Thursday, February 18, 2010

"The Absent Are Never Without Fault..."

Аз мост, ки бар мост

вижаи Ногуфтаниҳои Нигоҳ

"Моро дар донишгоҳ маҷбур мекунанд, ки саҳмияҳои Рогунро харем. Масалан, ман имтиҳонҳои худро пешакӣ гирифтам, лекин дар дафтарчаи имтиҳонӣ намонданд. То он даме, ки ман 100 сомонӣ напардохтам, баҳоямро намонданд. Бештари дониҷшуён натавонистанд бидуни 100 сомонӣ ба имтиҳон дароянд. Дар Донишгоҳи забонҳо маҷбур карданд, ки донишҷуён дукаса шуда ба 100 сомонӣ саҳмия харанд. Дар Донишгоҳи миллӣ ба маблаги 200 сомонӣ, дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо – 100 сомонӣ. Дар Бадахшон аз мактаббачагон ҳам пул ҷамъ карданд. Вазорати маъориф боз гуфтааст, ки масалан, буданд донишҷуёне, ки ҳатто ба маблаги 5-10 ҳазор сомонӣ саҳмия хариданд."


Ин гилояи як донишҷуст, ки аз Тоҷикистон ба ман расидааст.

Дар бораи саҳоми неругоҳи Рогун дар «Ногуфтаниҳо» чизҳое гуфта будем, аммо ин нома ба мавзуъе жарфтар ишора мекунад ва дар ниҳояти содагӣ яке аз печидатарин мушкилоти фитрии ҷомеъаи моро ошкор мекунад: бардахуӣ. Чун раҳбар тақозо карда, ки ба сандуқи Рогун пул бирезем, ҳоло пули ҷайбии бачаҳоямонро ҳам бояд ба зур бигирему ба он сандуқ ҳавола кунем. Чунон дар анҷоми фармонҳо зиёдаравӣ мекунем, ки гоҳ, агар раҳбар салла хост, салларо ҳамроҳ бо калла хидматашон меоварем.

Ин танҳо мавзуъи саҳоми неругоҳи Рогун нест, ки бардахуии ҷомеъаи моро барҷаста мекунад. Ба ҳар мавзуъи дигаре ҳам ки ангушт бигзоред, ин оризаи иҷтимоъиро бавузуҳ мебинед. Барои намуна, гумоштани фарзанди раисиҷумҳур ба мақоми муъовинати вазорати хориҷа ва интисоби фарзанди дигари у ба макоми муъовинати созмони ҷавонони кишвар ва пешбарии ҳаму ба намояндагии мардуми шаҳр дар як ҷомеъаи озоди ҳуқуқбунёди демукротики мустақиллу гайра (ки дар идомаи номи кишварамон пайваста зикр мекунем), бедиранг занги хатарро ба садо меоварад. Хатари хешовандсолорӣ, ки дар забониҳои хориҷӣ ба он «непотизм» гуянд. Непотизм, яъне интисоби хешовандон ба мақомҳои боло бидуни таваҷҷуҳ ба шоистагии ҳирфаии эшон.

Вале дар Тоҷикистон кор аз хатар гузашта ва ба марази хешовандсолорӣ табдил шудааст, ва занги мо ҳамчунон хомуши хомуш аст. Гуё касе аз паёмадҳои ин гумоштанҳо ё интисобҳо воқиф нест ва намефаҳмад, ки саранҷоми ин раванд, яъне бозгашти аморат. Вале ин бор бидуни фарри эзидӣ, ки дар гузашта лозимаи нишастан бар тахт буд. Ҳофиз мегуфт:

На ҳар ки тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулоҳдорию ойини сарварӣ донад.

Дар як ҷомеъаи озоду ҳуқуқбунёду демукротик, ки мо аз он танҳо номе шунидаему нишоне дар сарзаминамон надидаем, имкон дорад, ки касе аз пайвандони як раҳбар ба мақоме боло даст ёбад. Мисли хонаводаҳои маъруфи Кенедӣ, Буш ва Клинтун дар Омрико. Аммо дар он ҷо барои солҳои сол чи заҳматҳое бояд бикашӣ ва чи шоистагиҳое бояд аз худ буруз диҳӣ, то матраҳ шавиву мардум туро баргузинанд. Вале дар ҷомеъаи мо ба осонӣ мешавад низоми аморат ё подшоҳиро дубора зинда кард. Чун истибдод ва хешовандсолорӣ танҳо дар ҷомеъаҳое реша медавонаду по мегирад, ки бардаху ва ситампарвар бошад ва касе ба худ иҷоза надиҳад, ки ҳатто сари дурустӣ ё нодурустии як фармон ё икдоми раёсат биандешад.

Яке аз мақомҳо мегуяд, ки ҳатман Рустами Эмомалиро мардум интихоб хоҳанд кард, чун писари раисҷумҳур аст. Ин истидлол ё далеловарӣ танҳо бар мардуми бардаху ё гуломтабиъат асар мегузорад. Вагарна сирфи «фарзанди раҳбар будан» набояд далели интихоби як шахс ба ҳеч мақоме бошад. Шояд беҳтар буд мубаллигони хонаводаи раҳбар мегуфтанд, ки ба хотири чи шоистагиҳои Рустам бояд ба у раъй дод ва ин ки ин ҷавон то кунун фурсат доштааст, ки дар арсаи сиёсӣ кори шоёни таваҷҷуҳе анҷом диҳад ё на.

«Депутат», яъне касе, ки аз мо – мардум дар баробари давлат дифоъ ва ҳимоят мекунад. Оё мешавад чунин тасаввур кард, ки фарзанди раҳбар ба хотири мардум алайҳи дастгоҳи ҳукуматии падараш муқовимат кунад ва ҳаққи мардумро аз ҳаққи падараш авлотар бидонад? Бале, мешавад. Ва чунин иттифоқот борҳо уфтода. Аммо на дар Тоҷикистон, балки дар ҷомеъаҳои озоду демукротику ҳуқуқбунёд. Ҳамон ҷомеъҳое, ки сифатҳои «озоду демукротику ҳуқуқбунёд»-ро ба дунболаи номи кишварашон намечаспонанд. Чун «мушк он аст, ки худ бибуяд».

Ҳукумати Тоҷикистон ойинаи тамомнамои ҷомеъаи Тоҷикистон аст. Ҳар он чи дар он мебинем, бозтоби худи мост. Пас аз кӣ бояд гилоя кард, ки ҳукуматдорон ба зур пули ҷайбии бачаҳомонро ба сандуқи Рогун мерезанд? Ба кӣ бояд шикоят бурд, ки яке-ду хонавода дар ҳоли густариши нуфузи худ бар ҳамаи бахшҳои сиёсию иқтисодии кишвар ҳастанд?

Аз мост, ки бар мост.

26 comments:

Anonymous said...

Snaiper:
Бояд дар хамон хавзаи интихоботй назорати сахт бурд. Вакте ки илоч намонд навбат ба ман. Бисёри бародарон ягона рахоиро дар ман мебинанд.

D said...

Хеч гушоише аз рохи хушунату зур хосил намешавад.

Anonymous said...

Азизон аксари мардуми мо лаганбардор ҳастанд.

Anonymous said...

Snaiper:
Таърих гувох аст, ки ин рохи ахирини начот дар бисёр кишвархо шудааст. Яъне PAQ!, писараш? - PAQ!, наберааш? - PAQ!.. Дигар на инкилоб лозиму на бедории халк.

D said...

Торих гувоҳ аст, ки ҳамаи PAQ-ҳо ба PAQ-ҳои фаровони дигар анҷомидаанд ва кишварҳоро саранҷом ба вартаи мусибат фикандаанд. Хушунат чизе ба ҷуз хушунат намезояд. Мушкил дар ӯву писару наберааш нест. Решаи мушкил дар мо - мардум аст. Ва то замоне ки реша дармон наёбад, шохаҳову тоҷи ин дарахт солим нахоҳад шуд.

Anonymous said...

Snaiper:
Хамфикр нестам дар ин масъала. Мухтарам Дориюш, бигуед, ки аз руи маколи "аз таги борон, ба таги новадон" Точикистон дар кучо карор дорад?

Умед Ҷайҳонӣ said...

Дуруд бар хамагон!
Пурсише дорам ки посухашро харчанд чустам наёфтам: пас чи бояд кард ва чун бояд кард?
Оё рохе хаст ки орому осуда аз падару писару дигар хешу таборашон рахо шавем?
Интихоботро ман чандон рохи муносиб намебинам (кош ин назарам нодуруст бошад), зеро то кунун хеч натичае надода ва бештар ба бар бод додани хирочи кишвар мемонад то як корафзори сиёси барои бехбуди кишвар.
Падруд бошед.

Botur Kosimi said...

Боз як навиштаи хубу чолиб, бародар Дориюш. Сипоси фаровон.

Афсус, хамеша бо рохи сулху муросо мардум аз зулму ранчи бехирадон ба адолату бехбуди даст наёфта. Баъзан, аз зури "ноайён" барои максади нек расидан истифода кардан низ зарур хохад шуд.

Оид ба ояндаи писари раисчумхури кунуни дар торнигорам навиштае дорам:

http://bkosimi.wordpress.com/2009/04/28/%D1%87%D0%B0%D0%BD%D0%BE%D0%B1%D0%B8-%D1%80%D0%B0%D1%85%D0%BC%D0%BE%D0%BD-%D0%BD%D0%B0%D0%BC%D0%B5%D1%82%D0%B0%D0%B2%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D0%B4-%D0%BF%D0%B8%D1%81%D0%B0%D1%80%D0%B0%D1%88%D1%80%D0%BE/

Худо нигахбон!

-- Ботур

D said...

Снайпери гиромӣ.

Пӯзиш, ки бо деркард менависам. Мехостам сари фурсат сухане гуфта бошам, ки пӯчу беҳуда набошад. Ба ростӣ, ин мавзӯъе, ки шумо матраҳ кардед, метавонад батанҳоӣ мавриди канкошу гуфтугӯҳои фаровон қарор бигирад.

Шумо муътақидед, ки бо тирандоз (снайпер) мешавад мардумро хушбахт кард. Ба гунае, ки агар мусаббибон ё гунаҳкорони аслии гирифториҳои мардумро пеш аз мавъид ба дидори гузаштагонашон бифиристед, мардум баъд аз он худ ба худ хушбахт мешаванд. Ба гуфтаи шумо, он вақт дигар ба инқилобу бедории халқ ҳам ниёзе нахоҳад буд. Ман бо ин дидгоҳ аз беху бун мухолифам.

Раҳмону хонадони ӯ, агар ба ин манзалат расидаанд, ба хотири он аст, ки мардум ба онҳо иҷозаи чунин кореро додаанд. Яъне чунин ҳукумате наметавонист дар кишваре дигар бо ҷомеъае дигар по бигирад. Фардо ҳам агар ба ҳукми сарнавишт бисоти ин ҳукумат ҷамъ шуд ва ҷомеъа бетағйир монд, ҳеч замонате вуҷуд надорад, ки Раҳмоне дигар ҳамин бисоти хешовандсолориро бо ҳамин шеваҳои истибдодӣ дубора паҳн кунад. Чун бистари иҷтимоъӣ барои ин навъ истибдод муҳайё ва мусоъид аст.

Мушкил дар решаи дарахт аст, на дар шохаҳои он. Реша иҷтимоъ асту шохаҳо сарони он иҷтимоъ. Ва гиреҳи иҷтимоъро бо тирандоз наметавон гушуд. Роҳе, ки пеши рӯ дорем, бас дароз аст ва интизори ҳалли бедиранги ин муъаммо воқеъбинона нест. Чашми мардумро бояд бо нури хирад шуст, то бо хирад дарёбанд, ки дар чи манҷалобе гирифтор мондаанд. Бо гуфтугӯҳову интиқодҳои паиҳам ва пешниҳоди роҳкорҳои тоза ба тоза; бо огоҳ кардани мардум аз ҳуқуқашон ва ин ки ҳаққ гирифтанист ва барои гирифтани он бояд заҳмат кашид.

Ҳатто як мавриди инқилобҳои хунин вуҷуд надорад, ки паёмади неке дошта бошад. Ба истилоҳи Гондӣ, агар қарор аст дар баробари чашми аздастрафта чашми душманонамонро кӯр кунем, фардо ҷаҳон саросар кӯр хоҳад шуд. Пас хушунат дар умури доҳилии як кишвар ҳаргиз чораи кор набудааст ва ҳамеша, бидуни истисно, роҳ ба бечорагию бадбахтиҳои бештар бурдааст.

Агар мардум аз ҷафое, ки бар онҳо меравад, огоҳ бошанд, давлат ҳам истиҳола мекунад ва барои ҳифзи курсиаш ҳам ки шуда, дар ҳифзи ризояту хушнудии мардум мекӯшад. Аммо агар мардум бо ин ҳама саркӯбу ҳақорат боз ҳам бар ин давлат дуруду сано мефиристанд, пас мушкил пеш аз ҳама дар худи тӯдаҳост. Дар ин бора навишторе дигар ҳаст, ки базудӣ чоп хоҳам кард.

D said...

Умеди Ҷайҳонии фарзона.

Пурсише, ки дар миён гузоштаед, ҷони пурсишҳост: пас чӣ бояд кард? Чӣ нусхае мешавад печид барои ин бемории фарогир? Ё ҳатто мешавад онро ба навъе эътиёд монанд кард. Эътиёду одат ба ситам ва ҳақорат. Нахустин шеваи дармони эътиёд эътирофи эътиёд аст. Шояд пеш аз ҳама бояд мардуме, ки дучори зулму ситам шудаанд, ин ҳақиқатро дарёбанду хасту шаванд (эътироф кунанд), ки бар онҳо ситам рафтааст. Чун дар миёни авоми мо ин мафҳум марҳум шудааст. Ҳар ғалатеро барои шоҳ раво медонанд ва ҷуръат надоранд, ки кӯтоҳиҳои ӯро зери суол бибаранд. Шояд бояд ба онҳо дар дарки ин ҳақиқат ёрӣ кард; аз роҳи тарҳи мушкилот ва муқоисаи он бо ҷаҳони берун. Хостаҳои мардум ба андозаи ҷаҳонбинишон аст. Бояд мафҳуми шарафи инсониро аз роҳи муқоисаи авзоъ дар кишвари мо ва кишварҳои дигар дубора зинда кард. Агар ҳама аз маънои “шаъни инсонӣ” огоҳ буданд, наметавонистанд ин ҳама иҳонату таҳқирро тоқат биёранд. Шояд бояд арзишҳои иҷтимоъимонро бознигарӣ кард ва тасаввури “шоҳ сояи Худост”-ро, ки ҳамчунон бар зеҳни мардум соя афкандааст, аз зеҳнҳо зудуд. Шояд бояд барои якоякашон аз роҳи мумкин тавзеҳ дод, ки “шоҳ” ҳам шоху дум надорад ва инсонест ҳамонанди худи онҳо бо вазифаҳои бештар барои хидматгузорӣ ба онҳо, на истибдод бар онҳо. Шояд бояд ташреҳ кард, ки дар ҷаҳони кунунӣ қарор аст “шоҳ” дар хидмати мардум бошад, на воруна. Хӯи бардагиро бояд дар ниҳоди так-таки афроди ҷомеъа дарҳам шикаст. Ва ин кор ҳам танҳо тавассути роҳандозии корзорҳои васеъи огоҳсозӣ муяясар хоҳад шуд; тавассути сохтани ҷомеъаи маданӣ, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз падид наомадааст. Ҷомеъае, ки аз давлат мутолиба мекунад, давлатро истинтоқ мекунад ва аз давлат мепурсад: дар баробари пуле, ки ба ту додем, барои мо чи кор кардӣ? Ва агар коре накардӣ, бирав паи корат. Танҳо як чунин ҷомеъа аст, ки метавонад ба хостаҳои худ даст ёбад. Ҷомеъае, ки давлатро мутеъи хостаҳои худаш кунад. Чун давлат зодаи он ҷомеъа аст. Ҷомеъа аксарият аст ва давлат ақаллиятест, ки аз аксарият намояндагӣ мекунад. Пас бояд ақаллият аз аксарият бим дошта бошад, на воруна. То бурузи як чунин шароите интихобот дар Тоҷикистон намоишест барои хориҷиҳо ва рабте ба мардуми кишвари мо надорад.

D said...

Ботури арҷманд,

Сипоси фузун аз меҳратон.

Гумон мекунам посухе, ки ба Снайпер додам, то андозае дидгоҳи манро дар мавриди тавассул ба зӯру хушунат ошкор кард. Бо зӯру хушунат мешавад мушкилеро барои муддати бисёр кӯтоҳ ҳал кард. Аммо чун решаи мушкил ҷои дигар аст, ҳамон дардисарҳо дубора базудӣ суроғи он ҷомеъа меояд ва дубора онро дар гирдоби истибдоду хушунатҳои дигар ғарқ мекунад. Дуруст ба монанди Эрон, ки 30 сол пас аз як инқилоб ҳаваси инқилобе дигар кардааст. Аммо ин бор ҷавонони эронӣ, ки сад сару гардан фарозтар аз давлаташонанд ва шинохти беҳтаре аз ҷаҳони имрӯзӣ доранд, таъкид мекунанд, ки тағйири низом бояд бидуни хушунат ва бо эътирозоти сулҳомез анҷом бигирад. Чун танҳо тағйироти тадриҷӣ ва осуда аст, ки корсоз воқеъ мешавад ва реша медавонад. Ҳар чи тунд меояд, тунд ҳам фурӯ мерезад. Пас беҳтар аст роҳеро пайдо кунем, ки оҳиставу шумурда бошад, аммо саранҷом корвони моро ба мақсад бирасонад, на ин ки дар биёбонаш бинишонад.

Anonymous said...

Snaiper:
Мухтарам Рачабиён, сипосгузорам аз посухи амику равшан. Чи хеле худ навиштаед ин рохи хеле тулонист ва метарсам беохир ва бебарор низ бошад. Мардуми мо латтамичоз ва тарсуанд бинобар ин чизе аз онхо наметавон интизор шуд. Чавонон ку 99 фоиз хатто дар хаёли дифоъи хукуки хеш нестанд.
Дар посух ба Косими як андешаи дигари Шуморо нисбати вокеахои Эрон низ кабул надорам. Албатта ин мавзуи дигар аст, ба хар хол мехохам андешаи хешро расонам. Он чавонони эроние, ки боз хохони инкилоб ва табаддулотанд, сахт иштибох мекунанд. Дар Эрон аккалан як дахсолаи дигар бояд тинчию ороми рохандоз бошад, то иктидори бештар ба даст оварда ба яке аз давлатхои абаркудрат ва пуштибони кавии Ислому Форс гардад. Ин танхо фикри банда аст ва бо боварии комил метавон гуфт ки бисёрихо хамин акидаро тарафдоранд. Дигар на ба Амрикои мусулмонкуш бовари хасту на ба Русияи точиккуш.

D said...

Snaiper-и гиромӣ. Сипос аз лутфатон.

Аммо шигифто, ки бо вуҷуди мухолифат бо истибдоди ҳукумати Раҳмон аз истибдоди ваҳшатноки режими исломии Эрон ҳимоят мекунед. Зимнан, ҳамин дирӯз наворе ба дасти хабаргузориҳои хориҷӣ расид, ки пулиси Теҳрон дар Кӯи Донишгоҳи Теҳрон забт кардааст. Пас аз он шаб эълом шуд, ки 5 донишҷӯ дар он ҳодиса кушта шуданду 100 тани дигар захмӣ. Фардои он рӯз Хоманаӣ эълом карда буд, ки "нерӯҳои ношинос" ин корро кардаанд. Дар филм мебинем, ки ҳамагӣ маъмурони пулис, амниятиҳо ва басеҷиҳо ҳастанд ва номи саркардаи он ҳам эълом мешавад. Пайванди филм ин аст:

http://www.youtube.com/watch?v=F52wtg1BROk

Ташреҳи мавзӯъ ба инглисӣ:

http://www.guardian.co.uk/commentisfree/2010/feb/23/iran-campus-attack-film

Ман Эронро порае аз сарзамини модарии мо медонам ва бовармандам, ки он ҳам ба дасти дадманишон уфтодааст. Аммо ҷомеъаи бедору ҳушёри Эрон ин бор оҳиста-оҳиста, на бо шитоб, ин занҷири истибдодро аз гардани худ дур хоҳад андохт.

Botur Kosimi said...

Doriyushi arjmand!

Baroi posukhi komilaton mutashakkiram.

Nazari mo faqat dar yak chiz farq mekunad. Shumo durust dark karded, ki gufted: "Мушкил дар решаи дарахт аст, на дар шохаҳои он." Ammo, reshai darakht in hokimon va nizomi onho astu shokhahoyash mardumu movu shumo. Ya'ne, agar mo dardi resharo davo' nakunem, darakhti jomeai mo hej goh mevai dilkhoh ba bor nakhohad ovard.

Dustam, tanho dar jomeai ozod meshavad, ki mardumro ba khirad omuzhish dastrasi dod, ammo dar jomeai pushida hokimoni johil ba donishomuzivu khiradmandii mardum havasmand nestand va roh nakhohand dod.

Baharhol, daqiq dark mekunam, ki dar barrasii chunin muammohoi pechidavu murakkab tanho yak rohi hal mavjud nest, balki az chand vositavu imkoniyatho istifoda boyad burd va dar barobari "Чашми мардумро бояд бо нури хирад шуст", barnomai "tirandoz"-ro niz omoda nigoh medorand.

Bakhshish, ki agar navishtani man bo lotini khotiri shumoro aziyat doda boshad, chun dabirai cyrillic ham misli lotini baroi man begona ast va farqe dar istifodai onho namebinam.

Komyob boshed!

-- BK

D said...

Ботури гиромй, сипоси фаровон аз посухатон.

Вакте мегуям "Мушкил дар решаи дарахт аст, на дар шохаҳои он", манзури ман табъан чизест, ки маншаъ ё сарчашмаи шохахои дарахт аст. Ва дар мавзуъи мавриди бахси мо наметавон муддаъй шуд, ки давлат сарчашмаи мардум аст. Дуруст воруна: мардум аст, ки он давлатро (чун шохахои як дарахт) ба фароз мебарад. Агар реша ба андозае заъиф аст, ки тавони руёндани шохахои худро надорад, бо решапайванд метавон ин корро кард. Аммо калами пайвандй метавонад бегона бошад, ки дар натича шохахо хам аз маншаъе бегона меруянд. Ин дакикан холатест, ки дар чомеъа эхсос мекунем.

Аз ин ру бо буридани он шохахо (бо тирандоз ё табар) масъала худ ба худ хал намешавад. Решаи худи дарахт (мардум) хамчунон заъиф аст ва хануз ба решапайванд (бегонагон) ниёз дорад, то шохае дигар (давлат) барорад. Пас таваччух бояд бар реша ва пешбурди он мутамаркиз бошад, то он реша неруманд шавад ва битавонад ба танхойи шохахоро тагзия кунад.

Мусалламан, давлат моил ба пешрафти зехнии чомеъа нест. Чун медонад, ки чомеъа дар сурати пешрафт ин давлатро ба зуболадон (ахлотдон)-и торих хохад фиристод. Бад-ин чихат аст, ки гуфтам чомеъаи маданй ё шахрвандй мухимтарин омили пешрафти сиёсию ичтимоъй аст. Ва чомеъаи маданй бидуни кумаки давлат шакл мегирад. Дар вокеъ, давлатхои истибдодй аз шаклигирии он чилавгирй мекунанд. Сохтани чомеъаи шахрвандй кори касонест, ки худро равшанфикр медонанд.

Botur Kosimi said...

Hamchunin, dar yake az navishtahoyam pande az Benjamin Franklin ovarda budam, ki dar in bahs joy dorad:

"Дар давлатхои озод, хокимон бандаву мардум сарвари онхо хастанд. Бинобарин, мансабдорон бояд ба манфиати мардум хизмат намоянд ва баъди адои вазифа ба сафи мардум бипайванданд, ки аз ин макомашон болотар хохад шуд, на поинтар.

Дар гузашта, вакте ки имкони конунан бекор кардани раисчумхури (импичмент) вучуд надошт, ягона рохи халосии мардум аз хокими дузду золим ин ба куштори у даст задан буд. Вале, дар он хол у на танхо аз хаёташ махрум мешуд, балки аз имконияти асоснок нишон додани кардахои худ низ бебахра мемонд."

Dar misoli inqilobi Ghandi 3 nuqtaro qaid kardaand:

- Agar u imkoni bo neru va zurovari rasidan ba maqsadro medosht, ehtimoli ziyod ba on dast mezad;

- Davrai muqovimati u ba tagh'iri nigohi kishvarhoi peshrafta oid ba sokhtori jahoni rost omad. Inglisho khud ohista-ohista az idorai Hind va digar mustamlikaho dur shudani budand;

- Namunai inqilobi sulhomezi Ghandi aslan kamtar dar ta'rikh vomekhurad. Ziyod davlathoi khube dar ta'rikhi millati mo va mardumoni ghayr dar natijai jisman bartaraf kardani hokimoni zolimu johil ba vujud omada budand.

Khushunat neki hosil namekunad, lekin "zuri noayon" (invisible power) dar holathoi makhsus muvofiqi maqsad khohad bud.

Khudo madadgori mo!

-- BK

D said...

Ботури гиромй. Умедворам посухи ман ба дидгохи шумо дар бораи «дарахту шохахо»-ро дарёфт карда бошед.

Навиштаи шумо ва он суханони хакимонаи Фронклинро хонда будам ва бо он дидгох мувофикам. Аммо зохиран бардошти мо аз суханони Фронклин андаке мутафовит аст. Ба назари ман, манзури у аз «дар гузашта» давраи таваххуш (вахшигарй)-и Чахони Нав ё Омрико буд, на чанд сол пеш. Дар чахони имруз агар касе икдом ба катли сарвари як давлат кунад, ба унвони чинояткор матрах аст ва бино ба назми чахонии навин, равобити диплумотики кишвархои дигар бо давлати чадид барои муддате дароз махдуш ё хатто гусаста мешавад.

Дар мавриди Гондй хам ман бо хар се нуктае, ки фармудед, мухолифам. Бо нигохе гузаро ба торихи пайкорхои Гондй дармеёбем, ки у аз зуру неруи сарнагунии давлат бо хушунат бархурдор буд. Тудахои азими садхо хазорнафарй пайрави у буданд ва саронашон аз у мехостанд, ки ичоза дихад бо абзору силох макомоту маъмуронро бикушанд. Гондй харгиз ин дархостро напазируфт. Хатто дар чанд маврид мардум худсарона ин корро карданд ва маъмуронро куштанд. Гондй ба нишони эътироз бо ин рафтори мардум дар кулбаи худ гушанишин шуд ва барои чандин руз лаб аз гизо хурдан баст, то замоне ки мардум пушаймон шуданду ба таъзимаш омаданд ва ваъда доданд, ки дубора хун нахоханд рехт. Ин мавзуъ на танхо ба инсондустии Гондй, балки ба бовархои мазхабии у хам бар мегардад, ки хунрезиро раво намедонад. Саранчом, адами хушунат (нозуроварй) бар хушунат пируз шуд.

Ин бовар хам ки гуё худи инглисихо хам рогиб буданд, атои Хиндустонро ба ликояш бибахшанд, барои ман пазируфтанй нест. Ёдамон наравад, ки Бритониё барои мондан дар Хинд хазорон танро дар Омритсору Дехлию гайра ба гулула баст ва хуни фаровоне рехт ва пеш аз он ки ба тарки Хинд мачбур шавад, дасисае барангехту Хиндустонро ба чанд кишвар тикка-пора кард. Аз суи дигар, хануз кишвархои пешрафтае буданд, ки дар сари хаёли истеъмор ба сабки кадимро мепарвариданд. Барои намуна, пуртуголихо (Portugal) иёлати Гуо (Goa)-и Хиндро то соли 1961 пас надоданд. Бад-ин гуна, мавриди дувум хам чандон бо вокеъият намесозад. Эътирозхои бехушунати мардумй Бритониёро ба унвони як шарри бузург дар чахон тарсим карда буд ва Бритониё дар нихоят мачбур шуд барои рахойи аз шармандагй акибнишинй кунад.

Дуруст аст, ки намунахои гондивори тагйири хукумат дар чахон андак аст. Далелаш хам ин аст, ки пирузй ба сабки Гондй кори хар касу хар миллате нест ва булуги маданй мехохад. Аммо хамин пирузихост, ки дер давом меорад. Аз суи дигар, хатто як намунаи тагйири муваффаки кудрат аз рохи катли сарвари давлат ба зехнам намеояд.

Аз ин ру хамчунон бовармандам, ки танхо рохи мукобила бо чахолат эчоди як чомаъаи шахрвандии кавист, ки неруи чахолату хушунатро шикаст бидихад. Корест пурзахмат ва замонбар, аммо табиъй ва сомонманд.

Anonymous said...

Snaiper:
Салом ба мухтарам Дориюш!
Узр, ки боз дунболи чумлаи "Мушкил дар решаи дарахт аст на дар шохахои он.." мегардам. Ба фикри Ботури Косими метавон рози шуд. Шабехтар аст мардум ба решаву сарвар ба шохаи байнии асоси, ки аз боло рафтааст ва дигар шохахо аз у пастанд. Ин гуна дарахт хеч мевае хам намедихад, чунки хамаи гизохое ки решахо медиханд ин шохаи асоси мегирад ва танхо сар ба фалак кашида торафт аз замину решахо дур мегардад.
Бисёр нихолу дарахтхоро вакте ки шохаи асосии он баланд мешавад онро мебуранд, то дигар шохахо низ аз офтобу гизо бархурдор шаванд. Ин усули дехкониро бо руси "чеканка" мегуянд ки дар парвариши нихоли пахта васеъ истифода мешавад. Он нихол ё дарахте, ки "чеканка" шудааст пахно, сербор ва дорои решахои бисёру кави мегардад.
Хуллас, хама шохиди ин ношафофии интихобот гардидем. Набояд хечгуна гуруснанишинию гирдихамоию худнамои шавад.
Чун решахое аз хок бурун оянд нобуд мегарданд.
Пас мичурине лозим аст бо кайчи ё арраи тез. "Чеканка" бояд кард. Як богбон кори хазор ва миллионхоро осон хохад кард. Маъзарат Рачабиён, ки гапи бисёре навишта вазни торнигоратонро ба килобайтхо афзун кардам. )

D said...

Снайпер-чон, нигарони килобайтхо набошед;) Дар вокеъ, шумо хам дакикан чизеро гуфтед, ки манзури ман буд: мардум реша асту давлат шоха, на воруна. Реша хар чи бошад, шоха натичаи он аст. Он чи рузи якшанбе иттифок уфтод, кобили пешбинй буд. Реша гизову куд (пору) мехохад.

Anonymous said...

Snaiper:
Ma'zarat mekhoham, sahv shudaast. "..metavon rozi shud." - "nametavon rozi shud" khonda shavad.

Botur Kosimi said...

Doriyushi aziz,

Mamnun az posukhhoi sanjidai shumo. Intizor nabudam, ki bargardonidani shumo ba nazari mo kori oson khohad bud.;-)

Misoli darakhtro mo az poyin ba bolo mebinem, vale shumo bar’aks. Shokhahovu bargu mevaho in hamon moem, mardumoni jomea, va reshavu tanai darakht sakht shabehi rohbariyat va nizomei sokhtai onho ast. Agar resha pusida (sarvari bekhirad) boshad va natavonad az zamini hosilkhez gizoi zaruri azkhud namoyad, pas az on darakht bargu mevae khush (shahrvandoni bofarhangu bohunar) hosil nakhohad shud. Manzur on ast, ki hukumat sardoru sarvari mardum ast va har gunae, ki on sarvari namoyad, mardum ba hamon taraf khohand raft.

Shumo niz rozi shuded, ki chunin hukumat moil ba peshrafti zehnii mardum nest. Binobarin, to dame, ki sarvarro nav nakunem, mardum ham nav kardan imkon nakhohad dosht. Vaqte sardor nav shud va behtar gasht, hatman jomea va mardum ham nav va behtar khohand gardid. Vazifai rushanfikron mahz bo har rohe tay’in namudani ravishi durust va sarvarii nek baroi obodii millat ast, ya’ne yoftani Bakhti Millat. Mantiqi in misol hamin ast.

Roje’ ba nasihati Franklin “guzashta” in guzashtai dur yo nazdike nest, balki hamon davraest, ki imkoni qonunan bartaraf kardani rohbariyati kasif vujud nadoshta boshad. Shumo ba man bigued, ki oyo Tojikiston to hol dar chunin davrae nest? Har barnoma boyad mukammal boshad va ba’di qat’i yak nizom hatman nizomi behtare qadam ba qadam tatbiq kardan omoda boshem. Dar jahon shoyad har chand moh yak sarvarero digare bo sababhoi gunogun ivaz mekunad va agar nizomi rafta kholi namonad, robitahoi mavjuda ziyon namebinand, aksari vaqt shoyad behtar meshavand.

Nazari man oid ba ta’rikhi junbishi ozodikhohii Gandhi bo andeshai Saul Alinksy az kitobi “Radicals” dar zer muvofiqtar ast, ki meguyad:

“On the Declaration of Independence of Mahatma Gandhi issued on January 26, 1930, where he discussed the fourfold disaster to his country, his fourth indictment against the British reads, “Spiritually, compulsory disarmament has made us unmanly, and the presence of alien army of occupation, employed with deadly effect to crush in us the spirit of resistance, has made us think we cannot look after ourselves or put up a defense against foreign aggression, or even defend our homes and families…” These words more than suggest that if Gandhi had the enough weapons for violent resistance and the people to use them this means would not have been so unreservedly rejected as the world would like to think.”

Binobarin, Gandhi medonist, ki rohi piruzii Hinduho bar Britoniyo tanho tavassuti muqovimati bejang ast. Bubined, hamon davra ham ba davrai istiqloliyati khele ziyod kishvarhoi imruzai dunyo rost omad, ki guvohi bechunucharoi tagh’iri nigohi davlathoi mustamlikador oid ba sokhtori olam ast. Bale, durust gufted, ki Britoniyo az sharmanda shudan tarsid va agar az chunin nigohi dunyo parvoe namekard, be hej mushkilii buzurge Gandhiro bo junbishash zud az bayn meburd. Onho az tamomi quvvahoi khud istifoda kardan nakhostand chun allakay dark mekardand, ki vaqti raftanashon shuda va mardumoni mahalli mekhezand, vale boyad kore kunand, ki nufuzashon davom kunad. Ba in khotir, taqsimot guzaronidand to idoraashon oson gashta boshad.

Khulosa, nazari shumo nodurust nest, vale beshtar khayoli (idealisti) ast, vale mo beshtar az ruyi voqeiyat (realistona) suhbat mekunem. Dar voqeiyat mo boyad az hama rohhovu barnomaho baroi rasidan ba maqsadi nek omodai istifoda namudan boshem. Muhim rasidan ba maqsad ast, na rohhoe, ki ba on maqsad moro metavonand bibarand.

Salomat boshed!

-- Botur

D said...

Ботури гиромӣ,

Сипоси фаровон аз тавзеҳоти муфассалу судманд, ки дидгоҳи шуморо равшантар мекунад. Албатта, манзури мо аз ин баҳс мутақоъид кардани касе нест, балки дар миён гузоштани далелҳо ва муқоисаи мантиқист, то хонанда худ барои худ доварӣ кунад.

Ман дар ин баҳс на худам ва на шуморо ормонгаро (идеолист) ё воқеъгаро (реолист) намебинам. Аз диди ман, мо ҳар ду хостори як бароянд ё натиҷа ҳастем, аммо шумо дар дидгоҳатон шикебоӣ ё сабри камтар нишон медиҳед ва хостори ҳалли сареъи мавзӯъ ҳастед. Дар ҳоле ки ман бовармандам, ки ҳеч масъалае бо саросемагӣ ва ношикебоӣ ҳал нашудааст. Мушкили Тоҷикистонро наметавон якшаба ҳал кард. Тағйироти инқилобӣ ва сареъ ҳамвора ноком будааст ва ба ҳадаф нарасидааст. Тағйир бояд ниҳодина (institutionalised) ва худҷӯш бошад, на воридотӣ (exported) ё таҳмилӣ (imposed).

Дар мавриди намунаи дарахту реша ҳамчунон бар ин боварам, ки мантиқ бо тавзеҳи шумо созгор нест. Реша, ки маншаъи шохаҳост, наметавонад ҳамонанди давлат бошад. Чун давлат маншаъ ё сарчашмаи миллат нест, балки баръакс, миллат аст, ки чун реша давлатеро ба бор меоварад. Ва ҳеч мушкили решаӣ (саросарӣ ё миллӣ) бо барканории яке-ду шоха (сардамдор ё раҳбар) ҳал нашудааст.

Интихоботи ахир бори дигар мушкили решаии Тоҷикистонро ошкор кард. Дар ҳар ҷомеъи озоде, ки аз решаи солим бархурдор аст, ин навъ интихобот тавассути тӯдаҳои васеъи мардум маҳкум мешавад. Дар ҷомеъаи мо интихобот ғами андак афрод аст ва фоҳиштарин мавридҳои нақзи муқаррароти интихобот ҳам мағзи мардумро такон намедиҳаду бедор намекунад. Чун реша (мардум) ба ғизо (маърифат) ниёз дорад. Ҳеч давлати истибдодие хостори расондани ин ғизо ба реша нест. Ва ин корест, ки ҷомеъаи шаҳрвандӣ ё маданӣ (civil society) бояд анҷом диҳад. Дар ҳамаи ҷомеъаҳои пешрафта ин иттифоқ уфтодааст. Намунаи бориз ва дар ҳоли иҷрои онро дар Эрон мебинем, ки ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба худии худ мардумро омӯзиш медиҳад ва оҳиста-оҳиста ба сӯи ояндае равшантар меравад ва саранҷоми ин ҷунбиш аз ҳамин акнун равшан аст. Ҷунбиши мадании Эрон ин бор инқилобӣ ва хушунатомез нест, балки ҷунбишест хазанда ва ниҳодинаву худҷӯш, ки аз даруни мардум бархоста ва баосонӣ намешавад он оташро хомӯш кард ва ҷунбишро саркӯб кард. Танҳо дар ҳамин сурат аст, ки тағйирот ниҳодина мешавад ва пойдор мемонад.

Манзур аз ин ҳама баҳс ин аст, ки бо нобуд кардани яке-ду раҳбари бепарвову худхоҳ ба ҳалли решаии масъала даст намеёбем. Чун ҷомеъа ҳамчунон ситампарвар аст ва ҳар каси дигаре метавонад бо андаке зӯру ситам бар сари ин мардум ҳукумат кунад. Мардум ҳанӯз ба худшиносӣ ва ҳақшиносӣ нарасидаанд, аз ҳукуки мадании худ огоҳ нестанд, ва ҳатто агар огоҳанд, поймол шудани он ҳуқуқ тавассути раҳбарро як амри табиъӣ медонанд.

Дар мавриди Гондӣ ва ҷунбиши нозӯроварӣ ё адами хушунати ӯ низ бо дидгоҳи Соул Олинскӣ ҳамнаво нестам. Он чи ӯ аз Гондӣ берун аз қарина (out of context) нақл кардааст, садҳо сухани дигари Гондӣ дар бораи нозӯровариро рад намекунад. Гондӣ дар он изҳороташ натиҷаи истеъморпазирии ҳиндиҳоро тавзеҳ медиҳад, на ниёз ба доштани василаҳои хушунатро. Ба яке аз гуфтаҳои Гондӣ таваҷҷуҳ кунед:

“I have nothing new to teach the world. Truth and Non-violence are as old as the hills. All I have done is to try experiments in both on as vast a scale as I could.”

Ҳамон гуна ки қаблан ҳам гуфтам, бовари Гондӣ ба нозӯроварӣ ҷанбаи мазҳабӣ дошт. Аз ин рӯ наметавон онро баромада аз шароити рӯзмарра бидонем. Вай дақиқан ҳамин нуктаро ин гуна баён мекунад:

“My religion is based on truth and non-violence. Truth is my God. Non-violence is the means of realising Him.”

Ё ин ҷо:

“Non-violence is not a garment to be put on and off at will. Its seat is in the heart, and it must be an inseparable part of our being.”

Сабз бошед.

Anonymous said...

Bo durud va ham siposi samimi baroi sharhi daqiqtari nazaraton, Doriyushi aziz!

Bale, maqsadi hamai mo injo daryofti reshai mushkilihoi Vatan va kushoishi bandhoi millat ast. Dar hole, ki mo pushtibonii istifodai hamai imkoniyathoi voqei (reality) ba khotiri rasidan ba in maqsadi najibro mekunem, shumo tanho az rohi omuzishu parvarishi jomea ba khirad va bedori tavsiya medihed, ki onro mo ham qabul dorem, vale nataho.

Nerui neki boyad bar quvvai badi piruz shavad va dar in muhoriba aslihahoi gunogun vujud dorand. Durust, ki mo sabri beokhir nadorem va nakhohem guzosht, ki chunin bedodgariho ba'di sari mo ham davom kunad. Man mutmain hastam, ki mushkili Tojikistonro faqat bo omadani rohbariyati nav, sarvari millatdust va sharikoni rushanfikru hamqadami zamona bartaraf kard va millatro ba bakhtu shukufoi rasond. Zimnan, taghiroti zaruriro metavon bo omezishi arzishhoi milli va tajribai peshraftai khoriji amali kard, ki odatan behtarin usul ast.

Khub, har kas ba fikri khudash e'tiqod dorad, vale vaqt nishon khohad dod, ki kadome ba voqeiyat nazdiktar khohem shud. Man bovari komil doram, ki az chigunagii rohbar taqdiri hamsoni millat vobastagii buzurg dorad. Masali "Ob az bolo loy meoyad" yo "Mohi az sarash metosad" mavqei moro ba har kas khele rushan nishon medihad.

Dustam, Gandhi ham omadu raft va shabehi har chizi dunyo ba anjomu oghozi fa'oliyati u va ham moyon niz nazarhoi mukhtalif boqi khohad mond. Har kas tanho dar doirai imkoniyathoi mavjudaash kor burda metavonad, chizi besh az in guftan hojat nadorad.

Khudovand ba maqsadhoi nekamon birasonad.

Zinda boshed!

-- BK

D said...

Ботурҷон, сипос аз идомаи баҳс, ки фикр мекунам ба саранҷомаш расида бошад. Бо ин тафовут, ки акнун дармеёбам башиддат ормонгаро хастед, дӯстам. Ормони иваз кардани як миллат (реша) бо иваз кардани як давлат (шоха) чандон бо воқеъият (reality) созгорӣ надорад. Бисёр баландпарвозона ва то ҳадди зиёде утупик аст. Ва аслан давлати хуб, яъне чӣ ва кӣ? Дуруст аст, ки давлати хуб самту сӯро таъйин мекунад. Аммо як давлати хуб савор бар мавҷи хун рӯи кор намеояд. Бо нерӯи мардумӣ ва маҳбубияти дастаҷамъӣ меояд. Ва дигар ин ки барои ҳалли масъалаҳои решаии миллат бояд худи миллатро омӯзиш дод. Бештари мушкилоти мо марбут ба фарҳанги ҷамъист ва то инҷо борҳо ба гунаҳои мухталиф равшан шуд, ки давлат намояндаи миллат аст, чун давлате шабеҳи давлати Раҳмон дар кишваре чун, масалан, Нурвеж як рӯз ҳам давом намеоварад, чун мардум аз худшиносӣ ва огоҳӣ бархурдоранд ва таслими ҳар давлати кавдане намешаванд. Пас пеш аз ҳама мо ба як ҷомеъаи шаҳрвандӣ (маданӣ) ниёз дорем, ки аз дарун бар огоҳиҳои мардум биафзояд ва саранҷом ба тағйирот дар шохаҳои қудрат бианҷомад. Оҳиста бирав, то ба мақсад бирасӣ, гуфтаанд. Ҳаракоти инқилобии сареъ мондагор нестанд ва пас аз муддате ба нокомӣ меанҷоманд. Дар мавриди Гондӣ ҳам, дӯстам, фикр мекунам басодагӣ наметавон изҳори назар кард. Бо як сухани ғайриъилмии як ғарбии ранҷида наметавон дар бораи фалсафаи нозӯроварии Гондӣ, ки реша дар зиндагӣ ва боварҳои жарфи ӯ дорад, натиҷагирӣ кард. Одамҳое меоянду мераванд, оре. Аммо "гондӣ"-ҳо меоянду мемонанду ҷовидона мешаванд. Гондӣ зиштии роҳи хушунатро, ки роҳи сареъу осони расидан ба қудрат аст, барои ҷаҳониён ошкор кард ва бартарии такомул (evolution)-и таҳаввулотро бар инқилоб (revolution) нишон дод. Ва ҳеч давлате нест, ки бо хушунат омада бошаду комгору мондагор бошад.

Ба умеди шугуфоии Меҳан,
Д

Botur Kosimi said...

Dusti giromi,

Fikr karda budam, ki bahs injo qablan ba okhir rasida bud. ;-) Vale az on nuqtai shumo dar shigift mondam, ki kushishu muborizai moro bahri ovardani obodii millat bo har rohi imkonpazir "khayoli" (utopic) mebined. Magar behtar kardani millat bo omadani sarvarii donovu dodras ba nigohi shumo in faqat az ormongaroi va orzuhoi balandparvoz ast? Na, in voqeist, ijro shudanist va hatman dar dasti movu shumost, nasli navi millati sarbalandi Tojik. Davlati khub chizest, ki baroi mardumoni tobe'ash zindagii shoista va imkonoti farovoni inkishofi shakhsiro faroham meovarad va on tanho bo rohbariyati rushanfikru ghayratmand va durandeshu Vatandust bunyod megardad.

Hejgoh hamai mardumro nametavon sarvari biyomukht, vale sarvari arzandae metavonad mardumro ba maqsad birasonad. Dar ta'rikhi har millat tanho nafaroni alohidae zuhur kardaand, ki bo donishu daleri va dustdorii mehani khud kulli digar mardumashonro az pastivu kajji ba rostivu obrumandi ovardaand. Avval rohbari bedordile meoyad va pason millatro bedor mekunad.

Falsafai Gandhi yakson nabud va in korshinosi gharbi bud yo sharqii digar ast, hamesha nigohhoi mukhtalif joy khohand dosht, ki on ham khub ast. Fikr mekuned junbishi biduni zurovari dar nizomi Nazii Olmoni imkoni burd kardan dosht? Na. Yo vaqte Nehru dar bahsi Kashmir bo Pokiston zadukhurdi khunin dosht, Gandhi e'tiroze nishon dod? Na, chun mas'ala digar shuda bud, vaz'iyat ta'ghir yofta bud. Az guftahoi Neru: "When the news reached me about Kashmir... I knew we might have to face a war... I acted and Gandhi said nothing to indicate his disapproval. It was a great relief, I must say... Gandhi could be adabtable."

Khulosa, az har vositae boyad kor girift, ham ba khiradu ogahi mardum jalb kard va ham az zuru zar istifoda namud gar iloje digar paydo nashud.

Bo umedi obodii shumo va millati aziz!

-- BK

D said...

Дӯсти гиромӣ Ботурҷон.

Оре, дуруст дарёфтаед. Пешниҳоди сарнагунии давлат аз роҳи зӯру хушунат ва пеш рондани ҷомеъа ба сӯи ояндае равшанро утупик ё хиёлӣ медонам. Бад-ин маъно, ки ин кор ба ростӣ шуданист, аммо ояндаи равшане дар роҳ нахоҳад буд. Чун ҷомеъа ҳанӯз ба дарки суду зиёнаш нарасидааст, дар натиҷа ҷомеъа дар пушти он ҷунбиш нахоҳад буд. Ва ҳатто агар бошад, ояндаи равшан аз даруни дарёи хун сар намекашад. Хун ҳамвора хушунати бештар ба бор меоварад. Ва ҳаргиз сарваре солеҳу доно аз роҳи хушунат наомадааст.

Намунае, ки аз дидгоҳҳои Гондӣ овардаед (ба нақл аз Неҳру) ба баҳси мо рабти андаке дорад. Суҳбат аз тағйири дохилӣ ва ҷилавгирӣ аз низоъи дохилист, на рӯёрӯӣ бо ҳамсояе навпо, ки мехоҳад ба хоки кишвар дастдарозӣ кунад. Дифоъ дар баробари бегона шомили аҳволи дигаре мешавад. Дидгоҳе, ки худи Гондӣ дар бориа ҷудоии бахше аз мусалмонон аз Ҳиндустон унвон кардааст, ба шарҳи зер аст, ки боз ҳам баёнгари пойбандии ӯ ба усули нозӯроварист (чун он замон “Покистон” ҳамчунон як масъалаи дохилии Ҳинд маҳсуб мешуд):

“As a man of nonviolence cannot forcibly resist the proposed partition if the Muslims of India really insist upon it. But I can never be a willing party to the vivisection.”
Ва пас аз ҷудоӣ мегӯяд:

“If India and Pakistan are to be perpetual enemies and go to war against each other, it will ruin both the Dominions and their hard-won freedom will be soon lost. I do not wish to see that day.”

Ва медонад, ки хостаи мардуми мусалмонро наметавон нодида гирифт:

“To undo Pakistan by force will be to undo Swaraj.”

(“Свароҷ”, яъне “худгардонӣ” ё номе дигар аз фалсафаи Гондӣ).
Боз ҳам эътиқоди Гондӣ ба нозӯроварӣ (адами хушунат) дар ҳамаи ин ҳолот баравшанӣ дида мешавад.

Лозим нест ҳамаи мардумро ойини сарварӣ биомӯзонем, чунончи, ба қавли Ҳофиз, на ҳар касе ойини сарварӣ донад. Он чи мардум бояд биомӯзанд, ойини сарваршиносӣ ва сарваргузинист ва ойини ҳақталабист. Ҳаста (ячейка)-ҳои як ҷомеъаи шаҳрвандиро бояд шакл дод, ки ба таври худҷӯш хостаҳояшро ҷилав бибарад ва гӯшбафармони мақомоте набошад, ки ба чизе ҷуз ҷайби худ намеандешанд. Ҳисси озодагиро бояд дар миёни тӯдаҳо пароканд, то касе гумон накунад, ки ба осонӣ метавонад иродаи худро бар сари мардум таҳмил кунад ва дардисаре надошта бошад. Дар воқеъ, шуғли чӯпонии раҳбарро бояд ба шуғли сарварӣ табдил кард ва вазифаи рамаро ба коркардҳо ва ҳуқуқи як ҷомеъаи маданӣ.

Мо дунболи як роҳи миёнбур ё shortcut намегардем. Ин бор бояд таҳаввуле, ки иттифоқ меуфтад, решаӣ, бунёдин, худҷӯш ва ниҳодина бошад. Роҳе нест, ки якшаба тай шавад. Оҳиста биравем, то ба мақсад бирасем.

Ба умеди пирӯзӣ