Friday, March 27, 2009

Slap in the Conscience

Силй бар виждон

Хлесткая пощечина Барзу национальному сознанию

Агар карор аст дар ин рузхои навмедии Точикистон касеро ситоиш кунам, номи фарде чуз Барзу Абдураззок ба зехнам намеояд. Пас аз солхо сукути мутлак, хамудагй ва хобидагии дастачамъй ва марги равшанфикрй дар кишвар касе падид омад, ки бонги чарасро ба садо дароварад, то бигуяд: «Эй мардум, агар акнун бедор нашавед, дигар харгиз бедор нахохед шуд.» Пас аз 17 соли фаромушй ва тахаммули бори нангини хакорат марде омад ва ёдовар шуд, ки «вазифаи як равшанфикр тавлиди андеша аст», такон додани магзхои хобида аст, на такон додани гахвораи шикастаи миллат, ки ба хоби жарфтаре биравад.

Мумонеъат аз намоиши дроми «Девонагй. Соли 93», ки талфикест аз ду асар («Соли 93»-и Виктур Хугуи фаронсавй ва «Таъкибу катли Жон Пул Морот»-и Питер Улриш Войси олмонй) нахустин мавриди сонсури ошкори як асари теотрй дар Точикистони муъосир аст. Дар гузашта агар порахое аз як намоишнома сонсур мешуд, пушти парда анчом мегирифт ва сарусадои он дар фазои иттилоъотии кишвар намепечид. Аммо то кунун давлат монеъ аз намоиши як намоишнома ба таври кулл нашуда буд. Ин ба далели он нест, ки давлати кунунй дар гузашта дасту боли хунармандонро бозтар гузошта буду акнун талош мекунад онро бибандад. На. Ин бад-он маъност, ки фарди равшанфикре кад алам кардааст, ки мехохад тилисми тарсро бишканад ва харфе тоза бигуяд ва андешае нав тахвил дихад.

Барзу Абдурраззок дар ин намоишнома, ки бегумон дар торихи бедории зехнии точикон сабт хохад шуд (агар миллате бо номи точик бокй бимонад), кушидааст бо дархам омехтани ду асар, аз ду кишвари урупойи ва ду давраи мухталиф вокеъиятхои асри навин дар кишвари севвум (Точикистон)-ро баён кунад. Он шомили сахнахое аз Инкилоби Фаронса (1789-1794) мешавад, аммо мухотабонаш зехнхои саркубшудаи кишваре тихидасту бадбахт дар Осиёи Миёнаанд.

Пас аз нахустнамоиши он дар рузи 17 морс макомоти «Вазорати фарханг» ба деворхои теотр дар хаволии соъати 11-и шаб шабехун заданд ва пустер (плакат)-хои намоишномаро бо хашму нафрат пора-пора карданд. Тарси макомот баъдан маълум шуд ва дар бархе аз расонахо бозтоб ёфт. Сардамдорон бими онро доранд, ки «Девонагй» шомили унсурхо ва шуру хаячони инкилобист ва метавонад ба эчоди нооромихо дар кишвар мусоъидат кунад. Ба иборати дигар, «Девонагй» метавонад боъис шавад, ки сохибмакомони имруз курсихояшонро фардо аз даст диханд. Гу ин ки бо мумонеъат аз бурузи галаёне, ки дар даруни афроде чун Барзу мечушад, мотахти чанобон барои хамеша ба руи он курсихо часпида хохад монд.

Барзу мункир нест, ки хадафи эчоди инкилобро доштааст. Чун инкилоб дар чомеъаи хамудае чун Точикистон як зарурат аст. Агар ин чомеъа мункалиб нашавад, ногузир ба чохи нобудй хохад уфтод. Аммо манзури Барзу инкилоб дар зехнхост. Манзури у бедор кардани магзхои фурухуфта аст. Нахустин талоши у дар ин пайкор ба нокомй анчомид ва магзхои вазоратнишинонро бедор накард ва барояшон фарханге хам эъто накард. Пас аз гуфтушунуде, ки миёни Барзу ва Мирзошохрух Асрорй – «вазири фарханг» рузи 23 морс сурат гирифт, Барзу мувофикат кардааст, ки порахое аз намоишномаи худро тагйир дихад, харчанд муътакид аст ин кор шоиста нест.

Дар нишасти хабарии Барзу дар остонаи Навруз (19 морс) суханхое гуфта шуд, ки барои нахустин бор пас аз солхо дар фазои кишвар мепечид. Барзу бо накли латифае арабй нихояти инзичору безории худ аз «вазорати фарханг»-ро баён кард. Он латифа такрибан ба шархи зер буд:

«Арабе дар биёбон мехост шутурашро рахо кунад. Гуфт: «Шутурчон, чун туро бисёр дуст медорам, намехохам бикушамат ва гуштатро бихурам. Пеш аз ин ки биравй, бигу, ки оё ман харгиз туро озор додаам. Харгиз бори зиёд ба пуштат нихода будам? Туро зада будам? Кори баде дар хакки ту карда будам?» Шутур мегуяд: «На» ва билофосила гиря мекунад. Сохиби шутур мепурсад: «Пас чаро гиря мекунй?» Шутур мегуяд: «Ту вокеъан сохиби хуб будй. Хуроку оби маро пайваста медодй. Вале харгиз як чизро фаромуш нахохам кард. Вакте ки ба хач мерафтй, лагоми маро ба думи харат баста будй».

Он гох Барзу иттифокеро, ки бо худи у уфтодааст, бо мочарои шутуру думи хар мукоиса карду гуфт:

«Ин иттифок хам ба монанди бастани лагом ба думи хар аст. Вакте ки Миръалй Достиев (муъовини вазири фарханг) хар кореро, ки мехохад, мекунад. Ва масъул аст. Мирзошохрух Асрорй хам хамон ба дум бастан аст, бародарони азиз. Дигар чи хам мешавад кард, вакте ки лагоми ту ба думи касе бастааст, ки туро мебараду ба ту гап ёд медихад?»

Касе, ки ба хангоми сафар ба Киргизистону Узбакистон вазирони фарханги он кишвархо барои пешвозу гуселаш ба фурудгох меоянд; коргардоне, ки вазири фарханги Фаронса ба хангоми дидораш аз Душанбе сурогашро мегирифт, мегуяд, ки вазири фарханги механи у харгиз бо у тамос нагирифта ва борхо бо у бадрафторй кардааст. Барзу муътакид аст, ки аз ин ба баъд хеч теотре дар Точикистон ёрои хамкорй кардан бо уро нахохад дошт. Чун тарс аз хусусиёти точикон аст.

Вай як андарзи Мухсини Махмалбофро ба ёд меоварад, ки мегуфт: «Бурзу, худатро озор надех. Мошин дорй, ронандагй куну токсй бизан. Ин кор, ки барои ту ачре надорад.» Барзу як бор талош кард токсирон шавад, аммо аз нимарох баргашту ба хамсараш гуфт: «Тарчех медихам гурусна бимонаму ин корро накунам. Метарсам рузе пушти фармони мошин дилам битаркад.»

Барзу Абдурраззок умеде ба ояндаи равшани теотри точик надорад ва ояндаи онро вобаста ба ояндаи давлати Точикистон медонад ва мегуяд:

«Рассвет происходит, когда власть все-таки интересуется театром. Когда эта власть, еще к тому же, имеет фундаметальную культурную основу.»

«Фуруг замоне фаро мерасад, ки макомот ба теотр алокаманд бошанд. Замоне ки, афзун бар он, давлат бунёду пояи фархангй дошта бошад.»

Ва чун ин давлат фокиди чунин пояест, пас наметавон фуруг ё тулуъе дар теотри точикро интизор дошт.

Вале ман бо ин дидгохи Барзу чандон мувофик нестам. Худи у намунаи боризи ин хакикат аст, ки наметавон барои хамеша гулухоро баст, садохоро хафа кард, зехнхоро саркуб кард ва боз хам фармонраво монд. «Мерасад марде, ки занчири гуломй бишканад». Хамеша расида ва боз хам хохад расид. Садои бугзолуди Барзу барои ман навид дошт. Рох рохи дарозест, аммо зохиран нахустин гомхои ларзон ба суи максад бардошта мешаванд.

Намоишнома «Девонагй» бо хазор тагйиру дасткорй хам ки руи сахна биравад, хуччати русиёхии давлати номардумии Точикистон хохад буд. Давлате, ки савор бар амвочи хун кудратро кабза кард ва хуни миллатро ошомид ва акнун бо тарс додани мардум аз хуну хунрезй мехохад хуни бештар биошомад.

Мо ба як зилзила ниёз дорем. Зилзилаи бунёдин дар зехнхо.

Ва шояд «Девонагй» нахустин ларзаи он буд. Харчанд хафифу охиста, аммо махсус. Ва садои баланди эътирози Барзу ларзае мухкамтар буд. Шояд то кунун зехнхое такон хурда бошанд. Харчанд умеде нест, ки зехнхое чун Сафват Бурхонов аз ин руйдод таъсире пазируфта бошанд. У, ки дар нишасти хабарии Барзу хукми обсофкунро дошт, бо вучуди ин хиффату хорй талош мекард васати сухбати дигарон бипарад ва руи сиёхи давлатро сапед кунад ва бигуяд, ки давлат касди сонсурро надошта ва таъкид кунад, ки 210 сомонй дастмузди мохонаи Барзу бештар аз 160 сомонй дастмузди вазирон аст. Ангор ин мардак гофил аст, ки дар поёни мох ба зери раками 160 чанд-то сифри дигар ба чи нахве афзуда мешаванд. Ба дарак.

Дар ин замина аз торнамои сириллики Би-Би-Си ва аз телевизюни порсии он сипосгузорам. Азизоне чун Исфандиёри Одина, Шамсияи Косим, Сухроби Зиё ва Искандари Фируз бехтару бештар аз хар каси дигар тавонистанд садои гамгини Барзу Абдурраззокро ба гуши чахониён бирасонанд.

Бо ин ки матлаб дароз шуд, мехохам порае аз сухбатхои Барзу дар нишасти хабарии 19-и морсро ба хамон шевае, ки баён шуда, ин чо накл кунам. Зимнан, Барзу аз рузи 13 оврил то мохи ут (август) дар Точикистон нахохад буд ва барои теотрхои бегона кор хохад кард. Бегонагоне, ки арзиши худии моро бештар аз худи мо медонанд.

Господа, что же с нами происходит?
Барзу Абдураззоков

Сказать, что нет там (в спектакле) революционного пафоса, я бы наврал бы вам. Потому что рано или поздно, если спектакль пойдет, вы его увидите. Но я думаю, что мы не призываем к топору и Гилятине. Мы призываем к революции сознания. И если бы мы не призывали к революции сознания, то мы были бы грешными и не выполняли бы нашу миссию творческую.

Спектакль говорит о самосознании. О том, личность ты или нет. Говоря выражениями Сафвата, ты все-таки Джамшуд или не Джамшуд? Как не странно, я недавно зашел к себе в квартиру и услышал, что в маленькой детской комнате идет хохот. Я думал, они смотрят мультфильм. Потому что я слышал голос телевизора. Они смотрели ТНТ «Равшан и Джамшут». Вы знаете, я первый раз в жизни присмотрелся и я понял насколько мы падшие. Я тогда, в эту секунду подумал, Россия воюет с Чечней уже более пятнадцати лет, но ни один чеченец не был в Москве убит. Грузины только, что отвоевали, но грузины как короли ходят. И почему издиваясь над нами на Центральном (через ОРТ это идет все), мы позволяем это себе делать? И еще я помню какой-то идиот написал в газете Азия-Плюс, что дали ему звание, потому что он авторитет наш поднимает. Господа, что же с нами происходит?

Я выезжаю за страну, первая вещь, которой мне стыдно, это наш аэропорт, а потом наш самолет, а потом, когда я спускаюсь в Домодедово, когда меня до трусов обыскивают и не смотрят, что у меня полудипломатический паспорт. Они говорят, суньте это куда вам угодно, господин Абдр... Дррр.. Бррррд..! И матом. И вот я стою в этой толпе и прохожу в трусах. Это не я, это моя страна идет в трусах унизительно. Я вижу как азербайджанцы идут, армяне идут, ташкентский рейс проходит и уходит... А я до сих пор с ботинками в руках торчу у таможни.

С нами что-то произошло, ребята. Не то, что Россия или кто-то к нам относится плохо. С нами что-то произошло. С нашими гастарбайтерами, которые грызутся там. Унижаясь, грызутся и предают друг друга... Потому что они дух отсюда берут с собой. Они отсюда этот груз предательства друг друга, неуважения берут с собой. Убивают одного исфаринца, кулябцы говорят «хай я исфарагй будас-да!» Убивают одного пенджикенца, говорят «хай панчакентй будаст-да!» Кулобия мекушанд, мегун кулобия куштаст.

Хафт-то киргизро соли гузашта куштанд, бародарон. Хафт-то. Тверская улица была закрыта киргизами. И пока Лужков не вышел и не отчитался, киргизы не ушли и не открыли дорогу. Нас полтора миллиона, и молчим. Нам режут головы, и молчим. Я недавно в какой-то газете отчитался, что отношения с Россией стали лучше, только потому что в прошлом году (я говорю приблизительные цифры) убили 648 человек, в этом году убили 646 человек! Вы представляете какой прогресс! Ливанцы Хизбуллах взяли одного еврея, пол Ливана не стало.

А мы говорим, вы знаете, агар ки мо мамлакати абаркудрат мебудем... Послушайте, а почему не абаркудрат? До каких пор мы будим в положении чурок?! До каких пор мы будим позволять себе это?! Маленькая Грузия вышла против... Пусть (Россия) победила войну, но она (Грузия) слово свое сказала. И мир, как не странно, был на стороне Грузии, а не на стороне Великой России. И им было наплевать, перекроют им газ или нефть. Они сказали, не принимаем и все. Это было слово. Мы свое слово никому сказать не можем, и если сами говорим себе, то давим. Здесь мы давим, глушим себе это достоинство. Это обидно. И если там в моей пьесе есть революция, то это накипело. Понимаете? Это моя боль в маршрутке, в транспорте, в разговоре с ГАИ-шником...

Недавно один мой очень талантливый друг уехал из страны. Я сказал, почему ты уезжаешь? Он сказал, ты знаешь, Барзу, я устал думать о плохом. И я устал быть бараном. Я устал от того, что меня принимают за барана.

И если я сделал свой спектакль и там есть эти революционные идеи, то они не касаются Гилятины. Я сыт от крови в моей стране. Я потерял многих своих друзей... Я вокруг театра Маяковского собирал трупы... И если я к чему-то призывал, родной вы мой, я призывал к осознанию. Это было пощечина сознанию. И прежде всего, моему застывшему сознанию. Имею ли на это право или нет, как вы думаете? Раз я имею на это право, то почему я не имею право на высказывание своего мнения?..

Нас без того осталось мало. Хотя в нашем спектакле говорят, вас мало, но скажите, что вас много. Последняя фраза моего спектакля: «Скажите, что вас много».

У меня нет выхода. Мой выход это скорее всего отъезд...

Президент – это высшая инстанция в моей стране. Я не знаю, к радости или к сожалению.

(Сафват Бурхонов: К радости. Хоть есть к кому обращаться).

25 comments:

Anonymous said...

Bravo!

Anonymous said...

Министр культуры РТ Мирзошохрух Асрори поздравил творческие труппы театров республики с Международным днем театра, отмечаемым сегодня во всем мире.

Как сообщили «АП» в управлении искусства Минкультуры, поздравительные телеграммы от имени министра были разосланы сегодня во все профессиональные театры республики, число которых составляет сегодня 16.

«Особых торжеств в честь Международного дня театра сегодня не ожидается, - отметили в управлении искусстве Минкультуры. - Во всех театрах республики состоится показ запланированных спектаклей из репертуара театров».

Источник отметил, что торжественно День таджикского театра в стране ежегодно отмечают 7 ноября. Именно в этот день в 1997 году в РТ был принят закон о культуре, и было объявлено о праздновании Дня таджикского театра.

Как сообщили в плановом отделе Минкультуры страны, ежегодно финансирование театров в стране за счет госбюджета увеличивается. В нынешнем году на развития театрально-концертных заведений республики выделено 9,7 млн. сомони. В прошлом году на развитие театров было направлено более 8 млн. сомони.

Anonymous said...

Офарин Дориюш!Хар чи ки менависи ба шавк мехонам ва аз рушдат хеле хурсанди мекунам.
Пируз бош!

D said...

Курбони лутфи шумо, дустон. Умедворам аз ин ба баъд изхори назархоро бо зикри номе аз худ мунташир кунед, то битавонам якояки азизонро бо ном ё тахаллусашон мухотаб карор дихам. Бо арч, Д

Anonymous said...

Ахсан!

Аввалан ба Барзу, баъд ба ту Дориюш.

Барзу! Дусти гироми!
Сурфаи Шумо такрор хохад шуд. Зимистонро ки охир касе манъ натавонад кард. Мо точикон зодаи офтобу кухистонем - лек хатто дар кишвархои чанубу аглаб офтоби гохе зимистони мадиду чоншикане меояд, ки руху имонхоро наметавонад шикаст. Бо Шумоем!

Candle

D said...

Candle-и гиромй,

Шамъатон пурфурузу зимистонамон кутохтар бод.

Д

Anonymous said...

Дориюши азиз!
Баъди хондани маводхои ту ман ру ба маводхои точики овардам ..Шукри буданат ва навиштахоят. Мешудааст -ку ба точики навистану фикри худро интури хубу содаву фахмо баён кардан..
Ман рости хеч гохе театр нарафтаам ва хуши театр рафтанро низ надорам вале эхтироми беандоза дорам ба онхое ки дар ин чода кор мекунанду ва чуноне ки Барзу мегуяд "инкилобхо дар зехни мардум" меофаранд...Хоса дар чунин вакте..

Ба умеди пирузихо ва орзуи саломатии хамешагиат Самак аз Маскав

D said...

Самаки гиромй, ки сармои Маскавро тоб меоварй. Умедворам хонаи дилат хамеша равшану гарму наврузй бошад. Бо арчу дустй, D.

Салими Аюбзод said...

Офарин, Дориюши азиз.

Чун хамеша чизхоеро мебинед, ки чашми дигарон ба онхо намегузарад.

Аз ончй ба сари Барзу омадааст, хеле андухгинам. Аммо иллаташро бештар на аз макомот, балки аз "эчодкорон"-е медонам, ки тамоми сухану хунари моро ба мураббои гафсе табдил додаву солхост, онр ба гуши ин макомот мерезанд ва макомот ин музахрафотро "асал" мепиндорад.

Холо ки як чизи мутафаррике пайдо шудааст, онхо ба вохима афтоданд.

Латифаи Барзу дар бораи шутур латифаи дигарро ба ёдам овард, ки ходисаест аз замони шуравй. Як нафарро, ки аз у на раиси дуруст баромаду на мудири корхонаи дуруст, муовини раиси Радио ва Телевизион таъин карданд, чунки узви "номенклатура" буд ва мисли шутури он аъробй уро сода ба дур афкандан номумкин буд.

Ин хуса радиодрамаеро, ки аз руи киссаи Гогол омода шуда буд, мехонад ва мегуяд, ба чанд чои ин асар эрод дорад, бояд муаллифро даъват кард, то вай ба у бифахмонад, ки асарро чй гуна бояд тагйир дод.

Ба у мегуянд, бубахшед, он кас назди шумо омада наметавонад, аммо шумо барохатй метавонед назди он кас биравед.

Афсус таърихи гузашта ба бадтарин шакл такрор мешавад.

Anonymous said...

Дориюши азиз! Дуруд Шуморо! Имруз гурухи очизу бечорае мехохад аз ман дар пеши мардуми озод симои одами хукумати ва дар пеши хукумат симои оппозитсиони созад ва Шумоеро, ки эхтиром коилам, андешаи онхоро доред. Фикри ман ин аст, ки мушт ба дарафш рост намеояд ва такдири спектаклу театрро касе хукуки фаромуш кардан надорад. Агар шумо андеша доред, ки ба хотири чизе ман "обсофкунак" шудаам, сахт хато мекунед. Туф кардам ба ин мансаб, ки дигарон орзу доранд, ва ду туф ба он озодие, ки шамъеро бикушад, ки гуз набуяд! Озоди лирика нест! Барои шамидани буи озоди димогро аз буи гуз озод бояд дошт!!!!!!
Сафват Бурхонов

D said...

Салими бузургвор, дуруд бар Шумо. Аз лутфи Шумо бисёр сипосгузорам.

Дакикан, ба магзи матлаб ишора кардаед. Макомот ба нушбоду офаринбодхо ху гирифтаанд, чун то кунун касе чуръат накарда буд чурт (ганаб)-и ин хуспидагонро дар сахнаи теотр бишканад. Барзу то хадди зиёде ин тилисми хафдахсоларо шикаст. Ва умед аст, ки ин икдоми начибонаи у аввалу охир набошад ва пайравоне дошта бошад, то бо амвоче инкилобй девори сонсури хукуматро бишкананд. Ба умеди он бедории равони миллат.

Такрори мочарохое аз торих, харчанд дарднок аст, аммо зохиран косае даврест, ки бояд даст ба даст шаваду аз насл ба насл бирасад, то дарсхои тозаеро фаро бигирем. Аз бахти бад, хофизаи кутохи мо боъис шуда, ки он дарсхоро ба суръат фаромуш кунем ва як иштибохро ду бор такрор кунем ва дубора дар клоси торих хозир шавем, то хамон дарсро дубора фаро бигирем.

Тарс аз инкилоб як саратони зехнист, ки хар чомеъаеро замингир мекунад. Бо дур андохтани завлонаи тарс ва рахо кардани зехнхо аз банди хорию зорй партави пешрафт дар тахи тунел ба чашм хохад расид.

Anonymous said...

Сафват!
Бори дигар сатхи пасти рузноманигориятро нишон доди..Тубаринхо ки хамакораанду хама корашон бекора ..намедонен худатон аз зиндаги чи мехохен Чи гуфтании бо ин навиштаат:"...ва ду туф ба он озодие, ки шамъеро бикушад, ки гуз набуяд! Озоди лирика нест! Барои шамидани буи озоди димогро аз буи гуз озод бояд дошт!!!!!!"

Карим аз Одесса

D said...

Сафвати гиромй, дуруд бар Шумо ва сипос аз паёматон.

Мутаассифам, ки иддае, ба бовари шумо, дар холи тавтеачинй алайхи Шумо хастанд. Ман дур аз диёр на аз ин гуруххо огохам ва на аз мансаби Шумо, ки мегуед хостороне дорад. Бардошти ман аз Шумо дар ин макола бархоста аз гуфтахои Шумост. Дар хамин нишасти хабарии Барзу танхо касе, ки талош мекард ба гунае сонсур будани икдоми нобихрадонаи давлатро инкор кунад ва танхо фарде, ки мекушид номи раисичумхурро масуну мубарро аз иттихомот нигох дорад, Шумо будед. Агар дарки мо аз он гуфтахо галат буда, хохишмандам онро ислох кунед ва бифармоед, ки манзуратон аз он сухбатхо чй будааст.

Бо арч,
Д

Дориюши азиз! Дуруд Шуморо! Имруз гурухи очизу бечорае мехохад аз ман дар пеши мардуми озод симои одами хукумати ва дар пеши хукумат симои оппозитсиони созад ва Шумоеро, ки эхтиром коилам, андешаи онхоро доред. Фикри ман ин аст, ки мушт ба дарафш рост намеояд ва такдири спектаклу театрро касе хукуки фаромуш кардан надорад. Агар шумо андеша доред, ки ба хотири чизе ман "обсофкунак" шудаам, сахт хато мекунед. Туф кардам ба ин мансаб, ки дигарон орзу доранд, ва ду туф ба он озодие, ки шамъеро бикушад, ки гуз набуяд! Озоди лирика нест! Барои шамидани буи озоди димогро аз буи гуз озод бояд дошт!!!!!!
Сафват Бурхонов

D said...

Зимнан, окои Бурхонов, ахиран маколае дар тамчид аз тагйири номи 8-морс аз Рузи Зан ба Рузи Модар дар хафтаномаи СССР чоп шуд, бо имзои С. Бурхонов. Оё он макола мутаъаллик ба калами Шумост? Чун дар борааш гуфтанихои фаровоне дорам.

Anonymous said...

Дуруд, Дориюши азиз! Бовар кунед, ки агар ба одам тухмат банданд, хеле аламнок аст. Зиёиёне, ки дар сахифаи Шумо доду вой доранд, афсус, ки ягони онхо спектаклро надидаанд."Карим аз Одесса"- ро низ ба намоишномаи Барзу хабар карда будам, вале сатхи баланди фархангию журналистияш уро нагузошт, ки то театр равад. Пеш аз хама намоишномаро дида будам ва матлабе навишта дар СССР нашр кардам. Метавонед онро аз сахифаи http:// safwat.web-box.ru бо номи "Браво, Барзу" бихонед. Он чо хама матлабхои ман хастанд.Аккаллан аз худи Барзу пурсед, ки ман чи бад кардам? Ва аз Шумову муштариёнатон хохиш дорам, ки патриотизмро бо лжепатриотизм омехта накунед. Аз зардаю чирки гуфтори Каримхо аз Одесса маълум аст, ки одами анониму беном на, ки патриотизм, балки чигари марди надорад. У ном надорад.Боки ба хамаи шумо бахту шодмони мехохам!
Сафват Бурхонов

Anonymous said...

Сафват!
Бубин чи менависи;"
."Карим аз Одесса"- ро низ ба намоишномаи Барзу хабар карда будам, вале сатхи баланди фархангию журналистияш уро нагузошт, ки то театр равад. "

Ва боз хам баъдан;"Аз зардаю чирки гуфтори Каримхо аз Одесса маълум аст, ки одами анониму беном на, ки патриотизм, балки чигари марди надорад."

Дигар худат казоват кун ки чи нависти дар ин се чумла .мегуи ки Каримро ба театр даъват карди наомад...боз менависи ки Карим анониму беном аст? Пас ту чиро ё киро дар назар дошти?
Хобата харом накун ман рузноманигор нестам ва дар байни рузноманигорон душман хам мачу. Ман як нафарам ки хуб туро мешиносад.ту маро на.
Ёдат нест дар бораат навишта буданд?" Пистаи бемагз агар лаб во кунад..".Ман хуб ёд дорам..Ва кам рушд кардаи аз он давра то ба хол..
ман суолат додам ки маънии навиштаат чи?;"..ва ду туф ба он озодие, ки шамъеро бикушад, ки гуз набуяд! Озоди лирика нест! Барои шамидани буи озоди димогро аз буи гуз озод бояд дошт!!!!!!"
Дигар хеч..Ба мани нодон туи доно бифахмон..


P.S.Ман 10 сол аст ки дар Одесса зиндаги мекунам.

Карим аз Одесса

Anonymous said...

Сафват охирин чизе ки менависам бароят ин аст .Бо ду се бори театр рафтанат худатро бофархангу дигаронро бефарханг нахон..Кур курона театр рафтан нишони бофарханги нест. Як масали хубе хаст бо номи
"Выскочка".ё "Нувориш"

Мухаммад пайгамбар бо яке аз пайравонаш ба намози бомдоди мераванд.Баъд аз адои намоз хамрох бармегарданд.Тобистон .Субхи барвакт.Кариб хама дар хоби ширин.Ин навпайрав ба пайгамбар ру оварда мепурсад: "фардои киёмат холи инхо чи мешуда бошад ки вакти намоз хобанд?".Худаш бори аввал буд ки ба масчид мерафт.Дируз худаш ин вакт дар хоб буд мисли хама.Худнамои кард пеши пайгамбар:
"Ин танбалхо хануз дар хоб..."
Пайгамбар дар чояш биистод ва гуфт; "Ту хонаат бирав ман мегардам ба масчид."
Чаро?- пурсид махмаддоно.
Мухаммад чавоб дод;" Намози бомдодии ман аз сухбат бо ту харом шуд.Меравам то дигарбора намоз бихонам.Ва ту фаромуш накун дигар ба масчид наой.Бехтар мебуд ту хам мисли дигарон мехобиди.Намози ту танхо ба он хотир буда то ки битавони дигаронро таъна зани."

P.S. Ин театрравихоят хамин масалро мемонад.....То битавони бо дахони пурнос нози бофарханги куни...

Обод бош!
Карим аз Одесса

Anonymous said...

Дориюши арчманд!
Узри бисёр ..дигар блогатро майдони бахс бо С Бурхонов намекунам.

Пируз бош!

Anonymous said...

Да уш. По больше бы таких людей. У меня чут слезы ...!!! БРАВО. На счет кулябцев я с Вами согласен. Очнис народ. Пока власть в руках кулябцев Таджикистан всегда останется равшаном и джумшутом. Я не принадлежу РТ я скоро раз и навсегда уеду от сюда. И еще хватит разговариват на иронаязычном языке.

Anonymous said...

Р.Т сегодня дольжен решительно взять курс на поддержку талантливых руководителей, людей инициативных, думающих, энергичных, талантливых молодых студентов, которые хотят и умеют лучше добиватся успеха чем Кулябцев, способных эффективно работать. Либо мы навсегда останемся бедными. Кто сказал, кулябский народ самый умный народ' фуфло это. Они нормально разговаривать не умеет. Все слова кулябца начинается "матом", "ба номи Оллох", итп.

D said...

Уважаемый Anonymous,

Перестаньте анти-кулябскую, то бишь анти-таджикскую болтавню. И прежде чем рвануться с лозунгами "Очнись, народ! Вперед!" или "Впять", очнитесь сами и убедитесь в том, что мы все в одной лодке.

А ваше выражение "ираноязычный язык" даже вам должно казаться абсурдным. У нас не мало иранских языков, к примеру курдский, балучи, пашту, лури, памирские языки и т.д и т.п. А персидский язык (форсй гуйи, дарй гуйи варо... хар чи мегуйи, бигуй) - один и единственный. Это язык коренного населения Средей Азии и кстати, наш регион является родиной персидкого языка. И вам следует его уважать. А если вы (как таджик, разумеется) с ним плохо знакомы, это ваша проблема, которую следует скорее разрешить. Всего наилучшего.

Anonymous said...

Да, Вы правы' мы плохо знаем историю Вашу(сомневаюсь,что она вообщета есть). Ведь каждый год что-то мы придумаем исторический. Хотите увидеть нашу культуру, хотите кто мы есть на самом деле` ? Приходите после 6 вечера в саховат (базар), там такой беспредел, в общем сами убедитесь. Проведите опрос гр. . Почти 70 % сегодня не знает ' сегодняшный таджикский словар. Я против всего этого ничего не имею. Но мне больно смотрет все это. Не знаю даже, что сказать!!!

D said...

Разве есть что-нибудь или кто-нибудь без истории? Несомненно, таджики не исключение. История, причем одна из самых богатых и ярких, у нас была и есть. А то что сегодня она нам кажется тускловатой, это отражение нашего нынешнего отчаяния и жалкого существования. И оттого, что ту громкую, яркую историю мы позабыли. И идентичность свою, именно персидскую (другие синонимы: таджикускую, иранскую) идентичность, потеряли. Свой родной язык исколечили. Вот почему после 6 вечера, по вашим словам, Сахават разрывает беспредел.

Anonymous said...

Said
Ответте пожалуйста. Смотрю вы грамотный человек.

D said...

Дорогой Anonymous,

Спасибо за позитивную оценку. Буду рад ответить на ваши вопросы в пределах своего ограниченного знания.

С уважением,
Дариюш