Friday, June 27, 2014

Кадом "Рӯзи Ваҳдат"?

Аз субҳи имрӯз паёмҳои шодбош дарёфт мекунам. Дӯстони арҷманде аз Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдатро шодбош мегӯянд. 

Бо арҷ ба якояки онҳо менависам: Ин рӯз бар шумо хуҷаста бод!
 

Аммо, баростӣ, суҳбат аз кадом “ваҳдат” аст? 

Оё тайи ин 17 сол баростӣ ба ваҳдат даст ёфтаем? Оё тоҷик ба ъунвони як миллати якпорча қад ъалам кардааст? Ё ҳанӯз бо гузашти ҳудуди 20 сол дар ҳоли тақсими ғаноими он ҷанги шармовар аст? Ё ҳанӯз як тараф, як маҳал, як русто, на, як хонавода худро танҳо пирӯзи он ҷанг медонад ва қабза кардани дору надори миллатро ҳаққи ҳалоли худ медонад? Оё Тоҷикистон ба дарки ин мавзӯъ расидааст, ки ҷанги панҷсола пирӯзи дохилӣ надошт ва ҳар ду тарафи тоҷики ҷанг бозандаи мутлақи он буданд? Оё дарёфтааст, ки дар паи он ҷанг тоҷик ба нагунбахттарин, бадномтарин, бечоратарин ва оворатарин миллати паҳнаи пасошӯравӣ табдил шудааст? Оё фаҳмидааст, ки он ҷанг ъиззати нафси тоҷикро барбод дода, ба гунае, ки дигар ҳувияту худшиносӣ, шуъуру ғурури миллӣ ба саробе дастнорас табдил шудааст? Оё ба ҳисоби шӯрандозони бегонаи он "ҷанги дохилӣ" расидааст ё дастикам ниқоб аз чеҳраи онҳо барафкандааст?..

Пас суҳбат аз кадом ҷашни ваҳдат аст?

No comments: