Showing posts with label USA. Show all posts
Showing posts with label USA. Show all posts

Thursday, January 30, 2020

Forgotten Lessons

Experiencing withdrawal symptoms after finishing this lengthy well-narrated and well-produced series about the greatest events of WWII in colour produced last year.

With an enormous amount of survivor testimonials and British, German, American, Japanese, Russian and Dutch perspectives the new series outshines the older ‘World War II in HD Colour’ (2009) narrated by Robert Powell. Those old grainy black and white images of 70-80 years ago are colorised using the latest techniques, so that old day politicians, Nazi soldiers and officers, the allies’ infantrymen and pilots, civilians, inmates at the concentration camps look so real and relatable, as if all that horror is unfolding right now in front of our eyes. We are reminded not just by narration but also by these very images that it all has happened and might happen again, if we slip into traps of crazy but alluring minds, populist, extremely popular, hatred-spreading politicians. We are reminded of Hitler’s motto before he came to power: “Let’s make Germany great again!”

Adolf’s overdeveloped sense of vengeance is so obvious when we see him full of silly arrogance entering the Compiègne Wagon to sign the Armistice of 22 June 1940 with his disgraced French counterpart. He had to drag the carriage out of a French museum and place it at the exact site of the signing of the Armistice of 11 November 1918 with Germany as the loser of the First World War. He wanted to erase that moment from the memories by the second signing; this time victoriously. As if there never was a loss; it had never happened. To make sure that it is fully forgotten he had the wagon destroyed afterwards. We realise from the dawn of his political life that the world is dealing with a psycho who enjoys a great deal of popularity in his own country.

Apart from dehumanising experiments of the Nazis, the concentration camps and Holocaust, we also learn about Churchill’s atrocities more vividly; about the British attack on a French warship in Algerian waters that killed 1200 French nationals, since Paris changed hands. He regretted it later. It’s terrifying to see in colour what happened to Dresden’s civilians after the “firestorm” set by the British/American air forces. It swept off 25000 mostly civilian lives. But it pales in comparison to Tokyo bombing that killed 100 000 and flattened the Japanese capital in a couple of hours of the most destructive bombing so far; until Hiroshima tragedy overshadows all other atrocities in human history. 70 000 people evaporate in less than a second with tens of thousand more victims to follow. The same happens with Nagasaki to make the Japanese capitulation possible... The prelude to these colossal disasters of humanity was the Japanese surprise strike on Pearl Harbor that killed over 2400 American servicemen about 4 years earlier...

You might know most of these stories if you’ve been a good student at history class. However, this well-structured documentary in colour brings those events to life and shakes you up and saddens you. 

You can feel more profoundly that human race tends to not retrieve lessons from the past.

Monday, November 18, 2019

Садоқат ба Меҳан вафодорӣ ба мардум аст!


Ба ин хиёли ботил будам, ки фақат як рӯз кофист аз Фейсбук чашм бипӯшам, то сели чоплусиҳо ба он муносибати булъаҷаб бигзарад. Касоне, ки аз қатори почахорӣ дер мондаанд, ҳамчунон дар ҳоли пайвастан ба ин сабқати ноҳумоюнанд.

Мегӯям “булъаҷаб”, чун аслан хабар надоштам, ки Тоҷикистон ҳам “Рӯзи Раисиҷумҳур” доштааст.

Албатта, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳам чунин рӯзе дорад, ки бо рӯзҳои таҷлил аз зодрӯзи Ҷурҷ Вошингтун (George Washington), бунёнгузори он кишвар ва нахустин раисиҷумҳури Омрико, мусодиф аст.

Ӯ аз соли 1789 то 1797 раисиҷумҳури Омрико буд. Бештар аз 8 соле, ки муҷоз буд, сари қудрат намонд ва ҳар ду бор ҳам интихоби шаффофи мардум буд, ки ӯро бар сари қудрат қарор дод. Пас аз он ҳам, ки муҳлати раҳбариаш поён ёфт, ду соли дигар зиндагии обрӯмандонае дошту даргузашт. Аз ин рӯ имрӯз ҳам муҳтарам аст.

Аз ӯ ба ъунвони касе ёд намешавад, ки барои чанд даҳа қудратро худхоҳона ва қулдурона қабза карда бошад ва барои ҳифзи қудрат мухолифони худашро овора, зиндонӣ ё терур карда бошад. Ӯро ба ъунвони касе намешиносанд, ки шаҳрвандони кишварашро ба тамаллуқу чоплусӣ водошта бошад, то ба ҷойгоҳе бирасанд ё ноне барои хурдан гирашон биёяд. Ӯ ҳаргиз накӯшид бо тағйири муқаррароти қонунӣ беш аз мавъид бар маснадаш бимонад ё яке аз фарзандхондагонашро ба ҷои худаш бар курсии раёсати ҷумҳурӣ бирасонад. Марде буд меҳанпараст ва кӯшишгари ростин дар ростои бахтёрии мардуми сарзаминаш.

Замоне ки Ҷурҷ Вошингтун зинда буд, мусалламан, аз зодрӯзи ӯ дар саросари кишвар таҷлил намешуд. Ҳудуди 200 сол баъд аз маргаш Кунгреи Миллии Омрико тасмим гирифт ба поси хадамоти бунёнгузори давлатдории ин кишвар душанбеи севуми моҳи февриеро “Рӯзи Раисҷумҳур” эълом кунад. Дар ин рӯзу ҳафта аз корномаи на танҳо Ҷурҷ Вошингтун, балки ҳамаи раисони ҷумҳури Омрико таҷлил мешавад.

Пас он “Рӯзи Раисҷумҳур” ба ин “Рӯзи Раисҷумҳур” кӯчактарин шабоҳате надоштааст. Шояд бигӯед “Омрико куҷову Тоҷикистон куҷо?!” Аммо суҳбат аз Омрикои садаи 18-уми мелодист ва муқоисаи он бо Тоҷикистони садаи 21. Пас ин 250-300 сол ҳам барои рушди зеҳнию ахлоқии мо кофӣ набудааст? Бале, курнишу таъзиму чоплусӣ ба мизони рушди зеҳнию ахлоқӣ бармегардад ва танҳо касе, ки дар ин замина камзӯр аст, тан ба чоплусию тамаллуқ медиҳад.

Яке аз шиъорнивисон бешармона нивишта: “Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан!” Яъне мафҳуми муқаддаси “Ватан”-ро дар вуҷуди як инсони миро хулоса кардаанд. Ва агар он инсон рафт, мафҳуми “Ватан” ҳам барои ин афроди чоплус аз як вуҷуд ба вуҷуде дигар мунтақил мешавад. Дар воқеъ, садоқат ба як инсон ҷои садоқат ба Ватанро мегирад.

Садоқат ба Меҳан, яъне вафодорӣ ба обухоку миллати он сарзамин. Раисҷумҳур ҳам бояд дар саффи афроди дигар ба он обухоку миллат ва манфиъатҳои он вафодор бимонад ва, масалан, хокашро ба кишвари ҳамсоя надиҳад (ки ъамале хилофи Қонуни Асосӣ аст), мардумонашро ба далели боварҳои мухталиф саркӯб накунад, ба фикри таъмини маъишати мардум бошад, то овораи кӯю диёри бегона нашаванд ва пайваста ба фикри манфиъати миллат ва сарбуландии он бошад. Раисҷумҳур яке аз фарзандони он обухок дар хидмати он обухок аст. Раисҷумҳур барои даврае кӯтоҳ, ки дар Қонуни Асосӣ муқаррар шуда, хидматкори мардум аст ва ҳаргиз мардум хидматкори ӯ нестанд. Раисҷумҳур касест, ки лагоми нафси худро дар ихтиёр дошта бошад ва нагзорад, ки тамаллуқу чоплусии атрофиёнаш ӯро фосид кунанд; касест, ки тан ба тағйири Қонуни Асосӣ барои бақои он қудрати фосид намедиҳад.

Масалан, дар Бритониё, агар садоқат ба Меҳан ба маънои садоқат ба нахуствазир мебуд, имрӯз ин кишвар ошуфтабозор мешуд. Чун ҳар яке-ду солу гоҳ чанд моҳ баъд нахуствазире дигар сари кор меояд. Пас ҳоло афроди содиқ ба Дейвид Комерун бояд ба ҷони ҳаводорони Терезо Мей биуфтанд ва онҳо ба навбаи худ бар афроди вафодор ба Бурис Ҷонсун битозанд?.. Агар садоқат ба нахуствазир ба маънои вафодорӣ ба Ватан буд, ҳатман чунин мешуд ва заминаҳои ҷанги дохилӣ ҳамеша фароҳам буд. Вафодорӣ ба як нафар ба ҷои вафодорӣ ба Меҳан боъиси хунрезиҳои бисёре шудааст. Бавежа агар он як нафар ҷоҳталабе бошад, ки нахоҳад қудратро ба мардум пас бидиҳад ва овезони курсӣ шуда бошад. Чиро нооромиҳо дар кишварҳое сурат мегирад, ки дучори истибдоди ҳокимони худкомаи часпида ба курсӣ ҳастанд? Чун худкомагӣ имкони интихобро аз мардум салб мекунад ва мекӯшад мардумро табдил ба рамаи ҳарфшунав кунад. Аммо фақат бахшҳое аз мардум табдил ба рама мешаванд. Бахшҳое инсон мемонанд ва ҳаққи худро аз даҳони шер ҳам мегиранд. Дар натиҷа, ҳокимоне, ки бар курсиҳои худ сахт часпидаанду мункири иродаи мардум ҳастанд, ҳамеша сабабгори бадбахтиҳои ъазиме барои миллати худ будаанд. Дар кишваре, ки қудрат дар дасти як нафар мутамаркиз нест ва раёсати ҷумҳурӣ мечархад ва рӯи як кас собит намондааст ва қонун кор мекунад, хатари ҷанги дохилӣ ва нооромиҳо бисёр камтар аст, агар нагӯем, ки аслан вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ, садоқат ба Ватанро ҳаргиз набояд бо вафодорӣ ба як нафар иштибоҳ гирифт. Садоқат ба Ватан вафодорӣ ба миллат ва манфиъатҳои миллӣ аст. 

Thursday, May 25, 2017

Нигоҳи як таҳлилгари ъараб ба моҷарои Тромпу Саъудӣ

Дуктур Амира Абулфутӯҳ аз таҳлилгарони торнамои MiddleEastMonitor аст ва аз манзари як ъараби мусалмон ба мавзӯъ нигоҳ кардааст. Матлаби эҳсосотист, аммо баёнгари дидгоҳи ҷамъи касире аз ъарабҳо ба мавзӯъ. Яъне бо вуҷуди тафовути дидгоҳ дар бархе аз маворид ва вуҷуди нукоти носаҳеҳ дар ҷой-ҷойи матлаб мешавад хашми як ъараби мусалмон ва нигоҳи ӯ ба ин мавзӯъро дарёфт.

Мегӯяд: 

“Душмани ислом ва фарди мутанаффир аз мусалмонон аз зодбуми ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари ислом ва сарзамине, ки макони ҳарамайни шарифайн аст, боздид кард, то ошкоро ъалайҳи ислому мусалмонон эъломи ҷанг кунад. Ӯро раисони ҷумҳур, подшоҳон ва амирони кишварҳои мусалмон ҳамроҳӣ карданд, ки ӯ аз ақсо-нуқоти ҷаҳон ба монанди дому аҳшом (чорпо) гирди ҳам оварда буд. Марде, ки дар баробари раъйдиҳандагонаш пеш аз интихобот бо ишора ба Ъарабистони Саъудӣ қавл дода буд, ки он говро то замоне бидӯшад, ки шираш бихушкад ва сипас онро бикушад, меҳмони ин кишвар шуд. Ин раисиҷумҳури омрикоӣ, Дунолд Тромп, ки ба мардуми кишвараш қавл дода буд исломро аз сафҳаи замин бизудояд ва вуруди мусалмонон аз чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ъарабистони Саъудӣ ба Омрикоро мамнӯъ кунад, ба Ъарабистони Саъудӣ сафар кард, дар ҳоле ки ин кишвар, бино ба Қонуни Ъадолат Ъалайҳи Ҳомиёни Терурисм (JASTA), ки Кунгреи Омрико барои ҳамин кишвар тасвиб карда, таҳти таҳрим аст. Сарфи назар аз ҳамаи инҳо, аз вуруди ӯ (Тромп) ба кишвар ба таври бесобиқа ва пурзарқу барқ истиқбол карданд!

Тамомии ин моҷаро музҳик буд ё бештар ба як кумедии сиёҳ мемонд; замоне ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бар курсии раёсати иҷлоси Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ва нишасти сарони кишварҳои мусалмон нишаст. Гӯё ӯ ба ъунвони Амир-ал-муъминин ба хилофати милали мусалмон расида буд. Ӯ ба касоне, ки дар баробараш нишаста буданд, дастури мубориза бо даҳшатафканӣ (терурисм) ва рондани он аз кишварҳояшонро дод. Ӯ гуфт, ки Омрико ба намояндагӣ аз онҳо нахоҳад ҷангид ва ба онҳо “чароғи сабз” дод, ки ъалайҳи уммати худашон биҷанганд. Ӯ “Ҳамос”-ро як созмони даҳшатафкан (терурист) хонд ва ҳеч як аз ҳозирон ҷуръати мухолифат бо ин дидгоҳро надошт. Зеро бо Амир-ал-муъминин наметавон мухолифат кард.

Тромп ҳамчунин гушоиши Маркази Ҷаҳонии Мубориза бо Идеулужии Ифротӣ (GCCEI) дар Ъарабистони Саъудиро эълом кард. Ъарабистони Саъудӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар раъси ин марказ хоҳанд буд. Мусалламан, ҳамаи мо медонем, ки чи чизе аз дидгоҳи Иёлоти Муттаҳида “идеулужии ифротӣ” ба шумор меояд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ӯ дар сарзамини ислом ъалайҳи ислом эъломи ҷанг кард! Ҳукумати саховатманди Ъарабистони Саъудӣ барои ҳифзи тоҷу тахти худ ба ӯ 460 милёрд дулор пардохт; бо ин тасаввур, ки хатари Эрон онро таҳдид мекунад. Эрон матарсак (хӯсаи полиз, “пугало”)-ест, ки Омрико барои Ъарабистон сохтааст, то аз он баҳракашӣ кунад ва дороиҳояшро ба яғмо бибарад. Дар гузашта ҳам ҳамин корро бо Ъироқи Саддом Ҳусейн карда буд, то замоне ки муваффақ ба ишғоли Ъироқ шуд ва онро ба Эрон, душмани торихиаш, таҳвил дод.

Вале Ъарабистони Саъудӣ аз рӯйдодҳои ахир ва гузаштаи торих дарсе намегирад ва то кунун нишон додааст, ки аз аблаҳтарин раҳбарони ҷаҳон дар тӯли торих аст. Ҳамон гуна ки интизор мерафт, Тромп ибтикори Малик Ъабдуллоҳ (подшоҳи пешини Ъарабистон) барои буҳрони Фаластинро написандид ва ҳеч ишорае ҳам ба роҳи ҳалли “дукишварӣ” ё ҳеч роҳкори дигаре дар буҳрони Фаластин ё ба қавли худаш, “муъомилаи қарн” накард. Ӯ фақат ёдовар шуд, ки барои дидор бо Нетонёҳу ба Байтулмуқаддас сафар хоҳад кард; яъне масъалаи Фаластин ҳатто дар дастури кори ӯ набудааст.

Баростӣ, ин нишаст кунфронси нангу шармандагӣ буд. Рӯзи эъломи марги ъарабҳо буд, чун онҳо дигар рӯи нақша ҳузур надоранд. Онҳо расман ба зери чатри Омрико рафтаанд ва мо барояшон изҳори ҳамдардӣ намекунем. Зеро онҳо ин хиффату хориро, ки кӯбандагони динашон бар онҳо таҳмил кардаанд, пазируфтанд. Ин сарафкандагиро пазируфтаанд, то тоҷу тахти худро ҳифз кунанд. Нафрин бар тоҷу тахте, ки мақому манзалат ва каромати ъарабҳоро аз даст дода бошад ва лаънат бар ононе, ки дину сарваташонро ба касоне бохтаанд, ки ъалайҳи адёни онҳо меҷанганд; дар ҳоле ки милали мусалмон дар гуруснагӣ ба сар мебаранд.

Дар ҳоле, ки Ъарабистони Саъудӣ ва фармонравоёни ъарабу мусалмон аз вуруди Халифи ҷаҳони ислом ба сарзаминашон таҷлил ва ба ӯ изҳори фармонбурдорию вафодорӣ мекунанд, мақомҳои Омрико дар ҳоли баррасии эъломи ҷурм ъалайҳи Дунолд Тромп ҳастанд. Дар паи расвоии марбут ба равобити ӯ бо русҳо ва ифшои асрори Омрико ба онҳо чунин эҳтимоле матраҳ аст. Ин таноқуз баёнгари тафовут миёни мо ва онҳост; тафовут миёни ҷиддияту ъазми росих, арзишҳо ва усул аз як тараф ва фиребу дурӯғ ва гумроҳсозӣ аз сӯи дигар.”

(Поёни матлаби Амира Абулфутӯҳ, MiddleEastMonitor)

Tuesday, April 18, 2017

Туркия ҳам раёсатӣ шуд; Ба монанди Омрико?


Дориюши Раҷабиён
Би-Би-Сӣ

Шӯру ҳаяҷони ҳамапурсии Туркия дар ҳоли фурӯ нишастан аст, аммо баҳсҳо дар мавриди ин ки чи тағйире дар Қонуни Асосии ин кишвар рух дода, барои муддатҳо идома хоҳад дошт. Яке аз мавзӯъҳое, ки дар ин миён борҳо матраҳ шуда – ва ғолибан аз сӯи ҳаводорони раъйи “оре” дар он ҳамапурсӣ – беҷиҳат будани нигарониҳо дар мавриди эҳтимоли суқути Туркия дар партгоҳи истибдоду худкомагист.

Мегӯянд: Туркия танҳо кишваре нест, ки низоми раёсати ҷумҳуриро бар низоми порлумонӣ тарҷеҳ дода ва қарор аст то ду соли дигар (аз замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии баъдӣ) шабеҳи низомҳои сиёсии кишварҳое чун Омрикову Фаронса шавад. Ва беҷиҳат ҳам намегӯянд. Ҳарчанд низоми сиёсии Фаронса шибҳираёсатӣ аст ва нахуствазир ҳам дорад.

Ва аммо низомҳои сиёсии Туркияву Омрико ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон аз ин ба баъд як таърифи воҳид хоҳанд дошт: низоми раёсатӣ. Низоме, ки дар раъси ҳам ҳукумат ва ҳам давлати он як нафар қарор дорад ва ӯ раисиҷумҳур аст. Вале оё ҳар гирде гирдуст?

Дар расонаҳои дохилии Туркия истилоҳи Türk tipi başkanlık (раёсати ҷумҳурӣ ба сабки туркӣ) мутадовил шуда, ки ҳикоят аз тафовути миёни низоми раёсатии отии ин кишвар бо соири низомҳои ҳамном дорад. Барои намуна, мешавад вежагиҳои низомҳои раёсатии Туркия ва Омрикоро канори ҳам гузошту санҷид.

Истиқлоли қувваи қазоия

Ҳамапурсии Туркия 18 асли Қонуни Асосиро тағйир дод. Нахустини онҳо асли нуҳум буд, ки мегуфт: “Қудрати қазоӣ бояд дар ихтиёри додгоҳҳои мустақил бошад, ки ба намояндагӣ аз миллати Туркия ъамал мекунанд”. Дар паи ҳамапурсӣ як вожа ба таърифи моҳияти додгоҳҳо изофа шуд: бетараф. Яъне фақат “додгоҳҳои мустақиллу бетараф” ҳаққи доварии ҳуқуқӣ доранд.

Феълан додситонҳову қузоти аршади Туркияро чаҳор марҷаъ таъйин мекунанд. Вазифаи таъйини 41 дарсади онҳо ба дӯши қувваи қазоия аст, 46 дарсад бо раисиҷумҳур аст; 8 дарсадро порлумон ва 5 дарсади боқимондаро нахуствазир ва кобине бармегуморанд.

Дар паи ҳамапурсии ахир фақат ду марҷаъ додситонҳову қузоти аршади кишварро мансуб хоҳанд кард: 69 дарсад бо раисиҷумҳур аст ва 31 дарсад ҳам бо порлумон. Ъамалан саҳми ҳар ду афзоиш ёфта, чун ду марҷаъи дигар ҳазф шудаанд, аммо бахши аъзами қузот аз ҷумлаи мансубони шахси раисиҷумҳур хоҳанд буд. Мухолифони ҳамапурсии 27 фарвардин (16.04.17) мегӯянд, ки бо чунин тағйире асли тафкики қуввои сегона зери суол рафта; бахши аъзами баданаи аслии қувваи қазоияро раиси қувваи муҷрия таъйин мекунад ва мобақии онро ниҳоди қонунгузорӣ бо аксарияте, ки аз ҳизби раиси қувваи муҷрия меояд. Интисобҳои раисиҷумҳури ниёзе ба таъйиди марҷаъи дигар надорад.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, аммо, раёсати ҷумҳурӣ дар ин заминаи бахусус сирфан ниҳоди пешбарӣ ё муъаррифӣ аст. Раисиҷумҳур номзадҳоеро ба мақомҳои қазоват дар Девони Ъолии кишвар ба маҷлиси Сено пешниҳод мекунад ва ин маҷлиси Сеност, ки онҳоро мепазирад ё намеписандад.

Ташкили кобине

Яке аз дағдағаҳои аслии як раисиҷумҳури Омрико дар оғози кор гузиниши аъзои кобинеи худ аст; он ҳам ба шевае, ки ба мазоқи аъзои маҷлиси Сено хуш ояд. Дар ниҳоят, ин намояндагони мардум ҳастанд, ки баргузидаҳои раисиҷумҳурро месанҷанду арзёбӣ мекунанд ва барояшон нумреи радд ё пазириш медиҳанд. Намунаи боризаш дардисарҳои ахири Дунолд Тромп барои таъйиди салоҳияти бархе аз аъзои кобинеаш дар маҷлиси Сенои Омрикост.

Аммо дар низоми ҷадиди Туркия раисиҷумҳур дар гузиниши аъзои кобинеаш мухтор хоҳад буд ва бениёз аз таъйиди салоҳияти онҳо дар маҷлис. Истизоҳи вазирон дар маҷлис ҳам ба торих хоҳад пайваст. Танҳо марҷаъи посухгӯӣ барои вазирон ҳамоно шахси раисиҷумҳур хоҳад буд.

Инҳилоли маҷлис

Дар низоми сиёсии раёсатии Туркия раисиҷумҳур метавонад дар сурати зарурати мавриди ташхиси худаш порлумонро мунҳал кунад. Дар бисёре аз низомҳои сиёсӣ як чунин ҳаққе барои раисиҷумҳур дар назар гирифта шудааст. Масалан, дар Фаронса, ки як низоми шибҳираёсатӣ ё омезае аз низомҳои раёсатӣ ва порлумониро дорад, раисиҷумҳур метавонад дар паи ройзанӣ бо нахуствазир ва раисони ҳар ду бахши порлумон Маҷлиси Миллиро мунҳал кунад. Дар низоми сиёсии ҷадиди Туркия раъйи раисиҷумҳур барои инҳилоли маҷлис басанда хоҳад буд.

Ва аммо дар Омрико ин маврид аз усули аввалии тафкики қувво ва истиқлоли онҳо ба шумор меояд. Раисиҷумҳур наметавонад Кунгреро мунҳал кунад. Ҳамон гуна, ки Кунгре наметавонад Девони Ъолиро мунҳал кунад. Ба хотири риъояти тавозуни қувво ҳар як аз қуввои сегона қарор аст аз қудрати мусовӣ бархурдор бошанд.

Тафкику тавозуни қувво

Нигиронии аслӣ ҳамин буд. Чи пеш аз ҳамапурсӣ ва чи пас аз он. Бисёре аз коршиносони Туркия муътақиданд ки ҳамапурсии 27 фарвардин (16.04.17) ба тазъифи тафкику тавозуни қувво меанҷомад.

Яке аз далоили ин нигаронӣ ҳифзи пойбандӣ ва мақоми ҳизбии раисиҷумҳур дар низоми ҷадиди Туркия аст. Яъне агар раҳбари як ҳизби сиёсӣ ба раёсати ҷумҳурӣ бирасад, муваззаф нест мақоми ҳизбиашро тард кунад ва, ба истилоҳ, “раҳбари тамоми мардуму аҳзоб” бошад.

Дар гузашта ин ваҷҳи тамоюзи низомҳои раёсатӣ бо низомҳои порлумонӣ ё шибҳираёсатӣ буд. Нахуствазир дар ғолиби низомҳои порлумонӣ ҳамзамон раҳбари як ҳизби сиёсӣ ҳам ҳаст, ки аксарияти курсиҳои порлумонро ба даст оварда. Аммо раисиҷумҳумр як шахсияти фароҳизбист ё дасти кам бо вуҷуди вобастагиҳои ҳизбиаш ҳеч мақоми ҳизбие надорад.

Ҷурҷ Вошингтун, нахустин раисиҷумҳури Омрико, тӯли ҳашт соли раёсаташ ъузви ҳеч ҳизби сиёсие набуд. Ӯ муътақид буд, ки бад-ин гуна мешавад аз якпорчагию инсиҷоми миллӣ мувозибат кард. Албатта, ҳамаи 44 раисиҷумҳури баъдӣ дар оғози кори худ вобастагии ҳизбӣ доштаанд, аммо на дар мақоми раҳбарии ҳизб.

Дар натиҷа, дар Омрико раисиҷумҳум ва раҳбари ҳизби ҳоким ду фарди мутафовит ҳастанд, бо тарҳу барномаҳои вежаи худ. Ва ин ду нафар метавонанд дар мавриди масоили мухтали дидгоҳҳои мутафовите дошта бошанд ва назароти якдигарро арзёбӣ кунанд ва бо ҳам ба баҳс бипардозанд.

Вале дар низоми сиёсии ҷадиди Туркия раҳбари як ҳизби сиёсӣ, ки номзади раёсати ҷумҳурӣ ҳам ҳаст, феҳрести номзадҳои интихоботи маҷлис аз ҳизби худашро таъйин мекунад. Дар сурати пирӯзии ин ҳизб қувваи муҷрия ва муқаннана (қонунгузорӣ) таҳти кунтрули раҳбари як ҳизби сиёсӣ хоҳад буд. Ва бо таваҷҷуҳ ба яди тӯлое, ки ӯ дар таъини додситонҳову қузоти аршади кишвар дорад, қувваи қазоия ҳам то ҳадди зиёе бо ӯ ҳамназар ё мувофиқ хоҳад буд. Мешавад тасаввур кард, ки дар як чунин низоме ҳар се қувва мумкин аст зери назари мустақими як нафар қарор бигиранд ва заминаи яккасолорӣ фароҳам шавад.

Monday, July 18, 2016

Чи касе пушти "кудетои нофарҷом"-и Туркия истодааст?

Дар посух ба дӯсте, ки назари шахсии маро дар бораи "кудетои нофарҷом"-и Туркия ва ин ки Ғарб то куҷо дар он даст доштааст, ҷӯё шуд.
Ончи инҷо мегӯям, на ба ъунвони хабарнигор ё корманди ҷое, балки ба ъунвони як тоҷики маъмулии нозири рӯйдодҳост.
Ман сидқан хушнудам, ки кудетои Туркия ноком шуд; агар баростӣ кудетое дар кор будааст. Кудето ҳаргиз роҳи ҳал набуда ва нест.
Аз диди ман, ҳар кишваре бояд аз роҳе, ки мардуми худаш интихоб кардаанд, бигзарад, то ба ҷое бирасад, ки ҳамагон толибаш ҳастанд. Базӯр ҳеч ҷомеъаеро намешавад ба як бистар ё масири мушаххас андохт.
Туркия дар ҳоли гузор аст. Ва ҳар ъомиле, ки ҷилави ин раванди гузорро бигирад, Туркияро барои чандин даҳа ба ъақиб меронад. Ва ҳамин рӯйдодҳо дубора такрор хоҳанд шуд.
Масалан, кудетои низомӣ дар Миср рӯйдодҳои сиёсии он кишварро барои даҳаҳо ба таъвиқ андохт. Миср дубора Ҳуснӣ Мубораке хоҳад ёфт ва пас аз солҳо Мурсие хоҳад омад ва ин достон дубора такрор хоҳад шуд, то мардум роҳеро, ки дуруст медонанд, бипаймоянд, аз ҳукумати ъақидатӣ безор шаванд ва роҳи мардумсолорӣ (демукросӣ)-ро пеш бигиранд.
Ман кӯчактарин боваре надорам, ки кудетои нофарҷоми Туркия кори дасти Омрико ё Ғарб бошад. Туркия ҳампаймони Ғарб дар НОТУ-ст ва кишварҳои НОТУ ба ҳеч рӯй хоҳони бесарусомонӣ дар онҷо нестанд.
Ин ба он маъно нест, ки кишварҳои ғарбӣ даст ба чунин саҳнасозиҳое ҳаргиз назадаанд. Балки ба он маъност, ки Ғарб дар ин кор манфиъате надошт. Ва агар баростӣ кишварҳои ғарбӣ пушти он буданд, кудето чунин ношиёна ва бе омодагӣ ва сатҳӣ сурат намегирифт.
Дар миёни касоне, ки даст ба кудето задаанд, фармондеҳони аршади Артиши Туркия набуданд, Ардуғон комилан озод буду изҳори назар мекарду мардумро ба қиём фаро мехонд, ҳеч як аз аҳзоби мухолиф аз кудето ҳимоят накард... Хулоса, кудето дар ҳамон оғоз ноком ҷилва мекард.
Баръакс, ин кудетои нофарҷом ба Ардуғон дасту боли бозтаре дод. Ӯ мехоҳад базудӣ Қонуни Асосии ҷадидеро ба раъйи мардум бигзорад ва дар он Қонуни Асосӣ раисиҷумҳур (ки феълан Ардуғон аст) ихтиёроти иҷроии бамаротиб бештаре хоҳад дошт. Ҳамин ҳоло раёсати ҷумҳурӣ дар Қонуни Асосии Туркия ҳолати ташрифотӣ (“протокольный”) дорад ва нахуствазир раиси қувваи иҷроия ба шумор меояд. Акнун Ардуғон бо такя бар ин кудетои нофарҷом метавонад нақшаи худашро пиёда кунад ва Туркияро аз низоми порлумонӣ ба низоми раёсати ҷумҳурӣ савқ диҳад.
Аз сӯи дигар, вокуниши Ардуғон ба ин кудетои нофарҷом ба таври боварнакарданӣ сареъ буд. Ҳанӯз 24 соъат нагузашта, мебинем, ки давлати Туркия ҳудуди 2800 қозиро аз кор барканор карда, беш аз 2800 нафар аз нерӯҳои артишро боздошт ва 5 женеролро таълиқ кардаанд. Феҳрести номҳои ин ҳама қозию сарбозро читавр ба ин зудӣ таҳия карданду ба ҳисобашон расиданд?
Фатҳуллоҳ Гӯлан, рақиби аслии Ардуғон, гуфта, ки шояд раисиҷумҳурии Туркия ъамдан барои анҷоми тарҳи “раёсатӣ” кардани низоми кишвар ва боздоштҳову муҳoкимоти тоза даст ба таҳияи як чунин намоишномае зада бошад.
Дар ин ваҳла наметавон ҳеч як аз ин иддиъоҳоро таъйид ё такзиб кард. Аммо пайдост, ки Ардуғон башиддат хушҳол аст ва онро "мавҳибати илоҳӣ" медонад, то ба поксозиаш идома диҳад ва ҳатто шояд ҳукми эъдомро ба қонун баргардонад ва ба ҷомеъаи тутолитери мавриди назараш чанд гоми дигар наздиктар шавад.
Куллан, ман мухолифи тавтеапиндорӣ (“теория заговора”) ҳастам ва бар ин боварам, ки ҳар ранҷу ганҷе, ки миллат мебинад, сирфан аз дасти худаш аст. Ҳатто агар касоне хостаанд аз миллат истифода ё сӯиистифода кунанд, боз ҳам ба сатҳи шуъури оҳоди миллат бармегардад.

Tuesday, November 06, 2012

«انتخاب رئیس جمهوری آمریکا باید با جهانیان باشد»


(برای رادیو بی بی سی)
 
اینهایی که میگویم، شاید فکر و ذکر خیلی‌ها در این روز سرنوشت‌ساز باشد.

من باید امروز پای صندوق رأی می‌‌رفتم. شما هم. با این که من و بسیاری از شما آمریکایی نیستیم، اما باید رأی می‌دادیم. این «باید» شرعی و قانونی نیست، بلکه یک «باید» ِ منطقی است. نامزدی که امروز به کاخ سفید راه می‌یابد یا همان‌جا می‌ماند، به همان اندازه‌ای که بر
ای شهروندان آمریکا تعیین تکلیف می‌کند، برای دیگر کشورهای جهان هم سرنوشت‌ساز است. هموست که تصمیم خواهد گرفت تحریم‌های ایران را شدیدتر کند یا شل‌تر، به ایران لشکرکشی کند یا درِ مراودات و مودت را بگشاید، نیروهای آمریکایی را در افغانستان نگه دارد یا طبق برنامۀ فعلی به آمریکا باز آرد، به مناطق قبیله‌نشین پاکستان پهپاد یا جنگنده‌های بی‌سرنشینِ بمب‌افکن بفرستد یا نفرستد، بر سر اوضاع و جریان‌های آسیای میانه با کرملین کنار بیاید یا نیاید... رهبری که خود را در تداخل در امور جهانی محق می‌داند، می‌سزد که توسط جهانیان برگزیده شود.

بلاخره، مناظراتی که نامزدها در کارزار انتخاباتی داشتند، به مسائل داخلی آمریکا محدود نمی‌شد و همه‌اش سر وضعیت آموزش و پرورش و ارتش و بهداشت نبود. در واقع، در سه مناظره از چهار بحثی که برگزار شد، مسائل فرامرزی آمریکا مطرح بود و مناظرۀ آخر در کل به سیاست خارجی آمریکا اختصاص داشت... مناظرۀ دو مدعی ریاست جمهوری یک کشور که پر از نام کشورهای خارجی‌ای مثل ایران و سوریه و لیبی و روسیه و عراق و افغانستان بود. و میت رامنی رقیبش را سرزنش می‌کرد که چنین و چنان نکردی تا به جهان اسلام در راستای پیشبرد اهداف دموکراتیک کمک کنی... هر دو نامزد تلاش می‌کردند نشان دهند که برای ادارۀ امور جهان مستعدتر و مناسب‌ترند، گو این که مسابقه بر سر تصاحب کرسی دبیری کل سازمان ملل متحد بود. و آیا انصافاً جهان و جهانیان برای انتخاب دبیر کل سازمان ملل این همه اهمیتی قائلند که برای انتخابات آمریکا شاهدش هستیم؟ نه. چرا؟ چونکه در معادلات جهانی گاه یا شاید غالباً کفۀ آمریکا سنگین‌تر از کفۀ سازمان ملل است.

خبرنگار گلوبال پست از اسلام‌آباد گزارش می‌دهد که بر اساس یک نظرسنجی محلی، 43 درصد مردم پاکستان معتقدند که در انتخاب رئیس‌جمهوری آمریکا آنها هم باید رأی دهند. چون به باور آنها، به هر روی، فرمانروای راستین آن سرزمین، رئیس‌جمهوری آمریکاست. البته، شکی نیست که این دیدگاه، اغراق‌آمیز است. اسلام‌آباد و واشنگتن هم بگو مگوهای اندکی نداشته‌اند. اما این پاکستانی‌ها می‌گویند، آمریکا هر گاه خواسته عملیاتی را در پاکستان انجام دهد، منتظر اجازۀ اسلام‌آباد نمانده است و با حملات هوایی و زمینی بارها حاکمیت پاکستان را زیر سوال برده که معروف‌ترین موردش کشتن اسامه بن لادن در خاک آن کشور بود. یا وابستگی این ابرقدرت به منابع انرژی جهان که جایگاه کشورهای نفت و گازخیز را روی نقشۀ سیاسی جهان تعیین می‌کند، مگر نه؟ آیا واقعاً بدون شرکت نفت آرامکوی سعودی که ریشه در قراردادهای کالیفرنیایی و تکزاسی دارد، موقعیت عربستان در جهان تغییر نمی‌کرد؟ یا کوتاهی‌های دولت عربستان در تأمین حقوق بشر به خطری در بقای سلطنت آل سعود تبدیل نمی‌شد و این خاندان با سرنوشت شوم صدام حسین یا وضعیت کنونی بشار اسد دچار نمی‌آمد؟ پس آیا مردم عربستان هم نباید در تعیین رئیس‌جمهوری کشوری که حامی سرسخت دولت کشورشان تلقی می‌شود، رأی داشته باشند؟

یا پشتیبانی نظامی و حمایت مالی آمریکا از اسرائیل نمی‌شد، اوضاع در خاور میانه به همین شکل باقی می‌ماند؟ پس آیا مردم خاور میانه هم مستحق رأی دادن در این انتخابات نیستند؟

یادمان نرود، صحبت از انتخاب رهبر کشوری است که سالانه 14 میلیون دلار درآمد ناخالص ملی دارد؛ یعنی حدود یک چهارم درآمد ناخالص تمام کشورهای جهان، از آن اوست. بیشترین انباشتگی ثروت جهان، همان‌جاست. 

همین موردهاست که برخی نا آمریکایی‌ها را به فکر رأی دادن در انتخابات ریاست جمهوری آمریکا واداشته... فکری که فعلاً در حد خواب و خیال است. اما یکی از این مدعیان بر سر سازوکار آن هم اندیشیده بود و می‌گفت: دست‌کم به نمایندگان همۀ کشورهای جهان در سازمان ملل متحد حق رأی در انتخاب رئیس‌جمهوری آمریکا را بدهند تا عدالتی هرچند نسبی برقرار شود، تا ما در انتخاب ساکن کاخ سفید نقش داشته باشیم و او

Tuesday, May 03, 2011

'Obama Kills Osama'

Шодӣ ва андӯҳи як қатл

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Бузургтарин шикори қарн ҳам гӯё ба фарҷом расид. Усома бин Лодин кушта шуд ва нидоҳои шодӣ аз як сӯ ва фарёдҳои андӯҳ аз сӯи дигар ба ҳаво хост. Дар ҳоле ки нерӯҳои ғарбӣ тайи даҳ соли гузашта нишоне аз Усомаро дар ғорҳои Туро-Бурои Афғонистону кӯҳистони бесарутаҳи Покистон ҷустуҷӯ мекарданд, вай бо хонаводаи бузургаш дар бӯстонсарои мураффаҳе дар 60-килуметрии шимоли шарқи Исломобод, дар шаҳраке бо номи Абетобод (Abbottabad) ба дасти нерӯҳои омрикоӣ гирифтор шуд ва ба пиндори душманонаш равонаи ҷаҳаннам ва ба бовари дӯстдоронаш роҳии биҳишт шуд. Аз роҳи обҳои пуръумқи дарё. Шояд дарёи Араб, ки соҳили Покистонро мешӯяд. Гуфта мешавад, ки дар ин сафари ниҳоӣ Усома бин Лодинро писараш Холид ҳамроҳӣ кардааст. Яке аз нуҳ зани ӯ аз ноҳияи по захмӣ шуда ва ҳамроҳ бо 23 кӯдаке, ки дар он хонаи бузург зиндагӣ мекардаанд, аз сӯи нерӯҳои покистонӣ боздошт шудааст.

Ин рӯйдод пурсишҳои фаровонеро матраҳ карда ва давлати Зардорӣ дар Покистонро зери зарбаҳои паиҳам гузоштааст. Дар сурате ки Усома бин Лодин бо хонаводаи азимаш дар ҳаволии пойтахти Покистон зиндагии одию мараффаҳе дошта, чи гуна аст, ки мақомоти покистонӣ аз ҳузури ӯ дар кишварашон огоҳ набуданд? Оё он ҳама ваъдаву таъаҳҳуд мабнӣ бар ҳамкорӣ бо нерӯҳои амниятии Ғарб барои пайдо кардани Усома бин Лодин воқеъият дошт ё навъе шира ба сару гӯши Ғарб молидан буд?

Осифъалӣ Зардорӣ, раисиҷумҳурии Покистон, дар ҳоле ки мекӯшид ваҷоҳате маъсумона ба худаш бигирад, мегуфт аз ҳузури Бин Лодин дар сарзаминаш хабар надоштааст. Таъкиди вай бар ин ки худи Покистон пайваста қурбонии ҳамалоти теруристӣ буда ва бештар аз нерӯҳои НОТУ (NATO) талафоти ҷонӣ додааст, фазои шакку шубҳаро ба ҳам назад ва ҳанӯз фарзияҳое ҳокӣ аз ҳамкории нерӯҳои амниятии Покистон бо шабакаи Алқоъида матраҳ аст. Ба назари бисёре аз коршиносон, дар кишваре, ки фасоди молӣ ва таъассуботи мазҳабӣ бедод мекунад, заминаи чунин ҳамкорӣ фароҳам аст.

Таъкиди давлати Покистон ба даст надоштан дар амалиёти қатли Бин Лодин ҳам парда аз воқеъиятҳои дигар бар медорад. Покистон, ки саршор аз амвоҷи гуногуни таъассуби мазҳабист ва хонаи тундравони бисёри ҳаводори Усома аст, башиддат нигарони паёмадҳо ва талофиҷӯии эҳтимолии он нерӯҳост ва тарҷеҳ медиҳад “ифтихор”-и куштани Усома бин Лодинро бо нерӯҳои омрикоӣ қисмат накунад.

Аммо нафси достони қатли Усома бин Лодин ҳам шигифтангез аст. Ба назари бисёре баъид аст, ки нерӯҳои омрикоӣ бо он ҳама даму дастгоҳи ҷосусӣ аз маҳалли сукунати душмани шумораи яки худ то кунун хабаре надоштаанд. Оё лаҳзаи чашм пӯшидан аз Усома бин Лодин ва канор гузоштанаш акнун муносибтару мусоъидтар буд? Ва чаро Усома ба ҷои ин ки боздошт шавад, ба сина ва болои чашми чапаш ду гулӯла хурд, нисфи ҷумҷума (косахонаи сар)-ашро аз даст дод ва ба ҳолате расид, ки тақрибан намешуд шиносоиаш кард? Магар намешуд ӯро боздошт кард ва мисли ҷинояткорони ҷаҳонии дигар ба Додгоҳи Лоҳа бурд? Магар ин ҳамон Усома бин Лодине набуд, ки замоне аз марҳамати соҳибони омрикоиаш бархурдор буд, то айши Шӯравиро талх кунад? Додаҳо ё иттилоъоти марбут ба як чунин шахсиятеро мақомоти амниятии Омрико маъмулан бояд аз бар балад бошанд. Шароити қатли Усома бин Лодин ба тавтеапиндориҳои фаровоне доман задааст ва баъид нест, ки фардо чандин фарзияи пиндорӣ бар мабнои ин пурсишҳо тарҳ шавад.

Дейвид Камерун, нахуствазири Бритониё, ки дар нимашаб бо занги телефуни раисиҷумҳурии Омрико бедор шуда буд, то хабари қатли Бин Лодинро бишнавад, ин рӯйдодро “комгории бузург” ва тавҷеҳпазир номид ва изҳори хушнудӣ кард. Бритониё солҳост, ки ҳукми эъдом ё қатлро лағв карда ва бино ба қонунҳои он, иҷрои қатл ё эъдом таҳти ҳеч шароите пазируфта нест. Аз нахуствазири як чунин кишваре шунидани нидоҳои тамҷиду тамҳид ба хотири қатли як тан (муҳим нест чи касе буда) бисёр аҷиб ва зананда аст. Яъне он чи бар худ намеписандад, бар дигарон писандидааст. Ва ба ҳамин шева, шодбошу ситоишҳои давлатакҳое, ки ба шумор ҳам намеоянд, хоркунанда ва қабеҳ аст.

Дар шарорату дижхимӣ ва ниҳоди дӯзахии Усома бин Лодин, ки бо такя ба андешаҳои тирааш мехост ҷаҳонро ба ҷаҳаннаме табдил кунад, шакке нест. Аммо шодӣ аз марги ӯ чизе ҷуз баёни ин воқеъият нест, ки ҷаҳон ҳанӯз аз ҷангали таваҳҳуш (ваҳшигарӣ) берун наомадааст ва дар дарёе аз тазодҳо дасту по мезанад. Усома бин Лодин бояд ба сазои аъмолаш мерасид, аммо тавассути як ҷомеъаи инсонӣ, ки қатлро кори ваҳшиҳо медонад ва роҳҳои башаритареро барои расидагӣ ба одамони бадсиголу бадсиришт ниҳодина кардааст. Бо қатли Усома решаи бадсиголӣ жарфтар меравад ва хушунат чизе ҷуз хушунат намезояд. Ва ҷаҳон ҳамчунон дар оташи девонагии бачаҳояш месӯзад.

Sunday, January 16, 2011

US embassy cables: 'Cronyism and corruption' hinder reform in Tajikistan

Дар аснои баргардони шашумин ва охирин санад аз номанигориҳои маҳрамонаи Сафорати Омрико дар Душанбе, ки қавли интишорашонро дода будам, дарёфтам, ки ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз чопи ҳамаи онҳо маъзур аст ва чопхона иҷозаи интишори чанде аз онҳоро надодааст. Яъне санадҳое дар бораи сарзамини мо, ки тавассути Викиликс ҷаҳонӣ шудаанд, набояд дар Тоҷикистон мунташир шаванд, то мабодо мардуми моро ҳам аз бигӯ-магӯҳо ё задубандҳои пушти парда огоҳ кунанд. Яъне тамоми ҷаҳон агар бидонад, ки фалон мақоми баландпояи мо чи гуфтаву чи карда, масъалае нест; муҳим он аст, ки тоҷикон надонанд.

Вале сухан аз офтоб аст бад-он бузургӣ ва домони ҷанобон, ки соябонашон ҳам намешавад. Санадҳое, ки Викиликс мунташир кардааст, дигар маҳрамона нестанд ва ниёзе ба муҳру мум кардани онҳо нест. Пули муҳру муматонро барои асрори дандонгиртар ҳифз кунед. Шояд ба дардатон бихурад.

Санади шашум аз муҳимтарини асноди фошшуда аст ва мутааххиртар аз дигар санадҳост ва ба дардҳои ҷомеъаи Тоҷикистон ишораҳои мустақим дорад. То кунун бисёре онро хондаанд. Инро ба маҳзи руҷӯъҳои эҳтимолӣ дар оянда инҷо ҳам мунташир мекунам.

Муаллифи ин телегроф Несиё Квост, муъовини сафири Омрико дар Душанбе аст, ки аксашро ҳамин ҷо мебинед.

Телегрофҳои Сафорати Иёлоти Муттаҳида: 'Робитасолорӣ ва фасод' - монеъи ислоҳот дар Тоҷикистон
Сешанбе, 16.02.2010, 13:41
МАҲРАМОНА БАХШИ 01 АЗ 05 ДУШАНБЕ 000173
SIPDIS
ВАЗОРАТИ ХОРИҶА БАРОИ S/RAP
EO 12958 DECL: 2/16/2020
КАЛИДВОЖАҲО: PREL, PGOV, PHUM, EAID, ECON, EINV, TI
МАВЗӮЪ: НУСХАИ ИСЛОҲШУДА – ТАСВИРИ ФАЗОИ ТОҶИКИСТОН ПЕШОРӮИ ДИДОРИ НАМОЯНДАИ ВЕЖА ДАР УМУРИ АФҒОНИСТОН ВА ПОКИСТОН (SRAP) ҲОЛБРУК
ДАСТАБАНДИШУДА ТАВАССУТИ: НЕСИЁ КВОСТ (NECIA QUAST), CDA, EXEC, DOS.
САБАБ: 1.4 (b), (d)

1. (C) Фишурда: Иёлоти Муттаҳида манфиъат дорад, ки Тоҷикистон ба унвони ҳамсояи шимолии Афғонистон як кишвари босубот бошад ва аз талошҳои низомии мо дар Афғонистон ҳимоят кунад ва ба тасбити авзоъ ва рушди иқтисодии минтақа мусоъидат кунад. Тоҷикистон [ба нерӯҳои омрикоӣ] ҳаққи беҳадду ҳасри парвоз аз ҳарими ҳавоии худро дод ва бедиранг бо ҳамлу нақли таҷҳизоти Шабакаи Тавзеъоти Шимолӣ (NDN) мувофиқат кард. Дар миёнмуддат ин кишвар метавонад дар пешрафти минтақа нақши муҳимтаре бозӣ кунад, чун дорои зарфияти нерӯи обии азим аст ва (нисбат ба Афғонистон) суботи бештар дорад ва ҷамъияти он аз лиҳози мазҳабӣ муътадилтар аст. Вале барои анҷоми ин кор Тоҷикистон бояд мушкилоти бисёри сиёсӣ ва иқтисодиашро ҳал кунад, ки монеъ аз тавсеъаи он шудааст: бенавоӣ, робитаҳои бад бо Узбакистон, фасоди молии шадид, сохтори иқтисодӣ ва барномарезии бозмонда аз аҳди шӯравӣ, сомона (систем)-и нодемукротики сиёсӣ, ноамнии музмин (хронический – рус.)-и ғизоӣ ва вобастагӣ ба нерӯи кории муҳоҷир дар Русия.

2. (C) Кумакҳои Иёлоти Муттаҳида дар заминаи тавсеъа натиҷаҳои омехта доштааст. Иқдомҳои ахир барои беҳбуди ҷавви бозаргонӣ бар асари корзори давлат барои водоштани шаҳрвандонаш ба мушорикат дар сохтани садди барқи обии Роғун хунсо шуд. Ҳукумат ба ислоҳи раванди сиёсиаш алоқаманд нест. Ҳамкории амниятии мо андаке умедворӣ медиҳад. Сарфи назар аз талошҳои мо, Тоҷикистон чизи зиёде надорад, ки барои мо ироа диҳад: ин кишвар тавлидоти бисёр кам дорад, фақир аст ва ҳукумати он аз зарфияти бисёр маҳдуд бархурдор аст. Тоҷикҳо дар мавриди кумакҳои билқувваи мо тасаввуроти ғайривоқеъбинона доранд: маъмулан хостаҳои онҳо шомили кумак дар сохтани таъсисоти зербиноии калон, чун нерӯгоҳҳои мавриди муноқиша, тунелҳо ба сӯи Покистон ва пул (купрук)-ҳо ба нокуҷообод мешавад. Дар ин киноя ҳақиқате нуҳуфта аст, ки кумаки воқеъии Тоҷикистон ба талошҳои мо дар Афғонистон ҳифзи суботи худаш ва додани иҷозаи парвозҳои беқайду банд ва ҳамлу нақли нерӯҳои мост. Ва ин корҳоест, ки Тоҷикистон бидуни каму кост анҷом додааст. Мо мекӯшем бо ҳимоят аз сиёсатҳои Тоҷикистон суботи мудовимро таъмин кунем. Поёни фишурда.

ҲАМСОЯГИИ НОГУВОР

3. (C) Бархе аз мушкилоти Тоҷикистон ҷуғрофиёист. Мушкилоти ҳамешагӣ бо Узбакистон, ки ба далели душмании шахсии раисони ҷумҳури ду кишвар афзоиш ёфтааст, монеъ аз рушди бозаргонии Тоҷикистон, худкифоии он дар арсаи энержӣ ва тавсеъаи иқтисодиаш шудааст. Бесуботӣ дар Афғонистон ҳам асароти ногуворе дорад: қочоқи маводди мухаддир ҳукумати қонун дар Тоҷикистонро таҳт-уш-шуъоъ қарор медиҳад; тоҷикҳо бим доранд, ки густариши андешаҳои ифротгароёна аз Афғонистон ва ҳузури пайкорҷӯён дар он кишвар метавонад дар имтидоди марзи дарозу пурманфаз (беамният) бо Афғонистон амнияти Тоҷикистонро ба мухотира андозад. Фикри эҳтимоли мудохилаи Русия ҳамеша дар зеҳни тоҷикҳо ҳузур дорад. Русҳо дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи обии аслиро таҳти кунтрул доранд, ки мавзӯъи ихтилофоти байни ду кишвар аст. Тоҷикҳо дунболи шариконе дигар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Чин ва Эрон мегарданд, то нуфузи Русияро таъдил кунанд. Чин дар сохтани таъсисоти зербиноӣ кумаки умда карда ва ба Тоҷикистон беш аз як милёрд дулор қарзи камбаҳра додааст, то роҳҳояшро бисозаду хатҳои барқашро бикашад. Эрон ҳазинаи сохтмони тунел ва нерӯгоҳҳоро мепардозад, аммо бо таваҷҷуҳ ба нухбагони суннимазҳаби шӯравипарварди майхора дар Душанбе ва муҳофизакорони мазҳабии шиъа дар Теҳрон, намоиши ҳамбастагии порсизабонон боъиси занну гумонҳои амиқ нашудааст.

4. (C) Ҳукумати Тоҷикистон ба мо фишор меоварад, ки дар баробари ҳимояти онҳо дар Афғонистон имтиёзоти бештаре бидиҳем. Тоҷикҳо мепиндоранд, ки Узбакистон тамоми муъомилоти марбут ба Шабакаи Тавзеъоти Шимолиро барои худаш ҳифз кардааст; онҳо мехоҳанд, ки аз роҳҳои Тоҷикистон барои ҳамлу нақл бештар истифода шавад, пули бештаре барои тармими он роҳҳо ҳазина шавад ва Иёлоти Муттаҳида барои нерӯҳо дар Афғонистон колоҳои тоҷикӣ бихарад. Мо феълан барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон оби бастабандишудаи Тоҷикистонро мехарем. Онҳо ишора кардаанд, ки аз гушоиши пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Омрико дар Тоҷикистон истиқбол хоҳанд кард. Онҳо ҳузури Иёлоти Муттаҳида дар минтақаро ба масобаи деворае дар баробари бесуботии Афғонистон ва ба унвони як кӯҳи пул мебинанд ва хостори ба даст овардани бахше аз он пули нақд ҳастанд.

БИМ АЗ РАҚИБОНИ ДОХИЛӢ, ПАЙКОРҶӮЁН ВА РУСИЯ

5. (C) Ҷанги дохилии Тоҷикистон соли 1997 бо тақсими қудрат миёни ҳукумати Раисиҷумҳур Раҳмон ва раҳбарони мухолифон ба поён расид. Аз замони поёни ҷанг то кунун Раҳмон батадриҷ аз он муъомила фосила гирифт ва тақрибан ҳамаи намояндагони мухолифро аз суфуфи ҳукумат ронд – акнун бархе дар зиндон ба сар мебаранд, шуморе ҳам кишварро тарк карданд ва иддае ҳам ба таври мармуз мурдаанд. Моҳи маи соли 2009 як гурӯҳи мусаллаҳ ба саркардагии Мулло Абдулло Раҳимов, аз чеҳраҳои мухолифи пешин, аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргашт. Гуфта мешавад, ки чандин размандаи хориҷӣ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон бидуни кумаки хориҷӣ ин гурӯҳро хунсо карданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки давраи омӯзишии Иёлоти Муттаҳида ба нерӯҳои амниятии онҳо кумак кардааст, ки пирӯз шаванд ва акнун муштоқона мунтазири ширкат дар омӯзишҳои баъдианд.

6. (C) Робитаҳои миёни Русия ва Тоҷикистон бадтар шудааст. Мақомоти Тоҷикистон бар ин боваранд, ки Русия аз гурӯҳи Мулло Абдулло ҳимоят кард, то ба Тоҷикистон аломат диҳад, ки ба ҳимояти Русия ниёз дорад. Ҳукуматҳои ду кишвар бар сари шароити ҳузури Русия дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ба тавофуқ нарасиданд ва онҳо мушкилоти дигар ҳам доранд. Моҳи уктубр (октябр)-и соли 2009 Раисиҷумҳур мақоми расмии забони русӣ дар Тоҷикистонро коҳиш дод. Ҳукумати вай аз Русия хост, ки бобати ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон пул бипардозад. Соли 2009 нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, ки таҳти идораи Русия аст, ба далели нокомии ҳукумати Тоҷикистон дар пардохти сари вақти ҳазинаи барқ раванди тавлиди барқро боздошт.

МУШКИЛОТИ ИҚТИСОДӢ

7. (C) Тоҷикистон бенавотарини ҷумҳуриҳои шӯравии пешин аст. Ин кишвар кӯҳистонитар аз Афғонистон аст ва заминларзаҳову селҳову хушксолҳову ҳамлаи малах ва шароити ҷаввии номусоъиде дорад. Бахше аз кишвар бештари авқот бо резиши барфу баҳман (тарма) аз боқии ҷаҳон бурида мешавад. Роҳҳои ин кишвар ба хориҷ аз тариқи Узбакистони монеътарош, Афғонистони бесубот ё аз тариқи гардана (ағба)-ҳои сахту дурдасти Помир ба самти ғарби Чин мегузарад. Танҳо тавлидоти санъатии он алюминиюм ва барқи обист. Корхонаи арзизи Тоҷикистон (Talco) бештарин саҳмро дар даромади содиротии Тоҷикистон дорад. Ҳарчанд ба таври фаннӣ ин корхона давлатист, бештари даромади он ба ҳисоби як ширкати махфии бурунмарзии таҳти кунтрули Раисиҷумҳур ворез мешавад ва пули андаке аз ин корхона ба будҷаи давлатӣ таъаллуқ мегирад. Корхонаи арзиз ҳудуди нисфи барқи Тоҷикистонро ба худ ихтисос медиҳад, ки дар натиҷа Тоҷикистон гирифтори давраҳои камбуди шадиди барқ мешавад.

8. (C) Вокуниши Раисиҷумҳур Раҳмон ба ноамнии музмини энержӣ дар авохири соли 2009 оғоз ниҳодан ба корзори фарогири ҷамъоварии пул ва сохтани нерӯгоҳи Роғун буд. Роғун метавонад баландтарин садди ҷаҳон бошад ва зарфияти тавлиди барқи Тоҷикистонро ду баробар афзоиш диҳад. Аммо талошҳои ҳукумат барои ҷамъоварии пул нигаронии ҷиддии диҳишгар (донор)-они байнулмилалиро барангехт. Афрод ва созмонҳо дар арсаҳои мухталиф водор ба харидани саҳомҳои ин тарҳ шуданд. Ба бисёре аз одамон гуфта шуда буд, ки агар чанд моҳ дастмуздашонро барои ин тарҳ напардозанд, шуғлашонро аз даст хоҳанд дод. Ҳарчанд давлат муддаъист, ки ҳамаи саҳомҳо довталабона харидорӣ шудаанд, шавоҳиди кофӣ вуҷуд дорад, ки мақомот мардумро маҷбур кардаанд, то пулеро, ки надоранд, бипардозанд. Гузашта аз масъалаи ҳуқуқи башарии ин мавзӯъ, диҳишгарон нигаронанд, ки наҳваи масрафи ҳудуди 200 милюн дулор пули ҷамъоваришуда шаффоф нахоҳад буд. Бо таваҷҷуҳ ба ниёзи азими Корхонаи арзиз ба нерӯи барқ, ба назар мерасад корзори ҷамъоварии пул барои Роғун ҷиҳати таъмини судбахшии мудовими Корхонаи арзиз анҷом гирифтааст.

9. (C) Иқтисоди Тоҷикистон аз буҳрони ҷаҳонӣ хисорат дидааст ва мизони содироту воридоти он ва миқдори пуле, ки як милюн тоҷик аз Русия ба кишварашон мефиристанд, коҳиш ёфтааст. Пуле, ки муҳоҷирони корӣ ба хонаҳояшон мефиристоданд, баробар бо беш аз 50 дарсади даромади нохолиси дохилӣ дар соли 2008 буд ва ба ростӣ, боъиси зинда мондани мардуми рустоҳо шудааст. Мизони ин кумакпулиҳо дар соли 2009 34 дарсад коҳиш дошт. Бузургтарин монеъи беҳбуди вазъи иқтисодӣ муқовимат дар баробари ислоҳот аст. Аз худи Раисиҷумҳур гирифта то маъмури пулиси сари кӯча, мақомот бо робитасолорӣ (дӯстбозӣ) ва фасоди молӣ шинохта мешаванд. Раҳмон ва хонаводаи ӯ таъсисоти бозаргонии умда, аз ҷумла бузургтарин бонки кишварро таҳти кунтрул доранд ва онҳо сарсахтона аз манфиъатҳои тиҷориашон ҳимоят мекунанд, сарфи назар аз ин ки ин корҳо ба чи қимате барои иқтисод [и кишвар] тамом хоҳад шуд. Бино ба бароварди як сафири хориҷӣ, Раисиҷумҳур Раҳон тарҷеҳ медиҳад 90 дарсади як кулчаи 10-дулораро дар ихтиёр дошта бошад, то 30 дарсади як фатири 100-дулораро.

ИНТИХОБОТ НАЗДИК АСТ, АММО НА ДЕМУКРОСӢ

10. (C) Ҳукумат ба ҳизбҳои мухолиф иҷозаи фаъъолияти маҳдудро додааст ва аз ислоҳи конуни интихобот барои интихоботи саросарии 28.02.2010 сарпечӣ кард. Сафорат интизор надорад, ки интихобот озоду мунсифона бошад. Расонаҳои давлатӣ дидгоҳҳои ҳизбҳои сиёсии мухолифро тақрибан пӯшиш надоданд ва бештари ҷамъият аз ҳадафи баргузории интихобот огоҳӣ надорад. Нерӯи мухолиф дар порлумон заъиф аст: танҳо 15 курсӣ аз 62 курсӣ ба ҳизби ҳоким таъаллуқ надорад ва бархе аз ин ҳизбҳо танҳо ба ном мустақил ҳастанд. Маъруфтарин ҳизби мухолиф, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дар порлумони феълӣ ду курсӣ дорад. Раҳбарии Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар бисёре аз масоил аз ҳукумат ҳимоят кардааст ва аҳамияти исломро дар барномаи кории худ камранг ҷилва медиҳад. Порлумон як маҷлиси муҳрбадаст аст.

11. (SBU) Дар соли 2009 порлумон қонуни маҳдудкунандаи наверо дар заминаи дин тасвиб кард, то фаъъолияти гурӯҳҳои мазҳабии исломӣ ва ғайраро маҳор кунад. Машварати мо, ки ин навъи бархурд метавонад бисёре аз муътақидонро тундрав кунад, гӯши шунавое наёфт. Соли гузашта шукумат даҳҳо танро ба иттиҳоми узвият дар ҷунбиши салафия боздошт кард, аммо ҳукумат далеле дар даст надорад, ки як чунин ҷунбиши созмонёфтае вуҷуд дорад. Ҳукумат ҳамчунин 92 узви гурӯҳи таблиғи исломи бунёдгарои мавсум ба “Ҷамоъати таблиғ”-ро дастгир кард. Бештари раҳбарони мазҳабии исломи пазируфташуда аъзои “Таблиғ”-ро мубаллиғоне беозор медонанд ва хостори озодишон шудаанд.

12. (SBU) Дар паи иқомаи даъвои мақомоти давлат алайҳи панҷ нашрия ба хотири пахши гузоришҳои ҳамагонии давлат дар як муҳокимаи қазоӣ расонаҳои мустақил дар вазъияти баде ба сар мебаранд. Он гузоришҳо дидгоҳҳои интиқодӣ дар бораи додрасон (қозиҳо) ва вазоратхонаҳоро дарбар доштанд. Агар мақомот дар додгоҳ муваффақ шаванд, ин нашрияҳо таътил хоҳанд шуд. Мо ва шарикони урупоимон алайҳи ин муҳокимот эътироз кардем.

РАВОБИТИ НОҲАМВОР БО ДИҲИШГАРОН

13. (SBU) Дар соли 2007 Бонки Миллӣ эътироф кард, ки бо нақзи таъаҳҳудоташ дар баробари Сандуқи Байнулмилалии Пул ба миқдори як милёрд дулор қарз ва тазминотро, ки ба сармоягузорони вобастаи сиёсиаш дода буд, пинҳон доштааст. (600 милюн дулор аз ин маблағ ҳаргиз бозпардозт нашуд). Сандуқи Байнулмилалии Пул тақозо кард, ки бахше аз қарз зудтар бозпардохт шавад, Бонки Миллӣ бозрасӣ шавад ва ислоҳоте дигар сурат бигирад, то битавонад кумакҳояшро аз сар бигирад. Моҳи маи 2009 ҷиҳати кумак барои се соли дигар ба Тоҷикистон 116 милюн дулор бидиҳии дигар ихтисос дод; Иёлоти Муттаҳида танҳо кишваре буд, ки алайҳи ин тасмим раъй дод ва боъиси хашми ҳукумати Тоҷикистон шуд. Сандуқи Байнулмилалии Пул то кунун 40 милюн дулорро таҳвил додааст. Гурӯҳе аз коршиносон ахиран аз Вошингтун ба Душанбе омаданд, то пешрафти давлатро арзёбӣ кунанд, торихи пардохти бахши дигари қарзро таъйин кунанд ва асароти раванди ҷамъоварии пул барои Роғунро бисанҷанд. Натиҷаи арзёбиҳои ин гурӯҳ қарор аст, ки базудӣ дар дастрас қарор бигирад. Диҳишгарон (донорҳо) нигаронанд, ки корзори Роғун бар шиддати фақру бенавоӣ меафзояд ва шароити кумаки Сандуқи Байнулмилалии Пулро нақз мекунад. Ин иқдом пурсишҳоеро дар мавриди дархостҳои мукаррари давлат барои кумаки молӣ матраҳ мекунад ва омодагии давлат ба анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ба унвони яке аз шароити ироаи кумакро зери суол мебарад. Диҳишгарон нигарониҳои худро расман бо давлат дар миён гузоштаанд ва мунтазири посуханд. Диҳишгарон роғибанд ба ҳамгароии минтақа дар бозори энержӣ ва эҳдоси хутути барқ даст ёбанд, то Тоҷикистон ва Қирғизистон битавонанд тавлидоти мозод (изофӣ)-и барқ дар фасли тобистонро ба Афғонистон ва Покистон бифурӯшанд. Як хатти барқи 220-килувотӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон бо кумаки Бонки Тавсеъаи Осиё дар ҳоли кашида шудан аст ва то авохири соли 2010 ба фарҷом хоҳад расид. Эҳдоси хатти қавитари CASA (Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ)-1000 ба самти Афғонистону Покистон ба далоили молӣ ба таъхир уфтодааст.

КУМАКИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА

14. (U) Кумаки Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбад ва аз 27.8 милюн дулор дар соли молии 2009 ба 45.3 милюн дулор дар соли молии 2010 мерасад. Кумаки молии ҷадид дар арсаҳои кишоварзӣ, бозаргонӣ ва ибтикороте дар бахши хусусӣ ҳазина хоҳад шуд, то нокомии барномаҳои бисёр муҳимми амнияти ғизоиро ҷуброн кунад. То соли молии 2008 Тоҷикистон барномаи чандсолаи кумаки ғизоӣ дошт, ки натиҷаҳои муҳим дар пай дошт ва ноамнии ғизоӣ дар бархе аз осебпазиртарин минтақаҳои Тоҷикистонро коҳиш дод. Ба дунболи он дар солҳои молии 2009 ва 2010 барномаҳои мушобеҳи яксола иҷро шуд. Як барномаи ибтикории амнияти хорбор дар ҷараён аст, вале равшан нест, ки Тоҷикистон он пулҳоро дарёфт хоҳад кард ё на. Барномаҳои нав ҳамчунин бо эҷоди бозори энержии минтақаӣ саъй дар ҳалли масъалаи камбуди музмини энержӣ доранд ва ба кишварҳои Осиёи Миёна кумак мекунанд, ки бо мушкилоти обу барқ дасту панҷа нарм кунанд. Дар соли молии 2008 ба Тоҷикистон ба маблағи 9.9 милюн дулор барои тарҳи 1207 дар заминаи тасбити авзоъ пул дарёфт кард. Муҳимтарин хатароте, ки суботи Тоҷикистонро таҳдид мекунад, фақру бенавоӣ аст. Бонки Ҷаҳонӣ баровард кардааст, ки беш аз 60 дарсади ҷамъияти кишвар зери хатти фақр ба сар мебаранд. Ҳукумат дар вокуниш ба вазъиятҳои изтирорӣ нотавон будааст. Тарҳи 1207 дар 50 маҳаллаи мунзавии минтақаҳои Рашту Фарғона ва дар имтидоди марз бо Афғонистон пиёда мешавад. Мушкилоти беҳдоштию омӯзишӣ ба андозае сангин аст, ки пешрафти мо дар дигар минтақаҳоро ба мухотира андохтааст. Барномаҳои мо дар заминаи беҳбуди сиёсатҳои беҳдоштӣ, сомона (систем)-ҳо ва хадамот, тарбияти муъаллим, таъмини молии арсаи омӯзиш, барномаи таҳсилӣ, арзёбии дониши донишомӯзон ва идораи мактабҳо аст.

ҲАМКОРИИ АМНИЯТӢ

15. (C) Ҳамкории амниятӣ ҳамчунон аз нуқоти қуввати равобити мо бо Тоҷикистон аст. Вазорати дифоъ [-и Тоҷикистон] соли гузашта довталабона хостори мизбонии размоиши минтақаии Ситоди марказии фармондеҳии Омрико шуд, ки Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам дар он ширкат карданд; размоиш рӯзи 10 ут (август) анҷом гирифт. Ситоди марказии фармондеҳии Омрико ва Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар моҳи май гуфтугӯҳои машваратӣ баргузор карданд ва барномаи ҳамкориҳои амниятӣ барои соли молии 2010-ро мушаххас карданд. Ин барнома алоқаи физояндаи Тоҷикистон ба минрубӣ ва мушорикат дар Барномаи амалиёти сулҳи ҷаҳониро бозтоб мекард. Дар соли молии 2010 Идораи тавсеъа ва таҳқиқоти башардӯстонаи Артиши Омрико дар заминаи минрӯбӣ барои арзёбии саҳроӣ ба Тоҷикистон як мошини меконикии минрӯбӣ медиҳад, ки қарор аст дар соли молии 2011 дар чорчӯби барномаи “тамвили низомии хориҷӣ” ба Тоҷикистон фурӯхта шавад. Тоҷикистон бори дигарт эъломи таъаҳҳуд кард, ки соли 2011 як воҳиди кӯчаки посдорони сулҳ ташкил хоҳад кард. Омӯзишҳо ҳамин моҳ дар Коргоҳи сиёсати миллӣ оғоз мешавад, то ба тавсеъаи вазорати дифоъи Тоҷикистон ва нерӯҳои мутаҳаррики он мусоъидат кунад. Як коргоҳи дигар дар сатҳи артишиён ва як давраи омӯзишии низомӣ ҳам соли оянда баргузор хоҳад шуд.

16. (C) Пул ва имконоти вурудии Панҷи Поён равобити миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ба таври қобили таваҷҷуҳ беҳбуд бахшидааст. Ҳарчанд аз тамоми зарфияти ин пуо истифода намешавад, рафту омад аз тариқи он хеле бештар аз давраест, ки миёни ду кишвар тавассути қоиқҳо тараддуд мекарданд; омадушуд аз тариқи пул дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамарӯза аз 40 то 200 маҳмула ва мошини борӣ аз тариқи ин пул мунтақил мешаванд. Бо маблағи Маркази фармондеҳӣ нурпароканӣ, нардаҳои ҳифоз (решётка –рус.), дурбинҳои мадорбаста ва маҳалли таваққуфи мошинҳо дар ин маҳал дар соли 2010 беҳтар хоҳад шуд. Тоҷикистон роғиб аст мо аз тавофуқномаи интиқоли колоҳои ғайриҷангӣ ба Афғонистон тавассути Шабакаи Тавзеъоти Шимолӣ истифодаи бештар кунем ва умедвор аст, ки Тҷикистон аз ин қарордод суди иқтисодӣ бибинад. То кунун мо аз пойгоҳи Манас ба Багром аз тариқи Тоҷикистон колои андаке мунтақил кардаем. Ожонси тадорукоти дифоъӣ қасд дорад аз як тавлидкунандаи тоҷик барои нерӯҳо дар Афғонистон оби бастабандишуда бихарад. Тоҷикҳо талош мекунанд ба ҳар роҳе, ки шуда аз муҳосираи тиҷории Узбакистон берун оянд.

ҲАМКОРИИ НЕРӮҲОИ АМАЛИЁТИ ВЕЖАИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА

17. (S) Сафорати Иёлоти Муттаҳида қасд дорад зарфият ва тавоноиҳои нерӯҳои амнгиятии баргузидаи Тоҷикистонро дар заминаи барномаҳои роҳбурдӣ (стратегӣ)-и Гурӯҳи муштараки ҳамоҳангиҳо миёни ожонсҳои зидди маводди мухаддири Маркази фармондеҳӣ ва давлати Омрико ва дар чорчӯби ҳадафҳо барои Тоҷикистон афзоиш диҳад. Пас аз он ки Маркази фармондеҳии нерӯҳои амалиёти вежа арзёбии лозимро анҷом диҳанд ва ин гурӯҳҳоро ба воҳидҳои вежа табдил кунанд, ҳадафи аслӣ тақвияти афзоиши тавоноиҳо тавассути ҳаъйатҳои нерӯҳои вежаи Иёлоти Муттаҳида барои омӯзишҳо ва тамринҳои муштарак ва омӯзишҳо дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир хоҳад буд.

МАВОДДИ МУХАДДИР

18. (C) Тоҷикистон аз масирҳои умдаи интиқоли ҳеруини Афғонистон ба Русия ва Урупо аст. Бино ба бароварди Дафтари Созмони Милал дар умури марбут ба маводди мухаддир ва ҷиноёт, ҳамасола 40 дарсади маводди мухаддири Афғонистон аз роҳи Тоҷикистон вориди Русия мешавад. Камтар аз 5 дарсади он пеш аз вуруд ба Русия мусодира мешавад. Тавоноиҳои ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бисёр маҳдуд аст. Фасод аз масоили аслист. Ниҳодҳои интизомӣ хеле моил нестанд қочоқчиёнеро ҳадаф қарор диҳанд, ки равобити наздике бо мақомот доранд, вале қочоқчиёни сатҳи поину миёнаро боздошт мекунанд. Ожонси кунтрули маводди мухаддир як ниҳоди даҳсолаи муташаккил аз 400 афсар аст, ки тавассути як тарҳи Дафтари Созмони Милал дар умури марбут ба маводди мухаддир ва ҷиноёт созмон ёфт. Бисёре аз кишварҳо кумаккунандаи ин барнома ҳастанд, аммо танҳо ниёзҳои умдаи ин ожонсро Дафтари кумакҳои хориҷии Омрико барои мубориза бо маводди мухаддир таъмин мекунад. Маъмурони музокироти Ожонси кунтрули маводди мухаддир дар минтақаи Толиқон дар шимоли Афғонистон дар мусодираи беш аз 100 килу ҳеруин дар чаҳор моҳи ахир нақши калидӣ доштанд. Ожонси маводди мухаддири Омрико барои таъмиқи амалиёт бо маъмурони Ожонси кунтрули маводди мухаддир [-и Тоҷикистон] ҳамкорӣ мекунанд.

19. (SBU) То соли 2005 аз марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон русҳо муроқибат мекарданд. Пас аз он ки русҳо рафтанд, посгоҳҳо тахриб шуданд ва барои сукунати инсон муносиб нестанд. Нерӯи марзбонии Тоҷикистон муташаккил аз сарбозони низомвазифаест, ки омӯзиши кофӣ надидаанд, пули кам дарёфт мекунанд, бахубӣ муҷаҳҳаз нестанд ва маъмулан ғизои кофӣ надоранд. Дафтари кумакҳои хориҷии Омрико барои мубориза бо маводди мухаддир посгоҳҳои марзиро аз нав сохт ва барои марзбонон маҳалли муносибу амне барои зиндагӣ муҳайё кард ва шароити хубе барои анҷоми гаштҳои марзии муваффақ ба вуҷуд овард. Ҳар посгоҳи нав ҳудуди 500 ҳазор дулор қимат дорад ва зарфияти беш аз 100 марзбонро дорад. Посгоҳҳо аз созаҳои азпешсохтаи аз лиҳози масрафи энержӣ мақрун ба сарфа таҳия шудаанд ва аз нерӯҳои олтернотиве чун нерӯи хуршед, бод ва нерӯгоҳҳои обии кӯчак баҳра мегиранд. Мо дар сададем тамриноти марзии муштараки Тоҷикистону Афғонистонро ба таври озмоишӣ дар Хоруғ анҷом диҳем. Агар ин тарҳ бомуваффақият анҷом шавад, ба таври муназзам дар марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд. Мо дар ҳоли санҷидани заминаҳои ироаи давраҳои муштараки “Вокуниши изтирории аввалия” барои марзбонони Тоҷикистону Афғонистон ҳастем. Дафтари кумакҳои хориҷии Омрико барои мубориза бо маводди мухаддир Окодемии марзбонии Тоҷикистонро аз нав сохтааст. Як гурӯҳи гашти марзии Иёлоти Муттаҳида қасд дорад барои баррасӣ ва намоиши шигирдҳои гаштзанӣ дар ин Окодемӣ ва дар саҳро ба минтақа сафар кунад; ин метавонад оғози сафарҳои мутақобили омӯзгорони марзӣ бошад.

20. (C) Барномаи мубориза бо маводди мухаддири Маркази фармондеҳӣ дар ҳоли ироаи кумакҳои қобили таваҷҷуҳ ба амнияти Тоҷикистон аст. Маблағи 16.9 милюн дулор, ки дар Тарҳи Такмилии ахир таъйид шуд, имсол дар сохтмони як маркази миённиҳодии “омӯзишҳои саросарӣ”, тармими зербинои вурудии марзии Панҷи Поён ва таҷҳизоти иртиботӣ ҳазина хоҳад шуд. Маркази омӯзишӣ аз имконоти мухталиф бархурдор хоҳад буд ва барои баргузории давраҳои омӯзишии ҳамаи вазоратхонаҳо истифода хоҳад шуд ва давраи омӯзишии дусолонаи Нерӯҳои амалиёти вежаи Маркази фармондеҳӣ дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир ҳам дар ҳамон ҷо баргузор мешавад. Арзёбии ахир нишон дод, ки тоҷикҳо аз таҷҳизоти иртиботие, ки қаблан дар ихтиёрашон гузошта шуда буд, баҳра мегиранд ва аз онҳо нигаҳдорӣ мекунанд. Имсол мо насби таҷҳизоти иртиботи миённиҳодӣ дар Панҷи Поён ва минтақаи наздики онро оғоз мекунем. Бо насби ин таҷҳизот панҷ ниҳоди давлатӣ хоҳанд тавонист бо истифода аз як сомона (систем)-и ҳамсоз бо ҳам иртибот дошта бошанд. КВОСТ (QUAST)