Showing posts with label Civil war. Show all posts
Showing posts with label Civil war. Show all posts

Saturday, June 27, 2015

Unity Day

Аз сулҳи тоҷикон 18 сол гузашту хотироти он рӯзгори хунинро тоза кард.

Зарфи ин 18 сол як тарафи сулҳ беш аз пеш по гирифту рӯ ба истибдоди тамомъайёр овард ва тарафи дигарро тақрибан бакуллӣ аз ъарсаи сиёсӣ берун андохт.

Як тарафи сулҳ, ки фаромӯш кардааст ҳар сулҳе беш аз як тараф дорад, худро танҳо соҳибҷашни Рӯзи Ваҳдат медонад. Ва хоста ё нохоста, дубора Тоҷикистонро ба партгоҳе савқ медиҳад, ки 23 сол пеш дар он уфтода буд.

Фаромӯш кардааст, ки ҳеч истибдоде ҷовид набуду несту намемонад ва саранҷом ба наҳви фаҷеъе бартараф мешавад. Ҳазфи мухолифон аз саҳнаи сиёсӣ пайомаде ҷуз бадбахтию вопасмондагии бештар надорад. Ин як қонуни табиъат аст ва дасти башар аз тағйири он кӯтоҳ.

Бо ду нерӯи мусбат ҳатто як ломп равшан намешавад, чи бирасад ба равшаноии фардо. Ҳузури нерӯи манфӣ ҳаётист. Ин як қонуни физик аст ва ҳеч банӣ Одаме қодир ба дасткории он нест.

Ба инзиво рондани мухолифон, яъне родиколу тундрав кардани ҷомеъа; яъне пушт кардан ба дарсе, ки торих ҳамин 18 сол пеш ба Тоҷикистон дода буд; яъне туф кардан ба ваҳдату якпорчагӣ ва рӯй овардан ба парешонию мусибат.

Набуди мухолифон, яъне набуди ҷӯшишу таҳаррук; яъне мурдобу гандидан.

Ҳар мусибате, ки аз ин ба баъд бар Тоҷикистон ҳодис мешавад, пайомади ҳамин истикбору истибдоди як тарафи сулҳи 18 сол пеш аст. Дареғ аз шуъури инсонӣ, ки аз он ғалати бузург ва садҳо ғалати мушобеҳи дигар дар тӯли ториху рӯзгори муъосир дарсе нагирифта бошад.

Таҷлил аз Ваҳдат дар кишваре, ки давлати он бар ваҳдат арҷ нагзорад, чанге ба дил намезанад ва сирфан намунае дигар аз фармонравоии дурӯғ аст. Дуруст ба монанди бузургдошти Рӯзи Истиқлол дар кишваре, ки ҳанӯз аз истиқлоли ростин бӯе набурдааст.

Ному ёди 150 ҳазор тане, ки дар ҷанги хонумонсӯзи Тоҷикистон ҷон доданд, гиромӣ бод. Ва он рӯзгори хунин барои ҳамеша ҳабси торих бимонод.

Friday, June 27, 2014

Кадом "Рӯзи Ваҳдат"?

Аз субҳи имрӯз паёмҳои шодбош дарёфт мекунам. Дӯстони арҷманде аз Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдатро шодбош мегӯянд. 

Бо арҷ ба якояки онҳо менависам: Ин рӯз бар шумо хуҷаста бод!
 

Аммо, баростӣ, суҳбат аз кадом “ваҳдат” аст? 

Оё тайи ин 17 сол баростӣ ба ваҳдат даст ёфтаем? Оё тоҷик ба ъунвони як миллати якпорча қад ъалам кардааст? Ё ҳанӯз бо гузашти ҳудуди 20 сол дар ҳоли тақсими ғаноими он ҷанги шармовар аст? Ё ҳанӯз як тараф, як маҳал, як русто, на, як хонавода худро танҳо пирӯзи он ҷанг медонад ва қабза кардани дору надори миллатро ҳаққи ҳалоли худ медонад? Оё Тоҷикистон ба дарки ин мавзӯъ расидааст, ки ҷанги панҷсола пирӯзи дохилӣ надошт ва ҳар ду тарафи тоҷики ҷанг бозандаи мутлақи он буданд? Оё дарёфтааст, ки дар паи он ҷанг тоҷик ба нагунбахттарин, бадномтарин, бечоратарин ва оворатарин миллати паҳнаи пасошӯравӣ табдил шудааст? Оё фаҳмидааст, ки он ҷанг ъиззати нафси тоҷикро барбод дода, ба гунае, ки дигар ҳувияту худшиносӣ, шуъуру ғурури миллӣ ба саробе дастнорас табдил шудааст? Оё ба ҳисоби шӯрандозони бегонаи он "ҷанги дохилӣ" расидааст ё дастикам ниқоб аз чеҳраи онҳо барафкандааст?..

Пас суҳбат аз кадом ҷашни ваҳдат аст?

Tuesday, September 21, 2010

On Foreign Conspiracy

Андар дасисаи бегонагон

(вижаи Ногуфтаҳои Нигоҳ)

Оё ҳаргиз ҷое шунидаед, ки як фаронсавӣ хунрезиҳои инқилоби 1789-и Фаронсаро натиҷаи бозиҳои пуштипардагии инглисиҳо бидонад? Ё як инглисӣ инқилоби 1688-ро, ки ба таназзули мақоми салтанатӣ анҷомид, кори дасти олмониҳо фарз кунад? Ё ҳатто як рус инқилоби Уктубрро рӯйдоде таҳмилшуда аз сӯи Бритониё ангорад, ки ба раҳбари он инқилоб паноҳ дода буд? Ман ки нашунидаам ва тасаввур ҳам намекунам, ки чунин пиндорҳое ба мухайялаи ғолиби мардуми он сарзаминҳо роҳ ёбад. Яъне дасиса ё тавтеаи ҳамсоягон чизе нест, ки мояи нигаронии онҳо бошад. Тавтеапиндорӣ дар ҷомеъаҳое, ки аз эътимод ба нафс ё худбоварӣ бархурдоранд, ҷой надорад.

Аммо дуруст баръакси онро метавон дар ҷомеъаҳои гирифтор мушоҳида кард. Ҳар рӯйдод ва иттифоқе метавонад бароянд (натиҷа)-и талошҳои хасмонаи ҳамсояҳои норафиқ бошад. Эътирози мардум дар фалон ҷой, эътисоби коргарон дар ҷои дигар, даргирии гурӯҳе ёғӣ бо нерӯҳои давлатӣ ва ҳатто ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ, ҳама ва ҳама аз паёмадҳои пайкори пинҳони ҳамсояҳоест, ки ханда бар лабу дашна дар каф доранд. Ин бовари қишрҳои гуногуни ин даста аз ҷомеъаҳост ва дар миёни мақомоташон ҳам боварест ошкору ниҳон.

Ва маъмулан ин боварҳо бепоя нестанд. Ба ростӣ ҳам решаи он эътирозу эътисобу даргирию ҷангҳо метавонад ба берун аз марзҳои кишвар биравад; нахи бозигарони ин рӯйдодҳо метавонад дар дасти луъбатбозони хориҷӣ бошад. Боризтарин намунаи як чунин бозии бадсиголона панҷ сол ҷанги дохилии девонавори Тоҷикистон буд, ки бегонагоне ҳезумашро анбошта буданд ва гӯё ба тамошои як оташбозии муфассал нишаста буданд. Аммо он бозии хунин сурат намегирифт, агар бозигарони дохилӣ аз худ андаке дирояту ҳушёрӣ, хештандорию ватандорӣ ва шуъури як инсони пешрафтаро буруз медоданд. Танҳо инсонҳои ибтидоиро метавон дастхуши рӯйдодҳое аз он даст кард. Инсони болиғ бозича намешавад.

Агар чизе бо номи “ватан” ё “меҳан” барои шаҳрвандони ҷомеъа арзиш дошта бошад, худ ба худ барои “ҳамватан” ё “ҳаммеҳан” низ арзише воло эҷод мешавад. Ва ҳеч омили хориҷӣ қодир нахоҳад буд як фарди солими ҷомеъаи маданиро ба андозае барангезад, ки қасди ҷони ҳаммеҳанашро кунад. Ин як мантиқи сода аст, ки дар ҷомеъаҳои маданӣ ниҳодина шуда ва амал мекунад.

Омили дигаре, ки монеъ аз бозича шудани афрод мешавад, огоҳии фарогир ва дурӣ аз таъассуб аст. Таъассуб, ки баҳсашро ҳафтаи гузашта доштем, ба осонӣ аз афроди гирифтор ба он бозичаҳои хатарноке месозад, ки ҳар он метавонанд мавриди истифодаи бегонагони бадхоҳ воқеъ шаванд. Он таъассуб метавонад нисбат ба ақидае хос буруз кунад ё нисбат ба ҷоҳу мақом.

Аз ин рӯ дар ҳамаи рӯйдодҳои фаҷеъе, ки аз берун ҳидоят мешаванд, бегонагон суроғи афроди мутаъассиберо мегиранд, ки тамаъи ақидатӣ ё манзалатишон бар арзиши “ҳаммеҳанӣ” чира шудааст.

Кофист аз худамон бипурсем, ки агар рӯйдодҳои хунин ба ростӣ кори дасти омилҳои хориҷист, чаро ва чигуна мо бозичаи дасти онҳо воқеъ шудаем? Магар на сустии аносирамон дар меҳандӯстию ҳаммеҳандӯстӣ буд, ки моро ба бероҳа кашонд? Вагарна ба баҳонаи дифоъ аз ақидаҳое, ки ҳанӯз ба дарки дурусташон муваффақ нашуда будем, бори нанги бародаркуширо намепазируфтем. Вагарна ба абзори дасти душмане табдил намешудем, ки бо дилхушии дижхимона бисоти наслкушӣ дар Тоҷикистонро паҳн карда буд ва бо истифода аз бемаърифатии мо моро мекушт.

Рӯзгори абасе буд он панҷ соле, ки бори нангаш имрӯз ҳам гаронӣ мекунад. Мо он рӯзҳоро назистем, балки муҷриёни марги худамон будем; фавҷ-фавҷ мурдем, то душманеро хушнуд кунем. Ба хотири боварҳое, ки ба чизе ҷуз таъассуби хушку берӯҳ устувор набуд, тарҳи бегонагони фурсатталабро ба иҷро гузоштем.

Ин иттифоқ танҳо бо тӯдаҳои ноогоҳ меуфтад ва бузургтарин дарси он рӯзҳои тираву тор ҳамин асли меҳандӯстию ҳаммеҳандӯстист. Оё он дарсро ба хубӣ фаро гирифтаем ва оё аз бозича шудан дигар безорем? Оё дигар бегонаҳои бадхоҳ набояд дил хуш дошта бошанд, ки фардо ҳам бо истифода аз озу хушкбоварӣ (таъассуб) ва ноогоҳии мо ба тамошои оташбозие дигар хоҳанд нишаст? Оё рӯзгори абаси дигаре дар камини мо нанишастааст?

Воқеъиятҳои торих метавонад барои бархе талх бошад, аммо кас чорае ҷуз пазириши онҳо надорад. Дар торихи башарият ҳар нерӯе, ки бо дасти бегона бар курсӣ нишаста, сияҳном будаву сияҳном рафтааст. Танҳо миллатҳое, ки имрӯзу фардояшонро бо дастони худ сохтаанду сарнавишташонро худ рақам задаанд, сари баланду овози расо доранд. Тавтеапиндорӣ ҳам аз миёни онҳо рахт баста, чун фазое барои дасисаҳои бегонагон боқӣ намондааст.

Албатта, омилҳои фаровони дигаре ҳаст, ки чунин шароитро падид меоварад. Як давлати бархурдор аз эътимод ба нафс, ки ба доду инсоф арҷ қоил аст ва ба мардум маҷоли нафас кашидану ҳарф задан медиҳад ва озодиҳои маданиро арзонӣ медорад, метавонад саранҷом ҷомеъае бино ниҳад, ки дар он мафҳумҳои меҳандӯстию ҳаммеҳандӯстӣ ҷойгоҳи ростин ва на тазоҳурии худро пайдо мекунанд. Дасти бегонагони бадсигол ҳам аз як чунин ҷомеъаи мунсаҷим кӯтоҳ аст.

Wednesday, July 01, 2009

Tajikistan's War & Peace

Чанг ва сулх дар Точикистон

به دبيره پارسی

Рузи шанбеи гузашта дар Точикистон аз дувоздахумин солрузи поёни расмии чанги дохилй дар он кишвар тачлил шуд; чанге, ки панч сол тул кашид ва пас аз имзои паймони нихоии сулх дар Маскав хам пасларзахои маргбори он барои солхо идома дошт; чанге, ки дар чараёни он панчох хазор тан чон доданд ва сад хазор тани дигар бехонумон шуданд; чанге, ки нафаси чунбиши озодихохии Точикистонро дар хамон авони пайдоишаш буриду хафа кард.

Коршиносону сиёсатмадорон дар арсаи байнулмилал борхо аз поёни чанги Точикистон ба унвони улгуе барои поён додан ба дигар чангхои дохилй ёд кардаанд ва дар бораи ин чангу ангезахои он пажухишхои сутурге анчом додаанд. Тозатарин китобе, ки ба ин мавзуъ ихтисос дорад, дар остонаи дувоздахумин солрузи поёни чанг мунташир шуд, зери унвони баланди «Точикистон пас аз чанг; сиёсати сулхсозй ва пайдоиши низоми машруъ» ба калами Чон Хетершо (John Heathershaw) аз Донишгохи Экзетери Инглис.

Хетершо дар макотеъи мухталифе таи солхои 2003 то 2007 ба унвони мушовир ва пажухишгар дар таркиби созмонхои байнулмилалй дар Точикистон маъмуриятхое доштааст ва «Точикистон пас аз чанг» хосили тахкикоти у дар он солхост.

Чанг ва сулх дар Точикистон дар се фасли умдаи ин китоб зери унвонхои «Демукросй ва кудрат», «Амният ва хокимият» ва «Тавсеъа ва маъишат» ба таври окодемик баррасй шудааст.

Хетершо мегуяд, бо ин ки дар Точикистон сулх хукмфармост, фазои кишвар хамчунон «пасочангй» арзёбй мешавад. Харчанд чанге, ки дар соли 1992 огоз гирифт, расман дар соли 1997 поён ёфт, хушунатхои сиёсии кобили мулохизае то соли 2001 идома дошт. Акнун хеч фармондехи мустакилле бо афроди мусаллах бокй намондааст, ки кудрати давлатро ба чолиш бикашад. Дар натича, давлати кунунй, ки хамон давлати замони огози чанг аст, бо хеч неруи мухолифи чиддии низомй ё сиёсй мувочех нест. Поёни чанг ба Точикистон мачоле дод, ки то авоили дахаи 2000 ба рушди нисбии иктисодй даст ёбад.

Хетершо ангезахои чанги дохилии Точикистонро дар се буъд баррасй мекунад, ки нахустини он дар пажухишхои дигар сохибназарон хам ба каррот омадааст: махалгаройи ва талоши нухбагон (элита) барои ба даст овардани кудрат дар паи фурупошии Шуравй. Буъди дувуми он набарди идеулужики кумунистхо ё бозмондагони онхо бо исломихо, демукротхо ва миллигароёни точик унвон шуда. Ва саранчом, набарди кудрат миёни нухбагони вактро хам метавон далели огози даргирихо унвон кард; нухбагоне, ки бо истифода аз ду омили фавкуззикр, яъне таъаллукоти махаллй ва акидатии мардум, ба пайкори хамдигар рафтанд, ки дар натичаи он як махал ва идеулужии бахусус чира шуд.

Хетершо дар ин бахш аз китоби худ ба накши Русия ва Узбакистон дар огози чанги дохилии Точикистон ишора намекунад, аммо дар идомаи китоб додахои муфассалеро дар ин бора ироа кардааст ва ба накл аз манобеъе, аз хузури намояндагони хар ду кишвар дар чаласаи изтирории порлумон дар соли 1992 барои тагйири режим ривоят мекунад ва аз ин ки чи гуна нерухои низомии Русия ва Узбакистон дар чараёни чанги дохилии Точикистон мустакиман даргир буданд.

Хетершо менависад:

«Мудохилаи хоричй нахуст хушунатхои бештарро доман зад ва шаклу шароити низоъро тагйир дод; сипас, ба вижа пас аз соли 1996, тарафхои даргирро ба инъикоди сулх ташвик кард.»

Ба бовари вай, зухури Толибон дар Афгонистон буд, ки хам Русия ва хам Эронро водошт, то тарафхои мутахосимро канори хам оваранд. Хетершо мегуяд, ки пас аз соли 1996 Русия сулхсозиро чойгузини «таъаххуди бекайду шарт» ба давлати Рахмон кард, аммо хамчунон мекушид дар паймони сулх бартарии давлат бар мухолифон хифз шавад.

Дар ин миён созмонхои байнулмилалй хам талош мекарданд сулхи навпоро таквият кунанд ва мизони кумакхои хоричй ба Точикистон дар паи имзои паймони сулх башиддат афзоиш ёфт. Ба гунае, ки дар соли 2001 хабдах дарсади даромади нохолиси миллии кишварро кумакхои хоричй ташкил медод.

Ба бовари Хетершо, созмонхои хоричй бо таваккуъоти мутафовит аз хостахои давлати Точикистон ин кумакхоро ироа мекарданд ва интизор доштанд, бо тарвичи демукросй ва эчоди чомеъаи маданй ангезахои умдаи огози чангро барои хамеша бизудоянд. Хетершо мегуяд:

«Чомеъаи байнулмилалй бо бардоште мутафовит аз мафхуми хукуматдорй ба давлат кумак мекунад, дар холе ки давлати Точикистон ба дунболи хадаф ва иде(я)-и дигарест. Маъмулан чомеъаи байнулмилалй намехохад ин хакикатро бипазирад, ки бо кумак кардан ба давлат ва хамкорй бо он коре дар заминаи интиколи мафхуми либерол ва демукротики «хукуматдорй» ба Точикистон накардааст. Коре, ки чомеъаи байнулмилалй анчом медихад, дар вокеъ, химоят аз хокимият (суверенитет)-и Точикистон аст. Ин кумакхо ба Точикистон имкон медихад дар арсаи байнулмилалй вачхаи як кишвари мустакилро дошта бошад, ки ба намояндагй аз мардуми худ амал мекунад. Бад-ин гуна, чомеъаи байнулмилалй хам дар фарохтар шудани шикофи миёни «мафхуми хукуматдорй» (state idea) ва «дастгохи хукуматй» (state system) дар Точикистон сахм мегирад. Ва ба мардум ин тасаввурро медихад, ки давлат вокеъан тавонманд аст ва метавонад аз онхо намояндагй кунад ва аз хокимият ва эхтироми байнулмилалй бархурдор аст. Дар айни хол, чомеъаи байнулмилалй наметавонад бо мушкилоте аз кабили фасоди молй ва хешовандсолорй дар давлати Точикистон мукобила кунад.»

Хетершо муътакид аст, ки миёни «мафхуми хукуматдорй» ва «дастгохи хукуматй» дар Точикистон тазодди фохише хаст. Ба гуфтаи вай, «мафхуми хукуматдорй» барои нухбагони хокими Точикистон, раиси муктадирест, ки ба шеваи сарвари як хонадон рахбарй мекунад. Худи макомоти кишвар борхо Точикистонро ба як хонадони бузург ташбех кардаанд, ки холати падарсолорй дорад. Раисичумхурй тачассуми давлат ва як хокими солех аст. Вале тачрубиёт ва бархурди, масалан, як сарбоз дар хидмати низом-вазифа, ки аз камхурокй, бадрафтории фармондехон ва шароити бади зиндагй озор мебинад, тасаввури у аз ин мафхумро махдуш мекунад. Дар холе ки чавони дигаре, ки дар давлат хешовандон ё пайвандхое дорад, аз ин озору азият масун аст.

Хетершо мегуяд:

«Агар Точикистонро як хонаводаи бузург ба хисоб оварем, бояд гуфт, ки ин хонавода нокоромад аст ва падари хонавода бо аъзои он бархурди хамсон надорад.»

Хетершо интизори вукуъи тахаввулоти умда дар Точикистонро надорад. Аммо дар айни хол муътакид аст, ки авомили аслии огози чанги дохилй дар ин кишвар хамчунон сари чои худ бокист.

«Точикистон пас аз чанг» як китоби окодемик аст, ки умдатан донишпажухон ва сохибназарони улуми сиёсиро мухотаб карор додааст.


John Heathershaw
Post-Conflict Tajikistan
Routledge 2009
224p; £80


ПС: Аз дусти хубам Манучехр сипосгузорам, ки хабари интишори ин китобро ба ман дод, ки дар паи он хам китоб ва хам нависандаи онро пайдо кардаму ин матлабро навиштам. Гуфтугуи муфассал бо нависандаи китоб, ки шуниданй буд, баъдан чоп хохад шуд.

Friday, June 13, 2008

The Hanging Sword of Raghun

Шамшери хамоили Рогун

Чусторе аз Парвизи Пилтан (Душанбе)

Окил Окилов - нахуствазири Точикистон ба унвони хамтои русаш Владимир Путин номае фиристоду иштироки ин кишвар дар бунёди неругохи Рогунро дархост кард. Дар холе ки мохи гузашта Рамазон Абдулатипов - сафири Русия дар Точикистон шикоят мекард, ки тархи чадиди пешниходоти Русия барои ширкат дар сохтмони ин неругохро давлати Точикистон бечавоб гузоштааст.

Хуб, чаро Эмомалй Рахмон тавассути ёри безинхори худ ба нахуствазири Русия нома фиристод?

Шояд махз аз Путин талаби ширкат кардан ба он маъност,ки макомдорони Точикистон медонанд,ки «вазн»-и Путин дар хукумати Русия чанд аст? Аммо….

Бархе аз коршиносон ин гашти мавзеъи окои Рахмонро ба хаводиси ахири Кулоб ва боздошти Сухроб Лангариев нисбат медиханд. Сухроб Лангариев - бародари Лангарй Лангариев ва писари бобои Салмон – аз кумандонхои саршинос Фронти Халкй аст, ки дар руи кор омадани хукумати Рахмон сахми мустаким доранд.

Макомоти амниятии Точикистон уро дар ташкили гуруххои фаромиллии кочоки маводди мухаддир ва горатгарй бо истифода аз силох муттахам мекунанд. Аммо эъломи иттихом ва шеваи боздошти у дар 27 мохи май дар пеши назари мардуми Кулоб барои як рузи тамом сахнахои чанги хакикии солхои навадумро зинда кард.Дар чараёни ин боздошт, ки тавассути силоххои сакила сурат гирифт шаш нафар кушта шуд, даххо тан захмй ва даххо хазор дулор хисорат ба бор омад. Мухимтар аз хама ин хама эъломи иттихом мардумро конеъ накард ва мардум ба он чи ки хукумат гуфт, бовар накард.

Дар ин миён бар асоси ахбори бархе аз манобеъи наздик ба хукумат, иллати аслии хамла алайхи Сухроб чилавгирй аз накшаи анчоми табаддулоти давлатй алайхи Рахмон ва хукумати вай будааст. Гуфта мешавад дар ин кудето бархе аз фармондехони пешини Иттиходи мухолифони точик дар Бадахшон, Гарм ва Ванч низ шарик буда ва дар макомоти марказй низ хаводорон ва чонибдорон доштаанд.

Гуфта мешавад, ки се мошин силох ва мухиммоти чангй, ки Сухроб ба минтакаи Гарм барои яке аз ин фармондехон рохй кардааст, дар рох аз тарафи кормандони амният боздошту мусодира ва хамин тавр тархи кудето ошкор шудааст. Зимнан, гуфта мешавад, ки ин силоххоро Сухроб аз Афгонистон харидорй карда ва накшаи анчоми табаддулот низ дар ин кишвар тархрезй шудааст ва бар асоси ахбори хамин манобеъ, ин бор ин накша аз суи русхо пайрезй шуда ва хамчунин дар чанд рузи кабл аз хамла ба Сухроб Махмуд Худойбердиев - сарханги пешини вазорати дифоъи Точикистон, ки дар табъид ба сар мебарад, аз марзи вокеъ дар нохияи Турсунзодаи Точикистон ва Сариосиёи Узбакистон дидан кардааст ва Махмуд низ, гуфта мешавад, аз дигар чониби ин кудето будааст.

Аммо русхо ба хотири нопадид кардани радди пои худ махз аз тарики Афгонистон ба анчоми ин амал икдом кардаанд. Дуруст аст, ки русхо дар минтака дасти дароз доранд ва дуруст аст, ки муносибати Рахмон дар заминаи Рогун бо ин кишвар сард шудааст ва низ дуруст аст, ки бидуни Русия ва ичозаи он ин неругох сохта нахохад шуд. Зеро ин неругох на танхо як манбаъи таъмини рушнойи ба манозили точикон хохад буд, балки ин неругох як дафтар ё маркази мухимм ва калидии идораи кудрат дар Точикистону Узбакистон ва хамин тавр минтака хохад шуд, ки дар хеч сурат русхо онро ба дасти касе дигар намедиханд. Зеро бо ин неругох назорат ва кунтрули комил ва саддарсадии ояндаи бахши аъзами иктисоду кишоварзй ва хамин тавр саноеъи ин кишвархо, яъне хаёту мамоти минтака ба даст хохад омад.

Аз ин чост, ки Рахмони тарсон бо хазоруяк пушаймонй ба Русия аз номи ёри безинхори худ (Окилов) нома задааст, то русхоро дигарбора барои иштирок дар сохтмони неругох даъват кунад. Вай хуб медонад, ки русхо аз чи кудрат ва нуфузе бархурдоранд ва дар холати нодида гирифтани он сад бонки чахонй кодир ба пуштибонй аз Рахмон нахохад буд. Харчанд бар асоси тавофукоти миёни ду кишвар дар холоти истиснойи Рахмон хакки фармондехии пойгохи 201-и Русия мустакар дар Точикистонро дорад, аммо ин чо як нюанс аст, яъне танхо бо мувофакаи чониби Русия.

Гуфта мешавад, хадамоти амниятии Точикистон ба Рахмон фахмонидаанд, ки Сухроб тахти фармони хамин русхост. Ва Рахмон акнун аз тарс ба Русия нома навиштаву даъват кардааст , ки бар сари Рогун бозгардад. Албатта, Рахмон барои хифзи курсй ва бакои кудраташ ба хар рохе хохад рафт, ки мо инро дар тули ин солхо борхо мухошида кардаем. Мисоли возехи он хамон харфи торихии уст, ки Ислом Каримовро падари худ ва миллат эълом карда буд, вале баъдтар падар аз фарзандонаш ру тофт.

Ба хар сурат, Рогун на танхо нумоди номуси миллй ва символи давлатдории точикон аст, балки аз суи дигар, шамшери хамоил ва ё корди дудамаест бар фарки сари кудрати Рахмон.

Вале як суоли дигар ин аст, ки чаро Рахмон ва идороти амниятиаш аз эълони иттиххоми мазкур ва ё , тавре мегуянд ,«асли казия»-и Сухроб ичтиноб варзиданд ва нагуфтанд, ки вай касди ташкили табаддулоти давлатиро дошт? Зеро тарсиданд. Тарси онхо аз мардум аст. Чунки мардум низ аз Рахмон, дар вокеъ, хаста шудааст. Аз чониби дигар, Рахмон ба мардум чи тур метавонад бифахмонад ва итминон дихад, ки хамаи онхое, ки замоне хамрохаш буданд, касди табаддулот алайхи уро мекунанду карданй буданд: Яъкуб Салиму Гаффор Мирзо, Махмуд Худойбердиеву инак, бобои Салмону фарзандонаш ва низ Мухаммадрузй Искандаров нохакканду танхо ва танхо вай хакк аст? Ва то ба кай метавон афродро бо иттихоми кудетогарй ба махбас кашонид? Холо ин суол дигар чавоб пайдо кардааст, ки Рахмон аз рохи сиёсй рафтанй нест ва чи дар дохилу чи дар хорич ва хатто наздиктарин касонаш хам ба касди сарнагунии у уфтодаанд.

PS: Як Дарвеш бино ба мулохизоте номи бархе аз афроди мушаххасро, ки иддаъо шудааст аз хамрохони Сухроб Лангариев будаанд, аз матни ин гузориши дарёфтй хазф кардааст.

Wednesday, May 28, 2008

War Games in Kulab

Чангбозй дар Кулоб

Дар кучахои Ландан гох-гудоре роххоро мебанданд, тавре ки наметавонед хатто ба хонаи худатон рох ёбед. Албатта, ин холат танхо замоне иттифок меуфтад, ки бадшонсй оварда бошед ва карор бошад неруи пулис ба хонаи касе аз хамсоягонатон юриш бибарад. Навори зард бо навиштаи “Danger” (Хатар) майдони фарохи чандсадметриро фаро мегирад ва фосила ба андозае дур аст, ки иттифокоти махалли ходисаро хам наметавон дид. Пас аз муддате як марди чашму дастбастаро берун меоранду даруни худрави пулис хул медиханд ва навори зардро бехаёху боз мекунанд ва шумо хам орому беходиса вориди хонаатон мешавед.

Дар Точикистон мумкин аст хар он дари хамсояатонро бизананд ва бо шуру шавки кудакона ба чангбозй бипардозанд. Дуруст мисли иттифоке, ки дируз дар Кулоб уфтод. Дар натича афроди бегунохи рохгузар аз чумла як кудак, ки ноогохона аз канори махалли ходиса мегузаштанд, кушта шуданд ва руи макомоти кишварро сиёхтар карданд. Чони одамй барояшон сари сузан агар арзиш дошт, бояд бо эхтиёти бештар хамла ба хонаи дусти пешину душмани имрузашон Сухроб Лангариевро анчом медоданд.

Бародари «кахрамон»-и чанги дохилй, ки кахрамоне надошт, боздошт шуд. Агар давраи чанг буду давлати ларзон ба шонахои Сухроб ниёз дошт, ки мутаккояш бошад, албатта, аз тамоми табахкорихои у, аз чумла пинхон кардани 100 килуграм херуинаш чашм мепушиданд.

Аммо посухи модарони синарешу догдидаро кй бояд бидихад?