Showing posts with label Asia-Plus. Show all posts
Showing posts with label Asia-Plus. Show all posts

Tuesday, July 21, 2009

Great Clumsy Satan

Большой Косолапый Сатана

В прошлую пятницу «Марг бар Русие!» (Смерть России!) неслось по Тегерану, изрядно изумив северного соседа по Каспию. В России до сих пор задаются вопросом «причем тут мы?». Невольно вспоминается озадаченное выражение лица Буша Младшего после катасрофы 11 сентября: «Ребята, почему же они нас ненавидят?» Момент шока вызывает чувство отупения и снижение памяти.

А чувство ненависти к России иранцы выражали не раз.Говорят, соседи ближе родственников, да сетования и споры между ними – в порядке вещей. Но российско-иранские авантюры в прошлом неоднакратно переходили пределы сетований и споров и часто окрашивались кровью. В Иране до сих пор с горестью вспоминают унизительный Туркменчайский договор 1828 года, чудовищные погромы русских казаков вплоть до начала 20-го века и безуспешную попытку Красной России в 40-е годы добиться присоединения иранского Азербайджана к Советскому Союзу.

И в России горестных воспоминаний – хоть убавляй. Вот как отзывается про Иран один из читателей соответствующей статьи на Газете.ру:

«11 февраля 1829 года группа иранских фанатиков ворвалась на территорию Российского посольства в Тегеране и устроила погром в результате которого погиб Александр Сергеевич Грибоедов, выдающийся дипломат и литератор. Как потом выяснилось, за организацией нападения на русскую миссию стояла Великобритания, которая препятствовала расширению влияния России в таком важном стратегическом регионе. Британская Империя канула в Лету, на смену ей пришла Объединенная "демократическая" империя. Методы те же.»

Это еще не все. Ровно сто лет тому назад, в июле 1909 года, про-российский падишах Персии Мохаммад Али Каджар скрылся от яростных протестов своего же народа. А укрылся он именно в русском посольстве в Тегеране и через некоторое время был переправлен в Одессу. После чего его сын Ахмад Шах сменил отца на Павлинном троне. Спустя три года Русь ввела свои войска в Хорасан, Гилан и Азербайджан, дабы наказать иранских ополченцев. Немало крови было пролито. Вплоть до победы Октябрьской революции русские генералы наравне с анлийскими коллегами фактически управляли страной. Большая Игра сверхдержав той поры в Иране не забыта. На ней и упирается сильное недоверие властей к Британии и антагонизм оппозиции к России.

Но дело не только в истории. «Марг бар Русие!» скорее всего не прозвучало бы без поспешного признания переизбрания Ахмадинежада российскими властьями и без демонстративного рукопожатия Медведьева с непопулярным президентом Ирана, в то время как протесты против него еще бушевали.

Во вторых, лидеры оппозиции в Иране действительно убеждены, что Россия поддерживает Хаменеи и Ахмадинежада не только словесно, но и на деле. К примеру, Мехди Карруби – бывший спикер иранского меджлиса и соперник Ахмадинежада на скандальных выборах заявил, что именно Россия обучает иранскую полицию эффективному подавлению демонстраций протеста.

К тому же глава российского МИДа косвенным образом поддержал подавление протестов и предположил, что происходящее в Иране - это попытка властей разрешить проблему на основе иранских законов и процедур.

Другой основной причиной этого негодования оппозиции является их реакция на обвинения официального Тегерана. Власти обвиняют Запад, особенно Британию и США, в поддержке Зеленого Движения. Протестанты же в свою очередь обвиняют Россию и Китай в пособничестве с правительством Ахмадинежада.

Антироссийкий сентимент особенно четко выражается среди про-западной молодежи, которая рассматривает Россию и Китай как противовесы Западу.

Еще одна печальная ирония судьбы: за два дня до пятничной молитвы 17 июля, где демонстранты действительно сожгли российкий флаг и скандировали антироссийские лозунги, самолет ТУ-154 российкого призводства рухнул в Иране, в результате чего погибли все пассажиры и экипаж – 168 человек. И в этом оппозиционеры обвиняют иранских властей, за то что они не способны заменить старые, поношенные российкие лайнеры. Один из веблогеров (Лейла Джадиди) называет их «самолетами массового поражения». Она же считает, что покупкой негодных российских самолетов иранские власти гарантируют и оплачивают поддержку Москвы. С другой стороны, глава комиссии национальной безопасности в иранском парламенте Боруджерди считает, что ТУ-154 является одним из самых надежных авиалайнеров в мире. Эта реплика подчеркивает про-российкую позицию властей и анти-российское настроение оппозиции.

Вот почему все диктованные лозунги пятничной молитвы были скорректированы демонстрантами и традиционные «Смерть Израилю!», «Смерть Америке!» и «Смерть Британии!» впервые были заменены неординарным лозунгом «Смерть России!» Прозвучало также «Смерть Китаю!» А за что? Очевидно, за признание сомнительной победы Ахмадинежада на выборах.

Несмотря на все диверсионные попытки властей, Facebook, Twitter и SMS-ки остаются основными каналами общения между протестантами. Именно по этим каналам активисты Зеленого Движения обмениваются лозунгами и идеями по организации протестов. В результате корректируются почти все официальные кричалки. На пятничной молитве мулла диктовал: «Кровь в моих жилах течет ради верховного лидера!», (Хуне, ки дар раги мост, Хадя ба рахбари мост!) а толпа меняла кричалку на «Кровь в моих жилах течет ради моей нации!» (Хуне, ки дар раги мост, Хадя ба миллати мост!). И это происходило без колебания, машинально, неотрывно.

Сильные виртуальные и реальные сентименты оппозиционеров (а их явно немало) выходят из-под контроля властей. Завершения драмы кажется придется подождать подольше. Суть того завершения не могло быть более энигматичным. Но то что не вызывает сомнения, это неуклюжесть медвежей дипломатии России, которая уже начала заменять Америку в роли Большого Сатаны.

***
Информация к размышлению: По сообщению информагентсв, 29 июля Иран и Россия проведут первые совместные морские учения в Каспийском море и в иранском порту Энзели под девизом "Чистый и безопасный Каспий - региональное взаимодействие".

Wednesday, July 30, 2008

In The Search of 'Allah'

Чустучуи «Аллох» дар замину осмон

Ин навишта барои торнамои Asia-Plus тахия шудааст

Замоне мардум эътикод доштанд, ки Замин соф аст ва руи ду шохи гови бузурге орамидааст. Хар боре, ки он гови азим такон мехурад, мо дучори заминларза мешавем. Дар натича барои хушнудии он гов (дар бархе аз эътикодхо, гул ё дев ё худои хашмгин) курбонихо мекарданд. Баъдан ки илму дониш бепоягии ин боварро собит кард, ба бовари пешин хурофа гуфтанд.

Хурофа, ки чамъи он хурофот аст, бино ба фарханги Муъин, сухани бехуда, афсона ва хадиси ботил аст. Дар забони русй (суеверие) хам мафхуми ин вожа бовари бехуда ё ботил аст. Дар забони инглисй (superstition) аз муъодили лотини он кор мегиранд, ки бовари гайримаъкул ва ифротии баромада аз тарсу эътикод ба муъчизаву афсун таъбир мешавад.

Дар Эрон ба хангоми нушидани чой маъмулан канди сапедро нахуст дар чой тар мекунанд, онро руи забон мегузоранд, бархе хам салавот мефиристанд ва баъд чойро менушанд. Ривояте хаст, ки яке-ду сада пеш Бритониё барои зарба задан ба манофеъи бозаргонии Русия дар Эрон аз як марчаъи таклид ё муллои бонуфузи Эрон хоста буд, ки ба нахве чилави ривочи бозори канди Русия дар Эронро бигирад. Он мулло хитоб ба мардум гуфт: «Ё айюханнос! Шакари русро нахуред, ки он аз устухони мурдагони рус тахия шудааст.» Мардум, ки харфи охундро вахйи мунзал мепиндоштанд, аксаран аз канди русй даст кашиданд ва бозори Русия дар Эрон касод шуд. Пас аз муъомилае, ки миёни Бритониёву Русия сурат гирифт, Бритониё аз он мулло хост, ки ин бор мардумро ба хариди канди русй ташвик кунад. Охунд гуфт: «Ё айюханнос! Дуруст аст, ки шакари Русия харом аст. Аммо агар онро кабл аз масраф як бор дар чойии худ бихисонед (тар кунед) ва салавоте бифиристед ва сипас онро бихуред, он халол мешавад ва ишколе надорад.» Бад-ин гуна, канди сапеди Русия дар Эрон дубора харидор пайдо кард. Ин одат хамчунон роич аст, бидуни он ки маншаъи он барои хелехо равшан бошад.

Яъне бо истифода аз бовари мардум ба хурофот афкори умумиро шакл додаанд ва тудахоро идора кардаанд.

Хурофа, дар вокеъ, зодаи нотавонии инсон дар шинохт ва дарки падидахои табиъй ва илмист. Аз ин чост, ки хурофотро метавон умдатан дар миёни тудахои ноогох сурог дошт.

Аммо дуктур Фаромарзи Карабогй, устоди донишгох ва рузноманигори эронй, бар ин бовар аст, ки хурофот хамеша ба сатхи донишу тахсилоти мо бастагй надорад, балки дар бисёре аз маворид ба фишори рузгор ва вазъияти бади зиндагй бармегардад. У мегуяд:

«Хамон гуна ки шоеъа (овоза) вакте кувват мегирад ва роич мешавад, ки коноли интишори иттилоъот ва ахбори дуруст баста бошад, хурофот хам вакте густарда мешавад, ки чилави огохй ва иттилоъоти дурусти мардум гирифта шавад. Ин рабте ба саводу тахсилот надорад, зеро як вокуниши отифй (эхсосотй) ва равонй ба хокимияти идеулужик дар чомеъа аст ва мардум бо руй овардан ба хурофа худро тахлия (холй) мекунанд.»

Бо ин пешдаромади нисбатан дароз ба руйдодхои табиъие мепардозем, ки ахиран дар Точикистон сурат гирифта ва вахму нигаронй ё шефтагию хайронии бархеро барангехтааст.

Ахиран хабаре дар хабаргузорихо мавч зад, ки дар осмони Душанбе вожаи «Аллох» ба хуруфи арабй тарсим шудааст. Ман хам шитобон суроги акси он руйдоди хорикулъодаро гирифтам, ки акнун дар шабакаи Интернет ба фаровонй вучуд дорад. Дуди дурахшони зарду аргувоние дар осмон печида буд. Аммо нахустин тасвире, ки дар зехнам накш баст, харфи «М»-и русй буд, на «Аллох»-и арабй. Сипас кушидам радди «Аллох»-ро дар он ёбам. Дар ин вожа «алиф»-и нахуст аз дигар харфхо чудост. Аммо дуди осмонй дархам омехта буд ва бахши нахусти он хам бештар ба «лом» монандй дошт, то «алиф». Дар поёни он тимсол хам «х»-ро намедидам, ки харфи охири вожаи «Аллох» аст. Думи дуд ба тах кашида шуда буд, ба чои ин ки ба монанди харфи «хои хавваз» ба боло биравад.

Ба ёди достоне аз «Маснавии маънавй»-и Мавлавй уфтодам, ки мегуяд, пилеро аз Хиндустон ба чое бурданд, ки мардумаш харгиз пил (фил) надида буданд. Пилро дар утоке торик карор доданд ва аз мардум хостанд, ки бо даст онро ламс кунанд ва аз пил тасвире бидиханд. Саранчом хар касеро аз пил тасаввуре мутафовит хосил шуд:

Он якеро каф ба хуртум уфтод
Гуфт, у чун новдон асташ ниход
Он якеро даст бар гушаш расид
Он бар у чун бодбизан шуд падид
Он якеро каф чу бар пояш бисуд
Гуфт, шакли пил дидам чун амуд
Он яке бар пушти у бинход даст
Гуфт, худ он пил чун тахте будаст...

Натичагирии Мавлавй чунин аст:

Чашми хисс хамчун кафи даст асту бас
Нест кафро бар хама он дастрас
Чашми дарё дигар асту каф дигар
Каф бихил в-аз дида дар дарё нигар.

Дар мавриди он пораи дуди морпеч дар осмони Душанбе хам, агар бихохем аз дидаи идрок бингарем, на хиссу эхсос, донишмандон арзёбии санчидае ироа додаанд. Як намояндаи созмони хавошиносии Точикистон ба хабаргузории РИА «Новости» гуфтааст, ки он шамоили осмонй чизе чуз як падидаи чаввй набуд. Ба гуфтаи у, тасвире, ки шахрвандони Душанбе рузи 23 жуие (июл) дар осмони шахр диданд, «як озарахш (барк)-и тобистонй буд», ки ба забони русй ба он «зарница» мегуянд. Озарахши тобистонй маъмулан бар асари анбошта шудани неруи барки рокид (бехаракат) дар абрхои тираи тобистонй сурат мегирад.

Аммо ин танхо хадисе нест, ки ривочи хурофот дар чомеъаи кунунии Точикистонро собит мекунад. Достонхои мухталифе дар ин чову он чо дар бораи тухмимург, дарахт, барра ва гусолахое мунташир шудааст, ки руи хамаи онхо вожаи «Аллох» хак шуда ва хамагй мутаъаллик ба Точикистон аст. Тасвири гусолаи маъруферо дидам ва боз хам вожаи «Аллох»-ро, ба он шакле, ки интизор меравад, руи он надидам. Намунаи дигар, як пора ях буд, ки ба бовари шохидони айнии он, ховии вожаи «Аллох» аст. Боз хам, он чи руи акс дида мешавад, як харфи «ш»-и русист бо ду дандонаи кутохтари изофй, аммо ба хеч руй шабохате ба вожаи «Аллох» надорад.

Чолиб ин чост, ки мо дар ин таваххумот танхо нестем ва танхо хамрохони мо кишвархои чахони севвуманд. Боз хам бармегардем ба дуктур Фаромарзи Карабогй, ки солхои инкилоби исломии Эронро ба ёд меоварад ва рузгореро, ки мардум дар мох тасвири Имом Хумайниро медиданд:

«Инкилобиюни мухтарам дар соли 1357 (1979) ба дунболи акси окои Хумайнй дар мох мегаштанд. Парадокс (танокуз) ин аст, ки хама инкилобй буданд ва инкилоб як мафхуми мудерн буд ва акси окои Хумайнй дар мох як мафхуми комилан хурофй. Ин дуро намешуд бо хам чамъ кард, аммо хеч кас тавзех надод ва ал-он хам, баъд аз ин хама сол, хануз дар ин маврид тавзехе аз суи касоне, ки дар раъси умур хастанд, дода намешавад.»

Тасвири Хумайнй хам дигар дар мох дида намешавад. Ва он рузхо хам ки «дида мешуд», танхо барои инкилобиюни Эрон хувайдо буд ва дар чое дигар аз дунё онро надиданд. Чаро?

Чун инкилобиюни Эрон дар сурати мох чизеро диданд, ки мехостанд бибинанд. Ва дигар Хумайнй дар мох «зохир» намешавад. Мардуми Точикистон хам ки имруз дучори гирифторихои фаровоне шудаанд, дар чустучуи имдоде гайбй дар замину осмон вожаи «Аллох»-ро мечуянд. Хамон гуна ки дар Гарб хурофот замоне рушду нумувв дошт, ки Бохтарзамин гарк дар бадбахтихо буд. Бино ба ривояте, дар садаи шашуми мелодй, замоне ки бемории тоъун Урупоро фаро гирифта буд ва атсаи афрод бисёр хатарнок махсуб мешуд, Грегурии Якум, попи Рум, ба масехихо фармон дод, ки ба дунболи атса “God bless you” (Худо баракатат бидихад) бигуянд, то бад-ин гуна чилави густариши доманаи беморй гирифта шавад. Чун он замон моякубй (ваксинатсия) ихтироъ нашуда буд ва далели тавсеъаи доманаи беморй хам равшан набуд.

Пас то замоне ки рохи мо ба суи дониш хамвор нест ва дар айни хол бедодгарии замона бедод мекунад, аз ин навъ падидахои хурофй фаровон хохем дошт. Ва хар чи мардум гирифтортор аст, шумори хурофот хам бештар хохад буд.

Дарег, ки дар садаи 21 миллате бо пешинае дурахшон гирифтори ин вабои илму дониш шудааст. Дар холе ки Буъалй Сино, фарзанди ин миллат худуди хазор сол пеш гуфта буд: «Хар чизе сабабе дорад ва хеч донише комил нест, магар ин ки сабабу далелхои он санчида ва омухта шуда бошад.»

Wednesday, July 23, 2008

Pirahã Language is Pirahã's World

Забони Пирохо – чахони Пирохо
ё
«Вайро гирифта вай кун, ки вай нашавад»


(Ин навишта вижаи торнамои Asia-Plus тахия шудааст)

Дар дили чангалхои Бразил кавме хаст бо номи Пирохо (Pirahã), ки зиндагие ибтидойи доранд ва забоне беандоза сода. Ба гунае, ки шумори ашё дар ин забон бартар аз «ду» намеравад. Яъне вожахое, ки дар ин забон барои шумориши ашё мавчуд аст, «як», «ду» ва «бисёр» аст. Пажуҳандагони равоншинос ва мардумшинос пас аз кашфи ин қавм ва анчоми бархе озмоишҳо ба натичае расидаанд, ки забон наҳваи тафаккури моро мушаххас мекунад.

Намояндагони кавми Пирохо ба осонй метавонистанд ду зарба руи тахтаро такрор кунанд. Аммо агар шумори зарбахо бештар аз ду бор мешуд, такрори зарбахо барои пирохойихо душвор буд. Онхо дар таъйини шумори дакики ашёе, ки бештар аз ду адад буд хам мушкил доштанд. Чун афроди ин кавм нудратан бо ададе болотар аз «ду» сарукор доштаанд.

Ин озмоиш дар бахси дуру дарози такаддуми забон ё андеша накши мухимме дошт ва бартарии забон бар андешаро то хадди зиёде собит кард. То он замон ин бахс шабехи бахси такаддуми «мург ё тухми мург» буд. Аммо пас он бештари донишпажухон мутмаин шуданд, ки забон таъйинкунандаи андеша аст. Яъне забон аст, ки андешаро шакл медихад.

Ин бад-он маъност, ки забони мо хар андоза пурбортар ва пурмухтавотар бошад, андешаи мо низ ба хамон андоза фарогиртар ва пешравтар аст.

Хамин озмоишро дар Точикистон низ метавон анчом дод ва аз мардум на шумори ашё, балки номи эхсосотеро пурсид, ки ба онхо даст медихад. Масалан, «ба хангоми дидани сахнаи зибх (куштан)-и як гов чй хиссе ба шумо даст медихад?» Ё «вакте ки мучассамаи Ленинро сарнагун карданд, шумо чи хиссе доштед?» Ё «истиклоли Точикистон чи хиссеро дар шумо ба вучуд овард?»

Аз пеш метавон гуфт, ки бештари посуххо ба ин пурсишхои мутафовит хамсон хохад буд: «Ким-чи хел.»

«Ким-чи хел» дар мавридхое ба кор меравад, ки номи он хис ё эхсос барои гуянда гунг бошад. Ва дар вокеъ, дар бештари маворид дар зехни гуянда хеч вожае чуз «ким-чи хел» пайдо намешавад. Чи хисси вахшату инзичор, чи хисси шодию шаъаф бо як таркиби гариби «ким-чи хел» баён мешавад, ки хокй аз бенавоии вахшатноки вожагонии порсигуёни Точикистон аст. Яъне ба хар андоза забони мо бенавотар аст, ба хамон андоза тавлиди фикрии мо камрангтар аст.

Як кудаки панчсолаи эронй метавонад бо сад баён ба забони мо эхсоси худро дар мавриди якояки ин сахнахо баён кунад, аммо мо бо «ким-чи хел» иктифо мекунем ва гофил аз хатаре хастем, ки бунияи миллати Точикистонро тахдид мекунад.

Мушкили забон, ки маъмулан ба хато чузъи мушкилоти аслии кишвар ба шумор намеравад, ба ростй, мояи бисёре аз гирифторихои дигар аст. Дар гузашта донишварони мо ба забони русй фикру эчод мекарданд ва голибан барои хар мафхуме дар зехни худ ё руи когаз вожае хос ё истилохе доштанд. Акнун, ки забони русй ошкоро аз сарзамини мо рахт барбаста ва порсии точикй чойгузини он шудааст, мушкил хувайдост. Донишварон хам аксаран нозо шудаанд, чун барои бисёре аз мафхумхо вожае дар зехни худ сурог надоранд.

Забони тарчумазада ва маснуъии хозираи точикй бо такозои замона созгор нест ва таъассуби бечихати мо монеъ аз бозгашти забони модаримон ба харими хатти порсй мешавад, то аз фаровардахо (махсулот)-и зехнии хамзабононамон кор бигирем. Дар Эрон хамаруза даххо унвон китоб чоп мешавад, ки бархе тарчума аз забонхои гайранд ва шуморе аз осори худй. Надонистани забони модарй (порсй) ба нахви ахсант монеъ аз хондан ва дарки мазмуни он китобхо мешавад.

Хануз иддае ба ин пиндори ботиланд, ки фикри бозгашт ба хатти порсии арабй зоидаи тафаккури дасисачуён аст. Дар холе ки ин андеша чанд сол пеш аз истиклоли Точикистон ва нуфузи нерухои хоричй бар кишвар буруз карда буд ва иртиботе бо хоричихо надорад. Ин андеша, ба ростй, зоидаи кишри равшанфикри чомеъа буд, ки саркуб шуд. Кишре, ки эхсос мекард, бидуни бозгашт ба хатти порсй мо гарибу даститанхо хохем монд: як чазираи сириллик дар укёнуси лотин ва чудо аз хамзабононе, ки хатташон хамчунон мисли кадим порсист. Дар он суи марзхо дарёе аз ганчи дониш равон аст. Дониш ба забони порсии точикй, ки мо ба он дастрасй надорем. Танхо ба хотири хатти тахмилии сириллик, ки хостаи миллат набуд.

Пазириши хатхои бегонаи лотин ва сириллик танхо далели гусастагии мо аз андешаи порсии точикист. Дар натича, шумо хеч шоъири шуравй ва пасошуравии Точикистонро пайдо намекунед, ки ашъораш аз лихози забону баён ишколе надошта бошад. Барои намуна, дар бархе аз шеърхо вожаи «Сино»-ро бо «бино» (ба маънии иморат) кофия мебанданд, ки ба далели кутохии «и» дар вожаи дуввум галат аст. Ва «бино» ба маънии шахсе, ки мебинад бо «бино» ба маънии сохтмон яксон навишта мешавад, ки боз хам галат аст. «Бино»-и нахуст бо «и»-и дарози худ мутамоиз аст, ки дар хатти сириллик намоён нест. Аз ин намунахо, ки носозгории хатти сириллик бо порсиро собит мекунад, фаровон аст, аммо ин танхо далели зарурати бозгашт ба хатти порсй нест.

Шуморе далел меоваранд, ки дар сурати тагйири хатт мардуми Точикистон дубора бесавод хоханд шуд, дар холе ки акнун такрибан хама босаводанд. Дар вокеъ, ин мавзуъ бастагй дорад ба дарки мо аз мавзуъи «савод». Оё савод танхо ба маънии хондану навиштан аст? Мо бо истифода аз хондану навиштан чй чизе тавлид мекунем? Худуди 100 дарсад мизони саводи Точикистонро бо худуди 80 дарсади Эрон мукоиса кунед. Тавлиди фикрии кадом як аз ин ду кишвар бештар аст?

Ва чй касе гуфта, ки сирилликро бояд якшаба канор гузошт? Тагйири хатт дар кишвархои мутамаддин тайи солхои дароз ба тадрич анчом мешавад ва аз як давраи духаттй мегузарад, то хамагир шавад.

Вокеъияти забони модарии мо дар кучаву хиёбонхои Душанбе ва хар шахри бузурги дигари кишвар як мушт харфи парешон аст, ки дар чанги вожахои бегона даступо мезанад. Дар бисёре аз мавридхо бояд хадс зад, ки гуянда чй мегуяд: «Вайро гирифта вай кун, ки вай нашавад.» Оё хамин аст босаводии фарогири мо? Ин аз нахустин нишонахои гунгист, ки метавонад пас аз муддате моро ба холати кавми Пирохои Бразил наздик кунад.

Лудвиг Витгенштайн, файласуфи олмонй ба чи зебойи гуфта буд: «Хадду худуди забони ман хадду худуди чахони ман аст». Махдудияти забони мо ба маънии махдудияти чахони мост. Агар ман аз баёни мафхумхое ба забони модарии худ очизам, пас дар амри дастрасй ба чахони фарохтар низ ноком хохам буд. Точикистон, ки акнун кишваре мустакил аст, бояд ба дарки ин хакикат бирасад, ки забони аслии ин кишвар забони порсист ва бистари муносиб барои рушди ин забон хатти порсист. Замоне ки хамаи хамсоягони мо дар холи ру овардан ба хатте дигар хастанд, чй чизе моро пойбанди хатти сириллик нигах медорад? Хатто агар бихохем манофеъи сиёсиро дар назар бигирем, сириллик будани хатти мо чй суде барои Русия дорад? Магар карор аст окои Медведйев бо истифода аз хатти сириллик забони порсии моро биомузад? То кунун чанд хамкавми у порсй омухта, то диламон ба хамин хаёл хуш бошад? Ва оё порсидонии у мухимтар аст ё порсидонии мо?

Хатто агар аз диди идеулужик ба ин казия бингарем: Мо, ки худро аз наводагони сарбаланди Сомониён медонем, бояд аз худ бипурсем, ки оё Исмоъили Сомонй ба ин хорй тан медод, ки ба бегонагон боче чунин газоф бидихаду аз хамкавмони худ ба дур бошад? Сомониён дудмоне буд, ки арабиро канор гузошт ва порсиро дубора бар курсй нишонд. Чи замоне мо сомонивор сирилликро канор хохем гузошту ба огуши забону хатти худй боз хохем гашт?

Дар асри инкилоби интернетй, ки бахши азими шабакаи чахониро матолиби порсй фаро гирифтааст, чаро мо – порсигуёни Осиёи Миёна ба матолибе ба забони худамон, ки ба хатти порсист, дастрасй надошта бошем? Забону хатти порсй имруза аз чумлаи умдатарин забонхои Интернет аст ва дастрасй ба он матолиб танхо ба шарте муяссар хохад шуд, ки порсй балад бошем. Точикистон бо хафт милюн чамъияте, ки дорад, харгиз ба андозаи чамъияти хафтодмилюнии Эрон Интернетро тасхир нахохад кард.

Бармегардем ба чангалхои анбухи Бразил, ки достони мо аз он чо огоз гирифт. Пажухишхо гуёи пайванди танготанги андеша бо забон аст. Агар забони мо вопасмонда аст, харгиз наметавон ба умеди шукуфойии фархангй, иктисодй, илмй, сиёсй, ичтимоъй ва гайра буд. Чун забон аст, ки ба ин мафхумхо шакл медихад ва оянда месозад. Агар забони мо дар хамин холати вомонда бимонад, баъид нест, ки рузгоре гурухе аз донишпажухони гарбй барои омузиши пайванди миёни забону андеша дари моро хам бикубанд.

PS. Диданихои имруз (видеухо) барои донандагони забони инглисй мушкили пайванди забон ва андешаи кабилаи Пирохои Бразилро тавзех медиханд.

Friday, July 18, 2008

A Fire Set by Sayyaf

Оё хушку тар бо хам хохад сухт?

(Ин матлаб барои торнамои Asia-Plus навишта шудаст)

Пушиши хабарии густардаи шикояти Сайёфи Мизроб, хабарнигори пешини родю Озодй, аз созмоне, ки тайи беш аз 11 сол дар он кор мекард, таъаччуббарангез буд. Дар паи он баргузории нишасти хабарии Холики Сангин, яке дигар аз рузноманигорони ранчида аз родю Озодй, ки чанде пеш аз шугли худ махрум шуд, бар доманаи мушкили ин бунгохи суханпароканй дар Точикистон афзуд. Хар ду гилоя мекарданд, ки ин родюи омрикоии мустакар дар Прог пайваста аз онхо бахракашй карда ва бар онхо ситам раво дидааст. Суханони рузноманигорони муътариз аз тарики расонахои давлатй ва хусусй дар саросари чахон танин андохт.

Сиххату сукми иддаъохо

Бисёре аз нукоти матруха дар сухбатхои Холики Сангин ва Сайёфи Мизробро метавон ба махаки санчиш кашид ва сиххати онхо дар гузаштаро собит кард. Дар вокеъ, родю Озодй, ки бозмондаи чанги сарди Омрико бо Шуравист, хануз муваффак нашудааст дар сохтору нахваи кори худ тагйироти лозимро анчом дихад ва худро, ба маънии хирфаии вожа, ба як расонаи комилан бегараз ва бетараф табдил кунад. Аммо тагйирот дар раёсати родю Озодй дар Прог, ки чанде пеш иттифок уфтод, ин муждаро ба кормандони он додааст, ки риволи кор дар ин расона ру ба бехбуд аст ва мудирияти заррайи (микроменечмент)-е, ки хамин ду-се сол пеш рузноманигорони бахшхои мухталифи онро озор медод, ба маротиб кохиш ёфтааст. Дар гузашта имкон дошт болотарин макомоти родю дар кори кучактарин рузноманигори як бахш дахолат кунанд ва гузориши уро ба нахви дилхохи худ тагйир диханд. Гуфта мешавад, ки бо омадани Чеффри Гедмин ба макоми раёсати кулли родю дар мохи морси 2007 ин истибдоди хирфайи махор шудааст.

Аммо ангезаи аслии эътирози баланди Сайёфи Мизроб чй буд? У дар изхороти худ Род Шахидй – раиси бахши точикии родю Озодиро ба ситампешагй, худкомагй, талош барои бадном кардани Точикистон ва ба хам задани авзоъ дар кишвар, накзи хукуки кормандонаш бино ба Конуни кори Точикистон муттахам кардааст. Иттихомоте, ки мусалламан, аз суи окои Шахидй рад мешавад.

Бо таваччух ба муддати кутохе, ки дар соли 2006 дар родю Озодй кор кардаам, ба сарохат метавонам бигуям, ки шохиди дахолати мустакими мудирони омрикойи дар тахияи гузоришхо будаам. Мудирони гайрихирфаие, ки бо шинохти сатхй аз умури минтака талош мекарданд назари нокиси худро бар курсй бинишонанд ва аз шеваи тавозуни Би Би Си дили хуше надоштанд. Бештар рогиб буданд ба нерухое, ки трибун надоранд, трибун бидиханд ва дар ин замина камтар аз инсофи рузноманигорй кор мегирифтанд. Вале афроди хибраву корозмудае чун Маъсумаи Турфа – раиси пешини бахши точикии родю Озодй буданд, ки дар баробари ин мудохилоти гайрихирфайи меистоданд ва монеъ аз пахши матолиби мугризона мешуданд. Набарди Маъсумаи Турфа бо мустабиддони родю ба истеъфои довталабонаи у анчомид. Ва саранчом мудирияти гайрихирфайи ва мугризи родю барканор шуд.

Ба такрор мегуям, ки сухбат аз ду сол пеш аст. Дар паи тагйири мудирияти кулли родю, ба гуфтаи кормандони феълии он, хамакнун чунин дахолате такрибан рух намедихад ва таъкиди макомот бар риъояти инсоф ва пахши ахбори бетарафона бештар аст.

Пул

Вале нигохе ба ду номаи Сайёфи Мизроб ошкор мекунад, ки эътирози у умдатан ангезаи молй доштааст. Чун дар хар ду нома бештарин таъкид бар микдори пуле шудааст, ки у мохона аз дафтари родю Озодй дарёфт мекард ва метавон хадс зад, ки агар Род Шахидй бар маблаги мохонаи хампешаи мо меафзуд, шояд имруз гирифтори ин махмаса намешуд.

Бо таваччух ба дастмузде, ки бархе аз рузноманигорони камкортар дар Прог дарёфт мекунанд ва бо дарназардошти афзоиши киматхо дар Точикистон, метавон ба Сайёфи Мизроб хак дод, ки аз макомоти родю пули бештар бихохад. Аммо чаро ин казияи молй сиёсй шуд ва дар холи табдил шудан ба корзори давлат алайхи расонахои хоричист? Бехтар аст мухтавои хар ду номаро мурур кунем, то казия равшантар шавад.

Эътибори Омрико ё Точикистон?

Матни номаи Сайёфи Мизроб ба Чеффри Гедмин – раиси кулли родю Озодй ва матни изхороти рузноманигори точик аз якдигар басе мутафовит аст. Окои Мизроб хитоб ба раиси родю аз огоз то поён шикояти молй кардааст. У нигарони пардохт нашудани хаккуззахма (гонорар)-аш дар изои 14 гузоришаш аст ва тахдид мекунад, ки дар сурати сарпечии Род Шахидй аз пардохти пули гузоришхо ба додситони кулли кишвар шикоят хохад бурд. Дар идомаи нома Сайёфи Мизроб гилоя мекунад, ки тибки карордоди нави кор аз дастмузди мохонааш 228 дулор кохиш ёфтааст ва ин ки барои саробони як хонаводаи хафтнафара зиндагй бо ин дастмузди ночиз тахаммулпазир нест. У шикоят мекунад, ки Род Шахидй шумори гузоришхои кормандони мустакар дар Точикистонро ба 25 адад дар мох махдуд кардааст. Вай хамчунин нигарон аст, ки рафтори Род Шахидй дар Точикистон ба монанди як «хоким ё шохи шаркй ба намояндаи як радиои амрикойи зебанда нест». Рузноманигори точик дагдагаи дигаре хам дорад, ки «имичи радиои Озодй дар Душанбе руз то руз кохиш меёбад.»

Яъне дар номаи Сайёфи Мизроб ба раиси омрикойии родю нигаронии у аз кохиши хайсияту эътибори намояндагони Омрико ва родюи омрикойи мавч мезанад. Аммо дар изхороти у, ки бо фосилае андак мунташир шуд, аз ин нигаронй хабаре нест ва чои онро игтишоши хотири окои Мизроб дар бораи «кохиши имичи Точикистон» гирифтааст. Вай менависад: «Кормандону корфармоҳои РО имиҷи ҳукумат ва обрӯи миллатро мерезонанд, ки ин яке аз дигар қадами ниҳоии ман дар пешорӯи истеъфо аз ин Радио шудааст.» Сайёфи Мизроб меафзояд: «Таҳқири сарзамин, кишвар, ҳукумат, миллат пайваста аз ин Радио садо медиҳад ва гузоришгарони Радио иҷборан ё ихтиёран пайваста ба домани фитна нисбат ба ҳамин кишвар даст мезананд.»

Ин иборот беихтиёр моро ба ёди хабари 26 жуан (июн) меандозад, ки он чо низ сухбат аз расонахои хоричие мешуд, ки ба «имичи Точикистон» осеб мерасонанд. Дар он руз давлати Точикистон аз таъсиси як кумитаи вижаи хафтнафара барои вокуниш ба хамалоти иттилоъотии расонахои хоричй хабар дод. Ба гуфтаи масъулони ин кумитаи давлатй, «тайи чанд мохи ахир дар расонахои хоричй матолиби зиёде мунташир шудааст, ки аз имич ё тасвири Точикистон дар миёни чахониён костааст.» Оё ин як тасодуфи сода аст?

Сайёфи Мизроб бо таваччух ба мухотаби худ вожахову ибороти нома ва изхороташро баргузидааст. Дар номае, ки мухотаби он макоми баландпояи омрикойист, у нигарони обруи Омрикост. Ва дар номае, ки мухотаби мустакими он зохиран давлати Точикистон аст, сухбат аз «кохиши имичи хукумат ва обруи миллат ва тахкири сарзамин, кишвар, хукумат ва миллат» меравад, ки ба гуфтаи у, тавассути гузоришгарони родю анчом мегирад. Хуб мебуд, агар Сайёфи Мизроб андаке инсофи рузноманигорй ба харч медод ва бори кулли он гуноххоро ба души хамкорони пешини худ хавола намекард. Чун ба хар хол, худи у низ, ба гуфтаи худаш, 12 сол дар он дастгох хидмат карда ва шояд метавонист бо зикри намунахое аз кори худаш он мавориди «тахкири сарзамину кишвару хукумату миллат»-ро собит кунад.

Точикистон - бихишти расонахо?

Давлати Точикистон ба ин иддаъо вокунише бесобика нишон дод. Харгиз як рузноманигори точик дар баробари макомоти Душанбе ба ин хад азиз нашуда буд, ки Сайёфи Мизроб шуд. Шахси додситони кул ваъда кард, ки ба гилояи Сайёфи Мизроб расидагй хохад кард. Аз берун, ки ба ин руйдод менигарй, чунин тасаввур хосил мешавад, ки Точикистон бихишти барини рузноманигорон аст: дастмузди онхо дархури рузгорашон аст ва хеч ниходу макоме наметавонад онхоро озор дихад. Гуё пок фаромуш шудааст, ки бо интисоби Абдулчаббор Рахмонов ба макоми раёсати Кумитаи Радио ва Телевизиони Точикистон чй теъдод аз рузноманигорон бекор монданд. Ва касе хам ба фикри он намеуфтад, ки дастмузди Сайёфи Мизроб ба унвони гузоришгари родю Озодиро бо мохонаи раиси як бахши родюи Точикистон мукоиса кунад.

Вокуниши беш аз хад харисонаи макомоти Точикистон ба ин руйдод то хадди зиёде шакбарангез буд. Дар натича, ба гуфтаи як корманди родю Озодй, макомоти омрикоии ин бунгохи суханпароканй ба хулосае расидаанд, ки кулли ин достон чизе чуз хамлаи дастгоххои иттилоъотии давлати Точикистон ба як родюи хоричй нест. Дар холе ки дар огоз казияро чиддй гирифта буданд ва мехостанд дар ислохи вазъият бикушанд.

Махалгаройи

Сайёфи Мизроб Род Шахидиро ба барангехтани нифоки махаллй миёни точикхо дар родю Озодй ва хатто дар худи Точикистон муттахам мекунад. Ман Род Шахидиро аз наздик намешиносам, аммо родю Озодй бароям чизи бегонае нест. Махалгаройи, ки марази кушандаи точикхост, дар он чо аз дерзамон буда ва хамчунон ру ба афзоиш аст. Вагарна Род Шахидй дехкони калбхо нест, ки тухми махалгаройиро дар синахои точикон бикорад. Махалгароии точикхо боъис шуд, ки харгиз хеч точике ба курсии раёсати бахши точикии родю Озодй нанишинад. Хар бор ин эхтимол матрах мешуд, номахое аз худи точикон дар зикри шарри хамкори точикашон сабкат мегирифтанд. Ва басе аз чанчолхои родю Озодй хамоно ба далели махалгаройии точикхо сар задааст. Оё чанчоли ахирро метавон мустасно донист?

Кутохсухан

Родю Озодй як родюи омрикойии чангисардист, ки ба гуфтаи кормандони он, хамакнун дар холи тагйиру тахаввул аст. Метавон гузоришхои имрузи онро бо матолиби гузаштааш мукоиса карду он тагйиротро дид. Ангезаи аслии истеъфои Сайёфи Мизроб молй буд. Аммо у талош кард зимни сиёсй кардани казия бо як санг ду фохтаро бизанад: нахуст, интикомашро аз раиси номатлуби бахш бигирад; дуввум, бо изхори вафодорй ба давлат 12 соли кор дар як родюи бегонаро чуброн кунад ва шояд ба мархамати хукумат ноил шавад. Аммо дар ин миён ба хамкорони у ситам шуд: рузноманигороне, ки талош мекунанд бо хифзи обруву хайсияти худ ва кишвари худ ба мардуми худ гузориш диханд. Дар гузашта ин корро паштунхо аз родю Озодй барои мо анчом медоданд ва миёни шеваи кори ин ду тафовут аз замин то ба самост.

Сайёфи Мизроб оташеро бапо кард, ки мумкин аст дар он хушку тар бо хам бисузад. Чун аз бахти бад, бештари макомоти марбута рузноманигорони расонахои хоричиро ба як чашм мебинанд, гофил аз ин ки фард-фарди онхо хатто дар як бахши вохид шеваву усули кори худро доранд ва хар касе «тахкири сарзамин»-и худро раво намебинад. Хатто ба зур.