Дар аснои баргардони шашумин ва охирин санад аз номанигориҳои маҳрамонаи Сафорати Омрико дар Душанбе, ки қавли интишорашонро дода будам, дарёфтам, ки ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз чопи ҳамаи онҳо маъзур аст ва чопхона иҷозаи интишори чанде аз онҳоро надодааст. Яъне санадҳое дар бораи сарзамини мо, ки тавассути Викиликс ҷаҳонӣ шудаанд, набояд дар Тоҷикистон мунташир шаванд, то мабодо мардуми моро ҳам аз бигӯ-магӯҳо ё задубандҳои пушти парда огоҳ кунанд. Яъне тамоми ҷаҳон агар бидонад, ки фалон мақоми баландпояи мо чи гуфтаву чи карда, масъалае нест; муҳим он аст, ки тоҷикон надонанд.
Вале сухан аз офтоб аст бад-он бузургӣ ва домони ҷанобон, ки соябонашон ҳам намешавад. Санадҳое, ки Викиликс мунташир кардааст, дигар маҳрамона нестанд ва ниёзе ба муҳру мум кардани онҳо нест. Пули муҳру муматонро барои асрори дандонгиртар ҳифз кунед. Шояд ба дардатон бихурад.
Санади шашум аз муҳимтарини асноди фошшуда аст ва мутааххиртар аз дигар санадҳост ва ба дардҳои ҷомеъаи Тоҷикистон ишораҳои мустақим дорад. То кунун бисёре онро хондаанд. Инро ба маҳзи руҷӯъҳои эҳтимолӣ дар оянда инҷо ҳам мунташир мекунам.
Муаллифи ин телегроф Несиё Квост, муъовини сафири Омрико дар Душанбе аст, ки аксашро ҳамин ҷо мебинед.
Телегрофҳои Сафорати Иёлоти Муттаҳида: 'Робитасолорӣ ва фасод' - монеъи ислоҳот дар Тоҷикистон
Сешанбе, 16.02.2010, 13:41
МАҲРАМОНА БАХШИ 01 АЗ 05 ДУШАНБЕ 000173
SIPDIS
ВАЗОРАТИ ХОРИҶА БАРОИ S/RAP
EO 12958 DECL: 2/16/2020
КАЛИДВОЖАҲО: PREL, PGOV, PHUM, EAID, ECON, EINV, TI
МАВЗӮЪ: НУСХАИ ИСЛОҲШУДА – ТАСВИРИ ФАЗОИ ТОҶИКИСТОН ПЕШОРӮИ ДИДОРИ НАМОЯНДАИ ВЕЖА ДАР УМУРИ АФҒОНИСТОН ВА ПОКИСТОН (SRAP) ҲОЛБРУК
ДАСТАБАНДИШУДА ТАВАССУТИ: НЕСИЁ КВОСТ (NECIA QUAST), CDA, EXEC, DOS.
САБАБ: 1.4 (b), (d)
1. (C) Фишурда: Иёлоти Муттаҳида манфиъат дорад, ки Тоҷикистон ба унвони ҳамсояи шимолии Афғонистон як кишвари босубот бошад ва аз талошҳои низомии мо дар Афғонистон ҳимоят кунад ва ба тасбити авзоъ ва рушди иқтисодии минтақа мусоъидат кунад. Тоҷикистон [ба нерӯҳои омрикоӣ] ҳаққи беҳадду ҳасри парвоз аз ҳарими ҳавоии худро дод ва бедиранг бо ҳамлу нақли таҷҳизоти Шабакаи Тавзеъоти Шимолӣ (NDN) мувофиқат кард. Дар миёнмуддат ин кишвар метавонад дар пешрафти минтақа нақши муҳимтаре бозӣ кунад, чун дорои зарфияти нерӯи обии азим аст ва (нисбат ба Афғонистон) суботи бештар дорад ва ҷамъияти он аз лиҳози мазҳабӣ муътадилтар аст. Вале барои анҷоми ин кор Тоҷикистон бояд мушкилоти бисёри сиёсӣ ва иқтисодиашро ҳал кунад, ки монеъ аз тавсеъаи он шудааст: бенавоӣ, робитаҳои бад бо Узбакистон, фасоди молии шадид, сохтори иқтисодӣ ва барномарезии бозмонда аз аҳди шӯравӣ, сомона (систем)-и нодемукротики сиёсӣ, ноамнии музмин (хронический – рус.)-и ғизоӣ ва вобастагӣ ба нерӯи кории муҳоҷир дар Русия.
2. (C) Кумакҳои Иёлоти Муттаҳида дар заминаи тавсеъа натиҷаҳои омехта доштааст. Иқдомҳои ахир барои беҳбуди ҷавви бозаргонӣ бар асари корзори давлат барои водоштани шаҳрвандонаш ба мушорикат дар сохтани садди барқи обии Роғун хунсо шуд. Ҳукумат ба ислоҳи раванди сиёсиаш алоқаманд нест. Ҳамкории амниятии мо андаке умедворӣ медиҳад. Сарфи назар аз талошҳои мо, Тоҷикистон чизи зиёде надорад, ки барои мо ироа диҳад: ин кишвар тавлидоти бисёр кам дорад, фақир аст ва ҳукумати он аз зарфияти бисёр маҳдуд бархурдор аст. Тоҷикҳо дар мавриди кумакҳои билқувваи мо тасаввуроти ғайривоқеъбинона доранд: маъмулан хостаҳои онҳо шомили кумак дар сохтани таъсисоти зербиноии калон, чун нерӯгоҳҳои мавриди муноқиша, тунелҳо ба сӯи Покистон ва пул (купрук)-ҳо ба нокуҷообод мешавад. Дар ин киноя ҳақиқате нуҳуфта аст, ки кумаки воқеъии Тоҷикистон ба талошҳои мо дар Афғонистон ҳифзи суботи худаш ва додани иҷозаи парвозҳои беқайду банд ва ҳамлу нақли нерӯҳои мост. Ва ин корҳоест, ки Тоҷикистон бидуни каму кост анҷом додааст. Мо мекӯшем бо ҳимоят аз сиёсатҳои Тоҷикистон суботи мудовимро таъмин кунем. Поёни фишурда.
ҲАМСОЯГИИ НОГУВОР
3. (C) Бархе аз мушкилоти Тоҷикистон ҷуғрофиёист. Мушкилоти ҳамешагӣ бо Узбакистон, ки ба далели душмании шахсии раисони ҷумҳури ду кишвар афзоиш ёфтааст, монеъ аз рушди бозаргонии Тоҷикистон, худкифоии он дар арсаи энержӣ ва тавсеъаи иқтисодиаш шудааст. Бесуботӣ дар Афғонистон ҳам асароти ногуворе дорад: қочоқи маводди мухаддир ҳукумати қонун дар Тоҷикистонро таҳт-уш-шуъоъ қарор медиҳад; тоҷикҳо бим доранд, ки густариши андешаҳои ифротгароёна аз Афғонистон ва ҳузури пайкорҷӯён дар он кишвар метавонад дар имтидоди марзи дарозу пурманфаз (беамният) бо Афғонистон амнияти Тоҷикистонро ба мухотира андозад. Фикри эҳтимоли мудохилаи Русия ҳамеша дар зеҳни тоҷикҳо ҳузур дорад. Русҳо дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи обии аслиро таҳти кунтрул доранд, ки мавзӯъи ихтилофоти байни ду кишвар аст. Тоҷикҳо дунболи шариконе дигар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Чин ва Эрон мегарданд, то нуфузи Русияро таъдил кунанд. Чин дар сохтани таъсисоти зербиноӣ кумаки умда карда ва ба Тоҷикистон беш аз як милёрд дулор қарзи камбаҳра додааст, то роҳҳояшро бисозаду хатҳои барқашро бикашад. Эрон ҳазинаи сохтмони тунел ва нерӯгоҳҳоро мепардозад, аммо бо таваҷҷуҳ ба нухбагони суннимазҳаби шӯравипарварди майхора дар Душанбе ва муҳофизакорони мазҳабии шиъа дар Теҳрон, намоиши ҳамбастагии порсизабонон боъиси занну гумонҳои амиқ нашудааст.
4. (C) Ҳукумати Тоҷикистон ба мо фишор меоварад, ки дар баробари ҳимояти онҳо дар Афғонистон имтиёзоти бештаре бидиҳем. Тоҷикҳо мепиндоранд, ки Узбакистон тамоми муъомилоти марбут ба Шабакаи Тавзеъоти Шимолиро барои худаш ҳифз кардааст; онҳо мехоҳанд, ки аз роҳҳои Тоҷикистон барои ҳамлу нақл бештар истифода шавад, пули бештаре барои тармими он роҳҳо ҳазина шавад ва Иёлоти Муттаҳида барои нерӯҳо дар Афғонистон колоҳои тоҷикӣ бихарад. Мо феълан барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон оби бастабандишудаи Тоҷикистонро мехарем. Онҳо ишора кардаанд, ки аз гушоиши пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Омрико дар Тоҷикистон истиқбол хоҳанд кард. Онҳо ҳузури Иёлоти Муттаҳида дар минтақаро ба масобаи деворае дар баробари бесуботии Афғонистон ва ба унвони як кӯҳи пул мебинанд ва хостори ба даст овардани бахше аз он пули нақд ҳастанд.
БИМ АЗ РАҚИБОНИ ДОХИЛӢ, ПАЙКОРҶӮЁН ВА РУСИЯ
5. (C) Ҷанги дохилии Тоҷикистон соли 1997 бо тақсими қудрат миёни ҳукумати Раисиҷумҳур Раҳмон ва раҳбарони мухолифон ба поён расид. Аз замони поёни ҷанг то кунун Раҳмон батадриҷ аз он муъомила фосила гирифт ва тақрибан ҳамаи намояндагони мухолифро аз суфуфи ҳукумат ронд – акнун бархе дар зиндон ба сар мебаранд, шуморе ҳам кишварро тарк карданд ва иддае ҳам ба таври мармуз мурдаанд. Моҳи маи соли 2009 як гурӯҳи мусаллаҳ ба саркардагии Мулло Абдулло Раҳимов, аз чеҳраҳои мухолифи пешин, аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргашт. Гуфта мешавад, ки чандин размандаи хориҷӣ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон бидуни кумаки хориҷӣ ин гурӯҳро хунсо карданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки давраи омӯзишии Иёлоти Муттаҳида ба нерӯҳои амниятии онҳо кумак кардааст, ки пирӯз шаванд ва акнун муштоқона мунтазири ширкат дар омӯзишҳои баъдианд.
6. (C) Робитаҳои миёни Русия ва Тоҷикистон бадтар шудааст. Мақомоти Тоҷикистон бар ин боваранд, ки Русия аз гурӯҳи Мулло Абдулло ҳимоят кард, то ба Тоҷикистон аломат диҳад, ки ба ҳимояти Русия ниёз дорад. Ҳукуматҳои ду кишвар бар сари шароити ҳузури Русия дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ба тавофуқ нарасиданд ва онҳо мушкилоти дигар ҳам доранд. Моҳи уктубр (октябр)-и соли 2009 Раисиҷумҳур мақоми расмии забони русӣ дар Тоҷикистонро коҳиш дод. Ҳукумати вай аз Русия хост, ки бобати ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон пул бипардозад. Соли 2009 нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, ки таҳти идораи Русия аст, ба далели нокомии ҳукумати Тоҷикистон дар пардохти сари вақти ҳазинаи барқ раванди тавлиди барқро боздошт.
МУШКИЛОТИ ИҚТИСОДӢ
7. (C) Тоҷикистон бенавотарини ҷумҳуриҳои шӯравии пешин аст. Ин кишвар кӯҳистонитар аз Афғонистон аст ва заминларзаҳову селҳову хушксолҳову ҳамлаи малах ва шароити ҷаввии номусоъиде дорад. Бахше аз кишвар бештари авқот бо резиши барфу баҳман (тарма) аз боқии ҷаҳон бурида мешавад. Роҳҳои ин кишвар ба хориҷ аз тариқи Узбакистони монеътарош, Афғонистони бесубот ё аз тариқи гардана (ағба)-ҳои сахту дурдасти Помир ба самти ғарби Чин мегузарад. Танҳо тавлидоти санъатии он алюминиюм ва барқи обист. Корхонаи арзизи Тоҷикистон (Talco) бештарин саҳмро дар даромади содиротии Тоҷикистон дорад. Ҳарчанд ба таври фаннӣ ин корхона давлатист, бештари даромади он ба ҳисоби як ширкати махфии бурунмарзии таҳти кунтрули Раисиҷумҳур ворез мешавад ва пули андаке аз ин корхона ба будҷаи давлатӣ таъаллуқ мегирад. Корхонаи арзиз ҳудуди нисфи барқи Тоҷикистонро ба худ ихтисос медиҳад, ки дар натиҷа Тоҷикистон гирифтори давраҳои камбуди шадиди барқ мешавад.
8. (C) Вокуниши Раисиҷумҳур Раҳмон ба ноамнии музмини энержӣ дар авохири соли 2009 оғоз ниҳодан ба корзори фарогири ҷамъоварии пул ва сохтани нерӯгоҳи Роғун буд. Роғун метавонад баландтарин садди ҷаҳон бошад ва зарфияти тавлиди барқи Тоҷикистонро ду баробар афзоиш диҳад. Аммо талошҳои ҳукумат барои ҷамъоварии пул нигаронии ҷиддии диҳишгар (донор)-они байнулмилалиро барангехт. Афрод ва созмонҳо дар арсаҳои мухталиф водор ба харидани саҳомҳои ин тарҳ шуданд. Ба бисёре аз одамон гуфта шуда буд, ки агар чанд моҳ дастмуздашонро барои ин тарҳ напардозанд, шуғлашонро аз даст хоҳанд дод. Ҳарчанд давлат муддаъист, ки ҳамаи саҳомҳо довталабона харидорӣ шудаанд, шавоҳиди кофӣ вуҷуд дорад, ки мақомот мардумро маҷбур кардаанд, то пулеро, ки надоранд, бипардозанд. Гузашта аз масъалаи ҳуқуқи башарии ин мавзӯъ, диҳишгарон нигаронанд, ки наҳваи масрафи ҳудуди 200 милюн дулор пули ҷамъоваришуда шаффоф нахоҳад буд. Бо таваҷҷуҳ ба ниёзи азими Корхонаи арзиз ба нерӯи барқ, ба назар мерасад корзори ҷамъоварии пул барои Роғун ҷиҳати таъмини судбахшии мудовими Корхонаи арзиз анҷом гирифтааст.
9. (C) Иқтисоди Тоҷикистон аз буҳрони ҷаҳонӣ хисорат дидааст ва мизони содироту воридоти он ва миқдори пуле, ки як милюн тоҷик аз Русия ба кишварашон мефиристанд, коҳиш ёфтааст. Пуле, ки муҳоҷирони корӣ ба хонаҳояшон мефиристоданд, баробар бо беш аз 50 дарсади даромади нохолиси дохилӣ дар соли 2008 буд ва ба ростӣ, боъиси зинда мондани мардуми рустоҳо шудааст. Мизони ин кумакпулиҳо дар соли 2009 34 дарсад коҳиш дошт. Бузургтарин монеъи беҳбуди вазъи иқтисодӣ муқовимат дар баробари ислоҳот аст. Аз худи Раисиҷумҳур гирифта то маъмури пулиси сари кӯча, мақомот бо робитасолорӣ (дӯстбозӣ) ва фасоди молӣ шинохта мешаванд. Раҳмон ва хонаводаи ӯ таъсисоти бозаргонии умда, аз ҷумла бузургтарин бонки кишварро таҳти кунтрул доранд ва онҳо сарсахтона аз манфиъатҳои тиҷориашон ҳимоят мекунанд, сарфи назар аз ин ки ин корҳо ба чи қимате барои иқтисод [и кишвар] тамом хоҳад шуд. Бино ба бароварди як сафири хориҷӣ, Раисиҷумҳур Раҳон тарҷеҳ медиҳад 90 дарсади як кулчаи 10-дулораро дар ихтиёр дошта бошад, то 30 дарсади як фатири 100-дулораро.
ИНТИХОБОТ НАЗДИК АСТ, АММО НА ДЕМУКРОСӢ
10. (C) Ҳукумат ба ҳизбҳои мухолиф иҷозаи фаъъолияти маҳдудро додааст ва аз ислоҳи конуни интихобот барои интихоботи саросарии 28.02.2010 сарпечӣ кард. Сафорат интизор надорад, ки интихобот озоду мунсифона бошад. Расонаҳои давлатӣ дидгоҳҳои ҳизбҳои сиёсии мухолифро тақрибан пӯшиш надоданд ва бештари ҷамъият аз ҳадафи баргузории интихобот огоҳӣ надорад. Нерӯи мухолиф дар порлумон заъиф аст: танҳо 15 курсӣ аз 62 курсӣ ба ҳизби ҳоким таъаллуқ надорад ва бархе аз ин ҳизбҳо танҳо ба ном мустақил ҳастанд. Маъруфтарин ҳизби мухолиф, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дар порлумони феълӣ ду курсӣ дорад. Раҳбарии Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар бисёре аз масоил аз ҳукумат ҳимоят кардааст ва аҳамияти исломро дар барномаи кории худ камранг ҷилва медиҳад. Порлумон як маҷлиси муҳрбадаст аст.
11. (SBU) Дар соли 2009 порлумон қонуни маҳдудкунандаи наверо дар заминаи дин тасвиб кард, то фаъъолияти гурӯҳҳои мазҳабии исломӣ ва ғайраро маҳор кунад. Машварати мо, ки ин навъи бархурд метавонад бисёре аз муътақидонро тундрав кунад, гӯши шунавое наёфт. Соли гузашта шукумат даҳҳо танро ба иттиҳоми узвият дар ҷунбиши салафия боздошт кард, аммо ҳукумат далеле дар даст надорад, ки як чунин ҷунбиши созмонёфтае вуҷуд дорад. Ҳукумат ҳамчунин 92 узви гурӯҳи таблиғи исломи бунёдгарои мавсум ба “Ҷамоъати таблиғ”-ро дастгир кард. Бештари раҳбарони мазҳабии исломи пазируфташуда аъзои “Таблиғ”-ро мубаллиғоне беозор медонанд ва хостори озодишон шудаанд.
12. (SBU) Дар паи иқомаи даъвои мақомоти давлат алайҳи панҷ нашрия ба хотири пахши гузоришҳои ҳамагонии давлат дар як муҳокимаи қазоӣ расонаҳои мустақил дар вазъияти баде ба сар мебаранд. Он гузоришҳо дидгоҳҳои интиқодӣ дар бораи додрасон (қозиҳо) ва вазоратхонаҳоро дарбар доштанд. Агар мақомот дар додгоҳ муваффақ шаванд, ин нашрияҳо таътил хоҳанд шуд. Мо ва шарикони урупоимон алайҳи ин муҳокимот эътироз кардем.
РАВОБИТИ НОҲАМВОР БО ДИҲИШГАРОН
13. (SBU) Дар соли 2007 Бонки Миллӣ эътироф кард, ки бо нақзи таъаҳҳудоташ дар баробари Сандуқи Байнулмилалии Пул ба миқдори як милёрд дулор қарз ва тазминотро, ки ба сармоягузорони вобастаи сиёсиаш дода буд, пинҳон доштааст. (600 милюн дулор аз ин маблағ ҳаргиз бозпардозт нашуд). Сандуқи Байнулмилалии Пул тақозо кард, ки бахше аз қарз зудтар бозпардохт шавад, Бонки Миллӣ бозрасӣ шавад ва ислоҳоте дигар сурат бигирад, то битавонад кумакҳояшро аз сар бигирад. Моҳи маи 2009 ҷиҳати кумак барои се соли дигар ба Тоҷикистон 116 милюн дулор бидиҳии дигар ихтисос дод; Иёлоти Муттаҳида танҳо кишваре буд, ки алайҳи ин тасмим раъй дод ва боъиси хашми ҳукумати Тоҷикистон шуд. Сандуқи Байнулмилалии Пул то кунун 40 милюн дулорро таҳвил додааст. Гурӯҳе аз коршиносон ахиран аз Вошингтун ба Душанбе омаданд, то пешрафти давлатро арзёбӣ кунанд, торихи пардохти бахши дигари қарзро таъйин кунанд ва асароти раванди ҷамъоварии пул барои Роғунро бисанҷанд. Натиҷаи арзёбиҳои ин гурӯҳ қарор аст, ки базудӣ дар дастрас қарор бигирад. Диҳишгарон (донорҳо) нигаронанд, ки корзори Роғун бар шиддати фақру бенавоӣ меафзояд ва шароити кумаки Сандуқи Байнулмилалии Пулро нақз мекунад. Ин иқдом пурсишҳоеро дар мавриди дархостҳои мукаррари давлат барои кумаки молӣ матраҳ мекунад ва омодагии давлат ба анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ба унвони яке аз шароити ироаи кумакро зери суол мебарад. Диҳишгарон нигарониҳои худро расман бо давлат дар миён гузоштаанд ва мунтазири посуханд. Диҳишгарон роғибанд ба ҳамгароии минтақа дар бозори энержӣ ва эҳдоси хутути барқ даст ёбанд, то Тоҷикистон ва Қирғизистон битавонанд тавлидоти мозод (изофӣ)-и барқ дар фасли тобистонро ба Афғонистон ва Покистон бифурӯшанд. Як хатти барқи 220-килувотӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон бо кумаки Бонки Тавсеъаи Осиё дар ҳоли кашида шудан аст ва то авохири соли 2010 ба фарҷом хоҳад расид. Эҳдоси хатти қавитари CASA (Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ)-1000 ба самти Афғонистону Покистон ба далоили молӣ ба таъхир уфтодааст.
КУМАКИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА
14. (U) Кумаки Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбад ва аз 27.8 милюн дулор дар соли молии 2009 ба 45.3 милюн дулор дар соли молии 2010 мерасад. Кумаки молии ҷадид дар арсаҳои кишоварзӣ, бозаргонӣ ва ибтикороте дар бахши хусусӣ ҳазина хоҳад шуд, то нокомии барномаҳои бисёр муҳимми амнияти ғизоиро ҷуброн кунад. То соли молии 2008 Тоҷикистон барномаи чандсолаи кумаки ғизоӣ дошт, ки натиҷаҳои муҳим дар пай дошт ва ноамнии ғизоӣ дар бархе аз осебпазиртарин минтақаҳои Тоҷикистонро коҳиш дод. Ба дунболи он дар солҳои молии 2009 ва 2010 барномаҳои мушобеҳи яксола иҷро шуд. Як барномаи ибтикории амнияти хорбор дар ҷараён аст, вале равшан нест, ки Тоҷикистон он пулҳоро дарёфт хоҳад кард ё на. Барномаҳои нав ҳамчунин бо эҷоди бозори энержии минтақаӣ саъй дар ҳалли масъалаи камбуди музмини энержӣ доранд ва ба кишварҳои Осиёи Миёна кумак мекунанд, ки бо мушкилоти обу барқ дасту панҷа нарм кунанд. Дар соли молии 2008 ба Тоҷикистон ба маблағи 9.9 милюн дулор барои тарҳи 1207 дар заминаи тасбити авзоъ пул дарёфт кард. Муҳимтарин хатароте, ки суботи Тоҷикистонро таҳдид мекунад, фақру бенавоӣ аст. Бонки Ҷаҳонӣ баровард кардааст, ки беш аз 60 дарсади ҷамъияти кишвар зери хатти фақр ба сар мебаранд. Ҳукумат дар вокуниш ба вазъиятҳои изтирорӣ нотавон будааст. Тарҳи 1207 дар 50 маҳаллаи мунзавии минтақаҳои Рашту Фарғона ва дар имтидоди марз бо Афғонистон пиёда мешавад. Мушкилоти беҳдоштию омӯзишӣ ба андозае сангин аст, ки пешрафти мо дар дигар минтақаҳоро ба мухотира андохтааст. Барномаҳои мо дар заминаи беҳбуди сиёсатҳои беҳдоштӣ, сомона (систем)-ҳо ва хадамот, тарбияти муъаллим, таъмини молии арсаи омӯзиш, барномаи таҳсилӣ, арзёбии дониши донишомӯзон ва идораи мактабҳо аст.
ҲАМКОРИИ АМНИЯТӢ
15. (C) Ҳамкории амниятӣ ҳамчунон аз нуқоти қуввати равобити мо бо Тоҷикистон аст. Вазорати дифоъ [-и Тоҷикистон] соли гузашта довталабона хостори мизбонии размоиши минтақаии Ситоди марказии фармондеҳии Омрико шуд, ки Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам дар он ширкат карданд; размоиш рӯзи 10 ут (август) анҷом гирифт. Ситоди марказии фармондеҳии Омрико ва Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар моҳи май гуфтугӯҳои машваратӣ баргузор карданд ва барномаи ҳамкориҳои амниятӣ барои соли молии 2010-ро мушаххас карданд. Ин барнома алоқаи физояндаи Тоҷикистон ба минрубӣ ва мушорикат дар Барномаи амалиёти сулҳи ҷаҳониро бозтоб мекард. Дар соли молии 2010 Идораи тавсеъа ва таҳқиқоти башардӯстонаи Артиши Омрико дар заминаи минрӯбӣ барои арзёбии саҳроӣ ба Тоҷикистон як мошини меконикии минрӯбӣ медиҳад, ки қарор аст дар соли молии 2011 дар чорчӯби барномаи “тамвили низомии хориҷӣ” ба Тоҷикистон фурӯхта шавад. Тоҷикистон бори дигарт эъломи таъаҳҳуд кард, ки соли 2011 як воҳиди кӯчаки посдорони сулҳ ташкил хоҳад кард. Омӯзишҳо ҳамин моҳ дар Коргоҳи сиёсати миллӣ оғоз мешавад, то ба тавсеъаи вазорати дифоъи Тоҷикистон ва нерӯҳои мутаҳаррики он мусоъидат кунад. Як коргоҳи дигар дар сатҳи артишиён ва як давраи омӯзишии низомӣ ҳам соли оянда баргузор хоҳад шуд.
16. (C) Пул ва имконоти вурудии Панҷи Поён равобити миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ба таври қобили таваҷҷуҳ беҳбуд бахшидааст. Ҳарчанд аз тамоми зарфияти ин пуо истифода намешавад, рафту омад аз тариқи он хеле бештар аз давраест, ки миёни ду кишвар тавассути қоиқҳо тараддуд мекарданд; омадушуд аз тариқи пул дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамарӯза аз 40 то 200 маҳмула ва мошини борӣ аз тариқи ин пул мунтақил мешаванд. Бо маблағи Маркази фармондеҳӣ нурпароканӣ, нардаҳои ҳифоз (решётка –рус.), дурбинҳои мадорбаста ва маҳалли таваққуфи мошинҳо дар ин маҳал дар соли 2010 беҳтар хоҳад шуд. Тоҷикистон роғиб аст мо аз тавофуқномаи интиқоли колоҳои ғайриҷангӣ ба Афғонистон тавассути Шабакаи Тавзеъоти Шимолӣ истифодаи бештар кунем ва умедвор аст, ки Тҷикистон аз ин қарордод суди иқтисодӣ бибинад. То кунун мо аз пойгоҳи Манас ба Багром аз тариқи Тоҷикистон колои андаке мунтақил кардаем. Ожонси тадорукоти дифоъӣ қасд дорад аз як тавлидкунандаи тоҷик барои нерӯҳо дар Афғонистон оби бастабандишуда бихарад. Тоҷикҳо талош мекунанд ба ҳар роҳе, ки шуда аз муҳосираи тиҷории Узбакистон берун оянд.
ҲАМКОРИИ НЕРӮҲОИ АМАЛИЁТИ ВЕЖАИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА
17. (S) Сафорати Иёлоти Муттаҳида қасд дорад зарфият ва тавоноиҳои нерӯҳои амнгиятии баргузидаи Тоҷикистонро дар заминаи барномаҳои роҳбурдӣ (стратегӣ)-и Гурӯҳи муштараки ҳамоҳангиҳо миёни ожонсҳои зидди маводди мухаддири Маркази фармондеҳӣ ва давлати Омрико ва дар чорчӯби ҳадафҳо барои Тоҷикистон афзоиш диҳад. Пас аз он ки Маркази фармондеҳии нерӯҳои амалиёти вежа арзёбии лозимро анҷом диҳанд ва ин гурӯҳҳоро ба воҳидҳои вежа табдил кунанд, ҳадафи аслӣ тақвияти афзоиши тавоноиҳо тавассути ҳаъйатҳои нерӯҳои вежаи Иёлоти Муттаҳида барои омӯзишҳо ва тамринҳои муштарак ва омӯзишҳо дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир хоҳад буд.
МАВОДДИ МУХАДДИР
18. (C) Тоҷикистон аз масирҳои умдаи интиқоли ҳеруини Афғонистон ба Русия ва Урупо аст. Бино ба бароварди Дафтари Созмони Милал дар умури марбут ба маводди мухаддир ва ҷиноёт, ҳамасола 40 дарсади маводди мухаддири Афғонистон аз роҳи Тоҷикистон вориди Русия мешавад. Камтар аз 5 дарсади он пеш аз вуруд ба Русия мусодира мешавад. Тавоноиҳои ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бисёр маҳдуд аст. Фасод аз масоили аслист. Ниҳодҳои интизомӣ хеле моил нестанд қочоқчиёнеро ҳадаф қарор диҳанд, ки равобити наздике бо мақомот доранд, вале қочоқчиёни сатҳи поину миёнаро боздошт мекунанд. Ожонси кунтрули маводди мухаддир як ниҳоди даҳсолаи муташаккил аз 400 афсар аст, ки тавассути як тарҳи Дафтари Созмони Милал дар умури марбут ба маводди мухаддир ва ҷиноёт созмон ёфт. Бисёре аз кишварҳо кумаккунандаи ин барнома ҳастанд, аммо танҳо ниёзҳои умдаи ин ожонсро Дафтари кумакҳои хориҷии Омрико барои мубориза бо маводди мухаддир таъмин мекунад. Маъмурони музокироти Ожонси кунтрули маводди мухаддир дар минтақаи Толиқон дар шимоли Афғонистон дар мусодираи беш аз 100 килу ҳеруин дар чаҳор моҳи ахир нақши калидӣ доштанд. Ожонси маводди мухаддири Омрико барои таъмиқи амалиёт бо маъмурони Ожонси кунтрули маводди мухаддир [-и Тоҷикистон] ҳамкорӣ мекунанд.
19. (SBU) То соли 2005 аз марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон русҳо муроқибат мекарданд. Пас аз он ки русҳо рафтанд, посгоҳҳо тахриб шуданд ва барои сукунати инсон муносиб нестанд. Нерӯи марзбонии Тоҷикистон муташаккил аз сарбозони низомвазифаест, ки омӯзиши кофӣ надидаанд, пули кам дарёфт мекунанд, бахубӣ муҷаҳҳаз нестанд ва маъмулан ғизои кофӣ надоранд. Дафтари кумакҳои хориҷии Омрико барои мубориза бо маводди мухаддир посгоҳҳои марзиро аз нав сохт ва барои марзбонон маҳалли муносибу амне барои зиндагӣ муҳайё кард ва шароити хубе барои анҷоми гаштҳои марзии муваффақ ба вуҷуд овард. Ҳар посгоҳи нав ҳудуди 500 ҳазор дулор қимат дорад ва зарфияти беш аз 100 марзбонро дорад. Посгоҳҳо аз созаҳои азпешсохтаи аз лиҳози масрафи энержӣ мақрун ба сарфа таҳия шудаанд ва аз нерӯҳои олтернотиве чун нерӯи хуршед, бод ва нерӯгоҳҳои обии кӯчак баҳра мегиранд. Мо дар сададем тамриноти марзии муштараки Тоҷикистону Афғонистонро ба таври озмоишӣ дар Хоруғ анҷом диҳем. Агар ин тарҳ бомуваффақият анҷом шавад, ба таври муназзам дар марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд. Мо дар ҳоли санҷидани заминаҳои ироаи давраҳои муштараки “Вокуниши изтирории аввалия” барои марзбонони Тоҷикистону Афғонистон ҳастем. Дафтари кумакҳои хориҷии Омрико барои мубориза бо маводди мухаддир Окодемии марзбонии Тоҷикистонро аз нав сохтааст. Як гурӯҳи гашти марзии Иёлоти Муттаҳида қасд дорад барои баррасӣ ва намоиши шигирдҳои гаштзанӣ дар ин Окодемӣ ва дар саҳро ба минтақа сафар кунад; ин метавонад оғози сафарҳои мутақобили омӯзгорони марзӣ бошад.
20. (C) Барномаи мубориза бо маводди мухаддири Маркази фармондеҳӣ дар ҳоли ироаи кумакҳои қобили таваҷҷуҳ ба амнияти Тоҷикистон аст. Маблағи 16.9 милюн дулор, ки дар Тарҳи Такмилии ахир таъйид шуд, имсол дар сохтмони як маркази миённиҳодии “омӯзишҳои саросарӣ”, тармими зербинои вурудии марзии Панҷи Поён ва таҷҳизоти иртиботӣ ҳазина хоҳад шуд. Маркази омӯзишӣ аз имконоти мухталиф бархурдор хоҳад буд ва барои баргузории давраҳои омӯзишии ҳамаи вазоратхонаҳо истифода хоҳад шуд ва давраи омӯзишии дусолонаи Нерӯҳои амалиёти вежаи Маркази фармондеҳӣ дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир ҳам дар ҳамон ҷо баргузор мешавад. Арзёбии ахир нишон дод, ки тоҷикҳо аз таҷҳизоти иртиботие, ки қаблан дар ихтиёрашон гузошта шуда буд, баҳра мегиранд ва аз онҳо нигаҳдорӣ мекунанд. Имсол мо насби таҷҳизоти иртиботи миённиҳодӣ дар Панҷи Поён ва минтақаи наздики онро оғоз мекунем. Бо насби ин таҷҳизот панҷ ниҳоди давлатӣ хоҳанд тавонист бо истифода аз як сомона (систем)-и ҳамсоз бо ҳам иртибот дошта бошанд. КВОСТ (QUAST)
1 comment:
On ki navishtahoi Shumoro Nigoh imkoni nashr nadorad, umedvoram, Shumoro az tarjima va nashri nomahoi Wikileaks, ki marbuti TJK-and, boznadorad.
Post a Comment