Showing posts with label education. Show all posts
Showing posts with label education. Show all posts

Tuesday, July 10, 2012

Ministry of Education Vs Persian Alphabet


Вазорати омўзишу парвариш дар қиболи хатти порсӣ

Дар посух ба пурсиши ҳафтаномаи “Озодагон”

Пурсиш: 

Вазири маориф Нуриддин Саидов гуфтааст, ки баргаштан ба хатти порсй зарурате надорад. Зеро ба гуфтаи у замони шурави аз иваз кардани алифбо тачрибаи талхе дорем ва бо он рўбарў хоҳем шуд. Ба фикри шумо, барои гузаштан ба хатти порсй зарурат хаст? Чи қадар фурсат мехоҳад?

Посух: Изҳори назари вазири омўзишу парвариш (маъориф) шигифтангез нест. Он чи баростӣ таъаҷҷубовар аст, ишораи эшон ба “донишмандон ва олимони тоҷик” аст. Дар паи фаромўшии хатти порсӣ ҳар он чи дорем, донишпажўҳу донишвар аст ва шумори донишмандону ъолимонамон беандоза андак аст. Намедонам, тафовути ин истилоҳҳо барои ў равшан аст ё на, аммо танҳо касе дар ҷойгоҳи устод Муҳаммадҷон Шакуриро метавон дар заминаи забону адаби порсӣ донишманд донист ва ин донишманди яктои мо бо такя бар андўхтаҳояш гузор ба хатти порсиро зарурати торихӣ медонад. Яъне агар мехоҳем миллати мо бо ҳифзи фарҳанги худ ба фардо бирасад, бояд ба хатти порсӣ баргардем.

Дигар ин ки худи ман суҳбатҳои Нуриддин Саъидовро нашунидаам, то мутмаин бошам, ки нақли қавли ҳафтанома ъайни асл будааст. Аммо агар ъайни асл бошад, ночорам бигўям, ки вазири маъорифи То
ҷикистон ба монанди бисёре дигар аз вазирони мо бояд забони модариро бозомўзӣ кунад, то дарёбад, ки “зарурият” шакли ғалати “зарурат” аст. Ин зарофатҳоро танҳо касе медонад, ки хатти порсӣ балад бошад. Яъне ҳеч одамизоде қодир нест забони модарии моро ба хатте ҷуз порсӣ бахубӣ ёд бигирад. Он чи вазиру кабир бошад ва чи ҳақиру сағир. Нақли қавли вазири маъорифи Тоҷикистон худ намунаи тамомъайёри фоҷеъаи пириллик аст.

Ба нақл аз Н. Саъидов мехонем: «Мо медонем, ки ин ч
ӣ маъно дорад ва таҷрибаи ҳамсоя як бори дигар нишон дод, ки ягон зарурият надорад ба хати форсӣ гузаштани мамлакати мо».

Муқоисаи гузори мо ба хатти порс
ӣ бо гузори узбакҳо ба хатти лотин ҳамонанди муқоисаи кайҳоннавардӣ бо кишоварзист, ки ҳеч бо ҳам ҷўр наояд. Хатти лотин барои пешинаи Узбакистон ҳеч арзише надорад ва гузор ба нокуҷообод аст. Бо таваҷҷуҳ ба тафовути бисёр зиёди миёни забон ва имлои узбакӣ ва туркӣ, наметавон иддаъо кард, ки ин иқдоми узбакҳо пул (купрук)-е буда, ки онҳоро бо “ҳамтаборонашон” пайванд додааст ё заминаи дастрасии узбакҳо ба иттилоъоту адабиёти ҷаҳониро фароҳам кардааст. Аммо ҳамаи инҳоро метавон дар мавриди аҳаммияти алифбои порсӣ барои порсигўёни Осиёи Марказӣ гуфт. Бо гузори мо ба хатти порсӣ ҳам забони порсии кабирону сағирони мо равонтару дурусттар мешавад ва ҳам дастрасии мо ба навиштаҳои ҷаҳониён дар ҳар заминае муяссар мешавад; чун дар ҳар заминаи қобили тасаввур ба хатти порсӣ китобҳое таҳрир ё тарҷума шудааст. Ва хатти пириллик дар сад ъумри худ қодир ба навиштану баргардони он ҳама донистанӣ нахоҳад буд. Дар воқеъ, хатти пириллик (порсии сириллик) девори бузургест миёни Тоҷикистон ва пешрафт, Тоҷикистон ва фардо, Тоҷикистон ва ҷаҳон, Тоҷикистон ва ҳамтаборон, Тоҷикистон ва пешина, Тоҷикистон ва фарҳанг, Тоҷикистон ва худӣ, Тоҷикистон ва худаш.

Бо ин ки медонам дар кишваре чун То
ҷикистон танҳо як нафар метавонад дар ин замина тасмим бигирад ва он ҳам раисиҷумҳур аст, тасаввур мекунам раъйи мантиқитари вазироне чун оқои Саъидов метавонист бар мантиқитар шудани раъйи раисиҷумҳур дар ин заминаи бахусус таъсир бигзорад. Пешниҳоди ман ин аст, ки вазири арҷманди маъориф тарҳи гузор ба хатти порсиро аз ҳамин ҳоло тадорук бибинанд. Дар ин замина бисёре ҳозиранд ҳамкорию кумаки бешоиба кунанд. Барои 10 соли тамом Тоҷикистон метавонад ду хатти пириллик ва порсиро канори ҳам дошта бошад ва тадриҷан (на ба таври истолинӣ, ки хатти феълии мо меросе аз ҳамўст) ба хатти модарии худаш (ки чизе ҷуз порсӣ нест) баргардад. Дар сурати тамоюли оқои Саъидов ва вазирони марбутаи дигар мешавад тарҳро ба таври шаффофтару мушаххастар дар миён гузошт.

Н. Саидов: Дар То
ҷикистон зарурияти гузаштан ба хатти форсӣ нест

Wednesday, May 18, 2011

To Leave a Better World Behind

Дунёи беҳтаре ба ёдгор

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Қарор буд имшаб дар идомаи баҳси забони порсӣ матлабе бинависам. Ва доштам менавиштам, ки баногоҳ паёме такондиҳанда аз дӯсти даврони бачагиам дар Душанбе дарёфт шуд ва мавзӯъ иваз шуд.

Дӯстам мегуфт, падараш даргузаштааст. Вақте ба телефуни ҳамроҳаш занг задам, садои гиряву шеван маҷоле барои гуфтугӯ намегузошт. Бо ҳоли низор ба пои роёна нишастам, ки ин чанд сатрро қаламӣ (роёнаӣ) кунам, бо диле пур аз андӯҳ, аммо аз роҳи дур. Шунидани хабари бад таҷрубаи бадест ва бадтарини он шунидани хабари бад аз роҳи дур аст; ҳангоме ки тозатарин фанновариҳои иртиботӣ ҳам ҷои холиатро пур намекунад. Аҳаммияти иҳзори андӯҳ ба андозаи ибрози шодист ва вақте он муяссар намешавад ва бурун намеояд, ғам дар сина реша медавонад ва табдил ба ғусса мешавад; ғуссае ниҳодина ва музмин.

Устод Исроил Файзиев, падари дӯстам Илҳомро аз даврони кӯдакӣ мешинохтам. Қадди баланду бовиқори ӯ барои мо, кӯдакони дабиристон, тимсоли пруфессур шуда буд. Ва ӯ пруфессур буд. Устоди физику риёзиёт дар Донишкадаи пулитекник, ки баъдан “Донишгоҳи Текникии Тоҷикистон” номгузорӣ шуд. Дуктур Исроил Файзиев, ки рӯзи 5 маи соли 1937 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омад ва тайи панҷоҳ соли ахир дар заминаи риёзиёт ва физик пажӯҳишҳое кард ва ба мақомҳое даст ёфт, ки дар торихи муъосири илми физик ва риёзиёти Тоҷикистон ӯро барои ҳамеша мондагор мекунад. Дар бораи шевашиносии физик рисолаҳое ба забони русӣ мунташир кард ва ба дараҷоте аз дониши риёзиёту физик расид, ки мояи ифтихори сарзамини мо буд.

Ба унвони касе, ки то кунун ба улуми дақиқ таваҷҷуҳи кофӣ надодаам, худро дар баробари равони шоди Исроил Файзиев бидеҳкор (қарздор) донистам, бо дарки ин ҳақиқат, ки бидуни илмҳои дақиқ ва пешрафти ин улум ҳеч кишваре ба ҷойгоҳе нарасидааст. Ва шояд ин мавриди муносиб аст, ки ба Шӯравӣ ва улумаш дуруду сано бифиристем. Мухолифате бо ин андеша надорам, бавижа ин ки фароварда (маҳсул)-аш Исроил Файзиев бошад.

Ёдам меояд марди фозиле, ки бо салобате муносиби ҳоли худ зоҳир мешуд ва мо, бачаҳоро, ёрое набуд, ки аз ӯ бипурсем чи ҳоле дорад. Пруфессур Файзиев барои мо ҷовидона пруфессур буд; марде босалобат, бо ваҷоҳате ҷиддӣ ва бамаротиб ҷиддитар аз ваҷоҳати омӯзгорони физики мо, ки моро мутаваҷҷеҳи ҳақиқати илм мекард. Аз чеҳраи бузургвори шодравон буд, ки ҳақиқати илм барои ман парданамо мешуд; чеҳрае оганда аз ҳуҷбу ҳаёву шарофат, ки кӯчактарин талоше барои худнамоиро надошт. Исроил Файзиев як чеҳраи илмӣ ба тамоми маъно буд ва ба унвони як устоди ростин худ ба худ ҳисси эҳтиром бармеангехт.

Исроил Файзиев аз худ панҷ фарзанди барӯманде баҷо гузошт, ки ҳар кадом дар заминае фаъъоланд ва дарахти маърифат мекоранд; ва ин шуғлест, ки аз падар ба ирс бурдаанд.

Аммо барои ман суоле, ки ҳамчунон побарҷост, ин аст, ки исроил-файзиевҳои азиз дар гузоранд ва умри кӯтоҳи худ ба сар мебаранд. Чи касе қарор аст, ки ин дарахти маърифатро сабз нигоҳ дораду анбӯҳ кунад? Он чи бар ман ғалаба карда, танҳо андӯҳи аз даст додани падари дӯстам нест, ки шаҳомати ҳузураш барои мо маънии “дуктуро” ва “устодии донишгоҳ”-ро тафҳим мекард. Он чи рафту меравад, мафҳуми “устодии донишгоҳ” аст, ки бо гузори замон ҳар чи камтару камтар мутародифи воқеъиашро дар зиндагии воқеъӣ мебинем. Устоде, ки муҳимтарин дағдағаи зеҳниаш андӯхтани дониш ва вогузор кардани он ба наслҳои ҷавон аст; устоде, ки дар миёни дафтарчаи имтиҳонот мудом дунболи даромаде изофӣ намегардад. Бо рафтани бузургчеҳраҳое, ки даврони шӯравӣ офарида буд, оё мафҳуми “устод” ҳам бакуллӣ иваз намешавад? Оё давлати навпои мо ба мараҳилае расидааст, ки бузургоне чун Исроил Файзиевро бозпарварад, ва агар фосилаи мо аз ин марҳила дур аст, оё фурсат муносиб нест, ки ба он биандешем ва чеҳраҳоеро бозофаринем, ки фардои мо дар ҷаҳони физик ва риёзиёт ва дигар илмҳои дақиқро равшантар аз имрӯз бикунанд?

Ин пурсишест пешорӯи посухдиҳандагони рӯзгор. Имрӯза донишпажӯҳони тоҷик дар вазъе ба сар мебаранд, ки ба ҳеч рӯй орзуи Исроил Файзиев ва бузургворони дигаре набуд, ки дар ин рӯзгори номусоъид умри худро дареғ доштанд. Боқии умри онон бояд ҳазинаи беҳбуди зиндагии данишпажӯҳон шавад. Донишпажӯҳонро зиндагии мураффаҳтар бидиҳем, то дунёи зеботару мураффаҳтареро аз худ ба ёдгор бигзоранд.

Thursday, February 18, 2010

"The Absent Are Never Without Fault..."

Аз мост, ки бар мост

вижаи Ногуфтаниҳои Нигоҳ

"Моро дар донишгоҳ маҷбур мекунанд, ки саҳмияҳои Рогунро харем. Масалан, ман имтиҳонҳои худро пешакӣ гирифтам, лекин дар дафтарчаи имтиҳонӣ намонданд. То он даме, ки ман 100 сомонӣ напардохтам, баҳоямро намонданд. Бештари дониҷшуён натавонистанд бидуни 100 сомонӣ ба имтиҳон дароянд. Дар Донишгоҳи забонҳо маҷбур карданд, ки донишҷуён дукаса шуда ба 100 сомонӣ саҳмия харанд. Дар Донишгоҳи миллӣ ба маблаги 200 сомонӣ, дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо – 100 сомонӣ. Дар Бадахшон аз мактаббачагон ҳам пул ҷамъ карданд. Вазорати маъориф боз гуфтааст, ки масалан, буданд донишҷуёне, ки ҳатто ба маблаги 5-10 ҳазор сомонӣ саҳмия хариданд."


Ин гилояи як донишҷуст, ки аз Тоҷикистон ба ман расидааст.

Дар бораи саҳоми неругоҳи Рогун дар «Ногуфтаниҳо» чизҳое гуфта будем, аммо ин нома ба мавзуъе жарфтар ишора мекунад ва дар ниҳояти содагӣ яке аз печидатарин мушкилоти фитрии ҷомеъаи моро ошкор мекунад: бардахуӣ. Чун раҳбар тақозо карда, ки ба сандуқи Рогун пул бирезем, ҳоло пули ҷайбии бачаҳоямонро ҳам бояд ба зур бигирему ба он сандуқ ҳавола кунем. Чунон дар анҷоми фармонҳо зиёдаравӣ мекунем, ки гоҳ, агар раҳбар салла хост, салларо ҳамроҳ бо калла хидматашон меоварем.

Ин танҳо мавзуъи саҳоми неругоҳи Рогун нест, ки бардахуии ҷомеъаи моро барҷаста мекунад. Ба ҳар мавзуъи дигаре ҳам ки ангушт бигзоред, ин оризаи иҷтимоъиро бавузуҳ мебинед. Барои намуна, гумоштани фарзанди раисиҷумҳур ба мақоми муъовинати вазорати хориҷа ва интисоби фарзанди дигари у ба макоми муъовинати созмони ҷавонони кишвар ва пешбарии ҳаму ба намояндагии мардуми шаҳр дар як ҷомеъаи озоди ҳуқуқбунёди демукротики мустақиллу гайра (ки дар идомаи номи кишварамон пайваста зикр мекунем), бедиранг занги хатарро ба садо меоварад. Хатари хешовандсолорӣ, ки дар забониҳои хориҷӣ ба он «непотизм» гуянд. Непотизм, яъне интисоби хешовандон ба мақомҳои боло бидуни таваҷҷуҳ ба шоистагии ҳирфаии эшон.

Вале дар Тоҷикистон кор аз хатар гузашта ва ба марази хешовандсолорӣ табдил шудааст, ва занги мо ҳамчунон хомуши хомуш аст. Гуё касе аз паёмадҳои ин гумоштанҳо ё интисобҳо воқиф нест ва намефаҳмад, ки саранҷоми ин раванд, яъне бозгашти аморат. Вале ин бор бидуни фарри эзидӣ, ки дар гузашта лозимаи нишастан бар тахт буд. Ҳофиз мегуфт:

На ҳар ки тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулоҳдорию ойини сарварӣ донад.

Дар як ҷомеъаи озоду ҳуқуқбунёду демукротик, ки мо аз он танҳо номе шунидаему нишоне дар сарзаминамон надидаем, имкон дорад, ки касе аз пайвандони як раҳбар ба мақоме боло даст ёбад. Мисли хонаводаҳои маъруфи Кенедӣ, Буш ва Клинтун дар Омрико. Аммо дар он ҷо барои солҳои сол чи заҳматҳое бояд бикашӣ ва чи шоистагиҳое бояд аз худ буруз диҳӣ, то матраҳ шавиву мардум туро баргузинанд. Вале дар ҷомеъаи мо ба осонӣ мешавад низоми аморат ё подшоҳиро дубора зинда кард. Чун истибдод ва хешовандсолорӣ танҳо дар ҷомеъаҳое реша медавонаду по мегирад, ки бардаху ва ситампарвар бошад ва касе ба худ иҷоза надиҳад, ки ҳатто сари дурустӣ ё нодурустии як фармон ё икдоми раёсат биандешад.

Яке аз мақомҳо мегуяд, ки ҳатман Рустами Эмомалиро мардум интихоб хоҳанд кард, чун писари раисҷумҳур аст. Ин истидлол ё далеловарӣ танҳо бар мардуми бардаху ё гуломтабиъат асар мегузорад. Вагарна сирфи «фарзанди раҳбар будан» набояд далели интихоби як шахс ба ҳеч мақоме бошад. Шояд беҳтар буд мубаллигони хонаводаи раҳбар мегуфтанд, ки ба хотири чи шоистагиҳои Рустам бояд ба у раъй дод ва ин ки ин ҷавон то кунун фурсат доштааст, ки дар арсаи сиёсӣ кори шоёни таваҷҷуҳе анҷом диҳад ё на.

«Депутат», яъне касе, ки аз мо – мардум дар баробари давлат дифоъ ва ҳимоят мекунад. Оё мешавад чунин тасаввур кард, ки фарзанди раҳбар ба хотири мардум алайҳи дастгоҳи ҳукуматии падараш муқовимат кунад ва ҳаққи мардумро аз ҳаққи падараш авлотар бидонад? Бале, мешавад. Ва чунин иттифоқот борҳо уфтода. Аммо на дар Тоҷикистон, балки дар ҷомеъаҳои озоду демукротику ҳуқуқбунёд. Ҳамон ҷомеъҳое, ки сифатҳои «озоду демукротику ҳуқуқбунёд»-ро ба дунболаи номи кишварашон намечаспонанд. Чун «мушк он аст, ки худ бибуяд».

Ҳукумати Тоҷикистон ойинаи тамомнамои ҷомеъаи Тоҷикистон аст. Ҳар он чи дар он мебинем, бозтоби худи мост. Пас аз кӣ бояд гилоя кард, ки ҳукуматдорон ба зур пули ҷайбии бачаҳомонро ба сандуқи Рогун мерезанд? Ба кӣ бояд шикоят бурд, ки яке-ду хонавода дар ҳоли густариши нуфузи худ бар ҳамаи бахшҳои сиёсию иқтисодии кишвар ҳастанд?

Аз мост, ки бар мост.

Thursday, June 19, 2008

Why Are Jews So Powerful?

Чаро яхудиён ин кадр кудратманданд?

Дуктур Фаррухи Салим,
Исломобод, Покистон


Дар тамоми чахон танхо 14 милюн яхудй зиндагй мекунанд: хафт милюн дар Омрико, панч милюн дар Осиё, ду милюн дар Урупо ва яксад хазор нафар дар Офрико.

Дар баробари хар яхудй дар дунё яксад мусалмон зиндагй мекунанд. Бо ин хол, яхудиён бештар аз яксад баробар кудратмандтар аз тамоми мусалмонон хастанд. Оё харгиз шигифтзада нашудаед, ки чаро?

Олберт Эйнштейн, бонуфузтарин ва таъсиргузортарин донишманди тамоми даврон ва Марди Сада ба интихоби мачаллаи Time, як яхудй буд. Зигмунд Фройд – падари равонковй як яхудй буд. Ба хамин тартиб, Корл Моркс, Пол Сомуэлсун ва Милтун Фридман иддае дигар аз яхудиёне хастанд, ки хосили хираду равшанфикришон ба тамоми башарият расидааст.

Бенчомин Рубин суранг (сузандору)-и моякубй (ваксинатсия)-ро ба башар арзонй дошт. Юнос Солик воксани фалачи атфолро тахия кард. Олберт Собин воксани фалачи атфолро муассиртар кард. Гертруд Элиюн доруи мубориза бо саратони хунро ба мо хадя кард. Борух Блумберг моякубии хепотити Би-ро мухайё кард. Пол Элрих дармони сифилисро кашф кард. Эли Мечникуф як чоизаи Нубелро дар беморихои уфунй ба даст овард. Бернорд Котз як чоизаи Нубелро дар интиколи асабй-узалонй касб кард. Андрю Шолй барандаи чоизаи Нубел дар гудуди тарашшухкунандаи дохилй шуд. Орун Бак дармоншинохтиро кашф кард (равондармонй барои муъоличаи ихтилолоти равонй, афсурдагй ва вахм). Грегурй Пинкос нахустин курси зидди обистании хурокиро тахия кард. Чурч Волид як чоизаи Нубел ба хотири пешбурди донишу идроки мо аз чашми инсон касб кард. Стенлй Кухен барандаи як чоизаи Нубел дар чаниншиносй шуд. Вилём Кулф бо мошини диолизи кулия (гурда) матрах шуд.

Дар тули 105 соли гузашта 14 милюн яхудй 15 дучин (дюжина) аз чавоизи Нубелро касб кардаанд, дар холе ки танхо 3 чоизаи Нубел тавассути 1.4 милёрд мусалмон касб шудааст (гайр аз чавоизи сулх). Чаро яхудиён ин кадр кудратманданд?

Стенлй Мизур нахустин тарошаи микропросессор (резпардозанда)-ро ихтироъ кард. Леу Силорд нахустин реоктури хастаии занчираиро сохт. Питер Шултз кобли фибер (кабели нахй)-и нурй; Чорлз Одлер – чароги рохнамо; Бену Строус – пулоди зиддизанг; Ойсодур Койсй – синамои садодор; Эмил Берлинер – микруфуни даханй ва телефун; Чорлз Гинсбург – забти навори видеуйи.

Сармоядорони шахир дар чахони бозаргонй, ки ба мазхаби яхудият таъаллук доранд, иборатанд аз:

Ролф Лурен (Polo)
Луис Строус (Levi’s Jeans)
Хуворд Шултз (Starbuck’s)
Сергей Берин (Google)
Мишел Делл (Dell Computers)
Лурй Элисун (Oracle)
Дуно Корон (DKNY)
Иру Рубинз (Baskins & Robbins)
Билл Рузенберг (Dunkin Donuts).

***

Ричорд Левин, раиси Донишгохи Йол (Yale), як яхудй аст. Хамчунин Хенрй Киссинчер – аз давлатмардони маъруфи омрикой, Олен Гринспан – раиси мачлис дар даврони Рейгон, Буш, Клинтун ва Буш, Чузеф Либерман, Моделин Олбройт – вазири омрикойи, Коспер Винбергер – вазири дифоъи Омрико, Моксим Литвинуф – вазири умури хоричаи Шуравии пешин, Дейвид Моршол – нахуствазири Сангопур, Исок Исокус – фармондори кулли Устролиё, Бенчомин Дисроилй – сиёсатмадор ва нависандаи бритониёйи, Евгений Примокуф – нахуствазири Русия, Беррй Гулвотер, Хурхе Сомпойу – раисичумхури Пуртугол, Чон Дуйч – мудири СИО (CIA), Херб Геррй – коиммакоми нахуствазири Конодо, Пйер Мендез – нахуствазири Фаронса, Мойкл Хуворд – вазири кишвари Бритониё, Бруну Крискй – садри аъзами Утриш ва Руберт Рубин – вазири хазонадории Омрико низ яхудй хастанд.

***

Дар арсаи расона яхудиёни саршинос шомили Вулф Блитзер (CNN), Борборо Волтерз (ABC News), Евчин Меир (Washington Post), Хенрй Грунволд (сарверостори Time), Котрин Грохом (ношири Washington Post), Чузеф Ллилд (веростори ичроии New York Times), Мокс Фронкел (New York Times).

Оё метавонед навъдусттарин некукор дар тули торихи чахонро ном бибаред?

Номаш Чурч Сурус (George Soros) аст. Як яхудй, ки то кунун беш аз 4 милёрд дулор эхдо карда, ки бештари он барои кумак ба донишмандон ва донишгоххои саросари чахон сарф шудааст.

Пас аз Чурч Сурус Волтер Оненберг, як яхудии дигар карор дорад, ки яксад китобхонаро бо бахшиши такрибан ду милёрд дулор сохтааст.

***

Дар Улампикхо (Olympics)

Морк Спитз бо бурдани хафт медоли тило як рекурд сабт кард. Ленй Кройзелберг барандаи се медоли тилои улампик аст. Спитз Кройзелберг ва Бурис Беккер хам яхудианд.

Холивуд

Оё медонистед, ки Харрисун Фурд, Чурч Бернз, Тунй Куртис, Чорлз Бренсун, Сондро Булок, Билй Кристол, Вудй Олен, Пол Нйуман, Питер Селрез, Достин Хофман, Мойкл Доглос, Бен Кингзлй, Крек Доглос, Гулдй Ховен, Крей Гронт, Вилём Шонтез, Черй Луис ва Питер Фолк хама яхудианд?

Хакикати амр ин аст, ки худи Холивуд ба дасти як яхудй бунёд нихода шуд. Дар байни коргардонхо ва тахиякунандахо Стивен Спилберг, Мел Брукс, Оливер Стоун, Орун Сплинг, Бурлй Хилз, Нил Симун, Ондрю Войно, Мойкл Мон, Милус Фурман, Доглос Фирбанкс ва Эйвон Ритман хамагй яхудианд.

Сиёсати калон

Вошингтун пойтахти мухиммест. Дар ин шахр лоббие, ки аз ахамият бархурдор аст, Анчумани Умури Умумии Исроили Омрикойи (AIPAC – The American Israel Public Affairs Committee) аст.

Вошингтун медонад, ки агар нахуствазир Эхуд Улмерт кашф мекард, ки замин соф аст, AIPAC яксаду нухумин кунгреро водор ба тасвиби мусаввабае чихати кадрдонй аз Улмерт ба хотири ин иктишоф мекард.

Хуш

Вилём Чеймз Сидис бо зариб (коэффитсиент)-и хуши 250-300 тобноктарин ва хушмандтарин башарест, ки то кунун вучуд доштааст.

Хадс бизанед, ки у ба чй дине таъаллук дошт?

Пурсиш: Холо чаро яхудиён ин кадр кудратманданд?

Посух: Омузишу парвариш


Чаро мусалмонон ин кадр камтавонанд?

Ба таври тахминй, дар худуди 1 476 233 470 мусалмон бар сатхи сайёраи Замин карор доранд: як милёрд дар Осиё, 400 милюн дар Офрико, 44 милюн дар Урупо ва шаш милюн дар Омрико.

Як панчуми тамоми инсонхо мусалмонанд. Ба изои хар нафар хинду ду нафар мусалмон вучуд дорад. Дар мукобили хар нафар буддойи ду нафар мусалмон ва дар баробари хар нафар яхудй яксад нафар мусалмон вучуд дорад. Хеч фикр кардаед, ки чаро мусалмонон ин кадр заъифанд? Далелаш ин чост:

57 кишвар дар Созмони Кунфронси Исломй узвият доранд ва тамоми онхо бар руи хам дар худуди 500 донишгох доранд; як донишгох ба изои хар се милюн мусалмон.

Иёлоти Муттахидаи Омрико 5758 донишгох ва Хинд 8407 донишгох доранд. Дар соли 2004 донишгохи Шонгхой Чиёу Тунг як раддабандии илмии донишгоххои чахонро гирдоварй кард. Ва хеч донишгохе аз кишвархои бо аксарияти чамъияти мусалмон дар чамъи 500 донишгохи бартар карор надошт.

Мутобики иттилоъоте, ки тавассути Барномаи Тавсеъаи Созмони Милал чамъоварй шудааст, дарсади босаводй дар чахони масехият дар худуди 90 дарсад мебошад ва 15 кишвар бо аксарияти чамъияти масехй дорои мизони босаводии сад дарсад будаанд. Як кишвар бо аксарияти чамъияти мусалмон дар болотарин холати тамоюз миёнгини нархи босаводии худуди 40 дарсад дошта ва хеч кишвар бо аксарияти мусалмон бо нархи босаводии 100 дарсад вучуд надорад.

Худуди 98 дарсад аз босаводон дар чахони масехият мактаъи ибтидойи ё дабистонро ба поён расондаанд, дар холе ки камтар аз 50 дарсад аз босаводон дар дунёи масехият донишгох рафтаанд. Дар сурате, ки камтар аз ду дарсад аз босаводон дар чахони ислом донишгох дидаанд.

Кишвархои дорои аксарияти чамъияти мусалмон 230 донишманд ба изои хар як милюн мусалмон доранд. Иёлоти Муттахида 4000 донишманд ба изои хар милюн нафар ва Жопун 5000 донишманд ба изои хар як милюн нафар доранд.

Дар саросари чахони араб теъдоди кулли пажухишгарони тамомвакт 35000 нафар аст ва танхо 50 текнисян (техник) ба изои хар як милюн араб вучуд дорад. Дар чахони масехият то 1000 текнисян ба изои хар як милюн нафар вучуд дорад.

Гузашта аз ин, чахони ислом 2 дарсад аз даромади нохолиси миллиашро барои тахкик ва тавсеъа сарф мекунад. Дар холе ки чахони масехият худуди 5 дарсад аз даромади нохолиси миллиашро сарф мекунад.

Натича: Дунёи ислом дар зарфияти тавлиди илм камбуд дорад.

Теъдоди рузномахо дар изои хар 1000 нафар ва теъдоди унвонхои китоб ба изои хар милюн нафар ду шохиси густариш ва нашри илму огохй дар як чомеъа хастанд.

Дар Покистон 23 рузнома ба изои хар 1000 нафар покистонй вучуд дорад, дар холе ки нархи мушобех дар Сангопур 360 аст.

Дар Бритониё теъдоди унвонхои китоб ба изои хар милюн нафар 2000 аст, дар холе ки нархи мушобехи он дар Миср 20 аст.

Натича: Дунёи ислом дар нашри илм шикаст хурдааст.

Содироти махсулоти дорои фанноварй (текнулужй)-и олй ба сурати дарсаде аз кулли содирот як шохиси мухим барои корбурди илм аст.

Содироти Покистон дар заминаи махсулот бо фанноварии олй ба сурати дарсаде аз кулли содирот як дарсад аст.

Нархи мушобех барои Арабистони Саъудй 3 дарсад аст; Кувейт, Марокаш ва Алчазоир хамагй се дарсад хастанд, дар холе ки Сангопур 58 дарсад аст.

Натича: Дунёи ислом дар бакоргирии илм шикаст хурдааст.

Чаро мусалмонон ин кадр камтавонанд?

Зеро илмро намепарокананд (мунташир намекунанд).