаҳон дар хутбаи одинаи гузашта машҳуд аст:

“Онҳо ки пухтаи сиёсат буданду мегӯянд, рӯзи Қудс бояд бо нишонҳои сабз биёед, бояд садояшон хафа шавад.”

Низоме, ки Оятуллоҳ Хумайниро поягузораш медонад, акнун ба ҷанги набераҳои ӯ рафта ва дар рӯзномаи “Кайҳон”-аш менависад, ки гурӯҳе “фитнагар ба байти Оятуллоҳ Хумайнӣ нуфуз” кардаанд. Далели ҳамла ба набераҳои Хумайнӣ ҳимояти онҳо аз номзадии Мирҳусейни Мусавӣ дар интихобот аст.

Низоме, ки аз хадамоти ҷосусии шоҳ (СОВОК) ҳаюлои ваҳшатноке сохта буд, бо Созмони Иттилоъоти худ дар эҷоди тарсу ваҳшат санги тамом гузоштааст.

Низоме, ки санги бинои худро усули маънавию арзишҳои динӣ медонист, бо эъломи иддаъоҳои ахир марбут ба шиканҷаву таҷовузҳо шабеҳи як низоми бехудову беарзиш шудааст.

Оё ҳеч низомеро дар торих мешиносед, ки бо вуҷуди ин ҳама тазодд ва дурӣ аз сиришти пиндории худ давом оварда бошад?

Saturday, September 12, 2009

Yasna for Ahmad Shah Massoud

Яснои Ахмадшохи Масъуд

Яли Панчшер омаду зуд рафт
Бирафту дили сад хазорон битафт

Вале номи неки бузурги далер
Биафзуд бар шухрати Панчшер

Чароге шуда бар хиёбони ишк
Ва дурре шуда бар тахи кони ишк

Ки ишки Ватанро мар андоза нест
Ва ошиктар аз у дар ин хоза* нест

Ки то ишк номи барозандагист
Барозандатар з-у яке ном нест

Чи масъуд ному чи ахмад маком!
Чи шохона кому чи воло маром!

Дигарбора модар ба дахри дудар
Чу у шерзоде биёрад магар?

Ки бо парчами ковиёнй ба даст
Тавонад ба тахти каёнй нишаст?

Ба точики фархундапай сад дуруд
Ба Моми матини заминаш сучуд

Ки чун Шох Масъудро офарид
Ки хамтои у дар саро кас мадид

Ба хуни шахид Ахмади девбанд
Касам бар гилу обу кухи баланд

Хама Шох Масъуд бор оварем
Ва ишки нухуфта ба кор оварем

Ки хоки шикаста ба хам оварад
Ба андоми Иблис хам оварад
___________

*хоза – чомеъа, хамбудгох

12/09/2009


يسنای احمدشاه مسعود

يل پنجشير آمد و زود رفت
برفت و دل صدهزاران بتفت

ولی نام نيک بزرگ دلير
بيفزود بر شهرت پنجشير

چراغی شده بر خيابان عشق
و دُرّی شده بر ته کان عشق

که عشق وطن را مر اندازه نيست
و عاشق تر از او در اين هازه* نيست

چو پروانه در شمع عشقش بسوخت
در اين راه درخشيد و جانش فروخت

که تا عشق، نام برازندگیست
برازنده تر زو يکی نام نيست

چه مسعود نام و چه احمد مقام!
چه شاهانه کام و چه والا مرام!

دگرباره مادر به دهر دودر
چو او شيرزادی بيارد مگر؟

که با پرچم کاويانی به دست
تواند به تخت کيانی نشست؟

به تاجيک فرخنده پی صد درود
به مام متين زمينش سجود

که چون شاه مسعود را آفريد
که همتای او در سرا کس مديد

به خون شهيد احمد ديوبند
قسم بر گل و آب و کوه بلند

همه شاه مسعود بار آوريم
و عشق نهفته به کار آوريم

که خاک شکسته به هم آورد
به اندام ابليس خم آورد

داريوش
12 September 2009
________________
*هازه - جامعه، همبودگاه

12/09/2009

Thursday, September 10, 2009

Celebrating the Fall of Religious Tyranny

Чашни заволи истибдоди динй

به دبيرۀ پارسی

Номи дуктур Абдулкарими Сурушро бисёре чун яке аз фархехтагони давр ва ситезандагони чавр шунидаанд. Файласуфест пурмагз бо гуфтору навишторе нагз, ки намунаашро инак хохед дид.

Тозатарин матлаби у, ки дар торнамои у мунташир шуда, бонги баланди бузургмардест хирадёр хитоб бар вопасгароёни рузгор. Мурод аз насри нокобили мои гофил дар дебочаи суханони гаррои устод истинод аст ба мусаччаъи маргуби у.Номаи дуктур Суруш ба Алии Хоманайи – рахбари Чумхурии Исломии Эронро метавон паёме ба мустабиддони чахон номид. Фишурдаи ин номаи баландро меоварам, ки саршор аз панд асту хушдор аз газанди истибдод, ки саранчом баночор барбод меравад.

***

Арусии хунин поён ёфт ва домоди дуругин ба хичла даромад.

Сандукхо бар худ ларзиданд ва девон дар торикй раксиданд.

Курбониён дар кафанхои сапед ба назора истоданд ва зиндониён бо дастхои бурида каф заданд.

Ва чахониён як чашм хашм ва як чашм нафрат домодро бадрака (гусел) карданд.

Чашми рузгор фош гирйист ва хун аз сари айвони чумхурй гузашт.

Шайтон хандид ва он гох ситорахо хомуш шуданд ва фазилат ба хоб рафт.

Окои Хоманайи,

Кй ин кунад, ки ту кардй ба заъфи химмату рой?
Зи ганчхона шуда, хайма бар хароб зада.
Висоли давлати бедор тарсамат надиханд,
Ки хуфтайи ту дар огуши бахти хобзада.

Дар ин кахтсоли фазилату адолат хама аз Шумо шокианд (шикоят доранд) ва ман аз Шумо муташаккирам. «З-он ёри дилнавозам шукрест бо шикоят.» На ин ки шикояте надошта бошам. Дорам ва бисёр дорам, аммо онхоро бо Худо дар миён ниходаам. Гушхои Шумо чандон аз ситоишу навозиши маддохон пуру сангин шудааст, ки чое барои садои шокиён надорад. Вале ман аз Шумо бисёр муташаккирам. Шумо гуфтед, ки «хурмати низом хатк (шикаста) шуд» ва обруи он ба ягмо рафт. Бовар кунед, ки дар тамоми умри худ хабаре бад-ин хушй аз касе нашунида будам. Офарин бар Шумо, ки накбат (бадбахтй)-у зиллат (хорй)-и истибдоди диниро изъон ва эълом кардед.

Шодам, ки охируламр охи сахархезон ба гардун расид ва оташи интикоми илохиро барафрухт. Шумо хозир будед обруи Худо биравад, аммо обруи Шумо наравад. Мардум ба диёнату нубувват пушт кунанд, аммо ба вилояти Шумо пушт накунанд. Шариъату тарикату хакикат мучола (пачак) шаванд, аммо ридо (чома)-и раёсати Шумо чину чурук нахурад. Аммо Худо нахост. Дилхои сухтаву лабхои духтаву хунхои рехтаву дастхои буридаву домонхои дарида нахостанд ва нагузоштанд. Покону порсоёну паёмбарон нахостанд. Махрумону муслехону ситамкашидагону ситамситезон нагузоштанд.

Окои Хоманайи,

Медонам, ки рузхои талху сахтеро мегузаронед. Хато кардаед. Хатое сахт. Тадбири ин хаторо ман 12 сол пеш ба Шумо нишон додам. Гуфтам, озодиро чун равиш баргиред. Аз хакк будану фазилат буданаш бигзаред. Онро барои расидан ба хукумате комёб ба кор гиред. Инро ки мехохед? Чаро шайпурро аз сари гушод (чапана) мезанед? Чаро миёни мардум асасону хуфянависону чосусон мегуморед, то замири ононро бихонанд ё ба хилаву тарфанд суханеро аз зери забонашон бикашанд ва росту дуругу норасу нокис ба Шумо гузориш диханд? Матбуъотро, ахзобро, анчуманхоро, нокидонро, муфассиронро, муъаллимонро, нависандагонро... озод бигузоред, мардум ба сад забон хикояти худро ошкоро хоханд гуфт ва панчарахои хабару назарро бар руи Шумо хоханд гушуд ва Шуморо дар тадбири мулку танзими низом ёрй хоханд кард. Матбуъотро хафа накунед. Онхо рия (шуш)-хои чомеъаанд.

Аммо Шумо аз бероха ва кажроха рафтед. Ва инак дар тилисми тахлукае уфтодаед ва курбонии низоми бастае шудаед, ки дергохест худ онро офаридаед, ки на накд дар он меруяд, на назар, на илм, на хабар. Гумон мекунед бо хондани бултенхои махрамона ва гуш кардан ба мушовирони гушбафармон хабархои комилу чомеъро ба чанг меоваред. Аммо хам интихоби Хотамй, хам интихоби сабзи Мусавй бояд ба Шумо намуда бошад, ки афюни истигно ва афсуни истибдод зиракй ва доноиро аз Шумо ситондааст. Ва инак барои чуброни он гунохи ношй (баромада) аз чахл, ношй аз истибдод, даст ба иртикоби гунохони бузургтар мезанед. Ва хунро ба хун мешуед, магар тахорате хосил кунед.

Хиёнат ва такаллуб кам буд, даст ба катлу чиноят бурдед. Хиёнату чиноят бас набуд, тачовуз ба зиндониёнро бар он афзудед. Катлу тачовузу такаллуб хануз кам буд, тухматхои чосусию номусиро хам бар он изофа кардед. Дарвешону рухониёну нависандагону донишчуёнро хам амон надодед ва аз дами тег гузарондед. Окибат хам ба чониён (чинояткорон)-у бониён (химоятгарон) чоиза додед ва ба реши хама хандидед ва риши сарбози бенавоеро гирифтед, ки чаро мошини риштароширо ба сиркат бурдааст (дуздидааст)!

Аз сабри Худо дар шигифт будам. Медонистам, ки:

Лутфи Хак бо ту мадорохо кунад,
Чунки аз хад бигзарад, расво кунад.

Нидои Окосултон, ки ба хоки шаходат уфтоду ханчара (гулу)-яш ба гулулаи ситам сурох шуд, ба даргохи Султони Олам нолидам, ки боз хам нидои халоикро намешунавй! Чун Исо бар салиб гила кардам, ки «Худоё, чаро моро рахо кардайи?» Магар сиёхкоронро намебинй, ки сабзхоро сурх кардаанд? Магар абусону туршруёнро наменигарй, ки ширинихоро талх кардаанд? Сухтани хирмани амнияту каромати инсонро менигарй ва зиллати эътирофи зиндониён ва шавкати шариронаи ситамгаронро мебинй ва боз хам истигно меварзй?

То рузе, ки икрори мачбурона ва макрухона, яъне он калимоти сегонаро шунидам: «хатки хурмати низом», ки чун хадиси сарву гулу лола ва чун салосаи гассола чонбахш буд. Гуйи калимоти он хатиб набуд. Калимоти ту буд, Худоё, ки дар хитоба чорй шуд. Донистам, ки даст ба кори ичобат шудайи ва бодро фармон додайи, то оташро ба киштзори фурумоягон бибарад. Сачда кардаму сипос гузорам, ки:

Офаринхо бар ту бодо, эй Худо,
Бандаи худро зи гам кардй чудо.
Оташе зад у ба кишти дигарон,
Бод оташро ба кишти у барон.

Окои Хоманайи,

Мехохам ба Шумо бигуям, дафтари айём варак хурдааст ва бахт аз низом баргаштааст. Обруяш ба ягмо рафтааст ва ташти расвоиаш аз боми торих уфтодааст. Кашфи аврат шудааст (Шармгохаш падидор шудааст). Худо хам аз Шумо ругардон шуда ва сатторияти худро боз гирифтааст. Он далерихо, ки дар кунчи хилват ва дар пардаи тазвир мекардед, фош шудааст. Охи чигарсухтагону чонбохтагону дахондухтагон коргар уфтодааст ва домону гиребони Шуморо сухтааст.

Солхо аъвону ансор (ёрон)-и Шумо зери чатри химояту вилояти Шумо чун шаголони гурусна дар пустини халк уфтоданд ва амнияту адолатро аз мардум рабуданд, дахонашонро бастанд, иззаташонро ситонданд, рохаташонро гирифтанд, гулуяшонро фишурданд, хун дар дилу ашк дар чашмонашон нишонданд, захри касоватро ба онон чашонданд ва чун кавме ишголшуда ба асораташон гирифтанд, хукукашонро поймол карданд, озодишонро ба тороч бурданд, хурматашонро шикастанд, афкорашонро ба сухра (масхара) гирифтанд, динашонро воруна карданд, корхонаи мукаддастарошй тарошиданд ва ба номи дин хурофа фурухтанд, комашонро талху рузашонро шаб карданд, дасти хиёнат дар сандуки ороашон гушуданд ва пои ихонат бар кароматашон ниходанд, донишгоххоро ба даст чухол (чохилон) супурданд ва байт-ул-азхон (фигонистон)-е ба номи «Садову Симо»-ро аз дуругу тухмат анбоштанд ва дарси гуломию гамнокй ба мардум доданд. Назар харом намуданд ва хуни халк халол, ичтимоъоти дуругину газоф барпо карданд ва лофзанон ба мардуми дунё фурухтанд, ки хамагон ошики синачоки низоми вилоятанд.

Дар зиндонхо ва катлгоххо аз катлу тачовузу таъаддию зарбу шатму чарх (захм задан)-у шиканча он карданд, ки мугулон накарданд, шаръу конунро зери по гузоштанд ва алам (парчам)-и чахлу таъассуб барафроштанд, нодононро бар кашиданд ва доноёнро фуру куфтанд, лаззатро аз чавонон ва хурматро аз пирон дарег доштанд, оятуллоххои рангин сохтанд ва фатвои сангин аз онон гирифтанд, то нависандагону нокидонро ба таноби таваххуш хафа кунанд ва ба сотур (табар)-и сабъият (вахшигарй) банд аз банд бигушоянд. Дар паи молихулиёи душманситезй хар руз мухликае ва маъракае тарошиданд ва чамъеро ба банд кашиданд ва акорир (икрорхо)-и музхик (хандадор) бар забонашон ниходанд ва кайфар (чурм)-хои мухлик бар чонашон.

Ин макрхои сарду риндихои вожгуна ва зиракихои аблахона ва ситамхои ошкору нихон ва зуру тазвирхои гарон ва хаккушихову одамкушихо ва такаллубхову тахаллуфхои пуръуфунату дарозмуддат оташе дар виждони раъият афрухт, ки кошонаи вилоятро бисухт.

Окои Хоманайи,

Чунбиши Сабз барои офаридани Эроне сабз акнун махкамниход шудааст. Чун шачараи тайибае, ки пое дар замину саре дар осмон дорад ва ба изни Худо дар самарбахшист. Ин чунбиш шахиди сабзи худ, шеъру шоъири сабзи худ, адабу хунару гуяндаву гуфтмони сабзи худро пайдо кардааст. Махсули 20 сол чиходи фархангию дардмандонаи равшанфикрону пайкоргарони арсаи сиёсату фарханг аст. Бехуда мекушед бо низомигарй ва анварипарварй басаби Султон Санчар ва Султон Махмуд онро дархам бишканед. Худро магар бишканед.

Фуру рехтани руъб (тарс)-и раъият ва заволи машруъияти вилоят бузургтарин дастоварди шуриши гайрат бар горат буд ва шери хуфтаи шучоъату муковиматро бедор кард. На татовули низомиён, на тачовузи харомиён, на хок афшондан дар чашми мурувват, на бод афкандан дар остини жандаи кудрат, на такя бар сабъияти хайвонй, на хамла ба улуми инсонй, на маддохии маддохони муздур, на шоъирии шеърфурушони камшуъур, хеч кадом комати муковиматро хам нахохад кард. Истибдоди динй расвои куфру дин шудааст. Ва дар мазраъи сабзи чунбиш хангоми дарави он расидааст. Мо инро ба дуъо аз Худо хостаем ва Худо бо мост.

Баргаштани бахту рузгор шохиде ширинтар аз ин надорад, ки идхои Шумо хама азо шудааст. Ва хар чи рузе Шуморо механдонд, инак мегирёнаду меларзонад. Донишгохй, ки мехостед ба побуси Шумо биёяд, акнун ба кобуси Шумо табдил шудааст. Тазохуроти хиёбонй, ичтимоъоти ойинй, рамазону мухаррам, хаччу равзаву мотам, хама барои Шумо намоди нухусат (нахсй) шудаанд ва ба зиёни Шумо равон мешаванд.

Мо насли комкорй хастем. Мо заволи истибдоди диниро чашн хохем гирифт. Чомеъае ахлокй ва хукумате фародинй толеъи тобноки мардуми сабзи мост.

Мо озодиро арч хохем ниход ва кадр хохем донист. Хамон озодиро, ки Шумо ба он зулм кардед ва кадрашро надонистед ва акнун мазламаашро мебаред (товонашро пас медихед). Фошизммашрабон ба Шумо фурухтанд, ки озодй, яъне булхавасию ибохигарию лоуболиравишй. Ва надонистед, ки шифои амрози мухлики низоми Шумо дар ин хучаста Озодй аст. Бечихат дунболи муфсидони иктисодй мегардед ( ки дар он хам азме ва чиддияте нест). Агар матбуъотро озод мегузоштед, фасодхоро ру мекарданд ва муфсидон чуръати фасод намекарданд. Мегузоштед накди Шуморо бигуянд, то Шумо хам ба вартаи истибдоди раъйу нухувват (гурур)-и шавкату фасоди кудрат дар намеуфтодед. Мегузоштед сухани ростини мардумро бо Шумо дар миён бигзоранд, то мастии бехабарй аз саратон бипарад. Онхо мадориси Механанд, на «пойгохи душман». Ва чи бок, ки дархои мадорис боз бошад ва Шумо хам дар он шогирдй кунед?

Хукумат бар мардуме шоду озоду огоху чолок ифтихор дорад, на раъияте дарбанду гамнок.

Wednesday, September 09, 2009

Poll: Are You Fasting?

Оё рузадоред?

Оре 7 (41%)

На 10 (58%)

Намехохам бигуям 0 (0%)

Votes so far: 17
Poll closed

Still, Happy Dream Day!

Хамчунон Рузи Орзу хучаста!


Гилояи яке аз хонандагони Як Дарвешро ба чон мепазирам:

«Салом бародари гироми. Ман яке аз хонандахои блоги шумо хастам... тули ду мох мешавад. Бо истифода аз архив анкариб аксари навиштахоятонро хондаам. Холо мехохам, ки бидонам чаро дар мавриди истиклолияти Точикистон (агар дошта бошад) чизе нагуфтед. Харчанд медонем хеле хам гуфтаед, вале дар ин мавсим хомушед...»

Аммо хар чи андешидам, дидам, ки ба навиштаи муртабити соли гузаштаам такрибан чизи тозае наметавонам биафзоям:

Имруз аз шумори зиёде аз дустони дуру наздик паёмхои шодбош дарёфт кардам. Ва дар посух ба хамагй паёмхои шодбош фиристодам. Шодбоши «истиклол»-е, ки дар хиёламон сабзиду хушкиду хазон шуд. Истиклоли намодинро ба хамагй хучастабод гуфтам ва орзу кардам, ки рузгоре ба истиклоли ростин бирасем. На, хануз нарасидаем. Ин ки дигар як амри мусаллам аст; мисли осмони Ландан, ки мебинам пур аз меги обистани тундар аст ва мисли мохе, ки дар чойгохи орзухои баландпарвозонаи мо нишастаасту моро сухра мекунад, мубархан аст.

Барои шинохти хар мафхум бехтар аст онро то ба тах бишикофем. Истиклол навъи густардатари худгардонй ё худфармоии як миллат ё кишвар аст. Мардуми он кишвар бояд дар таъйини роху равишу сарнавишти сарзаминашон батамом мухтор бошанд ва бар он хокимияти мутлак дошта бошанд. Дорем? Хануз на.

Вожаи мутазодд (антоним)-и истиклол (худфармойи) «итоъат» (фармонбардорй) аст. Яъне агар сарзамини мо тахти идораи сиёсй ва низомии давлате бегона карор дорад, пас мо мутеъем, на мухтор. Оё мо дар таъйини хатти машйи сиёсии худ харгиз Маскавро нодида гирифтаем? На. Оё харими хавоии мо тахти кунтрули давлате бегона аст? Оре. Оё давлати мо тахти каймумат ва химояти давлате бегона аст? Оре. Оё мо тавонистаем аз тамомияти арзии кишвар химоят кунем? На. Оё мо тавонистаем бонй ва хомии зиндагии мардуми кишварамон чи дар даруну чи дар берун бошем? На. Пас мо мутеъем ё мухтор? Аввалй ба вокеъият наздиктар аст.

Аз ин ру, орзуи истиклолро барои так-таки шумо шодбош мегуям ва орзумандам рузгоре ба ин орзуи баланд бирасем.

Оё истиклоли кишвари мо дар тули як соли гузашта аз хадди орзуву ормон фаротар рафтааст? Фикр намекунам. Ва хатто корбурди вожаи «ормон» дар ин таркибро бечо медонам. Миллати мо, ба кавли Зафар Суфй, як миллати беормон аст. Ва истиклол хам харгиз ормони ростини он набуда. Истиклол хам як тавфики ичборй буд, ки то кунун бештари мо арзиши онро дарнаёфтаем ва хатто иддае онро мояи бадбахтихои мо медонанд. Истиклоли тахмилй хануз дар зехни мо чои сазовори худро наёфтааст. Хануз хелехо бо такя бар мантик ба ин хакикат нарасидаанд, ки бадбахтихои мо бароянди корхои як давлати ношоиста аст, ки худи он низ то расидан ба кудрат аз истиклол безор ва даст ба домони Кремлин буд ва дар даштхои Русия суроги «Моми Механ»-ро мегирифт. Агар давлат ба истиклол арч мегузошт, кишвар ба истиклол ноил мешуд.

Пас хануз зуд аст, ки чашни истиклолро ба хамдигар шодбош бигуем. Хануз метавон орзуи истиклолро фархундабод гуфт.

ПС: Агар ба мохвора дастрасй доред, метавонед аз тарики барномаи "Навбати шумо"-и имшаби Би-Би-Сии порсй назароти шуморе аз хаммеханону хамкавмонамонро дар бораи "истиклол"-и Точикистон бишнавед ва худатон хам назар бидихед. Торнигорхои точикие хам ки ба ин мавзуъ пардохтаанд, дар ин барнома мурур хоханд шуд. Барномахои Би-Би-Сии порсй аз тарики Интернет хам кобили дарёфт аст. Ин чо хам метавонед назар бидихед.

Monday, September 07, 2009

The Way to Paradise

Рохи бихишт

Поулу Куэлйу (Paulo Coelho)

(аз номаи як дуст)

Марде бо аспу сагаш дар чоддае рох мерафтанд. Хангоми убур аз канори дарахти азиме соъикае фуруд омаду онхоро кушт. Аммо мард нафахмид, ки дигар ин дунёро тарк кардааст ва хамчунон бо ду чонвараш пеш рафт. Гохе муддатхо тул мекашад, то мурдахо ба шароити чадиди худашон пай бибаранд.

Пиёдарави дарозе буд. Теппаи баланде буд. Офтоби тунде буд. Арак мерехтанду ба шиддат ташна буданд. Дар як печи чодда дарвозаи тамом-мармарии азиме диданд, ки ба майдоне бо сангфарши тило боз мешуд ва дар васати он чашмае буд, ки оби зулоле аз он чорй буд. Рахгузар ру ба марди дарвозабон карду гуфт:

- Руз ба хайр. Ин чо кучост, ки ин кадр кашанг аст?

Дарвозабон:

- Руз ба хайр. Ин чо бихишт аст.

- Чи хуб, ки ба бихишт расидем. Хеле ташнаам.

Дарвозабон ба чашма ишора карду гуфт:

- Метавонед ворид шавед ва хар чи кадр дилатон мехохад, бинушед.

- Аспу сагам хам ташнаанд.

Нигахбон:

- Вокеъан мутаассифам. Вуруди хайвонот ба бихишт мамнуъ аст.

Мард хеле ноумед шуд, чун хеле ташна буд. Аммо хозир набуд танхойи об бинушад. Аз нигахбон ташаккур кард ва ба рохаш идома дод. Пас аз ин ки муддати дарозе аз теппа боло рафтанд, ба мазраъа (полиз)-е расиданд. Рохи вуруд ба ин мазраъа дарвозае кадимй буд, ки ба як чоддаи хокй бо дарахтоне дар ду тарафаш боз мешуд. Марде дар зери сояи дарахтхо дароз кашида буд ва сураташро бо кулохе пушонда буд. Эхтимолан хобида буд.

Мусофир гуфт:

- Руз ба хайр!

Мард бо сараш чавоб дод.

- Мо хеле ташнаем. Ман, аспам ва сагам.

Мард ба чое ишора карду гуфт:

- Миёни он сангхо чашмае хаст. Хар кадр ки мехохед, бинушед.

Мард, асп ва саг ба канори чашма рафтанд ва ташнагишонро фуру нишонданд.

Мусофир аз мард ташаккуо кард. Мард гуфт:

- Хар вакт ки дуст доштед, метавонед баргардед.

Мусофир пурсид:

- Факат мехохам бидонам номи ин чо чист?

- Бихишт.

- Бихишт? Аммо нигахбони дарвозаи мармарй хам гуфт, ки он чо бихишт аст!

- Он чо бихишт нест. Дузах аст.

Мусофир хайрон монд.

- Бояд чилави дигаронро бигиред, то аз номи шумо истифода накунанд! Ин иттилоъоти галат боъиси сардаргумии зиёде мешавад!

- Комилан баръакс. Дар хакикат, лутфи бузурге ба мо мекунанд. Чун тамоми онхое, ки хозиранд бехтарин дустонашонро тарк кунанд, хамон чо мемонанд...

Sunday, September 06, 2009

It’s Only Sound that Remains

Танхо садост, ки мемонад

Шабакаи чахоруми телевизюни Бритониё имшаб даххо хазор тан аз бинандагонашро ба хашт сол пеш бурд: ба даруни хаводиси дилхароше, ки дар остонаи хаштумин солрузаш хастем; хаводисе, ки дунёи моро дигаргун кард ва бахшхои бузурге аз накшаи заминро бо ранги сурхи таъассубу хун даромехт.

11 септомбр хамеша бо намоди фуру рехтани ду бурчи гулосо дар калби Нйу Йурк дар зехнхо тадоъй мешавад ва хар он чизе, ки дар паи он рузи шум берун аз ин сохтмонхо рух дод. Аммо хастанд касоне, ки он рузро пеш аз хама бо иттифокхои дардноки даруни он сохтмонхо ба ёд меоваранд. Барномаи имшаб аз чашми хамин афрод ба он руз нигох мекард; одамоне, ки азизонашон чилави чашми чахониён чон медоданд, аммо аз дасти онхо коре сохта набуд.

Яке 130 мил дуртар аз махалли ходиса богдорй мекард, ки духтари махбубаш Мелисо аз даруни оташу дуди сохтмони бурчи шимолй занг заду хабари ба бурч хурдани хавопайморо дод. Падар намедонист чи кор кунаду чи бигуяд, чуз ин ки аз духтараш бихохад, ки аз хар рохи мумкин худро аз сохтмон берун бикашад. Гофил аз ин ки овори табакахои болойи рохи хуручро барои духтараш ва садхо тани дигар бастааст.

Модаре аз сайри бомдодй баргашту паёми телефунии писари азизашро аз бурчи шимолй дарёфт кард, ки аз модар мехост нигаронаш набошад. Модар ба дастури шавхараш телевизюнро равшан накард ва зери сояи дарахте нишаст, то хабари шуми фуру рехтани сохтмонро аз духтараш бишнавад ва аз худ садое дарбиоварад, ки ба кавли худаш, харгиз нашунида буд ва мегуяд, шояд он садо бугзи шикастаи хамаи дарддидагони чахон буд.

Ба ёди гузорише уфтодам, ки чанд руз пас аз вукуъи ходиса барои Би-Би-Си тахия карда будам: садохои телефунии бозмонда аз курбониёни сукути бурчхои дукулу. Он замон панч-шаш паёми телефунй бештар надоштем. Аммо бархе аз садохои барномаи имшаб нахустин бор буд, ки барои чахониён пахш мешуд ва 11 септомбрро аз чашми шохидони айнии рафтаи он тасвир мекард.

Нуктаи иштироки хамаи ин паёмакхо як чумла буд: «Дустат дорам». Хамаи онхо бидуни истисно бо огохй ё хадс аз марге, ки сурогашон омадааст, ба азизонашон занг мезаданду батакрор ин чумларо такрор мекарданд. Дар бештари маворид он суи хат касе набуд ва паёмхо руи паёмгирхо забт мешуд: «Занг задам, ки бигуям чи кадр дустат дорам ва хамеша дустат доштам. Мувозиби бачаамон бош»; «Бобо, намедонам чи ба сари мо хохад омад. Факат хостам мутмаин бошй, ки духтарат хеле дустат дорад.»

Падаре, ки паёми охирро аз духтараш дарёфт карда буд, бо ашк дар чашмонаш мегуяд: «Мехохам хар чи зудтар Мелисоро дубора бибинам. Барояш гуфтанихои зиёде дорам.»

Бародари Мелисо мегуяд, ки пас аз марги фачеъи у падари дарунгарову сахтгираш мехрубонтар шуда ва ба таври бесобика ба наздиконаш изхори алокаву мухаббат мекунад. Хатман дарёфта, ки умр метавонад чи кадр кутох бошад ва танхо накуию некист, ки мемонад.

Бардоште хам ки аз тамошои ин мустанади баланд дар зехнхо русуб мекунад, хамин аст: умр арзиши ин хама дагдагаро надорад. Нихояти он хомушист. Ва танхо садост, ки мемонад. Пас хуб аст садои накуеро аз худ ба чо бигзорем.

Thursday, September 03, 2009

The Islamic Regime vs Social Sciences

Чаро Чумхурии Исломй бо улуми инсонй созгор нест?

به دبيرۀ پارسی

Он чи бар Эрон гузашту мегузарад, парда аз руи бисёре аз хакоики низоми он ва гирифторихояш бардошт. Яке аз бузургтарин пурсишхое, ки ба рахбарони режим саргичаи мумтадд додааст, билотаклифиашон дар баробари чавонон аст; яъне намедонанд бо ин неруи дигарандеши даманда чи кор кунанд.

Дар «эътирофот»-и додгохй, ки шабехи мухокимахои столинй буд, яке-ду бор бар ин мавзуъ таъкид шуд, ки дар донишгоххо устодоне тадрис мекунанд, ки магзи чавононро бо андешахои шаккокона меолоянд. Ба гуфтаи «муътарифон», ин иттифок голибан дар клосхои улуми инсонй (гуманитарй) сурат мегирад. Ба ростй, ин «эътироф»-ест, ки тавассути бозчуён ба хурди муттахамон дода шуда. Хафтаи гузашта ошкор шуд, ки шахси Хоманайи – рахбари Чумхурии Исломй (ЧИ) бо ин бозчуён хамнигар аст. Аз суи дигар, у ба таври талвехй таъйид кард, ки теъдоди зиёде аз чавонони кишвар аз низому рахбар дили хуше надоранд.

Ин око бо нигаронй, ки аз чашмонаш меборид, фарёд сар дод, ки «бисёре аз улуми инсонй мучиби беэътикодй ба таъолими илохй ва исломй мешавад» ва мураввичи «шаккокият ва тардид дар мабонии динй ва эътикодй» аст. Вай аз ин ки шумори донишчуёни улуми инсонй афзоиш ёфтааст, интикод кард ва аз давлат, Мачлис ва Шурои Олии Инкилоби Фархангй хост, ки мавзуъи хазфи ин гуна улум аз барномахои омузишии донишгоххоро пайгирй кунанд.

Аз бадви инкилоби исломй то кунун хеч ахаде дар Эрон бад-ин шиддату хиддат алайхи илму дониш сухан нагуфта буд. Аммо нигаронии масъулони давлати исломй аз руйкарди беш аз пеши чавонон ба фаро гирифтани дониш чизи тозае нест. Соли гузашта гурухе аз рухониён аз Ахмадинажод хоста буданд, ки чилави вуруди ин хама духтар ба донишгоххоро бигирад. Гуфта мешавад, ки шумори донишчуёни духтар дар донишгоххои Эрон худуди 65% аст. Агар ин раванд тагйир накунад, дар оянда занон хамакораи кишвар хоханд шуд ва дакикан хамин «оянданигарй» аст, ки муллохоро музтариб кардааст.

Аммо акнун Алии Хоманайи аз он хам по фаротар гузошта ва дар кулл, руй овардани чавонон ба улуми инсониро балои низоми исломй медонад ва дар садад аст чилави тавсеъаи чахонбинии мардумро бигирад.

Андар мушкили хукумати Эрон бо улуми инсонй ахиран матолиби фаровоне чоп шуда, ки аз он миён дидгоххои Мехдии Халачй, пажухишгар дар хавзаи исломшиносиро чомеътар ёфтам. Мехдии Халачй, ки худ аз тахсилкардагони хавзаи илмияи Кум аст, дар гуфтугу бо родю «Дойче Веле»-и Олмон батни ин мавзуъро бахубй шикофтааст. Матни зер шархи хамон гуфтугуст.

ДВ: Окои Халачй, руйдодхои ахир нишон доданд, ки ЧИ Эрон бо улуми инсонй мушкил дорад. Иллати ин мавзуъро дар чй мебинед?

МХ: Бо ин сухбатхое, ки окои Хоманайи карданд дар мавриди улуми инсонй, ман камубеш мувофик хастам. Ба далели ин ки доштани донишгох, тадриси улуми инсонй ва интишори китобхои марбут ба хавзахои мухталифи улуми инсонй вазифахоеро бар ниходи рухоният ва ниходи дин тахмил мекунад ва ин ниход бояд посухгуи мухтавиёт ва чолишхои фикрии чахони чадид бошад.

Хости окои Хоманайи барои махдуд кардани улуми инсонй дар Эрон гувохи равшанест бар шикасти фикрии рухоният, нокомии фикрии идеулужии ЧИ ва маглуб шудани хукумати динй дар баробари тафаккури чадид.

Ниходи рухоният ва акли динй дар Эрон дар 30 соли гузашта муваффак нашуд, ки худашро нав кунад ва саргарм шуд ба сурчаронии иктисодй ва чавлондихии сиёсй ва фикр кард, ки дар мунозеъоти фикрии бузург пул ё зури аслиха метавонад довари нихойи бошад. Акли динй дар Эрон фокиди навоварй ва пуёист ва хатто равшанфикрони мазхабй хам ки хостанд тархе нав дарандозанд, ба истилох, ба кахру хашми хукумат гирифтор шуданд. Яке мисли Абдулкарими Суруш дар хорич аз кишвар ба сар мебарад ва яке дигар мисли окои Саъиди Хаччориён – дар зиндон. Бино бар ин, ЧИ фикр кард, ки ин идеулужии исломй кабоест, ки ба комати хар чомеъае дармеояд. Холо баъд аз 30 сол ба фикри чора уфтодааст, ки чи гуна мешавад чомеъаи донишгохй ва нухба (элита)-и кишварро, ки зери таъсири тафаккури чадид аст, илоч кард ва фарханги таъаббуд (бардагй) ва итоъат аз худойгони диниро шабехи асри Сафавй ва Качарй дубора дар чомеъаи Эрон чо андохт.

ДВ: Рухоният дар Эрон бо физику шимй (химия) ва аз чумла бо физики атумй ва ин казоё зохиран мушкиле надорад. Пас чи гуна аст, ки бо ин бахш аз улум канор меоянд, вале бо бахши дигараш мушкил пайдо мекунанд?

МХ: Аз замоне ки эронихо бо тачаддуд (мудерните) ошно шуданд, рухоният аз ду чихат эхсоси хатар кард. Яке аз бобати ниходи чадиди додгустарй дар Эрон ва дувум аз бобати ниходи омузиш. Ба хотири ин ки суннатан казоват (доварй) ва таълиму тарбият дар дасти рухоният будааст. Вакте ки инкилоби Эрон хам рух дод, хуб, хеле рохат рухоният кувваи казоияро ба инхисори худаш даровард ва дар хакикат, онро мусодира кард. Аммо донишгох лукмаи бисёр-бисёр бузурге буд, барои ин ки дар хозима (дастгохи гувориш)-и ЧИ ва рахбарони рухониаш гуворда бишавад.

Аз замоне ки инкилоби соли 57 (1979) рух дода, ЧИ равишхои мухталиферо ба кор гирифтааст, барои ин ки донишгохро тахти кунтрули худаш дарбиёварад. Аз тарики «инкилоби фархангй», ки мунчар шуд ба ташкили «ситоди инкилоби фархангй» ва баъд Ситоди Инкилоби Фархангй табдил шуд ба «шурои инкилоби фархангй», намояндагии Имом дар донишгоххо, намояндагии Оятуллох Мунтазирй, ки он мавкеъ коиммаком (чонишин)-и рахбарй буд; ва баъд намояндагии валии факех ва окои Хоманайи дар донишгоххо, ташкили анчуманхои исломй, ки ба шаклгирии Дафтари Тахкими Вахдат мунчар шуд; басечи донишчуйи, чиходи донишгохй, нашри донишгохй, созмони мутолеъа ва тадвини кутуби улуми инсонй дар донишгоххо, дафтари хамкории хавза (-и мазхабй)-ву донишгох ва муъовинати устодони маъорифи исломй дар донишгох ва ниходхои дигар. Тамоми инхо хадафашон ин буд, ки донишгоххоро тахти кунтрули худашон биёваранд.

Он чи бад-он муваффак шуданд, ин буд, ки бисёр рохат мешавад дар хавзаи улуми табиъй ва улуми махз шумо нигохе абзорй дошта бошед ва дар хакикат, аз физику шимй (химия) ва пизишкй ва масоили дигар дар чорчуби арзишхо ва ахдофи ЧМ аз онхо истифода бикунед. Аммо он чи ЧИ натавонист бо он канор биёяд ва натавонист саранчом онро махор бикунад (лагомашро бикашад) ва онро ба абзор (инструмент)-е дар чихати ахдофу ормонхои идеулужии исломй табдил бикунад, улуми инсонй хастанд. Улуми инсонй чамуштар (нофармонтар) аз он хастанд, ки ба чунин чорчубхое, ки аз суи идеулужии исломй вазъ мешавад, тан бидиханд. Улуми инсонй кобилияти табдил шудан ба абзорро надоранд. Як навъ огохй, як навъ чахоннигарй хастанд, ки фаротар аз табдил шудан ба абзор хастанд. Дар натича идеулужии исломй ва рахбарони рухонии ЧИ натавонистанд ин илми чамушро махор бикунанд ва ба хамин далел аст, ки баъд аз 30 сол чунин аз он ибрози нигаронй мекунанд ва хостори эъмоли махдудиятхо мешаванд.

ДВ: Окои Халачй, шумо дар посухе, ки додед, ба «инкилоби фархангй» ишора кардед. Ал-он хам сухбат бар сари ин аст, ки гуё мавчи дувуме аз ин инкилоби фархангй ба хамон шакле, ки як бор дар худуди 30 сол пеш тачруба кардем, карор аст огоз бишавад. Оё шумо чунин эхтимолеро мебинед?

МХ: Ман муътакидам, ки як кудетои низомй дар ЧИ рух дода ва ба далели ин ки ин кудето ба тадрич шакл гирифта ва монанди бисёре аз руйдодхои тадричй, ки ба осонй дида намешаванд, хуб дида нашудааст. Ин кудето дар хакикат мохияти ЧИ-ро иваз кардааст. На танхо аз ин ба баъд дар ЧИ таклифи фархангро низомиёну фармондехони низомию амниятии ЧИ таъйин хоханд кард, балки аз ин пас таклифи хама чиз дар пушти дархои бастаи низомию амниятй таъйин хохад шуд.

Шумо агар никох бикунед ба харфхое, ки дар Мачлиси Шурои Исломй вазирони пешниходии окои Ахмадинажод заданд – махсусан сухбатхое, ки вазири пешниходии иттилоъот (чосусй) дар мачлис эрод кард – хохед дид, ки Вазорати Иттилоъот ин хакро барои худаш коил аст, ки таклифи фарханг, хунар, варзиш ва тамоми абъод (пахлухо)-и зиндагии ичтимоъии шахрвандонро таъйин бикунад ва масъала хатто басе фаротар аз инкилоби фархангй ва эъмоли махдудият бар улуми инсонист. Мо дорем меравем ба самти хукумате, ки ёдовари даврони вахшатсолории Шуравй тахти рахбарии Столин ё даврони Олмон тахти рахбарии Хитлер аст. Яъне хукумате, ки дар чузъиёти умури шахрвандон дахолат мекунад ва дар хакикат, рахбаронаш бовар доранд, ки худашон мукаллафу муваззафанд, ки зехни инсонхоро мухандисй кунанд ва рафтори инсонхоро мухандисй кунанд. Бино бар ин, таклифи хама чиз дасти Сипохи Посдорон ва Вазорати Иттилоъот аст.

ДВ: Окои Халачй, ба унвони охирин пурсиш. Шумо аз идеулужии исломй сухбат кардед. Хеле аз тахлилгархо бар ин бовар хастанд, ки дар вокеъ, ин тафаккури шиъии хоким хатто аз фалсафаи сиёсй хам бархурдор нест. Усулан, пояхои назарии чунин идеулужие аз назари шумо чист?

МХ: Идеулужии исломй аслан пояи назарй надорад. Яке аз мушаххасахои аслии ин идеулужии исломй ин аст, ки бо аклоният созгор нест. Шумо медонед, ки Оятуллох Хоманайи тахсилкардаи хавзаи илмияи Машхад аст ва яке аз тафовутхои боризи хавзаи илмияи Машхад дар киёс бо хавзаи илмияи Кум фазои гайриъаклонии ин хавза аст. Яъне як фазои фалсафаситезе дар карни бистум дар хавзаи Машхад ба вучуд омад, ки тахти таъсири Мирзо Махдии Исфахонй буд ва хатто хондани фалсафаи исломй куфр ба шумор меомад. Чунин тасаввуре дар он чо вучуд дошт, ки фалсафа як илми воридотй (бегона) аст. Яъне хамон тасаввуре, ки ал-он окои Хоманайи рочеъ ба улуми инсонй дорад, дар хавзаи илмияи Машхад буд, ки таъкид шуд фалсафаи исломй фалсафае нест, ки бархоста аз таъолими имомони шиъа бошад ва бештар тахти таъсири андешаи файласуфони Юнон ба вучуд омадааст.

Медонед, ки шахси окои Хоманайи фокиди тахсилоти ибтидойи дар фалсафаи исломй аст ва эшон фалсафаи исломиро ба хеч руй намешиносад. Табиъатан, ин фазои гайриъаклонй зехнро барои пазириши идеулужии исломй хеле мустаъид мекунад. Идеулужии исломй асосаш бар аклониятситезй аст ва дар хакикат, хамон тавр ки мебинем, касоне, ки назарияпардози идеулужии исломй хастанд, беш аз он ки назарияе бипардозанд, бештар шиъор медиханд. Дар хакикат, идеулужии исломии муъосир фокиди назария ба маънои дакики калима аст ва бештар аз мачмуъае аз шиъорхо таркиб шудааст ва яке аз вижагихои он ин аст, ки хатто бо аклонияти фалсафаи суннатй хам сари ситез дорад, чи бирасад ба аклонияти дунёи мудерн.

Wednesday, September 02, 2009

Descendants of Han and the Sun-god

Точикони Чин. Бахши 2

Точикони Чин яке аз 56 кавмеанд, ки дар ин кишвар ба расмият шинохта шудаанд ва ба онхо ба забони чинй “ Tǎjíkè Zú” гуянд. Аммо «забони точикй» (Tujik Ziv) дар Чин ба маънои забони порсй нест, балки шомили гуишхои помирии сарикулию шугнию вахй мешавад, ки хамагй аз хонаводаи забонхои эронии шаркианд. (Забони порсй чузъи хонаводаи забонхои эронии гарбй ба шумор меояд).

Дар чараёни мукоисае мухтасар дар матлаби каблй ошкор шуд, ки ин гуишхо, ба вижа сарикулию шугнй ба чи андоза бо хам наздиканд. Аммо ба далели махдудияти доманаи корбурди ин гуишхо точикони Чин барои муъошират бо дигар аквоми хамсояашон забонхои уйгурй, киргизй ё чиниро ба кор мебаранд.

Бино ба саршумории соли 2000, дар Чин 41,028 тан точик ба сар мебаранд, ки бештарашон дар иёлати гарбии Туркистони Шаркй (Синчиёнг), ба вижа Нохияи Худмухтори Точики Тошкургон сукно доранд. Дар осори чахонгардони огози садаи 20 аз точикони Чин бо номхои «сарикулй», «точикони кухистонй» ё «галча» (кухистонй) ёд шудааст. Гуфтанист, ки дар Самарканду Бухорои он даврон ба точикони кухистони Бадахшону Зарафшон хам «галча» мегуфтанд, ки баргирифта аз вожаи сугдии «гар» ба маънои «кух» («гора»-и русй) аст ва бо «гар»-и пашту хамреша аст ва дар таркиби номхои Спингару Фаргар дида мешавад.

Дар навиштахое, ки аз ахди салтанати дудмони Тонг дар Чин (618-907-и мелодй) ба чо мондааст, ба ин гурухи кавмй “Cina-deva-gotra” мегуфтанд, ки дар забони сонскрит ба маънои «зодагони Хон (кавми бумии Чин) ва Худои Хуршед» аст. Манзур аз «Худои Хуршед» импротури Эрон аст, ки бино ба ривоёте бо як бонуи чинй пайванди заношуйи дошт.

Чолиб ин чост, ки дакикан дар хамон давраи хукумати дудмони Тонг буд, ки Яздгирди Севум барои мукобила бо мухочимони араб аз Чин дархости кумак карда буд. Чинихо ба подшохи нагунбахти Эрон кумаки низомй ироа накарданд, аммо порае аз хоки худро ба писари у Пируз вогузоштанд ва онро «сарзамини тахт-ул-химояи Эрон» номиданд. Дере нагузашта хамлахои вайронгари аъроб ин сарзаминро хам дарнавардид ва Пируз ба дарбори Тонг панох бурд. Ачаб нест, агар манзур аз «Худои Хуршед» дар дарбори салтанатии Чин хамин шохзодаи эронй ва сарбозонаш буда бошанд, ки дар Чин мондагор шуданду бо мардуми бумии он сомон даромехтанд. Яъне дар ривоёти чинй точикони имрузии он сарзаминро наводагони шоху шохзодагони сосонии Эрон медонанд.


Писари раксанда дар акси боло як точики Чин аст, ки ба укоб мемонад. Чаро укоб? Дар бахши баъдии ришта-навиштахои Як Дарвеш дар бораи точикони Чин ба ин мавзуъ хам хохем пардохт.

Точикони Чин. Бахши 1