Showing posts with label Kyrghyzstan. Show all posts
Showing posts with label Kyrghyzstan. Show all posts

Tuesday, February 08, 2011

'Outsiders' Warn Tajikistan

Ҳушдорҳои "бегонагон" ба “Тоҷикистони озоди ман”

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Солҳост, ки бегонагон ба мо ҳушдор медиҳанд. Мегӯянд, ки агар кор ба ҳамин ривол идома дошта бошад ва ислоҳоте сурат нагирад, рӯ ба шикасту нокомӣ ҳастем. Мегӯянд, ки ҳатман бояд илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъи он ёфту пиёда кард, вагарна вовайлои пинҳонӣ давои дардамон нахоҳад шуд. Таъкид мекунанд, ки агар авзоъ бетағйир бимонад, нооромиҳои Қирғизистон гули баҳмани як силсила таҳаввулоти фарогири минтақаист; гӯ ин ки Аскар Оқоев ва Қурбонбек Боқиев дар интизори расидани ҳамсарнавиштонашон аз минтақа нишастаанд. Бегонагон мегӯянд ва гуфтаҳояшон ба гӯши шунавое намешинад. Чун бегонаанд ва Худо медонад ангезаи ростинашон аз ин ҳама нигаронӣ ва шояд ҳам воҳима чист. Онҳо ки тоҷик ё узбак ё ҳатто қирғиз нестанд, ки сарнавишти мардуми минтақаи мо барояшон ин ҳама аҳамият дошта бошад!

Тоза ба ин намунаҳои тарснок шабаҳҳои гурезон ё парешони раҳбарони Тунису Урдуну Яману Миср изофа шудаанд. Ва боз бегонаҳо ҷор мезананд, ки “Оҳон! Коре кунед, вагарна саранҷоматон чунин асту чунон аст!” Мо ин ҳушдорҳоро ба роҳатӣ пушти гӯш меандозему кашкӯли гадоӣ даври гардан, ва бо лабханде малеҳ дубора дарюзагарӣ мекунему шоҳона зиндагӣ мекунем ва сангеро такон намедиҳему хореро намеканем, ки то бод чунин бодо!

Аммо агар барои як лаҳза пардаи бадгумониҳоро канор бизанем ва ба нури хирад маҷол диҳем, ки ба даруни сарҳои гаронамон биборад, шояд дарёбем, ки қазия аз чи қарор аст. Шояд ҳоҷу воҷу ҳайрон бимонем, ки “бегонагон” чи беҳтар аз бачаҳои Саъдӣ ба дарки ин мисраъҳо расидаанд, ки “Банӣ Одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор”. Ва ин ки мани тоҷики навъӣ имрӯз дучори балое шавам, баночор он бало ба ҳамсояҳои дуру наздикам сироят хоҳад кард. Чун кураи Замин яке бештар надорем ва аз як ҳаво танаффус мекунем ва бо ҳазорон ришта ба ҳам васлем. Бо дарки ин нукта мафҳуми “бегона” ҳам таъбире дигар пайдо мекунад ва паёми “бегона” ҳам ба гунае дигар ба гӯшҳо фурӯ меравад.

Тозатарин ҳушдори “бегонагон” аз Гурӯҳи Буҳрони Байнулмилалӣ (ГББ) расид, ки рисолаташ пешгирӣ ва ҳалли муноқишоти маргбор дар саросари ҷаҳон аст. Ҳарфи ҳисоби ин гурӯҳи байнулмилалӣ ин аст, ки агар давлатҳои Осиёи Миёна шоистасолориро мароми кори худ накунанд, дар ояндаи қобили пешбинӣ дучори бало хоҳанд шуд. Шоистасолорӣ, яъне ин ки як троктурчӣ набояд раиси, масалан, идораи пулис шавад, балки бояд ба пушти фармони ҳамон троктураш баргардад. Яъне танҳо ононе, ки тавоноӣ ва салоҳияти анҷоми як корро доранд, ба анҷоми он кор гумошта шаванд.

Бино ба арзёбии ин гурӯҳ, дар миёни панҷ кишвари Осиёи Миёна Қирғизистону Тоҷикистон бадтарин мавқеъиятро доранд. Коршиносони ин ду кишвар ба ГББ гуфтаанд, ки то чанд соли оянда дигар омӯзгори хубе барои парвариши кӯдакон ва пизишки ҳозиқе барои дармони беморон пайдо нахоҳад шуд. Чун гувоҳиномаи донишро мешавад ба содагӣ дар изои чанд баргаи сомонӣ харид ва дониш ҳақиру беарзиш шудааст. Аз сӯи дигар, зерсохтҳо (инфраструктура)-и ҷомеъа, ба монанди роҳҳову дабистонҳову бемористонҳо, дар ҳоли фарсоишанд. Дар ин гузориш мехонем:

“Муҳимтар аз ҳама ин ки давлатҳо дар саросари минтақа зоҳиран ба ин хаёл буданд, ки мероси онҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳамеша давом хоҳад овард ва пулҳое, ки барои анҷоми ислоҳот, беҳбуди омӯзишу парвариш ва таъмиру нигаҳдорӣ ихтисос ёфта буд, маъмулан ба ҳадар мерафту басанда набуд.”

Гузориши ГББ бо таъкиди бештар бар мавзӯъи фарсоиши зерсохтҳо ва паёмадҳои ногувор ва маргбори он меафзояд:

“Фарсоиши сареъи зерсохтҳо шиддати нодорӣ ва бегонагии мардум аз давлатро бештар мекунад. Нопадидии хадамоти аввалия тундравони исломиро, ки ҳамакнун ҳам нерӯе ҷиддӣ дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд, бо муҳиммоти бештар алайҳи раҳбарони минтақа таъмин мекунад ва бунияи иҷтимоъии онҳоро тавсеъа медиҳад. Рушди иқтисодӣ ва коҳиши фақр ба хобу хаёл табдил мешавад; фақиртарини ин кишварҳо беш аз пеш ба содироти нерӯи корӣ вобаста мешаванд. Хашм бар сари коҳиши шадиди хадамоти асосӣ дар нооромиҳои Қирғизистон дар оврил (апрел)-и 2010, ки ба сарнагунии Қурбонбек Боқиев анҷомид, нақши муҳимме дошт. Ин омил метавонад дар кишварҳои дигар, бахусус Тоҷикистон ҳам, дар ояндаи начандон дур нақши мушобеҳеро бозӣ кунад”.

Кадом фарзанди ин обу хок аз хондани сатрҳои боло хурсанд мешавад? Мусалламан, барои якояки мо хондану шунидани чунин пешгӯиҳое ногувор аст ва барои тоҷикони бурунмарзӣ - шармовар. Аммо оё бӯи ҳақиқате аз тавсифи мушкилоти мо дар ин гузориш намеояд? Оё ин ҳақиқатро ба хотири талхиаш бояд тард кард ва нодида гирифт? Ва агар гӯшҳоямонро ба ин гузориш бибандем, мушкилотамон ҳал хоҳад шуд? Гумон аст. Пас шояд “чашмҳоро бояд шуст” ва авзоъро ҷӯри дигар, воқеъитар дид ва ба ислоҳи он андешид.

Гузориши ГББ ба умеди ҷилавгирӣ аз вуқӯъи бало барои давлатҳои Осиёи Миёна, созмонҳои байнулмилалию кишварҳои кумаккунанда ва давлатҳои Чину Русия тавсияҳое ироа кардааст. ГББ аз давлатҳои минтақаи мо мехоҳад, ки ба шеваи кишварҳои Болтик ва Гурҷистон барномаи муфассал ва дарозмуддатеро барои решакании фасоди молӣ тадвин ва иҷро кунанд, тавоноии мудириятии ҳукуматҳои маҳаллиро афзоиш диҳанд, аз баҳракашӣ аз пизишкону омӯзгорон барои анҷоми корҳои номарбуте чун даъват ба раъйдиҳӣ ва хадамоти иҷтимоъии дигар худдорӣ кунанд, ба заминаи омӯзишу парвариш таваҷҷуҳи бештар кунанд ва ба ҷои насби “тахтаҳои сафеди рақамӣ” дар мактабҳо нахуст донишомӯзонро бо китобҳои дарсии муносиб таъмин кунанд ва як ришта ислоҳоти дигарро анҷом диҳанд, ки бояд, дар воқеъ, ибтикори худи мо барои беҳбуди зиндагии мардумамон бошад, на пешниҳоди “бегонагон”.

Ва вақте ки дар яке аз шумораҳои ахири маҷаллаи “Тойм”-и Омрико чеҳраи раҳбари Тоҷикистонро ба унвони яке аз 10 ҳокими худкомаи ҷаҳон мебинӣ, беш аз пеш дар нигаронию сарафкандагӣ фурӯ меравӣ.

Зиндагӣ дар хориҷ пайванди одам бо кишвари зодгоҳашро намегусалад; чи басо ки онро устувортар мекунад. Дар хориҷ мазоҳире чун фарҳанги мардум, фарҳанги давлат ва ҳокими кишвар мизони эҳтироми шумо дар баробари дигаронро таъйин мекунад. Аз ин рӯ тоҷикони бурунмарзӣ ташнаи расидан ба Тоҷикистоне озоду обод ҳастанд, ки мояи сарбаландию ифтихори фарзандони ин сарзамин бошад. Барои расидан ба он ормоншаҳр ногузир бояд ба тавсияҳои созанда гӯш дод ва ислоҳоти лозимро пиёда кард, то ваҷҳаи байнулмилалии кишвар тармим шавад ва мо бо сари баланду садоқати калом канори ҳам меҳанамонро чунин тавсиф кунем: Тоҷикистони озоди ман!

Tuesday, February 01, 2011

Mubarak Under Siege

Рӯзҳои номубораки Муборак

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Мокёвелли, файласуфи сиёсии машҳури садаи 15-уми Итолиё, ба ҳокимон андарзе гуфта буд: Фармонравоён бояд ё мавриди эҳтиром бошанд ё мавриди тарси раъоёашон ва ба ҳар қимате бояд бикӯшанд, ки мавриди нафрати мардум воқеъ нашаванд. Бо ин ки аз баёни ин дидгоҳ ҳаминак 600 сол мегузарад, ҳақиқати он ҳамчунон ошкору мубарҳан аст.

Агар ин иддаъо ҳақиқат надошт, Ҳуснӣ Мубораки 82-солаи Миср ба ин рӯзҳои номуборак намерасид. Намедонам, то замоне ки ин навишта ба дасти хонандагони “Нигоҳ” бирасад, Муборак таслими чи сарнавиште шудааст. Аммо он чи тардидпазир нест, манфур шудани Муборак ва ҳукумати худкомаи ӯ пеши садҳо ҳазор тан аз раъоёаш аст, ки намоиши ин нафратро чандин рӯз аст, ки дар сафҳаҳои телевизюн мебинем.

Ҳукумати Ҳуснӣ Муборак тақрибан ба андозаи Инқилоби исломии Эрон умр кард ва дар моҳи уктубр (октябр)-и имсол сисола хоҳад шуд. Вай, ки соли 1981 сари қудрат омад, барои тамдиди “давраи раёсати ҷумҳурӣ”-аш дар солҳои 1987, 1993 ва 1999 се ҳамапурсӣ баргузор кард ва саранҷом дар соли 2005 дар “интихоботи раёсати ҷумҳурӣ” номзад шуд ва, мусалламан, ба пирӯзӣ расид. Нозирони байнулмилалӣ интихоботро зери суол бурданд, аммо маъмулан дар кишварҳои худкома дидгоҳи нозирони байнулмилалӣ арҷу қимате надорад ва ба зудии зуд фаромӯш мешавад. Ва аммо пеш аз интихобот шоеъ шуда буд, ки қарор аст Ҷамол Муборак, яке аз фарзандони Ҳуснӣ Муборак, ҷойгузини падари солмандаш шавад. Ин шоеъот ба дунболи варосати “тахту тоҷ”-и Сурия тавассути Башор Асад, писари раисиҷумҳури пешин, дар соли 2000 қувват гирифт.

Ин сенорию ба таври дардноке ёдовари барномаҳои ҳокимони минтақаи мо ҳам ҳаст. Варосати ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон тавассути Илҳом Алиев, писари раисиҷумҳури пешин, гӯё сармашқе буд барои раҳбарони дигар, ки тарҳи “сулолаҳои подшоҳӣ”-и худро бирезанд. Ғаме нест агар унвони “раёсати ҷумхурӣ” бар рӯяш ҳак шуда бошад, аммо коркардҳои он дуруст ба монанди як дудмони подшоҳӣ хоҳад буд ва ҳазинаи онро мардум хоҳанд пардохт! Ин наҳваи андешидан банохудогоҳ ҳар ҳокимеро табдил ба Ҳуснӣ Муборак хоҳад кард, ки дар деги нафрати мардумаш меҷӯшад. Бадсиголӣ ва заъфи ӯ дар баробари муъомилаи қудрат ва иродаи мардум на танҳо боъиси бадбахтии худи ӯ, балки асбоби азияту озори хонадонаш ҳам шудааст. Ба гунае, ки мегӯянд, акнун Ҷамол Муборак фирорро бар қарор тарҷеҳ дода ва ба Ландан паноҳ бурдааст. Ёдамон ҳаст, ки роҳи Максим Боқиев, писари раҳбари сарнагуншудаи Қирғизистон ҳам ки хиёли подшоҳӣ ба сар дошт, ба Ландан хатм шуда буд.

Рӯзе, ки хабари ҷунбиши мардумии Мисрро шунидам, рӯи сафҳаи “Фейсбук”-ам навиштам:
“Вақте ки Туниси тухмимурғӣ бо 10 милюн ҷамъият ва 165 ҳазор килуметри мураббаъ замин Мисри ҳазратифилӣ бо 80 милюн ҷамъият ва 1.010.000 килуметри мураббаъ заминро такон медиҳад, андоза (қадду қавора) маъниашро аз даст медиҳад ва мегӯӣ: Филфил набин чи рез аст, Бишкан, бибин чи тез аст :)”
Акнун ҳам ба ин натиҷагирӣ бовар дорам, ки андозаи муҳаррик чандон муҳим нест, балки муҳтавои паёми он муҳаррик муҳим аст. Дар Тунис ҳам ки мардум аз бекорӣ, таваррум, фасоди молӣ, хешовандсолорӣ, набуди озодии баён ва шароити бади зиндагӣ ба сутӯҳ омада буданд, фарёди хашмашонро ба хиёбонҳо бурданд ва он фарёд ба андозае баланд буд, ки Зайнулъобидин Бин Алиро пас аз 23 сол ҳукумати худкома фирорӣ дод. Дар паи он ҷунбишҳои мардумии мушобеҳе дар Яману Мисру Урдун роҳ уфтоданд ва ҳамчунон ҷараён доранд; ҷунбише, ки бисёре “бедории ҷаҳони араб” унвон кардаанд.

Аммо бероҳа нагуфтаем, агар ҷарақаи ҳамаи ин додхоҳиҳои хиёбониро “Ҷунбиши Сабзи Эрон” бидонем, ки соли 2009 бонги ғулғулаосои он ҷаҳонро дарнавардиду дар миёни хоку хун фурӯ нишаст. Шояд ҳамаи ҳукуматҳои мустабидди араб, ки бо хашми мардумонашон мувоҷеҳ шудаанд, мехоҳанд бо истифода аз шигирдҳои Теҳрон ошӯбҳои муваҷҷаҳи мардумиро фурӯ нишонанд. Аммо дасташон кӯтоҳ аст, чун дастбадомони Вошингтун ҳастанд. Агар Ҳуснӣ Муборак ҳам ба монанди Аҳмадинажод мардумашро барбарона саркӯб кунад, аз ҳимояти бедареғ ва кумакҳои милёрд-дулории Омрико маҳрум хоҳад монд. Дар ҳоле ки ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ чунин дағдағаеро надошт ва нигарони аз даст додани муттаҳидоне набуд, ки надорад. Аз ин рӯ ҳиммати мардуми муътаризи Эронро наметавон дастикам гирифт, ба вежа бо таваҷҷуҳ ба миқёси басе густардатари эътирозот дар Эрон. Ҳукуматҳо ва наҳваи бархурди онҳо бо мардумонашон фарқ мекунад.

Пас он чи файласуфи итолиёӣ 600 сол пеш гуфта буд, имрӯз ҳам сидқ мекунад: ҳукуматҳои манфур маҳкум ба сарнагунианд. Як унсури дигаре, ки мешавад ба он фармуда афзуд, часпидагии бас тӯлонии ҳокимон ба “тахту тоҷ” аст, ки нахуст боъиси бурузи фасод дар даруни ҳукумат ва сипас боъиси бурузи нафрат аз ҳукумат дар миёни мардум мешавад, ки дар ниҳоят ба сарнагунии ҳукумат меанҷомад.

Tuesday, November 30, 2010

Clean Politics

Сиёсати покиза

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Асри диҷитол (рақамӣ) ва фанновариҳои навини иттилоъотӣ саранҷом сарнавишти сиёсатҳои калонро дигаргуна рақам хоҳанд зад. Шояд замоне фаро расад, ки дигар сиёсатро палид надонем ва чирки сиёсат тавассути арраву сунбодаи расонаҳо зудуда шавад. Хушбоварист? Шояд, аммо комилан ғайри воқеъбинона нест.

Ҳар бор ки иттилоъоти “комилан маҳрамона”-и кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидонашон тавассути торнамои “Викиликс” (Wikileaks) дар дастраси умум қарор мегирад, сиёсатмадорони риёкор дар кобусе воқеъӣ фурӯ мераванд. Якбора дармеёбем, ки лабханду таъоруфҳои Малик Абдуллоҳи Арабистон ба мақомоти Эрон чизе беш аз ташрифоти диплумотик набудааст. Ин марди мутабассим бо риши пруфесурӣ борҳо аз арбоби омрикоиаш тақозо кардааст, ки таъсисоти ҳастаии Эронро бумбборон ва нобуд кунанд; хабаре, ки рӯзи якшанбеи гузашта тавассути “Викиликс” ҷаҳонӣ шуд. Афзун бар ин, дармеёбем, ки раҳбарони бисёре аз кишварҳои араб ҳамин хостаи Малик Абдуллоҳро матраҳ кардаанд ва башиддат аз як Эрони ҳастаӣ нигаронанд.

Ҳарчанд Маҳмуди Аҳмадинажод саросема эълом кард, ки ин “дасисаҳои Омрико” ҳеч тағйире дар равобити дӯстонаи Эрон бо ҳамсоягонаш эҷод нахоҳад кард, ҳама ва аз ҷумла худи Аҳмадинажод медонанд, ки он муносибот дастхуши тағйироте хоҳад шуд. Ва он иддаъои Аҳмадинажод ҳам чизе ҷуз як жести диплумотик нест. Ва агар гӯшҳои Викиликс пушти дари утоқи раисиҷумҳурии Эрон қарор бигиранд, шояд изҳороти батамом мутафовитеро бишнаванду дарҷ кунанд.

Викиликс як расонаи байнулмилалист, ки соли 2006 таъсис шуд ва кораш шабеҳи созмонҳои ҷосусист; бо ин тафовут, ки ин созмон мутаъаллиқ ба ҳеч давлате нест, балки рақиби ҳамаи давлатҳост. Ҳар пич-пичи диплумотике, ки ба гӯшҳои тези ин созмон бирасад, мумкин аст фардо ба сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ табдил шавад. Номи ин созмон ҳам барои хелеҳо тарснок аст: wiki, ки ишорае ҳам ба донишномаи Wikipedia дорад, дар воқеъ баромада аз вожаи инглисии “wicked” аст, ки яке аз маъноҳои он “шариру бадкору бадҷинс” аст. “Leak” ҳам ба маънои чакка кардан ва дарз кардани иттилоъот аз маҳфилҳои маҳрамона ба ҷаҳони берун аст. Ин “чаккаҳои бадҷинсона” саранҷом чандин нафарро бистарӣ хоҳад кард.

Викиликс ҳаюлои тарсноке дар чашми сиёсатмадорони риёкор аст, ки ҳар он метавонад кӯси расвоиашонро бикӯбад. Мегӯянд, ин созмонро шуморе аз норозиёни сиёсии чинӣ ва рӯзноманигорону риёзидононе аз Иёлоти Муттаҳида, Тойвон, Урупо, Устролиё (Австралия) ва Офриқои Ҷанубӣ таъсис кардаанд. Ҷулиён Оссонж (Julian Assange), як фаъъоли интернетии устролиёӣ, раис ва сардабири Викиликс унвон мешавад. Ҷулиён акнун ба чеҳраи бисёр хатарноке барои давлатҳо табдил шуда ва парвандаҳоеро ба худ ихтисос додааст.

Бахше аз тозатарин ёфтаҳои Викиликс, ки шомили даҳҳо ҳазор санади маҳрамонаи диплумотик мешавад, бо Тоҷикистон ҳам пайванд хурдааст. Дар як гузориши маҳрамона бо номи “Қудрати порсӣ: Равобити рӯ ба рушди Тоҷикистон бо Эрон”, ки тобистони 2007 таҳия шудааст, диплумотҳои омрикоӣ нигаронии амиқашон аз густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамзабонро ба Вошингтун мухобира кардаанд. Дидорҳои мукаррари раҳбарони Эрону Тоҷикистон аз кишварҳои якдигар хотири онҳоро то ҳадди зиёде мушавваш кардааст. Ва онҳо далели афзоиши сатҳи равобит миёни ин ду кишварро тангдастии Тоҷикистон ва ниёзмандии Эрон ба ёроне дар минтақа донистаанд.

Фасод дар Қирғизистони Боқиев, ҳамли 52 милюн дулор тавассути Аҳмад Зиё Масъуд – муъовини раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар як сафари хориҷӣ, ишора ба дӯстидухтари укроинии Муаммар Қаззофӣ - раҳбари Либӣ, тақозои Ҳилларӣ Клинтун аз диплумотҳои омрикоӣ дар Созмони Милал дар мавриди дарёфти иттилоъоти маҳрамона аз кишварҳои узви ин созмон аз ҷумлаи дигар мавориди ифшои ахири Викиликс аст.

Ҷеғи бисёре аз давлатҳо баланд шудааст ва вазири хориҷаи Омрико ин иқдоми Викиликсро “ҳамла ба ҷомеъаи байнулмилалӣ” тавсиф кардааст. Ба бовари бону Клинтун, ифшои асрори магӯи ин давлатҳо эътилофҳои байнулмилалиро ба ҳам мезанад ва суботи ҷаҳониро дар маърази хатар қарор медиҳад.

Аммо чаро? Чаро баёни ҳақиқат метавонад бад-ин андоза давлатсолоронро асабонӣ, мушавваш ва нигарон кунад? Магар далелаш ин нест, ки ҷаҳони мо бо нерӯи дурӯғу риё идора мешавад? Чаро раҳбарону масъулон аз ифшои суҳбатҳои пушти даришон меҳаросанд? Магар ин нест, ки он чи пушти дарҳо гуфта мешавад, бо он чи барои умум эълом мекунанд, тафовути 180-дараҷаӣ дорад? Ин нигаронию таҳлукаи раҳбарони давлатҳо магар беҳтарин намунаи сайтара ва ҳукумати риёву дурӯғ бар ҷаҳони имрӯз нест?

Аммо ҷаҳони имрӯзи расонаҳо чизи дигар аст ва шояд ҳаргиз дубора таҳти йӯғи давлатҳои мустабид наравад. Ҳатто агар имрӯз муваффақ шуданд, ки Викиликсро хафа кунанд, фардо аз роҳе дигар розҳои магӯ ва чирки давлатмадорон чакка хоҳад кард. Аз ин рӯ дар оғози матлаб гуфтам, ки шояд ин ифшогариҳо аслан чеҳраи сиёсатро иваз кунад. Шояд сиёсатмадорон ҳам дигар бо одоби писандидаи инсонӣ хӯ бигаранду дурӯғ нагӯянд. Шояд дигар сиёсати “як бому ду ҳаво” рахт барбандад. Чун дигар расонаҳои диҷитол талош мекунанд бар ҳар ғоре равзанае бизананд ва ҳар ногуфтаниеро бигӯянд. Ҳолу рӯзи сиёсатбозон чи хоҳад шуд? Ҳатман ба фикри тағйири равиш хоҳанд уфтод ва умед аст, ки садоқат бо сиёсат оштӣ кунад.

Tuesday, June 15, 2010

The Blood-Soaked Soil

Бӯи хоки хуногин

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Ҷанг, яъне сели паноҳҷӯёни бехонумон, ки кошонаҳои сӯхтаашонро дар гӯшае аз қалби сӯхтаашон санҷоқ (сӯзанак) мезананду аз бисоташон танҳо ҷони азизро паноҳ медиҳанду ба дуриҳо мешитобанд. Ва агар бар болҳои иқбол савор бошанд, ҷони азиз ба саломат мебаранду моҳҳо ва шояд солҳо ва шояд ҳатто то бениҳоят мунтазири бозгашт ба обу хоки модарӣ мемонанд. Гӯӣ риштаҳое инсонро бо маҳалле, ки хуни нофаш рехта, бастааст ва то ҷон дар рамақ боқист, бӯи он хок аз машом намеравад ва ҳамвора зеҳни одамӣ оғуштаи хумори ҳамон хок аст. Хоке, ки акнун барои узбактаборони минтақаи Уши Қирғизистон оғушта ба хуни азизонашон аст.

Бузургон гуфтаанд, ки танҳо накӯкорон бо корҳои некашон зиндаву ҷовид мемонанд. Аммо рӯйдодҳое аз ин даст бовареро талқин мекунад, ки ҳатто бадкорон дар зиндагии башарият ҳузури мудовим доранд. Агар тақсимоти арзии кавданона ё шояд бадсиголонаи Столин намебуд, имрӯз на аз дарду доғи Қарабоғ хабаре буду на аз ҳасрати Бухорову Самарқанд ва на аз ранҷу гурези узбактаборони Ӯш. Аммо дасте, ки чун як корди қассобӣ хоки минтақаро буриду тавзеъ кард, тухми хусуматро ҳам кошт, ки гумон намеравад ба зудиҳо зудуда шавад. Осиёи Миёна обистани ихтилофоти миёнқавмист. Он чи бар Қирғизистон мегузарад, дуруст 20 сол пеш, дар моҳи июни соли 1990 ҳам иттифоқ уфтода буд ва гиреҳи мушкил ногушуда монд.

Бархурди давлатҳои минтақа бо ин мавридҳо бояд ҳамроҳ бо дирояту оянданигарӣ бошад. Чун ҳамаи кишварҳои минтақа дорои мушкили ҳамонанде ҳастанд: омехтагиҳои қавмӣ бо тамаркузи ақаллиятҳо дар минтақаҳои бахусус. Узбакҳо ҳудуди 14 дарсади ҷамъияти Қирғизистонро ташкил медиҳанд ва умдатан дар ҷануби он кишвар мутамаркизанд. Яъне беш аз як милюн тан аз ин кишвари панҷмилюнӣ туркзабононе ҳастанд, бо фарҳангу омехтагии қавмии эронӣ, ки ҳувияти “узбакӣ” ба онҳо нисбат дода мешавад. Танҳо ваҷҳи иштироки ин ду қавм гурӯҳи забонии онҳост ва дар боқии мавридҳо узбакҳо бо тоҷикҳо иштирокоти бештар доранд, то бо таборҳои турку муғул. Аз ин рӯ узбакҳо аз дигар қавмҳои турку муғул мутамоизанд, вале ба далели тафовути забонӣ бо тоҷикҳо ҳам унси андаке доранд ва мавқеъияташон дар минтақа чизе ҳамонанди ҷойгоҳи тоҷикон аст, бо тафовутҳои камтар.

Як ҳақиқати ошкор аст, ки давлати Узбакистон дар баробари мардуми Тоҷикистон сиёсати ғалатеро ихтиёр карда ва дар садад аст, ки бо эъмоли зӯру фишор ҷилави сохтмони нерӯгоҳи Роғунро бигирад. Дар баробари он давлати табаҳкор бояд истод. Аммо дар мавриди мусибате, ки суроғи мардуми узбактабори Қирғизистон омадааст, бояд ҳисоби давлати узбакҳоро аз ҳисоби мардуми узбак ҷудо кард. Чи басо ин ки давлати Узбакистон ҳам бо шуморе аз узбактаборони Қирғизистон, ки аз дасти Тошканд фирор карда буданд, миёнаи хубе надорад ва мумкин аст азияту озори бештареро бар онон раво бидонад. Тоҷикистон ба унвони як кишвари ҷангдидаву обдида метавонад дар ҳадди имкон ба узбакҳои фирорӣ паноҳгоҳ диҳад, то обҳо аз осиёб биуфтаду вазъият сарусомон биёбад ва паноҳҷӯён ба хонаву кошонаашон баргарданд.

Аз сӯи дигар, ба қирғизтаборони муқими Узбакистон, ки дар миёни обу оташ гирифтор мондаанд ва талош мекунанд аз роҳи Тоҷикистон ба бахшҳои дигари Қирғизистон паноҳ баранд, бояд ин имконро дод. Ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳимоят аз дармондагон ҷузъи мавридҳоест, ки аз зеҳни ҳеч ҷангзадае сутурда намешавад ва фитрати инсонӣ ҳам ҳукм мекунад, ки дасти фитодаеро бигирем. Бад-ин гуна метавон дар зеҳнҳои ҳамсоягон нақши нозудудании дӯстию ҳимоятро кошт ва ҳомили ин нақши нозудуданӣ метавонад мардум бошад, на давлатҳо, ки бақояшон ҳамвора зери суол аст.

Бо дароз кардани дасти ёрӣ ба дармондагон Тоҷикистон метавонад собит кунад, ки танҳо як кишвари кумакпазир нест, балки дар мавридҳои изтирорӣ метавонад паноҳгоҳи бепаноҳон бошад. Гузашта аз ин, мушорикати мустақими Тоҷикистон барои одисозии вазъият дар Қирғизистон дар чорчӯби барномаҳои Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ногузир аст, то Тоҷикистон ба унвони як кишвари корсозу муассир дар минтақа ба расмият шинохта шавад. Фиристодани нерӯ ба Қирғизистон дар чорчӯби барномаи имдоди низомии ин паймон ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар минтақа ва арсаи байнулмилалӣ устувортар мекунад. Тоҷикистон бояд тамоми талоши худро кунад, ки ин даргириҳо аз Қирғизистон ба боқии бахшҳои водии Фарғона фаварон накунад; Фарғона минтақаест тақсимшуда миёни се кишвари Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон, ки ошуфтагии он метавонад тамоми минтақаро барошуфта кунад.

Давлати навпои Қирғизистон барои ҳалли ихтилофот дастбадомони Русия шудааст. Мусалламан, қудрате чун Русия бидуни дарназардошти манофеъи тангназаронаи худ даст ба ҳаллу фасли масоили минтақае ҳошияӣ намезанад. Подармиёнии мустақими Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ин қазия метавонад заминаро барои ҳалли мушкилоти кишварҳои Осиёи Миёна тавассути худи онҳо фароҳам кунад ва Русияро аз дахолат дар умури минтақа канор бизанад.

Муҳимтарин дарсе, ки мешавад аз хунрезиҳои Уши Қирғизистон гирифт, таваҷҷуҳ ба мавзӯъи ақаллиятҳои қавмӣ ва зарурати эҷоди як ҷомеъаи шаҳрвандии мунсаҷим аст, то ҷилави вуқӯъи чунин рӯйдодҳо дар ояндаро бигирад. Риъояти ҳуқуқи башар – чи дар аксарият бошаду чи дар ақаллият – зомини суботи вазъияти ҳар ҷомеъаест.

Wednesday, April 14, 2010

Kyrghyz Teachers

Омӯзгорони қирғиз

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Он чи бар сари Қурбонбек Боқиеви қирғиз омад, моҷарои тозае нест. К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро... Ва ҳамин тавр баръакс. Ҳамеша чунин будаву хоҳад буд. Ҳеч қудрате мондагору ҷовидона нест. Ҳар шабе ба бомдод расидаву ҳар субҳе ба шом. Пӯёӣ қонуни ҳастист...

Аммо зоҳиран Боқиев ҳанӯз бар дарки ин ҳақиқати ҳастӣ нарасидааст ва ҳамчунон талош мекунад бо гирди ҳам овардани хешовандону ҳамрустоиҳояш дубора ба кандуи асал даст ёбад.

Рӯзи душанбе ҳудуди 500 тан аз наздикони Боқиев дар рустои Тейити Ҷалолобод таҷаммуъ карданду шиъор доданд, ки ҷонашонро рӯи каф гузоштаанду мехоҳанд ин ҳамқишлоқишонро ба сарири қудрат баргардонанд. Бо ин таҷаммуъ ва шиъорҳо воқеъияти зиште бармалотар шуд: маҳалгароӣ, ки метавонад саранҷом ба ҷудоии ҷанубу шимоли Қирғизистон бианҷомад. Аммо ҳатто агар Боқиев ба тахти ҷануби Қирғизистон ҳам такя бизанад, боз ҳам шикаст хурдааст. Чун меросе, ки аз 5 сол ҳукумати ӯ дар Бишкек баҷо монда, чизе ба ҷуз ҳарфу ҳадиси фасоди молию хешовандсолорӣ дар бисот надорад.

Қудрат одамони заъифро олуда мекунад ва аз чорчӯби одамият меронад. Соли 2002 ҳамин Боқиев нахуствазири давлати Аскар Оқоев буд. Тирандозии нерӯҳои давлатӣ ва қатли 5 муътаризи ҷалолободӣ дар он сол боъис шуд, ки Боқиев ихтиёран аз мақомаш канор биравад ва аз худ тасвири сиёсатмадоре мардуммадорро ба зеҳнҳо биспорад. Саранҷом аҷри он манишу рафтори мардуммадоронаашро дид ва мардум рӯи даст оварданду бар маснади раёсат нишондандаш.

Панҷ соли ҳукумати Боқиев панҷ соли навмедии мардуме буд, ки бо умеди эҷоди дигаргуние бунёдин даст ба тағйири қудрату қудратдорон зада буданд. Пеш аз он мардум аз фасоди давлати Оқоев гилоя мекарданд. Фасоди давлати Боқиев мардумро беш аз пеш ба сутӯҳ овард. Пеш аз он мардум аз пешравиҳои сиёсии аъзои хонаводаи Аскар Оқоев дили хуш надоштанд. Боқиев бо эҷоди як ниҳоди иқтисодӣ ва вогузории идораи ҳамаи воҳидҳои иқтисодӣ ба писараш Моксим таҷассуми мафҳуми хонаводасолорӣ шуд. Ва ҳатто интизор мерафт дар интихоботи соли 2014 хишти аввали салтанати сулолаи Боқиев гузошта шавад ва писараш мақоми падарро ба мерос бибарад. Таҷрубаи Озарбойҷон марази “салтанат”-ро дар рагу паи ҳоқимони минтақа ҷорӣ кардааст.

Ин барномаи бадсиголона метавонист дар кишвари хуспидае ба самар бирасад, аммо на дар Қирғизистон, ки панҷ сол пеш ҳам адаби ҳокими мустакбирашро дода буд. Ин бор ҳам ҳисси додгарӣ худнамоӣ кард ва Боқиеве, ки 8 сол пеш гӯё тоби дидани қатли 5 танро надошт, дастури қатли даҳҳо танро дод ва худ чун гунаҳкоре, ки аз шиддати қаҳри қурбониёнаш огоҳ аст, по ба фирор гузошт ва ба рустои зодгоҳаш паноҳ бурд.

Давлати муваққати Қирғизистон, ки ҳанӯз зуд аст дар борааш доварӣ кунем, аз ҳамин акнун бо мақомоти қудратҳое чун Омрико ва Русия дар тамос будаанд, ки ба таври талвеҳӣ гӯёи шиносоии ин давлат аз сӯи онҳост. Бисёре аз таҳлилгарон дар ҷустуҷӯи заминаҳои “русӣ” ё “омрикоӣ”-и шӯриши ахиранд, ки ба сарнагунӣ ва гурези Боқиев анҷомид. Ҳатто худи Боқиев ба монанди салафи ҳамсарнавишташ Аскар Оқоев дар яке аз нахустин мусоҳибаҳояш иддаъо кард, ки “нерӯҳои хориҷӣ” пушти саҳнаи ин рӯйдодҳо будаанд.

Аммо бо нигоҳе гузаро ба пешинаи панҷсолаи ҳукумати Боқиев вуқӯъи як чунин ошӯби худҷӯш алайҳи ҳукумати ӯ, ки дар паи хафа кардани садоҳои мухолиф ва бастани роҳҳои муқобилаи маданӣ бо он буд, бисёр табиъӣ ба назар мерасад. Мухолифони давлати Боқиев дарёфта буданд, ки агар акнун дастбакор нашаванд, фардо дер хоҳад шуд ва сулолаи Боқиев реша хоҳад давонд ва баҳои раҳоӣ аз он гаронтар хоҳад буд.

Бо ин тағйиру таҳаввул Қирғизистон номи худро бори дигар бо ҳуруфи зарини барҷаста сабти торихи Осиёи Миёна кард. Мардуми кишвари ҳамсоя бори дигар таъкид карданд, ки ҳозир ба пазируфтани ҳеч навъ ситаме нестанд ва дар воқеъ, метавонанд ҳар он давлати дастнишондаи худашонро ба далели бевафоӣ ба ваъдаҳояш канор бизананд ва давлати дигареро биозмоянд. Дигар баъид аст дар ин кишвар касе ҷуръати такрори ғалатҳои Оқоеву Боқиевро дошта бошад. Мардум ба ҳисобаш хоҳанд расид. Аз ин рӯ давлати муваққат то ба қудрат даст ёфт, эълом кард, ки мехоҳад низоми кишварро порлумонӣ кунад ва аз ихтиёроти раисҷумҳур бикоҳад, то як нафар ба худаш иҷозаи идораи яктанаи зиндагии 5 милюн танро надиҳад.

Таҷрубаи Қирғизистон омӯзанда аст; ҳам барои давлатҳо ва ҳам барои мардумони дигар кишварҳои Осиёи Миёна. Дарс барои давлатҳо: фишор бар ҷомеъаи маданӣ, фасоди молӣ ва хешовандсолорӣ кушанда аст. Дарс барои мардумон: ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.

Ҳукуматҳои худкома ҳамчунон умедворанд, ки ин ҷасорати мардуми Қирғизистон ба яъс бианҷомад. Аммо дар ҳар сурат, сарфи назар аз натиҷаи ниҳоии ин таҳаввул, рӯйдодҳои Қирғизистон шиканандагии давлатҳои худкомаро бори дигар барҷаста кард.

12/04/2010

Thursday, April 08, 2010

Season of Withered ‘Tulips’

Мавсими “лолаҳо”-и пажмурда

Ҳукумати “лолаӣ”-и Қурбонбек Боқиев панҷ сол давом оварду мисли як гули лола пар-пар шуд. Юриши шимолу ҷануби Қирғизистон аз сар гирифта шуд ва ҳукумати ҷанубӣ бо номаи истеъфои нахуствазир Дониёр Усенов ба мағоки торих рафт. Торих чи зуд такрор шуд.

Дарди маҳалгароӣ қирғизҳоро ҳам тикка-пора кардааст, аммо решаи рӯйдодҳои тунду тези дирӯз ба ҷойҳои дигар ҳам кашида мешавад. Фасоди молӣ ва хешовандсолории густохонаи Боқиев димор аз рӯзгори мардум бароварда буд. Ожонси Марказии Тавсеъа, Сармоягузорӣ ва Навоварӣ, ки оқои Боқиев барои хушнудии қалбу оромиши нафси писараш Максим дар моҳи октябри гузашта таъсис карда буд, намод (символ)-и хешовандсолории густохона дар ин кишвари ҳамсоя буд.

Албатта, пештар аз он ҳам писараш дасту забони дарозе дар тасмимгириҳои давлат дошт ва ҳатто дар чигунагии таркиббандии ҳайъати давлат изҳори назар мекард ва назароташ чун дурри суфта пазируфта буданд. Аммо бо таъсиси ин ниҳоди навин тақрибан тамоми ниҳодҳои иқтисодии кишвар таҳти назари мустақими Максим Боқиев ва дар натиҷа хонаводаи Боқиев қарор гирифтанд ва кумаку эътибороти молии ҳангуфти Омрикову Русия аз рӯи мизи Максим ба мақсад фиристода мешуданд. Ҳатто кумакҳои байнулмилалӣ ба созмонҳои мардумниҳод (ғайридавлатӣ) аз тариқи ҳамин ожонс сурат мегирифт. Яъне кунтрули Максим танҳо иқтисодӣ набуд, балки мехост ҷомеъаи маданиро ҳам зери заррабини худ қарор диҳад ва ба майли худ онро шаклу сомон диҳад. Аз сӯи дигар, дастандаркорони тиҷорат маҷбур буданд бо хатти машйи давлати Боқиев ҳамнавоии сад дарсад дошта бошанд, то ба молу маноле даст ёбанд. Вагарна дари дуконашон тахта мешуд.

Ин фарзия ҳам матраҳ буд, ки Максим дар интихоботи 2014 (пас аз ду давраи раёсати ҷумҳурии падараш) ба суккони кишвар даст хоҳад ёфт.

Дар ҳамон моҳи октябр Боқиеви падар бо судури дастуре шумори вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои порлумониро коҳиш дод ва бар масъулиятҳои ожонси писараш афзуд. Умурбек Текебоев, раҳбари ҳизби мухолифи Ота-Макони Қирғизистон, ин таҳаввулотро “хусусисозӣ”-и давлат унвон карда буд.

Афзун бар ин, дар соли гузашта Қурбонбек Боқиев ба худ иҷоза дод, ки бо тағйири сохтори Хадамоти Амнияти Миллӣ бародараш Жониш ва писари дигараш Муродро ҳам соҳиби кор кунад. Ин ду хешованди тании раисиҷумҳур дар раъси амниятиҳо қарор гирифтанд, то бо вафодории бештар амнияти хонадони ҳокимро таъмин кунанд, ки аҳамияти он зоҳиран фаротар аз амнияти миллӣ рафта буд.

Ин ғалатҳои Боқиев даҳчандони ғалатҳои мушобеҳи Аскар Оқоев буд, ки дар баҳори соли 2005 бо як мавҷи “лолаӣ” шуста ва ба Маскав андохта шуд. Акнун шоеъоте ҳокӣ аз фирори раисиҷумҳури ахир аст. Иддае мегӯянд, ӯ ба Уш паноҳ бурдаасту миёни ҳаводоронаш аслиҳа пахш мекунад. Шуморе ҳам муътақиданд, ки Боқиеву дору дастааш дар маҳалли амне дар Омрико мунтазири фурӯ рехтани обҳо аз осиёбанд. Аммо он чи мусаллам аст, бадномии тамому камоли ин оқост, ки савор бар мавҷи эътирозоти мардум сари қудрат омад ва бар мардуми худ ҳамонро писандид, ки дар давраи Оқоев бар худ написандида буд. Сарнавишти талхи хешовандсолорони қирғиз метавонад барои ҳамтоёнашон дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна дарси хубе бошад.

Wednesday, May 27, 2009

A Phantom Wanders Across CA

Шабахе дар Осиёи Миёна мегардад, шабахи бунёдгароии исломй.

Танхо ба хотири хамонандии ин ду чумла бо огози «Монифест»-и Морксу Энгелс нест, ки чунин мегуям. 69 сол пас аз руъяти шабахи кумунизм тавассути саромадони ин чунбиш нахустин инкилоби кумунистй дар чахон ба самар расид ва на танхо Урупо, балки чахонро дигаргун кард. Бо ин ки шояд дар соли 1848 шабахи кумунизм чандон пурранг набуд ва вокеъан шабахгуна буд. Дар холе ки шабахи ифротгароии исломй дар Осиёи Миёна хайъати ошкору мушаххасе дорад. Ба гунае, ки шаклгирии он ва харакоташ дар саросари минтакаро метавон мубаму дунбол кард.

Покистон

Таи чанд хафтаи ахир иёлати Своти Покистон, ки аз хоки мо фосилаи чандоне надорад, дар сархатти хабархои чахон аст. Худуди 4000 тан аз чангчуёни Толибон дар ин минтака камин гирифтаанд ва мохи гузашта талош карданд ба Исломобод – пойтахти Покистони хастайи рох ёбанд. Дар натича давлати марказй даххо хазор тан аз нерухояшро ба Свот гусел кард. Чашмандози даст ёфтани толибон ба чангафзорхои хастаии Покистон ларза бар андоми чахониён афканд.

Точикистон

Хамзамон толибон ба Точикистон хушдор доданд, ки бо кумак ба Омрикову нерухои НОТУ дар интиколи васоилашон ба Афгонистон амнияти худро дар маърази хатар хохад гузошт.

Яке-ду руз пас аз он давлати Точикистон хам ба басечи нерухояш пардохт ва лашкари анбухеро аз гушаву канори кишвар ба минтакаи Тавилдара дар шарк равона кард. Далели ин икдом анчоми амалиёти зидди маводди мухаддир бо номи «Кукнор-2009» унвон шуда, аммо шоеъоту вокеъиятхо гуёи далели дигарест.

Пеш аз хама барои хеч амалиёти зидди хашхоше ин хама неру басеч нашуда буд. Ду ин ки хузури макомоти баландпояи вазорати дифоъ дар ин даст амалиёт андаке ачибу гариб ба назар мерасад. Ва се ин ки бархе расонахо ва мардуми махаллй аз хузури Мулло Абдуллох, аз фармондехони мухолифони исломии пешин дар минтака, хабар додаанд, ки далели вокеъитаре барои ин тахлукаи низомй ба назар меояд.

Мулло Абдуллох аз фармондехонест, ки харгиз тавофукномаи сулхи миёни точиконро ба расмият нашинохта буд ва имзокунандагони онро хоини дину миллат медонист. Гуфта мешавад, ки Мулло Абдуллохро дар ин ричъат худуди сад тан аз размандагонаш хамрохй кардаанд. Инхо хануз дар хадди гузоришхои таъйиднашуда аст. Аммо рафтори осемасаронаи давлат ва пахши хабархои зидду накиз аз суи макомот ва мардуми махаллй бар мизони эътибори ин гузоришхо афзудааст.

Узбакистон

Дар паи Покистону Точикистон, Узбакистон хам дастбакори басечи нерухои низомиаш шудааст. Нерухои дохилии узбак андак-андак дар имтидоди марз бо Киргизистон тачаммуъ мекунанд. Дар шаби 25 ба 26 май дар минтакаи марзии миёни ду кишвар инфичоре рух дод. Чанд разманда ба посгохи пулис дар вурудии шахри Хонободи Узбакистон хамла кардаанд. Макомоти узбак размандагонро аъзои Чунбиши Исломии Узбакистон хондаанд. Посгохи марзии Хонобод баста ва иртиботи телефуни хамрох дар минтака масдуд шуд.

Хабаргузорихо аз вукуъи як ходисаи дигар дар хоки Узбакистон хам гузориш додаанд. РИА Новости-и Русия бо истинод ба суханони муъвоини додситони кулли Узбакистон гузориш дод, ки соъати 2-и пас аз нимрузи сешанбе (26 май) як бумбгузори интихорй (худкуш) дар шахри Андичон бумберо таркондааст, ки дар натичаи он як маъмури пулис кушта ва чандин тан захмй шудаанд. Пештар шумори кушташудагон дастикам хафт тан гузориш шуда буд. Дар хиёбонхои Андичон тонку тупу зирехпушхои давлатй камин гирифтаанд. Додситонии Узбакистон гуфтааст, ки бино ба додахои мукаддамотй, пайкорчуён аз хоки Киргизистон вориди Узбакистон шудаанд. Хамон сенориюи пешин.

Ин руйдодхо, ки дар нохияхои гуногун ба шакли пароканда иттифок меуфтад, метавонад сарчашмаи вохиде дошта бошад. Доштани як маркази зеризаминии хамохангсозии амалиёт дар минтакаи вохид амри махоле нест.

Ва шояд хам танхо сарчашмаи он авзоъи яъсовари ичтимоъию сиёсй дар хамаи кишвархои даргир бошад.

Солгарди куштор

Бад нест хамчунин дар ёд дошта бошем, ки тахаррукоти исломии имсол дар Узбакистон бо чахорумин солгарди куштори Андичон (13 маи 2005) такрибан мусодиф шуд.

Дар он ходиса дасти зури Ислом Каримов бо берахмии камназире хуни фаровон рехт ва барои муддате гуё хатари бурузи дубораи нооромихоро хунсо кард. Шумори курбониёни он вокеъа аз 187 то 800 тан баровард шудааст. Аммо чорй кардани хаммоми хун танхо икдоме буд, ки Каримов барои чилавгирй аз эхтимоли такрори ошуб анчом дод. Ва бехуда буд. Тухми нафрати бештаре кошт, ки андак-андак сабз мешавад. Хафакони сиёсй ва мамнуъиятхои мазхабй дар кишвари хамсоя хамчунон бедод мекунад ва тоза шиддат хам гирифтааст. Фасоду ришвахорй мардумро ба сутух оварда ва паёмадхои бухрони молии чахонй вазъиятро печидатар кардааст. Корфармоён дар Русияву Казокистон зери фишори бухрон пеш аз хама коргарони хоричиашонро меронанд, ки голибан узбаку точиканд.

Побапои узбакхо?

Такрибан хамин сахнаро метавон дар Точикистон дид. Давлат миёни низоми динию гайримазхабй ин по-он по мекунад ва мураддад аст. Аз як су соли Имоми Аъзам эълом мекунад ва бо тасвиби Конуни Дин асли гайримазхабй будани давлатро зери суол мебарад. Аз суи дигар махдудиятхоеро дар умури виждонию динии мардум чорй мекунад. Фасод беш аз пеш реша давонда ва бухрони молй камари мардуми одиро хам кардааст.

Бонки марказии Русия дируз эълом кард, ки дар охирин семохаи соли гузашта мухочирони узбак, точик ва укроинй ба хонахояшон 1.76 милёрд дулор фиристодаанд, ки ду севуми маблаги фиристодашуда дар семохаи соли 2007 аст. Ва бино ба додахои мукаддамотй, таи моххои жонвие (январ) то оврил (апрел)-и имсол ин маблаг худуди 25 дарсади дигар кохиш ёфтааст, ки ба дур аз интизор набуд.

Хамчунин ба гуфтаи Санавбар Шерматова, узви шурои коршиносони РИА Новости, микдори пуле, ки коргарони киргиз аз Русия ба хонаводахояшон мефиристоданд, аз 30 то 50 дарсад кохиш ёфтааст.

Бенавоии молию зехнй

Бекорй, бухрони молй, факру бенавойи аз як су ва фасоду ришвахорй, хушгузаронию ишрат ва зулму ситами макомот аз суи дигар заминаро барои бурузи ошубхо фарохам кардааст.

Факри иттилоъотию зехнй хам аз дардхои маргбори чомеъа аст. Дар кишвархои бастае чун Точикистону Узбакистон, ки дастрасй ба сарчашмахои иттилоъотии олтернотив сахт душвор аст, рухияи мардум хамудатар, шикастатар ва дар натича хатарноктар мешавад. Китобе чуз таблиготи тангназаронаи ин ё он мактаби вопасгаро чоп намешавад.

Заволи идеулужии кумунистй ва нокомии макомоти кунунй дар шакл додани ормони навин ё карохати онхо аз пайравй аз мактаби демукросии Урупо халаъи зехниеро офаридааст, ки чои онро батадрич исломи тундрав пур мекунад. Монеътарошии макомот дар баробари озодии виждони шахрвандон на танхо мардумро ба давлат дилгарм намекунад, балки онхоро ба огуши мухолифони тундрави давлат меафканад.

Дар вокеъ, давлатхои худкомаи минтакаи мо, ба монанди хар давлати мустабидде, ки дар тули торих дар гушаву канори чахон омадаву рафтааст, бо ду дасти худ бо чидду чахд барои худашон чох мекананд. Рафтани ин давлатхо доге дар дили мардум нахохад гузошт. Аммо нахваи дафъи онхо ва паёмадхои он мусалламан руъбангез аст.

Шабаххо хамеша паёмоварони руъбу вайронианд. Хамон гуна ки шабахи кумунизм буд.

Friday, March 27, 2009

Slap in the Conscience

Силй бар виждон

Хлесткая пощечина Барзу национальному сознанию

Агар карор аст дар ин рузхои навмедии Точикистон касеро ситоиш кунам, номи фарде чуз Барзу Абдураззок ба зехнам намеояд. Пас аз солхо сукути мутлак, хамудагй ва хобидагии дастачамъй ва марги равшанфикрй дар кишвар касе падид омад, ки бонги чарасро ба садо дароварад, то бигуяд: «Эй мардум, агар акнун бедор нашавед, дигар харгиз бедор нахохед шуд.» Пас аз 17 соли фаромушй ва тахаммули бори нангини хакорат марде омад ва ёдовар шуд, ки «вазифаи як равшанфикр тавлиди андеша аст», такон додани магзхои хобида аст, на такон додани гахвораи шикастаи миллат, ки ба хоби жарфтаре биравад.

Мумонеъат аз намоиши дроми «Девонагй. Соли 93», ки талфикест аз ду асар («Соли 93»-и Виктур Хугуи фаронсавй ва «Таъкибу катли Жон Пул Морот»-и Питер Улриш Войси олмонй) нахустин мавриди сонсури ошкори як асари теотрй дар Точикистони муъосир аст. Дар гузашта агар порахое аз як намоишнома сонсур мешуд, пушти парда анчом мегирифт ва сарусадои он дар фазои иттилоъотии кишвар намепечид. Аммо то кунун давлат монеъ аз намоиши як намоишнома ба таври кулл нашуда буд. Ин ба далели он нест, ки давлати кунунй дар гузашта дасту боли хунармандонро бозтар гузошта буду акнун талош мекунад онро бибандад. На. Ин бад-он маъност, ки фарди равшанфикре кад алам кардааст, ки мехохад тилисми тарсро бишканад ва харфе тоза бигуяд ва андешае нав тахвил дихад.

Барзу Абдурраззок дар ин намоишнома, ки бегумон дар торихи бедории зехнии точикон сабт хохад шуд (агар миллате бо номи точик бокй бимонад), кушидааст бо дархам омехтани ду асар, аз ду кишвари урупойи ва ду давраи мухталиф вокеъиятхои асри навин дар кишвари севвум (Точикистон)-ро баён кунад. Он шомили сахнахое аз Инкилоби Фаронса (1789-1794) мешавад, аммо мухотабонаш зехнхои саркубшудаи кишваре тихидасту бадбахт дар Осиёи Миёнаанд.

Пас аз нахустнамоиши он дар рузи 17 морс макомоти «Вазорати фарханг» ба деворхои теотр дар хаволии соъати 11-и шаб шабехун заданд ва пустер (плакат)-хои намоишномаро бо хашму нафрат пора-пора карданд. Тарси макомот баъдан маълум шуд ва дар бархе аз расонахо бозтоб ёфт. Сардамдорон бими онро доранд, ки «Девонагй» шомили унсурхо ва шуру хаячони инкилобист ва метавонад ба эчоди нооромихо дар кишвар мусоъидат кунад. Ба иборати дигар, «Девонагй» метавонад боъис шавад, ки сохибмакомони имруз курсихояшонро фардо аз даст диханд. Гу ин ки бо мумонеъат аз бурузи галаёне, ки дар даруни афроде чун Барзу мечушад, мотахти чанобон барои хамеша ба руи он курсихо часпида хохад монд.

Барзу мункир нест, ки хадафи эчоди инкилобро доштааст. Чун инкилоб дар чомеъаи хамудае чун Точикистон як зарурат аст. Агар ин чомеъа мункалиб нашавад, ногузир ба чохи нобудй хохад уфтод. Аммо манзури Барзу инкилоб дар зехнхост. Манзури у бедор кардани магзхои фурухуфта аст. Нахустин талоши у дар ин пайкор ба нокомй анчомид ва магзхои вазоратнишинонро бедор накард ва барояшон фарханге хам эъто накард. Пас аз гуфтушунуде, ки миёни Барзу ва Мирзошохрух Асрорй – «вазири фарханг» рузи 23 морс сурат гирифт, Барзу мувофикат кардааст, ки порахое аз намоишномаи худро тагйир дихад, харчанд муътакид аст ин кор шоиста нест.

Дар нишасти хабарии Барзу дар остонаи Навруз (19 морс) суханхое гуфта шуд, ки барои нахустин бор пас аз солхо дар фазои кишвар мепечид. Барзу бо накли латифае арабй нихояти инзичору безории худ аз «вазорати фарханг»-ро баён кард. Он латифа такрибан ба шархи зер буд:

«Арабе дар биёбон мехост шутурашро рахо кунад. Гуфт: «Шутурчон, чун туро бисёр дуст медорам, намехохам бикушамат ва гуштатро бихурам. Пеш аз ин ки биравй, бигу, ки оё ман харгиз туро озор додаам. Харгиз бори зиёд ба пуштат нихода будам? Туро зада будам? Кори баде дар хакки ту карда будам?» Шутур мегуяд: «На» ва билофосила гиря мекунад. Сохиби шутур мепурсад: «Пас чаро гиря мекунй?» Шутур мегуяд: «Ту вокеъан сохиби хуб будй. Хуроку оби маро пайваста медодй. Вале харгиз як чизро фаромуш нахохам кард. Вакте ки ба хач мерафтй, лагоми маро ба думи харат баста будй».

Он гох Барзу иттифокеро, ки бо худи у уфтодааст, бо мочарои шутуру думи хар мукоиса карду гуфт:

«Ин иттифок хам ба монанди бастани лагом ба думи хар аст. Вакте ки Миръалй Достиев (муъовини вазири фарханг) хар кореро, ки мехохад, мекунад. Ва масъул аст. Мирзошохрух Асрорй хам хамон ба дум бастан аст, бародарони азиз. Дигар чи хам мешавад кард, вакте ки лагоми ту ба думи касе бастааст, ки туро мебараду ба ту гап ёд медихад?»

Касе, ки ба хангоми сафар ба Киргизистону Узбакистон вазирони фарханги он кишвархо барои пешвозу гуселаш ба фурудгох меоянд; коргардоне, ки вазири фарханги Фаронса ба хангоми дидораш аз Душанбе сурогашро мегирифт, мегуяд, ки вазири фарханги механи у харгиз бо у тамос нагирифта ва борхо бо у бадрафторй кардааст. Барзу муътакид аст, ки аз ин ба баъд хеч теотре дар Точикистон ёрои хамкорй кардан бо уро нахохад дошт. Чун тарс аз хусусиёти точикон аст.

Вай як андарзи Мухсини Махмалбофро ба ёд меоварад, ки мегуфт: «Бурзу, худатро озор надех. Мошин дорй, ронандагй куну токсй бизан. Ин кор, ки барои ту ачре надорад.» Барзу як бор талош кард токсирон шавад, аммо аз нимарох баргашту ба хамсараш гуфт: «Тарчех медихам гурусна бимонаму ин корро накунам. Метарсам рузе пушти фармони мошин дилам битаркад.»

Барзу Абдурраззок умеде ба ояндаи равшани теотри точик надорад ва ояндаи онро вобаста ба ояндаи давлати Точикистон медонад ва мегуяд:

«Рассвет происходит, когда власть все-таки интересуется театром. Когда эта власть, еще к тому же, имеет фундаметальную культурную основу.»

«Фуруг замоне фаро мерасад, ки макомот ба теотр алокаманд бошанд. Замоне ки, афзун бар он, давлат бунёду пояи фархангй дошта бошад.»

Ва чун ин давлат фокиди чунин пояест, пас наметавон фуруг ё тулуъе дар теотри точикро интизор дошт.

Вале ман бо ин дидгохи Барзу чандон мувофик нестам. Худи у намунаи боризи ин хакикат аст, ки наметавон барои хамеша гулухоро баст, садохоро хафа кард, зехнхоро саркуб кард ва боз хам фармонраво монд. «Мерасад марде, ки занчири гуломй бишканад». Хамеша расида ва боз хам хохад расид. Садои бугзолуди Барзу барои ман навид дошт. Рох рохи дарозест, аммо зохиран нахустин гомхои ларзон ба суи максад бардошта мешаванд.

Намоишнома «Девонагй» бо хазор тагйиру дасткорй хам ки руи сахна биравад, хуччати русиёхии давлати номардумии Точикистон хохад буд. Давлате, ки савор бар амвочи хун кудратро кабза кард ва хуни миллатро ошомид ва акнун бо тарс додани мардум аз хуну хунрезй мехохад хуни бештар биошомад.

Мо ба як зилзила ниёз дорем. Зилзилаи бунёдин дар зехнхо.

Ва шояд «Девонагй» нахустин ларзаи он буд. Харчанд хафифу охиста, аммо махсус. Ва садои баланди эътирози Барзу ларзае мухкамтар буд. Шояд то кунун зехнхое такон хурда бошанд. Харчанд умеде нест, ки зехнхое чун Сафват Бурхонов аз ин руйдод таъсире пазируфта бошанд. У, ки дар нишасти хабарии Барзу хукми обсофкунро дошт, бо вучуди ин хиффату хорй талош мекард васати сухбати дигарон бипарад ва руи сиёхи давлатро сапед кунад ва бигуяд, ки давлат касди сонсурро надошта ва таъкид кунад, ки 210 сомонй дастмузди мохонаи Барзу бештар аз 160 сомонй дастмузди вазирон аст. Ангор ин мардак гофил аст, ки дар поёни мох ба зери раками 160 чанд-то сифри дигар ба чи нахве афзуда мешаванд. Ба дарак.

Дар ин замина аз торнамои сириллики Би-Би-Си ва аз телевизюни порсии он сипосгузорам. Азизоне чун Исфандиёри Одина, Шамсияи Косим, Сухроби Зиё ва Искандари Фируз бехтару бештар аз хар каси дигар тавонистанд садои гамгини Барзу Абдурраззокро ба гуши чахониён бирасонанд.

Бо ин ки матлаб дароз шуд, мехохам порае аз сухбатхои Барзу дар нишасти хабарии 19-и морсро ба хамон шевае, ки баён шуда, ин чо накл кунам. Зимнан, Барзу аз рузи 13 оврил то мохи ут (август) дар Точикистон нахохад буд ва барои теотрхои бегона кор хохад кард. Бегонагоне, ки арзиши худии моро бештар аз худи мо медонанд.

Господа, что же с нами происходит?
Барзу Абдураззоков

Сказать, что нет там (в спектакле) революционного пафоса, я бы наврал бы вам. Потому что рано или поздно, если спектакль пойдет, вы его увидите. Но я думаю, что мы не призываем к топору и Гилятине. Мы призываем к революции сознания. И если бы мы не призывали к революции сознания, то мы были бы грешными и не выполняли бы нашу миссию творческую.

Спектакль говорит о самосознании. О том, личность ты или нет. Говоря выражениями Сафвата, ты все-таки Джамшуд или не Джамшуд? Как не странно, я недавно зашел к себе в квартиру и услышал, что в маленькой детской комнате идет хохот. Я думал, они смотрят мультфильм. Потому что я слышал голос телевизора. Они смотрели ТНТ «Равшан и Джамшут». Вы знаете, я первый раз в жизни присмотрелся и я понял насколько мы падшие. Я тогда, в эту секунду подумал, Россия воюет с Чечней уже более пятнадцати лет, но ни один чеченец не был в Москве убит. Грузины только, что отвоевали, но грузины как короли ходят. И почему издиваясь над нами на Центральном (через ОРТ это идет все), мы позволяем это себе делать? И еще я помню какой-то идиот написал в газете Азия-Плюс, что дали ему звание, потому что он авторитет наш поднимает. Господа, что же с нами происходит?

Я выезжаю за страну, первая вещь, которой мне стыдно, это наш аэропорт, а потом наш самолет, а потом, когда я спускаюсь в Домодедово, когда меня до трусов обыскивают и не смотрят, что у меня полудипломатический паспорт. Они говорят, суньте это куда вам угодно, господин Абдр... Дррр.. Бррррд..! И матом. И вот я стою в этой толпе и прохожу в трусах. Это не я, это моя страна идет в трусах унизительно. Я вижу как азербайджанцы идут, армяне идут, ташкентский рейс проходит и уходит... А я до сих пор с ботинками в руках торчу у таможни.

С нами что-то произошло, ребята. Не то, что Россия или кто-то к нам относится плохо. С нами что-то произошло. С нашими гастарбайтерами, которые грызутся там. Унижаясь, грызутся и предают друг друга... Потому что они дух отсюда берут с собой. Они отсюда этот груз предательства друг друга, неуважения берут с собой. Убивают одного исфаринца, кулябцы говорят «хай я исфарагй будас-да!» Убивают одного пенджикенца, говорят «хай панчакентй будаст-да!» Кулобия мекушанд, мегун кулобия куштаст.

Хафт-то киргизро соли гузашта куштанд, бародарон. Хафт-то. Тверская улица была закрыта киргизами. И пока Лужков не вышел и не отчитался, киргизы не ушли и не открыли дорогу. Нас полтора миллиона, и молчим. Нам режут головы, и молчим. Я недавно в какой-то газете отчитался, что отношения с Россией стали лучше, только потому что в прошлом году (я говорю приблизительные цифры) убили 648 человек, в этом году убили 646 человек! Вы представляете какой прогресс! Ливанцы Хизбуллах взяли одного еврея, пол Ливана не стало.

А мы говорим, вы знаете, агар ки мо мамлакати абаркудрат мебудем... Послушайте, а почему не абаркудрат? До каких пор мы будим в положении чурок?! До каких пор мы будим позволять себе это?! Маленькая Грузия вышла против... Пусть (Россия) победила войну, но она (Грузия) слово свое сказала. И мир, как не странно, был на стороне Грузии, а не на стороне Великой России. И им было наплевать, перекроют им газ или нефть. Они сказали, не принимаем и все. Это было слово. Мы свое слово никому сказать не можем, и если сами говорим себе, то давим. Здесь мы давим, глушим себе это достоинство. Это обидно. И если там в моей пьесе есть революция, то это накипело. Понимаете? Это моя боль в маршрутке, в транспорте, в разговоре с ГАИ-шником...

Недавно один мой очень талантливый друг уехал из страны. Я сказал, почему ты уезжаешь? Он сказал, ты знаешь, Барзу, я устал думать о плохом. И я устал быть бараном. Я устал от того, что меня принимают за барана.

И если я сделал свой спектакль и там есть эти революционные идеи, то они не касаются Гилятины. Я сыт от крови в моей стране. Я потерял многих своих друзей... Я вокруг театра Маяковского собирал трупы... И если я к чему-то призывал, родной вы мой, я призывал к осознанию. Это было пощечина сознанию. И прежде всего, моему застывшему сознанию. Имею ли на это право или нет, как вы думаете? Раз я имею на это право, то почему я не имею право на высказывание своего мнения?..

Нас без того осталось мало. Хотя в нашем спектакле говорят, вас мало, но скажите, что вас много. Последняя фраза моего спектакля: «Скажите, что вас много».

У меня нет выхода. Мой выход это скорее всего отъезд...

Президент – это высшая инстанция в моей стране. Я не знаю, к радости или к сожалению.

(Сафват Бурхонов: К радости. Хоть есть к кому обращаться).

Thursday, June 12, 2008

Aytmatov Dies, Mankurts Remain

Ойтматов рафту манкуртхо монданд

Агар дар Осиёи Миёна як нависанда бо эътибори байнулмилалй вучуд дошт, у хам вучудашро дарег дошту рафт. Ба гуфтаи бону Гулрухсор, карор буд Чингиз Ойтматов пас аз дидораш аз Тотористон вориди Точикистон шавад. Аммо дарег.

Киргизистон соли 2008-ро соли Ойтматов эълом карда буд. Зихй миллате, ки мурдапарвар нест! Чингиз Ойтматов барои хузур дар маросими бузургдошти худ дар кишвархои мухталиф дар холи сафар буд. Аз казо дар Тотористон вазъи саломати нависандаи забардаст ба хам хурду аз он чо ба Точикистон на, балки ба бемористоне дар шахри Нурнберги Олмон мунтакил шуд ва вопасин рузхои умри бошукухашро хамон чо ба сар бурд.

Ойтматов хамрохи хамешагии фарзандони даврони шуравй буд, бо ин ки дар осори у рухияи шуравй камтар эхсос мешуд. Марде мардумй буд бо хофизае кавй саршор аз руйдодхои гузашта ва хол. Достонхои «Джамиля», «Тополек мой в красной косынке», «Первый учитель», «Прощай, Гульсары!», «Белый пороход», «Буранный полустанок» ва «Плаха»-и у аз шохкорхои давраи шуравй буданд ва мо, чун шахрвандони шуравй, шарики ин ифтихори мардуми киргиз будем.

Бештари осори уро ба забони русй хонда будам, ки забони асли аксари офаридахои Ойтматов буд. Хаму буд, ки вожаи «манкурт»-ро вориди забони хавоси точик кард. Дар огози давраи бозсозии Горбачев дар ину он рузномаи точикй мехондем, ки мардуми мо «манкурт» шудаанд. Ба Ойтматов дар хамон рузхо офарин мегуфтем, ки пеш аз огози ошкоргуйи дар соли 1980 дар асари «И дольше века длится день», ки баъдан «Буранный полустанок» (Дурохаи буронй) ном гирифт, мафхуми «манкурт»-ро тафхим карда буд.

Маркурт инсоне буд, ки кабилаи душман уро дар даврони кудакй мерубуд, сарашро пок метарошид ва пусти шутурро руи сари у гармогарм мечаспонд, тавре ки муи у ба даруни чумчума (косахонаи сар) рушд мекард. Дар натича, кудак хофизаи худро пок аз даст медод ва табдил ба бардае харфшунав мешуд ва ба дастури сохибаш бечуну чаро гуш медод. Дар ин достон яке аз манкуртхо, бидуни ин ки бидонад чи кор мекунад, модари худро мекушад.

Ишораи зарифи Ойтматов ба бисёре аз афроди даврони шуравй буд, ки ба фархангу ториху пешинаи мардуми худ арч намегузоштанд ва бино ба дастури бегонагон амал мекарданд. Манкуртхои фаровонеро пеш ва баъд аз он дидему акнун хам мебинем. Дар вокеъ, дар Точикистони мо манкуртхо сари кудрат омаданду дар зудудани хофизаи торихии мардум талош карданд ва шуморе аз онхо хамчунон мекунанд ва то хадди зиёде хам комгор шуданд.

Чингиз Ойтматов дар соли 1928 дар рустои Шакари устони Толоси Киргизистон аз падаре киргиз ва модаре тотор ба дунё омад. Даврони кудакии у дар таркиби як кабилаи кучии киргиз гузашт, ки пайваста аз як махал ба маконе дигар куч мекарданд. Туракул Ойтматов, падари Чингиз, аз давлатмардони барчастаи Киргизистон буд, ки курбонии саркубхои хунини Столин шуд. Уро соли 1937 боздошт карданд ва соли 1938 ба гулула бастанд. Чингизро модари хунарпешааш бузург кард.

Пас аз солхои бозсозй ва фурупошии Иттиходи Шуравй Чингиз Ойтматов вориди арсаи сиёсй шуд ва дар кишвархои мухталиф аз Шуравй ва сипас Русия намояндагй мекард. У то мохи морси соли 2008 сафири Киргизистон дар Фаронса, Белжик, Луксембург ва Хуланд буд, аммо тайи ин муддат хам аз навиштан боз намонд ва шаш достони дигар навишт.

Бону Гулрухсор мегуяд, ки Чингиз Ойтматовро рузи шанбе дар канори гури падараш ба хок хоханд супурд. У оромгохи падари худро пас аз чандин сол чустучу пайдо карда буд.

Эмомъалии Рахмон хам бо ирсоли паёме ба хамтои киргизаш даргузашти Чингиз Ойтматовро зоеъае чуброннопазир номид. Ба гуфтаи Рахмон, «хамаи офаридахои у саршор аз хисси механпарастй, башардустй ва ишки ростин ба механ буд.» Эй кош аз он офаридахо Рахмон хам андаке бахра бурда буд. Ва эй кош ба дарки хатари манкуртият мерасид, ки холати котирии кунунии худи уст: мункири асолат ва хуввияти порсии миллати точик, мункири забони миллат, ки порсист.

Равони устод Чингиз Ойтматов шодмон бод.

Thursday, May 15, 2008

Thus Spoke Nazarbayev

Чунин гуфт Назарбоев

Гузориши Брус Панниерро тарчума мекардаму чорае чуз лаб газидан надоштам. Матлаби нисбатан чомеъу хубест дар бораи дидори ахири Эмомъалии Рахмон аз Казокистон. Аммо рагахои хакорат дар хилоли ин навишта ба хадде барчаста аст, ки чашми касро месузонад. Хар чашмеро на, албатта. Чашми точикро.

Брус мегуяд, ки нафтро хам метавон бо об даромехт. Коре, ки дар дунёи вокеъй шуданй нест. Аммо ин як таъбири мачозй аст. «Нафт» Казокистон асту «об» Точикистон. «Даромехтан»-и ин ду ба маънои хамкории ду кишвар бо чашми оз ба дороихои хамдигар аст, ки заминаи ин хамкорихост. Аммо бо андаке бузургнамойи ё муболига метавон иддаъо кард, ки ин чустори ковишй (тахлилй) дар як таъбир хулоса мешавад: «хории Точикистон».

Замоне буд, ки Узбакистон мехост иттиходе бо номи Туркистон эчод кунад, ки хамаи кишвархои Осиёи Миёнаро дарбар бигирад. Точикистон саркашй кард ва сазовори ситоиши миллигароён шуд. Пайвастани Точикистон ба иттиходе бо чунин номи нажодпарастона ба масобехи чакондани як катра ранги сапед дар як пиёлаи саршор аз ранги сиёх буд: сапедй дар он гум мешавад.

Вале ин бор Эмомъалии Рахмон талвехан (пушида) гуфтааст, ки аз тархи Остона барои ташкили як иттиходи минтакайи дар Осиёи Миёна химоят мекунад. Брус ишора мекунад, ки дигар чи хам бояд мегуфт? Ниёзманд, ки хакки интихоби чандоне надорад. Албатта, пешниходи Нурсултон Назарбоев ба маротиб окилонатар аз тархи бузургманишонаи Каримов аст, бо ин ки дар нихояти кор бартарии Казокистон бар дигар кишвархои минтакаро расман собит хохад кард. Бо он хама шукуфойи хак хам дорад. Брус мегуяд: «Сармоя обруву эътибор меоварад».

Брус Панниер ишораи дигаре хам ба ниёзмандии муфрати Рахмон дорад ва мегуяд, ки у ба бахонаи «бехбудии равобити дутарафа», аммо дар вокеъ барои дарёфти кумаки иктисодй аз хамсояи дорову нафтхезаш ба Остона рафтааст.

Тавофукхои шохона

Такрибан хамаи тавофукномахои имзошуда Точикистонро дар макоми як кишвари бечораву мухточ ва Казокистонро дар чойгохи як кишвари тавонманду накукор тарсим мекунад. Назарбоев бо сари баланду садои расо дар нишасти хабарй эълом кард, ки аз кумак ба Точикистон шона холй намекунад:

«Мо имруз ба тавофук расидем, ки хар чи зудтар як сандуки сармоягузорихои казокй-точикй гушоиш дихем. Тарафи казокй ба ин сандук 100 милюн дулор ворез хохад кард. Бо истифода аз ин маблаг дар Точикистон тарххои тоза ва муштарак рохандозй хоханд шуд.»

Сандук зохиран муштарак аст, аммо аз сахми Точикистон дар пур кардани он хабаре нест. Ва наметавонист хам бошад.

Нурсултон Назарбоев бо ваъдахои фаровони бештар чехраи абусу гирифтаи Рахмонро андаке боз кард. Хамааш сухбат аз кумакхои Казокистони хушбахт ба Точикистони бадбахт буд. Мухимтарин нуктаи ваъдахои рахбари казок, ки ба Рахмон умедхои обй ё оби умедворй дод, марбут ба танхо дороии фаровони Точикистон мешуд: об:

«Мо ба манобеъи барки обии Точикистон алокамандем. Имруз мо тавофук кардем, ки агар карор аст дар истгохи барки обии Рогун як кунсерсиюм кор бикунад, Казокистон низ дар он хузур хохад дошт ва масолех хохад дод ва ба унвони сармоягузор низ кумак хохад кард. Мо хамчунин ба дигар тарххои эхдоси ниругоххои обй алока дорем; мо алокамандем хутути интиколи барк аз тарики Киргизистон ба Казокистон кашида шавад, то аз кишвари шумо барк харидорй кунем.»

Дар хамин чо буд, ки сари хамидаи рахбари Точикистон андаке баланд шуду, ба таъбири мардумй, рахбар «курта-курта гушт гирифта фиссод.»

Ин нукта хам хуб аст, ки Казокистону Точикистон дар мавриди Узбакистон шигирди рохбурдй (стратегический маневр)-и муштаракеро ихтиёр кардаанд. Карор аст хутути барк на аз тарики замини софу хамвори Узбакистон, балки аз куху теппахои Помиру Тиёншон ба Казокистон биравад. Узбакистон хамасола ба вижа дар фасли зимистон «дустй»-и бехадду хасрашро ба Точикистон баён мекунад ва хамон вобастагй кофист. Шояд аз ин тарик битавон инхисори манобеъи энержй тавассути Узбакистонро шикаст дод. Пас ин нукта аз мавориди нодири гузориш аст, ки ба хонандаи точик хам «курта-курта гушт дода бурафт.» Аммо чуртамон чое мешиканад, ки Брус тасрех мекунад, ки пешниходи канор гузоштани Узбакистон хам назари Назарбоев аст, на касе дигар. Нагмаро пулдор супориш мекунад, мусалламан. Ва чи нагмаи маргубе!

Як такони шодиафзои дигар омодагии Казокистон дар сармоягузорй дар неругохи Рогун аст, ки як навъ чашму хамчашмии Казокистон бо Русияро нишон медихад. Дар холе ки русхо аслан моил нестанд ин неругох ба дилхохи точикхо сохта шавад, казокхо бепарво эълом мекунанд, ки дар сохтани неругох дасти ёрй дароз хоханд кард. Чизе чуз сипос надорем, ки нисори казокхо кунем. Албатта, бад-ин гуна Казокистон дар Точикистон манофеъи калони иктисодй пайдо хохад кард.

Илтимос

Яке аз карехтарин сахнахо замоне фаро расид, ки Эмомъалии Рахмон аз Нурсултон Назарбоев илтимос кард, то бар хилофи фармони чадиди раисичумхурии Казокистон ба Точикистон галла бифурушад. Бо таваччух ба кахтие, ки имсол чахонро тахдид мекунад, Казокистон хирадмандона тасмим гирифтааст то якуми септомбри 2008 ба хеч бегонае галла нафурушад, то мардуми худаш гурусна намонанд. (Мукоиса кунед бо даврае, ки пирону навзодони точик дар сармо мемурданду Точикистон барки набудаашро ба хорич содир мекард). Брус Панниер вокуниши Нурсултон Назарбоев ба илтимоси Эмомъалии Рахмонро ин гуна тасвир мекунад:

«Зохиран илтимоси Рахмон барои муъофияти Точикистон аз мамнуъияти содироти галлаи казокй Назарбоевро ба риккат овард, аммо рахбари Казокистон ваъдаи газофе хам накард ва гуфт: «Мо бисёр моилем, ки ба хамсояамон Точикистон гандум содир кунем ва албатта, дар нахустин фурсати мумкин ин корро хохем кард. Ман ин мавзуъро (бо Рахмон) каблан баррасй кардам. Мамнуъияти содироти галла то мавсими ояндаи бардошти махсул, яъне то якуми септомбр (сентябр) идома хохад дошт ва табъан, он гох мо пеш аз хама ба Точикистон гандум хохем фиристод.»

Яъне дар вокеъ, рахбари казок бо матонат ва муаддабона илтимоси рахбари точикро рад кард ва ба таври гайримустаким гуфт: «Чурачон, ичада через-перез намеша. Закон есть закон.»

Кутохсухан,

...дидори Назарбоев ва Рахмон дидори башиддат дустонаи Шоху Гадои Осиёи Миёна буд: доротарин кишвар ва надортарини он.

Сахнае, ки тарсим шуд, чунин буд: Казокистон бо шитоб бар эрикаи кудрати минтака менишинад ва лагомдоронаш Киргизистону Точикистон хастанд. Адуи саркашу магрур Узбакистон аст, ки бо пурруйи дар пойтахти Казокистон дар хузури ракибаш эълом кард: «Кишвари ман харгиз узви чунин иттиходе нахохад шуд.» Аммо акнун узбакхо дар акаллиятанд ва хаводорони Казокистон дар аксарият ва саманди казокхо тундтар метозад. Моем, ки хануз харамон асп нашудааст.