Showing posts with label West. Show all posts
Showing posts with label West. Show all posts

Monday, July 18, 2016

Чи касе пушти "кудетои нофарҷом"-и Туркия истодааст?

Дар посух ба дӯсте, ки назари шахсии маро дар бораи "кудетои нофарҷом"-и Туркия ва ин ки Ғарб то куҷо дар он даст доштааст, ҷӯё шуд.
Ончи инҷо мегӯям, на ба ъунвони хабарнигор ё корманди ҷое, балки ба ъунвони як тоҷики маъмулии нозири рӯйдодҳост.
Ман сидқан хушнудам, ки кудетои Туркия ноком шуд; агар баростӣ кудетое дар кор будааст. Кудето ҳаргиз роҳи ҳал набуда ва нест.
Аз диди ман, ҳар кишваре бояд аз роҳе, ки мардуми худаш интихоб кардаанд, бигзарад, то ба ҷое бирасад, ки ҳамагон толибаш ҳастанд. Базӯр ҳеч ҷомеъаеро намешавад ба як бистар ё масири мушаххас андохт.
Туркия дар ҳоли гузор аст. Ва ҳар ъомиле, ки ҷилави ин раванди гузорро бигирад, Туркияро барои чандин даҳа ба ъақиб меронад. Ва ҳамин рӯйдодҳо дубора такрор хоҳанд шуд.
Масалан, кудетои низомӣ дар Миср рӯйдодҳои сиёсии он кишварро барои даҳаҳо ба таъвиқ андохт. Миср дубора Ҳуснӣ Мубораке хоҳад ёфт ва пас аз солҳо Мурсие хоҳад омад ва ин достон дубора такрор хоҳад шуд, то мардум роҳеро, ки дуруст медонанд, бипаймоянд, аз ҳукумати ъақидатӣ безор шаванд ва роҳи мардумсолорӣ (демукросӣ)-ро пеш бигиранд.
Ман кӯчактарин боваре надорам, ки кудетои нофарҷоми Туркия кори дасти Омрико ё Ғарб бошад. Туркия ҳампаймони Ғарб дар НОТУ-ст ва кишварҳои НОТУ ба ҳеч рӯй хоҳони бесарусомонӣ дар онҷо нестанд.
Ин ба он маъно нест, ки кишварҳои ғарбӣ даст ба чунин саҳнасозиҳое ҳаргиз назадаанд. Балки ба он маъност, ки Ғарб дар ин кор манфиъате надошт. Ва агар баростӣ кишварҳои ғарбӣ пушти он буданд, кудето чунин ношиёна ва бе омодагӣ ва сатҳӣ сурат намегирифт.
Дар миёни касоне, ки даст ба кудето задаанд, фармондеҳони аршади Артиши Туркия набуданд, Ардуғон комилан озод буду изҳори назар мекарду мардумро ба қиём фаро мехонд, ҳеч як аз аҳзоби мухолиф аз кудето ҳимоят накард... Хулоса, кудето дар ҳамон оғоз ноком ҷилва мекард.
Баръакс, ин кудетои нофарҷом ба Ардуғон дасту боли бозтаре дод. Ӯ мехоҳад базудӣ Қонуни Асосии ҷадидеро ба раъйи мардум бигзорад ва дар он Қонуни Асосӣ раисиҷумҳур (ки феълан Ардуғон аст) ихтиёроти иҷроии бамаротиб бештаре хоҳад дошт. Ҳамин ҳоло раёсати ҷумҳурӣ дар Қонуни Асосии Туркия ҳолати ташрифотӣ (“протокольный”) дорад ва нахуствазир раиси қувваи иҷроия ба шумор меояд. Акнун Ардуғон бо такя бар ин кудетои нофарҷом метавонад нақшаи худашро пиёда кунад ва Туркияро аз низоми порлумонӣ ба низоми раёсати ҷумҳурӣ савқ диҳад.
Аз сӯи дигар, вокуниши Ардуғон ба ин кудетои нофарҷом ба таври боварнакарданӣ сареъ буд. Ҳанӯз 24 соъат нагузашта, мебинем, ки давлати Туркия ҳудуди 2800 қозиро аз кор барканор карда, беш аз 2800 нафар аз нерӯҳои артишро боздошт ва 5 женеролро таълиқ кардаанд. Феҳрести номҳои ин ҳама қозию сарбозро читавр ба ин зудӣ таҳия карданду ба ҳисобашон расиданд?
Фатҳуллоҳ Гӯлан, рақиби аслии Ардуғон, гуфта, ки шояд раисиҷумҳурии Туркия ъамдан барои анҷоми тарҳи “раёсатӣ” кардани низоми кишвар ва боздоштҳову муҳoкимоти тоза даст ба таҳияи як чунин намоишномае зада бошад.
Дар ин ваҳла наметавон ҳеч як аз ин иддиъоҳоро таъйид ё такзиб кард. Аммо пайдост, ки Ардуғон башиддат хушҳол аст ва онро "мавҳибати илоҳӣ" медонад, то ба поксозиаш идома диҳад ва ҳатто шояд ҳукми эъдомро ба қонун баргардонад ва ба ҷомеъаи тутолитери мавриди назараш чанд гоми дигар наздиктар шавад.
Куллан, ман мухолифи тавтеапиндорӣ (“теория заговора”) ҳастам ва бар ин боварам, ки ҳар ранҷу ганҷе, ки миллат мебинад, сирфан аз дасти худаш аст. Ҳатто агар касоне хостаанд аз миллат истифода ё сӯиистифода кунанд, боз ҳам ба сатҳи шуъури оҳоди миллат бармегардад.

Saturday, April 11, 2009

The Green Prison of the West

Зиндони сабзи Бохтарзамин

متن به دبيره پارسی در زير است

Диламонро хуш медорем, ки дар чахоне озоду обод ба сар мебарем. Аммо пас аз заррае тааммул мешавад дарёфт, ки ин кохи руъёимон хам пушолист ва озодихои он хам мукаввоист.

Манзурам бахшхои камбахти ин курраи хокй нест, ки Точикистонро хам дар бар дорад. Манзур Фарангистонест, ки корахои Урупову Омрикоро фаро мегирад ва намунаи зиндагии башарй дар ахди муъосир ба шумор меояд.

Руз ба руз бештару бештар сотури давлатро бар фарози сари кишри мутавасситу поинтар аз он эхсос мекунам. Ва он хам танхо паёмади бухрони молии фарогир нест, ки обруи низоми сармоядориро бурдааст. Бухронеро, ки ман мегуям, Чурч Урвел (George Orwell), нависандаи инглисие, ки соли 1950 даргузашт, дар осори мондагораш – достони «1984» ва «Мазраъаи хайвонот» ба хубй ба чолиши каламаш супурдааст.

Беш аз як чахоруми дурбинхои мадорбаста (кабельная телекамера)-и чахон дар Бритониё мустакаранд, ки тамоми харакот ва дар мавориде сухбатхои рохгузаронро забт мекунанд ва харими хусусиро ба куллй валангор кардаанд. Дар соли 2007 шумори ин дурбинхо беш аз 4.2 милюн дастгох буд ва акнун мусалламан бештар аст. Вазифаи умдаи ин дурбинхо мубориза бо табахкорй унвон мешавад, аммо гузориш шудааст, ки бо вучуди ин хама дурбин, 80 дарсади чиноятхои хиёбонии Ландан ногушуда мондаанд. Аз суи дигар, дар тули руз, ки дар хиёбонхои Ландан гашту гузор мекунед, тасвири шумо дастикам 300 бор руи сафхаи хадамоти вижаи Бритониё меуфтад. Ин чомеъаи пулисй ба шиддат хамонанди чомеъаест, ки Чурч Урвел дар достони «1984» тасвир кардааст.

Хар давлати тозае, ки дар Бритониё сари кудрат меояд, ваъда медихад, ки хамаи бадихои давлати гузаштаро хохад сутурд ва танхову танхо хубихои фаровонеро ба армугон хохад овард ва дар тасовию баробарии шахрвандони кишвар хохад кушид. Аммо натичае, ки мушохида мешавад, хамонест, ки дар тули торих пайваста такрор шудааст. Тоза-ба-даврон-расидахо пас аз муддати кутохе чи зохиран ва чи ботинан ба аслоф (пешиниён)-и худ шабех мешаванд. Ва боз хам ба ёди ин чумла аз достони «Мазраъаи хайвонот» (Animal Farm)-и Чурч Урвел меуфтед, ки мегуфт:

"All animals are equal, some animals are more equal than others" («Хамаи чонварон баробаранд ва бархе аз онхо бештар аз дигарон баробаранд»).

Дар соли 1997 Хизби Коргари Бритониё интихоботро бурд ва худро Хизби Коргари Навин эълом кард ва кавл дод, ки ба зудй мояи обруву иззати сарзаминашон шавад. Бо гузашти 12 сол мебинем, ки хизби хоким мисли хокимони дигар сахт андармони горату чаповули дороихои мардум аст. Борхо табли расвоии сардамдорони ин хизб навохта шуд, ки аз мавориди умдаи он фурухтани лакабхои салтанатию ташрифотй ба афроди пулдор дар изои пардохти маблаге хангуфт ба бахши таблиготии ин хизб буд. Ва ин хизби ба ном Коргар талош кардааст имтиёзхои кишри дорои Бритониёро хифз кунад, то «кумакхои молй»-и сарватмандон ба ин хизб катъ нашавад. Сомона ё системи таъмини молии хизбхои сиёсии Бритониё ба хеч як аз онхо мачоли онро намедихад, ки ба фикри кишрхои камдаромадтари чомеъа бошанд. Аз нодорон онхоро чи суд?

Имруза хеч иттилоъи хусусие нест, ки аз чашму гуши номахрамони давлатй масун бошад. Корти метрои шумо тамоми чузъиёти омаду шуди шуморо сабт мекунад. Ба гунае, ки дар сурати зарурат дар хоханд ёфт, ки масалан, рузи якшанбеи гузашта соъати сеи пас аз нимруз шумо аз кучои Ландан ба кучо мусофират доштед ва чи муддат дар он чо мондед.

Пулиси Бритониё, ки интизор меравад зиндагиро барои мардуми ин кишвар осонтару осудатар кунад, танхо ба фикри ичрои барномаи солонаи боздошту танбеххои худ аст. Яъне хадаф таъмини амнияти мардум нест, балки ичрои он барномаи пешбинишуда аст. Аз ин ру эхтимол дорад шуморо ба далели туф кардан дар хиёбон бигиранду барои яке-ду хафта дар боздоштгох нигах доранд. Дар холе ки дар хамон лахазот як табахкори вокеъй бо хавсала ду-се нафарро мекушаду дороишонро мерабояд ва ба осудагй ба маъмани худ панох мебарад.

Ва ба хотири хамон туф кардан дар хиёбон хатман мушаххасоти дакикеро аз шумо хоханд гирифт ва барои хамеша дар бойгонии худ хифз хоханд кард. Мушаххасоте аз кабили DNA ва нишони ангуштхоятонро. Ачаб он ки ин додахо дар мавориди бисёре гум мешаванд ва метавонанд ба дасти афроди нобобе биуфтанд ва боъиси дарди сари фаровоне барои шумо шаванд.

Дар айни хол, агар дузде ба хонаатон сар заду фурсати горати амволатонро надошт, танхо машварати пулис ин аст, ки куфли хонаатонро иваз кунед. На ба хонаатон сар мезананд ва на суроги он дуздро мегиранд. Инро шахсан тачруба кардаам.

Дар Бритониё озодии шумо дар тахи нахи нозуке овезон аст ва он нах хар он метавонад канда шавад ва озодихои шуморо бо худ бибарад. Бо кучактарин бадгумонии пулис, ки хануз собит нашудааст, метавонед ду-се хафтаи худро дар суллули зиндон сипарй кунед ва бидуни мухокимаи додгох махкум шавед. Конуни аблахонае, ки ба бахонаи мубориза бо дахшатафканй (терурисм) тасвиб шуда, ин хакро ба пулис медихад. Ин ки «дахшатафканй»-ро арбоби интизоми Бритониё чи гуна маънй мекунанд, мавзуъи густардаи дигарест. Дар айни хол метавон гуруххои пайкорчуе чун «Мухочирун»-ро дид, ки ошкоро дар хиёбон нафратафканй мекунанд ва пулиси Бритониё музохими осудагии онхо намешавад.

Бар асари хибт ё хатои кучаке метавонед дору надори худро аз даст дихед. Тамоми озодихои шумо метавонад дар як сония ба боди фано равад. Он гох бояд мунтазир бимонед, то арбоби интизоми ин сомон, агар хавсала карданд, озодихои шуморо тикка-тикка ба шумо бозпас диханд. Ва шояд хам надиханд.

Ба гунае, ки дигар фарзанди шумо метавонад таъаллуки бештар ба давлат дошта бошад ва давлат хак дорад бидуни огохии каблй иртиботи шумо бо фарзандатонро катъ кунад ва танхо замоне ки давлат хост, иртиботи шумо дубора баркарор шавад. Шуморо метавонанд водоранд, ки бо фарзандони худ, масалан, як бор дар ду хафта дидор дошта бошед ва он хам дар хузури маъмуре, ки сухбатхои шуморо ёддошт мекунад. Аз ин ру, сарфи назар аз таъаллуки кавмиатон, бояд бо фарзандони худ ба забони инглисй сухбат кунед. Он вакт ин «чомеъа» аст, ки тасмим мегирад, оё шумо хакки модарй ё падарй барои он кудакро доред ё на. Зимнан, барои хар мавриди дидор бо фарзандатон бояд пули хангуфте хам бипардозед. Табаъият аз конунхои сармоядорй аз лозимахои зиндагй дар кишваре чун Бритониёст.

Давлат хатто касд дорад барои шахрвандонаш корти шиносоие содир кунад, ки ховии дакиктарин додахо дар бораи шумост, аъам аз DNA ва ангуштнигорй. Ба гунае, ки бо ироаи он корт ба хар ниходе шумо, дар вокеъ, буду набуди худатонро таслими он ниход мекунед. Харими хусусй муддатхост, ки рафта паи кораш.

Ба ростй, инсофу додгарй як мафхуми нисбист. Чомеъаи Бритониёро наметавон бо чомеъаи Точикистон канори хам гузошт. Аммо агар бифармоед, ки Бритониё ё кишвархои гарбии дигар дорои бехтарин ва мунсифонатарини чавомеъ хастанд, хохам гуфт, галат фармудед. Ормоншахр ё мадинаи фозилаи андешаварзони ахди кухану навин на ин зиндони сабзест, ки дар Фарангистон шохидаш хастем.

زندان سبز باخترزمين

دلمان را خوش می داريم که در جهانی آزاد و آباد به سر می بريم. اما پس از ذره ای تامل می شود دريافت که اين کاخ رويايی مان هم پوشالی است و آزادی های آن هم مقوايی است.

منظورم بخش های کم بخت اين کره خاکی نيست که تاجيکستان را هم دربر دارد. منظور فرنگستانی است قاره های اروپا و آمريکا را فرا می گيرد و نمونه زندگی بشری در عهد معاصر به شمار می آيد.

روز به روز بيشتر و بيشتر ساطور دولت را بر فراز سر قشر متوسط و پايين تر از آن احساس می کنم. و آن هم پيامد بحران مالی فراگير نيست که آبروی نظام سرمايه داری را برده است. بحرانی را که من می گويم، جورج اورول، نويسنده انگليسی ای که سال 1950 درگذشت، در آثار ماندگارش، داستان 1984 و "مزرعه حيوانات" به خوبی به چالش قلمش سپرده است.

بيش از يک چهارم دوربين های مداربسته جهان در بريتانيا مستقر اند و تمام حرکات و در مواردی صحبت های راهگذران را ضبط می کنند و حريم خصوصی را به کلی ولنگار کرده اند. در سال 2007 شمار اين دوربين ها بيش از 4.2 ميليون دستگاه بود و اکنون مسلما بيشتر است. وظيفه عمده اين دوربين ها مبارزه با تبهکاری عنوان می شود، اما گزارش شده است که با وجود اين همه دوبين، هشتاد درصد جنايت های خيابانی لندن ناگشوده مانده اند. از سوی ديگر، در طول روز که در خيابان های لندن گشت و گذار می کنيد، تصوير شما دستکم 300 بار روی صفحه خدمات ويژه بريتانيا می افتد. اين جامعه پليسی به شدت همانند جامعه ای است که جورج اورول در داستان 1984 تصوير کرده است

هر دولت تازه ای که در بريـانيا سر قدرت می آيد، وعده می دهد که همه بدی های دولت گذشته را خواهد سترد و تنها و تنها خوبی های فراوانی را به ارمغان خواهد آورد و در تساوی شهروندان کشور خواهد کوشيد. اما نتيجه ای که مشاهده می شود، همانی است که در طول تاريخ پيوسته تکرار شده است. تازه به دوران رسيده ها پس از مدتی کوتاه چه ظاهرا و چه باطنا به اسلاف خود شبيه می شوند. و باز هم به ياد اين جمله از داستان "مزرعه حيوانات" جورج اورول می افتيد، که می گفت

"همه جانواران برابر اند و برخی از آنها بيشتر از ديگران برابر اند."

در سال 1997 حزب کارگر بريتانيا انتخابات را برد و خود را حزب کارگر نوين اعلام کرد و قول داد که به زودی مايه آبرو و عزت سرزمينشان شود. با گذشت 12 سال می بينيم که حزب حاکم مثل حاکمان ديگر سخت اندرمان (مشغول) غارت و چپاول دارايی های مردم است. بارها کوس رسوايی سردمداران اين حزب نواخته شد که از موارد عمده آن فروختن لقب های سلطنتی و تشريفاتی در ازاء پرداخت مبالغی هنگفت به بخش تبليغاتی اين حزب بود. و اين حزب به نام کارگر تلاش کرده است امتيازهای قشر دارای بريتانيا را حفظ کند، تا "کمک های مالی" ثروتمندان به اين حزب قطع نشود. سامانه (سيستم) تامين مالی حزب های سياسی بريتانيا به هيچ يک از آنها مجال آن را نمی دهد که به فکر قشرهای کم درآمدتر جامعه باشند. از ناداران آنها را چه سود؟

امروزه هيچ اطلاع خصوصی ای نيست که از چشم و گوش نامحرمان دولتی مصون باشد. کارت متروی شما تمام جزئيات آمد و شد شما را ثبت می کند. به گونه ای که در صورت ضرورت در خواهند يافت که مثلا، روز يکشنبه گذشته ساعت سه پس از نيمروز شما از کجای لندن به کجا مسافرت داشتيد و چه مدت در آن جا مانديد

پليس بريتانيا که انتظار می رود زندگی را برای مردم اين کشور آسان تر و آسوده تر کند، تنها به فکر اجرای برنامه سالانه بازداشت و تنبيه های خود است. يعنی هدف، تامين امنيت مردم نيست، بلکه اجرای آن برنامه پيشبينی شده است. از اين رو احتمال دارد شما را به دليل تف کردن در خيابان بگيرند و برای يکی دو هفته در بازداشتگاه نگه دارند. در حالی که در همان لحظات يک تبهکار واقعی با حوصله دو سه نفر را می کشد و دارايی شان را می ربايد و با آسودگی به مامن خود پناه می برد

و به خاطر همان تف کردن در خيابان حتما مشخصات دقيقی را از شما خواهند گرفت و برای هميشه در بايگانی خود حفظ خواهند کرد. مشخصاتی از قبيل دی ان ای و نشان انگشت هايتان را. عجب آن که اين داده ها در موارد بسياری گم می شوند و می توانند به دست افراد نابابی بيفتند و باعث درد سر فراوانی برای شما شوند

در عين حال، اگر دزدی به خانه تان سر زد و فرصت غارت اموالتان را نداشت، تنها مشورت پليس اين است که قفل خانه تان را عوض کنيد. نه به خانه تان سر می زنند و نه سراغ آن دزد را می گيرند. اين را شخصا تجربه کرده ام

در بريـانيا آزادی شما در ته نخ نازکی آويزان است و آن نخ هر آن می تواند کنده شود و آزادی های شما را با خود ببرد. با کوچک ترين بدگمانی پليس که هنوز ثابت نشده است، می توانيد دو سه هفته خود را در سلول زندان سپری کنيد و بدون محاکمه دادگاه محکوم شويد. قانون ابلهانه ای که به بهانه مبارزه با "دهشت افکنی" (تروريسم) تصويب شده، اين حق را به پليس می دهد. اين که "دهشت افکنی" را ارباب انتظام بريتانيا چه گونه معنی می کنند، موضوع کسترده ديگری است. در عين حال می توان گروه های پيکارجويی چون "مهاجرون" را ديد که آشکارا در خيابان نفرت افکنی می کنند و پليس بريتانيا مزاحم آسودگی آنها نمی شود

بر اثر يک خبط يا خطای کوچکی می توانيد دار و ندار خود را از دست دهيد. تمام آزادی های شما می تواند در يک ثانيه به باد فنا برود. آن گاه بايد منتظر بمانيد تا ارباب انتظام اين سامان، اگر حوصله کردند، آزادی های شما را تکه تکه به شما بازپس بدهند. و شايد هم ندهند

به گونه ای که ديگر فرزند شما می تواند تعلق بيشتر به دولت داشته باشد و دولت حق دارد بدون آگاهی قبلی ارتباط شما با فرزندتان را قطع کند و تنها زمانی که دولت خواست، ارتباط شما دوباره برقرار شود. شما را می توانند وادارند که با قرزندان خود، مثلا، يک بار در دو هفته ديدار داشته باشيد و آن هم در حضور ماموری که صحبت های شما را يادداشت می کند. از اين رو، صرف نظر از تعلق قومی، بايد با فرزندان خود به زبان انگليسی صحبت کنيد. آن وقت اين "جامعه" است که تصميم می گيرد آيا شما حق مادری يا پدری برای آن کودک را داريد يا نه. ضمنا، برای هر مورد ديدار با فرزندتان بايد پول هنگفتی هم بپردازيد. تبعيت از قانون های سرمايه داری از لازمه های زندگی در کشوری چون بريتانياست

دولت حتا قصد دارد برای شهروندانش کارت شناسايی ای صادر کند که حاوی دقيق ترين داده ها در باره شماست، اعم از دی ان ای و انگشت نگاری. به گونه ای که با ارائه آن کارت به هر نهادی شما در واقع بود و نبود خودتان را تسليم آن نهاد می کنيد. حريم خصوصی مدت هاست که رفته پی کارش

به راستی، انصاف و دادگری يک مفهوم نسبی است. جامعه بريتانیا را نمی توان با جامعه تاجيکستان کنار هم گذاشت. اما اگر بفرماييد که بريتانيا يا کشورهای غربی ديگر دارای بهترين و منصفانه ترين جوامع هستند، خواهم گفت، غلط فرموديد. آرمان شهر يا مدينه فاضله انديشه ورزان عهد کهن و نوين نه اين زندان سبزی است که در فرنگستان شاهدش هستيم

Friday, March 28, 2008

The End of "Fitna". Or Has It Just Begun?

Саранчом филми «Фитна»-и Херт Вилдерси хуландй дар дастрас карор гирифт. Каюмарс нахустин веблогнависи точик буд, ки дар торнигори худ ба ин филм пардохт. Бо таваччух ба ин ки хеч як аз шабакахои телевизюнии Хуланд чуръати пахши онро надоштанд, созандаи филм, ки узви порлумони Хуланд аз Хизби Озодист, соъати 7-и шомгохи дишаб ба вакти Омстердом онро руи шабакаи Интернет гузошт. Нусхаи хуландии филм дар ду соъати нахуст 1.6 милюн бинанда дошт ва шумори бинандагони нусхаи инглисии он дар зарфи панч соъат ба 1.2 милюн тан расид (омори Wiki).

Ин филми 16-дакикайи бо корикотури донморкии Мухаммад огоз мешавад ва поён меёбад. Дар поёни филм аммомаи паёмбари ислом, ки шакли бумбро дораду муштаъил аст, мунфачир мешавад, ки бегумон боъиси эътирозоти бештари мусалмонхо хохад шуд.

Созандагони филм дар тули филм хич шарху тавзехе намедиханд, аммо барои хар сурае, ки аз Куръон овардаанд, тасовиру гуфторхоеро аз хутбахои имомон дар кишвархои мухталиф меоваранд, ки мусалмононро ба хушунат ва куштани яхудихову номусалмонон фаро мехонанд. Дар филм ин андеша талкин шудааст, ки хамла ба бурчхои дукулуи Нйу Йурк хам бар мабнои тафсири яке аз оёти Куръон сурат гирифтааст. Катли Van Gogh – филмсози хуландй хам бо яке аз оёти Куръон муртабит дониста шудааст. Ва чандин ходисаи дигар. Баъзе аз сахнахои он, ба монанди катли як марди гарбй дар баробари дурбин тавассути мардхои никобпуш руъбовар аст. Ва хамин тавр сахнахое аз Тосуъову Ошурои Эрон, ки кудаконро бо сару сурати хуншор нишон медихад, раъшаангез аст. Дар як сахнаи филм Махмуди Ахмадинажодро мебинем, ки мегуяд, «паёми инкилоб хамаи куллахои чахонро фатх хохад кард».

Филм баромада аз вохимаи Вилдерс аст ва ховии паёми нажодпарастона аст. У бо нишон додани омори афзоиши шумори мусалмонон дар Хуланд ин тасаввурро талкин мекунад, ки агар чорае андешида нашавад, мумкин аст он сахнахои тарснок дар Хуланд сурат бигирад. Яъне такозои талвехии у аз давлат чилавгирй аз рушди чамъияти мусалмон дар Хуланд аст. "Фитна" батамом якбуъдй ва мугризона аст ва хич сахнаи мусбате аз кишвархои мусалмонро дарбар надорад.

Филм дар вокеъ мачмуъае аз зишттарин сахнахои кишвархои мусалмон аст, ки бехтарин бахонаро ба дасти афроди исломситез медиханд. Даъват ба куштан аз дахони чандин имом садо медихад ва хатто яке аз онхо бо ин иддаъо, ки «рузе сангхо хам ба садо дар хоханд омад ва ба мо хоханд гуфт, ки як яхудй пушти ман пинхон аст, уро бикуш!» шамшери дарозеро аз гилофаш мекашад ва даври сараш мечархонад. Тасвирхои духтарони навчавони хатнашуда риккатангез аст.

Танхо тавзехоти созандагони филм дар поёни он ба шакли навишта зохир мешавад, ки яке аз онхо мантикист ва аз мусалмонон мехохад, ки дар таъдил ва имрузй кардани мазхаби худ бикушанд.

Аммо тасаввури мусалмонони Хуланд аз ин филм чизе бештар аз оне буд, ки хаст. Иброхим Бурзик – сухангуи Шурои марокашихои Хуланд гуфтааст, ки тамошои филм ба у оромиши хотир додааст, чун ба назари у, филм дар чорчуби конунхои Хуланд сохта шудааст. Яке-ду мусалмони дигари хуландй хам ин назарро додаанд. Ян Питер Балкененде – нахуствазири Хуланд бори дигар аз филму созандааш фосила гирифта ва гуфтааст, ки шарики дидгохи Вилдерс дар бораи ислом нест ва изхори хушнудй карда, ки вокунишхои аввалияи мусалмонони кишвар мантикй будааст.

Пеш аз тавлиди "Фитна" Вилдерс гуфта буд, ки мехохад дар бораи масехият филме бисозад, ки зохиран акнун филми баъдии у хохад буд. Агар аз "Фитна" чон ба саломат бибарад.

Бояд мунтазир монду дид, ки тазохуроту хаёхуи пеш аз пахши филм бо тамошои он тамом шуд ё тоза огоз хохад гирифт. Ин хам сахнаи дигарест аз бархурди таъассубу танаффурхо дар чахони имруз, ки бозигарони он ба чои пайдо кардани рохи халле дарозмуддат дар паи холй кардани танаффури худ аз хамдигар хастанд, ки ба назар намерасад холо-холохо холй шавад.